Мусаллам аст, ки модели давлати дунявӣ нисбат ба дигар шаклҳои мавҷудаи сохтҳои давлатдории муосир бартариҳои зиёдеро доро аст. Бояд қайд намуд, ки танҳо ҳамин шакли давлатдорӣ ва принсипҳои он дар раванди дигаргуниҳои ҷаҳони муосир, ки ҳифзу нигоҳдошти арзишҳои миллӣ ба яке аз масъалаҳои муҳимтарин ва ҳалталаби рӯз мубаддал гаштааст, имкон дорад роҳи халли дурусти масъаларо пешниҳод намояд ва ҳамзамон пайи ҳифзи арзишҳои миллӣ гоми устуворе бошад.
Чуноне ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат мефармоянд: «Давлати мо давлати дунявист, аз ин рӯ на пайравони тариқати атеистӣ, на пайравони дин, на пайравони демократияи дурӯғин, на тарафдорони ҷомеаи коммунистӣ ва на муътақидони ягон шакли дигари ақоиду афкори сиёсӣ ҳуқуқ надоранд ба хотири густариши режими сиёсиву динӣ Конститутсия ва дигар қонунҳои мавҷудаи ҷамъиятиро сарфи назар намоянд». [1,19]
Дар шароити таҳдиду хатарҳои ҷаҳонӣ ва тамоюли ҷаҳонишавии босуръату таҳоҷуми фарҳангҳои бегона ҳифзу нигоҳдошти арзишҳои миллии аҷдодии фарҳангию мадании кишварҳо вобаста ба таҳаввул ва тағйироти замон шакли тоза касб мекунад ва аз ҳарвақта дида аҳамияти хоса касб менамояд.
Дар ин замина эҳёи фарҳанги миллӣ ва арҷгузорӣ ба ёдгориҳои таърихиву бостонӣ ба ҳар фарди миллатдӯсту ватанпараст воҷиб мегардад, зеро шароити мавҷуда барои амалишавии манфиатҳои миллии кишварҳо, хусусан кишварҳои тозаистиқлол ва кишварҳои аз нигоҳи иқтисоди-сиёсӣ рушднаёфта ва аз нигоҳи фарҳанги-маданӣ таъсирпазир монеаҳо эҷод менамояд, бино бар ин бо дарназардошти ҳамин вазъият барои беҳтаргардонии шароити амалишавии манофеъи миллӣ, мебояд омӯзишу таҳқиқи самти ин таҳдиду хатарҳо ва роҳу усулҳои ҳифзи манфиатҳои миллӣ аз ғояҳо ва мафкуроту фарҳангҳои бегона коркард карда шавад ва пайи эҳёи фарҳанги миллӣ, арҷгузорӣ ба ёдгориҳои таърихиву бостонӣ, инчунин ҳифзи арзишҳои миллӣ аз ғояҳои бегона ҷиддан мавриди эҳтимом қарор гирад, то таъсироти ин зуҳуроти номатлуби аср яъне таҳоҷуми фарҳангӣ дар марҳилаи ҷаҳонишавӣ ба фарҳангу маданият ва тафаккури аҳли ҷомеа ба хусус ҷавону наврасон ва қишрҳои осебпазири ҷомеа (шахсони аз воқеияти сиёсӣ ноогоҳ ва ба воқеату падидаҳои ҷаҳони муосир ба таври бояду шояд баҳо дода наметавонистагӣ ё ба таҳдиду хатарҳои ҷахони муосир беэътинои зоҳир менамуда) таъсири манфӣ нагузорад.
Барои амалисозии ин ҳадаф моро мебояд тарбияи ватандӯстӣ ва илмиро дар ҳама зинаҳои таҳсилот аз боғча то сатҳи макотиби олӣ ва дигар зинаҳои таълиму тарбия дар самти гиромидошти арзишҳои миллӣ, ифтихор аз фарҳангу маданият ва таъриху адабиёти миллати худ, парваридаи ҳувияти баланди миллӣ дар ҳар шахс, ҳар фарди ҷомеа ба роҳ монем. Мувофиқи мақсад мебуд, ки барои огоҳонидани муҳассилину толибилмон аз хатарҳову таҳдидҳои воқеии ҷаҳони муосир, ки мутаасифона дар кулли соҳаҳои ҳаёт сар карда аз биогенноинжинерия то киберҷинояткорӣ мавҷуданд, омӯзгорон хизмати амалие анҷомдиҳанд то ҳар фарди ҷомеа ин хатару таҳдидҳоро дарку фаҳм намуда тавонад. Танҳо дарку фаҳми масъала ба шахс ва дар умум ба аҳли ҷомеа имкон медиҳад, ки ҳама дастаҷамъона бар муқобили он истодагӣ намоянд ва дар ин поя ваҳдати миллиро, ки бузургтарин арзиши инсонӣ ва ормони миллати тоҷик ба шумор меравад, ҳамаҷониба таҳким ва густариш бахшанд. Албатта, дар кишвари мо дар ин самт корҳои зиёде ба роҳ мода шудааст.
Дар Тоҷикистон аз оғози истиқлолияти давлатии худ аз эълони ғояи Ваҳдати миллӣ, бузургдошти намояндагони илму адаби хеш, ҷаҳонишавии ҷашнҳои бузурги миллии тоҷик аз қабили ҷашни Наврӯз ва Меҳргон, Шашмақом ва Чакан, бузургдошти рӯзи забони давлатӣ, эълони озмунҳои гуногуни фарҳангӣ монанди “Тоҷикистон ватани азизи ман” “Фуруғи субҳи донои китоб аст” ва садҳо озмунҳои соҳавӣ ва корҳои фарҳангӣ-равшаннамоӣ пайваста ба рпоҳ монда шудааст, ки ин боиси ифтихор ва дастгирист. Ҳамзамон тарафи дигари масъаларо набояд фаромӯш сохт, ки дар шароити зудтағйирёбандаи авзои сиёсии ҷаҳони муосир ҳаёти ҷамъияӣ низ бетағйир намемонад. Ин тағйиротҳо хеле босуръат рух медиҳанд ва дар фазои маҷозӣ дар андак вақт ҳама фазоро фаро мегиранд, бахусус дар соҳаи фарҳанг ин амал метавонад хеле назаррас бошад. Давлатҳои абарқудрат барои тарғиби тарзи ҳаёти худ аз нигоҳи “идеологӣ” тавассути синамо ва шабакаҳои иҷтимоӣ ба чи корҳое даст намезананд. Дар ин саҳнаи қудратнамоӣ барои баланд бардоштани нуфузи (имиҷи) сиёсии худ ва камранг нишон додани нуфузи рақибони сиёсию-иқтисодии худ ҳатто аз дурӯғу буҳтон ва таҳдиди ошкоро низ худдорӣ намекунанд. Малоҳат ё латофати гуфтори сиёсиро қариб фаромӯш кардаанд. Аз ин ҷо метавон хулоса намуд, ки дар ин набардҳои шадиди геополитикӣ ва иқтисодӣ-фарҳангӣ танҳо ҳамон кишварҳое дар амон хоҳанд монд, ки таъриху фарҳанги куҳан доранд, ба он содиқ ҳастанду арҷ мегузоранд, аз нигоҳи сиёсӣ-иқтисодӣ муқтадир ё мутавозин ҳастанд ва аз ҳама асосаш – ваҳдати миллӣ доранд.
Дар идомаи сухан қайд бояд намуд, ки маҳз консепсияи давлати дунявии миллӣ бо принсипҳои қонунии он дар ҳифз, нигоҳдошт ва ҳифзи манфиатҳои миллӣ аз ҳар гуна хатару таҳдидҳои ҷаҳони муосир, сиёсати “дарҳои боз”, ҳамкории судманд миёни дину мақомоти давлатӣ баҳри ҳифзи манфиатҳои миллӣ ба давлати тозаистиқлоли мо имкон медиҳад, ки бо ҷомеаи ҷаҳонӣ дар асоси қонунҳои эътирофгардидаи байналмиллалӣ дар алоқа ва ҳамкории судманд бар нафъи худ ва ҷомеаи башарӣ бошем.
Танҳо модели давлати дунявӣ дар шароити имрӯза имкон медиҳад, ки ҳамаи манфиатҳои миллии мо ҳифз гардад ва барои рушди устувори бардавоми ҷомеаи тоҷик замина фароҳам орад, зеро принсипҳои кунунии амалишавандаи он бо ҳадафҳои стратегияи миллии мо созгор аст ва маҳз дар ҳамин замина нақши дунявияти давлат дар ҳифзи арзишҳои миллӣ ва нигоҳдоштану арҷгузории ба ёдгориҳои таърихиву бостонӣ басо муҳим ва шоён арзёбӣ мегардад.
Холов Ш.А. мудири Шуъбаи масъалаҳои фалсафии дини Институти фалсафа, сиёсатшиносӣ ва ҳуқуқи ба номи А. Баҳоваддинови АМИТ
Адабиёт
-
Суханронии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳангоми мулоқот бо аҳли ҷамоатчигии шаҳри Душанбе, 14 феврали соли 1997.// “Дин ва ҷомеа”. -Душанбе, 2013. – с. 5.
-
Эмомалӣ Раҳмон. Уфуқҳои Истиқлол. - Душанбе, 2018.
-
Абдуллоев Ш. Нақши Эмомалӣ Раҳмон дар пиёдасозии модели нави давлати дунявӣ. // “Набзи замон”, № - Душанбе, 2013.
-
Wilson B. Religion in secular society: a sociological comment. London: Watts, 1966. P. XIV. 11. Stark R., Bainbridge W. S. A Theory of Religion. Bern: Lang, 1987.
-
Декларация прав человека. Франция // Конституции государств Европы: В 3 т. Т.3.
-
Билль о правах 1789г.// Мишин А.А. Конституционное (государственное) право зарубежных стран. Приложение. М., 2004.
-
Понкин И.В. Современное светское государство: Дис. … д-ра юрид. Наук. - М., 2004.
-
Словарь иностранных слов. М. Русь. 1982
-
Рӯзномаи «Омӯзгори ҷавон» аз 5-уми ноябри соли 2005.
-
Мирзоев Г. Дж. Соотнощение религиозного и национального сознания в современных процесах стран Центральной Азии. // Известия АН РТ Серия: Философия и право.-2009. №3.-с. 115-119.
-
Мирзоев Г. Дж. Общечеловеческие принципы гуманизма и справедливости и концепсия «исламской уммы» в современных в религиозных толкованиях // Известия института философии, политологии и права АНРТ,-2016,- №4 (1).-с. 37-43 (в соавторстве).
Ба истиқболи 34-умин солгарди Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон
Истиқлолияти давлатӣ барои тоҷикон заминаи воқеиро баҳри интихоби дурнамои имрӯзу фардои миллат ва рушди мамлакат ба сӯи ҷомеаи демократӣ, ҳуқуқбунёд ва дунявӣ фароҳам овард. Дар ҳама давру замон инсон на танҳо барои некӯаҳволии моддӣ ва роҳати ҷисмонӣ кӯшиш менамуд, балки барои ӯ қадршиносӣ, таъмини ҳуқуқу озодиҳо ва қонеъ гардидани ниёзҳои гуногун ҳамеша муҳим буд ва мемонад.
Таърихи инсоният собит сохт, ки муҳимтарин ниёзи инсонӣ ҳамеша расидан ба истиқлолият будааст. Рӯзи Истиқлолияти давлатӣ барои ҳар шаҳрванди Тоҷикистон арзиши хосса дорад, зеро он рамзи Ваҳдати миллат, соҳибихтиёрӣ ва озодӣ мебошад. Низоми арзишҳое, ки пойдевори ғоявии истиқлолияти Ватани моро ташаккул медиҳад, бунёдест барои рушди маънавию ахлоқи ҳамватанони мо ва қодир ба он аст, ки дар зеҳни ҳар тоҷик худшиносии миллӣ, ифтихор аз фарҳанги волои тоҷик, эҳтиром ба таърих ва анъанаҳои миллиро эҳё ва тарбия намояд.
Мо мутмаин ҳастем, ки ҳувияти миллӣ ҳар қадар қавитар бошад, майлу хоҳиши ҳифзу таҳкими истиқлол ва соҳибихтиёрӣ ҳамон қадар зиёдтар мешавад. Ҳувияти миллӣ ва соҳибихтиёрӣ ду падидае ҳастанд, ки доимо ҳамроҳ зуҳур мекунанд. Сатҳи ҳувияти миллӣ ва соҳибихтиёрӣ бояд ҳамеша ба ҳамдигар мувофиқат кунанд. Ба ҳамин хотир дилхоҳ миллати худшинос барои эъмори давлати соҳибистиқлол талош мекунад ва дар навбати худ дилхоҳ давлат низ барои таҳкими худшиносии миллӣ бояд талош намояд, зеро дар ниҳояти кор тавоноии бақои онҳо аз ҳамдигар вобастагии амиқ дорад.
Дар солҳои соҳибистиқлолӣ дар Тоҷикистон барои ҳар шаҳрванди кишвар имконияти зиёд барои рушд фароҳам оварда шуд. Дар натиҷаи фаъолияти роҳбарияти Тоҷикистон ҳар шаҳрванди ватандӯсти мамлакат эҳсос мекунад, ки имрӯз мо дар Ватани орому осуда ва амн зиндагӣ мекунем. Истиқлолияти мамлакат барои ҳар фарзанди тоҷик маънои ҳуқуқии худмуайянкунӣ ва интихоби роҳи рушди худро дорад.
Дар заминаи гуфтаҳои боло, бо дарназардошти таърихи соҳибистиқлолии Тоҷикистон, ки 34-сола мешавад, метавон гуфт, ки мо тавонистем истиқлолияти давлатиамонро ҳифз намуда, онро таҳким бахшем, худро ҳамчун субъекти комилҳуқуқи муносибатҳои байналмиллалӣ муаррифӣ намоем, ҳудуди кишварро пурра ҳифз кунем. Роҳбарияти Тоҷикистон, хусусан Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нагузоштанд, ки қувваҳои берунӣ ба равандҳо ва корҳои дохилии сиёсии мо дахолат кунанд ва вазъи давлати моро муташанниҷ гардонанд.
Давраи давлатсозӣ ва давлатдории мустақил ба мо, тоҷикон имкон дод, ки мо ба роҳи ислоҳоти сиёсии иқтисодӣ ворид шавем, иқтисоди миллӣ ва сохторҳои нави идоракуниро ташаккул диҳем, барои ҳамгироии Тоҷикистон ба иқтисодиёти ҷаҳонӣ роҳ кушоем. Роҳбарияти мамлакат ҷиҳати таҳкими Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон чаҳор ҳадафи стратегии рушди минбаъда – таъмини истиқлолияти энергетикӣ, раҳоӣ аз бунбасти коммуникатсионӣ, ҳифзи амнияти озуқаворӣ ва суръат бахшидан ба саноатикунонии кишварро муайян кардааст.
Ба андешаи мо, аз рӯзҳои аввали ба даст овардани истиқлолияти давлатӣ дар назди ҳамватанони мо вазифаи эҳёи мероси бебаҳои маънавию фарҳангие, ки дар тӯли садсолаҳо аз ҷониби гузаштагони мо офарида шуда буданд, меистод. Дар ин раванд хотираи таърихӣ, барқарор намудани таърихи воқеӣ ва ҳақиқии халқи тоҷик мавқеи муҳим ишғол мекунад. Ба туфайли ҷидду ҷаҳди роҳбарияту олимони кишвар саҳифаҳои муҳимтарини замони гузаштаи миллати тоҷик аз нав кашф карда шуданд. Далелу рақамҳои кашфгардида шаҳодати онанд, ки сарзамини мо яке аз қадимтарин марказҳои тамаддун маҳсуб мешавад.
Имрӯз, яъне дар замони соҳибистиқлолӣ идомаи пайгиронаи эҳёи арзишҳои миллӣ, шинохти амиқи худ, ташаккули ғояю мафкураи миллӣ дар соҳаи маънавӣ вазифаи асосии ҷомеаи тоҷик шуморида мешавад. Мазмуни асосии мафкураи миллӣ, ки бунёди пешрафти иҷтимоию сиёсии кишвар маҳсуб мешавад, бояд аз чунин ҳадафу вазифаҳои наҷиб, аз қабили таъмини сулҳу субот дар кишвар, ободии Ватан, баланд бардоштани сатҳи некуаҳволии мардум иборат бошад.
Мафкураи истиқлолияти миллӣ бо дарназардошти анъана, таърих, забон, рӯҳияи тамаддунофари чандинасраи халқи мо ва дар ҳамбастагии зич бо арзишҳои умумибашарӣ бояд тамоми мардуми Тоҷикистонро дар атрофи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон муттаҳид созад. Ин андеша бояд барои ба дилу шуури одамон интиқол додани эътимод ба фардои дурахшон, тарбия намудани меҳру муҳаббат ба Ватан хизмат кунад.
Бо назардошти чунин андешаҳо бояд эътироф кард, ки Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бузургтарин ва олитарин арзишест, ки бақои давлату миллат ва дурнамои рушди бомуваффақияти кишвар ба ин падида вобастагии амиқ дорад. Ба шарофати ин арзиши бебаҳо Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҷомеаи ҷаҳонӣ муаррифӣ ва эътироф гардида, халқи тоҷик ҳамчун миллати мутамаддин ва бофарҳанг шинохта шуд.
Рустам ҲАЙДАРЗОДА, директори Институти омӯзиши масъалаҳои давлтаҳои Осиё ва Аврупои АМИТ, доктори илмҳои фалсафа
Ватандӯстӣ ҳамчун падидаи ҳаёти ҷамъиятӣ моҳият ва ҳусусиятҳои инкишофёбандаи худро доро мебошад. Дар таърихи ҳар як давлату миллат марҳилаҳое ҳастанд, ки дар он рӯҳияи ватандӯстӣ ва ватанпарварии шаҳрвандон тақвият меёбанд. Барои мисол ба даст овардани истиқлоли сиёсиву давлатӣ дар таърихи муосири кишвар барои ҳар як шаҳрванди солимфикру равшанфикри Тоҷикистон дастоварди беназир буд.
Соҳибистиқлолӣ тавонист, ки рӯҳияи ватандӯстӣ ва худшиносии миллиро тақвият диҳад. Мардуми шарифи Тоҷикистон боз як бори дигар имкон пайдо намуданд, ки дар бораи кишвари худ, таърих ва фарҳанги он таҷдиди назар намоянд. Дар ин раванд корҳои бузурге ба анҷом расонда шуд.
Пас ватандӯстӣ чист? Муҳаққиқон нисбати ин падида фикрҳои гуногунро матраҳ месозанд. Варианти аврупоии вожаи «ватандӯстӣ» – «патриотизм» «patris», калимаи юнонӣ буда, ба маънои «ҳамшаҳр» ва «ватан» далолат мекунад. «Ватандӯстӣ» ё «патриотизм» ҳамчун вожаи илмии илмҳои иҷтимоӣ, аз он ҷумла ҷомеашиносӣ, илми ахлоқ (этика) ва сиёсатшиносӣ мебошад. Пас ҳамчун истилоҳи илмӣ, ватандӯстӣ принсипи ахлоқӣ, сиёсӣ ва дар навбати худ он ҳиссиёти иҷтимоӣ мебошад, ки мазмун ва моҳияти он «меҳру муҳаббат ба Ватан», «нияти холисона ва мунсифона доштан барои пешрафт ва гулшукуфии Ватан», «манфиатҳои ҷамъиятиро аз манфиатҳои шахсӣ боло гузоштан», «ба даъвати Ватан тайёру омода будан» ва ғайра мебошад.
Пас, маълум аст, ки ватандӯстӣ ин муҳаббат ба Ватан мебошад. Дар маҷмӯъ, ҳамин дӯстдорӣ ва муҳаббат ба кишвар, ба Ватан як маҷмӯи тасаввуротҳо, ақидаҳое мебошад, ки дар худ номи «шуури ватандӯсти»-ро гирифтааст. Яъне ватандӯстӣ ин раванди маърифатӣ аст, ки аз ҷанбаҳои гуногун иборат мебошад. Шуури ватандӯстӣ яке аз ҷанбаҳои асосӣ ва муҳимми тарбияи ватандӯстӣ мебошад.
Агар мо даврони соҳибистиқлолиро дар кишвар вобаста ба ин масъала баррасӣ намоем, пас корҳое, ки аз ҷониби Пешвои муаззами миллат ва дигар ниҳодҳои давлативу ҷамъиятӣ ба анҷом расидаанд, бевосита дар самти тақвияти шуури ватандӯстии шаҳрвандон равона гардидаанд. Барои мисол чунин иқдомҳо баргузории озмунҳои маърифатии ҷумҳуриявӣ, таваҷҷуҳи хосса намудан ба омӯзиши фарҳанг ва таърихи миллат, гиромидошти шахсиятҳои маъруфи илмиву адабӣ ва сиёсӣ, назари амиқ намудан ба расму оинҳои миллӣ ва аз ҷониби ЮНЕСКО эътироф гардидани онҳо, қабул гардидани пешниҳодҳои Тоҷикистон дар сатҳи байналмилалӣ дар СММ, баланд гардидани имиҷи сиёсии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар сатҳи минтақавӣ ва ҷаҳонӣ ҳамчун кишвари ташаббускор ва тарафдори сулҳу амният ва ғайра мебошанд. Ҳамаи ин иқдомҳо дар фазои ҷамъиятии кишвар муҳим буда, барои тақвияти шуури ватандӯстӣ созгор аст.
Дар ин ҷо зарур аст, ки мо моҳияти шуури ватандӯстиро дарк намоем. Имрӯз шуури ватандӯстӣ ҷузъи муҳимми ҳаёти маънавии ҷомеаи муосири мо ба шумор меравад. Дар ҳаёти ҷамъиятии мо ин масъала боз ҳам аҳамият ва мубрамият пайдо намуда истодааст. Пеш аз ҳама, дар паёмҳои Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки ҳуҷҷатҳои раҳнамоикунанда мебошанд, ибораҳои «истеҳсоли ватанӣ», «корхонаҳои ватанӣ», «гиёҳҳои шифобахш ва аз лиҳози экологӣ тозаи ватанӣ», «ашёи хоми ватанӣ», «соҳибкорони ватандӯст», «ширкатҳои сайёҳии ватанӣ», «ободии Ватан», «пешрафти Ватан», «Ҷавонони Тоҷикистони соҳибистиқлол нерӯи созандаи Ватан» ва ғайра истифода гардидаанд, ки бевосита барои тарбияи ватандӯстӣ ва тақвияти шуури ватандӯстӣ мусоидат менамоянд. Ҳар яке аз ин ибораҳо моро барои арҷ гузоштан, эҳтиром намудан, муқаддас доштан ва ҳифз намудани Ватан бо ҳама боигариҳову сарватҳояш раҳнамун мекунад. Шиори машҳури «Тоҷикистон ба пеш», ки аввалин бор аз ҷониби Пешвои муаззами миллат матраҳ гардида буд, имрӯз шиори маъмул ва дӯстдоштаи ҳар як шаҳрванди мамлакат гардидааст. Ин шиор орзӯ ва ормонест, ки аз лиҳози ҳиссиву маънавӣ барои ноил гардидани Тоҷикистон ба як кишвари пешрафта, ҳар як шаҳрванди равшанфикру бономус умед мебандад.
Маҳз қувваи пешбаранда ва такондиҳандаи шуури ватандӯстӣ ҷавонон мебошанд. Аҳамияти бевосита додан ба тарбияи ватандӯстӣ низ, ҷузъи ҷудонашавандаи сиёсати маорифпарваронаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мебошад. Президенти кишвар борҳо дар суханрониҳояшон нисбати қишри фаъоли ҷомеа – ҷавонон изҳори бовариву эътимод намудаанд. Чуноне дар Паёми имсола низ қайд гардидааст: «Мо бо ҷавонони кишвари худ ифтихор дорем, зеро онҳо дар рушди давлат ва ободии Ватан фаъолона саҳм мегузоранд, марзу буми сарзамини аҷдодиро ҳимоя мекунанд, ватандӯсту ватанпараст, бонангу номусанд ва ба халқу давлати Тоҷикистон содиқ мебошанд».
Ҷавонон, ки қишри фаъоли ҷомеа мебошанд, ҳамеша дар зери таваҷҷуҳи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор доранд. Қабул гардидани барномаҳо барои дар рӯҳияи ватандӯстӣ ва худогоҳии миллӣ тарбия намудани ҷавонон низ саривақтӣ аст. Дар Паёми имсола низ қайд гардид, ки барои ҳамин: «Мо имсол «Барномаи миллии рушди иҷтимоии ҷавонон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2022 – 2026» ва «Барномаи давлатии тарбияи ватандӯстӣ ва таҳкими ҳувияти миллии ҷавонони Тоҷикистон барои солҳои 2023 – 2027»-ро қабул намудем».
Шуури ватандӯстӣ ҷанбаи муҳимми ҳар як низоми иҷтимоӣ ба шумор меравад. Албатта таҳким бахшидани шуури ватандӯстӣ дар шароити иҷтимоӣ-иқтисодии муосир низ корҳои зиёдеро талаб мекунад. Мазмун ва моҳияти ватандӯстӣ ва сатҳи шуури он пеш аз ҳама ба вазъи маънавию ахлоқии ҷомеа, решаҳои таърихии он вобастагии зич дорад.
Шуури ватандӯстӣ аз хусусиятҳои гуногун иборат аст, ки асоситарини онҳо муҳаббат ба Ватан, муносибати шахс ба таърихи кишвар ва хотираи таърихӣ, муносибат ба фарҳанг, расму оинҳои мардуми худ, дӯст доштани марзу буми диёр ва тайёр будан ба ҳифзи он ва ғайра.
Ҳамин тавр, чуноне қайд намудем, шуури ватандӯстӣ ҷузъи шуури ҷамъиятӣ мебошад, ки дарбаргирандани ҷанбаҳои сиёсӣ, иҷтимоӣ, ҳуқуқӣ, таърихӣ, ва ахлоқӣ аст. Моро зарур аст, ки барои тақвияти шуури ватандӯстии шаҳрвандон, махсусан насли наврас ва ҷавон кӯшиш намоем. Имрӯз мо бояд тарбияи ватандӯстиро аз дӯстдорӣ ва ҳифзи ҳар як ваҷаб марзу буми Ватан, масъулият дар таҳсил ва фаъолияти меҳнатии худ, масъулият дар тарбияи фарзандон, тозагии гирду атроф ва ободии диёрии азиз, алоқаманд намоем.
Нусратулло Зокирзода, номзади илмҳои фалсафа
Барф як ҷузъи тағйирёбандаи криосфера ба қатори ях ва пиряхҳои абадӣ буда, ба равандҳои даври гидрологӣ таъсири назаррас дошта ба омилҳои таъсирпазири тағирёбии иқлим нисбат ба ях ва пиряхҳои абадӣ хело осебпазир мебошад.
Муссалам аст, ки зиёда аз 93%-и қаламрави Тоҷикистонро кӯҳсор ташкил медиҳад, беш аз нисфи қаламрави кишвар дар баландии аз 3000 м аз сатҳи баҳр ҷойгир буда, баландтарин нуқта ин қуллаи Исмоили Сомонӣ (собиқ қуллаи Коммунизм) ба баландии 7495 м мерасад.
Воқеан, Тоҷикистон кишвари куҳистонӣ буда, дар баландкуҳҳо ҷойгир будани бахше аз қаламрави он далели гуфтаҳои болост. Ташаккулёбии қабати устувори боришоти барф дар баландии аз 1500 м аз сатҳи баҳр, ки доманкуҳҳо мебошад майдони асосии захираи барф ба шумор меравад.
Мушоҳидаҳои доимии метеорологӣ – ҳарорат, фишор, намнокии ҳаво, суръат ва самти вазиши шамол, миқдори боришоти атмосферӣ, муайян кардани қабати боришоти барф дар доманакуҳҳо, муайян намудани баландии сарҳадӣ поёнии абр, зиччии қабати абрнокӣ, гидрологӣ – ҷараёни доимии дарё, модули ҷараёни ҳавза, қабати ҷараён дар ҳавза ва ҳаҷми ҷараён дар давраи ҳисобӣ ин нишондиҳандаҳои асосии мониторинги ҳолати муҳити зист ба шумор мераванд.
