Skip to main content

Ваҳдати миллӣ барои миллати тоҷик яке аз арзишҳои бузургтарин ва сарнавиштсоз ба ҳисоб меравад. Дар даврони муосир, ки таҳдидҳои гуногуни амниятӣ, сиёсӣ ва фарҳангӣ вуҷуд доранд, нигоҳ доштани ваҳдати миллӣ на танҳо вазифаи давлат, балки масъулияти ҳар як фарди ватандӯст мебошад. Ноҳияи Сангвор, ки як минтақаи кӯҳистони Тоҷикистон мебошад, дар давраи ҷанги шаҳрвандӣ яке аз минтақаҳои душворгузар ба ҳисоб мерафт. Аммо имрӯз бо шарофати ваҳдати миллӣ ва сиёсати хирадмандонаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ин ноҳия ба як минтақаи орому амн ва пешрафта табдил ёфтааст.

Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар тамоми давраи пас аз ҷанги шаҳрвандӣ тавассути сиёсати ваҳдатофарини хеш тавонистанд мардуми парокандаро муттаҳид созанд ва Тоҷикистони азизро ба кишвари сулҳпарвару ором табдил диҳанд. Дар китоби «Ваҳдати миллӣ — интихоби миллат» омадааст: «Бузургтарин дастоварди мо барқарорсозии сулҳу субот ва таъмини ваҳдати миллӣ мебошад». Ин суханон нишон медиҳанд, ки Пешвои миллат ваҳдатро ҳамчун асоси ҳастии давлат мешуморанд. Бо шарофати ваҳдати миллӣ, Тоҷикистон аз як кишвари ҷангзада ба мамлакати сулҳпарвар табдил ёфт. Дар тамоми қаламрави кишвар амният ва субот ҳукмфармо гардид. Хоса дар ноҳияҳои кӯҳистон, аз ҷумла Сангвор, ки солҳои 90-ум дучори бесуботии шадид буд, имрӯз амният ва оромии комил барқарор шудааст.

Дар давраи ҷанги шаҳрвандӣ ноҳияи Сангвор (собиқ Тавилдара) ба яке аз нуқтаҳои низоъ табдил ёфта буд. Аммо баъди имзои Созишномаи умумии истиқрори сулҳ бо сиёсати ватандӯстонаи Пешвои миллат ин минтақа низ ба сулҳ ва оромӣ расид. Имрӯз дар Сангвор роҳҳои мошингард, муассисаҳои таълимӣ ва тандурустӣ бунёд шудаанд, ки ин гувоҳи пешрафт мебошад.

Ҷавонони ноҳияи Сангвор ҳамчун қувваи фаъол ва ояндасози ҷомеа нақши калон дар таҳкими ваҳдати миллӣ доранд. Бо иштироки онҳо дар чорабиниҳои фарҳангӣ, варзишӣ ва маърифатӣ, ҳисси масъулиятшиносӣ ва ватандӯстӣ қавитар мегардад. Ин насл бо илму дониш ва ҷаҳонбинии васеъ, ҳомии сулҳ ва оромии ҷомеа мебошад.

Маориф ҳамчун пояи асосии ҷомеаи солим ва муттаҳид, нақши калидӣ дар ташаккули ваҳдати миллӣ дорад. Муассисаҳои таълимӣ дар ноҳияи Сангвор кӯшиш мекунанд, ки дар қалби насли нав руҳи ваҳдат, дӯстӣ ва ҳамдигарфаҳмиро парвариш диҳанд. Илова бар ин, нақши уламои динӣ ва фарҳангиён дар ташаккули маърифати ваҳдати миллӣ низ назаррас аст.

Мардуми ноҳияи Сангвор ҳамеша бо шукргузорӣ аз сулҳу ваҳдат, барои пойдории амният ва суботи кишвар саҳми арзанда мегузоранд. Онҳо бо ваҳдату ҳамфикрӣ дар сохтмони муассисаҳо, роҳҳо ва инфрасохторҳои муҳими ноҳия ширкат меварзанд. Ҳар як фарди ин диёр худро масъул меҳисобад ва барои пешрафти ватани маҳбубаш талош меварзад.

Насли нав бояд аз таърихи начандон дур ибрат гирифта, қадри ваҳдат ва сулҳро бидонад. Таълим ва тарбияи ин насл бояд дар рӯҳияи ваҳдат, ватандӯстӣ ва худшиносии миллӣ сурат гирад. Ҳар як ҷавони Сангвор бояд дарк намояд, ки танҳо бо ваҳдат мо метавонем як ҷомеаи пешрафтаву обод созем.

Имрӯз ноҳияи Сангвор ба як гӯшаи ободу зебо табдил ёфтааст, ки дар он сулҳу амонӣ, ваҳдату якдигарфаҳмӣ ҳукмфармост. Ин ҳама ба шарофати сиёсати ваҳдатофарини Пешвои миллат ва дастгирии мардуми шарафманди ноҳия амалӣ гаштааст. Сангвор метавонад намунаи ибрат барои дигар минтақаҳо бошад дар масъалаи ҳифзи ва таҳкими ваҳдати миллӣ.

Ваҳдати миллӣ неъмати бебаҳоест, ки миллати тоҷик пас аз ҷанги шаҳрвандӣ бо раҳнамоии Пешвои миллат ба он даст ёфт. Дар ноҳияи Сангвор ваҳдат на танҳо ҳамчун шеваи зиндагӣ, балки ҳамчун пойдевори амният ва рушди ҳамаҷониба эҳсос мешавад. Зарур аст, ки ҳар фарди ҷомеа, махсусан ҷавонон, барои ҳифзи ин неъмат талош варзанд.

ШАРИПОВ ҲОКИМҶОН Балаҷонович

магистранти соли аввали АМИТ

Сулҳу ваҳдат ифтихори миллати соҳибдилам,

Васфи онҳоро намояд, решаи ҷону дилам.

Дар миёни қавмҳо пайвастагӣ моро аз он,

Даҳр бинмояд cѓmoѓши мардуми барнодилам.

Сулҳу ваҳдат ибораҳоеанд, ки ҳамеша дилчаспу дилнишин ва бо лаҳни шево садо дода, бевосита шунавандаро ба фикр кардан водор месозанд. Сулҳ - оштиву фарзонагӣ, якдигарфаҳмӣ ва толиби осоиштагӣ будани мардумро таҷассумгар аст.

Ваҳдат бошад ба ҳам омадан, cap аз як гиребон бурун овардан, ҳамдигарфаҳму поктинату миллатдӯст будан.

Ваҳдат - беҳтарин неъмат, ҳаёти инсон, орзуву армон, таҳкими давлат, наҷоти миллат, рушди тоҷикон, нумӯи даврон, ҳастии инсон дар ҳар замину замон аст.

Ваҳдат ва сулҳи умумибашарии Тоҷикисгон ҷонибдории мамлакатҳои ҳамзамони берунмарзӣ мавқеу мақоми онро дар миқёси ҷаҳон овозадор менамояд. Имрӯз иттифоқ ва ҳамдилии халқи тоҷик мавриди омӯзиши Созмони Миллали Муттаҳид ва бисёр ташкилотҳои олам гардидааст. Худшиносӣ ва худогоҳии миллӣ гӯё пандест аз гузаштаи дуру пешрафти маънавиёти кишвар. Танҳо бо роҳи ваҳдат, якдигарфаҳмӣ истиқлоли кишварро муҳофизату пойдор ва ягонагии мардумро устувор карда метавонем.

Танҳо дар сурати ваҳдат душвориҳо ва монеаҳо паси cap мешаванд, рӯзгори мардум рӯ ба беҳбудӣ меорад, кишвари азизамон ба шоҳроҳи пешрафту тараққиёт рӯ меорад. Ба ақидаи Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон «Ҳар касе, ки ниҳоле сабзонда бошад, медонад, дарахт соле як маротиба ҳосил медиҳад. Аммо ниҳоле низ ҳаст, ки ҳамеша меваи ширин ба бор меорад. Мо меваи ширину сабзонидаамонро чашидем, ҷомеаи мо аз он баҳравар гардид, мо ҳаргиз роҳ намедиҳем, ки дигар теша ба решаи он расад».

Он дарахте, ки Президентамон ба сулҳу ваҳдат ташбеҳ додаанд, имрӯзҳо меваҳои ширину бисёре ба самар оварда истодааст, ки бо онҳо мо, тоҷикон фахр месозем. Муносибати нави давлатӣ, сиёсати соҳибистиқлол гардидани Тоҷикистон, сохтмони роҳҳои нави дохилию берунӣ ва ба хориҷи кишвар баромадани тоҷиконро ба миён гузошт. Роҳи оҳани Қӯрғонтеппа - Кӯлоб, сохтмони шоҳроҳи Ваҳдат ба мамлакатҳои Осиё, ба сӯи уқёнуси ҷаҳон, роҳҳои калонтарини хушкигард расонид. Ин аҳвол боиси эҳёи арзишҳои миллии роҳи бузурги Абрешим гардид, ки Бохтару Суғдро бо калонтарин давлатҳои ҷаҳон мепайвандад.

Ҳақиқатан Ваҳдати миллӣ шукуфоии Ватан аст, зеро дар давлате, ки сулҳу амонӣ ва дӯстӣ ҳукмфармост, он давлат рӯз то рӯз гул-гул мешукуфад, иқтисодиёташ тадриҷан меафзояд, ҳам аз ҷиҳати сиёсӣ ва ҳам аз ҷиҳати фарҳангӣ пеш меравад.

Маҳз бо кӯшишҳои пайгиронаи Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон миллати парешон сарҷамъ омад, мамлакат обод шуд, пеш рафт, гул-гул шукуфт ва имрӯз дар чеҳраи ҳар фарзанди тоҷик нишоту хурсандист, ваҳдату сулҳ падидор аст.

Хулоса, чун як фарзанди бонангу номус ва баори миллат бо сулҳу ваҳдати кишвари азизам имрӯз меболам ва бо ифтихор метавонам гӯям.

Пояи сулҳу осоиштагӣ дар ин сарзамини ҳамешабаҳор ба ҳадди бузург мустаҳкам гашта, зеро онро фарзанди бузурги ин сарзамин устуворӣ бахшида, такягоҳ аст.

Наҷибуллоҳи Рузи н.и.т., мудири Озмоишгоҳи “Технологияҳои компютерии” МД Маркази таҳқиқоти технологияи инноватсионии АМИТ

Ба даст овардани ваҳдати миллӣ бузургтарин ва нодиртарин падидаи иҷтимоӣ буд. Рушди ҷомеа ва ноил гардидан ба ҳадафҳои стратегӣ ва баланд бардоштани сатҳи ҳаёти солим аз таҳкими ваҳдати миллӣ вобастагӣ дорад.

Дар раванди ноил гардидан ба ваҳдати миллӣ забони миллӣ нақши муҳим дорад. Забон унсури муҳимми фарҳанги ҳар як миллат аст. Муҳимтарин вазифаи забон дар он аст, ки фарҳангро ҳифз мекунад ва аз насл ба насл интиқол медиҳад. Ин аст, ки забон дар ташаккули ҳар як шахсият ва бақои миллат бо тамоми мероси фарҳангию маънавии он нақши муҳим дорад.

Ҳар як фарҳанги миллӣ, низоми забонии худро доро буда, бо ёрии он намояндагони як миллат метавонанд бо ҳамдигар муошират кунанд. Ин аст, ки шаклҳои гуногуни муоширати забониро воситаи шифоҳии муошират меноманд. Машҳуртарин воситаҳои шифоҳии муошират, пеш аз ҳама, нутқи инсон аст. Маҳз тавассути нутқ, одамон қисми зиёди иттилооти ҳаётан муҳимро қабул мекунанд ва интиқол медиҳанд.

Дар таҳқиқотҳои гуногуни илмӣ метавон таърифҳои зиёди «забон»-ро пайдо кард, аммо ҳама дар як чизи асосӣ мувофиқанд: «забон воситаи баёни фикр, воситаи муошират аст». Албатта, он вазифаҳои дигар низ дорад. Дар байни бисёр вазифаҳои забон вазифаи коммуникативӣ мақоми хосса дорад ва гӯё аз он аст, ки бидуни забон ягон шакли муоширати одамон дар ҷомеа ғайриимкон мегардад.

Забон берун аз фарҳанг вуҷуд дошта наметавонад. Ин яке аз муҳимтарин ҷузъҳои фарҳанг, шакли тафаккур, зуҳури фаъолияти инсон аст, ки худи он дар навбати худ мавҷудияти воқеии забон аст. Забон инъикоси ҷаҳон аст, бинобар ин, забон ҳама чизро инъикос мекунад: таърихи ҷомеа, иқлим, шароити зиндагӣ, мероси маънавӣ ва фарҳангӣ ва ғ.

