(дар ҳошияи Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олӣ, 28 декабри 2024,ш.Душанбе)
Дар толори нави Парлумони Ҷумҳурии Тоҷикистон санаи 28 декабри соли 2024 Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат муҳтарам, Эмомалӣ Раҳмон Паёми худро “Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилию хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон” ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ироа намуданд.
Чӣ тавре ки дар Паёми гузашта Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самтҳои асосии сиёсати дохилию хориҷии ҷумҳурӣ ва дурнамои сиёсати хориҷии кишвар чунин қайд намуда буданд: “Дар сиёсати хориҷии Тоҷикистон таҳким ва тавсеаи муносибатҳои дуҷонибаву бисёрҷониба бо кишварҳои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил, инчунин, дигар шарикони анъанавӣ аз минтақаҳои Осиё, Аврупо ва Амрико ҷойгоҳи хоса дорад. Чунин рӯйкарди ба оянда нигаронидашуда асоси сиёсати «дарҳои кушода»-и Тоҷикистонро ташкил медиҳад.”[1]
Инчунин дар Паёми навбатии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба сиёсати хориҷии кишвар чунин қайд намуданд: “Тоҷикистон дар заминаи сиёсати хориҷии “дарҳои кушода” ва таҷрибаи ҳамкории беш аз се даҳсола бо кишварҳои Аврупо Амрико, Осиё, Ховари Миёна ва давлатҳои дигар қитъаҳои дунё омодагии хешро ҷиҳати идомаи таҳкими муносибатҳои гуногунҷанба бо онҳо ҳам дар сатҳи дуҷониба ва ҳам дар қолабҳои бисёрҷониба изҳор мекунад”.
Сиёсати бисёрҷанба боиси тақвияти рушди ҳамкориҳои дуҷониба ва бисёрҷонибаи Тоҷикистон бо кишварҳои Осиёи Ҷанубу Шарқӣ дар соли 2024 гардид. Кишварҳои Осиёи Ҷанубу Шарқӣ дар Консепсияи сиёсати хориҷии Тоҷикистон ҷойгоҳи хосса доранд. Санаи17-26 ноябри соли 2024 ба минтақаи мазкур дар асоси супориш ва таваҷҷуҳи хоссаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон буд, ки ҳайти Тоҷикистон бо Малайзия, Сингапур, Индонезия ва Тайланд сафари корӣ анҷом доданд. Сафари мазкур яке аз дастовардҳои сиёсати хориҷии кишвар ба ҳисоб меравад.
Ҳайати кишварро вазири саноат ва технологияҳои нав, раиси Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ, муовини якуми раиси Бонки миллии Тоҷикистон, мушовири калони бахши ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои иқтисодӣ, муовинони раиси Кумитаи андоз, сардори Хадамоти гумрук, раиси Палатаи савдо ва саноати Тоҷикистон, оид сафари Тоҷикистон ба Малайзия ва дигар шахсон барои муаррафии самтҳои сиёсати гуногуни кишвар баромад намуданд. Чунин сафари ҳайати кишвар ба минтақа бори аввал аст.
Аз 17 то 19 - уми ноябри соли 2024 дар доираи сафар ба давлати Малайзия ҳайати кишвар бо як қатор роҳбарони баландпояи ин кишвар, аз ҷумла муовини Сарвазир ҷаноби Юсуф Фадиллаҳ, собиқ Сарвазир доктор Маҳатҳир бин Муҳаммад, вазири молия ҷаноби Датук Сери Амир Ҳамза Азизан, муовини Вазири сармоягузорӣ, савдо ва саноати Малайзия, ҷаноби Лю Чин Тон, валиаҳди Салтанати Негери Сембила, ҷаноби Тунку Али Резауддин ва Гурӯҳи палатаҳои савдои Малайзия дидору мулоқотҳои судманд анҷом доданд.[2]
Зимни баргузории мулоқоту вохӯриҳо ва Форуми сармоягузорӣ ҷонибҳо ҳавасмандии худро ҷиҳати боз ҳам тақвият бахшидани ҳамкориҳои тиҷоратию иқтисодӣ, аз ҷумла, ҷалби сармояи мустақим аз Малайзия барои татбиқи лоиҳаҳои афзалиятнок дар самтҳои иқтисоди сабз, энергетика, манбаҳои нерӯи таҷдидпазир, истихроҷу коркарди канданиҳои фоиданок ва коркарди ашёи хом иброз намуданд.
Ҳамзамон санаи 20 ноябри соли 2024 ҳайати расмии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Форуми тиҷоратӣ-сармоягузории кишварҳо дар шаҳри Сингапур ширкат варзиданд. Дар ин ҳамоиш, намояндагони вазорату идораҳои зикргардида доир ба имкониятҳои сармоягузорӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон бо роҳбарони ширкатҳои бузургтарини Сингапур ва намояндагони ассотсиатсияи шабакаҳои тиҷоратии Enterprise 50 (Е50) мулоқот намуданд.
Зимни чорабинӣ зикр гардид, ки баргузории чунин ҳамоишҳо муяссар гардид, ки ба ҷалби сармоя, ташкили корхонаҳои муштарак, рушди ҳамкориҳои иқтисодиву тиҷоратӣ, баланд бардоштани иқтидори содиротӣ, воридоти технологияҳои муосир ва тақвияти ҳамкориҳои дуҷонибаи иқтисодию сармоягузорӣ мусоидат менамояд. Ҳайати Ҷумҳурии Тоҷикистонро котиби доимии вазорати савдо ва саноати Ҷумҳурии Сингапур доктор Беҳ Свон Ҷин ба ҳузур пазируфт. Зимни суҳбат ҷонибҳо оид ба дурнамои ҳамкориҳои мутақобила ва ҷалби доираи соҳибкории Ҷумҳурии Сингапур барои амалисозии лоиҳаҳои муштараки ҳамкорӣ дар бахшҳои гуногуни иқтисодӣ мубодилаи афкор намуданд. Дар рафти мулоқот, инчунин вобаста ба масъалаҳои низоми бонкӣ, хусусан ҳамкории Департаменти монетарии Сингапур бо Бонки миллии Тоҷикистон ҳамкориҳои судманд анҷом дода шуд.
Дар доираи Форум имкониятҳои сармоягузории Тоҷикистон, низоми бонкӣ, фаъолият дар бахшҳои саноат, рушди зеҳни сунъӣ дар Тоҷикистон ва ба роҳ мондани ҳамкорӣ бо Сингапур, тақвияти ҳамкориҳо дар доираи фаъолияти Донишгоҳи байналмилалии рушди Сингапур дар Тоҷикистон (MDIS) ва дигар масъалаҳои барои ҷонибҳо манфиатбахш мавриди баррасии ҷонибҳо қарор гирифт.[3]
Инчунин 22 ноябри соли 2024 вазири саноат ва технологияҳои нави Тоҷикистон, Шералӣ Кабир бо Муовини вазири савдои Ҷумҳурии Индонезия хонум Дяҳ Роро Эстӣ дар шаҳри Ҷакарта мулоқоти дуҷониба анҷом дод. Дар ин дидор таҳкими равобити дуҷонибаи Индонезия ва Тоҷикистон, баррасии имконоти тиҷорату сармоягузорӣ ва рушди иқтисодии ду кишвар баррасӣ шуданд.[4]
Зимни вохӯрӣ ҳолати кунунӣ ва дурнамои рушди ҳамкориҳои тиҷоратию иқтисодӣ, аз ҷумла, баимзорасонии созишномаи дахлдор оид ба савдои озод миёни ду кишвар, таҳкими ҳамкориҳои сармоягузорӣ, афзоиши ҳаҷми гардиши савдои дуҷониба, татбиқи лоиҳаҳои муштараки сармоягузорӣ дар бахшҳои кишоварзӣ, нассоҷӣ, энергетика ва гардишгарӣ, табодули сафарҳои мутақобилаи доираҳои соҳибкорӣ ва омӯзиши таҷрибаи якдигар дар самтҳои болозикр мавриди таваҷҷуҳи ҷонибҳо қарор гирифт. Муовини вазири савдои Индонезия қайд намуд, ки айни замон Индонезия ва Тоҷикистон бахши кишоварзӣ ва амнияти ғизоиро ҳамкорӣ доранд.
Дар доираи сафари ҳайати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Осиёи Ҷанубӣ ва Шарқӣ вохурии ҳайат бо роҳбарияти Эксимбонки Индонезия баргузор гардид. Дар доираи вохурии мазкур масъалаҳои марбут ба иштироки Эксимбонки Индонезия дар лоиҳаҳои самти инфрасохтор соҳаҳои саноат, энергетика, кишоварзӣ, рақамикунонӣ, сайёҳӣ ва тиб, маблағгузории амалиётҳои содиротӣ тавассути пешниҳоди хатҳои қарзӣ барои баланд бардоштани рақобатпазирӣ дар бозорҳои байналмилалӣ, ташкили форумҳо барои рушди тиҷорат ва табодули таҷриба оид ба масъалаҳои сармоягузорӣ ва соҳибкорӣ мавриди баррасии ҷонибҳо қарор гирифт.
Ҳайати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар доираи барномаи сафари корӣ ба Таиланд санаи 23-26 ноябри 2024 анҷом доданд. Ин сафари корӣ марҳилаи муҳими тоза дар таҳкими муносибатҳои Тоҷикистону Таиланд гардида, имкониятҳои ҷадидро барои ҳамкорӣ дар соҳаҳои гуногуни иқтисодӣ, сармоягузорӣ, тиҷоратӣ, бонкдорӣ ва технологияҳои муосир фароҳам овард.
Дар рӯзи аввали сафар ҳайати Тоҷикистон бо Сарвазири Таиланд вохӯрии ғайрирасмӣ баргузор намуд. Дар ин мулоқоти самимӣ, ҷонибҳо омодагии худро барои таҳкими минбаъдаи ҳамкориҳо дар ҳама соҳаҳо мавриди таваҷҷуҳ изҳор карданд. Ин вохӯрӣ заминаи мусоид барои чорабиниҳои минбаъдаи сафари корӣ фароҳам овард.
Мавриди зикр аст, ки ҳайати кишвар ба мақсади баррасии имконияти густариш ва роҳандозии ҳамкориҳои Тоҷикистон зимни вохӯрӣ ва нишасти корӣ бо намояндагони мақомоти давлатӣ ва бахши хусусии кишварҳои Малайзия, Сингапур, Индонезия ва Таиланд ба минтақаи Осиёи Ҷанубӣ ва Шарқӣ буд. Ҳадафи он баррасии имконияти таҳкими робитаҳои иқтисодии кишвар ва муаррифии сармоягузории Тоҷикистон ба намояндагони мақомоти давлатӣ ва бахшҳои хусусии кишварҳои болозикр мебошад. Ҳамчун замина ба таъсиси сохториву ташкилотӣ барои танзими мулоқотҳои оянда бо доираҳои тиҷоратӣ ва муҳокимаву баррасии имкониятҳои нави ҳамкорӣ дар таҳияи лоиҳаҳои муштарак ва бахшҳои калидӣ бо муайян намудани самтҳои афзалиятноки сармоягузорӣ барои ҳамоишҳои соҳибкориву тиҷоративу сармоягузорӣ мусоидат хоҳад кард. Сафари ҳайати кишвар ба кишварҳои Осиёи Ҷанубу Шарқӣ яке аз дастоварди сиёсати пешгирифтаи Пешвои миллат буда, барои рушди самтҳои иқтисодиёт дар ояндаи наздик мусоидат менамояд.
Бо назардошти ба роҳ мондани ҳамоҳангии муассисаҳои илмӣ бо вазорату кумитаҳо пешниҳод карда мешавад, ки барои омӯзиши баррасии самтҳои ҳамкориҳо ба кишварҳое, ки Тоҷикистон робитаҳои дуҷонибаи дӯстона дорад, дархостҳои худро ба муассисаҳои илмӣ ироа дошта, омодагии хешро барои қабул ва амалисозии натиҷаҳои тадқиқоти олимон эълон намоянд. Имрӯз набудани робитаҳои байни ниҳодҳои давлатӣ, мушкилотҳо дар тадқиқотҳои илмӣ ба назар мерасад. Барои беҳтар кардани робитаҳо пешниҳод карда мешавад, ки байни Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон бо Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва вазорату кумитаҳои дахлдор созишнома, оид ба дастрасии маводҳо дар корҳои илмӣ-тадқиқоти баста шавад.
