(Дар партави Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки дар таърихи 28 декабри соли 2024 ироа гардид)
Яке аз масъалаҳои муҳим дар Паёми Пешвои миллат, самти сиёсати хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад, ки Пешвои муаззами миллат ибрози ақида намуда, дар чорчӯбаи сиёсати “Дарҳои кушода” самтҳои минбаъдаи ҳадафмандона ва воқеъбинонаро дар ин замина таъкид доштанд ва оид ба густариши ҳамкории байналмилалии Тоҷикистон бо давлатҳо ва созмонҳои байналмилалӣ дар алоҳидагӣ баён намуданд.
Дар бораи сиёсати хориҷӣ сухан намуда, Пешвои миллат дар Паём аввалан оид ба вазъи ноором ва равандҳои пуртазоду мураккаб дар минтақаҳои гуногуни ҷаҳон, ки пайомадҳои буҳронии сиёсиву иқтисодӣ дорад, гуфта гузаштанд.
Чуноне, ки аз Паём бармеояд, самти афзалиятноки сиёсати хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳким ва густариши ҳамкориҳо бо шарикони стратегӣ, анъанавӣ ва боэътимод, тавсеаи ҳамкориҳо бо кишварҳои Осиёи Марказӣ дар асоси принсипи ҳусни ҳамҷаворӣ муайян гардидааст.
Таҳким бахшидани ҳамкориҳои байналмилалии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ниҳодҳою сохторҳои минтақавию байналмилалӣ аз қабили Созмони Милали Муттаҳид, Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил, Созмони ҳамкории Шанхай, Созмони Аҳдномаи амнияти дастҷамъӣ, Созмони амният ва ҳамкорӣ дар Аврупо, Созмони ҳамкории иқтисодӣ, Созмони ҳамкории исломӣ ва дигар созмонҳои молиявӣ ҷиҳати ҷалби сармояи хориҷӣ дар меҳвари сиёсати хориҷии кишварамон қарор гирифтааст.
Чуноне, ки дар Паём дарҷ гардидааст, Ҷумҳурии Тоҷикистон минбаъд низ дар ҳалли масъалаҳои мубрами муносибатҳои байналмилалӣ яке аз кишварҳои пешсаф боқӣ монда, саҳми босазои худро дар ҳалли онҳо дареғ намедорад.
Яке аз масъалаҳои хеле муҳимми имрӯзаи рӯзномаи байналмилалӣ ҳалли мусолиматомези низоъҳои байналмилалӣ мебошад, ки Пешвои миллат мавқеи Тоҷикистонро вобаста ба масъалаи мазкур чунин муайян намуданд: “Тоҷикистон дар робита ба равандҳои ҷорӣ дар Афғонистон ва Ховари Миёна, бахусус, Фаластин хеле нигарон аст. Мо таъсиси давлати мустақили Фаластинро дар асоси қатъномаҳои қабулкардаи Созмони Милали Муттаҳид ва марзҳои соли 1967 ягона роҳи имконпазири таъмини сулҳу суботи пойдор дар ин минтақа медонем. Кишвари мо аз ҷомеаи ҷаҳонӣ боз ҳам даъват ба амал меоварад, ки ҳамаи низоъҳо танҳо бо роҳи музокирот ва муколама ҳал карда шаванд”.
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Паём ба Маҷлиси Олӣ ҳамчунин иброз доштанд, ки «Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо ЮНЕСКО ба хотири гиромидошту арҷгузорӣ ба нобиғаҳои миллат, ҳифзи арзишҳои фарҳанги миллӣ ва муаррифии шоистаи онҳо дар арсаи байналмилалӣ талошҳои пайваста ба харҷ медиҳад. Моро зарур аст, ки ҳифзи арзишҳои таърихиву фарҳангии миллати худ ва муаррифии боз ҳам бештари онҳоро дар арсаи байналмилалӣ ҳадафмандона идома диҳем». Аз ин рӯ, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба вазоратҳои дахлдори ҷумҳурӣ супориш доданд, ки маводи заруриро вобаста ба таҷлили 2550 – солагии Эъломияи ҳуқуқи башари Куруши Кабир омода ва ба ЮНЕСКО пешниҳод намоянд.
Яке аз масъалаҳои муҳим ва ниҳоӣ дар Паёми навбатии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олӣ муаррифӣ ва эътирофнамоии Тоҷикистон дар арсаи байналмилалӣ ҳамчун кишвари ташаббускор дар ҳалли масъалаҳои марбут ба обу иқлим мебошад. Қабули якдилонаи ташаббуси навбатии байналмилалии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки аз ҷониби Маҷмааи Умумии Созмони Милали Муттаҳид дар бораи «Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо» эълон кардани соли 2025 ва 21-уми март ҳамчун «Рӯзи ҷаҳонии пиряхҳо» санаи 14-уми декабри соли 2023, боиси боз ҳам баланд шудани нуфузу эътибори кишварамон гардид.
Воқеан, қабули ин қатънома дар миқёси ҷаҳон иқдоми муҳим ва таърихӣ буда, тавассути он ҷомеаи ҷаҳонӣ имкон пайдо мекунад, ки барои ҳифзи бузургтарин манбаъҳои оби ошомиданӣ тадбирҳои муштараки зарурӣ андешад. Пешвои миллат дар ин замина чунин мулоҳизаронӣ намуданд: “Қобили ёдоварист, ки соли гузашта бо ташаббуси панҷуми Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул гардидани Қатъномаи Созмони Милали Муттаҳид дар бораи «Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо» эълон кардани соли 2025, инчунин, 21-уми март ҳамчун Рӯзи ҷаҳонии пиряхҳо ва таъсиси Хазинаи байналмилалии ҳифзи пиряхҳо барои ҷомеаи ҷаҳонӣ муҳим ва мояи ифтихори мардуми шарафманди Тоҷикистон аст.”
Шоистаи зикр аст, ки имрӯз Тоҷикистон бо 183 кишвари ҷаҳон муносибатҳои дипломатӣ барқарор намуда, 192 давлат истиқлоли Ҷумҳурии Тоҷикистонро расман эътироф намудааст. Тоҷикистон дар заминаи моддаи 11 Конститутсияи мамлакат ба созмонҳои минтақавӣ ва аксар созмонҳои байналмилалӣ аъзо буда, аз арзишҳо ва манфиатҳои миллӣ дифоъ менамояд, дар масоили ҷаҳонӣ назари худро матраҳ месозад ва пешниҳодоти мушаххасро дар бораи ҳалли ин масоил ба миён мегузорад. Гузашта аз ин, то имрӯз Тоҷикистон бо кишварҳои гуногуни олам беш аз 2100 ҳуҷҷати дуҷониба ба имзо расонидааст, ки масъалаҳои муносибату ҳамкории дуҷонибаро дар соҳаҳои сиёсӣ, иқтисодӣ, тиҷоратӣ, ҳарбӣ-техникӣ, амният, илм, фарҳанг, маориф, тандурустӣ, сайёҳӣ ва дигар самтҳо фаро мегиранд.
Неъматов И. – ходими илмии Институти таърих, бостоншиносӣ ва мардумшиносии ба номи А.Дониши Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, номзади илмҳои таърих, дотсент
28-уми декабри соли 2024 Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҷаласаи якҷояи Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Паёми навбатии худро дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон ироа намуданд.
Бо натиҷагирӣ аз 32 соли даврони соҳибистиқлолият дар оғози Паёмашон аз солҳои гузашта ёдовар шуда, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид доштанд, ки расидан ба сулҳу оромӣ, суботи сиёсӣ ва ваҳдати миллӣ ва бо ҳамин роҳ аз хатари нобудӣ наҷот додани давлату миллати тоҷикон ва аз парокандагӣ эмин нигоҳ доштани миллати тоҷик дастоварди бузургтарини таърихии мо дар замони соҳибистиқлолӣ мебошад, ки ба он маҳз ба шарофати дастгириву пуштибонии самимонаи мардуми шарифи Тоҷикистон муваффақ гардидем.
Паёми навбатии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон самтҳои асосии сиёсати дохилию хориҷии мамлакатро барои давраҳои оянда муайян намуда, дар ин замина оид ба пешбурди манфиатдори сиёсати хориҷӣ ва таъмини пешрафти соҳаҳои иқтисоду саноат, энергетика, роҳу нақлиёт, амнияту мудофиа, ҳифзи ҳуқуқу тартибот, тандурустӣ, фарҳанг, илму маориф, ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ вазифаҳои мушаххас ба миён гузошта шуданд.
Пушида нест, ки кишвари мо ҷузъи ҷомеаи ҷаҳонӣ буда, бо тамоми кишварҳо робитаҳои дӯстию ҳамкориро ба роҳ мондааст. Барои огоҳӣ ёфтан аз дастовардҳои илми ҷаҳонӣ донистани забони хориҷӣ хеле муҳим ва зарур мебошад. Чанде аҳли ҷомеа дар ин самт ба дастовардҳои хуб ноил гардидаанд, барои боз ҳам беҳтар намудани сатҳи забондонии шаҳрвандон ва ба ганҷинаи илму маърифати ҷаҳонӣ ворид шудан, Пешвои муаззами миллат пешниҳод намуданд, ки омӯзиши забонҳои хоричӣ аз зинаи таҳсилоти томактабӣ ба роҳ монда шавад. Бешак, пешниҳоди мазкур яке аз иқдомҳои хеле наҷиб, саривақтӣ ва муҳиме ба ҳисоб меравад, ки дари илму маърифат ва асрори тамаддуни башариро барои насли ҷавон боз менамояд.
Аз ин рӯ, дар партави дастуру нишондодҳои Пешвои муаззами миллат кору фаъолият намудани аҳли илму маориф гарави рушду пешрафти самараноки илму маориф ва заминаи зиндагии шоистаи шаҳрвандони кишвар маҳсуб меёбад! Пешвои муаззами миллат илму маорифро самти афзалиятноки сиёсати дохилии худ муаррифӣ намуда, барҳақ хулосагирӣ намуданд, ки «сифати давлат на ба шумораи аҳолӣ, балки ба сифати аҳолӣ вобаста мебошад».
Қобили зикр аст, ки баёни панди мазкури воқеъбинона ва хирадмандонаи Пешвои муаззами миллат бесабаб нест. Зеро: - суръати баланди рушди илму маориф, ки дар иддае аз кишварҳои ҷаҳон ба чашм мерасад, хеле мутаассиркунанда мебошад.
Хонандагони кишвар тавассути ихтироҳои худ як миллиард доллар фоида ба даст меоранд. Дар идома бо як сарфарозӣ мебояд зикр сохт, ки Муассисаи давлатии илмии “Маркази омӯзиши пиряхҳои Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон” ( МДИ МОП АМИТ) тамоми фаъолияти худро ҷиҳати иҷрои дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми Маҷлиси Олии Тоҷикистон овардашуда дар самти тағйирёбии иқлим ва ҳифзи пиряхҳо иҷрогардида, равона гардид. Бо мақсади омодагӣ дар кори Конфронси сатҳи баланди Созмони Милали Муттаҳид оид ба ҳифзи пиряхҳо, ки соли 2025 дар шаҳри Душанбе баргузор мегардад, дар давраи ҳисоботи маводҳои зерин омода карда шудааст:
Боиси ифтихори ҳар як тоҷику Тоҷикистонӣ, хушбахтона ташаббуси оқилонаву олимонаи Асосогузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои муаззами миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҷаноби Олӣ, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оид ба Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо эълон намудани соли 2025 аз ҷониби ҷомеаи ҷаҳонӣ пуштибонӣ ёфт. Имрӯз тақрибан 10% майдони саёраи Заминро пиряхҳо фаро гирифтаанд. Қариб 90% дар Антарктида, 10% боқимонда дар яхбандии Гренландия ва дигар мавзеъҳо ҷойгир аст.
Обшавии босуръати пиряхҳо дар Антарктида ва Гренландия ба ҷараёнҳои уқёнусҳо низ таъсир мерасонад, зеро миқдори зиёди оби хеле сарди обшавии пиряхҳо ба обҳои гармтари уқёнус ворид шуда, ҷараёни уқёнусҳоро суст мекунад. Дар ҳамин асос 3 марти соли 2021 Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои муаззами миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҷаноби Олӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар мулоқоти якуми Панели сатҳи баланд оид ба масъалаҳои об ва иқлим, ки дар сиғаи видеоконференсия баргузор гардид, иштирок ва оид ба масъалаҳои об ва иқлим суханронӣ намуда таъкид доштанд, ки «Мутаассифона, имрӯзҳо мо босуръат об шудани пиряхҳоро дар Арктика, Антарктида ва Гренландия мушоҳида менамоем. Ҳамчунин, тағйироти ҷиддӣ дар пиряхҳои воқеъ дар хушкӣ низ ба амал омада истодаанд».
Маркази омӯзиши пиряхҳои Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар тамоми даврони соҳибистиқлолӣ зери тавваҷҷуҳи давлату Ҳукумат қарор дорад, ки ин албатта аҳли кормандони илмии марказро рӯҳбаланд ва масъулияташонро бештар мегардонад.
Абдуллоева М. К. - корманди МОП АМИТ.
Бояд гуфт, ки дар заминаи паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон 28 декабри соли 2024 «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ» баён гардида буд, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамкориҳоро дар самти обу ҳифзи пиряхҳо, баррасии пайомадҳои тағйирёбии иқлим ва коҳиш додани хавфи офатҳои табиӣ дар доираи имкониятҳои мавҷуда идома дода, ҷиҳати тақвияти ҳамкориҳои байналмилалӣ дар қолаби «Раванди оби Душанбе» тадбирҳои зарурӣ андешида мешавад.
