Skip to main content

Ваҳдати миллӣ яке аз муҳимтарин дастовардҳои замони соҳибистиқлолӣ буда, таҷассумгари фарҳанги баланд, хирад ва майли мардуми мо ба сулҳпарварӣ мебошад. Бо гузашти солҳо арзишу аҳамияти ин дастоварди бузург боз ҳам афзунтар мешавад. Ба шарофати ин, халқи тоҷик тавонист соҳибихтиёрии кишвар ва тамомияти арзии онро ҳифз намуда, ба рушди иҷтимоию иқтисодӣ, сиёсӣ ва фарҳангӣ ноил гардид.

Албатта миллати сарбаланди тољик хуб дар ёд дорад, ки давлати тозаистиқлоли мо дар оғози солҳои навадуми асри гузашта ба гирдоби ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ гирифтор шуда, тамоми соҳаҳои иқтисоди миллӣ фалаҷ гардид ва давлатро буҳрони амиқи сиёсӣ фаро гирифт. Чунин вазъи пурфоҷиа хатари заволи давлат ва парокандагии миллатро пеш оварда буд.

Тамоми соҳаҳои ҳаёти ҷомеаро буҳрон фаро гирифта буд, вале роҳи раҳоӣ аз ин вазъияти душвору хатарнок муносибати оқилона ва дурандешонаро тақозо мекард. Бояд гуфт, ки халқи тоҷик барои расидан ба Ваҳдати миллӣ имтиҳонҳои басо душвору сангинро пушти сар кард. Ба шарофати хирадмандие, ки аз қаъри асрҳо бармеояд, халқи мо ба ҷанги бародаркушии ғайричашмдошт хотима дод. Сулҳу субот ва ризоияти миллӣ ба халқи тоҷик ба осонӣ муяссар нашудааст. Барои расидан ба ин рузи фируз моро лозим омад, ки роҳи тулонии ноҳамворро тай намоем, монеаҳои сангинро аз миён бардорем ва мушкилоти гаронро паси сар кунем.

Қайд кардан зарур аст, ки 27-уми июни соли 1997 Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ дар Тоҷикистон ба имзо расид, ки ин саннаи тақдирсоз дар сарзамини тоҷикон муҳимтарин ва муассиртарин омили расидан ба Ваҳдати миллӣ буд. Ваҳдате, ки тайи 28 сол ҷомеаи мо марҳала ба марҳала онро тай карда истодааст. Тайи ин чанд сол ҷомеаи мо тавонистааст, ки дастовардҳои хотирмонеро дар роҳи дастёбӣ ба ризоияту Ваҳдати миллӣ соҳиб шавад. Чун ба ин чанд соли душвори бунёдкориву созандагӣ назар мекунем, мебинем, ки чи гуна давлати Тоҷикистон тавонистааст монеаҳои зиёдеро пушти сар кунад.

Тавре маълум аст, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аҳамияти ин рӯйдоди таърихиро дар ҳаёти давлати навини тоҷикон борҳо таъкид намуда, онро дар радифи Рӯзи истиқлолияти давлатӣ гузошта, воқеаи муҳиму фаромӯшнашаванда арзёбӣ намудааст. Аз ҷумла, зимни суханронӣ дар таҷлили даҳумин солгарди Рӯзи Ваҳдати миллӣ қайд намудаанд: «Баъди 21 вохӯриву музокирот, ки қариб чор сол дар Маскаву Кобул, Теҳрону Алмаато, Бишкеку Ашқобод ва дигар маҳаллу мавзеъҳо гузаронида шуданд, оқибат даври ниҳоиро дар Маскав доир карда, ба санади тақдирсоз ва ҳаётбахши сулҳ имзо гузоштем».

Чуноне маълум аст, давоми зиёда аз се сол нӯҳ даври музокирот гузаронида шудааст, ки баъзе даври онҳо ду се марҳаллаи алоҳидаро дарбар мегирифтанд. Дар лаҳзаҳои душвортарини раванди сулҳ Сарвари давлатамон бо Роҳбари Иттиҳоди нерӯҳои мухолифини Тоҷикистон ҳафт маротиба дар мамолики мухталиф бевосита дидан кардаанд.

Воқеан, таъмини сулҳ ва суботи кишвар бе саъю кӯшиши бевоситаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва хиради волои мардуми мо номумкин буд. Маҳз зањмати бевоситаи Сарвари давлат боиси он гардид, ки сулҳ дар кишварамон барқарор гардад.

Яъне аз ҷониби Пешвои миллат консепсияи Ваҳдати миллӣ пешниҳод шуд, ки барои амалӣ сохтани он роҳбарияти кишвар ба неруи созанда ва тамаддунгарои ҷомеаи тоҷик такя намуд. Пешвои миллат тамоми истеъдоди сиёсии худро баҳри овардани сулҳ ба Ватан равона карданд. Қобили зикр аст, ки маҳз дар давраи гузарондани музокироти байни тоҷикон Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ташаккули фарҳанги ваҳдатгароӣ замина гузошт, ки он имрӯз унсури ҷудонашавандаи тафаккури сиёсии ҷомеаи тоҷик мебошад. Мардуми тоҷик бо роҳбарии оқилонаи Пешвои муаззами худ зиракии сиёсиро аз даст надода, тавонистанд доман задани бозиҳои геополитикии доираҳои манфиатхоҳи хориҷиро пешгирӣ намуда, ба табдил шудани ҷанги шаҳрвандӣ ба ноамнии минтақавӣ ва ҷаҳонӣ роҳ надиҳанд. Сулҳе, ки Пешвои миллат ба ҳамватанони маҳбубаш овард, кафили истиқлолияти сиёсии на танҳо Тоҷикистон, балки тамоми Осиёи Марказӣ гашт.

Ба ақидаи муҳаққиқи маъруфи тоҷик Ҳайдарзода Р.Ҷ. “Эмомалӣ Раҳмон як шахсияти барҷаста дар таърихи тоҷикон буда, дар ҳифзи сохти конститутсионии Тоҷикистон маҳорати баланди сиёсӣ нишон дод. Ӯ ҳамчун Пешвои сиёсӣ ва маънавии тоҷикон тавонист дар давраи баъдиҷангӣ миллатро муттаҳид созад ва дар арсаи байналмилалӣ симои мусбати байналмилалии Тоҷикистонро эҷод кунад”. Дар воқеъ, ба шарофати сиёсати муваффақи Роҳбари дурандеш муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Тоҷикистон мавқеашро дар сиёсати байналмилалӣ ва ҳаллу фасли мушкилоти сайёра мустаҳкам намуда, ба доираи ҳамкорӣ давлатҳои бисёрро ворид карда, бо дарназардошти манфиатҳои миллӣ тавозуни муносибат ва манфиатро таъмин гардонидаанд.

Воқеан ҳам Ваҳдати миллӣ ва таҷрибаи сулҳофаринии тоҷикон аз ҷумлаи сабақҳои басо арзишмандест, ки ҳам дар дохили кишвар ва ҳам дар сатҳи ҷаҳонӣ мавриди қабулу омӯзиш қарор гирифт. Сатҳи зиндагӣ, маърифату ҷаҳонбинӣ ва худшиносиву ғурури миллии мо пайваста такомул ёфта, назария ва амалияи давлатдории Тоҷикистони озоду демократӣ дар ҷаҳони муосир эътироф шуда, мақому манзалати шоистаи худро пайдо намудааст, ки боиси ифтихори ҳамаи мо мебошад.

Ҳамин аст, ки бо шарофати сулҳу суботи комил ҳукумати мамлакат ба рушду пешрафти тамоми шаҳру ноҳияҳои кишвар, хусусан, минтақаҳои дурдасти кӯҳистон эътибори аввалиндараҷа дода, барои бунёди корхонаҳои саноатӣ, инкишофи инфрасохтори нақлиётиву коммуникатсионӣ ва иҷтимоӣ, инчунин таъмини аҳолӣ бо ҷойи кори доимӣ тамоми тадбирҳои заруриро амалӣ карда истодааст.

Бояд гуфт, ки ба имзо расидани Созишномаи умумӣ дар бораи барқарор кардани сулҳ ва ризоияти миллӣ дар Тољикистон аҳамияти бузурги байналхалқӣ низ дорад. Муҳимтар аз ҳама, ҷомеаи ҷаҳонӣ ба Тоҷикистон чун ба давлате, ки бунёди ҷомеаи демократиро ихтиёр кардааст ва дар ин азм устувор аст, эътимоди ҷиддӣ баст, ӯро ба узвияти хеш пазируфт ва тавассути созмону ниҳодҳои байналмилалӣ робитаи чандҷониба устувор кард.

Имрӯз Тоҷикистон узви фаъоли беш аз даҳҳо созмонҳои бонуфузи байналхалқиву минтақавӣ мебошад ва дар ҳалли масоили минтақавиву байналмилалӣ саҳми худро мегузорад.

Вазъи ҷаҳони имрӯза моро ҳушдор медиҳад, ки раванди Ваҳдат дар як давлат ё ҷомеа на танҳо ба омилҳои дохилӣ вобастааст. Омилҳои берунӣ, аз ҷумла кӯшишҳои барқарор намудани ҷаҳони дуқутба, таҳдидҳои замони ҷаҳонишавӣ низ барои таҳкими Ваҳдати миллӣ ва субот дар минтақа ва ҷаҳон андешидани тадбирҳои мушаххасро талаб менамояд. Омилҳои глобалии ба давлат ва ваҳдати миллӣ хатаровар, аз қабили терроризми байналхалқӣ, ҷинояткориҳои трансмиллӣ, гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир, афзоиши тундгароёни динӣ, одамрабоӣ, проблемаҳои экологӣ, бекорӣ, ки ҳаррӯз бештар мегардад, ба ҷомеаи Тоҷикистон, ки як узви ҷомеаи башарӣ мебошад, бе таъсир намемонад.

Зеро, дар ҷаҳони ноорому пурҳаводиси муосир Ваҳдати миллӣ ва суботу оромӣ барои мардуми мо омили бунёдии дастовардҳои навин, татбиқи нақшаҳои стратегӣ, кафили боэътимоди амнияти давлат ва ҷомеа зербинои иқтисодиву иҷтимоист ва шарти асосии пешрафту ободии кишвар мебошад.

Аз ин рӯ, Ваҳдати миллӣ дар таърихи навини давлатдории миллати тоҷик бозёфти арзишмандтарин мебошад, зеро он барои амалӣ гардидани ормонҳои халқамон, ки бо қалби пур аз умед интизори сулҳу оромӣ, дӯстиву ҳамбастагӣ ва ҳамдигарфаҳмӣ буданд, заминаи воқеӣ гузошт. Озодӣ, Истиқлолият, сулҳу субот, оромию осоиштагӣ ва созандагию бунёдкорӣ аз шарофати Ваҳдати миллӣ насиби мо гардид. Бинобар ин вазифаи ҳар кадом шахси ватандӯст мебошад, ки онро чун гавҳараки чашм ҳифзу ҳимоят намуда, то абад пос дорад.

Қодирова Зулайхо, ходими хурди

илмии шуъбаи Осиёи Ҷанубӣ ва Шарқии

Институти омӯзиши масъалаҳои давлатҳои Осиё ва Аврупои АМИТ

123123(Дар ҳошияи суханрониҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ифтихори 28-солагии Рӯзи ваҳдати миллӣ ва дар мулоқот бо роҳбарон ва фаъолони Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон)

Рӯзи ваҳдати миллӣ, ки ҳар сол 27 июни дар Тоҷикистон бо шукӯҳи хос таҷлил мегардад, яке аз муҳимтарин рӯйдодҳои таърихии кишвар аст. Ин рӯз рамзи пирӯзии сулҳ бар низоъ, ягонагии миллат ва заминаи рушди устувори иқтисодиву иҷтимоии Тоҷикистон мебошад. Ваҳдати миллӣ дар Тоҷикистон дар пасманзари ҷанги шаҳрвандии солҳои 1992-1997 ба даст омад, ки яке аз давраҳои фоҷиабори таърихи навини кишвар буд. Тавре Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар суханронии 27 июни соли 2025 зикр карданд, дар он солҳо қариб як миллион нафар шаҳрвандони Тоҷикистон аз тарси ҷони худ ва наздиконашон ба кишварҳои хориҷӣ гуреза шуданд. Хатари парокандагии миллат ва аз харитаи сиёсии ҷаҳон нобуд шудани давлати тозаистиқлол воқеияти талхе буд. Ин давра на танҳо бо талафоти инсонӣ ва харобии иқтисодӣ, балки бо эҳсоси ноумедӣ ва тарсу ҳарос миёни мардум ҳамроҳ буд.

Бо роҳбарии оқилонаи муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва иродаи қавии мардуми Тоҷикистон, дар соли 1997 Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ ба имзо расид. Ин рӯйдод оғози марҳалаи нави таърихи кишвар гардид.

Баргардонидани қариб як миллион гуреза ба Ватан ва маҳалли зисти онҳо яке аз дастовардҳои муҳими ин раванд буд. Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид карданд, ки ин талошҳо барои сарҷамъии миллат ва пешгирӣ аз парокандагӣ анҷом дода шуданд, то мардуми тоҷик дар хонаи худ ободкорӣ кунад. Ваҳдати миллӣ на танҳо сулҳро барқарор кард, балки барои рушди минбаъдаи Тоҷикистон заминаи мустаҳкам гузошт.

Дар мулоқот бо фаъолони Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон (28.06.2025), Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ваҳдати миллиро неъмати бебаҳо ва омили асосии пешрафти Ватан номиданд. Онҳо қайд карданд, ки дар шароити мураккаби ҷаҳони имрӯза, ки пур аз ҷангу нооромиҳо, гурезагӣ ва харобист, ваҳдати миллӣ барои Тоҷикистон арзиши муқаддас аст. Ин арзиш имкон дод, ки кишвар аз хатари нобудӣ наҷот ёфта, дар роҳи рушди устувор қадамҳои устувор гузорад.

