Skip to main content

Имрӯз, 1 апрел ба ифтихори ҷашни байналмилалии Наврӯз дар саҳни бинои Раёсати Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон аз ҷониби олимону кормандони муассисаҳои илмӣ-таҳқиқотии Академия хони «Наврӯзӣ» бо риояи суннату анъанаҳои миллӣ, иборат аз ҳафтсину ҳафтшин ороста шуд.

Зимни боздид роҳбарияти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон ва олимону кормандон аз хони наврӯзии муассисаҳои илмӣ-таҳқиқотӣ боздид намуда, бо тарзи оростани дастархонҳо, суннатҳои наврӯзӣ ва намунаҳои ҳунару фарҳанги миллӣ, ки аз ҷониби ҳар як муассиса муаррифӣ гардиданд, аз наздик шинос шуданд.

Таъкид гардид, ки Наврӯз ҳамчун ҷашни бостонӣ ва рамзи эҳёи табиат, сулҳу дӯстӣ ва ҳамбастагии мардумон мақоми вижа дошта, дар замони Истиқлоли давлатӣ таҳти сиёсати фарҳангпарваронаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон боз ҳам арҷу эҳтироми бештар пайдо намудааст.

Қайд гардид, ки оростани хони наврӯзӣ яке аз анъанаҳои қадимии мардуми тоҷик ба шумор рафта, он рамзи фаровонӣ, покизагӣ, некӣ ва оғози соли нави кишоварзӣ маҳсуб меёбад. Дар ин росто, кормандони муассисаҳои илмӣ-таҳқиқотии Академия бо эҳтиром ба мероси фарҳангии ниёгон ва суннатҳои миллии халқи тоҷик дастархонҳои наврӯзиро бо маҳорати хоса ва тарзи хоси миллӣ оро дода, таомҳои анъанавӣ, шириниҳо ва маҳсулоти гуногуни рамзиро пешкаш намуданд.

Чорабинӣ дар фазои гарму самимӣ ва руҳияи баланди идона баргузор гардида, бори дигар аз эҳтирому арҷгузории олимону кормандони муассисаҳои илмӣ-таҳқиқотӣ ба арзишҳои миллӣ, фарҳанги ғанӣ ва суннатҳои неки халқи тоҷик шаҳодат дод. Ин гуна ташаббусҳо дар баробари таҳкими худшиносии миллӣ, инчунин ба муаррифии суннатҳои қадимаи наврӯзӣ ва ҳифзу тарғиби фарҳанги миллӣ мусоидат менамоянд.