Мушоҳидаҳо илмӣ нишон медиҳад, ки баландшавии ҳарорати ҳаво дар минтақаҳои доманкуҳ ва баландкуҳ ба давомнокӣ ва майдони ташакулёбии захираи боришоти барф таъсири манфӣ расонида истодааст. Обшавии барф дар натиҷаи таъсири баландшавии ҳарорат на танҳо ба раванди такроршавии шумораи селфароӣ дар фасли баҳор, балки ба тавозуни афканишоти нури ионофарри моддаҳо (Радиация), ба албедои (Рас. 2) (инъикос) доманакуҳҳо ва баландкуҳҳо таъсир мерасонад. Боришоти барфи мавсимӣ барои ҳифзи пиряхҳо ниҳоят нақши муҳим мебозад.
Пиряхҳо мисли манораи об ё обанбор буда, захираҳои обӣ бисёрсола дар минтақаи баландкуҳи ҳавзаи дарёҳҳо ба ҳисоб рафта, сарчашмаи асосии ҷоришавии захираи оби дарёҳо дар фасли тобистон мебошанд.
Бинобар ин, дар оянда сатҳу сифати дастрасӣ ба об бешубҳа аз ҳаҷми захираи пиряхҳо дар минтақа вобаста мебошад. Баландшавии ҳарорати ҳаво ба таназзулёбии босуръати қабати барф дар минтақаҳои ҷойгиршавии пиряхҳо буда, ва дар навбати худ коҳишёбии майдони барф дар атрофи пиряхҳо ба камшавии албедо ва обшавии босуръати пиряхҳо сабаб мегардад.
Хулосаҳои илмӣ нишон медиҳанд, ки ҳаҷми ҷоришавии оби пиряхҳо то ҳамон давра зиёд мегардад, ки онро “қуллаи об” меноманд. Дар коҳиш ёфтани майдони барфпӯши ҳавзаҳои дарёҳо, инчунин кам гардидани албедои барф, афзоиши раванди обшавии пиряхҳо то як давраи муайян мушоҳида мегардад. Обшавии пиряхҳо зиёд гардида, майдони онҳо кам мешаванд, ҷойгиршавии онҳо сол ба сол аз сатҳи баҳр болотар рафта, миқдори зарурии ҳаҷми ҷараёни оби дарёро тибқи даврҳои гидрологӣ ташаккул дода наметавонанд, ва дар навбати худ ҷоришавии оби пиряхҳо ба қуллаи ниҳоии худ мерасад. Аз натиҷаи корҳои илми-тадқиқотӣ ва пешгӯии олимони ҷаҳон ва Тоҷикистон бар меояд, ки давраи “куллаи об” дар ҳавзаи дарёҳои Панҷ ва Вахш дар солҳои 2050-2060 рост меояд.
Аз эҳтимол дур нест, ки раванди камшавии захираи барф ва албедо ба даври гидрологии ҷоришавии ҷараёни оби дарёҳо ва занҷираи истифодаи ҳаҷми захираҳои обӣ дар соҳаҳои кишоварзӣ ва гидроэнергетика тағйирот ворид кунад.
Ҳомидов Анвар, н.и.г., мудири шуъбаи гидрометеорология, ҳифзи пиряхҳо, тағйирёбии иқлим ва адаптасияи МДИ “Маркази омӯзиши пиряхҳои АМИТ”
(Дар ҳошияи қабули қатъномаи Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид «Нақши зеҳни сунъӣ дар фароҳам овардани имконоти навин барои рушди устувор дар Осиёи Марказӣ» A/79/L.94 аз 25 июли 2025)
Дар замони муосир зеҳни сунъӣ ҳамчун воситаи калидӣ барои ҳалли масъалаҳои глобалӣ, аз ҷумла рушди устувор шинохта шудааст. Мувофиқи гузоришҳои СММ зеҳни сунъӣ метавонад дар самтҳои ҳифзи муҳити зист, тандурустӣ, маориф ва иқтисод нақши муҳим бозад. Дар Осиёи Марказӣ, ки минтақаи дорои захираҳои бой ва мушкилоти муштарак ба монанди тағйирёбии иқлим ва нобаробарии иқтисодӣ аст, истифодаи зеҳни сунъӣ имконоти навин фароҳам меоварад.
Қатъномаи Маҷмаи Умумии СММ «Нақши зеҳни сунъӣ дар фароҳам овардани имконоти навин барои рушди устувор дар Осиёи Марказӣ» A/79/L.94 аз 25 июли 2025, ки бо ташаббуси Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пешниҳод гардида, қабул шуд, аввалин ҳуҷҷати байналмилалӣ аст, ки ба татбиқи зеҳни сунъӣ дар сатҳи минтақавӣ диққат медиҳад. Ин ташаббус аз суханронии Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар иҷлосияи 79-уми Маҷмаи Умумии СММ (24 сентябри 2024) сарчашма мегирад: “Технологияҳои рақамӣ ва зеҳни сунъӣ барои ноил шудан ба Ҳадафҳои рушди устувор заминаи муносиб ба шумор мераванд.
Тоҷикистон тавассути қабули стратегия ва дигар санадҳои консептуалӣ ҷиҳати марҳала ба марҳала гузаштан ба низоми рақамикунонӣ тадбирҳои зарурӣ меандешад. Вобаста ба ин пешниҳод дорам, ки Маҷмаи Умумӣ дар иҷлоси навбатӣ оид ба нақши зеҳни сунъӣ дар фароҳамсозии имкониятҳои нав барои рушди соҳаҳои иқтисодиву иҷтимоӣ ва суръатбахшӣ ҷиҳати расидан ба ҳадафҳои рушди устувор дар Осиёи Марказӣ қатъномаи махсус қабул намояд”.
Зеҳни сунъӣ ҳамчун соҳаи илмӣ аз солҳои 1950-ум инкишоф ёфтааст ва ҳоло дар самтҳои омӯзиши мошинӣ, шабакаҳои нейронӣ ва коркарди маълумотҳои калон истифода мешавад. Дар вобастагии рушди устувор, зеҳни сунъӣ ба ҳадафҳои СММ (SDGs) мусоидат мекунад. Масалан, SDG 9 (навоварӣ ва инфрасохтор) ва SDG 13 (ҳифзи иқлим).
Дар Осиёи Марказӣ мушкилоти минтақавӣ ба монанди идоракунии захираҳои обӣ, ки Тоҷикистон дар он пешсаф аст, метавонанд бо кӯмаки зеҳни сунъӣ ҳал шаванд. Масалан, моделҳои зеҳни сунъӣ барои пешгӯии офатҳои табиӣ ва оптимизатсияи кишоварзӣ истифода мешаванд. Қатъномаҳои қаблии СММ оид ба зеҳни сунъӣ, аз ҷумла қатъномаи 78/265 аз 21 марти 2024 дар бораи зеҳни сунъии бехатар заминаи ин санадро ташкил медиҳанд. Қатънома ба ҳуқуқи байналмилалӣ, аз ҷумла Оинномаи СММ ва Эъломияи умумии ҳуқуқи башар такя мекунад. Он ҳамчунин ба қатъномаҳои дигар, ба монанди 70/1 аз 25 сентябри 2015 оид ба Барномаи 2030 барои рушди устувор ва қатъномаи 78/1 аз 29 сентябри 2023 оид ба форуми сиёсии сатҳи баланд, сарчашма мегирад.
Қатънома ба соҳаи ғайриҳарбӣ тамаркуз карда, истифодаи зеҳни сунъиро барои ҳадафҳои ҳарбӣ истисно мекунад. Он таъсири трансформатсионии зеҳни сунъиро дар Осиёи Марказӣ эътироф намуда, талошҳои кишварҳои минтақаро, аз ҷумла амали стратегияҳои миллӣ (Стратегияи рушди зеҳни сунъӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2040, Стратегияи Ӯзбекистон то соли 2040, Консепсияи Қазоқистон барои солҳои 2024-2029) ва таъсиси марказҳои инноватсионӣ (ба монанди Asian Hub ва Парки технологияҳои баланд дар Қирғизистон) тақвият мебахшад.
Қатънома ҳолати нодирӣ Осиёи Марказӣ – иқтисодиёти гуногун, мероси фарҳангии бой ва мавқеи ҷуғрофии стратегӣ – ва потенсиали зеҳни сунъиро барои ҳалли мушкилот дар соҳаҳои кишоварзӣ, саноат, тиҷорат, молия, тандурустӣ ва ғайра эътироф мекунад. Он аз давлатҳои узв ва ҷонибҳои манфиатдор даъват мекунад, ки дар ҳамкорӣ ширкат варзанд.
Қатъномаи A/79/L.94 бо бо дастгирии кулли давлатҳо қабул шуда, ба истифодаи бехатар, масъулиятнокӣ ва ахлоқ асосёфтаи зеҳни сунъӣ диққат медиҳад.
Дар Қатънома муқаррароти зерин дарҷ гардидаанд:
- Механизмҳои худтанзимкунӣ. Таъсиси стандартҳои минтақавӣ барои идоракунии зеҳни сунъӣ, ки мувозинати байни танзим ва навоварӣро таъмин мекунад.
- Рушди устувор. Истифодаи зеҳни сунъӣ барои ҳалли масъалаҳои иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва экологӣ дар Осиёи Марказӣ.
- Ҳамкорӣ. Пешбурди барномаҳои муштарак дар самтҳои омӯзиш, таҳқиқот ва инфрасохтор.
Қатънома:
1. Давлатҳои узвро ба афзоиши ҳамкорӣ дар қобилиятсозӣ, мубодилаи сиёсатҳо, интиқоли технологияҳо ва омӯзиши ҳаётӣ даъват мекунад.
2. Кишварҳои Осиёи Марказиро ба таҳияи ченакҳо ва механизмҳо барои арзёбии таъсири зеҳни сунъӣ ҳавасманд мегардонад.
3. Ҳамкориҳои байналмилалиро дар барномаҳои таълимӣ, дастрасӣ ба захираҳо ва иштироки корхонаҳои хурду миёна пешбарӣ намуда, ташаббуси таъсиси Маркази минтақавии зеҳни сунъӣ дар Душанбе-ро қайд мекунад.
4. Таҳияи чораҳои худтанзимкунии минтақавиро дар Осиёи Марказӣ қайд мекунад.
5. Агентиҳои СММ-ро ба ҳамкорӣ дар тарҳрезии барномаҳои қобилиятсозӣ ва шарикии давлатӣ-хусусӣ даъват мекунад.
6. Нақши марказӣ ва ҳамоҳангсозии СММ-ро дар ҳамкории байналмилалӣ дастгирӣ мекунад.
7. Системи СММ-ро ба афзоиши ҳамкории амалӣ оид ба қобилиятсозии зеҳни сунъӣ даъват мекунад.
Қатънома ҳамчунин механизмҳои муайянро пешниҳод мекунад, аз ҷумла таъсиси Маркази минтақавии зеҳни сунъӣ дар Душанбе, ки ҳамоҳангсозии барномаҳоро таъмин менамояд. Қатънома зарурати бартараф кардани фарқиятҳои рақамӣ ва зеҳни сунъиро байни кишварҳо ва дар дохили онҳо таъкид мекунад ва ба маблағгузории давлатӣ ва хусусӣ, мубодилаи донишҳо, интиқоли технологияҳо ва кӯмаки қобилиятсозӣ барои кишварҳои рушдёбанда, аз ҷумла Осиёи Марказӣ диққат медиҳад. Нақши созмонҳои байналмилалӣ, муассисаҳои молиявӣ, бахши хусусӣ, ҷомеаи шаҳрвандӣ ва академиро дар пешбурди қобилиятсозии зеҳни сунъӣ эътироф мекунад.
Марказ ҳамчун ҳаб барои ҳамоҳангсозии талошҳо дар Осиёи Марказӣ пешбинӣ шудааст, ки дорои вазифаҳои зерин мебошад:
- Дастгирии стартапҳо ва омӯзиши мутахассисон.
- Роҳандозии лоиҳаҳои таҳқиқотӣ.
- Таъсиси шабакаҳои маълумот.
- Ҳамоҳангсозии сиёсатҳои миллӣ бо стандартҳои байналмилалӣ.
- Ҳамкорӣ бо шарикони ҷаҳонӣ.
Ин марказ метавонад намуна барои минтақаҳои дигар гардад, чунонки дар қатъномаҳои қаблӣ оид ба зеҳни сунъӣ зикр шудааст.
Қатъномаи мазкур қадами муҳим дар роҳи истифодаи зеҳни сунъӣ барои рушди устувор буа, нақши пешсафии Тоҷикистонро дар қабули санадҳои байналмилалӣ бо роҳбарии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нишон медиҳад. Татбиқи он метавонад ба ҳамгироии минтақавӣ ва навоварӣ мусоидат намояд.
САНГИНЗОДА Дониёр Шомаҳмад, - муовини директори Институти омӯзиши масъалаҳои давлатҳои Осиё ва Аврупои АМИТ оид ба илм ва таълим, доктори илмҳои ҳуқуқшиносӣ, профессор
Ба истиқболи сафари расмии президенти Муғулистон муҳтарам Ухнаагийн Хурэлсух ба Ҷумҳурии Тоҷикистон, 23-26 июли 2025
Ҷиҳати дарки хусусиятҳои асосии сиёсати хориҷии муосири Муғулистон бояд мавқеи Муғулистонро дар низоми ҷаҳонии муносибатҳои байналмилалӣ бояд ба назар гирифт. Бояд қайд намуд, ки пас аз пошхӯрии Иттиҳоди Шуравӣ мавқеъ ва нақши Муғулистон дар низоми муносибатҳои байналмилалӣ тағйир ёфт. Ин хусусият ба пайдоиши як кишвари соҳибистиқлол мусоидат кард. Бинобар ин, Муғулистон ба масъалаҳои таъмини амнияти миллӣ дар марҳалаи муосири байналмилалӣ ворид гардид.
Маврид ба зикр аст, ки низоми ҷаҳонии муносибатҳои байналмилалӣ дар охири асри XX – ибтидои асри XXI бо як қатор хусусиятҳои асосӣ тавсиф карда мешавад:
1. Бисёрқутбӣ: баръакси Ҷанги Сард, вақте ки дар ҷаҳон ду абарқудрати ҳастаӣ – Иёлоти Муттаҳидаи Амрико (минбаъд ИМА) ва Иттиҳоди Шуравӣ вуҷуд доштанд. Ҳоло дар ҷаҳон якчанд давлатҳои тавоно ва бозингарони минтақавӣ мавҷуданд, ки ба сиёсат ва иқтисоди байналмилалӣ таъсир мерасонанд;
2. Ҷаҳонишавӣ: бо рушди технологияҳо ва инфрасохтори нақлиётӣ муносибатҳои байналмилалӣ бештар хусусияти ҳамгироиро дар тиҷорат, сармоягузорӣ, технология ва фарҳанг бештар вобастагӣ пайдо намуданд;
3. Пайдо шудани таҳдидҳои ғайрианъанавӣ ба амнияти байналмилалӣ: пас аз ҳамлаҳои террористии 11 сентябри соли 2001 дар ИМА таҳдидҳои ғайрианъанавӣ ба амнияти байналмилалӣ яке аз масъалаҳои асосии муносибатҳои байналмилалӣ гардид. Мубориза бо терроризм барои бисёр кишварҳо авлавият пайдо карда, боиси таъсиси сохтору эътилофҳои нави байналмилалӣ гардид;
4. Рушди иқтисодии Ҷумҳурии Чин (минбаъд ҶМЧ): ҶМЧ ба як бозингари калидӣ дар иқтисоди байналмилалӣ, инчунин дар муносибатҳои сиёсии байналмилалӣ табдил ёфтааст. Иқтидори афзояндаи иқтисодӣ ва низомии ҶМЧ тавозуни қудратҳоро тағйир дода, барои ҷомеаи ҷаҳонӣ чолишҳои навро эҷод мекунад, ки ин махсусан бо назардошти ҳамсоягии Муғулистон ба ҶМЧ муҳим аст;
5. Васеъшавии Иттиҳоди Аврупо: васешавии Иттиҳоди Аврупо боиси ҳамгироии бештар дар Аврупо ва афзоиши нақш дар иқтисоди ҷаҳонӣ гардид. Бо вуҷуди ин, васешавӣ як қатор мушкилот, аз ҷумла афзоиши гуногунрангии байни кишварҳои узвро низ овард;
6. Ихтилофҳо ва буҳронҳо: низоми байналмиллалӣ бо фурӯпошии сохтори дуқутбӣ хусусияти зиддиятии худро гум накардааст. Тағйир ёфтани муҳити байналмилалӣ боиси афзудани омили этникӣ, пурзур шудани тамоюлҳои марказгурезии сиёсати қувваҳои мусаллаҳи ИМА нисбат ба режимҳое гардид, ки ба стандартҳои либералии демократӣ мувофиқ нестанд. Ин хусусиятҳо ба муносибатҳои байналмилалӣ таъсир расонданд;
7. Тағйирёбии иқлим: масъалаи тағйирёбии иқлим ва таъсири он боз ҳам намоёнтар шуда, ба мавзуи музокирот ва ҳамкориҳои байналмилалӣ табдил ёфтааст. Бинобар ин, созмонҳо байналмилалӣ ва давлатҳои алоҳида барои ҳалли муштараки мубориза бо тағирёбии иқлим ва оқибатҳои он ҳамкорӣ менамоянд.
Низоми муносибатҳои байналмилалӣ дар охири асри XX – ибтидои асри XXI мураккабтар ва бо ҳам алоќаманд гардида, бо масъалаҳо ва мушкилоте, ки аз роҳбарияти Муғулистон тақозо мекунад, муносибатҳои навро оид ба рушди ҳамкорӣ, ҳамоҳангӣ ва созмонҳои байналмилалӣ оид ба масъалаҳои мубрами рӯзномаи байналмилалӣ таҳия намояд.
Инчунин, Муғулистон дар зернизоми минтақавии муносибатҳои байналмилалӣ, ки дар Осиёи Шимолу Шарқӣ инкишоф ёфтааст, таваҷҷӯҳи махсус бояд дод. Хусусиятҳои зернизоми минтақавӣ ба номгӯи чолишҳо ва таҳдидҳо таъсир расонида, барои рушди самтҳои фаъолияти сиёсати хориҷӣ имконият фароҳам меоранд. Мавриди тазаккур аст, ки ба зернизоми минтақавии Осиёи Шимолу Шарқӣ ҶМЧ, Ҷопон, Кореяи Шимолӣ, Кореяи Ҷанубӣ, Муғулистон ва Федератсияи Русия дохил мешаванд. Баъзе аз хусусиятҳои зернизоми минтақавии мазкур аз инҳо иборат мебошанд:
1. Мушкилии геосиёсӣ: Осиёи Шимолу Шарқӣ як минтақаи мураккаби геосиёсӣ буда, аз бисёр давлатҳои бонуфуз иборат мебошад, ки манфиатҳо ва ҳадафҳои худро доранд;
2. Низоъҳои таърихӣ: Бисёре аз кишварҳои минтақа низоъҳои таърихии тӯлонӣ доранд, аз қабили робитаҳои ҶМЧ ва Ҷопон, мушкилот дар нимҷазираи Корея, баҳсҳои ҳудудии Федератсияи Русия ва Ҷопон ва ғайра;
3. Вобастагии иқтисодӣ: Осиёи Шимолу Шарқӣ як минтақаи муҳимми иқтисодӣ мебошад, ки дар он ҶМЧ, Ҷопон ва Кореяи Ҷанубӣ дар иқтисоди ҷаҳонӣ мавқеи муҳимро ишғол мекунанд;
4. Ҳамкориҳои амниятӣ: Бо вуҷуди ихтилофҳои таърихӣ, баъзе кишварҳои минтақа дар самти амният, аз ҷумла ҳамкорӣ дар чаҳорчӯбаи Созмони Ҳамкориҳои Шанхай (минбаъд СҲШ) ва Машварат оид ба ҳамкорӣ ва тадбирҳои боварӣ дар Осиё (минбаъд МҲТБО) ҳамкорӣ мекунанд;
5. Масъалаҳои силоҳи ҳастаӣ: Кореяи Шимолӣ як қудрати ҳастаист, ки нигаронии кишварҳои ҳамсоя ва ҷомеаи ҷаҳонӣ аст.
Зернизоми минтақавии Осиёи Шимолу Шарқӣ дорои бисёр масъалаҳо, печидаҳо ва мушкилотест, ки ҳамкорӣ ва ҳамгироии байни кишварҳо ва созмонҳои минтақавиро тақозо мекунад.
Муғулистон як кишвари муҳим дар зернизоми минтақавии Осиёи Шимолу Шарқӣ мебошад. Ҷойгиршавии ҷуғрофии он дар байни Федератсияи Русия ва ҶМЧ қарор грифтааст. Инчунин, мероси фарҳангӣ, таърих ва иқтидори иқтисодӣ онро бозингари муҳим дар таҳаввулоти минтақавӣ арзёбӣ мегардад.
Маврид ба зикр аст, ки Муғулистон аз лиҳози геосиёсӣ як кишвари муҳимми стратегӣ ба ҳисоб меравад. Зеро он имкон дорад ба як маркази муҳимми нақлиётӣ дар минтақа табдил ёбад. Инчунин, роҳҳои транзитии байни Федератсияи Русия, ҶМЧ ва дигар кишварҳоро таъмин кунад. Муғулистон аз захираҳои табиӣ, аз қабили ангишт, мис, тилло, молибден ва ғайра бой буда, метавонад омили асосии рушди иқтисоди минтақа гардад. Чунон ки таърихнигори рус Ю.В. Кузмин қайд мекунад, ки “Муғулистони муосир ба яке аз марказҳои зиддияти ҷаҳонии байни бозингарони асосии ҷаҳон – ИМА, ҶМЧ, Федератсияи Русия, кишварҳои Иттиҳоди Аврупо, инчунин ба макони рақобат байни корхонаҳои бузурги миллию тиҷоратӣ ва ташкилотҳо табдил ёфта истодааст”.
Аҳаммияти сиёсии Муғулистонро дар низоми муносибатҳои байналмилалӣ чунин қайд кардан мумкин аст:
¾Муғулистон як пули геосиёсӣ байни ҶМЧ ва Федератсияи Русия аст;
¾Муғулистон дар байни ду давлати калонтарини ҷаҳон воқеъ буда, дар муносибатҳои иқтисодию сиёсии онҳо нақши муҳим мебозад;
¾Муғулистон ба манбаҳое, ки барои ҶМЧ ва Федератсияи Русия аз ҷиҳати стратегӣ муҳим аст, ба мисли гази табиӣ ва ангишт дастрас аст.
Инчунин, дурнамои пайваст кардани ташаббуси “Як камарбанд, як роҳ” ва Иттиҳоди иқтисодии АвруОсиё мебошад. Қобили зикр аст, ки дурнамои пайванди ибтикори геоиқтисодии Чин дар “Камарбанди иқтисодии Роҳи Абрешим” бо Иттиҳоди иқтисодии АвруОсиё, ки долони иқтисодии Русия-Муғулистон-Чин метавонад ҷузъи он гардад, ибтидои рушди муносибатҳои башардӯстона хоҳад буд.
Муғулистон фарҳанг ва таърихи беназири худро дорад, ки сайёҳони зиёдеро аз тамоми ҷаҳон ҷалб мекунад. Раванди мазкур онро ба маркази муҳимми фарҳангии минтақа табдил дода, имкон медиҳад, ки дар туризми байналмилалӣ нақш бозад.
Муғулистон дар заминаи амният ва субот дар минтақа аҳаммияти стратегӣ дорад. Муғулистон ба далели ҷойгиршавӣ ва робитаҳои сиёсӣ бо Федератсияи Русия ва ҶМЧ метавонад як бозингари муҳим дар ҳифзи сулҳу субот дар минтақа гардад.
Муғулистон, инчунин як омили муҳимми мақоми ғайриҳастаӣ дорад, ки ба нуфузи он таъсири мусбат мерасонад. Ихтиёран даст кашидан аз яроқи ҳастаӣ дар сиёсати ҷаҳонӣ ҳодисаи нодир аст, ки он имкон медиҳад, ки Муғулистон аз тарафи дигар ҳамчун иштирокчии сулҳдуст ва масъулиятноки сиёсати ҷаҳонӣ қабул карда шавад. Муғулистонро, ки зиёда аз 32 сол боз аз офаридани лоиҳаи ҳастаии худ даст кашида, ҷидду ҷаҳди байналмилалиро дар соҳаи ярокпартоӣ фаъолона дастгирӣ мекунад. Дар мавриди мазкур, мақоми ғайриҳастаии он ба афзоиши нуфузи миллӣ дар назари ҷомеаи ҷаҳонӣ мусоидат мекунад.
Ҳамин тариқ, мавқеи Муғулистон дар низоми муносибатҳои байналмилалиро мавриди омӯзиш ва баррасӣ қарор дода, ба хулосае омадан мумкин аст, ки:
¾ Муғулистон бинобар хусусиятҳои ҷуғрофию таърихӣ, набудани роҳ ба баҳр ва шумораи ками аҳолӣ наметавонад дар минтақа нақши пешбарандаро бозад;
¾ Ба рушди дохилӣ ва сиёсати хориҷии Муғулистон ба андозаи зиёд омили наздикӣ бо ҶМЧ ва Федератсияи Русия таъсир мерасонад;
¾ Муғулистон кӯшиш дорад ҳамкориҳоро на танҳо бо ҶМЧ ва Федератсияи Русия, балки бо дигар давлатҳои бонуфуз аз ҷумла Ҷумҳурии Тоҷикистон дар доираи гуногунсозии сиёсати хориҷии худ густариш диҳад;
¾ Муғулистон дар сатҳи низоми минтақавии муносибатҳои байналмилалӣ, ки бетарафӣ ва дахолат накардан ба низоъҳои минтақавиро қатъиян риоя менамояд. Инчунин, барои ҳалли мушкилоти минтақавӣ замина пешниҳод намояд.
¾ Муғулистон ба фаъолияти созмонҳои минтақавӣ ва иттиҳодияҳои ҳамгироӣ таваҷҷуҳ зоҳир намуда, барои узвияти комилҳуқуқи онҳо шитоб намекунад;
¾ Муғулистон дар созмонҳои байналмилалӣ, ки муносибатҳо бо онҳо хусусияти муайянкунандаро доро мебошад, фаъолона ширкат меварзанд;
¾ Принсипи муҳимми сиёсати хориҷии Муғулистон ин аз иштирок дар иттиҳодияи ҳарбию сиёсӣ даст кашидан аст. Зеро, Конститутсияи Муғулистон ҷойгир кардани базаҳои низомии хориҷиро дар қаламрави худ манъ мекунад;
¾ Муғулистон дар машқҳои муштараки низомии Ғарб бо кишварҳои Осиёи Марказӣ фаъолона ширкат мекунад (барои мисол дар Ҷумҳурии Тоҷикистон солҳои 2017 ва 2022);
Раҳмонзода Азимҷон, - ходими пешбари илмии Шуъбаи Осиёи Ҷанубу Шарқии Институти омӯзиши масъалаҳои давлатҳои Осиё ва Аврупои АМИТ, номзади илмҳои таърих
Ба истиқболи сафари расмии президенти Муғулистон ба Ҷумҳурии Тоҷикистон 23-26 июли 2025
Муносибатҳои дипломатӣ байни Тоҷикистон ва Муғулистон 24 апрели 1992 расман барқарор гардиданд. Муғулистон, ки бо номи расмии Монгол Улс маъруф аст, кишвари бидуни дастрасӣ ба баҳр дар Осиёи Шарқӣ ва Марказӣ буда, байни Русия дар шимол ва Чин дар ҷануб, шарқ ва ғарб ҷойгир аст. Пойтахти он Улан-Батор буда, масоҳаташ 1,564,116 км² аст, ки онро 18-умин кишвари калон дар ҷаҳон месозад. Аҳолии Муғулистон дар соли 2024 тақрибан 3544835 нафарро ташкил медиҳад, ки бо зичии миёнаи тақрибан 2 нафар дар 1 км² яке аз камзичиёнтарин кишварҳои мустақил дар ҷаҳон аст. Забони расмии кишвар муғулӣ аст, ки 95% аҳолӣ ба он ҳарф мезананд, дар ҳоле ки диалектҳои Ойрат, Бурят ва забонҳои туркӣ (қазоқӣ ва тувагӣ) дар ғарб истифода мешаванд. Буддоияи тибетӣ (53%), бединӣ (39%) ва ислом (3.2%, асосан дар байни қазоқҳо) динҳои асосии кишварро ташкил медиҳанд. Муғулистон бо шакли идораи ҷумҳурии парлумонӣ идора мешавад, ки президент Ухнаагийн Хурэлсух (аз июни 2021) сарвари давлат ва Лувсаннонсар Оюн-Эрдэнэ сарвазир он аст. Муғулистон узви Созмони Милали Муттаҳид, СҲШ, Бонки Сармоягузории Осиё аст.