Ташкили семинарҳо байни вазоратҳо ва кумитаҳо бо Институтҳои таҳлилӣ дар самтҳои сиёсати хориҷии кишвар зарур мешуморем. Муассисаҳои илмӣ бояд мавзуъҳоеро мавриди омӯзиш қарор диҳанд, ки дар асоси пешниҳодҳои Паёми солона, ҳадафҳои стратегӣ ва рушди иқтисодиву иҷтимоии кишвар аҳамияти аввалиндараҷа доранд. Ҳамоҳангӣ бо вазорату кумитаҳои дахлдор метавонад, чунин мавзъҳои аҳамиятнокро дуруст муайян кунад. Танҳо саноати илмбунёд дар бозори имрӯзаи ҷаҳонӣ рақобатпазир буда метавонад, ки ин заминаи рушди устувори мамлакат барои даҳсолаҳои ояндаро фароҳам меорад.
Соҳиби Баҳруло - ходими илмии шуъбаи Осиёи Ҷанубӣ ва Шарқии Институти омӯзиши масъалаҳои давлатҳои Осиё ва Аврупои Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон
Сарчашмаҳо:
1. Баргузории Форуми сармоягузории Тоҷикистон ва Сингапур https://investcom.tj/news/473-barguzorii-forumi-sarmojaguzorii-toikiston-va-singapur.html
2. Баргузории Форуми сармоягузории Тоҷикистон ва Сингапур https://investcom.tj/news/473-barguzorii-forumi-sarmojaguzorii-toikiston-va-singapur.html
3. Баргузории Форуми сармоягузории Тоҷикистон ва Сингапур https://investcom.tj/news/473-barguzorii-forumi-sarmojaguzorii-toikiston-va-singapur.html
4. Pertemuan Wamendag RI dengan Menteri Perindustrian dan Teknologi Baru Tajikistan https://www.kemendag.go.id/.../pertemuan-wamendag-ri... 23.11.2024
Бардошт аз Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ. 28.12.2024. шаҳри Душанбе
Имрӯзҳо, Ҷумҳурии Тоҷикистон дар марҳалаи нави тараққиёти худ қарор дорад, ки он пеш аз ҳама рушди асосбунёди ҷомеа – тараққӣ додани иқтисодиёти кишвар ва ташаккули камолоти сармояи инсонии он тавассути таъмини амнияти миллӣ мебошад. Аз ин рӯ, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дастовардҳои соли сипаришударо ҷамъбаст намуда, 55% қисмати Паёми хешро ба ҳадафи стратегии давлат - рушди иқтисодии кишвар бахшидаанд.
Дар баробари ин мавзӯъ, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон таъкид намуданд, ки ин ҳадафи стратегӣ дар шароити тараққиёти илму техника ва технологияҳои нав ба нав, бе инкишофи ҳаматарафаи сармояи инсонӣ ва, дар вазъи шиддат гирифтани мухолифатҳои сиёсӣ, таҳримҳо миёни кишварҳои абарқудрат ва дигар омилҳои берунӣ, бе таъмини амнияти миллӣ пешрафт нахоҳад кард.
Инак, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Паёми навбатии хеш ба Маҷлиси Олӣ ва аҳли ҷомеа бо як шукӯҳу шаҳомати пурифтихор ва ҳисси масъулиятшиносии ватандӯстона, бо сипосу миннатдории самимӣ ба соҳибкорон, шахсони саховатпеша ва сокинони мамлакат барои дастгирии ташаббусҳои Ҳукумат ва саҳмгузорӣ дар ободиву пешрафти мамлакат оиди дастовардҳои тозаю навин ироа карда, бо эътимоди комил ба мардум ҳадафҳои стратегии наздику дурнамои кишварро иброз намуданд.
Бешубҳа, рушди тамоми соҳаҳои иқтисодиёт, сармояи инсонӣ ва таъмини амнияти кишвар чун ҳадафи стратегии як кишвари рӯ ба тараққӣ ниҳода бо ҳам зич алоқаманд буда, ба рушду таҳкимёбии низоми сиёсии давлатдорӣ мусоидат мекунанд.
Сармояи инсонӣ, ки дониш, малака, тахассус, саломатӣ ва қобилиятҳои одамонро дар бар мегирад, манбаи асосии истеҳсолот, инноватсия ва рушди устувори тамоми соҳаҳои ҷамъият ва давлати миллӣ мебошад. Дар баробари ин, сармояи инсонӣ фароҳамоварандаи қудрати молию моддӣ барои пешрафти дарозмуддати давлати соҳибистиқлоли миллӣ ҳамчун асоси рушди стратегӣ, омили асосии рушди устувори иқтисодӣ ва тамоми соҳаҳои ҷамъият ба ҳисоб меравад.Таҳлил нишон медиҳад, ки рушди инсон дар ҷомеа як раванди бисёрҷанбаест, ки беҳтар намудани солимии ҷисмонӣ, равонӣ, эҳсосотию иҷтимоӣ, инчунин ташаккули маҳорату қобилиятҳои фардиро дар бар мегирад, ки он барои самаранок инкишоф додани иқтидори кишвар ва баррасии якчанд ҷанбаҳои асосии ҳаёти иҷтимоӣ хеле муҳим аст. Рушди сармояи инсонӣ дар Тоҷикистон яке аз муҳимтарин равандҳоест, ки барои баланд бардоштани рақобатпазирии кишвар дар арсаи байналмилалӣ ва беҳбуди сифати зиндагии мардум мусоидат мекунад. Солҳои охир дар низоми маорифи Тоҷикистон ислоҳоти фаъол баҳри беҳбуди сифати таҳсилот амалӣ шуда, мутобиқшавии он ба стандартҳои байналмилалӣ ба вуқӯъ меояд. Яке аз ташаббусҳои муҳим дар ин ҷода ҷорӣ намудани барномаҳои таълимие мебошанд, ки ба касбҳои муосир, аз қабили IT, муҳандисӣ, экология ва соҳибкорӣ нигаронида шудаанд. Дар кишварҳои тараққикардаистода сармоягузорӣ ба соҳаи маориф, тандурустӣ, такмили ихтисос ва амнияти иҷтимоӣ омилҳои асосии ноил шудан ба ҳадафҳои стратегии рушд мебошанд. Чунки таҳсилот ва омӯзиш қувваи кории баландихтисосро ба вуҷуд меорад, ки он ба ҷалби сармоягузорӣ, рушди технологияҳои инноватсионӣ ва пешбурди иқтисодиёт қодир мегардад. Бинобар ин солҳои охир аз тарафи Ҳукумати Тоҷикистон бо дастгирии хирадмандонаи Пешвои миллат мӯҳтарам Эмомали Раҳмон ва соҳибкорону шахсони саховатпеша барои бунёди сармояи иҷтимоӣ ва инсонӣ ба соҳаҳои гуногун маблағгузорӣ карда шудааст, ки он боиси беҳтар шудани сифати зиндагӣ, маориф, тандурустӣ, рушди институтҳои иҷтимоӣ ва ба вуҷуд омадани инфрасохтор дар кишварамон гардид.
Дар натиҷа, “дар се соли охир дар мамлакат беш аз 1500 иншооти соҳаи маориф, яъне муассисаҳои томактабӣ ва таҳсилоти миёнаи умумӣ, 660 иншооти соҳаи тандурустӣ, 480 иншооти варзиш, 175 иншооти фарҳангу фароғат ва ҳазорҳо иншооти дигари истеҳсоливу иҷтимоӣ бунёд ва ба истифода дода шуданд”.Таъсиси марказҳои таълимӣ, ки касбу кору ихтисосҳои технология ва хизматрасониро меомӯзонанд, ба беҳтар шудани шуғли аҳолӣ ва баланд бардоштани ихтисоси коргарон мусоидат низ намуд.
Барои ба даст овардани омори дақиқ дар бораи баланд шудани сатҳи ихтисосии омӯзгорон дар Тоҷикистон дар асоси маълумоти то соли 2024 метавонем чанд ҷанбаи ин равандро баррасӣ кунем. Масалан, соли 2021 дар Тоҷикистон курсҳои такмили ихтисос беш аз 60 ҳазор нафар омӯзгорро фаро гирифтаанд, ки як қисми зиёди шумораи умумии омӯзгоронро ташкил кард. Ин курсҳо тавассути марказҳои тахассусии таълимӣ, аз қабили Марказҳои такмили ихтисоси назди Вазорати маориф ва илм ташкил шуда буданд.
Унсури муҳими такмили ихтисос низ дастрасӣ ба маводҳои методӣ ва китобҳои дарсии муосир мебошад, ки Вазорати маориф дар ин ҷода зуд-зуд барномаҳо ва васоити таълимии навшударо таҳия ва нашр менамояд, то ба омӯзгорон дар такмили дониш ва равишҳои таълимашон кӯмак расонад.
Дар доираи ислоҳоти соҳаи маориф дар кишвар як қатор лоиҳаҳое мавҷуданд, ки ба баланд бардоштани малакаҳои толибон, омӯзгорону кормандони соҳа нигаронида шудаанд. Аз он ҷумла, барномаҳое, ки аз ҷониби созмонҳои байналмилалӣ дастгирӣ мешаванд, ба нақша гирифта шуда, амалӣ мегарданд.
Масалан, дар доираи барномаи Бонки Ҷаҳонӣ ва ЮНЕСКО ҳудуди 50 ҳазор омӯзгор тавонистанд, ки тавассути курсҳои гуногун маълумоти иловагӣ гиранд.Дар доираи ислоҳоти соњаи маориф усулњои нави таълим низ љорї гардида, наќшањои таълимї таљдид шуда, таваљљуњ ба таълими забонњои хориљї зиёд мегардад, ки ин љанбаи муњими њамгироии Тољикистон ба шуғли мењнатии бозори љањонї мебошад.
Илова бар ин, системаи тањсилоти касбї фаъолона инкишоф меёбад, ки ба љавонон имкон медињад, ки малакањои серталаби ба талаботи бозори мењнат љавобгўро ба даст оранд. Дар масъалаи рушди сармояи инсонӣ ва иқтисодиёт баланд бардоштани маърифати истифодаи технологияҳои рақамиро бо роҳи омӯзиш ва бозомӯзии кадрҳо доир ба технологияҳои иттилоотӣ дар дохил ва хориҷи кишвар, такмили фаврии заминаҳои ҳуқуқӣ ва қабули санадҳои дахлдор, тавассути инкишоф додани инфрасохтори рақамӣ, ташкили махзани ягонаи хизматрасониҳои давлатӣ ва дигар чорабиниҳо ҷорӣ шуда истодааст.
Имрӯзҳо, дар Тоҷикистон рушди технологияҳои рақамӣ ва технологияҳои иттилоотӣ ба яке аз афзалиятҳои муҳими сиёсати давлатӣ табдил ёфтааст. Дар солҳои охир стартапҳо дар соҳаи IT фаъолона инкишоф ёфта, оид ба барномасозӣ, таҳияи веб ва касбҳои рақамӣ курсҳо гузаронида мешаванд. Тавассути чунин ташаббусҳо ҷавонон ба ҷойҳои нави корӣ ҳам дар дохили кишвар ва ҳам дар хориҷи он дастрасӣ пайдо мекунанд.
Солҳои охир шумораи омӯзгороне, ки аз рӯи технологияҳои нави иттилоотию коммуникатсионӣ (ТИК) омӯзонида шудаанд, афзоиш ёфтааст. Дар соли 2022 беш аз 30% омӯзгорони кишвар курсҳои истифодаи технологияро дар раванди таълим хатм кардаанд.
Тоҷикистон дар лоиҳаҳои байналмилалии таълимӣ низ фаъолона иштирок мекунад. Бунёди платформаҳои таҳсилоти онлайнӣ қадами муҳимест, ки ба шаҳрвандони кишвар имкон медиҳад, ки касбҳои навро фосилавӣ омӯзанд. Курсҳои онлайн оид ба барномасозӣ, маркетинг ва соҳибкорӣ бо усули азхудкунии фосилавӣ барои бисёр одамон дастрас шуда истодаанд, ки ин иқдомҳо барои баланд бардоштани малакаи онҳо ва рушди сармояи инсонӣ мусоидат мекунанд. Яке аз чунин лоиҳаҳо шарикӣ бо USAID мебошад, ки дар доираи он тақрибан 10 000 омӯзгор аз рӯи барномаҳои баланд бардоштани сифати таълим дар деҳот омӯзонида шудаанд. Пас аз пандемияи COVID-19, афзоиши назарраси шумораи омӯзгороне, ки аз курсҳои онлайн истифода мебаранд, ба мушоҳида мерасад. Аз соли 2023 зиёда аз 15 000 омӯзгор тавассути шабакаҳои Coursera ва EdX дар барномаҳои онлайнии такмили ихтисос фаъолона иштирок карданд.