Ҳамзамон Ҳукумати мамлакат бо мақсади расидан ба истиқлоли энергетикӣ ва дар ин замина таъмин намудани рушди устувори иқтисоди миллӣ бо истифода аз ҳамаи имконияту сарчашмаҳои мавҷуда, хусусан, манбаъҳои рушди «энергияи сабз» мунтазам чораҷӯйӣ карда истодааст.
Тоҷикистон мисли аксари кишварҳо дар баробари таъсири тағйирёбии иқлим осебпазир аст. Ҳарорати миёна дар саросари кишвар боло меравад, шакли боришот тағйир меёбад ва пиряхҳо бо суръат об мешаванд. Ин дигаргуниҳо барои соҳаҳои иқтисодиёти мамлакат хавфноканд. Барномаҳои мутобиқшавӣ ба тағйирёбии иқлим барои дастгирии рушди иқтисодӣ сармоягузориҳои назарраси молиявиро талаб мекунанд.
Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қонун дар бораи ҳифзи пиряхҳо ва барномаи ислоҳоти иқтисодиёти кишварро дар асоси гузариш ба технологияҳои “сабз” таҳия ва қабул намудааст, ки дар санадҳои болозикр гуфта мешавад, барои таъмини пайроҳаи устувори рушду тараққиёт он метавонад бештар пеш равад ва барои бадаст овардани манфиатҳои назарраси иқтисодӣ барои кишвар аз ҷиҳати илми бунёдӣ гузаронидани мониторинги пиряхҳо ва мутобиқшавӣ ба тағйирёбии иқлим дар маҷмӯъ, коҳишдиҳии партовҳои гази гулхонаӣ дар сохторҳои иқтисодии барномаи иловагӣ ислоҳот зарур аст.
Аз ин рӯ, гузариши сабз ҳамчун калиди ҳифзи пиряхҳо ва самараноктарин роҳи ҳалли мушкилоти тағйирёбии иқлим ба «иқтисоди сабз» мебошад, ки истифодаи манбаъҳои барқароршавандаи энергия, яъне «энергияи сабз»-ро дар бар мегирад. Инчунин, татбиқи «иқтисоди сабз» дар саноатикунонии кишвар, ҷорӣ намудани принсипҳои «иқтисоди сабз» дар соҳаи кишоварзӣ, рушди «нақлиёти сабз» ва инфрасохтори ба он мутобиқ, амалисозии принсипҳои «иқтисоди сабз» дар соҳаи сохтмон ва меъморӣ, рушди сайёҳии экологӣ ва ғайра дар назар дошта шудааст.
Барномаи «Кишвари сабз» на танҳо шинондани дарахту буттаҳоро дар бар мегирад, балки ба таъсиси ҷойҳои нави корӣ, истифодаи оқилонаи захираҳои табиӣ, коҳиш додани партовҳои гази гулхонаӣ, беҳбуди муҳити зист, рушди деҳот, ҷалби сайёҳон ва умуман некуаҳволии шаҳрвандони Тоҷикистон мусоидат мекунад. Афзун кардани дарахтон ва сарсабзнамоӣ имкон медиҳад, ки заминҳо аз эрозия ва шусташавӣ нигоҳ дошта шаванд.
Даъвати Президенти Тоҷикистон барои ҳамкорӣ саривақтӣ аст.
Ҷалб намудани маблағгузории байналмилалӣ барои муваффақияти гузариши “сабз” ва таъмини амнияти захираҳои об, озуқаворӣ ва энергетикӣ, рушди иқтисоди дорои сатҳи пасти гази гулхонаӣ аҳаммияти калидӣ хоҳад дошт, ки он метавонад бо истифодаи стратегияҳои муассири мубориза бо тағйирёбии иқлим ба болоравии сатҳи содирот, таъсисдиҳии ҷойҳои корӣ ва ҳифзи қишри осебпазири аҳолӣ мусоидат намояд.
Кӯшишҳои миллии мутобиқсозӣ муҳиманд, аммо ҳамкории байналмилалӣ барои мубориза бо зидди тағйирёбии иқлим дар сатҳи минтақавӣ ва глобалӣ зарур аст. Механизмҳои дастгирии молиявӣ, ташаббусҳои экологӣ ва рушди инфрасохтор ҳамкорӣ калидӣ мебошад.
Дар ҳамоиши иқлими COP- 29 дар Боку тасмим гирифта шуд, ки маблағгузории солона барои мубориза бо бӯҳрони иқлим то 300 миллиард доллар афзоиш ёбад.Ин тасмим як қадами муҳим дар дастгирии кишварҳои рӯ ба тараққӣ буд, ки бо таъсири тағйирёбии иқлим дучор меоянд.
Барои Тоҷикистон, яке аз кишварҳои осебпазир ба тағйири иқлим, чунин тасмимҳо аҳаммияти хоса доранд. Сарфи назар аз он, ки 300 миллиард доллар то ҳол маблағи кофӣ нест, мо динамикаи мусбатро мебинем. Ин маблағҳо барои мутобиқшавӣ ба тағирёбии иқлим ва рушди инфрасохтор заруранд.
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни суханронӣ дар иҷлосияи умумии Конфронси 29-уми ҷонибҳои Конвенсияи қолабии Созмони Милали Муттаҳид оид ба тағйирёбии иқлим, ки рӯзи 12 ноябри соли 2024 дар шаҳри Боку баргузор шуда буд, иброз доштанд, ки мо ният дорем, ки то соли 2032 истеҳсоли энергияро дар кишвар пурра аз ҳисоби манбаъҳои таҷдидшаванда ба роҳ монда, то соли 2037 Тоҷикистонро ба кишвари “сабз” табдил диҳем.
Маҳмад Сафаров - “Маркази омӯзиши пиряхҳо”- и Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон
(Бардошт аз Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии кишвар”. 28 декабри соли 2024)
Дар мафҳуми “рушди иҷтимоӣ” чунин равандҳое дар назар гирифта мешаванд, ки шаклҳои табиӣ-таърихии зиндагии инсонро дар заминаи таъмини шароити мусоид барои мавҷудияташ, некуаҳволии арзандаи шахсӣ ва иҷтимоӣ, дараҷаи қонеъ гардонидани талаботи моддӣ ва маънавӣ инъикос менамояд.
Мусаллам аст, ки вазъи соҳаи иҷтимоӣ муҳимтарин унсури ҳаёти ҳар як давлат мебошад. Маҳз вазъи ин соҳа аз бурду бохти ҷомеа дар самти пешрафти иҷтимоӣ далолат мекунад. Ин ҳамон соҳаест, ки мафҳуми “инсон” ҳамчун субъекти амалкунандаи таърих ченаки худро пайдо мекунад. Пешрафти иҷтимоӣ дар ин равиш аз он вобастааст, ки аъзои ҷомеа то кадом андоза аз ҷиҳати иҷтимоӣ ҳимоя карда мешавад, чӣ гуна ў аз неъматҳои моддӣ ва маънавӣ, ҳуқуқу озодиҳои сиёсӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангӣ истифода мебарад. Маҳз ҳамин нуктаҳоро дар мадди назар гирифта, Президенти муаззами Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми навбатӣ бори дигар қайд карданд, ки “амалисозии ҳадафҳои миллиамон, пеш аз ҳама, амнияти миллӣ ва рушди устувори иқтисодиро таъмин намоем ва сатҳу сифати зиндагии мардумро боз ҳам баланд бардорем.
Зеро мардуми мо мисли халқҳои дигар мамолики мутамаддин ҳуқуқи маънавии зиндагии шоистаро доранд.
Ин аст ҳадафи олии сиёсати давлат ва Ҳукумати Тоҷикистон”.
Воқеан, сиёсати иҷтимоии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳимояи манфиатҳои ҳамаи шаҳрвандон, қишрҳо ва гурўҳҳои гуногуни аҳолӣ, хусусан ба фароҳам овардани заминаҳои институтсионалӣ ва иҷтимоию иқтисодӣ барои татбиқи стратегияҳои давлатӣ доир ба муҳайё сохтани шароит баҳри зиндагии шоиста нигаронида шудааст. Дар ҳамин асос дар марҳалаи кунунӣ ин сиёсат эҳтиёҷи асосии сокинони мамлакатро қонеъ гардонда, такмил меёбад. Чунончи, дар Паём қайд карда шуд: “Соли 2024-ум ҳаҷми маҷмуи маҳсулоти дохилии кишвар ба беш аз 150 миллиард сомонӣ ва суръати рушди воқеии он ба 8,4 фоиз расонида шуд.
Қобили зикр аст, ки дар панҷ соли охир суръати рушди иқтисоди миллӣ ба ҳисоби миёна 7,7 фоизро ташкил дод.
Ҷиҳати рушди иқтисодиву иҷтимоии кишвар ва амалисозии лоиҳаҳои афзалиятноки сармоягузории давлатӣ, инчунин, татбиқи нақшаву барномаҳои миллӣ, соҳавӣ ва маҳаллӣ дар панҷ соли охир аз ҳисоби буҷети давлат ва сармояи дохиливу хориҷӣ зиёда аз 197 миллиард сомонӣ равона карда шуд.
Ҳукумати мамлакат бо истифода аз ҳамаи захираву имкониятҳои мавҷуда ҷиҳати мунтазам беҳтар гардонидани шароити зиндагии мардум нақшаҳои бузурги созандагиро роҳандозӣ карда истодааст.
Корҳое, ки дар ин самт анҷом дода шуданд, ба таъмин гардидани нишондиҳандаҳои пешбинигардидаи рушди иҷтимоиву иқтисодӣ ва пешрафту ободии шаҳру деҳоти мамлакат мусоидат намуданд”.
Бояд зикр намоем, ки таҳияи дурусти системаи афзалиятҳо ва механизмҳои истифодаи самараноки захираҳои ба мақсадҳои иҷтимоӣ ҷудошуда ва ҳалли пайдарпайи масъалаҳои иҷтимоие, ки дар ҷараёни тағйирёбии бозор ба миён меоянд, дар маҷмуъ мазмуни асосӣ ва умедбахши сиёсати иҷтимоии Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошанд.
Ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ дар сиёсати давлати Тоҷикистон мақоми хос дошта, барои дастгирии соҳаҳои иҷтимоӣ ва баланд бардоштани сатҳу сифати зиндагии мардум маблағгузорӣ аз ҳисоби буҷети давлатӣ ҳамасола зиёд карда мешавад.
“Соли 2024-ум ҳаҷми умумии хароҷоти соҳаҳои иҷтимоӣ ба 19 миллиард сомонӣ расонида шуд, ки нисбат ба буҷети соли 2023-юм беш аз 2 миллиард сомонӣ зиёд буда, 43 фоизи хароҷоти буҷети давлатиро ташкил медиҳад.
Дар ин зимн, Ҳукумати мамлакат дар самти таъсис додани ҷойҳои нави корӣ, баланд бардоштани музди меҳнат, нафақа ва стипендияҳо, инчунин, зиёд намудани даромади пулии аҳолӣ мунтазам тадбирҳои заруриро амалӣ карда истодааст”.
Президенти муаззами мамлакат бо мақсади боз ҳам беҳтар намудани сатҳи некуаҳволии мардуми кишвар ва тақвият бахшидани ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ супориш доданд, ки аз 1-уми сентябри соли 2025:
“– маоши вазифавии кормандони муассисаҳои томактабӣ ва таҳсилоти миёнаи умумии соҳаи маориф 30 фоиз зиёд карда шавад;
– маоши вазифавии кормандони дигар муассисаҳои соҳаи маориф, соҳаҳои илм, фарҳанг, варзиш, тандурустӣ, муассисаҳои соҳаи ҳифзи иҷтимоӣ, мақомоти ҳокимият ва идоракунии давлатӣ ва дигар муассисаҳои буҷетӣ, инчунин, стипендияҳо 20 фоиз зиёд карда шавад;
– музди меҳнати амалкунандаи кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, хизматчиёни ҳарбӣ ва дигар кормандони ин мақомот 20 фоиз зиёд карда шавад;
– ҳадди ақалли музди меҳнат барои тамоми соҳаҳои иқтисодиву иҷтимоӣ ба андозаи 1000 сомонӣ дар як моҳ муқаррар карда шавад.
Дар баробари ин, аз 1-уми сентябри соли 2025 нафақаҳои суғуртавӣ, меҳнатӣ ва иҷтимоӣ, инчунин, иловапулӣ ба онҳо тибқи муқаррароти моддаи 51 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи нафақаҳои суғуртавӣ ва давлатӣ” ва андозаи нафақаи заминавӣ 10 фоиз зиёд, яъне индексатсия карда шавад”.
Агар мо дар назар дошта бошем, ки усули сиёсатгузории иҷтимоӣ ба андешаҳои раҳнамунсози ташкилӣ такя менамояд, пас зербинои онро таъмини некуаҳволии иҷтимоӣ, хизматрасонии иҷтимоӣ, тандурустӣ, маориф ва ғайра ташкил медиҳанд. Омилҳои иҷтимоии инкишоф дар марҳалаи кунунӣ нақши калидӣ доранд, зеро маҳз онҳо самаранокии неруи инсониро ифшо ва татбиқи пурраи онро, ки манбаи муҳимтарини навсозии иқтисодиёти муосир мебошад, таъмин мекунанд.
Аз ин рў, “дар се соли охир дар мамлакат беш аз 1500 иншооти соҳаи маориф, яъне муассисаҳои томактабӣ ва таҳсилоти миёнаи умумӣ, 660 иншооти соҳаи тандурустӣ, 480 иншооти варзиш, 175 иншооти фарҳангу фароғат ва ҳазорҳо иншооти дигари истеҳсоливу иҷтимоӣ бунёд ва ба истифода дода шуданд”.
Сарвари давлат супориш доданд, ки дар панҷ соли оянда “бо истифода аз ҳамаи сарчашмаҳои маблағгузорӣ ва бо дарназардошти ҳадафи гузошташуда барои фарогирии 50 фоизи кӯдакони синну соли томактабӣ бунёди 800 муассисаи таҳсилоти томактабӣ ва беш аз 1000 муассисаи таҳсилоти умумӣ” таъмин карда шавад.