Рӯйдодҳои муҳими дипломатии байни Тоҷикистон ва Муғулистон инҳо баҳисоб мераванд:
- 23 марти 2009. Сафари расмии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Муғулистон.
- 11 сентябри 2014. Вохӯрии президентҳои Тоҷикистон ва Муғулистон дар доираи Шӯрои Сарони давлатҳои узви Созмони Ҳамкориҳои Шанхай (СҲШ) дар шаҳри Душанбе, ки дар он мавзӯъҳои ҳамкориҳои сиёсӣ, тиҷоратӣ-иқтисодӣ ва илмӣ-фарҳангӣ баррасӣ шуданд.
- 20 сентябри 2016. Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии ду кишвар дар шаҳри Ню-Йорк дар ҳошияи 71-умин иҷлоси Маҷмаи Умумии СММ.
- 13 октябри 2018. Мулоқоти Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Муовини Сарвазири Муғулистон дар доираи ҷаласаи Шӯрои сарони ҳукуматҳои СҲШ дар шаҳри Душанбе.
- 15 апрели 2019. Баргузории дуюмин давраи машваратҳои сиёсӣ байни вазоратҳои корҳои хориҷии Тоҷикистону Муғулистон дар Душанбе.
- 15 июни 2019. Иштироки ҳайати Муғулистон дар 5-умин Саммити Машварати ҳамкорӣ ва тадбирҳои боварӣ дар Осиё дар шаҳри Душанбе.
Заминаи меъёрӣ-ҳуқуқии муносибатҳои Тоҷикистону Муғулистон аз панҷ санади дуҷониба иборат аст, ки асоси ҳуқуқии ҳамкориҳоро дар соҳаҳои гуногун, аз ҷумла тиҷорат, сармоягузорӣ, карантин ва ҳифзи растаниҳо, байторӣ ва сафарҳои мутақобилаи шаҳрвандон муайян мекунанд.
1. Созишнома байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Муғулистон оид ба шартҳои сафарҳои мутақобилаи шаҳрвандон (Қарори Ҳукумати ҶТ аз 3 декабри 2004, №474). Мақсади бастани ин созишномаи мазкур соддагардонии рафтуомади шаҳрвандони ду кишвар ва муайян кардани шартҳои ҳуқуқии сафарҳои мутақобила. Ин созишнома барои мусоидат ба равобити байни мардумони ду кишвар, афзоиши сайёҳӣ ва ҳамкориҳои фарҳангӣ хизмат мекунад.
2. Созишнома байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Муғулистон оид ба ҳамкориҳои тиҷоратию иқтисодӣ (Қарори Ҳукумати ҶТ аз 25 марти 2009, №146, имзо шуда дар Улан-Батор, 27 марти 2009, тасдиқ шуда бо Қарори Ҳукумати ҶТ аз 28 июли 2009, №425). Мақсади бастани ин созишнома таҳкими муносибатҳои тиҷоратӣ-иқтисодӣ дар асоси баробарӣ ва манфиатҳои мутақобила, мусоидат ба савдо, намоишгоҳҳо ва фаъолияти комиссияи муштарак. Созишнома заминаи ҳуқуқӣ барои рушди тиҷорат, сармоягузорӣ ва табодули молу хизматрасонӣ фароҳам меорад. Таъсиси Комиссияи Муштарак барои назорати иҷрои созишнома ва пешниҳоди роҳҳои густариши ҳамкорӣ як механизми муҳими идоракунӣ мебошад. Инчунин, созишнома ба ҳифзи моликияти зеҳнӣ ва кушодани намояндагиҳои тиҷоратӣ мусоидат мекунад.
3. Созишнома байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Муғулистон оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи карантин ва ҳифзи растаниҳо (Қарори Ҳукумати ҶТ аз 25 марти 2009, №148). Мақсади бастани ин созишнома ҳифзи қаламрави ду кишвар аз организмҳои зараровари карантинӣ, соддагардонии тиҷорати мутақобилаи маҳсулоти растанӣ ва маводи тухмӣ. Ин созишнома ба пешгирӣ аз паҳншавии бемориҳои растанӣ ва зараррасонҳо мусоидат мекунад. Талабот ба сертификатҳои фитосанитарӣ ва ҳамкории мутахассисон дар тафтиши маҳсулот барои таъмини амнияти биологии ду кишвар муҳим аст. Созишнома инчунин механизми огоҳсозӣ ва табодули иттилоотро дар бораи хатарҳои карантинӣ муқаррар мекунад.
4. Созишнома байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Муғулистон оид ба ҳавасмандгардонӣ ва ҳифзи мутақобилаи сармоягузорӣ (Қарори Ҳукумати ҶТ аз 25 марти 2009, №149). Мақсади бастани ин созишнома фароҳам овардани шароити мусоид барои сармоягузорон, ҳифзи сармояҳо аз мусодира ва таъмини шаффофият дар фаъолияти сармоягузорӣ. Созишнома барои ҷалби сармояи мутақобила заминаи устувор фароҳам меорад. Муқаррароти он, аз қабили ҳифзи сармоя аз мусодира, ҷуброни зарар ва интиқоли озоди маблағҳо, барои эътимоди сармоягузорон муҳиманд. Механизмҳои ҳалли баҳсҳо тавассути арбитраж низ ба устувории муносибатҳои сармоягузорӣ мусоидат мекунанд.
5. Созишнома байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Муғулистон оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи байторӣ (Қарори Ҳукумати ҶТ аз 25 марти 2009, №147). Мақсади бастани ин созишнома ҳифзи қаламрави ду кишвар аз бемориҳои сирояткунандаи ҳайвонот, таъмини бехатарии байторию санитарии маҳсулоти чорводорӣ ва мусоидат ба савдои мутақобила. Ин созишнома барои назорати бемориҳои ҳайвонот ва таъмини бехатарии маҳсулоти чорводорӣ муҳим аст. Талабот ба сертификатҳои байторӣ ва ҳамкории мутахассисон дар тафтиши маҳсулот ба пешгирии хатарҳои санитарӣ кумак мекунад. Инчунин, созишнома табодули иттилоот ва таҷриба дар соҳаи байториро ташвиқ мекунад.
Сафари давлатии Президенти Муғулистон Ухнаагийн Хурэлсух ба Тоҷикистон (23-26 июли 2025) нахустин сафари давлатӣ дар сатҳи сарвари давлат аз замони барқарории муносибатҳои дипломатӣ мебошад. Ин рӯйдод нишонаи омодагии ду ҷониб барои густариши ҳамкорӣ ва мустаҳкам намудани заминаи меъёрӣ-ҳуқуқӣ аст. Ба иттилои Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон, дар доираи ин сафар ба имзо расидани як қатор санадҳои нави дуҷониба дар назар аст, ки метавонанд соҳаҳои сиёсат, иқтисод, фарҳанг ва маорифро фаро гиранд.
Барномаи сафар фарогири мулоқотҳои дуҷониба ва имзои санадҳои ҳамкорӣ мебошад.
1. Мулоқотҳои дуҷониба. Мулоқоти сарони давлатҳо, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва муҳтарам Ухнаагийн Хурэлсух барои баррасии масъалаҳои калидии ҳамкорӣ ва муайян кардани самтҳои ояндаи муносибатҳо.
2. Имзои санадҳои ҳамкорӣ. Ба нақша гирифта шудааст, ки як қатор санадҳои дуҷониба ба имзо расонида шаванд, ки заминаи меъёрӣ-ҳуқуқии муносибатҳоро васеъ мекунанд.
Санадҳои мавҷуда, аз ҷумла созишномаҳои тиҷоратию иқтисодӣ, сармоягузорӣ, карантин ва ҳифзи растаниҳо, инчунин байторӣ, барои рушди ҳамкориҳои иқтисодӣ заминаи мустаҳкам фароҳам меоранд. Тоҷикистон бо захираҳои бойи маъданӣ ва имкониятҳои гидроэнергетикӣ метавонад барои сармоягузорони Муғулистон ҷолиб бошад. Муғулистон бошад, бо таҷриба дар соҳаҳои истихроҷи маъдан ва кишоварзӣ метавонад шарики муҳими тиҷоратӣ гардад. Санадҳои нави ба имзорасида дар доираи сафар метавонанд шароити мусоид барои сармоягузорӣ ва тиҷоратро боз ҳам беҳтар созанд.
Аз нигоҳи сиёсӣ, санадҳои дуҷониба ба таҳкими мавқеи ду кишвар дар арсаи байналмилалӣ мусоидат мекунанд. Ҳар ду кишвар аъзои Созмони Милали Муттаҳид ва Созмони Ҳамкориҳои Шанхай буда, дар масъалаҳои марбут ба амнияти минтақавӣ ва рушди устувор манфиатҳои муштарак доранд. Санадҳои нав метавонанд ҳамкориҳоро дар доираи ин созмонҳо тақвият бахшанд.
Сафари давлатии муҳтарам Ухнаагийн Хурэлсух метавонад ба натиҷаҳои зерин оварда расонад:
1. Васеъ шудани заминаи меъёрӣ-ҳуқуқӣ. Имзои санадҳои нав шумораи созишномаҳои дуҷонибаро зиёд карда, асоси ҳуқуқии ҳамкориҳоро мустаҳкам мекунад.
2. Афзоиши сармоягузорӣ. Санадҳои тиҷоратӣ ва сармоягузорӣ метавонанд ба ҷалби сармояи Муғулистон ба Тоҷикистон мусоидат кунанд.
3. Густариши равобити фарҳангӣ. Созішномаҳо дар соҳаи фарҳанг ва маориф метавонанд ба афзоиши ҳамдигарфаҳмӣ ва таблиғи фарҳанги ду кишвар мусоидат кунанд.
Заминаи меъёрӣ-ҳуқуқии муносибатҳои Тоҷикистону Муғулистон, ки аз панҷ санади дуҷониба иборат аст, асоси муносибатҳои ду кишварро дар соҳаҳои тиҷорат, сармоягузорӣ, карантин ва ҳифзи растаниҳо, байторӣ ва сафарҳои мутақобила ташкил медиҳад. Сафари давлатии Президенти Муғулистон Ухнаагийн Хурэлсух ба Тоҷикистон (23-26 июли 2025) имкони нодире барои густариши ин замина ва таҳкими ҳамкориҳо дар соҳаҳои сиёсат, иқтисод ва фарҳанг мебошад. Имзои санадҳои нав ва мулоқотҳои сатҳи баланд метавонанд муносибатҳои ду кишварро ба сатҳи нав бароранд.
Сангинзода Дониёр Шомаҳмад, муовин оид ба илм ва таълим директори Институти омӯзиши масъалаҳои давлатҳои Осиё ва Аврупои АМИТ, доктори илмҳои ҳуқуқшиносӣ, профессор
(Дар мисоли Тоҷикистону Ҳиндустон, Покистон,Чин, Муғулистон) Ба истиқболи сафари расмии Президенти Муғулистон ба Ҷумҳурии Тоҷикистон 23-26 июли 2025
Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ибтидои истиқлоли давлатӣ ба тавсеаи муносибатҳои дипломатӣ, ҳамкориҳои бисёрҷониба ва рушди ҳамгироии минтақавию байналмилалӣзаминаи мусоид фароҳам овардааст. Дар ин замина, кишвар таҳти роҳбарии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон сиёсати «Дарҳои боз»-ро ба роҳ мондаст, ки он ҳамчун рукни хирадмандонаи давлатдорӣ ба Тоҷикистон барои эъмори робитаҳои неку дустона бо ҳамаи кишварҳои минтақа ва ҷаҳон имконият, фароҳам сохт. Дар шароити имрӯза, муносибатҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ҳама кишварҳои минтақа аз ҷумла, бо кишварҳои Осиёи Ҷанубу Шарқ бо шумули Муғулистон рӯз то рӯз таҳким меёбад.
Муғулистон дар Осиёи Шарқӣ ҷойгир буда, дар шимол бо Русия ва дар ҷануб ва ҷанубу шарқ бо Чин ҳамсарҳад аст. Империяи Илхониҳо дар Эрон ва Горгуниҳои муғултабор дар Ҳинд муддати дароз роҳбарӣ доштанд, ки забони фосрӣ-тоҷикӣ аз забонҳои расмии он давраҳо маҳсуб меёфт. Ин кишвар ба низоми сосиалистӣ майл пайдо карда, бо собиқ Иттиҳоди Шуравӣ пайванди наздик дошт. Муғулистон яке аз бузургтарин кишварҳоест, ки қисми зиёди майдони онро даштҳои сералаф фаро гирифта, дар шимолу ғарб кӯҳҳо ва дар ҷануб биёбонҳо дорад. Ин кишвар баъд аз Қазоқистон дуввумин кишвари калонтарин маҳсур бо хушкӣ буда, шаҳри Улан-Батор, пойтахт ва бузургтарин шаҳр буда, тақрибан 95% аҳолӣ муғул ва тақрибан 4% аз ақаллиятҳои қазоқӣ мебошанд. Беш аз 45 фоизи аҳолии мамлакат дар пойтахт зиндагӣ мекунад, ки нисфи аҳолии кишварро ташкил медиҳад. Забони расмии ин кишвар муғулӣ буда, бо хати кирилӣ ва ҳам уйғурӣ навишта мешавад. 53% мардуми муғул тобеи буддои тибетӣ мебошанд. Пули кишвар тугриг буда, ва низоми сиёсии он ҷумҳурии парлумонӣ мебошад.
Иқтисодиёти Муғулистон ба чорводории ҷамъиятӣ, аз ҷумла чорвои калони шохдор, гӯсфанд, буз ва шутур асос ёфтааст. Соҳаи саноат асосан ба саноати хӯрокворӣ ва саноати пӯсту пашм алоқаманд аст. Муғулистон дорои иқтисоди кишоварзӣ буда, ба содироти он: гандум, ҷав, картошка, асп ва чорво дохил мешавад. Захираҳои зеризаминии он нафт, маъдани оҳан, тилло, мис ва руҳ (қалъа) мебошанд. Мис яке аз маҳсулоти асосии содиротӣ мебошад. Фарҳанги мардуми ин кишвар бо фарҳанги Русу Чин қаробат дошта, аспсаворӣ ва размиданро хеле дӯст медоранд. Мусиқии бумии ин ҷо ба мардуми Осиёи Марказӣ шабоҳатҳои зиёд дорад.
Тибқи манобеи расмӣ Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Муғулистон бо қароргоҳ дар ш. Нур-Султон) ҷаноби Ибодзода Хайрулло (11.06.2019) ва Сафири Фавқулода ва Мухтори Муғулистон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон (бо қароргоҳ дар ш. Нур-Султон) ҷаноби Лувсан Баттулга (21.11.2017) таъйин шуда буданд. 23 марти 2009 сафари расмии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Муғулистон баргузор гардида, 11 сентябри 2014 вохӯрии президентҳои Тоҷикистон ва Муғулистон дар доираи Шӯрои Сарони давлатҳои узви СҲШ дар шаҳри Душанбе баргузор шуд. Дар заминаи он мавзӯъҳои ҳамкориҳои сиёсӣ, тиҷоратӣ-иқтисодӣ ва илмӣ-фарҳангӣ мавриди баррасӣ қарор гирифт. Дертар 20 сенятбри 2016 вохӯрии вазирони корҳои хориҷии ду кишвар дар шаҳри Ню-Йорк дар ҳошияи 71-ум иҷлоси Маҷмаи Умумии СММ баргузор шуда, 13 октябри 2018 дар доираи ҷаласаи Шӯрои сарони ҳукуматҳои СҲШ дар шаҳри Душанбе мулоқоти Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Муовини Сарвазири Муғулистон баргузор гардид. Санаи 15 апрели 2019 дар Душанбе дуюмин давраи машваратҳои сиёсӣ байни вазоратҳои корҳои хориҷии Тоҷикистону Муғулистон баргузор гардид. Бояд қайд кард, ки 15 июни 2019 дар 5-умин Саммити Машварати ҳамкорӣ ва тадбирҳои боварӣ дар Осиё дар шаҳри Душанбе, ҳайати Муғулистон иштирок кард ва заминаи меъёрӣ-ҳуқуқии миёни кишварҳоро чандин санадҳои дуҷониба ташкил медиҳад.
Кишварҳои Осиё барои таҳкими ҳамбастагӣ ва ҳамкорӣ тавассути эътимоди бештари мутақобила, мусоидат ба ҷаҳонишавии иқтисодӣ тавассути ошкорбаёнӣ ва ҳамҷавориву ҳамгироӣ, ҷустуҷӯи шукуфоӣ ва рушд тавассути манфиати мутақобила ва ҳамкории муфид ва ҳифзи сулҳу субот тавассути ҳамзистии осоишта мебошад.
Тоҷикистони навин бо дарёфти истиқлолият равобиташро бо ҳамаи кишварҳо, аз ҷумла Осиёи Ҷанубу Шарқӣ бо шумули Ҳиндустон, Покистон,Чин, Муғулистон оғоз кард. Ҳамин тариқ, бо эҷоди мактаби сулҳофарин ва ташаббусҳои созандааш онро тақвият бахшид. Барои рушд ва тавсияи сиёсӣ, иҷтимоӣ ва иқтисодии давлат доштани Истиқлолият ва таҳкими робитаҳои байни давлатҳо шарти асосӣ ба шумор меравад. Барои тақвият ва таҳким бахшидан ҳамаи онҳо талош менамоянд, то ки ба мақсади асосии худ ноил гарданд. Дар ин масир ҳар яке аз кишварҳо барномаҳои афзалиятноки худро ба таври ду ҷониба, сеҷониба ё муштарак анҷом дода, амалӣ месозанд. Дар ин мақола талош шудааст, то нигоҳи кутоҳе ба робитаҳо миёни ин кишварҳо дошта бошем, ки сарчашмаи он дар нахустин рӯзҳои Истиқлоли Тоҷикистон оғоз шуда, ин кишварҳо узви фаъол буда, муносибатҳои ҳасана бо Осиёи Марказӣ доранд. Мавриди зикр аст, ки муносибатҳои дипломатӣ байни Тоҷикистон бо Чин санаи 4 январи 1992, Ҳиндустон 28 августи соли 1992, Покистон 6 июни соли 1992 ва Муғулистон 24 апрели 1992 барқарор шуданд.
Бояд қайд кард, ки Тоҷикистон бо кишварҳои дар доираи созмону форумҳои минтақавиву фароминтақавӣ, аз ҷумла СММ, СҲШ, МҲТБО, АСЕАН ва ғайраҳо низ ҳамкории ҳасана дорад. Ин ҷо бояд қайд кард, ки форуму созмонҳо дар асоси вобастагӣ ба масоили гуногуни сиёсӣ ва ҷӯғрофиву ҳамсоягӣ таъсис ёфта, кишварҳоро дар доираи он дар пайванди ҳамгироӣ қарор медиҳанд. Барои мисол дар Конфронси солонаи Боао барои Осиё 2008 санаи 10-13 апрели соли 2008 баргузор гардид, сарони ҳукуматҳои кишварҳо, аз ҷумла Австралия, Покистон, Норвегия ва Қазоқистон ширкат доштанд[3].
Мавриди зикр аст, ки “Форуми Боао барои Осиё” бо ташаббуси 25 кишвари Осиё ва Австралия соли 2006 таъсис ёфта дар он форумҳои сатҳи баланд аз ҷониби ҳукуматҳо, раҳбарон ва дигар ширкатҳо баргузор шуда, нукоти муҳимро оид ба проблемаҳои муҳимтарини минтақа ва умуман ҷаҳон мубодила мекунанд. Идораи марказии Форум дар музофоти Ҳайнан ва котиботи он дар шаҳри Пекини Чин ҷойгир аст. Форум бо номи "Давоси Осиё" маъруф аст, номи худро аз шаҳри Боао, воқеъ дар музофоти Ҳайнан дар ҷануби Чин гирифтааст. Тибқи маълумоти Форуми Боао барои Осиё (BFA) иқтисоди Осиё дар соли ҷорӣ 4,5 дарсад рушд кардааст. Афзоиши савдои мол тадриҷан барқарор шуда истода, савдои хизматрасонӣ бахусус дар соҳаи сайёҳӣ, нақлиёт ва хидматрасонии рақамӣ бо суръати устувор густариш меёбад. Тиҷорати рақамӣ ва электронӣ чун уҳаррикҳои асосии рушд, бахусус дар Осиёи Ҷанубу Шарқӣ маҳсуб меёбанд. Арзиши умумии тиҷорати электронии кишварҳои АСЕАН сол аз сол 15 дарсад афзоиш ёфта, инъикоскунандаи босуръати иқтисоди рақамӣ мебошад.
Қобили зикр аст, ки дар соли 1950 роҳбарони кишварҳои Чину Ҳиндустон дар бораи барқарор намудани робитаҳои дипломатӣ қарори таърихӣ қабул карда, кишвари Ҳиндустон аввалин давлати ғайрисосалистӣ мебошад, ки бо Хитой муносибатҳои дипломатӣ кард. Ҳамин тавр, моҳи октябри соли 2024 дар Қазони Россия мулоқоти раҳбарон баргузор шуд, ки барои муносибатҳо саҳифаи нав фароҳам овард.
Мавриди зикр аст, ки рушду тавсеаи ташаббусҳои нав дар бахшҳои мухталиф, аз ҷумла маориф, фарҳанг, сайёҳӣ, рушди деҳот ва тиҷорат миёни ду кишвари бузурги минтақаи Осиё ва ҷаҳон буда, Сарфи назар аз фарозу нишебҳои фазои геополикии ҷаҳон, равобит байни мардумони ин ҷо таърихи ҳазорсола дошта, тақвияти ин робитаҳо тавассути ҳамкориҳои амниятӣ, муколамаи раҳбарон, табодули фарҳангӣ, ҳамкориҳои тиҷоратӣ ва афзоиши сафарҳои дуҷониба таҳкиму тавсеа меёбад.
Ахиран дар Ҷаласаи Осиё ва Аврупо (ASEM) як платформаи нодир ва ғайрирасмии муколама ва ҳамкорӣ миёни Осиё ва Аврупо дар бораи чолишҳои бузурги ҷаҳони зудтағйирёбанда, аз қабили пайвастшавӣ, тиҷорат ва сармоягузорӣ, тағирёбии иқлим, инчунин чолишҳои васеи амниятӣ, аз қабили мубориза бо терроризм, муҳоҷират, амнияти баҳрӣ ва масъалаҳои киберӣ сурат гирифт. ASEM 53 шарикро аз саросари Аврупо ва Осиё муттаҳид намуда, платформаи асосии бисёрҷониба мебошад, ки Аврупо ва Осиёро бо вазни назарраси ҷаҳонӣ мепайвандад. Шарикии ибтидоии форуми АСЕМ санаи 1-2 марти соли 1996 дар Бангкоки Таиланд ифтитоҳ ёфт, ки ҳамагӣ 15 кишвари узви ИА ва 7 кишвари узви АСЕАН, инчунин Чин, Ҷопон, Корея ва Комиссияи Аврупоро дар бар мегирифт. Дар ҳоли ҳозир аъзоёни АСЕМ 51 кишвари шарик дар бар мегирад, ки 27 кишвари узви Иттиҳодияи Аврупо, 10 кишвари АСЕАН, инчунин Австралия, Бангладеш, Чин, Ҳиндустон, Ҷопон, Қазоқистон, Ҷумҳурии Корея, Муғулистон, Зеландияи Нав, Покистон ва Русия буда, ду шарики институтсионалии он Иттиҳоди Аврупо ва Котиботи АСЕАН мебошанд. Тоҷикистон бо доштани ҳамкориҳои шарикӣ бо кишварҳои Осиё ва Аврупо метавонад робитаи ҳасанаи худро бо аъзоёни ASEM ба хусус Чину Муғулситон, Ҳиндустону Покистон хуб ба роҳ монда, ҳамкорӣ намояд. Бояд қайд кард, ки дар шаҳри Душанбеи Тоҷикистон ҷаласаи 12-уми Муколамаи солонаи сатҳи баланд оид ба сиёсат ва амният дар Иттиҳоди Аврупо ва кишварҳои Осиёи Марказӣ – Қазоқистон, Қирғизистон, Тоҷикистон, Туркманистон ва Узбакистон баргузор шуда, дар заминаи ҳамкориҳои бештари кишварҳои Осиёи Марказӣ ва Иттиҳодияи Аврупо, ки 27 баргузор шуда, ҳамоиши нахустини Иттиҳоди Аврупо ва Осиёи Марказӣ, ки 4 апрели соли 2025 дар Самарқанд баргузор гардид, сурат гирифт, ки муносибатҳои шарикии Осиёро ба сатҳи шарикии Иттиҳоди Аврупо боло бурд.
Шарикони ASEM тақрибан 65% ММД, 60% аҳолии ҷаҳон, 75% сайёҳии ҷаҳонӣ ва 68% савдои ҷаҳониро ташкил дода,ҳадафи асосӣ фароҳам овардани замина барои густариши муколамаи сиёсӣ, таҳкими ҳамкориҳои иқтисодӣ ва мубориза бо чолишҳои ҷаҳонӣ мебошад. Ҳамин тариқ, ASEM мусоидат ба табодули ғояҳо ва таҷрибаи пешқадам ва ба ин васила ҳамчун замина барои ғояҳои нави сиёсӣ амал карда, яке аз бонуфузтарин шарикии ҳамаҷониба байни Осиё ва Аврупо мебошад, ки робитаро дар тамоми ҷабҳаҳои он байни ду минтақа афзоиш медиҳад.
Мавриди зикр аст, ки бо кишварҳои узви ASEM Бунёди Осиё ва Аврупо (ASEF), Шарики порлумонии Осиё ва Аврупо (ASEP), Форуми Халқҳои Осиё ва Аврупо (AEPF) ва Фестивали фарҳангии АСЕМ ҳамкории муштарак сурат гирифта, мусоидат ба равобити фарҳангӣ ва густариши робитаҳои байни мардум байни ҷомеаи шаҳрвандӣ,ҳамкориҳои байни парлумонҳои Аврупо ва Осиё ва Фестивали фарҳангӣ дар ҳошияи нишастҳо ё мулоқотҳои вазирони корҳои хориҷӣ бо мақсади таҳкими муколамаи байнифарҳангӣ байни шарикони АСЕМ баргузор мешавад.
