Skip to main content

Дар асоси дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо мақсади таҳким ва рушди заминаи илмию таҷрибавии муассисаҳои илмию таҳқиқотии Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар соли 2025 бо мусоидати раёсати академия таъмири капиталӣ ва бо таҷҳизоти замонави муҷаҳаз намудани 18 озмоишгоҳ ва марказҳои нави рақамӣ таъмин карда шуд.

ОЗМОИШГОҲҲОИ ЗАМОНАВӢ ДАР МУАССИСАҲОИ ИЛМИИ ЗЕРИН БА ИСТИФОДА ДОДА ШУДААНД:

✅Институти кимиёи ба номи В.И. Никитини Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон 4- адад.

✅Институти физикаю техникаи ба номи С.У. Умарови Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон 1- адад.

✅Институти биологии Помир ба номи Х. Юсуфбекови Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон 2- адад

✅Муассисаи давлатии Маркази омӯзиши пиряхҳои Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон 2- адад.

✅Институти забон ва адабиёти ба номи А.Рудакӣ – 1 адад.

✅Институти масъалаҳои об, гидроэнергетика ва экология – 2 адад.

✅Агентии амнияти химиявӣ, биологӣ, радиатсионӣ ва ядроӣ – 1 адад.

✅Маркази илмии Хуҷанд – 2 адад.

✅Маркази инноватсионии Тоҷикистону Хитой – 3 адад.

Ёдовар мешавем, ки ин ҳама иқдомҳои созандагиву бунёдкорӣ дар Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон маҳз аз дастгириҳои пайвастаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нисбат ба олимон мебошад.