Skip to main content

“Истиқлолият шиносномаи ҳастии давлати комилҳуқуқ ва саҳобихтиёри тоҷикон дар ҷомеъаи ҷаҳонист, ки низоми давлатдорӣ, сиёсати дохилию хориҷӣ, сиёсати иқтисодӣ, иҷтимоию фарҳангиро мустақилона пеш мебарад”.

Эмомалӣ Раҳмон

Истиқлолият мафҳуми арзишманд ва дар навбати худ калиде мебошад, ки ноил гардидан ба он шарафи бузург барои ҳар як миллат аст. Истиқлолияти давлатӣ ба он мусоидат намуд, ки рушди босубот дар кишвар таъмин гардад, сатҳи некуаҳволии аҳли ҷомеа беҳтар ва натиҷашои бузург дар ҳаёти сиёсӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангӣ ба даст оварда шавад.

Имрӯз ба Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон 34 сол пур гардид ва дар ин муддати наонқадар тӯлонии таърих дастовард ва муваффақиятҳои ба дастомада ҷумҳурии моро ба сӯи музаффариятҳо ва дастовардҳои беназир мушарраф гардонид. Яке аз дастовардҳои нодири даврони истиқлолият аз хатари нестӣ наҷот ёфтани давлатдории миллии тоҷикон мебошад. Дар оғози соҳибистиқлолӣ муттаасифона аз сабаби мудохилаи қувваҳои беруна, гурӯҳҳои манфиатҷӯй дар Тоҷикистон ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ оғоз гардида, авзои сиёсии мамлакатро вазнин гардонид.

Дигар дастоварди даврони Истиқлолият ин аз 1 ноябри соли 2001 Ҷумҳурии Тоҷикистон узви Агентии Байналмилаии Неруи Атомӣ( АБНА) гардида , зарурати таъсиси сохтори танзимкунанда дар соҳат бехатарии ядроӣ ва радиатсионӣ ба вуҷуд омад.

Дар aсoси супоришии Ҳукумaти Ҷумҳурии Тоҷикистон тaҳти № 3594 (16.1-2) аз 18 сентябри соли 2002, дар сохтори Раёсати Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон бо номи Агентии энергияи атомӣ ва сипас дар заминаи Агентии амнияти ядроӣ ва радиатсионии Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун воҳиди сохтории Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон (қарори Раёсати Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон № 112 аз 25.12.2002) таъсис дода шуд.

Мувофиқи қарори Раёсати Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон № 117 аз 5 ноябри соли 2021 номи Агентии амнияти ядроӣ ва радиатсионии Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон ба Агентии амнияти химиёвӣ, биологӣ, радиатсионӣ ва ядроии Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон (минбаъд – Агентӣ) тағйир дода шуд.

Бо дастгириҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикисон саннаи 29 октиябри соли 2024 дар шаҳри Душанбе Асосгузори сулҳу ваҳдаи милли, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ бинои нави Маркази минтақавии бехатарӣ, амният ва кафолати химиявӣ, биологӣ, радиатсионӣ ва ядроии Академияи миллии илмҳои Тоҷикистонро мавриди истифода қарор доданд.

Бо дастгирии бевоситаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Марказ ба маблағи 47 миллион сомонӣ аз буҷаи давлатӣ ва маблағҳои шарикони хориҷии рушд омода шудааст.

Марказ бо таҷҳизот ва технологияи наву замонавӣ муҷаҳҳаз буда, барои гузаронидани таҳқиқот, ташхис ва таҳлил дар асоси стандартҳои байналмилалӣ омода шудааст. Ҳама рӯза дар озмоишгоҳ магистрантон, докторантони(PhD), унвонҷуён ба корҳои илми-таҳқиқоти худ машғул ҳастанд.

Зимни муаррифӣ ба Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иттилоъ дода шуд, ки марказ дорои 16 озмоишгоҳи инноватсионии илмӣ-таҳқиқотии самтҳои химия, биология ва нодиртарин озмоишгоҳҳои илмии соҳаи иммунологӣ, бехатарӣ ва амнияти химиявӣ, вирусологӣ, бехатарӣ ва амнияти биологӣ, ва криминалистикаи ядроӣ буда, барои омӯзиш ва ташхиси маводи химиявӣ, биологӣ, радиатсионӣ ва ядроӣ хизмат менамояд. Кушодашавии озмоишгоҳҳои мазкур бо мақсади амалисозии Барномаи “Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф” сурат гирифта, барои иҷрои саривақтии таҳқиқотҳои бунёдӣ дар илми ватанӣ замина мегузорад.

Роҳбарияти Агентӣ бо мақсади баланд бардоштани савияи дониш ва малакаи кормандони ҷавони Агентӣ онҳоро ҳаматарафа дастгирӣ менамояд. Ин моро водор менамояд, ки минбаъд содиқонаву аҳлона ва бо масъулияти баланди ватандориву ватансозӣ меҳнат карда Ватани азизамонро ба ҷаҳониён муарифи намоем.

Хулоса, Истиқлолият асоси пойдории давлат, рамзи олии Ватану ватандорӣ, бузургтарин неъмат, дастоварди бузуругу бебаҳои таърихӣ ва ормони чандинасраи фарзандони асилу огоҳ маҳсуб меёбад. Аз фурсати муносиб истифода бурда тамоми мардуми шарафманди Ҷумуҳурии Тоҷикистонро ба муносибати 34- солгарди ҷашни Истиқлолияти давлтӣ табрику таҳният намуда ба онҳо пеш аз ҳама саломати ва дар корҳои ҳаррузаашон мувафақиятҳои нав ба навро орзумандам.

Бобоев К.О – Мудири шуъбаи бехатарӣ ва амнияти химиявӣ,
доктор фалсафа (PhD), ходими калони илмии Агенти амнияти ХБРЯ-и АМИТ

Сатторзода Субҳонали-Мудири шуъбаи муайянкунии маводҳои таъиноташ

дуҳадафа ва назорати содироти маводди ХБРЯ-и Агенти амнияти ХБРЯ-и АМИТ

Истиқлолият – аз дидгоҳи равониву фарҳангӣ – худшиносист. Имрӯз дар фазои истиқлолияти комили иҷтимоӣ, иқтисодӣ, сиёсӣ, фарҳангӣ мо ба давраи ташаккули худшиносии миллӣ расидем. “Барои комил шудани худшиносии миллӣ, рушди тафаккури он даҳсолаҳо лозим аст. Аммо муҳимтарин дастоварди истиқлолият ин буда, ки ниҳоли худшиносӣ шинонда шуд ва он алъон месабзад ва рушду камоли ҳар шаҳрванд ва тамоми чомеа онро ғизо медиҳад.

Истиқлолияти давлатӣ барои худшиносии миллӣ ва озодиву ифтихори миллӣ шароит ба вуҷуд овард. Истиқлолияти давлатӣ ҳамчун марҳилаи сарнавиштсоз ва эҳёи давлату миллати куҳнабунёди тоҷикон эътироф гардидааст. Президенти кишвар Эмомали Раҳмон истиқлолиятро бузургтарин ва муқаддастарин дастоварди миллати тоҷик медонад. “Маҳз Истиқлолият ба мо имконияти таърихие овард, ки Ватани худро соҳибӣ кунем, давлатдории миллии хешро барпо намоем, суннату арзишҳои миллиамонро эҳё созем, ормонҳои деринаи халқамонро амалӣ гардонем ва зиндагии озодонаи мардумамонро ба роҳ монем”.

«Дар дифои фарҳангу ҳуввият, худшиносӣ ва тафаккури миллии хеш мо танҳоем. Моро дар ин ҷабҳа ба ҷуз худамон ҳеҷ нерӯи дигаре дифоъ карда наметавонад. Аз ин боис яке аз самтҳои афзалиятноку стратегӣ – масоили худшиносист.” Миллати мо имрӯз амиқ эҳсос кард, ки бунёдгузору меҳансоз, тақдирсози миллати тоҷик, созандаи ҷомеаи навин, на аз берун буда, балки худи ӯ мебошад. Ба манзури дарки аришҳои истиқлолияти давлатӣ ва худшиносии миллӣ Президенти кишвар ба масъалаҳои муҳим рӯ овард. Яке аз ин масъалаҳои бунёдӣ ташаккули шуури худшиносии миллӣ ва бохабар будан аз арзишҳои гузашта ва боло бурдани сатҳи худогоҳӣ ва ифтихори миллӣ мебошад.

Яке аз роҳҳои аввалиндараҷаи худшиносии миллӣ ин ру овардан ба илму маърифат аст. Ба ин манзур нақши маорифи кишвар хеле муҳим арзёбӣ шудааст. Президенти кишвар Эмомали Раҳмон қайд намудааст: “Ман дар сиёсати худ маорифро дар ҷои аввал мегузорам”. “Инкишофи фарҳанги миллӣ қабл аз ҳама ба мактабу маориф, ба таълиму тарбияи насли наврас вобастагии қавӣ дорад. Агар ҳадафи мо воқеан ҳам бунёд кардани ҷомеаи демократӣ, ҳуқуқбунёд ва дунявӣ бошад, бояд дастаҷамъӣ рӯй ба мактабу маориф оварем.”

Истиқлолият заминаи қавии истиқлоли фикриро ба вуҷуд меорад. Маориф дар мавриди худшиносии миллū бояд дар андешаи эҷодии миллат саҳм бигирад. Дар ин росто кори фалсафа, мантиқ ва илмҳои дақиқу табиатшиносӣ ниҳоят бузург аст. Дар замони ҳозира илмҳои дақиқ ва табиатшиносӣ дар мактабҳои миёна ва олӣ таълим дода мешаванд, аммо мантиқ ва фалсафа аз доираи таълим дар мактабҳои миёна соқит шудаанд. Ҳол он ки дар бисёр мамлакатҳои хориҷӣ ин илмҳо ба таври шоиста таълим дода мешаванд ва дар тафаккури шуури эҷодии миллат саҳм мегиранд. Дар ҷаҳонбинии мутамаддин ба таълими фалсафа таваҷҷуҳи хоса зоҳир менамоянд. Ба ин маъно, ки фалсафа сарчашмаи огоҳӣ, бедорӣ ва истиқлоли фикрии миллат мебошад. Барои мисол метавон аз файласуфони машҳури немис Артур Шопенгауэр ва Фридрих Нитше ёдовар шуд, ки доир ба таълими фалсафа дар донишгоҳҳои Олмон ба ҳассосияти фавқулодда изҳори назар намудаанд. Номбурдагон таълими улуми фалсафиро дар донишгоҳҳо норасо ҳисобида, аз мақомоти давлатӣ ва вазоратҳои дахлдор беҳбудии ин соҳаро ҷиддан талаб намудаанд.

Мо бояд қабл аз ҳама сутунҳои рушди ҷомеаи худро бар пояи ақлу хирад бунёдгузорӣ кунем. Фанҳое, ки дар тафаккури шуури эҷодии миллат саҳм мегиранд, дар мактабҳои миёна ва олӣ ба таври шоиста таълим диҳем. “Барои ин замон насли ҷавоне бо тафаккури обутобёфта, рақобатпазир, мустақил, эҷодкор ва мусаллаҳ бо навтарин технологияи иртиботӣ, вале аз арзишҳову манфиатҳои миллӣ огоҳ зарур аст”. Саҳми маориф дар ташаккули худшиносии миллӣ ва захираҳои инсонӣ махсусан, нерӯи ақлонии ҷавонон бунёдист.“Худшиносӣ ва ифтихори миллӣ, – таъкид менамояд президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон, – пойдевори бақои миллати соҳибэҳтиром ва бофарҳанг аст. Миллате, ки забон, тафаккури миллӣ, таъриху адабиёт, расму оин ва арзишҳои фарҳангияшро қадр намекунад, пояҳои истиқлолияташро низ чандон дер пуштибонӣ карда наметавонад”. “...танҳо худшиносии фарҳангию таърихӣ миллатро муттаҳид ва соҳибдавлат намуда, вайро ба мудрик (субъект)-и фаъоли раванди таърихӣ табдил медиҳад”.

Фарҳанг дар худшиносии миллӣ саҳми бисёр калон дорад. Фарҳанги миллӣ бояд эҳё гардад, то саде шавад барои ҳуҷуми фарҳанги бегона. Фарҳанг омили худшиносии миллӣ мебошад. Миллат бояд ҳастии худашро нисбат ба дигар миллатҳо фаҳмад. Бояд худшиносии миллӣ дар муқоиса бо тамаддуни дигар миллатҳо шинохта шавад. Худшиносии миллӣ бисёр муҳим аст, то миллат худро ба ҳайси миллати мустақил нашиносад масъалаҳоро ҳал карда наметавонад. Бояд пеш аз ҳама дарк шавад, ки худшиносии миллӣ чист. Аз назари мр дарки ҳастии таърихи миллат аз фардҳои ҷомеа оғоз меёбад. Барои он ки миллат худро бишносад якчанд масъаларо бидонад: 1. Кадом марҳалаҳои таърихиро аз сар гузаронидем; 2. Бояд миллат дарк кунад, ки эҷодгари як тамаддуни хос аст, аз дигар фарҳангҳо фарқ мекунад.

Пойдории густариши ваҳдати миллӣ бори дигар исбот кард, ки тоҷикон ворисону меросбари ориёни асил буда, соҳиби тамаддуни оламшумул мебошанд. Истиқлолият шароит фароҳам овардааст, ки худдшиносӣ маъно ва мақоми фарҳангии худро ба дараҷаи баланд эҳё гардонад. Президети кишвар қайд мекунад, ки “Яке аз сарчашмаҳои воқеии худшиносии миллӣ қабл аз ҳама бунёди давлати соҳибистиқлол, ваҳдати миллӣ, рӯ овардан ба гузаштаи пурифтихор, ҳифзи тамаддуни мероси фарҳангии ниёгон ва поси хотири шахсиятҳои тавонову фарзандони бузурги миллат мебошад...” Омӯзиши арзишҳои маънавии ниёгон заминаи хубе барои ташаккули ғояи миллӣ, худшиносиву худогоҳии миллат замина ба вуҷуд меорад. “Дар мероси гузаштагонамон мо бояд оташеро ҷуё бошем, ки барои афрухтани тафаккури наву пешқадами миллат саҳм гирад, нерубахш бошад”. Мероси гузашта бояд сарчашмаи сабақу илҳоми мо бошад, сарчашмаи ғояҳои баланди инсонгароӣ, худогоҳӣ, созандагӣ, сарчашмаи илҳому касбияти хеле олӣ, сарчашмаи ифтихор ва омӯзиши шахсиятҳои хеле барҷаста, ки ҳар кадом дар кайҳони фарҳанги башарӣ ҷое доранду мақоме. Гузаштаи фарҳангии мо барои сохтани тақдири кишвари соҳибистиқлол ва истиқлолияти фардии ҳар кадоми мо бояд саҳм бигирад. Мову шумо бояд тавоноие дошта бошем, ки арзишу сунатҳои бои гузаштаро бо талаботи замони нав бо тамоили арзишҳои башарӣ қиёсу мутобиқ карда тавонем. Вагарна маҳдуд мемонем.

Омӯзишу таҳқиқи ҳикмати ориёӣ акнун дар давраи Истиқлолият оғоз меёбад. Мақсад шинохти фарҳанги миллӣ дар заминаи асливу азалии он аст, яъне аслу асолати худшиносист ва ба ин тариқ шинохтану қадр кардани тамаддуни умумибашарист. Мақсад огоҳона қадам задан ба тамаддуни асиласт.

Барои худшиносии миллӣ омӯхтани таърих низ аҳамияти бузург дорад. Таърих ҷараёни пайдоиши миллат, такомули он, бурду бохтҳои миллӣ ва робитаи миллатҳоро меомӯзад. Ба ин васила таърих худшиносии таърихии миллатро таъмин менамояд. Яъне нишон медиҳад, ки миллат дар марҳилаҳои гуногуни таърихӣ дар соҳаҳои иқтисодӣ, илм, санъат, адаб чӣ дастовардҳое доштааст, ки боиси ифтихори ӯянд. Омӯхтани таърих дар айни ҳол нишон медиҳад, ки ҳастии таърихии як миллат аз ҳастии таърихии дигар миллатҳо чӣ тафовутҳо дорад, то нақши таърихии ҳар як миллат мушаххас муайян гардад. Таърих дар баробари ин ҷараёни таърихии ташаккули миллат, илм, фарҳанг, санъат, адаб, урфу одатҳои таърихии халқҳоро низ меомӯзад. Таърихи халқи тоҷик дар мактабҳои мо ба назардошти ҳамин меъёрҳо омӯхта мешавад. Дар шароити соҳибистиқлолӣ омӯхтани урфу одатҳои таърихӣ барои танзими урфу одатҳои мардумӣ дар шароити ҳозира аз аҳамият холӣ нест. Омӯхтани таърих дурнамоест, ки роҳи ояндаи миллат ва пешомадҳои давлатдориро равшан намуда, барои худогоҳии миллӣ, ваҳдати миллӣ, ваҳдату ягонагӣ, худшиносии миллӣ ва рушди тафаккури таърихии наслҳои оёнда хизмат мекунад. Мо ҳофизаи таърихӣ надорем.

Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон таъкид менамояд, ки “Миллате, ки хотираи таърихӣ ва ҳуввияти миллиашро пос намедорад, хоҳу нохоҳ гирифтори сарнавишти талху фоҷиабор мегардад”. Шоҳасари безаволи “Тоҷикон”-и Бобоҷон Ғафуров, асарҳои президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон: “Тоҷикон дар оинаи таърих”, “Нигоҳе ба таърих ва фарҳанги ориёӣ”, “Чеҳраҳои мондагор” ва ғайра барои ташаккули худшиносии миллӣ ва рушди тафаккури таърихии мардуми мо хизмати арзанда карда ва ин мардони бузург ба оламиён исбот намуданд, ки тоҷикон қадимтарин сокинон ва соҳибони ин марзу бум буданд ва ҳастанд.

Унсури дигари асосие, ки инсон пеш аз ҳама тавассути он миллияти худро мешиносад забон аст, зеро забон аст, ки инсонҳо бо якдигар муошират мекунанд, фаъолияти корӣ, эҷодӣ, илмӣ ва ѓайраҳоро ба роҳ мемонанд. Илова бар ин, ҳамин забон аст, ки инсонҳо дастовардҳои илмӣ, фарҳангӣ ва адабии худро дарк карда, аз насл ба насл интиқол медиҳанд. Бо ҳамин васила тараққиёти бемайлони инсониро таъмин менамоянд. Забон дар айни ҳол воситаест, ки як миллат худро аз миллати дигар фарқ мекунад. Чун нақши забон дар шинохти ташаккули шуури миллӣ ба ин дараҷа баланд аст, бинобар ин дар низоми маъориф омӯхтани забон ва илми забоншиносӣ бояд мавқеи хоса дошта бошад. Бе забон умуман, ягон риштаи илм фарҳанг, санъат ва адаб вуҷуд дошта наметавонад, бинобар ин омӯхтани забон дар марҳилаи ҳозира аз рӯи усулҳои тоза бояд ба роҳ монда шавад. «Олимони муосир дар он фикранд, ки тафаккури инсон дар доираи луғату тасаввурот ва образҳои як забон ташаккул меёбад, аз ин ру забон на фақат олоти иртиботи одамон ва ифодаи афкор, балки худаш «гаҳвораи фикр» аст, он фикрро тавлид, парвариш ва такмил медиҳад ва аз фикрҳои мавҷуда фикрҳои навро эҷод мекунад».

Самти дигари худшиносии миллӣ эҳёи анъанҳо, идҳои миллӣ мебошад. “Сатҳи худшиносии миллӣ дар давраи шӯравӣ то андозае ташаккул ёфта бошад ҳам, вале мутаассифона, анъанаҳову суннатҳои миллӣ, аз қабили Наврӯз, Меҳргон, Сада ва ғайра аз сатҳи давлатӣ дур шуда буданд”.[1] Бо ташаббуси Пешвои миллат, Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон анъанаю ҷашну идҳои миллӣ (аз қабили идҳои Наврӯз, Тиргон, Сада, Меҳргон) эҳё гардиданд.

Хулоса, имрӯз мо бо ба даст овардани Истиқлолият, бо ҳисси баланди худшиносии миллӣ, тафаккури нави фарҳангӣ ба сӯи пеш қадам мегузорем. Мо вазифадорем, ки Истиқлолияту худшиносии миллии худро ҳамчун дастоварди пурарзиш ва неъмати бебҳо бипазирем ва онро аз тамоми арзишҳои дигар муқаддамтар бидонем.