Яке аз масъалаҳои асосии тадқиқотии илмҳои забоншиносӣ ва фарҳангшиносӣ хусусиятҳои забони миллӣ, нақши забон дар пайдоиш ва таҳаввули фарҳанги миллӣ ва инчунин падидаи муҳими дигар – гуфтугӯи фарҳангҳо (тамаддунҳо) мебошад. Забон имрӯз объекти омӯзиши фанҳои гуногун: забоншиносӣ, фарҳангшиносӣ, фалсафа, психология, мантиқ ва ғайра мебошад. Афзалияти инсон аз дигар махлуқот дар олам тавассути забон, яъне нутқ аст.

Алфред Норт Уайтхед (1861–1947) математик ва файласуфи англис доир ба нақши забон дар ҳаёти инсоният чунин меорад: “Тамаддуни башарӣ маҳсули забон аст ва забон маҳсули тамаддуни рӯ ба инкишоф аст”.[2] Яъне, инсон метавонад аз дастовардҳои тамаддуни даврони гузашта танҳо тавассути забон огоҳ шавад.

Бояд қайд кард, ки забон падидаи серҷанба ва беназири фарҳангӣ ба шумор меравад. Забон ва фарҳанг бо ҳам алоқаманд ва ногусастанӣ мебошанд. Гузашта аз ин, забон ва фарҳанг дар робитаи дуҷониба қарор доранд, забон берун аз фарҳанг вуҷуд дошта наметавонад ва фарҳанг бе забон. Моҳияти дарки робитаи забон ва фарҳанг аз печида будани ин мушкилот шаҳодат медиҳад, ки аҳамияти онро дар тӯли чандсад сол тасдиқ мекунад. Омӯзиши робитаи забон ва фарҳанг дар илм дар чаҳорчӯби бархӯрд ва назарияҳои мухталиф сурат мегирад.

Забони ҳар як халқ муҳимтарин воситаи ҳифз ва рушди мероси фарҳангӣ ва маънавии он мебошад. Махсусан ин ҳолат дар шароити муосир, ки ба мероси маънавию фарҳангии мо хатарҳои фарҳанги бегона ва ифротгароӣ таҳдид мекунанд. Эҳёи арзишҳои фарҳанги миллӣ, таваҷҷуҳ ба омӯзиш ва шинохти таърихи миллат ва баргузории чорабиниҳои маърифатӣ дар кишвар, маҳз бар зидии хатарҳои ҷаҳони муосир мебошад.

баён намуд:

- забони модарӣ моҳияти муттаҳидкунандагӣ ва ҳамгироикунандагӣ дорад, ки ҳомилони он - тоҷиконро муттаҳид мекунад;

- беҳтарин восита ва омили муттаҳидкунанда барои ҳамватанони бурунмарзӣ – тоҷикони дунё мебошад;

- забони модарӣ, омили муҳим барои таҳкими бақо ва тозагии забони давлатӣ аст;

- забони модарӣ, унсури муҳими худшиносӣ ва ҳувияти миллӣ мебошад;

- забони модарӣ, нишонаи асосии хотираи таърихӣ аст, ки далели қотеъи он мероси фарҳангӣ ва маънавии халқи тоҷик мебошад;

- забони модарӣ, нишонаи асосӣ ва муаррификунандаи давлатдории миллӣ дар сатҳи байналмилалӣ аст;

- забони модарӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун забони давлатӣ эътироф гардидааст ва барои таҳкими давлатдории миллӣ заминаи боътимод ба шумор меравад.

Нусратулло Зокирзода - номзади илмҳои фалсафа

«Имрӯз бисёр зарур аст, ки мо андешаи сулҳу ваҳдатро ҳамчун рукни боэътимоди истиқлолият ба яке аз ғояҳои давлатдории миллӣ табдил диҳем ва онро миёни наврасону ҷавонон ҳамчун шарти асосии бақои амнияти ҷомеа ва пойдории давлат васеъ тарғиб кунем».

Эмомалӣ РАҲМОН

Тавре ҳамагон хуб медонем, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои муаззами миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҷаноби Олӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон доимо ва ба таври пайваста зимни вохӯрию мулоқотҳои худ бо аҳли ҷомеа иброз менамоянд: “Воқеият ин аст, ки майлу ирода, саъю талош, таҳаммулгароӣ ва хиради азалии миллати тамаддунсозу фарҳангсолори тоҷик ва инчунин тафаккури созандаву рӯҳи шикастнопазири халқи Тоҷикистон яке аз муҳимтарин омили расидан ба сулҳу оромӣ, суботи сиёсӣ ва Ваҳдати миллии сартосарӣ мебошад. Ман ин суханонро ҳамеша бо ифтихор азноми мардуми қаҳрамони тоҷик ба забон меоварам”.

Мо насли даврони Истиқлол бояд хуб дарк намоем, ки Ваҳдати миллӣ ин танҳо фақат амали сиёсӣ нест. Балки он тимсоли як фарҳанг ва ҷаҳонбинии миллӣ аст. Махсусан, насли наврас ва ҷавонони Тоҷикистон бояд дар рӯҳияи ваҳдатпарастӣ, таҳаммул, ватандӯстӣ ва худшиносии миллӣ тарбия ёбанд. Чунки ҳифзи Ваҳдати миллии сартосарӣ кори як нафар ё як гурӯҳи алоҳида нест. Ба пиндори камина ҳифзу гиромидошти он вазифаи муқаддаси ҳар як шаҳрванди кишвар маҳсуб меёбад.

Зеро, муттаҳид шудан дар атрофи сиёсати созандаю ободкоронаи Пешвои муаззами миллат, Ҷаноби Олӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баҳри ободию шукуфоии Ватани азизамон Тоҷикистон ин худ як нишони барҷаста ва рамзи гӯёи сулҳу ваҳдати воқеии миллат мебошад.

Дар таърихи 27-уми июни соли 1997 дар шаҳри Москваи Федератсияи Русия Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризояти миллӣ ба имзо расида буд, ки ин Созишномаи таърихӣ ҳамчун санади тақдирсози миллати тоҷик шинохта шудааст. Дар ин замина Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон низ басо бамаврид қайд намудаанд, ки “Дар ибтидои солҳои 90-уми асри гузашта бар асари фитнаву дасисаи хоинони миллати тоҷик ва бадхоҳони давлати тоҷикон мардуми шарифи Тоҷикистони соҳибистиқлол ба гирдоби ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ гирифтор гардиданд, ки дар натиҷаи он ҳамаи соҳаҳои ҳаёти ҷомеа ва давлат ба буҳрони фоҷиабор рӯ ба рӯ шуданд”.

Дар чунин як шароити бисёр ҳам душвор ва вазъи хатарбор фарзандони содиқу ватандӯст ва огоҳу бедордили миллатро водор намуд, ки барои пешгирӣ кардани ин раванди хатарнок ва дар навбати аввал, пеш аз ҳама даъват кардани Иҷлосияи XVI - Шурои Олӣ ягона мақоми босалоҳияти он рӯзҳоро зарур шуморанд ва инчунин бо мақсади оромӣ ва тинҷию осоиштагӣ иқдомоти ҷиддиро роҳандозӣ намоянд”.

Оре, маҳз дар он даврони душвору пуртаҳлука хатари бузургтарине, ки дар он айёми вазнин ба миён омада буд, эҳтимоли пароканда гардидани миллати тоҷик ва аз харитаи сиёсии ҷаҳон тамоман нест шудани давлати ҷавони тоҷикон буд. Чунки маҳз пас аз пош хӯрдани Иттиҳоди Шуравӣ ва ба шарофати соҳибистиқлол гардидани Ҷумҳурии Тоҷикистон, мутаассифона, мамлакати орому осуда ба гирдоби ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ кашида шуд.

Аз ин рӯ, солҳои 1992–1997 дар таърихи навини кишварамон ҳамчун солҳои сиёҳ ва талху бисёр ҳам фоҷиавӣ боқӣ мондаанд. Чунки дар ин ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ беш аз 150 ҳазор нафар ашхоси комилан бегуноҳ кушта шуда, инчунин садҳо ҳазор нафар шаҳрвандон муҳоҷири иҷборӣ гардида ва бар замми ин ба таври пурра фалаҷ шудани сохторҳои давлатӣ ва иқтисодии мамлакатро ба бор овард.

Хушбахтона, ба шарофати хомӯш гардидани ин ҷанги таҳмилӣ дар чунин шароити душвор як нафар абармарди диловар ва марди ғаюру нотарс, шахсияти нав ба саҳнаи сиёсӣ қадам гузошт, ки ин ҷавонмарди асил ва фарзанди фарзонаи миллат, Ҷаноби Олӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мебошанд. Чунки дар шароити нобасомониҳои сиёсиву иҷтимоӣ, бе ягон гуна таҷрибаи бузурги давлатӣ, вале бо имони қавӣ ба миллат ва иродаи матин, роҳбарии мамлакатро ин марди бузург бар дӯш гирифт ва аҳд кард: «Ман ба шумо сулҳ меорам!»

Ниҳоятан, ана ҳамин ваъда ба меҳвари сиёсати дохилӣ ва хориҷии Тоҷикистон табдил ёфт. Ҷараёни музокироти сулҳ, ки беш аз ду сол тӯл кашид, бо ибтикори шахсии Пешвои муаззами миллат ва ҳамкориҳои созанда бо як қатор созмонҳои бонуфузи байналмилалӣ, аз ҷумла СММ, Созмони Конфронси Исломӣ, Федератсияи Русия, Ҷумҳурии Исломии Эрон ва дигар ҷонибҳои дахлдор, дар ниҳоят ба натиҷа расид.

Дар натиҷаи саъю талошҳои зиёд ва гуфтушунидҳои бешумор рӯзи 27-уми июни соли 1997 - санаи имзои Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ, дар таърихи тоҷикон саҳифаи тозаеро гӯиё боз намуд. Ин санади таърихӣ на танҳо ҷанги таҳмилии шаҳрвандиро хотима бахшид, балки заминаи ҳамгироии миллиро низ пурра овард.

Маҳз бо эҳтимому кӯшишу талошҳои хастанопазири Пешвои муаззами миллат, Ҷаноби Олӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қувваҳои даргиру мухолиф сари мизи гуфтушунид нишаста, заминаи ризоияти миллӣ ва Ваҳдати миллиро гузоштанд.

Тавре мо хуб медонем имрӯз, бо гузашти 28 соли расо аз таърихи ба имзо расидани Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва Ваҳдати миллӣ, мо мардуми шарифи Ҷумҳурии Тоҷикистон, хусусан ҷавонони зодаю парвардаи даврони соҳибистиқлолии кишварамон шоҳиди он ҳастем, ки Тоҷикистон дар фазои оромиву субот ба рушди устувор ноил гардидааст.

Феълан дар тамоми гӯшаву канори мамлакат корҳои созандагиву бунёдкорӣ идома доранд. Аз ҷумла, бунёди нақбу шоҳроҳҳои стратегии байналмилалӣ, сохтмони неругоҳҳои барқи обӣ, муассисаҳои зиёди тиббӣ, таълимӣ ва фарҳангӣ, шаҳодати равшани татбиқи сиёсати сулҳпарварона ва ваҳдатофари Сардори давлат мебошанд. Аз ин рӯ, шукргузорӣ намудан ва расидан ба қадри ин гуна неъмати басо нодир вазифаи ҳар кадоми мо ба шумор меравад. Ба ифода шоира Шаҳрия:

Тоҷикистонам гулафшон аз баҳори Ваҳдат аст,

Дар нигоҳи офтоби ӯ шарори Ваҳдат аст!

Каримов О.Х., Ҳакимова З.Ҷ. ходимони илмии Институти математикаи ба номи А. Ҷӯраеви АМИТ.

Ваҳдати миллии Тоҷикистон 28 сола шуд. Чуноне, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон байён доштанд: “Ҷашни Ваҳдати миллӣ рамзи баҳаммоӣ, сарҷамъӣ, иттиҳоду ягонагӣ ва ваҳдати миллӣ буда, пирӯзии фарҳанги сулҳ ва ақлу заковати солими миллати солору хирадманд ва сулҳпарвари тоҷиконро бори дигар собит месозад”. 27 июн аз қабули санади сарнавиштсоз барои миллати тоҷик, Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризояти миллӣ, ки моро аз гирдоби фоҷеабори ҷанги шаҳрвандӣ ба соҳили наҷот, саодату хушбахтӣ ва пирӯзиву комёбиҳо расонд, 28 сол пур мешавад. 28 сол фурсати зиёд нест барои таърих, вале бо назардошти ин ҳама муваффақияту пешравиҳо, ки халқи Тоҷикистони азиз дар ин муддат комёб шуд, метавон гуфт, ки омил ва асоси тамоми пешравиву комёбиҳо аз ваҳдати миллӣ сарчашма мегирад.

Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон борҳо таъкид карданд, ки “Созишномаи истиқрори сулҳ ва ризояти миллӣ дар Тоҷикистон аз аҳамияти фавқулодаи худ бо Эъломияи истиқлоли Ҷумҳурии Тоҷикистон дар як радиф меистад”. Агар Эъломия ба Тоҷикистон ба таври расмӣ Истиқлол ва соҳибихтиёриро ато карда бошад, пас созишнома сулҳу суботро дар сарзамини мо таъмин сохт. Қадру мазалати Ваҳдати миллиро ҳар як фарди миллат бояд дарк намояд ва баҳри пойдории он ҳаммарӯза амал намояд.