Дар воқеъ кишварҳои ҷаҳон дигаргуниҳои амиқро аз сар гузаронида, ба самти ҷаҳони бисёрқутбӣ равона шудаанд. Таваҷҷуҳи бештар ба сӯи Осиё гузашта, густариши ҳамкорӣ ва саҳм гузоштан ба тартиботи устувор ва осоиштаи ҷаҳон талош мекунанд. Бо ворид шудани кишварҳои Тоҷикистону Чину, Ҳиндустону Покистону Муғулистон дар ин ё он созмону форумҳо муносибатҳо миёни ин кишварҳо хубтар гардида, ҳар мамлакат манфиати байни ҳамдигариро самимона эътироф карда, робитаҳои ба таври бояду шояд идома пайдо карда, ҳар гуна муноқишаву ихтилофҳо заминаи ҷудоӣ нагардида, балки тавассути гуфтугӯ саривақт ҳалу фасл мегарданд.Ҳар як кишварро мебояд манфиатхоҳи умумии сулҳ ва амният риоя карда, барои пешгирии ташаннуҷ ва низоъҳое, ки метавонанд ба пешрафти иқтисодӣ ва иҷтимоӣ халал расонанд, талошҳои пайваста карда, ҳамкориҳои муштарак дошта бошанд.Зеро минтақаи Осиё, дорои зарфиятҳои фаровон буда, ба чаҳорчӯбаи устувори амният бештару беҳтар ниёз дорад. Ҳиндустон ва Чин чун кишварҳои бузурги минтақавӣ муноқишаву нигарониҳо ва ноамниҳоро миёни кишварҳои осиёвӣ дастаҷамъона бо кишварҳои минтақа муштаракона кор карда, дар таҳкими ташаббуси васеътари амнияти Осиё нақши бештару пешбарро хоҳанд бозид.
Дар ин зимн, ташаббуси глобалии амниятӣ миёни кишварҳои Осиё ва ҷаҳон қадами оқилона ва қобили таҳсин буда, ба робитаҳои бештару беҳтар ниёз дорад, то амнияти Осиё таъмин гардида, аз мудохилаҳои беруна озоду орому обод маҳфуз монад.
Зарур меояд то насли ҷавон ва мутахассисони кишварҳо аз пешрафтҳои технологӣ дар соҳаи зеҳни сунъӣ, мошинҳои барқӣ ва робототехника ва дигар қувваҳои истеҳсолии босифат худро муҷаҳҳаз намуда, онро хуб истифода кунанд. Ҳамин тариқ, кишварҳои Осиё метавонад ҳамоҳангӣ эҷод фароҳам оварда, ба рушди иқтисодиёти фарогири ҷаҳонӣ мусоидат кунанд.Барои боз ҳам хубтару беҳтар ба роҳмондани ҳамкориҳо тавсия мешавад, ки ҳар як кишвар маҳдудиятҳои сафарро сабуктар намуда, рафту омад миёни мардуми якдигар бештар фароҳам оваранд.
Дар ниҳоят бояд таъкид намуд, ки Тоҷикистон ба идомаи ҳамкориҳои бисёрҷониба бо кишварҳои минтақа, ба хусус Ҳиндустону Покистон, Чину Муғулистон дар чаҳорчубаи СММ, СҲШ, МҲТБО ва дигар созмонҳои байналмилалӣ ва минтақавӣ пайваста тавсеа бахшида, равобиташро бо кишварҳо ба хусус Осиёи Ҷанубу Шарқ, аз ҷумла, Муғулистону Чину Ҳиндустону Покистон муҳим шуморида, дар доираи мактаби сулҳофаринӣ дӯстиву ҳамҷавориву ҳамсоягӣ барои беҳбудии зиндагии мардумони якдигар, рушди сайёҳӣ, саноати пашму ресандагӣ, чорводорӣ ва дигар самтҳо пайваста ба роҳ хоҳад монд.
Мирсаид Раҳмонов - ходими калони илмии Шуъбаи Осиёи Ҷанубу Шарқии Институти омӯзиши масъалаҳои Осиё ва Аврупои АМИТ
Ба истиқболи сафари расмии президенти Муғулистон муҳтарам Ухнаагийн Хурэлсух ба Ҷумҳурии Тоҷикистон, 23-26 июли 2025
Тоҷикистон ҳамчун субъекти комилҳуқуқи муносибатҳои байналмилалӣ дар 34 соли Истиқлоли давлатӣ мудаввом сиёсати хориҷии дӯстонаро бо кишварҳои гуногуни дунё,бо назардошти манфиатҳои миллии кишварамон ба роҳ мондааст.Дар ин радиф Муғулистон ҳамчун ҳамсоякишвар дар сиёсати хориҷии Тоҷикистон эътибори вижаи худро доро аст.
Муғулистон дар охири солҳои 90-ум асри гузашта Консепсияи сиёсати хориҷиро таҳия кард, ки он ба принсипи бисёрҷонибагӣ асос ёфтааст. Самти асосии сиёсати хориҷии Муғулистон аз ривоҷ додани муносибатҳои дӯстонаи дуҷониба ва ҳамкориҳо бо дигар кишварҳои Осиё, иштирок дар фаъолиятҳои бисёрҷониба дар минтақаи Осиё ва уқёнуси Ором, дастгирӣ намудани сиёсат ва иштирок дар фаъолиятҳое мебошад, ки ба таҳкими суботи стратегӣ ва тавсеаи ҳамкориҳои амниятӣ дар Осиёи Шарқӣ, Осиёи Шимолу Шарқӣ ва Осиёи Марказӣ нигаронида шудаанд. Муғулистон ҳамчун кишвари Осиё кӯшиш менамояд, ки муносибатҳои дуҷонибаро бо дигар кишварҳои Осиё ва ҳавзаи уқёнуси Ором фаъолона инкишоф диҳад ва дар ҳамкориҳои бисёрҷониба, ҳамгироии сиёсӣ ва иқтисодӣ дар минтақаи Осиё ва Уқёнуси Ором иштирок намояд. Ҷоиз ба ёдоварист,ки Муғулистон кишвари нозир дар СҲШ (2004) мебошад.
Самти дигари муҳими сиёсати хориҷии Муғулистон ҳамкории фаъолона бо СММ, ташкилотҳои махсуси он, инчунин ташкилотҳои байналхалқии молиявӣ, тиҷоратию иқтисодӣ мебошад. Муғулистон ҷонибдори баланд бардоштани нақш ва масъулияти СММ дар ҷаҳони муосир мебошад. Муғулистон дар давоми солҳои охир аъзои комилҳуқуқ ва фаъоли ҷомеаи ҷаҳон гардида, ба таҳкими сулҳу амонӣ, тақвият бахшидан ба ҳамкории ҳаматарафаи мамлакатҳои ҳамаи қитъаҳои сайёра ҳиссаи сазовор мегузорад. Муғулистон ташаббусгари беш аз 70 қатънома оид ба 20 масъалаи байналмиллалӣ мебошад, ки дар ҷаласаҳои Ҷаласаҳои генералии СММ баррасӣ ва қабул гардиданд. Муғулистон мустақилона ва ё бо иштироки дигар кишварҳои узви Созмони Милали Муттаҳид дар бораи ҳуқуқи халқҳо ба зиндагии осоишта, таъмини кафолатҳои байналмилалӣ ба мақоми ғайриядроии Муғулистон, рушди таҳсилоти ҳамагонӣ, беҳбуди зиндагии занони деҳот, баланд бардоштани нақши ҳамкорӣ дар рушди иҷтимоӣ, рафъи мушкилиҳои кишварҳое, ки ба баҳр дастрасӣ надоранд ва ғайра, ташаббуси байналмилалӣ нишон дод.
Дар марҳалаи ҳозира доираи шарикони муҳими хориҷии Муғулистон хеле васеъ шуда, моҳияти стратегияи бисёрҷонибагии сиёсати хориҷии ин кишвар аз ташаккули муносибатҳои шарикии дӯстона бо тамоми марказҳои пешбари қудрати сиёсати ҷаҳонӣ бармеояд. Дар натиҷа, дар атрофи Муғулистон як навъ «секунҷаи» геополитикӣ ба вуҷуд омадааст, ки гӯшаҳои он ҳамсояҳои ҷуғрофӣ – Русияву Чин ва ҳамчунин ба истилоҳ ҳамсояи сеюм – бозигарони ғайриминтақавӣ мебошанд, ки дар ин давлат манфиатҳои хос доранд. Инҳо, пеш аз ҳама, Штатҳои Муттаҳидаи Америка, Ҷопон, Ҷумҳурии Корея, Иттиҳоди Аврупо, Ҳиндустон ва Туркия мебошанд.
Алъон Муғулистон бо панҷ кишвари ҷаҳон шарикии стратегӣ дорад: Русия (соли 2006), Ҷопон (соли 2010), Чин (соли 2014), Ҳиндустон (соли 2015) ва Штатҳои Муттаҳидаи Америка (соли 2019). Дар баробари ин, ҳатто дар байни панҷ мамлакати дар боло зикршуда ҳам иерархияи муайянро мушоҳида намудан мумкин аст. Тасодуфӣ нест, ки муносибатҳои шарикии стратегӣ пеш аз ҳама бо Москва, Токио ва Пекин баста шудаанд. Ин имтиёзҳо ба як қатор ҳолатҳои объективии дорои хусусияти ҷуғрофӣ, сиёсӣ, иқтисодӣ ва ғайра вобастаанд
Ҳамин тариқ, сиёсати хориҷии Муғулистони муосир ва принсипи бисёрҷонибагии ин кишвар барои фаъолияти ин давлат дар фазои ҷаҳони бисёрқутба пурра мувофиқат мекунанд ва ба ин мамлакат барои ҳифзи манфиатҳои миллиаш шароит фароҳам меоварад
Муғулистон дар айни замон бо 140 мамлакати ҷаҳон иртиботи дипломатӣ барқарор кардааст. Ин кишвар ба шарофати иқтисодиёти кушоди худ дар шакли сармояи хориҷӣ, қарзҳои имтиёзнок ва ёрии бемузд маблағҳои калон гирифт, ки ин ба афзоиши ММД-и мамлакат таъсири мусбат. “Дар Муғулистон аз соли 2005 инҷониб афзоиши ММД дар ҳоли афзоиш аст. Суръати миёнаи афзоиши ММД аз соли 2005 то соли 2013 10,5 фоизро ташкил дод. Дар ҳамин ҳол, ҳаҷми ММД-и Муғулистон дар соли 2013 нисбат ба ҳамин рақами соли 2000 тақрибан 10 маротиба ва соли 2005 2,2 маротиба бештар будааст”[1].
Қобили зикр аст,ки Тоҷикистон ва Муғулистон робитаҳои назарраси тиҷоратӣ надоранд, зеро ҳарду кишвар таъминкунандагони ашёи хом мебошанд. Бино ба маълумоти идораи омори Тоҷикистон, ҳаҷми умумии табодули коло миёни Тоҷикистону Муғулистон дар панҷ моҳи аввали соли 2025 ҳамагӣ ҳудуди 172 ҳазор долларро ташкил додааст, ки кулли ин маблағ аз ҳисоби воридоти маҳсулот аз Муғулистон ташаккул ёфтааст. Дар соли 2024 гардиши мол миёни ду кишвар 50,8 ҳазор долларро ташкил дод, ки аз ин миқдор 43,5 ҳазор доллар воридот аз Муғулистон ва 7,3 ҳазор доллар содирот аз Тоҷикистон будааст. Саноати коркард, бахусус саноати сабуку хӯрокворӣ, истихроҷ ва коркарди маъданҳо аз самтҳои ояндадори ҳамкориҳои ду кишвар ном бурда шуд.
Рӯзи 23 июли 2025 президенти Муғулистон Ухнаагийн Хурелсух бо даъвати Эмомалӣ Раҳмон бо як сафари давлатӣ вориди Тоҷикистон шуд. Дар доираи сафар форуми иқтисодӣ миёни ду кишвар ва як қатор чорабиниҳои фарҳангӣ ташкил карда мешаванд.
24 июли 2025 дар байни ду давлат 10 санади нави ҳамкорӣ ба имзо расид:
— Ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкорӣ миёни Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати корҳои хориҷии Муғулистон;
— Ёддошти тафоҳум миёни Вазорати энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати энергетикаи Муғулистон оид ба ҳамкорӣ;
— Ёддошти тафоҳум миёни Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати озуқаворӣ, кишоварзӣ ва саноати сабуки Муғулистон оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи кишоварзӣ;
— Ёддошти тафоҳум миёни Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати фарҳанг, варзиш, сайёҳӣ ва ҷавонони Муғулистон оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи сайёҳӣ;
— Ёддошти тафоҳум миёни Агентии инноватсия ва технологияҳои рақамии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати рушди рақамӣ, инноватсия ва алоқаи Муғулистон дар соҳаи рақамикунонӣ;
— Ёддошти тафоҳум дар самти пешгирӣ ва бартараф кардани ҳолатҳои фавқулода миёни Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Агентии давлатӣ оид ба ҳолатҳои фавқулодаи Муғулистон;
— Ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкории илмӣ ва технологияҳо миёни Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон ва Академияи илмҳои Муғулистон;
— Ёддошти тафоҳум миёни Ҷамъияти Саҳомии Кушодаи “Марказҳои тасдиқкунанда, хизматрасониҳои давлатӣ ва таҳияи барномаҳои рақамӣ” ва Корхонаи давлатии “Академияи Э-Муғулистон”;
— Ёддошти тафоҳум миёни Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Институти миллии тадқиқоти амниятии Муғулистон ва
— Ёддошти тафоҳуми ҳамкорӣ миёни Муассисаи давлатии “Осорхонаи миллии Тоҷикистон”-и Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Осорхонаи миллии Муғулистон[2].
Ҳамин тариқ, дар раванди мулоқоти сатҳи баланд ҳамкориҳои созандаи муштарак ва дастгирии ҳамдигарии Тоҷикистону Муғулистон оид ба масъалаҳои мубрами рӯзномаи ҷаҳонӣ ва минтақавӣ мавриди таваҷҷӯҳ қарор гирифтанд. Натиҷаҳои гуфтушунидҳои имрӯза гувоҳ аз он медиҳанд, ки рушди муносибатҳо миёни ду кишвар умедбахш мебошад.
Ҳайдарзода Рустам, директори Институти омӯзиши масъалаҳои давлатҳои Осиё ва Аврупои АМИТ
Қурбонзода Фарида, ходими илмии Шуъбаи ИДМ-и Институти омӯзиши масъалаҳои давлатҳои Осиё ва Аврупои АМИТ
Адабиёти истифодашуда:
1.Базаров В.Б. Внешнеполитический курс Монголии в XXI веке. Электронный источник: https://cyberleninka.ru/article/n/vneshnepoliticheskiy-kurs-mongolii-v-xxi-v [Дата посещения:24.07.2025]
2. Маросими имзои санадҳои нави ҳамкорӣ байни Тоҷикистон ва Муғулистон.Манбаи электронӣ: https://khovar.tj/2025/07/marosimi-imzoi-sanad-oi-navi-amkor-bajni-to-ikiston-va-mu-uliston/ [Санаи дастрасӣ:24.07.2025]
ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ АЗ ДИДГОҲИ ПЕШВОИ МУАЗЗАМИ МИЛЛАТ
«Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат падидаи истиқлоли давлатиро армуғони тақдир намешуморад. Ба ин рӯйдод аз чаҳорчӯбаи таърихи беш аз панҷҳазорсолаи миллати тоҷик менигарад. Таъкид месозад, ки ормони истиқлолият аз нахустин лаҳзаҳои шаклгирии миллати тоҷик арзи ҳастӣ кардааст. Шароити мушаххаси таърихи пайдоиш ва рушди ҷаҳонбиниеро, ки мустақилияти сиёсии миллатро дар назар дошт, ёдрас менамояд» (С. Ятимов. Асарҳо. Ҷилди 5. Хирадсолорӣ ва оини давлатдорӣ. – Душанбе: Ганҷ нашриёт, 2019. – С. 11)
«Масъалаи соҳибихтиёрӣ барои Роҳбари давлат хусусияти танҳо хуқуқӣ, ифтихорӣ, декларативӣ ва идеявӣ надорад. Чунин мафҳуми муқаддасро ӯ дар ҳамоҳангӣ бо алоқаи диалектикии моҳиятӣ мебинад. Ҳидоят менамояд, ки маънии онро бояд ҳамагон омӯзанд ва андеша кунанд» (Ҳамон ҷо. – С. 12).
«Мафҳуми «истиқлолият» дар фармудаҳои Пешвои миллат маънии фароҳамсозии «имконият»-ро дорад. Имконият ба давлат, ба ҳукумат, ба зиёиён, ба табақаҳои гуногуни ҷомеа – аз хурд то бузург, ба ҳар фарде, ки зарфият, қобилияти фикрронии комил ва тафаккури солим дорад ва сарфи назар аз вазъи иҷтимоӣ, ҷаҳонбинии сиёсӣ, мансубият ба дину мазҳаб, худро соҳибватан мешуморад» (Ҳамон ҷо. – С. 13).
«Дар андешаи Сарвари давлат истиқлолият аз бузургтарин муқаддасоти моддӣ ва маънавии миллати тоҷик тафсир карда мешавад. Мантиқи сохтории ин истилоҳ посух гуфтан ба ниёзҳои созгор ба манфиатҳои миллиро дар бар мегирад. Барои дарки амиқи масъала Пешвои миллат арзишҳои умумимиллӣ ва умумибашарии «Ватан», «миллат» ва «ваҳдат»-ро, ки аз ҷиҳати семантикӣ ҳамрадифи «истиқлол» мебошанд, истифода менамояд. Чунин тарзи изҳори назар илман асоснок аст» (Ҳамон ҷо. – С. 15-16).
«Агар муҳимтарин офаридаҳои табиат обу ҳаво бошанд, ки бе онҳо дар рӯйи замин ҳаёт вуҷуд дошта наметавонад, дар суханҳои ҳикматомӯзи Сарвари давлат истиқлол барои миллат айнан ҳамин ҷойгоҳро дорад» (Ҳамон ҷо. – С. 16).
«Сарвари давлат ҳимоя ва таъмини ҳадафҳои истиқлоли миллиро аз вазифаҳои муштараки, пеш аз ҳама, иқтисодӣ, иҷтимоӣ, сиёсӣ, ҳуқуқӣ тавассути ба эътибор гирифтани воқеияти моддӣ, маънавӣ, амалкарди давлатдории миллӣ ва таҷрибаи фарҳанги сиёсии сатҳи байналмилалӣ мешуморад» (Ҳамон ҷо. – С. 18).
«Сарвари давлат дар масъалаҳои таҳким ва ҳифзи истиқлол, пеш аз ҳама, ба ҷаҳонбинӣ, маърифати баланд, нангу номус ва сатҳи масъулиятшиносии мардуми бофарҳанги Тоҷикистон такя мекунад. Ҳидоят менамояд, ки миллат марҳалаҳои ҳассосу мушкили хештаншиносӣ ва худшиносии миллиро дар амал ва сарбаландона паси сар кунад. Ҳар фард дар алоҳидагӣ моҳияти Ватан ва масъулияти ватандориро эҳсос намояд» (Ҳамон ҷо. – С. 21).
«Сарвари давлат ба мафҳумҳои «Ваҳдат» ва «Истиқлол» маънои низомсоз медиҳад ва онҳоро бо ҳамдигар зич, вобаста медонад. Дар ҳамин асос муътақид аст, ки ин арзишҳои муқаддас дӯстиву бародарии тамоми сокинони Ватани азизамонро таҳким мебахшанд» (Ҳамон ҷо. – С. 26).
«Таълимоти Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат решаҳои амиқи гносеологӣ дорад. Ҳангоми асоснок кардани муҳимтарин масъалаҳои мавҷудияти халқи тоҷик мекӯшад, ки мардум, алалхусус ҷавонон қонунмандиҳои ба истиқлоли давлатӣ расидани миллати тоҷикро фаҳманд. Донанд, ки чунин дастоварди бузург чӣ асоси таърихӣ дорад. Марҳалаҳои аслии таърихи навтарини миллати тоҷик – ҷанги шаҳрвандӣ, расидан ба сулҳу ваҳдати миллӣ, рушди устувори иқтисодӣ аз чиҳо иборатанд» (Ҳамон ҷо. – С. 27).
«... истиқлолияти давлатӣ дар таълимоти Сарвари давлат аз мавзуъҳои меҳварӣ мебошад. Ин мафҳум тавассути истилоҳоти «таърихи панҷҳазорсолаи миллат», «забони тоҷикӣ», «мероси илмӣ, таърихӣ, адабӣ», «ёдгориҳои таърихӣ», «ҳокимияти сиёсӣ дар давлати Сомониён», «ҳувияти миллӣ», «хештаншиносӣ», «худшиносии миллӣ», «муборизаҳои озодихоҳонаи миллати тоҷик» ва монанди инҳо асоснок ва тафсир карда мешавад» (Ҳамон ҷо. – С. 58).
ТАЪРИХ ВА ТАШАККУЛИ МИЛЛАТ
«Ҳангоми таҳлили паҳлуҳои зуҳуроти раҳбарии сиёсӣ дар таҷрибаи давлатдории миллати тоҷик, ду намунаи барҷаста, мондагори таърих ва фалсафаи сиёсат намудор мегардад: корномаҳои шоҳ Исмоили Сомонӣ ва Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон. Боиси таваҷҷуҳи махсуси илмӣ аст, ки соҳиби қудрати давлатдорӣ ва давлатсозӣ шудани ду шахсияти бузург омил ва хосиятҳои фавқулода (the situational factors) дорад» (С. Ятимов. Асарҳо. Ҷилди 5. Хирадсолорӣ ва оини давлатдорӣ. – Душанбе: Ганҷ нашриёт, 2019. – С. 7).
«Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон вақте зимоми сиёсиро ба даст гирифт, ки қувваҳои худхоҳ, воқеан, низоми мутамарказонидашудаи давлати тоҷиконро, ки бо амри тақдир истиқлол касб карда буд, пора-пора карда буданд. Дар Тоҷикистон давлат ҳамчун мафҳуми ҳуқуқӣ вуҷуд надошт» (Ҳамон ҷо. – С. 8).
«Дар мантиқи баёни Пешвои миллат мазҳари омӯхтан, аз худ кардани арзишмандтарин дастовардҳои моддӣ ва маънавии таърихи беш аз сеҳазорсолаи миллат ҳамеша дар мадди назар аст. Он дар амалияи сиёсии давлатдории навин бо масъулияти бузург мавриди истифода қарор мегирад. Таъкид мешавад, ки дастовард ва мероси ниёгон бояд чун сарчашмаи маънавии худшиносии миллӣ хизмат кунад» (Ҳамон ҷо. – С. 14).
«Дар фармудаҳои Сарвари давлат аз замони вакили Маҷлиси Олӣ будани ӯ (солҳои 1990-1992) то ба имрӯз, ҳам дар қавл ва ҳам дар амал мантиқи такя кардан ба илм, маориф, истифода аз роҳу усулҳое, ки дар таҷрибаи сиёсии давлатҳои мутамаддини олам санҷида шудаанд, барҷаста ба назар мерасад. Роҳи муборизаи ӯ ба хотири пешравӣ, рӯз ба рӯз беҳтар кардани сатҳи зиндагии мардуми одӣ аст» (Ҳамон ҷо. – С. 15).
«Дар таълимоти Сардори давлат таърихи миллат аз ҷузъиёти сифатии эҳсоси ҳастӣ – забон, адабиёти пурғановат, хештаншиносиву худогоҳӣ ва ваҳдат иборат мебошад. Дар ин истилоҳот кӯшиши ба тарзи амалӣ нишон додани таҷрибаи таърихӣ – дастовардҳои муайян ҳамчун далели раднопазирии ҳастии миллати тамаддунсози мо возеҳ мушоҳида мегарданд ва онҳо ҳамчун арзишҳои эътирофгардидаи сатҳи ҷаҳонӣ ёдоварӣ мешаванд» (Ҳамон ҷо. – С. 28).
«Раҳбари давлат ҳангоми тафсир ва муаррифӣ кардани таърихи миллат эътиқодмандона ва бо ифтихор сухан мегӯяд. Дар роҳи расидан ба ормонҳои миллӣ ва истиқлолият худкифо будани онро таъкид месозад. Сарчашмаи аслии рушд, аз як давра ба давраи дигар гузаштан, аз лиҳози сифат, маънавиёт ба мақоми таърихӣ расидани миллатро аз табиати ботинии худи ӯ медонад. Тақдири таърихии халқро аз лиҳози диалектикӣ шарҳ медиҳад. Инкишофи онро натиҷаи рақобат, зиддиятҳо, шикасту рехтҳо, эҳё ва дар набарди ҳастӣ пирӯз гаштанҳо мешуморад. Андешаи се даҳсолаи ахир ба амри тақдир, ки ӯ раҳнамои халқ аст, барои таърих, имрӯз ва оянда далели кофии чунин натиҷагириҳо мебошад» (Ҳамон ҷо. – С. 33).
«Мантиқи ҷолиби таваҷҷуҳи истифодаи принсипи таърихият дар таълимоти Пешвои миллат ноил гаштан ба дарки воқеият – сарнавишти миллӣ ва натиҷаи он – худшиносии миллӣ аст. Таҳқиқоти ӯ дар ин маврид халқӣ, огоҳона, дастрас ва барои ҳамагон фаҳмо мебошанд» (Ҳамон ҷо. – С. 33).
«Мантиқи бузурги таълимоти Пешвои миллат аз воқеияти «Тавоно бувад, ҳар ки доно бувад» сарчашма мегирад. Сарвари давлат дар амри равшангарӣ ва маърифатнокии миллат ба масъулияти таърихии аҳли донишу маърифат – зиёиён такя мекунад» (С. Ятимов. Асарҳо. Ҷилди 5. Хирадсолорӣ ва оини давлатдорӣ. – Душанбе: Ганҷ нашриёт, 2019. – С. 39).
«Баҳои Пешвои миллат нисбат ба шахсияти бузурги таърихӣ – Имоми Аъзам фавқулода муҳим аст. Тавассути ибрози чунин эҳтиром ва эътиқод Сарвари давлат ба ходимони дин намунаи олии миллатдӯстӣ ва ватанпарварии як мутафаккири тоҷикро дар шароити ниҳоят мураккаби таърихӣ муаррифӣ мекунад» (Ҳамон ҷо. – С. 42).
«Мувофиқи таъкиди Пешвои миллат, зарур аст, ки насли ҷавон ба омӯхтани таърих, адабиёт ва фалсафаи қадими худ фаро гирифта шавад. Хотиррасон менамояд, ки панду ҳикмати гузаштагони мо на танҳо барои миллати тоҷик, балки дар ғанӣ гардонидани афкори пурҳикмати умумибашарӣ саҳми босазои худро гузоштаанд» (Ҳамон ҷо. – С. 47).
«Сарвари давлат таърихи миллатро бо диққати хосса омӯхтааст. Сабабҳои бурду бохти онро таҳлил, баррасӣ ва арзёбӣ намудааст. Аз онҳо хулосаҳои барои миллат ҳаётан ибратбахш ва шоистаи пайравиро гулчин кардааст. Принсипҳо, меъёрҳоеро муайян намудааст, ки тавассути амалӣ кардани онон фарзандони бонангу номуси халқи тоҷик дар тули таърих барои манзалат пайдо кардан, устувор гаштан, оламиёнро шиносонидан ва моил намудани онҳо барои эътирофи миллат, инчунин ҳимояи халқи тоҷик хизмати сазовор кардаанд» (Ҳамон ҷо. – С. 47-48).
«Принсипи таърихияти тадқиқот дар таълимоти Сарвари давлат мавқеи калидӣ дорад. Тавассути он мехоҳад алоқамандии воқеият – тақдири миллати тоҷикро дар вобастагии пурра – бурду бохти ҳадди ақал ҳазорсолаи ахир амиқтар таҳлил, баррасӣ, арзёбӣ кунад, хулосаи асоснок барорад. Ба дигарон, ба мардум фаҳмонад» (Ҳамон ҷо. – С. 60).
«Имкони таърихӣ ба миллати тоҷик инқилоби бузург – Истиқлоли давлатиро ато намуд. Тавассути заҳматҳои шабонарӯзии Қаҳрамони миллати тоҷик пояҳои давлатдории миллӣ гузошта шуданд. Кишвар рӯ ба инкишоф ва тараққӣ ниҳод. Ҳамасрони мо шоҳиди ин таҳаввулоти куллӣ мебошанд. Чунин дигаргуниҳо ва пешрафт дар шароити ниҳоят мураккаби зиддиятҳои дохилӣ ва берунӣ ба вуқӯъ пайвастанд. Онҳоро нодида гирифтан мумкин нест» (С. Ятимов. Асарҳо. Ҷилди 6. Адабиёт ва диалектикаи ҳаёт. – Душанбе: Ганҷ нашриёт, 2019. – С. 5).