Ҳамчунин қобил ба зикр аст, ки “дар соли 2025-ум барои соҳаи тандурустӣ аз ҳисоби буҷети давлатӣ 4,3 миллиард сомонӣ пешбинӣ гардидааст, ки нисбат ба соли 2024-ум 840 миллион сомонӣ зиёд мебошад”.
Дар Паёми Пешвои муаззами миллат қайд карда шудааст, ки бо мақсади беҳтар гардонидани сатҳи некуаҳволии аҳолии мамлакат “дар замони соҳибистиқлолӣ дар соҳаҳои мухталифи иқтисоди кишвар беш аз 4,1 миллион ҷойи корӣ таъсису барқарор карда шудааст.
Инчунин “...дар панҷ соли оянда дар ҳамаи соҳаҳои иқтисоди миллӣ таъсис додани беш аз 1 миллиону 400 ҳазор ҷойи кории нав” ба нақша гирифта мешавад.
Аз Паёми Президенти муаззами миллат бармеояд, ки Тоҷикистон дар марҳалаи имрўзаи инкишофаш воқеан ҳам дар самти ҳалли масъалаҳои марбут ба ҳаёти соҳаи иҷтимоӣ ба як қатор дастоварҳо ноил шудааст ва ин, дар навбати худ, зарурати минбаъд ҳам тақвият бахшидани асосҳои иҷтимоии онро пеш мегузорад. Дар чунин вазъ Ҳукумати ҷумҳурӣ фароҳам овардани шароит барои рушд ва татбиқи имкониятҳои шахс, кафолати ҳуқуқ ва манфиатҳои инсон, баланд бардоштани сифат ва сатҳи зиндагии аҳолӣ, самарабахшии идоракунии давлатӣ, таъмини сатҳи зарурии қобилияти истеҳсолии мамлакатро ҳамеша дар мадди назар дорад. Паёми навбатии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии кишвар” собит мегардонад, ки ҳалли ин масъалаҳо яке аз омилҳои муҳими таъмини суботи иҷтимоӣ дар мамлакат мебошад.
Назар Муъмин Абдуҷалол – доктори илмҳои фалсафа, дотсент, сарходими илмии шуъбаи фалсафаи иҷтимоии ИФСҲ АМИТ
Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҷаласаи якҷояи Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон 28 декабри 2024 ироа гардид ва ҳамчун санади муҳими расмӣ самтҳои асосии сиёсати дохилию хориҷии кишварро муайян кард. Ин паём на танҳо чун дастури барномавӣ, балки ҳамчун таҷассуми асосҳои ҳуқуқӣ ва стратегияи рушди ҷомеаи соҳибистиқлол, демократӣ ва ҳуқуқбунёд аҳамияти калидӣ дорад.
Дар асоси Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон (моддаҳои 55 ва 69), ин паём заминаи ҳуқуқӣ дошта, самтҳои асосии рушди иҷтимоӣ, иқтисодӣ, сиёсӣ ва фарҳангиро дар марҳилаи муайяни инкишоф ифода мекунад. Таҳлили дастовардҳо, ташхиси мушкилот ва пешниҳоди ҳадафҳои нави стратегӣ дар он бо асоснокии илмӣ баён шудаанд.
Дар оғози паёми соли ҷорӣ Пешвои миллат таъкид намуданд, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон дар марҳалаи нави рушди худ қарор дошта, тавассути татбиқи стратегияҳо ва барномаҳои миллӣ ба дастовардҳои назаррас ноил гардидааст. Дар ин замина, таъмини амнияти миллӣ, рушди устувори иқтисодӣ ва беҳбуди сатҳи зиндагии мардум ҳамчун ҳадафҳои асосии давлату ҳукумат муайян гардиданд.
Самтҳои афзалиятнок дар паём:
1. Рушди иҷтимоӣ ва иқтисодӣ
Пешвои миллат зикр намуданд, ки маоши кормандони соҳаҳои буҷетӣ дар панҷ соли охир ба таври назаррас афзоиш ёфтааст. Аз 1 сентябри соли 2025, музди меҳнат, нафаќа ва стипендияњои донишљўён тибқи супориши Президент ба андозаҳои муаяйншуда зиёд хоҳанд шуд. Ин тадбирҳо ҷиҳати ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ ва баланд бардоштани сатҳи некӯаҳволии мардум мусоидат менамоянд.
2. Тақвияти соҳаи маориф
Ҳукумати кишвар ба рушди маориф таваҷҷуҳи аввалиндараҷа дода, ҳашт барномаи давлатӣ ва ду стратегияи дарозмуддатро татбиқ мекунад. Аз ҷумла, Пешвои миллат ба ислоҳоти соҳа, рақамикунонии таълим ва тарбияи ватандӯстонаи насли наврас таъкид намуданд.
3. Иқтисоди рақамӣ ва инноватсия
Бо мақсади рушди инноватсия ва рақамикунонии иқтисодиёт, солҳои 2025–2030 ҳамчун "Солҳои рушди иқтисоди рақамӣ ва инноватсия" эълон гардид. Ҳамзамон, таъсиси Донишгоҳи инноватсия ва технологияҳои рақамӣ дар шаҳри Кӯлоб тасдиқ шуд.
4. Таъмини истиқлолияти энергетикӣ
Дар паём иброз гардид, ки то соли 2027 бо пурра ба истифода додани неругоҳи "Роғун" ва дигар неругоҳҳои дарёи Вахш норасоии неруи барқ дар кишвар бартараф гардида, Тоҷикистон ба истиқлолияти комили энергетикӣ мерасад.
5. Дастгирии соҳибкорӣ
Бо мақсади фароҳам овардани фазои мусоид барои соҳибкорӣ, то 1 январи соли 2027 ба ҳама гуна санҷишҳо (ба истиснои санҷишҳои мақомоти андоз) моратория эълон карда шуд. Ин иқдом барои рушди иқтисодӣ ва ҷалби сармоя муҳим арзёбӣ мегардад.
Хулоса, Паёми солонаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамчун ҳуҷҷати стратегӣ ва барномавӣ тамоми паҳлуҳои ҳаёти ҷомеаро фаро гирифта, барои таҳкими рушди устувор ва амнияти миллӣ заминаҳои мусоид фароҳам меорад. Дастуру супоришҳои Пешвои миллат, ки дар паём баён мешаванд, барои расидан ба ҳадафҳои стратегии мамлакат ва таъмини зиндагии шоистаи мардум роҳнамоии амалӣ мебошанд.
Шералиев Б. Р. – докторанти PhD-и Шуъбаи таърихи фалсафаи ИФСҲ АМИТ
(Дар ҳошияи Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии кишвар аз 28.12.2024)
Зимни ироаи Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии кишвартаваҷҷуҳи махсус ба занон зоҳир карда шуд, ки аз муҳимияти ин қишри ҷомеа дар пешбурди сиёсати сулҳҷуёнаидавлату Ҳукумат хабар медиҳад.
Маврид ба зикри хос аст, ки баробари соӽибистиқлол гардидани Ҷумӽурии Тоҷикистон, дар радифи дигар муаммоӽои иқтисодӣ-иҷтимоии мавҷуда, масъалаи баланд бардоштани ӽуқуқӽои зан дар ҷомеъа, беӽтар гардонидани шароити корӣ ва дар ниӽоят беӽдошти сатӽи зиндагии онӽо дар маркази таваҷҷуҳи Ҳукуматимамлакат қароргирифтааст. Чунончи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қайд намуданд. «...мақому манзалати занону бонувон ва нақши онҳо дар эъмори давлати муосир ва рушди ҷомеа маҳз дар замони соҳибистиқлолӣ воқеан боло рафтааст».
Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон новобаста аз вазъияти сиёсӣ, иқтисодӣ ва бо назардошти хусусиятҳои фарҳангиву суннатӣ, масъалаи шакли муайяни сиёсати беӽтар гардонидани вазъи иҷтимоии занонро ба миён гузошта, ҳамасола аз натиҷаи фаъолияти пурсамари ин қишри ҷомеа дар Паёми солона ёдоварӣ мекунанд. Дар Паёми навбатӣ ёдовар шуданд, ки «...25 фоизи хизматчиёни давлатӣ, 73 фоизи кормандони соҳаи маориф, 71 фоизи кормандони соҳаи тиб, 47 фоизи кормандони соҳаи фарҳанг, 37 фоизи олимон ва 30 фоизи соҳибкоронро бонувону занон ташкил медиҳанд».
Маълумоти болозикр аз он шаҳодат медиҳанд, ки баробари таваллуди фарзандон ва тарбияи онҳо занон дар пешрафти соҳаҳои мухталифи ҷамъиятӣ фаъолона шуғл меварзанд ва ҳиссаи шуғли онҳо сол то сол зиёд шуда истодааст.
Бо назардошти фаъолнокии занон ҷиҳати иштирок дар корҳои созандагию ободкорӣ ва пешрафти соҳаҳои ҷамъиятӣ ҳамасола аз ҷониби муассисаҳои молиявӣ қарзҳои имтиёзнок пешниҳод мегарданд ва тасмими мазкур боис гардид, ки шумораи занони ба фаъолияти соҳибкорӣ машғулшаванда то 110 ҳазор нафар расонида шавад.
Яке аз масъалаҳои муҳими замони муосир ин таъмини баробарҳуқуқӣ, рушд ва низоми сиёсати давлатӣ дар бораи занон ва нақши онҳо дар ҷомеа ба ҳисоб меравад. Дар робита ба ин Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тадбирҳои зиёдеро тарҳрезӣ ва амалӣ менамояд, ки барои вусъат бахшидан ба ин низом, ки баъд аз соҳибистиқлоли ба ин масъала диққати ҷиддӣ дода шудааст, муҳиммиятро касб намуд.
Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун ҷузъи ҷомеаи ҷаҳонӣ сиёсати демократикунонии тамоми паҳлуҳои ҳаёти ҷомеаро устуворона идома дода, дар ин радиф , таъмини баробарҳуқуқӣ, рушд ва низоми сиёсати давлатӣ дар бораи занон ва нақши он дар ҷомеа, масоили муҳим ба ҳисоб меравад.
Талаботҳои ҳаёти имрӯза ҳар як занро водор месозад, ки ҳамқадами замон бошад, зеро аз зан, ки бунёдгузори оилаи солим аст, худогоҳию маърифатнокӣ ва саводомӯзии бештар тақозо мегардад. Маълумотнокӣ яке аз ҳуқуқҳои асосии занону духтарон ба шумор рафта, дар ҷомеаи имрӯза нақши муҳимро мебозад.
Рушди ҳамаҷонибаи иқтисодию иҷтимоӣ ва фарҳангии Ватанамон, муҳимтар аз ҳама ба камол расонидани насли дорои дониши мукаммал аз дастовардҳои илму технологияи муосир бохабар, худогоҳу худшинос ва бархурдор аз арзишҳои милливу умумибашарӣ аз сатҳи маърифати занону модарон вобаста аст.
Нисбат ба ғамхориҳои пайвастаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба бонувону занон кушиш мекунем, ки дар амалисозии талаботу муқаррароти қонунҳои миллӣ, пешгирӣ кардани бегонапарастӣ, аз ҷумла сару либос ва ойинҳои барои мардуми мо бегона, ба камол расонидани наслҳои солим, таҳкими сулҳу субот дар ҷомеа, пешрафти давлат ва ободии Ватан, ки вазифадор шудаем, минбаъд низ саҳмгузор бошем.
Раҳимзода Ш.И. - мудири шуъбаи Фонди Президентии таҳқиқоти бунёдӣ
(Дар ҳошияи Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмондар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии кишвар аз 28.12.2024.)
Паёми навбатӣ, ки аз ҷониби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмондар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии кишварироа карда шуд, аз ҷониби аҳолии мамлакат бо самимияти хосса қабул карда шуд, зеро ҳадафи ниҳоии он таъмини амнияти миллӣ, рушди устувори иқтисодии мамлакат ва беҳдошти сатҳи зиндагии аҳолӣ ба шумор мерафт.
Афзоиши босуръати маҷмуи маҳсулоти дохилӣ, рушди иқтисодиёти кишвар, афзоиши музди меҳнат, коҳиш додани суръати бекорӣ ва ташкили ҷойҳои нави корӣ, таъминоти иҷтимоии аҳолӣ, беҳтар кардани хизматрасониҳои тиббӣ, маориф ва илм, фарҳанг ҳамчуннишондиҳандаҳои муҳим дар арзёбии сатҳи зиндагии аҳолӣ ба шумор мераванд, ки дар Паём баррасӣ гардиданд.
Маҷмуи маҳсулоти дохилӣ ифодакунандаи даромади миллии давлат буда, самаранокии фаъолияти субъектҳои хоҷагидорӣ ва самти рушди иқтисодиёти мамлакатро ифода мекунад. Бузургии нишондиҳандаи мазкур дар соли2024-ум 150 миллиард сомонӣ ва суръати рушди воқеии он ба8,4 фоиз расонида шуд, ки гуфтаҳои болоро тасдиқ мекунад. Бояд қайд намуд, ки суръати рушди воқеии маҷмуи маҳсулоти дохилӣ дар соли 2020-ум 4,5 фоизро ташкил мекард. Танҳо давоми солҳои2020-2024 ҳаҷми маҷмуи маҳсулоти дохилӣ 67,5 миллиард сомонӣ ё 1,8 маротиба зиёд шудааст, ки таъсири худро ба беҳдошти сатҳи зиндагииаҳолӣ мерасонад.