Ваҳдати миллӣ заминаи муҳим барои татбиқи барномаҳои рушди иқтисодиву иҷтимоӣ ва расидан ба ҳадафҳои стратегӣ гардид. Дар суханронии 27 июни соли 2025 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид карданд, ки ба шарофати сулҳу субот ва ваҳдати миллӣ сатҳи зиндагии мардум пайваста боло меравад ва шаҳрвандон бо меҳнати созанда ба ободии Ватан ва ояндаи дурахшони наслҳо саҳм мегузоранд. Ин дастовардҳо дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, ки яке аз минтақаҳои муҳими Тоҷикистон аст, ба таври равшан мушоҳида мешаванд.

Дар мулоқоти 28 июн Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дастовардҳои мушаххаси вилоятро шарҳ доданд. Дар доираи сафари корӣ, даҳҳо иншооти нави иҷтимоиву иқтисодӣ, аз қабили бинои маъмурии мақомоти иҷроияи Хоруғ бинои истиқоматии барои 48 оила, Маркази фарҳанг, китобхонаи бачагона, корхонаи коркарди гӯшти қутос ва дигар иншоот ифтитоҳ шуданд. Ин иншоот, ки бо сармояи калон бунёд гардидаанд, барои беҳтар кардани шароити зиндагии сокинон ва рушди иқтисодии вилоят аҳаммияти бузург доранд.

Бунёди инфрасохтори замонавӣ яке аз натиҷаҳои муҳими ваҳдати миллӣ аст. Масалан, шоҳроҳи Қалъаихумб – Ванҷ – сарҳади Рӯшон (92,5 км, 2,5 миллиард сомонӣ) ва пули мошингузар аз болои дарёи Ғунд (200 метр, 60 миллион сомонӣ) на танҳо алоқаи минтақаҳоро беҳтар кард, балки Тоҷикистонро ба як кишвари транзитии минтақа табдил дод. Ин роҳҳо рамзи воқеии ваҳдати миллӣ буда, гӯшаву канораҳои кишварро ба ҳам мепайванданд.

Дар соҳаи энергетика низ пешрафтҳои назаррас ба даст омаданд. Ифтитоҳи неругоҳи барқи обии «Себзор» (11 мегаватт, 700 миллион сомонӣ) иқтидори энергетикии вилоятро 25% афзоиш дод ва маҳдудияти барқро бартараф намуд. Оғози бунёди неругоҳи барқи офтобии Шуғнон (3 мегаватт) ва 7 неругоҳи хурди офтобиву обӣ нишонаи истифодаи «энергияи сабз» аст, ки дар шароити тағйирёбии иқлим аҳаммияти глобалӣ дорад. Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қайд карданд, ки то охири 2025 иқтидори энергетикии вилоят ба 75,5 мегаватт мерасад, ки нисбат ба соли 1991 қариб 8 баробар зиёд аст.

Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон дар заминаи сулҳу субот ба дастовардҳои муҳим ноил гардид. Тибқи суханронии 28 июн, дар 34 соли истиқлол ба вилоят 25 миллиард сомонӣ сармоягузорӣ шуда, 2300 иншооти иқтисодиву иҷтимоӣ бунёд гардид. Дар доираи омодагӣ ба 35-солагии истиқлол, 1362 иншоот пешбинӣ шуда, то имрӯз 1059 иншоот (3,8 миллиард сомонӣ) ба анҷом расидааст. Аз ҷумла, 80 корхонаи саноатӣ, 70 иншооти маориф, 46 иншооти тандурустӣ ва 246 км роҳ сохта шуд.

Дар соҳаи саноат, шумораи корхонаҳо аз 13 ба 183 афзуда, номгӯйи маҳсулот аз 10 ба 70 расид. Ҳаҷми истеҳсоли саноатӣ дар соли 2024 ба 307 миллион сомонӣ расид, ки нисбат ба соли 1993 5 баробар зиёд аст. Дар соҳаи кишоварзӣ, истеҳсоли ғалладонагиҳо, картошка, сабзавот ва чорво афзоиш ёфта, майдони боғҳо 2,3 баробар зиёд шуд. Ин дастовардҳо ба беҳтар шудани сатҳи зиндагии сокинон ва таъмини амнияти озуқаворӣ мусоидат карданд.

Сайёҳӣ низ дар вилоят рушд карда, соли 2024 40 ҳазор сайёҳро ҷалб намуд, ки нисбат ба соли 2021 13 баробар зиёд аст. Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба роҳбарони вилоят супориш доданд, ки инфрасохтори сайёҳиро такмил диҳанд, то шумораи сайёҳон боз ҳам афзоиш ёбад. Ин тадбирҳо ба рушди иқтисоди маҳаллӣ ва баланд бардоштани обрӯи Тоҷикистон дар арсаи ҷаҳонӣ мусоидат мекунанд.

Ваҳдати миллӣ барои Тоҷикистон на танҳо рамзи сулҳ, балки пояи рушди устувори иқтисодиву иҷтимоӣ аст. Бо роҳбарии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Тоҷикистон аз хатари парокандагӣ наҷот ёфта, дар роҳи пешрафт қадамҳои устувор гузошт. Дастовардҳои Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, аз бунёди роҳҳо ва неругоҳҳо то рушди саноату кишоварзӣ, натиҷаи мустақими сулҳу субот аст.

Ваҳдати миллӣ ва суботи сиёсӣ Тоҷикистонро дар арсаи ҷаҳонӣ ба як кишвари пешсаф табдил доданд. Дар суханронии 27 июн, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қайд карданд, ки ҷомеаи ҷаҳонӣ Тоҷикистонро ҳамчун давлате эътироф мекунад, ки дар ҳалли масъалаҳои глобалӣ, аз қабили мубориза бо тағйирёбии иқлим ва ҳифзи пиряхҳо, нақши муҳим дорад. Баргузории Конфронси сатҳи баланд оид ба ҳифзи пиряхҳо дар Душанбе дар соли 2025 далели равшани ин мавқеи баланд аст. Ин чорабинӣ на танҳо обрӯи Тоҷикистонро боло бурд, балки ташаббусҳои онро дар сатҳи ҷаҳонӣ дастгирӣ кард.

Сиёсати «дарҳои кушода», ки дар заминаи сулҳу субот амалӣ гардид, ба Тоҷикистон имкон дод, ки бо аксари кишварҳои ҷаҳон муносибатҳои дӯстона ва мутақобилан судманд барқарор кунад. Ин дастовардҳо натиҷаи мустақими ваҳдати миллӣ буда, Тоҷикистонро ба як узви фаъоли ҷомеаи ҷаҳонӣ табдил доданд. Дар мулоқоти 28 июн, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид карданд, ки истиқлол, сулҳ ва ваҳдати миллӣ неъматҳои бебаҳо ҳастанд, ки дар шароити ҷаҳони пур аз нооромиҳо арзиши бештар пайдо мекунанд.

Тантанаҳои идонаи 27 июни 2025 дар шаҳри Хоруғ намоиши воқеии ягонагии мардуми Тоҷикистон буданд. Баъд аз суханронии пурмуҳтавои Пешвои миллат, ки аҳаммияти ваҳдати миллиро таъкид кард, барномаи консертии бошукӯҳ бо иштироки 5000 ҳунарпешаи касбӣ ва ҳаваскор баргузор гардид. Рақсу сурудҳо, шеърҳои шоирони маҳбуб ва навоҳои оҳангсозони шинохта, ки сулҳ, дӯстӣ ва бародариро тараннум мекарданд, ба ҷашн шукӯҳи хос бахшиданд. Ин барнома на танҳо як чорабинии фарҳангӣ, балки нишонаи ҳамбастагии миллат буд, ки дар қалби меҳмонон ва иштирокчиён таассуроти амиқ гузошт.

Чорабиниҳои фарҳангӣ, ба монанди консерти Хоруғ, дар таҳкими ваҳдати миллӣ нақши муҳим доранд. Онҳо фарҳанги сулҳофарии тоҷиконро, ки аз замони Куруши Кабир сарчашма мегирад, ба намоиш мегузоранд. Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар суханронии 27 июн қайд карданд, ки миллати тоҷик ҳамеша пуштибони сулҳ ва инсондӯстӣ буд, ва ин анъана имрӯз низ идома дорад.

Дар мулоқоти 28 июн Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба рушди соҳаҳои маориф ва тандурустӣ дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон таваҷҷуҳи хос зоҳир карданд. Дар 34 соли истиқлол, 221 бинои нави таълимӣ (44 ҳазор ҷой) ва 32 муассисаи томактабӣ (1570 ҷой) бунёд шуд. Тибқи квотаи президентӣ, аз соли 1997 беш аз 4000 ҷавони вилоят, аз ҷумла 2000 духтар, дар донишгоҳҳои кишвар таҳсил карданд. Инчунин, 6400 ҷавон муассисаҳои олии хориҷиро хатм намуданд. Бо вуҷуд, камбудиҳо, аз қабили фарогирии пасти таҳсилоти томактабӣ (31%) ва иҷрои нокифояи барномаҳои таъмини кабинетҳои фаннӣ (23%), вуҷуд доранд, ки бояд ислоҳ шаванд.

Дар соҳаи тандурустӣ 279 муассиса бунёд ва 907 муассиса таъмир гардид. Ин муассисаҳо бо таҷҳизоти тиббӣ ба маблағи 106 миллион сомонӣ таъмин шуданд. Дар соли 2025 маблағгузории тандурустӣ ба 173 миллион сомонӣ расид, ки 24% афзоишро нишон медиҳад. 1332 ҷавони вилоят дар муассисаҳои тиббӣ таҳсил карданд, ки ба беҳтар шудани хизматрасонии тиббӣ мусоидат намуд. Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон супориш доданд, ки сифати хизматрасониҳои тиббӣ ва таъмини муассисаҳо бо технологияҳои муосир боз ҳам такмил ёбад.

Ваҳдати миллӣ ҳисси худшиносии миллӣ ва ифтихор аз Ватани соҳибихтиёрро афзоиш дод. Дар суханронии 27 июн, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид карданд, ки мардуми Тоҷикистон аҳамияти истиқлол, сулҳ ва ваҳдати миллиро амиқ дарк карда, бо меҳнати созанда давлатдориро тақвият медиҳанд. Дар мулоқоти 28 июн, Сарвари давлат тарбияи насли ҷавонро дар рӯҳияи ватандӯстӣ ва масъулиятшиносӣ муҳим номиданд. Онҳо қайд карданд, ки падару модарон, зиёиён ва ҷомеа бояд ба таълиму тарбияи наврасон эътибори аввалиндараҷа диҳанд, то наслҳои оянда ворисони сазовори бузургони миллат, чун Садриддин Айнӣ ва Бобоҷон Ғафуров, бошанд.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамчунин таъкид карданд, ки волоияти қонун ва риояи тартиботи ҷамъиятӣ шарти муҳими субот аст. Дар вилоят сатҳи ҷинояткорӣ дар 5 моҳи 2025 нисбат ба соли 2024 16% коҳиш ёфт, ки аз муътадилии вазъ гувоҳӣ медиҳад. Ин дастовард ба таҳкими ваҳдати миллӣ ва эҳсоси масъулияти шаҳрвандӣ вобаста аст.

Дар мулоқоти 28 июн Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон вазифаҳои мушаххас барои рушди вилоят гузоштанд. Аз ҷумла, таъсиси ҷойҳои кор, саноатикунонии босуръат, коркарди ашёи хом ва афзоиши содирот ҳамчун ҳадафҳои стратегӣ муайян шуданд. Эълони солҳои 2025-2030 ҳамчун «Солҳои рушди иқтисоди рақамӣ ва инноватсия» нишонаи гузариш ба технологияҳои муосир аст. Роҳбарони вилоят вазифадор шуданд, ки хизматрасониҳои бонкиро беҳтар карда, сармояи дохиливу хориҷиро ҷалб намоянд.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон изҳори итминон карданд, ки мардуми вилоят бо заҳмати содиқона Тоҷикистонро ба давлати пешрафта бо инфрасохтори замонавӣ табдил медиҳанд. Онҳо таъкид карданд, ки ҳадафи асосӣ ободии Ватан, беҳтар кардани зиндагии мардум ва баланд бардоштани обрӯи Тоҷикистон дар арсаи ҷаҳонӣ аст.

Ваҳдати миллӣ барои Тоҷикистон асоси сулҳ, рушди устувор ва мавқеи баланд дар арсаи ҷаҳонӣ аст. Бо роҳбарии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон кишвар ба дастовардҳои бузург, аз бунёди роҳҳо ва неругоҳҳо то рушди маорифу тандурустӣ, ноил гардид. Тантанаҳои Хоруғ нишонаи ягонагии миллат буданд ва мулоқот бо фаъолони вилоят вазифаҳои навро барои ояндаи дурахшон муайян кард. Ваҳдати миллӣ ҳамчун гавҳари бебаҳо дар қалби мардуми тоҷик ҷовидон боқӣ хоҳад монд.

Сангинзода Дониёр Шомаҳмад -муовини директори Институти омӯзиши масъалаҳои давлатҳои Осиё ва Аврупои АМИТ оид ба илм ва таълим, доктори илмҳои ҳуқуқшиносӣ, профессор

Дар раванди ҷомеаи пешрафта ва адолатпарвар масъалаи ташакулли маърифати ҳуқуқии шаҳрвандон омили муҳим ба ҳисоб меравад. Ҳоло дар кишвари азизамон барномаи сеюми таълим ва тарбияи ҳуқуқӣ барои солҳои 2020-2030 амали шуда истодааст. Масъалаи дигари муҳим, ки дар нимзоми ҳуқуқии кишвар нақши зиёд дорад, таъмини волоияти қонун буда, он меҳвари фаъолияти ҳокимияти судӣ ва мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ба ҳисоб меравад.