«Роҳбари давлат ба қаҳрамониҳои фарзандони халқи тоҷик ҳамеша арҷгузорӣ мекунад. Кӯшиш менамояд, ки хотираи онҳоро ҷовидон гардонад. Тавассути овардани далелҳои таърихӣ ба ҳамватанон, махсусан зиёиён − шоирон, нависандагон, олимон, кормандони мақомоти ҳокимияти давлатӣ, муаллимони мактабҳои оливу миёна, донишҷӯён, касоне, ки мансуб ба табақаи андешаву эҷод ҳастанд, маъниву мантиқи арзишҳои тоҷикиятро гаштаву баргашта ва возеҳу равшан фаҳмонад ва бузургони гузаштаи миллатро ҳамчун намунаи пайравӣ муаррифӣ намояд» (С. Ятимов. Асарҳо. Ҷилди 11. Қисми I. Масъалаҳои забоншиносии миллӣ дар таълимоти Пешвои миллат. – Душанбе: Ганҷ нашриёт, 2019. – С. 19).
«Роҳбари давлат ҳамчун эҳёгари воқеии арзишҳои шукӯҳманди таърихӣ замони салтанати Сомониёнро бо ифтихори бузург ёдовар мешавад. Рушду нумӯи забони тоҷикиро натиҷаи истиқлоли давлатӣ мешуморад» (Ҳамон ҷо. – С. 21).
«Дар таълимоти Пешвои миллат нақши сиёсатмадорон, олимон, шоирон, нависандагон, мутафаккирон ва умуман зиёиён дар ташаккули халқи тоҷик, ҳифзи арзишҳои миллӣ, мубориза барои истиқлоли давлатӣ ва бунёди давлати тоҷикон дар тули таърих – аз давраҳои қадим, асрҳои миёна, замони нав ва муосир ба таври хосса таъкид мегардад» (Ҳамон ҷо. – С. 31-32).
«Роҳбари давлат симоҳои таърихии бузургони миллатро ҳамчун намояндаи фардии ҷомеаи замони худ мавриди таҳқиқ қарор дода, ҳамзамон бо ин, нобиғагӣ ва иродату садоқат ба халқ, мардонагӣ, ҷасурӣ, ташаббускорӣ дар роҳи амалӣ кардани идеалҳои пешқадами ҷомеа, истодагарӣ карда тавонистани онҳоро дар ҳифз ва пешбурди манфиатҳои миллӣ махсус таъкид кардааст» (Ҳамон ҷо. – С. 32).
«Ангезаи аслии ризоият додан ва расидан ба қудрати сиёсӣ дар мушкилтарин лаҳзаҳои ҳаёти ҷомеа барои Сарвари давлат хизмат ба мардуми кишвар буд. Зеро дар он замони мудҳиши террори ҷисмонӣ ва маънавӣ, қатлу ғорат, бесарусомонӣ, парешонӣ, яъне беқонунӣ касе ҷуръат ва ғайрати ҳокимият карданро надошт. Сиёсатмадорони ботаҷриба худро ба ҳар баҳона канор мегирифтанд. На танҳо қисмати зиёди мамлакат, балки пойтахти он ҳам наметавонист вазифаи конститутсионии худро адо намояд. Ҳадафи аслии Раиси тозаинтихоби Шӯрои Олӣ, ки ҳамзамон Сарварии давлатро ба уҳда дошт, пеш аз ҳама, ҳифзи манфиатҳои миллат, халқи азияткашида – оммаи васеи мардум буд. Хотираи некиҳо доимо кӯтоҳ аст. Аммо на танҳо ин насл, балки ҳадди ақал, ҳазор соли дигар набояд ин қаҳрамонии умумимиллӣ фаромӯш гардад» (С. Ятимов. Асарҳо. Ҷилди 11. Қисми II. Паёми Пешвои миллат ва масъалаҳои рушди маърифат. – Душанбе: Нашриёти муосир, 2020. – С. 213).
«Ба ҳамин хотир, садои марғуладори ватанхоҳонаи Пешвои муаззами миллат: «Дӯст бошед! Тифоқ бошед! Ватани худ − Тоҷикистони азизро дӯст доред!» на танҳо барои ин насл, балки ҳазор соли дигар барои ҳама касоне, ки қобилияти шунидан доранд, ҳамчун мантиқи бузург – маҳсули таҷрибаи таърихи фоҷиабори миллат равона гардидааст. Ин нидо бояд бо сифати абадият, садсолаҳо бо ҳамин овози ҷавонмардонаи даъваткунанда, ҳар шому саҳар дар ҳар хонадон, дар ҳар макону хиёбон садо бидиҳад» (Ҳамон ҷо. – С. 236).
«Тамоми таълимоти Пешвои муаззами миллат ва моҳияти воқеии онро принсипҳои ба вазъи имрӯзаи халқи тоҷик фақат аз нигоҳи таърихӣ ва дар алоқамандӣ бо ҳодисаҳои таърихӣ баҳо додан, дар муносибат бо таҷрибаи таърихие, ки ин миллат аз сар гузаронидааст, дар бар мегирад. Ин мантиқи комилан илмӣ аз лаҳзаҳои аввале, ки муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба манзалати роҳбари давлат интихоб гардид, ҳам аз ҷиҳати назариявӣ ва ҳам амалӣ, баръало ба чашм мерасад» (Ҳамон ҷо. – С. 248).
«Пешоҳанги Эҳёи миллати тоҷик Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аст, ки аз рӯзи аввали зимоми ҳокимиятро ба даст гирифтан дар ин роҳ собитқадамона, ҷоннисорона, қаҳрамонона мубориза мебарад. Ин далели таърихӣ аст» (С. Ятимов. Асарҳо. Ҷилди 12. Эҳёи миллат – бақои давлат. – Хуҷанд: Ношир, 2024. – С. 40).
«Рӯзи 2-юми ноябри соли 1992, дар шароити ниҳоят мушкили вазъи сиёсӣ-ҳарбӣ, иқтисодӣ, иҷтимоӣ дар шаҳри Кӯлоб сессияи вилоятӣ гузашт. Дар он вакилони халқ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро ба вазифаи раиси вилоят интихоб карданд.
Мардум медонист, ки ин вазифа мушкилтарин, хатарноктарин ва масъулиятноктарин дар шароити онрӯзаи Тоҷикистон аст.
Раиси вилояти Кӯлоб бо вуҷуди вазъи сангини иқтисодии минтақа, гуруснагӣ, қаҳтӣ, нодорӣ, бесарусомонӣ, паҳншавии касалиҳои сироятии марговар, адами имконоти пурраи ҳарбӣ дар муқобили терроризм ва ҷанги хонумонсӯз, ҳамакнун масъулияти роҳбарии ғайрирасмии Ҷабҳаи миллии мубориза барои барқарор кардани сохти давлатдорӣ ва қонуниятро бар уҳдаи худ гирифт» (С. Ятимов. Ёддоштҳо. Қисми II. – Душанбе: Эко принт, 2024. – С. 280).
«Бо интихоб шудани муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба вазифаи раиси вилояти Кӯлоб ва заҳматҳои шабонарӯзии ӯ бо мардум, сафарҳои пайдарпай ба маркази вилояти Қурғонтеппа, ки тақдири давлатдории тоҷикон дар он ҷо, дар мубориза ба муқобили терроризми байналмилалӣ ҳаллу фасл мешуд, дар кӯтоҳтарин муддат вазъ ба манфиати барқарор кардани сохти конститутсионӣ тағйир меёфт» (Ҳамон ҷо. – С. 281-282).
«... дар дунё миллате вуҷуд надорад, ки худ ба худ соҳибдавлат гашта, мустақилият ва рушду нуму пайдо кунад, агар доҳиёни сиёсӣ, пешравони ҷонфидо ва қаҳрамононе надошта бошад, ки ҳамин ҳаракат, ҳамин ҷараён, ҳамин нияту мақсад ва ҳамин ормонҳоро бо сифатҳои бузурги шахсияти худ таъмин карда тавонанд.
Аммо дар бораи шахсияти бузург ҳамон вақт сухан мегӯянд, ки ӯ барои миллати худ хизматҳои бузург кардааст.
Дастоварди Иҷлосияи ХVI-ум, нуктаи бунёдии барои сарнавишти миллати тоҷик таъйинкунандаи он, бозёфт ва интихоби муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба сифати Роҳбари давлати тоҷикон буд.
Ва баръакс, бузургии муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар он аст, ки бо ҷонфидоӣ ва корнамоиҳои дар тули таърихи ҳазорсола нотакрор, манзалати ин Иҷлосияро ҳамчун ифодаи хиради азалии миллати тоҷик абадӣ гардонд» (Ҳамон ҷо. – С. 282-283).
«Бо гузашти даҳсолаҳо дар бораи нақши аввалин поягузори давлатдории миллии тоҷикон дар ҳазораи ахир, ки бидуни шак, ба номи Эмомалӣ Раҳмон мансуб аст, бояд изҳор дошт: «кам аст, ки андеша ба ифода кардани воқеият кӯшиш намояд, бояд худи воқеият ҳам ба муҳтавои тафаккур тамоюли мутассил дошта бошад» (Ҳамон ҷо. – С. 283).
«Эътиқодмандии Президент ба ормону орзуҳои худ аз асоси воқеӣ бархӯрдор мебошад. Он бар шуурнокии ҳақиқӣ, дарки реалии вазъ дар дохили мамлакат, минтақа ва кишварҳое, ки тақдири Тоҷикистон бо онҳо алоқамандӣ дорад, асос ёфтааст.Аз диди Роҳбари давлат, офарандаи таърих инсон аст. Ҳар шахс бояд масъулияти худро дар назди ҷамъият барои имрӯз ва оянда эҳсос кунад. Вазифаҳои худро донад. Онро бо дарки масъулият ва кулли имконоти руҳиву равонӣ ва ҷисмонӣ иҷро намояд» (Ҳамон ҷо. – С. 653).
«Эҳёи миллат барои Роҳбари давлат аз масъалаҳои муҳимтарин ба ҳисоб меравад. Маҳз ба ҳамин хотир, бо супориши ӯ китоби «Тоҷикон»-и Бобоҷон Ғафуров нашр ва ба ҳар як хонадони тоҷик туҳфа карда шуд. «Шоҳнома»-и Абулқосими Фирдавсиро чун қуръони Аҷам эътироф ва китоби рӯйимизии ҳар фарди ватанпарвар эълон кард» (Ҳамон ҷо. – С. 655).
НАҚШИ ШАХС ДАР ТАҚДИРИ МИЛЛАТ
«Боиси ифтихор аст, ки даврони Истиқлол сабк, шева ва усули давлатдории миллати тоҷикро воқеият бахшид. Он тамоми паҳлуҳои ҳаёти сиёсӣ, иқтисодӣ, иҷтимоӣ, илмӣ, фарҳангӣ, маънавӣ ва мудофиавиро дар бар мегирад. Мактаби давлатдории миллӣ усулан созмон ёфт. Бунёдгузори он Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мебошад. Зарур аст, ки ин мактаб ба таври фарогир мавриди таҳқиқоти илмӣ, таҳлил, омӯзиш ва баҳрабардорӣ барои имрӯзу фардо қарор бигирад» (С. Ятимов. Асарҳо. Ҷилди 8. Аристотел: давлат ва сиёсат. – Душанбе: Ганҷ нашриёт, 2019. – С. 4-5).
«Хиради азалӣ, интихоби ягона роҳи дурусти раванди сиёсати дохилӣ ва хориҷии мамлакат, қобилияти бузурги ташкилотчигӣ, иродаи қавии сиёсӣ, кордонӣ, ҷавонмардӣ, қудрати дар атрофи худ сарҷамъ кардани қишрҳои гуногуни ҷомеа, сарфи назар аз ҷаҳонбинӣ ва манзалати иҷтимоӣ, ба як мақсад сафарбар карда тавонистани оммаи мардум аз омилҳои асосии обрӯ, эътироф, эътимод ва ба маҳбубияти умумимиллӣ сарфароз гаштани Раҳбар ва Пешвои миллати тоҷик мебошад. Дар ин вазъият, Пешвои миллат ва мардум дар якҷоягӣ ба қувваи бузурги умумихалқӣ мубаддал гаштаанд» (Ҳамон ҷо. – С. 67).
«Асарҳои офаридаи Пешвои муаззами миллат «Тоҷикон дар оинаи таърих», «Сарнавишти миллати соҳибтамаддун», «Забони миллат – ҳастии миллат», «Чеҳраҳои мондагор», «Уфуқҳои Истиқлол» ва монанди инҳо, ки дар солҳои гуногун ба табъ расидаанд, намунаҳои олии таҳлили паҳлуҳои ҳаётан муҳимми зиндагии миллати тоҷик дар тули ҳазорсолаҳо ва замони муосир мебошанд.
Асарҳои Пешвои миллат таҳқиқи ҳамаҷонибаи воқеият ва таҷрибаи таърихии ташаккулёбии миллати тоҷик, дастовард, мушкилот ва бурду бохтҳои онро дар гузашта ва даврони мо дар бар мегиранд. Дар паёмҳо, суханрониҳо, муколама бо мардум самтҳои гуногуни ҳаёти мамлакат, минтақа ва ҷаҳон мавриди таҳлил, арзёбӣ, хулосабарорӣ ва раҳнамоӣ қарор гирифтаанд» (Ҳамон ҷо. – С. 67).
«Таълимоти Пешвои миллат – таҳлили илмиву назариявии таҷрибаи таърихии миллати тоҷик ва ҷараёни амалии бунёди давлати миллии тоҷикон дар замони Истиқлол аз ниёзҳои воқеии иҷтимоии давлатдории мо барои имрӯз ва фардо аст.
Ҳангоми чунин таҳқиқ бори дигар муайян мегардад, ки чӣ гуна ин назария ва амалияи давлатдорӣ – ҳамчун ганҷинаи бебаҳо ва дастоварди таърихии мо – на танҳо хоси заковатмандии миллати тоҷик аст, аз таърихи илм ва тамаддуни ҷаҳонӣ сарчашма мегирад, балки илм ва тамаддуни ҷаҳониро бо сифатҳои арзишманди худ ғанӣ мегардонад» (Ҳамон ҷо. – С. 68).
«Бар асари ҷанги хонумонсӯз, ки онро дӯсткушони душманпарвар бо сад маккорӣ ва ҷилваю ҳилагарӣ рӯйи кор оварданд ва имрӯз ҳам аз кардаи худ изҳори пушаймонӣ надоранд, садҳо ҳазор хона вайрон, сағиру кабир ҳайрон, мардум саргардон шуданд. Сарвари давлат – сарвару сарпарасти бепарасторон гашт» (С. Ятимов. Асарҳо. Ҷилди 8. Достони ҷавонмардӣ. – Душанбе: Ганҷ нашриёт, 2019. – С. 299).
«Таҳлили сифатии фаъолони ба саҳнаи сиёсии солҳои навадуми асри гузашта воридшуда – яке аз фоҷиабортарин давраи таърихии миллати тоҷик, нишонгари он аст, ки бидуни чунин шахсияти бузурге мисли Эмомалӣ Раҳмон, расидани миллати парокандагашта ба сулҳу субот ва таъсиси давлати ягонаи соҳибистиқлол ва ба пайроҳаи рушд раҳнамун сохтани он, ғайриимкон буд» (С. Ятимов. Ёддоштҳо. Қисми II. – Душанбе: Эко принт, 2024. – С. 655).
«Ҳамзамон бо ин, мо ҷонибдори он ақида ҳастем, ки зуҳуроти муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон чун шахсияти фавқулодаи сиёсӣ дар таърихи миллати тоҷик, падидаи ғайриинтизор нест. Ӯ ифодакунандаи рушду камол, хираду андешаи таърихии миллати тоҷик дар роҳи Истиқлоли давлатӣ, маҳсули асрҳост, ки дар нақши ин абармарди сиёсат таҷассум ёфт. Эҳёгари ормону орзуҳои миллат дар ҳазораи ахир гашт» (Ҳамон ҷо. – С. 655).
«Насли охири асри ХХ ва оғози нимаи аввали асри ХХI мушоҳидачии фаъоли заҳматҳои бузурги муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар сиёсати амалии давлатдорӣ – ташкил ва раҳбарии ҳукумат, пешбурди кори соҳаҳои ҳаётан муҳим ва тақдирсози сиёсати дохилӣ ва хориҷии мамлакат, коркард ва роҳандозии соҳаҳои ҳаётан муҳимми давлатдорӣ – иқтисодӣ, иҷтимоӣ, амниятӣ, мудофиавӣ, илм, маориф ва фарҳанг мебошад» (Ҳамон ҷо. – С. 656).
«Нобиғагии муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар он аст, ки дар натиҷаи тадқиқи мавод ва таҷрибаи таърихӣ, махсусан, воқеияти талхи солҳои аввали мустақилият дар ҳаёти халқи тоҷик, муборизаҳои шадиди геополитикии муосир ва зарурати ҳаётии ҳифзи манфиатҳои миллии Тоҷикистон, бо таълифи асар ва суханрониҳои андешамандонаи дар умқи фикр сайқалдида, консепсияи Истиқлоли давлатӣ, масъалаҳои хештаншиносӣ ва худшиносии миллиро илман коркард ва ба ҳамватанон пешкаш кард» (Ҳамон ҷо. – С. 657).
«Эҷоди асарҳои илмӣ, ибрози мавқеи сиёсӣ дар шакли паём, баёния, суханронӣ, гуфтугӯи мустақим бо халқ аз ҷониби Сарвари давлат аввалин таҷриба дар таърихи давлатдории тоҷикон аст. Дар ин ҳуҷҷатҳо ва ибрози ақидаҳо муҳимтарин сабк, усул, роҳ ва воситаҳои давлатдорӣ, раҳбарии ҷомеа дар лаҳзаҳои мураккаб ва тақдирсози миллати тоҷик ифодаи худро ёфтаанд.
Ҳаётан зарур аст, ки барои наслҳои имрӯз ва оянда ин хирадсолорӣ ва оини давлатдории Пешвои миллат дар асоси методологияи илмӣ мавриди тадқиқ қарор бигирад. Чунин омӯзиш фарогири тамоми соҳаҳои давлатдорӣ – сиёсати дохилӣ ва хориҷии кишвар бошад» (С. Ятимов. Асарҳо. Ҷилди 5. Хирадсолорӣ ва оини давлатдорӣ. – Душанбе: Ганҷ нашриёт, 2019. – С. 62).
ДУРАХШОН АСТ БО РАФТОР, БО КИРДОР, БО ГУФТОР
«Дар рафтор, гуфтор ва зиндагии муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ҳамчун инсон ман шахсияти поктинат, одӣ, хоксор, фурӯтан, хушсуҳбат, нектабиат, ҳимматбаланд, фарди доно ва роҳбари тавоно, фасеҳгуфтор, марди худогоҳу ватандӯст, эҳёгари анъана ва бузургии ниёкон, таърихофарин, пайвандгари тоҷикон, ангезандаи руҳи миллӣ, муҳофизи Ватан, масъулиятшинос, руҳбахш, пуркору накукору пурсаъйу қарин ба одамони меҳнатӣ ва дардошноро дарёфтам.
Ӯ воқеан, меҳнатдӯст ва заҳматқарин аст.
Дар шоҳидӣ ва пеши назари мо садҳо, ҳазорҳо амале ба намоиш гузошт, ки ӯро ҳамчун ҷавонмард, фарзанди баруманди ин сарзамин, ҷонфидо ба хотири сулҳу субот, ваҳдат, якпорчагии Ватан, обрӯ, манзалат ва тақдири таърихии миллат ва давлати тоҷикон муаррифӣ кард» (С. Ятимов. Ёддоштҳо. Қисми II. – Душанбе: Эко принт, 2024. – С. 657-658).
«Аз таълимоти Сарвари давлат бармеояд, ки фард дар замони худ ҳамон вақт узви фаъоли муносиботи ҷамъиятӣ шуда метавонад, ки аз лиҳози объективӣ ҷонибдори асили манфиатҳои миллӣ бошад ва аз лиҳози субъективӣ – ҷаҳонбинӣ, тарзи тафаккур ва муҳокимаронӣ аз худ амалҳои созгор ба рушди миллӣ нишон диҳад» (С. Ятимов. Асарҳо. Ҷилди 11. Қисми I. Масъалаҳои забоншиносии миллӣ дар таълимоти Пешвои миллат. – Душанбе: Ганҷ нашриёт, 2019. – С. 32).
«Дар нигоштаҳои Пешвои миллат фарзандони содиқи халқи тоҷик ҳамчун мардоне тасвир ёфтаанд, ки дар лаҳзаҳои барои миллат ҳассос ва басо хатарнок ба майдон омада, ҳаёту мамоти худро ба хотири ҳимоя, пойдорӣ, бардавомии давлати тоҷикон бахшидаанд. Шахсият, рӯҳи ботинии онҳо ба пуррагӣ ба мақсадҳои бузург ва тақдири таърихии миллат тавъам омадааст» (С. Ятимов. Асарҳо. Ҷилди 5. Хирадсолорӣ ва оини давлатдорӣ. – Душанбе: Ганҷ нашриёт, 2019. – С. 59-60).
ВАҲДАТИ МИЛЛӢ ВА ХЕШТАНШИНОСӢ – ПОЯИ ДАВЛАТДОРӢ
«Дар баёни маъниҳои худшиносӣ ва ваҳдат Сарвари давлат андешаи миллиро дар ҷойи аввал мегузорад ва таъкид мекунад, ки чунин тасаввурот вақте зуҳур меёбад ва аз худ қотеона дарак медиҳад, ки мафҳумҳои «замини аҷдодӣ», «Ватан», масъулияти шинохт ва ҳимояи манфиатҳои миллӣ ба ҷузъиёти муҳимми ҷаҳонбинии шаҳрвандон мубаддал гардад, яъне дарки воқеияти маънавӣ бошад» (С. Ятимов. Асарҳо. Ҷилди 5. Хирадсолорӣ ва оини давлатдорӣ. – Душанбе: Ганҷ нашриёт, 2019. – С. 23).
«Пешвои миллат ҷаҳонбинӣ ва андешаи миллиро бо далелҳои эътироф ва эҳтироми урфу одат ва анъанаҳои деринаи мардумӣ омили муҳим барои худшиносии миллӣ мешуморад. Дар ин лаҳза на танҳо қудрати истодагарӣ карда тавонистани фарҳанги миллати тоҷик ба бегонагон, балки ба маънавиёти истилогарон таъсир расонидан, бар онон пирӯз гаштан ишора карда мешавад» (Ҳамон ҷо. – С. 24-25).
«Дар таълифи Сарвари давлат масъалаи меҳварӣ, яъне хештаншиносӣ ва худшиносии миллӣ дар ҷойи аввал меистад. Ӯ гаштаву баргашта хотиррасон мекунад, ки инсон бояд қувва ва имконоти худро дар вобастагии кулл бо доираи манфиатҳои миллӣ дарёбад, таърихи миллатро донад, худро нисбат ба тақдири Ватан масъул шуморад ва худкифо бошад» (Ҳамон ҷо. – С. 26).
«Дар таълимоти Пешвои миллат таърихи халқ маҷмуи равандҳо ва натиҷаҳое мебошад, ки худи фарзандони миллат офаридаанд ва ба онҳо муваффақ шудаанд. Ҳамзамон бо ин, шахсиятҳои бузурги таърихӣ, ки худро ҳамчун қаҳрамон ва номбардорони миллат муаррифӣ кардаанд, ба некӣ ёдоварӣ карда мешаванд. Аз ин лиҳоз, зарурати аз онҳо ибрат гирифтан ва ба онҳо пайравӣ карданро таъкид месозад» (Ҳамон ҷо. – С. 26).
«Панду андарзҳои Сарвари давлат дар масъалаи тақвияту таҳкими ваҳдати миллӣ ва пояҳои давлатдорӣ дар Тоҷикистон решаҳои боэътимоди илмӣ доранд. Муттаҳидии мардум, пойдории сулҳу субот, баланд бардоштани ҳисси ватандӯстӣ ва худогоҳиву худшиносӣ ҳамчун шартҳои ҳифзи манфиатҳои кишвар ва афзоиши неруи иқтисодии мамлакат ҳамчун омилҳои муҳимтарини рушди давлатдории миллӣ эътироф гардидаанд» (Ҳамон ҷо. – С. 26-27).
«Нақди ганҷинаи идеяи Пешвои миллат сохтани давлати миллӣ аст. Ғарб маҳз тавассути фарзандони бонангу номусаш ҳанӯз чорсад сол қабл ба чунин хулоса омада буд. Ва ин шакли давлатдориро пазируфт. Онро бунёд кард. Афзалият ва самараи ин сохт дар олам маъруф гашт. Ба чунин ниҳоди сиёсии дар таҷрибаи пешқадами инсоният санҷидашуда бо заҳмат ва ҷонбозиҳои Сарвари давлат дар сарзамини тоҷикон асос гузошта шуд. Он аз лиҳози ҳуқуқӣ ва воқеӣ бунёд гардид» (Ҳамон ҷо. – С. 29).
«Агар суханони Сарвари давлат дар бораи ин фидоиёни халқи тоҷик гаштаву баргашта мавриди омӯзиш қарор дода шаванд, намунаи олии ватандорӣ, сифати комили шахсият, ки барои сохтан, рушд кардани давлати миллӣ, ҳифз кардани манфиатҳои он зарур аст, баръало намудор мегардад» (Ҳамон ҷо. – С. 48).
«Дар таълимоти Сарвари давлат масъалаи тарбияи инсон характери муназзам, сохторӣ ва амалӣ дорад. Он тамоми ҷанбаҳои ташаккули инсонро дар бар мегирад. Аммо тарбияи ахлоқиву маънавӣ дар он мавқеи марказиро ишғол мекунад. Тавассути заҳматҳои бедареғу шабонарӯзӣ Пешвои миллат мекӯшад дар ботини ҳамватанон, ки ӯ ҳаёту мамоти худро ба онҳо бахшидааст, ҳиссиёти баланди арзишҳои меҳанпарастӣ, хештаншиносӣ ва худшиносии миллӣ ташаккул ёбад» (Ҳамон ҷо. – С. 51).
«Дарки амиқи амалӣ намудани рукнҳои маънавиёти миллӣ дар партави корномаи Пешвои миллат, аз аркони ниҳоят аҳаммиятноки худшиносии миллӣ мебошад. Мағз андар мағзи онро садоқат ба Ватан, манфиатҳои миллӣ, ташаккули тафаккури илмӣ нисбат ба воқеоти олам, минтақа ва ҷомеаи мо ташкил мекунад. Моҳияти чунин муносиботро мақсадҳои воқеан ҳаётӣ – зарурати ногузири ба инобат гирифтани таносуби вазъи ҷомеаи ҷаҳонӣ ва он вазифаҳои ҳаётан муҳимме, ки барои сохтани давлати миллӣ, рушди иқтисодиёт, таъмини амнияти миллӣ хос мебошанд, дар бар мегирад» (С. Ятимов. Асарҳо. Ҷилди 8. Достони ҷавонмардӣ. – Душанбе: Ганҷ нашриёт, 2019. – С. 308-309).
«Ҳамасрони мо шоҳиданд, ки хештаншиносӣ, худшиносии миллӣ ва дар ҳамин замина сохтани давлати миллӣ, ки ормони ҳазорсолаи мардуми тоҷик буд, аз мақсадҳои меҳварии Роҳбари давлат маҳсуб мегардад. Суханони дар дили ҳар як шаҳрванди Тоҷикистон сабтшуда ва умедбахши Роҳбари нав интихобгардидаи миллати тоҷик − «Ман ба шумо сулҳ меорам!» азми таърихӣ ва амалҳои ҷонфидоёнаи ӯ, навиди созандагӣ ба ҳар хонадони мамлакати ҷангзадаи дур аз маъмур ва мардуми хастаи ранҷур нур бахшид» (С. Ятимов. Асарҳо. Ҷилди 11. Қисми I. Масъалаҳои забоншиносии миллӣ дар таълимоти Пешвои миллат. – Душанбе: Ганҷ нашриёт, 2019. – С. 27).
