Skip to main content

Ниёгони соҳибфарҳанги мо, тоҷикон, аз аҳди қадим Соли нав- Наврӯзи бостонии худро бо шукӯҳу шаҳомати хоса таҷлил мекарданд.

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон далели асосии умри тӯлонӣ доштани Наврӯзро дар табиӣ будани он медонанд ва ин комилан дуруст мебошад. Зеро маҳз дар арафаи Наврӯз табиат эҳё шуда, замин қабои сабз ба бар менамояд, марди деҳқон ба кишти баҳорӣ оғоз мекунад ва бо умеду нияти ба даст овардани ҳосили фаровон ба замин дона кишт мекунад.

Ба андешаи хирадмандонаи Пешвои муаззами миллат, Наврӯз айёми тавозуни байни табиат ва инсон буда, баробари дигаргунии куллӣ дар табиат рӯҳи инсонро низ ба куллӣ тағйир медиҳад ва ӯро ба рӯзи неку рӯзгори обод умедвор месозад. Яке аз ҷанбаҳои асосии фалсафаи Наврӯз ба сифати ҷашни моҳиятан оммавию мардумӣ дар баробарӣ миёни одамон зоҳир мегардад. Яъне Наврӯзро хурду бузург озодона ҷашн мегиранд ва баробар хурсандӣ мекунанд.

Бо соҳибистиқлол гардидани Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷашнгирии Наврӯзи бостонӣ ва воқеан ҳампайвандгари насли имрӯз бо расму ойин, арзишҳои фарҳангӣ, меҳру садоқат ва анъанаҳоиниёгони накуном, ба марҳалаи нав ворид шуд.

Тавассути иқдомоти фарҳангпарварона ва эҳёкунандаи расму русуми ниҳоят арзишманди миллати тоҷик - Асосгузори сулҳу вахдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Наврӯзи бостонии тоҷикони бофарҳангу меҳанпарвар ҷаҳонӣ шуд. Вуруди Наврӯзифаррухпайи мо, тоҷикон, ба арсаи ҷаҳонӣ ба рӯзи 18-уми феврали соли 2010 рост меояд. Маҳз дар ҳамин рӯз дар ҷаласаи 64-уми Ассамблеяи генералии Созмони Милали Муттахид, таҳти фасли 49, ки унвони “Фарҳанги ҷаҳон”-ро дорад, қарори “Рӯзи ҷаҳонии Наврӯз” тасвиб гардид. Он бо пешниҳоди Ҷумҳурии Тоҷикистон ва бо ҳамрайии давлатҳои Эрон, Афғонистон, Озарбойҷон, Қазоқистон, Қирғизистон, Туркия ва Туркманистон мавриди баррасӣ сурат гирифтааст. Дар он гуфта мешавад, ки ҳамасола дар тамоми ҷаҳон рӯзи 21-уми март ҳамчун Рӯзи байналмилалии Наврӯз таҷлил гардад.

Ба арсаи умумиҷаҳонӣ ворид гардидани Рӯзи нав, яъне Наврӯз, ҳамчун аз ҷониби ҷаҳониён эътироф гардидани фарҳанги тамаддунсози миллати тоҷик маҳсуб меёбад ва ҷашни фаро расидани баҳори нозанин, зиндашавии табиат, оғози корҳои кишоварзию боғдорӣ, айёми баробаршавии шабу рӯз дар баҳори нозанин дар тамоми ҷаҳон доман паҳн мекунад.

Дар баробари ин, бо ин васила ҷаҳониён метавонанд аз таърих, тамаддун, фарҳанг ва урфу одат, инчунин хулқу атворинекбинонаи мо, тоҷикон, огаҳии бештар ва воқеъбинона пайдо кунанд, ки ҳамаи ин ба манфиати мардуми мо хоҳад буд, зеро дар раванди омодагириҳои хурду бузург ва зану мард, хулласи калом тамоми мардуми тоҷик ба таҷлили бошукӯҳи Наврӯзи фархундапай ва ҷаҳонсозибостониашон хислатҳои беҳтарини инсони некухоҳ, боҳурмат, меҳнатқарин, ободгар ва посдори сулҳу таъминсози амнияти тамоми инсоният нуҳуфтаанд. Решаи ҳамаи иннекхоиву накукориҳо дар аҳди қадим гузошта шудааст.

Аз қадимулайём то кунун дар рафти омодагириҳо ба ҷашни Рӯзи Нав – Наврӯз ва таҷлили бошукӯҳи он мардуми тоҷик маросимҳои идонаи худро ҳифзкардаву пеш мебарад.

Роҷеъ бамазмуну муҳтавоимаросимҳои марбути омодагирӣ ва таҷлили ҷашни бошукӯҳ ва бостонӣ - Наврӯзи куҳанбунёд дар сарчашмаҳои таърихӣ: «Шоҳнома»-и Фирдавсӣ «Наврӯзнома»-и Умари Хайём, «Осор-ул-боқия» ва «Ат-тафҳим»-и Абурайҳони Берунӣ, «Зайн-ул-ахбор»-и Абулсаиди Гардезӣ, «Ал-махосин вал аздод»-и Кисравӣ ва чанде дигар ки дар онҳо Ҷамшеди пешдодиён ҳамчунасосгузори ҷашни Наврӯз шинохта шудааст, метавон маълумоти пайдо кард

Баргузор намудани маросимҳои ҷашни Наврӯз хусусан дар даврони Сомониён бо шукӯҳи тоза идома дода шудааст, ки дар ин бора донишмандон дар сарчашмаҳои адабӣ ва таърихӣ ёдовар намудаанд. Шоирони забардасти тоҷик Рӯдакию Фирдавсї ва Дақиқӣ дар ситоиши онҳо бо меҳру муҳаббати хоса сухан гуфтаанд.

Ҷойи ифтихору қаноатмандист, ки мардуми фарҳангпарвару меҳанпарасти тоҷик дар ин айёми тинҷиву осудагӣ, ки бо шарофати саъю кӯшиши пайгирона ва сулҳпарваронаи Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон фароҳам гардидааст, аҳлонамаросимҳои суннатии ин ҷашни бостонии ниёгони хешро ҳифз намудаву то кунун бо меҳру садоқати бепоён ва аҳлона идома медиҳанд.

Имрӯз дар тамоми минтақаҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон чун рӯзгорони пеш маросимҳои таърихии наврӯзии зерини ниёгон бо самимияти том анҷом дода мешаванд:

– маросими зебои гулгардонӣ;

– ҷуфтбаророн, маросиме, ки аз оғози корҳои деҳқонӣ дарк медиҳад

– хонатакконӣ, маросими як ҳафта пеш аз фарорасии Наврӯз хонаро рӯфтаю сафед кардан ва курпаю пардаҳоро шустану хушбуйӣ задан;

– чаҳоршанбесурӣ, яъне дар чорраҳае алав афрӯхтану хурду калон аз болояш ҷаҳидан ва ба оташ муроҷиат кардану гуфтан: ранҷурию ранги зарди ман аз они ту, сурхию хуррамии ту аз они ман;

– обрезон – яъне пеш аз фарорасии соли нав – Наврӯз худро поку озода кардан ва чандин маросимҳои дигари ибратомӯзу тарбиятдиҳандаи наврӯзи бостонӣ идома доранд ва тақвият меёбанд;

– обгирӣ. Дар деҳоти Рӯшони Бадахшон пеш аз тоза кардани хона ва пухтани хӯрокҳои идонаи наврӯзӣ соҳибхоназан ё мард саҳарии барвақт ба сари чашма барои об меравад ва ҳангоми об овардан, бояд аз хона то сари чашма ё дарё ва аз онҷо то хона бо касе сухан нагуяд. Ӯ ҳангоми обгирӣ ба даруни сатил чандто сангча меандозад, ки ин сангчаҳо рамзи пурбаракатшавиро ифода мекунанд. Обро ба хона оварда як қисмашро ба хамир меандозад ва як қисми дигарашро барои пухтани боҷ – як навъи хӯроке, ки аз каллаву почаи гӯсфанд ва рудаҳои он бо гандум нимкӯфта ва боқило пухта мешавад, истифода мебаранд ва аз боқимондааш ҳамаи аҳли хонавода кам-кам менӯшанд, ки он шугун - фоли нек нек хисоб мешавад.

Ойини мазкур ба он далолат мекунад, ки об дар қаринаи ҷашни Наврӯзи мардуми тоҷик аз даврони бостон ба ғайр аз корбурди маишӣ, инчунин мазмуни асотириву рамзӣ доштааст.

Обро тоҷикони имрӯза чун аҷдодони ориёии худ дар қатори оташу бод ва хок ҳамчун як унсури муқаддаси табиат, дорои неруи поккунандаи тамоми айбу гуноҳҳо, нопокиҳо ва зиштҳо медонанд. Об рамзи ҳаёти поку беолоиш ва оромиву сулҳу субот низ мебошад.

– ҳафт Син ва ҳафт Шин, номгӯи анвоест, ки номашон бо ҳарфҳои С ва Ш оғоз меёбанд. Масалан, сир, себ, сабзӣ, санҷид, сирко, суманак, сипанд

ва шакар, шона, шамъ, ширинӣ, шарбат, ширбиринҷ, шир;

– суманакпазӣ, ки аз сабзаи гандум пухта мешавад. Сабза рамзи эҳёи табиат ва зебогию осоиштагии хаёт ба шумор меравад;

– пӯхтани хӯрокҳои анъанавии наврӯзӣ, ки асосан аз ғалладона тайёр карда мешаванд. Хӯрокҳои гандумӣ рамзи фаровонии Соли нав маҳсуб дониста мешаванд;

– сайри наврӯзӣ, ки дар богу чаман, лаби чашмаву рудхонаҳо, яъне яъне дар идгоҳҳо баргузор мегардад;

– оштикунонӣ, маросими ба ҳам ошти кунонидани аз ҳам қаҳркардагиҳо. Анъане роиҷ ҳаст, ки дар оғози соли нав набояд касе бо касе қаҳрӣ бошад. Ашхоси калонсол дар байни қаҳркрдаҳо даромада, онҳоро бо ҳам оштӣ мекунонанд;

– бозиҳои варзишӣ. Дар айёми Наврӯз мусобиқоти паҳвонон дар намудҳи гуштингирӣ, аспдавонӣ, пойгаҳ(давидан), бандкашӣ, ҷавгонбозӣ, ки асосан дар Ягнобу, Бадахшон маъмул ҳаст, сурат мегиранд.
Аз ҷониби мақомоти иҷроияи ҳукуматҳои маҳаллӣ ба ғолибон туҳфаҳо, аз қабили ҷома, қолину палос, телевизору видеомагнитофон, мошини сабукрав, гӯсфанд, барзагов ва асп тақдим карда мешаванд;

– сароидани таронаҳои наврӯзӣ. Яке аз ғояҳои асосии таронаҳои наврӯзӣ муқобилгузории фаслҳои зимистону баҳор мебошад. Мардум бо рафтани зимистон ва омадани баҳору иди Навруз бо сурудхонӣ шодиву нишоти худро ифода мекунад.

Ҳамин тариқ, иди Наврӯз аз маъруфтарин ва маҳбубтарин ҷашнҳои мардуми тоҷик маҳсуб меёбад

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз соҳиби ин ҷашни бошукӯҳу фархунда будани мардуми фарҳангпарвари тоҷик болида, иброз медоранд: “Мо аз он хушбахтем, ки тамоми халқҳои Осиёи Миёна дар рӯзи ҷашни фархунда ҳамдигарро бо ибораи тоҷикии «Наврӯз муборак!» табрик мекунанд.

Сарходими илмии шуъбаи шарқи Миёна ва наздики Институти омӯзиши масъалаҳои давлатҳои Осиё ва Аврупои АМИТ доктори илмҳои сиёсӣ Маҳмадбекзода М.Ш

Кишварҳои Осиёи Марказӣ аз аввали даврони истиқлолият бо минтақаи Осиёи Ҷанубӣ равобити хубу ҳасана барқарор карда, бо доштани пайвандҳои муштараки адабу фарҳангу забону таърих, лоиҳаву барномаҳо дар коркард ва мубодилаи иқтидори фаровони табиӣ ва ташаббусҳои созандаи худ дар ҳалли масоили гуногуни ҷаҳон нақши стратегӣ мебозанд.

Покистон яке аз аввалин кишварҳоест, ки истиқлолияти Тоҷикистонро ба расмият шинохт. Миёни мардумони Тоҷикистону Покистон муштаракоти зиёде вуҷуд доранд, ки яке аз онҳо маросими Ҷашни Наврӯз мебошад. Тибқи иттилои сомонаи расмии Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон, 5-уми апрели соли 2018 аввалин бор дар таърих Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар Вазорати корҳои хориҷии Покистон расман таҷлил гардид, ки он бо ибтикори Сафорати Тоҷикистон ва кишварҳои Осиёи Марказӣ дар Исломобод ба вуқуъ пайваст.

Бояд гуфт, ки соли 2016 ЮНЕСКО бо қарори худ Покистонро ба рӯйхати кишварҳое, ки Наврӯз дар онҳо ҷашн гирифта мешавад, илова намуд ва он дар ин кишвар ба номи «Новроз» ва ё «Ҷашни баҳорон» маъмул аст. Ҷашни Наврӯз дар маҳаллаҳои гуногуни Покистон бо шеваҳои мухталиф баргузор шуда, мардуми онро хеле самимӣ ва шоён пешвоз мегиранд. Рӯзи аввали Наврӯзро «Олами рӯшноӣ» номида, бар он боваранд, ки бо омадани он олам мунаввар мегардад. Мардуми Покистон шаби Наврӯз дар хонаҳои худ маҳфили наъту ғазалсароӣ баргузор карда, барои боз ҳам хубу ҷолиб шудани он овозхонони машҳурро даъват мекунанд.

Маврид зикр аст, ки санаи 23 март аз солгарди Қатъномаи таърихии муҳими шаҳри Лоҳур, ки бештар бо номи қатъномаи Покистон ё «Резолюцияи Покистон» машҳуру маъруф аст 85 сол сипарӣ мешавад. Қатъномаи Лоҳур изҳороти расмии қабулшудаи Лигаи Мусулмонони Ҳинд дар соли 1940 мебошад, ки ба худидоракунӣ даъват мекард. Тибқи маълумоти дарёфтшуда бори нахуст олим ва омӯзгор Сайид Аҳмадхон (1817-1898) эълом дошт, ки мусулмонон ва ҳиндуҳо дар Ҳинд ду миллати ҷудогона, ба ибораи дигар, “назарияи ду миллат”-ро ташкил медиҳанд. Шоир, файласуф Муҳаммад Иқбол ин консепсияро боз ҳам бештар тавзеҳ дода, дар соли 1930 дар конфронси солона дар Аллоҳобод суханронӣ намуда, аз мухторият ва худидоракунӣ доштани минтақаи алоҳида таъкид кард. Ба андешаи ӯ, ба он бештари аҳолии минтақаи Панҷоб, музофоти шимолу ғарбии сарҳадӣ, Синд ва Балуҷистон дохил мешаванд. Дар даврони ҳукмронии англисҳо дар Ҳинд Муҳаммад Алӣ Ҷиноҳ ва Муҳаммад Иқбол борҳо дар ин бора миёни ҳам гуфтугӯ карда, табодули нома мекарданд. Ҳамин тариқ, Муҳаммад Алӣ Ҷиноҳ ҳамчун роҳбарии сиёсӣ аз дидгоҳҳои олии Иқбол чун шоир ва муфаккир илҳом гирифта, 21 июни соли 1937 ба ӯ нома фиристода чунин гуфт:"Умедворам, ки аз навиштани номаҳо ба шумо зуд-зуд нороҳат нашуда бошед, зеро шумо ягона муфаккире дар Ҳиндустон ҳастед, ки ҷомеа ҳақ дорад, ки тавассути тӯфоне, ки ба Ҳиндустони Шимолу Ғарбӣ ва шояд ба тамоми Ҳиндустон меояд, роҳнамоии беҳтару бехатарро ҷустуҷӯ кунад."