Дар ин хусус Сарвари давлат дар Паёми худ ба Маҷлиси Олии мамлакат чунин қайд карда буданд: “Арзиши муқаддасу таърихӣ ва омили муҳимтарини ҳамаи дастовардҳои миллати мо баъди истиқлолияти давлатӣ бешубҳа ваҳдати миллӣ, сулҳу оромӣ ва суботи сиёсӣ мебошад. Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризояти миллӣ дар Тоҷикистон роҳи рушду такомули минбаъдаи кишварро равшан сохт. Нақши созандаи сулҳу ваҳдат махсусан дар самти таҳким ва такмили давлатдорӣ амалан заминаҳои зарурии ҳифзи истиқлолияти миллӣ, тамомияти арзии кишвар, ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрвандонро таъмин мекунад, возеҳ зоҳир шавад”.

Ваҳдати мо дар ҳақиқат дастоварди муқаддас ва беҳамто аст. Ва ҳамаи мо вазифадорем, ки чун гавҳараки чашм онро ҳифз намоем. Нагузорем, ки ҳар нохалафе сулҳу ваҳдати моро халал созад. “Ташаккули ғояи ваҳдату ягонагӣ яке аз вазифаҳои умдаи ҳар як миллати соҳибистиқлол мебошад, таъкид мекунад. Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон, зеро беандешаи устувори ваҳдати миллӣ ва дақиқ муайян кардани ҳадафу роҳи таърихии ҳар як халқ идомаи ҳаракати огоҳонаи он ба сӯи дастовардҳои шоистаи сиёсӣ ва иқтисодӣ, иҷтимоӣ мушкил ва ҳатто ғайриимкон аст. Зуҳури падидаи ваҳдати миллӣ аслан марбут ба ташаккули давлати миллист, зеро маҳз дар доираи давлати миллӣ зарурияти ба даст овардани эҳсоси уммияти ягонаи сиёсии мардум, ки дар як воҳиди маъмурӣ зиндагӣ доранд, боло меравад. Бинобар ин ваҳдат хусусияти миллиашро танҳо дар доираи ташаккули давлати миллӣ пайдо мекунад ва мавриди татбиқ қарор медиҳад.

Яъне нақши давлат дар таҳкими ваҳдати миллӣ меафзояд, зеро он ба таъмини рушди иқтисодӣ, суботи иҷтимоӣ ва пешрафти фарҳанги миллӣ манфиатдор аст. Аз ин рӯ ғояи сиёсиву мафкуравии мо ваҳдат, ягонагӣ, худшиносиву худогоҳии миллӣ, таҳкими давлатдорӣ ва ободии ватани азизамон мебошад. Яке аз суханони ибратомӯзи Пешвои миллат ин аст, ки “Ваҳдати миллӣ сутуне мебошад, ки давлат ва миллати моро пойдору устувор нигоҳ медорад. Вазифаи муқаддаси ҳамаи мо аз он иборат аст, ки ба заҳмати созандаи ин пояи давлатдории миллиамонро боз ҳам таҳким бахшем. Ҳар як шаҳрванди Тоҷикистон, ҳар фарди банангу номуси миллат бояд зарурати таърихӣ ва рисолати аслии худро дар он бинад, ки ваҳдат ва ризояти миллии мо пояндаву ҷовидон бошад, сарфи назар аз мавқеи иҷтимоӣ ва сиёсӣ зери ин сиёсат муттаҳид шуда, барои таҳкими ваҳдати миллӣ ва созандагиви ободкории Ватан, фаъолона ширкат намояд”.

Тоҷикему, якдилу ҷонем

Партави як субҳи тобонем

Шуълаи як моҳи шамъафрӯз

Нури як хуршеди тобонем

Ваҳдати мо, иқтидори мо

Ваҳдати мо ифтихори мо

Ҳамватан ҳастему хурсандем

Ҳамтои решшапайвандем

Бо тамоми мардуми дунё

Ҳамдаму ғамхору дилбандем

Ваҳдати мо - иқтидори мо,

Ваҳдати мо - ифтихори мо

Тоҷикистон, хоки аҷдодӣ

Марзу бахту кишвари шодӣ,

Аз парешонӣ ту эмин бош

Дар қабои сабзи озодӣ

Ваҳдати мо- иқтидори мо

Ваҳдаи мо- ифтихори мо

Қурбонов Ҳоким - ходими хурди илмии шуъбаи Шарқи Миёна ва Наздики

Институти омӯзиши масъалаҳои давлтаҳои Осиё ва Аврупои АМИТ

Дар ҳошияи иштироки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҳамоиши сарони давлатҳои “Осиёи Марказӣ- Чин” дар шаҳри Остона, Қазоқистон, 17 июни соли 2025

Санаи 16-уми июни соли 2025 Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат Президенти Ҷумҳурии тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои иштирок дар ҳамоиши сарони давлатҳои “Осиёи Марказӣ- Чин” ба шаҳри Остонаи Қазоқистон сафар намудан. Дар ин сафар Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро вазири корҳои хориҷӣ, Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба робитаҳои хориҷӣ, вазири рушди иқтисод ва савдо, нақлиёт, саноат ва технологияҳои нав, раиси Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва дигар шахсони расмӣ ҳамроҳӣ намуданд. Дар таърихи муносибатҳои дипломатӣ сафари мазкур як воқеаи таърихӣ ба шумор меравад, ки хусусияти сиёсӣ ва стратегиро ба худ касб намудааст.

Дар таърихи муносибатҳои байналмилалӣ Формати нави муносибатҳо “5+1” ба вуҷуд омад, ки хусусияти махсуси сиёсиву иқтисодиро пайдо намудааст. Аз ин рӯ, кишварҳои абарқудрат таваҷҷуҳи бештаре ба ин Формат намуда, ҳамкориҳои дуҷонибаву бисёрсамтаро дар соҳаҳои сиёсӣ, дипломатӣ, тиҷоратӣ, иқтисодӣ, энергетикӣ, саноатӣ ва тақйирёбии иқлим ба роҳ монда пайваста густариш медиҳанд. Солҳои охир кишварҳои абарқудрат ба минтақаи Осиёи Марказӣ таваҷҷуҳи махсус зоҳир намуда, ҳамкориҳои дуҷонибаву бисёрсамтаро дар соҳаҳои гунонгун дар доираи Формати “5+1” ба роҳ мондаанд. Метавон қайд кард, ки Ҷумҳурии Мардумии Чин, Япония, Кореяи Ҷанубӣ, Олмон, Ҳиндустон, ИМА, Россия ва Италия ҳамкориҳои дуҷонибаву бисёрсамтаи худро бо кишварҳои минтақаи Осиёи Марказӣ дар ҳамин формат роҳандозӣ кардаанд.

Мавриди зикр аст, ки дар робита ба стратегияи Чин, Си Ҷинпин аввалин сафари худро ба минтақа ба ҳайси раисиҷумҳури Чин соли 2013 анҷом дода, дар муддати 10 соли охир ҳафт маротиба аз кишварҳои минтақаи Осиёи Марказӣ дидан намудааст. Ҷумҳурии Мардумии Чин бо вуҷуди таъхир дар Формати “5+1”дар минтақа ҳузури дарозмуддат ва назарраси иқтисодӣ дорад.

Дар тиҷорат Ҷумҳурии Мардумии Чин мавқеи муҳими шарикӣ дошта, дуюм шарики муҳимтарини минтақа мебошад. Инчунин Ҷумҳурии мардумии Чин ба инфрасохтори моддӣ ва рақамӣ дар минтақа сармоягузорӣ мекунад. Мулоқоти минтақавӣ падидаи нав набуд, зеро кишварҳо давра ба давра дар доираи “Ташаббуси як камарбанд як роҳ” ва Созмони Ҳамкории Шанхай мулоқот менамуданд. Моҳи июли соли 2020 дар Ҷумҳурии Мардумии Чин нахустин нишасти вазирони корҳои хориқии панҷ кишвари Осиёи Марказӣ дар доираи Формати “5+1” баргузор гардид. Мулоқоти мазкур бо ибтикори Чин баргузор гардида, ба ҳамкориҳои муштарак дар ҳалли мушкилоте, ки дар натиҷаи пандемия ва рушди иқтисод дар минтақа ба миён омадааст, нигаронида шуда буд. Пекин бо дарназардошти системаҳои нигаҳдории тандурустӣ ва вазъияти пуршиддати иқтисодӣ фурсати муносиб барои афзоиши нуфузи худ дар минтақаи Осиёи Марказӣ медонист. Дар доираи мулоқоти роҳбари Чин иброз дошт, ки барои фароҳам овардани “долони сабз”, барои маҳсулоти худ ба Осиёи Марказӣ ва афзоиши хариди маҳсулоти кишоварзӣ аз минтақа омода мебошад.[1.c127]

Вохурии дувуми “5+1” Чин-Осиёи Марказӣ аз сани 16-18 июн дар шаҳри Остонаи Қазоқистон бо иштироки сарони давлатҳо баргузор гардид. Саммити мазкур ба рушди назарраси иқтисодӣ мусоидат намуда, дар ҷараёни Форуми ҳамкориҳои саноатӣ ва сармоягузорӣ миёни Чин ва Осиёи марказӣ 58 созишнома бо маблағи 25 миллиард доллари амрикоӣ ба имзо расониданд. Созишномаҳои мазкур соҳаҳои технологияҳои сабз, энергетика, кишоварзӣ, инфрасохторро дар бар мегирад. Аз соли 2023 гардиши молу маҳсулот миёни Чин ва Осиёи Марказӣ афзоиш ёфта, дар соли 2024 гардиши молу маҳсулот ба 94,82 миллиард доллари амрикоӣ расид ва танҳо миёни Қазоқистон гардиши молу маҳсулот ба 43,82 миллиард доллари амрикоро дар бар мегирифт, ки натиҷаи баланд мебошад.

Қазоқистон: Воридот 18,7 миллиард доллари амрикоӣ (30% ҳаҷми умумӣ), содирот 15 миллиард доллари амрикоӣ (16% ҳаҷми умумӣ) ташкил медиҳад.

Тоҷикистон: Воридот 3,68 миллиард доллари амрикоӣ (56% аз ҳаҷми умумӣ) ва содирот 250 миллион доллари амрикоӣ (16% аз ҳаҷми умумӣ) ташкил медиҳад.

Қирғизистон: Воридот 3,68 миллиард доллари амрикоӣ (29% аз ҳаҷми умумӣ) ва содирот 887 миллион доллари амрикоӣ (26% аз ҳаҷми умумӣ) ташкил медиҳад.

Узбекистон: Воридот 12,7 миллиард доллари амрикоӣ (32% аз ҳаҷми умумӣ) ва содирот 1,82 миллиард доллари амрикоӣ (6% аз ҳаҷми умумӣ) ташкил медиҳад.

Туркманистон: Воридот 957 миллион доллари амрикоӣ ( 20% аз ҳаҷми умумӣ) ва содирот 9,63 миллиард доллари амрикоӣ (62% аз ҳаҷми умумӣ) ташкил медиҳад.[2]

Қобили зикр аст, ки дар ҳошияи ҳамоиши дуввуми сарони кишварҳои Осиёи Марказӣ ва Чин санаи 17 - уми июни соли 2025 дар Остона Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо раиси ҷумҳурии Чин Си Ҷинпин мулоқот намуданд.

Сарони давлатҳо зимн мулоқот вазъи кунунӣ ва дурнамои рушди муносибатҳои Тоҷикистону Чинро барраси намуда, ба самтҳои асосии ҳамкориҳои дуҷониба таваҷҷуҳи махсус зоҳир намуданд. Раиси ҷумҳури Чин аз ташаббусҳои Тоҷикистон дар соҳаи муҳити зист, махсусан кӯшишҳо дар соҳаи дипломатияи об ва иқлим баҳои баланд доданд. Инчунин Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмонро бо баргузории нахустин Конфронси байналмилалии сатҳи баланд оид ба ҳифзи пиряхҳо, ки дар Душанбе баргузор гардид, табрик намуда, қайд намуданд, ки Чин дар оянда низ барои рушди устувори Тоҷикистон ва таҳкими истиқлолият пуштибонӣ хоҳад кард. Қобили зикр аст, ки Чин бештар ба густариши ҳамкориҳои иқтисодӣ таваҷҷуҳ зоҳир менамояд. Ҳамин тариқ, ҳаҷми мубодилаи тиҷоратии дуҷониба дар 4 моли соли 2025 беш аз 725 миллион доллари амрикоиро ташкил дода, дар соли 2024 ҳудуди 2 миллиард ва дар соли 2023 бошад, беш аз 1,4 миллиар доллари амрикоиро ташкил медиҳад.