Маҳмадова Меҳрӣ Файзалиевна, д.и.ф., ходими калони

илмии шуъбаи Таърихи фалсафаи ИФСҲ АМИТ

Абӯалӣ ибни Сино яке аз бузургтарин файласуфон, олимон, табибон ва адибони тоҷику форс буда, дар рушду камоли тамаддуни ҷаҳонӣ саҳми барҷаста дорад. Воқеан, нақши барҷастае, ки Ибни Сино дар таърихи фарҳанги миллат ва башарият гузоштааст, номи ӯро барои аҳли ҷаҳон азиз ва ҷовидонӣ гардонидааст. Ба шарофати осори абадзиндаи хеш Ибни Сино имрӯз низ ҳамзамон ва ҳамқадами ҷомеаи башарӣ мебошад.

Зеро ҳикмате, ки инсонро ба роҳи рост ва худшиносии воқеӣ ҳидоят мекунад, бо гузашти замон моҳият ва арзиши бештар пайдо мекунад. Ибни Сино (980 - 1038) аз донишмандони машҳури тоҷик аст, ки бо осори гаронбаҳои гуногуни илмии худ: “Китобу-ш-шифо”, “Донишнома”, “Китобу-н-наҷот”, “Ишорот ва танбеҳот”, “Қонун фи-т-тиб” ва ғ. (зиёда аз 30 асар) шуҳрати ҷаҳонӣ касб намудааст. Дар низоми фалсафии Ибни Сино масъалаи ахлоқ ба мақом ва рисолати инсон дар ин олам мутобиқат мекунад, яъне инсон чун масъалаи меҳварӣ мавзӯи асосии тамоми фалсафаи амалӣ арзёбӣ мегардад.

Дар ақидаҳои ахлоқи хеш Ибни Сино масъалаи азалии фалсафӣ: муборизаи қувваҳои хайру шарро дар ҷаҳон баррасӣ кардааст. Масъалаи мазкур масоили ахлоқиро дар бар гирифта, ба андозаи муайян моҳияти ҷаҳоншинохтии кулли фалсафа ва низоми фалсафӣ мебошад. Сабабҳои ҳастии некию бадиро дар ҷаҳон баён намуда, Ибни Сино асосҳои ҷавҳарии робитаҳои онҳоро муайян мекунад ва некиро бо ҳастӣ, бадиро бо нестӣ айният медиҳад. Аз назари Ибни Сино, некӣ дар олам ҳукмрон мебошад.

Ҳамин тариқ, дар диалектикаи некию бадӣ нақши ҳалкунандаро некӣ мебозад, ки хосияти муҳими он ҳастӣ буда, нестӣ аслан бадӣ аст.

Мафҳумҳои хайр ва шарр на танҳо ҳамчун мақулаҳои ахлоқӣ, балки чун мафҳумҳои ниҳоят васеи ҷавҳарӣ баромад мекунанд. Агар бадӣ намебуд, некӣ ҳам намебуд ва баръакс, бе некӣ кулли олам ба зулмоти бадӣ ва нобуданӣ ғутавар мешуд ва оид ба ин ва ё он аз фазоил ва ахлоқ қазоват намудан номумкин буд. Дар ин вогузинии (алтернативаи) азалӣ бадӣ чун ҷузъи некӣ зуҳур мекунад. Бо некӣ камолот, мураттабӣ, мавзунии олам алоқаманд аст, вале бадӣ – ҳолати бемории олам аст, ки ба тахрибу таназзули он равона шудааст, ки онро бояд рафъ намуд. Аз ин ҷиҳат, ба андешаи Ибни Сино, дар ҷаҳон бояд на шарр, балки некӣ тантана намояд.

Назарияи ахлоқии Ибни Сино аслан аз ду манбаъ сарчашма мегирад: китоби Қуръон, меъёр ва қоидаҳои рафтору аъмоли одамон, анъана ва расму суннатҳое, ки дар асоси шариат таҳия шудаанд. Аз ҷониби дигар, манбаъи он низоми ахлоқии Арасту мебошад. Дар пешгуфтори «Рисола оид ба ахлоқ» Ибни Сино ба одатҳое ишора мекунад, ки тавассути он инсон ба дараҷаи баланди камолоти ахлоқӣ ноил мегардад. Ин ҳадаф, қабл аз ҳама, ба туфайли шинохти ҳуввият, фазилат ва сафои нафси худ дар амал татбиқ мегардад: «Ҳар касе ба шинохти хештани хеш аҳамият медиҳад ва мехоҳад фазилатҳои худ ва роҳи чигунагии тобеъ сохтани онҳоро бидонад, то тавассути онҳо нафси худро пок созад, бояд барои ин сайъ варзад. Ҳамчунин ҳар касе мехоҳад разилатҳои хеш ва чи гунагии аз онҳо муҳофизат кардани худро бидонад, бигузор нафси хештани хешро аз онҳо пок намояд. Ҳар касе, ки ахлоқи ҳамидаро афзалтар медонад, бибоистӣ, ки беҳтарин кирдору рафторро ҳадафи худ қарор диҳад».

Ибни Сино илми ахлоқро чун илми амалӣ баррасӣ мекунад, ки ба василаи ташаккули фазоил аъмоли афродро ба низом медарорад. Дар фарқият аз қувваи назарӣ (хирад), ки ба рушди илмҳо равона шудааст, қувваи амалӣ (ҳӯш) дар пояи фазоил инкишоф меёбад, ки умдатаринашон ҳикмат, шуҷоат ва иффат (покдоманӣ) мебошанд. Ҳар касе бо яке аз қувваи нафс вобаста аст: иффат – қувваи шаҳвония, шуҷоат – бо қувваи хашму ғазаб, ҳикмат – бо қувваи тамйиз. Адолат аз фазоили умда аст, аммо дар фарқият аз онҳо ба кулли қобилияти нафс хос мебошад. Аз ин назар адолат чунин фазилатҳоро дар худ дорад: саховат, қаноат, сабр, карам, ҳалимӣ, покдоманӣ, бахшандагӣ, олиҳимматӣ, пинҳон доштани сир, ҳикмат, хушбаёнӣ, фаросат, бикрандешӣ, дурандешӣ, ростгӯӣ, вафодорӣ, дӯстӣ, меҳрубонӣ, ҳаё, бузургҳимматӣ, накӯаҳдӣ ва фурӯтанӣ.

Дар байни фазилатҳои ахлоқӣ, дар таълимоти Ибни Сино, илму дониш ҷои махсусро ишғол мекунад. Рубоии машҳури ӯро ба ёд оваред:

Аз қаъри гилу сиёҳ то авҷи Зуҳал,

Кардам ҳама мушкилоти гетиро ҳал.

Берун ҷастам зи банди ҳар макру ҳиял,

Ҳар банд кушода шуд, магар банди аҷал.

Ба қатори фазилатҳое, ки мустақиман ба ташаккули олами маънавии шахс асар мекунанд, Ибни Сино расоандешӣ, собитқадамӣ, сидқ, вафодорӣ, меҳрубонӣ, ҳаё, ғайрат ва фурӯтаниро дохил мекунад.

Дар низоми ахлоқии Ибни Сино ҳар як фазилат таззоди ба худ хосеро доро мебошад. Масалан, ба дониш ҷаҳолат - муқобил мебошад, ба гумроҳӣ - хушбаёнию фасоҳат, ба каммағзӣ фаросат ва ҳадси накӯ, ба нотавонӣ - собитқадамӣ, ба аҳдшиканӣ, хиёнат ва бераҳмӣ - раҳму шавқат, беруйӣ, камҳимматӣ, бадаҳдӣ, бадриоятӣ, худситоӣ, худнамоӣ, ҷафокорӣ – муқобили адолат ва додварӣ мебошанд.

Ақидаҳои ахлоқии Ибни Сино таҷассумгари армонҳои башардӯстӣ ва меъёрҳои ахлоқии умумибашарианд, ки дар он кулли фазилатҳои ахлоқӣ мутамарказ шудаанд. «Ва аз ҷумлаи сифоти ҳамида ва авсофи писандида, менависад Ибни Сино, барои ҳар фард аз инсон он аст, ки ҳамеша авқоти дӯстӣ ва хайрандешӣ ва манфиат расонидан ба навъи худро фаромӯш накунад. Ва муҳаббату ишқ доштан ба неконро ваҷҳи ҳиммати худ созад. Ва худро барои ҳидоят кардани ашрор ва манъи онон аз аъмоли қабеҳа мустаъид ва муҳайё дорад, балки сазовор аст, ки ин сифатро як амри табиӣ ва зотӣ барои худ тасаввур кунад».

Инсони оқил ва комил, аз нигоҳи Ибни Сино, бояд бидонад, ки чи гуна бо одамон муошират намояд ва ҳар касеро мутобиқи шаъну манзалаташ эҳтиром гузорад.

Аз назари Ибни Сино, сарчашмаи ташаккули фазоили ахлоқӣ сифатҳои фитрии фард набуда, балки маҳсури аъмол ва кирдори амалии ӯ мебошанд, ки ба ҷилавгирии ғаризаи манфии табиӣ ва камолоти фардияти хеш равона шудааст. Хулқи зебо, писандида ва ҳамчунин хулқи нописандида аз одат падид меояд. Соҳибони одати хуб хулқи зебо ва соҳибони одати бад хулқи бад ва қабеҳро касб менамоянд.

Арзиштарин сарчашмаи омӯзиши масъалаи тарбия, дар эҷодиёти Ибни Сино «Тадбири манзил» мебошад, ки дар он шакл ва воситаҳои тарбия ва усулҳои таъсиррасонии педагогӣ ба насли наврас баррасӣ шудаанд. Тарбия ва ташаккули шахсро бояд аз рӯзи таввалуди кӯдак шурӯъ намуд, аз ин рӯ, Ибни Сино падари кӯдакро вазифадор мекунад, ки тифли худро номи некӯ гузорад. Замоне, ки кӯдак ҷисман мустаҳкам шуд забон ба талаффузи нутқи гӯё, гӯшҳояш ба шунидан ва дарки калима оғоз намуданд, вуҷудаш қобилияти дарки дониш ва андарзро пайдо кард, бояд ба таълими илм ва ахлоқ пайвандад.

Ибни Сино дар рисоли «Тадбири манзил» доир ба роҳ ва усулҳои тарбия ва таълими насли наврас андеша намуда, муҳиммияти таҳзиби иҷтимоӣ, табиати ҷамъиятии онро қайд менамояд, яъне чун ҷонибдори таҳсилоти муштараки тифлон дар мадраса баромад мекунад. Талабаи яккаву танҳо ва аз ҷомеа барканор, ҳамчунин устоди танҳо, ба костагии рӯҳии таълимгиранда ва таълимдиҳанда меоварад.

Оид ба зарурати дар инсон тарбия намудани меҳнатдӯстӣ ва мустақилӣ сухан ронда, Ибни Сино мухолифи беамони ҳар гуна интиёз барои ашрофзодагон буд ва меъёри олии инсонгариро дар ахлоқ ва хирад медид. Худшиносӣ ва ҳуввияти шахсият, шараф ва номуси вай наметавонад меросӣ бошад. Ба обрӯ ва сарвати волидайн фахр намуда, инсон оқибат шахсият ва ҳуввияти хешро аз даст медиҳад. Оқибати номатлуби онро ба назар гирифта, Ибни Сино ҳушдор медиҳад ки: «Мо камтар дидем аз писарони арбоби мукнат аз эътимод ба дороии падар солим монда бошад. Ва ҳангоме ки ба дороии падар эътимод намуд ин эътимод ӯро намегузорад, ки пайи саноате (касбу ҳунаре) рафта, то бад-ин васила талаби маишат бинамояд ва монеъ мешавад аз ин ки адаб таҳсил карда, ба зевари он худро биорояд». Бинобар ин, инсон бояд саъю кӯшиш намояд, ки мавқеъи сазовори худро дар ҷомеъа бо заҳмати худ пайдо намуда, ба касби барои ҷомеа судманд соҳиб шавад ва ҷаҳони маънавии хешро бо дониш ва арзишҳои ахлоқӣ ғанӣ гардонад.

Ба ақидаи Ибни Сино, инсон аз тамоми мавҷудоти зинда бо асли иҷтимоии хеш фарқ мекунад, яъне вай махлуқи ҷамъиятӣ мебошад: «Модоме инсон дорои мақсад аст, пас, ӯ бе ҷомеа вуҷуд дошта наметавонад».

Ба андешаи Ибни Сино ба марди соҳибҳунар се намуди саноат хос аст 1) покии афкор ва возеҳияти ақоид дар маслиҳат ва санъати идоракунӣ. Ин саноат насиби ходимони сиёсӣ ва онҳоест, ки мақомоти баланди давлатиро ишғол менамоянд. 2) нависандагӣ, санъати хаттотӣ, нуҷумшиносӣ, тиб ва ғ., ки доираи фаъолияти олимон аст; 3) саноати дасти инсонӣ рассомон ва тирандозон.

Зиёева Зебониссо Идибековна - ходими калони

Институти фалсафа, сиёсатшиносӣ ва ҳуқуқи ба номи А.Баҳоваддинови АМИТ

Истиқлолият на танҳо ҳаққи қабул кардани қарорҳо дар сатҳи давлатӣ аст, балки қобилияти воқеии муҳофизат кардани манфиатҳои давлат ва шаҳрванд, муайян кардани афзалиятҳои миллӣ ва мубориза барои мустақилият аз фишорҳо ва таҳдиди беруна мебошад. Тоҷикистон пас аз воридшави дар арсаи ҷаҳон 34 сол мешавад, ки ҳамчун субъекти сиёсӣ ва иқтисодии байналмилалӣ фаъолият дорад. Дар даҳ соли аввали Истиқлолият, Тоҷикистон ба буҳрони сиёсиву ҳарбӣ, иҷтимоӣ, иқтисодӣ ва дигар мушкилот рӯ ба рӯ шуд, ки хатари ҷиддӣ ба истиқлолии кишвар эҷод буд. Пас аз имзои Созишномаи истиқрори сулҳ ва ризояти миллӣ дар назди Ҳукумати кишвар вазифа гузошта шуд, ки мавқеъ ва нақши Тоҷикистон дар низоми муносибатҳои байналмилалӣ ва байнидавлатӣ бо мақсади амалисозии афзалиятҳои кишварамон дар ҷомеаи ҷаҳонӣ муайян созад.

Имрӯз бо итминон метавон гуфт, ки ба шарофати саъю талошу кӯшишҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, сиёсати созанда ва ҳамзистию осоиштаро ба вуҷуд оварда, Тоҷикистон дар ҷомеаи муосири ҷаҳонӣ мавқеи сазоворро ишғол менамояд. Тоҷикистон давлатест, ки меъёрҳои аз ҷониби ҷомеаи ҷаҳонӣ эътирофшудаи муносибатҳои байналмилалиро пайваста риоя менамояд. Боиси ифтихор аст, ки Тоҷикистон тавонист, ба иқдомҳои амалии худ ба сиёсати сулҳофаринӣ, ҳалли масъалаҳои об, пиряхҳо ва сарҳадҳои худ дар таҳкими сулҳу субот ва амнияту мушкилоти глобалӣ ва минтақавӣ саҳми арзанда мегузорад.

Барқарорсозии соҳибихтиёрии кишвар дар шароити душворе, ки фазои пасошӯравӣ ба вуҷуд оварда буд, инчунин дар давраи дигаргуниҳои амиқи геосиёсӣ сурат гирифт. Дар баробари он пас буҳрони сиёсиву ҳарбӣ дар кишвар вазифа гузошта шуд, ки мувофиқи он фароҳам овардани шароити мусоиди сиёсати хориҷӣ барои ноил шудан ба мақсадҳои стратегии тараққиёти мамлакат боз ҳам масъулиятноктар шуд.

Дар радифи амалисозии ҳадафҳои стратегии кишвар ҳифзи манфиатҳои давлат ва шаҳрванд бешубҳа ба дипломатияи муосири тоҷик тааллуқ дорад. Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон мақоми марказии ҳокимияти иҷроия мебошад, ки идоракунии давлатиро дар соҳаи муносибатҳои Тоҷикистон бо давлатҳои хориҷӣ ва ташкилотҳои байналмилалӣ амалӣ менамояд. Низоми Вазорат намояндагиҳои дипломатӣ ва муассисаҳои консулии Тоҷикистон дар давлатҳои хориҷӣ, намояндагиҳои кишвар дар ташкилотҳои байналмилалӣ, намояндагиҳо ва муассисаҳои тобеи Вазорат, ки барои таъмини фаъолияти Вазорат дар ҷумҳурӣ таъсис дода шудаанд, инчунин муассисаҳои таълимиро дар бар мегирад. Таҳияи стратегияи умумии сиёсати хориҷии Тоҷикистон ва ба пешниҳодҳои дахлдор ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон яке аз вазифаҳои муҳимтарини Вазорат маҳсуб меёбад.

Пас аз пошхурии Иттиҳоди Шӯравӣ, Тоҷикистон соҳибистиқлолӣ ва мустақилияти давлатии худро эълон намуд. Санаи эълони таърихии кишвар 24 августи соли 1990 буда, дар даъвати дувоздаҳуми Иҷлосияи дувуми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Эъломияи истиқлолияти Ҷумҳурии Тоҷикистонро қабул намуд. Ҷумҳурии Тоҷикистон пас аз эълони Истиқлолият дар муносибатҳои байналмилалӣ худро ба сифати субъекти мустақили ҳуқуқи байналмилалӣ муаррифӣ намуд ва эълон дошт, ки фаъолияти он ҳамчун давлати комилҳуқуқи мустақил барои ноил шудан ба сулҳи пойдор, барҳам додани силоҳи ядроӣ ва дигар аслиҳаи қатли ом, роҳ надодан ба истифодаи қувва дар ҳалли баҳсҳо ва ихтилофоти байни давлатҳои соҳибистиқлол равона карда мешавад. Ин масъала дар моддаи 15-и Эъломияи Истиқлолияти Ҷумҳурии Тоҷикистон баръало ифодаи худро ёфтааст[7].

9 сентябри соли 1991 Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор “Дар бораи истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон”-ро қабул ва эълон намуд. Иҷлосияи ғайринавбатии Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар таърихи 9 сентябри соли 1991 тағйироту иловаҳо ба Эъломияи мазкурро қабул кард. Бо шарофати истиқлолият миллати тоҷик баъди ҳазорсол бори дигар соҳиби давлат, замин ва дигар арзишҳои миллӣ гардид.

Бояд қайд кард, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон баъди дарёфти истиқлолият аъзои созмонҳои байналмилалӣ, минтақавӣ ва ташкилотҳои молиявӣ гардида, моҳи декабри соли 1991 ба Протоколи Созишномаи таъсиси Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил “Дар бораи шомил шудани Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Иттиҳод” дар шаҳри Маскваи Федератсияи Россия имзо гузошт. 26 феврали соли 1992 ба Созмони байналмилалии Машварат оид ба амният ва ҳамкорӣ дар Аврупо, 2 марти 1992 ба Созмони Милали Муттаҳид аъзо шуд. Инчунин моҳи апрели соли 1992 ба Созмони байналмилалии тандурустӣ ва октябри 1992 Ассотсиатсияи байналмилалии байторӣ аъзо гардид. Ҷумҳурии Тоҷикистон бо эътироф кардани низоми муносибатҳои байналмилалӣ, аз ҷумла Оинномаи Созмони Милали Муттаҳид, Санади хотимавии Ҳелсинки, Баёнияи Париж ва дигар санадҳо зербинои сиёсати дохилӣ ва хориҷии худро бунёд намуда, инсон ва ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои онро, сарфи назар аз мансубияти миллӣ, мазҳабӣ, нажодӣ ва ҷинсӣ арзиши олӣ мешуморад. Санадҳои меъёрию ҳуқуқии байналмилалӣ дар самти ҳамкориҳои дипломатӣ ин ҳуҷҷатҳои ҳуқуқӣ ба шумор рафта, равобити муносибатҳои байналмилалиро ба танзим медарорад ва дар давлатҳо ратификатсия шудаанд. Ин низоми эътирофшуда байналмилалӣ, Эъломияи Вена дар бораи равобити дипломатӣ аз 18 апрели соли 1961, Эъломияи Вена дар бораи равобити консулӣ аз 24 апрели соли 1963 ва Конвенсияи Вена оид ба ҳуқуқи шартномаҳои байналмилалӣ мебошад, ки Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Конвенсияро 11 марти соли 1996 ба тасвиб расонидааст. Эътиборномаи тасвиби Ҷумҳурии Тоҷикистон 6 майи соли 1996 ба Котиби Генералии Созмони Милал Муттаҳид супорида шуд[4].