Ҳамин тавр, чунин Резолюция концепцияи Покистонро ба вуҷуд оварда, расман қабул шуд. Мутобиқи маълумотҳо ин резолюцияро А. К. Фазлул Ҳақ дар конфронси 27-уми солонаи Лигаи мусулмонон дар Лоҳур пешниҳод кард.

Дар натиҷаи он Муҳаммад Алӣ Ҷиноҳ аз «назарияи ду миллат» ҷонибдорӣ карда, ишора намуд, ки «Мусулмонон аз рӯи ҳар гуна таърифи миллат миллатанд ва бояд ватан, сарзамин ва давлати худро дошта бошанд... Мо таманно дорем, ки халқи мо то ҳадди пурраи ҳаёти маънавӣ, фарҳангӣ, иқтисодӣ ва иҷтимоӣ ва сиёсӣ тавре рушд кунад.. ».

Муаррих Стэнли Волперт изҳор намудааст, ки ин суханронии Муҳаммад Алӣ Ҷиноҳ заминаи фароҳам овард то унвонии "Бобои қавм" ё Қоиди Аъзам сазовор шуда, байни халқ маъруфу муҳтарам шавад. Ба қавли Волперт "Ҳеҷ бозгаште набуд. Сафири ваҳдати ҳиндуҳо ва мусулмонон худро комилан ба раҳбари бузурги Покистон табдил дод." Аз он вақт инҷониб, Муҳаммад Алӣ Ҷиноҳ бештар маъруфият пайдо карда, пайравонаш афзоиш ёфтанд. Қатъномаи Лоҳур имкони таъсиси минтақаи алоҳидае, ки дар он дин ва фарҳанг ҳифз карда мешавад, ба миён гузошт.

Ба андешаи муаррих, муҳаққи соҳа Нодия Хон, новобаста аз он ки тақсими Ҳиндустон кори дуруст ё нодуруст буд, баҳсест, ки то ҳол ақидаҳо ва эҳсосоти мухталифро ба вуҷуд меорад. Барои баъзеҳо, ин як лаҳзаи фалокатборе буд, ки "Модар Ҳиндустон" -ро тақсим кард; барои дигарон ин ягона иҷоза барои мусалмонон буд, ки боварӣ ва тарзи зиндагии худро нигоҳ доранд.[1]

Ҳамин тариқ, бо гузашти ҳама сахтиҳо Покистон ба вуҷуд омада, ба ҳайси як кишвари калидӣ нақш мебозад. Аҳолии бештари онро ҷавонони бофарҳанг, пешрав ва эҷодкор ташкил дода, пайваста барои беҳбудии ояндаи хуб ва осоишта талошҳо варзида, мубориза мекунанд.

Ба андешаи адиб ва рӯзноманигори машҳури Осиёи Ҷанубӣ Сайид Сибти Ҳасан (1916 - 1986) дар водиҳои дарёи Даҷла ва Фурот се ҷашни мавсимӣ мавҷуд буданд, ки Наврӯз яке аз онҳо мебошад. Ин ҷашн дорои се унсури асосӣ яъне аввал, намоиши тасвирии коинот, ки дар он подшоҳ қаҳрамонӣ нишон дода, дувум, тоҷпӯшии подшоҳ аз нав сурат гирифта, севум, оиладоршавии шоҳ сурат мегирад.

Покистони имрӯзаро қавмҳои гуногун, ба мисли синдӣ, панҷобӣ ва сарҳад ташкил медиҳанд, ки дорои расму русуми хос мебошанд. Истиқболи Наврӯз дар манотиқи гуногуни Покистон ба монанди тоҷикон аст. Оғози баҳор зироаткорон ва деҳқонон аввалин донаро ба замин пошида, барои ободӣ ва зиндагии оянда умеди тозаеро истеҳком мебахшанд. Наврӯзро «Оламафрӯз» низ мегӯянд, ки ба маънои рӯзи тоза мебошад ва вурудаш ҷаҳонро равшан ва дурахшон мекунад. Дар ин айём мардуми атроф, ба мисли Дера Исмоилхон, Кувайта ва Порочанор маросимҳои худро бозкушоӣ карда, тамоми хонаҳо, кӯчаву хиёбонҳо, ибодатхонаҳо ва боғҳоро софу тоза ва чароғон мекунанд. Дар шаби Наврӯз дар хонаҳои худ маҳфилҳои ғазалсароӣ бо иштироки ғазалсароёни машҳур ташкил менамоянд. Дар шаҳри Кувайта мардум кӯлчаҳо ва шириниҳо, ба монандӣ «расмалоӣ», «суҳон ҳалво» ва «барфӣ» пухта, якдигарро муборакбод менамоянд. Дар манотиқи шимолии Покистон, аз ҷумла, Гилгет, Балтистон, Свот ва Чатрол ба таври расмӣ Наврӯзро ҷашн мегиранд. Ҳадя додани тухмҳои рангкарда ва боздид аз хонаводаҳои якдигар ва тамошои чавгонбозӣ аз анъанаҳои мардум дар фарорасии фасли баҳор ва Наврӯз мебошад.

Хулоса, фестивали "Ҷашни Баҳорон" ҳамасола ба истиқболи Наврӯз дар нимаи охири моҳи феврал оғоз шуда, то 23-юми март дар Покистон идома меёбад, ки дар он намоиши ҳунармандон, маҳоратҳои варзишӣ ва озмунҳои гуногун барпо мегарданд.

Ҳамин тариқ, Наврӯз дар Покистон низ ба мисли Тоҷикистон бо зиндашавии табиат ва фарорасии фасли баҳор ҷашн гирифта мешуд, ки тавассути он мардум зебоиҳои муҳити оламро қадр карда, барои равнақу шукуфоии он дастаҷамъона барномаҳои хоси иҷтимоӣ ва фарҳангӣ ташкил менамуданд, то тавонанд якдилона бо дили софу меҳри инсонӣ озоду орому обод умр ба сар баранд. Тоҷикистон ва Покистон чун аъзои фаъоли Созмони ҳамкории Шанхай якҷоя метавонанд ҳамкории бештари худро дар чаҳорчӯбаи форуму лоиҳаҳои мазкур масири аслии рушди иқтисодӣ, тиҷоратӣ ва энергетикиро тавсеа бахшида, шароитҳои созгору хуберо барои эҷод ҳамкорӣ ва рушди ҳамгироии минтақавӣ фароҳам карда, аз сарватҳои инҷо барои рифоҳи зиндагии мардум истифода карда, дар пешбурди сулҳу субот ва иқтисоду тиҷорату саноату саёҳат саҳми муҳим ва муассир гузоранд.

Мирсаид РАҲМОНОВ, - таҳлилгар, ходими калони илмии шуъбаи Осиёи Ҷанубӣ ва Шарқии Институти омӯзиши масъалаҳои давлатҳои Осиё ва Аврупои Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон

[1] Golden Threads. Нодия Хон. 23 март Рузи Покистон. https://www.goldenthreads.uk/blog/pakistanday

Барҳақ, Наврӯз оғози соли нав ва ибтидои тақвими нав мебошад ва ҷашни баробаршавии шабу рӯз, инъикоскунандаи фалсафаи баробарии инсоният дар рӯйи замин маҳсуб ёфта, мақоми он дар фарҳанги миллати тоҷик ва мардуми форсзабон, ҳамзамон дар тамаддуни ҷаҳонӣ арзишманд мебошад. Ин ҷашни аҷдодии мо шукӯҳу шаҳомати беназир дошта, дар худ рамзи меҳрофарӣ, равшангароӣ, зебоидӯстӣ хамнавоӣ бо табиату замин, нерӯи тоза ва қавӣ пайдо намудан, ободкориву накӯкориро инъикос ва таҷассум намудааст. Бинобар ягон боду газандҳои рӯзгор, зарбаҳои таърих натавонистанд Наврӯз ва арзишҳои муқаддаси ба он мутааллиқро аз байн бубаранд.

Истиқлоли ватани азизамон ва сиёсати хирадмандононаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бар он ибтидо гузошт, ки дар сарзамини биҳиштосоямон заминаи ваҳдати миллӣ барпо ва устувор гашта, урфу одат, расму оини миллии ниёгонамон ва арзишҳои муқаддасоти аҷдодиамон дар симои Наврӯзи Аҷам дубора эҳё ва ба тамоми оламиён муаррифӣ шавад ва ба ҷашнвораи ҷаҳонӣ табдил ёбад. Албатта ин паёми нек ба шоирону адибони муосири мо барои эҷоди шеъру чакидаҳои наву рангин илҳоми тоза бахшид. Шоири шинохтаи тоҷик Муҳаммад Ғоиб дар шеъри зер васфи гулу Наврӯз менамояд ва бо ифтихор «Тоҷикистон ватани Наврӯз аст», мегӯяд:

Базми гул дар чамани Наврӯз аст,

Даври ғул-ғулфикани Наврӯз аст.

То ба гардун сухани Наврӯз аст,

Тоҷикистон ватани Наврӯз аст.

Бӯи Наврӯз расад аз ҳама дар

Рӯзи Наврӯз расад аз ҳама бар.

Ҳама дар пероҳани наврӯз аст

Тоҷикистон ватани Наврӯз аст...

Сабзгун ҳама пуштаву саҳрои Ватан,

Сабзпӯш аст ҳама ҷои Ватан.

Сабз ҷон дар бадани Наврӯз аст.

Тоҷикистон ватани Наврӯз аст...

Мусаллам аст, ки Наврӯз ҳамчун рукни муҳими худшиносии миллӣ, василаи муҳимми пайвандгари наслҳо, робитаи гузаштаю имрӯза, эҳёи анъанаҳои зебопарастӣ, инсондӯстию берун сохтани кинаҳо, хамдигарбахшӣ ва дӯст доштани марзу буми худ ва баҳори зиндагии пас аз сардиҳову сахтиҳои зимистон, ибтидои умеду орзуҳои нав барои расидан ба саодатмандиву хуррамии рӯҳу қалб мебошад. Бинобар ин Наврӯз самимитарин, муборактарин ва бошукуҳтарин ҷашни қадими ва дӯстдоштанӣ мебошад. Дар ҳама давру замон шоирони чӣ классик ва чӣ муосир мавзуи Наврӯзу Баҳорро бо як маҳорату шавқи хоси шоирона, бо эҳсосоти баланду қалби саршори пур аз шодмониву меҳрафзо васфу тараннум кардаанд.

Воқеан ҷашни Наврӯз, ки дар фасли зебои сол - Баҳори нозанин рост омадааст, бо омаданаш қалбҳоро шодиву сурур мебахшад. Ҳанӯз дар гузаштаҳои дури дур Манучеҳрии Домғонӣ нигоштаст:

Омада Наврӯз ҳам аз бомдод,

Омаданаш фарруху фархунда бод!

Боз ҷаҳон хурраму хуб истод,

Мурд зимистону баҳорон бизод.

Дар ҷое дигар Фахруддини Гургонӣ чунин тасвироти зебоеро рӯи варақ меорад:

Зимистонро бувад фарҷом Наврӯз,

Чу бошад тирашабро оқибат рӯз.

Чу лашкаргоҳ зад хуррам баҳорон,

Ба дашту кӯҳсору ҷӯйборон.

Ҷаҳон аз хуррамӣ бӯстон шуд,

Замин аз некуӣ чун осмон шуд.

Ҷаҳони пир барно шуд дигар бор,

Бунафша зулф гашту лоларухсор.

Шоири бузургу файласуфи мо-Умари Хайём дар «Наврӯзнома»- и худ менависад: «Ва қиссаи он чунон аст, ки чун Каюмарс аввал аз мулуки Аҷам ба подшоҳӣ бинишаст, хост, ки айёми солу моҳро ном ниҳаду таърих созад, то мардумон онро бидонанд. Бингарист, ки он рӯзи бомдод Офтоб ба аввали дақиқаи Ҳамал омад, мубадони Аҷамро гирд карду бифармуд, ки таърих аз ин ҷо оғоз кунанд...». Ҳамзамон рубоиҳои дар васфи Наврӯз сурудаи шоир содаву файласуфона ва беназиранд:

Чун абр ба Наврӯз рухи лола бишуст,

Бархезу ба ҷоми бода кун азм дуруст,

К-ин сабза, ки имрӯз тамошогаҳи туст,

Фардо ҳама аз хоки ту бархоҳад руст.

Баҳору Наврӯзро бидуни шеър наметавон тасаввур кард. Яке аз хусусиятҳои Наврӯзро ҷашни бедоршавии табиат, шеъру шоирӣ гуем хато намекунем. Зеро фасли Баҳору Наврӯзро бе шеър, бе мусиқиву бе рақсу бозӣ наметавон тасаввур кард. Агар ба ашъори шоирону адибони дирузу имрузи миллатамон нигарем, баръало аён мегардад, ки шоирон дар фасли Баҳору Наврӯз, тасвири табиат, манзараҳои дилрабо ва гулу булбул шеъру ғазалҳои дилангезу дилчасп ва нотакрорро иншо намудаанд, Шояд як сабаби дар адабиёти классику муосири тоҷик зиёд васф гардидани Баҳору Наврӯз ин табиати нотакрор, зебою афсунгар ва дилрабои сарзамини мост, ки бо омадани ин фасл дашту даманаш гулпушу гулрез гашта, қалбҳоро тасхир карда, ба кас илҳоми тоза мебахшад. Шоирону донишмандону маъруфи тоҷик мавзуи Баҳору Наврӯзро бо як маҳорату шавқи хоси шоирона, эҳсосоти баланд ва қалби саршори пур аз шодмониву меҳрафзо васфу тараннум кардаанд. Шояд дар тули таърих дар адабиёти ғайр мисли адабиёти мо дар васфи ҳеч ҷашне мисли Баҳору Наврӯз қасидаву ғазал ва шеъру тарона насуруда бошанд. Таваҷҷуҳи шоирони точик ба ин мавзуъ торафт афзун мешаваду кам не.

Мавриди зикр аст, ки қасидаҳои Абуабдуллоҳи Рудакӣ, манзараофариҳои Фаррухию Унсурӣ ва Дакикию Фирдавсӣ ба эҷоди шоирони баъдӣ илҳоми тоза бахшида таъсири амиқ гузоштаанд. Воқеан ҳам имруз дар байни мардуми мо чӣ пиру чӣ барно касе нест, ки «Баҳория» - и устод Абуабдуллоҳи Рудакиро дӯст надораду пайваста замзама накунад. Тасвироти сода ва моҳиронаи шоирро ғайр аз худи ё наметавон каси дигар тасвир намояд. Чун Устод Рудакӣ шеъри ӯ низ нотакрору бемисл аст:

Омад баҳори хуррам, бо рангу рӯи тииб,

Бо сад ҳазор накҳату ороиши аҷиб.

Шояд, ки марди пир ба-д-ин гаҳ шавад ҷавон,

Гети ба дил ёфт шабоб аз пайи машиб.