Ҷонибҳо ба рушди пайвастаи кишоварзӣ бо истифода аз технологияҳои инноватсионӣ таваҷҷуҳ намуданд. Инчунин таъкид гардид, ки дар Тоҷикистон беш аз 700 ширкати чинӣ фаъолият менамоянд, ки бахшҳои гуногуни иқтисодӣ, энергетикӣ ва истихроҷи маъданро дар бар мегирад. Самтҳои афзалиятноки ҳамкориҳои дуҷониба миёни Тоҷикистон ва Чин таъсиси паркҳои технологӣ ба шумор меравад ва инчунин таъсиси маркази технологияҳои иттилоотии муштараки илмӣ-тадқиқотӣ ба нақша гирифта шудааст. Ҳамзамон ба соҳаҳои истеҳсоли мошинҳои электронӣ, панелҳои офтобӣ, маҳсулотҳои дорусозӣ ва химиявӣ диққати махсус доданд.[3]

Тибқи таҳлилҳои дар боло зикр гардида, Ҷумҳурии Мардумии Чин бо кишварҳои минтақаи Осиёи Марказӣ дар доираи Формати “5+1” ҳамкориҳои дуҷонибаву бисёрсамтаро дар соҳаҳои иқтисод, тиҷорат, энергетика, саноат, инфрасохтор, тағйирёбии иқлим ва ғайраҳо таваҷҷуҳи махсус зоҳир намудааст. Густариши ҳамкориҳои дуҷонибаву бисёрсамта дар соҳаҳои мазкур яке аз ҳадафҳои асосии Чин дар минтақа мебошад. Бояд қайд намуд, ки Чин тавассути рушди иқтисодӣ дар минтақа манфиатҳои геоиқтисодӣ ва геостратегии худро ба даст оварда, нуфузи худро дар минтақа нигоҳ медорад. Зеро солҳои охир дар минтақаи Осиёи Марказӣ Формати “5+1” бо шиддат нуфуз ёфта, дигар кишварҳои абарқудрат дар доираи формати мазкур ҳамкориҳои дуҷонибаву бисёрсамтаи худро ба роҳ монда, ҳадафҳои геополитикӣ, геоиқтисодӣ ва геостратегӣ дошта, пайваста ҳамкориҳои худро бо кишварҳои минтақа густариш медиҳанд.

Файзуллаева Нигора, ходими хурди илмии Шуъбаи шуъбаи ИДМ - и Институти омӯзиши масъалаҳои давлатҳои Осиё ва Аврупои АМИТ

Соҳиби Баҳруло, ходими хурди илмии Шуъбаи шуъбаи ИДМ - и Институти омӯзиши масъалаҳои давлатҳои Осиё ва Аврупои АМИТ

Адабиёт

Сюй Цзюн “Формат сотрудничество С5+1: основные участники, цели и механизмы взаимодействия”// Вестник Томского государственного университета. История. 2024.№89./ https: // cyberleninka. ru/ article / n/format-sotrudnichestva-c5-1-osnovnye-uchastniki-tseli-i-mehanizmy-vzaimodeystviya/viewer саҳ 127 Санаи муроҷиат 18.06.2025

“Отчет - Второй саммит Китай-Центральная Азия” https:// www. http://newscentralasia.net/.../otchet-vtoroy-sammit.../

В Астане состоялась встреча Эмомали Рахмона с Си Цзиньпином: подписаны новые документы https:// asiaplustj. info/ru /news /tajikistan / politics/20250617/v-astane-sostoyalas-vstrecha-emomali-rahmona-s-si-tszinpinom-kurs-na-strategicheskoe-partnyorstvo-i-novie-gorizonti? Ysclid = mc1f416imv543953360

“Созишномаи сулҳ барои сарзамини аҷдодии мо субботу оромии воқеиро таъмин кард, ваҳдати миллиро ба вуҷуд овард ва зиндагиеро фароҳам сохт, ки онро ҳар фарди покдилу некхоҳи мамлакат дер боз интизор буданд.”

Эмомалӣ Раҳмон

123123Ваҳдати миллӣ мафҳуми васеъ буда, дар истифодаи умум, пеш аз ҳама волотарин сайри такомули иҷтимоию сиёсӣ ва фарҳангию маънавии ҳар як халқу миллат буда, омӯзиши чунин арзишҳои муштараки миллӣ, худшиносиву худогоҳии миллиро ба вуҷуд оварда, нигоҳдорӣ ва арҷгузории онҳоро ба ояндагон талқин медиҳад. Ваҳдати миллӣ ҳамчун як навъи махсуси раванди муосир баррасӣ карда мешавад ва ҳувияти миллӣ арзишҳое мебошанд, ки дар заминаи ормонҳои миллӣ ба вуҷуд омада, аз ҳар фард матиниродагиву дурандешӣ, ватандӯстию посдорӣ, қадршиносӣ ва арҷгузории арзишҳои миллиро талаб менамояд.

Барои шакл гирифтани ваҳдати миллӣ, ноил шудан ба ҳадафҳо аз ҷониби субъектҳои сиёсии ҷомеа бо истифода аз ҳифзи унсурҳои фарҳанги миллӣ, якпорчагии Ватан, ҳифзи марзу буми он, умуман ҳамагуна муқаддасоти миллӣ масъул будани худро дарк меномояд. Ваҳдати миллии ифодакунандаи сарҷамъиву муттаҳидии фарду ҷомеа, гузаштан аз гуноҳи якдигар, аз як гиребон сар баровардан, ҳамдигарфаҳмиву поктинатӣ, саодатмандию сарфарозии миллат нисбати ояндаи халқи хеш мебошад, ки ҳар як миллату давлат худро хеле орому осуда ва хушбахту сарҷамъ хис мекунад, ки дар фазои сулҳу суботи истиқлолияти давлатӣ зиндагӣ меномояд.

Сулҳу ваҳдат ифтихори миллати соҳибдилам,

Васфи онҳоро намояд, решаи ҷону дилам.

Дар миёни қавмҳо пайвастагӣ моро аз он,

Даҳр бинмояд ситоиши мардуми барнодилам.

Дар таърихи бисёр халқҳои ин ё он кишвар дар оғози марҳилаи навини давлатдории хеш ба ихтилофоту дигаргуниҳо рӯ ба рӯ шуданд, ки баҳри устуворӣ ва пойдорсозии дастовардҳои миллиашон пайгирона талош варзидаву чоннисориҳои зиёд намуданд.

Ваҳдати миллӣ ва давраи гузариши он дар Ҷумҳурии Тоҷикистон на танҳо дар ҳаёти сиёсӣ, балки дар муносибатҳои иҷтимоию иқтисодӣ, ахлоқӣ ва фарҳангӣ низ тағйироти зиёде ба амал омадааст. Давраи гузариш бо рӯйдодҳои номусоид ва низоъҳо, вайроншавии иқтисодӣ, вайроншавии низоми сиёсӣ, зиддиятҳои гурӯҳӣ ба миён омаданду оташи ҷанги байни ҳамватанон аланга зад ва хатари аз байн рафтани давлати навини тоҷикон ва дар баробари ин боз хатари парокандашавии миллати тоҷик ба миён омад. Ташкилотҳо, ассотсиатсияҳо ва ҳаракатҳои сиёсӣ пайдо шуданд, ки ҳадафи онҳо иштирок дар раванди сиёсӣ буд.

Сиёсати давлатӣ дар давраи гузариш, ки бо ислоҳоти соҳаи ҷамъиятӣ ҳамроҳ буд, ваҳдати миллиро суръат бахшид.

Дар чунин вазъият, ҷумҳурӣ ба як сарвари бохираду хушбин ва иродатманду миллатдӯст Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон созишномаи ваҳдати миллӣ ташаккул ёфт, ки аз ҷониби ҷомеаи байналмилалӣ баҳои баланд гирифт. Дар таърихи 27-уми июни соли 1997 ваҳдати миллӣ дар ватани азизи мо - пас аз 8 давраи гуфушунид (дар солҳои 1994 то 1997) миёни ҳукумати ҷумҳурӣ ва мухолифин, дар шаҳри Маскав, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва роҳбари Иттиҳодияи нерӯҳои мухолифини тоҷик Сайид Абдуллои Нурӣ «Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ дар Тоҷикистон» ба имзо расид. Барои таъмини чунин ризоият чаҳорчӯбаи муассири ҳуқуқӣ ва консептуалӣ фароҳам оварда шуд.

Конситутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳимояи манфиатҳои ҳамаи шаҳрвандонро новобаста аз нажод, ҷинс ва эътиқод кафолат медиҳад. Касби маърифат ва баланд гардидани тафаккури афроди ҷомеа метавонад дар таҳкими пояҳои ваҳдату худшиносии миллӣ ва дарки ин арзишҳо ба бунёди тамоми сохтору ниҳодҳои давлатию асолатҳои миллӣ такони ҷиддӣ бахшад. Ваҳдати миллӣ ғояи арзишнокест, ки одамон зери мафҳуми он тамоми ормонҳои миллиро дар доираи урфу одат, анъанот, расму оин минтақавию миллӣ офарида, зери шиорҳои баробарию дӯстӣ, авфи гуноҳи якдигар ва зери фазои сулҳу субот ҳаёт ба сар бурданро ифода мекунад.

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ин маврид чунин таъкид намудаанд: “Бо шарофати роҳандозӣ гардидани раванди ваҳдати миллӣ ва сулҳу субот Ҳукумати мамлакат бо дастгирии мардуми шарифи кишвар бо бартараф намудани душвориву мушкилоти зиёди ҷомеа ва давлат, дар навбати аввал, барқарорсозии баъдиҷангӣ оғоз намуд. Бо гузашти вақт захмҳои ҷанг тадриҷан шифо ёфтанд, харобаҳои ҷанг обод гардиданд, аммо мардуми мо ҳанӯз сабақҳои талх ва даҳшату фоҷиаи ҷангро, ки дар натиҷаи он садҳо ҳазор куштаву миллионҳо нафари дигар овораву бехонумон шуданд, фаромӯш накардаанд ва бовар дорам, ки ҳаргиз фаромӯш намекунанд.”

Ваҳдат беҳтарин неъмат барои тамоми инсоният буда, он тамоми некию хубиҳои дунёро дар худ таҷассум намудааст. Зеро танҳо бо будани ваҳдат душворию монеаҳо паси сар мешаванд. Рӯзгори мардум рӯ ба беҳбудӣ мениҳад ва халқ орому осуда зиндагӣ менамояд.

Дар воқеъ Ваҳдати миллӣ шукуфоии Ватан аст, ки имрӯзҳо мардуми озоди кишвар меҳнати софдилонаи худро давом дода, ҳаёти хушбахтона гузаронида истодаанд. Аз ҷумла мо ҷавонони насли хушбахтарини ҷаҳонем, ки дар замони сулҳу осоиштагӣ зиндагӣ менамоем ва аз ин иқболи баланди худ меболем. Бигзор ба бахти мо сулҳ пойдор бошаду осмон ҳамеша софу беғубор бимонад.

Исломова Маҳина Шодимуродовна - ходимони илмии МД Маркази таҳқиқоти технологияи инноватсионии АМИТ

Санаи 6 июнb 2025 дар шаҳри Деҳлии Нав нишасти 4-уми вазирони корҳои хориҷии Муколамаи «Осиёи Марказӣ-Ҳиндустон» баргузор гардид, ки дар он Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин иштирок намуда, доир ба масъалаҳои рушди инфрасохтори нақлиётӣ, ҳамкории мутақобила дар таъмини амнияти озуқаворӣ ва энергетикӣ, соҳаҳои саёҳат, маориф, тандурустӣ, рақамикунонӣ, фарҳанг, саноат, омода кардани мутахассисон ва дигар масоил ибрози ақида карда, ҷиҳати самарнок истифода бурдани механизмҳои мавҷуда даъват ба амал овард. Дар ҷараёни он масоили муҳими рӯз, аз ҷумла тақвияти мубориза бо терроризм ва ифротгароӣ, вазъи амниятии минтақа, ҳамчунин густариши ҳамкорӣ дар бахшҳои киберамният, инфрасохтори рақамӣ ва маъданҳои стратегӣ муҳокима шуданд. Кишварҳои Осиёи Марказӣ ва Ҳиндустон раванди рушди ҳамкории бисёрҷонибаро дар самтҳои сиёсӣ, амниятӣ, иқтисодӣ, тиҷоратӣ, фарҳангӣ ва дигар масъалаҳо мавриди баррасӣ қарор дода, зимни ҷаласа ҳамчунин рушди ҳамкории иқтисодию тиҷоратӣ ва байнибонкӣ низ мавриди таваҷҷуҳи ҷонибҳо қарор гирифт. Имкониятҳои бандари Чобаҳор барои содагардонии дастрасӣ ба бозорҳои Ҳиндустон ва дигар кишварҳо, инчунин долони нақлиётии байналмилалии Шимолу Ҷануб, ки Ҳиндустонро бо кишварҳои Осиёи Марказӣ мепайвандад, муҳокима гардиданд. Ҳамин тариқ, ҷонибҳо аҳаммияти густариши сармоягузорӣ дар соҳаҳои кишоварзӣ, дорусозӣ, технологияи иттилоотӣ ва инфрасохторро таъкид намуда, табодули фарҳангӣ ва ташаббусҳои башардӯстона ҳамчун ҷузъи муҳими таҳкими робитаҳои мардумӣ арзёбӣ гардиданд.