Мавриди зикр аст, ки Конститутсия пас аз Эъломияи истиқлолияти давлатӣ яке аз заминаҳои асосии ҳуқуқии Тоҷикистон ба ҳисоб меравад, ки паҳлуҳои байналмилалии он зикр карда шудааст. Дар моддаи 10 ва 11 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон самтҳои байналмилалии он зикр шудааст, ки чунинанд:

-Моддаи 10. Конститутсияи Тоҷикистон эътибори олии ҳуқуқӣ дорад ва меъёрҳои он мустақиман амал мекунанд. Санадҳои ҳуқуқии байналмилалие, ки Тоҷикистон онҳоро эътироф кардааст, қисми таркибии низоми ҳуқуқии ҷумҳуриро ташкил медиҳанд. Агар қонунҳои ҷумҳурӣ ба санадҳои ҳуқуқии байналмилалии эътирофшуда мутобиқат накунанд, меъёрҳои санадҳои байналмилалӣ амал мекунанд. Қонунҳо ва санадҳои ҳуқуқии байналмилалие, ки Тоҷикистон эътироф кардааст, пас аз интишори расмӣ амал мекунанд.

-Моддаи 11. Тоҷикистон сиёсати сулҳҷӯёнаро ба амал татбиқ намуда, соҳибихтиёрӣ ва истиқлолияти дигар давлатҳои ҷаҳонро эҳтиром менамояд ва муносибатҳои хориҷиро дар асоси меъёрҳои байналмилалӣ муайян мекунад. Ташвиқоти ҷанг манъ аст. Тоҷикистон вобаста ба манфиатҳои олии халқ метавонад ба иттиҳодияҳо ва ташкилотҳои байналмилалӣ дохил шавад, аз онҳо барояд, бо кишварҳои хориҷӣ робита намояд. Давлат бо ҳамватанони берунмарзӣ ҳамкорӣ мекунад”[2].

Мавриди зикр аст, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати ноил шудан ба ин ҳадаф сиёсати бисёрҷанбаи хориҷиро амалӣ менамояд, ки ба манфиатҳои олии давлатию миллӣ ҷавобгӯ буда, ба роҳандозии муносибатҳои дӯстона ва мутақобилан судманд бо кишварҳои гуногуни ҷаҳон хизмат мекунад ва ба эҳтироми ҳуқуқи байналмилалӣ асос ёфтааст. Вобаста ба санадҳои меъёрию ҳуқуқии амалкунанда ва ба танзим даровардани муносибатҳои дипломатӣ Ҷумҳурии Тоҷикистон чунин қонунҳо, низомнома ва фармонҳоро қабул кардааст, ки чунин аст:

-Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи хизмати дипломатӣ. Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, соли 2014, № 12, мод. 827) (Қонуни ҶТ аз 2.01.2019 № 1574).

-Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи шартномаҳои байналмилалӣ, ки 23 июли соли 2016, №1326 тасдиқ шудааст.

-Низомномаи Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон. Бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 28 декабри соли 2006 № 593 тасдиқ шудааст.

-Низомнома дар бораи Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон. Бо Фармони Президент Ҷумҳурии Тоҷикистон 23 январи соли 1995 № 165 тасдиқ шудааст.

-Оинномаи консулии Ҷумҳурии Тоҷикистон. 30 июли соли 1998, таҳти №275 тасдиқ шудааст.

-Консепсияи сиёсати хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон. 27 январи соли 2015 бо Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, № 332 тасдиқ шудааст.

-Фармони Низомнома Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи таъмини татбиқи сиёсати ягонаи хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон”[2].

Маҳз қонунҳои зикр гардида, асосҳои ташкилию ҳуқуқии фаъолияти дипломатӣ, вазъи ҳуқуқӣ ва кафолатҳои иҷтимоии хизматчиёни давлатии хизмати дипломатӣ Ҷумҳурии Тоҷикистонро муайян менамоянд.

Дар сиёсати хориҷии давлатҳо, аз ҷумла Тоҷикистон Консепсияи сиёсати хориҷӣ мавҷуд аст, ки соҳаҳои муҳими рушди давлатро дар бар мегирад. Тоҷикистон пас аз истиқлолият ба марҳилаҳои зерини Консепсияи сиёсати хориҷиро қабул намуд, ки дар амалишавии ҳадафҳои гузоштаи давлат нақши назарраси худро гузошта истодааст.

Марҳилаи якум, 19 ноябри соли 1992 Раиси Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар “Муроҷиатнома ба халқи шарифи Тоҷикистон” дар масъалаҳои сиёсати дохилӣ ва хориҷии кишвар баромад намуданд, ки Консепсияи аввали сиёсати хориҷӣ ба ҳисоб мерафт. Аввалин самтҳои Консепсияи сиёсати хориҷӣ:

Ҳавзаи якум — Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил аст, ки бо вуҷуди душвориҳои солҳои аввали ташаккулаш ба самти таҳкими равобити ҳамаҷиҳата тамоюли ботинӣ дорад.

Ҳавзаи дуввум — Осиёи Марказист, ки кунун рӯ ба ваҳдати иқтисодию сиёсӣ қарор дорад.

Ҳавзаи саввум — фазои зисту амали давлатҳои ҳамсояи форсизабон аст, ки ҳануз ба ягон иттиҳоди муштараки сиёсӣ ё иқтисодӣ нарасида бошанд ҳам, онҳоро на фақат ҳамбастагии таърихи ва мазҳабию фарҳангӣ, балки дурнамои воқеии рушди миллӣ ба ҳам ҷазб мекунанд.

Ҳавзаи чаҳорум — доираи нуфузи давлатҳои мусалмоннишини Шарқ аст, ки онҳоро на фақат ягонагии дину ойин ва суннатҳои руҳонӣ, балки имконот ва эҳтиёҷоти рушди миллӣ низ ба хам мепайванданд.

Ниҳоят, ҳавзаи панҷум — ҷомеаи байналмилалист, ки ҳамбастагии зоҳириву ботиниаш беш аз пеш қувват мегирад ва ҳам оҳиставу пайваста ба суйи тамаддуни воҳиди умумибашари роҳ мепаймояд[5].

Бо шарофати Консепсияи зикргардида ҷомеаи ҷаҳонӣ ба кишвари мо таваҷҷуҳ намуда, дар натиҷа Тоҷикистони ҷавон, бо 80 кишвари хориҷӣ робитаҳои дипломатӣ барқарор намуданд. Дар ин давра Тоҷикистон ҷанги шаҳрвандиро аз сар гузаронида, талафоти бузурги инсонӣ, иҷтимоӣ-иқтисодӣ, сиёсӣ ва маънавиро ба бор овард, ки барқарорсозии онҳо хеле душвор буд. Бо истиќрори њокимияти конститутсионї дар кишвар вазифа ва њадафи аслии Тољикистон масъалаи оташбас ва расидан ба сулњ дар кишвар буд. Татбиқи ин ҳадафҳо ба тамоми сиёсати хориҷӣ ва дипломатияи Тоҷикистон ба хотири таъмини амнияти кишвар, таҳкими соҳибихтиёрӣ ва ҳифзи тамомияти арзии он тобеъ буд. Ташаккул ва тасдиқи сиёсати берунии Тоҷикистон бо душвориҳои калон гузашт. Аммо ба ин нигоҳ накарда, яке аз вазифаҳои муҳими фаъолияти байналмилалии Тоҷикистон ташаккули заминаи ҳуқуқии байналмиллалии ҳамкорӣ бо дигар кишварҳо ҳам дар чаҳорчӯби дуҷониба ва ҳам бисёрҷониба буд. Дар баробари ин андўхтани таҷриба дар фаъолияти дипломатӣ ва вазифаи ташаккули механизми таъмини манфиатҳои стратегии миллӣ дар хориҷи кишвар дар мадди аввал меистод. Мушкилоти ташаккули сиёсати хориҷии Тоҷикистон дар он буд, ки вай амалан аз сифр оғоз ёфт. Дар мамлакат анъанаҳои мукаммали сиёсати хориҷӣ вуҷуд надоштанд. Бо дарназардошти он, ки дар Тоҷикистон ҷанги шаҳрвандӣ идома дошт ва тамоми кӯшишҳо барои хотима додан ба он ва оғози барқарорсозии баъдиҷангӣ равона карда шуда буданд, ҳукумат воқеан танҳо дар соли 2001 ба таҳияи сиёсати хориҷӣ шурӯъ кард.

Марҳилаи дуюм, дар сиёсати хориҷии Тоҷикистон пас аз сиёсати муваффақи сулҳҷуёнаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки дар он давра созишномаи истиқрори сулҳи тоҷикон ба анҷом ёфта буд ва давлат ҳамчун кишвари ором дар ҷомеаи ҷаҳонӣ шинохта шуд, марҳилаи навро дар таърихи робитаҳои Тоҷикистон бо кишварҳои дуру наздик сабт намуд. Вазъи оромии сиёсии кишвар имкониятҳои навро ба давлати ҷавон дод. Соли 2001 Консепсияи сиёсати хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон асосҳои равобити байналмилалии кишварамонро дар давраи нави баъди бозгашти сулҳу оромиш муайян кард[1]. 4 сентябри соли 2002 санади ҳуқуқӣ, яъне Консепсияи сиёсати хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки принсипҳои асосӣ, ҳадафу вазифаҳо ва самтҳои афзалиятноки сиёсати хориҷии кишварро бо дарназардошти манфиатҳои миллии дарозмуддати кишвар муайян ва танзим намуд, ки аз тарафи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба имзо расид[3]. Соли 2002 давраи даҳсолаи дуюми ташаккулёбӣ дар сиёсати дохилию хориҷӣ ба ҳисоб меравад. Зеро дар ин давра Консепсияи нави сиёсати хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон сиёсати дарҳои боз ва бисёрсамтаро эълон шуд.

Бояд қайд кард, ки баъди имзои созишномаи Ваҳдати миллӣ дар фаъолияти сиёсати дохилию хориҷии кишвар тағйирот ба амал омад. Дар сиёсати хориҷӣ бо эълони сиёсати “дарҳои боз” соли 2002 дар муносибатҳои сиёсию дипломатӣ, иқтисодию тиҷоратӣ, сармоягузорӣ ва гуманитарӣ бо давлатҳои хориҷӣ дар сатҳи олӣ мулоқотҳо анҷом ёфт, ки дар рушди ҳамкориҳои дуҷониба бо давлатҳои ҷаҳон саҳифаи навро гузошт. Моҳияти сиёсати “дарҳои боз” аз он иборат аст, ки вобастагии сиёсии давлатро ба давлати дигар поён бурда, муносибати сиёсӣ, иқтисодию тиҷоратӣ, сармоягузорӣ ва дигар самтҳои робитаҳоро ба давлатҳои ҷаҳон барқарор ва густариш медиҳад.

Марҳилаи сеюм, дар тӯли беш аз 10 сол пас аз қабули Консепсияи қаблӣ раванди босуръати дигаргунсозии сиёсӣ ва иқтисодӣ идома ёфт, вазъи минтақавӣ тағйир ёфт, чолишҳо ва таҳдидҳои нав ба амният ба миён омаданд. Зарурати нав кардани Консепсияи хозираи сиёсати хорирӣ ба миён омад. Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар суханронии худ дар назди кормандони дипломатии кишвар 15 марти соли 2013 ба зарурати таҳияи Консепсияи нави сиёсати хориҷии кишвар ишора намуда, ба Ҳукумати Тоҷикистон ва Вазорати корҳои хориҷии ҷумҳурӣ супоришҳои дахлдор дод. Шудаанд.

Ҷумҳурии Тоҷикистон афзалиятҳои сиёсати хориҷии худро бо дарназардошти ҳадафҳо ва манфиатҳои волои миллӣ муайян ва амалӣ менамояд. Хусусиятҳои геосиёсиву геоиқтисодии таҳаввулоти ҷаҳони имрўза тақозо мекунанд, ки ин афзалиятҳо пайваста мавриди бозбинӣ қарор дода шаванд. Онҳо бо дарназардошти сатҳ ва мўҳтавои муносибатҳои мутақобилаи Ҷумҳурии Тоҷикистон бо давлатҳои алоҳида ё гурўҳи давлатҳо, созмонҳои байналмилаливу минтақавӣ, инчунин бино ба ниёзҳои манфиатҳои милливу давлатӣ метавонанд тағйир пазиранд. Ҷумҳурии Тоҷикистон бо шарофати Истиқлоли давлатӣ бо 187 кишвари ҷаҳон робитаҳои дипломатӣ дорад.

Дар шароити густариши босуръати ҷаҳонишавӣ ва тавсеаи рўзафзуни равандҳои ҳамгироии сиёсиву иқтисодӣ дар арсаи ҷаҳон, Ҷумҳурии Тоҷикистон роҳандозии ҳамкориҳои бисёрҷониба бо созмонҳову ниҳодҳои минтақавию байналмидалиро аз самтҳои афзалиятноки сиёсати хориҷии худ мешуморад. Иштироки љумњурї дар фаъолияти созмонњои байналмилалї ва минтаќавї (СММ, САЊА, ИДМ, СПАД, СЊШ, ЭКО, МЊБТ ва ѓайра) яке аз њадафњои сиёсати хориљї ќарор гирифта буд. Яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати хориҷӣ муносибатҳои дарозмуддат ва устувор бо шарикони анъанавӣ, аз ҷумла кишварҳои узви ИДМ мебошад. Аз Консепсия бармеояд, ки Тоҷикистон бо дарназардошти суръат ва сатҳҳои гуногуни ҳамгироӣ дар доираи Иттиҳод барои амиқтар кардани ҳамкориҳои мутақобилан судманд саъй хоҳад кард.

Таҳаввулоти босуръати геоиқтисодии замони муосир ва тамоюлҳои инкишофи иқтисодиёти ҷаҳонӣ муҷиби аҳамияти беш аз пеш пайдо кардани дипломатияи иқтисодӣ ва пайваста афзудани нақши унсури иқтисодии масьалаҳои умдаи сиёсати байналмилалӣ гардиданд. Аз ин рў, истифодаи муассир ва самараноки тариқаву василаҳои дипломатияи иқтисодӣ ҷиҳати расидан ба ҳадафҳои милливу давлатӣ яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати хориҷии Тоҷикистон маҳсуб мешавад. Дар ин раванд, мусоидат ба ташаккули иқтисодиёти самаранок тавассути ҷалби сармояи хориҷӣ, ҳамгароии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба иқтисодиёти минтақавӣ ва ҷаҳонӣ, инчунин таъмини амнияти иқтисодии кишвар муҳим арзёбӣ мегардад. Тоҷикистон бо 110 давлат ҳамкориҳои иқтисодиро ба роҳ мондааст[6].

Истиқлоли давлатӣ барои Ҷумҳурии Тоҷикистон пеш аз ҳама ташкили давлати миллӣ, барқароршавии муносибатҳои байналмилалӣ ва таҳкими ҳамкориҳои дуҷониба ва бисёрҷонибаро бо кишварҳои аъзои Созмони Миллали Муттаҳид фароҳам овард, ки ҳамчун давлати мустақил дар муносибатҳои байналмилалӣ ворид гардад. Ҷумҳурии Тоҷикистон солҳои 1992 бо шарофати сиёсати хирадмандонаю дурандешонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ–Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар марҳилаи аввали соҳибистиқлолии давлат бо кишварҳои аъзои Созмони Миллали Муттаҳид муносибатҳои мутақобилан судмандро тавассути дипломатияи сулҳҷӯёна ва ташаббускорона дар ҳалли масъалаҳои мубрами ҷаҳонӣ оғоз намуд. Маҳз зери сиёсати босамари Пешвои тоҷикони ҷаҳон дипломатияи сиёсӣ, иқтисодӣ, мардумӣ ва парлумонӣ эҳё шуд. Яке аз масъалаҳои муҳими сиёсати дохилию хориҷии кишвар (солҳои навадум) бо роҳи дипломатияи сиёсӣ ҳалли худро ёфт. Яъне Пешвои миллат бо роҳи гуфтушунид бо намояндагони хориҷию мухолифин тавонист ҷанги шаҳрвандиро хотима бахшида, давлату миллатро аз вартаи нестшавӣ саривақт наҷот диҳанд[6].

Соҳиби Баҳруло, ходими илмии Шуъбаи Осиёи Ҷанубу Шарқии Институти омӯзиши масъалаҳои давлатҳои

Осиё ва Аврупои Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон

РУЙХАТИ АДАБИЁТ

1. Аслов Сироҷидин. Эмомалӣ Раҳмон - Асосгузори мактаби нави сиёсати хориҷӣ. Маҷаллаи илмиву назариявӣ ва иттилоотӣ.Сиёсати хориҷӣ, №2, 2016 С-7

2. Возорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон.Заминаҳои ҳуқуқии сиёсати хориҷӣ. [Манбаи электронӣ]URL: https://mfa.tj/tg/main/sijosati-khoriji/zaminahoi-huquqii-sijosati-khoriji(санаи муроҷиат:16.03.2023)

3. Мирзоев Н.М. Ба истиқболи 30 солагии Истиқлолият: бунёдгузор ва раҳнамои сиёсати муваффақи хориҷии Тоҷикистон. [Манбаи электронӣ]URL:https://tnu.tj/wp-content/uploads/2021/05/ba-isti-boli-30-solagii-isti-lolijat.pdf (санаи муроҷиат:16.03.2023)

4. Нақши санадҳои меъёрию ҳуқуқӣ. Дар таҳкиму татбиқи сиёсати хориҷии Тоҷикистон дар замони Истиқлол. [Манбаи электронӣ]URL: https://amit.tj/ru/node/1181?page=59(санаи муроҷиат:16.03.2025)

5. Раҳмонов Эмомали. Истиқлолияти Тоҷикистон ва эҳёи миллат [Текст] / Иборат аз чаҳор чилд. Чилди аввал.- Душанбе. «Ирфон», 2002, 512 c. С-167

6. Сохиби, Б. Ҷанбаҳои таърихии ҳамкориҳои дипломатии Тоҷикистон ва Индонезия дар даврони навин / Б. Сохиби // Осиё ва Аврупо. – 2025. – №. 2(22). – P. 132-138. – EDN ZXRRGY.

7. Эъломияи Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон ва оғози бунёди давлати навини Тоҷикистон. [Манбаи электронӣ]URL: https://donish.org/ru/course/learn/36-sinfi-8/lesson/573--3.-e-lomiyai-istiqloliyati-davlatii-tojikiston-va-o-ozi-bunyodi-davlati-navini-tojikiston(санаи муроҷиат:16.03.2023)

(Бахшида ба Рӯзи кормандони соҳаи тиб -18 август)

Соҳаи тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ самти афзалиятноки сиёсати давлати Тоҷикистон ба ҳисоб рафта, аз ҷониби Ҳукумати мамлакат ҷиҳати таъмин намудани солимии аҳолӣ ва баланд бардоштани сифати хизматрасониҳои тиббӣ ҳамаи чораҳои зарурӣ амалӣ шуда истодаанд.

Эмомалӣ Раҳмон

Воқеан, самти асосии хизматрасонии аҳолӣ дар даврони Истиқлоли давлатӣ пеш аз ҳама соҳаи тандурустӣ бо заҳмату талошҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамарӯза рушд карда истодааст. Дар ҷумҳурӣ саҳми Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар соҳаи тандурустӣ бисёр муҳим ва фарогир аст. Дар давраи роҳбарии ӯ ин соҳа ба яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати давлат табдил ёфта, барои беҳбуди хизматрасонии тиббӣ, дастрасии аҳолӣ ба саноти тандурустӣ ва баланд бардоштани сатҳи зиндагии мардум чораҳои зиёде андешида шудаанд:

1. Бунёди инфрасохтори тиббӣ. Дар даврони соҳибистиқлолӣ тибқи нақшаи корҳои ободонию бунёдкорӣ ба истиқболи ҷашни 35-солагии истиқлоли давлатӣ дар Тоҷикистон беш аз 660 иншооти соҳаи тандурустӣ сохта ва ба истифода дода шудааст. Ин марказҳои тиббӣ, беморхонаҳо, бунгоҳҳои саломатӣ ва муассисаҳои муосири ташхисӣ дар шаҳру деҳоти мамлакат мебошанд, ки ба беҳтар шудани хизматрасонии тиббӣ мусоидат кардаанд.

2. Зиёд кардани маош ва дастгирии кормандони соҳаи тиб. Бо дастури Пешвои миллат аз 1 сентябри соли 2025 маоши вазифавии кормандони соҳаи тандурустӣ 20 фоиз зиёд карда мешавад. Ин иқдом барои баланд бардоштани сатҳи зиндагии кормандони соҳаи тиб ва беҳтар намудани сифати хизматрасонии онҳо нигаронида шудааст. Дар панҷ соли охир маоши кормандони соҳаҳои буҷетӣ, аз ҷумла тандурустӣ, чор маротиба (солҳои 2020, 2022, 2023, 2024) ба андозаи 100 фоиз афзоиш ёфтааст, ки ин аз таваҷҷуҳи махсуси давлат ба ин соҳа дарак медиҳад.