Эмомалӣ Раҳмон

Ба шарофати Истиқлолияти давлатӣ ва пойдории сулҳу ваҳдати миллӣ дар баробари дигар дастовардҳои намоён дар умури давлатдорӣ низоми ҳуқуқии кишвар низ мутобиқ ба меъёрҳои пазируфтаи ҷаҳонӣ такмил шуда, дар сохторҳои қудративу ҳифзи ҳуқуқи кишвар дигаргуниҳои куллӣ ба амал омаданд. Албатта, таъмини рушди устувор ва таҳаввулоти сохторӣ дар ҳама бахшҳои ҷомеа, аз ҷумла мақомоти судӣ, дар заминаи қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон (6 ноябри соли 1994) ба миён омад. Зеро ин санади олии ҳуқуқӣ принсипҳои ташкили низоми мақомоти олии ҳокимияти давлатӣ ва тартиби фаъолияти онҳоро муайян намуда, бори нахуст ҳокимияти давлатиро дар асоси таҷзияи он ба ҳокимияти қонунгузор, иҷроия ва судӣ қонунан муқаррар намуд.

Агар таърихи мавҷудияти судҳоро дар Тоҷикистони соҳибистиқлол ба ду марҳила—то эълони ваҳдати миллӣ ва даврони баъд аз расидан ба ваҳдат тақсимбандӣ намоем, баръало равшан мегардад, ки маҳз пас аз имзои Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ дар ҳаёти судҳои кишвар тағйироту пешрафтҳои зиёд ҷой доданд. Қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соли 1994 саҳифаи наверо дар таърихи мақомоти судии кишвар боз намуда, дар доираи ислоҳоти конститутсионӣ 26 сентябри соли 1999, яъне зимни татбиқи талаботи Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ дар натиҷаи раъйпурсии умуми халқӣ ба Конститутсия тағйиру иловаҳо ворид гардиданд, ки барои ҳокимияти судиро аз тобеияти ҳокимияти иҷроия баровардан асоси қонунӣ гузоштанд. Ислоҳоти баъдинаи конститутсионӣ, ки бо мақсади заминасозии ҳуқуқии раванди сифати нави рушд ва мукаммал гардонии низоми қонунгузории миллӣ анҷом пазируфт, мақом ва эътибори низоми мақомоти судии кишварро боз ҳам таҳкиму тақвият бахшид, ки бевосита самараи ваҳдату ризоияти ҳамагонӣ ба ҳисоб меравад.

Дар асоси талаботи Конститутсия ва ислоҳоти конститутсионӣ соли 1995 бобати мукаммалу мустаҳкам кардани мустақилият ва беҳтар намудани фаъолияти ҳокимияти судӣ қонунҳои конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Дар бораи Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Дар бораи мақоми судҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Дар бораи сохтори судӣ», «Дар бораи судҳои иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Дар бораи судҳои ҳарбӣ» қабул гардид. Бо қабули асноди зикршуда фаъолияти судҳои иқтисодию ҳарбӣ ва Суди конститутсионӣ оғоз гардида, ба самаранокии фаъолияти ҳокимияти судӣ асос гузошта шуд. Тағйироти ҷиддии дар ҳаёти ҷомеа бамиёномадаро Сарвари давлат, воқеъбинона таҳлил намуда, 14 апрели соли 1997 Фармон «Дар бораи баъзе чораҳои таъмини мустақилияти ҳокимияти судӣ»-ро тасвиб намуда, ҳамзамон, дар мамлакат гузарондани ислоҳоти судӣ – ҳуқуқиро зарур шумурданд. Бо имзои ин фармон имконияти муҳайё намудани шароити моддӣ – техникӣ ба судҳо, бо кадрҳои баландихтисос таъмин намудани мақомоти судӣ, баланд бардоштани маоши хизматии судяҳо ва кормандони дастгоҳи судҳо ва дар ин замина пойдор гардондани мустақилияти ҳокимияти судӣ ба миён омад. Ин иқдоми саривақтии Пешвои миллат ба беҳбудии фаъолияти судяҳо, қабули қарорҳои қонунӣ ва асоснок баҳри самаранок баамалбарории адолати иҷтимоӣ дар бунёди ҷомеаи шаҳрвандӣ такони бузург бахшида, баъдан замина барои қабул ва марҳила ба марҳила гузарондани Барномаи давлатии ислоҳоти судӣ – ҳуқуқӣ гашт. Ташаккули муносибатҳои ҷамъиятӣ – сиёсӣ ва давра ба давра татбиқ намудани Барномаи давлатии ислоҳоти судӣ – ҳуқуқӣ тақозо мекард, ки ба Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон тағйиру иловаҳо ворид карда шавад. Бо ҳамин мақсад, 22 июни соли 2003 тариқи раъйпурсии умумихалқӣ ба Конститутсия тағйиру иловаҳо ворид гардиданд, ки як қисми он ба мустаҳкам намудани мустақилияти ҳокимияти судӣ равона гардида, мӯҳлати ваколати судяҳо аз 5 сол ба 10 сол зиёд, синни ниҳоии ҳуқуқшиносе, ки ба вазифаи судягӣ пешниҳод мегардад 65-сола муқаррар гардид. Дастуру ҳидоятҳои Пешвои миллат зимни вохӯрию мулоқотҳояшон бо судяҳо, кормандони масъули мақомоти судӣ ба беҳтар гардидани кори судяҳо доир ба қабули қарорҳои қонунӣ ва асоснок нақши муҳим бозида, дар маҷмӯъ, ба таҳкими фаъолияти мақомоти судӣ мусоидат кардааст.

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар паёми навбатии хеш ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи таҳлили ҳамаҷонибаи самту соҳаҳои гуногун ба масъалаҳои вобаста ба ҳуқуқ, адолати судӣ, таъмини волоият ва риояи қонунҳо таваҷҷуҳ намуданд.

5 декабри соли 2024 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо кормандони мақомоти судии кишвар мулоқот намуда, оид ба рушди мақомоти судӣ, иқдомоти роҳбарияти давлат барои қабулу амалӣ сохтани барномаи ислоҳоти судиву ҳуқуқӣ, такмили қонунгузории моддию мурофиавӣ ва беҳдошти вазъи иҷтимоии кормандони соҳа бо таҳлилҳо андешаронӣ намуданд. Зимни мулоқот таъкид карда шуд, ки тибқи Конститутсия ҳокомияти судӣ яке аз рукнҳои мухимми давлати соҳибихтиёр, демократӣ, ҳуқуқбунёд ва дунявии мо буда, нақшу мавқеи он дар пешрафти ҷомеа хеле муҳим аст. Инчунин зикр гардид, ки бо қабули Конститутсияи Тоҷикистони соҳибистиқлол, принсипу меъёрҳои ҳоимияти судӣ муқаррар ва тартиби фаъолияти он мушаххас гардид.

Дар ҷумҳурӣ Барномаи ислохоти судӣ-ҳуқуқӣ марҳила ба марҳила амалӣ мегардад. Хусусан, дар натиҷаи татбиқи мақсаднок ва бомароми ислоҳотҳои судӣ-ҳуқуқӣ дар кишвар шароити мусоиду мувофиқ барои фаъолияти ҳокимияти судӣ дар самти ба амал баровардани адолати судӣ фароҳам гаштанд. Муҳимтарин дастовардҳои ба даст овардаи ин соҳаро метавон ба таври зайл тақсимбандӣ кард:

- дар Конститутсия мустаҳкам ва муқаррар намудани ҳокимияти судӣ ҳамчун шохаи мустақили ҳокимияти давлатӣ;

- ба ҳайси таъиноти асосии ҳокимияти судӣ муқаррар намудани ҳимояи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд, манфиати давлат, ташкилоту муассисаҳо ва қонунияту адолат;

- шароити мусоид фароҳам овардан ҷиҳати низоми кафолати мустақилияти судяҳо ҳангоми ба амал баровардани адолати судӣ;

- муқаррар намудани кафолати дастрасии ҳар як шахс ба адолати судӣ ва ҳифзи судӣ;

- мукаммал гардонидани қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти фаъолияти ҳокимияти судӣ ва мутобиқ гардонидани он ба стандартҳои байналмилалӣ;

- таъсиси ниҳоди «коромӯз — судя» дар сохтори ҳокимияти судӣ ва мустаҳкам намудани он дар сатҳи қонунгузорӣ;

- ба салоҳияти суд вогузор намудани масъалаи маҳдуд кардани ҳуқуқҳои конститутсионии инсон ва шаҳрванд дар мурофиаи судии ҷиноятӣ.

Дар ҷараёни татбиқи Барномаи чоруми ислоҳоти судӣ-ҳуқуқӣ, бо назардошти рушди чомеа, механизми ҳифзи ҳуқуқи инсон ва таъмини волоияти қонун, эҳтироми инсон, ҳуқуқ ва озодиҳои он ҳамчун арзиши олӣ баррасии саривақтии парвандаҳо, иҷрои санадҳои судӣ ва ба низоми электронӣ гузаштани судҳо тадриҷан ташаккул меёбанд.

Ҳоло ба шарофати пойдории сулҳу субот ҳокимияти судӣ имконияти ҳифзи дастовардҳои зикришударо дорад.Бинобар ин қайд кардан ҷоиз аст, ки бархурдҳои сиёсиву муборизаҳои гурӯҳӣ далолат бар он мекунанд, ки ба қадру сулҳу суботи кишвар бирасем ва баҳри ҳифзи истиқлолият саҳми муносиб гузошта, арзишҳои сулҳу ваҳдати миллиро ҳифз намоем, зеро равандҳои сиёсӣ дар ҷаҳони имрӯз нишон дода истодаанд, ки давлатҳои алоҳида бо як хатогии хурди сиёсӣ сулҳу ваҳдат ва таъмини амниятро дар дохили кишварашон аз даст дода, ба майдони ҷанг ва бархӯрди манфиатҳои гурӯҳҳои манфиатҷӯ табдил ёфта истодаанд. Ин омилҳои сиёсӣ ба мо ҳушдор медиҳанд, ки роҳу усулҳои ҳифз ва таҳкими абадияти сулҳу ваҳдати миллиро дар кишварамон омӯзем ва сулҳу ваҳдатро дар ватанамон ҷовидонӣ нигоҳ дорем. Пеш аз ҳама, мо бояд ба равандҳои сиёсӣ аз нуқтаи назари таҳлилӣ баҳои дуруст дода тавонем. Ба ҳамаи мақсаду ҳадафҳоямон танҳо дар ҳамон сурате мерасем, ки сулҳу ваҳдат дар кишварамон пойдору ҷовидон бошад. Дар воқеъ, Ваҳдати миллӣ дар пешравию ободии мамлакат нерӯю суръати баланд мебахшад ва ҳар як фарди соҳибхирад аз доштани ин неъмати бебаҳо ифтихор мекунад, зеро медонад, ки то вақте дар Ватани азизамон Сулҳу ваҳдат ҳукмфармо аст, ҳеҷ кас наметавонд ҳуқуқ ва озодии миллати тоҷикро халалдор созад. Ҳамин тариқ, ваҳдати миллӣ имконияти хуб фароҳам овард, ки кишвар ба маҷрои осоишта ва сулҳу суботи ҳамешагӣ қадам ниҳода, соҳаҳои муҳимтарини ҳаёти ҷомеа, бахусус судӣ — ҳуқуқӣ ташаккул ёфтанд.

Алиназарова Кифоят Ғуломназаровна ходими илмии шуъбаи таърихи давлат ва ҳуқуқи ИФСҲ АМИТ.

Сулҳ ва ваҳдати миллӣ аз муҳимтарин арзишҳои маънавии ҳар як ҷомеаи мутамаддин ба ҳисоб меравад. Барои миллати тоҷик, ки солҳои душвори ҷанги шаҳрвандиро паси сар кардааст, ин ду мафҳум — сулҳ ва ваҳдат — на танҳо арзиш, балки таҷрибаи зинда ва сабақи таърихӣ мебошанд.

Дар таърих бистуҳафтуми июни соли 1997 ҳамчун замони нави давлатдории Тоҷикистон созишномаи сулҳу Ваҳдати милли ба имзо расид. Мо халқи ватандӯст хуб дар ёд дорем, ки давлати тозаистиқлоли мо дар оғози соли 1991 баъд аз пошхурии давлатҳои итиҳоди Шӯравӣ дар Тоҷикистони азизамон гирдоби ҷанги шаҳрвандӣ гирифтор шуда, тамоми соҳаҳои иқтисоди миллӣ фалаҷ гардид ва давлатро буҳрони амиқи сиёсӣ фаро гирифт. Раванди сулҳи тоҷикон худ воқеаи беназир аст, ки сабақҳои арзишманди он на танҳо дар дохили кишвар, балки дар саросари ҷаҳон мавриди истиқбол ва омӯзиш қарор гирифт.

Дар чунин шароити фоҷиабор, шахсияти таърихӣ — Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон — бо иродаи қавӣ, садоқат ба Ватан ва мардум дар саҳнаи сиёсӣ зуҳур карданд. Аз рӯзҳои аввали фаъолияташон, Пешвои миллат тамоми кӯшишҳоро ба харҷ доданд, то ҷанг қатъ гардад, музокироти сулҳ оғоз шавад ва мардум дубора ба сӯи якдигар баргарданд.

Маҳз бо кӯшишҳои пайгиронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон фирориёнро ба ватан баргардониданд, миллати парешон сарҷамъ омад, мамлакат обод шуд, пеш рафт ва имрӯз дар чеҳраи ҳар фарзанди тоҷик нишоту хурсандист, ваҳдату сулҳ падидор аст. Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти азизамон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба хонадони ҳар як точику тоҷикон сулҳу субот, тинҷиву осудаги, меҳру муҳаббат ва сарҷаъмиро таъмин намуданд. Мо ҷавонони замони истиқлолият шукри он мекунем, ки чунин сарвари далеру шуҷоъ, ватандӯсту ватанпарвар дорем.

Дар шароити имрӯза бояд ҳамаи инро ҳамчун падидаи мусбат арзёбӣ кунем”, аз он гувоҳӣ медиҳад, ки наврасону ҷавонони мо дар масири ободкориҳо ва шукуфоии Ватани азизамон –Тоҷикистон эҳсоси баланди дӯстдории миллат ва ин сарзаминро нишон медиҳанд.