Ёдовар бояд шуд, ки Муколамаи якуми Ҳиндустон ва Осиёи Марказӣ 12 ва 13 июни соли 2012 дар шаҳри Бишкек баргузор гардида, ба ҳалли масоили асосии муносибатҳои сиёсӣ, иқтисодӣ ва фарҳангии Ҳиндустон бо кишварҳои минтақаи Осиёи Марказӣ ибтидо гузошт. Зимнан, 17 ва 18 июн дар шаҳри Алмаато Муколамаи дуюми Ҳиндустон ва Осиёи Марказӣ баргузор гардид, ки дар он муҳаққиқони марказҳои асосии академию тадқиқодӣ, ҳамчунин сохторҳои давлатии Қазоқистон, Қирғизистон, Тоҷикистон, Ӯзбекистон ва Ҳиндустон ширкат доштанд. Дар даврони муколамаи сеюм Ҳиндустон ва кишварҳои Осиёи Марказӣ тайи солҳои охир дар амри рушди ҳамаи самтҳо ба муваффақиятҳои назаррас ноил шуданд. Кишвари Ҳиндустон қодир аст, аз нигоҳи илму дониш ва технологияҳо табодули таҷриба намояд, ки ин ба ҳамкории иқтисодӣ ва ҳамгироии кишварҳои минтақаи Осиёи Марказӣ, аз ҷумла Тоҷикистон ҳам, таъсири мусбат расонад.

Кишварҳои Осиё барои таҳкими ҳамбастагӣ ва ҳамкорӣ тавассути эътимоди бештари мутақобила, мусоидат ба ҷаҳонишавии иқтисодӣ тавассути ошкорбаёнӣ ва ҳамҷавориву ҳамгироӣ, ҷустуҷӯи шукуфоӣ ва рушд тавассути манфиати мутақобила ва ҳамкории муфид ва ҳифзи сулҳу субот тавассути ҳамзистии осоишта мебошад.

Тоҷикистони навин бо дарёфти истиқлолият равобиташро бо ҳамаи кишварҳо, аз ҷумла Осиёи Ҷанубу Шарқӣ бо шумули Ҳиндустону Чин оғоз кард. Ҳамин тариқ, бо эҷоди мактаби сулҳофарин ва ташаббусҳои созандааш онро тақвият бахшид. Барои рушд ва тавсияи сиёсӣ, иҷтимоӣ ва иқтисодии давлат доштани Истиқлолият ва таҳкими робитаҳои байни давлатҳо шарти асосӣ ба шумор меравад. Барои тақвият ва таҳким бахшидан ҳамаи онҳо талош менамоянд, то ки ба мақсади асосии худ ноил гарданд. Дар ин масир ҳар яке аз кишварҳо барномаҳои афзалиятноки худро ба таври ду ҷониба, сеҷониба ё муштарак анҷом дода, амалӣ месозанд. Дар ин мақола талош шудааст, то нигоҳе ба 75 соли муносибатҳои Чину Ҳиндустон дошта бошем, ки сарчашмаи он дар нахустин рӯзҳои моҳи апрел оғоз шуда, ин кишварҳо узви фаъоли СҲШ буда, муносибатҳои ҳасана бо Осиёи Марказӣ, аз ҷумла Тоҷикистон доранд. Мавриди зикр аст, ки муносибатҳои дипломатӣ байни Тоҷикистон ва Чин санаи 4 январи 1992 ва Тоҷикистону Ҳиндустон 28 августи соли 1992 барқарор шуданд.

Бояд қайд кард, ки “Форуми Боао барои Осиё” бо ташаббуси 25 кишвари Осиё ва Австралия соли 2006 таъсис ёфта дар он форумҳои сатҳи баланд аз ҷониби ҳукуматҳо, раҳбарон ва дигар ширкатҳо баргузор шуда, нукоти муҳимро оид ба проблемаҳои муҳимтарини минтақа ва умуман ҷаҳон мубодила мекунанд. Идораи марказии Форум дар музофоти Ҳайнан ва котиботи он дар шаҳри Пекини Чин ҷойгир аст. Форум бо номи "Давоси Осиё" маъруф аст, номи худро аз шаҳри Боао, воқеъ дар музофоти Ҳайнан дар ҷануби Чин гирифтааст.

Тибқи маълумоти Форуми Боао барои Осиё (BFA) иқтисоди Осиё дар соли ҷорӣ 4,5 дарсад рушд кардааст. Минтақа сарфи назар аз чолишҳо, аз қабили танишҳои геополитикӣ, фишорҳои таваррум ва мушкилот дарн занҷири таъминоти глобалӣ, ҳамчун як “муҳаррики асосии рушд” барои иқтисоди ҷаҳонӣ боқӣ мемонад. Саҳми кишварҳои Осиё дар иқтисоди ҷаҳонӣ дар соли 2025 то 36,4 дарсад бо қурби бозор афзоиш хоҳад ёфта аз 36,1 дарсад дар соли 2024 афзоиш ёфтааст. Афзоиши савдои мол тадриҷан барқарор шуда истода, савдои хизматрасонӣ бахусус дар соҳаи сайёҳӣ, нақлиёт ва хидматрасонии рақамӣ бо суръати устувор густариш меёбад.

Чин дар даврони Истиқлоли худ тавонист аз иқтисодиёти истеҳсолотӣ ба иқтисодиёти бо технологияҳои баланд, зеҳни сунъӣ ва маблағгузории рақамӣ таъминшуда гузашта, дастовардҳои хуберо дар ин муддати кӯтоҳ ба даст оварад[1].

Чин дар ин афзоиш нақши муҳим бозидааст, ки ҳам савдои мол ва ҳам хидматрасонии он ба сатҳи рекордӣ расидааст. Тиҷорати рақамӣ ва электронӣ ҳамчун муҳаррикҳои асосии рушд, бахусус дар Осиёи Ҷанубу Шарқӣ маҳсуб меёбанд. Дар гузориш таъкид шудааст, ки арзиши умумии тиҷорати электронии кишварҳои АСЕАН сол аз сол 15 дарсад афзоиш ёфта, инъикоскунандаи босуръати иқтисоди рақамӣ мебошад[2].

Мавриди зикр аст, ки дар Конфронси солонаи Боао барои Осиё 2008 санаи 10-13 апрели соли 2008 баргузор гардид, сарони ҳукуматҳои кишварҳо, аз ҷумла Австралия, Покистон, Норвегия ва Қазоқистон ширкат доштанд[3]. Тоҷикистонро дар ин Форум Изаттуло Ҳаёев, собиқ сарвазири кишвар намояндагӣ мекард[4].

1 апрел соли 1950 солгарди барқарории равобити дипломатӣ байни Чин ва Ҳиндустон буда, дар тӯли 75 соли охир равобити Чину Ҳинд, сарфи назар аз пастиву баландиҳо ба мисли ҷараёни дарёҳои Янтсзӣ ва Ганга пеш мерафт. Мавриди зикр аст, ки дар соли 1950 роҳбарони ҳар ду кишвар Мао Цзэ-дун ва сарвазир Ҷавоҳирлаъл Неҳру дар бораи баркарор намудани робитаҳои дипломатй қарори таърихӣ қабул карданд. Ҳамин тариқ, Ҳиндустон аввалин давлати ғайрисосалистӣ мебошад, ки бо Хитой муносибатхои дипломатӣ кард. Аз соли 2013 инҷониб раисиҷумҳур Си Ҷинпин ва сарвазир Нарендра Моди “дипломатияи ватанӣ” ва ду мулоқоти ғайрирасмӣ анҷом доданд, ки муносибатҳои дуҷонибаро ба давраи рушди босуръат пеш хоҳанд бурд. Ҳамин тавр, моҳи октябри соли 2024 дар Қазони Россия мулоқоти раҳбарони ду кишвари баргузор шуд, ки барои муносибатҳои Чину Ҳинд саҳифаи нав фароҳам овард.

Мавриди зикр аст, ки таҷлили 75-умин солгард миёни Ҳиндустону Чин ба рӯзи 1-уми апрел рост омада, заминаи хуб дар рушду тавсеаи ташаббусҳои нав дар бахшҳои мухталиф, аз ҷумла маориф, фарҳанг, сайёҳӣ, рушди деҳот ва тиҷорат миёни ду кишвари бузурги минтақаи Осиё ва ҷаҳон хоҳад буд. Сарфи назар аз фарозу нишебҳои фазои геополикии ҷаҳон, равобит байни мардумони Ҳиндустону Чин таърихи ҳазорсола дошта, тақвияти ин робитаҳо тавассути ҳамкориҳои амниятӣ, муколамаи раҳбарон, табодули фарҳангӣ, ҳамкориҳои тиҷоратӣ ва афзоиши сафарҳои дуҷониба таҳкиму тавсеа меёбад.

Кишварҳои ҷаҳон дигаргуниҳои амиқро аз сар гузаронида, ба самти ҷаҳони бисёрқутбӣ равона шудаанд. Таваҷҷуҳи бештар ба сӯи Осиё кӯчонида шудааст, ки Ҳиндустону Чин масъулияти назаррас доранд. Ҳар ду кишвар чун тамаддуни қадимӣ ва иқтидори иқтисодҳои калонтарин ва босуръат рушдёбанда, барои беҳбуди равобити дуҷониба, густариши ҳамкорӣ ва саҳм гузоштан ба тартиботи устувор ва осоиштаи ҷаҳон талош мекунанд. Бо ворид шудани Ҳиндустону ба СҲШ муносибатҳои ин кишварҳо хубтар гардида, ҳар ду мамлакат манфиати байни ҳамдигариро самимона эътироф мекунанд.

Дар ин зимн, Сарвазири Ҳиндустон Нарендра Моди ба муносибатҳои Чину Ҳиндустон назарҳои мусбатона дошта, болои панҷ нуктаи асосӣ бештар таъкид кардааст:

Дар тӯли чанд ҳазор сол Ҳиндустон ва Чин бидуни низоъ бо ҳам зиндагӣ карданду дар оянда онро идома хоҳанд дод.

Ихтилофҳо набояд заминаи ҷудоӣ биёранд, балки тавассути гуфтугӯ саривақт ҳалу фасл шаванд.

Муносибатҳои Ҳиндустон ва Чин ба пайванди оилавӣ мушобиҳат дошта, ҳарду миллат як қисми оилаи бузурги осиёӣ дорои ҳикмати муштараки тамаддунӣ мебошанд.

Костагиву шикасти равобит дар панҷ соли мавриди эътирофи ҳар ду кишвар буда, аммо изҳори умедворӣ ҳаст, ки эҷоду эҳёи равобит эътимод, рӯҳбаландӣ ва нерӯи худро дубора ба даст хоҳад овард.

Ҳарчанд рақобат байни Ҳиндустон ва Чин табиӣ бошад, ҳамон қадр он солим ва созанда буда, заминаи суботи иқтисодиву минтақавиро тақвият хоҳад дод, на муноқишаву даргириҳоро.

Ба нукоти мазкур кишвари Чин посухи мусбат дод, ки барои тақҳикиму тавсеаи равобит, дипломатияи дӯстона ва ҳамкорӣ тобиши нав меорад. Бояд қайд кард, ки ҳамкориву дастгирии кишварҳои ҳамсоя заминаи хуб барои рушди минтақавӣ буда, Чин дуввумин иқтидорои иқтисоди бузурги ҷаҳон ва Ҳинд дар талош расидан ба зинаи саввуминро дорад.

Ҳар ду кишвар манфиатхоҳи умумии сулҳ ва амният буда, мебояд барои пешгирии ташаннуҷ ва низоъҳое, ки метавонанд ба пешрафти иқтисодӣ ва иҷтимоӣ халал расонанд, ҳамкорӣ кунанд.

Минтақаи Осиё, дорои зарфиятҳои фаровон буда, ба чаҳорчӯбаи устувори амният ниёз дорад. Ҳиндустон ва Чин чун кишварҳои бузурги минтақавӣ муноқишаву нигарониҳо ва ноамниҳоро миёни кишварҳои осиёвӣ дастаҷамъона бо кишварҳои аъзои СҲШ муштаракона кор карда, дар таҳкими ташаббуси васеътари амнияти Осиё нақши пешбарро дошта бошанд.

Дар ин зимн, ташаббуси глобалии амниятии раисиҷумҳури Чин Си Ҷинпин як қадами оқилона ва қобили таҳсин мебошад, кишварҳои минтақа ба “Ташаббуси амнияти Осиё” бештару беҳтар ниёз дошта, Ҳиндустону Чин дар ҳамкорӣ бо дигар қудратҳои минтақавӣ метавонанд онро сарварӣ мекунанд, то амнияти Осиё таъмин гардида, аз мудохилаҳои беруна озоду орому обод маҳфуз бошад.