Маврид ба зикри хос аст, ки тадбирҳои иҷтимоӣ-иқтисодии Ҳукумати мамлакат бо назардошти афзоиши аҳолӣ ва талабот дар бозори меҳнат ба нақша гирифта шуда, амалӣ карда мешаванд. Ҳисоби миёнаи афзоиши аҳолии мамлакат дар се соли охир 1,9 фоиз ё 190,5 ҳазор нафарро ташкил намудаст. Бо назардошти афзоиши аҳолӣ се соли охир дар мамлакат беш аз 1500 муассисаҳои томактабӣ ва таҳсилоти миёнаи умумӣ, 660 иншооти соҳаи тандурустӣ, 480 иншооти варзишӣ, 175 иншооти фарҳангу фароғатӣ ва ҳазорҳо иншооти дигари истеҳсоливу иҷтимоӣ бунёд ва ба истифода дода шуданд, ки зимни ироаи Паём Пешвои миллат ёдовар гардиданд.
Нишондиҳандаи дигаре, ки аз беҳдошти сатҳи зиндагии аҳолӣ шаҳодат медиҳад ин даромади пулии аҳолӣ маҳсуб меёбад ва бузургии он дар соли 2024 ба 147 миллиард сомонӣ баробар гардидааст. Бузургии нишондиҳандаи мазкур давоми 5 соли охир 3 баробар зиёд ва ҳисоби миёнаи афзоиши он наздики 19,8 миллиард сомониро ташкил намудааст, ки дар беҳдошти сатҳи зиндагӣ бетаъсир намемонад. Афзоиши нишондиҳандаи мазкур имкон фароҳам меорад, ки хоҷагиҳои хонавода талаботҳои моддӣ ва маънавии худро қонеъ гардонда, барои истифодаи нишондиҳандаҳои сабади истеъмолӣ дастрасӣ пайдо намоянд.
Боиси хушнудист, ки бо ибтикори Пешвои миллат ҳамасоламаоши кормандон, андозаи нафақа ва стипендия зиёд карда мешавад, ки сарчашмаҳои мазкур бевосита дар беҳдошти сатҳи зиндагии аҳолӣ таъсир мерасонад. Танҳо дар панҷ соли охир 100 фоиз зиёд шудани маоши вазифавии кормандони соҳаҳои буҷетӣ ва аз 1-уми сентябри соли 2025 ба андозаи 30 фоиз зиёд шудани маоши вазифавии кормандони муассисаҳои томактабӣ ва таҳсилоти миёнаи умумии соҳаи маориф, ба андозаи 20 фоиз зиёд гардидани маоши вазифавии кормандони дигар муассисаҳои соҳаи маориф, соҳаҳои илм, фарҳанг, варзиш, тандурустӣ, муассисаҳои соҳаи ҳифзи иҷтимоӣ, мақомоти ҳокимият ва идоракунии давлатӣ ва дигар муассисаҳои буҷетӣ, ва стипендияҳо, ба андозаи 20 фоиз зиёд шудани музди меҳнати амалкунандаи кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, хизматчиёни ҳарбӣ ва дигар кормандони ин мақомот ва ба андозаи 10 фоиз зиёд шудани нафақаҳои суғуртавӣ, меҳнатӣ ва иҷтимоӣ аз он шаҳодат медиҳад, ки ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ дар сиёсати давлатии Тоҷикистон мақоми хос ва муҳим дорад. Ҳамзамон, равона гардидани 43 фоизи хароҷоти буҷети давлатӣ ба соҳаи иҷтимоӣ гуфтаҳои болоро собит намуда, имкон медиҳад, ки сатҳи зиндагии мардум беҳтар гардонида шавад.
Аҳмадзода Ф.М. - сармутахассиси Раёсати магистратура, аспирантура ва докторантураи назди Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон
Ҳамкориҳои дуҷониба яке аз ҷузъи асосии муносибатҳои байналмилалӣ мебошад. Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Исломии Эрон кишварҳое ҳастанд, ки ҳамкориҳои онҳо дар таърихи муносибатҳои муосири байналмилалӣ сабт карда мешавад. Ин мавқеъ бо назардошти робитаҳои таърихӣ, фарҳангӣ, қавмӣ ва забонӣ миёни мардумони ду кишвар, инчунин манфиатҳои умумӣ дар соҳаи амнияти минтақавӣ ва ҳамкориҳои иқтисодӣ муайян шудааст.
Дар сиёсати хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷумҳурии Исломии Эрон ҷойгоҳи хосса дорад. Барои Ҷумҳурии Исломии Эрон, Тоҷикистон як шарики калидӣ дар минтақаи Осиёи Марказӣ ба ҳисоб меравад. Теҳрон ҷойгиршавии стратегӣ ва нақши Тоҷикистонро дар пешбурди ташаббусҳои фарҳангӣ ва иқтисодӣ баланд арзёбӣ мекунад. Заминаҳои таърихии кишварҳо дар ҳамкориҳои дуҷониба ва ба наздикшавии давлату миллатҳо мусоидат намуд. Дар асоси низоми муносибатҳои байналмилалӣ ва дохили робитаҳо дар соҳаҳои гуногун барқарору тавқият гаридиданд.
Бо шарофати сиёсати хирадмандона ва дурандешонаи Асосгузори сулҳу ваҳдатимиллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва роҳбарони Эрон муносибатҳои дуҷонибаи кишварҳо дар ҳама самтҳо ба сатҳи сифатан нав баромаданд. Сафарҳои мутақобилан судманди сатҳи олӣ ба марҳилаи нави ҳамкориҳои дуҷониба ва бисёрҷониба ноил гардидаанд. Тибқи иттилоъ Президенти Ҷумҳурии Исломии Эрон Масъуд Пизишкиён рӯзҳои1 5-16 январи ба Тоҷикистон сафари корӣ анҷом медиҳад. Дар доираи ин сафар, ҳайати калони тоҷирони эронӣ низ бо мақсади таҳкими ҳамкориҳои иқтисодӣ ва тиҷоратӣ ба Душанбе меоянд.
Мавриди зикр аст, ки ба марҳилаи нави ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Эрон омилҳои зерин мусоидат намуданд:
1. Истиқлолияти давлатӣ. Ҷумҳурии Исломии Эрон пас эълони Истиқлолияти давлати яке аз аввалин шуда, Истиқлоли Тоҷикистонро шинохт.
2. Муносибатҳои дипломатӣ. Эрон яке аз аввалинкишварҳое буд, ки соли1992 бо Тоҷикистон муносибатҳои дипломатӣ барқарор намуд.[3]
3. Сафоратхонаҳо. Сафорати Ҷумҳурии Исломии Эрон 9 январи 1992 дар Душанбе ба фаъолият шурӯъ намуд. Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Теҳрон 18 июли 1995 ифтитоҳ гардид. Алъон Сафири фавқулодда ва мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Исломии Эрон ҷаноби Зоҳидӣ Низомиддин Шамсиддинзода (апрели 2019) ва Сафири Фавқулодда ва Мухтори Ҷумҳурии Исломии Эрон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷаноби Алиризо Ҳақиқиён (августи2023) таъйин шудаанд. [3]
4. Сафарҳои сатҳи олӣ. Дар тӯли 31 соли муносибатҳои дипломатии ду кишвар Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ –Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Ҷумҳурии Исломии Эрон солҳои 1995, 1996, 1997, 1998, 2000, 2003, 2006, 2007, 2008, 2009, 2010, 2011, 2013, 2022 ва Президенти Ҷумҳурии Исломии Эрон ба Ҷумҳурии Тоҷикистон солҳои 1997, 2000, 2002, 2004, 2006, 2008, 2010, 2011, 2012, 2014, 2019, 2021, 2023 сафар намудаанд. Сафари навини Президенти Ҷумҳурии Исломии Эрон ба Тоҷикистон дар соли 2023 ва мулоқотҳои мунтазамдар чаҳорчӯби созмонҳои байналмилалӣ аз ҷумлаи нишон диҳандаҳои ин ҳамкориҳои наздик мебошанд.[3]
5. Сафарҳои сатҳи баланд.Сафарҳои Вазири корҳоихориҷии Эрон ба Душанбе солҳои1991, 1996, 1997, 1999, 2000, 2001, 2002, 2008, 2013, 2017, 2018 ва сафарҳои Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Теҳрон солҳои 1992, 1994, 2008, 2014, 2019, 2021 баргузор гардидаанд.[3]
6. Санадҳои меъёрию ҳуқуқӣ. Ду кишвар зиёда аз200 санади меъёрии ҳуқуқиро имзо кардаанд, ки ҳамкориҳоро дар соҳаҳои иқтисодӣ, тиҷоратӣ, гуманитарӣ ва дигар самтҳо танзим мекунанд. Дар санаи 8 ноябри соли 2023 паҳлуҳои ҳамкориҳои дуҷониба ва бисёрҷонибаи кишварҳо баррасӣ гардида буд, аз ҷумла:
-роҳандозии тарҳҳои муҳим дар соҳаҳои саноат, энергетика, нақлиёт, коркарди маъдан, кишоварзӣ ва сайёҳӣ бо ҷалби сармоягузориҳои муштарак;
-фаъолияти мунтазами Кумитаи муштараки сармоягузорӣ ва Шурои муштараки соҳибкорон;
-баргузории Форумҳои соҳибкорон ва Намоишгоҳҳои молу маҳсулот дар қаламрави ҳамдигар;
-ҳамкориҳо дар бахши энергетика, аз ҷумла бунёди нерӯгоҳҳои барқи обиву офтобӣ дар қаламрави Тоҷикистон;
-татбиқи тарҳҳои нақлиётиву коммуникатсионие, ки ду кишварро бо ҳам ва бо шабакаҳои байналмилалӣ мепайвандад;
-истифодаи зарфиятҳои транзитии ҳамдигарро барои тавсеаиҳамкориҳои иқтисодиву тиҷоратӣ;
Дар қаринаи санадҳои имзошуда, бо ишора ба шароити мавҷуда ҷиҳати густариши ҳамкориҳо дар соҳаи сайёҳӣ, афзоиши парвозҳо байни ду кишвар ва соддагардонии низоми рафтуомад дар ин замина мусоид унвон гардид. Ҳам замон баргузории рӯзҳои фарҳангии Тоҷикистон ва Эрон дарқаламрави ҳамдигар аз омилҳои муҳими рушди ҳамкориҳои фарҳангиву башарӣ арзёбӣ карда шуд. Дар баробари изҳори қаноатмандӣ аз сатҳи хуби ҳамёрӣ дар чаҳорчӯби созмонҳои байналмилалӣ ва минтақавӣ алоқамандии ҷонибҳо ба идомаи ҳамкориҳои бисёрҷониба изҳор карда шуд. Дар ҷараёни музокирот ҳамзамон атрофи масъалаҳои мубрами байналмилалӣ ва минтақавӣ, аз ҷумла вазъи Афғонистон, қазияи Фаластин ва дигар мавзӯъҳои рӯзномаи ҷаҳонӣ табодули афкор сурат гирифт. Зарурати талошҳои муштарак ҷиҳати амалӣ намудани Барномаи дарозмуддати ҳамкориҳои иқтисодиву тиҷории ду кишвар то соли 2030 таъкид гардид.[4]
Маҳз омилҳои дар боло зикргардида буданд, ки дар марҳилаи нави ҳамкориҳои дуҷонибаи Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Исломии Эрон нақши бориз ба худ касб намуданд. Робитаҳои вазоратҳои корҳои хориҷии кишварҳо дар амалӣ гардидани ҳадафҳое ки дар муколамаи созандаи сиёсӣ миёни роҳбарони олии ду кишвар гузошта шуда буд, дар ҳамкориҳои дуҷониба дар тавқияти соҳаҳои амният, иқтисодию тиҷоратӣ, сармоягузорӣ, илмию адабӣ, фарҳангӣ, сайёҳӣ ва дигар самтҳои ҳамкориҳо саҳми назаррас худро гузошта истодаанд.
Бояд қайд кард, ки бо мақсади густариши робитаҳои иқтисодиву тиҷоратӣ ва фарҳангӣ миёни ҶумҳурииТоҷикистон ва Ҷумҳурии Исломии Эрон Комиссияи байниҳукуматӣ оид ба ҳамкориҳои итқисодиву тиҷоратӣ ва фарҳангиву техникӣ ташкил ёфтааст, ки ҷаласаи охирони он соли 2023 дар шаҳри Душанбе баргузор гардида, баргузории ҷаласаи навбатии он дар шаҳри Теҳрон дар назар аст.
Дар давраи солҳои2007- 2024 (11 моҳ) аз ҷониби сармоягузорони Ҷумҳурии Исломии Эрон ба иқтисодиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон 647,7 млн. долл. ШМА сармояи хориҷӣ ворид гардидааст, ки аз онҳо 299,4 млн. долл. ШМА сармоягузориҳои мустақим ва 24,1 млн. долл. ШМА-ро қарзҳои аз ҷониби корхонаву ташкилотҳо ҷалбгардида ташкил медиҳанд. Маҷмӯи лоиҳаҳои сармоягузории давлатии амалкунанда дар Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соли 2023 боназардошти ба анҷом расидани татбиқи якчанд лоиҳаҳо ваоғоз гардидани лоиҳаҳои нав аз 85 адад (51 лоиҳаи грантӣ, 5 лоиҳаи қарзӣ ва 29 лоиҳа дар ҳаммаблағгузории қарз ва грант) иборат мебошад, ки маблағи умумии он 49,3 млрд. сомонӣ(4,5 млрд. доллари ШМА)-ро ташкил медиҳад. Дар баробари ташкилотҳои молиявӣ, Ҳукумати Ҷумҳурии Исломии Эрон 5,5 млн. доллар ё 0,1 фоиз ташкил додааст.[2] Воридоти сармоягузории мустақими Ҷумҳурии Исломии Эрон асосан ба соҳаҳои хизматрасонии молиявӣ, саноат, сохтмон, энергетика, саноати хурока, истеҳсоли тракторҳо, кишоварзӣ, савдо равона карда шудааст. Айни замон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон 160 ширкатҳо, ки бо саҳми сармояи эронӣ ба қайд гирифта шудааст, фаъолият доранд.