Ё ин ки ғазали дар васфи боғу баҳор навиштаи Ҳофизи Шерозӣ тасвироти чӣ сон рангину пурмуҳтаво ва хосса сабки шоирии ӯст:

Нафаси боди сабо мушкфишон хоҳад шуд,

Олами пир дигарбора ҷавон хоҳад шуд.

Арғавон ҷоми ақиқӣ ба суман хоҳад дод,

Чашми наргис ба шақоиқ нигарон хоҳад шуд…

Ҳофиз аз баҳри ту омад сӯи иқлими вуҷуд,

Қадаме неҳ ба видоаш, ки равон хоҳад шуд.

Чунин таманниёти зебо ва тасвироти хеле оливу ҷаззобро аз забони Мавлоно Ҷалолуддини Балхӣ мо ҳанузам барои муборакбодии наврузӣ ба якдигар мефиристем:

Имрӯз ҷамоли ту бар дида муборак бод,

Бар мо ҳаваси тоза печида муборак бод!

Гулҳо, ки миён бандад, бар ҷумла чаҳон хандад,

Эй бар гулу сад гул хандида муборак бод!

Шоири маҳбубу маъруфи замони мо Фарзонаи Хучандӣ Наврӯзро ба «Ҷони Ҷаҳонсоз» шабеҳ дода, бо як эҳсосоти ба худ хоси шоирона мегӯяд:

Наврӯз шуду панҷараро боз намудем,

Сад шукри ту, эй Ҷони Ҷаҳонсоз, намудем.

Табрики ҳама майнаву гунҷишку парасту

Бо марҳалаи тозаи парвоз намудем.

Воқеан ҳам, Наврӯз дар фарҳанги миллии мо хислату андешаҳои накӯ ва созандаро густариш бахшида, оштӣ ва сулҳофарӣ, адолатпешагиву ваҳдатро парастиш менамояд, сулҳу оромиро тақдим мекунад. Бо даромадани рӯзи наву Наврӯз ҳама дарду ғамҳои куҳна ба гушаи фаромӯшӣ рафта, зиндагии хушу рангин ва марҳилаи тоза барои ибтидои ҳаёти нав оғоз мешавад.

Хулоса, шеъру ғазалиёти дар мавзуи Баҳору Наврӯз эҷоднамудаи шоирону адибони мо дар шинохти ҷашни Наврӯз, мақому мартаба, ғояҳои арзишманди он барои бедор намудани хисси зебоипарастиву худшиносӣ, хештаншиносии миллӣ ва арҷ гузоштан ба гузаштаи худ барои наслҳои оянда хеле муҳим ва арзишманд буда, аз ҳамаи мо онро тақозо менамояд, ки пос доштану эҳтироми ин мероси аҷдодиамонро муққаддас шуморему ёдгор бимонем.

Шоира Холиқова, - ходими пешбари илмии шуъбаи Шарқи Миёна ва Наздики Институти омӯзиши масъалаҳои давлатҳои Осиё ва Аврупои АМИТ, номзади илмҳои филология

“Огоҳии хуб аз таърихи фарҳанги куҳан на танҳо ифтихори миллиро ба замона созгор месозад, балки ба таҳкими робитаи тамаддунҳо ва халқҳои гуногун дар шароити мураккаби дунёи муосир мусоидат карда, ба густариши сулҳу ҳамдигарфаҳмӣ заминаи воқеӣ мегузорад”.

Эмомалӣ Раҳмон

Наврӯз суннат ва падидаи фарҳанги ориёӣ буда, оғози фасли баҳор ва соли нав маҳсуб меёбад. Наврӯз анъанаест, ки бар ҳамдигарфаҳмии инсон ва табиат асос ёфтааст. Наврӯз 21-уми март, яъне рӯзе ҷашн гирифта мешавад, ки дарозии шабу рӯз баробар мешавад. Мусаллам аст, ки баробаршавии шабу рӯз оғози давраи нави офтобиро тавсиф мекунад. Баробарии шабу рӯз дар тамоми системаҳои хронологияи офтобӣ инъикос ёфтааст. Ҳамзамон, Наврӯз падидаи астрономӣ буда, ҷашни зебои баҳор аст ва ба ҳаракати астрономии Хуршед бастагӣ дорад. “Ҷашни Наврӯз маҳсули тафаккур ва андешаи мардуми ориёинажод буда, таърихи беш аз шашҳазорсола дорад. Тайи ҳазорсолаҳо дар ҳаёти қавмҳои ориёӣ, аз ҷумла мо - тоҷикон - ҳодисаву таҳаввулоти зиёде ба вуқӯъ пайвастаанд, ки боиси эҷоди маҳдудиятҳо барои баргузории ойину суннатҳо ва ҷашнҳои миллии мо, ба шумули Наврӯз, гардидаанд. Вале Наврӯз мисли забон ва фарҳанги миллӣ, дар тору пуди ҳастии ниёгони мо он қадар мустаҳкам ҷой гирифта буд ва мақому ҷойгоҳи он дар миёни мардуми мо чунон баланд буд, ки ҳеҷ як монеа ва қуввае онро натавонист аз байн барад. Зеро Наврӯз моҳиятан ҷашни мардумӣ ва ойини сирф табиӣ мебошад. Далели асосии умри тӯлонӣ доштани Наврӯз робитаи мустақими он бо табиат ва инсон, пайванди он бо суннату анъанаҳо ва расму ойинҳои миллӣ мебошад”[2]. Наврӯз аз қадимтарин ҷашни Соли нав дар рӯи кураи Замин аст, чунки осори он дар умқи ҳазорсолаҳо нуҳуфтааст. Наврӯз ҳамчун таҷассумгари рӯҳи ҳақиқӣ ва анъанаи зинда хостатарин падидаи фарҳанги ориёӣ мебошад. Маҳз ҳамин ҷашни воқеан мардумӣ ҳамчун рӯҳияи муҷаҳҳазшудаи наслҳо ва даврони гузашта дар сатҳи тафаккури таърихии мо ягонагии абадии маънавии анъанаҳои фарҳангӣ, инчунин пайванди ногусастании маънавии наслҳо-гузаштагон, имрӯз ва ояндаро дар бар мегирад. Мавриди зикри хос аст, ки Наврӯз дар байни ҳама ҷашнҳои маъруфи мардумӣ маъмултарин ид ба шумор меравад ва талошҳои бархе аз мардум барои ба унвони ҷашни мусалмонӣ муаррифӣ кардани Наврӯз ҳеҷ гуна асоси илмӣ ва таърихӣ надорад. Тавре ки зикр намудем, Наврӯз баробаршавии шабу рӯз буда, яке аз идҳои маъруфтарини мардумӣ дар дунё ба шумор меравад. Дар ҷашнгирии Наврӯз тамоми нозукиҳои санъати кишоварзӣ, деҳқонӣ, косибӣ, кадбонугӣ ва дигар ҳунарҳои мардумӣ ҷой ва мавқеи хоси хешро дорад. Маҳз дар рӯзҳои ин иди воқеан мардумӣ бедоршавии табиат ба вуқуъ мепайвандад. Дар ин рӯзҳои муқаддас мардум ба истиқболи нури Хуршеди оламафрӯз баромада, аз Эзид файзу баракат дар кишту кор, зиндагии бофараҳ ва ризқу рӯзии фаровонро таманно мекунанд. “Барои истиқболи арзандаи он ба ҳар як фарди бонангу номус зарур аст, ки бо шукронаи соҳибдавлативу соҳибихтиёрӣ ҳар рӯзро пурсамар истифода бурда, тозаву озода ва ободу зебо гардонидани хонаву кошона ва маҳалли зисти худро вусъат бахшад, инчунин дар раванди созандагиву ободонии Ватани аҷдодиамон саҳми ватандӯстона гузорад. Яке аз суннатҳои бисёр неку шоистаи Наврӯз он аст, ки одамон ба истиқболи ин ҷашни фархунда на танҳо макони зисту ашёи рӯзгор ва сару либоси хешро нав ё тозаву озода мегардонанд, балки қалбу ботини худро аз кинаву адоват ва хушунату бадбинӣ пок месозанд, ҳамдигарро бо чеҳраи кушоду оғӯши пурмеҳр истиқбол мегиранд”[1]. Амалҳои неку башардӯстона дар ин ҷашни муқаддаси аҷдодӣ арзишмандтарин иқдом аст. Мардуми шарифи кишвар бо амалҳои наку, ба қадри имкон, кӯшиш менамоянд, ки ба ниёзмандон кумак кунанд. Ба оилаҳои камбизоат ва ятимон хайрияҳо тақдим мекунанд. Сазовори ёдоварист, ки нафарони баору номуси миллат дар ятимхонаҳою хонаҳои пиронсолон чорабиниҳои гуногуни хайриявӣ ташкил мекунанд. Бо назардошти нозукиҳои хоси ин ҷашн хони наврӯзӣ ороста, бо барномаҳои рангини мусиқӣ хотири бошандагони ин муассисаҳоро қадре ҳам бошад, болида мегардонанд. Чунин шахсони сарсупурдаву худшиносу худогоҳи миллат бо хислату кирдори наҷибонаю ватанпарваронаи худ расму ойинҳои неки Наврӯзи ҷаҳонигаштаро гиромӣ медоранд. “Боз як суннати беҳтарини Наврӯз бахшиши гуноҳҳо, навозиши ятимону аёдати маъюбон ва хайру саховат ба дармондагону ниёзмандон аст. Боиси қаноатмандист, ки ҷавонмардони саховатманд ин анъанаи неки ниёгонро идома бахшида, ба ятимону маъюбон ва оилаҳои камбизоату муҳтоҷон дасти мадад дароз мекунанд. Имрӯзҳо бо ташаббуси чунин шахсони ҳимматбаланд ҳазорҳо хатнасур ва тӯйҳои арӯсии дастаҷамъона баргузор шуда истодаанд, ки ин иқдоми наҷиб, албатта, ҳам файзу баракати ҷомеа ва ҳам шукӯҳу ҷалоли Наврӯзро бештар мегардонад”[1].

Боиси зикри хос аст, ки мардуми тамаддунофару соҳибхираду поктинати кишвари азизамон - Тоҷикистон - бо риоя намудану гиромӣ доштани расму оийнҳои неки ниёгон дар пойдории сулҳу субот, ободии диёр саҳми беназир мегузоранд. Бешак, ин ҳама кору иқдомоти саховатмандона ва инсондӯстона аз эҳсоси баланди худшиносии миллӣ, ҳувияти миллӣ ва эҳтироми арзишҳои миллӣ шаҳодат медиҳанд. Бо шарофати соҳибистиқлолӣ ҷашну ойинҳои ниёкони дурамон пайваста эҳё гардида, зиндагии рӯзмарраамон торафт рангину пурҷило ва ҳаётамон хубу хушу орому осуда гаштааст. Дастархони наврӯзиамон аз файзи Истиқлол пурнозу неъмат мебошад. Наврӯз иди мардумист, ки ба дастархони ҳар хонадон файзу баракат меоварад.

Мусаллам аст, ки дар асоси солшумории куҳан Фарвардинмоҳ дар ҳар сол чанд соат аз мавқеи аслии худ ақиб афтода, дар муддати 1461 сол боз ба ҳамон маҳал, ки нуқтаи эътидол мебошад, бозмегардад. Аз замоне, ки Гивмарт ва ё Каюмарс ҳисоби соли хуршедиро пайдо кард, то саду бисту якумин соли салтанати Ҷамшед ин рӯз ба охир расид ва ин фасли сол ба маҳалли нахустини худ бозгашт. Расму оин ва одоби баргузории ҷашни Наврӯз низ дар бисёр матнҳои куҳан бо ривояту далелҳои таърихнигорон хеле дилчаспу зебо баён шуда, аз расми иҷрои он метавон асолати ҳузури ин ойинро дар миёни гузаштагони тоҷикон дарёфт намуд. Абӯрайҳони Берунӣ дар «Осору-л-боқия» овардааст, ки «аз одоби ҷашни Наврӯз ин буд, ки дар саҳни ҳар хона бар ҳафт сутун бо рақамҳои мушаххас ғалла мекоштанд ва ҳар як аз онҳо, ки мерӯид, онро далели тараққии он навъ ғалла дар Соли нав медонистанд». Ба ибораи дигар, аҷдоди тоҷикон чанд рӯз қабл аз поёни соли куҳан ба хонатаконӣ ва таҳияи либоси наву сабз кардани ғалладонаҳо, аз қабили гандум, ҷав, нахӯд, биринҷ, кунҷид, лӯбиё, мош ва ғайра машғул мешуд. Амали мазкур аз ҷониби «Авасто» низ дастур шуда буд, зеро мутобиқи он рӯҳу равони мурдагон ва фариштагон (фраваҳрҳо) дар рӯзҳои фарвардинмоҳ ба хонаҳои худ боз - мегарданд. Аз ин рӯ бояд мардум хонаҳоро пок кунанд ва фаршу қолинҳои пок густурда, хӯроку хӯрданиҳои хуштамъу бомазза ва иштиҳоовар ниҳанд ва аз онҳо хӯранд, то рӯҳи мурдагон аз бӯй ва неруи он қувват гиранд ”[4].

Дар рӯзҳои иди Наврӯз дар ҳар як хонадон, маҳалла, марказҳо, ташкилотҳо, минтақаҳо аз меваҳои баҳоронаю сабзавот дастархони пур аз нозу неъмат, аз он ҷумла 7 шин (шакар, шамъ, шарбат, шароб, ширинӣ, шир, шона), 7 мим (мағз, мурч, мева, моҳӣ, мавиз, мост, мурғ), 7 син (сирко, сабза, сумоқ, санҷид, сир, себ, сипанд) ороста, меҳмононро бо меҳру муҳаббат ва ҳурмату эҳтиром пешвоз гирифта, меҳмондорӣ менамоянд. Мардум бо мақсади ободу серҳосил шудани ҷомеа дастархонро пурнозу неъмат ороста мекунанд, то ин ки дар давоми сол оммаи заҳматқарин дар ҳамин раванд зиндагонӣ ба сар баранд. Шоҳтаоми Наврӯз, бешак, суманак ба ҳисоб мерафт ва меравад, ки аз гандум, майсаи гандум, об, орд, рӯған, санги майдаи кулола, чормағз тайёр карда шуда, ба мардум, меҳмонон, хонаҳо тақсим карда мешуд ва он хусусияти табобатӣ дорад. Ин ҷашни қадима ва ҳамешаҷавони аҷдоди мо, ки рамзи муҳаббату зебоӣ, сафову покӣ ва саховату некист, саршавии фаъолияти киштукори зироаткорон, деҳқонону тамоми кормандони соҳаи аграрӣ, бедоршавии табиату эҳёи ҷомеа, иди баҳору ҷавонӣ, ишқу муҳаббати мардумон, дӯстиву рафоқати халқҳои гуногуни ҷаҳони имрӯза маҳсуб рафта, дар замони муосир дар саросари ҷаҳон, бахусус дар Тоҷикистони меҳррӯ, ҷаннати рӯйи Замин, ки Ватани Наврӯзи хуҷастапай мебошад, бо истиқболи густурда ва шукӯҳу шаҳомати хосса дар ҳудуди кишвари зебоманзарамон таҷлил мегардад. Аз ҷониби СММ эълон шудани 21- уми март ҳамчун Рӯзи ҷаҳонии пиряхҳо дар пасманзари Иди Наврӯзи байналмилалӣ беҳикмат набуда, нишон аз арҷгузории ҷомеаи ҷаҳонӣ, аз ҷумла СММ, ба фарҳанг, таърих, осори ниёгони миллати тоҷик, махсусан ташаббусҳои Пешвои муаззами миллат, эҳёгари расму оинҳои миллӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мебошад”[3]. Дар ҳақиқат ифтихори ватандориву ватанпарастӣ, ҳувияти миллӣ, худшиносӣ ва худогоҳӣ низ аз эҳтироми таъриху фарҳанг сарчашма мегиранд. Зикр намудан ба мақсад мувофиқ аст, ки Наврӯзи имсола бо хусусиятҳои хоси худ аз дигар Наврӯзҳои ватани соҳибистиқлоламон бо он фарқ мекунад, ки бо пешниҳоди Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷониби СММ, бо ҷонибдории аксари кишварҳои ҷаҳон, 21- уми март ҳамчун Рӯзи ҷаҳонии пиряхҳо муқаррар карда шуд, ки ин падидаи нек мебошад.

