Skip to main content

АСОСӢ

  • МАСОҲАТИ ПИРЯХИ ФЕДЧЕНКО БО ТАМОМИ ШОХАҲОЯШ 681,7 КМ2 ВА ДАРОЗИИ ОН 77 КМ МЕБОШАД.
    ҚУЛЛАИ БОЛОИИ ШОХОБИ ПИРЯХ БА БАЛАНДИИ 6280 М МЕРАСАД ВА ҚИСМИ ЗАБОНАИ ПИРЯХ ДАР
    БАЛАНДИИ 2910 М АЗ САТҲИ БАҲР ҚАРОР ДОРАД. ҒАФСИИ ПИРЯХ ДАР БАЪЗЕ ҶОЙҲО АЗ 800 ТО 1000
    МЕТРРО ТАШКИЛ ДОДА ВА ҲАҶМИ ОН ТАҚРИБАН 130 КМ2 – РО ТАШКИЛ МЕДИҲАД.
  • Соли 1933. Моҳи январи соли 1933 Пойгоҳи Академияи илмҳои
    Иттиҳоди Шӯравӣ дар Тоҷикистон таъсис ёфт ва директори нахустини он
    академик С.Ф.Олденбург (1868-1935) таъйин шуд. Пойгоҳ бахшҳои геология, ботаника,
    зоологияву паразитология, хокшиносӣ, илмҳои гуманитариро дар бар мегирифт.
  • МИНЁТУРИ НУСХАИ “ШОҲНОМА”-И АБУЛҚОСИМ ФИРДАВСӢ
    ДАР МАРКАЗИ МЕРОСИ ХАТТИИ НАЗДИ РАЁСАТИ АМИТ, №5955
    “САҲНАИ ГИРИФТОР ШУДАНИ ХОҚОН БА ДАСТИ РУСТАМ”
  • ТЕЛЕСКОПИ ТСЕЙС-1000-И РАСАДХОНАИ
    АСТРОНОМИИ БАЙНАЛМИЛАЛЛИИ
    САНГЛОХИ ИНСТИТУТИ АСТРОФИЗИКАИ АМИТ
  • БАБРИ БАРФӢ (PANTHERA UNCIA (SCHREBER, 1775)) БА ҚАТОРИ
    ДАРАНДАГОН (CARNIVORA), ОИЛАИ ГУРБАШАКЛОН (FELIDAE)
    МАНСУБ БУДА, ЗЕРИ ТАҲДИДИ МАҲВШАВӢ ҚАРОР ДОРАД. ДАР
    ҲУДУДИ 20 ҚАТОРКӮҲ – ТУРКИСТОН, ЗАРАФШОН, ҲИСОР,
    ҚАРОТЕГИН, ҲАЗРАТИ ШОҲ, ВАХШ, ДАРВОЗ, АКАДЕМИЯИ МИЛЛИИ
    ИЛМҲО, ПЁТРИ I, ВАНҶ, ЯЗГУЛОМ, РӮШОН, ШОҲДАРА, ПШАРТ,
    МУЗКӮЛ, САРИКӮЛ, АЛИЧУРИ ҶАНУБӢ, АЛИЧУРИ ШИМОЛӢ, ВАХОН,
    ПАСИ ОЛОЙ ПАҲН ШУДААСТ. МАСОҲАТИ УМУМИИ ПАҲНШАВИИ
    НАМУД ДАР ТОҶИКИСТОН ТАҚРИБАН 85,700 КМ2 (ТАҚРИБАН 2.8%
    ҲУДУДИ ПАҲНШАВИИ НАМУДРО ДАР МИҚЁСИ ОЛАМ) ТАШКИЛ МЕДИҲАД.
  • САРАЗМ ЯКЕ АЗ НОДИРТАРИН ЁДГОРИҲОИ БОСТОНШИНОСИСТ, КИ ХАРОБАҲОИ ОН ДАР
    15-КИЛОМЕТРИИ ҒАРБИ ПАНҶАКЕНТ ВА 45-КИЛОМЕТРИИ ШАРҚИ САМАРҚАНД КАШФ
    ШУДААСТ. ИН МАВЗЕЪРО ТИРАМОҲИ СОЛИ 1976 БОСТОНШИНОС АБДУЛЛОҶОН ИСҲОҚОВ
    КАШФ КАРДА БУД ВА СОЛҲОИ ЗИЁД ТАҲТИ РОҲБАРИИ Ӯ МАВРИДИ ОМӮЗИШ ҚАРОР ГИРИФТААСТ.
  • РАВАНДИ КОРИ АВВАЛИН ЛАБОРАТОРИЯИ POLLYXT “ЛИДАР” ДАР ОСИЁИ МИЁНА,
    ДАР ОЗМОИШГОҲИ ИНСТИТУТИ ФИЗИКАЮ ТЕХНИКАИ БА НОМИ С. У. УМАРОВИ
    АКАДЕМИЯИ МИЛЛИИ ИЛМҲОИ ТОҶИКИСТОН

ҚАҲРАМОНОНИ ТОҶИКИСТОН

Садриддин Айнӣ

 

    Адиб, олим ва асосгузори адабиёти муосири тоҷик. Аввалин Президенти Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон. Муаллифи асарҳои «Таърихи амирони манғитияи Бухоро», «Таърихи инқилоби фикрӣ дар Бухоро», «Намунаи адабиёти тоҷик», «Дохунда»,...Муфассал

(1878 – 1954)
Бобоҷон Ғафуров

Олим, академики Академияи Илмҳои ИҶШС, арбоби ҳизбӣ ва давлатӣ, муаллифи китоби оламшумули «Тоҷикон» ва зиёда аз 300 асару мақолаҳо. Солҳои 1944-1946 котиби дуюм, с.1946-1956 котиби якуми КМ Ҳизби комунистии Тоҷикистон, 1956 – 1977 сарвари...Муфассал

(1909 – 1977)
Мирзо Турсунзода

Шоири халқӣ, раиси Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон, Қаҳрамони меҳнати сотсиалистӣ, Раиси Кумитаи якдилии халқҳои Осиё ва Африқо. Барои достонҳои «Қиссаи Ҳиндустон»(1948), «Ҳасани аробакаш», «Чароғи абадӣ», «Садои Осиё»,(1960) «Ҷони ширин»...Муфассал

(1911-1977)
Эмомалӣ Раҳмон

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон. 19 ноябри соли 1992 дар иҷлосияи XVI Шўрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон раиси Шўрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, 6 ноябри соли 1994 бори аввал, солҳои 1999, 2006 ва 2013 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб гардидаст...Муфассал

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
Нусратулло Махсум

Нусратулло Махсум (Лутфуллоев) ходими давлатӣ ва ҳизбӣ. Солҳои 1924-1926 раиси Кумитаи инқилобии ҶМШС Тоҷикистон, солҳои 1926-1933 раиси Кумитаи Иҷроияи Марказии ҶШС Тоҷикистон. Бо фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 27 июни соли 2006....Муфассал

(1881 – 1937)
Шириншоҳ Шоҳтемур

Ходими давлатӣ ва ҳизбӣ. Солҳои 1929-1931 котиби Ҳизби коммунистии ҶШС Тоҷикистон, солҳои 1933-1937 Раиси Кумитаи Иҷроияи Марказии ҶШС Тоҷикистон. Бо фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 27 июни соли 2006 ба фарзанди барӯманди халқи тоҷик....Муфассал

(1899 – 1937)

Китобҳои тозанашр

Мақолаҳои илмӣ-оммавӣ

Ба хонанда адиберо муаррифӣ намуданием, ки бо офаридаҳои килки сеҳрангезаш камтар ва ҳатто шояд ошноие надошта бошад. Ин суханвар на танҳо эҷодкор, ҳамчунон муҳаққиқ ва мутарҷими баркамол аст бо исми Ҳаддоди Одил аз ҳамзабонони бурунмарзӣ.

Ҷойи арздошт аст, ки Ғуломалӣ  Ҳаддоди Одил муттавалиди шаҳри Теҳрон (1324/1946) буда, таҳсилоти дабиристонии худро дар риштаи риёзӣ, таҳсилоти донишгоҳии худро дар риштаи физика (коршиноси расидаву бузург) ва фалсафаи Ғарб (коршиноси аршад ва докторӣ) ба поён расонидааст. Мавсуф як сол донишҷӯйи улуми иҷтимоӣ низ будааст. Ҳаддоди Одил аз наврасӣ таҳти таъсири падар ва ҷадди модарии худ ба шеъру адаб алоқаманд гардида,  ҳамин дилбастагӣ ӯро ба мутолиа ва унс бо осори назму насри адибону  нависандагони дирӯзу  имрӯзи форситаборон ва хориҷ аз он  тарғиб менамояд. Аввалин нигоштаҳои ин адибу муҳаққиқ ва мутарҷим дар кутубу маҷаллаҳо мунташир шудаанд, ки дар миёни онҳо даҳҳо мақола доир ба забону адаби форситаборон ва шоирону нависандагони бузургу машҳури қадиму ҷадид ихтисос дорад, ки аз миёни онҳо метавон ба тарҷумаи «Қуръони карим» ва тарҷумаи китоби «Тамҳидот»-и Имониюл Кант ишора намуд. Гузидае аз мактуботи Мавлоно Ҷалолуддини Балхии Румӣ низ таҳти унвони «Аҳволи дили гудохта» бо саъй ва кӯшиши ӯ мунташир шудааст. Ҳаддоди Одил солҳост, ки бо иродат ба дарси гуфторҳое ба шарҳи «Маснавӣ»-и Мавлавӣ ба шогирдон ва ниёзмандон иштиғол дорад. Муаллифи ин сатрҳо шарафёб гардида, ки рӯ ба рӯ дар ду дарси «Маснавӣ» - хонии Ҳаддоди Одил ширкат ва аз он истифода намояд.

Ҳаддоди Одил аз оғози таъсиси Фарҳангистони забон ва  адаби форсӣ (1369/1991 ) узви пайвастаи ин махзани дониш асту дар айни замон раисии ин фарҳангистонро бар уҳда дорад.

Дар ин мақола тамоми паҳлуҳои адабию илмию фарҳангии Ҳаддоди Одилро фаро гирифтан муҳол аст. Аз ин рӯ, тасмим гирифта шуд, ки ин ҷо ҳатталимкон аз ҳунари шоирии   ӯ сухан равад ва дарёфту бардоштҳои худро доир ба шеъри ин адиб, зимни маҷмуаи ашъораш «Ҳанӯз ҳам…», ки китоби нахустини шеърҳои ӯст, иброз дорем. Шоири мутафаккир доир ба шеъргӯйии худ дар муқаддимаи маҷмуаи «Ҳанӯз ҳам…» чунин навиштае дорад, ки иқтибосаш, барои ҳар чӣ бештар ба хонанда муаррифӣ намудани шахси адиб, бамаврид дониста мешавад: « Он чӣ  дар ин дафтар омада, ба истиснои чанд шеъри қадимӣ, умуман шеърҳоеанд, ки пас аз инқилоб суруда шудаанд. Ман аз даврони дабистон, дар авохири даҳаи сӣ ва авоили даҳаи чиҳил, ба қавли Мавлоно «кӯру кабуд», шеърҳое мегуфтам, аммо пас аз он солҳо ба нудрат чизе сурудаам. Иттифоқе, ки боис шуд, то дубора бо ҳолу ҳавое дигар ба шеър гуфтан бозгардам, шаҳодати бародарам Маҷид буд.  Таъсири  ин иттифоқ дар ман шабеҳи таъсири баъзе заминларзаҳои сахт буд, ки сабаби пайдо шудани чашмаҳои ҷадиде дар замин мешаванд. Шеърҳое, ки дар ин дафтар омада, умдатан шеърҳоест, ки з-он пас сурудаам» (с.11).

Пас, ин ашъор, ки дар маҷмуаи «Ҳанӯз ҳам…» ҷамъ омадааст, ба кадом навъҳои бадеӣ мансуб буда, бо кадом завқу солиқа ва сабку услуб нигошта шудаанд, ки ҷозибаашон вуҷуди нигорандаи мақоларо ба худ кашидаанд!   

Маҷмуаи «Ҳанӯз ҳам…» аз фаслҳои тамҳидия, ғазалҳо, баҳориҳо борониҳо, дӯстонаҳо, шӯхтабъиҳо, қасидаҳо, қитъаҳо, рубоиҳо ва тарҷумаҳо иборат буда, дар он ашъори ғиноии шоир ҷамъ оварда шудаанд ва  аз як адад тамҳидия дар қофиябандии  ғазал,  64 адад ғазал, 8 адад баҳория, ки дар шакли шеърии ғазал суруда шудаанд, 4 адад боронӣ,  ки дар навъҳои бапдеии   ғазалу қитъа рӯйи коғаз омадаанд, 3 адад шӯхтабъияҳо, ки ғазалгунаанд, 2 адад қасида,  8 адад қитъа, 7 адад рубоӣ ва 19 қитъашеърҳои хурд-хурди тарҷумашуда фароҳам омадааст.