Ин рақамҳо аз он шаҳодат медиҳанд, ки мамлакат барои баланд бардоштани сифати таълим бо роҳи пай дар пай такмил додани ихтисоси муаллимону мутахасисони соҳаҳои гуногуни ҷамъият, аз он ҷумла, соҳаи иқтисодӣ, саъю кӯшиш дорад. Пешвои миллат дар Паёми мазкур дар ҷодаи гузариш ба рақамикунонии соҳаҳои иқтисоди миллӣ муваффақиятҳои ҷомеаро қайд карда, оид ба таъмин намудани шаффофияти муносибатҳои иқтисодиву молиявӣ дар панҷсолаи минбаъда якчанд чорабиниҳоро дар ин соҳа ба нақша гирифтанд.
Маълум аст, ки саломатии аҳолӣ бевосита ба сифати сармояи инсонӣ таъсир мерасонад ва тандурустӣ маҳсулнокии умумӣ ва устувории аҳолиро беҳтар намуда, хароҷоти тиббиро коҳиш медиҳад ва сифати ҳаётро беҳтар месозад. Бинобар ин таи солҳои охир барои беҳтар кардани дастрасӣ ба хидматрасониҳои тиббӣ лоиҳаҳои баланд бардоштани дараҷаи тайёрии касбии коркунони тиб ва табибон тавассути беҳбуд бахшидани инфрасохтори муассисаҳои тиббӣ, муҷаҳҳазонидани беморхонаҳо бо таҷҳизоти замонавӣ амалӣ шуда истодаанд, ки дастовардҳои соҳаи тандурустӣ дар ин ҷодадар Паёми Президент возеҳу шаффоф нишон дода шудаанд. Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мӯҳтарам Эмомалии Раҳмон дар Паёми мазкур мустаҳкам намудани системаи тандурустиро бо роҳи гузаронидани якчанд ислоҳотҳо дар ин соҳа ҳамчун яке аз ҳадафҳои афзалиятноки сиёсати давлатӣ таъкид намуданд. Ба ин мақсад “дар соли 2025-ум барои соҳаи тандурустӣ аз ҳисоби буҷети давлатӣ 4,3 миллиард сомонӣ пешбинӣ гардидааст, ки нисбат ба соли 2024-ум 840 миллион сомонӣ зиёд мебошад”- иброз намуданд Пешвои миллат дар Паём.
Ҳамин тариқ, маблағгузориҳо ба соҳаи тандурустӣ барои беҳтар кардани инфрасохтор, харидани таҷҳизот ва баланд бардоштани сифати хизматрасонии тиббӣ беш аз пеш роҳандозӣ мешаванд. Дар Тоҷикистон барномаҳои эмгузаронӣ бо фарогирии беш аз 95% кӯдакони то 5-сола фаъолона амалӣ карда мешавад, ки ба меъёрҳои байналмилалӣ ҷавобгӯ мебошад.
Дар Тоҷикистон барои ҳифзи саломатӣ ва ҳифзи иҷтимоӣ низоми кӯмакпулиҳои иҷтимоӣ низ мавҷуд аст, ки нафақа, кӯмакпулиҳои маъюбӣ ва кӯмак ба оилаҳои ниёзманду серфарзандро дар бар мегирад. “Соли 2024-ум ҳаҷми умумии хароҷоти соҳаҳои иҷтимоӣ ба 19 миллиард сомонӣ расонида шуд, ки нисбат ба буҷети соли 2023-юм беш аз 2 миллиард сомонӣ зиёд буда, 43 фоизи хароҷоти буҷети давлатиро ташкил медиҳад”, - гуфта шудааст дар Паём.
Суботи сиёсӣ ва таҳкими институтҳои иҷтимоӣ барои рушди устувори сармояи инсонӣ тавассути рушди ҳамаҷонибаи шахсият – худшиносӣ, дарки ҳувияти миллӣ, ҳисси ватандӯстӣ, сатҳи баланди маърифатнокӣ, ташаккули шуури ҷамъиятии вай ба вуқӯъ меоянд. Дар ин маврид, риояи қонун, адолат ва ҳифзи ҳуқуқҳои шаҳрвандон шароит фароҳам меоранд, ки рушди сармояи инсонӣ сифатан зина ба зина ва пай дар пай бо назардошти қудрату тавоноии молии давлат ва ҷомеа дар кишвар роҳандозӣ мешаванд.
Ҳукумати мамлакат ва Пешвои миллат мӯҳтарм Эмомалии Раҳмон бо мақсади баланд бардоштанифарҳанги андозсупории шаҳрвандони кишвар соли 2025-ро соли маърифати молиявӣ эълон карда, барои иҷрои ин вазифаиброз намуданд, ки дар ҳалли ин мушкилот як қатор тадбирҳои муҳим андешида шаванд. Таъин карда шуд, ки Вазорати рушди иқтисод ва савдо дар ҳамкорӣ бо дигар вазорату идораҳо ва мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, бо дарназардошти амалисозии ҳадафҳои пешбинигардида, то охири соли 2025-ум лоиҳаи «Барномаи миёнамуҳлати рушд барои солҳои 2026 – 2030»-ро таҳия ва ба Ҳукумати мамлакат пешниҳод намояд.
Дар ҳуҷҷати зикршуда ба масъалаҳои рушди сармояи инсонӣ, тақвияти иқтидорҳои истеҳсолӣ ва истифодаи технологияҳои муосир, ташкили истеҳсоли молу маҳсулоти рақобатнок бо арзиши баланди иловашуда, пайванди илм бо истеҳсолот ва ташаккул додани иқтисоди ба дониш ва ихтироъкориву навоварӣ асосёфта таваҷҷуҳи аввалиндараҷа зоҳир карда шавад.
Ба ақидаи мо, барои расидан ба ин ҳадаф пеш аз ҳама огоҳии шаҳрвандон оиди низоми андоз ва моҳияту аҳамияти он, яъне, баланд бардоштани саводнокии молиявии шаҳрвандон ва ба ин васила ҳам беҳтар кардани низоми андоз хеле муҳим аст. Бинобар ин мо амалисозии чунин чорабиниҳои муҳиму муфидро пешниҳод мекунем,ки онҳо дар раванди иҷрои вазифаи муҳими сол, ки он ташаккули маърифати молиявии шаҳрвандон барои баланд бардоштани фарҳанги андозсупорӣ эълон шудааст, фарҳанги кӯмак мерасонанд:
1. Баланд бардоштани сатҳисаводнокии молиявии аҳолӣ,ки тавассути омӯзиши моҳияти андоз ва аҳамияти он барои пешрафти ҷомеа ва давлат бо роҳи гузаронидани курсҳо, тренингҳо ва маъракаҳои иттилоотӣ, ки ба шаҳрвандон фаҳмиши дурусти низоми андоз, намудҳои андоз ва аҳамияти онҳо барои иқтисодиётро меомӯзонанд, муҳим аст. Барномаҳои таълимиро метавон ба таври содда ва оммафаҳм тавассути мактабҳо, донишгоҳҳо, созмонҳои ҷамъиятӣ ва курсҳои онлайн пешниҳод кард.
Ба воситаи истифодаи шаклҳоигуногуни ВАО (телевизион, радио, интернет, шабакаҳои иҷтимоӣ)барои паҳн кардани маълумот оиди чӣ гуна, кай пардохт кардани андозҳо, оқибатҳои саривақт напардохтани андозҳо ва бартариҳои интизоми дурусти андозсупорӣ маъракаҳои иттилоотӣ гузаронида шаванд. Ба ин мақсад, дастурҳо, видеоҳо ва намоишномаҳои кӯтоҳу содда, фаҳмо ва дастрас эҷод карда шаванд, то ки аҳолӣ тавонад дар бораи он ки эъломияҳои андозро чӣ тавр пур кардан даркор, кадом ҳуҷҷатҳо барои пардохти андоз лозиманд, маълумот гиранд ё ки оиди тавассути онлайн роҳи пешниҳод шудани ҳуҷҷатҳои лозимаро ёд гиранд.
2. Оптимизатсия ва соддагардонии низоми андоз:
Низоми содда, камхарҷкунанда ва фаҳмо будани андоз омодагии шаҳрвандонро барои пардохти андоз зиёд мекунад. Он метавонад ҷорӣ намудани меъёрҳои андозро, ки барои ҳамаи категорияҳои шаҳрвандон фаҳмо ва дастрас бошад, инчунин соддагардонии расмиёти пешниҳоди андозро дар бар гирад. Таҳия ва татбиқи системаҳои онлайн барои пешниҳоди эъломияҳо, пардохти андозҳо ва пайгирии вазъи пардохтҳо ба тариқи рақамикунонии расмиёти андоз ин равандро барои ҳама осон, қулай ва дастрас мегардонад. Татбиқи системаи ёдраскуниҳои худкор дар бораи мӯҳлатҳои пардохти андоз бо истифода аз огоҳиномаҳои SMS ё почтаи электронӣ, ки эҳтимолияти таъхирро ба таври назаррас коҳиш медиҳад, ба роҳ монда шавад.
3. Рушди эътимод ба низоми андоз тавассути таъмини шаффофият ва ҳисобдиҳӣ дар истифодаи даромадҳои андоз ба даст меояд. Муҳим аст, ки шаҳрвандон натиҷаи саҳмҳои андози худро бубинанд. Эҷоди шабакаҳои иртибот бо мақомоти андоз, ки дар он шаҳрвандон метавонанд саволҳо диҳанд, маслиҳат гиранд ва масъалаҳои марбут ба андозбандиро ҳал кунанд, зарур аст.
4. Ҳавасмандкунӣ ва ҳавасмандгардонии андозсупорандагони бошуур: Ба шахсоне, ки андозро сари вақт месупоранд ё ки мунтазам ба интизоми андоз риоя мекунанд, додани тахфифҳои хурд ё мукофотпулӣ ё имтиёзҳои андоз ба роҳ монда шавад. Таҳияи барномаҳо барои мукофотонидани андозсупорандагони фаъол (масалан, тавассути эътирофи ҷамъиятӣ ё ҳавасмандкунии молиявӣ) ҷорӣ карда шаванд.
5. Ҳамкорӣ бо бахши хусусӣ тавассути ташкили кори мушовирони андоз ва муҳосибони андоз, ки ба шаҳрвандон дар дуруст пур кардани эъломияҳои андоз ва сари вақт пардохтани андозҳо кумак мерасонанд, роҳандозӣ карда шаванд. Ин, махсусан, барои тиҷорати хурд ва миёна хеле муҳим аст. Шарикӣ бо тиҷорат бо кафолат додани он, ки корхонаҳо инчунин дар паҳн кардани донишҳои молиявӣ ба кормандон ва мизоҷони худ нақш мебозанд, ҷорӣ мегардад.
6. Барномаҳои таълимӣ дар мактабҳо ва донишгоҳҳо:
Ба нақшаҳои таълимии мактабҳо ва донишгоҳҳо асосҳои саводнокии молиявӣ, қонунгузории андоз ва идоракунии молиявии шахсӣ дохил карда шавад. Ҳар қадаре ки ҷавонон зудтар аҳамияти андозбандиро дарк кунанд, таъмини риояи андоз дар оянда ҳамон қадар осонтар мешавад.
7. Истифодаи технологияҳои инноватсионӣ:
Таҳияи системаҳо дар асоси технологияҳои Вlockchain барои таъмини шаффофият ва ҳисоббаробаркуниҳои дақиқи андоз амалӣ шаванд, зеро он сатҳи эътимод ва вазъи роҳати андозсупорандагонро баланд мебардорад. Технологияи Blockchain (ё blockchain) як системаи инноватсионии захиракунандаи маълумотҳо мебошад, ки имкон медиҳад иттилоот тавре нигоҳ дошта шавад, ки он барои ҳама иштирокчиёни шабака тағйирнопазир, бехатар ва дастрас гардад.