Халқи ватандӯст сулҳҷӯи мо таҳти парчами ваҳдату ягонагии миллат ба ҳам омада, Ваҳдати миллиро ҳамчун рамзи асосии пешрафти ҷомеа пазируфта ва барои ҳифзу таҳкими ин арзиши гаронбаҳо то ба имрӯз бо камоли ғайрату матонат азму талош варзида истодаем.

Имрӯз Пешвои миллат ва Ҳукумати кишвар ба тарбияи насли нав, баланд бардоштани ҳисси ватандӯстӣ ва ваҳдатгароии ҷавонон таваҷҷуҳи махсус медиҳанд, зеро маҳз ҷавонон ояндасозони миллатанд. Сулҳ ва ваҳдати миллӣ имрӯз мояи ифтихор ва сармояи маънавии тоҷикон аст. Ин ду неъмати бебаҳо моро водор месозанд, ки ҳамеша дар ҳифзи онҳо бошем, қадрашонро донем ва наслҳои ояндаро дар ҳамин рӯҳия тарбия намоем.

Мо, ҷавонон ва фарзандони Тоҷикистони соҳибистиқлол, бояд бо тамоми ҳастӣ талош кунем, то сулҳу суботи ба дастомадаро нигаҳ дорем, ваҳдати миллиро таҳким бахшем ва дар рушду шукуфоии Ватан саҳмгузор бошем.

Ба кишвари азизамон осмони софу беғубор таманно дорам Рӯзи Ваҳдати миллӣ муборак ҳамватанони азиз.

Муовини директор оид ба илм ва таълими МД Маркази таҳқиқоти технологияҳои инноватсионии Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон н.и.т. Раҳимзода Фирӯз Акбар

Ваҳдати миллӣ яке аз арзишҳои муҳими иҷтимоӣ, сиёсӣ ва фарҳангии миллати тоҷик махсусан ҷавонон ба ҳисоб меравад. Дар шароити муосир, нақши ҷавонон дар таҳкими ваҳдати миллӣ хеле калон аст, зеро онҳо на танҳо ояндаи миллат, балки нерӯи фаъоли ҷаҳони муосир ба ҳисоб мераванд. Бо ин мақсад Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон соли 2017 – ро соли «Ҷавонон» эълон намуд. Ҳамин аст, ки ғамхориҳои падаронаи пешвои миллат ба қишри ҷавони кишвар беандоза зиёд аст ва барои сатҳу сифати таҳсили ҷавонон ва дар самти варзиш нисбат ба ҷавонон таваҷуҳи беандоза доранд.

Ҷавонон ҷавобан ба тамоми ғамхориҳои роҳбари давлат нисбат ба онҳо ва ба ватану миллат ва сулҳу субот ва ваҳдати миллӣ арзиш қоил буда дарк менамоянд, ки маънои ваҳдати миллӣ ҳамдигарфаҳмӣ, дӯстиву бародарӣ, эҳтироми арзишҳои миллт ва фарҳангию забонӣ, инчунин, кӯшиши якҷоя барои рушду ободии ватанро дорад.

Ҷавонони худшиносу бедор дарк мекунанд, ки танҳо дар фазои сулҳу субот ва ҳамдилию иттиҳод метавонанд таҳсил намоянд, соҳибкасб шаванд ва дар сохтани ҷомеаи пешрафта саҳм гузоранд. Воқеан ҳам тариқи паёмҳои сарвари давлат шунида мешавад, ки ҷавонони мо бояд зиракии худро аз даст надода ба ҳизбу ҳаракатҳои терористи фирефта нашаванд, таҳсили хуб намуда забонҳои хориҷиро аз худ кунанд ва мутахассиси хуб шуда ватани худро соҳиби кунанд.

Хушбахтона ҳаминтавр шуда истодааст, ки имрӯз ҷавонон дар воситаҳои ахбори омма, шабакаҳои иҷтимоӣ ва чорабиниҳои фарҳангиву сиёсӣ фаъолноки нишон дода, арзишҳои ваҳдати миллиро таблиғ ва ҳифз мекунанд. Онҳо бар зидди ҳар гуна тафриқаандозӣ, ифротгароӣ ва дигар хатарҳое, ки ваҳдати миллиро халалдор месозанд, мубориза мебаранд.

Дар замони муосир, ваҳдати миллӣ на танҳо як арзиши сиёсиву иҷтимои, балки мояи ифтихор ва нишони бедории миллии ҷавонон маҳсуб меёбад. Ҳамин тариқ, ҷавонон бояд масъулияти баланди ватандӯстӣ дошта бошанд ва ба ғояҳои солим дар роҳи таҳкими ваҳдати миллӣ ва рушду шукуфоии Тоҷикистони азиз саҳми сазовор гузоранд. Танҳо дар асоси ваҳдат ва якдилӣ метавон ба ояндаи дурахшони миллат умед баст.

Раиси олимони ҷавони Институти зоология ва паразитологияи ба номи Е.Н. Павловскийи АМИТ Сулаймони Ҳакимзод

12123123Ваҳдати миллӣ ҳамчун арзиши олии иҷтимоӣ ва сарнавиштсоз дар таърихи навини Ҷумҳурии Тоҷикистон мақоми махсусро ишғол мекунад. Пас аз солҳои ҷанги шаҳрвандӣ ва нобасомониҳои сиёсӣ, маҳз Ваҳдати миллӣ кишвари моро аз вартаи нобудӣ раҳо бахшида, ба сӯйи суботи сиёсӣ, пешрафти иқтисодӣ ва эҳёи давлатдории миллӣ раҳнамун сохт.

Мафҳум ва аҳамияти ваҳдати миллӣ:

Ваҳдати миллӣ маънои ҳамдигарфаҳмӣ, ҳамзистии осоишта, бахшиши кинаҳо ва якпорчагии миллатро дорад. Ин мафҳум танҳо як шиори сиёсӣ нест, балки асоси пойдории давлат ва ҳаёти осоиштаи мардум мебошад. Барои Тоҷикистон, ки кишвари бисёрмиллат ва пас аз ҷанги дохилӣ буд, ваҳдат наҷоти ҳақиқӣ гардид.

Роҳи расидан ба ваҳдат:

Имзои Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ, ки 27 июни соли 1997 дар шаҳри Москва сурат гирифт, нуқтаи аввали оғози сулҳи комил дар Тоҷикистон буд. Талошҳои беназири Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва ҷонибҳои даргир дар расидан ба созиш, барои тамоми минтақаҳои ҷаҳон сабақи таърихист.

Дастовардҳои ваҳдат:

Бо шарофати ваҳдат, имрӯз Тоҷикистон кишвари орому осуда, рушдёбанда ва боэътимод дар минтақа гардидааст. Муҳити мусоиди сармоягузорӣ, рушди инфрасохтор, болоравии сатҳи маорифу тандурустӣ ва нуфузи афзояндаи Тоҷикистон дар арсаи байналмилалӣ – ҳама маҳсули сулҳу ваҳдат аст.

Масъулияти наслҳои оянда:

Имрӯз вазифаи насли ҷавон ва тамоми аҳли ҷомеа ин аст, ки ваҳдати миллиро на танҳо ҳифз намоянд, балки онро таҳким бахшида, насли наврасро дар руҳияи дӯстиву якдигарфаҳмӣ тарбия намоянд.

Хулоса Ваҳдати миллӣ на танҳо гузаштаи наздик, балки ояндаи дурахшони Тоҷикистонро низ муайян мекунад. Ҳар як шаҳрванди содиқ бояд онро ҳамчун неъмати бузурги таърихӣ қадр намуда, барои пойдории сулҳу оромӣ саҳми арзишманди худро гузорад.

Аминҷон Ҷураев-корманди Раёсати магистратура, аспирантура ва докторантураи PhD-и АМИТ.

1212Ваҳдати миллӣ ҳамчун «гавҳараки чашм»-и миллати тоҷик ва «маҳсули андешаи миллӣ», на танҳо унсури муттаҳидкунандаи ҷомеа, балки пойгоҳи бунёди давлати муосир ва рушди фарҳангӣ-иқтисодии Тоҷикистон аст. Ин мафҳум дар таърихи навини кишвар бо пайдоиши истиқлол, ҷанги шаҳрвандӣ ва эҳёи миллӣ алоқаманд аст. Хостам дар ин мақола ба таҳқиқи сарчашмаҳои таърихӣ, нақши сиёсӣ-фарҳангӣ ва таъсири иқтисодии ваҳдати миллӣ дар Тоҷикистон иброз намоям.

1. Ҷанги шаҳрвандӣ ва хатари завол

Дар оғози солҳои 90-ум, Тоҷикистон бо «гирдоби ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ» рӯ ба рӯ шуд. Ин давра «хатари заволи давлат ва парокандагии миллат»-ро ба вуҷуд овард, ки тамоми соҳаҳои иқтисодиро фалаҷ кард. Парокандагӣ «бар пояҳои ваҳдат зарари худро расонд».

2. Нақши Пешвои миллат дар Таъсиси Сулҳ

2.1. Ҳаракати «Ваҳдати миллӣ ва эҳёи Тоҷикистон»

Бо сарварии Эмомалӣ Раҳмон, ин ҳаракат ҳамчун механизми «таҳкими пояҳои сулҳ» ташкил ёфт. Талошҳои пайвастаи ӯ ба имзои Созишномаи сулҳи миллӣ (27 июни 1997) оварда расонид, ки ин рӯз ҳамчун «Рӯзи Ваҳдати миллӣ» эълон шуд.

2.2. Фалсафаи сулҳ аз назари Пешво

Эмомалӣ Раҳмон ваҳдатро ба «дарахти мевадор» ташбеҳ мекунад:

«Дарахте, ки мо ба сулху ваҳдат парвариш додем, имрӯз меваҳои ширин ба самар овардааст... Мо ҳаргиз роҳ намедиҳем, ки теша ба решаи он расад».

3. Аҳамияти Фарҳангӣ ва Сиёсии Ваҳдат

3.1. Забон ва Наврӯз ҳамчун унсурҳои якҷоякунанда

Забони тоҷикӣ: Дар давраи Сомониён ба «абзори қаввии давлатсозӣ» табдил ёфт ва мақоми қудсият пайдо кард.

Наврӯз: Ҳамчун платформаи фарҳангӣ барои «ҷамъбасти анъанаҳои миллӣ» хидмат карда, се унсури асосиро таъкид менамояд: устуравӣ кардани таърих, қудсияти забон ва рушди сулолавӣ.

3.2. Таҷрибаи Тоҷикистон дар сатҳи байналмилалӣ

Сулҳи миллӣ ҳамчун «намунаи олии ҳамдигарфаҳмӣ» аз ҷониби Созмони Милали Муттаҳид ва дигар муассисаҳо омӯхта шудааст. Ин таҷриба барои кишварҳои гирифтори низоъҳои дохилӣ ҳамчун модели назаррас эътироф гардидааст.

4. Натиҷаҳои Иқтисодӣ ва Иҷтимоии Сулҳ

4.1. Ободӣ ва рушди устувор

Пас аз имзои созишномаи сулҳ, Тоҷикистон:

- Ба «шоҳроҳи рушди устувор» ворид шуд.

- Соҳаҳои инфраструктура, маориф ва иқтисодиёт бо ёрии ҳукумати ваҳдатгаро рушд ёфтанд.

4.2. Таъсири иҷтимоӣ

Ваҳдат ба «ифтихори миллӣ» ва «худшиносии миллӣ» мусоидат кард, ки ин барои шаклгирии ҷавонони мустақилгараванда аҳамияти калон дошт.

5. Чашмдоштиҳо барои Оянда

5.1. Таҳдидҳои муосир

Гурӯҳҳои экстремистӣ ва таъсири қувваҳои беруна метавонанд ваҳдатро халалдор кунанд. Бинобар ин, «эҳтиёти ҳифзи ин гавҳар ҳамчун чашм» тоҷиконро вазифадор мекунад.

5.2. Нақши ҷавонон

Ҷавонон ҳамчун «фарзандони истиқлол» бояд барои «таҳкими пояҳои давлатдории миллӣ» саъй кунанд. Ин дар баррасии қонунгузории миллӣ ва фаъолияти илмӣ ифода меёбад.

Хулоса Ваҳдати миллӣ дар Тоҷикистон на танҳо «наҷоти миллат», балки «маҳсули андешаи миллӣ» аст, ки барои ташаккули давлати муосир ва эҳёи фарҳангӣ зарур будааст. Таҷрибаи Тоҷикистон нишон медиҳад, ки ваҳдат ҳамчун «самараи талошҳои хурду бузурги Ватан» метавонад кишварро аз фалокат наҷот диҳад ва онро ба масири тараққӣ гузорад. Барои нигоҳдории ин арзиш, таъсиси мактабҳои тарҷумонии забони миллӣ, ташвиқи ҳамдигарфаҳмӣ дар ҷавонон ва таҳкими муносибатҳои байналмилалӣ бояд дар маркази амалиётҳои оянда қарор гиранд.

Шодихуҷа Комилов - ходими илмии Институти математикаи ба номи А.Ҷӯраеви АМИТ

Ваҳдат ин на танҳо як мавзӯи сиёсӣ ё иҷтимоӣ, балки масъалаи ҳаётан муҳими давлату давлатдорӣ ва арзишмандтарин дастоварди ҳар як миллат, бахусус миллати шарафманди тоҷик мебошад. Зеро бе ваҳдат — сулҳ нест, бе сулҳ — тараққӣ нест, бе тараққӣ — на фардои обод ҳаст ва на ояндаи умедбахш.

Ҷумҳурии Тоҷикистон, пас аз солҳои вазнини ҷанги шаҳрвандӣ тавонист бо роҳбарии хирадмандонаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон роҳи сулҳро пеш гирад ва миллатро сарҷамъ намояд. Ваҳдати миллӣ маҳсули заҳмат, меҳрубонӣ ва фидокориҳои Пешвои муаззами миллат ва садҳо ҳазор қаҳрамонони миллат мебошад.