Пеш аз он ки қадри имкон ба дарунмояи ин ашъор пардозем, бояд гуфт, ки ба ҳамаи шеърҳое, ки дар ин китоб ҷой доранд, муаллиф номгузорӣ намудааст, ҳам ба ғазал, ҳам ба қитъа, ҳам ба рубоӣ ва ҳам ба… Дар абёти аз арабӣ тарҷумашуда бошад, мутарҷим нахуст матни аслро дода, сипас дар зери мутуни арабӣ шевову равон тарҷумаи форсиашро овардааст.

Маҷмуаи «Ҳанӯз ҳам…» бо тамҳиди иборат аз 9 байт ҳусни оғоз гирифта, аз дунболи он фасли ғазалҳо ҷой дорад. Ғазалиёти Ҳаддоди Одил бо хусусияти мундариҷаию сохторӣ аз тозагиҳои  чашмрас иборат буда, мазмунбаёнӣ ва ҷузъинигорӣ, ки аз падидаҳои ҷустуҷӯҳои бадеии шоир аст, иборат ва ҷойгоҳу мавқеи вижаи ғазалро дар офаридаҳои ӯ муайяну мушаххас сохтааст. Мавсуф дар ҳамаи ғазалиёти худ нигориши мавзуъро мавзуну шуниданӣ ва содаву гӯшнавоз пеш гирифта, бад-ин васила эҳсосоту авотифи инсониро ба риштаи нозуки абрешими тасвир кашидааст.        

Вақте ин ҷо сухан дар бораи ғазал, бахусус ғазал дар Эрон меравад, иқтибоси ин андешаи адиби тоҷик Аскар Ҳаким роҷеъ ба навъи бадеии ғазал бамаврид дониста мешавад, ки навишта буд: «… дар Эрон, дар кишвари шеъру сухан ғазал маҳбубият ва рушду нумуъ дорад, ҳол он ки баҳсҳо дар атрофи сар омадани умри ғазал ҳам кам нестанд ва безамина ҳам намебошанд». Қабули хотири хонанда дар диёр во доштааст, ки Ҳаддоди Одил бештар ғазалсароӣ кунад.

Вақте  дунболи ғазалҳои Ҳаддоди Одил меравем, мебинем, ки дар ғазалҳои ӯ суннатгароӣ аслан дар сохтори онҳо ба мушоҳида мерасад, ки ин ба вазну қавофӣ ва бештар маврид кор гирифтан аз радиф биборат мебошад. Дар навбати худ ин суннатгароӣ маънои онро надорад, ки Ҳаддоди Одил ҳамчун шоири ғазалсаро побанди вазну қофия ва радифҳои ғазалсароёни пешини форсигӯй аст. Вай дар ғазалҳои зиёдаш аз сохтори ғазалҳои устодон паҳрезу гурез дорад ва пеш аз ҳама, дар гуфтани ғазал кӯшиш менамояд, ки навпардозии худро дар алоқамандӣ бо муҳтавои зебои дарёфтааш эҳдо ба хонанда намояд. Борои тақвияти андеша аз ғазали «Ҳанӯз ҳам…», ки номи маҷмӯа аз номи ин ғазал гирифта шудааст, чанд байтро бо ҳам қироат менамоем:

 

Бо ман ба ханда гуфт, ки боре, ҳанӯз ҳам?!

Гирён ҷавоб додамаш: - Оре, ҳанӯз ҳам!

Оре, агар ту номи ман аз ёд бурдаӣ,

Аз дил нарафта ёди ту боре ҳанӯз ҳам !

Шавқи ҳазор ғунчаи нашкуфта бо ман аст,

То бишкуфад ба боғу баҳоре, ҳанӯз ҳам!...

Одил, сабур бош, ки дар ин ҷаҳон касе,

Як гул начид бе ғами хоре ҳанӯз ҳам!

 

Дар ин матн «Ҳанӯз ҳам» дар баробари радифи ғазал шуда омадан бори маъонии зиёдеро, вобаста ба муҳтавои он, бар дӯш дораду ҷозибаангез ва хотирмон аст. Радифи «Ҳанӯз ҳам», ба андешаи мо, ёфтаву бофтаи худи шоир ва тавъам бо навгонист дар олами ғазал. 

Ғазали «Зеботар аз ҳамеша» низ дар ҳамин ҳадду дар ҳамин пояи ғазалсароӣ суруда шудааст:

 

Дидам туро, ки будӣ зеботар аз ҳамеша,

Дидӣ маро, ки будам шайдотар аз ҳамеша.

Лабханди дилнавозат, гуфтори дилфиребат,

Ширинтар аз ҳамеша, шевотар аз ҳамеша.

 Он ҷо, ки хубрӯён бар садр менишинанд

Боз ой, то нишинӣ болотар аз ҳамеша…

 

Шоир дар ин ғазал тавсифи симои зебосанамеро, ки дӯсташ дорад, рӯйи коғаз кашидаву ба муштариёни ғазалаш намуданист ва ин зебоиро радифи «аз ҳамеша» бо истифодаи сифати қиёсӣ зеботар ҷилва намудааст.

Дар ғазалҳои «Ту барги гулӣ», «Ай забони форсӣ», «Дар хештан шукуфтан»,  «Дигар чӣ мехоҳӣ», «Сафои гумшуда»… қавофию радиф аз дарёфтҳои зебои Ҳаддоди Одил буда, ғазалро ширину намакин сохтаанд. Ва дар заминаи сохти ғазал пурсида мешавад, ки чаро шоири ғазалнавис ба ғазалҳояш, ва умуман ба ашъори ғаноияш, номгузорӣ менамояд? Аз дарёфти мо ба ин суол посух он бошад, ки ҳар кадом ашъори ғаноии шоир, ки дар ин маҷмуа гирд омадаанд, дар фардият як мавзӯи томро, вобаста ба мавзӯву муҳтавои худ, фаро гирифтаанд. Дар ин даста ғазалҳо аз байти матлаъ то байти мақтаъ ҳар байт муҳтавои байти дигареро тақвият медиҳад, оғози андеша, ки дар байти аввал матлаъ шудааст, дар  байти охир хулоса ва ҷамъбаст мегардад. Агар ба таври дигар гӯем, андешаҳои отифии шахси шоир дар як ғазал ба ҳам печида, пешорӯйи мо як тасвири пурраи диданӣ ва дарккарданиро ҷилвагар месозад. Ба ғазали «Ёди ӯ» мутаваҷҷеҳ мешавем:

 

Ёди ӯ шаб то саҳар бедор медорад маро,

То саҳар бо дидаи хунбор медорад маро.

Ҳар касе дар зиндагонӣ бо хаёле дилхуш аст,

Ишқ хушдил аз хаёли ёр медорад маро.

Кофия андешам, аммо нозанин дилдори ман

Сархуш аз андешаи дидор медорад маро.

То магар пой аз гилеми хеш нагзорам бурун

Ёр гирди хеш чун паргор медорад маро.

Моҳ агар дар Осмон маҳрум мемонад зи Меҳр,

Моҳи ман аз меҳр бархурдор медорад маро.

Гарчи пири солу моҳам, лек ишқи куҳнакор

Бо ҳама афсурдагӣ дар кор медорад маро.

Дар миёни оташам, аммо хушам, зеро ки ишқ

Бегазанд аз озару озор медорад маро.

Гарчи хомӯшӣ хирадмандист, аммо ошиқӣ

Гоҳ-гоҳе дар сари гуфтор медорад маро !

 

Нахуст чунин менамояд, ки дар ин ғазал ҳам аз диди сохт ва ҳам аз нигоҳи муҳтаво ҳеҷ як навгоние нест.  Ҳамон вазну ҳамон қавофӣ ва ҳамон радиф, ки пешиниёни ғазалсаро гуфта гузаштаанд. Ҳамон мавзӯи ҷовидонаи ишқ ва ошиқро ба сӯйи маъшуқа ҳидоят карданҳову дар гирди ёр печониданҳои ошиқ. Таъбиру иборот ҳам ҳамон аст, ки гӯё аз навъи адабии ғазали беш аз ҳазорсолаи адабиёти форситаборон вом гирифта шудаанд, монанди «ёди ӯ», «шаб то саҳар», «дидаи хунбор», «хаёли ёр» , «нозанин дилдор», «андешаи дидор» , «гилеми хеш», «моҳи ман», «ишқи куҳанкор», «миёни оташ», «озару озор», «ошиқӣ», «сари гуфтор» ва ғ. Чун ба саҳни умумии тасвиркардаи шоир амиқ менигарем,  дармеёбем,  ки он чи дар муҳтавои ғазал оғозу анҷом ёфтаву натиҷагирӣ шудааст, ба ҷуз гуфтори шахси эҷодкор моли дигаре нест, ки бо диди тоза, софу мубарро ва сифр ошиқона баён ёфтааст. Аз мавзӯи ҷовидонаи ишқ бардошти нав ҷустану дарёфтан ва ба тасвир кашидан магар барои эҷодкор осон аст, ки Ҳаддоди Одил гуфтааст:

 

Ба занҷири муҳаббат бастаӣ пойи нигоҳамро,

Мабодо гум кунам дар кӯчаи тардид роҳамро.  

Ту боронӣ, ки бар хоки кавири ташна меборӣ,

Ту маҳтобӣ, ки равшан мекунӣ шоми сиёҳамро…

 

          Ғазалҳои Ҳаддоди Одил асосан ҷанбаи муҳками заминӣ ва реша бар хоку оби Замин доранду пешорӯйи хонанда аз ҳамнавъон ва бурду бохти эшон ҳикояти ширин, хотирмон ва гоҳе муассир мекунанд. Чеҳраҳои ғиноии эҷодкор дар ин ғазалҳо бедоранду бекор на.

          Дар тасвири Ҳаддоди Одил ҷавонӣ ҳарчанд худхоҳию ғурур дорад, боз ҳам бар дӯш бори фардои зиндагиро бо ҳама буду набудаш мекашад (Инак мусофирони ҷавоне, ки мебаранд, - Бори гарону тӯшаи фардо ба шонаҳо), то ҷовидонагии зиндагониро таъмин карда тавонад. Вале вақте шоир шахси симои  ғиноиро меофарад, пеш аз ҳама таъкид бар он дорад, ки ҳар фард бояд ҳамин дамро ғанимат донад (Аз рӯзҳои рафта ба ҳасрат сухан магӯ, - Дамро азиз дор, ки ин дам ғанимат аст), зеро гузашта бо ҳама бурду бохтҳояш гузаштааст. Дар байтҳои  дар қафсайн иқтибосшуда, навгонии андак бошад ҳам, ширинбаёнӣ онҳоро ва он ғазалҳои пурраро хонданию шуниданӣ намудааст. 

          Шоир дар гуфтани ғазал баёни содаву равон дорад. Суханонаш чун оби равони чашмасор гӯшнавозу нӯшиданӣ бо тасвирҳои диданӣ ва  маълум ҳам мешавад, ки ҳар кадоме гӯё хеле осон рӯйи саҳфа рехтаанд. Мисоле аз  ғазали «Алқисса…»

 

                              Ай гул, гули бӯстони ман бош,

Ай моҳ, дар осмони ман бош!

Ай хандаи дилнишину ширин,

Рӯзе ду-се бар лабони ман бош!

Мо як рӯҳему дар ду пайкар,

Ман ҷони туам, ту ҷони ман бош!

Гуфтӣ, ки аз они кистӣ ту?

Ман з-они туам, ту з-они ман бош!       

Чун ёр дар ин ҷаҳон ту будӣ,

Пас ёр дар он ҷаҳони ман бош!

Рӯзе, ки зи ман нишон намонад,

Ҳар ҷо будӣ, нишони ман бош!

Ман бе ту ҳикояте надорам,

Алқисса ту достони ман бош!   

 

          Дар ғазали фавқ ошиқ хеле фаъол аст ва ҳар суханаш ба ҷониби маъшуқа даъватномаанд, ки ин дар калимаҳои бори қофияро кашанда (бӯстон, осмон, лабон, ҷаҳон, нишон, достон ва ғ.) ва радифи «ман бош»-и он равшан ба мушоҳида мерасад. Ягонагии муҳтавои ғазал даст дода, ки шоир ба он исм гузораду аз оғоз то анҷом ҳадафмандона як мавзӯъро  пайгириву матраҳ намояд.