Бо мақсади тақвияти ҳамкориҳои тиҷоратию сармоягузорӣ санаи 8 ноябри соли2023 дар меҳмонхонаи “Тоҷикистон” дар доираи Форуми соҳибкорони Тоҷикистон ва Эрон вохурии “Соҳибкор бо Соҳибкор” (B2B) баргузор гардид. Дар он беш аз150 соҳибкор аз ҳарду ҷониб дар соҳаҳои фарматсевтӣ, саноат, инфрасохтор, кишоварзӣ, энергетика, хизматрасониҳои молиявӣ, сайёҳӣ ва технологияҳои иттилоотӣ иштирок намуданд.[1] Дар рафти вохӯрии мазкур байни субъектони бахши хусусии ду давлат се санадҳои ҳамкорӣ ба имзо расонида шуда, дигар лоиҳаҳои афзалиятнок мавриди баррасӣ қарор гирифт. Байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Исломии Эрон“Созишнома оид ба ҳавасманд гардонӣ ва ҳифзи мутақобилаи сармоягузорӣ” соли 1995 ба имзо расонида шудааст.
Бо мақсади густариши робитаҳои иқтисодиву тиҷоратӣ ва фарҳангӣ миёни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Исломии Эрон Комиссияи муштараки байниҳукуматӣ оид ба ҳамкориҳои иқтисодиву тиҷоратӣ ва фарҳангию техникӣ таъсис дода шудааст. Ҳамкориҳои иқтисодӣ ва тиҷоратӣ миёни Тоҷикистон ва Эрон рушд меёбанд. Ҳаҷми савдои мутақобила дар соли 2023 ба $254,5 миллион расид, ва дар давоми моҳҳои январ-ноябри соли 2024 то $336,1 миллион афзоиш ёфт, ки ин нишондиҳанда нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 55,1% бештар аст.[5] Дар ҳамин ҳол, Тоҷикистон аз Эрон металлҳо, маҳсулотисафолӣ, пластик, таҷҳизот ва маводи кимиёвиро ворид мекунад. Ҳамкориҳо дар бахши сохтмон низ фаъолона рушд мекунанд, аз ҷумла таҷдиди нақби “Истиқлол” ҳамчун як лоиҳаи муҳим амалӣ шудааст.
Хулоса
Имрӯз Тоҷикистон ва Эрон ҳамкориҳои зичи худро дар якқатор соҳаҳои муҳими стратегӣ идома дода, як чанд ташаббусҳои муштаракро амалӣ мекунанд. Дар соҳаи нақлиёт ва логистика, Тоҷикистон бо истифода аз бандарҳои Бандар-Аббос ва Чобаҳор талош менамояд, ки масири навиинтиқоли борҳо ва маҳсулоти ватаниро фароҳам оварад, ки ин метавонад хароҷоти нақлиётро коҳиш диҳад ва имкониятҳои тиҷоратиро тавсеа бахшад. Дар бахши энергетика, Тоҷикистон ва Эрон лоиҳаҳои муштаракро дар истихроҷ ва коркарди нафт, газ ва истифодаи манбаъҳои барқароршавандаи энергия баррасӣ мекунанд, ки ҳадафи онҳо беҳтар намудани дастрасии энергетикӣ ва ҷалби сармоягузориҳо мебошад. Ин ҳамкориҳо метавонад ба рушдииқтисодиёти миллӣ ва таъмини устувории энергетикӣ мусоидат намояд. Дар соҳаи сармоягузорӣ ва саноат, ду кишвар ба таъсиси корхонаҳои муштарак дар бахшҳои дорусозӣ, саноати сабук ва сохтмон таваҷҷуҳи зиёд зоҳир менамоянд. Ин ташаббусҳо на танҳо барои рушди истеҳсолотва афзоиши ҷойҳои корӣ, балки барои таъмини бозорҳо бомаҳсулоти рақобатпазир мусоидат мекунанд. Дар бахши маориф, Тоҷикистон ва Эрон табодули таҷрибаро дар самти омӯзиши мутахассисон ва рушди малакаҳои кадрӣ идома медиҳанд. Бо истифода аз имкониятҳои минтақаҳои озоди иқтисодии Эрон, донишҷӯён ва мутахассисони тоҷик метавонанд аз таҷрибаи инноватсионӣ баҳра баранд. Сайёҳӣ низ яке аз самтҳои афзалиятноки ҳамкориҳо маҳсуб мешавад. Бо соддагардонии низоми раводид ва такмили инфрасохтори сайёҳӣ, ду кишвар метавонанд равобити фарҳангӣ ва ҷалби сайёҳонро беҳтар намоянд, ки ин ба густариши робитаҳои мардумӣ ва иқтисодӣ мусоидат хоҳад кард. Ин ташаббусҳо аз ми ду кишварро барои таҳкими ҳамкориҳои стратегии бисёрҷониба ва истифодаи самараноки имкониятҳои мавҷуда инъикос мекунанд.
Ҳамкориҳои дуҷонибаи Тоҷикистону Эрон дорои зарфиятҳои қобили таваҷҷуҳе барои рушд дар бахшҳои гуногун аст. Барқарор намудани робитаҳои мустаҳкам дар сатҳи ҳукуматӣ, тиҷоратӣ ва илмӣ метавонад ба натиҷаҳои судмандоварда расонад ва дӯстии ду халқро мустаҳкам созад. Барои ноил шудан ба ин ҳадафҳо шароити мувофиқ, аз ҷумла заминаи ҳуқуқӣ, барномаҳои дастгирӣ ва механизмҳои ҳамкорӣ фароҳам овардан зарур аст. Муносибатҳои байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Исломии Эрон бошарофати талошҳои муштарак ва эҳтироми манфиатҳои умумӣ тақвият меёбанд. Соҳаҳои гуногуни ҳамкорӣ, аз тиҷорат то технология, имкониятҳои бузурги рушдро намоиш медиҳанд, ки ин ба манфиати мардумони ҳарду кишвар мебошад.
Соҳиби Баҳруло- ходими илмии шуъбаи Осиёи Ҷанубӣ ва Шарқии Институти омӯзиши масъалаҳои давлатҳои Осиё ва Аврупои АМИТ
Сарчашмаҳои истифодашуда:
1. В Душанбе прошла Национальная выставка товаров и продукции Исламской Республики Иран https://khovar.tj/rus/2023/12/v-dushanbe-proshla-natsionalnaya-vystavka-tovarov-i-produktsii-islamskoj-respubliki-iran/ Санаи муроҷиат:11.01.2025
2. Маълумот оид ба лоиҳаҳои сармоягузории давлатииамалкунанда дар соли 2023. https://investcom.tj/40-malumot-oid-ba-mami-portfeli-loiaoi-davlatii-sarmojaguzorii-amalk.html Санаи муроҷиат:13.01.2025
3. Муносибатҳо миёни Тоҷикистон ва Эронhttps://mfa.tj/tg/main/view/28/munosibathoi-tojikiston-bo-eron Санаи муроҷиат:11.01.2025
4. Суханронӣ дар нишасти матбуотӣ пас аз музокирот боРаиси Ҷумҳурии Исломии Эрон Сайид Иброҳим РаисӣСанаи муроҷиат:11.01.2025 https://www.president.tj/event_by_theme/bilateral_relations/iran/36010
5. Хадамоти гумруки назди ҳукумати ҶумҳурииТоҷикистон. Маълумоти фаврӣ оид ба содирот ваворидоти молҳои муҳимтарини ҶТ. https://gumruk.tj/index.php/2018-06-12-04-34-10/2018-06-14-07-44-16/2018-06-14-07-46-17 Санаи муроҷиат:11.01.2025
6. Хадамоти гумруки назди ҳукумати ҶумҳурииТоҷикистон. Омори савдои хориҷии ҶТ. https://gumruk.tj/index.php/2018-06-12-04-34-10/2018-06-14-07-44-16/2018-06-14-07-45-21 Санаи муроҷиат: 11.01.2025
Паёми солонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии кишвар яке аз санадҳои муҳим ва роҳнамои ҷомеаи тоҷик ба ҳисоб меравад. Дар Паём на танҳо самтҳои рушди иҷтимоӣ, иқтисодӣ ва сиёсӣ муайян мегарданд, балки вазифаҳои стратегӣ барои ҳалли мушкилоти мавҷуда ва таҳкими пояҳои Истиқлолияти давлатӣ низ пешбинӣ мешаванд.
Иҷрои вазифаҳои дар Паём таъкидгардида масъулияти шаҳрвандии ҳар як шахс аст. Чунки ин вазифаҳо на танҳо ба сохторҳои давлатӣ, балки ба тамоми қишрҳои ҷомеа, аз ҷумла олимон, ҷавонон, омӯзгорон, деҳқонон ва соҳибкорон дахл доранд. Ҳар як фард метавонад бо саҳми худ ба татбиқи он иқдомҳо мусоидат намояд.
Барои он ки ҳар як шаҳрванд дар иҷрои Паём саҳми худро гузорад, пеш аз ҳама, бояд муҳтавои онро дарк намояд. Паём на танҳо аз ислоҳоти давлатӣ ва сиёсати хориҷӣ иборат аст, балки самтҳои иҷтимоӣ, иқтисодӣ, фарҳангӣ ва маорифро низ дарбар мегирад. Аз ин рӯ, ҳар шахс бояд фаҳмад, ки дар кадом соҳа метавонад саҳми шахсии худро гузорад.
Пешвои муаззами миллат дар ироаи Паём доир ба пешгирӣ намудани хурофот ва шомилшавии ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои террористӣ таъкид намуданд, ки дар ин самт бояд зиракии сиёсиро аз даст надода дар тарбияи хусусан ҷавонон ва худогоҳии онҳо талош намоем. Хурофот ҳамчун зуҳуроти манфӣ дар ҷомеа ба пешрафти маърифатӣ ва фарҳангии миллатҳо монеа эҷод мекунад. Пешвои муаззами миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, дар Паёми худ ҳамеша ба масъалаи пешгирӣ ва барҳам задани хурофот таваҷҷуҳи махсус зоҳир мекунанд. Ин масъала дар стратегияи сиёсиву фарҳангии кишвар нақши калидӣ дорад, зеро хурофот метавонад рушди ҷомеаро боздорад ва ба тафаккури созандаи шаҳрвандон таъсири манфӣ расонад.
Рушди иқтисодӣ яке аз самтҳои асосии Паём мебошад. Ҳар як шаҳрванд метавонад бо меҳнати ҳалолу поквиҷдона, истифодаи самараноки захираҳо ва риояи қонунгузорӣ ба ин ҳадаф мусоидат намояд. Хусусан соҳибкорон бояд дар ташкили ҷойҳои корӣ, истеҳсоли маҳсулоти ватанӣ ва баланд бардоштани иқтисодиёти миллӣ нақши фаъол дошта бошанд. Дар Паём таъкид гардид, ки "Моро зарур аст, ки дар заминаи амалисозии ҳадафҳои миллиамон, пеш аз ҳама, амнияти миллӣ ва рушди устувори иқтисодиро таъмин намоем ва сатҳу сифати зиндагии мардумро боз ҳам баланд бардорем". Воқеан, бисёр муҳим аст, ки мо шаҳрвандон дар иҷрои ин нуктаи Паёми Пешвои муаззами миллат баҳри ояндаи пурсаодат содиқона талош варзем.
Дар Паём ҳамеша ба ҳифзи муҳити зист ва рушди соҳаи кишоварзӣ таваҷҷуҳ зоҳир карда мешавад. Ҳар як шаҳрванд бояд дар тоза нигоҳ доштани муҳити атроф, истифодаи самараноки обу замин ва ҳифзи табиат саҳм гузорад. Дар Паём Пешвои муаззами миллат таъкид намуданд, ки: Дар корҳои хайри ободонӣ саҳми соҳибкорон ва сокинони мамлакат бисёр бузург мебошад". Масалан, дар шароити тағйирёбии иқлим ҳар як нафар метавонад бо шинондани дарахт, кам кардани партов ва сарфакорона истифода бурдани захираҳои табиӣ саҳмгузор бошад.
Таълим ва тарбияи насли наврас асоси рушди миллат мебошад. Ҳар як шаҳрванд бояд ба таълими фарзандон аҳамияти махсус диҳад ва барои баланд бардоштани сатҳи маърифатнокии ҷомеа талош намояд. Омӯзгорон, волидайн ва шахсони фаъоли ҷомеа вазифадоранд, ки барои ташаккули шахсиятҳои боистеъдод ва ватандӯст замина фароҳам оваранд. Пешвои муаззами миллат дар Паём таъкид намуданд, ки "Дар зинаи таҳсилоти олӣ масъалаҳои сатҳу сифати таълим, дараҷаи касбии омӯзгорон ва истифодаи технологияҳои муосир аз ҷониби онҳо, ҷорӣ намудани технологияҳои рақамӣ дар раванди таълим, таҳкими заминаи моддиву техникӣ, ҳамкориҳои байналмилалӣ, табодули илмии омӯзгорону донишҷӯён, корҳои илмиву таҳқиқотӣ ва тадбирҳои тарбиявӣ ҳанӯз ба тақвият ниёз доранд".
Истиқлолият ва ваҳдати миллӣ арзишҳои олӣ барои мардуми Тоҷикистон мебошанд. Ҳар як шаҳрванд бояд дар ҳифзи суботу амният, арҷгузорӣ ба истиқлолият ва таҳкими ваҳдати миллӣ саҳм гузорад. Риояи қонун, эҳтиром ба арзишҳои миллӣ ва ҳамкории фаъолона бо дигар сокинон роҳи беҳтарини таъмин намудани ин ҳадафҳо мебошанд.