3. Барномаҳои миллӣ ва ислоҳоти соҳаи тандурустӣ. Бо роҳбарии Пешвои миллат барномаҳои миллӣ ва соҳавии зиёде барои рушди тандурустӣ амалӣ шудаанд. Ин барномаҳо ба таъмини дастрасии аҳолӣ ба хизматҳои тиббӣ, пешгирии бемориҳо, таъмини доруворӣ ва баланд бардоштани сифати ташхису табобат нигаронида шудаанд. Масалан, тавассути сармоягузориҳои дохилию хориҷӣ дар панҷ соли охир зиёда аз 197 миллиард сомонӣ барои рушди иқтисодиву иҷтимоии мамлакат, аз ҷумла соҳаи тандурустӣ равона гардидааст.

4. Ташаббусҳои байналмилалӣ дар соҳаи тандурустӣ. Пешвои миллат дар сатҳи ҷаҳонӣ низ ташаббусҳои муҳиме дар самти тандурустӣ пешниҳод кардаанд. Аз ҷумла, ташаббусҳои марбут ба “Соли байналмилалии оби тоза, 2003” ва “Даҳсолаи байналмилалии амал ‘Об барои рушди устувор, 2018-2028’” ба беҳбуди дастрасии аҳолӣ ба оби тоза ва пешгирии бемориҳои марбут ба он мусоидат кардаанд, ки ин бевосита ба саломатии ҷомеа таъсир дорад.

5. Баланд бардоштани сатҳи зиндагӣ ва дастрасии иҷтимоӣ. Бо ибтикори Пешвои миллат даромади пулии аҳолӣ аз 48 миллиард сомонии соли 2019 ба 147 миллиард сомонӣ дар соли 2024 расидааст, ки 3 баробар афзоишро нишон медиҳад. Ин беҳбуди иқтисодӣ ба дастрасии бештари мардум ба хизматҳои тиббӣ ва зиндагии солим мусоидат кардааст.

6. Таъкид ба пешгирии бемориҳо ва тарзи ҳаёти солим. Пешвои миллат борҳо ба аҳамияти тарғиби тарзи ҳаёти солим ва пешгирии бемориҳо таъкид кардаанд. Ин масъала дар паёмҳои солонаи ӯ ба Маҷлиси Олӣ ва дар сиёсати давлатӣ мавқеи хоса дорад, ки ба баланд шудани сатҳи маърифати тиббии аҳолӣ ва коҳиши бемориҳо мусоидат мекунад.

Хулоса, саҳми Пешвои миллат дар соҳаи тандурустӣ на танҳо ба бунёди инфрасохтор ва зиёд кардани маош маҳдуд намешавад, балки фарогири ислоҳоти ҳамаҷониба, ташаббусҳои байналмилалӣ ва беҳбуди сатҳи зиндагии мардум аст. Ин иқдомҳо Тоҷикистонро ба сӯи таъмини зиндагии шоиста ва дастрасии умум ба хизматҳои тиббӣ мусоидат намуда, ба рушди устувори соҳаи тандурустӣ равона гардидааст.

Ҳар як шаҳрванд чун дардро эҳсос намуд, бегуфтугӯ назди пизишк меравад ва фақат муоинаи табиб ӯро то андозае ором мекунад. Чун бархе аз кормандони тибб ба қасами Гиппократ содиқ монда, субҳу шом хизмати мардумро мекунанд, дар дили онҳо роҳ ёфта, азизтарин инсонҳо мешаванд. Аммо мардум ба пизишконе ниёз доранд, ки дар баробари риояи қасам боз дар соҳаи худ тахассуси олӣ дошта, беморро ҳамаҷониба мавриди муолиҷа қарор медиҳанд ва зимни табобати дардманде аз осори пизишкони пешин мисли Абуалӣ ибни Сино, Закариёи Розӣ, Абумансури Муваффақ, Ҳаким Майсарӣ ва дигарон истифода ба амал меоранд.

Сабти номи хештан дар санги хоро шарт нест,

Зинда он номе, ки дар дилҳои мардум ҷо гирифт.

Закариёи Розӣ, ки аз зумраи бузургтарин табибони аҳди худ будааст, дар ситоиши пизишкӣ чунин менависад: «Ҳар гоҳ табиб муваффақ шавад, ки бемориҳоро бо ғизо (парҳез) дармон кунад, пас ба саодат расидааст». Ин андеша ҳанӯз ҳам муосир аст, чунки олимони ҳозира низ ба аҳамияти парҳез ва тарзи ҳаёти солим таъкид мекунанд. Масалан, Tu Youyou (Чин, тибби анъанавии чинӣ, барандаи Ҷоизаи Нобел дар соҳаи тибб, 2015) мегӯяд: “Chinese medicine will help us conquer life-threatening diseases worldwide, and that people across the globe will enjoy its benefits for health promotion”. (Тарҷума: "Тибби чинӣ ба мо кӯмак мерасонад, ки бемориҳои марговарро дар ҷаҳон мағлуб кунем ва мардуми тамоми дунё аз манфиатҳои он барои ҳифзи саломатӣ баҳра баранд").

Ба андешаи Абурайҳони Берунӣ дарди чашм ӯро водор кардааст, ки тахассуси табибро пайдо кунад: «Наздикӣ ба оташ ва бӯйҳои тунд чашми ӯро маъюб сохт ва ӯ ба сӯи муолиҷа ва мудово ва сипас ба илми пизишкӣ кашонид». Ин мисол нишон медиҳад, ки ҳатто дардҳои шахсӣ метавонанд ба пешрафти илмӣ оварда расонанд. Дар замони муосир, чунин ҳолатҳо ҳамчун ҳавасмандӣ барои навоварӣ хизмат мекунанд. Масалан, Shinya Yamanaka (Ҷопон, ҳуҷайраҳои бунёдӣ, барандаи Ҷоизаи Нобел дар соҳаи тибб, 2012) мегӯяд: “I think that in the 21st century, medical biology will advance at a more rapid pace than before.” (Тарҷума: "Ман фикр мекунам, ки дар асри 21, биологияи тиббӣ нисбат ба пештара бо суръати тезтар пеш меравад.").

То кунун аксар табибон бо мақсади муолиҷаи бемор ин ихтисоси басе пурмасъулиятро соҳиб шуда, минбаъд дар хизмати мардум камари ҳиммат мебанданд. Дар байни кормандони тибб бисёранд онҳое, ки маҳз бо ҳамин сабаб, яъне бо мақсади табобати хешу ақрабои беморашон касби табибиро интихоб карда, ҳамакнун дар иртибот бо муолиҷаи беморон фаъолият мекунанд.

Дигар ин ки сиҳҳатии ҷомеаи Тоҷикистон дар дасти табибон аст ва агар аксар табибони тоҷик соҳибтахассус буда, аз асрори тибб воқиф бошанд, иҷтимои кишвар аз сатҳи баланди тахассусии онҳо манфиат мебинад. Дар Тоҷикистон, тибқи омори соли 2021, хароҷоти давлатӣ барои тандурустӣ ҳамагӣ 1.9% аз ММД-ро ташкил медиҳад, ки ин яке аз пасттарин нишондиҳандаҳо дар минтақа аст. Ин ҳолат мушкилоти зиёдеро ба вуҷуд меоварад, аммо ҳукумат ислоҳоти ҳамаҷонибаро дар соҳаи тандурустии ибтидоӣ (PHC) пеш мебарад, ки ба беҳбуди вазъ мусоидат мекунад.

Абармарде, ки тибби ҷаҳонӣ ба номи ӯ номгузорӣ шуд, имрӯз низ такмил меёбад, донишу маҳорати табибро дувумдараҷа дониста, таззакур додаст, ки агар табиб инсоншинос набуда, забони ботини беморро дарк накунад, бо вуҷуди он ҳама илм наметавонад дардмандонро табобат кунад. Ибни Сино гуфтааст: “Табибу бемор барои ҳосил кардани тафоҳуми комил ниёзманди як забони муштараки бисёр буррои тиббианд. То бо ёрии он табиб донишу маҳорат ва бемор дарди худро ба хубӣ ба якдигар муҳокима карда тавонанд. Табибе, ки инсоншинос нест, забони бемори худро хуб намедонад ва ба аъмоқи қалби ӯ сар дароварда, аз ҳоли олами ботинии ӯ огоҳӣ пайдо намекунад, аз донишу маҳорати ӯ чӣ суд?”. Ин фикрҳо бо андешаҳои олимони муосир ҳамоҳанганд. Масалан, Oliver Sacks (Британия, нейрология ва тибб) менависад: “In examining disease, we gain wisdom about anatomy and physiology and biology. In examining the person with disease, we gain wisdom about life.” (Тарҷума: "Дар омӯзиши беморӣ, мо ҳикмат дар бораи анатомия, физиология ва биология ба даст меорем. Дар омӯзиши шахси бемор, мо ҳикмат дар бораи ҳаёт ба даст меорем.").

Дигар омил ҷаҳонбинии динии аҳолӣ аст, ки дар сурати ранҷ кашидани фарде ӯро пеш аз ҳама назди мулло мебаранд ва дар симои мулло табибро ҷустуҷӯ мекунанд. Бо вуҷуди ин ҳама нобасомониҳо имрӯз одамон ба пизишк муроҷиат мекунанд ва роҳҳои бартараф кардани мушкилию рафъи бемориро аз тадбирҳои табиб медонанд. Kiran Mazumdar-Shaw (Ҳиндустон, биотехнология ва тибб) ба ин ҳолатҳо таваҷҷӯҳ карда мегӯяд: “Affordable healthcare is a basic human right... I believe that innovation in biotechnology can drive affordable healthcare solutions for the world's poorest populations.” (Тарҷума: "Хизматрасонии тиббии дастрас ҳуқуқи асосии инсон аст... Ман бовар дорам, ки навоварӣ дар биотехнология метавонад ҳалҳои дастраси тиббӣ барои фақиртарин аҳолии ҷаҳонро пеш барад.").

Дар Тоҷикистон, тибқи маълумоти соли 2017, сатҳи марги модарон ба 24.1 нафар дар 100,000 таваллудҳои зинда расидааст, ки ин пастшавии назаррасро нишон медиҳад. Ин дастовардҳо ба туфайли ислоҳотҳои ҳукуматӣ ва кӯмаки байналмилалӣ ба вуҷуд омадаанд.

Масалан, Emmanuelle Charpentier (Фаронса, генетика ва CRISPR, барандаи Ҷоизаи Нобел дар соҳаи химия, 2020) мегӯяд: “It's so important – progress does not come through impact factors, it comes through solid work, yes. The potential, of course, of CRISPR is huge for basic research and applications in medicine and biotechnology.” (Тарҷума: "Ин хеле муҳим аст – пешрафт на аз омилҳои таъсир, балки аз кори устувор ба вуҷуд меояд. Потенсиали CRISPR барои таҳқиқоти асосӣ ва татбиқ дар тибб ва биотехнология бузург аст.").

Ин навоварӣ метавонад дар Тоҷикистон барои табобати бемориҳои генетикӣ истифода шавад. Ҳамчунин, Tim Hunt (Британия, биологияи ҳуҷайраҳо, барандаи Ҷоизаи Нобел дар соҳаи тибб, 2001) таъкид мекунад: “Science is about nothing but getting at the truth, and anything that gets in the way of that diminishes, in my experience, the science.” (Тарҷума: "Илм фақат дар бораи расидан ба ҳақиқат аст, ва ҳар чизе, ки ба ин монеъ шавад, илмро кам мекунад.").

Дар баробари ин, кӯмаки байналмилалӣ ба Тоҷикистон дар ҳалли мушкилотҳо кӯмак мерасонад. Тибқи гузоришҳо, ҳукумат барои беҳбуди ҳифзи сиҳҳати аввалия (PHC) ҳадафҳои нав гузоштааст.

Дар ҷаҳони муосир, ҳамгироии тибби анъанавӣ ва муосир яке аз самтҳои асосӣ аст. Тибқи маълумоти Ташкилоти Умумиҷаҳонии Тандурустӣ (ТУТ), ин ҳамгироӣ метавонад ба беҳбуди сиҳҳати ҷомеа мусоидат кунад. Дар Тоҷикистон низ чунин ҳолатҳо вуҷуд доранд, ки тибби анъанавӣ бо усулҳои муосир ҳамҷоя мешаванд.

Maoshing Ni (Чин-Америка, тибби чинӣ, муосир) мегӯяд: “A superior doctor is able to gather all techniques and use them either together or separately, to flexibly adapt to a changing environment, life-style, and geography, and to consider many variables in the treatment of a condition.” (Тарҷума: "Табиби олӣ қодир аст ҳама техникаҳоро ҷамъ кунад ва онҳоро ҳамроҳ ё ҷудогона истифода барад, барои мутобиқ шудан ба муҳити тағйирёбанда, тарзи ҳаёт ва ҷуғрофия, ва баррасии бисёр тағйирёбандаҳо дар табобати ҳолат.").

Ин андеша ба ҳамгироии тибби тоҷикӣ бо муосир мувофиқ аст. Ҳамчунин, Rita Levi-Montalcini (Итолиё, нейробиология, барандаи Ҷоизаи Нобел дар соҳаи тибб, 1986) мегӯяд: “Above all, don't fear difficult moments. The best comes from them.” (Тарҷума: "Пеш аз ҳама, аз лаҳзаҳои душвор натарсед. Беҳтаринҳо аз онҳо ба вуҷуд меоянд.").

Навоварӣ дар соҳаи тандурустӣ калиди ҳалли мушкилот аст. Shinya Yamanaka (Ҷопон) ҳамчунин мегӯяд: “My goals over the decade include to develop new drugs to treat intractable diseases by using iPS cell technology and to conduct clinical trials using it.” (Тарҷума: "Ҳадафҳои ман дар даҳсолаи оянда иборатанд аз таҳияи доруҳои нав барои табобати бемориҳои мураккаб бо истифода аз технологияи ҳуҷайраҳои iPS ва гузаронидани озмоишҳои клиникӣ бо он.").

Пешгирии бемориҳо муҳим аст. Huang Dee Nai-Chang (Чин, тибби қадимӣ-муосир) мегӯяд: "Superior doctors prevent disease. Mediocre doctors treat the disease before it is evident. Inferior doctors treat the full-blown disease." (Тарҷума: "Табибони олӣ бемориро пешгирӣ мекунанд. Табибони миёна бемориро пеш аз зоҳир шудан табобат мекунанд. Табибони паст бемории комилро табобат мекунанд.").

Дар Тоҷикистон, барномаҳои пешгирӣ ба туфайли кӯмаки байналмилалӣ пеш мераванд. Масалан, Ken Chien (ИМА бо асли осиёӣ, тибби молекулавӣ) мегӯяд: “I believe that innovation lies in the integration of ideas from many fields. We now can think of approaching human biology with an arsenal of tools that transcend reductionism.” (Тарҷума: "Ман бовар дорам, ки навоварӣ дар ҳамгироии идеяҳо аз бисёр соҳаҳо аст. Ҳоло мо метавонем ба биологияи инсон бо арсенали асбобҳо наздик шавем, ки аз редуксионизм болотар аст.").

Henrich Rohrer (Швейтсария, физика ва нанотехнологияҳо дар тибб, барандаи Ҷоизаи Нобел дар соҳаи физика, 1986) мегӯяд: “Science means constantly walking a tightrope between blind faith and curiosity; between expertise and creativity; between bias and openness; between experience and epiphany; between ambition and passion; and between arrogance and conviction – in short, between an old today and a new tomorrow.” (Тарҷума: "Илм маънои ҳаракат дар ҳалқаи танг байни имони кӯр ва кунҷковӣ; байни таҷриба ва эҷодкорӣ; байни таъсир ва кушодагӣ; байни таҷриба ва илҳом; байни амбиция ва ҳавас; ва байни такаббур ва боварӣ – ба таври кӯтоҳ, байни имрӯзи кӯҳна ва фардои нав.").

Ояндаи тандурустӣ дар навоварӣ аст. Susumu Ohno (Ҷопон, генетика) мегӯяд: "Did the genome of our cave-dwelling predecessors contain a set or sets of genes which enable modern man to compose music of infinite complexity and write novels with profound meaning? It looks as though the early Homo was already provided with the intellectual potential which was in great excess of what was needed to cope with the environment of his time." (Тарҷума: "Оё геноми пешгузаштагони ғорнишини мо маҷмӯаи генҳо дошт, ки ба инсони муосир имкон медиҳад мусиқии мураккаби беохир эҷод кунад ва романҳои пурмаъно нависад? Чунин менамояд, ки Homo-и барвақтӣ аллакай бо потенсиали зеҳнӣ таъмин буд, ки аз он чизе, ки барои мутобиқ шудан ба муҳити замонаш лозим буд, зиёдтар буд.").

Дар Тоҷикистон, барои ҳалли мушкилотҳо, ҳамкорӣ бо кишварҳои ҳамсоя ва байналмилалӣ муҳим аст. Навоварӣҳои рақамӣ, мисли телемедитсина, метавонанд дастрасии хизматрасониро беҳтар кунанд.

Elisabeth Paul (Шветсия, илмҳои ҳаётӣ) мегӯяд: “Our virtues and our failures are inseparable, like force and matter. When they separate, man is no more.” (Тарҷума: "Фазилатҳо ва нокомиҳои мо ҷудонопазиранд, мисли қувва ва материя. Вақте ки онҳо ҷудо мешаванд, инсон дигар нест.").

Санаи 18-уми август дар Тоҷикистон рӯзи кормандони тиббӣ дониста шудааст ва камина дар ин рӯз ҳамаи кормандони муассисаҳои тиббии кишварро бо фарорасии ҷашни касбиашон табрик намуда, таманнои онро мекунам, ки онҳо танҳо бо рафтору гуфтору кирдори мушфиқона беморонро табобат карда, сазовори номи баланди пизишкӣ гарданд.

ШИРИН ҚУРБОНОВА, сарходими Институти омӯзиши масъалаҳои давлатҳои

Осиё ва Аврупои АМИТ, доктори илмҳои таърих.

Тӯли ҳазорсолаҳо халқи тоҷик дар сарнавишти худ дар муборизаҳои шадид бо истилогарони аҷнабӣ ба монанди мақдуниҳо, арабҳо, муғулҳо ва дигар душманони дохиливу хориҷии миллат баҳри озодии худ, барпо намудани давлати тоҷикон, қаҳрамонони халқи тоҷик Спитамен, Томирис, Деваштич, Темурмалик, Восеъ, Айнӣ, Бобоҷони Ғафуров, Шириншоҳ Шотемур, Нусратулло Махсум, Мирзо Турсунзода, Эмомалӣ Раҳмон ва дигар шахсиятҳои ватанпараст, ҷонбозиҳо карданд. Новобаста аз даргириҳои хунини дар тӯли ҳазорсолаҳо ба амал омада, миллати тоҷик маҳз бар асари ҳисси ватанпарастиву худшиносӣ, тавонист забони шевои модарӣ ва расму оини ниёгони худро то имрӯз ҳифз намояд.

Меҳвари асосии муборизаҳои халқи мо ин ҳам созмон ва барқарор намудани давлатдории худ, рушди тамоми соҳаҳои иқтисодёт, маориф ва фарҳанги миллӣ буд. Хушбахтона ба халқи мо дар солҳои 90-ми асри ХХ муяссар гардид, ки орзую ормони ҳазорсолаи ниёгони хешро амалӣ гардонад ва давлатеро бунёд карда истодааст, ки аллакай мавқеъ ва обрую эътиборӣ ба худ хосро дар арсаи байналмилалӣ доро мебошад. Санаи 9 сентябри соли 1991 бо эълони Декларатсия дар бораи Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон марҳилаи бунёди давлатдории Тоҷикистони соҳибихтиёр асос гузошта шуд. Аз ин рӯ, истиқлолияти давлатӣ барои мо - тоҷикон дастовард ва неъмати муқаддастарин аст ва мо онро аз ҳама арзишҳои дигар азизу муқаддам медонем.

Аммо ноил гардидан ба давлати навбунёди тозаистиқлоли тоҷикон бе ягон мушкилӣ ва муқовимат ба даст наомадааст.

Дар солҳои аввали бунёди давлатдории тоҷикон ҷанги бародаркушии таҳмилӣ ба сари халқи ҷафокашидаи мо даҳшати ниҳоят бузургро фурӯ рехт. Таи солҳои 1991- 2007 дар натиҷаи ҷангҳои хунини шаҳрвандӣ даҳҳо ҳазор одамон қурбон ва маҷрӯҳ шуданд, ҳазорони тифлакону кудакон бе саробон монданд ва ба иқтисодиёти начандон устувори он солҳои кишвар ба маблағи ҳангуфти аз миллардҳо доллари амрикоӣ зиёд ,ҳисороти моддӣ расонида шуда, сатҳи зиндагии мардуми тоҷик ба дараҷаи пасттарин расид.