Дар баробари вуқуъгароӣ сурудаҳои  ошиқонаи Ҳаддоди Одил дар ҳикояти ишқ зимни ғазалҳои «Ёди ӯ», «Ба занҷири муҳаббат», «Ғанимат аст», «Чу нури маҳ», «Фироқ», «Чиҳо нахоҳам кард», «Лаб ва лабханд», «Баҳори дили ман» ва… гоҳе орифона садо медиҳанду ба гӯшҳо оҳанги ошиқи Офаридгорро мерасонанд:

Ниқоб аз сеҳра як сӯ кун, ки ман хуршед мехоҳам,

Табассум кун, ки ман ёқуту марворид мехоҳам.

Диламро беш аз ин машкан, сукути хешро бишкан,

Нигоҳе, хандае, нозе, ки ман уммед мехоҳам…

Надорам қиблае ҷуз рӯйи нерӯи ту дар олам,

Худоӣ кун, Худоӣ кун, ки ман тавҳид мехоҳам!

 

Мавсуф дар навъи ғазали суннатии адабиётамон бо пайроҳаҳои ошнои пешиниён, ғазалсароёни мозӣ, монанди Шайх Саъдӣ, Мавлонои Балх, Хоҷа Ҳофиз, Бадриддин Ҳилолӣ, Муҳаммад Иқбол ва… гом бардошта, бештар маврид муваффақ ҳам шудааст. Яъне, ӯ тавонистааст  бо бо тозабаёниҳо ва истифода аз сувари хаёл ба навъи бадеии ғазал умри тоза бахшаду дар адабиётамон баробари ғазалсароёни ҳамзамонаш бардавомии умри онро таъмин намояд.

«Баҳориҳо» ва «Борониҳо»-и Ҳаддоди Одил низ дар ҷомаи навъи ғазал суруда шуда, дар ҳар кадоми онҳо мавзӯю муҳтавои ғазал мушаххастар гардидаанду манзараҳои тасвиршаванда диданитар. Ва худи шоир ҳам аз ин ҳама «дида мафтун шуд» гӯён садо баланд мекунад, ҳамаро ба тамошои баҳори тозарасида даъват  менамояд ва таъкид месозад, ки бо омадани баҳор:

 

Касе, ки фасли зимистон намесуруд ғазал,

Баҳор омаду таъбаш дубора мавзун шуд.

 

Дилфиребии баҳор дар манзараи ғазали «Хандаи гулфурӯш» ҳамроҳ бо ҳунари суханпардозии шахси шоир ва лаҳни гуфтору ба ҳам бастани вожаву ибораҳое, ки ба ин фасли муъҷизаофар  иртибот доранд, ҷозибанок ифода ёфтааст:

 

Садои пойи кӣ аз кӯчаҳо ба гӯш омад,

Ки боз ханда ба лабҳои гулфурӯш омад

Садои пойи кӣ омад, ки боз Ҳофиз гуфт:

- «Ки мавсими тарабу айшу нозу нӯш омад»!....

Дилам шукуфт зи шодӣ, дилам баҳорӣ шуд,

Диле, ки фасли зимистон зи ғам хамӯш омад.

 

Ва дар баҳор:

 

                              Зи ҳамнишинии гул хор қадру шавкат ёфт,

                              Зи ёр ҳар кӣ ҷудо монд, хор меояд!

 

          Дар боби «Борониҳо»-и шоир шеърҳои «Солҳои дур аз борон», «Намеборад», «Дуои борон» ва «Борон» ҷамъ омадаанд. Ҳаддоди Одил дар ин борониҳои худ чиҳо мегӯяд? Бояд гуфт, ки дар ин ашъор ҳарфҳои боронии суханвар бо тасвиру хоҳишҳои гангоранг иброз ёфтаанд. Борон пеш аз ҳама, дар нигоҳи шахси шоир покизакору ташнагишикан аст. Ҳамин борон аст, ки аксар дар баҳорон борида, гулу гиёҳ, сабзаҷоти наврустаро бо ашкҳои ҷонбахши худ ҷони нав мебахшад, киштҳоро шодоб месозад. Агар борон нест лабташнагӣ дар замину наботот, дар дашту саҳро, дар вуҷуди инсонҳо зуд ва равшан эҳсос мешавад. Шахси ғиноии Ҳаддоди Одил дар ин даста ашъор сифатҳои боронро мекунад, бо борон суҳбат дорад, боронро дӯсти ҳамешагии замин мехонад, ҳарфи  дили худро барояш мекушояд, дар зарурат бориданашро таманно дорад, шиква аз абрҳои даргузари беборон менамояд, ки умедворонро навмед месозад ва ғ. Аз ин рӯ абри беборон:

 

                              Намешӯяд ғубор аз чеҳраи гул қатрабороне,

                              Намебӯсад рухи гулро саҳаргаҳ шабнами борон.

 

          Дар ин байт як тасвири зебои ёфтаву сохтаи Ҳаддоди Одил аст, ки дар сурудаи пешиниёну муосирони суханварамон душвор аст, ки дарёфт. Ин тасвир оид аст ба рухи гулро саҳаргоҳ набӯсидани шабнами борон . Агар ба сурати байт таваҷҷуҳ равад, гӯё ҳеч навгоние дар он нест, калимаву таркибу ибораҳо ҳамонҳоеанд, ки ҳатто забонзадаанд. Вале вақте ба дарунмояи мисраи дувум мутаваҷҷеҳ мешавем, ба худ суол медиҳем, ин чаро дар саҳаргоҳ шабнам рухи гулро набӯсидаасту лабҳои гул хушку парсинзадаанд?  Диди  эҷодкорон аст, ки агар осмон абрӣ асту боридан надорад, шабнам ҳам нест. Шабнам вақте ба рӯйи гул мерезад, ки осмони субҳгоҳӣ софу муббарост ва шабнамро ашки ситора низ гӯянд. Чун абрҳои беборон чеҳраи ахтаронро пӯшидаанд, ашки онҳо ба рӯйи абрҳои беборон мерезанду то ба рӯйи гулҳо наменишинанд. Чунин ҳолатро дарёфтану онро ба риштаи тасвир кашидан магар бозёфти шоирона нест! Ва шоир аз гузаштаи шодоби боронҳо будани худ поёнтар аз байти фавқ ин тавр ёд мекунад:

 

                              Куҷо аз хотири ман меравад шабҳои боронӣ,

Ки борон ҳамдами ман мешуду ман ҳамдами борон.  

 

Ҳаддоди Одил чеҳраи Юсуфи Мисру ҳафт соли қаҳтиро дар шеъри «Дуои борон» зайлан талмеҳ намуда овардааст ва чӣ талмеҳи хубе, ки лаҳзае хонандаро ба андеша во медорад:

 

Борон, биё, ки қаҳтии мо ҳафтсола шуд,

Бишкан тилисми ташнагии ногувори ман.

 

Дар «Дӯстонаҳо»-и шоир муҳаббатномаҳои хонаводагии ӯ дар қолабҳои қитъаву ғазалгуна рехта шудаанд, ки онҳо ба фарзандон, модар, ҳамсар ва баъзе наздикон эҳдо гардидаанд. Мавсуф дар ин даста сурудаҳои худ кӯшида, ки  нисбат ба азизони дилаш бо меҳр ҳарф занад ва ҳозир аст барояшон хизматгузори ҳамешагӣ бошад. Дар шеъри «Ҳамсафар», ки симои ғиноии шоир ба ҳамсараш бахшида шудааст, ин абёти равону рангинро мехонем:

 

                    Маро ба хона чароғест аз қамар беҳтар,

                    Аз он чароғ шабе дорам аз саҳар беҳтар.

                    Ба боғи сабзи муҳаббат санавбаре дорам,

                    Ба сояву самар аз сарви Кошмар беҳтар.

                    Зи меваҳои биҳиштӣ пур аст домонаш,

                    Писар зи духтару духтар худ аз писар беҳтар.

                    Дусад ҳунар зи сарангушти нозанин дорад,

Ҳазор ҳусни дигар дорад аз ҳунар беҳтар…

Мабош дар пайи симу зари ҷаҳон, Одил,

Ки гавҳаре, ки ту дорӣ, зи симу зар беҳтар!

 

Суханварон дар бораи модар, бузургии модар, отифати ӯ, ҳаётофарии модар, ҷовидонии модар ва… зиёд гуфта бошанд ҳам, ин мавзӯъ дар шеър чун зиндагии бардавом куҳна нахоҳад шуд. Ҳаддоди Одил низ яке аз ҳазорҳост, ки модари худро аз баъди Худованд дӯст медорад, ӯро дар ҷилои чеҳраи модарони дигар ягонаву мумтоз мешуморад ва ин симои меҳрпарвару муҳаббатсолорро ошиқона рӯйи коғаз мекашад:

 

Ай модари меҳрпарвари ман,

Ай бо дилу ҷон баробари ман.

Ай меҳри сипеҳри меҳрубонӣ,

Ай моҳи баландахтари ман.

Ай чашмаи рӯшани муҳаббат,

Ойинаи нургустари ман…

Уммед, ки сояи ту ҳаргиз

Кӯтоҳ нагардад аз сари ман.

Пурсанд агар, ки шерзан кист?

Ин аст каломи охири ман:

Гӯям, ки якесту он яке низ

Кас нест, ба ғайри модари ман!

 

Шӯхтабъиҳои Ҳаддоди Одил маншаи нозуки ҳаётӣ доранд. Масалан, шоир шеъри «Касри кор»-ро дар посух ба баъзе аз ҳамкоронаш дар «Бунёди доиратулмаорифи исломӣ» суруда, ки ба забоне бо шеър аз шикасти  ҳуқуқи худ ба иллати нуқсони   корашон гила карда будаанд. Ва ё шеъри дигари ҳаҷвии ӯ «Найшакар» дар мавриде эҷод шуда, ки шоир дар поварақи китоб ин шарҳро овардааст: «Дар сафар ба Ҳинд бо дӯстам дуктур Муҳаммадҳусайни Карим аз шаҳре ба шаҳри дигар сафар мекардем ва ӯ бо таъриф аз таъми ширини оби найшакар ваъдаи онро медод». Аз муҳтавои шеър ва ҳусни анҷоми он бармеояд, ки ваъдаҳои дуктур зиёд бошад ҳам, вале сафари онҳо анҷом меёбаду аз оби найшакар бӯйе нест:

 

Дӯстдори найшакар будам ба уммеди висол,

Аз фироқи найшакар гаштам адӯи найшакар.

Ваъдаи тавхолии бисёр додӣ, ай Карим,

Ё вафо кун, ё раҳо кун гуфтугӯи найшакар.

Ҳафт шаҳри Ҳиндро Ҳаддоди Одил гашту гашт

Ҳамчуноне, борик андар ҷустуҷӯи найшакар!

 

Аз шеърҳои силсила «Меҳмони Хушрӯ» низ ҳаҷвияест омехта бо танз, ки алҳақ хонданиву ба хотир гирифтанист.

Дар маҷмӯа қасидаҳои «Узри тақсир» ва «Ғадрия»  бо оҳангҳои динӣ гуфта шуда, ҳолати рӯҳии эҷодкорро дар худ таҷассум  намудаанд.

Дар ниҳоди қитъаву рубоиҳое, ки  дар маҷмӯа ҷой доранд, бештар бо муҳтавои ҳикматомезу фалсафии суханвар сар мехӯрем. Ҳар кадоме аз онҳо моро ба як самти паҳлуҳои беадади зиндагӣ мебаранд. Ба қитъаи «Шикаст»-и шоир, ки тамсилист,  мутаваҷҷеҳ шавед:

 

Ба рӯде гуфт  мурдобе гилолуд,

Агар рухсат диҳӣ, дорам суоле:

-- Чаро ман тирарангу тирарӯзам,

Ту поку равшану софу зулолӣ?

Ҷавобе дод бас санҷидаву нағз,

Дар он ҳангомаи ошуфтаҳолӣ,

Бигуфто: - Роҳу расми ман гузашт аст,

Надорам аз касе дар дил малоле!

 

Дар ин рада ашъор рубоиёти Ҳадди Одил мавқеи вижа доранд. Бо он ки дар онҳо муҳтавои куҳанро  дармеёбем, боз ҳам навҷӯиву навгӯияш, андешаҳои инфиродии худро гуфта тавонистанаш офаридаҳояшро аз рубоисароёни мозиву муосир фарқ мекунонанд:

 

Як рӯзи дигар гузашту аз дастам рафт,

Як тири дигар ба ғафлат аз шастам рафт.

Як гоми дигар ба марг наздик шудам,

Бар нестам афзуда шуд, аз ҳастам рафт!

 

Шоир дар рубоии дигар ошиқонаву нағз мегӯяд:

 

Чун барги гул аст аз латофат баданат,

Атри гули ёс метаровад зи танат.

Чун ғунча агар лаб ба сухан боз кунӣ,

Гул мешукуфад ба ҷойи ҳарф аз даҳанат!