Барои татбиқи пурраи вазифаҳои дар Паём муайяншуда, ҳамкории дастаҷамъона лозим аст. Масалан
- Ҷавонон бояд бо дониши амиқ ва ҳунарҳои муосир мусоидат ба пешрафти кишвар кунанд;
- Соҳибкорон бо эҷоди ҷойҳои нави корӣ ва сармоягузорӣ ба рушди иқтисодӣ саҳм гузоранд;
- Ҳар як шахси масъулиятшинос бо амали нек ва риояи қонун фазои осудаи зиндагиро таъмин намояд.
Паёми Пешвои муаззами миллат на танҳо роҳнамо барои мақомоти давлатӣ, балки як даъват барои ҳар як сокини кишвар мебошад. Танҳо тавассути ҳамкории самараноки давлат ва ҷомеа, бо заҳмати якҷояи ҳар як шаҳрванд метавонем ҳадафҳои дар Паём пешниҳодшударо амалӣ созем ва ба рушди устувори Тоҷикистон мусоидат намоем. Вақт он расидааст, ки ҳар як шахс худро масъули ин раванд дониста, барои ободии Ватан талош варзад.
Мо масъулем, ки бо заҳмати самимӣ, садоқат ба Ватан ва иҷрои дастурҳои Пешвои муаззами миллат дар рушди Тоҷикистон саҳм гузорем!
АБДУМУМИНЗОДА Ситора - номзади илмҳои педагогӣ, корманди ИФСҲ АМИТ
Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии кишвар муайянкунандаи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ буда, ҳанӯз аз ибтидои солҳои 2000-ум ҳамасола ироа мегардад. Паёми навбатии Пешвои муаззами миллат 28 декабри соли 2024 бори нахуст дар бинои наву боҳашамати Парлумони кишвар пешниҳод гардида, зимни баррасии он Сарвари давлат оид ба пешбурди самараноки сиёсати дохилию хориҷӣ ва таъмини пешрафти соҳаҳои гуногун, аз ҷумла саноат, энергетика, кишоварзӣ, роҳу нақлиёт, сармоягузорӣ ва рушди соҳибкорӣ, маориф ва илму фарҳанг, тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоӣ, меҳнат ва шуғли аҳолӣ, ҷавонону варзиш ва сайёҳӣ, андозу гумрук, амнияту мудофиа, ҳифзи ҳуқуқу тартибот, рушди муносиботи дӯстию ҳамкорӣ бо кишварҳои хориҷӣ ва созмонҳои байналмилалию минтақавӣ, вазифаҳои мушаххас ба миён гузоштанд.
Бояд таъкид кард, ки яке аз авлавиятҳои фаъолияти давлати Тоҷикистони соҳибистиқлол сиёсати хориҷӣ мебошад, ки ҳамасола дар Паёми Сарвари давлат матраҳ гардида, самтҳои афзалиятнок ва дурнамои он муайян карда мешаванд. Дар Паёми навбатӣ низ Пешвои миллат асосҳои сиёсати хориҷии кишварро амиқан таҳлил намуда, нигаронии хешро аз “вазъи ноором ва равандҳои пуртазоду мураккаб дар минтақаҳои гуногуни ҷаҳон, ки пайомадҳои буҳронии сиёсиву иқтисодӣ доранд», изҳор доштанд. Мавриди зикр аст, ки бо дарназардошти мушкилоти зикршуда Сарвари давлат самтҳои афзалиятноки сиёсати хориҷии кишварро муайян карда, ҷиҳати пешбурди он дастуру тадбирҳои зарурӣ пешниҳод намуданд.
Зимни таҳлили сиёсати хориҷии Тоҷикистон Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иброз доштанд, ки “Тоҷикистон дар заминаи сиёсати хориҷии “дарҳои кушода” ва таҷрибаи ҳамкории беш аз се даҳсола бо кишварҳои олам омодагии хешро барои идомаи таҳкими муносибатҳои гуногунҷанба бо онҳо ҳам дар сатҳи дуҷониба ва ҳам дар қолабҳои бисёрҷониба изҳор менамояд”.
Ҳамчунин таъкид гардид, ки Тоҷикистон ҳамкории созанда ва қобили дурнаморо дар доираи созмонҳои байналмилаливу минтақавӣ, аз ҷумла Созмони Милали Муттаҳид, созмонҳои байналмилалии молиявӣ ва шарикони рушд густариш медиҳад.
Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зикр доштанд, ки мо минбаъд низ барои расидан ба ҳадафҳои муайянгардида ва тавсеаи ҳамкории созандаву дарозмуддат бо ҳамаи кишварҳои олам ва шарикони байналмилалии худ тадбирҳои зарурӣ меандешем.
Дар иртибот ба ин, аз Паёми навбатӣ чунин бармеояд, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон дар сиёсати хориҷии хеш роҳандозии сиёсати бисёрсамтаро идома дода, ҳамкориҳои густурдаро бо соири кишварҳои дунё таҳким ва тавсеа мебахшад. Ба андешаи Пешвои миллат “иштироки фаъол дар равандҳои ҷаҳонӣ бо мақсади ҳалли масъалаҳои умдаи аҳли башар аз авлавиятҳоест, ки дар сиёсати хориҷии Тоҷикистон роҳандозӣ мегарданд”. Тоҷикистон бояд дар низоми нави ташаккулёфтаистодаи муносибатҳои ҷомеаи ҷаҳонӣ мавқеи ба худ муносибро ишғол намуда, муносибатҳои дуҷонибаву бисёрҷонибаро бо кишварҳои Осиёи Марказӣ, Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил, инчунин, дигар шарикони анъанавӣ аз минтақаҳои Аврупо, Амрико, Осиё, Ховари Миёна ва давлатҳои дигар қитъаҳои дунё дар заминаи мустаҳками ҳуқуқӣ таҳким ва тавсеа бахшад.
Сарвари давлат дар Паёми навбатии худ дар заминаи таҳлили сиёсати хориҷии кишвар, авлавиятҳои онро ба тариқи зайл муайян намуданд:
1. Рушду тавсеаи муносибатҳо бо давлатҳои Осиёи Марказӣ.
2. Таҳким ва тавсеаи муносибатҳо бо кишварҳои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил.
3. Таҳкими муносибатҳо бо шарикони анъанавӣ аз минтақаҳои Аврупо, Амрико, Осиё, Ховари Миёна ва давлатҳои дигар қитъаҳои дунё ҳам дар сатҳи дуҷониба ва ҳам дар қолабҳои бисёрҷониба.
4. Густариши ҳамкориҳо бо ҳамаи созмонҳои бонуфӯзи байналмилаливу минтақавӣ.
Ба андешаи Пешвои миллат «стратегияи кишвари мо зимни рушду тавсеаи муносибатҳо бо давлатҳои Осиёи Марказӣ минбаъд низ дар заминаи ҳусни эътимод ва самимият бо ҳадафи мусоидат дар таҳкими фазои сулҳу субот ва таъмин намудани рушду пешрафти муштарак дар минтақа бунёд мегардад» ва ба сифати яке аз афзалиятҳои сиёсати хориҷии кишвар боқӣ мемонанд. Сарвари давлат дар ин Паёми навбатии хеш низ густариши ҳамкориҳои зичро бо кишварҳои минтақа - Ӯзбекистон, Қирғизистон, Қазоқистон ва Туркманистон, ки ба таъмини суботу осоиш ва оромии минтақа боис мегарданд, яке аз авлавиятҳои сиёсати хориҷии кишвар маҳсуб медонад.
Самти дигари афзалиятноки сиёсати хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки Пешвои муаззами миллат чун Паёмҳои қаблӣ аз он ёдрас гардиданд, таҳким ва тавсеаи муносибатҳои дуҷонибаву бисёрҷониба бо кишварҳои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил маҳсуб меёбад. Дар ин маврид бояд зикр намоем, ки Сарвари давлат ҳанӯз дар иҷлосияҳои Ассамблеяи Генералии Созмони Миллали Муттаҳид дар солҳои 1993-1997 баромад намуда, самтҳои асосии сиёсати хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистонро муайян карданд. Аз ҷумла, 30-юми сентябри соли 1994 зимни суханронӣ дар иҷлосияи 49-уми Ассамблеяи Генералии СММ афзалиятнок будани муносибатҳои Ҷумҳурии Тоҷикистонро бо кишварҳои аъзои ИДМ иброз дошта, аҳаммияти ду самти фаъолияти ҳукуматро дар чорчӯби Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил таъкид карданд, ки манзурашон муносибатҳои муштараку судманд бо Федератсияи Россия ва давлатҳои Осиёи Марказӣ буд.
Пешвои муаззами миллат дар Паёми навбатӣ, дар ҳошияи сиёсати “дарҳои кушода” таҳкими муносибатҳоро бо шарикони анъанавӣ аз минтақаҳои Аврупо, Амрико, Осиё, Ховари Миёна ва давлатҳои дигар қитъаҳои дунё аз авлавиятҳои сиёсати хориҷии кишвар қарор додаст. Сарвари давлат тақвияти ҳамкориҳоро, бахусус, «дар самтҳои рушди «иқтисоди сабз», ҳифзи муҳити зист, технологияҳои навин, ҷалби сармоя ва тиҷорат» таъкид менамояд.
Дар Паёми навбатӣ низ густариши ҳамкориҳо бо созмонҳои байналмилалӣ ва минтақавӣ, аз ҷумла бо “Созмони ҳамкории Шанхай, Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил, Созмони Аҳдномаи амнияти дастҷамъӣ, Созмони ҳамкории исломӣ, Созмони ҳамкории иқтисодӣ ва дигар сохторҳои марбут ба равобити бисёрҷониба» аз авлавиятҳои сиёсати хориҷии Тоҷикистон боқӣ мемонад. Дар ин замина Пешвои миллат иброз доштанд, ки Тоҷикистон ҳамкориҳои густурдаю судмандро бо созмонҳои мазкур «вусъат бахшида, ҷиҳати идомаи иштироки фаъол дар равандҳои ҷаҳонӣ ва қолабҳои гуногуни байналмилалӣ талош меварзад». Сарвари давлат ҷиҳати таъмин намудани пойдории низом ва суботи байналмилалӣ нақши муҳимму ҳамоҳангсоз ва муттаҳидкунанда доштани Созмони Милали Муттаҳидро махсус таъкид намуда, дар ин замина иброз доштанд, ки “кишвари мо дар идомаи ташаббусҳои созандаи худ дар арсаи байналмилалӣ доир ба пешбурди мавзуъҳои обу иқлим соли 2025-ум дар ҳамкорӣ бо Созмони Милали Муттаҳид мизбони аввалин Конфронси байналмилалии сатҳи баланд оид ба ҳифзи пиряхҳо хоҳад буд». Ҳамзамон Сарвари давлат тақвияти ҳамкориҳои байналмилалиро «дар самти обу ҳифзи пиряхҳо, баррасии пайомадҳои тағйирёбии иқлим ва коҳиш додани хавфи офатҳои табиӣ» таъкид намуданд.
Ҷ. Мирзоев - ходими калони илмии Шуъбаи таърихи навтарини Институти таърих, бостоншиносӣ ва мардумшиносии ба номи А.Дониши АМИТ
Январь 12, 2025 08:53
ДУШАНБЕ, 12.01.2025 /АМИТ «Ховар»/. Дар Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ» рушди фарҳанг ҳамчун яке аз асосҳои муҳимтарини сиёсати давлатӣ ва заминаи ҳифзи ҳастии миллат таъкид гардид. Мероси фарҳангӣ барои ташаккули худшиносии миллӣ ва рушди ҷомеа нақши калидӣ мебозад. Фарҳанг ва мероси таърихӣ на танҳо оинаи гузашта, балки роҳнамои фардо низ мебошанд.
Яке аз самтҳои муҳими пешбурди сиёсати фарҳангӣ афзоиши маблағгузорӣ мебошад. Агар соли 2000 барои соҳаи фарҳанг ва варзиш 13 миллион сомонӣ ҷудо шуда бошад, пас соли 2024 ин рақам ба 1,7 миллиард сомонӣ расид. Ин нишондиҳанда на танҳо аз афзоиши имконияти иқтисодӣ, балки аз дарки аҳамияти фарҳанг дар ташаккули ҷомеаи пешрафта дарак медиҳад.
Тоҷикистон дорои мероси беназире аст, ки аз умқи таърих боқӣ монда, давоми ҳазорсолаҳо ҳамчун манбаи маънавӣ ва эҷодӣ хизмат кардааст. Бо вуҷуди ин, таъмиру барқарорсозии ин мерос бо тамоми мушкилоти иқтисодӣ ва иҷтимоӣ яке аз бартариҳои сиёсати давлатӣ мебошад.
Президенти Тоҷикистон бо баёни нақш ва аҳамияти муассисаҳои фарҳангӣ, аз ҷумла театрҳо, китобхонаҳо, осорхонаҳо ва мактабҳои санъат таъкид намуданд, ки «фарҳанг ҳамчун заминаи рушди маънавиёти миллӣ бояд дар маркази диққати роҳбарон ва ҷомеа қарор гирад».
Бо талошҳои Ҳукумати ҷумҳурӣ давоми 33 соли истиқлолият 18 театр, ки оинаи ҳаёти мардум мебошанд, бунёд шуданд. 126 китобхона, ки маъхази донишу фарҳанг ҳастанд, ба истифода дода шуда, 20 осорхона, ки шоҳиди таърихи миллатанд, таъсис ёфтанд.