Ҷавонон дар ҳама давру замонҳо нерӯи пешбарандаи ҷомеа буданд. Аз таърих аён, ки маҳз ҷавонон дар лаҳзаҳои душвор ва сарнавиштсоз дар баробари дигар қишрҳои ҷомеа дар паҳлуи Пешвои муаззами миллат бо қавииродагии хеш истодагарӣ намуда, барои ояндаи дурахшони сарзамини аҷдодии худ, арзишҳои миллӣ ва ҳифзи миллат аз парешонӣ мубориза бурданд. Қайд намудан ба маврид аст, ки Пешвои муаззами миллат ҳам дар сини мубораки ҷавониашон қавли «Ман ба шумо сулҳ меорам»-ро ба кулли мардуми шарифи Тоҷикистон ваъда дод ва дар як муддати кутоҳ онро амалӣ намуд.

Дар замонҳои давлатдории давлатҳои пешини тоҷикон, замоне ки тоҷикон давлати мустақили хешро доштанд, маҳз ҷавонон бо илм, фарҳанг ва эътиқод номи тоҷиконро ба оламиён муаррифӣ намуданд. Имрӯз низ насли ҷавон бояд чунин рисолати бузург ва муқаддасро бар дӯш гирад ва бо хирад, бо дониш ва бо эътиқод онро ба насли ҷавони оянда мерос гузоранд.

Ҷавонон бояд аз таърихи чӣ гуна ба даст омадани Ваҳдат воқиф бошанд, зеро ин арзиши муқаддас хело гарон — бар ивази ҷони ҳазорон нафар ҷовонони шуҷоъу ҷонсупурдаи Ватан ба даст омадааст. Пас, бо дарки баланд эҳсоси масъулият дар қалби ҳар ҷавони дурандеш ва соҳибмаърифат бояд реша давонад.

Имрӯз душманони миллат мекӯшанд, ки тавассути шабакаҳои иҷтимоӣ, ғояҳои ифротӣ ва дур кардани ҷавонон аз маърифат ва фарҳанг ваҳдати моро аз байн бибаранд. Аз ҳамин лиҳоз мо ҷавонон бояд ҳушёр бошем ва бар муқобили чунин хатарҳои ҳамарӯзаи ҷаҳони имрӯз бо дониш ва ҳушёрии сиёсӣ мубориза барем.

Ҷавони асил бояд донишомӯз, созанда, муҳофизи фарҳанг ва арзишҳои миллӣ бошад. Ҳар як иқдоми нек, ҳар як амали ватандӯстона хиштест барои таҳкими Ваҳдат.

Мо имрӯз ҳама зери осмони софи ваҳдат зиндагӣ дорем. Сулҳу субот, амният, ободии шаҳрҳо ва деҳот, имкониятҳои таҳсилу кор — ҳамаи ин аз баракати ваҳдат аст. Аммо набояд фаромуш кард, ки ваҳдат як бор ба даст меояд ва агар мо онро пос надорем ҳар лаҳза метавонад

аз даст биравад. Бинобар ин, ҳар як ҷавон хоҳ донишҷӯ бошад, хоҳ хонанда, хоҳ муҳоҷир бояд инро дарк кунад: Ваҳдат – неъмати муқаддас аст! Онро бояд дӯст дошт, ҳифз кард ва ба дигарон фаҳмонд.

Ваҳдатро ҳифз мекунем — фардои обод месозем!

Абдуллозода А.Ф. ходими илмии Институти

математикаи ба номи А.Ҷӯраеви

АМИТ

(бахшида ба 28 – солагии ҷашни Ваҳдати миллӣ)

Дар марҳалаи муосир иқтисоди рақамӣ як низоми муносибатҳои иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангӣ мебошад, ки ба эҷод, тақсим ва татбиқи технологияҳои рақамӣ , ҳисоббарорӣ ва маҳсулоти бо онҳо алоқаманд асос ёфтааст. Иқтисоди рақамӣ пойбанди иттилооту маълумот аст ва қариб нест соҳае, ки технологияҳои иттилоотӣ ба он ворид нагаштаву таъсир нагузошта бошанд. Инчунин, иқтисоди рақамӣ ҷараёни ногузиру мусбат аст ва имконоти навро барои рушди иқтисод ба вуҷуд меоварад. Аммо дар ин раванд хавфу хатарҳо барои бозори меҳнат ва корфармоён истисно намебошад. Дар ҷаҳони муосир иқтисоди рақамӣ ба як омили калидии рушд табдил ёфтааст.

Бояд қайд намуд, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон дар марҳалаи муосири иқтисоди рақамӣ қарор дошта, тадбирҳои муассирро барои гузариш ба рақамикунонии иқтисодиёт дар соҳаҳои гуногуни кишвар ба роҳ монда, солҳои охир ба як қатор дастовардҳо ноил гаштааст, ки рақамикунонии соҳаҳои иҷтимоӣ, аз ҷумла меҳнат, муҳоҷират, шуғли аҳолӣ ва таҳсилоти ибтидоии касбӣ барои беҳтар намудани хизматрасониҳои давлатӣ ба аҳолӣ ва соддагардонию шаффофияти фаъолияти сохторҳои давлатӣ мусоидат менамояд.

Яке аз дастовардҳои бузурги халқи тоҷик дар арсаи таърих ин аз байн бурдани кашмакашу низоъҳои дохилӣ ба хотири имрӯзу ояндаи миллат ва ватан, ҳалли нофаҳмиҳои гуруҳӣ, қатъи ҷанги шаҳрвандӣ ва бахшидани гуноҳҳои ҳамдигарӣ, сарҷамъшавӣ дар сари як миз, ба мувофиқа омадан дар ҳалли масъалаҳои баҳснок, ба даст гирифтани зимоми давлатдорӣ, пешгирии нестшавии миллати тоҷик ва ягона давлати тоҷикон, несту нобудшавии боигариҳои милливу иқтисоди миллӣ ва тамоми рукнҳои давлатдориву миллатсозӣ – Ваҳдати миллӣ ба ҳисоб меравад, ки соли ҷорӣ аз ин санаи муҳим 28 – солагии онро таҷлил менамоем.

Воқеан, Ваҳдати Миллӣ неъмати бузург ва муқаддасе мебошад, ки тамоми пешрафту комёбиҳои давлатамон ва саодати рӯзгори мардумамон аз он ибтидо мегирад. Ҳадафи имзои ин санади сарнавиштсоз аз муттаҳидсозӣ ва нигоҳдоштанӣ таъриху фарҳанги қадимаи миллати тоҷик иборат буда, дар татбиқи стратегияи миллӣ заминаи асосӣ гузошт. Татбиқи ҳадафҳои стратегӣ, иқтисодиёти кишвар ба монанди таъмини истиқлолияти энергетикӣ, баромадан аз бунбасти коммуникатсионӣ, таъмини амнияти озуқаворӣ ва саноатикунони босуръат дар ташаккули давлатдории миллӣ сарчашма мегирад.

Бо ба даст овардани Ваҳдати миллӣ Ҷумҳурии Тоҷикистон ба якчанд дастовардҳои назарраси иқтисодиёт мушарраф гардид, ки ин дастовардҳо ба монанди ташаккули “ҳукумати электронӣ”, “энергияи сабз”, “иқтисоди сабз”, “иқтисоди рақамӣ”, ихтироъ ва татбиқи технологияҳои инноватсионӣ ва зеҳни сунъӣ мебошанд.

Маврид ба зикр аст, ки яке аз самтҳои афзалиятноки иқтисодиёти миллӣ ин гузаштан ба ҳукумати электронӣ буд, ки бо ташаббуси Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон 5 ноябри соли 2003 барои татбиқи амалисозии низоми нави идоракунии корхонаҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Стратегияи давлатии “Технологияҳои иттилоотию коммуникатсионӣ барои рушди Ҷумҳурии Тоҷикистонро тасдиқ намуданд, ки барои гузаштан ба низоми муосири “ҳукумати электронӣ” мусоидат намуд. Инчунин, бо ташаббусҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Стратегияи рушди “зеҳни сунъӣ” дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2040 ва тибқи он то ба 5 фоизи маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ (минбаъд ММД) расонидани даромад дар натиҷаи ҷорӣ намудани технологияҳои “зеҳни сунъӣ” муҳим арзёбӣ мегардад.

Мақсади ноил гаштан ба ҳадафҳои стратегӣ ва рушди иқтисоди миллии кишвар Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми навбатии худ, солҳои 2025 – 2030 “Солҳои рушди иқтисоди рақамӣ ва инноватсия” эълон намуданд, ки ин ҳадаф барои вусъат бахшидани равандҳои инноватсионӣ ва истифодаи ҳамаҷонибаи имкониятҳои технологияҳои рақамӣ дар иқтисодиёт мусоидат намуд. Бо ин мақсад бо Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон 30 сентябри соли 2022 “Стратегияи рушди зеҳни сунъӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2040” низ тасдиқ гардидааст.

Барои татбиқи ин амал, бо ташаббусҳои созандаи Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе, муҳтарам Рустами Эмомалӣ дар шаҳри Душанбе (IT) –Парки технологии муосири инноватсионӣ бо стартапҳо ва лоиҳаҳои муосири технологӣ сохта ба истифода дода шуд, ки ин технопарк барои рушди озоди иқтисодӣ ба ширкатҳо имкониятҳои беназир фароҳам меорад. Дар он мутахассисони боистеъдоди ин илми муосир метавонанд ба шарофати дастгирии ҳамаҷониба, аз ҷумла баҳисобгирии муҳосибӣ, ҳуқуқӣ, маркетингӣ ва таълимӣ ғояҳои худро ба лоиҳаҳои муваффақи тиҷорат табдил диҳанд.

Лозим ба ёдоварист, ки ҳадафи асосии Парки технологии мазкур мусоидат ба рушди иқтисодиёти рақамӣ ва расонидани дастгирии ҳамаҷониба ба резидентҳое, ки дар соҳаи IT машғуланд, мебошад.

Инчунин, бо технологияҳои замонавӣ тавассути ин Парки технологӣ бо сохторҳои давлатӣ ҳамкориҳоро ба роҳ монда, бо бахшҳои хусусӣ ҳамчун шарики боэътимод баромад намуда, ба сармоягузорӣ ва фароҳамовардани фазои мусоиди низоми идоракунӣ бахусус андоз мусоидат мекунад. Шахси масъул ё мутахассиси ин парки технологӣ метавонад тариқи барномаҳои махсус ба бозорҳои байналмилалӣ ошно гардида, аз имкониятҳои ҳамгироӣ ба экосистемаи технологии Тоҷикистон дастрасӣ пайдо намоянд. Ин омили муосир барои идоракунии корхонаҳо дар соҳаи гуногун ва рушди иқтисоди миллӣ батадриҷ таъсири мусбат мерасонад.

Натиҷаи меҳнати фидокорона ва иқдомҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ муҳимтарин комёбиву дастовардҳои кишварамон дар тўли 28 соли баъд аз бадастории Ваҳдати миллӣ Корхонаи воҳидии давлатии “Шаҳри ҳушманд” (Smart citi) – Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе ба хотири амалигардонии рақамикунонии хизматрасонӣ дар соҳаи иқтисодиёт ва пардохтҳои ғайринақдӣ ба истифода дода шуд.

Дар хулоса бояд зикр намоем, ки ин ҳама дастоварду пешравиҳо ба Ваҳдати миллӣ тавъам буда, низоми рақамикунонӣ иқтисоди миллӣ рушд намуда, буҷаи давлат ғанӣ мегардад. Дар нигоҳдории ин ҳама дастовардҳо моро месазад, ки ҳамеша дар омӯзиши илму технологияҳои замони муосир ҷаҳду талош намуда, дар фазои сулҳу субот барои рушди иқтисоди миллӣ саҳмгузор бошем. Дар робита ба гуфтаҳои боло 28 – солагии Ваҳдати миллиро ба тамоми мардуми шарафманди кишвари азизамон табрику муборакбод гуфта, боварӣ дорем таҳти сарварии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Ҷумҳурии Тоҷикистон бо дастовардҳои беназири иқтисодию иҷтимоӣ ва сиёсиву фарҳангӣ сазовор гардида, дар арсаи байналмилалӣ ҷойгоҳи сазоворро ноил мегардад.

МУҲАММАДАЛИЗОДА П.М, мудири шуъбаи Осиёи Ҷанубӣ ва Шарқии Институти омӯзиши масъалаҳои давлатҳои Осиё ва Аврупои АМИТ, номзади илмҳои иқтисодӣ,

Ваҳдати миллати мо 28 сола мешавад. Ҳанӯз соли 1997 дар ин рӯзҳои гармои тобистон дар шаҳри Москва, пойтахти давлати Русия миёни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Иттиҳоди неруҳои мухолифи тоҷик «Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ» ба имзо расид. Мушкилоте зиёде пешорӯи ба амал баровардани ин созишнома буданд. Бо вуҷуди ҳама мушкилот Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон тавонистанд мардумро ба ҳам оранд ва муттаҳид созанд. Соли 1992 дар Иҷлосияи таърихсози Хуҷанд Сарвари тозаинтихоби кишвар дар мавриди барномаи худ сухан ронда, эълон доштанд: Ман ба шумо сулҳ меорам! Ин замоне буд, ки дар кишвар ҷанги шаҳрвандӣ ба авҷи аълои худ расида буд. Иҷлосияи 16-ум аз он ҷиҳат тақдирсоз буд, ки дар он ҷавонмарди қавиирода ва шуҷои ватан Эмомалӣ Раҳмонро вакилони халқ Раиси Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб намуданд, ки тавонист ҷангро хотима диҳад ва дар кишвар суботро пойдор созад. Суханони таърихии Пешвои миллат пас аз 5 сол ҷомаи амал пӯшиданд.

Панҷ соли талош барои дастёбӣ ба сулҳи фарогир ва ҳамешагӣ. Панҷ соли талош барои хотима додани ҷангу вайрониҳо. Панҷ соли талош барои таъмини амнияти сартосарӣ дар ҳудуди кишвар. Панҷи соли талош барои фароҳам овардани заминаҳои зиндагии шоиста барои сокинони Тоҷикистон.