 

Намунаи дигар:

 

Эзид хати қомати туро рост кашид,

Мавзуну баланду бекаму кост кашид.

То бо дили мо ҳар он чӣ хоҳӣ бикунӣ,

Наққоши азал он чӣ дилаш хост, кашад!

 

Ҳаддоди Одил дар оғози фасли «Тарҷумаҳо» навиштааст: «Овардани мазмуни баъзе аз абёти арабӣ дар шеъри форсӣ аз дер боз маъмул будааст. Тайи солҳои   тӯлонӣ, гоҳе ман аз сари тафаннун чунин кардам ва маҷмуаи ин бозофаринӣ дар шеъри форсиро дар ин ҷо гирд овардаам, бе он ки дар ҳамаи маворид дар банди ёфтани номи шоири араб буда бошам» (с. 267).

Бояд гуфт, ки тарҷумаҳои эшон байтҳоеанд, ки аз лафзи арабӣ ба форсӣ чун ашъори дигари ғиноии ӯ соддаву равон ва аксар ҳикматомез рӯйи коғаз таровидаву рехтаанд ва бешак фарогири муҳтавои мутуни   асланд. Чунин абётро метавон гаштаву баргашта қироат намуду ба гӯши ҳуш гирифт. Чанд намуна:

 

Оқилонро ишорате кофист,

Ошиқонро ҳазор ишора кам аст.

                                        ***

Агар табибу муаллим зи худ биёзорӣ,

Ба дарду ҷаҳл бисозу бимон, сазоворӣ!

                                        ***

Гӯянд марг  сахт бувад аз барои мард,

Биллаҳ, фироқи ёр аз он сахттар бувад!

                                        ***

На ҳар чи мард таманно кунад, бад-он бирасад,

Хилофи хоҳиши киштӣ вазад ба дарё  бод!

ва монанди инҳо.

 

Тавре худи Ҳаддоди Одил ишора дорад, ӯ ягон-ягон шеър мегуфту ӯро ба ҷониби шеър марги нобаҳангоми  бародараш Маҷид такони ҷиддие додааст. Дар ин маҷмӯа шоир ба ин бародари шаҳидаш марсияи ҷонсӯзе иборат аз 17 байт дорад, ки дар он шахси эҷодкор муҳаббати худро бо ҳиссиёти ғамолуду сӯзу гудоз ва ёдҳои ширин пешини бо бародар  будан, сифати неки ӯ иброз дошта, бо ҳасрат мегӯяд:

 

Чӣ неъматест бародар, агар рафиқ бувад,

Маро бародару ҳамроҳу ёр будӣ ту!

 

Ҳаддодӣ Одил дар гуфтани шеър забони равони сода, сабки  рехтаи ба  худаш хос ва ҳусни баёни дур аз такаллумҳои ноҷо дорад. Вай бо истифода аз сувари хаёл ва бадеиёти рангин ба олами ҳаводис бо нигоҳи воқеъгароёна нигариста, кӯшида, ки дидаҳояшро  дар симои қаҳрамони ғиноӣ тавассути сухан равшан баён намояду ба дигарон низ устокорона намоёнида тавонад, ки аз ҳунарҳои бебаҳои шоирист. Ба як нигоҳ андеша, таассурот, мулоҳизаҳои фардии Ғуломалӣ Ҳаддоди  Одил ангезаҳои ҳиссии аниқу дақиқи ӯ дар ниҳоди каломи мавзун асту маншаи онҳо дар умқи ҳастии ҷовидона, зиндагии воқеву бардавом ва маънавиёти эҷодкор  реша давондаву сукунат дорад. Дар ин росто ҷанбаи ғиноии ашъори мавсуф афзалият дошта, дар ин замина эҷодкор андешаҳои иҷтимоӣ, ошиқона, ахлоқӣ ва хира-хира ирфонияшро бо сароҳат рӯйи коғаз меоварад. Билохира бояд хулоса кард, ки  маҷмуаи «Ҳанӯз ҳам…» эътибори шоирии муаллифашро тобону равшан ифода карда тавонистааст.

 

АЛИИ МУҲАММАДИИ ХУРОСОНӢ,мудири шуъбаи матншиносӣ, таҳқиқ ва нашри мероси хаттии назди Раёсати АМИТ, номзади илмҳои филологӣ

 

Чи гунае, ки ба мо маълум аст 15 январи соли ҷорӣ раисҷумҳури Эрон муҳтарам Масъуд Пизишкиён бо сафари давлатӣ ба Тоҷикистон ташриф меоранд ва дар ин бора ҳам дафтари матбуотии ВКХ-и Ҷумҳурии Исломии Эрон ва ҳам дафтари матбуотии ВКХ-и Тоҷикистон иттилоъ дода буданд ва он имрӯзҳо дар ҳолати амалӣ гардидан қарор дорад.

Тоҷикистон сиёсати хориҷии худро аз рӯйи сиёсати “дарҳои кушода” амалӣ мекунад, ки он имрӯзҳо ба сиёсати бисёрсамта табдил ёфтааст. Аз ин дидгоҳ, Ҷумҳурии Тоҷикистон манфиатдори равобит бо ҳамаи қудратҳои хостори ҳамкории мутақобилаи судманд Тоҷикистон мебошад. Эрон низ дар ин самт дар сиёсати хориҷии муосири Тоҷикистон ҷойгоҳи хоса дорад ва густариши ҳамкориҳо ба нафъи ҳарду кишвар аст.

Дар 10 соли охир Тоҷикистон ва Эрон марҳилаҳои хоси муносибатҳои дуҷонибаро паси сар кардаанд. Дар шароити имрӯза ниҳоят муҳим аст, ки муносибатҳои дуҷонибаю бисёрҷониба бо назардошти манфиатҳои миллии тарафҳо роҳандозӣ ва густариш ёбанд.

Сафари давлатии раисҷумҳури Эрон муҳтарам Масъуд Пизишкиён ба Тоҷикистон идомаи сафари қаблии раисҷумҳури марҳуми Ҷумҳурии исломии Эрон Сайид Иброҳими Раисӣ аст, чунки аз сафари Сайид Иброҳими Раисӣ ба Тоҷикистон дар равобити Тоҷикистону Эрон давраи нави муносибатҳо оғоз гардидааст ва он идома дорад.

Сайид Иброҳим Раисӣ - раисиҷумҳури марҳуми Ҷумҳурии Исломии Эрон зимни сафари худ ба Тоҷикистон дар Шурои муштараки соҳибкорони Тоҷикистону Эрон аз 08 ноябри соли 2023 чунин гуфта буд:

“Мумкин дигарон нахоҳанд иртиботи моро, муҳим нест, ки дигарон бихоҳанд ё нахоҳанд! Муҳим он аст, ки иртибототи мо ба нафъи ду миллат ва ду кишвар аст.

Муҳим ин нест, ки дигарон биписанданд ё написанданд, муҳим он аст, ки мо манофеи ду миллат ва ду кишварро мебинем.

Шояд бархе тавсеаи Тоҷикистонро написанданд, муҳим нест, аммо мо ба унвони Ҷумҳурии Исломии Эрон мӯътақидем пешрафти Тоҷикистон пешрафти мост, амнияти Тоҷикистон амнияти мост.

Бовари мо ин аст, ки ҳар гоме дар пешрафти кишвари Тоҷикистон бардошта мешавад иззати ҳамаи мост...”

Раисҷумҳури Эрон муҳтарам Масъуд Пизишкиён дар ин сафари давлатии худ ба Тоҷикистон, мумкин аст аз ин мавқеъ ҷонибдорӣ кунад ва ба равобити ду кишвар такони наве бахшад.

Бо назардошти рӯйдодҳои охири ҷаҳон ва тағйири меъмории геополитикӣ дар Шарқи Аврупо, дар Шарқи Наздик ва дар Ховари Миёнаву Осиёи Ҷанубӣ барои Тоҷикистон имкони мусоид барои тавсеаи робитаҳо бо қудратҳои ҷаҳонию минтақавӣ фароҳам овардааст. Аз ин дидгоҳ, пешбинӣ мешавад, ки зимни сафари Масъуд Пизишкиён ба Тоҷикистон саҳифаи нав дар ҳамкориҳои гуногунсоҳаи кишварҳо оғоз мегардад ва яке аз ҳадафҳои ин сафар ҳам дар ҳамин буда метавонад.

Чуноне, ки маълум аст Тоҷикистон ва Эрон дар солҳои охир робитаҳои худро дар самтҳои мухталиф тақвият бахшидаанд ва зарурати боз ҳам густариш додани онҳо вуҷуд дорад. Эҳтимол карда мешавад, ки зимни сафари Масъуд Пизишкиён ба Тоҷикистон созишномаҳои хосае баста шаванд, ки дурнамои ҳамкориҳои гуногунсоҳаи ду кишварро муайян хоҳанд кард.

Хотирнишон менамоем, ки Масъуд Пизишкиён моҳи июли соли 2024 раисҷумҳури Эрон интихоб шуда буд ва дар маросими савгандёдкунии ӯ Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ширкат доштанд ва дар баробари ин Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар номаи табрикотиашон ба унвони Раисҷумҳури Эрон муҳтарам Масъуд Пизишкиён ҷиҳати раисҷумҳури Эрон интихоб шуданашон барои боздид аз Душанбе даъват ба амал оварда буданд.

Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар вохӯриҳояшон бо раисҷумҳури Эрон муҳтарам Масъуд Пизишкиён аз рушду тавсеаи назарраси равобити дӯстиву бародарӣ ва ҳамкории мутақобилан судманд бо Эрон изҳори андеша менамуда ва ҳамеша таъкид кардаанд, ки Тоҷикистон омодааст минбаъд низ барои тақвияти ҳамкориҳояш бо Эрон тадбирҳои муштараки амалӣ андешад. Сафари расмии раисҷумҳури Эрон муҳтарам Масъуд Пизишкиён ба Тоҷикистон дар амал татбиқ намудани ин гуфтаҳост.

Зимни сафар дар назар аст, ки ҳарду ҷониб аз вазъи кунунии ҳамкории дуҷониба, аз ҷумла дар бахшҳои сиёсӣ, иқтисодӣ, тиҷорат, энергетика, саноат, ҳамлу нақл, кишоварзӣ ва тандурустӣ, илму маориф ва фарҳанг изҳори назар куананд.

Таҳкими ҳамкорӣ дар муборизаи муштарак бо таҳдиду хатарҳои муосир, аз ҷумла терроризму экстремизм, қочоқи маводи мухаддир, ҷиноятҳои созмонёфтаи фаромиллӣ ва киберӣ низ аз мавзӯъҳои муҳими ҳамкорӣ миёни Тоҷикистон ва Эрон дониста мешавад.

Рушди ҳамкориҳо дар ҳамаи самтҳо миёни ду кишвар муҳиманд, чун фоидаи зиёде ба ҷонибҳо меоранд. Ба андешаи коршиноси масоили сиёсӣ Шералӣ Ризоён, арзёбии муносибатҳои кунунии Тоҷикистон ва Эрон нишон медиҳад, ки таваҷҷуҳ ба чунин самтҳо аз аҳаммият холӣ нест:

Якум, дар самти ҳамкориҳои сиёсӣ. Боз ҳам густариш бахшидани ҳамкориҳои гуногунсоҳаи сиёсии дуҷониба ва бисёрҷониба муҳиманд. Имрӯзҳо фурсати муносиб барои ба сатҳи шарикии стратегӣ баровардани муносибатҳо ба вуҷуд омадаааст ва таҳияву имзои чунин санад ба манфиатҳои миллии ҳар ду кишвар хоҳад буд.

Дуюм, дар самти ҳамкориҳои иқтисодию тиҷорӣ. Эрон солҳои охир робитаҳои иқтисодию тиҷории худро бо кишварҳои Осиёи Марказӣ қавӣ кардааст. Ҷалби сармоягузории Эрон ба соҳаҳои ҳаётан муҳими иқтисоди Тоҷикистон низ бояд густариш ёбад, чун ин заминаи мусоидро барои рушди ҳамкориҳои дуҷониба ба вуҷуд меорад. Дар марҳилаи имрӯза таҳияи роҳкори (харитаи роҳ) ҳамкориҳои дуҷонибаи иқтисодию тиҷорӣ зарур аст ва дар заминаи чунин санад иштироки Эрон дар татбиқи барномаи рушди Тоҷикистон, ба вижа дар саноатикунонии кишвар аз манфиат холӣ нахоҳад буд.

Умуман ба андозаи панҷ маротиб афзоиш ёфтани табодули мол миёни Тоҷикистону Эрон, ки тайи солҳои ахир ба назар мерасад, бозгӯй аз иқтидори бузурги ҳамкориҳои иқтисодию тиҷоратии Тоҷикистону Эрон дониста мешавад.