Бо шарофати истиқлолияти давлатӣ мо имкон пайдо кардем, ки бо таърихи миллати куҳанбунёди худ беҳтару бештар ошно шавем, решаҳои таммадуни гузаштаи худро ҷустуҷӯ карда, онҳоро барои таҳкими ватандӯстию худшиносӣ, ифтихори милли мардум ва тақвияти пояҳои давлати соҳибистиқлоламон истифода барем.

Ҳар як шаҳрванди худогоҳи кишвар бояд то чӣ андоза муҳим будани истиқлолу озодӣ, давлати миллӣ, сулҳу оромӣ, суботи сиёсӣ, ва ваҳдати миллиро амиқан дарк намояд ва барои таҳкиму тақвият бахшидани низоми давлатдории демократӣ ва ҳуқуқбунёду дунявӣ, ки бо майлу иродаи халқи Тоҷикистон интихоб шудааст, саҳми ватандӯстонаи хешро гузорад.

Вазифаи муқаддаси мо истиқлолияти давлатиямонро мустаҳкам карда, насли наврасу ҷавонро дар рӯҳияи ватандӯстию ифтихори миллӣ, садоқат ба анъанаву суннатҳои таърихиву фарҳангии миллат ва эҳтиром ба арзишҳои умумибашарӣ тарбия намудан аст. Онҳо бояд шахсони соҳибмаърифат, бофарҳанг, мутамаддин эҷодкор, номбардори миллати қадима ва давлати соҳибистиқлоли Тоҷикистон гарданд.

Дар яке аз суханрониҳояшон Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои муаззами миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба маврид қайд кардаанд:
«Дар вазъияти ниҳоят ҳассос ва осебпазири ҷаҳони муосир мардуми моро зарур аст, ки бо ҳисси баланди ватандорӣ ва зиракию ҳушёрии сиёсӣ неъмати бебаҳои истиқлолияту озодӣ ва дастовардҳои онро чун гавҳараки чашм ҳифз намоянд.»
Дар суханронии худ Пешвои муаззами миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар мулоқот бо аҳли илм ва маорифи кишвар аз 30 майи соли 2024 вазъи умумии Тоҷикистонро мавриди таҳлили амиқ қарордода, хулоса барорӣ намуданд.

Қайд карданд, ки танҳо аз соли 2000-ум мо имкон пайдо кардем, ки пастравии иқтисоди миллиро боздошта, ба оғози марҳалаи рушд ворид гардем.

Инчунин дар ин давраи вазнини таърихи халқамон фаъолияти фалаҷшудаи ҳамаи шохаҳои ҳокимияти давлатӣ ва мақомоти ҳифзи ҳуқуқро барқарор карда, Артиши миллӣ, Қӯшунҳои сарҳадӣ ва дигар сохторҳои ҳарбӣ, яъне Қувваҳои Мусаллаҳи худро амалан дар ҷои холӣ таъсис додем.

Дар солҳои минбаъда бунёду азнавсозии роҳҳои мамлакатро оғоз карда, беш аз 2000 километр роҳҳои замонавӣ, зиёда аз 30 километр нақбҳои мошингузар ва садҳо пули нав бунёд намудем ва Тоҷикистони сепорчаро ба як қаламрави воҳид табдил додем.

Боиси қайд аст, ки дар ин марҳала барои тақвияти заминаҳои моддиву техникии илми ватанӣ маблағгузориро зиёд карда, ба ин мақсад 1 миллиарду 607 миллион сомонӣ ҷудо карда шуд.
Инчунин аз ҷониби сарвари давлатамон гуфта шуд, ки дар давраи соҳибистиқлолӣ дар соҳаҳои мухталифи иқтисодиву иҷтимоии кишвар, аз ҷумла дар соҳаи илму маориф аз ҳисоби буҷети давлатӣ ва сармояи хориҷӣ беш аз 1400 лоиҳаи сармоягузории давлатӣ ба маблағи 36 миллиард сомонӣ амалӣ карда шуд.

Айни ҳол дар мамлакат боз 724 лоиҳаи сармоягузории давлатӣ ба маблағи умумии 152 миллиард сомонӣ амалӣ шуда истодааст, ки аз ин шумора даҳҳо лоиҳа ба соҳаи илм равона гардидааст.

Дар ин давра сатҳи зиндагии мардуми кишвар тадриҷан беҳтар гардида, нишондиҳандаи сатҳи камбизоатӣ аз 83 фоизи соли 1999 то 21,2 фоиз дар соли 2023 коҳиш дода шуд.

Дар давраи соҳибистиқлолӣ дарозумрии миёнаи аҳолӣ аз 70 сол ба 76,3 сол расид.

Шумораи аҳолии мамлакат аз 5,5 миллион нафари соли 1991 ба ҳолати 1-уми январи соли 2024 ба 10,3 миллион нафар расид, яъне қариб ду баробар афзоиш ёфт.

Дар даҳсолаҳои охир афзоиши шумораи аҳолӣ ҳар сол ба ҳисоби миёна 2,3 фоизро ташкил карда истодааст, ки яке аз нишондиҳандаҳои баландтарин ба ҳисоб меравад.

Нишондиҳандаҳои мазкур далели равшану возеҳи беҳтар гардидани сатҳу сифати зиндагии мардуми кишвар мебошанд.
Дар замони соҳибистиқлолӣ 140 ҳазор гектар замин, аз ҷумла 52 ҳазор гектар аз ҳисоби заминҳои обӣ ба зиёда аз 1 миллиону 420 ҳазор оилаи кишвар барои сохтмони манзили истиқоматӣ тақсим карда дода шуд.

Яъне, дар маҷмӯъ, беш аз 8 миллиону 800 ҳазор нафар сокинони мамлакат шароити истиқоматии худро беҳтар кардаанд.

Дар 70 соли то замони истиқлол барои бунёди манзили истиқоматӣ ҳамагӣ ба 530 ҳазор оила 77 ҳазор гектар замин ҷудо гардида буд.

Дар даврони истиқлол дар кишвар 54 ҳазор гектар заминҳои нав обёрӣ гардида, ҳамзамон бо ин, ҳар сол дар майдони қариб 200 ҳазор гектар замини обӣ кишти такрории зироатҳо гузаронида шуда истодааст.

Дар замони шӯравӣ дар Тоҷикистон ҳамагӣ 358 корхонаи саноатӣ бо 33 ҳазор ҷойи корӣ фаъолият дошт.

Тайи солҳои соҳибистиқлолӣ амалисозии нақшаву барномаҳои рушди соҳаи саноат имкон дод, ки дар кишвар беш аз 3 ҳазору 500 корхонаи саноатӣ бо 88 ҳазор ҷойи корӣ сохта, ба истифода дода шавад.

Бо мақсади расидан ба истиқлоли энергетикӣ ва истифодаи самарабахши неруи барқ дар даврони соҳибистиқлолӣ 287 неругоҳи барқи обии хурду бузург, 1,5 ҳазор километр хатҳои интиқоли барқи баландшиддат, 50 зеристгоҳи баландшиддати барқӣ ба маблағи умумии 86 миллиард сомонӣ бунёду таҷдид гардид, ки дар натиҷа 75 фоизи зерсохтори энергетикии кишвар азнавсозӣ карда шуд.

Дар ин давра беш аз 2000 мегаватт иқтидорҳои энергетикии иловагӣ ба истифода дода шуданд.

Истеҳсоли неруи барқ аз 17,6 миллиард киловатт – соат дар соли 1991 ба 21 миллиарду 860 миллион киловатт – соат дар соли 2023 ё 24,2 фоиз афзоиш ёфт.

Соли 1991 дар ҳудуди Тоҷикистон ҳамагӣ 216 ҳазор мошини сабукрав ба қайд гирифта шуда буд.

Дар зарфи солҳои соҳибистиқлолӣ ба кишвар беш аз 1 миллион мошини сабукрав ворид шудааст.

Агар соли 1992 ба соҳаи илм ҳамагӣ 58 ҳазор сомонӣ маблағ равона гардида бошад, дар соли 2023 ба ин соҳа 180 миллион сомонӣ ҷудо гардида, дар буҷети соли 2024 зиёда аз 225 миллион сомонӣ пешбинӣ карда шудааст.

Бар асари аз ҷониби Пешвои миллат додани таваҷҷӯҳи аввалиндараҷа ба масъалаи маориф ва илм , дар давоми беш аз 30 соли соҳибистиқлолӣ зиёда аз 3900 муассисаи таҳсилоти умумӣ, аз ҷумла муассисаҳои типи нав, яъне гимназия, литсею коллеҷ, инчунин, донишгоҳу донишкада бунёд карда шуданд.
Дар қиёс бо замони шуравӣ, ки дар кишвар ҳамагӣ 13 муассисаи таҳсилоти олӣ бо 65 ҳазор донишҷӯ фаъолият доштанд, айни замон ин рақам ба 47 ва шумораи донишҷӯёни онҳо ба зиёда аз 220 ҳазор нафар расидааст. Яъне ҳам шумораи мактабҳои олӣ ва ҳам шумораи донишҷӯёни онҳо қариб чор баробар афзудааст.

Бо дастгирии бевоситаи Ҳукумати мамлакат аз соли 2001 то соли 2019 дар сохтори Академияи миллии илмҳо бо роҳи азнавташкилдиҳӣ муассисаҳои нави илмиву таҳқиқотӣ – пажӯҳишгоҳҳои масъалаҳои об, гидроэнергетика ва экология, иқтисод ва демография, фалсафа, сиёсатшиносӣ ва ҳуқуқ, Агентии амнияти ядроӣ ва радиатсионӣ, Маркази илмии Хатлон, Маркази синошиносӣ дар назди Пажӯҳишгоҳи фалсафа, сиёсатшиносӣ ва ҳуқуқ таъсис дода шуданд.

Ҳамчунин, таъсиси пажӯҳишгоҳи омӯзиши масъалаҳои давлатҳои Осиё ва Аврупо, Маркази мероси хаттӣ, Маркази инноватсионии рушди илм ва технологияҳои нав, Маркази таҳқиқоти технологияҳои инноватсионӣ ва Маркази омӯзиши пиряхҳои Тоҷикистон аз ҷумлаи дастовардҳои ҳамин давра мебошанд.

Махсусан қайд карда шуд, ки ҳоло Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон узви баробарҳуқуқи даҳҳо муассисаи бонуфузи илмии ҷаҳонӣ мебошад, ки аз ин мо кормандони илм ифтихор дорем.

Корҳои то имрӯз амалигардида гувоҳанд, ки аз рӯзҳои аввали ташкили давлати соҳибистиқлол илму маориф дар сиёсати Ҳукумати мамлакат мавқеи меҳварӣ дошта, олимону муҳаққиқон ва омӯзгорону зиёиён неруи созанда ва пешбарандаи ҳамаи соҳаҳои ҳаёти кишвар мебошанд.

Қобили зикри хос аст, ки як силсила ташаббусҳои Тоҷикистон марбут ба ҳалли масъалаҳои глобалии обу иқлим, истифодаи зеҳни сунъи дар рушди устувори давлатҳои Осиёи Марказӣ аз ҷониби ҷомеаи ҷаҳонӣ дастгирӣ ёфта, доир ба амалӣ намудани онҳо қатъномаҳои дахлдори Маҷмаи умумии Созмони Милали Муттаҳид қабул гардиданд.

Маблағгузорӣ ва ҳавасмандсозиҳои дигари давлатӣ барои соҳаи илм яке аз масъалаҳои асосӣ мебошад, ки Ҳукумати мамлакат ба он таваҷҷуҳи ҳамешагӣ зоҳир намуда ва онро бо дарназардошти имкониятҳои буҷет сол ба сол зиёд карда истодааст.Танҳо дар соли 2024-ум ба 225 миллион сомонӣ расонида шуд, ки назар ба соли 2023-юм 45 миллион сомонӣ зиёд мебошад.

Аз моҳи сентябри соли равон дар баробари дигар соҳаҳо маоши кормандони илм боз 20 фоизи дигар зиёд карда мешавад.

Ҷавобан ба ин ғамхориҳои Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба мо кормандони илми тоҷик зарур аст, ки дар партави дастур ва супоришҳои барномавии сарвари давлат аз 30 майи соли 2024 бо мақсади расидан ба ҳадафҳои стратегии давлат, таъмини рушди босуботи мамлакат, пешрафти соҳаҳои мухталифи саҳмгузор бошем, сатҳ ва сифати иҷроиши корҳои илмӣ- таҳқиқотиро ба маротиб беҳтар намуда, бо дастовардҳои навини илмӣ ҷашни умумихалқии 35- солагии Истиқлолияти давлатии Тоҷикистонро, ки соли оянда таҷлил карда мешавад, пешвоз гирем.

Комилҷон Эрматов – директори Филиали Агентии амнияти ХБРЯ АМИТ дар вилояти Суғд, номзади илмҳои техникӣ

Адҳамов Акбар ҳуқуқшиноси Филиали Агентии амнияти ХБРЯ АМИТ дар вилояти Суғд

Рӯзи Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки ҳамасола 9-уми сентябр таҷлил мешавад, як марҳалаи муҳим дар таърихи кишвар ва рамзи эҳёи миллӣ, озодӣ ва истиқлолият ба шумор меравад. Дар ин рӯз мо мардуми Тоҷикистон аз роҳе, ки ба истиқлолият оварда буд, бо ифтихор ёдовар мешавем ва суннат, фарҳангу ваҳдати хешро ҷашн мегирем.

Истиқлолияти Тоҷикистон дар давраи дигаргуниҳои ҷаҳонӣ дар фазои пасошӯравӣ сурат гирифт. 9 сентябри соли 1991, пас аз пош хӯрдани собиқ давлати абарқудрат, Иттиҳоди Шӯравӣ, Тоҷикистон истиқлолияти худро эълон карда, ба роҳи рушди мустақилона баромад. Ин лаҳза барои тамоми Осиёи Миёна, вақте ки ҷумҳуриҳои собиқ Иттиҳоди Шуравӣ ба бунёди давлатҳои миллии худ шурӯъ карданд, нуқтаи гардиш гардид. Аммо солҳои аввали истиқлолияти Тоҷикистон бо ҷанги шаҳрвандии таҳмилӣ, ки аз соли 1992 то соли 1997 идома дошт, ҳамроҳ буд. Ҷанг ҷомеаро аз ҳам ҷудо кард ва боиси талафот ва харобиҳои зиёд гардид.

Қобили зикр аст, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар таърихи навини Тоҷикистон нақши марказӣ бозида, кишварро аз марҳилаҳои душвори нооромиҳои сиёсӣ, мушкилоти иқтисодӣ ва низоъҳои дохилӣ бароварданд. Вақте Эмомалӣ Раҳмон сарвари давлат интихоб шуданд, Тоҷикистон дар як ҳолати бесарусомонӣ қарор дошт. Ба шарофати талошҳои он кас барои ташкили музокироти сулҳ бо нерӯҳои мухолифин, дар соли 1997 Созишномаи сулҳ ба имзо расид, ки ба низоъ хотима гузошт.

Роҳбарии Эмомалӣ Раҳмон дар барқарории сулҳ, таҳкими соҳибихтиёрӣ ва рушди Тоҷикистон дар арсаи байналмилалӣ саҳми арзанда гузоштааст. Яке аз дастовардҳои барҷастаи он кас анҷоми ҷанги шаҳрвандӣ буд, ки ин барои дигар давлатҳои дунё ҳамчун намунаи сулҳоварӣ мебошад.

Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон вазифаи бозсозии кишварро ба ӯҳда гирифта, ба ваҳдати миллӣ ва мусолиҳа даъват намуд. Сиёсати ӯ ба ҳифзи сулҳ нигаронида шудааст, ки то имрӯз ҳамчун асоси субот дар Тоҷикистон боқӣ мемонад. Таҳти роҳбарии ӯ дар Тоҷикистон раванди бозсозӣ ва навсозии иқтисодӣ оғоз шуд. Яке аз самтҳои асосии сиёсати иқтисодии ӯ рушди гидроэнергетика, як бахши муҳими истиқлолияти энергетикии кишвар аст. Сохтмони нерӯгоҳи барқи обии Роғун рамзи қудрати иқтисодӣ ва ифтихори миллӣ гардид, ки ба Тоҷикистон имкон дод, ки на танҳо эҳтиёҷоти худро ба нерӯи барқ таъмин намояд, балки ба кишварҳои ҳамсоя низ содирот намояд. Эмомалӣ Раҳмон барои таҳкими мавқеъи Тоҷикистон дар арсаи байналмилалӣ фаъолона талош мекунад. Таҳти роҳбарии ӯ кишвар ба як иштирокчии муҳими равандҳои ҷаҳонӣ ва минтақавӣ табдил ёфт. Тоҷикистон бо бисёр кишварҳо равобити муътадили дипломатӣ дорад. Ӯ дар давраи роҳбарии худ сутуни қавии қудратро ба вуҷуд овард, ки дар кишвар суботи сиёсиро фароҳам оварда имӯз омили субот ва пешравист.

Имрӯз Тоҷикистон дар сиёсати байналмилалӣ ва ҳамкориҳои минтақавӣ фаъолона иштирок мекунад. Кишвар дар минтақаи Осиёи Марказӣ, бахусус дар масъалаҳои амният ва мубориза бо ифротгароӣ нақши калидӣ дорад. Гузашта аз ин, муносибатҳои дипломатӣ бо давлатҳои ҳамсоя ва дигар кишварҳои ҷаҳон ба рушди устувор ва пойдории сулҳ мусоидат мекунанд. Рӯзи истиқлол на танҳо як рӯйдоди сиёсӣ, балки рӯзест, ки тоҷикон фарҳангу анъанаҳои ғании худро ҷашн мегиранд. Халқи тоҷик дорои фарҳанги қадима ва хос аст, ки таҳти таъсири тамаддунҳои гуногун, пеш аз ҳама тамаддуни ориёӣ, форсии қадим, бохтарию суғдӣ, сосонӣ ва дигар тамаддунҳо ташаккул ёфтааст. Либосҳои дурахшони миллӣ, сурудҳои анъанавӣ, рақсҳо ва таомҳо - ҳамаи ин ҷузъи ҷудонашавандаи ҷашни Рӯзи Истиқлолият мебошад.

Истиқлолият ба кишвар имкон дод, ки мустақилона робитаҳои дипломатӣ барқарор кунад, дар созмонҳои байналмилалӣ ширкат варзад ва ҳамкориҳои бисёрҷонибаро фаъолона инкишоф диҳад.

Биёед ҷанбаҳои асосии иштироки Тоҷикистон дар муносибатҳои ҳуқуқии байналмилалӣ ва таъсири он ба амнияти минтақавӣ ва ҷаҳониро баррасӣ кунем. Пас аз эълони Истиқлолият Тоҷикистон раванди ҳамгироӣ ба ҷомеаи ҷаҳониро оғоз кард. Аввалин қадами муҳим эътирофи он аз ҷониби дигар давлатҳо ва пайвастан ба созмонҳои байналмилалӣ буд. Моҳи марти соли 1992 кишвар узви Созмони Милали Муттаҳид (СММ) гардид, ки барои он дар доираи муносибатҳои ҳуқуқии байналмилалӣ имкониятҳои нав фароҳам овард. Тоҷикистон созишномаҳои муҳими байналмилалиро дар бораи ҳифзи ҳуқуқи инсон, аз қабили Конвенсия дар бораи ҳуқуқи кӯдак ва Конвенсия дар бораи барҳам додани ҳама шаклҳои табъиз нисбати занон ба тасвиб расонд. Кишвар ба зиёда аз 50 конвенсияи СММ, аз ҷумла Паймонҳои байналмилалӣ дар бораи ҳуқуқҳои шаҳрвандӣ ва сиёсӣ ва Паймонҳо дар бораи ҳуқуқҳои иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангӣ ҳамроҳ шудааст.

Тоҷикистон аз замони таъсисаш дар соли 2001 узви Созмони ҳамкориҳои Шонгҳой буда, дар масоили амнияти минтақа ва мубориза бо терроризм ҳамкорӣ мекунад.

Тоҷикистон ҳамчун узви ИДМ ва дигар иттиҳодияҳо дар танзими масъалаҳои марбут ба ҳуқуқи инсон, ҳамкориҳои иқтисодӣ ва амният ширкат мекунад.

Тоҷикистон дар ташаббусҳои байналмилалии ҳуқуқии мубориза бо таҳдидҳои фаромиллӣ, аз қабили терроризм, ифротгароӣ ва қочоқи маводи мухаддир нақши муҳим дорад.