Татбиқи соли маърифати молиявии шаҳрвандон тавассути амалҳо ва роҳу усулҳои дар боло зикршуда бархе азпешниҳодҳои муфиданд, ки ба ақидаи мо, барои баланд шудани сатҳи фарҳанги андозсупорӣ ва он, дар навбати худ, ба афзоиши пардохтҳои ихтиёрии андоз ва таҳкими суботи молиявии кишвар мусоидат мекунанд.
Вобаста ба ин, дар Паёми Пешвои миллат чун амри воқеии ҳалталаб як масъалаи муҳими дигаре низ таъкид ёфтааст, ки ҳаллу фасли он, пеш аз ҳама, аз сатҳи донишу худшиносии мардум, аз маърифату масъулиятшиносии ҳар фарди ҷомеа, аз вазифашиносӣ ва ватанпарварии ҳар шаҳрванди Тоҷикистон вобаста аст. Зоҳиршавии чунин сифатҳои шахсиятӣ дар муносибату рафтори шаҳрвандон аз ташаккули маърифати молиявӣ ва баланд шудани фарҳанги андозсупории онҳо шаҳодат медиҳад. Маҳз, ташаккули маърифати молиявии шаҳрвандон яке аз василаҳои афзоиши қудрати молиявии давлати мо мегардад. Иҷрои ин вазифа беихтиёр ба тараққиёти муътадили иқтисодиёти кишварамон мусоидат карда, рушди стратегии давлатро ба маҷрои пешбарандаи қудратафзо медарорад. “Сифати давлат на ба шумораи аҳолӣ, балки ба сифати аҳолӣ вобаста мебошад. Бинобар ин, ташаббус дар ин самт бояд пурра дар дасти давлат бошад.”- таъкид шудааст дар Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Ҳамин тариқ, аз таҳлилу баррасӣ шудани дастовардҳои солҳои охир ва масъалаҳои ҳалталаби иҷтимоию иқтисодие, ки дар Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ ироа ёфтаанд, бармеояд, ки дар рушди устувори стратегии давлат якчанд омилҳои калидии баҳам марбут, ки ҷузъи калидии он рушди сармояи инсонӣ дар шароити таъмини амнияти миллӣ баҳри рушди иқтисодии кишвар мебошад, нақши муҳим мебозанд. Ҳар яке аз ин ҷанбаҳо бо ҳам дар робитаҳои тақвиятбахшанда рушд карда, давлат ва ҷомеаро ба ҳадафҳо ва рушди устувори стратегӣ мерасонанд.
Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии кишвар, ки 28 декабри соли 2024 ба Маҷлиси Олӣ пешниҳод шуд, ба таҳким ва рушди сармояи инсонӣ дар Тоҷикистон таваҷҷӯҳ мекунад. Пешвои миллат таъкид намудаанд, ки рушди иқтисодӣ ва таъмини амнияти миллӣ дар шароитҳои сиёсӣ-иҷтимоии ҷаҳони муосир, ки бо таҳримҳо ва таҳаввулоти босуръати технологӣ, сиёсӣ ва иқтисодӣ рӯ ба рӯ аст, бе таваҷҷӯҳ ба рушди сармояи инсонӣ имконнопазир аст. Таҳлили дастовардҳо ва масъалаҳои асосии рушди стратегии дар Паём эълонкардашудаи Президенти Тоҷикистон нишон медиҳад, ки сармояи инсонӣ – дониш, малака, тахассус ва саломатии инсонҳо, ҳамчун омили асосии рушди устувори иқтисодӣ ва иҷтимоии кишвар ба ҳисоб меравад.
Дар ин замина, амалишавии ислоҳот дар соҳаи маориф ва таълими касбӣ, сармоягузории фаъол дар соҳаҳои маориф ва тандурустӣ, ҷорӣ намудани стандартҳои байналмилалӣ ва ташаккули маърифати молиявии аҳолӣ аз аҳамияти калони сиёсӣ ва иҷтимоии кишвар бархӯрдор аст. Маориф ва технологияи рақамӣ дар Тоҷикистон дар рушди сармояи инсонӣ ва иқтисодиёт нақши калидиро мебозанд. Пешвои миллат, инчунин, дар Паёми худ нақшаи давлатии кишварро барои рушди технологияҳои рақамӣ ҳамчун яке аз афзалиятҳои муҳими сиёсати давлатӣ муаррифӣ намудаанд.
Маърифати молиявӣ низ бо мақсади рушди дониш ва саводнокии молиявии аҳолӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон эълон шудааст. Ба ин назар, амалӣ намудани лоиҳаҳои омӯзишии махсус барои баланд бардоштани фарҳанги андозсупорӣ, кӯмакпулиҳо ва таҳкими ҳаёти иҷтимоии мардум дар назар аст. Бо таваҷҷӯҳ ба ин ҳадафҳо, Ҳукумати Тоҷикистон бобати омода кардани "Барномаи миёнамуҳлати рушд барои солҳои 2026-2030" тадбирҳои амиқ андешидааст, ки ба роҳи дурусти таъмини рушди устувори иқтисод, бозори меҳнат ва сифатнокии аҳли ҷомеа оварда мерасонад.
Ин паёми сиёсӣ, ки бо диди умумии ислоҳот ва рушди сармояи инсонӣ равона шудааст, нишон медиҳад, ки Тоҷикистон дар роҳи ташаккули як давлати устувор ва рақобатпазир дар арсаи ҷаҳонӣ, таҳкими низоми маориф ва иқтисод ва такмили инфрасохтори давлатӣ, ба таври фаъол кӯшиш мекунад.
Назира Орифҷонова, номзади илмҳои фалсафа, дотсент, ходими калони илмии Шӯъбаи фалсафаи иҷтимоии ИФСҲ-и ба номи А.Баҳоваддинови АМИТ
Дар ҳошияи Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон» (28 декабри соли 2025)
Ҳамасола, Паём ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз нуқтаҳои муҳиму пандҳои ибратомӯз ва суханхои ҳидояткунандаи Пешвои миллат сурат мегирад. Дар Паёми навбати Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оид ба пешбурди самараноки сиёсати хориҷӣ ва таъмини пешрафти соҳаҳои иқтисоду саноат, энергетика, роҳу нақлиёт, амнияту мудофиа, ҳифзи ҳуқуқу тартибот, тандурустӣ, фарҳанг, илму маориф, ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ суханрони намуда, барои боз ҳам рушд бахшидани ин соҳаҳо вазифаҳои мушаххас ва муҳим ба миён гузоштанд.
Ба ҳамагон маълум аст, ки дар таърихи башар илму маориф ҳамеша омили пешбарандаи рушду такомули ҷомеа ба шумор меравад. Соҳаи маорифи кишварамон бо ибтикори Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон яке аз соҳаҳои афзалиятноки сиёсати иҷтимоии давлат эълон гардидааст. Ҳамаи рукнҳои ҳаёти сиёсӣ, иқтисодиву иҷтимоӣ, фарҳангу адабиёт, пеш аз ҳама, дар асоси мактабу маориф рушд меёбанд. Воқеан хам маориф муҳимтарин воситаи рушди ҷомеаи инсонӣ буда, баҳри баланд бардоштани дараҷаи маърифатнокии ҷомеа ва рушди инсон нақши бузург мебозад ва махсусан, дар шароити кунунӣ ҷаҳонишавӣ, ки Тоҷикистон дар арсаи ҷаҳон чун давлати мустақил, демократӣ, ҳуқуқбунёд ва дунявӣ эътироф гардидааст, аҳамияти калон дорад. Бинобар ин, давлат дар роҳи рушду пешрафти худ, дар навбати аввал ба мактабу маориф ва илм такя мекунад ва тамоми неру ва тавоноии худро баҳри рушди ҳамаҷонибаи илму маориф ҷалб месозад.
Пешвои миллат аз рӯзҳои аввали роҳбарии худ ба масъалаи илму маориф эътибори доимӣ ва аввалиндараҷа зохир намуда, дар Паём бори дигар таъкид намуданд, ки «Ҳамеша дар хотир бояд дошт, ки ҳамаи пешравию пирӯзии ҳар як давлат ва ҷомеаро мактабу маориф ва илму дониш таъмин мекунад». Дар вокеъ рушди илму маориф калиди пешрафти ҳамаи соҳаҳо ва омили муҳимтарини таъмин намудани ояндаи босуботи давлат ва фардои босаодати ҷомеа мебошад.
Яке аз нуқтаҳои муҳимтарине, ки дар Паём ироа шуд, ин пеш аз ҳама, рушди соҳаи иҷтимоӣ буда, бори дигар таъкид гардид, ки дар масъалаи маблағгузорӣ соҳаи иҷтимоӣ, махсусан маориф ва илм дар кишвари мо диккати махсус дода мешавад. Зеро дастгирии соҳаи маориф ва илм, баланд бардоштани мақоми омӯзгор аз он ҷиҳат муҳим мебошад, ки онхо дар рушди нерӯи инсонӣ саҳми бевосита дошта, яке аз қувваҳои пешбаранда ва фаъоли ҷомеаи имрӯза ба шумор мераванд. Пешвои миллат дар робита ба ин, ба Ҳукумати мамлакат, аз ҷумла вазоратҳои маориф ва илм, тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, рушди иқтисод ва савдо, молия ва Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон супориш доданд, ки ҷиҳати маблағгузорӣ, тақвият ва истифодаи самараноки сармояи инсонӣ тадбирҳои муассирро роҳандозӣ намоянд. Таҳлилҳои оморӣ дар Паёми Сарвари давлат нишон доданд, ки Соли 2024-ум ҳаҷми умумии хароҷоти соҳаҳои иҷтимоӣ ба 19 миллиард сомонӣ расонида шуд, ки нисбат ба буҷети соли 2023-юм беш аз 2 миллиард сомонӣ зиёд буда, 43 фоизи хароҷоти буҷети давлатиро ташкил медиҳад.
Пешвои миллат боз хам таъкид намуданд, ки дар шароити рушди босуботи ҳамкориҳои байналмилалӣ ва вусъат ёфтани ҳамгироии Тоҷикистон бо ҷомеаи ҷаҳонӣ талабот ба мутахассисоне, ки сатҳи касбияти баланд дошта, забонҳои хориҷӣ, махсусан, русӣ ва англисиро хуб медонанд, рӯз ба рӯз меафзояд. Бинобар ин Вазорати маориф ва илм вазифадор карда мешавад, ки ҷиҳати таҷдиди назар кардани стандартҳо ва нақшаву барномаҳои таълимӣ, ворид намудани воҳидҳои нави кории омӯзгорони забонҳои хориҷӣ, таҳияи маводи муосири таълимӣ, истифодаи босамари технологияҳои рақамӣ, усулҳои навини омӯзиши забон ва такмили маҳорати касбии омӯзгорон чораҳои қатъӣ андешад. Барҳақ, дар чунин шароит омода кардани кадрҳои баландихтисоси омӯзгорӣ, боз ҳам баланд бардоштани сифати таълим, эътибори ҷиддӣ додан ба омӯзиши забонҳои хориҷӣ дар тамоми зинаҳои таҳсилот вазифаи муҳимтарини роҳбарону масъулини соҳа ва аҳли маориф ба шумор меравад.
Дар воқеъ, раванди ҷаҳонишавӣ ва суръати баланди рушди илму технология моро водор месозад, ки “имиҷи” миллату давлатро дар заминаи тафаккур ва хиради ҷомеаи шаҳрвандӣ баланд бардошта, низоми маорифи миллиро ба талаботи ҷаҳонӣ мувофиқ созем. Таъкид гардид, ки рушди иқтидори илмии муассисаҳои таълимӣ, дар доираи лоиҳаҳои давлатӣ ва байналмилалӣ анҷом додани таҳқиқоти арзишманди илмӣ ва дар раддабандии ҷаҳониву минтақавӣ мавқеи шоиста ишғол намудани муассисаҳои таҳсилоти олии касбии кишвар таъмин карда шавад. Яке аз нишондиҳандаи оморӣ, ки дар Паём ироа гардид ин аст, ки имрӯз дар соҳаи маорифи мамлакат ҳашт барномаи давлатӣ ва ду стратегияи дарозмуддат татбиқ шудаистодааст, ки ба рушду инкишофи таълиму тарбия, амалигардонии ислоҳоти соҳа, дастгирии мактабу омӯзгор, таълифи китобҳои дарсии насли нав ва такмили мазмуну мундариҷаи таҳсилот мусоидат менамояд. Ҳамчунин, бо ин мақсад дар соҳа 11 лоиҳаи сармоягузории давлатӣ ба маблағи 4,6 миллиард сомонӣ татбиқ шуда истодааст.