Дар густариши равобити иқтисодиву тиҷоратии Тоҷикистону Эрон фаъолияти Комиссияи муштараки байниҳукуматӣ, Кумитаи муштараки сармоягузорӣ ва Шурои муштараки соҳибкорони Тоҷикистону Эрон муҳим дониста мешавад.

Сеюм, ҳамкориҳо дар самти нақлиётию транзитӣ. Кишварҳо аз тавонмандиҳои якдигар барои ҳамлу нақли молу маҳсулот васеъ истифода карда метавонанд. Ба вижа барои берун рафтани Тоҷикистон аз бунбасти коммуникатсионӣ истифодаи зарфиятҳои бандарҳои Эрон муҳим мебошад. Чунки бандарҳои Эрон дар ҳоли табдил ёфтан ба маркази бузурги логистикӣ қарор доранд ва баъзе кишварҳои Осиёи Марказӣ дар ин самт баъзе иқдомҳои амалиро рӯйи даст гирифта, ба бунёди зесохтори лозима оғоз кардаанд. Тоҷикистон низ аз имконот ва зарфиятҳои бандарҳои Эронро барои рушди тиҷорати берунаи худ бояд истифода кунад, чун ҷавобгӯ ба манфиатҳои дарозмуддати кишвар аст.

Чорум, ҳамкориҳо дар самти таъмини амният. Муқовимати муштарак ба экстремизм ва терроризм, гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир ва таҳдидҳои муосири киберӣ муҳим дониста мешавад. Ҳамчунин, зарурати наздиксозии дидгоҳҳо перомуни вазъ дар минтақаҳои даргири ҷаҳон мавҷуд аст. Тоҷикистон ва Эрон ба унвони кишварҳои бародар ва ҳамзабон бо назардошти вазъи кунунии ҷаҳон бояд рӯйкарди ҳамоҳангшударо дошта бошанд.

Сарфи назар аз ин, сафари расмии раисҷумҳури Эрон муҳтарам Масъуд Пизишкиён ба Тоҷикистон барои минтақаи Осиёи Марказӣ паёмеро дорад, ки Тоҷикистон ва Эрон метавонанд дар самти таъмини амният дар минтаҷа ба тавофуқе расанд, ки ба анҷом додани ҳамгироии минтақавӣ, таҳқими сулҳу субот дар Осиёи Марказӣ ва дигар манотиқи доғи ҷаҳон нигаронида шуда бошад.

Панҷум, ҳамкориҳои фарҳангию гуманитарӣ. Самти мазкур дорои зарфиятҳои бузург мебошад, чун дар арсаи байналмилалӣ мо шоҳиди тавсеа ёфтани робитаҳои кишварҳои дорои забон, фарҳанг ва тамаддуни муштарак мебошем. Тоҷикистону Эрон равандҳои мавҷударо сарфи назар карда наметавонанд ва бояд ҳамкориҳои фарҳангию гуманитариро густариш бахшанд. Таъсиси мактабҳои олии муштарак, ҳамкориҳои наздики расонаҳо, олимону пажуҳишгарон, сода кардани рафту омади мардум, ба вижа барои рушди сайёҳӣ тавонмандиҳои зиёдро барои вусъат ёфтани ҳамкориҳои ояндаи кишварҳо ба вуҷуд меорад.

Дар ҳоли ҳозир аз ҷониби ҳарду тараф иқдоми лағви низоми раводид барои рафтуомад миёни ду кишвар ба муҳлати то 30 рӯз муҳим дониста мешавад ва ба рушди сайёҳӣ ва умуман робитаҳои дуҷонибаи мардумони ду кишвар мусоидати фаъол хоҳад кард.

Эрону Тоҷикистон дар асоси усулҳои ҳусни тафоҳум ва эҳтирому эътимоди ҳамдигар ҳамкории барои тарафҳо судмандро минбаъд низ густариш хоҳанд дод.

Хулоса, дар шароити имрӯза ниҳоят муҳим аст, ки муносибатҳои дуҷониба бо ба назар гирифтани манфиатҳои миллии ҳар ду ҷониб густариш ёбанд. Шароити мазкур барои Тоҷикистон фурсати муносибро барои татбиқи сиёсати бисёрсамтӣ ба вуҷуд овардааст, ки ин аз талошу заҳматҳои Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар самти сиёсати хориҷии Тоҷикистон дарак медиҳад.

Қудратов К.А., мудири Шуъбаи ИДМ-и Институти омӯзиши масъалаҳои давлатҳои Осиё ва Аврупои АМИТ

(дар партави Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 28.12.2024)

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни пешниҳоди Паём ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ», ки санаи 28-уми декабри соли 2024 ироа гардида буд, аз вазъи бисёр ҳассоси ҷомеаи ҷаҳонӣ ёдовар шуданд.

324234Дар ин замина, Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон афзуданд, ки воситаи ягонаи ҳимояи миллат ва давлат дар шароити пуртаззоди ҷаҳонишавӣ, ин рушди соҳаи маориф, боло бурдани иқтидори иқтисодии соҳаҳои гуногун ва афзалиятноки иқтисодиёти миллӣ ва, фароҳам овардани шароити мусоид барои зиндагии шоиста дар мамлакат мебошад.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми имсолаи худ ба Маҷлиси Олӣ қайд карданд, ки ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ дар сиёсати давлати Тоҷикистон мақоми хос дошта, барои дастгирии соҳаҳои иҷтимоӣ ва баланд бардоштани сатҳу сифати зиндагии мардум маблағгузорӣ аз ҳисоби буҷети давлатӣ ҳамасола зиёд карда мешавад. Инчунин таъкид карданд, ки Ҳукумати мамлакат ба рушди соҳаи маориф таваҷҷуҳи аввалиндараҷа медиҳад. Имрӯз дар соҳаи маорифи мамлакат ҳашт барномаи давлатӣ ва ду стратегияи дарозмуддат татбиқ шуда истодаанд, ки ба рушду инкишофи таълиму тарбия, амалигардонии ислоҳоти соҳа, дастгирии мактабу омӯзгор, таълифи китобҳои дарсии насли нав ва такмили мазмуну мундариҷаи таҳсилот мусоидат менамояд.

Имрӯз 42 ҳазору 400 нафар ҷавонони мо дар 42 давлати мутараққии ҷаҳон таҳсили илм доранд, ки 13 ҳазор нафар ё беш аз 30 фоизи онҳо духтарон мебошанд. Пешвои миллат пешниҳод намуданд, ки аз 1уми сентябри соли 2025 бо мақсади боз ҳам беҳтар намудани сатҳи некуаҳволии сокинони мамлакат ва тақвияти ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ маоши вазифавии кормандони муассисаҳои томактабӣ, таҳсилоти миёнаи умумии соҳаи маориф 30 фоиз, маоши вазифавии кормандони дигар муассисаҳои соҳаи маориф, соҳаҳои илм, фарҳанг, тандурустӣ, муассисаҳои соҳаи ҳифзи иҷтимоӣ, мақомоти ҳокимият ва идоракунии давлатӣ ва дигар муассисаҳои буҷетӣ, инчунин стипендияҳо 20 фоиз зиёд карда шавад.

Дар асоси супориши Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат аз 1-уми сентябри соли 2025 нафақаҳои суғуртавӣ, меҳнатӣ ва иҷтимоӣ, инчунин, иловапулӣ ба онҳо тибқи муқаррароти моддаи 51-уми Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи нафақаҳои суғуртавӣ ва давлатӣ» ва андозаи нафақаи заминавӣ 10 фоиз зиёд, яъне индексатсия карда мешавад.

Бо дарназардошти таваҷҷуҳи аввалиндараҷа доштани Пешвои муаззами миллат ба соҳаи маориф ба Ҳукумати мамлакат, Вазорати маориф ва илм ва роҳбарони мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ супориш доданд, ки бо дарназардошти афзоиши аҳолӣ ва зиёд гардидани шумораи кӯдакону наврасон тадбирҳои мушаххас андешанд.

Яъне, дар панҷ соли оянда бо истифода аз ҳамаи сарчашмаҳои маблағгузорӣ ва бо дарназардошти ҳадафи гузошташуда барои фарогирии 50 фоизи кӯдакони синну соли томактабӣ бунёди 800 муассисаи таҳсилоти томактабӣ ва беш аз 1000 муассисаи таҳсилоти умумиро таъмин намоянд.

Инчунин, ба роҳбарони вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо дастур доданд, ки дар панҷ соли оянда, бо дарназардошти афзоиши аҳолӣ, барои дар ҳар як маҳалли аҳолинишин, ки 100 оила зиндагӣ мекунад, ҳатман бунёд кардани як муассисаи томактабӣ тадбирҳои зарурӣ андешанд.

Соли 2025 барои Тоҷикистон аз ҷиҳати амалияи сиёсӣ соли таърихӣ ва муҳим дар Паём арзёбӣ гардида, вазифаҳои мушаххас ба тамоми вазорату идораҳои давлатӣ дода шуд.

Дар заминаҳои рушди иқтисоди миллӣ ва муваффақиятҳои дипломативу сиёсӣ дар соли 2024 ишора шуд, ки ин тамоюл дар соли 2025 низ нигоҳ дошта шавад.

Khokim Kalandarov Замира Искандаршоева

Паёми навбатии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамчун ҳуҷчати тақдирсоз дар пешрафти соҳаҳои муҳимтарини иқтисоди миллӣ ва иҷтимоӣ, илму маориф, тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоӣ нақши асосӣ дорад. Махсусан рушди илми ватанӣ яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати давлат ба шумор меравад, ки дар давоми солҳои соҳибистиқлолӣ дастовардҳои олимон зиёданд.

123Дар Паёми навбатӣ иброз гардид, ки пешравии ҳар гуна ҷомеа ба илм вобаста аст, зеро маҳз тавассути илм ва ҷаҳонбинии илмӣ ҷомеа рушд мекунад. Хуб аст, ки пайваста дастгирии олимон ва рушди илм дар маркази диқққат меитстад. Ин нуктаро Президенти Тоҷикистон дар Паём ба Маҷлиси Олӣ чунин иброз намуданд: «Ман аз рӯзҳои аввали роҳбарии худ ба масъалаи илму маориф эътибори доимӣ ва аввалиндараҷа медиҳам».

Ҳамаи ин боиси он мегардад ки дастовардҳоиолимони тоҷик дар сатҳи байналмилалӣ ва ҷаҳонӣ мавқеи тоза касб намуда, дар рушди тамоми соҳаҳои кишвар ҳиссагузор мебошанд .

Дастгирии таҳқиқоти илмӣ тавассути боло бурдани меъёри маблағгузории он, таъсиси марказҳои муосири илмӣ, озмоишгоҳҳо ва ба роҳ мондани ҳамкории муассисаҳои илмӣ бо истеҳсолот дар давраи минбаъда муҳим арзёбӣ мегардад. Танҳо дар чанд соли охир бо ташаббуси бевоситаи роҳбарият дар Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон чандин озмоишгоҳҳои муосир кушода шуданд, ки дар байни кишварҳои ҳамсоя амсоли онҳо дида намешавад.

Дар соҳаи илми тиб низ барои рушди илм ва ҷорӣнамудани технология муосир, тарбияи кадрҳои баландихтисос, тадбиқи қорҳои амалӣ ва табобати беморон чораҳои зиёде роҳандозӣ шуда истодааст.

Таҳқиқоти олимон дар самтҳои гуногуни илми тиб қарор гирифтанд, ки иҷроиши дурусти онҳо дар самтҳои гастроэнтерология, ҷарроҳии дилу раг, осебшиношӣ, акушерӣ ва гинекологӣ, пайвандсозӣ ва бофтаҳои инсон ва ғайра нуфузи илмро боло мебардорад.

Дар ин давраи олимони Шуъбаи илми тиббӣ ва фарматсевтии Академияи миллии илмхои Тоҷикистон ҳидоятҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ– Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, дастуру супоришҳои роҳбарияти АМИТ ва нақшаи кории солонаро сармашқи фаъолияти худ намуда, ба дастовардҳои назаррас ноил гардиданд.

Шуъбаи мазкур ҳамчун муассисаи таъминкунандаи ҳамоҳангсозии фаъолияти сохторҳои илмии соҳаи тандурустӣ фаъолияти илмию ташкилиро дар соли 2024 ба иҷроиши тадқиқотҳо дар самтҳои афзалиятноки илмҳои тиббию фармасевтӣва амалишавии «Стратегияи ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаҳои илм технология ва инноватсия барои давраи то соли 2030» ва дигар ҳуҷчатҳои барномавӣ равона карда буд.