Дохилшавӣ ба Созмони Милали Муттаҳид на танҳо мақоми Тоҷикистонро ҳамчун давлати соҳибихтиёр мустаҳкам кард, балки ба он имкон дод, ки дар ташаббусҳои ҷаҳонӣ оид ба ҳифзи сулҳ, амният ва рушди устувор ширкат варзад. Аз он вакт инҷониб Ҷумҳурӣ дар кори Ташкилоти Давлатҳои Муттаҳида, аз ҷумла мақоматҳои махсуси он, монанди Созмони Умумиҷаҳонии Тандурустӣ, Барномаи рушди Ташкилоти Давлатҳои Муттаҳида (БРСММ) ва Хазинаи байналхалқии асъор (ХБА)-и дигар ташкилотҳо фаъолона иштирок менамояд.

Тоҷикистон дар минтақаи муҳими геостратегии Осиёи Марказӣ ҷойгир буда, нақши муҳими онро дар таъмини амнияти минтақавӣ муайян мекунад. Масъалаҳои мубориза бо терроризм, ифротгароӣ ва қочоқи маводи мухаддир бо назардошти ҳамсоягии он ба Афғонистони ноустувор барои кишвар аҳамияти хоса доранд.

Тоҷикистон як узви фаъоли Созмони Паймони Амнияти Дастаҷамъӣ (СПАД) аст, ки як қатор кишварҳои пасошӯравиро бо ҳадафи таъмини амнияти дастаҷамъӣ муттаҳид мекунад. Ин созмон дар ҳамоҳангсозии талошҳо барои мубориза бо таҳдидҳои фаромиллӣ, аз қабили терроризми байналмилалӣ ва қочоқи маводи мухаддир нақши калидӣ дорад. Тоҷикистон барои таҳкими амнияти умумӣ дар минтақа бо дигар аъзои СПАД, аз ҷумла Русия, Қазоқистон ва Беларус ҳамкориҳои фаъол дорад.

Илова бар ин, Тоҷикистон дар Созмони ҳамкориҳои Шонгҳой (СҲШ) ширкат мекунад, ки ба масоили амниятӣ ва рушди ҳамкориҳои иқтисодӣ ва башардӯстона дар минтақа низ машғул аст. Тоҷикистон дар чаҳорчӯбаи Созмони ҳамкориҳои Шонгҳой дар ҳамоҳангсозии мубориза бо таҳдидҳои аз Афғонистон саршуда нақши муҳим дорад ва дар тамринҳо ва амалиёти муштараки низомӣ ширкат мекунад.

Яке аз самтҳои марказии сиёсати хориҷии Тоҷикистон идоракунии захираҳои об мебошад. Мамлакат захираҳои калони об дорад, ки онҳо дар бо об таъмин намудани тамоми минтақаи Осиёи Миёна роли асосй мебозанд. Дар шароити тағйирёбии иқлим ва афзоиши норасоии об, масъалаҳои идоракунии об аҳамияти бештар пайдо мекунанд.

Тоҷикистон дар арсаи байналмилалӣ барои истифодаи оқилона ва ҳифзи захираҳои об иқдом мекунад. Аз ҷумла, кишвар ташаббускори Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор», ки аз ҷониби Маҷмаи умумии СММ барои солҳои 2018-2028 эълон шудааст. Ин иқдом ба аҳамияти иқдомоти муштараки ҷомеаи ҷаҳонӣ ҷиҳати таъмини дастрасӣ ба оби пок, ҳалли масъалаҳои ифлосшавӣ ва истифодаи оқилонаи захираҳои об таъкид мекунад.

Пас аз анҷоми ҷанги шаҳрвандӣ дар соли 1997 Тоҷикистон ба рушди фаъоли дипломатияи иқтисодӣ, ки ба ҷалби сармояи хориҷӣ ва таҳкими равобити тиҷоративу иқтисодӣ нигаронида шудааст, оғоз кард. Яке аз шарикони калидии Тоҷикистон дар арсаи байналмилалӣ Чин аст, ки бо он кишвар тарҳҳои сершумори зерсохтро амалӣ мекунад. Аз ҷумла, сармоягузориҳои Чин ба рушди инфрасохтори нақлиётӣ ва энергетикӣ мусоидат карданд, ки ба рушди иқтисодии кишвар таъсири назаррас расонидааст.

Тоҷикистон бо Русия, ки шарики муҳими тиҷоратӣ ва манбаи муҳоҷирати корӣ барои мардуми тоҷик боқӣ мондааст, ҳамкориҳои фаъол дорад. Муносибатҳо бо дигар кишварҳои Осиёи Марказӣ низ, бахусус дар чаҳорчӯбаи Иттиҳоди иқтисодии Авруосиё (ЕАО) ва дигар созмонҳои минтақавӣ нақши муҳим доранд.

Тоҷикистон, ки замонҳои душвори ҷанги шаҳрвандиро аз сар гузаронидааст, дар ташаббусҳои сулҳҷӯёна дар арсаи байналмилалӣ фаъолона иштирок мекунад.

Кишвар дар фаъолиятҳои посдори сулҳи СММ саҳм мегузорад ва инчунин дар миссияҳои башардӯстона, ки барои барқарор кардани сулҳ дар минтақаҳои гуногуни ҷаҳон нигаронида шудааст, иштирок мекунад. Тоҷикистон ҳамчунин аз ташаббусҳо оид ба пешгирии муноқишаҳо ва ҳалли мусолиматомези баҳсҳо ҷонибдорӣ мекунад, ки аз садоқати он ба принсипҳои ҳуқуқи байналмилалӣ ва амният шаҳодат медиҳад. Ҷорӣ намудани ташаббусҳои глобалии об, ки аз ҷониби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба амал омадаанд, дар қонунгузории миллӣ як қадами асосӣ барои таъмини устуворӣ ва самаранокии ин ташаббусҳо дар сатҳи маҳаллӣ мебошад. Ин як иловаи муҳим дар татбиқи консепсияҳои идоракунии устувори об ва рушди устувор мебошад.

Дар зер ҷанбаҳои асосии татбиқи ин ташаббусҳо дар соҳаи қонунгузорӣ ҷузъи ҷудонашавандаи татбиқи бомуваффақияти онҳо мебошад:

Ворид намудани ташаббусҳо дар ҳуқуқи байналмилалӣ ба онҳо эътибори ҳуқуқӣ ва устуворӣ медиҳад. Конунхо ва санадҳои меъёрии хукукӣ барои татбики онҳо замина муқаррар намуда, инчунин масъулияти тарафҳоро оид ба риояи қоидаю принсипҳои муқарраргардида муайян мекунанд.

Таҳлили ташаббусҳои раисиҷумҳури Тоҷикистон аз хоҳиши кишвар барои иштироки фаъолона дар ҳалли мушкилоти ҷаҳонӣ, бахусус дар соҳаи обтаъминкунӣ ва экология шаҳодат медиҳад.

Эълони соли 2003 ҳамчун Соли оби тоза: Ташаббус дар Соли оби тоза аҳамияти захираҳои обро таъкид намуда, таваҷҷуҳро ба масъалаҳои таъмини об ҷалб мекунад. Анҷумани байналмилалӣ дар Душанбе табодули дониш ва таҷриба дар соҳаи идоракунии захираҳои обро тақвият бахшид. Идомаи чунин маъракаҳо ва табодули таҷриба метавонад ба ҳамкориҳои кишварҳо ҷиҳати беҳтар кардани идоракунии захираҳои об мусоидат намояд.

Эъломияи солҳои 2005-2015 ҳамчун Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои ҳаёт»: Ташаббус ба зарурати андешидани тадбирҳои мушаххас ҷиҳати таъмини дастрасӣ ба оби тоза нигаронида шудааст. Даҳсола чаҳорчӯбаи амалҳо ва рӯйдодҳои мушаххасро фароҳам меорад. Арзёбии иҷрои ҳадафҳои ин даҳсола ва дарси ибрат барои ташаббусҳои минбаъда дар соҳаи таъмини об.

Таъмини оби тоза ба кишварҳои Осиёи Марказӣ тавассути таъсиси Консорсиуми байналмилалии истифодаи оби кӯли Сарез: Ҳадафи ин ташаббус таъмини суботи минтақаӣ дар масъалаҳои таъмини об мебошад.

Таъсиси Хазинаи байналхалқии муҳофизати пиряхҳо. Таваҷҷӯҳ ба ҳифзи пиряхҳо барои пешгирии оқибатҳои тағирёбии иқлим муҳим аст.

Иқдомҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон воқеан барои башарият ва сайёраи мо аҳамияти бузург доранд, зеро онҳо ба ҳифзи табиату захираҳои об ва ҳаёти инсоният дар тамоми сайёраи мо нигаронида шудаанд.

Имрӯз Тоҷикистон роҳи субот ва шукуфоиро идома медиҳад. Рӯзи истиқлолият рамзи на танҳо озодӣ, балки ваҳдати миллат, тавоноии он дар рафъи мушкилот ва талош барои ояндаи беҳтар аст. Ҳукумати мамлакат барои баланд бардоштани дараҷаи некуаҳволии аҳолӣ, тараққӣ додани хоҷагии қишлоқ ва саноат, баланд бардоштани дараҷаи маориф ва нигахдории тандурустӣ барномаҳои фаъолона амалӣ карда шудааст.

Рӯзи истиқлолият барои насли наврас ёдоварӣ аз аҳамияти истиқлолият ва соҳибихтиёрии миллӣ ва даъват ба ҳифзи сулҳу ваҳдат аст. Ҷавонони кишвар, ки дар Тоҷикистони соҳибистиқлол ба воя расидаанд, дар ояндаи кишвар нақши муҳим доранд ва иштироки онҳо дар ҷомеа гарави пешрафти минбаъда мебошад.

Тоҷикистони соҳибистиқлол дар муносибатҳои ҳуқуқии байналмилалӣ нақши муҳим мебозад, ки иштирокчии фаъоли равандҳои минтақавӣ ва ҷаҳонӣ мебошад. Иштироки он дар ҳалли масъалаҳои амният, истифодаи оқилонаи захираҳои табиӣ ва рушди устувор онро як бозингари муҳим дар арсаи байналмилалӣ мегардонад. Тоҷикистон бинобар мавқеъи ҷуғрофӣ ва сиёсати фаъоли хориҷии худ мавқеи худро дар ҷаҳон таҳким бахшида, дар ҳифзи сулҳу амнияти ҷаҳон саҳм мегузорад.

Рӯзи Истиқлолияти Тоҷикистон рӯзи ифтихор, хотира ва умед аст. Он барои ҳар як шаҳрванд аҳамияти озодӣ ва истиқлолият ва зарурати пойдории сулҳу ваҳдатро хотиррасон мекунад. Ин ҷашн тамоми тоҷиконро муттаҳид намуда, ба талоши онҳо барои бунёди давлати тавоно ва шукуфон таъкид мекунад.

Бобоев Бекмурод Дӯстович - номзади илмҳои химия, мудири сектори таълиму омӯзиши Филиали

Агентии амнияти химиявӣ, биологӣ, радиатсионӣ ва ядроии Академияи милии илмҳои Тоҷикистон дар вилояти Суғд

18 - уми август зодрӯзи аллома Абуалӣ ибни СИНО

Ҳакими бузурги Машриқзамин Абуалӣ ибни Сино пас аз сари худ осори бузурги илмӣ дар самтҳои мухталиф ба мерос мондааст, ки то ба имрӯз кулли олимони ҷаҳонро бо пешгӯйиҳо ва инчунин роҳҳои нодири табобаташ ба ҳайрат гузоштааст. Зеро осори мондагори ин шахсияти нодир ва пизишки барҷаста дар сатҳи ҷаҳонист, ки фарҳанги дунявиро бо мавҷудияти худ бою ғанӣ гардонидаанд. Ҳамин тариқ, метавон гуфт, ки осори бузурги илмиаш фарогири нодиртарин паҳлӯи таҳқиқҳои илмӣ аст.

Зимнан бояд қайд кард, ки Шайхурраис Абуалӣ ибни Сино дар рустои Афшана, ки дар шаҳри маркази илму маърифати дар Бухорои шариф ҷойгир буд, таваллуд шудааст. Мавсуф забони арабиро, ки дар он замон чун забони расмию коргузорӣ ва инчунин василаи робитаи илмиву динӣ маҳсуб мешуд, ба таври пурра аз худ карда, ҳамзамон ин алломаи замон дар синни 10-солагӣ Қуръони шарифро ба пуррагӣ аз худ намуд.

Лозим ба зикр аст, ки дар синни 16 - 17 солагиаш Абуалӣ ибни Синои бузург ва ҷавони ояндадор аллакай чун табиби ҳозиқ шинохта шуда буд ва бисёре аз табибони машҳур аз ӯ маслиҳату машварат мепурсиданд. Баъдан ӯ ба дарбори шоҳ даъват гардида, пас аз муолиҷа намудани шоҳ, бо хоҳиши худ иҷозаи такмили донишу инчунин дастрасӣ ба бузургтарин китобхонаи дарборро пайдо намуд.

Чунки дар ин хусус баъдан худи Абуалӣ ибни Сино дар ҳолномааш аз он ҷумла чунин навишта буд: «Ман дар ин китобхона китобҳое пайдо намудам, ки дигар дар тамоми умр ҳаргиз надидаму нахондам.

Бо мутолиаи онҳо ҷою мартабаи ҳар як олим дар риштаи худ бароям басо равшан шуд. Дар пешорӯйи ман ба фикрам дари донишҳое боз шуд, ки ҳаргиз интизорашро надоштам...».

Дар он замон бисёре аз шоҳигариҳои давр азму талош мекарданд, ки ин табиб ва олими муъҷизакорро ба дарбори хеш даъват намуда, бо ҳар васила пеши худ нигоҳ доранд ва аз илми дониши ӯ истифода баранд. Бино ба нигоштаи Абуубайди Ҷузҷонӣ яке аз шогирдони вафодор ва зиндагиноманависи ин нобиғаи давр, аксари осор ва мероси хаттии ӯ бинобар сабабҳои иқоматаш дар ҷаҳон пароканда шудаанд. Аз ҷумла, осори ӯ аз ҷумлаи “Китобулинсоф», ки пурра аз байн рафтааст, дар 20 ҷилд, «Алҳосил вал маҳсул» дар 20 ҷилд, «Китобушшифо» дар 18 ҷилд, «Лисонулараб» дар 10 ҷилд, «Алқонун» дар 5 китоб, «Наҷот» дар 3 ҷилд эҷод шудаанд. Дар «Ал-Шифо» бошад зимнан маводи зиёду нодире оид ба илмҳои ботаника, геология, табиатшиносӣ, нуҷум ва риёзӣ (математика) фароҳам оварда шудаанд.

Тибқи гуфтаи ноқилон осори илмии ӯ ончунон шуҳрати зиёд худро ёфта буданд, ки аллакай дар асри XII тарҷумаи онҳо ба забони лотинӣ шуруъ гардида буданд. Тарҷумаи лотинии асари энcиклопедии Абуалӣ ибни Сино бо номи «Қонуни тиб», ки дар замони худ беҳтарин осори илмӣ дар риштаи тиб шинохта шуда буд, давоми 8 аср ҳамчун китоби роҳнамо барои табибон ва муҳимтарин маълумот барои пизишкони тамоми Аврупо хидмати мондагори худро ба иҷро мерасонад.

Лозим ба тазаккур аст, ки баробари ихтирои чопи китоб дар асри XV панҷ ҷилди асари мазкур таъҷилан нашр гардида, баъдан беш аз 30 маротибаи дигар бознашр гардидааст. Аз 450 асари таълифнамудаи Абуалӣ ибни Сино наздики 240 тоаш то имрӯз маҳфуз мондаанд.

Барои далел, китоби фалсафии «Таҳқиқи қувваи равонӣ»-ро Ибни Сино дар синни 17-солагаш таълиф намуда, китоби «Ал-маҷмуъ»-ро, ки маҷмуи андешаҳои балоғату фасоҳат, шеър ва дигар илмҳоро дар бар мегирад, дар синни 21- солагиаш эҷод кардааст.

Соли 1005 Абуалӣ ибни Сино ба Хоразм кӯчид, ки сипас дар он ҷо бо риёзидон ва нуҷумшиноси маъруф Ал-Берунӣ ва дигар аз олимони давр аз наздик ошно мешавад. Дар ҳамин ҷо ӯ узви маҳфили фарҳангии машҳур ба исми Маъмуна мегардад, ки баъдан барои шиносоӣ пайдо намуданаш бо дигар олимони давр ҳамаҷониба мусоидат намуд. Пас аз 7 сол ӯ ба Ҷурҷон, сипас ба Хуросону Эрон сафар намуд. Таълифи китоби бисёрҷилдаи «Қонун», ки пурра ба илми тиб бахшида шудааст, дар шаҳри Ҷурҷон сарчашма мегирад. Дар шаҳри Ҳамадон Ибни Сино ба ҳайси вазир интихоб шуд, аммо бо туҳмате чанд сол зиндонӣ гардид. Ҳамзамон дар ин ҷо низ ӯ чанд китоби худро таълиф мекунад.

Абуалӣ Ҳусайн ибни Абдулло ибни Ҳасан ибни Алӣ ибни Сино дар Ғарб бо исми Авитсенна маъруф аст. Ин мафҳум маънои донишманди бузург ва фарҳангнигор, табиб ва файласуф, олим ва мутафаккир, шоир ва адабиётшиносро, ки дар ҳама риштаҳо муваффақ будааст, дар бар мегирад. Бо исми Авитсенна пешравиҳо дар соҳаи фармакология ё худ дорушиносӣ, ташхису ҷарроҳӣ ва равоншиносӣ иртибот мегирад. Ақидаҳои зиёди ӯ то имрӯз барои рушди бахшҳои илми химия, табиатшиносӣ, ботаникаву геология, математикаву астрономия ва дигар илмҳои ҳамаҷониба мусоидат намуда истодаанд, ки боиси ифтихор аст.

Ҳамзамон бархе аз навиштаву назароти ӯ оид ба илми мантиқ, мусиқӣ, сохтори Замин, табиатшиносӣ ва иктишофи маъданӣ бо забони лотинӣ нашр гардидаанд. Осори пажӯҳишии Авиценна то кунун арзиши илмии худро гум накардаанд.

Сипас, соли 1024 Абуалӣ Ибни Сино ба шаҳри Исфаҳон омада, он ҷо муқимӣ мешавад. Бино ба гуфтаю гузоришҳои таърихӣ, ҳокими давр Алоуддин тамоми васоили заруриро барои эҷоди корҳои илмӣ муҳайё менамояд. Аммо Абуалӣ ибни Сино солҳои охири умрашро дар шаҳри бостонии Ҳамадон мегузаронад ва рӯзи 24 –уми июни соли 1037 дар ҳамин макон аз олам даргузашт. Ҳоло мақбараи Абуалӣ ибни Сино дар шаҳри Ҳамадон воқеъ буда, дорои бурҷ бо дувоздаҳ кунгура, ки нишони бархурдории ӯ аз дувоздаҳ илм аст, гузошта шудааст.

РАҲИМЗОДА А.О. - директори Институти математикаи ба номи А. Ҷӯраеви Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон

КАРИМОВ О.Х. –муовини директор оид ба илм ва таълими Институти математикаи ба номи А. Ҷӯраеви Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон

Шеъри "Тандурустӣ"-и шоири муосири тоҷик Дониёр Сангинӣ аз арзишҳои волои саломатӣ ҳамчун неъмати беҳтарин ва сарвати ҳақиқӣ сухан мегӯяд. Дониёр Сангинӣ шоири муосири тоҷик аст, ки дар асарҳои худ мавзӯъҳои миллӣ, иҷтимоӣ ва ахлоқӣ, аз ҷумла арзишҳои ҳаётӣ чун саломатӣ ва ватандӯстиро баррасӣ мекунад. Шеъри "Тандурустӣ" аз силсилаи шеърҳои ӯст, ки ба аҳамияти саломатӣ ҳамчун неъмати воло ва сарвати ҳақиқӣ таъкид дорад.

Таҳлили илмӣ дар ин мақола бар пояи дидгоҳҳои муосири илмӣ дар бораи саломатӣ сурат мегирад. Мувофиқи таърифи Созмони Ҷаҳонии Тандурустӣ (СҶТ), саломатӣ на фақат набудани беморӣ, балки ҳолати комили ҷисмонӣ, равонӣ ва иҷтимоӣ аст. Ин дидгоҳ бо паёми шеър ҳамоҳанг аст, ки саломатиро ҳамчун пояи ҳикмат, фаровонӣ ва амният медонад. Далелҳои илмӣ аз пажӯҳишҳо гирифта шудаанд, ки саломатиро ҳамчун сарвати бузургтарин медонанд, зеро он ба дарозумрӣ, ҳосилнокӣ ва хушбахтӣ мусоидат мекунад.

