Skip to main content

Имрӯз, 10-уми январи соли 2026 дар маҷлисгоҳи мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳри Панҷакент таҳти раёсати раиси шаҳри Панҷакент муҳтарам Абдухолиқ Холиқзода маҷлиси фаъолон доир ба "Ҷамъбасти натиҷаҳои рушди иҷтимоию иқтисодии шаҳри Панҷакент дар соли 2025 ва вазифаҳо барои фаъолияти минбаъда" доир гардид.

Дар кори он намояндаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, академик Хушвахтзода Қобилҷон Хушвахт, муовини якуми раиси вилояти Суғд муҳтарам Суҳайлӣ Қурбонзода, инчунин, муовини якум, муовинони раис, роҳбари дастгоҳи раиси шаҳр, мудирони шуъбаю бахшҳои мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, раисони деҳот, намояндагон ва роҳбарони мақомотҳои ҳифзи ҳуқуқ, роҳбарони хоҷагиҳо, корхонаҳо, ташкилоту муассисаҳо ва ходимони дин ширкат доштанд.

Дар ҷаласа як масъала "Натиҷаҳои рушди иҷтимоию иқтисодии шаҳри Панҷакент дар соли 2025 ва вазифаҳо барои соли 2026" мавриди баррасӣ қарор дода шуд. Аз руйи масъалаи мазкур ҳисоботҳои муовинони соҳавӣ, раисони деҳот ва воҳидҳои сохтории мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳр шунида шуд.

Намояндаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, академик Хушвахтзода Қобилҷон Хушвахт суханронӣ намуда, зимнан иброз дошт, ки масъулини соҳа ҷиҳати сазовор ҷашн гирифтани 35- солагии Истиқлоли давлатӣ чораҳои иловагӣ андешанд ва мардумро ба корҳои ободониву созандагӣ, сабзу хуррамгардонии кӯчаю маҳал, хиёбонҳо, манзилҳои зист, иҷрои сохтор ва дурнамои кишти зироатҳои кишоварзӣ, тавсеаи корҳои тарғиботӣ ва иҷрои дастуру супоришҳои Сарвари давлат тамоми имкониятҳои мавҷударо сафарбар намоянд.

Муовини якуми раиси вилояти Суғд Суҳайлӣ Қурбонзода барои боз ҳам беҳтар ба роҳ мондани фаъолият ва вусъати ҷараёни корҳои банақшагирифташуда, оид ба масъалаҳои пурра ба истифода додани иқтидорҳои корхонаҳои саноатӣ, ҷо ба ҷо гузории зироатҳо ва баланд бардоштани ҳосилнокии онҳо, самаранок истифода бурдани замин, таъмири иншоотҳои обрасон, истифодаи сарфакоронаи нерӯи барқ, пардохти андоз ва бунёди иншоотҳои ҷашнӣ баҳри беҳтару хубтар рушд намудани шаҳр вазифагузорӣ кард.

Ҳамзамон, прокурори шаҳри Панҷакент мушори адлияи дараҷаи 1 Раҳматзода Искандар оид ба вазъи ҷинояткорӣ дар соли 2025 сухан карда, баҳри пешгирии ҳама гуна зуҳуроти номатлуб пешниҳодҳои мушаххас манзур кард.

Дар фарҷом раиси шаҳри Панҷакент Абдухолиқ Холиқзода оид ба баъзе масъалаҳои ҷорӣ аз ҷумла омодагии ҳамаҷониба ва дар сатҳи баланд истиқбол намудани ҷашни 35 солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, дар ҳолати хуби техникӣ нигоҳ доштани роҳҳои автомобилгард, бо ҷойи кор таъмин намудани шаҳрвандони бекор, дастгирӣ намудани қишри осебпазири ҷомеа аз ҷумла, маъюбону камбизоатон ва шахсони яккаву танҳо инчунин шахсони барҷомонда изҳори андеша намуда, ҳамаи фаъолони шаҳрро таъкид кард, ки бо дасту дили пок баҳри иҷрои уҳдадориҳои мансабии худ содиқона хизмат намоянд.

Манбаъ: Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳри Панҷакент