Ин муассисаҳо имрӯз на танҳо маҳалли нигоҳдории мерос, балки майдони ташаккули идеяҳо ва тарбия кардани истеъдодҳои наврасу ҷавон мебошанд. Бо ифтихори хосса бояд хотирнишон намуд, ки кушодани дарҳои Осорхонаи миллии бостонии Тоҷикистон соли 2001 бо иштироки Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нишонаи равшани таваҷҷуҳи ҳукумат ба арзишҳои миллӣ ва мероси аҷдодӣ мебошад. Пешвои миллат дар маросими ифтитоҳи осорхона таъкид намуданд, ки «халқе, ки аҷдоди худро қадр мекунад ва гузаштаашро ҳифз менамояд, ояндаи нек дорад».
Дар ҳақиқат, Осорхонаи миллии бостонии Тоҷикистон на танҳо ганҷинаи фарҳанги моддии ҷумҳурӣ гардид, инчунин тавонист муаррифи илмҳои таърихнигорӣ ва бостоншиносии ҷумҳурӣ бошад, ки метавонад мероси моддии мамлакатро ҳам барои ҳамватанон ва ҳам барои меҳмонони хориҷӣ муаррифӣ намояд.
Танҳо соли 2024 Осорхонаи миллии бостонии Тоҷикистонро зиёда аз 7100 нафар тамошо намудаанд, ки 4500 нафари онҳоро сайёҳони хориҷӣ ташкил медиҳанд. Ин нишондаҳанда нисбат ба соли 2023 1 маротиба зиёд аст.
Дар ҷаҳони пуртазоди муосир фарҳанги миллӣ метавонад ба унсуре табдил ёбад, ки ҳувияти миллиро ҳифз намуда, мардумро муттаҳид созад. Президенти Тоҷикистон бо таъкид ба зарурати ҳифзи фарҳанги миллӣ изҳор доштанд, ки «агар фарҳанги миллӣ заиф шавад, ҷояшро фарҳанги бегона пур мекунад».
Ҷаҳонишавӣ бо тамоми манфиатҳои худ инчунин пайомадҳои манфӣ дорад, ки метавонанд ба фарҳангҳои миллии хурд таъсири ҷиддӣ расонанд. Аз ин рӯ, ҳифзи таърих ва фарҳанги миллӣ ба амри зарурӣ табдил меёбад. Барои насли имрӯз муҳим аст, ки таърихро омӯзад, арзишҳои аҷдодиро эҳтиром кунад ва онҳоро бо забон ва усули муосир ба насли оянда расонад.
Ин рисолати муқаддасро Пешвои миллат дар вохӯриҳои худ бо зиёиён ва аҳли илм борҳо таъкид намудаанд. Президенти Тоҷикистон 30 майи соли 2024 зимни суханронӣ дар мулоқот бо аҳли илми мамлакат таъкид намуданд, ки Истиқлоли давлатӣ шароит фароҳам овард, то мероси моддию маънавии тоҷикон дар арсаи байналмилалӣ ҳамчун рамзи миллат муаррифӣ гардад.
Ин фикр нишон медиҳад, ки ҳифзи фарҳанги миллӣ ва таҳкими арзишҳои анъанавӣ бояд яке аз вазифаҳои асосии насли имрӯз бошад.
Нақши Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо созмонҳои байналмилалӣ, аз ҷумла ЮНЕСКО ҳамчун ҷумҳурии дорои мероси ғании таърихӣ беназир аст. Президенти Тоҷикистон ба хотири гиромидошти арзишҳои миллӣ, аз ҷумла таҷлили 2550-солагии Эъломияи ҳуқуқи башари Куруши Кабир ташаббусҳои нав пешниҳод намуданд.
Дар ин самт бояд хотирнишон намуд, ки расман 10 ёдгории таърихӣ ва фарҳангии Ҷумҳурии Тоҷикистон-шаҳри Саразм соли 2010 ва 9 ёдгории водии Зарафшон соли 2023 ба феҳристи ёдгориҳои умумибашарии ЮНЕСКО ворид шуданд, ки ин ҳам дастоварди бузурги фарҳангии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар солҳои Истиқлолияти давлатӣ бо роҳбарии Президенти Тоҷикистон мебошад. Ва имрӯз барои ворид намудани дигар ёдгориҳои ҷумҳурӣ корбарӣ идома дорад, ки онҳо ҳам зери ҳидоятҳои Роҳбари давлатамон дар амал татбиқ хоҳанд шуд.
Дар Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олӣ ба рушди соҳаи сайёҳӣ низ ҳамчун самти афзалиятноки сиёсати иқтисодии мамлакат таваҷҷуҳи махсус дода шудааст. Президенти Тоҷикистон иброз доштанд ки «шумораи сайёҳоне, ки соли 2024 ба Тоҷикистон омадаанд, ба 1 миллиону 400 ҳазор нафар расида, нисбат ба соли 2019 12 фоиз афзудааст. Вале нишондиҳанда ба имконияти таърихию табиӣ, кӯҳнавардӣ, фарҳангӣ ва табобатию истироҳатии ҷумҳурӣ мувофиқ нест. Дар баробари ҷалби сайёҳони хориҷӣ бояд ба рушди сайёҳии дохилӣ, ки бо фарҳанг ва мероси таърихии мамлакат алоқаманд аст, таваҷҷуҳи ҷиддӣ зоҳир карда шавад».
Тоҷикистон, ки дорои ганҷинаи бойи фарҳангӣ ва ёдгориҳои таърихӣ мебошад, метавонад бо истифода аз имконияти фарҳангӣ, анъанаҳо ва арзишҳои миллӣ ба ҷалби сайёҳон ва рушди сайёҳии дохилӣ мусоидат кунад. Дар робита ба ин Президенти Тоҷикистон таъкид намуданд, ки «Кумитаи рушди сайёҳӣ якҷо бо вазорату идораҳои марбута ва мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ бояд барои фароҳам овардани шароити мусоид барои рушди сайёҳӣ ва фарҳанг, хусусан бунёди инфрасохтори зарурӣ тадбирҳои иловагӣ андешад».
Ҳамин тавр, Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ на танҳо нақшаи рушди фарҳангро муаррифӣ мекунад, балки даъвати воқеӣ ба ҳамагон барои ҳифз ва таҳкими арзишҳои миллӣ мебошад. Тоҷикистон метавонад бо рушди фарҳанг ва ҳифзи мероси худ намунаи бузурге барои дигар давлатҳо гардад. Мероси фарҳангии мо пайвандгари гузашта ва оянда аст ва ҳифзи он масъулияти ҳар фарди миллат мебошад, ки дар меҳвари сиёсати фарҳангпарваронаи Пешвои миллат қарор гирифтааст.
Абдураҳмон ПӮЛОТОВ, - директори Осорхонаи миллии бостонии Тоҷикистон дар назди Институти таърих,
бостоншиносӣ ва мардумшиносии ба номи Аҳмади Дониш
Ба ҳамагон маълум аст, ки Абуалӣ ибни Сино (980-1037) ҳамчун нобиғаи замони хеш дар таҳқиқу таҳлили масоили мубрами илмҳои гуногун саҳми бузург дошт, хосса дар бахши фалсафа ва тиб. Вуруди мутафаккир дар масоили гуногун ба таври фаннӣ сурат мегирад ва системанокии таълимоти фалсафӣ ва тиббии ў ҳақиқатест бе баҳс. Мавриди таваҷҷуҳи мо назари Ибни Сино дар масоили об аст аз ҷиҳати фалсафӣ ва тиббӣ. Мутафаккир чи дар осори фалсафӣ ва чи дар таълимоту таҷрибаҳои тиббиаш ба масъалаи об ҳамчун яке аз унсурҳои асосии ҳаёти инсон ва табиат назар андухта, паҳлуҳои гуногуни ин масъаларо ба риштаи таҳқиқ мекашад. Ибни Сино мисли бисёр файласуфону олимони соҳаҳои гуногун обро манбаъ, нигоҳдоранда ва давомдиҳандаи мавҷудоти зиндаи кураи Замин медонад. Бинобар ин, файласуф ба ҳама ҷузиёти масоили марбут ба об назари дақиқ дорад ва хусусиятҳои онро вобаста ба мавзуъ шарҳу эзоҳ медиҳад.
Аввалан, Ибни Сино таърифи обро ба тариқи зайл меорад: «Об ҷирми сода буда, ҷойгоҳи табии он – агар хоку об андар ҷойгоҳи табии хеш бошанд – чунин аст, ки боистӣ гирди хокро бигрифта ва худ бо бод пўшида бошад. Ин вазни изофии он бувад. Об сарди тар аст. Яъне табъаш чунон аст, ки агар бо он чи ки варо воҷиб аст, гузошта шавад, агар сабабе аз берун ба вай дучор наояд, аз он сардии ҳисшаванда ва ҳолате падид ояд, ки тарӣ бувад. Тарӣ ин андар сиришти худ ба тавре будани об аст, ки бо андак сабабе аз ҳам бигсилад, ба ҳам ояд ва ҳар гуна шакле, ки набошад, бипазирад, вале онро [дер] нигоҳ надорад» [3; 34-35]. Чуноне ки дида мешавад дар тасаввуроти донишмандони замони Ибни Сино модда аз ҷиҳати таркиби молекулавӣ ё атомӣ не, балки аз ҷиҳати таркиби хилтӣ дида мешуд, ки он модда аз як унсур иборат аст ё бо дигаре махлут гаштааст. Вале аз ҷиҳати хосиятҳои мушоҳидашаванда таҳқиқи мутафаккир дуруст аст ва ҷанбаҳои гуногуни аломатҳои унсурии обро шарҳ медиҳад. Мутафаккир дар масъалаи вазнинии об қайд мекунад, ки «боистӣ гирди хокро бигрифта ва худ бо бод пушида бошад» ва хулоса мекунад, ки «ин вазни изофии он аст». Яъне об вазн (дуруштӣ ё ғилзат)-и зиёдатиро ё аз хок ва ё аз бод мегирад (масалан чиркинии об аз онҳо ба вуҷуд меояд) на аз оташ. Ва ин масъала ҷанбаи фалсафӣ касб мекунаду ба моҳияти унсур ё ашё бармегардад.
Дар таҳкими ин андеша мешавад шарҳу баёни Ибни Синоро овард, ки тақсими анвои обро на аз гавҳари обияш, балки аз ихтилот бо дигар ашё ва ғалабаи хосияти онҳо бар об медонад. «Обҳо на ба гавҳари обии хеш, балки ба ҳасби он чи ки бо онҳо биомезад ва ба ҳасби кайфиятҳое, ки бар онҳо ғолиб оянд, гуногун бошанд. Беҳтарини обҳо оби чашмасорон бошад, вале на ҳар гуна чашма, балки оби он чашмаҳое, ки аз замини дорои гили холис берун оянд ва ҳеҷ як аз ҳолатҳову кайфиятҳои бегона бар хоки он ҷой ғолиб набошад. Ё [оби чашмаҳое бошад, ки] аз санг [берун оянд], зеро ин беҳтар буда, уфунати заминӣ напазируфта бошад. Лекин оне, ки аз гили холис берун ояд, беҳтар аз оне бошад, ки аз санг берун ояд». [3; 270]. Дар назари аввал ин андеша сода менамояд, лекин дурусттар диққат кунем, дармеёбем, ки бисёре аз сокинони Тоҷикистони мо, хусусан онҳое, ки дар куҳистон зиндагӣ мекунанд, огоҳи аз ин масъала надоранд. Дар идома Ибни Сино мефармояд: «Ин [оби беҳтар] на ҳар оби чашмаи холис, балки он обест, ки ба замми он равон бошад ва он на ҳар гуна оби равон, балки он оби равоне бошад, ки бар [истиқболи] офтобу бодҳо кушода бошад, зеро инҳо аз ҷумлаи чизҳоеанд, ки оби равон бо ёрии онҳо фазилат касб кунад. Аммо оби истода бошад, аз кушодагӣ бадие ҳосил кунад, ки бо амиқу пўшида будан онро касб нахоҳад кард» [3; 270]. Чунин хосиятҳо бар аксари обҳои Тоҷикистон марбут аст, лекин ба таври касбӣ бояд онро истифода намуд.
Хосияти ҷоришавии об низ ниҳоят муҳим аст, чунки пас аз хориҷ шудан метавонад дар ҷараён вобаста ба маҳал тағйироти номатлуб бо он рўй диҳад. Аз он ҷумла Ибни Сино менависад: «Бидон, ки обҳои аз роҳи гилӣ раванда беҳтар аз обҳое бошанд, ки аз болои сангҳо равон бошанд, зеро гил обро пок созад ва чизҳои бегонаи бо он омехтаро ба худ гирифта, онро равшан кунад. Санг чунин коре нахоҳад кард. Лекин гиле, ки гузаргоҳи об аст, бояд гили пок бошад, на шўра ва ғайри он. Агар чунин иттифоқ биафтад, ки ин об бисёр буда, ба шиддат биравад, чизе, ки бо вай биомезад, бисёрии об онро аз табъи хеш бигардонад [ва] равиши он ба сўи офтоб буда, рў ба сўи офтоббаро, хусусан ба [офтоббарои] тобистонӣ, равон бошад ва хоса агар аз саргаҳи хеш ниҳоят дур шуда бошад, беҳтарин об бувад» [3; 570]. Ва ин роҳи табии тоза гаштани об аст, ки хосси табиати ватани мост. Аз ин гуфтаҳо дар тамоми мамолики мутамаддин ба тариқи усул ва технология нави тоза кардани об истифода мекунанд, ки моҳияташ ҳамон гуфтаи мутафаккир аст.