Дар ҷаласаҳои Бюрои шуъба масъалаҳои ҷорӣ ҷиҳати рушди илм ва амалисозии таҳқиқотҳои илмӣ, дастуру супоришҳои мақомотҳои болоӣ, гузаронидани аттестатсия дар байни кормандони шуъба, рафти иҷроиши корҳои илмӣ-тадқиқотӣ, таъсис додани комиссияҳо оид ба санҷиши базаи илмии муассисаҳои илмӣ, омодагии қабул ба аспирантура, магистратура ва докторантураи PhD, гузаронидани ҳамоишҳои илмӣ мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.

Олимони шуъба ва муассисаҳои илмии он аз рўйи 36 лоиҳаҳои аз буҷети давлатӣ маблағгузоришаванда ва 4 лоиҳаҳои Фонди Президентии тадқиқоти бунёдӣ таҳқиқотҳои илмӣ мегузаронанд.

Масъалаҳои рафти иҷроиши корҳои илмӣ мавриди баррасӣ қарор гирифта, хулосаи натиҷагирии лоиҳаҳои илмию таҳкиқотӣ бароварда шуд. Зимни баҳодиҳии ҳамаҷонибаи самаранокии фаъолият ва рейтинги муассисаи илмӣ-тадқиқотӣ муайян карда шуд, ки дар 5 соли охир фаъолияти МДТ «Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абўалӣ ибни Сино», МДТ «Донишкадаи таълимоти баъдидипломии кормандони соҳаи тандурустӣ», МД «Пажуҳишгоҳи гастроэнтерологияи Ҷумҳурии Тоҷикистон», МД «Пажуҳишгоҳои илмию таҳқиқотии тибби профилактикии Тоҷикистон», МД «Пажуҳишгоҳи акушерӣ-гинекологӣ ва перинатологии Тоҷикистон” назаррас буда, ҳам аз ҷиҳати илмӣ, ва ҳам аз ҷиҳати тайёр кардани кадрҳои илмӣ ва муаррифии тибби тоҷик дар хориҷи кишвар ба дастовардҳои назаррас ноил гаштаанд.

Пешвои миллат доир ба истифодаи рустаниҳои ватанӣ дар соҳаи доруворӣ диқкати махсус медиҳанд. Ба ин хотир дар Паём омаддаст: ”Ман зимни вохӯриҳои худ масъалаҳои норасоии мутахассисон, паст будани сифати доруворӣ ва истифодаи самараноки таҷҳизоти ҳозиразамони тиббиро борҳо таъкид карда будам”. Олимони соҳаи тиб низ барои сари вақт амалӣ намудани дастуру супоришҳои мазкур тасмим гирифтаанд, ки корҳоро дар ин самт ҷоннок намуда, натиҷаҳои корҳои илмӣ-тадқиқотиро барои саноати дорубарории кишвар татбиқ намоянд.

Ҳамзамон, 8 монографияи олимони соҳа баррасӣ ва барои чоп тавсия гардид.

Доир ба “Номгўйи самтҳои афзалиятноки таҳқиқоти илмӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон дар давраи то соли 2030” (самти илмҳои тиббӣ) номгўйи мавзуъҳо таҳия гардида, ба Раёсати АМИТ пешниҳод гардид.

Маҷаллаи “Паёми тиббии Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон”, ки нашрияи расмии шуъба мебошад, фаъолияташро идома дода, се шумораи навбатиро ба чоп омода намуд. Дар соли ҳисоботӣ дар 3 шумораи он ҳамагӣ 71 мақолаи илмӣ аз чоп баромад. Ҳамзамон, шумораҳои мазкур дар пойгоҳи Китобхонаи илмии электронии Россия – Elibrary.ru ворид карда шуданд.

Дар арафаи ҷашни 33 –солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон мушовири Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, узви вобастаи АМИТ, д.и.т. профессор Аҳмадзода С. бо унвони фахрии «Корманди шоистаи Тоҷикистон», мушовири шуъба Муратов А. М. бо «Мукофоти давлатии ба номи Абуалӣибни Сино дар соҳаи илм ва техника» (дар соҳаи тиб), инчунин Шукурова С.М., узви вобастаи АМИТ, д.и.т., профессор, раиси Комиссияи проблемавии фанҳои терапевтии МДТ «Донишкадаи таҳсилоти баъдидипломии кормандони соҳаи тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон» бо “Мукофоти Лигаи Ассотсиатсияи ревматологҳои Осиё ва Уқёнуси Ором (Сингапур)” ва Мамадназаров Н. бо нишони “Аълочии тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон” қадрдонӣ гардиданд.

Тарбияи олимони ҷавон низ яке аз масъалаҳои ҳалталаби рўз мебошад, ки Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми солона зикр намуданд. Ҷалби бештари мутахассисон ва омода кардани олимони ҷавон дар соҳаи илми тиб бо воситаи аспирантура ва докторантура вазифаи аввалиндараҷа ба ҳисоб меравад. Инчунин ҷоизаи “Олими ҷавони сол”, ки ҳар сол ба олимони ҷавони соҳаи тиб дода мешавад, воситаи ҳавасмандкунӣ дар ин роҳ ба ҳисоб мебошад.

Дар Паём омадааст, ки “Тайёр намудани мутахассисон ва бо кадрҳои баландихтисос таъмин намудани муассисаҳои тиббӣ яке аз масъалаҳои асосӣ ва афзалиятноки соҳаи тандурустӣ мебошад”

Дар ин самт АМИТ низ дар самти тайёр намудани мутаххасисон ва олимони соҳаи илми тиб нақшаҳо матраҳ сохтааст, ки вобаста ба пешрафти илм ва истифодаи технологияи муосир роҳандозӣмегарданд.

Дар шуъба ҳамаги 14 нафар аспиранти соли дуюм, 3 нафар аспиранти соли сеюм таҳсил доранд. 5 нафар магистрҳо соли дуюм аст, ки дар Донишкадаи таҳсилоти баъдидипломии кормандони соҳаи тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳсил доранд.

Кормандони шуъба дар якҷоягӣ бо лимони соҳаи тиб ҷиҳати иҷрои дастуру супоришҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо истифода аз дастовардҳои навини илму техника барои ихтирооту кашфиёти тоза кушиш ба харҷ дода, натиҷаҳои илмиро дарамалияи тиббӣ татбиқ менамоянд.

Ибодзода С. Т., ноиби президенти АМИТ, раиси шуъбаи илмҳои тиббӣ ва фарматсевтии АМИТ, д.и.т., профессор

Арҷ гузоштан ба бузургии модар, ба ҷо овардани иззату эҳтироми ӯ ва расидан ба қадри заҳматҳои шабонарӯзии модар вазифаи ҷониву имонии ҳар як фарзанди солимфикру соҳибхирад ва қарзи инсонии ҳар як фарди бонангу номус ба шумор меравад.

Эмомалӣ Раҳмон

Дар Паёми навбатии худ Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии кишвар” паҳлуҳои мубрам ва муҳимми рушди ҷомеаи муосири тоҷикро баррасӣ намуданд. Яке аз нуктаҳои асосии Паёми Сарвари давлат ба нақши занону бонувон дар рушди ҷумҳурӣ, худшиносию тарбияи наслҳои солиму комил ва созандагони ояндаи кишвар равона гардидааст.

Имрӯз модари тоҷик бо сари баланд ифтихор дорад, ки садҳо фарзандони фарзона, нобиғагони бузург ва номбардорони миллатро ба дунё оварда, дар домони пурпеҳру муҳаббати поки худ парваридааст, оини ватандорӣ ва чун хидмат ба ҷомеаи башарро чун амонати муқаддас дар дили онҳо сириштааст. Дар ҳама давру замон тоҷикон зан- модарро гиромӣ медоштанд, дар ҷавоби ҷоннисориҳои зан –модар, ки ба як даст гаҳвораи фарзанд ва бо дасти дигар гавҳораи фарҳангу тамаддуни миллатро меҷунбонад, сари таъзим фуруд меоранд.

Сиёсати созандаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар замони соҳибистиқлолӣ имкон дод, ки нақши зан - модар дар ҷомеаи муосири тоҷик боз ҳам мақоми баландтарро соҳиб гардад ва нақши онҳо дар рушду пешрафти кишвар боз ҳам устувортар гардад.

Пешвои миллат дар Паёми навбати низ такя ба нақш ва мақоми занону бонувони мамлакат намуда, иброз доштанд, ки “Дар фарҳангу тамаддуни мо – тоҷикон иззату эҳтироми зан-модар ҳамеша ҷойгоҳи хос дорад”. Оре. Зан-модар муррабии аҳли башар ва нахустустоди инсон мебошад. Аз ин хотир пос доштани иззату эҳтироми зан- модар ва арҷгузоштан ба мақому манзалати ӯ қарзи муқаддаси ҳар як инсон буда, подоши заҳмату бедорхобиҳои модар, рафтори шоиста ва фазилатҳои неки ҳар як фарди солимфикр ва бонангу номус мебошад.

Имрӯз, ки зиёда аз 51 фисади аҳолии ҷумҳуриро занон ташкил медиҳанд, Сарвари давлат ва Ҳукумати Тоҷикистон пайваста ба баланд бардоштани мақом ва нақши онҳо дар ҷомеа ваширкати фаъоли онҳо дар ҳаёти сиёсию фарҳангии ҷумҳурӣ тадбирҳои созандамеандешанд. Ин, пеш аз ҳама аз Паёмҳои ҳамасолаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки дар он ба нақши занону бонувон ва ҷалби пайвастаи онҳо ба ҳаёти ҷомеаи кишвар бештар таваҷҷӯҳ равона мегардад, ошкор мешавад. Зеро занон ҳамеша кафили рушди ҷомеа дар роҳи ба даст овардани истиқлол, пешрафти соҳаҳои ҳаёти сиёсӣ, иҷтимоӣ, иқтисодӣ ва фарҳангии кишвар мебошанд.

Бале бояд таъкид намуд, ки мақому манзалати занону бонувон ва нақши онҳо дар эъмори давлати муосир ва рушди ҷомеа маҳз дар замони соҳибистиқлолӣ ба таври возеҳ боло рафт. Пешвои муаззами миллат дар Паёми худ таъкид намуданд, ки ҳоло дар кишвар 25 фоизи хизматчиёни давлатӣ, 73 фоизи кормандони соҳаи маориф, 71 фоизи кормандони соҳаи тиб, 47 фоизи кормандони соҳаи фарҳанг, 37 фоизи олимон ва 30 фоизи соҳибкоронро бонувону занон ташкил медиҳанд. Маҳз бо ҳамин хотир имрӯз нақши занону бонувон дар тамоми соҳаҳои кишвар ниҳоят муассиру арзишманд мебошад. Аз Паёми Пешвои муаззами миллат бар меояд, ки имрӯз беш аз 110 ҳазор бонувон занони кишвар танҳо ба фаъолияти соҳибкорӣмашғул мебошанд.

Бо мақсади таҳкими мақоми зан дар ҷомеа Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба масъалаи бо таҳсил фаро гирифтани духтарон хамеша таваҷҷӯҳи хоса зоҳир менамояд.Тибқи квотаи президентӣ ҳар сол садҳо нафар бонувон ба муассисаҳои таҳсилоти олию миёнаи махсус пазируфта мешаванд. Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Паёми хеш низ зикр намуданд, ки танҳо дар замони соҳибистиқлолӣзиёда аз 280 ҳазор нафар духтарон муассисаҳои таҳсилоти олиро хатм кардаанд, яъне соҳиби маълумоти олӣ гардидаанд. Аз оғози ҷорӣ гардидани квотаи президентӣ яъне дар 28 соли охир 11 ҳазору 600 нафар духтарон муассисаҳои таҳсилоти олиро бо квотаи президентӣ хатм кардаанд. Маҳз натиҷаи чунин дастгириҳо ва фароҳам овардани шароити мусоид барои рушди занон аст, ки таваҷҷуҳи онҳо ба омӯзиши илму дониш, аз ҷумла илмҳои табию дақиқ, кашфиёту ихтироъкорӣ ва азхудкунии ихтисосҳои замонавӣ афзун мегардад.

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти фарогирии духтарон ба таҳсил, касбомӯзии онҳо дар муассисаҳои гуногуни таълимии касбии дохилию хориҷӣниз таваҷҷуҳи махсус медиҳад. Ба замми он, Пешвои миллат ҳангоми суханронии худ таъкид намуданд, ки имрӯз зиёда аз 35 ҳазор духтарону бонувон муассисаҳои таҳсилоти олии кишварҳои хориҷиро хатм карда соҳибмаълумот шудаанд. Ҳоло аз 214 ҳазор нафар донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти олии касбии кишвар 90 ҳазор нафар ё 42 фоизашонро духтарон ташкил медиҳанд.