Ҷавонон ва мутахассисони ҳиндӣ аз пешрафтҳои технологии Чин дар соҳаи зеҳни сунъӣ, мошинҳои барқӣ ва робототехника ва дигар қувваҳои истеҳсолии босифат, аз ҷумла DeepSeek ва BYD мутаассир гашта, онро ҷонибдорӣ мекунанд. Ҳамин тариқ, Ҳиндустон дар соҳаҳои технологӣ ва хидматрасонӣ босуръат пеш рафта, тақвияти ҳамкориҳои технологӣ байни ду кишвари бузурги минтақавӣ дар Осиё метавонад ҳамоҳангӣ эҷод фароҳам оварда, ба рушди иқтисодиёти фарогири ҷаҳонӣ мусоидат кунад.

Барои боз ҳам хубтару беҳтар ба роҳмондани ҳамкориҳо тавсия мешавад, ки ҳар ду кишвар маҳдудиятҳои сафарро сабуктар намуда, рафту омад миёни мардуми якдигар бештар шавад.

Талаботи аз ҳама муҳим робитаҳои стратегӣ миёни ин кишварҳост, ки соли 2020 сарвазир Моди ва раисиҷумҳур Си Ҷинпин мулоқотҳо миёни ҳам доштанд. Ҳиндустону Чин бо гузашти шикоятҳо ва таваҷҷуҳ ба ҳамкориҳои дарозмуддат дар масъалаҳои дуҷонибаву минтақавӣ мисоли намунавие ба ҷаҳониён нишон диҳанд, ки чӣ гуна қудратҳои бузург метавонанд ба ҳамзистии осоишта, якҷо дар фазои шукуфоӣ ва эҷоди як равишу тартиботи нав ва беҳтари ҷаҳон кор гирифт. Зеро ҳарду кишварҳо дорои роҳбарияти қавиву сулҳхоҳу сулҳдӯст мебошанд, ки метавонанд қарорҳоро саривақт ҷасурона ва дурандешона ба манфиати минтақа ва ҷаҳон қабул кунанд.

Дар ин кор Ҳиндустонро чун узви фаъоли СҲШ метавонад сиёсати “Ягонаи Чин” ва муттаҳидсозии осоиштаи Тайванро дастгирӣ намояд ва Чин низ ҳамкориҳои минтақавиву ҳамсоягиашро бо ин кишвар бештару беҳтар бароҳ монад,то имкониятҳо ва потенсиялҳои минтақавии онҳо аз даст нараванд. Дар ҳоли ҳозир кишварҳои ҷаҳон таҳаввулоти рушди Осиёро пайваста мушоҳида мекунанд ва вақти он расидааст, ки абарқудратҳои минтақавиву ҷаҳонӣ, аз ҷумла Ҳиндустон ва Чин ҳамчун пештозони ҷаҳонӣ бо давлатҳои хурду калони рушдкунандаро бештару бешҳтар бар асоси баробарӣ, эҳтироми мутақобила, шукуфоии муштарак баҳри сулҳу суботи минтақа ва ҷаҳон ҳамкорӣ намуда, роҳнамоӣ кунанд.

Дар ниҳоят бояд таъкид намуд, ки Тоҷикистон ба идомаи ҳамкориҳои бисёрҷониба бо кишварҳои минтақа, Ҳиндустону Чин дар доираи СММ, СҲШ, МҲТБО ва дигар созмонҳои байналмилалӣ ва минтақавӣ пайваста тавсеа бахшида, равобиташро бо ҳамсоякишварҳо муҳим шуморида, бо мактаби сулҳофаринии худ дӯстиву ҳамҷавориву ҳамсоягӣ барои беҳбудии зиндагии мардумони якдигар ба роҳ мемонад.

Мирсаид Раҳмонов - ходими калони илмии Шуъбаи Осиёи Ҷанубу Шарқии Институти омӯзиши масъалаҳои Осиё ва Аврупои АМИТ

Адабиёт

1. Envoy eyes deepening partnership with China. https://www.chinadaily.com.cn/.../WS67f93e76a3104d9fd381e...

2. Boao Forum for Asia. Lavers, Georgina, "Global integration: Dubai to host Boao Forum for Asia"\\ https://en.wikipedia.org/wiki/Boao_Forum_for_Asia#cite_note-

3. Boao Forum for Asia to Kick Off in China. https://en.wikipedia.org/wiki/Boao_Forum_for_Asia#cite_note-

4. https://english.boaoforum.org/newsdetail.html...

Дар доираи Ҳамоиши “Осиёи Марказӣ ва Чин”, ки ба таърихи 17 июни соли 2025 дар шаҳри Остонаи Ҷумҳурии Қазоқистон баргузор гардид. Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Раиси Ҷумҳурии Мардумии Чин муҳтарам Си Ҷинпин барои таҳкими шарикии стратегӣ дар самти ҳамкориҳои дуҷониба, аз ҷумла дар соҳаи саноат, ҳамгироии минтақавӣ ва навоварӣ баррасӣ намуданд. Президенти кишвар таъкид карданд, ки сафари таърихии давлатии Ҷумҳурии Мардумии Чин ба Тоҷикистон уфуқҳои нави шарикии ҳамаҷонибаи стратегии ду кишварро боз кард[1]. Воқеан ҳам Тоҷикистон сатҳи имрӯзаи шарикии стратегии ҳамаҷонибаро бо ин кишвари ҳамсоя баланд намуда, татбиқи натиҷаҳои онро барои ҳарду ҷониб самарабахш медонад.

Дар ин самт яке аз бахшҳои рушди ҳамкориҳои стратегии кишварҳо соҳаи иқтисодӣ маҳсуб гардида, лоиҳаҳои он бо сармоягузории ҷониби чинӣ сурат мегирад. Дар доираи вохурии мазкур роҳбарони ҳарду давлатҳо зарурати таъсиси корхонаҳои муштарак дар соҳаи истеҳсоли электромобилҳо, панелҳои офтобӣ, саноати дорӯсозӣ, кимиё ва ғайра саривақтӣ баҳо доданд[1]. Зеро самтҳои мазкур ҳам барои рушди саноати Чин ва ҳам баҳри таҳкими иқтидори иқтисодии Тоҷикистон мувофиқ дониста мешавад. Таъсиси ширкати лизингии Тоҷикистону Чин ва оғози парвозҳои мустақими Душанбе- Пекин низ мавриди баррасӣ қарор гирифтанд. Қобил ба зикр аст, ки дар гардиши савдои хориҷии Тоҷикистон саҳми Чин дар ҳудуди 20%-ро ташкил дода, то имрӯз дар Тоҷикистон зиёда аз 700 ширкат дар соҳаҳои гуногуни иқтисодию иҷтимоӣ бо сармояи чинӣ амал мекунанд[1]. Бо назардошти рушди босуръати саноат, дар шароити муосир бунёди паркҳои муштараки технологии саноатӣ, инчунин “IT-марказҳо”-и илмию тадқиқотӣ амри муҳим дониста мешавад. Ҳамчунин дар рафти ин вохурӣ Созишнома миёни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Мардумии Чин дар бораи ҳамкорӣ дар соҳаи моликияти зеҳнӣ имзо шуда, нақшаи ҳамкориҳо дар соҳаи маориф, тандурустӣ ва мубодилаи фарҳангӣ таҳрезӣ шуданд. Пешниҳод гардид, ки дар соли 2025 Рӯзҳои фарҳангии Чин дар Тоҷикистон, ки барои пурзӯр шудани робитаҳои дипломатӣ ва фарҳангии байни халқҳо мусоидат мекунад, гузаронида шавад [1].

Раиси Ҷумҳурии Мардумии Чин Си Ҷинпин ба дипломатияи иқлими Тоҷикистон ва баргузории бомуваффақияти нахустин Конфронси байналмилалӣ оид ба ҳифзи пиряхҳо баҳои баланд дода, ҳарду ҷонибро барои ҳамкориҳо дар чаҳорчӯбаи Созмони Ҳамкории Шанхай ва формати “Осиёи Марказӣ ва Чин” даъват намуд. Дар натиҷаи мулоқоти судманди дуҷониба сатҳи олӣ санадҳои меъёрию ҳуқуқии стратегии зерин ба имзо расиданд:

- Созишнома миёни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Мардумии Чин дар бораи ҳамкорӣ дар соҳаи моликияти зеҳнӣ;

- Барномаи ҳамкории тиҷоратию иқтисодӣ миёни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Мардумии Чин барои давраи то соли 2030;

- Ёддошти тафоҳум миёни Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Мардумии Чин оид ба таъсиси механизми муколамаи стратегии сатҳи вазирони корҳои хориҷӣ;

- Ёддошти тафоҳум оид ба таҳкими ҳамкорӣ дар соҳаи зеҳни сунъӣ миёни Агентии инноватсия ва технологияҳои рақамии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Кумитаи давлатии рушду ислоҳоти Ҷумҳурии Мардумии Чин;

- Ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкорӣ миёни Нашрияи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон “Народная газета” ва Корпоратсияи расонаии Чин;

- Созишнома оид ба истиқрор намудани муносибатҳои бародаршаҳрӣ миёни вилояти Суғди Ҷумҳурии Тоҷикистон ва музофоти Шэнсии Ҷумҳурии Мардумии Чин[1].

Натиҷаи мулоқоти сатҳи олӣ нишон дод, ки Тоҷикистон худро на танҳо ҳамчун ҷониби фаъоли лоиҳаҳои инфрасохторӣ, балки ҳамчун шарики фаъол дар саноатсозӣ ва рушди инноватсионӣ муаррифӣ мекунад. Таваҷҷуҳи афзояндаи Чин ба истеҳсоли дорои арзиши иловашуда, ҳамкории рақамӣ ва дипломатияи экологӣ дар Осиёи Марказӣ гувоҳи як муносибати амиқ дар сатҳҳои гуногун мебошад. Аз ташаббуси “Як камарбанд ва як роҳ” ва сохтмони роҳҳои гуногуни нақлиётӣ шурӯъ карда, кишварҳои мо ба сӯи эҷоди роботҳо ва озмоишгоҳҳои илмӣ-таҳқиқотӣ гузашт, ки ин фоли хеле нек аст.

Тоҷикистон омода аст дар оянда на танҳо дар ин лоиҳаҳо иштирок кунад, балки бояд нақши худро низ ҳамчун шарики баробарҳуқуқ тақвият бахшад. Зеро, самтҳои зерин гуфтаҳои болоро асоснок менамояд:

-лоиҳаҳои саноатӣ бо сармояи Чин;

-коммуникасия ва инфраструктура;

-инноватсия ва технологияҳо;

-сармояи инсонӣ ва “қувваи нарм”;

-мушкилоти глобалӣ ва амнияти минтақавӣ;

-созишномаҳои стратегӣ.

Соҳиби Баҳруло - ходими илмии Шуъбаи Осиёи Ҷанубу Шарқии Институти омӯзиши масъалаҳои давлатҳои Осиё ва Аврупои Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон

Сарчашмаҳои истифодашуда:

Мулоқот бо Раиси Ҷумҳурии Мардумии Чин Си Ҷинпин.Манбаи электронӣ URL: https://www.amit.tj/.../rushdi-diplomatiyai-parlamentii... [Санаи вуруд:18.06.2025]

Дар ҳошияи расидан ба ҳадафҳои “Солҳои 2025-2030 - Солҳои рушди иқтисоди рақамӣ ва инноватсия”

Олмон, ки яке аз пешсафони саноатии Аврупо ба шумор меравад, дар истифодаи зеҳни сунъӣ (Artificial Intelligence, AI) дар истеҳсолот, автомобилсозӣ ва робототехника нақши муҳим дорад. Чаҳорчӯби ҳуқуқии Олмон ба таъмини бехатарӣ, шаффофият ва риояи стандартҳои ахлоқӣ нигаронида шуда, аз фалсафаи ғарбии Иммануил Кант, ки ба масъулияти ахлоқӣ таъкид мекунад, ва сиёсатҳои Иттиҳоди Аврупо манша мегирад.

Дар соли 2018 Олмон “Стратегияи зеҳни сунъӣ”-ро қабул кард, ки то соли 2025 сармоягузории назарраси молиро барои рушди ин соҳа пешбинӣ мекунад. Ин стратегия се самти асосиро дар бар мегирад:

-Инноватсия дар саноат: Истифодаи зеҳни сунъӣ дар истеҳсолот, автомобилсозӣ ва энергетика, бо лоиҳаҳое чун корхонаи донои Siemens дар Амберг, ки равандҳои истеҳсолиро оптимизатсия мекунад.

-Танзими ахлоқӣ: Таъмини риояи арзишҳои инсонмарказ, аз қабили шаффофият, адолат ва махфият, дар истифодаи зеҳни сунъӣ.

-Тайёр кардани кадрҳо: Омодасозии мутахассисон ва бозомӯзии коргарон барои мутобиқ шудан ба автоматикунонии зеҳни сунъӣ.

Ба андешаи мо ин стратегия ба Олмон имкон додааст, ки дар корхонаҳои миёна ва хурд (Mittelstand), ки асоси иқтисодиёти кишварро ташкил медиҳанд, зеҳни сунъиро бомуваффақият татбиқ кунад. Ин сиёсат ба пешрафт дар автомобилсозӣ (Mercedes-Benz), робототехника (KUKA) ва энергетика (RWE) мусоидат карда, Олмонро дар сафи пешқадамони Индустрия 4.0 қарор додааст.