Лоиқи зикри хос аст, ки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон ба масъалаҳои муҳимтарини вобаста ба ояндаи инсоният муносибати дурбинона ва ҷиддӣ доранд. Бо пешниҳоди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон Созмони Милали Муттаҳид соли 2003-ро “Соли байналмилалии оби тоза”, солҳои 2005-2015-ро Даҳсолаи байналмилалии амалиёти “Об барои ҳаёт”, соли 2013-ро “Соли байналмилалии ҳамкорӣ дар соҳаи об”, солҳои 2018-2028-ро Даҳсолаи байналмилалии амал “Об барои рушди устувор” ва соли 2025-ро “Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо” эълон кард. Ҳамчунин, бар тибқи қатъномаи Маҷмаи Умумии СММ, аз соли 2025 ба баъд ҳар сол 21-уми март ҳамчун Рӯзи ҷаҳонии пиряхҳо таҷлил карда мешавад. Навиди дигар ин аст ва боиси ифтихору сарбаландии тоҷикони олам мебошад, ки бо мақсади гиромидошти суннатҳои миллӣ, эҳёи расму ойинҳои бостонии мардуми тоҷик ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи рӯзҳои ид» илова ворид гардидааст, ки бар тибқи он, ҳар сол 1-уми июл “Иди Тиргон” ҷашн гирифта мешавад. Мардуми тамаддунпарвару тамаддунофару соҳибхиради тоҷик минбаъд низ суннатҳои ахлоқиву маънавӣ ва иҷтимоиву фарҳангии “Сада”, “Наврӯз”, “Тиргон” ва “Меҳргон”- ро бо тамоми нозукиҳои хоси ориёӣ посу пок дошта, ба наслҳои оянда ба мерос мегузорад.

Хулоса, «ҳар кӣ рӯзи Наврӯзро ҷашн кунад ва ба хуррамӣ пайвандад, то Наврӯзи дигар умр дар шодию хуррамӣ гузорад»[5,27].

Зи кӯйи ёр меояд насими боди наврӯзӣ.
Аз ин бод ар мадад хоҳӣ, чароғи дил барафрӯзӣ.
Сухан дар парда мегӯям чу гул аз ғунча берун ой,
Ки беш аз панҷ рӯзе нест ҳукми мири наврӯзӣ.
(Ҳофизи Шерозӣ)

Биёмад боди субҳу иди Наврӯз.
Ба коми дӯстон ин бахти пирӯз.
Ҳумоюн бодат ин солу ҳама сол,
Муборак бодат ин рӯзу ҳама рӯз.
(Шайх Саъдӣ)

Давлиёрова Сафаргул Тешаевна, - ходими пешбари илмии Шуъбаи Иттиҳоди Давлатҳои Мустақили Институти омӯзиши масъалаҳои давлатҳои Осиё ва Аврупои АМИТ, номзади илмҳои фалсафа, дотсент

Сарчашмаҳо:

1. Паёми табрикӣ ба муносибати ҷашни Наврӯз. 21.03.2011, шаҳри Душанбе. Манбаи электронӣ: https://prezident.tj/event_by_theme/internal_politics/

navruz/71. Санаи муроҷиат: 20.02.2025.

2. Паёми шодбошӣ ба ифтихори Наврӯзи соли 2024, 20.03.2024, ш. Душанбе. Манбаи электронӣ: https://www.president.tj/event_by_theme/internal_ politics/ navruz/37140. Санаи муроҷиат: 11.02.2025.

3. Насриддинзода Э. Пешвои миллат ва эҳёи Наврӯз ҳамчун ҷашни байналмилалӣ. Манбаи электронӣ: https://jumhuriyat.tj/376-peshvoi-millat-va-jeei-navrz-amchun-ashni-bajnalmilal.html. Санаи муроҷиат: 02.02.2025.

4. Шамолов А. Наврӯзи аҷам: Дари мардуми ориёӣ ҳамеша барои меҳмон боз буд. Манбаи электронӣ: https://khovar.tj/2017/03/navruzi-a-am-dari: санаи муроҷиат: 05.02.2025.

5. Хайём У. Наврӯзнома. Душанбе. Адиб. 2012, 352 с.

Наврӯз, ки яке аз идҳои қадимтарин ва бузургтарин дар рӯи Замин буда ва таърихи беш аз 6000-сола дорад, ба сарзамини биҳиштосои тоҷик қудуми мубораки худро гузошт. Он рамзи оғози зиндагии нав, эҳёи табиат, ваҳдат ва рукни муҳими фарҳангии мардуми Осиёи Марказӣ ва Шарқи Наздик мебошад.

312312Наврӯз дар аҳди Ҳахоманишиниёну Сомониён яке аз ҷашнҳои бузург ба ҳисоб мерафт. Аз рӯи баъзе маълумотҳои таърихӣ сарчашмаи ҷашнвораи Наврӯз ба замони Зардӯшт рост меояд ва аввалин шахсе, ки ин идро ҷашн гирифт подшоҳи форс Ҷамшед буд.

Анъанаҳои таърихии ҷашнгирии Наврӯз то ба замони мо тағйир наёфтаанд. Мардум Наврӯзро бесаброна интизор мешаванд ва барои дар сатҳи баланд ҷашн гирифтани ин иди бузург тайёрии ҷиддӣмебинанд. Мардум ба тозагии хонаҳо, кӯчаю хиёбонҳо ва ҷойҳои хоси баргузории иди Наврӯз омодагӣ мебинанд. Бояд қайд намуд, ки мардуми Тоҷикистон бо вижагиҳои хос, бо оро додани дастархони ҳафтсину ҳафтшин, пухтани сумалак, анвои шириниҳо, бо хондани суруду таронаҳо ва рубоиҳо Наврӯзро ҷашн мегиранд. Мардуми тоҷик дорои расму ойинҳо ва амалҳои суннатӣ буда, ҳар як ҷашну маросими онҳо маъниҳои нуҳуфта, розҳои таърихию асотирии бостонӣ ва мазмунҳои печидаи худро доранд. Наврӯз низ чунин суннатҳои худро дорад.

Сумалак, навъе аз хуриши наврӯзист, ки аз сабзаи гандум пухта мешавад. Худи сабза рамзи эҳёи табиат ва зебоию осоиштагии хаёт ба шумор меравад. Ду ҳафта қабл аз ҷашни Наврӯз мардум дар хонаҳои худ, дар табақҳо гандумҳоро шуста месабзонанд ва рӯзи ид ба идгоҳ меоранд. Занҳову духтарон сурудхонӣ, рақсу бозиҳо ва ҳазлу хандаҳо мекунанд. Зеро ривояте ҳаст, ки соли навро агар бо ханда, хурсандию шодмонӣ пешвоз гирӣ, хамон сол пурра бо хуррамию шодӣ зиндагӣ хоҳӣ кард.

Яке аз рамзҳои маъмулии ҷашнгирии Наврӯз ин дастархони ҳафт сину ҳафт шин мебошад. Таъомҳое, ки номашон бо ҳарфҳои “С” ва “Ш” сар мешаванд гузошта мешавад. Ҳамчун қоида дар ҷашни Наврӯз ду намуди дастархон оро дода мешавад: хони “Ҳафт Син” ва хони “Ҳафт Шин” мебошад.

Яке аз анъанаҳои наврӯзӣ ин 7 “син” мебошад. Ҳафт “син” ин номгӯи ҳафт чизҳоеанд, ки аввали саршавии онҳо бо ҳарфи – С (Син) сар мешаванд. Ба инҳо дохил мешаванд: сирпиёз, себ, сабзӣ, санҷид, сирко, сумалак, испанд. Ҳар як давлату миллат урфу одати худро дорад. Бинобар ин ба ҷои ҳафт сини номбаршуда халқияту миллатҳои дигар, чизҳои ба расму одатҳои худ наздикро низ дар дастархони наврӯзии худ мегузоранд.

Ба ғайр аз «Ҳафт Син» дар рӯи дастархони наврӯзӣ «Ҳафт Шин» мемонанд. Ҳафт Шин ин номгӯи чизҳои рӯи дастархони наврӯзӣ, ки аввали саршавии ҳарфи онҳо бо Ш (Шин) оғоз меёбанд, ба мисоли: шакар, шона, шамъ, шиннӣ, шарбат, ширбиринҷ, шир.

Инчунин аз ойину суннатҳои тоҷикон дар айёми Наврӯз гулгардонӣ, ҷуфтбаророн, хонабаророн, оштикунонӣ, бузкашӣ то ба замони мо омада расидаанд:

Ҳарчанд дар бораи ҷанбаҳои тиббӣ доштани ин ҷашни фархунда олимон маълумоти кам пешниҳод намудаанд, вале ҳар як рамзу унсури ин ҷашн барои саломатии инсон фоидаовар буда, мафҳумҳои зиёде то ба ҳол ниҳон аст.

Наврӯз саросар аз рамзҳо иборат буда, ҳар унсуру падидаи он ишорае ба як ҷанбаи ҳаёти инсон мебошад. Аз ҷумла сафедӣ рамзи покиву озодагӣ ва сафову осудагист. Аз ин ҷост, ки духтарон либоси сафед ба бар мекунанд, кадбонуҳо хонаҳоро сафед менамоянд. Ва беҳуда намгӯянд, ки тозагӣ гарави саломатӣ мебошад.

Ҳафт хони наврӯз, пеш аз ҳама бо ҳафтсин ва ҳафтшин оғоз меёбад.

Аксари мардуми ориётабор аз рӯзгори куҳан то имрӯз хони наврӯзии худро бо номи Ҳафт син-ҷумла санҷид, себ, сабза, суманак, сикка, сирко ва сипанд оро медоданд. Илова бар ин, рӯи хони наврӯзӣ як зарфи об бо моҳии сурх, оина, шамъ, гулоб, ширинӣ низ мегузоранд, то он бошукӯҳтар гардад.

Санҷид бӯи хушу гуворо дошта, рамзи нишони дилдодагӣ ба табиатро ифода месозад. Он барангезандаи ишқу ошиқӣ ва нишонаи равияи хуби зоишу таваллуд мебошад. Баъзе аз донишмандон онро қавикунадаи ақли инсон низ медонанд ва ба ин сабаб, рамзи асосии санҷид нишонае аз донишу хирад мебошад.

Себ низ рамзи ҳафтсин мебошад, ки он яке аз унсурҳои асосии тандурустии инсон ба шумор меравад. Дар тибби мардумӣ мегӯянд, ки ҳар кас ҳар рӯз як дона себ хурад, ӯро ба табиб эҳтиёҷ намонад.

Сабза аз ҷумлаи маводи хони наврӯзӣ ба шумор меравад, ки пеш аз ҳама ба рӯйиш, зинда ва бедор шудани табиат марбут мебошад. Сабза рамзи сарсабзӣ, нумӯ ва хуррамии инсониятро бозгӯйӣ менамояд. Бинобар ин, мардуми ориёитабор сабзаро дар хони худ чун нишони тароват, боландагӣ, хуррамӣ мегузоштанд ва онро рамзи сари сол ва аз нав солимгардии инсон медонистанд.

Унсури дигари суфраи наврӯзӣ суманак мебошад, ки ҳамчун ғизои маъруф пур аз витаминҳост. Бесабаб нест, ки онро ғизои "мардофарин" ном мебаранд. Зеро ин таоми идона аз тухми ғалла таҳия мешавад ва ғалла дар суннати дерини ниёгони мо, пеш аз ҳама ба файзу баракат иртибот дорад. Табибони мардумӣ суманакро ҳамчун ғизои барои меъдаи инсон фоидаовар тавсия медиҳанд.

Сирко низ рамзи наврӯзӣ мебошад, ки онро қувватдиҳандаи қувваи ҳофиза ва қалб аст. Сирко инсонро дармон мебахшад ва аз дарду офатҳо эмин нигоҳ медорад. Онро рамзи ризову тасаллӣ низ қаламдод кардаанд. Барои гувориш ва ҳазм шудани таом аз анвои гуногуни сирко, ба мисли шарбатҳои ангур, себ, гелос, олуболу, шафтолу, зардолу таҳия мегардад, истифода мекунанд.Сирко чарбшӯст ва қобилияти зиддисаратонӣ дорад.

Сипандро донишмандон рамзи сабр ва таҳаммул донистаанд. Дар хони наврӯзӣ он нишонаи пойдорӣ ва муқовимат мебошад. Дар тибби мардумӣ он аз доруҳои асосӣ ба ҳисоб рафта, барои пешгирии бемориҳои зиддиуфунӣ, зуком ва тақвияти қувваи биноӣ истифода мешавад. Дар урфи мардуми мо, онро чун "гиёҳи балогардон" низ ном мебаранд.

Донаҳои ҳазориспандро рӯи зарфи наврӯзӣ гузошта, бо фаро расидани Наврӯз онро ба хотири дафъи балоҳо месӯзонданд. Ба қавли машҳур он ба ҳазор дард даво будааст.

Ба ғайр аз ин дар рӯзҳои наврӯзӣ мардум бозиҳои ҷашниро, аз қабили бӯзкашӣ, чавгонбозӣ, дави миллӣ, оташпарӣ ва ғайра ба роҳ мемонанд, ки ҳамаи онҳо ба саломатии инсон фоидаовар мебошанд ва ба руҳу солимии инсон кӯвваи нав ато менамоянд.

Наврӯзи оламафрӯз бидуни ҷанбаҳои фарҳангӣ мардумӣ доштан, инчунин барои солимӣ ва қавигии инсонҳо нақши муҳим дорад.

Ибодзода С. Т., Ноиби президенти АМИТ, раиси шуъбаи илмҳои тиббӣ ва фарматсевтии АМИТ, д.и.т., профессор.

Каримов Ш.Қ., сармутахассис.

Наврӯз, ки яке аз идҳои қадимтарин ва бузургтарин дар рӯи Замин буда ва таърихи беш аз 6000-сола дорад, ба сарзамини биҳиштосои тоҷик қудуми мубораки худро гузошт. Он рамзи оғози зиндагии нав, эҳёи табиат, ваҳдат ва рукни муҳими фарҳангии мардуми Осиёи Марказӣ ва Шарқи Наздик мебошад.

Наврӯз дар аҳди Ҳахоманишиниёну Сомониён яке аз ҷашнҳои бузург ба ҳисоб мерафт. Аз рӯи баъзе маълумотҳои таърихӣ сарчашмаи ҷашнвораи Наврӯз ба замони Зардӯшт рост меояд ва аввалин шахсе, ки ин идро ҷашн гирифт подшоҳи форс Ҷамшед буд.