“Мо, - таъкид намуданд Пешвои муаззами миллат,- ба азму ирода ва масъулиятшиносии бонувону духтарони тоҷик ҳамчун неруи бузург эътимоди комил дорем ва дастгирии ҳамаҷонибаи онҳоро идома медиҳем”. “Бовар дорам, ки бонувону занон ва модарону духтарони азизи мо, - илова намуданд Пешвои миллат дар Паёми навбатии хеш, - дар амалисозии талаботу муқаррароти қонунҳои миллӣ, пешгири кардани бегонапарастӣ, аз ҷумла сару либос ва ойинҳои барои мардуми мо бегона, ба камол расонидани наслҳои солим, таҳкими сулҳу субот дар ҷомеа, пешрафти давлат ва ободии Ватан минбаъд низ саҳми арзишманди худро мегузоранд”.

Пешвои миллат пайваста дар суханрониҳои хеш мақому манзалати занону духтарон ва нақши онҳоро дар эъмори давлати муосир ва рушди ҷомеа дар замони соҳибистиқлолӣ ба таври назаррас арзёбӣ менамоянд ва нақши онҳоро дар амалисозии талаботу муқаррароти қонунҳои миллӣ ба таври шоиста таъкид менамоянд. Дастуру ҳидоятҳои Пешвои миллат доир ба занону бонувон, баланд бардоштани сатҳи маърифотнокии онҳо, боз ҳам бештар ҷалб намудани занони болаёқат ба идоракунӣ ва ҳаёёти сиёсию фарҳангии ҷомеаи кишвар барои ҳаёту фаъолияти мо ҳамчун дастурамалу раҳнамо хизмат менамоянд.

Аз ин рӯ, мо занону бонувонро зарур аст, ки суханони Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро сармашқи кори худ намуда, баҳри сулҳу субот, ваҳдати миллӣ, озодиву истиқлол ва таҳкими соҳибдавлативу соҳибихтиёрии ҷумҳурии азиз фаъолона ҳаракат намуда, бо дарки амиқи нуктаҳои асосии Паёмҳои Пешвои миллат баҳри рушди ҳамаҷонибаи кишвар саҳм гузорем ва мақому манзалати занону модарони тоҷикро дар ҷомеаи имрӯза боз ҳам баландтар бардорем.

Шоиста Исматзода - ходими илмии Институти таърих, бостоншиносӣ ва мардумшиносии ба номи А. Дониши Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон

(Дар партави Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки дар таърихи 28 декабри соли 2024 ироа гардид)

Яке аз масъалаҳои муҳим дар Паёми Пешвои миллат, самти сиёсати хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад, ки Пешвои муаззами миллат ибрози ақида намуда, дар чорчӯбаи сиёсати “Дарҳои кушода” самтҳои минбаъдаи ҳадафмандона ва воқеъбинонаро дар ин замина таъкид доштанд ва оид ба густариши ҳамкории байналмилалии Тоҷикистон бо давлатҳо ва созмонҳои байналмилалӣ дар алоҳидагӣ баён намуданд.

Дар бораи сиёсати хориҷӣ сухан намуда, Пешвои миллат дар Паём аввалан оид ба вазъи ноором ва равандҳои пуртазоду мураккаб дар минтақаҳои гуногуни ҷаҳон, ки пайомадҳои буҳронии сиёсиву иқтисодӣ дорад, гуфта гузаштанд.

Чуноне, ки аз Паём бармеояд, самти афзалиятноки сиёсати хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳким ва густариши ҳамкориҳо бо шарикони стратегӣ, анъанавӣ ва боэътимод, тавсеаи ҳамкориҳо бо кишварҳои Осиёи Марказӣ дар асоси принсипи ҳусни ҳамҷаворӣ муайян гардидааст.

Таҳким бахшидани ҳамкориҳои байналмилалии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ниҳодҳою сохторҳои минтақавию байналмилалӣ аз қабили Созмони Милали Муттаҳид, Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил, Созмони ҳамкории Шанхай, Созмони Аҳдномаи амнияти дастҷамъӣ, Созмони амният ва ҳамкорӣ дар Аврупо, Созмони ҳамкории иқтисодӣ, Созмони ҳамкории исломӣ ва дигар созмонҳои молиявӣ ҷиҳати ҷалби сармояи хориҷӣ дар меҳвари сиёсати хориҷии кишварамон қарор гирифтааст.

Чуноне, ки дар Паём дарҷ гардидааст, Ҷумҳурии Тоҷикистон минбаъд низ дар ҳалли масъалаҳои мубрами муносибатҳои байналмилалӣ яке аз кишварҳои пешсаф боқӣ монда, саҳми босазои худро дар ҳалли онҳо дареғ намедорад.

Яке аз масъалаҳои хеле муҳимми имрӯзаи рӯзномаи байналмилалӣ ҳалли мусолиматомези низоъҳои байналмилалӣ мебошад, ки Пешвои миллат мавқеи Тоҷикистонро вобаста ба масъалаи мазкур чунин муайян намуданд: “Тоҷикистон дар робита ба равандҳои ҷорӣ дар Афғонистон ва Ховари Миёна, бахусус, Фаластин хеле нигарон аст. Мо таъсиси давлати мустақили Фаластинро дар асоси қатъномаҳои қабулкардаи Созмони Милали Муттаҳид ва марзҳои соли 1967 ягона роҳи имконпазири таъмини сулҳу суботи пойдор дар ин минтақа медонем. Кишвари мо аз ҷомеаи ҷаҳонӣ боз ҳам даъват ба амал меоварад, ки ҳамаи низоъҳо танҳо бо роҳи музокирот ва муколама ҳал карда шаванд”.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Паём ба Маҷлиси Олӣ ҳамчунин иброз доштанд, ки «Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо ЮНЕСКО ба хотири гиромидошту арҷгузорӣ ба нобиғаҳои миллат, ҳифзи арзишҳои фарҳанги миллӣ ва муаррифии шоистаи онҳо дар арсаи байналмилалӣ талошҳои пайваста ба харҷ медиҳад. Моро зарур аст, ки ҳифзи арзишҳои таърихиву фарҳангии миллати худ ва муаррифии боз ҳам бештари онҳоро дар арсаи байналмилалӣ ҳадафмандона идома диҳем». Аз ин рӯ, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба вазоратҳои дахлдори ҷумҳурӣ супориш доданд, ки маводи заруриро вобаста ба таҷлили 2550 – солагии Эъломияи ҳуқуқи башари Куруши Кабир омода ва ба ЮНЕСКО пешниҳод намоянд.

Яке аз масъалаҳои муҳим ва ниҳоӣ дар Паёми навбатии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олӣ муаррифӣ ва эътирофнамоии Тоҷикистон дар арсаи байналмилалӣ ҳамчун кишвари ташаббускор дар ҳалли масъалаҳои марбут ба обу иқлим мебошад. Қабули якдилонаи ташаббуси навбатии байналмилалии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки аз ҷониби Маҷмааи Умумии Созмони Милали Муттаҳид дар бораи «Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо» эълон кардани соли 2025 ва 21-уми март ҳамчун «Рӯзи ҷаҳонии пиряхҳо» санаи 14-уми декабри соли 2023, боиси боз ҳам баланд шудани нуфузу эътибори кишварамон гардид.

Воқеан, қабули ин қатънома дар миқёси ҷаҳон иқдоми муҳим ва таърихӣ буда, тавассути он ҷомеаи ҷаҳонӣ имкон пайдо мекунад, ки барои ҳифзи бузургтарин манбаъҳои оби ошомиданӣ тадбирҳои муштараки зарурӣ андешад. Пешвои миллат дар ин замина чунин мулоҳизаронӣ намуданд: “Қобили ёдоварист, ки соли гузашта бо ташаббуси панҷуми Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул гардидани Қатъномаи Созмони Милали Муттаҳид дар бораи «Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо» эълон кардани соли 2025, инчунин, 21-уми март ҳамчун Рӯзи ҷаҳонии пиряхҳо ва таъсиси Хазинаи байналмилалии ҳифзи пиряхҳо барои ҷомеаи ҷаҳонӣ муҳим ва мояи ифтихори мардуми шарафманди Тоҷикистон аст.”

Шоистаи зикр аст, ки имрӯз Тоҷикистон бо 183 кишвари ҷаҳон муносибатҳои дипломатӣ барқарор намуда, 192 давлат истиқлоли Ҷумҳурии Тоҷикистонро расман эътироф намудааст. Тоҷикистон дар заминаи моддаи 11 Конститутсияи мамлакат ба созмонҳои минтақавӣ ва аксар созмонҳои байналмилалӣ аъзо буда, аз арзишҳо ва манфиатҳои миллӣ дифоъ менамояд, дар масоили ҷаҳонӣ назари худро матраҳ месозад ва пешниҳодоти мушаххасро дар бораи ҳалли ин масоил ба миён мегузорад. Гузашта аз ин, то имрӯз Тоҷикистон бо кишварҳои гуногуни олам беш аз 2100 ҳуҷҷати дуҷониба ба имзо расонидааст, ки масъалаҳои муносибату ҳамкории дуҷонибаро дар соҳаҳои сиёсӣ, иқтисодӣ, тиҷоратӣ, ҳарбӣ-техникӣ, амният, илм, фарҳанг, маориф, тандурустӣ, сайёҳӣ ва дигар самтҳо фаро мегиранд.

Неъматов И. – ходими илмии Институти таърих, бостоншиносӣ ва мардумшиносии ба номи А.Дониши Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, номзади илмҳои таърих, дотсент

28-уми декабри соли 2024 Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҷаласаи якҷояи Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Паёми навбатии худро дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон ироа намуданд.

Бо натиҷагирӣ аз 32 соли даврони соҳибистиқлолият дар оғози Паёмашон аз солҳои гузашта ёдовар шуда, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид доштанд, ки расидан ба сулҳу оромӣ, суботи сиёсӣ ва ваҳдати миллӣ ва бо ҳамин роҳ аз хатари нобудӣ наҷот додани давлату миллати тоҷикон ва аз парокандагӣ эмин нигоҳ доштани миллати тоҷик дастоварди бузургтарини таърихии мо дар замони соҳибистиқлолӣ мебошад, ки ба он маҳз ба шарофати дастгириву пуштибонии самимонаи мардуми шарифи Тоҷикистон муваффақ гардидем.

Паёми навбатии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон самтҳои асосии сиёсати дохилию хориҷии мамлакатро барои давраҳои оянда муайян намуда, дар ин замина оид ба пешбурди манфиатдори сиёсати хориҷӣ ва таъмини пешрафти соҳаҳои иқтисоду саноат, энергетика, роҳу нақлиёт, амнияту мудофиа, ҳифзи ҳуқуқу тартибот, тандурустӣ, фарҳанг, илму маориф, ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ вазифаҳои мушаххас ба миён гузошта шуданд.

Пушида нест, ки кишвари мо ҷузъи ҷомеаи ҷаҳонӣ буда, бо тамоми кишварҳо робитаҳои дӯстию ҳамкориро ба роҳ мондааст. Барои огоҳӣ ёфтан аз дастовардҳои илми ҷаҳонӣ донистани забони хориҷӣ хеле муҳим ва зарур мебошад. Чанде аҳли ҷомеа дар ин самт ба дастовардҳои хуб ноил гардидаанд, барои боз ҳам беҳтар намудани сатҳи забондонии шаҳрвандон ва ба ганҷинаи илму маърифати ҷаҳонӣ ворид шудан, Пешвои муаззами миллат пешниҳод намуданд, ки омӯзиши забонҳои хоричӣ аз зинаи таҳсилоти томактабӣ ба роҳ монда шавад. Бешак, пешниҳоди мазкур яке аз иқдомҳои хеле наҷиб, саривақтӣ ва муҳиме ба ҳисоб меравад, ки дари илму маърифат ва асрори тамаддуни башариро барои насли ҷавон боз менамояд.

Аз ин рӯ, дар партави дастуру нишондодҳои Пешвои муаззами миллат кору фаъолият намудани аҳли илму маориф гарави рушду пешрафти самараноки илму маориф ва заминаи зиндагии шоистаи шаҳрвандони кишвар маҳсуб меёбад! Пешвои муаззами миллат илму маорифро самти афзалиятноки сиёсати дохилии худ муаррифӣ намуда, барҳақ хулосагирӣ намуданд, ки «сифати давлат на ба шумораи аҳолӣ, балки ба сифати аҳолӣ вобаста мебошад».

Қобили зикр аст, ки баёни панди мазкури воқеъбинона ва хирадмандонаи Пешвои муаззами миллат бесабаб нест. Зеро: - суръати баланди рушди илму маориф, ки дар иддае аз кишварҳои ҷаҳон ба чашм мерасад, хеле мутаассиркунанда мебошад.