Мо шоҳид будем, шоҳидони зиндаи он солҳои пурошӯб, шоҳидони харобкории дастаҳои мусаллаҳ, шоҳидони беқонуниятӣ, шоҳидони қатлу куштор. Ва шоҳидони лаҳзае, ки марде бархост аз табори адолат ва ваъда дод, ки ман оташи ин ҷанги бародаркушро хомӯш мекунам. Ман ба ин сарзамину ин кишвари азиз сулҳ меорам, ман суботи ҳамешагиро таъмин мекунам, ман ин Ватани аҷдодии харобшударо ба гулистон табдил медиҳам!

Мардуми шарифи кишвар ба азму матонати Эмомалӣ Раҳмон бовар карданд, чун як мушти мустаҳкам атрофаш ҷамъ омада, баҳри ободии мулк талош карданд.

Моҳҳову солҳо гузаштанд. Барои ба даст овардани эътимоди ҷонибҳо дар шаҳру кишварҳои гуногун 8 даври музокироти сулҳ барпо шуд ва ин ҳашт давр зина ба зина пойдевори мустаҳками сулҳу ҳамдигарфаҳмиро гузошт. Худи муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар як паёми табрикии худ ба муносибати Рӯзи Ваҳдат иқрор шуда буданд: “Як нуктаи муҳимми дигарро низ таъкид бояд кард, ки баъди баргузории иҷлосия роҳи мо то расидан ба истиқрори сулҳ хеле тӯлонӣ буд ва душманону хоинони миллату давлат баъди имзои Созишномаи сулҳ боз чанд соли дигар ба хиёнату ҷиноятҳои худ идома доданд. Вале майлу иродаи қатъӣ ва ақлу хиради мардуми шарифи Тоҷикистон боис гардид, ки ҳама дар атрофи Ҳукумат муттаҳид шуда, бо вуҷуди вазъи бисёр мураккаб ва мушкилоти зиёди иқтисодиву иҷтимоии он рӯзҳо ба барқарорсозии баъдиҷангии минтақаҳои осебдида, зина ба зина обод кардану пешрафта гардонидани Ватан, давлат ва осоиши ҳар як хонадони мамлакат бо азму талоши ватандӯстона оғоз намоянд”.

Оре, ин роҳе буд дурудароз, аммо натиҷаи он сулҳу субот ва ватансозу миллатсоз буд. Ваҳдати миллӣ ба якпорчагиву баҳамоии миллат сабаб шуд. Тоҷикистон баъди имзои ин Созишнома ба марҳилаи нави таърихии худ дар замони Истиқлол ворид гардид. Силоҳҳо аз дастаҳои ҷангӣ гирифта шуданд, садои тиру туфанг хомӯш шуд.

Давраи рушди иқтисодиву иҷтимоӣ ва мустаҳкам кардани пояҳои давлатдорӣ оғоз гардид. Ҳисоботи омории мамлакат аз он шаҳодат медиҳанд, ки Тоҷикистони азиз ба марҳалаи рушди устувор ворид гардида, соҳаҳои саноат, кишоварзӣ, илму маориф, фарҳангу тандурустӣ, роҳсозиву коммуникатсия ва дигар соҳаву бахшҳо бомаром тараққӣ карда истодаанд.

Суботу амният дарҳои рушди иқтисодиро дар кишвар боз кард, сармоягузориҳои хориҷӣ афзуд, бунёдӣ сохтмонҳои аср оғоз шуданд. Танҳо дар панҷ соли охир ҳаҷми маҷмуи маҳсулоти саноатии кишвар аз 27 миллиард ба 53 миллиард сомонӣ расид, ки ин қариб ду баробар зиёд мебошад. Дар ин давра дар мамлакат беш аз 2040 корхонаи саноатӣ ва 74 ҳазор ҷойи корӣ таъсис дода шуд. Танҳо дар соли 2024-ум 740 коргоҳу корхонаҳои нави истеҳсолӣ бунёд гардида, дар ин бахш, дар маҷмуъ, қариб 20 ҳазор ҷойи нави корӣ ташкил карда шуд.

Тӯли ин солҳо Ҳукумати кишвар бо сарварии муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба соҳаи фарҳанг таваҷҷуҳи ҷиддӣ зоҳир карданд. Дар зарфи 33 соли охир дар кишвар 18 театр, 50 қасри фарҳанг, 14 мактаби санъат, 126 китобхона, 61 боғи фарҳангу фароғат ва 20 осорхона бунёд карда шуд. Шумораи умумии хонандагони макотиби миёнаи кишвар имрӯзҳо беш аз 2 миллиону 300 ҳазор нафарро ташкил медиҳад.

Ҳукумати кишвар дар бахши илму маориф барномаҳои калидиро роҳандозӣ кард. Имрӯз дар Тоҷикистон 65 литсейи касбҳои техникӣ мавҷуд аст, ки дар он 23 500 нафар таҳсил мекунанд. Илова бар ин, дар ин солҳо беш аз 117 ҳазор ҷавонони боистеъдоди мамлакат барои таҳсил ба донишгоҳҳои бонуфузи кишварҳои пешрафтаи ҷаҳон фиристода шудаанд. Тавре Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар яке аз суханрониҳои худ иброз доштанд, “имрӯз 42 ҳазору 400 нафар ҷавонони мо дар 42 давлати мутараққии ҷаҳон таҳсили илм доранд, ки 13 ҳазор нафар ё беш аз 30 %-и онҳо духтарон мебошанд”.

Соҳаи илму маориф, аз ҷумла илмҳои табиӣ, риёзӣ ва дақиқ яке аз самтҳои муҳимми рушди кишвар ба шумор мераванд, ки бевосита ба инкишофи соҳаҳои саноат, кишоварзӣ, энергетика ва дигар бахшҳои иқтисоди миллӣ таъсири амиқ доранд. Бо дарки аҳаммияти ин соҳаҳо, Ҳукумати мамлакат барои солҳои 2020–2040 Стратегияи миллии рушди илмҳои табиӣ, риёзӣ ва дақиқро таҳия ва тасдиқ намудааст. Ҳадафи асосии ин Стратегия баланд бардоштани нақши илм дар рушди устувори миллӣ, гузариш ба иқтисодиёти донишбунёд - иқтисодест, ки на фақат ба ашё ва сарватҳои моддӣ, балки бештар ба дониш, ихтироъкорӣ ва технологияҳои муосир такя мекунад, инчунин таҳкими неруи зеҳнии кишвар мебошад. Дар доираи ин Стратегия вазифаҳои зерин пешбинӣ шудаанд: мусоидат ба ташаккул ва рушди мактабҳои илмии ватанӣ; ҷалби ҷавонон ба илм, махсусан дар риштаҳои риёзӣ ва техникӣ; муҷаҳҳазгардонии озмоишгоҳҳо ва пойгоҳҳои илмӣ бо таҷҳизоти муосир; афзоиши маблағгузорӣ ба корҳои илмӣ-таҳқиқотӣ; пайваст кардани илм бо истеҳсолот ва бозори меҳнат.

Мувофиқи Стратегияи мазкур метавон самтҳои афзалиятноки рушди илмҳоро ҷудо кард: табиӣ (биология, геология, геоэкология) - ин самтҳо барои ҳифзи муҳити зист, истифодаи дурусти захираҳои табиӣ ва ҳалли мушкилоти иқлим муҳиманд; риёзӣ ва информатика - таҳкими донишу малакаҳои рақамӣ барои рақамикунонии иқтисод ва ҳалли масъалаҳои мураккаби муҳандисӣ ва иқтисодӣ зарур аст; дақиқ (физика, кимиё) - бо рушди ин фанҳо имконият фароҳам меояд, ки кишвар дар самти коркарди маъданҳо, энергетика ва технологияҳои пешрафта мустақил гардад.

Дар доираи Стратегия, барои рушди илмҳои табиӣ, риёзӣ ва дақиқ барномаҳои махсуси давлатӣ, грантҳо, озмунҳо барои олимони ҷавон ва бурсияҳо барои таҳсил дар хориҷ роҳандозӣ шудаанд. Музди меҳнати кормандони илмӣ афзоиш ёфт, лоиҳаҳои илмӣ аз ҳисоби буҷаи давлатӣ ва шарикони хориҷӣ маблағгузорӣ мешаванд.

Татбиқи Стратегияи миллии рушди илмҳои табиӣ, риёзӣ ва дақиқ барои солҳои 2020–2040 қадами муҳим дар самти ба давлати пешрафта ва мутараққӣ табдил додани Тоҷикистон мебошад. Бо роҳи афзун намудани сармоягузорӣ ба илм, таълиму тарбияи насли донишманд ва пайвастани илм бо истеҳсолот, Тоҷикистон метавонад мавқеи худро дар арсаи илмӣ ва иқтисодии ҷаҳонӣ таҳким бахшад.

Бо ташаббус ва ибтикори Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар фаъолияти Академияи илмҳои Тоҷикистон тағйироти ҷиддӣ ба амал омад. Дар натиҷаи ин ислоҳот, Академияи илмҳо ба Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон табдил дода шуд. Ин тағйирот на танҳо ном, балки имкониятҳои илмӣ ва сохтори муассисаро низ фаро гирифт. Мақсад аз чунин ислоҳот таҳкими мақоми илм дар ҷомеа, баланд бардоштани сифати корҳои таҳқиқотӣ ва мутобиқ сохтани фаъолияти илмӣ ба талаботи рушди миллӣ мебошад.

Яке аз паёмадҳои муҳим ва мусбати ин тағйирот афзоиши музди меҳнат барои кормандони Академия мебошад. Музди меҳнат ба андозаи аз 20 то 40 % баланд шуд, ки ин ба болоравии нуфуз ва мақоми олимон, инчунин ҷалби мутахассисони ҷавон ба соҳаи илм мусоидат мекунад.

Дар маҷмуъ, иқдомҳои Пешвои миллат дар самти ислоҳоти сохтори илмӣ ба густариши фазои илмӣ-таҳқиқотӣ, эҳёи анъанаҳои илмии миллӣ ва мутобиқсозии илм ба талаботи замони муосир заминаи устувор фароҳам оварданд.

Ин навиштаро бо суханони Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба поён мебарам: Ҳамаи моро зарур аст, ки баробари шукронаву ифтихор кардан аз Ватани аҷдодиву давлати соҳибистиқлоламон тамоми талоши худро ба таҳкими ваҳдати миллӣ ва сарҷамъии миллат равона карда, ободии имрӯзу фардои кишварро таъмин намоем ва нагузорем, ки андешаҳои бегонапарастӣ, ифротгароиву тахрибкорӣ ва тундравию таассуб ба тафаккури мардуми мо бахусус ҷавонон, нуфуз пайдо кунанд.

Рӯзи Ваҳдати миллӣ ба кулли ҳамватанон муборак бошад!

Носир Сафарализода, директори Институти геология, сохтмони ба заминҷунбӣ тобовар ва сейсмологияи АМИТ

21212Мо дар як даврони пуршиддати сиёсӣ, ҷаҳонишавии босуръат ва буҳрони арзишҳои мардумӣ зиндагонӣ карда истодаем. Дар чунин давра ҳар халқу миллату давлат ба як идеологияи миллии роҳнамо ва ҷазмдор, ки инъикоскунандаи ҳадафҳои муштараки миллат буда, ҳувияту ягонагии миллиро тақвият мебахшад ва мардумро ба рушду такомул роҳнамоӣ мекунад, ниёз дорад.

Идеологияи миллӣ маҷмӯи идеяҳо, нуқтаи назар ва ақидаҳои муътақидона мебошад, ки миллатро муттаҳид намуда, ягонагии онро таъмин менамояд. Ба идеологияи миллии ҷомеа пеш аз ҳама донистани таърих ва шинохтани гузаштагони худ, ташаккули ҳувияти миллӣ, пос доштани арзишҳои миллӣ, урфу одатҳои анъанавӣ, тамаддун ва боло бурдани нақши миллат дар ҷаҳон дохил мешаванд. Идеологияи миллӣ яке аз унсурҳои асосии ҳаёти сиёсӣ ва иҷтимоии шаҳрвандон буда, мардумро муттаҳид намуда, ҳиссиёти ягонаи фахркунандаи миллиро дар онҳо ба вуҷуд меовардад.

Функсияҳои асосии идеологияи миллӣ ин муттаҳид намудани халқ, дастгирии устувории тартиботи сиёсии манфиати халқро ҳимоякунанда, омезишёбии қишрҳои ҷамъият, таҳрик додани ташаккулёбии фарҳанги илмӣ-техникӣ ва иқтисодии мардум мебошанд, ки ба равнақ ёфтани миллат нигаронида шудаанд.

Барои ташаккул додани идеологияи миллӣ омавигардонии таърихи гузаштагон, баланд бардоштани мақоми забони модарӣ, инкишоф додани ҷамъомадҳои фарҳангӣ, театр, кино, адабиёт, санъат, пеш бурдани маориф, дастрасӣ доштан ба таҳсилоти босифат, тавъам сохтани анъанаҳо ва ҳаёти муосир ба монанди эҳтиром намудани калонсолон ва ҳамзамон бархурдор будан аз технологияи муосиру тарзи ҳаёти ҷомеаи муосир, демократикунонӣ бо мақсади фароҳам овардани муоширату муносибати қишрҳои гуногуни ҷамъият, ба вуҷуд овардани ақоиди ягонаи сарфа намудан ва инкишоф додани иқтисодиёт, бо сифатҳои беҳтарин муаррифӣ намудани миллат дар арсаи байналхалқӣ ва бо ин василаҳо гаравидан ба ваҳдату ягонагӣ зарур мебошанд.