Илова бар ин, андешаҳои олимони байналмилалӣ ин паёмро тасдиқ мекунанд. Аз Осиё, Дайсаку Икеда (файласуфи ҷопонӣ) мегӯяд: "Саломатии ҳақиқӣ дар доштани муносибати мусбат ба ҳаёт ва шахсияти қавӣ, ки аз ҳеҷ чиз мағлуб намешавад, пайдо мешавад". Аз Аврупо, Ҳиппократ (табиби юнонӣ) таъкид дорад: "Одами ҳаким бояд саломатиро бузургтарин неъматҳои инсонӣ ҳисоб кунад ва омӯзад, ки чӣ тавр аз бемориҳои худ бо фикри худ фоида ба даст орад". Аз Амрико, Бенҷамин Франклин (олими амрикоӣ) мегӯяд: "Зуд хобидан ва зуд бедор шудан инсонро солим, сарватманд ва ҳаким мегардонад". Ин андешаҳо нишон медиҳанд, ки аҳамияти саломатӣ ҳамчун неъмат ва сарват дар фарҳангҳои гуногун умумӣ аст.

Тандурустӣ беҳтарин неъмат бувад,

Зиндагониро накӯ сарват бувад.

Дар ин байт, шоир саломатиро ҳамчун "беҳтарин неъмат" ва "накӯ сарват" муаррифӣ мекунад. Аз нуқтаи назари адабӣ, инҷо истифодаи ташбеҳ ва муқоиса (неъмат ва сарват) барои таъкид ба арзиши волои саломатӣ дида мешавад. Шеър саломатиро ҳамчун пояи ҳаётӣ нишон медиҳад, ки бе он зиндагӣ нокомил аст.

Аз дидгоҳи илмӣ, ин паём бо пажӯҳишҳо мувофиқ аст, ки саломатиро ҳамчун сарвати бузургтарин медонанд, зеро афроди солим метавонанд даромади бештар ба даст оранд ва ҳосилнокии баландтар дошта бошанд. Масалан, таҳқиқотҳо нишон медиҳанд, ки саломатӣ ба фаровонии иқтисодӣ ва дарозумрӣ мусоидат мекунад. Аз Осиё, ҳикмати ҷопонӣ мегӯяд: "Фақат фаъол мондан шуморо мехоҳад, ки сад сол зиндагӣ кунед". Аз Аврупо, Ҳиппократ таъкид дорад: "Саломатӣ бузургтарин неъматҳои инсонӣ аст". Аз Амрико, Мартин Лютер Кинг Ҷр. мегӯяд: "Аз ҳамаи шаклҳои нобаробарӣ, ноадолатӣ дар саломатӣ ҳайратангезтарин ва ғайриинсонӣ аст".

Ҷисму ҷон гар неъмати воло бувад,

Бо саломат ҳикмати воло бувад.

Инҷо шоир ҷисм ва ҷонро ҳамчун неъмати воло тасвир карда, саломатиро ҳамчун "ҳикмати воло" муаррифӣ мекунад. Аз ҷиҳати адабӣ, ин байт истиораи ҳикматро барои нишон додани ҳамоҳангии ҷисмонӣ ва равонӣ истифода мебарад, ки саломатӣ ҳам ҷисм ва ҳам ҷонро пӯшонида, ҳикматро афзун мегардонад.

Илман, ин бо консепсияи саломатии ҳамаҷонибаи СҶТ ҳамоҳанг аст, ки саломатиро ҳолати комили ҷисмонӣ ва равонӣ медонад. Пажӯҳишҳо нишон медиҳанд, ки саломатии ҷисмонӣ ба ҳолати равонӣ ва ҳикмати зеҳнӣ таъсир мерасонад, масалан, тавассути кам кардани стресс ва афзоиши сифати ҳаёт. Аз Осиё, Далай Лама мегӯяд: "Оромии зеҳн қувваи ботинии ва эътимод ба худро меоварад, ки барои саломатии хуб хеле муҳим аст". Аз Аврупо, Сократ мегӯяд: "Дармони бисёр бемориҳо барои табибони Ҳеллос номаълум мемонад, зеро онҳо тамоми инсонро омӯзиш намедиҳанд". Аз Амрико, Уилям Ослер мегӯяд: "Фаҳмидани он, ки чӣ гуна бемор беморӣ дорад, нисбат ба фаҳмидани он, ки чӣ гуна беморӣ бемор дорад, муҳимтар аст".

Одамиро тандурустӣ зар бувад,

Қалби дунёро саломатгар бувад.

Шоир саломатиро ҳамчун "зар" (тилло) барои инсон ва "саломатгар"-и қалби дунё тасвир мекунад. Ин ташбеҳи қавӣ аст, ки саломатиро ҳамчун арзиши моддӣ ва маънавӣ нишон медиҳад, ки ҷаҳонро солим месозад.

Аз нуқтаи илмӣ, пажӯҳишҳо тасдиқ мекунанд, ки саломатӣ ба фаровонии иҷтимоӣ ва иқтисодӣ мусоидат мекунад, зеро афроди солим ҳосилнокӣ ва даромади баландтар доранд. Инчунин, саломатӣ ба ҳолати равонӣ ва иҷтимоӣ таъсир мерасонад, ки "қалби дунё"-ро солим месозад. Аз Осиё, Дайсаку Икеда мегӯяд: "Саломатии ҳақиқӣ дар ҳаёти онҳое, ки ҳар гуна мушкилотро бартараф мекунанд ва ҳатто ҳолатҳои бадтаринро ҳамчун нуқтаи ҷаҳиш барои рушди нав истифода мебаранд, медурахшад". Аз Аврупо, Ҳиппократ мегӯяд: "Қувваи шифобахши табиӣ дар ҳар яки мо қувваи бузургтарин дар беҳтар шудан аст". Аз Амрико, Бенҷамин Франклин мегӯяд: "Зуд хобидан ва зуд бедор шудан инсонро солим, сарватманд ва ҳаким мегардонад".

Эй ки даври зиндагонӣ медавӣ,

Бо дуои ҷисму ҷонӣ медавӣ.

Ин байт муроҷиатӣ аст ва хонандаро даъват мекунад, ки дар даври зиндагӣ бо дуо барои ҷисм ва ҷон ҳаракат кунад. Аз ҷиҳати адабӣ, ин муроҷиат (эй ки...) ҳисси масъулиятро бедор мекунад.

Илман, дуо ва фикрҳои мусбат ба саломатии равонӣ мусоидат мекунанд, зеро онҳо стрессро кам карда, сифати ҳаётро беҳтар месозанд. Таҳқиқотҳо нишон медиҳанд, ки одатҳои ҳаррӯза, аз ҷумла фикрҳои мусбат, ба саломатӣ таъсири мусбат доранд. Аз Осиё, ҳикмати ҷопонӣ мегӯяд: "Агар дар инсон чой набошад, ӯ қодир ба фаҳмидани ҳақиқат ва зебоӣ нест". Аз Аврупо, Ҳиппократ мегӯяд: "Агар мо метавонистем ба ҳар шахс миқдори дурусти ғизо ва варзишро диҳем, на камтар ва на зиёдтар, мо роҳи бехатартарин ба саломатиро пайдо мекардем". Аз Амрико, Мартин Лютер Кинг Ҷр. мегӯяд: "Аз ҳамаи шаклҳои нобаробарӣ, ноадолатӣ дар саломатӣ ҳайратангезтарин ва ғайриинсонӣ аст".

Гар сару пову танат андар вафо,

Аз бало ҳаргиз намебинӣ ҷафо.

Шоир вафодорӣ ба ҷисм (нигоҳубини саломатӣ)-ро ҳамчун ҳимоя аз балоҳо тасвир мекунад. Ин истиораи вафо барои нигоҳубини доимӣ аст.

Аз дидгоҳи илмӣ, нигоҳубини мунтазам (варзиш, ғизо) аз бемориҳо пешгирӣ мекунад ва дарозумриро афзоиш медиҳад. Пажӯҳишҳо тасдиқ мекунанд, ки тарзи ҳаёти солим аз хатарҳои тандурустӣ ҳимоя мекунад. Аз Осиё, Дайсаку Икеда мегӯяд: "Ҳаёти инсон ҳақиқатан ҳайратовар аст. Шумо метавонед ҷисман бемор бошед, аммо то он даме ки ҳолати зеҳнии шумо қавӣ аст, он ҳатман ба бадан таъсири мусбат мерасонад. Мумкин аст ҳеҷ дармони беҳтар аз умед набошад". Аз Аврупо, Платон мегӯяд: "Дармони бисёр бемориҳо барои табибон номаълум аст, зеро онҳо аз тамоми инсон бехабар ҳастанд... Зеро қисм ҳеҷ гоҳ беҳтар намешавад, агар тамоми он беҳтар нашавад". Аз Амрико, Уилям Ослер мегӯяд: "Ҳадафи тиб пешгирӣ аз беморӣ ва дароз кардани ҳаёт аст; идеали тиб бартараф кардани ниёзи табиб аст".

Бо зару моли ҷаҳон кам ноз кун,

Ҷисму ҷони хеш дар парвоз кун.

Инҷо шоир ҳушдор медиҳад, ки ба молу мулки дунё камтар ноз

карда, ҷисм ва ҷонро "парвоз" (озод ва солим) кунанд. Аз ҷиҳати адабӣ, муқоисаи моддӣ ва маънавӣ дида мешавад.

Илман, пажӯҳишҳо нишон медиҳанд, ки фаровонии моддӣ бе саломатӣ маъно надорад, зеро саломатӣ пояи хушбахтӣ аст. Афроди бойтар солимтаранд, аммо саломатӣ мустақил аз сарват арзиш дорад. Аз Осиё, Дайсаку Икеда мегӯяд: "Ҳаёти ҳақиқан солим ҳаётест, ки дар эҷоди арзишҳо сарф мешавад – ҳалли мушкилотҳои ҳаётӣ, кӯшиш барои ноил шудан ба чизи арзишманд ва маъноӣ". Аз Аврупо, Ҳиппократ мегӯяд: "Ҳамаи қисмҳои бадан, ки вазифа доранд, агар мӯътадил истифода шаванд ва дар корҳое, ки ба онҳо одат кардаанд, варзиш кунанд, солим, хуб рушд карда ва оҳиста пир мешаванд". Аз Амрико, Бенҷамин Франклин мегӯяд: "Зуд хобидан ва зуд бедор шудан инсонро солим, сарватманд ва ҳаким мегардонад".

Эй бародар, тандурустӣ амни мо,

Пас барои тандурустӣ кун дуо.

Байт бо муроҷиати бародарона анҷом меёбад ва саломатиро "амн" (амният) номида, дуоро тавсия мекунад. Ин паёми ахлоқӣ ва рӯҳонӣ аст.

Аз нуқтаи илмӣ, саломатӣ амнияти иҷтимоӣ ва шахсиро таъмин мекунад, зеро он ба кам кардани хароҷотҳои тиббӣ ва афзоиши сифати ҳаёт мусоидат мекунад. Дуо ҳамчун шакли медитатсия ба саломатии равонӣ кӯмак мерасонад. Аз Осиё, Дайсаку Икеда мегӯяд: "Саломатии ҳақиқӣ дар ҳаёти онҳое, ки ҳамчунон бо ҳавас ба эҷоди арзиши мусбат ва хушбахтии дигарон бахшидаанд, медурахшад". Аз Аврупо, Ҳиппократ мегӯяд: "Қувваҳои табиӣ дар мо дармони ҳақиқии беморӣ ҳастанд". Аз Амрико, Мартин Лютер Кинг Ҷр. мегӯяд: "Аз ҳамаи шаклҳои нобаробарӣ, ноадолатӣ дар саломатӣ ҳайратангезтарин ва ғайриинсонӣ аст".

Таҳлили шеъри "Тандурустӣ"-и Дониёр Сангинӣ нишон медиҳад, ки паёми он на фақат адабӣ, балки илмӣ аст ва бо пажӯҳишҳои муосир дар бораи аҳамияти саломатӣ ҳамоҳанг мебошад. Иловаи андешаҳои олимони Осиё (чун Икеда ва ҳикматҳои ҷопонӣ), Аврупо (чун Ҳиппократ ва Сократ) ва Амрико (чун Франклин ва Кинг) паёми шеърро ҳамчун ҳақиқати умумӣ тасдиқ мекунад. Шеър ҳушдор медиҳад, ки саломатӣ пояи ҳамаи арзишҳо аст ва нигоҳубини он зарур мебошад. Тавсия мешавад, ки чунин асарҳо дар барномаҳои таълимии маориф ва тандурустӣ истифода шаванд, то арзиши саломатиро таблиғ кунанд.

ШИРИН ҚУРБОНОВА, сарходими илмии Шуъбаи Осиёи Ҷануб ва Шарқии Институти омӯзиши масъалаҳои давлатҳои

Осиё ва Аврупои Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон доктори илмҳои таърих.

(Дар ҳошияи қабули қатъномаи Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид «Нақши зеҳни сунъӣ дар фароҳам овардани имконоти навин барои рушди устувор дар Осиёи Марказӣ» A/79/L.94 аз 25 июли 2025)

Нерӯгоҳҳои барқии обӣ (НБО-ҳо) яке аз манбаъҳои асосии энергияи барқароршаванда дар ҷаҳон мебошанд. Дар соли 2025, ҳиссаи нерӯи обӣ дар тавлиди нерӯи барқи ҷаҳонӣ бештар аз 16%-ро ташкил медиҳад, ки ин нишона ба зиёда аз 4000 тераватт-соат дар як сол баробар аст. Аммо, бо афзоиши талабот ба нерӯи барқ, ки аз ҳисоби рушди зеҳни сунъӣ ва тағйироти иқлимӣ ба вуҷуд меояд, зарурати беҳтарсозии раванди сохтмон ва истифодабарии НБО-ҳо афзоиш меёбад. Тибқи омори Созмони Байналмилалии Энергия (IEA), талабот ба нерӯи барқ аз ҳисоби истифодабарии зеҳни сунъӣ метавонад то соли 2030 ду маротиба афзоиш ёбад ва НБО-ҳо мавҷудбуда метавонанд ҳамчун манбаи устувори таъмини нерӯи барқ эбарои онҳо хизмат кунанд.

Зеҳни сунъӣ ҳамчун технологияи муосир метавонад дар ҳалли ин мушкилот кӯмак расонад. Масалан, зеҳни сунъӣ метавонад тавлиди энергияро то 10% афзоиш диҳад ва хароҷотҳои маҳфуз доштани онро 10-20% кам кунад. Ин мавзӯъ барои давлатҳои рӯ ба тараққӣ аҳамияти калон дорад, зеро тибқи гузоришҳои ҷаҳонӣ, ҳаҷми бозори зеҳни сунъӣ дар соҳаи энергитика то соли 2030 метавонад ба 13 миллиард доллари ШМА расад. Зеҳни сунъӣ на танҳо самаранокии иқтисод ва дигар соҳаҳои хоҷагии халқро афзоиш медиҳад, балки ҳамчунин ба ҳифзи муҳити зист, тавассути кам кардани истеъмоли об ва газҳои гулхонаӣ, кӯмак мерасонад.

Таҳқиқотҳои зиёде нишон медиҳанд, ки зеҳни сунъӣ дар соҳаи истеҳсоли нерӯи обӣ фаровон истифода мешавад. Масалан, корҳои илмӣ оид ба истифодаи шабакаҳои нейронӣ (ANN) ва технологияи омӯзиши амиқ (Deep Learning) барои пешгӯии тавлиди нерӯи барқ ва идоракунии манбаъҳои обҳо гузориш медиҳанд. Дар таҳқиқотҳои дигар, нақши зеҳни сунъӣ дар беҳтарсозии амалиётҳо дар соҳаи энергетика таъкид мешавад. Баррасиҳо нишон медиҳанд, ки зеҳни сунъӣ метавонад хароҷотҳои маҳфуз доштани нерӯи барқро 10% кам кунад ва вақти тавлиди нерӯи барқро 0,5% афзоиш диҳад. Омори ҷаҳонӣ низ инро тасдиқ мекунанд.

Дар соли 2025, ҳиссаи НБО-ҳо дар истеҳсоли энергияи барқароршаванда 60% -ро ташкил медиҳад, ва зеҳни сунъӣ метавонад талафоти нерӯи барқро дар вақти интиқоли он то 5-10% коҳиш диҳад. Дар қораи Осиё, ки 43% иншоотҳои ҷаҳонии НБО-ҳоро дар бар мегирад, зеҳни сунъӣ барои мудирияти ҳавзаҳои обӣ истифода мешавад. Алъон дар Аврупо, таҷдиди НБО-ҳои кӯҳна бо истифода аз технологияи зеҳни сунъӣ эҳтиёҷоти афзояндаи иқтисодҳои миллиро ба неруи барқ қонеъ гардонида истодааст. Дар Амрико, зеҳни сунъӣ барои кам кардани талафотҳои истеҳсоли неруи барқ дар НБО-ҳо истифода мешавад, ки он дар навбат худ метавонад то 4,4% ҳаҷми истеъмоли умумии неруи барқро таъмин кунад.

Дар соҳаҳои гуногун хоҷагии халқ, зеҳни сунъӣ татбиқҳои мушаххас дорад. Масалан дар соҳаи сохтмони НБО, зеҳни сунъӣ бо пешгӯии ҷойгоҳҳо ва дизайни дамбаҳо хароҷотҳо ва хатарҳоро кам мекунад. Натиҷаҳои пажӯҳишҳо нишон медиҳанд, ки зеҳни сунъӣ на танҳо дар ҳалқаҳои техникӣ, балки дар идоракунии иқтисодӣ ва муҳити зисти НБО-ҳо нақши калон мебозад. Масалан, дар тадқиқотҳои нав зеҳни сунъӣ барои ҳалли мушкилоти истеъмоли об дар НБО-ҳо истифода мешавад, ки ин амал метавонад то 6,6 миллиард метри мукааб обро дар сол сарфа кунад.

Дар Аврупо, дар Фаронса ва Олмон зеҳни сунъӣ барои таҷдид ва дизайни дамбаҳои кӯҳна истифода мешавад. Дар ШМА зеҳни сунъӣ барои моделсозии ҳавзаҳои обӣ дар ҳавзаи Амазонка истифода шудааст, то таъсири манфии иншоотҳои гуногунро ба муҳити зист коҳиш диҳад.

Ба ғайр аз ин, зеҳни сунъӣ барои пешгӯии тағйироти иқлимӣ дар марҳилаи сохтмон кӯмак мерасонад. Масалан, дар Ҳиндустон, моделҳои аз ҷониби зеҳни сунъӣ омодашуда барои арзёбии ҷараёнҳои обӣ дар давраи муссон(боронгарӣ) истифода мешаванд, ки он дар навбаи худ хароҷотҳои лоиҳавиро 15% кам мекунад.

Дар айни замон зеҳни сунъӣ дар раванди сохтмон ва истифодабарии НБО барои пешгӯии ҷараёнҳои об ва беҳтарсозии раванди тавлиди неруи барқ кӯмак мерасонад. Алгоритмҳои омӯзиши мошинӣ маълумотҳои обу ҳавоиро таҳлил мекунанд, то ҷадвалҳои обпартоиро беҳтар карда шавад. Зеҳни сунъӣ инчунин барои мувозинати байни тавлид неруи барқ ва ҳифзи манбаҳои об кӯмак мерасонад, ки он дар навбати худ устувории муҳити зистро таъмин мекунад.

Дар Чин зеҳни сунъӣ барои идоракунии ҳавзаҳои обӣ дар НБО-ҳои калон истифода мешавад, ки он тавлиди барқро то 10% афзоиш медиҳад. Дар Бразилия ширкати Eletrobras зеҳни сунъиро барои беҳтарсозии ҷадвалҳои нигоҳдорӣ истифода мебарад.

HYDROGRID як ширкати технологии муосир аст, ки дар Австрия соли 2016 таъсис ёфта, ба беҳтарсозии фаъолияти нерӯгоҳҳои барқии обӣ (НБО-ҳо) тавассути истифодаи зеҳни сунъӣ (ЗС) ва технологияҳои пешрафтаи таҳлили маълумот тамаркуз дорад. Ин ширкат платформаи нармафзории "HYDROGRID Insight"-ро пешниҳод мекунад, ки барои мудирияти оқилонаи манбаҳои об, пешгӯии ҷараёнҳо, беҳтарсози раванди тавлиди неруи барқ ва риояи талаботи экологӣ пешбинӣ шудааст. HYDROGRID дар бозорҳои Осиё, Аврупо ва Амрико фаъол буда, умуман дар 14 кишвар кор мекунад ва ба операторони НБО-ҳо кӯмак мерасонад, ки самаранокиро афзоиш диҳанд, талафоти обро кам кунанд ва даромади худро зиёд кунанд.Омори мавҷудбуда нишон медиҳад, ки дар ин марҳила зеҳни сунъӣ метавонад талафоти нериу барқро то 5% кам кунад ва истеъмоли обро беҳтарсозӣ кунад, ки дар ҳолатҳои муайян то 12 литр об барои ҳар киловатт-соат сарфа мешавад.