Бо мақсади беҳтар намудани сатҳи зиндагии кормандони соҳаи маориф ва дигар соҳаҳои буҷетӣ ба идораҳои дахлдор супориш доданд, ки «аз 1-уми сентябри соли 2025 музди меҳнати кормандони мақомоти ҳокимият ва идоракунии давлатӣ, муассисаҳои маориф, фарҳанг, варзиш, тандурустӣ, муассисаҳои соҳаи ҳифзи иҷтимоӣ ва дигар ташкилоту муассисаҳои соҳаи ҳифзи иҷтимоӣ ва дигар ташкилоту муассисаҳои буҷетӣ, инчунин, стипендияи донишҷӯён ва дигар намудҳои стипендия 20 фоиз зиёд карда шавад».
Қобили зикр аст, ки дар шароити торафт шиддат ёфтани рақобати қудратҳои ҷаҳонӣ дар руҳияи худшиносиии миллӣ ва ифтихори ватандорӣ тарбия намудани насли ҷавон боло бурдани сатҳи маърифати сиёсиву ҳуқуқии шаҳрвандон, махсусан ҷавонон фаъолияти якҷояву дастаҷамъонаи ҳадафмандро тақозо менамояд. Бе мутахассисони баландихтисосу кордон ва ҷавонони ватандӯсту худогоҳ рушди минбаъдаи давлат ва боз ҳам боло бардоштани обрӯву эътибори Тоҷикистон дар арсаи байналмилалӣ номумкин аст. Қайд карда шуд, ки дар замони соҳибистиқлолӣ беш аз 117 ҳазор ҷавонони боистеъдоди мамлакат барои таҳсил ба донишгоҳҳои бонуфузи42 кишвари пешрафтаи ҷаҳон фиристода шудаанд. Илова ба ин имрӯз 42 ҳазору 400 нафар ҷавонони мо дар 42 давлати мутараққии ҷаҳон таҳсили илм доранд, ки 13 ҳазор нафар ё беш аз 30 фоизи онҳо духтарон мебошанд.
Мусаллам аст, ки пешрафти соҳаҳои ҳаёти ҷомеа аз сиёсати давлатӣ дар соҳаи маориф вобастагии амик дорад. Зеро таҳкурсӣ ва пояи рушди соҳаи иқтисодиёту сиёсат ва иҷтимоиёт фарҳанг аз омода кардани кадрҳои баландихтисос вобаста мебошад. Дар робита ба ин аз чониби Пешвои миллат вазоратҳои маориф ва илм, рушди иқтисод ва савдо, Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, Комиссияи олии аттестатсионӣ, академияҳои соҳавӣ ва дигар сохторҳои марбута вазифадор карда шуданд, ки «Барномаи давлатии тайёр кардани кадрҳои сатҳи баланди илмӣ барои солҳои 2021 – 20302»-ро дар муддати ду моҳ таҷдиди назар карда, ба Ҳукумати мамлакат пешниҳод намоянд. Дар доираи барномаи мазкур бояд кадрҳои ҷавони баландихтисос ва забондону кордон тарбия карда шаванд.
Ҳамин тарик, харчанд дар Паёмҳои ҳарсолаи Роҳбари давлат масъалаи соҳаи илму маориф ҳамчун мавзӯи мехвари ба хисоб меравад, аммо Паёми имсола боз хам собит намуд, ки мавзӯи рушди соҳаи маорифи миллӣ аз аз рӯзҳои аввали роҳбарии Пешвои миллат чи хеле иброз доштанд: «ба масъалаи илму маориф эътибори доимӣ ва аввалиндараҷа медиҳам». Такрор ба такрор атрофи мавзӯи рушди маориф, сифати таълиму тарбия дар муассисаҳои миёна ва олӣ сухан намуда, рохбари давлат барои ҳалли соҳаи мазкур гузаронидани ислоҳотро масъалаи зарурӣ арзёбӣ намуданд.
Хулоса, аз Паёми навбатии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон хар як шахси худогоху ватандуст рӯҳу илҳоми тоза гирифта, мекушад, ки бо ҳисси баланди миллӣ, эҳсоси гарми ватандӯстиву мақсаду мароми неку азми қатъӣ ва саъю талоши созанда Ватани азизамонро ободу зебо гардонида эътибору обрӯи Тоҷикистони азизамонро дар арсаи байналмилалӣ боз ҳам шуҳратёру сарбаланд созем.
Юсуфӣ Фарзона-ходими илмии шуъбаи Аврупо-и Институти омӯзиши масъалаҳои давлатҳои Осиё ва Аврупои АМИТ
Манбаъ (Иқтибос): Сомонаи расмии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон. https://president.tj/event/missives/49225 таърих 29.12.2024
(дар ҳошияи Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олӣ,28 декабри 2024, ш.Душанбе)
Аз тамоюлҳои рушди иқтисодиёти ҷаҳонӣ бармеояд, ки иқтисодиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон низ ба монанди дигар кишварҳои тараққикарда, дар роҳи рушд қарор дорад. Пешравии иқтисоди миллӣ бештар аз вусъатёбии барқароркунии истеҳсолот, ба кор даровардани корхонаҳои хурду калони соҳаҳои гуногун, таҷдиди илм дар истеҳсолот, навкунии таҷҳизот, ҷорӣ намудани технологияҳои нав ва ташкили илмии меҳнат вобастагӣ дорад.
Дар шароити кунунӣ рушди иқтисодиёти кишвар аз саноатикунонии босуръати кишвар сарчашма гирифта, ба ҳадафҳои стратегии мамлакат авлавият дорад. Барои ҷорӣ намудани ин иқдом, аз тарафи Ҳукумати кишар, солҳои 2022 – 2026 «Солҳои рушди саноат» эълон гардид. «Дар доираи ҳадафи стратегӣ оид ба саноатикунонии босуръат дар панҷ соли охир ҳаҷми маҷмӯи маҳсулоти саноатии кишвар аз 27 миллиард ба 53 миллиард сомонӣ расонидида шуд, ки қариб 2 баробар зиёд гардидааст». Барои таъмини рушди иқтисодиёти мамлакат, ҳамасола аз тарафи Асосгузори сулҳу – Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, диққати аввалиндараҷа зоҳир мегардад. Боиси хушнудист, ки танҳо дар соли 2024 зиёда аз 740 корхонаҳои нави истеҳсолӣ бунёд карда шуда, қариб 20 ҳазор ҷойҳои кории нав ташкил гардидааст. Инчунин ҳаҷми маҳсулоти дохилии кишвар зиёда аз 150 миллиард сомонӣ расонида шуда, суръати рушди воқеии он 8,4 фоизро ташкил медиҳад.
Бо мақсади ноил гаштан ба ҳадафҳои стратегӣ ва рушди иқтисоди миллии кишвар дар Паёми навбатӣ, солҳои 2025 – 2030 “Солҳои рушди иқтисоди рақамӣ ва инноватсия” эълон намудаанд, ки ин ҳадаф барои вусъат бахшидани равандҳои инноватсионӣ ва истифодаи ҳамаҷонибаи имкониятҳои технологияҳои рақамӣ дар иқтисодиёт замина мегузорад. Бо ин мақсад бо Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон 30 сентябри соли 2022 “Стратегияи рушди зеҳни сунъӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2040” тасдиқ гардидааст. Ҳадафи асосии Стратегия ин таъмини соҳаҳо бо технологияҳои рақамии иттилоотию комуникатсионии пешрафта мебошад. Дар Стратегияи мазкур барои рушди иқтисоди рақамӣ чунин қайд гардидааст:
бо мақсади таҳкими асосҳои институтсионалии иқтисоди рақамӣ, рушди инфрасохтори иттилоотиву коммуникатсионӣ дар тамоми кишвар, рақамикунонии соҳаҳои иқтисоди миллӣ ва вусъатбахшии раванди амалӣ намудани иқтисоди рақамӣ, Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон мақоми ваколатдори давлатӣ дар ин самт муайян карда шуд.
Истифодаи зеҳни сунъӣ ба раванди самаранок ҷорӣ намудани хизматрасониҳои давлатии рақамӣ, ҷорӣ намудани иқтисоди рақамӣ ва сабз, афзоиши даромади буҷет, содагардонии равандҳои бақайдгирӣ ва қабули қарорҳо, рушди соҳаҳои иқтисоди миллӣ, беҳтар намудани зиндагии аҳолӣ ва таъмини шаффофият мусоидат менамояд
рақамикунонӣ дар низоми маориф, омодакунии кадрҳо ва таҳкими неруи инсонӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки тибқи Барномаи миёнамуҳлати рушди иқтисоди рақамӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021-2025 амалӣ мегардад, дар оянда метавонад барои ҷорӣ намудани унсурҳои асосии зеҳни сунъӣ кумак расонад.
Тоҷикистон бо истифода аз унсурҳои зеҳни сунъӣ ба амалишаваии ҳадафҳои стратегӣ, аз ҷумла рушди энергияи сабз, иқтисоди сабз, иқтисоди рақамӣ, ҳукумати электронӣ ва дигар афзалиятҳои миллӣ ноил гардида, дар ин асно ба қатори кишварҳои пешқадам ворид мегардад.
Дар замони муосир, иқтисоди рақамӣ – рушди тиҷорати электронӣ бо истифодаи технологияҳои рақамӣ, такмил додану ташкил намудан ва идора кардани таъминоти иттилоотӣ барои беҳтар гардидани ташкилот ва коргоҳу соҳаҳои гуногун афзалият дорад. Омилҳои истеҳсолию иқтисоди рақамиро дар амал бо методи идораи иқтисодӣ татбиқ ва ба ҳукумати электронӣ пайваст намоем, равнди фаъолияти коргоҳу ташкилот аз душворӣ раҳо меёбад.
Вобаста ба татбиқи ҳукумати электронӣ дар даврони соҳибистиқлолӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон оғоз гардида, то имрӯз якчанд Стратегияву консепсияҳои нав ба имзо расидааст. Аз ҷумла, Консепсияи ташаккули ҳукумати электронӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2012-2020 ба мақсади амалисозии Стратегияи давлатии “Технологияҳои иттилоотию комуникатсионӣ барои рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон” тасдиқ шудааст.
Ҳукумати электронӣ тақозои замон буда, дар ҳамкории мутақобилаи ҳокимият ва ҷомеа аз як тараф ва ҳамкории дохилии сатҳҳои гуногун (марказӣ, минтақавӣ, маҳаллӣ) ва шохаҳои гуногун (тандурстӣ, молия, омор, андоз) ва дигар ниҳодҳо мусоидат намуда, аз тарафи дигар он як воситаи дастрас кардани иттилоот ва расонидани хизматҳои давлатӣ ба шаҳрвандон, тиҷорат, дигар шохаҳои давлатӣ ва идоракунии давлатӣ, ки дар он ҳамкории мутақобилаи байни давлат ва дархосткунандагон хеле осон сурат мегирад ва аз технологияи иттилоотӣ ҳар чи бештар истифода мешавад, баромад мекунад.
Дар замони муосир, техникаву технологияҳои муосир имкони иҷро кардани миллиардҳо амалро дар як сония доранд. Масалан, дастовардҳо дар соҳаи технологияҳои иттилоотию коммуникатсионӣ ба дараҷае осон гардидааст, ки он дигар масофаро аз байн бурдааст. Яке аз инҳо дастгоҳҳои мобилӣ, интернет ва захираҳои воқеии он метавонанд тамоми табодули ахборро ба дилхоҳ нуқтаи курраи Замин ҳамагӣ дар якчанд сония дастрас намоянд.
Агар иқтисоди рақамии кишварҳои тараққикардаро тақозо намоем, моҳи январи соли 2022 Ҷумҳурии Мардумии Чин нақшаи рушди иқтисоди рақамиро барои солҳои 2021-2025 тасдиқ карда, иқтисоди рақамиро ҳамчун як ниҳоди фаъолияти иқтисодӣ, муйян намуд, ки онро омили асосии истеҳсолот, захираҳои иттилоотӣ ва қувваи асосии пешбаранди интегратсияи технологияҳои иттилоотию коммуникатсионӣ ҳисобид. Дар асоси ин санад Чин пуштибонии худро аз таҳқиқотҳои мутаххасисони шабакаҳои телекоммуникатсионии 6G тақвият дода, инноватсияро дар бахшҳои стратегӣ, аз қабили микросхемаҳои интегралӣ ва зеҳни сунъӣ рушд дода, шаклҳои нави тиҷоратро афзоиш медиҳад. Бо ин мақсад Ҷумҳурии Мардумии Чин нақша дорад, ки ҳиссаи арзиши иловагии бахшҳои асосии иҷтисоди рақамиро дар ММД аз 7,8% -и соли 2020 то ба 10% дар соли 2025 расонад.