212121Анъанаҳои таърихии ҷашнгирии Наврӯз то ба замони мо тағйир наёфтаанд. Мардум Наврӯзро бесаброна интизор мешаванд ва барои дар сатҳи баланд ҷашн гирифтани ин иди бузург тайёрии ҷиддӣмебинанд. Мардум ба тозагии хонаҳо, кӯчаю хиёбонҳо ва ҷойҳои хоси баргузории иди Наврӯз омодагӣ мебинанд. Бояд қайд намуд, ки мардуми Тоҷикистон бо вижагиҳои хос, бо оро додани дастархони ҳафтсину ҳафтшин, пухтани сумалак, анвои шириниҳо, бо хондани суруду таронаҳо ва рубоиҳо Наврӯзро ҷашн мегиранд. Мардуми тоҷик дорои расму ойинҳо ва амалҳои суннатӣ буда, ҳар як ҷашну маросими онҳо маъниҳои нуҳуфта, розҳои таърихию асотирии бостонӣ ва мазмунҳои печидаи худро доранд. Наврӯз низ чунин суннатҳои худро дорад.

Сумалак, навъе аз хуриши наврӯзист, ки аз сабзаи гандум пухта мешавад. Худи сабза рамзи эҳёи табиат ва зебоию осоиштагии хаёт ба шумор меравад. Ду ҳафта қабл аз ҷашни Наврӯз мардум дар хонаҳои худ, дар табақҳо гандумҳоро шуста месабзонанд ва рӯзи ид ба идгоҳ меоранд. Занҳову духтарон сурудхонӣ, рақсу бозиҳо ва ҳазлу хандаҳо мекунанд. Зеро ривояте ҳаст, ки соли навро агар бо ханда, хурсандию шодмонӣ пешвоз гирӣ, хамон сол пурра бо хуррамию шодӣ зиндагӣ хоҳӣ кард.

Яке аз рамзҳои маъмулии ҷашнгирии Наврӯз ин дастархони ҳафт сину ҳафт шин мебошад. Таъомҳое, ки номашон бо ҳарфҳои “С” ва “Ш” сар мешаванд гузошта мешавад. Ҳамчун қоида дар ҷашни Наврӯз ду намуди дастархон оро дода мешавад: хони “Ҳафт Син” ва хони “Ҳафт Шин” мебошад.

Яке аз анъанаҳои наврӯзӣ ин 7 “син” мебошад. Ҳафт “син” ин номгӯи ҳафт чизҳоеанд, ки аввали саршавии онҳо бо ҳарфи – С (Син) сар мешаванд. Ба инҳо дохил мешаванд: сирпиёз, себ, сабзӣ, санҷид, сирко, сумалак, испанд. Ҳар як давлату миллат урфу одати худро дорад. Бинобар ин ба ҷои ҳафт сини номбаршуда халқияту миллатҳои дигар, чизҳои ба расму одатҳои худ наздикро низ дар дастархони наврӯзии худ мегузоранд.

Ба ғайр аз «Ҳафт Син» дар рӯи дастархони наврӯзӣ «Ҳафт Шин» мемонанд. Ҳафт Шин ин номгӯи чизҳои рӯи дастархони наврӯзӣ, ки аввали саршавии ҳарфи онҳо бо Ш (Шин) оғоз меёбанд, ба мисоли: шакар, шона, шамъ, шиннӣ, шарбат, ширбиринҷ, шир.

Инчунин аз ойину суннатҳои тоҷикон дар айёми Наврӯз гулгардонӣ, ҷуфтбаророн, хонабаророн, оштикунонӣ, бузкашӣ то ба замони мо омада расидаанд:

Ҳарчанд дар бораи ҷанбаҳои тиббӣ доштани ин ҷашни фархунда олимон маълумоти кам пешниҳод намудаанд, вале ҳар як рамзу унсури ин ҷашн барои саломатии инсон фоидаовар буда, мафҳумҳои зиёде то ба ҳол ниҳон аст.

Наврӯз саросар аз рамзҳо иборат буда, ҳар унсуру падидаи он ишорае ба як ҷанбаи ҳаёти инсон мебошад. Аз ҷумла сафедӣ рамзи покиву озодагӣ ва сафову осудагист. Аз ин ҷост, ки духтарон либоси сафед ба бар мекунанд, кадбонуҳо хонаҳоро сафед менамоянд. Ва беҳуда намгӯянд, ки тозагӣ гарави саломатӣ мебошад.

Ҳафт хони наврӯз, пеш аз ҳама бо ҳафтсин ва ҳафтшин оғоз меёбад.

Аксари мардуми ориётабор аз рӯзгори куҳан то имрӯз хони наврӯзии худро бо номи Ҳафт син-ҷумла санҷид, себ, сабза, суманак, сикка, сирко ва сипанд оро медоданд. Илова бар ин, рӯи хони наврӯзӣ як зарфи об бо моҳии сурх, оина, шамъ, гулоб, ширинӣ низ мегузоранд, то он бошукӯҳтар гардад.

Санҷид бӯи хушу гуворо дошта, рамзи нишони дилдодагӣ ба табиатро ифода месозад. Он барангезандаи ишқу ошиқӣ ва нишонаи равияи хуби зоишу таваллуд мебошад. Баъзе аз донишмандон онро қавикунадаи ақли инсон низ медонанд ва ба ин сабаб, рамзи асосии санҷид нишонае аз донишу хирад мебошад.

Себ низ рамзи ҳафтсин мебошад, ки он яке аз унсурҳои асосии тандурустии инсон ба шумор меравад. Дар тибби мардумӣ мегӯянд, ки ҳар кас ҳар рӯз як дона себ хурад, ӯро ба табиб эҳтиёҷ намонад.

Сабза аз ҷумлаи маводи хони наврӯзӣ ба шумор меравад, ки пеш аз ҳама ба рӯйиш, зинда ва бедор шудани табиат марбут мебошад. Сабза рамзи сарсабзӣ, нумӯ ва хуррамии инсониятро бозгӯйӣ менамояд. Бинобар ин, мардуми ориёитабор сабзаро дар хони худ чун нишони тароват, боландагӣ, хуррамӣ мегузоштанд ва онро рамзи сари сол ва аз нав солимгардии инсон медонистанд.

Унсури дигари суфраи наврӯзӣ суманак мебошад, ки ҳамчун ғизои маъруф пур аз витаминҳост. Бесабаб нест, ки онро ғизои "мардофарин" ном мебаранд. Зеро ин таоми идона аз тухми ғалла таҳия мешавад ва ғалла дар суннати дерини ниёгони мо, пеш аз ҳама ба файзу баракат иртибот дорад. Табибони мардумӣ суманакро ҳамчун ғизои барои меъдаи инсон фоидаовар тавсия медиҳанд.

Сирко низ рамзи наврӯзӣ мебошад, ки онро қувватдиҳандаи қувваи ҳофиза ва қалб аст. Сирко инсонро дармон мебахшад ва аз дарду офатҳо эмин нигоҳ медорад. Онро рамзи ризову тасаллӣ низ қаламдод кардаанд. Барои гувориш ва ҳазм шудани таом аз анвои гуногуни сирко, ба мисли шарбатҳои ангур, себ, гелос, олуболу, шафтолу, зардолу таҳия мегардад, истифода мекунанд.Сирко чарбшӯст ва қобилияти зиддисаратонӣ дорад.

Сипандро донишмандон рамзи сабр ва таҳаммул донистаанд. Дар хони наврӯзӣ он нишонаи пойдорӣ ва муқовимат мебошад. Дар тибби мардумӣ он аз доруҳои асосӣ ба ҳисоб рафта, барои пешгирии бемориҳои зиддиуфунӣ, зуком ва тақвияти қувваи биноӣ истифода мешавад. Дар урфи мардуми мо, онро чун "гиёҳи балогардон" низ ном мебаранд.

Донаҳои ҳазориспандро рӯи зарфи наврӯзӣ гузошта, бо фаро расидани Наврӯз онро ба хотири дафъи балоҳо месӯзонданд. Ба қавли машҳур он ба ҳазор дард даво будааст.

Ба ғайр аз ин дар рӯзҳои наврӯзӣ мардум бозиҳои ҷашниро, аз қабили бӯзкашӣ, чавгонбозӣ, дави миллӣ, оташпарӣ ва ғайра ба роҳ мемонанд, ки ҳамаи онҳо ба саломатии инсон фоидаовар мебошанд ва ба руҳу солимии инсон кӯвваи нав ато менамоянд.

Наврӯзи оламафрӯз бидуни ҷанбаҳои фарҳангӣ мардумӣ доштан, инчунин барои солимӣ ва қавигии инсонҳо нақши муҳим дорад.

Ибодзода С. Т., Ноиби президенти АМИТ, раиси шуъбаи илмҳои тиббӣ ва фарматсевтии АМИТ, д.и.т., профессор.

Каримов Ш.Қ., сармутахассис.

Ба ифтихори оғози таҷлили 21 март- Рӯзи байналмилалии ҳифзи пиряхҳо

Охири соли 2022 Маҷмааи Умумии Созмони Милали Муттаҳид (СММ) бо якдилӣ қатъномаиA/RES/77/158-ро, ки Тоҷикистон пешниҳод карда буд, 153 давлат дастгирӣ намуда буд, қабул кард ва соли 2025-ро ҳамчун Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо эълон намуд. Ин ташаббус идомаи корҳои чандинсолаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аст, ки ба муқобили мушкилоти иқлим ва ҳифзи захираҳои об нигаронида шудааст.

Дар суханронии худ Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумхури Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар иҷлосияи бисту ҳафтуми Конфронси ҷонибҳои Конвенсияи қолабии СММ оид ба тағйирёбии иқлим (КОП-27) 07.11.2022 такид намуда буданд, ки: “Захираҳои об дар раванди мутобиқшавӣ ва устуворнокӣ ба тағйирёбии иқлим, ҳамчунин, коҳиш додани оқибатҳои он нақши калидӣ доранд. Афзоиши офатҳои табиии вобаста ба об робитаи ногусастании захираҳои онро бо тағйирёбии иқлим таъкид менамояд. Имрӯз захираҳои об зери таъсири ҷиддии тағйирёбии иқлим қарор доранд. Намунаи возеҳи ин падидаро мо дар обшавии босуръати пиряхҳо дар сатҳи глобалӣ, аз ҷумла пиряхҳои Тоҷикистон, ки то60 фоизи захираҳои оби Осиёи Марказиро ташкил медиҳанд, мушоҳида менамоем. Тайи чанд даҳсолаи охир аз13 ҳазор пиряхи мо як ҳазораш пурра аз байн рафтааст. Бо дарнарназардошти он ки пиряхҳо ва дигар манбаъҳои обии Тоҷикистон, ки дар ҳудудаш 60 фоизи захираҳои обии Осиёи Марказӣ ташаккул меёбанд, ин раванд ба нақшаҳои истифодабарии об дар кишварҳои минтақа мушкилоти иловагиро ба бор хоҳад овард. Дар ин замина, мо дар доираи Эътилофи обу иқлим пешниҳод намудем, ки соли2025 “Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо” эълон карда шавад” [1].

Ба назари мо, ин ташаббуси Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои эҷоди меъёрҳои нави ҳуқуқӣ дар соҳаи экология заминаи мустаҳкам гузошт.

ҚатъномаиA/RES/77/158, ки рӯзи14 декабри соли 2022 қабул гардид, соли 2025-ро Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо эълон намуда, 21 мартро “Рӯзи байналмилалии ҳифзи пиряхҳо” муқаррар намуд ва таъсиси фонди эътимодиро зери идораи СММ пешниҳод карда, баргузории конфронсеро дар Душанбе дар муқаррар намуд. Ин қатънома кишварҳо ва созмонҳоро ба ҳамкорӣ дар омӯзиш, назорат ва ҳифзи пиряхҳо даъват мекунад ва ба Конвенсияи Чаҳорчӯбаи соли 1992 ва Созишномаи Парижи соли 2015 такя мекунад. Ҳамчун як ҷузъи “ҳуқуқи нарм” ин қатънома уҳдадориҳои ҳатмӣ ҷорӣ намекунад, вале дастгирии густурдаи он нишонаи пайдоиши меъёрҳои одатӣ аст. Ҳуқуқшиноси норвегӣ Кристина Войт такид менамояд: “Чунин санадҳо аксар вақт пешоҳанги қабули қонунҳои нави ҳуқуқӣ мешаванд”[2, с. 15].

Эмомалӣ Раҳмон дар пешрафти ин идея нақши калидӣ доранд. Пешвои миллат ҷомеаи ҷаҳонироба пуштибонӣ аз фонди эътимодӣ ва конфронс дар Душанбе даъват карда, аҳамияти ҷаҳонии криосфераро таъкид намуд. Кӯшишҳояшон аз соли2003, вақте ки Соли Байналмилалии оби тозаро пешниҳод карданд оғоз ёфта, тавассути “Раванди Оби Душанбе” идома пайдо кард.

ҶонНокс, собиқ сухангуи СММ мегӯяд, ки: “Фондҳо барои комёбӣ ба дақиқии ҳуқуқӣ ниёз доранд”[3, с. 10] ва Эмомалӣ Раҳмон онро тавассути дипломатия таъмин кардан мехоҳанд. Ба қавли Рустам Ҳайдаров: “Ин қатънома аҳамияти пиряхҳоро барои ояндаи инсоният ва таъсири ҷиддии обшавии тези онҳоро ба иқлим, муҳити зист, саломатии инсон ва рушди устувор таъкид мекунад. Бояд гуфт, ки нахустин бор соли 2009 дар нишасти тарафҳо оид ба тағйирёбии иқлим дар Дания, инчунин дар ҷаласаҳои сатҳи баланд дар Фаронса, Швейтсария, Амрико ва баъдан дар моҳи марти соли 2021 дар ҷаласаи аввали роҳбарони Иттиҳоди Об ва Иқлим, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қайд кард, ки обшавии тези пиряхҳо ва истифодаи аз меъёр зиёди об, ки бо афзоиши аҳолӣ ва рушди иқтисодӣ алоқаманд аст, оқибатҳои ногувор дорад. Таъкид шуд, ки паёмадҳои гармшавии ҷаҳонӣ ва коҳиши пиряхҳо, бахусус дар минтақаҳои кӯҳӣ, боиси пайдоиши ҳодисаҳои фоҷиабор дар сатҳи геополитикӣ, геофарҳангӣ ва геостратегӣ дар ҷаҳони имрӯза мегардад. Аз ин рӯ, ташаббуси нави созандаи муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар бораи эълон кардани “Соли 2025 – Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо”, таҷлили “Рӯзи байналмилалии ҳифзи пиряхҳо” дар 21 марти ҳар сол ва таъсиси “Фонди махсуси байналмилалии ҳифзи пиряхҳо” барои наҷоти инсоният бояд аз ҳама ҷониб дастгирӣ ёбад ва роҳ ба сӯи ояндаи дурахшони Замин ва инсоният аст”[4].

Ҳуқуқшиносони ҷаҳон ин ташаббусро хеле баланд арзёбӣ мекунанд. Дина Шелтон аз ИМА мегӯяд: “Ин санад ҳуқуқро ба воқеиятҳои нави экологӣ мутобиқ мекунад”[5, с. 18]. Хорхе Винялес аз Аргентина таъкид мекунад: “Фонди эътимодӣ барои устуворӣ ба чаҳорчӯбаи дақиқи ҳуқуқӣ ниёз дорад”[6, с. 33]. Патрисия Бирни аз Австралия мегӯяд: “Ин ташаббус масъулияти муштаракро дар соҳаи иқлим мустаҳкам мекунад”[7, с. 25]. Аҳмад Ал-Ҳамидаз Миср чунин мешуморад: “Конфронс метавонад механизмҳои ҳуқуқии минтақавиро ба вуҷуд орад”[8, с. 14]. Мария Лейкина аз Финландия тасдиқ мекунад: “Қатънома принсипи эҳтиёткориро дар шароити таҳдид ба пиряхҳо рушд медиҳад”[9, с. 29]. Раҷ Кумар аз Ҳиндустонхулоса мекунад: “Иштироки Тоҷикистон муколамаи ҳуқуқии бисёрҷонибаро бой мегардонад”[10, с. 22].