Олмон зеҳни сунъиро дар доираи қонунгузории Иттиҳоди Аврупо ва санадҳои миллии худ танзим мекунад. Санадҳои асосии ҳуқуқӣ инҳоянд:

-Регламенти умумии ҳифзи маълумот (GDPR, 2018): Ин қонун, ки бо “Қонуни федералии ҳифзи маълумот” (BDSG) такмил шудааст, коркарди маълумоти шахсиро дар системаҳои зеҳни сунъӣ танзим мекунад. Масалан, ширкатҳое чун Bosch вазифадоранд ризоияти коргаронро барои истифодаи маълумот дар нигоҳдории пешгӯишаванда гиранд.

-Қонуни зеҳни сунъӣ (AI Act, 2021): Ин қонуни Иттиҳоди Аврупо системаҳои зеҳни сунъиро ба категорияҳои хавф тақсим мекунад. Системаҳои хавфи баланд, ба монанди роботҳои ҳамкори KUKA, бояд ба талаботи қатъии шаффофият ва санҷиши мустақил риоя кунанд.

-Қонуни бехатарии маҳсулот (ProdSG, 2021): Ин қонун бехатарии таҷҳизоти саноатиро, аз ҷумла роботҳои муҷаҳҳаз бо зеҳни сунъӣ, танзим мекунад ва ба стандартҳои ISO такя мекунад.

-Қонуни меҳнатӣ (ArbSchG, 1996): Ин қонун бехатарии коргаронро дар корхонаҳое, ки зеҳни сунъӣ истифода мебаранд, таъмин мекунад. Масалан, BMW хатарҳои автоматикунониро арзёбӣ мекунад.

-Қонуни моликияти зеҳнӣ (PatG, 1981): Ин қонун патентҳо ва алгоритмҳои зеҳни сунъиро ҳифз мекунад, ки барои ширкатҳое чун SAP муҳим аст.

Ба андешаи мо ин чаҳорчӯбаҳо ба мувозинати байни бехатарӣ, ахлоқ ва инноватсия нигаронида шуда, аз фалсафаи Канти Олмон, ки масъулияти ахлоқиро таъкид мекунад, манша мегирад.

Танзими зеҳни сунъӣ дар саноати Олмон бо мушкилоти ахлоқии зерин рӯбарӯ аст:

-Ғаразнокии алгоритмҳо: Алгоритмҳои зеҳни сунъӣ дар истеҳсолот, ба монанди ташхиси нуқсонҳо дар BMW, метавонанд ғаразнок бошанд, агар маълумоти омӯзишӣ нокомил бошад. AI Act ба коҳиши ғаразнокӣ тавассути санҷиши мустақил нигаронида шудааст, аммо амалисозии он мушкил аст.

-Махфияти коргарон: Истифодаи зеҳни сунъӣ дар назорати коргарон (масалан, дар Bosch) саволҳои марбут ба махфиятро ба миён овардааст. GDPR ва BDSG махфиятро ҳифз мекунанд, аммо риояи он барои ширкатҳо мушкил аст.

-Таъсири иҷтимоӣ: Автоматикунонии зеҳни сунъӣ метавонад ба талафоти ҷойҳои корӣ дар истеҳсолот оварда расонад, ки то 25% ҷойҳои корӣ дар Олмонро таҳдид мекунад. Ба андешаи мо, барномаҳои бозомӯзии коргарон ва сиёсатҳои иҷтимоӣ барои коҳиши ин таъсир заруранд.

-Масъулияти қарорҳо: Ношаффофии алгоритмҳо муайян кардани масъулияти хатоҳои зеҳни сунъиро, ба монанди нуқсонҳои истеҳсолот, мушкил мекунад. Фалсафаи Кант зарурати қоидаҳои равшанро таъкид мекунад.

Танзими зеҳни сунъӣ дар саноати Олмон аз равишҳои дигар кишварҳо фарқ мекунад:

-Иттиҳоди Аврупо: AI Act ва GDPR танзими умумиро муайян мекунанд, аммо Олмон ба истифодаи зеҳни сунъӣ дар Mittelstand ва амалисозии амалӣ, ба монанди ташаббусҳои Fraunhofer-Gesellschaft, афзалият медиҳад.

-Чин: Танзими Чин ба амнияти миллӣ ва назорати мундариҷа нигаронида шуда, аз фалсафаи Конфутсий манша мегирад, дар ҳоле ки Олмон ба бехатарӣ ва ахлоқ дар саноат тамаркуз мекунад.

-Ҷопон: Стратегияи роботии Ҷопон ба ҳамзистии инсон ва робот нигаронида шуда, аз Буддоизм манша мегирад, аммо Олмон ба оптимизатсияи равандҳои саноатӣ афзалият медиҳад.

-Кореяи Ҷанубӣ: Қонуни зеҳни сунъии Корея ба мувозинати инноватсия ва ахлоқ монанд аст, аммо ба манфиатҳои ҷомеа таваҷҷуҳ дорад.

Ба андешаи мо фарқияти Олмон дар истифодаи амалии зеҳни сунъӣ дар саноат ва таъкид ба ахлоқи инсонмарказӣ аст.

Дар соли 2025 Вазорати федералии иқтисод ва ҳифзи иқлим (BMWK) эълон кард, ки “Стратегияи зеҳни сунъӣ”-ро таҳти шиори “AI Made in Germany” такмил медиҳад. Ин барнома ба коҳиши бюрократия барои ширкатҳои хурду миёна, такмили меъёрҳои ахлоқӣ барои зеҳни сунъии тавлидшуда ва ҳамкории байналмилалӣ бо Иттиҳоди Аврупо, Британияи Кабир, Иёлоти Муттаҳидаи Амрико ва Кореяи Ҷанубӣ нигаронида шудааст. Ба андешаи мо, ин ташаббус метавонад мавқеи Олмонро ҳамчун пешвои зеҳни сунъии саноатӣ мустаҳкам кунад.

Бо назардошти таҷрибаи Олмон, Тоҷикистон метавонад чораҳои зеринро барои рушди зеҳни сунъӣ дар саноат андешад:

-Чаҳорчӯбаи ахлоқӣ: Танзими ахлоқии зеҳни сунъӣ, ки ба шаффофият, махфият ва бехатарии коргарон тамаркуз мекунад, бояд ҷорӣ гардад.

-Омодасозии кадрҳо: Барномаҳои таълимӣ барои омода кардани мутахассисони зеҳни сунъӣ ва бозомӯзии коргарони саноат бояд роҳандозӣ шаванд.

-Ҳамкории байналмилалӣ: Тоҷикистон метавонад бо Олмон ва Иттиҳоди Аврупо ҳамкорӣ кунад, то технологияҳо ва стандартҳои ахлоқиро қабул намояд.

Қонунгузории Олмон дар соҳаи саноат, ки бо GDPR, AI Act, ProdSG ва “Стратегияи зеҳни сунъӣ” муайян шудааст, ба мувозинати бехатарӣ, ахлоқ ва инноватсия нигаронида шудааст. Фалсафаи Канти Олмон ба ин равиш замина гузошта, онро аз Чин (бо таваҷҷуҳ ба амният) ва Ҷопон (бо таваҷҷуҳ ба ҳамзистии роботҳо) фарқ мекунад. Сарфи назар аз мушкилоти ғаразнокии алгоритмҳо, махфият ва таъсири иҷтимоӣ, “AI Made in Germany” метавонад Олмонро пешсафи зеҳни сунъии саноатӣ гардонад. Тоҷикистон метавонад аз ин таҷриба барои рушди саноати худ истифода кунад.

САНГИНЗОДА Дониёр Шомаҳмад,

муовини директор оид ба илм ва таълими Институти омӯзиши масъалаҳои давлатҳои Осиё ва Аврупои АМИТ, доктори илмҳои ҳуқуқшиносӣ, профессор

Ваҳдат ягона роҳи расидан ба орзуву омол ва нақнаву ниятҳои неки ҳар як давлату миллат ва ҳар қавму қабила ва ҳар оилаву ҳар нафар мебошад. Агар ҳар давлатеву миллатеву қавму қабилаву авлоду оилаву одамоне, ки дар дунё мебинем, ки ба мақсаду марому орзуву нияти хеш расидаанд ва устувору побарҷо ҳастанд, ин нишон аз он дорад, ки ваҳдат дар он ҷо побарҷост, чуноне мегӯем “Ваҳдати мо ин муваффақиятҳои мост”. Яъне муваффақ будан нишонаи сарҷамъиву ҳамфикриву ҳаммаромиву бо ҳам будан аст.

Дар дунё бисёр давлату миллатҳоро медонем, ки аз набудани ваҳдату сарҷамъиву ягонагӣ пароканда гаштаву таъриху тамаддун ва мероси ниёгони хешро аз даст додаанд.

Агар чунин давлатҳоро пеши назар орем ҳатман Сурия, Ироқ, Лубнон, Украина, Фаластин ва якчанд кишварҳои дигарро, ки аксари инҳо дар минтақаи Шарқи Миёна ва Наздик ҷойгиранд, пеши назар меоянд ва ин давлатҳо бо надоштани ваҳдату ягонагӣ, набудани як идеологияи миллии созанда, ҳамфикру ҳаммаром набуданашон пароканда гашта истодаанд.

Чунин парокандагиву ба нестиву нобудӣ гирифтор шуданҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон низ дар солҳои 90-уми асри гузашта мушоҳида мешуд. Миллати тоҷик, ки дар азал миллати тамаддунофар аст, бо ҳама бузургиву маънавиёту боигарии маънавии хеш наздик буд, ки туъмаи даҳони бозингарони манфиатҷӯй мегашт.

Аз соли 1992 то соли 1997 дар Тоҷикистон барои ба даст овардани Ваҳдати миллӣ муборизаҳову музокираҳову ҷоннисориҳову азхудгузаштанҳо ва кӯшишу талошҳо ба роҳ монда шуд, то ки Ваҳдати миллӣ ба даст ояд.

Дар давоми ин солҳо баъзе тоҷикони фурухташудаву аз худ бехабаргашта ба гурӯҳҳову ба ҳизбҳову ба майдоннишиниҳо тақсим шуда, зери манфиати баъзе кишварҳои хориҷӣ, ки ҳадафашон несту нобуд сохтани ин миллат буд ва ба ҷони он ҷорӣ намудани расму оин ва фарҳангу сиёсати худ дар ин сарзамин буд ва мехостанд номи тоҷик ва забони тоҷикӣ дар дунё гум гардад ва то ҷойе расид, ки Тоҷикистонро аз харитаи олам ҳазф карданд.

Аммо бо ба сари қудрат омадани фарзанди фарзонаи миллати тоҷик, абармарди олами сиёсат, сиёсатмадори оламшумул, ғамхори халқу миллат, нафаре, ки аз худ гузаштаву баҳри сарҷамъ намудани миллати тоҷик ҷони худро ҳазорон бор ба хатар гузошт, гурезагонро ба Ватан баргардонид ва як миллати пора-пора гаштаро сарҷамъ намуд ва дар як мудати кӯтоҳи таърих Тоҷикистонро дар олам ҳамчун миллати тамаддунофар ва мутамаддин муаррифӣ кард, миллатро аз гирдоби ҷангу ҷидолу нофаҳмиву душманиву кинаву даоват раҳоӣ бахшид Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҷаноби олӣ, муҳтарам Эмамалӣ Раҳмон – Ваҳдати миллӣ имрӯз дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳукмфармо гаштааст.

Бояд гуфт, ки барои ба даст овардани Ваҳдати миллӣ мардони ватандӯсти тоҷик бисёр хизматҳои шоистаро анҷом додаанд. Кор ба ҷое, расид, ки баъзе аз фурухташудагон мехостанд аз таъриху тамаддуну расму оину фарҳанги аҷдодӣ ва миллии тоҷикӣ гузашт кунанд ва Тоҷикистонро ба давлати исломӣ табдил диҳанд дар ҳоле, ки баъзе давлатҳои исломӣ дар зери фишори исломгароён тамаддуни худро аз даст дода истодаанд, вале барои ба даст овардани Ваҳдати миллӣ хиради азалии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон боло гирифт ва бо бархе давлатҳои дӯсту бародари тоҷик барои ба даст овардани Ваҳдати миллӣ чандин бор музокирот ба роҳ монда шуд, то суботи сиёсӣ, амну амонӣ ва сарҷамъиву ягонагӣ ва Ваҳдати миллӣ дар кишвар ташкил карда шавад.

Бо ҳама ин талошҳову кӯшишҳои зиёд, баъди чандин маротиба музокироту нишастҳо дар кишварҳои дӯсту бародар ниҳоятан 27 июни соли 1997 — пас аз 8 давра гуфушунид (дар солҳои 1994 то 1997) миёни ҳукумати ҷумҳурӣ ва мухолифин, дар шаҳри Маскав, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ва роҳбари Иттиҳодияи нерӯҳои мухолифини тоҷик Сайид Абдуллои Нурӣ «Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ дар Тоҷикистон»-ро имзо карданд, ки нақши Маскав дар ба роҳ мондани сулҳи тоҷикон ва роҷеъ ба барқарории суботи сиёсӣ дар кишвар хеле назаррас мебошад.