Хонандагони кишвар тавассути ихтироҳои худ як миллиард доллар фоида ба даст меоранд. Дар идома бо як сарфарозӣ мебояд зикр сохт, ки Муассисаи давлатии илмии “Маркази омӯзиши пиряхҳои Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон” ( МДИ МОП АМИТ) тамоми фаъолияти худро ҷиҳати иҷрои дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми Маҷлиси Олии Тоҷикистон овардашуда дар самти тағйирёбии иқлим ва ҳифзи пиряхҳо иҷрогардида, равона гардид. Бо мақсади омодагӣ дар кори Конфронси сатҳи баланди Созмони Милали Муттаҳид оид ба ҳифзи пиряхҳо, ки соли 2025 дар шаҳри Душанбе баргузор мегардад, дар давраи ҳисоботи маводҳои зерин омода карда шудааст:

Боиси ифтихори ҳар як тоҷику Тоҷикистонӣ, хушбахтона ташаббуси оқилонаву олимонаи Асосогузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои муаззами миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҷаноби Олӣ, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оид ба Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо эълон намудани соли 2025 аз ҷониби ҷомеаи ҷаҳонӣ пуштибонӣ ёфт. Имрӯз тақрибан 10% майдони саёраи Заминро пиряхҳо фаро гирифтаанд. Қариб 90% дар Антарктида, 10% боқимонда дар яхбандии Гренландия ва дигар мавзеъҳо ҷойгир аст.

Обшавии босуръати пиряхҳо дар Антарктида ва Гренландия ба ҷараёнҳои уқёнусҳо низ таъсир мерасонад, зеро миқдори зиёди оби хеле сарди обшавии пиряхҳо ба обҳои гармтари уқёнус ворид шуда, ҷараёни уқёнусҳоро суст мекунад. Дар ҳамин асос 3 марти соли 2021 Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои муаззами миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҷаноби Олӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар мулоқоти якуми Панели сатҳи баланд оид ба масъалаҳои об ва иқлим, ки дар сиғаи видеоконференсия баргузор гардид, иштирок ва оид ба масъалаҳои об ва иқлим суханронӣ намуда таъкид доштанд, ки «Мутаассифона, имрӯзҳо мо босуръат об шудани пиряхҳоро дар Арктика, Антарктида ва Гренландия мушоҳида менамоем. Ҳамчунин, тағйироти ҷиддӣ дар пиряхҳои воқеъ дар хушкӣ низ ба амал омада истодаанд».

Маркази омӯзиши пиряхҳои Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар тамоми даврони соҳибистиқлолӣ зери тавваҷҷуҳи давлату Ҳукумат қарор дорад, ки ин албатта аҳли кормандони илмии марказро рӯҳбаланд ва масъулияташонро бештар мегардонад.

Абдуллоева М. К. - корманди МОП АМИТ.

Бояд гуфт, ки дар заминаи паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон 28 декабри соли 2024 «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ» баён гардида буд, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамкориҳоро дар самти обу ҳифзи пиряхҳо, баррасии пайомадҳои тағйирёбии иқлим ва коҳиш додани хавфи офатҳои табиӣ дар доираи имкониятҳои мавҷуда идома дода, ҷиҳати тақвияти ҳамкориҳои байналмилалӣ дар қолаби «Раванди оби Душанбе» тадбирҳои зарурӣ андешида мешавад.

Ҳамзамон Ҳукумати мамлакат бо мақсади расидан ба истиқлоли энергетикӣ ва дар ин замина таъмин намудани рушди устувори иқтисоди миллӣ бо истифода аз ҳамаи имконияту сарчашмаҳои мавҷуда, хусусан, манбаъҳои рушди «энергияи сабз» мунтазам чораҷӯйӣ карда истодааст.

Тоҷикистон мисли аксари кишварҳо дар баробари таъсири тағйирёбии иқлим осебпазир аст. Ҳарорати миёна дар саросари кишвар боло меравад, шакли боришот тағйир меёбад ва пиряхҳо бо суръат об мешаванд. Ин дигаргуниҳо барои соҳаҳои иқтисодиёти мамлакат хавфноканд. Барномаҳои мутобиқшавӣ ба тағйирёбии иқлим барои дастгирии рушди иқтисодӣ сармоягузориҳои назарраси молиявиро талаб мекунанд.

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қонун дар бораи ҳифзи пиряхҳо ва барномаи ислоҳоти иқтисодиёти кишварро дар асоси гузариш ба технологияҳои “сабз” таҳия ва қабул намудааст, ки дар санадҳои болозикр гуфта мешавад, барои таъмини пайроҳаи устувори рушду тараққиёт он метавонад бештар пеш равад ва барои бадаст овардани манфиатҳои назарраси иқтисодӣ барои кишвар аз ҷиҳати илми бунёдӣ гузаронидани мониторинги пиряхҳо ва мутобиқшавӣ ба тағйирёбии иқлим дар маҷмӯъ, коҳишдиҳии партовҳои гази гулхонаӣ дар сохторҳои иқтисодии барномаи иловагӣ ислоҳот зарур аст.

Аз ин рӯ, гузариши сабз ҳамчун калиди ҳифзи пиряхҳо ва самараноктарин роҳи ҳалли мушкилоти тағйирёбии иқлим ба «иқтисоди сабз» мебошад, ки истифодаи манбаъҳои барқароршавандаи энергия, яъне «энергияи сабз»-ро дар бар мегирад. Инчунин, татбиқи «иқтисоди сабз» дар саноатикунонии кишвар, ҷорӣ намудани принсипҳои «иқтисоди сабз» дар соҳаи кишоварзӣ, рушди «нақлиёти сабз» ва инфрасохтори ба он мутобиқ, амалисозии принсипҳои «иқтисоди сабз» дар соҳаи сохтмон ва меъморӣ, рушди сайёҳии экологӣ ва ғайра дар назар дошта шудааст.

Барномаи «Кишвари сабз» на танҳо шинондани дарахту буттаҳоро дар бар мегирад, балки ба таъсиси ҷойҳои нави корӣ, истифодаи оқилонаи захираҳои табиӣ, коҳиш додани партовҳои гази гулхонаӣ, беҳбуди муҳити зист, рушди деҳот, ҷалби сайёҳон ва умуман некуаҳволии шаҳрвандони Тоҷикистон мусоидат мекунад. Афзун кардани дарахтон ва сарсабзнамоӣ имкон медиҳад, ки заминҳо аз эрозия ва шусташавӣ нигоҳ дошта шаванд.

Даъвати Президенти Тоҷикистон барои ҳамкорӣ саривақтӣ аст.

Ҷалб намудани маблағгузории байналмилалӣ барои муваффақияти гузариши “сабз” ва таъмини амнияти захираҳои об, озуқаворӣ ва энергетикӣ, рушди иқтисоди дорои сатҳи пасти гази гулхонаӣ аҳаммияти калидӣ хоҳад дошт, ки он метавонад бо истифодаи стратегияҳои муассири мубориза бо тағйирёбии иқлим ба болоравии сатҳи содирот, таъсисдиҳии ҷойҳои корӣ ва ҳифзи қишри осебпазири аҳолӣ мусоидат намояд.

Кӯшишҳои миллии мутобиқсозӣ муҳиманд, аммо ҳамкории байналмилалӣ барои мубориза бо зидди тағйирёбии иқлим дар сатҳи минтақавӣ ва глобалӣ зарур аст. Механизмҳои дастгирии молиявӣ, ташаббусҳои экологӣ ва рушди инфрасохтор ҳамкорӣ калидӣ мебошад.

Дар ҳамоиши иқлими COP- 29 дар Боку тасмим гирифта шуд, ки маблағгузории солона барои мубориза бо бӯҳрони иқлим то 300 миллиард доллар афзоиш ёбад.Ин тасмим як қадами муҳим дар дастгирии кишварҳои рӯ ба тараққӣ буд, ки бо таъсири тағйирёбии иқлим дучор меоянд.

Барои Тоҷикистон, яке аз кишварҳои осебпазир ба тағйири иқлим, чунин тасмимҳо аҳаммияти хоса доранд. Сарфи назар аз он, ки 300 миллиард доллар то ҳол маблағи кофӣ нест, мо динамикаи мусбатро мебинем. Ин маблағҳо барои мутобиқшавӣ ба тағирёбии иқлим ва рушди инфрасохтор заруранд.

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни суханронӣ дар иҷлосияи умумии Конфронси 29-уми ҷонибҳои Конвенсияи қолабии Созмони Милали Муттаҳид оид ба тағйирёбии иқлим, ки рӯзи 12 ноябри соли 2024 дар шаҳри Боку баргузор шуда буд, иброз доштанд, ки мо ният дорем, ки то соли 2032 истеҳсоли энергияро дар кишвар пурра аз ҳисоби манбаъҳои таҷдидшаванда ба роҳ монда, то соли 2037 Тоҷикистонро ба кишвари “сабз” табдил диҳем.

Маҳмад Сафаров - “Маркази омӯзиши пиряхҳо”- и Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон

ШОҲАСАРИ «ТОҶИКОН»-И БОБОҶОН ҒАФУРОВ ВА ШУҲРАТИ ОН

ШОҲАСАРИ «ТОҶИКОН»-И БОБОҶОН ҒАФУРОВ ВА ШУҲРАТИ ОН

“Тоҷикон” асарест, ки таърихи миллати тоҷикро аз замонҳои қадимтарин то ибтидои асри XX-ум дар бар мегирад ва дар заминаи маводи зиёди бостоншиносӣ, осори фаровони хаттии таърихиву адабӣ ва таҳқиқоти олимони маъруфи Шарқу Ғарб ба таври хеле муфассал таълиф шудааст. Дар ин асари безавол ҷараёни ташаккулёбии миллати тоҷик, рушди фарҳанги миллӣ ва ҳамзамон бо ин, лаҳзаҳои фоҷиабори ҳаёти мардуми мо ва қаҳрамониҳои таърихии фарзандони ҷоннисори он возеҳу равшан ва бо истифода аз сарчашмаҳои муътамади таърихӣ баён гардидаанд.

Эмомалӣ Раҳмон.

Паёми Сино

Паёми Сино

Аз қаъри гили сияҳ то авҷи Зуҳал,
Кардам ҳама мушкилоти гетиро ҳал.
Берун ҷастам зи қайди ҳар макру ҳиял,
Ҳар банд кушода шуд, магар банди аҷал.
                                                         (Ибн Сино)

«Паёми Сино» (Vestnik Avitsenny; Avicenna Bulletin) маҷаллаи тақризшавандаи дастрасии кушодаи платинӣ буда, дар он масъалаҳои афзалиятноки тибби амалӣ ва тандурустии ҷамъиятӣ дар Тоҷикистон ва дигар мамлакатҳои ҷаҳон инъикос меёбанд...

ОЗМУНҲОИ ҶУМҲУРИЯВӢ

Президентҳои Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон

 

(Академияи илмҳои ҶШС Тоҷикистон 1951-1991, Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон 1991-2020) 

Айнӣ Садриддин Саидмуродович

Айнӣ Садриддин Саидмуродович (1878-1954). Президенти Академияи илмҳои ҶШС Тоҷикистон аз 14 апрели соли  1951  то 15 июли соли  1954.

Умаров Султон Умарович

Умаров Султон Умарович (1900-1964). Президенти Академияи илмҳои ҶШС Тоҷикистон аз 11 марти соли  1957  то 6 майи соли  1964.

Осимов Муҳаммад Сайфиддинович

Осимов Муҳаммад Сайфиддинович (1920-1996). Президенти Академияи илмҳои ҶШС Тоҷикистон аз 23 майи соли  1965  то 6 майи соли  1988.

Неъматуллоев Собит Ҳабибуллоевич

Неъматуллоев Собит Ҳабибуллоевич (1937). Президенти Академияи илмҳои ҶШС Тоҷикистон (Ҷумҳурии Тоҷикистон) аз 6 майи соли  1988  то 16 июни соли  1995.

Мирсаидов Ӯлмас Мирсаидович

Мирсаидов Ӯлмас Мирсаидович (1945). Президенти Академияи илмҳои Ҷумҳурии  Тоҷикистон аз 16 июни соли  1995  то 3 феврали соли  2005.

Илолов Мамадшо Илолович

Илолов Мамадшо Илолович (1948), Президенти Академияи илмҳои Ҷумҳурии  Тоҷикистон аз 3 феврали соли  2005  то 6-уми декабри соли 2013.

Фарҳод Раҳимӣ

Фарҳод Раҳимӣ  (1968)  Президенти Академияи илмҳои Ҷумҳурии  Тоҷикистон аз 6-уми декабри соли  2013  то 16 январи соли 2024.

Хушвахтзода  Қобилҷон  Хушвахт

 

Хушвахтзода  Қобилҷон  Хушвахт (1982) Президенти Академияи  миллии илмҳои   Тоҷикистон аз 16-уми январи соли  2024  то инҷониб. Муфассал...

 

 

Суханҳои Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон оид ба илм