Бар асоси қатъномаиA/RES/77/158, ки Маҷмааи Умумии СММ рӯзи 7 ноябри соли 2022 қабул кард, дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 31 августи соли 2023 №407 “Дар бораи татбиқи қатъномаи Маҷмааи Умумии Созмони Милали Муттаҳид оид ба “Соли Байналмилалии Ҳифзи Пиряхҳо”” ва Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 3 январи соли 2024 №2026 “Дар бораи ҳифзи пиряхҳо” қабул гардид.

Бар пояи Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон №407 Кумитаи ташкилӣ барои татбиқи қатъномаи Маҷмааи Умумии Созмони Милали Муттаҳид оид ба “Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо” таъсис дода шуд, таркиби Кумитаи ташкилӣ ва Нақшаи чорабиниҳо барои амалисозии ташаббуси панҷуми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба эълон кардани “Соли 2025 – Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо” тасдиқ гардид. Котиботи конфронс барои омодагӣ ва баргузории конфронси байналмилалӣ дар мавзӯи “Соли 2025 – Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо” дар назди Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон таъсис ёфт, фонди махсус барои баргузории чорабиниҳои конфронси байналмилалии “Соли 2025 – Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо” ташкил карда шуд, суратҳисоби бонкӣ бо асъори миллӣ ва хориҷӣ кушода шуд ва буҷети хароҷот барои омодагӣ ва баргузории конфронси байналмилалӣ тасдиқ гардид [11].

Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи ҳифзи пиряхҳо” асосҳои ҳуқуқӣ, иқтисодӣ ва ташкилии ҳифзи пиряхҳоро ҳамчун объектҳои муҳити зист ва манбаъҳои стратегии захираҳои об муайян мекунад. Тибқи ин қонун, пирях массаи бузурги яхи табиист, ки дар натиҷаи табдили боришоти қатъии атмосфера ба вуҷуд омадааст. Сиёсати давлатӣ оид ба ҳифзи пиряхҳо маҷмӯи чораҳои ҳуқуқӣ, ташкилӣ, иқтисодӣ, иҷтимоӣ, илмӣ ва фарҳангӣ-маърифатиро дар бар мегирад. Сиёсати давлатӣ дар ин самт ба ҳифз ва нигоҳдории пиряхҳо ҳамчун манбаъҳои стратегии об барои манфиати аҳолӣ, бахшҳои иқтисодиёт, таъмини мувозинати устувори экологӣ ва нигоҳдории муҳити зисти намудҳои нодир ва дар хатари нобудшавӣ қарордоштаи олами набототу ҳайвонот нигаронида шудааст. Вазифаҳои танзими давлатии ҳифзи пиряхҳо инҳоянд: 1) ҳамоҳангсозии фаъолияти мақомоти давлатӣ, муассисаҳои илмӣ, иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ, субъектҳои хоҷагидор ва шахсони воқеӣ дар омӯзиш, назорат ва ҳифзи пиряхҳо; 2) ташкил ва таъмини фаъолияти шабакаҳои иттилоотии моҳвораӣ ва шабакаҳои мушоҳидаи давлатии пиряхҳо барои ҷамъоварии маълумот, омӯзиш ва таҳлили онҳо, таъмини дақиқӣ ва пуррагии пешгӯии вазъи захираҳои барфӣ ва назорати раванди ташаккул ва рушди пиряхҳо; 3) омӯзиши пиряхҳои пулсатсионӣ ва кӯлҳои пиряхӣ барои муайян кардани вазъи онҳо; 4) таҳқиқи ҳавзаҳои пиряхӣ, қабатҳои барфӣ, аз ҷумла қабатҳои устувори онҳо, бахшҳои нобудшудаи пиряхҳо ва хатҳои барфӣ; 5) ташкили корҳои экспедитсионӣ ва таҳқиқотӣ барои омӯзиши пиряхҳо ва захираҳои барфӣ, пешгирии тарма ва обхезиҳо ва реҷаи гидрологии обҳои пиряхӣ дар қисматҳои ҷамъоварии об ва кӯлҳои пиряхӣ; 6) омодагӣ ва бозомӯзии мутахассисон дар соҳаи назорат ва ҳифзи пиряхҳо; 7) таъмини мақомоти давлатӣ, мақомоти худидоракунии шаҳракҳо ва деҳот, бахши хусусӣ ва аҳолӣ бо маълумот дар бораи вазъи кунунӣва пешбинишудаи пиряхҳо. Ҳифзи пиряхҳо бар асоси принсипҳои зерин амалӣ мешавад: 1) афзалияти нигоҳдории системаҳои экологии марбут ба пиряхҳо ва ба эътибор гирифтани аҳамияти стратегии пиряхҳо; 2) кушодагӣ ва шаффофият; 3) мутаносибии манфиатҳои ҷомеа ва чораҳо барои пешгирии хатари эҳтимолии коҳиши пиряхҳо; 4) ҳавасмандгардонии таҳқиқоти илмии пиряхшиносӣ [12].

Ҳамчун ҳуқуқшинос, мо дар ин қатънома таҷассуми принсипи эҳтиёткориро мебинам, ки дар муқобили хатарҳои афзоянда ба амал даъват мекунад. Ин ташаббус пешоҳангии Тоҷикистонро дар экологияи ҷаҳонӣ нишон медиҳад, ки бо эътирофи ҳуқуқии байналмилалӣ пуштибонӣ мешавад. ҚатъномаиA/RES/77/158 ва талошҳои муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нақши муҳими пиряхҳоро дар устувории байналмилалӣ таъкид мекунанд. Саҳми Пешвои миллат на танҳо дар пешниҳоди қатънома, балки дар пешбурди дарозмуддати масъалаҳои экологӣ тавассути фонди эътимодӣ ва конфронс дар Душанбе низ дида мешавад. Андешаҳои ҳуқуқшиносон – Сэндс, Войт, Нокс, Ҳабибов, Шелтон, Виньялес, Бирни, Ал-Ҳамид, Лейкина ва Кумар – аҳамияти ин ташаббусро барои ҳуқуқи байналмилалӣ ва миллӣ тасдиқ мекунанд.

Сангинзода Дониёр Шомаҳмад, - доктори илмҳои ҳуқуқшиносӣ, профессор, муовини директор оид ба илм ва таълими Институти омӯзиши масъалаҳои кишварҳои Осиё ва Аврупои Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон

АДАБИЁТ:

1. Эмомалӣ Раҳмон. Суханронӣ дар Конфронси 27-уми Тарафҳои Конвенсияи Чаҳорчӯбии СММ оид ба тағйирёбии иқлим (КОП-27) аз 07.11.2022 // https://president.tj/event/foreign_trips/26985.

2. Войт, К. Климатическое право: от Парижского соглашения к будущим вызовам / К. Войт. — Осло: Издательство Университета Осло, 2021. — 200 с.

3. Нокс, Д. Права человека и окружающая среда: доклад Специального докладчика ООН / Д. Нокс. — Нью-Йорк: ООН, 2019. — 50 с.

4. 4. Хайдаров Р.Дж. Инициатива Президента Таджикистана по сохранению ледников. Она должна быть всесторонне поддержана и является путём к светлому будущему Земли и человечества. Февраль 19, 2023// https://khovar.tj/rus/2023/02/initsiativa-prezidenta-tadzhikistana-po-sohraneniyu-lednikov-ona-dolzhna-byt-vsestoronne-podderzhana-i-yavlyaetsya-putyom-k-svetlomu-budushhemu-zemli-i-chelovechestva/.

5. Шелтон, Д. Экологическое право и устойчивое развитие / Д. Шелтон. — Вашингтон: Издательство Джорджтаунского университета, 2021. — 300 с.

6. Виньялес, Х. Финансирование климатических инициатив: правовые вызовы / Х. Виньялес. — Буэнос-Айрес: Издательство Университета Буэнос-Айреса, 2020. — 280 с.

7. Бирни, П. Международное право и климат / П. Бирни. — Сидней: Издательство Университета Сиднея, 2022. — 320 с.

8. Аль-Хамид, А. Региональные подходы к экологическому праву / А. Аль-Хамид. — Каир: Издательство Каирского университета, 2019. — 200 с.

9. Лейкина, М. Принципы экологического права в эпоху изменений / М. Лейкина. — Хельсинки: Издательство Университета Хельсинки, 2021. — 250 с.

10. Кумар, Р. Многостороннее право и малые государства / Р. Кумар. — Нью-Дели: Издательство Делийского университета, 2020. — 270 с.

11. Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 31 августи2023 №407 “Дар бораи татбиқи қатъномаи Маҷмааи Умумии Созмони Милали Муттаҳид оид ба “Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо”” // Бонки мутамаркази иттилооти ҳуқуқииADLIA. Версияи 7.0.

12. Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 3 январи 2024 №2026 “Дар бораи ҳифзи пиряхҳо” // Бонки мутамаркази иттилооти ҳуқуқииADLIA. Версияи7.0.

123123123Ба диёри азизамон Тоҷикистони соҳибистиқлол баҳор меояд. Баҳоре, ки паёмадаш Наврӯз ва танҳо рӯзи фирӯз аст.

Боиси ифтихор ва шарафмандии бузург аст, ки бо шарофати истиқлолияти давлатӣ ҳамасола Наврӯз - иди аҷдодиамон–Наврӯзи дилафрӯз ҳамчун рамзи бедорӣ ва шукуфоии табиат, айёми киштукори марди деҳқон бо шукӯҳу шаҳомати хосса дар кишвари азизамон таҷлил мегардад.

Наврӯз рамзи пирӯзии некӣ бар бадӣ, сардӣ ба гармӣ ва тарғибгари ваҳдату ҳамдилии сокинони сайёра аст. Омили аслии пояндагӣ ва мондагории Наврӯз, пеш аз ҳама, дар он аст, ки ин ҷашн аз оғози пайдоиш то ба имрӯз ба қалби пиру ҷавон хуррамию бедорӣ ато менамояд. Он чӣ дар зеҳн ва амалу кирдори мардум дар арафаи ин ҷашн ба вуҷуд меояд, танҳо шодӣ асту сурур, хайру баракат ва тозакорию озодагист.

Ҷашни Наврӯз бешак яке аз маросимҳои писандидаи тоҷикон аст, ки аз ҷониби ҷомеаи ҷаҳонӣ ҳамчун дастоварди фарҳанги умумиинсонӣ пазируфта шудааст ва бо хусусиятҳои вижаи худ, ки некиву накўкорӣ, хуррамиву хушҳолӣ, шодмониву нишот ва саодату пирӯзиро талқин мекунад, машҳури олам гардидааст.

Таманнои онро дорам, ки оташе, ки ба ифтихори Наврӯз аз замони Зардушт то ба имрӯз фурӯзон аст, чун рамзи ҷовидонии ҳаёт ва офтоби ҷаҳонафрӯз доимо шуълаафшон бошад ва дар роҳи ободонивупешрафти диёри маҳбуби мо – Тоҷикистон нури бахту саодат бипошад.

БУРИЗОДА Анвар Махмад, директори Институти астрофизикаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон

Айёми баҳор омад Наврӯз муборак бод,

Илҳоми ҳазор омад Наврӯз муборак бод.

Наврӯз ҷашни оғози баҳор ва Соли нави мардуми форсу тоҷик ба шумор меравад ва дар дар луғатҳо ба маънои рӯзи нав ва тоза, рӯзи нахустин, аввали рӯзи сол, маънидод гардидааст. Донишманд ва олими қарни даҳ Абӯрайҳони Берунӣ, дар китоби худ «Осор-ул-боқия» аз забони Алӣ бинни Яҳё навиштааст, ки «Рӯзи Наврӯз ягона рӯзест, ки тағйирнопазир аст, нахустин рӯз аст аз Фарвардин моҳ ва аз ин ҷиҳат рӯзи нав карданд, зеро ки нишонии соли нав аст»

Ҷашни Наврӯз таърихи зиёда аз шашҳазорсола дорад ва куҳантарин оини миллӣ дар ҷаҳон ба шумор меравад. Дар таърихи фарҳанги мардуми эронитабор ҳеҷ як анъана ва расму оине чун ҷашни хуҷастапай ва фархундаи Наврӯз азизу арҷманд ва куҳантар нест. Он ҳануз пеш аз замони зардуштӣ маълум буда, то асри VII пеш аз милод зикр шудааст. Дар давлати Ҳахоманишиниҳо (асри VI-IV пеш аз милод) ва Сосониён (асрҳои III-VII пеш аз милод) Наврӯз ҷашни асосӣ ба ҳисоб мерафт. Дар бораи ин ид муаррихи Юнони Қадим Страбон навиштааст: “Дар замонҳои қадим сокинони Сирдарё ва Амударё дар маъбади оташ ҷамъ омада, кайфу сафо намуда ва оташро ситоиш карда, бемориҳоро табобат мекарданд”.

Пайдоиши ин ҷашн аз Эрониёни Бостон буда, бо парастиши офтоб ва номи Зардушт алоқамандӣ дорад. Наврӯз ҷашни фарорасии баҳори нозанин, зиндашавии табиат, оғози корҳои кишоварзӣ ва боғдорӣ, айёми баробаршавии шабу рӯз дар баҳор мебошад. Наврӯз ҷашнест тамоми олами табииро зинда менамояд ва деҳқонон дар ин моҳ ба кишт кардан оғоз мекунанд.

Мувофиқи сарчашмаҳои таърихӣ Наврӯзро дар аввали моҳи Фарвардиняшт, ки бо солшумории имрӯзаи мо ба моҳи март рост меояд ҷашн мегиранд. Аз таърихи ҷашни Наврӯз роҷеъ ба таърихи пайдоиши баргузории ин ҷашни куҳанбунёд дар сарчашмаҳои таърихию адабӣ ва бадеӣ маълумоти зиёд зикр гаштааст, ки донишмандони тоҷику эронӣ ва хориҷӣ дар асоси онҳо мақолаҳову рисолаҳои арзишманд таълиф намудаанд.

Маълумоти мустақим ва пурмаъно дар “Шоҳнома”-и Фирдавсӣ, “Наврӯзнома”-и Умари Хайём, “Осор-ул боқия” ва “Ат- тафҳим”-и Абурайҳони Берунӣ, “Зайн-ул-ахбор”-и Абулсаиди Гардезӣ, “Ал-маҳосин-вал-аздод”-и Кисравӣ ва чанде дигар метавон пайдо кард, ки ба иттифоқ Ҷамшеди Пешдодиро бунёдгузори ҷашни Наврӯз хондаанд. Аксарияти сарчашмаҳои таърихӣ ба он далолат мекунанд, ки Наврӯз дар давраи салтанати Пешдодиён дар замонии ҳукмронии Шоҳ Ҷамшед пайдо шудааст. Агар ба таърих назар афканем, мебинем, ки давраи салтанати Шоҳ Ҷамшед давраи адлу инсоф ва пайдоиши якчанд ҷашнҳои суннатӣ ва оинҳое, ки аз замони Зардушт боқӣ монда буданд, ба пуррагӣ қайд мешуданд.