Бояд зикр намуд, ки дар давоми ин солҳои бесуботӣ, беамнӣ ва парокандагии миллати тоҷик, ки бо фармони баъзе хоҷагон ва иҷрои баъзе гуруҳҳои ҷинояткор дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷанги шаҳрвандӣ ба миён омад ва барои манфиату ҷоҳу ҷалол худбохтагони гуруҳҳои террористӣ ва ноогоҳони тоҷик бар зидди ҳамдигар бо “яроқи ҳадянамуда”-и душманони берунаи кишвар дар ҷумҳурӣ ҷанги сартосарӣ ба вуқӯъ пайваст. Дар солҳои ҷанги шаҳрвандӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон беш аз як саду панҷоҳ ҳазор кас кушта ва тахминан 1 миллион кас гуреза ва муҳоҷири иҷборӣ шуд. Хисороти иқтисодии ин ҷанг дар Ҷумҳурии Тоҷикистон беш аз 10 миллиард доллари амрикоӣ баровард шудааст. Имзои «Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ дар Тоҷикистон» кишварро аз нобудӣ ва мардумро аз парокандашавӣ нигоҳ дошт.

Ягона арзише, ки тавонист миллатро аз парокандагӣ наҷот бубахшад ва тоҷиконро сарҷамъ оварад ва дар дунё дубора номи тоҷикро машҳур гардонад, аввал ин хиради азалии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва дуюм ин ба роҳ мондани Ваҳдати миллӣ буд.

Бо сарбаланӣ имрӯз метавон гуфт, ки дар фазои Ваҳдати миллӣ Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки ҳамагӣ бисту ҳашт сол боз ваҳдату ягонагиро ба худ касб кардааст тибқи раддабандии кошиносони институтҳои сулҳ дар ҷаҳон яке аз кишварҳои боамнтарин дар дунё эътироф гардидааст ва умед аст, ки зери сиёсати хирадсолоронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва ҳамдигарфаҳмиву сарҷамъии миллати шарафманди тоҷик ҳазорсолаҳо сулҳу ваҳдати миллӣ пойбарҷо хоҳад монд.

Зиёев Субҳиддин Насриевич,

ходими пешбари илмии шуъбаи Аврупои Институти омӯзиши масъалаҳои давлатҳои Осиё ва Аврупои Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, номзади илмҳои филология,

Ҳанӯз моҳи марти соли 2021 зимни ҷаласае Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, иброз дошта буданд, ки обшавии босуръати пиряхҳо дар баробари зиёдшавии истеъмоли об, ки аз афзоиши аҳолӣ ва рушди иқтисодӣ вобастагӣ дорад, метавонад ба оқибатҳои манфӣ оварда расонад. Ҳамин аст, ки 14 декабр Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид зимни иҷлосияи 77-уми худ қатъномаи «Соли 2025 - Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо»-ро, ки аз ҷониби Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбарӣ шуда буд, бо иқдоми навбатии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо пуштибонии 153 кишвари узви СММ пазируфта шуд.

Барои соли 2025, ки аз ҷониби Созмони Милали Муттаҳид ҳамчун "Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо" эълон шудааст, мақсади асосӣ ҷалби таваҷҷуҳи ҷомеаи ҷаҳонӣ ба аҳаммияти пиряхҳо ва зарурати ҳифзи онҳо мебошад. Пиряхҳо яке аз сарчашмаҳои асосии оби тоза дар ҷаҳон мебошанд ва барои бисёр кишварҳо, бахусус кишварҳои кӯҳистон, манбаи ҳаёти ҳисоб мешаванд.

Албатта! Пиряхҳо воқеан як унсури муҳимми экосистема ва манбаи асосии оби тоза ҳастанд.

Пиряхҳо дар саросари ҷаҳон ҳамагӣ 10%-и сатҳи Заминро ишғол мекунанд, аммо онҳо дар худ тақрибан 70%-и захираи оби тозаи сайёраро нигоҳ медоранд. Пиряхҳо манбаи муҳимми об барои кишварҳои кӯҳӣ мебошанд. Масалан, дар Тоҷикистон, ки дар ҳудуди он зиёда аз 8000 пирях мавҷуд аст, обшавии пиряхҳо обро ба дарёҳо ва кӯлҳо равона мекунад, ки ин на танҳо барои бо об таъмин намудани мамлакатҳо, балки барои ҳифзи экосистемаҳо низ аҳаммияти калон дорад.

Пиряхҳо ва аҳаммияти онҳо

Пиряхҳо захираҳои азими оби ширинро дар худ нигоҳ медоранд ва обшавии онҳо ба таври мунтазам оби тоза барои дарёҳо ва кӯлҳо фароҳам меорад. Онҳо ба муҳити зист таъсири бузург доранд ва барои ҳаёти наботот ва ҳайвонот, инчунин фаъолияти кишоварзӣ ва таъмини об барои инсонҳо нақши муҳим мебозанд. Тоҷикистон бо сабаби ҷойгиршавии географиаш ҳамчун "қалби Осиёи Марказӣ" маълум аст. Зиёда аз 60%-и захираи оби минтақа аз пиряхҳои Тоҷикистон пайдо мешавад. Пиряхҳо на танҳо манбаи оби тоза, балки қисми муҳимми экосистемаҳои табиӣ низ мебошанд. Ба гуфтаи мутахассисон, пиряхҳои кишвар дар баробари тағйирёбии иқлим бо шиддати баланд осебпазир шудаанд. Масалан, пиряхи Федченко - яке аз калонтарин пиряхҳои Осиёи Марказӣ, ҳамасола нисбат ба оне, ки барқарор мешавад, зиёдтар об мешавад. Агар ин раванд идома ёбад, кишварҳои ҳамсоя ва худи Тоҷикистон дар оянда бо мушкилоти норасоии об дучор хоҳанд шуд.

Хатарҳои тағйирёбии иқлим ба пиряхҳо

Муҳити зисти пиряхҳо бо сабаби тағйирёбии иқлим ба хатари ҷиддӣ рӯбарӯ шудааст. Баландшавии ҳарорати миёнаи сайёра боиси обшавии тезтари пиряхҳо мегардад, ки ин раванд метавонад ба норасоии оби тоза дар минтақаҳои мухталифи ҷаҳон оварда расонад. Агар ин раванд идома ёбад, насли оянда бо мушкилиҳои бузурги экологӣ ва иқтисодӣ рӯ ба рӯ хоҳад шуд. Тезшавии обшавии пиряхҳо на танҳо ба норасоии об, балки ба тағйирёбии ҳаво, обхезӣ ва таҳдид ба амнияти экосистемаҳо оварда мерасонад. Обшавии пиряхҳо метавонад ҳолатҳои зеринро ба миён орад:

Обхезӣ ва селойӣ: Чун пиряхҳо об мешаванд, оби зиёдатӣ ба дарёҳо мерасад, ки метавонад боиси обхезии ногаҳонӣ шавад.

Хушксолӣ ва норасоии об: Обшавии фаврии пиряхҳо ба он оварда мерасонад, ки захираҳои обӣ бошиддат коҳиш меёбанд. Дар оянда, вақте ки пиряхҳо то андозае кам ё пурра об мешаванд, хавфи хушксолӣ ва норасоии об афзоиш хоҳад ёфт.

Таъсир ба кишоварзӣ ва саноат: Норасоии об ба таври ногузир ба соҳаҳои ҳаётан муҳим, аз ҷумла кишоварзӣ ва саноат таъсир мерасонад, ки ин ба амнияти озуқаворӣ ва иқтисодиёти кишварҳо таҳдид мекунад.

Чораҳо ва тадбирҳои ҳифзи пиряхҳо

Дар доираи "Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо", кишварҳои гуногун ва созмонҳои ҷаҳонӣ бояд дар самти ҳифзи пиряхҳо ва татбиқи барномаҳои таҳқиқотӣ ва экологӣ ҳамкорӣ кунанд. Ин чораҳо на танҳо бо мақсади ҳифзи пиряхҳо, балки барои коҳиш додани таъсири тағйирёбии иқлим ва нигоҳ доштани табиати атроф мебошанд. Чораҳои муҳимме, ки метавонанд дар ҳифзи пиряхҳо саҳм гузоранд, аз инҳо иборатанд:

Мониторинги пиряхҳо ва таҳқиқоти илмӣ: Пешбурди таҳқиқоти доимӣ барои фаҳмидани равандҳои обшавии пиряхҳо ва таъсири тағйирёбии иқлим ба онҳо. Кишварҳо бояд доимо ҳолати пиряхҳоро таҳти назорат гиранд. Мусаллаҳ бо маълумоти дақиқ дар бораи суръати обшавӣ ва сабабҳои он, олимон метавонанд тавсияҳои асоснок ва чораҳои таъҷилӣ пешниҳод кунанд.

Огоҳкунии ҷомеа ва таҳкими маърифати экологӣ: Пешбурди барномаҳои маърифатнокӣ барои баланд бардоштани огоҳии мардум дар бораи аҳаммияти пиряхҳо ва зарурати ҳифзи онҳо. Барои ноил шудан ба ҳифзи пиряхҳо, бояд ҷомеа бо ин масъалаҳо ошно бошад. Барномаҳои таҳсилоти экологӣ ва маърифатӣ метавонанд дар мактабҳо ва донишгоҳҳо бо роҳбарии экологҳо ва мутахассисони соҳа сурат гиранд.

Коҳиш додани партовҳои газҳои гулхонаӣ: Мубориза бо тағйирёбии иқлим яке аз муҳимтарин қадамҳоест барои ҳифзи пиряхҳо. Партовҳои газҳои гулхонаӣ сабаби асосии гармшавии глобалӣ мебошанд, ки боиси обшавии фаврии пиряхҳо мегардад. Кишварҳо бояд чораҳои лозимро барои кам кардани партовҳо андешанд, аз ҷумла гузариш ба манбаъҳои энергияи барқароршаванда ва истифодаи самараноки захираҳои табиӣ.

Рушди технологияҳои устувори истифодаи об: Ҷорӣ кардани технологияҳо ва тарзи истифодаи каммасрафи об, ки ба коҳиши фишор ба манбаъҳои обӣ кӯмак мекунад. Дар шароити камбуди об, истифодаи технологияҳои устувор ва каммасрафи об хеле муҳим аст. Инчунин, дар бахшҳои саноат ва кишоварзӣ ҷорӣ кардани техника ва технологияҳои пешрафта ба коҳиш додани харҷи об мусоидат мекунад.

Мусоидат ба ҳамкориҳои байналмилалӣ: Ҳамкорӣ байни кишварҳои дорои пиряхҳо барои мубодилаи маълумот ва таҷрибаҳо дар самти ҳифзи онҳо. Ҳифзи пиряхҳо як вазифаи глобалӣ аст ва ба ҳамкории кишварҳо ниёз дорад. Ба ин мақсад, кишварҳо метавонанд барои мубодилаи таҷриба ва дониш, инчунин таҳияи лоиҳаҳои ҳамкорӣ бо созмонҳои байналмилалӣ, аз қабили ЮНЕСКО ва Созмони Милали Муттаҳид, ҳамкорӣ намоянд.

Хулоса

Соли 2025 ҳамчун "Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо" барои муттаҳид кардани кишварҳо ва ташвиқи ҷомеаи ҷаҳонӣ дар ҳалли ин масъалаи ҳаётан муҳим имконияти нодир ба ҳисоб меравад. Пиряхҳо сарчашмаи на танҳо оби тоза, балки як қисми муҳимми экосистемаи сайёра мебошанд.

Ҳифзи пиряхҳо на танҳо масъулияти кишварҳои дорои пиряхҳо, балки вазифаи ҳар як шахс ва ҷомеаи ҷаҳонӣ аст. Бо талоши дастаҷамъона, мо метавонем ин манбаи нодири оби тозаро барои наслҳои оянда ҳифз намоем. "Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо" фурсатест, ки тавассути он метавонем диққати ҷаҳонро ба ин масъалаи ҳаётан муҳим ҷалб кунем ва тадбирҳои лозимаро амалӣ созем.

Ин амалҳо ва чораҳои ҳифз на танҳо дар сатҳи байналмилалӣ, балки дар сатҳи маҳаллӣ низ бояд татбиқ шаванд, зеро маҳз тавассути кӯшишҳои дастаҷамъона мо метавонем пиряхҳоро барои ояндаи зебо ва ободу осуда ҳифз намоем. Ҳифзи пиряхҳо кафолати ояндаи устувор ва бехатар барои наслҳои оянда мебошад.

Шерзод Абдулов - ходими калони илмии лабораторияи канданиҳои фоиданоки Институти геология, сохтмони ба заминҷунбӣ тобовар ва сейсмологияи АМИТ

Subscribe to Мақолаҳо