Дар Тоҷикистон пас аз пош хӯрдани Иттиҳоди Шӯравӣ ва ба даст омадани истиқлол мутаассифона як давраи пурпечутоби ҷанги шаҳрвандӣ ба миён омада, пас аз он раванди барқарорсозии давлатдорӣ шурӯъ гардид. Дар чунин шароити душвор, зарурати ташаккули як идеологияи миллӣ, ки мардумро муттаҳид карда, ҷомеаро ба сӯи субот ва рушд роҳнамоӣ кунад, хеле муҳим буд.

Бо шарофати сиёсати пешгирифтаи роҳбарияти олии мамлакат, хусусан пешниҳоди ғояи Ваҳдати миллӣ аз ҷониби Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, марҳалаи наве дар таҳкими идеологияи миллӣ оғоз гардид. Ваҳдати миллӣ руҳияи ватандӯстӣ ва ягонагии мардумро талқин намуда, ҳамчун гарави пойдории давлату миллат ва пояи асосии ормонҳои миллӣ ҷойгоҳи хос пайдо намуд.

Расман ваҳдати миллӣ ба сифати унсури асосии сиёсати давлатӣ ҳамчун рукни муттаҳидкунандаи миллат асоси идеологияи миллиро ташкил медиҳад. Ҳамасола 27-уми июн ҳамчун Рӯзи ваҳдати миллӣ таҷлил гардида, дар он хотираи сулҳи таърихӣ, аҳамияти оромию субот, созишу сарҷамъиву ҳамзистӣ тараннум мегардад.

Аммо муҳим он аст ҳар яки мо дарк намоем, ки ваҳдати миллӣ на танҳо як идеяи сиёсӣ, балки пеш аз ҳама падидаи иҷтимоӣ ва ахлоқист. Сараввал дар зинаҳои поёнии сохтори иҷтимоӣ, дар муносибати одии ду шахс, дар оила ва маҳал бояд ваҳдату ягонагӣ бараъло ҳис карда шавад. Агар як фард дар хонавода, дар маҳалли зисту ҷамъият ва ҳаёти рӯзмарра бо фарҳанги баланди муколамаю ҳисси ҳамдигарфаҳмӣ муомила намояд, ҳамин заминаи ахлоқии ваҳдат буда, бо тобишҳои дигар ваҳдати миллиро ташкил медиҳад.

Бо вуҷуди ин ваҳдат набояд танҳо ҳамчун ҳамфикрию ҳамдигарфаҳмӣ дар муомилоти ҳаррӯза дарк шавад. Ҳарчанд он ҷанбаи муҳим аст, вале моҳияти аслии ваҳдат фаротар аз ин буда, дар ҳамоҳангӣ ва муборизаи якдилона баҳри гулгулшукуфоии ҷомеа ва давлат, ки кӯшишу ғайратро ҷиҳати беҳбудии иқтисодиёт, пешрафти соҳаи маориф, пойдории фарҳанг ва ҳунар, таҳкими худшиносӣ тавассути донистани таърих ва эҳтироми муқаддасоти миллӣ тақозо мекунад, инъикос меёбад.

Аввалан, дар бахши иқтисод ва пешрафти иқтисодӣ ваҳдат маънои ҳамкории самаранок байни давлат, соҳибкорон ва аҳолиро дорад. Ин ҳамкории якдилона талаб менамояд, ки Ҳукумат сиёсати дурустеро баҳри офаридани шароити мусоид ва сармоягузории дохилию хориҷӣ фароҳам оварад ва шаҳрвандон бо ҳисси масъулият ба рушди корхонаҳои хурду миёна саҳм гузоранд. Ҳар як узви ҷомеа бояд дарк намояд, ки пешрафти иқтисодӣ на танҳо манфиати гурӯҳӣ, балки пешрафту ободии умум, накуаҳволӣ ва суботи иҷтимоиро таъмин мекунад.

Давлату ҳукумат барои пешрафти кишвар ва беҳбудии иҷтимоъ кӯшишҳо намуда, қонунҳоро қабул мекунад. Аммо мутаассифона, баъзан мушоҳида мешавад, ки дар зинаҳои поёнии сохтори ҷамъиятӣ ин қонунҳо сарфи назар шуда, риоя намегарданд. Масалан, Қонуни танзими ҷашну маъракаҳо тарҳрезӣ ёфтааст, ки асоси он пешгирии зиёдаравӣ ва тарғиби зиндагии сарфакорона дар миёни мардум мебошад. Вале, гоҳе мебинем, ки мардум онро риоя намекунанд ва мақомоти ҷамоат низ ба ин масъала бетафовутӣ зоҳир менамоянд. (Аслан дар оилаҳо масъалаи сарфу харҷро занон идора мекунанд ва дар тӯю маъракаҳо харҷҳои калон намуда, зиёдаравӣ мекунанд. Ҳарчанд мақоми зан-модар барои мо муътабар асту эҳтиромашон барҷост, шояд дар қонуни танзим масъулияти риоя накардани он ба зиммаи занони хонавода гузошта шавад.)

Дуюм, дар бахши маориф ва тарбия ваҳдат маънои сарҷамъона рӯ овардан ба омӯзишу рушди дониши миллӣ ва боло бурдани нуфузи илму маърифатро инъикос мекунад. Омӯзишу маориф бояд ҳадафманд бошаду мардумро ҳам ба рушди иқтисодию пешрафти техникӣ ва ҳам ба рушд додану эҳтиром намудани фарҳанги миллӣ талқин намояд.

Чанд соле пеш мушоҳида мешуд, ки қисме аз ҷавонон пас аз хатми мактаби миёна азми ба муҳоҷирати меҳнатӣ рафтан дошта, омӯхтани илму донишро ҳамчун воситаи гирифтани ихтисос, кор кардан, баланд шудани мартаба ва билохира беҳдошти сатҳи зиндагӣ зарурӣ намешумориданд. Аммо дар паи ҳодисаҳои вақтҳои охир мебинем, ки руҳияи ҳамин гуна ҷавонон тағйир ёфтааст, мунтазам дар шабакаҳо навишта ё баромад мекунанду даъват менамоянд, ки ба умеди кишвари мардуми бегона нашуда, ҷавонон ба хондану илм омӯхтан машғул шаванд. Вобаста ба ин низоми таълим бояд на танҳо дониш диҳад, балки шахсиятро дар рӯҳияи ватандӯстӣ тарбия намояд. Ҳамзамон бояд донем, ки ватандӯстӣ танҳо муносибати ҳиссӣ нест. Ҳисси ватандӯстӣ бошад, аммо ба манфиати халқу миллат набошад, чӣ гуна аст?

Қайд намудан бамаврид аст, ки ҷомеаи мо дорои анъанаҳои фарҳангӣ ва арзишҳои динӣ буда, дар он нуфӯзи ходимони динӣ, аз ҷумла имом-хатибон ва воизон хеле бузург аст. Онҳо дар ҷомеа мавқеи баланди ахлоқию маънавӣ дошта, бисёр маврид тавсия ва роҳнамоии онҳо ҳамчун манбаи боэътимоди иҷтимоиву маънавӣ пазируфта мешавад. Бештари ходимони динӣ дар мавъизаҳо ва суханрониҳои худ дар баробари нақли ҳадисҳо, инчунин ба масъалаҳои муҳими иҷтимоӣ, тарбия, одобу ахлоқ ва илмомӯзӣ машғул мешаванд. Аммо, азбаски бештар маълумоташон дар доираи улуми динӣ маҳдуд аст, ин на ҳамеша имкон медиҳад, ки масъалаҳои муосири иҷтимоӣ, иқтисодӣ, тиббӣ, равоншиносӣ ва технологӣ дуруст матраҳ гардида, шарҳ дода шаванд. Бо ҳамин сабаб, ҳарчанд оғози суханронӣ метавонад иҷтимоӣ бошад, он зуд ба мавзӯъҳои комилан динӣ мегузарад, ки таъсиргузориашро ба масъалаҳои муосир маҳдуд карда, наметавонад мардумро ба омӯзиши илми табиӣ ва дунявӣ гаравиш диҳад.

Аз ин нуқтаи назар, яке аз тадбирҳо ин ташкил намудани барномаҳои махсуси такмили ихтисос барои ходимони динӣ мебошад. Ин гуна барномаҳо метавонанд бо ҳамкории Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон, Кумитаи дин, танзими анъана ва ҷашну маросими назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, марказҳои илмии давлатӣ ва донишгоҳҳо ташкил карда шаванд.

Мавҷудияти чунин барномаҳо барои он зарур аст, ки онҳо аз як тараф ҳисси масъулияти иҷтимоии ходимони динро боло бурда, маърифати шаҳрвандии онҳоро таҳким мебахшад ва аз тарафи дигар, ходимони динӣ ҳамчун шаҳрвандони фаъоли ҷомеа дар баробари таблиғи арзишҳои динӣ, ҳамчунин дар рушди маънавию илмии мардум саҳми мушаххас мегузоранд. Онҳо метавонанд, бо забони сода ва оммафаҳм, масъалаҳои муҳимро ба аҳолӣ расонанд ва воситаи дигари тарбияи иҷтимоии мардум гарданд.

Сеюм, дар бахши фарҳанг ва ҳунар ваҳдат ба фаъолияти ҳамоҳанг ва ҳамҷояи муассисаҳои фарҳангӣ ишора мекунад, ки онҳо ҳамчун ташаккулдиҳандаи шуури миллӣ рисолати худро дар роҳнамоӣ ба тақвияти эҳсоси ҳувият ва худшиносӣ иҷро намоянд. Маҳз дар саҳнаҳои муассисаҳои фарҳангӣ имкон аст, ки ҳикмати таърихӣ ва мушкилоти муосир бо ҳам пайванд гардида, намоиш дода шавад ва шуури тамошобинро тағйир диҳад. Фарҳанг ва ҳунар на танҳо хусусияти ороишӣ дошта ё воситаи фароғатанд. Онҳо манбаи ғизои маънавии миллат, такомулдиҳандаи идеологияи миллӣ ва мутаҳҳидкунандаи ҷомеа мебошанд.

Ҳамагон шоҳиди он ҳастем, ки роҳбарияти кишвар пайваста ба рушди фарҳанги миллӣ таваҷҷуҳи хос зоҳир менамояд. Сохтмони театрҳо, осорхонаҳо ва марказҳои фарҳангӣ аз ҷумлаи иқдомҳои назаррасе мебошанд, ки дар ин самт амалӣ мегарданд. Шабакаҳои телевизионӣ низ дар таблиғу тарғиби фарҳанги миллӣ, ташаккули худшиносӣ ва таҳкими ваҳдати миллӣ фаъол буда, ҷойгоҳи марказӣ доранд.

Рӯзи 23-юми декабр, ки истироҳатӣ буд, шомгоҳон барномаҳои телевизиониро тамошо мекардем. Дар шабакаи “ТВ Душанбе” барноми мазҳакавие оғоз гардид, ки ҳаёту фаъолияти сарбозонро инъикос мекард. Сипас барномаи “Аз ёдҳо” пешкаш гардид, ки дар он бо “Ҳунарпешаи халқии Тоҷикистон” устод Нуруллои Абдулло, барандаи маъруфи барномаи “Беғараз панд”, алҳол “Андарзи ниёгон”, суҳбати ҷолибе баргузор гардид. Дар ҷараёни он устод андешаҳои хешро оид ба масъалаҳои гуногуни фарҳангӣ баён намуда, аз ҷумла, як ҳодисаи хотирмони даврони Иттиҳоди Шуравиро ёдовар шуданд.

Онҳо нақл карданд, ки боре бо гурӯҳи ҳунармандон дар шаҳри Ваҳдат баромади саҳнавӣ доштанд. Дар миёни намоиш ногаҳон барқ қатъ гардида, саҳнаро торикӣ фаро мегираду ҳама ҷо хапу хомӯш мегардад. Ҳунармандон ният мекунанд, ки намоишро қатъ карда, онро ба вақти дигар мавқуф гузоранд, аммо бинандагон аз толор бо исрор хоҳиш мекунанд, ки намоишро идома диҳанд. Ҳамин тавр намоиш дар торикӣ идома меёбад ва пас аз анҷоми он тамошобинон бо кафкубиҳои дуру дароз онҳоро истиқбол мегиранд. Аз рӯи гуфтаи устод, рӯзи дигар баъзе бинандагони аз намоиш сахт мутаассиргашта, ба ҷои кори ҳунармандон рафта, ҳодисаро нақл мекунанду, талаб менамоянд, ки маоши ин ҳунармандон баланд карда шавад.

Вақте, суханҳои устодро мешунидам, як ҳисси ифтихору сарфарозӣ фарогирам гардид, ки мо чунин ҳунармандони сарсупурда ва муаррифгари фарҳанги миллӣ дорем. Бо вуҷуди ин, мазмуни барномаи мазҳакавие, ки қабл аз ин намоиш дода шуд, ба андеша водор кард. Барномае, ки ба Рӯзи Артиши миллӣ бахшида шуда буд, саҳнаҳое дошт, ки дар онҳо сарбозон ҳамчун содалавҳу ноӯҳдабаро нишон дода шуда, мавриди масхара қарор мегирифтанд. Ғайр аз он ки саҳнаҳо ҳеҷ хандаовар набуданд, онҳо эътибори сарбозонро, ки рамзи ғайрату шуҷоатанд латна мезаданд. Ҳол он, ки чунин саҳнаҳои дилхушкунандае, офаридан мумкин аст, ки бо паёми тарбиявӣ хизмати пуршарафи сарбозонро намоиш диҳанд ва ҳамзамон бо кадом ҳодисаҳои тасодуфию хандаовари беғаш мардумро хушҳол намоянд.

Чаҳорум, донистани таърихи аҷдодони худ ва эҳтироми муқаддасоти миллӣ заминаи маънавист, ки ваҳдати воқеиро пойдор мегардонад. Ҷомеае, ки аз гузаштаи хеш сабақ намегирад, ноогоҳ буда, миллате, ки бо худшиносии таърихӣ ва ҳифзи муқаддасоти миллии хеш зиндагӣ мекунад, пойдору сарбаланд мемонад. Ҳанӯз аз даврони атиқа, сарнавишти тоҷикон бо мубориза барои истиқлол, ҳифзи забон, фарҳанг, арзишҳо ва инсондӯстӣ иртиботи мустақим доштааст. Омӯхтани зиндагӣ ва корнамоиҳои гузаштагон на танҳо маърифати таърихиро тақвият мебахшад, балки дар қалби ҳар фард эҳсоси ифтихору масъулиятро бедор мекунад.