Падидоварии Наврӯз дар “Шоҳнома”-и Фирдавсӣ ба ин гуна ривоят шуда аст, ки Ҷамшед дар ҳоли гузаштан аз Озарбойҷон, дастур дод то дар онҷо барои ӯ тахте бигузоранд ва худаш бо тоҷи заррини ӯ, ҷаҳон нуронӣ шуд ва мардум шодмонӣ карданд ва он рӯзро Наврӯз номиданд.

Ба ҷамшед бар гавҳар афроштанд,

Мар он рӯзро рӯзи нав хонданд.

Аз ин китобҳои таърихӣ маълум мешавад, ки Наврӯз дар даврони қадим ба шаклҳои гуногун қайд карда мешудааст. Рӯзҳои ҷашнгирии ид низ фарқ доштааст. Фарқи ҷашни Наврӯз аз дигар идҳо дар он маҳсуб меёбад, ки онро дар фасли баҳор ҷашн мегиранд ва оғози кишту кори баҳорист.

Баргузории ҷашни Наврӯз дар замони Сосониён чанд рӯз (на кам аз шаш рӯз) тӯл мекашид. Он замон ҷашнгирӣ ба ду давра тақсим мешуд - Наврӯзи кӯчак ё Наврӯзи омма, ки панҷ рӯз буд ва аз якум то панҷуми моҳи Фарвардин гиромидошт мешуд ва рӯзи шашуми Фарвардин (Хурдодрӯз) ҷашни Наврӯзи бузург ё Наврӯзи хоса барпо мегашт. Ривояти дигаре ҳаст, ки манобеи мухталиф аз онҳо ёд шуда, бешу кам бо ҳамин таъбирот ҳамроҳӣ дорад, ки «рӯзи аввали фарвардин ибтидои баҳор аст ва инро «Наврӯзи кучак», «Наврӯзи омма» ва «Наврӯзи сағир» гӯянд.

19 феврали соли 2010 анҷумани 64-уми Маҷмаи умумии Созмони Милали Муттаҳид қатъномаеро қабул кард, ки тибқи он ҷашни Наврӯз мақоми байналмилалӣ касб намуд. Ин пешниҳоди Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон буд, ки онро мамолики Афғонистону Озарбойҷон, Ҳинду Эрон, Ироқу Қазоқистон, Қирғизистону Туркия, Туркманистон ва Узбекистондастгирӣ намуданд ва Наврӯз ба феҳристи мероси ғайримоддии ҷаҳонӣ ворид карда шуд.

Наврӯзи Аҷам бо қарори Юнеско ва Ассамблеяи Генералии СММ аз 23 моҳи феврали соли 2011 ҳамчун рӯзи байналмиллалии «Наврӯз» эътироф ва ба оламиён туҳфа гардид. Ҳамин тавр Наврӯзе, ки онро ҳануз ба номи Зардушт, бо номи Авесто ёдовар мешаванд (асрҳои 7-8 пеш аз милод) ва онро ҳамчун ҷашни Соли нав, ҷашни оғози сол дар бисёр кишварҳо ва пеш аз ҳама дар мамлакатҳои ориёнажод ҷашн мегирифтанд, ҷаҳонӣ шуд.

Дар қатори ҷашнҳои миллию мардумӣ таҷлили ҷашни Наврӯз миёни мардуми тоҷик ва тоҷикистониён мақоми хосаро пайдо кард. Ин ҷашни куҳану ҳамешаҷавон барои мардуми кишвари мо бигзор тинҷию осоиштагӣ, хуррамию некрӯзӣ, сулҳу амният ва неъматҳои фаровон ато намояд, орзу ва армонҳои насли имрӯза низ ҷомаи амал пӯшанд.

Имрӯз барои мо тоҷикон ва кулли кишварҳои ҳавзаи тамаддуни Наврӯз боиси ифтихор аст, ки ин ҷашни куҳану бостонӣ ва ҷашни зебои табиат аз тарафи Созмони Милали Муттаҳид ҳамчун ҷашни байналмилалӣ эълон шуд. Ин дастоварди арзишманд натиҷаи азму талоши муштарак ва пайгириҳои чандинсолаи Тоҷикистон ва чандин давлатҳои дӯсту бародар мебошад.

Наврӯзи аҷам зинда кунад, хоки куҳанро,

Аз нав бикунад ҷома бар тан боғу чаманро.

Аз партави хуршед замин гарму чаман гарм,

Аз ҳиммати найсон дили деҳқони Ватан гарм.

Наврӯз риштаи ҷовидонаи пайванди инсону табиат, дақиқтарин мизони рафтуои фаслҳои сол ва рӯзгори одам аст. Наврӯз оғози сол, зиндагии тоза, оғози уме два бахту саодат буда, ба остонаи ҳар хонадон чун пайки шодиву нишот ва эҳёи замину табиат қадам мениҳад. Наврӯз бо фарорасии баҳор кулбаву кошонаи моро нуру зиё мебахшад, дар вуҷуди мо поктарин эҳсосот ва волотарин умеду орзуҳо бедор месозад. Бо нафаси мубораки хеш адовату кинаро аз замири мо дур месозад, меҳри бародарӣ, шафқату меҳрубонӣ ва хайру саховатро дар дили ҳар яки мо меангезад.

Қадами тозаи Наврӯз муборак бошад,

Ҷашни фархундаву фирӯз муборак бошад.

Мамадназаров Н.К., - сармутахасиси Шуъбаи илмҳои тиббӣ ва фарматсевтии АМИТ,

Мавлододова Ш.Х., - мутахахассиси пешбари Шуъбаи илмҳои тиббӣ ва фарматсевтии АМИТ

 

“Имрӯзҳо ба сарзамини мо қадами зиндагисози баҳори нозанин – Наврӯзи дилнишин фаро расидааст. Ин рӯзи саид ба ҳамаи мову Шумо муборак бошад. Ба куҳандиёри мо, ба кӯҳу водиҳоямон нафаси тозае омадааст, Худо кунад, ки ин нафаси ободӣ, озодӣ, сулҳу салоҳ ва бахту саодати мулкамон бошад”.

Эмомалӣ РАҲМОН

123123Наврӯз. Тавре, ки аз баромади ин вожаи гӯшнавоз бармеояд, иборае мураккаб аз ду калима: “нав” ва “рӯз” гирифта шуда, маънои асосиаш “рӯзи нав” буда, дар ибтидои соли нави хуршедӣ ба истиқболи соли нав баргузор мешавад.

Наврӯз рӯзи нек ва ба шарофату ба хосият аст. Яъне дар ҳамаи сарчашмаҳои этникӣ - таърихӣ, филологӣ истилоҳи “Иди Наврӯз”, ки калимаи форсӣ - тоҷикист, мазмунан тағйир наёфтааст. Чунки фарорасии Наврӯзи оламафрӯз гувоҳест аз оғози баракати сол, ҳамзамон рамзи шукуфоии оламу бахту саодати одам аст.

Тоҷикистон Ватани Наврӯз аст,

Ҳама ҷо анҷумани Наврӯз аст.

Бояд зикр кард, ки ҳамасола таҷлили ҷашни миллии Наврӯзи хуҷастапай бо пешниҳоди Ҷумҳурии соҳибистиқлоли Тоҷикистон ва ҳамзамон тариқи ҷонибдории бевоситаи як қатор кишварҳои ҷаҳон ва тавассути дастгирии бевоситаи Маҷмааи Умумии Созмони Милали Муттаҳид Рӯзи байналмилалии Наврӯз, ҳамасола дар саросари мамолики олам ҳамчун ҷашни байналмилалӣ эълон гардидааст, имрӯзҳо бо шукуҳу шаҳомати хоса ва дар сатҳи давлатдорӣ таҷлил мегардад.

Мусаллам аст, ки мардуми шарифи кишварамон ба ҷашни Наврӯз ҳамчун мероси маънавию фарҳангии инсоният ҳамеша арҷ мегузоранд ва онро ҳамзамон гиромӣ медоранд. Чунки Наврӯз бо омаданаш файзу баракат, нозу неъмат ва тозагиву озодакориро ба Ватани азизу ҷоноҷони мо арзонӣ медорад. Ҷашни Наврӯзи Аҷамро дар тӯли асрҳо мардуми зиёд аз шимоли Чин то марзҳои Осиёву Аврупо ва дигар халқияту миллатҳои мухталиф, бо меҳру муҳаббати зиёду хушу хурсандона таҷлил менамоянд, ки ин аз арзиши умумибашарӣ бе муболиға аз асолати тамаддунсози он башорат медиҳад.

Маврид ба зикр аст, ки Наврӯзи бостонӣ сароғози таърихи пурғановати ниёгони мо буда, инчунин он ҳамчун суннати пурарзиш ба фарҳангу тамаддуни миллӣ ва тору пуди зиндагии на танҳо мардуми тоҷику форс, балки кулли халқҳои минтақаи Осиёи Марказӣ ва берун аз он омезиш ёфтааст. Наврӯз тимсоли рамзи пайванди азалии инсон бо табиат дар шабу рӯзҳои эътидоли баҳориву иваз шудани сол фаро мерасад ва бо расидани он рӯзгори куҳан зиндагиро аз сар мегирад, табиату ҳастӣ рахти нав ба бар мекунад ва дар рӯҳу ҷони одамон гардише ҷадидеро падид меорад.

Воқеан, Наврӯз давраест, ки Замин ба меҳвари Хуршеди Ховар баромада, ҳамзамон рӯзу шаб баробар мешаванд ва кулли инсону мавҷудотро рӯҳу равони тоза ато намуда, онҳоро ба ояндаи нек, рӯзу рӯзгори обод ва пешрафту шукуфоиҳо ва бунёдкориҳову созандагӣ ҳидоят мекунад.

Дар ҳама давру замонҳо аз ҷумлаи бузургтарин ҷашнҳои муқаддаси миллӣ ва ойини зиндагисози мардум ба ҳисоб меравад, ҳамчун рамзи корҳои баҳорӣ ва файзу баракати сол, пеш аз ҳама ба кишоварзон неруву илҳоми тоза ато мекунад. Наврӯз бо нақши созандаи хеш кишоварзони асилу заҳматқаринро ба шудгору кишту кори баҳорӣ, пошидани донаи умед, шинонидани ниҳол ва гулу гулбуттаҳо, хуллас оғози ҳамаи корҳои мавсими баҳор ҳидоят менамояду мардум аз он роҳату ҳаловат мебаранд.

Наврӯз ҷашни куҳану ҳамешаҷавон буда, бо шукуҳи шаҳомат, бузургиву покманишиаш ба мардуми шарифи сарзамини Тоҷикистон хуррамию некрӯзӣ, сулҳу сафову амният ва фаровони рӯзафзунро ато намуда, ормонҳои воқеан миллии насли замони Истиқлолро дар асл воқеан амалӣ мегардонад. Наврӯз ифодагари ормонҳои миллӣ ҳам ба ҳисоб меравад.

Аз ин рӯ, халқи тоҷик ин ҷашни азизу муътабар ва инчунин барояшон муқаддаси ниёгонро бо хурсандиву арҷгузории беандоза ҳамасола дар санаи муқаррарии 21-уми март таҷлил карда, беҳтарин орзуву ормонҳои худро бо Наврӯзи хуҷастапай тавъам медонанд. Тамоми ҷашну ойинҳои ибратомӯзи наврӯзӣ, ки моҳиятан дорои сарчашмаи бузурги ахлоқиву тарбиявӣ ва бунёдкориву созандагӣ мебошанд, имрӯз низ барои ҳар фарди огоҳу солимфикр чун манбаи уммеду ормонҳои наҷибу созанда ва василаи худшиносиву ҷаҳоншиносӣ хизмат мекунанд, ки боиси ифтихоранд.

Бояд қайд кард, ки имрӯзҳо ҳамаи мову Шумо чӣ хурду чӣ бузург дар марҳалаи хеле ҳассосу мураккаби ҷаҳонишавӣ қарор дорем, ки инсоният нисбат ба ҳар вақти дигар ба арзишҳои волои фарҳангӣ, суннатҳои зиндагисози маънавӣ, ахлоқи ҳамида, меҳру рафоқат, садоқату ҳамдигарфаҳмӣ ва инчунин ҳамдиливу ҳамкорӣ ва сулҳу оромӣ ниёзи бештаре дорад. Аз ин рӯ, ҳар яки моро зарур аст, ки шукронаи Роҳбари хирадманди давлатамон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон намуда, ҳамеша баҳри гиромидошти мероси пурғановати ниёгону ҳифзи тамаддуну арзишҳои миллиамон кӯшиш ба харҷ диҳем.Чунки мо метавонем!

Эҳёи суннату анъанаҳои аҷдодӣ ва ҷашнгирии расму ойинҳои миллӣ, баъд аз Истиқлоли давлатӣ падидаи нодиртарине мебошад, ки он дар тафаккуру шуури насли ҷавону ояндадори даврони соҳибистиқлоли Ватан ҳисси баланди меҳру муҳаббат ба Ватан - Модар, сарзамини аҷдодӣ, худшиносии миллӣ, худогоҳӣ, ҳувияти миллиро боз ҳам дар сатҳи баландтар инъикос намуда, ҳамзамон онро ба таври пайваста рушду инкишоф медиҳад. Бинобар ин ҳар як инсони соҳибфарҳанг таърихи халқу сарзаминашро бояд амиқу муфассал донад. Онҳое, ки таърихи халқи худро намедонанд, аз ин рӯ, аз лаззати ҳисси ифтихори миллӣ маҳрум маҳсуб меёбанд ва зуд асири фарҳангҳои дигару бегона мегарданду ба корҳои ношоиста даст мезананд.

Дар фарҷом бояд қайд кард, ки насли ҷавони даврони соҳибистиқлоли Ватан аз ин падидаю омилҳои зиндагиафрӯз ормонҳои офарандасоз доранд, чунки насли ҷавону ояндасоз, бомаърифату тарбиятдида, дорои ҷаҳонбинии васеи илмию рӯзмарра буда, метавонанд идомадиҳандаи кору афкори аҷдодону ниёгони хеш бошанд.

РАҲИМЗОДА Алишер Орзу, директори Институти математикаи ба номи

А. Ҷӯраеви Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон

234234Дар ҷаҳон ҷашнҳои гуногун таҷлил мегарданд, ки қисме аз онҳо ба монанди Наврӯз хусусияти ҷашни байналмилалӣ касб кардаанд. Аммо Наврӯз ягона ҷашни байналхалқие мебошад, ки ҳам аз ҷиҳати таърихӣ ва ҳам бо моҳиятҳои иҷтимоию фалсафиаш аз ҷашнҳои дигар фарқкунандаву беназир аст.

Аввалан, Наврӯз қадимтарин ҷашни миллие мебошад, ки таърихи беш аз сеҳазорсола дошта, дар тамоми ин давра анъанаҳои ҷашн гирифтани он, ба ҷо овардани маросимҳои наврӯзӣ, ба монанди оро додани дастархони ҷашнии ҳафтсину ҳафтшин, хонабарорӣ, бурёкӯбон, гулгардонӣ, суманакмонӣ, шудгор ва ғайраҳо нигоҳ дошта шудааст.

Сониян, Наврӯз ҳамчун ҷашни зиндашавии табиат, оғози соли нав, робитаи инсон бо табиат, рамзи оғози ҳаёти нав, эҳёи табиат ва бозгашти зиндагии инсон ба шукӯҳ ва шодмонӣ аст.

Наврӯз дигар танҳо як ҷашн нест. Ин фарҳангест, ки аз қадим то ба имрӯз дар дилҳои мардуми ориёинажоту халқҳои гирду паҳнои он ҷой гирифтааст, онро ҳамчун арзиши меросӣ нигоҳ медоранд ва воситаи иртиботи инсон байни ҳамдигару табиат медонанд. Дар осори бузургони форсу тоҷик Наврӯз ҳамчун рамзи зебоӣ, хуррамӣ ва оғози корҳои нек мавқеи хосса дорад.

