Skip to main content

Имрӯз, 22 июн дар Маркази минтақавии амнияти химиявӣ, биологӣ, радиатсионӣ ва ядроии Агентии амнияти химиявӣ, биологӣ, радиатсионӣ ва ядроии Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон курси байналмилалии омӯзишии Агентии байналмилалии неруи атомӣ (МАГАТЭ) оғоз гардид.

Дар маросими ифтитоҳ директори Агентии амнияти химиявӣ, биологӣ, радиатсионӣ ва ядроии Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон Мирсаидзода Илҳом ҳусни оғоз бахшида, таъкид дошт, ки баргузории чунин курсҳои байналмилалӣ барои баланд бардоштани сатҳи дониш ва малакаи мутахассисон дар самти таъмини амнияти химиявӣ, биологӣ, радиатсионӣ ва ядроӣ аҳаммияти хос дошта, ба таҳкими ҳамкориҳои байналмилалӣ мусоидат менамояд.

Дар идома президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, академик Хушвахтзода Қобилҷон Хушвахт зимни сухани ифтитоҳии хеш қайд намуд, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти роҳбарии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба рушди ҳамкориҳои байналмилалӣ дар соҳаи истифодаи сулҳомези неруи атомӣ ва таҳкими низоми амнияти радиатсионӣ ва ядроӣ таваҷҷуҳи махсус зоҳир менамояд.

Зикр гардид, ки Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо Агентии байналмилалии неруи атомӣ баҳри омода намудани мутахассисони баландихтисос, рушди инфрасохтори илмӣ ва татбиқи технологияҳои муосир тадбирҳои муассир амалӣ намуда, баргузории ин курс боз як қадами муҳим дар роҳи густариши ҳамкориҳои байналмилалӣ ва мубодилаи таҷриба ба ҳисоб меравад.

Дар кори курс намояндагон ва мутахассисон аз як қатор кишварҳо иштирок намуда, дар доираи барномаи омӯзишӣ масъалаҳои муҳими марбут ба амнияти химиявӣ, биологӣ, радиатсионӣ ва ядроӣ, инчунин роҳҳои пешгирӣ ва вокуниш ба таҳдидҳои эҳтимолиро мавриди баррасӣ қарор медиҳанд.