«Садоқатмандӣ ва эътиқоди бепоёни ӯ ба халқ, собитқадамӣ дар роҳи иҷрои паймон, истодагарӣ дар масири пешгирифта, таъмини сулҳ, ваҳдат, рушди устувори миллӣ, сарфи назар аз мушкилот, таҳдид ва хатарҳои ҷонӣ, омилҳои аслии хештаншиносӣ ва худшиносии миллии қишрҳои асосии ҷомеа гардид. Ҳаммаром будани иқдомҳои Пешвои миллат бо ормонҳои мардум ба иҷро гаштани нақшаҳои барои мамлакат созгор такони ҷиддӣ бахшиданд» (С. Ятимов. Асарҳо. Ҷилди 11. Қисми II. Паёми Пешвои миллат ва масъалаҳои рушди маърифат. – Душанбе: Нашриёти муосир, 2020. – С. 224).
«Роҳбари давлат ҳанӯз дар рӯзи аввали расидан ба қудрати сиёсӣ, масъалаи эҳёи миллиро эълон ва давоми се даҳсолаи ахир онро аз лиҳози назариявӣ коркард, тасдиқ ва дар таҷрибаи амалӣ ҷонфидоёна роҳандозӣ намуд» (С. Ятимов. Асарҳо. Ҷилди 12. Эҳёи миллат – бақои давлат. – Хуҷанд: Ношир, 2024. – С. 5).
«Ҳақиқати эътирофгардида аст, ки Даврони Эҳёи миллати тоҷик дар марҳилаи навин аз аввалин суханони Роҳбари тозаинтихобгаштаи давлати тоҷикон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз минбари Қасри Арбоб оғоз гардид. Минбаъд Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар суханрониҳои барномавӣ, Паёмҳо, таълифот ва таълимоти бунёдии худ барои ҳар фарди тоҷик ҳаётан муҳим будани Эҳёи миллатро асоснок кард. Принсипҳои асосӣ, сарчашма, роҳ, восита ва усулҳои ба он ноил гаштанро фаҳмонд. Ин равандро дар сиёсати амалӣ, бо азму разми ҷавонмардӣ тавассути бузургтарин чорабиниҳои дар таърихи миллати тоҷик беназир собитқадамона тасдиқ намуд» (Ҳамон ҷо. – С. 28-29).
«Таҳлили назария ва амалияи сиёсии Сарвари кишвар аз он шаҳодат медиҳад, ки идеали асосии ӯ сохтани давлати миллӣ тавассути тарбияи ҳисси хештаншиносӣ ва худшиносии миллӣ, таъмини ваҳдати миллӣ бар пояи баланд бардоштани некуаҳволии мардум аст» (С. Ятимов. Ёддоштҳо. Қисми II. – Душанбе: Эко принт, 2024. – С. 652).
«Ман, ҳамчун шаҳрванд шоҳиди воқеӣ ва иштирокдори раванди сиёсати амалӣ зери раҳбарии Қаҳрамони миллати тоҷик, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳастам.
Аз ин лиҳоз, барои мо арзишмандии табиат ва нақши шахсияти Раҳбар дар тулуи мушкилнафаси давлатдории миллӣ, шароити ниҳоят сангини гирдоби таърихӣ, даврони тақдирсоз, қонунмандии ҷараёни тараққиёти ҷамъиятии замон чун оина равшан аст» (Ҳамон ҷо. – С. 649).
«Яке аз самтҳои омӯзиши сифати шахсияти раҳбар, инъикоси фаъолияти ӯ дар ҳолати динамикӣ – қудрати пешрафт, ҳалли мушкилот ва сарнавишти сиёсии ҷомеа, ки новобаста аз иродаи зимомдори мамлакат арзи вуҷуд кардааст, маҳсуб мегардад.Насли мо шоҳиди сиёсати амалии Сарвари кишвар дар мушкилтарин даврони давлатдории тоҷикон, охири асри ХХ ва нимаи аввали асри ХХI аст» (Ҳамон ҷо. – С. 649).
СУХАН ҶОН МЕГИРАД АНДАР КАЛОМАШ
«Қудрати суханварӣ, маъниофаринӣ, ифодаи бурро ва шевои Пешвои миллати тоҷикон ниёз ба таҳлил, тадқиқ, омӯзиш, арзёбии дақиқ ва пайравиро дорад.
Ҳангоме ки Сарвари давлат дар боби муҳимтарин масъалаҳои давлатдорӣ, ватанпарварӣ, истиқлолият, хештаншиносӣ ва худшиносии миллӣ ҳарф мезанад, аз перояи нангу номус ва ҷавонмардӣ баҳс меорояд, аз маъниҳои барҷаста, калима ва таркибҳои суфтаву дилчаспу форам ва муассиру ҷозибадор устодона истифода мекунад.
Пешвои миллат ба тани сухан ҷон ва ба дили пурармони мардуми азиятдида ва меҳнатқарини кишвараш дармон мебахшад» (С. Ятимов. Асарҳо. Ҷилди 5. Хирадсолорӣ ва оини давлатдорӣ. – Душанбе: Ганҷ нашриёт, 2019.– С. 9-10).
«... суханҳои Пешвои миллат шакли мансури Суруди миллии мо мебошанд: Ватан модари ягона аст. Бақои он бақои хонадони мо мебошад. Ҳама ҷаҳон ҳабиби мост, дар сурате ки мо соҳибватан бошем» (Ҳамон ҷо. – С. 16).
«Дар масъалаи тарбия мантиқи суханҳои Сарвари давлат дар он ифода меёбад, ки ахлоқи ҳамида, масъулиятшиносӣ ва донишҳо аз насл ба насл намегузаранд. Падару модар, мактаб, маориф, васоити ахбори воқеан миллӣ, муҳити атроф бо такя ба таҷрибаи таърихии халқи мо, намунаҳои олии қаҳрамонӣ, ҷавонмардии фарзандони он ва мероси адабӣ, бояд бикӯшанд, ки насли ба ниёзҳои имрӯза ва оянда посухгӯи давлатдории миллиро тарбия кунанд» (Ҳамон ҷо. – С. 49).
«Маҳсули эҷоди Пешвои муаззами миллат ганҷинаи суханҳои пандомӯз аст, ки «гарди баёнаш ба сад рисола барояд». Мутолиаи гаштаву баргаштаи ин хазинаи маънӣ, бешубҳа, натиҷаи таҷрибаи воқеияти зиндагии Қаҳрамони миллат – аз овони ҷавонӣ, камолот, бурду бохти раҳи ниҳоят мушкил ва озмудани бахти хеш дар уқёнуси пурталотуми сиёсат ба манфиати сарҷамъ кардани миллати парешони худи ӯ мебошад. Гавҳар аз баҳр баровардан – гузаштан аз ҷон аст. Дар олам ҳақиқати номуайян нест. Ҳақиқат доимо мушаххас аст. Давлат сохтан аз сарзамине, ки аз он амалан ва танҳо номи ҷуғрофӣ боқӣ монда буд, ҳамин мантиқро дорад. Ҳарорат ва ҷозибаи маъниҳои ифодакунандаи Пешвои миллат чунин воқеиятро тасдиқ мекунад» (Ҳамон ҷо. – С. 61).
«Воқеан, сухандонӣ, суханшиносӣ, суханварии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат барои ҳар нафаре, ки тоҷик аст, ба лафзи дарӣ, форсӣ ҳарф мезанад, худро тахассусманди соҳаи забоншиносии тоҷик ва донишманди меъёрҳои забони адабии ҳозираи тоҷик мешуморад, ибратомӯз ва намунаи олӣ аст.
Суҳбати қаҳрамони асар бо табақаҳои гуногуни ҷомеа – кӯдакон, наврасон, куҳансолон, ҷавонон, кишоварзон, коргарон, аҳли фарҳанг, илму адаб, сиёсатмадорон ва муҳофизони Ватан, бо интихоби мавзуъ, мазмун, мундариҷа, муҳтаво, тарзи масъалагузорӣ, ҳидоят ва маслиҳат оид ба ҳаллу фасли онҳо, аз якдигар фарқ мекунанд. Захираи бойи луғавӣ, донистани руҳияи қишрҳои гуногун – аъзо ва авзои ҷомеа, шароити воқеии зисту зиндагӣ, кору фаъолият, муваффақият ва мушкилоти онон, ҳисси ниҳоят баланди масъулият, сидқу сафо, ҳусни ният нисбат ба имрӯзу фардои халқу миллати сипосгузораш, мададгори аслии фаъолияти рӯзмарраи ӯ бо мардуми кишвараш мебошад. Барояш муяссар мегардад, ки дар ҳар маърака барқосо чун «муродбахши дили беқарори мардум», «аниси хотири умедворон» ва «ғамгусор»-и (таъбирҳо аз Ҳофиз) миллати дар роҳи маслакаш мисли ӯ ва дар пайравии ӯ ҷонфидо, ҳамчун гӯшту нохун дар тамос ва дарки маънавӣ бошад» (С. Ятимов. Асарҳо. Ҷилди 8. Достони ҷавонмардӣ. – Душанбе: Ганҷ нашриёт, 2019. – С. 306).
«Пешвои миллат дар китобу мақолаҳои илмӣ, суханрониҳои сиёсӣ, гуфтугӯҳои мустақим бо аҳли зиё ва мардум муҳимтарин масъалаҳои забоншиносии тоҷикро мавриди омӯзиши дақиқ, таҳлилу арзёбии амиқ қарор дод. Боиси ифтихор аст, Роҳбари давлат дидгоҳи хешро бо забони шево, лаҳни гуворо, барои омма фаҳмо, бо истифода аз далелҳои раднопазири таърихӣ ва санъати бузурги сухандониву суханварӣ иброз медорад» (С. Ятимов. Асарҳо. Ҷилди 11. Қисми I. Масъалаҳои забоншиносии миллӣ дар таълимоти Пешвои миллат. – Душанбе: Ганҷ нашриёт, 2019. – С. 8).
«Баҳраварии дараҷаи аъло аз захираҳои бойи луғавии забони модарӣ, сабки ороиши сухан бо дарназардошти фазо ва муҳити сухангӯӣ аз муҳимтарин омилҳои нишонрас будани мусоҳибаҳои Пешвои миллат аст. Ҳамчунон, бо мантиқи муъҷаз, муассир ва фасеҳ, бо ҷобаҷогузории намунавии задаҳои ҳиҷоӣ ва мантиқӣ, ки аз донистани нозукии тобишҳои семантикӣ ва семасиологии лексикаи забони модарӣ шаҳодат медиҳад, таваҷҷуҳи мардум ба суханрониҳои муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон беихтиёр ҷалб мегардад» (Ҳамон ҷо. – С. 66).
«Пешвои миллат аз камтарин роҳбарони озмудашудаи сиёсии олам аст, ки дар доираи матни гузориш ва гуфтугӯи озод, бо такя ба далелу рақам ва мисолҳои баҳснопазир, бо қудрати маънавӣ ва фарҳанги волои суханварӣ сомеонро тасхир мекунад. Ва моҳияти давлатдории хешро ба дилу дидаи омма мерасонад. Иқрор бояд гашт, ки ин кори чандон саҳл нест» (Ҳамон ҷо. – С. 66-67).
«Забон ва тарзи баёни муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ба ҳайси мактаби бузурги фарҳанги муколамаи сиёсӣ, бояд дар доираи мавзуи махсуси таҳқиқоти илмӣ ҳамчун ҷузъи санъат ва оини давлатдории миллии тоҷикон омӯхта ва ба наслҳо пешкаш гардад» (Ҳамон ҷо. – С. 67).
«Услуби таҳқиқоти илмӣ, таҳлилу баррасии мураккабтарин зуҳуроти таърихӣ ва олами муосир, ҳаёти рӯзмарраи ҷомеа, хулосаҳои ниҳоят муҳим, бомулоҳиза ва усули суханварии муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар кулли соҳаҳои давлатдорӣ нишонгари дарки воқеият ва тавони барҷастаи истифодаи имконоти забони модарӣ аст. Чунин сатҳи донистани забони модарӣ бо тамоми ҷузъиёт ва назокати семантикӣ, семасиологӣ, орфоэпӣ, фонетикӣ, морфологӣ, синтаксисӣ на танҳо барои кормандони мақомоти ҳокимияти давлатӣ, устодони донишгоҳҳо, муаллимони мактабҳои миёна, кормандони васоити ахбори умум, балки барои тамоми нафароне, ки умуман бо мардум, махсусан бо ҷавонон сару кор доранд, шахсоне, ки забони адабии ҳозираи тоҷикро аз худ карданианд, намунаи омӯзиш, мактаби суханварӣ – дарси мантиқии давлатдорӣ аст» (Ҳамон ҷо. – С. 67-68).
«Аввалин суханронӣ ва муколамаи Роҳбари давлат бо кормандони ҳифзи ҳуқуқ моро дар мубориза барои барқарор кардани тартиботи конститутсионӣ дар мамлакат дилпур намуд.
Мо, дафъатан, эътимоди пурра пайдо намудем, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамон шахсиятест, ки зери роҳбарии ӯ метавонем тамоми мушкилоти ҷомеаро паси сар созем. Тартибот ва волоияти қонунро дар давлат барқарор кунем. Ба терроризм ва ифротгароӣ хотима бахшем. Душманони миллати тоҷикро ҳам дар дохил ва ҳам дар берун дасткӯтоҳ намоем» (С. Ятимов. Ёддоштҳо. Қисми II. – Душанбе: Эко принт, 2024. – С. 284).
«Руҳу қавииродагии Роҳбари давлат Эмомалӣ Раҳмон, бо суханронии буррову ҷавонмардона, масъулиятшиносии огоҳона, дар тасаввури мо эҳсоси таҳамтани мубориз ва фидоии ҳақиқии Ватан, эҳёкунандаи давлати миллии мо, тоҷиконро ба вуҷуд овард» (Ҳамон ҷо. – С. 284).
«Мо бошем, бояд вазифаи худро иҷро мекардем. Мо дастпарварони Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон будем, ки доимо таъкид мекард: «Мо давлатдор ҳастем! Мо бояд миллати худро сарҷамъ кунем. Онҳоро парасторӣ намоем. Миллати мо ғайр аз худи мо дар ягон гӯшаву канори дунё пуштибони дигар надорад. Таъмини ваҳдату ягонагӣ – вазифаи ҷонии мост»» (Ҳамон ҷо. – С. 340-341).
«Аз ҷумлаи сифатҳои инфиродии Роҳбари давлати Тоҷикистон, ки мавриди эътирофи умум гаштаанд, волотарин мақом дар байни аҳли сухан дорад. Болотарин манзалат дар иҷрои қавлу амал ӯрост. Ба ҳамин васила, шуҳрату шарафу обрӯ касб кард. Мардум ӯро Пешво хонд» (Ҳамон ҷо. – С. 654).
БА ДИЛҲО РОҲ ЁБАД ҲАР ПАЁМАШ
«Омӯзиши таърихи навтарини миллати тоҷик нишонгари он аст, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон маҳз тавассути Ақл, Хирад, Тадбир ва тавоноии Сухан, ки аз ҷавҳари маънавиёти бузурги ӯ сарчашма мегиранд, тавъам бо рафтори ҷавонмардонааш тавонист дар дилу дидаи мардум ҷо шавад, ба кишвар сулҳ биёрад ва суботу амниятро дар Ватани азияткашидаи мо барқарор созад» (С. Ятимов. Асарҳо. Ҷилди 5. Хирадсолорӣ ва оини давлатдорӣ. – Душанбе: Ганҷ нашриёт, 2019. – С. 9)
«Ҳар як муколамаи Пешвои миллат, тавре ҷомеа шоҳиди он аст, озод, бо салоҳият ва масъулияти бузурги давлатдорӣ, бо таҳлил, далелнокӣ, муқоиса, арҷгузорӣ ба меҳнати деҳқонон, коргарон, соҳибкорон, зиёиён, серталабӣ нисбат ба мақомоти иҷроияи ҳокимият ва дигар сохторҳои давлатӣ сурат мегирад» (С. Ятимов. Асарҳо. Ҷилди 11. Қисми II. Паёми Пешвои миллат ва масъалаҳои рушди маърифат. – Душанбе: Нашриёти муосир, 2020. – С. 206).
«Муҳимтарин нуктае, ки дар оини раҳбарии Сарвари тоҷикон ҳамчун сабк, шеваи барҷаста ва услуби муошират бо мардум ба назар мерасад, ифодаи маъниҳои тақдирсоз бо забони шево, оммафаҳм ва дилчаспу ҷозибадор мебошад. Хиради азалии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки тавассути сидқан аз бар намудан ва ба тарзи хастанопазир сайқал додани донишҳои энтсиклопедӣ, такрор ба такрор дар таҷрибаи зиндагӣ санҷидани онҳо исбот гардидааст, мактаби махсуси давлатсозӣ ва раҳбарии муваффақона аст. Онро ҳамчун намунаи пайравии рӯзмарра ва стратегияи давлатдорӣ бояд омӯхт. Қонунмандиҳои аз нестӣ раҳонидан, ҳаст кардан, ба масири тараққиёти устувор расонидан ва ба ҷаҳониён муаррифӣ намудани як миллати куҳанбунёди бо тақдири фоҷеабор борҳо рӯбарӯшударо барои наслҳои имрӯз ва оянда ҳамчун сабақ манзур сохт» (Ҳамон ҷо. – С. 206-207).
«Дар баробари чунин сабки муоширати сиёсӣ, яке аз муҳимтарин шакли муколама – Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба намояндагони халқ мебошад. Омӯзиши паёмҳои ҳамасолаи Пешвои миллат нишонгари он аст, ки дар ҳуҷҷатҳои зикргардида вазъияти давлат таҳлил ва арзёбӣ мегардад. Самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва берунии мамлакат на танҳо дар муддати як сол, балки барои даҳсолаҳои минбаъда коркард ва эълон карда мешаванд» (Ҳамон ҷо. – С. 207).
«Паёмҳои Пешвои миллат хусусияти моҳиятӣ доранд. Дараҷаи алоқамандии диалектикии тамоми бахшҳои низоми сиёсиро бо субъекти марказии ҳокимияти давлатӣ муайян мекунанд. Самаранокии онро тафсир ва баҳогузорӣ менамоянд. Камбудиҳоро ошкор месозанд. Роҳҳои ислоҳи он ва уфуқҳои рушди миллиро дар ояндаи наздику дур нишон медиҳанд» (Ҳамон ҷо. – С. 207).
«Бори сеюм буд, ки барои таъйинот ба дафтари кории Сарвари кишвар даъват шуда будам. Ҳар дафъа аз муносибат, кордонӣ ва хирадмандии шахсияте, ки аз хокистари сӯзон мамлакати шукуфон сохтааст, бо таҳаммул ва давлатсолорӣ ҷӯяндаи муваффақи мушкилтарин масъалаҳои дохилӣ ва хориҷии сиёсати мамлакат мебошад, дар шигифт мемондам.
Шахсияти одӣ, фурӯтан, хоксор, ниҳоят масъул, иродатманд, ҳамзамон бо ин, бо тамоюли дарки мусоҳиб, иқтидори фитрии муҳокимаронии тахассусмандона дар мавзуи мадди назари давлатдориро медидам.
Чунин муносибат ба шахс боварӣ мебахшид. Ӯро барои боз ҳам бо сидқу сафо заҳмат кашидан ҳидоят ва дили ӯро ба кор гарм мекард» (С. Ятимов. Ёддоштҳо. Қисми II. – Душанбе: Эко принт, 2024. – С. 474-475).
«Солҳо, мутобиқ ба иҷрои вазифаҳои хизматӣ, ман Сардори давлатро дар сафарҳо ҳамроҳӣ кардаам. Барои донистан, ӯ на танҳо одамонро ба ҳузури худ мепазирад, балки пеши онҳо меравад, то шахсан ба аҳвол ва кору борашон шинос шавад. Ҳар як сухану амалаш барои он такрорнашаванда ва ҷолиби таваҷҷуҳанд, ки натиҷаи таҳлили таҷрибаи зиндагӣ буда, дарбаргирандаи ниёзҳои рӯзафзун ва тағйирёбандаи талаботи ҷамъиятист» (Ҳамон ҷо. – С. 652).
ЗАБОНИ МОДАРИРО ҲОМӢ БОШАД
«Агар Исмоили Сомонӣ ҳамчун асосгузори аввалин давлати тоҷикон ва ҳомии забон, илм, маърифат, маданият, фарҳангу адаби миллати тоҷик маъруф гашта бошад, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз бузургтарин абармардони таърих аст, ки на танҳо давлати навини тоҷиконро дар шароити ниҳоят мураккаб ва фоҷиабори ҷанги таҳмилии дохилӣ, парокандагии миллӣ, рақобати шадиди геополитикӣ асос гузошт, балки дар роҳи эҳё ва ҳифзи арзишҳои миллӣ − таърих, забони модарӣ, маданият, фарҳанг, фидокориҳои бемисл нишон дод. Бо ибораи дигар, баробар бо наҷоти миллат нақши наҷотбахши забони ӯро низ ба ҷо овард» (С. Ятимов. Асарҳо. Ҷилди 11. Қисми I. Масъалаҳои забоншиносии миллӣ дар таълимоти Пешвои миллат. – Душанбе: Ганҷ нашриёт, 2019. – С. 7).
«Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо ташаббусҳои шахсӣ тавассути Конститутсия, қонунҳои конститутсионӣ, дигар меъёрҳои ҳуқуқӣ ва иқдомоти баробар ба онҳо мақом ва нуфузи забони модариро дар баландтарин поя гузошт. Донистан ва дар фаъолияти расмии давлатдорӣ, муносиботи байналхалқӣ афзалият бахшидан ба онро аз муҳимтарин вазифаҳои хизматчиёни давлатӣ, шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон эълон кард» (Ҳамон ҷо. – С. 7).
«Дар замони раҳбарӣ – давлатдории муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон забони тоҷикӣ ба манзалати фарогиру устуворе соҳиб гардид, ки дар тули таърихи чандҳазорсолаи мардуми тоҷик забони модарии мо дар чунин манзалат намеистод ва истода ҳам наметавонист» (Ҳамон ҷо. – С. 7-8).
«Дар таҳқиқоти Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон муҳимтарин масъалаҳои забон ҳамчун ҳодисаи ҷамъиятӣ, омилҳои иҷтимоии пайдоиш, ташаккул ва рушди забони модарӣ, муносибати забон ба сиёсат, иқтисодиёт, фарҳанг, нақши он дар хештаншиносӣ, худшиносии миллӣ ва пешрафти ҷомеа, таъмини ваҳдат, амнияти миллӣ, забон ва ҳусни баёни адибони классик ва муосир мавриди омӯзиши илмӣ қарор гирифтаанд» (Ҳамон ҷо. – С. 8).
«Дар афкори муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нақши фарзандони баору номуси миллат, ки ба ивази ҷони худ забон, фарҳанг, таърих, маданият ва анъанаҳои миллиро ҳифз кардаанд, мақоми хосса дорад. Омӯзиши китобу мақолаҳои илмии Пешвои миллат аз он шаҳодат медиҳанд, ки зуҳуроти камназири таърихӣ – зинда мондани забони тоҷикӣ дар замони истилои араб ва ҳазорсолаи ҳукмронии бегонагон ҳамчун мавзуъ ва ҳадафи илмӣ муайян шудаанд. Роҳбари давлат дар ин маврид ба ҳамаи саволҳо бо далелҳои эътимодбахш посух медиҳад» (Ҳамон ҷо. – С. 17-18).
«Бовар кунонидани халқ ба асолати хеш, эҳсоси масъулияти бузург дар назди таърих, фарҳанг ва тамаддуни гузашта ва арҷгузорӣ ба онҳо аз муҳимтарин вазифаҳое буд, ки Роҳбари давлат онро боисрор ва пайгирона таъкид мекард. Дар ин маврид, забони модарӣ – забони тоҷикӣ нақди барҷастаи яқин барои муътақид кардани мардум ба асолати хеш буд. Ҳамин тариқ, дар таълимоти Пешвои миллат худшиносии миллӣ ҳамчун мафҳуми иҷтимоиву сиёсӣ ва фарҳангиву маънавӣ натиҷаи ташаккули ҷаҳонбиниест, ки аз маҷмӯи мураккаби мафҳум ва категорияҳои сохториву функсионалӣ иборат мебошад» (Ҳамон ҷо. – С. 27-28).
«Бо қотеияти том изҳор бояд кард, ки дар адабиёти сиёсӣ, таърихӣ ва бадеии имрӯза возеҳтар аз таълимот ва таҷрибаи давлатдории Пешвои миллат, нуқтаи назари санҷидашуда ва бо далелҳои илмӣ собитгардида, ки асолати миллӣ ва худшиносии миллиро дар иртибот бо илми забоншиносӣ нишон дода бошад, мавҷуд нест» (Ҳамон ҷо. – С. 29).
«Сарвари кишвар бо истифода аз неруи тавонои забони модарӣ расидан ба умқи хештаншиносӣ ва худшиносиро ба хотири сохтани давлати миллӣ дар асоси арзишҳои волои тамаддуни башарӣ аз муҳимтарин вазифаҳои наслҳои имрӯзу фардои мамлакат меҳисобад.
Дар таълимоти Пешвои миллат эҳтиром гузоштан ба забони модарӣ – эҳтиром гузоштан ба Ватан, ба модар, ба миллат, ба фарҳанг ва тамаддуни хеш аст» (Ҳамон ҷо. – С. 30-31).
«Пешвои миллат ба мавзуи адабиёти бадеӣ, мундариҷа, моҳият ва забону услуби шоирону нависандагон таваҷҷуҳи махсус зоҳир мекунад. Маҳз тавассути нишон додани амалҳои ҷонфидоёнаи бузургони миллат мехоҳад, симои ҳақиқии қаҳрамонони худро ба хонанда муаррифӣ намояд. Онҳоро дар муқоиса бо дигарон гузорад. Афзалияти воқеии шахсияти мавриди таҳқиқ қарордодаашро ба оммаи мардум фаҳмонад. Ӯро ҳамчун намунаи олии ватандорӣ, ҷавонмардӣ, муҷассамаи меҳру садоқат ба ормонҳои миллӣ дар муқобили хатарҳои ҷонӣ ба сифати намунаи ибрат пешниҳод кунад. Омӯзиши китоби «Чеҳраҳои мондагор» тасдиқи ин гуфтаҳост» (Ҳамон ҷо. – С. 40).
«Муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар бораи қудрати забони модарӣ сухан ронда, ба нақши байналмилалии он ишора мекунад. Таъкид месозад, бо вуҷуди он ки забони тоҷикӣ дар таъсири мутақобил бо дигар забонҳои минтақа қарор дошт, ҳувияти функсионалии худро ҳимоя карда тавонист ва бегазанд монд» (Ҳамон ҷо. – С. 47).
«Масъалаҳои забоншиносии тоҷик дар таълимоти Пешвои миллат мавқеи калидӣ доранд. Ӯ таърихи забонро бо таърихи миллат тавъам медонад. Бо далелҳо исбот менамояд, ки чӣ тавр ҳаёти мардум дар ҳаёти забон таҷассум меёбад. Таъкид месозад, ки забони модарии мо аз ду ҷиҳат омӯхта шавад: аз лиҳози таърихиву муқоисавӣ ва фалсафӣ – дар муносибат бо тафаккур» (Ҳамон ҷо. – С. 61).
«Пешвои миллат забони модариро бо беҳтарин сифатҳо тавсиф мекунад. Барҳақ, онро баробар бо номҳои муқаддаси Модар, Ватан, Миллат медонад. Бо далелҳои таърихӣ исбот месозад, забони тоҷикӣ буд, ки аз забони гурӯҳӣ қавмӣ, аз қавмӣ нажодӣ, аз нажодӣ забони халқ ва аз забони халқ забони миллатро ба вуҷуд овард ва билохира омили аслии истиқлоли миллӣ гардид» (Ҳамон ҷо. – С. 62).