Наврӯз, ки куллан вожаи форсии тоҷикӣ аст, дар ҳамаи давраҳои таърихӣ ҳамчун ҷашни миллии мардуми форсу тоҷик нигоҳ дошта шудааст ва аз давраи Ҷамшеду Каюмарс оини ҷашни он дар замони ҳукмдории Ҳахоманишиён, Ашкониёну Сосониён ва Сомониён ҳамчун расмии давлатӣ таҷлил мегардид. Ҳатто пас аз омадани ислом ба минтақа, Наврӯз мавқеи худро ҳифз кард ва ҳамчун оини мардумӣ бо анъанаҳои хоссаи худ ҷашн гирифта мешуд. Ин ҷашн, ки дар тӯли ҳазорсолаҳо аз насл ба насл интиқол ёфтааст, рамзи меҳмоннавозӣ, саховатмандӣ, дӯстӣ ва ваҳдати миллӣ мебошад.

Яке аз арзишҳои муҳими Наврӯз меҳмоннавозӣ аст. Дар ин рӯз, мардум ба дидорбинии хешовандон, дӯстону ҳамсоягон мераванд ва бо хӯрокҳои болаззату тӯҳфаҳои рамзӣ аз онҳо истиқбол мекунанд. Ин анъана, ки дар фарҳанги тоҷикон решаҳои амиқ дорад, нишонаи эҳтиром ва муҳаббат ба дигарон аст.

Арзиши дигари Наврӯз, саховатмандӣ аст. Дар ин рӯз, мардум ба ниёзмандон кумак мекунанд ва ба онҳо хӯроку либос тақдим менамоянд. Ин анъана нишонаи ҳамдардӣ ва ҳамбастагӣ бо дигарон аст.

Дӯстӣ ва ваҳдати миллӣ низ аз арзишҳои муҳими Наврӯз мебошанд. Дар ин рӯз, мардум аз ҳар гурӯҳ ва нажод, дар як сари суфра ҷамъ мешаванд ва бо шодмонию хушнудӣ ин ҷашнро таҷлил мекунанд. Ин анъана, ки нишонаи ваҳдати миллӣ ва ҳамбастагии мардуми тоҷик аст, дар шароити кунунӣ аҳамияти хосса дорад.

Наврӯз бо омадани баҳор ва бедории табиат пайванд аст, ва мардуми тоҷик аз қадим ба табиат ҳамчун манбаи зиндагӣ арҷ мегузоштанд. Дар ин рӯзҳо дарахт шинондан, тоза кардани ҷӯйборҳо ва обод кардани атроф як анъанаи дерина аст, ки имрӯз ҳам аҳамияти худро гум накардааст.

Пас аз пош хӯрдани давлати Сомониён, Наврӯз мавқеи давлатии худро аз даст дод. Таҳаввулоти сиёсӣ ва ҳукмронии силсилаҳои гуногун ба он оварда расонд, ки Наврӯз дигар ҳамчун ҷашни расмии давлатӣ таҷлил нашавад. Наврӯз барои як муддати тӯлонӣ танҳо дар миёни мардум боқӣ монд ва мардум худ масъули нигоҳдории ин ҷашни бостонӣ буданд.

Дар ин давраҳо, хусусан дар қаламрави Осиёи Марказӣ, мардуми оддӣ Наврӯзро ҳамчун як ҷузъи ҷудонопазири ҳувияти фарҳангии худ нигоҳ медоштанд. Онҳо тавассути баргузории маросимҳои анъанавии хонаводаӣ, ҷашнҳои маҳаллӣ ва дигар урфу одатҳои қадимӣ Наврӯзро зинда нигоҳ медоштанд. Ин ҷашн ҳамчун як василаи иттиҳоди оилавӣ ва мардуми маҳаллӣ хизмат мекард ва ҳарчанд шоҳону ҳокимон ба он таваҷҷуҳи зиёд зоҳир намекарданд, дар зеҳни мардум ҳамеша ҳамчун як рамзи муҳим боқӣ монд. Дар адабиёти халқӣ, аз қабили латифаҳо, сурудҳо ва достонҳо, Наврӯз ҳамчун рамзи озодӣ ва муқовимат ишора мешуд.

Дар асри XX, ҳангоми таъсиси ҶШС Тоҷикистон, Наврӯз ҳамчун як ҷашни миллии ғайрирасмӣ мавқеи худро бозёфт. Аммо, танҳо пас аз истиқлоли Тоҷикистон Наврӯз ба сифати як воҳиди фарҳангии миллӣ эҳё гардида, ҳамчун ҷашни миллии расмӣ эътироф шуд. Ташаббускори асосии эҳёи Наврӯз ва барқарор кардани он ҳамчун ҷашни миллӣ ва давлатӣ Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон буданд. Сарвари кишвар бо иқдомҳои пайваста ва саҳмгузории худ дар ҳифз ва инкишофи анъанаҳои миллӣ, Наврӯзро ба яке аз ҷашнҳои муҳимтарини давлат ва ҷомеаи Тоҷикистон табдил доданд.

Президенти кишвар аз солҳои аввали Истиқлолият бо назардошти арзишҳои миллӣ ва аҳамияти Наврӯз дар фарҳанги тоҷикон, барномаи васеи эҳёи ин ҷашнро рӯйи даст гирифтанд. Ин қадам на танҳо барои Тоҷикистон, балки барои тамоми минтақаи Осиёи Миёна аҳамияти калон дошт. Аз ин лаҳза, Наврӯз боз ҳамчун рамзи ваҳдати миллии тоҷикон ва дигар халқҳои минтақа баромад намуд.

Бузургтарин саҳми Пешвои миллат дар ҷаҳонишавии Наврӯз ин аст, ки бо ташаббусашон Наврӯз соли 2010 аз ҷониби Созмони Милали Муттаҳид расман ба рӯйхати мероси ғайримоддии фарҳангии башарият ворид карда шуд. Ин иқдом ба Наврӯз на танҳо аҳамияти миллӣ, балки аҳамияти ҷаҳонӣ дод ва онро ҳамчун як ҷашни умумиинсонӣ муаррифӣ намуд.

Дар ин замина, Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон дар баромадҳои худ ҳамеша таъкид менамоянд, ки Наврӯз на танҳо як ҷашни тоҷикон, балки як ҷашни инсонӣ аст, ки арзишҳои сулҳ, ҳамбастагӣ, дӯстӣ ва муҳаббат ба табиат ва инсонро таблиғ мекунад. Ҳамеша таъкид менамоянд, ки бо баргузории Наврӯз, мо на танҳо таъриху фарҳанги худро эҳтиром мекунем, балки ҳамчунин ба наслҳои оянда эҳтиром ба арзишҳои миллӣ ва фарҳангиро меомӯзем.

Бо ворид шудани Наврӯз ба мероси ҷаҳонӣ, ин ҷашн ба як рамзи байналмилалии сулҳ ва дӯстии байни миллатҳо табдил ёфт. Ҳоло ҳар сол Наврӯз на танҳо дар Тоҷикистон ва дигар кишварҳои форсизабон, балки дар бисёре аз кишварҳои ҷаҳон бо шукӯҳ таҷлил мегардад.

Бо ҳамин муносибат мардуми шарифи Тоҷикистонро бо ҷашни Наврӯзи хуҷастапай, ки рамзи эҳёи табиат, навсозии зиндагӣ ва умеди фардои дурахшон аст, самимона табрик мегӯям. Наврӯз, ки рамзи эҳёи табиат, оғози сол ва рӯзи нав аст, дар худ арзишҳои волои фарҳангӣ, сулҳ, дӯстӣ ва муҳаббати байни инсонҳоро таҷассум мекунад. Дар ин рӯзҳои пуршукӯҳ орзу дорам, ки дар хонадони ҳар яки шумо файзу баракат, сулҳу осоиштагӣ ва хушбахтӣ ҳукмрон бошад. Бигзор ин ҷашни некрӯз ба ҳар яки шумо рӯзгори пурнишот, комёбиҳои нав ва зиндагии пур аз муҳаббат оварад.

Наврӯзатон муборак бод!

Директори Институти физикаю техникаи ба номи

С.У. Умарови АМИТ Зарифзода Афзалшоҳ Қаҳрамон.

Наврӯз яке аз бузургтарин ҷашнҳои бостонии мардуми форсизабон ва миллатҳои эронинажод аст, ки аз қаъри асрҳо то ба замони мо расидааст. Доир ба Наврӯз, таърихи зуҳури он, вақту замони таҳлили ин ҷашн донишмандону шоирони шаҳири гузаштаи форсизабон - Абурайҳони Берунӣ, Умари Хайём, Низомулмулк, Абулқосим Фирдвасӣ, ва дигарон асарҳо таълиф кардаанд. Абурайҳони Берунӣ донишманд ва олими қарни даҳум дар китоби машҳури худ «ал-Осору-л-боқия» аз забони Алӣ бинни Яҳё навиштааст, ки “Рӯзи Наврӯз ягона рӯзест, ки тағийрноапзир аст” ва дар китобаш “Ал- тафҳим” менигорад, ки “Нахустин рӯз аст аз Фарвардинмоҳ ва аз ин ҷиҳат рӯзи нав карданд, зеро, ки нишонаи соли нав аст”. Мувофиқи сарчашмаҳои таърихӣ Наврӯзро дар аввали моҳи Фарвардин, ки бо солшумории имрӯзаи мо ба моҳи март рост меояд, ҷашн мегиранд.

Мардуми тоҷик, ки аслан аз нажоди ориёист ва дар қиёс бо дигар халқҳои Осиёи Марказӣ бо забони ноби форсӣ, фарҳанг ва тамаддуни худ хусусияти хосро дорост, ҷашни Наврӯзро хело пуршукӯҳ ва дар сатҳи баланд аз 21 март то аввали моҳи апрел таҷлил менамоянд. Аз қадами муборак ва фархундаи Баҳор-Наврӯз табиати зебо аз хоби ноз бедор мегардад, аз нав эҳё мешавад.

Наврӯз аз давраи пайдоишаш то имрӯз бо тарғиби зебоию накукорӣ, бузургдоштани инсону табиат ва сифатҳои эҳёгариаш фарқ мекунад. Риояи расму оин ва анъанаҳои ҷашни Наврӯз, ки аз ниёгонамон то ба мо расидааст дар саросари Тоҷикистон бо ҳар ранге ва бо ҳар дастуре то ҳанӯз побарҷост. Наврӯзро пеш аз ҳама деҳқонон – кишоварзон пешвоз мегирифтанд. Дар ҳақиқат, калиди ризқу баракат дар мушти кишоварзон аст. Онҳо имрӯз ба саҳро баромада баҳри фаровонии нозу неъмат каланд ба хоки нарм мезананд, ниҳол мешинонанду боғ бунёд мекунанд.

Яке аз хосагиҳои ҷашни Наврӯз дар байни мардуми ориёӣ алалхусус мардуми тоҷик ин сабзонидани майсаҳои ғалладона – гандуму ҷав буд, ки ин дар суфраи идонаи наврӯзии ҳар хонадон дида мешавад.

Наврӯз чун ҷашни мардумӣ дар ҷисму ҷони мардуми тоҷик ҷо гирифтааст. Наврӯз дар айни ҳол ҷашни бедорист ва фазилатҳои бешумори башардӯстона дорад. Бо фарорасидани Наврӯз хонаҳоро тозаву сафед менамоянд, то ки покию сафеди ҳамеша ёрашон бошад, дастархони идона меороянд, то ки хайру баракат аз хонашон кам нашавад, гулгардонӣ мекунанд, ба умеде, ки гули бахташон шукуфон бошад, об мепошанд, то ҳамасола оби раҳмат ба сарашон резад.

Дар арафаи иди Наврӯз ҳар як фард бояд ботинан худро аз ҳар гуна кину кудурат пок намоянд, манзилу хона, сарулибос ва тамоми асбобу анҷоми рӯзгорро тоза гардонанд, одамон бо меҳру шавқат ба якдигар оғӯш мекушоянд, ба аёдати пирону барҷомондагон мераванд, сари ятимонро сила ва ба бепарасторон дасти ёрӣ дароз мекунанд. Дилҳо ва андешаҳо метавонанд дар ин рӯз ба ҷониби якдигар майл кунанд, некуиро пеша намоянд. Албатта дар ин рӯз духтарон куртаҳои миллӣ ба бар карда, дастурхони Наврӯзи ороста мекунанд ва шеъру ғазалхони менамоянд. Дастархони Наврӯзи асосан аз «хафтсин»-у «хафтшин» иборат буда, инчуни бо хурокҳои хушбую хушлазати Наврӯзи оро дода мешавад.

Дар таърихи фарҳанги мардуми эронитабор ҳеҷ як анъана ва расму оине чун ҷашни хуҷастапай ва фархундаи Наврӯз азизу арҷманд нест. Наврӯз пайвандгари насли дирузу имрӯз бо расму оин, арзишҳои этикию эстетикӣ, меҳру садоқат ва анъаноти ниёгонамон мебошад.

Боиси ифтихор ва сарфарозист, ки пас аз соҳибистиқлол шудани Тоҷикистони азиз Наврӯз бо қабои пурнусрати худ дар рӯзгори мардуми мо файзу шукӯҳи нав оварда, мақому манзалати волоеро касб кард.

Ба кулли аҳли башар маълум аст, ки моҳи феврали соли 2010 Маҷмааи генералии Созмони Миллали Муттаҳид ҷашни Наврӯзро иди байналмиллалӣ эълон намуд. Дар 64-умин ҷаласаи роҳбарияти ин созмони бонуфузтарини ҷаҳон ва намояндагони воломақоми кишварҳои аъзои он Наврӯзи бостонӣ ба феҳрасти мероси таърихӣ – фарҳангии халқҳои олам ворид гардида, ҳамзамон ҷашни байналмилалӣ эълон гардид. Наврӯз дар арсаи байналмилалӣ, боиси ба ҳам наздикшавӣ ва муколамаи тамаддунҳо, ҳамдилӣ ва ҳамовозии ҳарчи бештари халқу миллатҳои эронитабор ва дигар ақвоми ҳамҷавор гардид ва саҳифаҳои тозае дар ҳамоҳангию ҳамкорӣ барои ин ҷашн кушод.

Иқдоми хирадмандонаи Пешвои муаззами миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон буд, ки ин ҷашн дар дунё ҳамчун ба унвони фарҳанги миллати тоҷик шинохта шудааст. Ҷашни Наврӯз ҳамчун ҷашни созандаву сулҳовар, муттаҳидкунандаи инсонҳо ва таблиғкунандаи дӯстию рафоқат ва ахлоқи ҳамидаи инсон ба шумор меравад. Аз ин рӯ ба ин мероси маънавии гузаштагонамон месазад сазовор арҷгузорӣ намуд.

Бо самимияти хос гуфтаниям, ки ҷашни фархундаи Наврӯзи оламафрӯз ба тамоми миллати тоҷик ва аҳли хонаводаашон файзу баракат ба монанди қатраҳои борони баҳорӣ, осудагиву амонӣ, сиҳатмандии бардавом эҳдо намояд.

Ходими калони илмии Шуъбаи онтология, гносеология ва мантиқи

Институти фалсафа, сиёсатшиносӣ ва ҳуқуқи ба номи А. Баҳоваддинови АМИТ н.и.ф. Иброҳимова С.Ҳ.

Subscribe to Мақолаҳо