Аз гуфтаҳои боло бармеояд, ки дар доираи сиёсати пешгирифтаи давлат ва ҳукумат, иқтисоди рақамии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ояндаи наздик ба монанди иқтисоди рақамии кишварҳои абарқудрат рушд намуда, ҳамкориҳоро дар ин самт бо кишварҳои тараққикарда ба роҳ хоҳанд монд.
Дар охир бояд қайд намуд, ки дар шароити кунунӣ ин омил ба соҳаи иқтисодиву иҷтимоии мамлакат заминаи мусоид фароҳам меорад. Иқтисоди рақамӣ ҳамчун илми замони муосир ба ҳисоб рафта, татбиқи он ба соҳаи иқтисоди миллии рушди иқтисодиёти кишвар таъсири мусбат мерасонад. Хушбахтона, имрӯз тамоми шароит барои такмил додан ва ташкил намудани иқтисоди рақамӣ ба ҷавонон ва мутаххасисони соҳаҳои гуногун аз тарафи давлат таъмин карда шудааст.
Нематова П.М., мудири Шуъбаи Осиёи
Ҷанубӣ ва Шарқии Институти омӯзиши
масъалаҳои давлатҳои Осиё ва Аврупои АМИТ, номзади илмҳои иқтисодӣ
Сарчашмаҳо:
Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон // Захираи электронӣ https://president.tj/ (санаи муроҷиат 30.12.2024)
Цифровая экономика Китая // Захираи электронӣ https://www.tadviser.ru/index.php (санаи муроҷиат 30.12.2024)
Стратегияи рушди зеҳни сунъӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2040 // Захираи электронӣ http://www.portali-huquqi.tj/publicria/ibtido.php (санаи муроҷиат 30.12.2024)
Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ” 28 декабри соли 2024 ироа гардид.
Чун ҳамеша, Паёми Пешвои муаззами миллат ба таҳлилу баҳодиҳии рушди иқтисодиёти мамлакат ва ҷомеа дар 5 соли охир ва соли гузашта дар алоҳидагӣ, хулосабарорӣ аз амалкардҳо, иҷрои дастуру супоришҳои паёмҳои пешин оид ба таъмини рушди иқтисодиёту иҷтимоиёт, амнияти ватан, сулҳу субот, ягонагию ваҳдат, ҳимояи арзишу манфиатҳои миллӣ, баланд бардоштани сатҳу сифати зиндагии мардуми Тоҷикистон бахшида шудааст. Паём албатта ҳама самтҳои рушди ҷомеа: иқтисодиёт, иҷтимоиёт, маориф, илм, тиб, фарҳанг, варзиш, саҳми қишрҳои алоҳида дар рушд, хусусан занону ҷавонон дар пешрафти ҷомеа, таъмини сулҳу суббот, ягонагӣ, ваҳдати миллӣ, муносибати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба вазъи ҷаҳон, кишварҳои дигар ва хусусан мамлакатҳои ҳамсояро дарбар мегирад ва наметавон дар як мақола оид ба ҳамаи онҳо баёни назар кард. Аз ин рӯ, банда ҳамчун мутахассиси соҳаи иқтисодиёт фикру андешаҳои худро оид ба рушди иқтисодиёти мамлакат аз нуқтаи назари Пешвои муаззами миллат ва дар амал татбиқ намудани дастуру супоришҳои аз Паём бароянда баён менамоям.
Табиист, қисми бештари Паём ё 55 фоизи он (аз 272 банди асосӣ 149 тои он) ба соҳаи иқтисодиёт бахшида шудааст, зеро иқтисодиёт асос ва гарави ҳастии ҷомеа мебошад.
Соли 2024 ҳаҷми Маҷмуи маҳсулоти дохилӣ 150 млрд.сомонӣ ва афзоиши воқеии он 8,4 фоизро ташкил намуд. Ин нишондиҳандаҳо нисбат ба соли 2023 мутаносибан 29,2 млрд.сомонӣ ва 0,1 банди фоизӣ зиёд мебошанд.
Бояд қайд намуд, ки созмонҳои байналмилалии молиявӣ, аз ҷумла Бонки умумиҷаҳонӣ афзоиши Маҷмуи маҳсулоти дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар сатҳи 6,5 фоиз барои соли 2024 пешбинӣ намуда буданд.
Таъмини иҷрои ҳадафи олии Ҳукумати кишвар – баланд бардоштани сатҳи некуаҳволии мардум маҳз аз сатҳи рушди иқтисодиёт вобаста аст. Аз ин рӯ, таъмини афзоиши Маҷмуи маҳсулоти дохилӣ вазифаи асосӣ ба ҳисоб меравад ва дар ин ҷода Ҳукумати кишвар ҳамасола ба дастовардҳои нав ба нав ноил гардида истодааст. Дар чор соли охир суръати рушди иқтисодиёт ба ҳисоби миёна 8,5 фоизро ташкил намуд, ки он аз руи сатҳи рушд дар солҳои 2001 – 2024 баъди панҷсолаи аввал ҷойи дуюмро ишғол менамояд.
Нишондиҳандаи иқтисодии муҳиме, ки ба сатҳи некуаҳволии мардум таъсиррасон мебошад даромадҳои пулии аҳолӣ мебошад. Ҳаҷми ин нишондиҳанда дар соли 2024 ба 147 млрд.сомонӣ ва афзоиши он ба 30,4 фоиз баробар шуд, ки онҳо нисбати соли гузашта мутаносибан 34,3 млрд.сомонӣ ва 0,9 банди фоизӣ зиёд мебошанд. Пайваста афзудани даромадҳои пулии аҳолӣ нишони рушди иқтисодиёт, ташкили корхонаю коргоҳҳои нав ва ҷойҳои нави корӣ, афзудани моҳонаю иловапулиҳо, истифодаи техникаю технологияи навин дар раванди истеҳсолот мебошад. Бинобар ин, муҳим аст, ки устувории суръати рушди иқтисодиёт нигоҳ дошта шуда ҳосилнокии меҳнат пайваста афзоиш дода шавад.
Яке аз вазифаҳои Ҳукумати кишвар дар сатҳи барномавӣ нигоҳ доштани сатҳи таваррум мебошад. Мутобиқ ба пешбиниҳои соли гузашта ин нишондиҳанда бояд дар сатҳи 6-8 фоиз нигоҳ дошта мешуд. Ҷамъбасти сол нишон дод, ки он 3,6 фоизро ташкил намуда нисбати нишондиҳандаи пешбинишуда ва соли гузашта мутаносибан 2,4 ва 0,2 банди фоизӣ паст мебошад. Бояд қайд намуд, ки соли 2024 сатҳи таваррум дар кишварҳои шарики иқтисодӣ ва ҳамсоя ба монанди Федератсияи Россия, ҷумҳуриҳои Қазоқистон, Узбекистон ва Қирғизистон ба ҳисоби миёна 8-10 фоизро ташкил намуд. Ин нишондиҳанда дар Ҷумҳурии Тоҷикистон бошад ба маротиб кам мебошад.
Бояд қайд намуд, ки боло бурдани моҳона, нафақа ва иловапулиҳои мардум ҳамон вақт натиҷа медиҳад, ки агар сатҳи афзоиши онҳо аз сатҳи таваррум боло бошад. Дар Паёми Пешвои муаззами миллат таъкид гардид, ки дар 5 соли охир зиёдшавии маош 100 фоиз ва сатҳи таваррум 29,0 фоизро ташкил намуд, ки нишони болоравии сатҳу сифати зиндагии аҳолӣ мебошад.
Дар такя ба дастовардҳои мавҷуда Пешвои муаззами миллат ба Ҳукумати кишвар супориш доданд, ки сатҳи таваррум дар доираи нишондиҳандаҳои пешбинишуда нигоҳ дошта шуда афзоиши Маҷмуи маҳсулоти дохилӣ соли 2025 дар сатҳи на камтар аз 8 фоиз таъмин карда шавад.
Дар Паёми Пешвои маззами миллат инчунин ба “масъалаҳои пешгирӣ кардани таъсири хавфҳои эҳтимолӣ ба иқтисоди миллӣ, ташаккули «иқтисоди сабз», рақамикунонии хизматрасониҳои давлатӣ ва истифодаи васеи ҳисоббаробаркуниҳои ғайринақдӣ” таваҷҷуҳи хосса зоҳир карда шудааст, зеро ин раванд хоси кишварҳои пешрафтаи дунёст ва Тоҷикистони мо бояд дар қатори аввалинҳо бошад.
Ташаккули «иқтисоди сабз», суръатбахшии раванди рақамикунонии иқтисодиёт, инкишофи неруи инсонӣ, баланд бардоштани рақобатнокии маҳсулоти ватанӣ, тақвияти имкониятҳои содиротии мамлакат ва беҳтар гардонидани сифати хизматрасониҳои иҷтимоӣ аз ҷумлаи масъалаҳои афзалиятноканд. Албатта, вобаста ба рушди ин самтҳо стратегияю барномаҳои дахлдор татбиқ шуда истодаанд, вале супоришу дастурҳои нави Пешвои муаззами миллат бознигарии онҳоро талаб менамояд.
Бо дарназардошти зарурати таъмини рушди босуръати иқтисодиёти кишвар ва ҷалби сармояи дохиливу хориҷӣ тавассути бозори коғазҳои қиматнок, бахусус, коғазҳои қиматноки «сабз» гузариш ба “иқтисоди сабз” то соли 2037 ва воқеан ба «кишвари сабз» табдил додани Тоҷикистон ҳадафест, ки дар Паёми пешини Пешвои маззами миллат эълон гардида буд. Рушди бозори коғазҳои қиматнок, аз ҷумла коғазҳои қиматноки “сабз” дар замони муосир яке аз роҳҳои ҷалби сармояи дохилию хориҷӣ ва равона кардани онҳо ба рушди иқтисодиёти кишвар мебошад.
Вобаста ба ба охир расидани муҳлати татбиқи барномаи амалкунанда ба сохторҳои дахлдор супориш дода шуд, ки “то охири соли 2025-ум лоиҳаи «Барномаи миёнамуҳлати рушд барои солҳои 2026 – 2030»-ро таҳия ва ба Ҳукумати мамлакат пешниҳод” намоянд. Ин барнома бо фарқият аз барномаҳои пешин бояд ҳама тағйиротҳои дар панҷ соли охир бамиёномада дар самти иқтисодиёту сиёсати давлатиро ба инобат гирифта муҳаррики рушди минбаъдаи иқтисодиёт гардад.
Дар Паём “ташаккул додани маърифати молиявии шаҳрвандон ва баланд бардоштани фарҳанги андозсупорӣ ҳамчун яке аз омилҳои асосии татбиқи самараноки сиёсати андозу буҷет, аз ҷумла дар масъалаи гузариш ба низоми пардохтҳои ғайринақдӣ барои ноил гардидан ба устувории молиявии давлат ва рушди иқтисодӣ” ҳамчун масъалаи рӯзмарраи замони нав таъкид карда шуд.
Супориши дигари қатъӣ то охири соли 2025 пурра таъмин кардани пардохтҳои ғайринақдӣ дар соҳаҳои буҷетӣ ва хизматрасониҳои давлатӣ мебошад. Таъкид гардид, ки дар кишварҳои пешрафта нишондиҳандаи пардохтҳои ғайринақдӣ 80-90 фоизро ташкил медиҳад. Сохторҳои дахлдори Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки дар он ин нишондиҳанда тақрибан 22,0 фоизро ташкил медиҳад бояд дар ин самт корҳои заруриро ба анҷом расонанд.
Пурра ҷорӣ намудани пардохтҳои ғайринақдӣ дар соҳаҳои буҷетӣ ва хизматрасониҳои давлатӣ дар ҳамаи минтақаҳои кишвар истифодаи васеи технологияҳои рақамиро талаб менамояд. Ба ин гурӯҳ асосан технологияҳои мобилӣ, зеҳни сунъӣ, роботоникунонӣ, биометрия, низомҳои тақсимкунандаю роёнишҳои абрӣ (cloud computing) ворид мешавад.