«Роҳбари давлат таъкид мекунад, забони модарӣ ягона нишонаест, ки маҳз тавассути он мансубияти инсон ба миллат муайян карда мешавад. Ва то ба имрӯз илм бештар аз ин, далели муътамади мансубияти шахсро ба фардияти инсонӣ, падару модар, сарзамини аҷдодӣ, таърихи пайдоиш, ташаккул ва рушди миллӣ, урфу одати шоистаи дар тули ҳазорсолаҳо шинохташуда надорад» (Ҳамон ҷо. – С. 62).
«Дар таълимоти муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон назарияи илман асоснок дар бораи қонунҳои пайдоиш, рушд ва инкишофи забони тоҷикӣ, моҳияти забон ҳамчун воситаи муносиботи ҷамъиятӣ, ифодакунандаи фарҳанг, маданият, маънавиёт ва таърихи миллат, нақши забон дар истиқлоли давлатӣ, роҳу усулҳо ва воситаҳои ҳифз кардан, инкишоф додан, ба забони воқеан умумиллӣ ва посухгӯ ба кулли ниёзҳои умумихалқӣ мубаддал кардани он нишон дода шудаанд» (Ҳамон ҷо.– С. 64).
«Дар таълимоти Пешвои миллат забон ҳамчун падидаи нодири ҷамъиятӣ ва натиҷаи ҷараёни таърихии шаклгирии миллати тоҷик тавсиф мегардад» (С. Ятимов. Асарҳо. Ҷилди 5. Хирадсолорӣ ва оини давлатдорӣ. – Душанбе: Ганҷ нашриёт, 2019. – С. 34).
«Пешвои миллат дар алоқамандӣ бо бузургӣ ва тавонмандиҳои забони тоҷикӣ решаҳои қадимии онро хотиррасон карда, ҷанбаҳои амиқи таърихӣ доштан, воситаи асосии ба ин лафз нигоштани бузургтарин шоҳасарҳои ҷаҳониро аз ҷониби фарзандони барӯманди халқи мо бо ифтихор таъкид менамояд» (Ҳамон ҷо. – С. 36).
«Сарвари давлат дар масъалаи омӯхтан, ҳифз кардани таркиби луғавӣ, сохти грамматикӣ, системаи фонетикии забони тоҷикӣ, тибқи меъёрҳои забони адабии ҳозира нигоҳ доштани забони модарӣ кӯшишҳои мунтазам ва муассир ба харҷ медиҳад» (Ҳамон ҷо. – С. 38).
«Сарвари давлат бо такя ба маъхазҳои илмӣ, дар бораи ҷойгоҳи таърихии забони тоҷикӣ сухан ронда, хотиррасон месозад, ки бо вуҷуди мушкилоти сиёсӣ, гузаштагони мо дар тули асрҳо бузургтарин асарҳои илмӣ, бадеӣ, ҳамосаҳои сатҳи ҷаҳониро маҳз ба ҳамин забон офаридаанд. Бо захираи бойи луғавӣ, қудрати маъноӣ, дараҷаи суфтагии грамматикӣ, таровиши гуворои лафзӣ он аз марзҳои Осиёи Шарқӣ ва Ҳимолой то соҳили баҳри Миёназамин – нақши байналмилалӣ дошт. Забони мукотиба ва муоширати қавму миллатҳо буд» (Ҳамон ҷо. – С. 38).
«Роҳбари давлат дар сатҳи аъло донистани забони давлатиро вазифаи ҳар шаҳрванд мешуморад. Дар баробари ин, донистани забонҳои хориҷӣ ва воситаҳои техникии истифодаи онҳоро дар ҳаёти имрӯза шарти зиндагии муваффақона меҳисобад» (Ҳамон ҷо. – С. 39).
«Истилоҳоти «Ватан», «миллат», «забони модарӣ», масъулият дар назди таърих, яъне эмин нигоҳ доштани ин арзишҳо ва гузоштани саҳми босазо дар рушду тараққии онҳо аз ҷониби насли имрӯза ва оянда аз ҳидоятҳои аслии Сарвари давлат мебошанд» (Ҳамон ҷо. – С. 40).
«Сарвари давлат дар асарҳояш нобиғаҳои миллати хешро, ки бо тамоми имконот дар ҳифзу густариши забони модарӣ ва ҳувияти миллӣ корнамоиҳо кардаанд, бо некӣ ёдовар мешавад. Доир ба асосгузори адабиёти классикии тоҷик Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ ҳамчун мубориз дар роҳи истиқлолияти адабиёти тоҷик бо ифтихор сухан мегӯяд» (Ҳамон ҷо. – С. 41-42).
«Сарвари давлат умри миллатро ба умри забон вобаста медонад. Онро чароғи раҳнамои худшиносиву худафрӯзӣ меҳисобад. Ҳифзи забони модарӣ, аз насл ба насл мерос мондани онро вазифаи муқаддаси соҳибзабонон мешуморад» (Ҳамон ҷо. – С. 42).
«Маҳз бо ташаббус, ҳидоят ва дастгирии Роҳбари давлат масъалаи дар тамоми соҳаҳои ҳаёти ҷомеа ва давлат истифода бурдани меъёрҳои адабии забони давлатӣ роҳандозӣ гаштааст. Фарогирии истилоҳоти мураккаби илмиву техникӣ, эҷоди асарҳои сирф илмӣ бо забони тоҷикӣ имконоти луғавӣ ва мавқеи истифодаи забони модариро боз ҳам васеътар мегардонад» (Ҳамон ҷо. – С. 43).
«Пешвои миллат дар баробари ғамхорӣ нисбат ба забони давлатӣ ба омӯзиш ва рушди забони миллатҳое, ки дар Тоҷикистон зиндагонӣ мекунанд, таваҷҷуҳи хосса зоҳир карда, онҳоро «миллатҳои бародар» ном мебарад» (Ҳамон ҷо. – С. 44).
«... маъниофаринӣ, сухандонӣ ва санъати суханварии Сарвари давлат ҳамсони шахсияти ин инсони воқеан таърихӣ, бесобиқа ва нотакрор аст. Агар устод Садриддин Айнӣ, ҳамчун алломаи даврон, бо амиқ донистани нозукиҳои адабиёти беш аз ҳазорсола ва нақди забони зиндаи гуфтугӯӣ аз созандагони забони адабии ҳозираи тоҷик бошад, Пешвои миллат бо эҷоди асарҳои илмӣ, муҳимтар аз ҳама, истифодаи олимонаи забони модарӣ онро машҳур ва ҷаҳонӣ гардонд» (Ҳамон ҷо. – С. 61-62).
РУШДИ ФАРД ДАР ИЛМ ҲАСТУ МАЪРИФАТ
«Асосгузори давлати тоҷикон, ки бо дастони худ аз хокистар шуъла офарида, сарзамини кӯҳистони худро бо нури он мунаввар сохтааст, тавассути таҳқиқоташ худро бузургтарин донандаи таърихи миллат, омилҳои бурду бохт, садоқату хиёнат, рушду рукуди миллӣ муаррифӣ кардааст» (С. Ятимов. Асарҳо. Ҷилди 5. Хирадсолорӣ ва оини давлатдорӣ. – Душанбе: Ганҷ нашриёт, 2019. – С. 40).
«Дар асарҳои Пешвои миллат ҷаҳонбинии сиёсии ҷомеа мавқеи калидӣ дорад. Ба хотири он ки ин навъи шуур дар шароити муайяни иҷтимоӣ шакл мегирад ва нақши худро ҳамчун фарҳанги сиёсӣ ба намоиш мегузорад. Аз ин лиҳоз, ҷаҳонбинии сиёсӣ аҳаммияти рӯзмарраи амалӣ дорад» (Ҳамон ҷо. – С. 28).
«Сардори давлат ба маърифатнокӣ, тахассусмандӣ, маънавиёти ба манфиатҳои миллӣ созгор, яъне дараҷаи сифатии миллат таваҷҷуҳи бузург зоҳир мекунад. Ин хосиятро дар чаҳорчӯбаи муносибат ва муқоиса бо равандҳо ва рақобатҳои мураккаби ҷаҳони муосир мавриди баррасӣ қарор медиҳад. Бар он аст, ки муаррифгари миллат – ақл, заковат ва дараҷаи маърифатнокии ӯст, на шумораи аҳолӣ ва захираҳои табиии мамлакат» (Ҳамон ҷо. – С. 46).
«Дар ҳидоятҳои Сарвари давлат таълим ҳамчун қисмати ҷудоинопазири тарбия тафсир мегардад. Меафзояд, ки падару модар, мактаб дар зеҳни ҷавонон ҳисси худшиносиву худогоҳӣ, ахлоқи ҳамида, эҳтироми калонсолон, падару модар зарурати омӯзиши илму донишро ҷой кунанд» (Ҳамон ҷо. – С. 47).
«Сарвари давлат даъват мекунад, ки дар баробари омӯхтани осори адибони бузург, ба илмҳои дақиқ ва ҷомеашиносӣ таваҷҷуҳи зарурӣ дода шавад. Онҳоро ҳамчун илми мафкурасоз арзёбӣ мекунад. Хотиррасон месозад, ки омӯзонидани таърих, адабиёт, илмҳои ҷамъиятӣ барои баланд бардоштани сатҳи маънавиёти ҷавонон хизмати босамар мекунанд. Дар ҷодаи ташаккули шахсият, аз худ кардани арзишҳо, самтгирӣ дар роҳи тайкардаи абармардони миллат, тибқи принсипҳои ватандорӣ, ватанпарастӣ ва манфиатҳои миллӣ зиндагӣ кардан ҳидоят менамояд» (Ҳамон ҷо. – С. 49).
«Сарвари кишвар воқеиятро дарк карда, таъкид менамояд, ки имконоти тараққиёт ва пешрафти Тоҷикистон танҳо дар канданиҳои фоиданок ва мавқеи ҷуғрофиёии он нест. Аз захираҳои маънавӣ, ақл, фаросат, дониш, тахассусмандӣ ва дараҷаи рушди илму маърифат – захираҳои инсонӣ, иродатмандии саросарии миллӣ вобастагӣ дорад» (С. Ятимов. Ёддоштҳо. Қисми II. – Душанбе: Эко принт, 2024. – С. 653).
«Роҳбари давлат ба хирад ва касбият чун муҳимтарин воситаҳои истеҳсолот ва такомули давлатдории миллӣ муносибат мекунад. Неруи аслии инсонро на дар мавҷудияти одии ҷисмонӣ, балки дар моҳияти ҷаҳонбинӣ ва руҳи ӯ ба инобат мегирад. Баҳо мегузорад. Борҳо ман шоҳиди он будам, таъкид мекард, ки ягона маҳаки шинохти инсон – дарки манфиатҳои миллӣ, мувофиқати кору амали ӯ дар лаҳзаҳои барои давлат ҳалкунанда ва ҳаётан муҳим аён мегардад. На дар сухан ва шиорпардозӣ» (Ҳамон ҷо. – С. 653-654).
НОМИ МИЛЛАТ ҶОВИДОН БО НОМИ ӮСТ
«Аз он дастовардҳое, ки миллати тоҷик дар муддати се даҳсолаи ахир ба даст овард: оташи ҷангро хомӯш ва миллатро сарҷамъ кард. Давлати миллиро асос гузошт. Онро бунёд кард. Иқтисодиёти мамлакатро барқарор ва кишварро сарсабзу обод намуд. Тоҷи гумшудаи тоҷикро бозгардонд. Миллатро дар ҷаҳон ифтихорманд кард. Кишварро ба Ватани Адолат ва Сулҳу Амният табдил дод. Инҳо намунаи корнамоиҳои бемисли Қаҳрамони миллии мардуми тоҷик мебошанд» (С. Ятимов. Асарҳо. Ҷилди 6. Адабиёт ва диалектикаи ҳаёт. – Душанбе: Ганҷ нашриёт, 2019. – С. 18-19).
«Даст болои сина иқрор бояд гашт: ин туҳфаи осмонӣ набуд ва нест. Ҷонбозиҳо, сарсупурдагӣ, матонат, ҷасорат, рӯинтанӣ ва дар набардҳои бисёр вақт нобаробар ба майдон баромада ҷоннисориҳо кардан, садҳо бор бо хасм рӯ ба рӯ гаштан ва пирӯз омадани Шахсияти бузург – фарзанди миллати тоҷик аст. Аз оне ҳам, ки ин Абармарди таърих бо фурӯтании ҷавонмардона дастовардҳоро мансуби миллати бузургаш медонад, ҳақиқат ҳаст. Ҷасорат, Мардонагӣ, баҳри хушбахтии Миллат худро дар обу оташ андохтан, ҳамчун намуна, падидаи беназири миллӣ дар симои як Фард, ба миллат ва андешаи миллӣ бетаъсир намонд. Мардум дар атрофи Ӯ ҷамъ омаданд. Домони Ӯро гирифтанд. Бо Ӯ ҳамсаф шуданд. Пайравӣ карданд. Ва пирӯз гаштанд» (Ҳамон ҷо. – С. 19).
«... сарфи назар аз он ки дар минтақаи бузург забону адаби мардуми тоҷик мавриди эътирофу истифода қарор гирифта буд, номбар кардан, ҳамчун намунаи волои рафтори ҷамъиятӣ ҷилвагар намудани қаҳрамонони миллии тоҷик ба манфиати доираҳои сиёсии роҳбарони давру замон набуд. Пешвои бузурги миллат эҳёгари корномаи миллати хеш, ба хотири намунагузории рафтори ватанпарастонаи ин бузургон дар назди халқу миллат мебошад» (С. Ятимов. Асарҳо. Ҷилди 8. Достони ҷавонмардӣ. – Душанбе: Ганҷ нашриёт, 2019. – С. 303).
«Иқдоми ҷавонмардонаи Пешвои миллат барои эълони соли бузургдошти Имоми Аъзам, ҳамчун чеҳраи баргузидаи миллӣ, аз ҷасорати ин пири тариқат барои ҳимояи забони модарӣ, ҳувият ва асолати миллии тоҷикон сарчашма мегирад. Маводи таърихӣ шаҳодат медиҳад, ки ӯ бо дониш, ақлу заковат, далерӣ ва матонат ғосибонро маҷбур кард то бо эътироф кардани забон ба миллаташ низ эҳтиром гузоранд. Маҳз бо чунин сифатҳо забон ҳамчун организми зинда ва субъекти муносибот шинохта мешавад» (С. Ятимов. Асарҳо. Ҷилди 11. Қисми I. Масъалаҳои забоншиносии миллӣ дар таълимоти Пешвои миллат. – Душанбе: Ганҷ нашриёт, 2019. – С. 5-6).
«Хосияти гениалии инсон аст, ки меҳнати пурмашаққат ва тафаккури нерумандро ба самти муайян сафарбар намояд» (И. Нютон). Чунин тафсирро метавон ҳамчун намунаи ҳидояткунандаи сифатҳои олии ватанпарастонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон хотиррасон намуд, ба ин равшангари орзуву ормонҳои ҳазорсолаи халқи тоҷик дар кору пайкор содиқона пайравӣ кард ва аз насл ба насл чун руҳи шикастнопазири миллӣ пайғом расонид» (Ҳамон ҷо. – С. 68).
«Дар тамоми давраҳои мавҷудияти давлатдории миллати тоҷик, аз ҷумла, дар таърихи асрҳои миёна, таърихи нав, таърихи навтарин Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ягона шахсияти эътирофшуда − раҳбарест, ки қавитарин робитаро бо мардум доштаву дорад» (С. Ятимов. Асарҳо. Ҷилди 11. Қисми II. Паёми Пешвои миллат ва масъалаҳои рушди маърифат. – Душанбе: Нашриёти муосир, 2020. – С. 206).
«Ҳамасрони мо гувоҳи онанд, ки Сарвари давлат, новобаста аз мавқеи ҷуғрофиёӣ, хатарнокии масир ва шароити ниҳоят сахту номусоиди иқлим, борҳо ба дурдасттарин деҳа, ҷамоат, ноҳия – манзили сокинони мамлакат ташриф оварда, бо зиндагӣ, ҳолу аҳвол, кору бори мардумони касбу ҳунари гуногун шинос шудааст. Бо онҳо вохӯрӣ ва суҳбату мулоқотҳо доир намудааст» (Ҳамон ҷо. – С. 206).
«Пешвои муаззами миллат даҳҳо, садҳо маротиба дар нишасту анҷуманҳои муътабар, сатҳи баландтарин ва суҳбатҳо бо миллати миннатпазири хеш, аз бузургвории қаҳрамонони Тоҷикистон устод Садриддин Айнӣ, аллома Бобоҷон Ғафуров ва дигар фарзандони сарсупурдаи ин миллат боифтихор мисолҳо меоварад. Аз корнамоиҳои онон бо эҳсоси баланди ватанхоҳона, ҳамчун намунаи асили рафтори фидокорона ба хотири тоҷикон ва ин сарзамин ёдовар мешавад. Тамоми мардуми Тоҷикистонро ба пайравӣ аз кору пайкори онон даъват менамояд.
Аммо мардум медид ва мебинад, ки худи Қаҳрамони миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳар лаҳзаву ҳар рӯз даҳҳо ва садҳо чунин қаҳрамониҳо кардааст ва мекунад» (С. Ятимов. Асарҳо. Ҷилди 11. Қисми II. Паёми Пешвои миллат ва масъалаҳои рушди маърифат. – Душанбе: Нашриёти муосир, 2020. – С. 252-253).
«Бо ҷашн гирифтани 1100 - солагии давлати Сомониён (соли 1999), эълони Соли тамаддуни Ориёӣ (соли 2006), навиштани асарҳои «Тоҷикон дар оинаи таърих» (1996, 2002, 2006), «Чеҳраҳои мондагор» (2016) ва чандин таълифоти илмӣ – таърихӣ, сохтмони иншоотҳои бунёдии аср Пешвои муаззами миллати тоҷик худро ҳамчун эҳёгари анъана, суннат ва азамати ниёкон, зиндакунандаи маънавиёти Зардушт, Курушу Доро, раҳбари забардаст, масъулиятшинос ва худогоҳ, бунёдгузори таърихи навини миллати тоҷик муаррифӣ намуд ва мардумро ба истифода аз ин ганҷи бепоён, санадҳои худшиносиву меҳанпарастӣ, истиқлолхоҳиву меҳанпарастӣ даъват кард. Яъне Сарвари давлати тоҷикон амалеро, ки дар доираи тавони як раҳбари камназир ва ватанпарвари таърихофарин аст, иҷро намуд» (С. Ятимов. Асарҳо. Ҷилди 12. Эҳёи миллат – бақои давлат. – Хуҷанд: Ношир, 2024. – С. 29).
«Бояд эътироф намуд, ки Роҳбари давлат ҳангоми баррасӣ, таҳлил ва арзёбии маълумот дараҷаи баланди истеъдоди фитрӣ, тавони расидан ба моҳияти масъала, дарк кардани тазоде, ки аз аломатҳои зоҳирии маълумот ба қонунмандӣ ва умқи падидаи ҷолиби таваҷҷуҳ мебарад, муносибат мекунад» (Ҳамон ҷо. – С. 658).
«Хирад ва таҳаммулпазирии Роҳбари давлат бо вуҷуди серталабӣ, дар муносибат бо аъзои Ҳукумат, роҳбарони дараҷаҳои гуногуни мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ, дар лаҳзаҳои ҳассос, мураккаб ва гоҳо нобарории иҷрои вазифаҳои хизматӣ, барои ҳама гуна сатҳҳои мақомот намунаи барҷастаи омӯзиш, таҷрибаандӯзӣ, арзёбӣ ва хулосабарорӣ аст» (Ҳамон ҷо. – С. 658).
«Дар бораи роҳ, усул, маърифат, назокат, муошират ва фарҳанги волои идории муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон месазад тадқиқоти тахассусмандонаи академии шоистаи илмӣ ба анҷом расад. Ва он ҳамчун мактаби раҳбарии давлатдории миллии намунаи ибрат, мавриди истифодаи наслҳо қарор гирад» (Ҳамон ҷо. – С. 658)
МАОРИФРО БАҚОИ МИЛЛАТУ ДАВЛАТ БИДОНАД
«Барои таҳкими истиқлолият ва таҳкурсии давлат Пешвои миллат нақши тамоми қишрҳои зиёиро муҳим мешуморад. Ба олимон, шоирон, нависандагон, муаллимони мактабҳои олӣ, миёна, журналистон таваҷҷуҳи махсус зоҳир мекунад. Чун дар замони муосир эҷоди корҳои илмӣ, адабӣ, бадеӣ ва публитсистӣ ҳамаро фарогир шудааст, Сарвари давлат бо эҳтиром ва назокати баланд ҳидоят менамояд: он намунаеро бояд эҷод ва ба хонанда (бинанда, шунаванда) пешниҳод кард, ки давлатдории миллии мо ба он ниёз дошта бошад. Дармони дарди ҷомеа бошад. Зиндагии воқеиро, инсонро такмил диҳад. Ба осонии рӯзгор мусоидат намояд» (С. Ятимов. Асарҳо. Ҷилди 5. Хирадсолорӣ ва оини давлатдорӣ. – Душанбе: Ганҷ нашриёт, 2019. – С. 56).
«Замони Истиқлол, сарфи назар аз мушкилоти ниҳоят сангини ба таври сунъӣ эҷодгашта, бо кӯшишу эҳтимоми бемисли Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон давраи воқеан таърихии рушди мактабу маориф, мукаммалгардонии инфрасохтори соҳа маҳсуб мегардад. Замони шӯравӣ бо ҳазорон афзалияти воқеӣ дар риштаи маориф, чунин собиқаи тайёр кардани мутахассисони соҳаҳои давлатдории миллиро дар дохил ва хориҷи мамлакат надошт. Дошта ҳам наметавонист. Таъкиди ҳамарӯзаи Сарвари давлат, ки илм, маориф, касбомӯзӣ, ягона воситаи раҳоии миллати тоҷик аз мушкилоти рӯзмарраи иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангии имрӯзу оянда мебошанд, ба дилу дидаи мардум ҷо гаштааст» (С. Ятимов. Асарҳо. Ҷилди 8. Достони ҷавонмардӣ. – Душанбе: Ганҷ нашриёт, 2019. – С. 301-302).
«Бузургии Пешвои муаззам, хиради волои созанда ва ғамхор ба тақдири неки имрӯзу ояндаи миллат мебошад, ки мактаб, донишгоҳ, муассисаҳои илмиро пояи асосии давлатдории миллӣ эълон намудааст» (С. Ятимов. Асарҳо. Ҷилди 11. Қисми II. Паёми Пешвои миллат ва масъалаҳои рушди маърифат. – Душанбе: Нашриёти муосир, 2020. – С. 219-220).
«Роҳбари давлат вазифагузорӣ мекунад, ки ҳар фард аз калима ва ибораҳои «миллат», «таърихи ташаккул ва рушди миллӣ», «андешаи миллӣ», «асолати миллӣ», «ҳувияти миллӣ», «истиқлоли миллӣ», «ватандориву ватанпарастӣ», «ифтихори ватандорӣ», «арзишҳои таърихиву фарҳангӣ, илмиву маданӣ», «урфу одат ва анъанаҳои миллӣ», «тафаккури таърихии миллӣ», «дифоъ аз фарҳангу тамаддуни миллӣ», «худогоҳӣ», «таҳкими ваҳдату ягонагии миллӣ», «бунёдкорӣ» ва монанди инҳо бояд баҳравар бошад. Онҳоро фаҳмад. Дарк намояд. Тафсир карда тавонад. Дар рафтори иҷтимоии худ амалӣ созад» (С. Ятимов. Асарҳо. Ҷилди 11. Қисми I. Масъалаҳои забоншиносии миллӣ дар таълимоти Пешвои миллат. – Душанбе: Ганҷ нашриёт, 2019. – С. 28).
«Хизмати таърихии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ − Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз ҷумла иборат аз он аст, ки дар баробари таъсис додани давлати миллӣ, барқарор кардан ва таъмин намудани рушди устувори иқтисодиёти мамлакат, ба инкишофи илм, маориф ва фарҳанг низ асос гузошт» (Ҳамон ҷо. – С. 65).
«Ворид кардани таълимоти Пешвои миллат дар соҳаи забоншиносии тоҷик, таҳқиқоти илмӣ дар соҳаҳои таърих ва фалсафа, ғояҳои марказии адабиёти бадеӣ, мантиқи китобҳои дарсӣ – маънои ворид кардани низоми арзишҳои миллӣ, маънавиёти хештаншиносӣ ва худшиносии миллӣ ба хотири тарбияи одам дар рӯҳияи тоҷикият, ватанпарастӣ, ҳимояи сохти давлатдорӣ ва амнияти миллӣ мебошад» (Ҳамон ҷо. – С. 68).
НИЗОМИ ИҚТИСОДӢ ТАРҲ БИНҲОД
«Маълум аст, ки маҳз тавассути кӯшишҳои шабонарӯзии Қаҳрамони миллии мо фаъолияти низоми иқтисодии мамлакат эҳё гашт. Рушди бемайлони он таъмин гардид. Симои шаҳру деҳот ба куллӣ тағйир пазируфт. Ба ибораи дигар, Сарвари давлат иҷрои бузургтарин уҳдадориҳоеро, ки ба дӯши худ гирифта буд, таъмин намуд» (С. Ятимов. Асарҳо. Ҷилди 5. Хирадсолорӣ ва оини давлатдорӣ. – Душанбе: Ганҷ нашриёт, 2019. – С. 53-54).
«Маълум аст, ки муҳимтарин масъалаи ҷаҳони мутамаддину пешрафта ва яке аз омилҳои аслии рушду тараққии он таъмини аввалиндараҷаи озодии иқтисодӣ мебошад. Гардиши озоди қувваи корӣ, мол, пул ва хизматрасонӣ хусусиятҳои дохилӣ ва берунӣ – минтақавӣ ва глобалӣ дорад. Кӯшиш ва натиҷаи самараноки сиёсатҳои собитқадамонаи Сарвари давлат доир ба самтҳои муҳимми ба якдигар алоқаманд шароитро барои рушду нумӯи иқтисодиёти мамлакат фароҳам овард» (С. Ятимов. Асарҳо. Ҷилди 11. Қисми II. Паёми Пешвои миллат ва масъалаҳои рушди маърифат. – Душанбе: Нашриёти муосир, 2020. – С. 213).
«Яке аз нишонаҳои хирадмандии Роҳбари давлат ҷиддан ба инобат гирифтани пешомадҳои фавқулода ва ғайриинтизори иқтисодӣ, иҷтимоии дохилӣ ва омилҳои берунии хосияти табиӣ ва геополитикидошта маҳсуб мегардад.
Муносибати Сарвари давлат дар ин маврид, аз дидгоҳи диалектикӣ бархӯрдор аст. Ӯ ба воқеият аз мавқеъ ва вусъати тағйирёбӣ, дигаргуншавӣ, инчунин, эҳтимоли таъсиррасонӣ ба вазъи иҷтимоӣ ва иқтисодии Тоҷикистон менигарад. Ба ақидаи ӯ, инсон дар ҷаҳони бесарусомонӣ ва пешгӯинашаванда, бояд низоме коркард ва роҳандозӣ кунад, ки манфиатҳои миллат ва давлатро ҳимоя карда тавонад. Ҷомеаро дар ҳолати рушд ва ҷавобгӯ ба талаби замон нигоҳ дорад» (С. Ятимов. Ёддоштҳо. Қисми II. – Душанбе: Эко принт, 2024. – С. 651).
САРВАРИ ДОНО ВА БА ГУФТАНДАЛЕРУ ТАВОНО
«Муколамаи Пешвои миллат дар самти муносиботи байналмилалӣ, расидан ба моҳияти масъалаҳои мавриди муҳокимаи тарафайн, бо навъи аҳсант ҳимоя намудан ва пеш бурдани манфиатҳои миллӣ − мактаби бузурги дипломатияи тоҷик мебошад. Ин ҳама афзалиятҳо ба қавли Абулқосими Фирдавсӣ аз сифатҳои бузурги «доно ва ба гуфтан далеру тавоно будан»-и Сарвари давлат шаҳодат медиҳанд» (С. Ятимов. Асарҳо. Ҷилди 11. Қисми I. Масъалаҳои забоншиносии миллӣ дар таълимоти Пешвои миллат. – Душанбе: Ганҷ нашриёт, 2019. – С. 66).
«Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон самтҳои асосии сиёсати хориҷии давлати Тоҷикистонро нисбат ба Шоҳигарии Белгия, Иттиҳоди Аврупо, ЮНЕСКО як-як бо таҳлили масъулияти намояндагӣ тафсир намуд. Баҳогузорӣ кард. Дар охир супоришҳои мушаххас дод.
Ман мисли ҳамешагӣ ба масъулиятшиносӣ ва касбияти устодонаи Роҳбари давлат – бо ҷузъиёт донистани нозукиҳои дипломатӣ дар самтҳои асосии сиёсати хориҷии мамлакат, сарчашмаҳои ҳуқуқии муносиботи сиёсӣ, иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангӣ бо мамолики Аврупо, дафъатан, сари таъзим фуруд овардам» (С. Ятимов. Ёддоштҳо. Қисми II. – Душанбе: Эко принт, 2024. – С. 474-475).
«Воқеият шаҳодат аз он медиҳад, ки дар муқоиса бо дигар роҳнавардони сиёсӣ, ки таърих ёд дорад, рӯинтани аслии миллат ва давлатофарини тоҷикон дар ҳазор соли ахир Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мебошад. Дар байни бузургтарин қаҳрамонони асарҳои илмӣ – таърихӣ, симои Пешвои миллат ифтихори ҳамасрони ӯст. Ҳамчунон, намунаи пайравӣ ва меҳроби давлатдории миллӣ барои ҳазорсолаҳост» (С. Ятимов. Асарҳо. Ҷилди 8. Достони ҷавонмардӣ. – Душанбе: Ганҷ нашриёт, 2019. – С. 306).
узви вобастаи АМИТ Саймумин Ятимов
Бознашр аз нашрияи «Ҷумҳурият», № 141-142 (25 257), 22 июли соли 2025
Агар дар давраҳои аввали ташаккули ҷамъиятҳо рӯ овардан ба илму ҳикмат натиҷаи ҳисси куҷковӣ ва кӯшиши дарки олами атроф бошад, имрӯз, дар асри XXI аз маорифу иқтисодиёту тандурустӣ то амнияти миллӣ, яъне тамоми паҳлӯҳои ҳаёти иҷтимоӣ бо илму техника ва пешрафти он сахт вобастагӣ дорад. Дар ҳамин замина, дар муҳити иттилоотӣ ҳар сари вақт бо мафҳуми “STEM” дучор меоем, ки он ихтисораи калимаҳои Science (Илмҳои табиӣ), Technology (Технология), Engineering (Муҳандисӣ) ва Mathematics (Математика) мебошад. Сиёсати STEM-омӯзиш дар давлатҳои мутараққӣ яке аз усулҳои асосии таҳсилоти муосир эътироф гардида, кафолати рушди устувори иқтисодӣ, навоварӣ ва рақобатпазирии ҷаҳониро таъмин менамояд. Дар системаи маорифи мо низ усули таълими STEM ворид гаридааст, ки ҳадафи асосӣ омӯзиши имлҳои табиатшиносӣ, технология, муҳандисӣ ва математика буда, татбиқи донишҳои гирифтаи назариявӣ дар амалия ҷиҳати рушди соҳаҳои саноат, технологияҳои иттилоотӣ, тиб ва энергетика мебошад.
Бо дарназардошти аҳамияти рӯзафзуни фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ, соли 2020 Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар бораи «Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф» эълон намудани солҳои 2020-2040 ба тавсиб расид. Инак, аз оғози татбиқи ин ташаббуси муҳим панҷ сол сипарӣ шуда, дар ин давра як қатор чорабиниҳо ва иқдомоти муҳими илмӣ, таълимӣ ва ташкилӣ амалӣ гардиданд. Аз ҷумла, бо мақсади татбиқи босамари он “Барномаи давлатии тайёр кардани кадрҳои сатҳи баланди илмӣ барои солҳои 2021–2030”, “Барномаи мақсадноки давлатии рушди илмҳои риёзӣ, дақиқ ва табиӣ барои солҳои 2021–2025”, “Стратегияи омӯзиш ва рушди фанҳои риёзӣ, дақиқ ва табиӣ дар соҳаи маориф ва илм барои солҳои 2021–2023”, “Стратегияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаҳои илм, технология ва инноватсия барои давраи то соли 2030”, инчунин як қатор барномаҳои соҳавии дигар таҳия гардида, амалӣ шуда истодаанд. Дар ин радиф ҳамасола Озмуни ҷумҳуриявии “Илм – фурӯғи маърифат” гузаронида мешавад, ки ҷавононро ба таҳқиқоти илмӣ ҷалб намуда, нерӯи зеҳнии ҷомеаро таҳким мебахшад.
Барои расидан ба ҳадафҳои ниҳоӣ дар самти рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ анҷом додани як силсила чорабиниҳои муҳиму фарогир зарур мебошад. Агарчӣ дар раванди таълим ва омӯзиши хонандагон мавҷудияти китобҳои дарсӣ ва маводҳои таълимӣ дар маҷмӯъ қаноатбахш арзёбӣ гардад, вале барои таҳрику ташаккули тафаккури техникии хонандагон ва ҷалби онҳо ба фаъолияти созандаву эҷодкорона, муҳайё сохтани лабораторияҳои муҷаҳҳази фаннӣ ва таъсиси марказҳои технологӣ аҳамияти аввалиндараҷа доранд. Дар ин самт, мутаассифона, то ҳол баъзе мушкилиҳо ва камбудиҳои инфрасохторӣ ба назар мерасанд.
Ҳамагон шоҳидем, баргузории Озмуни ҷумҳуриявии “Илм – фурӯғи маърифат”, махсусан номинатсияи “Ихтироъкорӣ ва навоварӣ” дар ҷалби хонандагону мутахассисони ҷавон ба соҳаҳои техникӣ ва муҳандисӣ нақши муассир дорад. Бо вуҷуди ин, барои ноил шудан ба натиҷаҳои бештару фарогир, таъсиси системавии паркҳои технологӣ дар ҳамаи ноҳияҳо, таҷҳизонидани онҳо бо лавозимоти муосир ва ба роҳ мондани фаъолияти устувори гурӯҳҳои ихтироъкорону муҳандисони ҷавон дар муассисаҳои таълимӣ аз иқдомҳои зарурии стратегӣ ба ҳисоб мераванд. Амалӣ гаштани чунин чорабиниҳо самаранокии бамаротибро ба бор оварда метавонад.
Масъалаи дигари ҳалталаб дар рушди иқтисодиёти миллӣ, мутаассифаона робитаи сусти илм ва истеҳсолот аст. Дар робита ба ин масъала, Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, борҳо дар суханрониҳои худ изҳори нигаронӣ намуда, ба зарурати таҳкими робитаи илм бо истеҳсолот ва баланд бардоштани самаранокии илми ватанӣ таъкид намудаанд. Робитаи нокифояи марказҳои илмӣ бо истеҳсолот ва сарфи назар гаштани ниёзҳои иқтисоди миллӣ аз мушкилоти решадоре мебошад, ки ҳам самаранокии илмро коҳиш медиҳад ва ҳам ба рушди инноватсионӣ ва худтаъминии техникӣ-иҷтимоии кишвар халал мерасонад.
Дар даврони Шӯравӣ пайванди илм ва истеҳсолот дар Тоҷикистон дорои хусусиятҳои хос буд. Аксари донишҷӯён ва хатмкардагони муассисаҳои олии Тоҷикистон барои идомаи таҳсил дар аспирантура ва гузаронидани таҳқиқот ба марказҳои илмии Русия ва Украина равона мешуданд. Пас аз ҳимояи рисолаҳои илмии худ онҳо ба кишвар бармегаштанд, вале самтҳои таҳқиқотиашон на ба эҳтиёҷоти дохилии Тоҷикистон, балки ба истеҳсолоти хориҷи ҷумҳурӣ вобаста буданд.
Дар ин давра, азбаски аз дохили ҷумҳурӣ фармоишҳо намешуданд, ё аҳён-аҳён буданд, аксари марказҳои илмии Тоҷикистон бо муассисаҳои истеҳсолии Русия ва ҷумҳуриҳои дигари шӯравӣ шартномаҳои хоҷагӣ баста, тавассути таҳқиқотҳои илмӣ-амалӣ маблағҳои калон даромад мекарданд. Аммо ин таҳқиқотҳо, бо вуҷуди арзиши баланди илмӣ доштанашон, на ба эҳтиёҷоти воқеии саноат ва иқтисодиёти дохилӣ, балки ба талаботи берунии хориҷ аз ҷумҳурӣ нигаронида шуда буданд. Ин ҳолат пайомади ногувор ба бор оварда, пас аз барҳам хӯрдани низоми марказонидашудаи Шӯравӣ илми ватанӣ бо истеҳсолоти дохилӣ пайваста нагашту ба рушди иқтисоди миллӣ саҳмгузор нашуд.
Таҳлилҳои омории Комиссияи олии аттестатсионии Федератсияи Русия нишон медиҳанд, ки дар самти илмҳои табиатшиносӣ синни миёнаи унвонҷӯён ҳангоми ҳимояи рисолаҳои номзадӣ 33 ва докторӣ 51 мебошад. Аз рӯи ҳамаи самтҳои илмӣ бошад, синни миёнаи унвонҷӯён мавриди ҳимояи рисолаҳои номзадӣ 36 ва докторӣ 49 будааст. Ин маънои онро дорад, ки барои расидан ба дараҷаи номзади илм ҳудуди 10 сол ва дараҷаи доктори илм 15 сол заҳмату омӯзиш лозим мешавад.
Муҳимтар аз ҳама, шахсе, ки дар тӯли ин давра заминаҳои илмию таҷрибавӣ ҳосил намуда, дар самти мушаххас мутахассис мегардад, қобилияти ба осонӣ тағйир додани самти таҳқиқоти худро надорад. Ин ҳолати табиии рушди илм буда, дар ҳамин замина дар муассисаҳои илмӣ ҷиҳати васеътар фарогири масъалаҳои илмӣ шудан озмоишгоҳҳои соҳавӣ дар самтҳои гуногун таъсис дода мешаванд. Ҳамин омилҳо сабаб шуданд, ки гарчанде дар ҷумҳурӣ мутахассисони касбии зиёд мавҷуд буданд, дар даврони истиқлол илми ҷумҳурӣ бо истеҳсолоти дохилӣ қариб ки пайваст нагардид.
Айни замон масъалаи тайёр намудани кадрҳои илмӣ ниҳоят муҳим буда, Президенти кишвар борҳо ҳангоми мулоқоташон бо аҳли зиё даъват ба амал меоранд, ки ҳарчӣ бештар кадрҳои тахассусманд тайёр карда шаванд.
Яке аз омилҳои асосии суст шудани мактабҳои илмӣ набудани механизми самараноки интихоби шогирдони воқеан соҳибистеъдод мебошад. Таҳлилҳои сотсиологӣ нишон медиҳанд, ки шахсони дорои қобилияти фавқулодаи илмӣ рӯҳияи озод ва мустақил дошта, ҷамъиятӣ нестанд. Агар ҳолномаи шахсони барҷаста ва фавқултабиатро нигарем, онҳо асосан мавқеи иҷтимоии фаъол надошта, ҳамеша хушмуомила набудаанд. Ин омил низ таъсири назарраси худро мерасонад, зеро роҳбарони илмӣ пас аз хатми донишҷӯён асосан интихобро ба шогирдоне медиҳанд, ки қобилияти илмии калон надошта бошанд ҳам, дидадарою мутеъ бошанд. Шояд ҳамин сабаб буд, ки дар давраи пандемияи Ковид-19, вақте ки баъзе устодони барҷастаи соҳаи физика аз байн рафтанд, гарчанде мактаби илмии пешрафта дошта, шогирдони зиёд бароварда буданд, шогирдонашон кори онҳоро идома дода натавониста, таҳқиқотҳо дар ин самт қатъ гардиданд. Ин як нишонаи возеҳи заъфи низоми тайёр кардани кадрҳои илмӣ ва интихоби нодурусти шогирдон аст.
Ҳамин тариқ, бо дарназардошти аҳамияти стратегӣ ва дурнамои инкишофи илмҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар таҳкими иқтидори зеҳнии кишвар, зарур аст, ки дар пояи “Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф” тамоми камбудиҳои ҷойдошта мавриди таҳлил ва бартарафсозӣ қарор гирифта, сатҳу сифати таҳқиқоти илмии ватанӣ ба сатҳи талаботи муосир боло бурда шавад. Ҳамзамон, илм бояд бо эҳтиёҷоти воқеии иқтисоди миллӣ ва истеҳсолоти дохилӣ пайваст гардида, натиҷаҳои он рушди устувори ҷомеаро таъмин намояд.
Барои рушди устувори ҳар як давлат, дар баробари қувваи корӣ ва сармояи молиявӣ, омили муҳими стратегии дигар дастрасӣ ва истифодаи оқилонаи захираҳои табиию ашёи хоми маҳаллӣ мебошад. Аз ин рӯ, сафарбар намудани нерӯи илмӣ ба самтҳои марбут ба ҷустуҷӯ, коркард ва истифодаи самарабахши канданиҳои фоиданок, сарватҳои табиӣ ва технологияҳои вобаста ба онҳо, на танҳо аҳамияти илмӣ, балки аҳамияти иқтисодиву амниятии давлатӣ дошта, ин раванд худ ба худ робитаи илм ва истеҳсолотро танзим менамояд.
Яке аз омилҳои муҳими рушди илм ва афзоиши иқтидори он мавҷудияти механизми самараноки ҳавасмандгардонию дастгирии молиявии таҳқиқотҳо мебошад. Таҷрибаи давлатҳои пешрафта нишон медиҳад, ки чунин дастгирӣ асосан тавассути таъсиси фондҳои миллии грантӣ ва барномаҳои рақобатпазир сурат мегирад. Грантҳои илмӣ имконият медиҳанд, ки муҳаққиқон берун аз маҳдудиятҳои буҷавии муассисаҳои худ, лоиҳаҳои инноватсионии таҳқиқотиро роҳандозӣ намуда, натиҷаҳои амалии қаноатмандкунанда ба даст оваранд.
Албатта, олимони тоҷик дар доираи барномаҳои байналмилалӣ грантҳои илмӣ дарёфт карда, таҳқиқотҳои муҳимро амалӣ месозанд. Аммо, зиёд будани вобастагии илм аз сарчашмаҳои хориҷӣ натиҷаи таҳқиқотҳоро бештар ба манфиатҳои донорҳо равона сохта, таъсири мусбати онҳоро ба иқтисоди миллии кишвар маҳдуд месозад. Зеро аксари ин грантҳо ба масъалаҳои бунёдии табиатшиносӣ, экологӣ ё технологияҳои глобалӣ равона буда, на ҳамеша бо ниёзҳои соҳаҳои мушаххаси истеҳсолии Тоҷикистон мутобиқат доранд.
Дар ин замина, Фонди президентии таҳқиқоти бунёдӣ, ки дар доираи дастгирии давлатии соҳаи илм таъсис ёфтааст, ҳамчун яке аз василаҳои муҳим ва самараноки миллии дастгирии таҳқиқоти илмӣ дар кишвар хидмат мекунад. Ин фонд бо мақсади рушди илм ва техникаи миллӣ, ҳалли масъалаҳои илмӣ, техникии соҳавӣ, инчунин масъалаҳои иҷтимоӣ ва иқтисодии кишвар таъсис дода шуда, ҳамасола даҳҳо лоиҳаҳоро дар самтҳои афзалиятноки ҷумҳурӣ маблағгузорӣ менамояд.
Фаъолияти фонди мазкур барои ташаккули мактабҳои илмии ватанӣ, рушди таҳқиқоти самтноки соҳавӣ ва ҷалби олимони ҷавон ба илм мусоидат менамояд. Агар дар доираи фонд ворид намудани барномаҳои дастгирии таҳқиқотчиёни ҷавон, ташкили мактабҳои илмӣ, конференсияҳо, таъмини таҷҳизоти муосир ва ҷорӣ намудани лоиҳаҳои муштараки илмӣ бо ширкатҳои истеҳсолӣ ва корхонаҳои саноатӣ амалӣ гардад, онҳо пешбурди фаъолияти фондро боз ҳам мукаммал мегардонанд.
Ҳамин тариқ, ҷиҳати амалӣ гаштани “Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ” ва таъкидҳои Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳама кӯшишҳоро ба беҳдошти сифати таълим ва таҳияи механизмҳои алоқаманд намудани таҳқиқотҳои илмӣ бо истеҳсолот равона сохта, ба он ноил шудан мумкин аст, ки илми ҷумҳурӣ нерӯи асосии таҳрикдиҳандаи рушди иқтисодиву иҷтимоии кишвар гардад.
Директори Институти физикаю техникаи ба номи
С.У. Умарови АМИТ, д.и.ф.м. Зарифзода Афзалшоҳ Қаҳрамон
Муносибатҳои дуҷонибаи байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Муғулистон дар солҳои охир таҳким ёфта, ҷанбаҳои гуногун – аз сиёсати хориҷӣ то иқтисоду фарҳангро фаро мегиранд. Гарчанде ки ин ду кишвар бо ҳам ҳамсарҳад нестанд ва дар минтақаҳои ҷуғрофии гуногун ҷойгиранд, онҳо дар асоси манфиатҳои муштарак ва эҳтироми тарафайн ҳамкории мутақобиларо рушд медиҳанд.
Муносибатҳои дипломатӣ миёни Тоҷикистону Муғулистон 24 апрели соли 1992 барқарор шудаанд. Ҳар ду кишвар аъзои Созмони Милали Муттаҳид ва СҲШ (Муғулистон дар СҲШ ба сифати давлати нозир) ва ҳарду ҷониб дар доираи ин созмонҳо ҳамкории мутақобиларо пеш мебаранд. Муғулистон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон сафорати муқими худро надорад, аммо сафорати он дар шаҳри Астана (Қазоқистон) масъули равобит бо Тоҷикистон низ мебошад. Тоҷикистон бошад, ҳамчунин дар Муғулистон сафорати мустақим надорад, вале тавассути намояндагиҳои дипломатӣ дар кишварҳои ҳамсоя (Қазоқистон) робитаҳоро ҳамоҳанг месозад.
Дар сатҳи сиёсӣ, Тоҷикистон ва Муғулистон сиёсати дӯстӣ ва ҳамкориро нисбат ба ҳам пеш гирифтаанд.
Сафари расмии Президенти Муғулистон Халтмаагийн Баттулга ба Душанбе моҳи сентябри соли 2019 (дар доираи Саммити Машварати ҳамкорӣ ва тадбирҳои боварӣ дар Осиё – МҲТБО) нуқтаи муҳим дар таърихи равобит ба шумор меравад. Дар доираи ин сафар мулоқоти роҳбарони ду кишвар сурат гирифт ва имкониятҳои густариши ҳамкорӣ дар бахшҳои иқтисод, нақлиёт ва фарҳанг баррасӣ шуданд. Ин сафар ба муносибатҳо дуҷониба такони нав бахшид.
Мизони тиҷорати хориҷии Тоҷикистону Муғулистон айни замон ҳанӯз маҳдуд боқӣ мемонад. Бино ба маълумоти Кумитаи омори назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, гардиши мол байни ду кишвар дар соли 2023 ҳудуди 850 ҳазор доллари ИМА ташкил додааст. Аз ин миқдор, қисми асосӣ воридоти маҳсулот аз Муғулистон мебошад – махсусан маҳсулоти пӯст, чарм ва баъзе таҷҳизоти сабук.
Ҳарчанд ҳаҷми муомилоти мол маҳдуд аст, ҳар ду кишвар омодагии худро барои тавсеаи ҳамкорӣ дар бахшҳои зерин иброз доштанд:
истихроҷи маъдан ва таҷрибаи мутақобила дар саноати кӯҳӣ;
чорводорӣ ва кишоварзӣ, ки барои ҳарду кишвар бахши муҳими иқтисодиётро ташкил медиҳад;
энергетикаи барқароршаванда, махсусан баррасии истифодаи офтоб ва шамол;
нақлиёт ва логистика, бо мақсади пайвастшавӣ тавассути кишварҳои сеюм (Қазоқистон, Чин).
Тоҷикистону Муғулистон дорои муштаракоти таърихӣ ва фарҳангии қадимӣ мебошанд, ки асоси хуб барои ҳамкории илмӣ ва фарҳангӣ аст. Аз ҷумла, пажӯҳишҳои шарқшиносӣ, ва таъсири мутақобили фарҳангҳо мавзӯи таваҷҷуҳи муҳаққиқони ҳарду кишвар аст.
Бо вуҷуди он ки ҳаҷми ҳамкориҳои иқтисодии Тоҷикистону Муғулистон ҳоло назаррас нест, нерӯи рушди ин муносибатҳо вуҷуд дорад. Ҳар ду кишвар метавонанд дар соҳаҳои энергетика, нақлиёт, саноат ва фарҳанг ҳамкориро густариш диҳанд.
Дар шароити ҷаҳонишавӣ ва рақобати иқтисодӣ, робитаҳои Тоҷикистону Муғулистон бояд ба сатҳи шарикии стратегӣ расонда шаванд, ки манфиатҳои ҳарду миллатро дар дарозмуддат таъмин кунад.
Муносибатҳои Тоҷикистону Муғулистон, ду кишвари осиёии бидуни марзи муштарак, бо вуҷуди масофаи ҷуғрофӣ, намунаи равобити дипломатии орому устувор мебошанд. Гарчанде ки тамоси иқтисодии онҳо ҳанӯз дар сатҳи ибтидоист, иқтидори ҳамкорӣ дар бахшҳои энергетика, кишоварзӣ, саноати кӯҳӣ ва таълим хеле баланд арзёбӣ мешавад.
Ҳарчанд ҳаҷми муомилоти тиҷоратии байни ду кишвар ҳоло кам аст, омори расмии Кумитаи омори Ҷумҳурии Тоҷикистон нишон медиҳад, ки соли 2023 гардиши мол миёни ду кишвар 850 ҳазор доллари ИМА-ро ташкил додааст, ки тақрибан 0.01% гардиши умумии савдои хориҷии Тоҷикистон мебошад.
Содирот аз Тоҷикистон ба Муғулистон асосан аз маҳсулоти саноати сабук ва канданиҳои фоиданок иборат аст;
Воридот аз Муғулистон бошад, бештар маҳсулоти чармӣ, таҷҳизоти майда ва баъзе маҳсулоти истеъмолии рӯзмарраро дар бар мегирад.
Бо вуҷуди ин, ҳар ду кишвар дорои захираҳои бузурги маъданӣ, имкониятҳои истихроҷи тилло, мис ва ангишт, ҳамчунин энергетикаи барқароршаванда мебошанд, ки метавонанд асоси ҳамкориҳои ояндаро ташкил диҳанд.
Дар доираи сиёсатҳои хориҷии “дарҳои кушода” ва сиёсати мутавозини ҳарду давлат, Тоҷикистон ва Муғулистон ҳамеша ҷонибдори сулҳ, субот ва риояи ҳуқуқи байналмилалӣ буда, дар ин самт мавқеҳои муштарак доранд.
Дар тӯли даҳсолаи охир донишҷӯён аз Муғулистон барои таҳсил ба донишгоҳҳои Тоҷикистон, махсусан Донишгоҳи миллии Тоҷикистон ва Донишгоҳи тиббии Тоҷикистон омадаанд. Баръакс, донишҷӯёни тоҷик низ дар Муғулистон таҳсил доранд, бахусус дар бахшҳои геология, муҳандисӣ ва агротехнология.
Мавзӯъҳои илмии муштарак, аз ҷумла:
-Пажӯҳишҳо дар бораи роҳи абрешим;
-Таъсири фарҳангии байни ду миллат.
Ҳамчунин, имкон вуҷуд дорад, ки дар оянда рӯзҳои фарҳанги Тоҷикистон дар Муғулистон ва баръакс баргузор шаванд, ки ба рушди муносибот дар сатҳи мардумӣ мусоидат хоҳад кард.
Бо назардошти шароити кунунии захираҳо ҷонибҳо дар самтҳои зерин метавонанд ҳамкориҳои судмандро таҳким бахшанд:
кушодани консулгарии фахрӣ ё намояндагии тиҷоратии якдигар;
-ташкили форуми соҳибкорони Тоҷикистон ва Муғулистон бо ҷалби ширкатҳои хусусӣ;
-имзои созишномаҳо дар соҳаи нақлиёт, гумрук ва муҳоҷират;
-таъсиси барномаҳои мубодилаи ҷавонон ва олимон;
-соддасозии раводид барои соҳибкорон ва донишҷӯён;
-ҳамкорӣ дар чорводорӣ, махсусан бо истифодаи таҷрибаи муваффақи Муғулистон дар соҳаи нигоҳдории чорвои хурд ва истеҳсоли пашм.
Муносибатҳои Тоҷикистону Муғулистон ҳоло дар марҳилаи рушд қарор доранд. Бо вуҷуди монеаҳои ҷуғрофӣ ва иқтисодӣ, замина барои тавсеаи онҳо мавҷуд аст. Бо таҳкими робитаҳои тиҷоратӣ, илмию фарҳангӣ ва сиёсӣ, ду кишвар метавонанд ба як шарики устувори стратегӣ дар Осиё табдил ёбанд.
Муғулистон аъзои комилҳуқуқи СҲШ нест, аммо мақоми "давлати нозир" дар назди ин созмонро дорад. Муғулистон аввалин кишварест, ки соли 2004 расман ҳамчун нозир ба СҲШ пазируфта шуд.
Аз ин рӯ, ҳамкориҳои Муғулистон бо Тоҷикистон дар доираи СҲШ ғайримустақим, вале қобили мулоҳизаанд, зеро:
-Тоҷикистон аъзои муассис ва комилҳуқуқи СҲШ аст;
-Муғулистон ба ҳайси нозир дар саммитҳо ва чорабиниҳои сатҳи олӣ ширкат мекунад;
-ҷонибҳо метавонанд дар ҳошияи ҷаласаҳои СҲШ мулоқотҳои дуҷониба анҷом диҳанд;
Дар Саммити Душанбе (2021) Президенти Муғулистон Ухнаагийн Хурэлсух бо иштироки онлайн дар ҷаласаи СҲШ ширкат кард ва хоҳиши мустаҳкам кардани равобит бо кишварҳои узвро иброз намуд.
Муғулистон борҳо пешниҳод кардааст, ки ҳамкориҳои инфрасохторӣ, энергетикӣ ва нақлиётӣ тавассути СҲШ рушд ёбанд.
Тоҷикистон дар навбати худ таъкид мекунад, ки Муғулистон барои мувозинати геополитикӣ дар Осиёи Марказӣ ва Шарқӣ муҳим аст.
Муносибатҳои Тоҷикистон ва Муғулистон дар доираи СҲШ расмӣ нестанд, зеро Муғулистон аъзо нест, вале тавассути муколамаҳои бисёрҷониба ва ҷаласаҳои баландпоя равобити сиёсӣ ва ҳамкорӣ байни онҳо сурат мегирад. Агар Муғулистон дар оянда узви комилҳуқуқи СҲШ гардад (чӣ хеле ки баъзе таҳлилгарон тахмин мекунанд), имкониятҳои нав барои ҳамкорӣ бо Тоҷикистон боз хоҳанд шуд.
Сафари давлатӣ ва стратегие, ки Президенти Муғулистон Ухнаагийн Хурэлсүх (Khurelsukh Ukhnaa) аз 23 то 26 июли 2025 ба Тоҷикистон анҷом медиҳад, метавонад нуқтаи ниҳоят муҳим дар рушди муносибатҳои дуҷониба бошад.
Сафари президенти Муғулистон ба Тоҷикистон, ба эҷоди муколамаи сиёсӣ дар сатҳҳои болои ҳукумати ду кишвар мусоидат мекунад.
Зубайдулло Давлатов, - ходими калони илмии шуъбаи ИДМ-и Институти омӯзиши масъалаҳои давлатҳои Осиё ва Аврупои АМИТ