Аз шоҳони одилу фарҳангпарвар мисли Куруши Кабир, ки таърихнигорони ҷаҳонӣ ӯро поягузори адолат ва инсонпарварӣ донистаанд, то муборизону пешвоёни мардумӣ чун Спитамен, Деваштич, Абумуслим ва Муқаннаъ таърих шахсиятҳои зиёдеро ёд дорад, ки барои озодӣ, адолат ва ваҳдати мардум фидокорона мубориза бурдаанд.

Ҳарчанд таърихи гузаштагони моро таърихнигорони кишварҳои гуногун ҳамчун намунаҳои ибрат васф кардаанд, дар таҳкими худогоҳии миллӣ ва тарбияи насли нав, китоби сеҷилдаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон “Тоҷикон дар оинаи таърих. Аз Ориён то Сомониён” як санади беназири таърихиву илмӣ мебошад. Ин асари бунёдӣ, ки бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва англисӣ нашр гардидааст, бо такя ба манбаъҳои зиёди саҳеҳу боэътимод ва таҳқиқоти муосир таърихи тамаддуни тоҷиконро бо тамоми паҳлӯҳояш инъикос мекунад. Дар асар на танҳо ҳодисаҳои таърихӣ, балки ҷанбаҳои ахлоқӣ, фарҳангӣ ва маънавии таърихи халқ таҳлил карда шудааст, ки он барои ҷавонон ва омӯзишгирандагон василаи муҳими таълимӣ ва тарбиявӣ мебошад.

Панҷум, ваҳдат ба маънои фаъолияти иҷтимоии муттаҳидона ва иштироки фаъолонаи ҷавонон мебошад. Ҷавонон ҳамчун нерӯи пешбарандаи ҷомеа дорои қудрати бунёдкорӣ ва табдилсозӣ мебошанд. Онҳо бояд дар татбиқи лоиҳаҳои рушди ҷомеа, аз ҷумла корҳои ободонӣ, ҳифзи муҳити зист, тарбияи ҳамсолон, ташкили иқдомҳои фарҳангӣ, тарғиби арзишҳои ахлоқӣ ва ислоҳоти иҷтимоӣ саҳми фаъол дошта бошанд. Маҳз тавассути чунин фаъолиятҳои ҷомеъасоз ҳисси масъулиятшиносӣ, ватандӯстӣ ва соҳибихтиёрии ҷавонон боло меравад ва ваҳдати миллӣ дар амал таҷассум меёбад.

Бо вуҷуди ин, дар шароити имрӯза мушоҳида мегардад, ки на ҳамаи ҷавонон аз нерӯи хеш дар самти созандагиву рушди ҷомеа дуруст истифода мебаранд. Гоҳо мебинем, ки ҷавонони ҷисман тануманду қавӣ малакаву дониш ва кӯшишашонро ба фаъолияте, ки рушди шахсияташонро мусоидат мекунад, равона накарда, балки ҳамчун хазиначӣ дар ошхона ё ронандаи таксӣ кор мекунанд. Ин гуна фаъолияти беҳадаф наметавонад ҷавобгӯи рисолати иҷтимоии насли ҷавон бошад.

Аз тарафи дигар, баъзе ҷавонон худро “блогер” унвон мекунанд, аммо муҳтавои фаъолияти онҳо асосан намоиши ҳаёти шахсӣ ва рӯзмарраашон аст, ки на танҳо арзишҳои тарбиявию маънавӣ надорад, балки баръакс метавонад ангезаҳои носолим ва тасаввуроти ғалатро миёни ҳамсолон паҳн намояд. Ин ҳама бори дигар зарурати роҳандозӣ намудани сиёсати хирадмандона ва ҳадафманди тарбияи иҷтимоии ҷавононро таъкид мекунад.

Аз ин рӯ, ҳар гуна фаъолияти иҷтимоии ҷавонон бояд бунёдкорона, манфиатовар ва ба ояндаи неки ҷомеа нигаронида шуда бошад. Танҳо дар сурати муттаҳид намудани нерӯи зеҳнӣ, ҷисмонӣ ва ахлоқии ҷавонон метавонем ба таҳкими ваҳдати миллӣ, рушди устувори кишвар ва ташаккули насли соҳибмаърифату масъулиятшинос ноил гардем.

Дар фарҷом, ҳамаи ҳамватанони азизи кишвар ва тамоми тоҷикону форсизабонони ҷаҳонро ба ифтихори Иди мубораки Ваҳдати миллӣ – рамзи сарбаландӣ, якпорчагии давлат ва ҳамбастагии мардум – самимона табрик ва таҳният гуфта, ба ҳар як хонадон осоиш, тандурустӣ, файзу баракат ва ба ҷомеаи мо зиндагии ободу сарҷамъона, пешрафти ҳамдилона ва шукуфоии рӯзафзун орзу менамоем. Бигзор рӯҳи ваҳдат, ки бар асоси хиради таърихиву иродаи миллии мардум бунёд ёфтааст, ҳамеша роҳнамои суботи сиёсӣ, тараққиёти иқтисодӣ ва таҳкими ҳувияти миллӣ гардад.

Директори Институти физикаю техникаи ба номи С.У. Умарови АМИТ Зарифзода Афзалшоҳ Қаҳрамон.

(ба ифтихори 28 – умин солгарди Ваҳдати миллӣ)

Дар таърихи башарият дар бунёди давлат ва ташаккулёбии халқияту миллатҳо ваҳдат ҷойгоҳи махсус дорад. Инсоният борҳо дар масири таърих ба ҷангҳои қавмию дохилӣ ва байни давлатӣ рӯбарӯ гардида, талафоти зиёд дидааст. Аммо ягона омиле, ки ба хотимаёбии ҷангҳо асос шуда, инсонро аз талафот ва шаҳрҳоро аз харобшавӣ наҷот додааст ин ваҳдат аст. Ваҳдати миллӣ, ҳамчун мафҳуми марказии давлатсозии муосир, як низоми ҳастишиносӣ, ифодаи ҳуввияти таърихии миллат, таҷассумгари виҷдон ва маърифат дар сатҳи ҷамъиятӣ мебошад.

Ҷомеаи тоҷик, ки дар охири асри ХХ ба гирдоби ҷанги шаҳрвандӣ афтода буд, чунин як марҳалаи даҳшатбори парешонӣ ва ҷустуҷӯйи маънои миллиро аз сар гузаронд. Дар чунин шароит, нақши Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамчун раҳнамо ва сиёсатмадори дорои ҷаҳонбинии хирадгароёна, на танҳо як тағйирёбии сиёсӣ, балки як рӯйдоди таърихсоз гардид. Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ҳайси раиси Шурои Олӣ миёни ҳамватанон иброз намуда буданд, ки: “Ман оғози кори худро аз сулҳ оғоз хоҳам кард. Ман тарафдори давлати демократии ҳуқуқбунёд мебошам. Мо бояд ҳама ёру бародар бошем, то ки вазъро ором намоем. Ҳар чи аз дастам меояд, дар ин роҳ талош хоҳам кард”.

Ин ҳарфи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нахустин хиште буд, ки дар бунёди кохи ваҳдат миёни тоҷикон гузошта шуд. Бо талошҳои меъмори ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат муҳтарм Эмомалӣ Раҳмон санаи 27 июни соли 1997 Созишномаи истиқрори сулҳ ва ризояти миллӣ ба имзо расид. Имзои ин созишнома ҷанги шаҳрвандиро дар Ҷумҳурии Тоҷикистон хотима дода, ба ҷои он Ваҳдати миллиро падид овард.

Маврид ба зикр аст, ки мо Тоҷикистони навинро бе ному кору пайкори Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳаргиз тасаввур карда наметавонем. Ин ҳақиқатест, ки саодати халқи тоҷик ва эҳёву шукуфоии мардуми тоҷикро таҷассум менамояд. Маҳз бо шарофати азму талошҳои пайгирона ва иқдомҳои бунёдкоронаи Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар сарзамини азияткашидаи мо сулҳи пойдор ва Ваҳдати миллӣ ба вуҷуд омад.

Ваҳдати миллӣ дар омӯзиш ва таҳқиқи таърих низ таъсири бузурги худро расонид. Дар ин давра олимону муҳаққиқон ба пажӯҳиши баъзе аз саҳифаҳои норавшани он рӯ оварда асару мақолаҳои бунёдӣ офариданд. Хусусан, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон омӯзиши таърихро қарзи фарзандию роҳбарии худ дониста як силсила асарҳои бузургҳаҷм аз ҷумла, “Аз Ороиён то Сомониён”, Нигоҳе ба таърихи тамаддуни Ориёӣ”, “Чеҳраҳои мондагор” “Забон ҳастии миллат” ва даҳҳо асари таърихии дигар офариданд. Инчунин, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар асарҳои баландмазмуни худ исбот намуданд, ки тоҷикон як миллати бузурги таърихӣ буда, нақши онҳо дар тараққиёти тамаддуни башарият беназир аст.

Маҳз дар асари “Чеҳраҳои мондагор” – и Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон собит гардидааст, ки шахсиятҳои нотакрори тоҷикон пайваста талқинкунадаи ваҳдат буда, инсонҳоро ба ҳаёти осоишта даъват мекарданд.

Санаи 27 – уми июни соли ҷорӣ мардуми ваҳдатсолори тоҷик 28 – умин солгарди рӯзи Ваҳдати миллиро дар фазои амну ором ҷашн мегиранд. Мусаллам аст, ки пас аз барқарории Ваҳдати миллӣ ва сулҳи сартосарӣ дар кишварамон бо ташаббус ва ибтикори ҳамешагии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон раванди бозсозии иқтисодии кишвар, рушди демократия, гуногунандешӣ, таҳаммулпазирӣ, озодии сухан ва матбуот, ташаккули тафаккури миллӣ равнақу ривоҷи бештар пайдо намуда, Ваҳдати миллиро мустаҳкам намуд.

Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар яке аз аввалин изҳороташон усули аслии фаъолияти роҳбарияти Ҷумҳурии Тољикистонро чунин сифат намуда буданд:

“Идеали сиёсии мо Ваҳдати миллӣ аст. Мо ягон масъалаи принсипии аслии ҷомеамонро бо роҳи зӯрӣ ва аз тариқи набарди мусаллаҳона ҳал карданӣ нестем. Муроду мақсадамон бунёдкорӣ асту бас”.

Моҳияти нақши бузурги Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро мо дар поягузории давлатдории навини тоҷикон ва ба кишвари сулҳу салоҳ табдил додани Ҷумҳурии Тоҷикистон медонем. Инчунин, иқрор бо онем, ки ҳар фарзанди фарзона соҳиби унвони қаҳрамони кишвар ва Пешвои асри XXI шуда наметавонад.

Ҳамин тариқ, ба таври мухтасар нақши Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро дар барқарор намудани Ваҳдати миллӣ метавон чунин натиҷагирӣ намуд:

Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки бо рисолати таърихии барқарор кардани сулҳу осоиш сарварии кишварро бар дўши худ гирифта буданд;

Пешвои миллат муҳтарам Эмомлаӣ Раҳмон роњи расидан ба мақсудро дар муколама ва муносибати сулҳомез бо тамоми неруҳои сиёсии кишвар муайян намуданд;

Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо сиёсати хирадмандона ва дурбинонаи хеш дар Ҷумҳурии Тоҷикистон сулҳу осоиш ва Ваҳдати миллиро ҳамчун падидаи сиёсӣ ва ғояи миллӣ табдил доданд;

Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон хатари аз байн рафтан ва пора шудани Ҷумҳурии Тоҷикистонро бартараф намуданд;

Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нухбагони сиёсии дорои тафаккури баланд ва содиқро баҳри рушди кишвар дарёфт ва муттаҳид намуданд;

Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба бедории тафаккури сиёсии мардум мусоидат карда, дурнамои ояндаи сохти давлатдориро тарҳрезӣ намуданд, ки бо номи давлати демократӣ, дунявӣ, ҳуқуқбунёд ва ягона маълуму машҳур мебошад;

Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ташаккул ва мустаҳкам гардидани сохтори ниҳодҳои интизомии кишвар асос гузоштанд;

Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати зина ба зина, бо таҳким ёфтани сулҳу субот ба кишвари саноатию аграрӣ табдил ёфтани Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин ба созандагиву бунёдкорӣ дар қаламрави он шароит мусоид намуданд;

Пешвои миллат муҳтарам Эмомлаӣ Раҳмон ба инкишофи ҷомеаи мадании шаҳрвандӣ мусоидат карда, ваҳдату ягонагӣ ва ватандӯстиро шиори аҳли ҷомеа эълон намуданд.

Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон раванди сулҳи тоҷиконро дар арсаи байналмилалӣ ҳамчун модели сиёсии ба ҷанг нуқта гузоштан ва омили асосии таҳкими сулҳу ваҳдат барои кишварҳои ҷангзадаи дунё муаррифӣ намуданд;

Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мавқеъ ва нуфузи Ҷумҳурии Тоҷикистонро ба ҳайси як давлати мустақил ва таҷрибаи сулҳи тоҷиконро мавриди омӯзишу ибрати ҷаҳониён қарор доданд;

Пешвои миллат муҳтарам Эмомлаӣ Раҳмон низоми нави давлатдориро ба миён гузошта, ба рушди иқтисодиёту иҷтимоиёти кишвар ва некуаҳволии аҳли ҷомеа шароит фароҳам оварданд.

РАҲМОНЗОДА А.Ш. ходими пешбари илмии Шуъбаи Осиёи Ҷанубӣ ва Шарқии Институти омӯзиши масъалаҳои давлатҳои Осиё ва Аврупои АМИТ номзади илмҳои таърих

Subscribe to Мақолаҳо