Таъмини иҷрои ин супориш ба рушди мутавозун ва устувори иқтисодӣ мусоидат намуда барои афзун намудани самаранокии истеҳсолот, баланд бардоштани сифати хизматрасонӣ ва ташкили ҷойҳои нави корӣ замина мегузорад.
Бояд қайд намуд, ки технологияҳои рақамӣ дар тамоми соҳаҳои ҳаёт нақши муҳим доранд ва қобилияти мутобиқшавӣ ва истифодаи ин технологияҳо дар кишвар омили асосии рушди иқтисоди он мегардад. Аз ин рӯ, сохторҳои дахлдори кишвар бояд дар самти ҷорӣ намудани технологияҳои рақамӣ қадамҳои устувор гузоранд, зеро он “яке аз роҳҳои асосии таъмини шаффофияти амалиёти хизматрасонӣ, баҳисобгирӣ ва пешгирии коррупсия мебошад”.
Пешвои маззами миллат дар Паёми худ ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон супориш доданд, ки “Бонки миллӣ ва ташкилотҳои қарзӣ барои боз ҳам баланд бардоштани эътимоди аҳолӣ ба низоми бонкӣ, ҷалби бештари пасандозҳои шахсони воқеиву ҳуқуқӣ ва вусъат бахшидани фаъолияти низоми рақамии хизматрасониҳои бонкиву молиявӣ бояд чораҷӯйӣ намоянд”.
Супоришҳои паёмии Пешвои муаззами миллат низоми бонкиро водор месозад, ки ҳарчи зудтар камбудиҳои мавҷударо бартараф намуда саҳми он дар рушди иқтисодиётро таҳким бахшад. Сиёсати монетарӣ бояд тарзе ба роҳ монда шавад, ки манфиатҳои пасандоздорон ҳимоя ва қобилияти харидории пули миллӣ устувор боқӣ монад.
Инчунин таъкид карда шуд, ки “гузариш ба рақамикунонии соҳаҳои иқтисоди миллӣ ҷиҳати таъмин намудани шаффофияти муносибатҳои иқтисодиву молиявӣ” аҳамияти хосса дорад. Албатта дар ин раванд зарурати истифода аз технологияҳои рақамӣ пайваста меафзояд, зеро онҳо дар тамоми соҳаҳои ҳаёт нақши муҳим доранд ва қобилияти мутобиқшавӣ ва истифодаи ин технологияҳо дар кишвар омили асосии рушди иқтисодии он мегардад. Аз ин рӯ, сохторҳои дахлдор бояд ба пурра ҷорӣ намудани технологияҳои рақамӣ ҳавасманд бошанд.
Муҳтарам Пешвои муаззами миллат солҳои 2025 – 2030-ро «солҳои рушди иқтисоди рақамӣ ва инноватсия» эълон намуданд ва таъкид карданд, ки “дар панҷсолаи минбаъда ҷиҳати пешбурди иқтисоди рақамӣ бояд ба самтҳои зерин диққати аввалиндараҷа дода шавад: такмили фаврии заминаҳои ҳуқуқӣ ва қабули санадҳои дахлдор дар самти гузариш ба иқтисоди рақамӣ, то шабакаҳои панҷ – ҷӣ (5G) инкишоф додани инфрасохтори рақамӣ, рушди марказҳои коркарди маълумот, таъсиси махзани мукаммали миллии маълумот, рақамикунонии пурраи хизматрасониҳои давлатӣ ва ташкили махзани ягонаи хизматрасониҳои давлатӣ, рушди сармояи инсонӣ бо роҳи омӯзиш ва бозомӯзии кадрҳо доир ба технологияҳои иттилоотӣ дар дохил ва хориҷи кишвар ва баланд бардоштани маърифати истифодаи технологияҳои рақамӣ, истифодаи васеи зеҳни сунъӣ дар пешниҳоди хизматрасониҳо ва низоми бақайдгирии давлатӣ, андешидани чораҳо дар самти таъмин намудани амнияти киберии махзанҳои маълумот, ташаккул додани соҳибкории рақамӣ ва рушди савдои электронӣ”.
Пешвои муаззами миллат таъкид намуданд, ки барои истифодаи самарабахши технологияҳои рақамӣ аваллан заминаи ҳуқуқии дахлдор ва ба талаботи замон ҷавобгӯй зарур аст. Барои бомуваффақият татбиқ намудани технологияҳои рақамӣ бояд қонуну қоидаҳои дахлдори танзимкунандаи истифодаи онҳо қабул карда шаванд. Ҳифзи маълумот, махфияти иттилоот, амнияти киберӣ ва моликияти зеҳнӣ бояд мутобиқи талаботи ин қонуну қоидаҳо таъмин карда шавад.
Дуюм, ташаккули инфрасохтори дахлдор дар мамлакат заминаи асосӣ барои рушди технологияҳои рақамӣ мебошад. Барои бомуваффақият татбиқ намудани технологияҳои рақамӣ дастрасии васеъ ба интернет ва шабакаҳои баландсуръат зарур аст. Ин маблағгузорӣ ба рушди инфрасохтор, бунёди шабакаҳои нав ва навсозии шабакаҳои мавҷударо тақозо мекунад, ки барои он маблағгузориҳои дохилию хориҷӣ заруранд. Бинобар ин, ҳавасмандгардонии сармоягузориҳо дар ин самт ба мақсад мувофиқ мебошад.
Сеюм, таълиму омода кардани мутахассисон яке аз вазифаҳои муҳими сохторҳои дахлдори давлат мебошад. Барои истифодаи самаранок аз технологияҳои рақамӣ доштани кормандони соҳибихтисос, ки метавонанд аз онҳо самаранок истифода кунанд шарти асосӣ ба ҳисоб меравад. Аз ин рӯ, таҳияи барномаҳои омодасозӣ ва бозомӯзӣ, ки ба талаботи бозори меҳнат ҷавобгӯй бошанду асосҳои технологияҳои рақамиро дар бар гиранд, муҳим аст. Аз ин рӯ, “дар заминаи Донишкадаи технология ва менеҷменти инноватсионии шаҳри Кӯлоб таъсис додани Донишгоҳи инноватсия ва технологияхои рақамӣ” қарори саривақтӣ ва муҳим мебошад.
Ҳамчунин зарурати ҳамкорӣ байни донишгоҳҳою донишкадаҳои дигар, субъектҳои хоҷагидорӣ ва ҳукумат барои эҷоди барномаҳо ва лоиҳаҳои муштарак ба рушди малакаҳои рақамӣ мусоидат мекунанд.
Чаҳорум, ҳамкорӣ ва шарикӣ бо субъектҳои хоҷагидорӣ, аҳолӣ, сохторҳои дахлдори кишварҳои дигар низ муҳим аст. Ташкили шароит барои муколама ва табодули таҷриба ба рушди технологияҳои рақамӣ мусоидат мекунанд. Инчунин дастгирии рушди навовариҳо (стартапҳо) ва лоиҳаҳои инноватсионӣ, ки метавонанд муҳаррики рушди иқтисодиёти рақамӣ дар кишвар гарданд, ба мақсад мувофиқ мебошад.
Ба андешаи мо, дар такя ба супоришҳои дахлдори Пешвои муаззами миллат ҳалли масъалаҳои зерин низ заминаи асосӣ барои пешрафти кишвар ва иқтисодиёти он мебошанд:
- Яке аз масъалаҳои муҳим муайян кардани ҳаҷми бахши рақамии иқтисодиёт ва ҳиссаи он дар Маҷмуи маҳсулоти дохилии кишвар мебошад. Дар асоси таҷрибаи кишварҳои дигар онро метавон бо усули истифодаи ниҳоӣ ё хароҷоти ниҳоӣ, ки ҷамъи харҷи хонаводаҳо ва давлат барои технологияҳои иттилоотӣ-коммуникатсиониро дарбар мегирад ва усули истеҳсолӣ, ки зери ин мафҳум ҳаҷми умумии арзиши иловашуда дар субъектҳои хоҷагидории онлайн фаъолияткунанда (дар амали худ аз интернет истифодабаранда) фаҳмида мешавад, ҳисоб кардан мумкин аст. Бо дарназардошти он, ки дар Тоҷикистон ҳангоми муайян кардани ҳаҷми Маҷмуи маҳсулоти дохилӣ усули истеҳсолӣ истифода мешавад, ҳангоми ҳисоб кардани андозаи қисми рақамии иқтисодиёт аз ин усул истифода бурдан бамаврид аст;
- Барои рушди иқтисодиёти рақамӣ муҳим аст, ки ҳамаи субъектҳои соҳибкорӣ баҳисобгирии муҳосибиро дуруст ба роҳ монда монанд. Мутаассифона, аксари субъектҳо (91,0%) низоми дурусти ҳисобдорӣ надоранд ва мутобиқан ба мақомоти андоз ҳисоботи муҳосибӣ ва молиявии ба талабот ҷавобгӯй пешниҳод намекунанд. Дар шароити нави иқтисодӣ зарур аст, ки аксари субъектҳои хоҷагидорӣ (камаш 90%) ба шахсони ҳуқуқӣ табдил дода шуда пешбурди ҳисобдорӣ барояшон ҳатмӣ карда шавад. Танҳо чунин амал метавонад барои гузариш ба истифодаи технологияҳои рақамӣ ва иқтисоди рақамӣ заминаи зарурӣ муҳайё кунад;
- Омили муҳими рушди иқтисодиёти рақамӣ мавҷудияти мутахассисони боистеъдод ва соҳибихтисос мебошад. Ҳоло, аз дар тамоми дунё талабот ба насли ҳазорсолаи нав (millennials, номи маъмулии онҳо – насли Y), гурӯҳи демографии ҷавонони солҳои 80-90 асри XX таваллудшуда зиёд шудааст. Барои ҷалби ин мутахассисон дар тамоми ҷаҳон рақобати шадид рафта истодааст. Дар оянда, бо назардошти афзоиши ҳиссаи иқтисодиёти рақамӣ дар Маҷмуи маҳсулоти дохилӣ, талабот ба чунин мутахассисон ба маротиб меафзояд. Бинобар ин, зарур аст, ки ба омода кардани чунин мутахассисон ва барои дар ҷумҳурӣ фаъолият кардани онҳо шароити мусоид фароҳам оварда шавад.
Дар умум, иҷрои дастуру супоришҳо аз Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии мамлакат имкон медиҳад, ки суръати баланди рушди иқтисодиёт, афзоиши Маҷмуи маҳсулоти дохилӣ ба ҳар сари аҳолӣ, иҷрои нишондиҳандаҳои дигари макроиқтисодии пешбининамуда таъмин гардида барои ҳарчи тезтар расидан ба ҳадафҳои миллии мардуми Тоҷикистон шароити мусоид муҳайё карда шавад.
Директори Институти иқтисодиёт ва демографияи АМИТ, д.и.и, профессор Ш.Раҳимзода
(дар ҳошияи Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ аз санаи 28 декабри соли 2024)
Паёми солонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ» дастовардҳо, муваффақиятҳо ва мушкилоти соли сипаришуда, вазъи ҳозира, дурнамои рушд ва вазифаҳо барои соли минбаъдаи Ҷумҳурии Тоҷикистонро инъикос менамояд. Ҳамасола Паёмҳои Роҳбари давлат барои фаъолияти ташкилоту муассисаҳои давлатию ғайридавлатӣ, гурӯҳҳои иҷтимоӣ ва умуман, шаҳрвандони Тоҷикистон ҳамчун дастурамал ва роҳнамо хизмат менамоянд. Ҳамзамон, Паём хазинаи маълумоти ошкоро, расмию дақиқ ва илмӣ буда, аз он олимону донишмандони ватанию хориҷӣ дар таҳқиқотҳои илмӣ, аз ҷумла ҳангоми гузаронидани таҳқиқотҳои сотсиологӣ васеъ истифода мебаранд.
Ба масъалаҳои иҷтимоӣ дар Паём таваҷҷуҳи махсус зоҳир карда шудааст. Тавре маълум аст, бахшҳои асосии иҷтимоӣ, ки ба зиндагии шоистаи шаҳрвандон вобастаанд, соҳаҳои илму маориф, тандурустӣ, муҳоҷирати меҳнатӣ, ҳифзи иҷтимоӣ, инчунин масъалаҳои занон ва ҷавонон дохил мешаванд. Пешвои миллат таъкид карданд, ки баланд бардоштани сатҳи зиндагии мардум ҳадафи асосии сиёсати давлат мебошад. Дар Паём зикр шуд, ки барои соҳаи иҷтимоӣ дар соли 2024 дар буҷети давлатӣ43%-и тамоми хароҷотро ташкил медиҳад. Мавриди қайд аст, ки сатҳи камбизоатӣ дар кишвар аз 83% соли 1999 ба 21,2% дар соли 2023 коҳиш ёфтааст, ки натиҷаи тадбирҳои пайваста андешидаи Ҳукумати мамлакат дар ин самт мебошад.