Дар мақоми дуюм Ибни Сино оберо медонад, ки ба сўи шимол равон аст. «Сипас обе [беҳтар] бошад, ки рў ба сўи шимол равон аст» [3; 570]. Аз назари мутафаккир ду самт – Шарқ ва Шимол барои ҳаракати об муфид аст ва дар хосиятҳои фоидабахши он меафзояд. Аммо обҳое, ки ба сўи мағриб ва ҷануб ҳаракат доранд, аз назари мутафаккир табиати хуб надоранд. «Оби рў ба сўи мағриб ва ҷануб дошта бад аст, хусусан ҳангоми вазидани боди ҷануб бад аст» [3; 570]. Бояд гуфт, ки беҳтаршавии обро ба шакли табиӣ Ибни Сино бозгў мекунад ва аз баландӣ ба поин рехтани онро яке аз роҳҳои тозашавиаш медонад. Ва обе ки ихроҷ, ҳаракат ва самти он, фурурезиаш ба ҳам ояд беҳтарини обҳо маҳсуб аст. «Обе, ки ба изофаи ин фазилатҳо аз баландӣ фурояд, баргузидатарини ҳама бошад. Ҳар обе, ки бад-ин сифат бошад, чунон хуш бошад, ки гўӣ ширин аст» [3; 270-271].
Дуруштӣ ва тозагии об дар вазни нисбӣ ва хосиятҳои физико-кимиёии он таъсиргузор аст ва ин масъала то ҳол мавриди баҳс ва таҳқиқи олимони ҷаҳон қарор дорад. Ибни Сино дар мавриди ин масъала меорад: «Бидон, ки андар санҷидани ҳоли об вазн яке аз дастуроти натиҷабахш аст. Зеро оби сабуктар андар бештари ҳолатҳо беҳтарин об бошад» [3; 271]. Масъалаи мазкур дар тамоми мамолики ҷаҳон вобаста ба пешрафти илмӣ-техникӣ ё қафомонии онҳо ба таври гуногун пешниҳод шудааст ва қисман ҳалли худро ёфтааст. Дар баъзе аз мамлакатҳои пешрафта ва рў ба тараққӣ масъалаи дуруст кардани дуруштӣ ва мувозанати асидӣ-ишқории (рН) обро давлат ба уҳда дорад ва ин хизматрасониро ба қадри имкон ба аҳолӣ пешкаш менамояд. Дар Тоҷикистон низ мебояд бо даст додани имкон ин масъала ҳалли худро ёбад, чунки асоси ҳамаи реаксияҳои биокимиёии организми инсонро оби тоза ташкил медиҳад. Ин масъаларо низ Ибни Сино ҳазор сол қабл гузошта, тавсия худро пешниҳод намудааст. «Сабабҳои фоилӣ аз қабили ҳавоҳо ва чизҳои ба онҳо алоқаманд, хўрданиҳо, обҳо, ошомиданиҳо ва чизҳои ба онҳо вобаста, истифроғ, иҳтиқон (боздошташавӣ), шаҳрҳо, бошишгоҳҳо ва чизҳои ба онҳо алоқаманд, ҳаракатҳову сукунатҳои баданию нафсонӣ, ҳама сабабҳоеанд, ки ҳолатҳои тани мардумро бигардонанд ва ё нигоҳ доранд» [3; 31].
Вобаста ба минтақаи бошиш тағйири мизоҷи бошандагонро мутафаккир қайд мекунад, ки ба интихоби буду бошу кору фаъолият таъсиргузор аст. «Мизоҷи мардумони шаҳрҳои шимолӣ ва пешавароне, ки пешаашон ба об алоқамандӣ дорад, бештар тар аст. Мизоҷи касони мухолифи эшон баръакс бувад» [3; 52]. Маълум мешавад, ки табиби ҳозиқ мехоҳад донишмандон ва хусусан табибон аз ин масъала огоҳ бошанд дар интихоби навъ ва усули табобати беморон вобаста ба минтақаи зиндагиашон.
Дар масъалаи таркиби хуни одам, ки вобаста ба сину сол оби он каме тағйир меёбад (дар кудак 80-85 % дар пиронсол 55-65 %) Ибни Сино назари худро дорад. Ў манфиати ҳар ҷузъи хунро шарҳ дода, қисмати обии онро низ шарҳ медиҳад. «Ҳар гоҳ хун бароварда, андар найчаҳо гирифта шавад, андар пеши назар ба [хилтҳо] ҷудо хоҳад шуд – як ҳисса чун кафк, ки он сафрост; як ҳисса чун дурд ва лойоба, ки он савдост; як ҳисса чун сафедии хояи мурғ, ки он балғам аст; ва як ҳиссаи обӣ, ки он бахши обӣ буда, фазлаи он аз роҳи пешоб берун биравад. [Бахши] обӣ аз ҷумлаи хилтҳо нест, зеро он аз ҷумлаи ошомиданиест, ки ғизобахш нест ва аз баҳри тунук сохтани ғизо ва гузаронидани он бад-он ниёзмандӣ бувад» [3; 63]. Чун Ибни Сино обро сода медонад, онро аз ҷумлаи хилтҳои ғизобахш нею моддаи маҳалли ҳал ва ҳаракати хилтҳо медонад. «Аммо хилт бошад, аз ҷумлаи хўрданию ошомидании ғизобахш аст. Маънои «ғизобахш» гуфтани мо ин аст, ки вай билқувва танро мемонад. Он чизе, ки билқувва тани мардумиро монад, ҷисми омехта бувад, на сода. Об бошад, сода аст» [3; 63].
Дар масъалаи дарёҳо ва таносуби онҳо бо маҳал ё шаҳрҳои хурду бузург Ибни Сино назари донишмандони моқабли худро равшан сохта, идеяҳои хуб пешниҳод менамояд. Масалан, ў чунин менависад: «Дарёҳо бошанд, муҷиби зиёд шудани рутубати ҳамаи шаҳрҳое бигарданд, ки бар канори онҳо ҷойгиранд. Агар дарёҳо аз самти шимолӣ бошанд, онҳо ба сард шудани шаҳрҳо ёрӣ хоҳанд расонд, зеро боди шимолӣ ба рўи об, ки он табиатан сард аст, бивазад. Агар [дарё] аз самти ҷануб бошад, андар ситабрии боди ҷануб фузунӣ оварад, хусусан агар [бод] ба сабаби андар рў ба рў ҷойгир шудани кўҳ роҳи гузар наёбад. Агар дарё аз сўи машриқ бошад, ҳаворо тарӣ овардани он бештар аз он бошад, ки дарё ба сўи мағриб бошад, зеро офтоб баробари наздик шуданаш бар рўи он бухор шуданро доим зиёда кунад ва бар рўи дарёи ба сўи мағриб буда чунин кор накунад. Ба таври умум ҳамсоягӣ бо дарё муҷиби тарии ҳаво бигардад [3; 217]. Ва ин масъала дар умури шаҳрдорию саломатии аҳолӣ нақши муҳим дорад.
Дар мавриди бошандагони наздикуҳӣ, ки ҳаво дар аксари сол сарду барфист андешаи Ибни Сино онаст, ки ингуна мавозеъ ҳукми шаҳрҳои сардро дорад. Ба фарқ аз он ки чун барф гудохта шаваду хушки биёяд куҳҳо ҳавои тозаро масдуд кунанд ва ҳавои мавзеи зерикуҳӣ дамгирифта гардад. «Ҳукми бошандагони бошишгоҳҳои барфпўш чун ҳукми дигар шаҳрҳои сард бошад ва шаҳрҳои эшон бодӣ буванд. То вақте ки барф боқист, аз он бодҳои хуб падид оянд. Ҳар гоҳ ки барфҳо об шаванд ва кўҳҳо ба гунае бошанд, ки бодҳоро боз доранд, ҳаво дамгирифта бигардад [3; 255]. Бинобар ин, мутафаккир дар интихоби бошишгоҳ ба тааммулу тафаккур даъват менамояд, то тадбири манзил мувофиқи табиати инсон ва пойдории саломатии ў бошад. «Ҳар ки бошишгоҳ ихтиёр кунад, бояд бидонад: хоки замин ва ҳолати он андар баландиву пастӣ ва кушодагиву пўшидагӣ чӣ гуна аст; оби он, гавҳари оби он ва ҳолати баромад, кушодагӣ, пинҳонӣ ва пастии он [об] чӣ гуна аст; оё ин [ҷой] шамолрас ҳаст ва ё андар замин фурўрафта бувад» [3; 258].
Ибни Сино дар масъалаи дурушти (ситабри)-и об ва бо ҷушонидан тағйир ёфтани он ба андешаи табибони муосири худ мухолиф аст. Ў мегўяд: «Пизишкони нодон чунин гумон доранд, ки оби ҷўшонидаро бахши латифаш бухор шуда, бахши ғализаш боқӣ бимонад ва ҷўшонидан бефоида бошад, чунки обро аз он ситабрӣ бештар бигардад. Лекин бояд донист, ки бахшҳои об андар ҳадди обияти хеш аз ҷиҳати ситабрию тунукӣ яксонанд, аз баҳри он ки [унсури] содаи ғайри мураккаб аст» [3; 271]. Чуноне ки қайд шуд Ибни Сино ситабрию тунукии обро аз хосияти зотии об ҷудо мекунад ва қайд мекунад, ки бо сабаби фишор, таркиб бо омехтаҳои гуногуни берун аз моддаи аслии об, он метавонад ситабр ё тунук бошад. «Лекин об ё ба фишор овардани кайфияти сармо бар вай ситабр бигардад, ё бо бисёр омехта шуданаш бо ҷузъҳои хокие, ки онҳо ба иллати ниҳоят хурд будан наметавонанд аз об ҷудо шуда, тагшин бигарданд, аз баҳри он ки хурдии онҳо на ба андозаест, то битавонанд пайвастагии обро чок кунанд ва андар зери он бинишинанд. Ин [ҳол] чунин зарурат ба миён меоварад, ки бояд гавҳари обро аз барои онҳо омехтагие падид ояд [3; 271-272]. Бояд гуфт, ки шояд андешаи Ибни Сино бо андешаи табибони давр дар моҳият мухолиф набошад ва табибон низ ситабрии обро аз омехта шуданаш бо дигар унсурҳо медонистанд ва бинобар ин бо ҷушонидан ситабрии онро афзуда меҳисобиданд. Ва ин андеша бо таҷрибаҳои илмии муосир мувофиқ аст, аз он ҷиҳат, ки ҷушонидани оби дурушт бар дуруштии он меафзояд. Ва мебояд аввал обро ба қадри зарурат такшин сохт ва баъдан то ҳарорати 60-750 ҷўшонид, то он хосияти оби ҳаётбахшро бигирад [7].
Лекин мебояд қайд намуд, ки раванди тоза намудани об дар пешниҳоди Ибни Сино ба таври илмист, ки ба унсур, сифат ва хосиятҳои об дахл дорад. Мутафаккир менависад: «Баъд, ҷўшонидан нахуст зичиеро бибарад, ки аз сардӣ ба амал омадааст ва сипас ҷузъҳои обро сахт ковок ва ҳатто онро андар қивом тунуктар созад ва имконият диҳад, ки ҷузъҳои вазнини хокии андар зичии об нигоҳ дошташуда аз об ҷудо бигарданд. Онҳо ҳангоми тагшин шудан обро чок карда, бо тагшин шудан аз об ҷудо гарданд ва об ҳамчун оби холиси наздик ба оби сода боқӣ бимонад [3; 272]. Чигунае ки қайд мекунад «наздик ба оби сода», баёнгари он аст, ки об (ба таъбири имрўза дар сатҳи молекулаи холис) назди Ибни Сино дар унсур сода ва дар табиат метавонад холис бошад. Инчунин мутафаккир бо ҷушонидану такшин сохтан холис намудани обро аз ашёи бегона қабул дорад. Ва ин масъала баёнгари он аст, ки ҳанўз дар замони хеш Ибни Сино бо роҳи меканикӣ тоза намудани обро илман пешниҳод намудааст, чигунае ки пеш аз ў низ ба таври содатар пешниҳод мегашт.
Хулоса, масъалаи об ҳамчун унсури муҳими табиӣ барои пайдоиш ва бақои ҳаёт дар кураи Замин дар осори Абуалӣ ибни Сино ҳам аз ҷиҳати фалсафӣ ва ҳам аз ҷиҳати табиию тиббӣ мавриди таҳқиқ қарор гирифтааст, вале пажуҳиши илмии ин масъала дар осори мутафаккир то ҳол пурра анҷом нашудааст. Бинобар ин, мебояд дар радифи дигар фарзияҳои пешниҳодшуда ва ё кашфнашуда дар осори Ибни Сино, фарзияҳои дар масъалаи об ва хосиятҳои тиббӣ ва табии он мавриди таҳқиқ қарор бигиранд, то паҳлуҳои норавшани масъала ошкор гарданд. Ва хусусан дар даҳсолаи амал «Об барои рушди устувор» аз имконияти ба даст омада ба хубӣ мебояд истифода кард, то саҳми мутафаккирони барҷастаи илми тоҷик, ба монанди Абуалӣ ибни Сино, дар ғановати хазинаи таърихи илмии инсоният дубора таъкид гардад, то насли оянда поси хотири эшонро ба таври бояду шоиста бидонанд ва ҳифз намоянд.
Шамсов Муборакшо Саловудинович - н.и.ф., мудири шуъбаи Таърихи фалсафаи ИФСҲ АМИТ
Адабиёт
1. Абуалӣ ибн Сино. Осор. Т. 1. Мабдаъ ва маод. Душанбе, 2005.
2. Абуалӣ ибн Сино. Осор. Т.2. Китоби хидоя. Душанбе, 2005.
3. Абуалӣ ибни Сино. Осор. Ҷ. 12. Қонуни тиб. Китоби аввал. Душанбе, 2010.
4. Диноршоев М.Д. Натурфилософия Ибн Сины. Душанбе, 1985
5. Ибн Сино. Канон врачебной науки: В 10 т.- 3-е изд. Ташкент, 1996.
6. Исхаки Ю.Б. Ибни Сино и медицинская наука. Душанбе, 1984
7. Неумывакин И.П. Вода-жизнь и здоровье: мифы и реальность. Москва, 2014.