Дар раванди истифодаи НБО технологияи зеҳни сунъӣ барои пешгӯии нокомиҳо ва беҳтарсозии ҷадвалҳо истифода мешавад.

Дар ШМА зеҳни сунъӣ барои таҳлили ларзишҳо ва ошкоркунии аномалияҳо дар НБО-ҳо кӯмак мерасонад. Дар Бразилия зеҳни сунъӣ барои пешгӯии нокомиҳо дар таҷҳизот истифода мешавад.

Дар соли 2025 истифодаи зеҳни сунъӣ метавонад хароҷотҳои истеҳсолиро дар НБО-ҳо то 15-20% кам кунад ва дастрасиро ба неруи барқ барои 10 миллион нафар хубтар кунад:

- Дар Чин технологияи зеҳни сунъӣ барои тафтиши НБО-ҳои Wuqiangxi ва Jinweizhou, бо истифода аз нейронҳои шабакавӣ барои пешгӯии ҳолати таҷҳизот хизмат мекунад, ки ин хароҷотҳои истифодабарии онро 10% кам кардааст.

- Дар Ҳиндустон HYDROGRID барои идоракунии НБО дар фасли муссон(боронгарӣ) ба кам кардани обпартоӣ ва афзоиши бехатарӣ мусоидат менамояд.

- Дар Фаронса Engie- зеҳни сунъиро барои таҷдиди НБО-ҳои кӯҳна истифода мебарад.

- Дар Амазонка зеҳни сунъӣ барои ҳифзи муҳити зист дар ҳавзаҳо мусоидат мекунад.

Ин мисолҳо нишон медиҳанд, ки зеҳни сунъӣ дар минтақаҳои гуногун муваффақона татбиқ шудааст, бо омори мусбат чун афзоиши тавлид барқ то 10% ва кам кардани хароҷотҳо дар маҳфуз доштан ва интиқоли барқ то 20% мусоидат мекунад.

Олимони осиёӣ чунин меандешанд, ки зеҳни сунъӣ метавонад мудирияти ҳавзаҳои обиро дар НБО-ҳо дар марҳилаҳои сохтмон ва истифодабарӣ беҳтар намояд ва таъсири иқлимиро пешгӯӣ намояд, ки ин воқеият барои рушди устувор муҳим аст. Ин андеша аз тадқиқотҳои минтақаҳои Шарқӣ-Осиёӣ бармеояд, ки зеҳни сунъиро ҳамчун воситаи асосӣ барои кам кардани хароҷотҳо ва афзоиши тавлиди неруи барқ мебинанд.

Олимони аврупоӣ изҳор медоранд, ки истифодаи зеҳни сунъӣ дар НБО-ҳо метавонад тавлиди неруи барқро то 10% афзоиш диҳад ва таҷдиди системаҳои кӯҳнаро осон кунад, хусусан дар шароити афзоиши талабот аз ҳисоби истифодабарии зеҳни сунъӣ.

Олимони амрикоӣ чунин мегӯянд, ки зеҳни сунъӣ барои кам кардани талафотҳои истеҳсоли неруи барқ ва ҳифзи манбаҳои об дар НБО-ҳо дар марҳилаҳои сохтмон ва истифодабарӣ кӯмак мерасонад, ки барои устувории муҳити зист ва қонеъгардонии талаботи афзоянда ба неруи барқ зарур аст.

НБО-и Роғун дар Тоҷикистон яке аз лоиҳаҳои калонтарини ҷаҳонӣ аст, ки ҳаҷмаш 3600 МВт буда, метавонад энергияи тоза барои 10 миллион нафар таъмин кунад ва ба содироти нерӯи барқ ба кишварҳои ҳамсоя кӯмак расонад. Дар ҳоли ҳозир, лоиҳа дар марҳилаи сохтмон қарор дорад, ва ҳаҷми сармоягузорӣ аз ҳисоби Бонки Ҷаҳонӣ ва AIIB зиёда аз 1 миллиард доллари ИМА-ро ташкил медиҳад. НБО-и Роғун метавонад дар оянда зарфияти энергитикии Тоҷикистонро дучанд кунад ва ба декарбонизатсияи минтақа кӯмак расонад,яъне роҳ ба самти рушди бемайлони “иқтисоди сабз” омода мегардад

Ба назари мо, технологияи зеҳни сунъӣ дар ояндаи наздик дар НБО-и Роғун имкон барои истифодбарӣ дорад. Масалан, зеҳни сунъӣ метавонад барои пешгӯии ҷараёнҳои обӣ дар ҳавзаи Вахш истифода шавад, ки хатарҳои селро кам мекунад ва тавлиди неруи барқро беҳтар менамояд.Ин намуд таҷриба дар Чин ва Норвегия ҷой дорад. Дар марҳилаи нигоҳдории неруи барқ низомҳои зеҳни сунъӣ бо дронҳо метавонанд тафтиши дамбаро автоматизатсия кунанд, ки ин амала хароҷотҳои истифодабарии НБО-ро 10-15% кам мекунад ва таҷрибаи ШМА ва Бразилия дар ин самт далели гуфтаҳои боло аст.

Пешниҳодҳо барои татбиқи таҷрибаҳои ҷаҳонӣ дар самти истифодаи зеҳни сунъӣ:

1. Татбиқи моделҳои зеҳни сунъӣ дар мисоли Deep Learning барои пешгӯии тавлиди нерӯи барқ ва мудирияти манбаҳои обҳо,хусусан дар марҳилаи сохтмон ва истифодабарӣ, метавонад талаботи Тоҷикистон ва ҳамсояҳокишварҳоро ба нерӯи барқ қонеъ кунад.

2. Ҳамкорӣ бо ширкатҳои байналмилалӣ чун HYDROGRID барои автоматизатсияи амалиётҳо дар истифодабарии НБО-ҳои Тоҷикистон муфид аст.

3. Таъмини омӯзиши кормандон ва ҳифзи кибербехатарӣ барои пешгирии хатарҳо, бо назардошти таҷрибаҳои Осиё ва Амрико саривақтӣ мебошад.

Ин пешниҳодҳо метавонанд НБОи Роғунро ба иншоотии муосир табдил диҳанд ва рақобатпазирии иқтисоди Тоҷикистонро таҳким бахшанд.

Ҳамин тариқ, зеҳни сунъӣ нақши муҳимро дар сохтмон ва истифодабарии НБОҳо мебозад. Он имкон медиҳад, ки самаранокии ин иншоотҳо афзоиш ёбад, хароҷотҳо кам шавад ва муҳити зист ҳифз шавад. Оморҳо нишон медиҳанд, ки зеҳни сунъӣ метавонад тавлиди неруи барқро то 10% афзоиш диҳад ва хароҷотҳои маҳфуз ва интиқлои онро 20% кам кунад. Мисолҳои воқеӣ аз Осиё, Аврупо ва Амрико инро тасдиқ мекунанд ва андешаҳои олимон аҳамияти онро таъкид менамоянд.

Барои НБО-и Роғун татбиқи таҷрибаҳои ҷаҳонӣ метавонад зарфияти онро пурра амалӣ кунад. Оянда, татбиқи зеҳни сунъӣ метавонад бо ҳамгироии IoT ва омӯзиши мошинӣ васеътар шавад. Дар маҷмӯъ, зеҳни сунъӣ ҳамчун омили калидии рушди гидроэнергетика хидмат мекунад ва ба ҳадафҳои устувории ҷаҳонӣ мусоидат менамояд.

ҲАЙДАРЗОДА Рустам Ҷӯра директори Институти омӯзиши масъалаҳои давлатҳои Осиё ва Аврупои АМИТ

доктори илмҳои фалсафа САНГИНЗОДА Дониёр Шомаҳмад муовини директори Институти омӯзиши

масъалаҳои давлатҳои Осиё ва Аврупои АМИТ оид ба илм ва таълим доктори илмҳои ҳуқуқшиносӣ, профессор

Истиқлолият ва соҳибихтиёрии давлат, ки баъд аз садсолаҳои зиёди ҷонбозиҳо ва заҳмати басо сангину азму талошҳои пайвастаи мардуми озодихоҳи мо ба даст омад, дар назди мо иҷрои вазифаи бисёр пурмасъулияти таърихӣ ва дар айни замон басо пурифтихор, яъне бунёди давлати навини ҷавобгӯ ба манфиатҳои халқи кишвар ва эҷоди аркони давлатдории муосири тоҷиконро гузошт. Истиқлолу озодӣ муқаддастарину азизтарин неъмат ва бузургтарину арзишмандтарин сарват барои ҳар як миллат ва халқ мебошад. Бинобар ин, мо бояд шукронаи ин неъмати бебаҳоро ба ҷо оварем ва барои ҳимояи он ҳамеша омода бошед.

Эмомалӣ Раҳмон

123Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар масири даҳ асри охир дастоварди боарзиштарин ва волотарини маллати тоҷик аст, ки имрӯз сарнавишт ва сиёсати дохиливу хориҷии худро ба дасти хеш мустақилона менависад. Эъломияи Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон чун пайки саодату хуҷастаҳолӣ на танҳо мояи шаъну шукуҳи миллати таммандунофари тоҷик дар арсаи олам гардид, балки сарахбори кӯшоиши корҳои созандагӣ ва пешрафтҳои гунонгунҷабҳаи ҷомеа ҳам гашт.

Истиқлолият нишонаи ҳуввият ва озодӣ, ифтихор ва номус, рамзи саодат ва шарти бақои миллат, соҳибихтиёрию соҳибдавлатии тоҷикон аст. Ин дастовард дар таърихи давлатдории тоҷикон гардиши куллӣ ва оғози марҳилаи сифатан нави рушд буда, дар назди насли имрӯза вазифаи пурмасъулияти таърихӣ гузошта аст, ки бунёди давлати мутамаддини ҷовобгӯ ба манфиатҳои халқу кишвар ва эҷоди аркони давлатдории муосирро пеш гузошт.

Тавре ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар асари таърихии хеш “Тоҷикон дар оинаи таърих” қайд намудаанд: “Фарзандони фидоию баномуси миллати мо дар ҳама давру замон, дар ҷое бо хираду фарҳанги воло, дар ҷое бо муросою мадоро талошҳои истиқлолхоҳӣ кардаанд, ки ин омилҳо бо ифтихори миллӣ ва эҳсоси ватандорӣ пайванди ногусастанӣ доранд”.

Бо шукргузориҳои беандоза имрӯзҳо мо ҷашни 34-умин солгарди Истиқлолияти давлатиро дар фазои сулҳу субот ва ваҳдати миллӣ истиқбол мегирем. Ҳамаи ин аз заҳмату роҳнамоии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон сарчашма мегиранд, ки кибру ғурури носозгорро ба ваҳдату созандагиҳо мубаддал сохтанд. Ин буд, ки дар як давраи начандон тӯлонии таърих кишвари ба буҳрони сиёсию иқтисодӣ гирифторро ба давлати рӯ ба тараққӣ табдил дода, ноумедиҳои зиндагиро бозпас гардонид ва ба руҳияи мардум нерӯи тозаи созгор бахшиданд.

Ба ниҳоли тозаистиқлоли давлат бошад қатраҳои оби ҳаёт ато намуданд. Ин хизматҳои Сарвари давлат дар назди таъриху миллат бо ҳарфҳои заррин нақшбандӣ мегардад. Дар ин айёми эҳёву ташаккули давлатдории навин ҳамқадами дигаргунию навоварӣ ва дастовардҳои беназири соҳаҳои гуногуни хоҷагии халқи мамлакат рисолати бунёди ҷомеаи солим аз ҳадафҳои меҳварии сиёсати пешгирифтаи Сарвари давлат ба ҳисоб мерафт. Дар ин замина, ҳамрадифи барномаву лоиҳаҳои мавриди амали самтҳои гуногуни ҳадафҳои стратегии кишвар садҳо нафар мутахассисони соҳибтаҷриба тарбия ва ба воя расидаанд, ки имрӯзҳо дар гӯшаву канори кишвар хизмати содиқонаро ба ватану миллат анҷом медиҳанд.

Қайд кардан ба маврид аст, ки заковати азаллии Раҳбари давлат сабаб гардид, ки як қатор сохтори навини давлату давлатдории нав таҳия гардаду Тоҷикистон имрӯз чун давлати пешрафта, биҳиштосо, сокинонаш соҳиби зиндагии шоиста дар арсаи ҷаҳон муаррифӣ гардад.

Имрӯз зарур аст, ки ҳар як сокини Тоҷикистон шукргузор аз ин ватани биҳиштосо, соҳибистиқлол ва Раҳбари хирадманду заковатманд, шамъи фурӯзони роҳи орзуи миллионҳо сокинони Тоҷикистон – Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бошанд.

Бо зуҳури Истиқлол чунин неъмати бебаҳо ва гаронмоя, миллати азиятдидаву ранҷкашидаи тоҷик соҳибистиқлол гардид. Истиқлолият волотарин ва пурарзиштарин дастоварди давлату миллати тоҷдори тоҷик аст. Ин неъмати бузург баробари ба даст омадан, нуру зиё, меҳру вафо, ободиву озодӣ, ҳамфикрию ҳамзистӣ ва осоиштагии абадиятро ба мардуми бузурги тоҷик ва Тоҷикистони азиз овард.

Гарчанде, бархе аз номуродон сараввал чун душманони қаттоли ин сарзамини таърихӣ аз гумроҳӣ тобу тоқати ин руйдоди бузурги таърихӣ накарда, миллати барӯманди тоҷикро бо ҳамдигар иғво андохтаанд, ҷангҳои бародаркӯш ташкил намуданд, мардуми барӯманди ин сарзаминро муҳоҷир гардониданд, мавзеъҳоро вайрон карданду тифлаконро бесаробон гардонидаанд, аммо ба муроди дили пуркинаашон нарасидаанд. Зеро ин миллати бузургро марди бузурги дунёдида, ҷаҳондону дарёдил, бохираду некқадам Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон роҳбаладӣ мекунад. Бо мурури вақт ҳама душворию азиятҳо паси сар гаштанду давлат орому миллат дилшод гардид.

Таҷрибаҳои он қаҳрамононро омӯхта, ба қадри ин неъмати бебаҳо, ки номаш Истиқлолият аст, расанд ва дар оянда ин таҷрибаҳоро сармашқи кору фаъолияти хеш намоянд. Даствардҳои истиқлолияти тоҷиконро аз ҳарвақта дида бояд бештар тарғибу ташвиқ намоем, зеро Истиқлолият шиносномаи давлати тоҷикон, санаи сарнавиштсозу муқаддас, рамзи саодату шуҷоат, ташаккули муносибатҳои сиёсӣ, иқтисодӣ, фарҳангӣ, амалисозии ҳадафҳои муҳимми миллӣ ва омӯзиши таҷрибаи пешқадами аксар кишварҳои олам шинохта шудааст.

Имрӯз миллати тоҷикро тамоми дунё чун қавми бузург эътироф мекунанд. Фарзандони ин миллати барӯманд дар тамоми кишварҳои ҷаҳон дар соҳаҳои гуногун фаъолият мекунанд. Қариб ҳамаи кишварҳои дунё робитаи дӯстию тиҷоратиашонро бо Тоҷикистон пайвастаанд, ки ин ҳама нишонаҳои бузургии Истиқлол аст.

Тоҷикистони озоду якпорча доимо ҷонибдори сулҳ ва оромӣ дар минтақа ва ҷаҳон буда, ин нукта пайваста дар суханрониҳои Пешвои миллат ироа мегардад. Халқи тоҷикро мебояд ин 34 соли тақдирсозро таҳлил ва мантиқан ҳазм намуда, ба қадри хизматҳои фарзандони тавонманди миллат расанд.

Истиқлолу озодӣ дар Ватани азизу маҳбубамон Тоҷикистон бигузор ҳазорсолаҳои зиёд побарҷо ва устувор бимонад.

Юсуфзода Шодоб Хӯҷамқул - Ходими илмии шӯъбаи сиёсатшиносии

Институти фалсафа, сиёсатшиносӣ ва ҳуқуқи ба номи А.Баҳоваддинови АМИТ

Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки оғози расмии он ба 9 сентябри соли 1991 рост меояд, на танҳо оғози марҳалаи нави давлатдорӣ, балки нуқтаи ибтидоии рушду таҳкими тамоми соҳаҳои ҳаёти иҷтимоӣ, иқтисодӣ, фарҳангӣ ва илмиву техникӣ гардид. Аз рӯзҳои нахустини соҳибистиқлолӣ, бо роҳбарии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, барқарории сулҳу суботи миллӣ, ваҳдати ҷомеа ва таҳкими пояҳои давлатдорӣ, ҳамчун ҳадафи асосӣ амалӣ гардид.

Маҳз оромию субот ва ваҳдати миллӣ шароите фароҳам оварданд, ки Тоҷикистон тавонад бо қадамҳои устувор ба марҳалаи рушди босуръат ворид гардад. Дар давраи соҳибистиқлолӣ дастовардҳои назаррас дар соҳаҳои энергетика, нақлиёт, кишоварзӣ, саноат, маориф, тандурустӣ ва илму техника ба даст омадаанд. Аз ҷумла, сохтмони неругоҳҳои бузурги тавлиди барқ, аз қабили НБО "Сенгтуда 1", "Сангтуда 2", "Роғун", бунёди нақбҳои байналмилалӣ ва роҳҳои автомобилгарди стратегӣ, ки Тоҷикистонро бо шабакаи нақлиётии минтақа ва ҷаҳон пайвастанд, на танҳо аҳамияти иқтисодӣ доранд, балки заминаи муҳим барои ҳамкориҳои байналмилалӣ фароҳам оварданд.

Дар соҳаи илм ва техника, неъмати соҳибистиқлолӣ имконият дод, ки муассисаҳои таҳқиқотӣ ва донишгоҳҳои кишвар барномаҳои муосир ва навоваронаи таҳқиқотиро роҳандозӣ кунанд. Имрӯз олимони тоҷик бо ҳамкасбони худ аз кишварҳои Русия, Чин, Ҷопон, Олмон, Италия, Кореяи Ҷанубӣ, Қазоқистон ва даҳҳо кишвари дигари олам лоиҳаҳои мутаҳидаи илмӣ доранд ва таҳқиқотҳои муштараки илмӣ мегузаронанд. Масалан, дар ҳамкорӣ бо донишгоҳҳои пешрафтаи Ҷопон, таҳқиқот дар самти синтези маводҳои нави фотоэлектрикӣ барои панелҳои офтобӣ анҷом дода мешавад. Инчунин, ҳамкориҳои илмӣ бо пажӯҳишгоҳҳои Русия дар соҳаҳои таҳқиқотҳои ҳастаӣ, нанотехнология ва таҳлили маводҳои функсионалӣ ба дастовардҳои амалӣ ва мақолаҳои муштарак дар маҷаллаҳои бонуфузи байналмилалӣ оварда расонидаанд.

Ҷумҳурии Тоқикистон дар баробари ин, барои расидан ба ҳадафҳои стратегии худ, таъмини амнияти энергетикӣ, баромадан аз бунбасти коммуникатсионӣ, таъмии амнияти озуқаворӣ ва саноатикунонии босуръат паваста ба илму техника ва мутахассисони ватанӣ такя мекунад. Ин ҳадафҳо бевосита ба рушди таҳқиқотҳои илмӣ ва татбиқи технологияҳои пешрафта вобастаанд, чун яқин ҳаст, ки бе ҳамгироии донишҳои муосир ва дастовардҳои илмӣ, иҷрои ин вазифаҳои стратегӣ ғайриимкон мегардад.

Бо гузашти се даҳсола аз рӯзи оғози соҳибистиқлолии худ, Ҷумҳурии Тоҷикистон ба як кишвари аз рушдкарда аз ҷиҳати ҳамкориҳои илмӣ дар минтақа табдил ёфтааст. Лоиҳаҳои муштарак, барномаҳои инноватсионӣ, табодули таҷриба ва иштироки олимони тоҷик дар конфронсҳои бонуфузи байналмилалӣ, на танҳо сатҳи илму техникаи кишварро боло мебаранд, балки нуфузи онро дар арсаи ҷаҳонӣ мустаҳкам месозанд, ки ҳамаи ин бо шарофати бадаст омадани истиқлолият, суботи пойдор ва сиёсати дурбинонаи роҳбарияти давлат имконпазир гардид.

Нематов Дилшод Давлатшоевич - мудири лаборатоияи Электроникаи квантӣ, н.и.т.

Subscribe to Мақолаҳо