Пешвои миллат дар Паёми навбатӣ дар баробари масъалаҳои марбут ба таъмини амнияти миллӣ, рушди устувори иқтисодиёти ватанӣ, рушди сармояи инсонӣ, баланд бардоштани сатҳу сифати зиндагии мардум ва созгор кардани шароит барои зиндагии шоистаи онҳо ва ғайра ба масоили стратегии кишвар - маориф, илм ва фарҳанг аҳамияти вижа дода, барҳақ зикр намуданд, ки то “тамоми ҷомеа ба мактаб ва низоми маориф рӯй наоварад, миллат дастнигар, хору зор, таҳқиргашта ва афроди он моил ба ҳама гуна ҷиноятҳои сангину пешгӯйинашаванда боқӣ хоҳанд монд”.
Дар робита бо ин, Пешвои миллат омўзгорро шахсияти калидии низоми таълиму тарбия муаррифӣ намуданд, зеро маҳз ӯ ташаккулдиҳандаи љањонбинии шогирдон, такмилдиҳандаи мањорату малакаи касбӣ, забондонӣ, ватанпарастии хонандагону донишҷӯён буда, мураббии худшиносию худогоҳӣ, ҳимояи манфиатҳои миллӣ, илмомӯзию рушди тафаккури созандагии насли наврасу ҷавон маҳсуб меёбад. Аз ин рӯ, имрўз омўзгорони мо бояд новобаста аз зинаи таҳсилот ба талаботи љомеаи муосир ва фазои љањонии тањсилот сатҳу сифати дониш, касбияти худро мутобиқ гардонанд. Тарбиятдида, хушахлоқ, босавод, зирак, ҳушёр, тавонманд, забондон, масъулиятнок ва содиқ ба касби худ бошанд. Қобилияти кор кардан бо воситаҳои технологии муосирро дошта бошанд ва дар раванди баргузории машѓулиятњои таълимӣ, семинару конференсияҳои илмӣ-назариявӣ аз онҳо самаранокистифода баранд. Аз ганҷинаи маънавии гузаштаи миллат, оид ба арзишҳои фарҳанги моддию маънавии ниёкони худ дониши зарурӣ дошта, хотираи таърихиашон ғанӣ бошад, то дар раванди тарбияи шогирдон ба хатоӣ роҳ надиҳанд, шогирдони соҳибкасб, боистеъдод, ихтироъкору навоварро тарбия намоянд. Ҳамаи ин ба он ҳадаф бояд бошад, ки дар тафаккури таълимгирандагон холигӣ пайдо нагардад ва ин холигиро онҳо бо андешаҳои хурофотию таассубангез, парастиши фарҳанги бегона пур нагардонанд, зеро “сабаби асосии бадбахтии ҳар як миллат ва давлат эътибор надодан ба сифати мактабу маориф, саҳлангорӣ кардан ба тарбияи кӯдак аз хурдсолӣ ва фароҳам наовардани муҳити мусоид барои таълиму тарбия мебошад”.
Дар Паём инчунин зикр гардид, ки пешравии ҳар гуна ҷомеа ба илм вобаста аст. Аз ин рӯ, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба илму маориф диққати аввалиндараҷа дода, барои рушд ва густариши он заҳматҳои зиёд кашида истодааст, зеро маҳз тавассути илм ва ҷаҳонбинии илмӣ ҷомеа рушд мекунад. Ин нуктаро Пешвои миллат дар Паёми навбатиашон чунин қайд намуданд: “Ман аз рӯзҳои аввали роҳбарии худ ба масъалаи илму маориф эътибори доимӣ ва аввалиндараҷа медиҳам”. Ин эътибори Пешвои миллат боис гашта истодааст, ки олимони тоҷик дар сатҳи байналмилалӣ ва ҷаҳонӣ дастовардҳои худро пешкаш намуда, дар рушди Тоҷикистони соҳибистиқлол қарзи касбии худро иҷро карда истодаанд. Аммо бо ин ҳама қонеъ набояд шуд вадар рушди илм ва ҳамкориҳои илмӣ талошҳои зиёдтар лозим аст. Дар ин маврид дар зинаи таҳсилоти олӣ ва муассисаҳои илмӣ ҷорӣ намудани технологияҳои рақамӣ дар раванди таълиму таҳқиқот омили муҳим мебошад.
Дар баробари ин ҳама, Пешвои миллат ба ҷавонон эътимоднокии худро иброз дошта, таъкид сохтанд, ки онҳо бояд барои рушди илму инноватсия саҳми арзишманд гузоранд. Ягона омиле, ки ба љавонон дар ин роҳ кӯмак менамояд, аз нигоҳи Пешвои миллат, ин руй овардани онњо ба илму дониш ва касбу њунар мебошад: «... ҷавонони ватандӯсти мо минбаъд низ бо илму донишҳои замонавӣ, касбу ҳунарҳои муосир ва саъю талоши навҷӯёнаи худ барои рушди илму инноватсия ва боз ҳам таҳким ёфтани нуфузи кишварамон дар арсаи байналмилалӣ саҳми арзишманд мегузоранд». Ҷавонони саодатманди кишварро зарур аст, ки ба боварии Пешвои миллат содиқ монда, дар рушди ҳамаҷонибаи Тоҷикистони азиз саҳмгузор бошанд ва ҳам дар олами воқеӣ ва ҳам бо истифода аз фазои маҷозӣ фарҳанги миллии худро ҳифз ва густариш диҳанд.
Масъалаи фазилати инсон, ватандӯстӣ ва ифтихори миллӣ дар Паёми Пешвои миллатмақоми баланд дошт. Тавре маълум аст, воқеияти замони муосир инсонро ба буҳрони маънавию ахлоқӣ ва фарҳангӣ рӯ ба рӯ сохтааст, ки он аз таҷзияи донишҳоииттилоотию технологӣ ва дигаргуниҳои густардаи ҷаҳони имрӯз вобастагӣ дорад. Ҷаҳони имрӯз новобаста ба комёбиҳо ба нузули арзишҳои ахлоқӣ ва инқирози экзистенсиалӣ ва дигаршавии ҷидди фаҳмишҳои инсон рӯ ба рӯ аст, ки сабабгори дигаргуншавии фаҳмишҳои ақлонии инсон гардидааст. Насли нави имрӯз дар руҳияипостмодернистӣ тарбия ёфта, тамоюлҳо ва арзишҳои умумиинсониро канор мегузорад. Вобаста ба гуфтаҳои ироашуда, дар Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои муаззами миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ, ки 28 декабри соли 2024 ироа гардид, ин масъала дар шакли гуфторҳои пандомези Пешвои муаззами миллат ба ҷомеаи имрӯзаи Тоҷикистон садо дод. Пешвои миллат гаштаву баргашта таъкид сохтанд, ки дар фарҳанги тоҷикон аз замонҳои қадим то имрӯз фазилатҳои инсонӣ, чун накӯкорӣ, адлу инсоф, озодӣ, муҳаббат ба ҳамдигар ва ғайра пояи ҷаҳонфаҳмии инсонро ташкил додаанд ва онҳоро мо набояд фаромӯш созем.
Дар анҷоми Паём Пешвои миллат ҳамаи шаҳрвандонро ба ваҳдат, дӯст доштани Ватан ва саҳмгузорӣ дар ояндаи дурахшони Тоҷикистон даъват намуданд. Ин Паём, бе шакку шубҳа, ҳамчун нақшаи стратегии рушди устувори кишвар хизмат карда, баҳри беҳбудии зиндагии мардум ва пешрафти ҷомеа заминаи заруриро фароҳам меорад.
Нозим Маҳмадизода - доктори илмҳои фалсафа, професссор, директори Институти фалсафа, сиёсатшиносӣ ва ҳуқуқи ба номи А.М. Баҳоваддинови Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон
(дар ҳошияи Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ аз санаи 28 декабри соли 2024)
Паёми солонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ» дастовардҳо, муваффақиятҳо ва мушкилоти соли сипаришуда, вазъи ҳозира, дурнамои рушд ва вазифаҳо барои соли минбаъдаи Ҷумҳурии Тоҷикистонро инъикос менамояд. Ҳамасола Паёмҳои Роҳбари давлат барои фаъолияти ташкилоту муассисаҳои давлатию ғайридавлатӣ, гурӯҳҳои иҷтимоӣ ва умуман, шаҳрвандони Тоҷикистон ҳамчун дастурамал ва роҳнамо хизмат менамоянд. Ҳамзамон, Паём хазинаи маълумоти ошкоро, расмию дақиқ ва илмӣ буда, аз он олимону донишмандони ватанию хориҷӣ дар таҳқиқотҳои илмӣ, аз ҷумла ҳангоми гузаронидани таҳқиқотҳои сотсиологӣ васеъ истифода мебаранд.
Ба масъалаҳои иҷтимоӣ дар Паём таваҷҷуҳи махсус зоҳир карда шудааст. Тавре маълум аст, бахшҳои асосии иҷтимоӣ, ки ба зиндагии шоистаи шаҳрвандон вобастаанд, соҳаҳои илму маориф, тандурустӣ, муҳоҷирати меҳнатӣ, ҳифзи иҷтимоӣ, инчунин масъалаҳои занон ва ҷавонон дохил мешаванд. Пешвои миллат таъкид карданд, ки баланд бардоштани сатҳи зиндагии мардум ҳадафи асосии сиёсати давлат мебошад. Дар Паём зикр шуд, ки барои соҳаи иҷтимоӣ дар соли 2024 дар буҷети давлатӣ43%-и тамоми хароҷотро ташкил медиҳад. Мавриди қайд аст, ки сатҳи камбизоатӣ дар кишвар аз 83% соли 1999 ба 21,2% дар соли 2023 коҳиш ёфтааст, ки натиҷаи тадбирҳои пайваста андешидаи Ҳукумати мамлакат дар ин самт мебошад.
Пешвои миллат дар Паёми навбатӣ дар баробари масъалаҳои марбут ба таъмини амнияти миллӣ, рушди устувори иқтисодиёти ватанӣ, рушди сармояи инсонӣ, баланд бардоштани сатҳу сифати зиндагии мардум ва созгор кардани шароит барои зиндагии шоистаи онҳо ва ғайра ба масоили стратегии кишвар - маориф, илм ва фарҳанг аҳамияти вижа дода, барҳақ зикр намуданд, ки то “тамоми ҷомеа ба мактаб ва низоми маориф рӯй наоварад, миллат дастнигар, хору зор, таҳқиргашта ва афроди он моил ба ҳама гуна ҷиноятҳои сангину пешгӯйинашаванда боқӣ хоҳанд монд”.
Дар робита бо ин, Пешвои миллат омӯзгорро шахсияти калидии низоми таълиму тарбия муаррифӣ намуданд, зеро маҳз ӯ ташаккулдиҳандаи љањонбинии шогирдон, такмилдиҳандаи мањорату малакаи касбӣ, забондонӣ, ватанпарастии хонандагону донишҷӯён буда, мураббии худшиносию худогоҳӣ, ҳимояи манфиатҳои миллӣ, илмомӯзию рушди тафаккури созандагии насли наврасу ҷавон маҳсуб меёбад. Аз ин рӯ, имрўз омўзгорони мо бояд новобаста аз зинаи таҳсилот ба талаботи љомеаи муосир ва фазои љањонии тањсилот сатҳу сифати дониш, касбияти худро мутобиқ гардонанд. Тарбиятдида, хушахлоқ, босавод, зирак, ҳушёр, тавонманд, забондон, масъулиятнок ва содиқ ба касби худ бошанд. Қобилияти кор кардан бо воситаҳои технологии муосирро дошта бошанд ва дар раванди баргузории машѓулиятњои таълимӣ, семинару конференсияҳои илмӣ-назариявӣ аз онҳо самаранокистифода баранд. Аз ганҷинаи маънавии гузаштаи миллат, оид ба арзишҳои фарҳанги моддию маънавии ниёкони худ дониши зарурӣ дошта, хотираи таърихиашон ғанӣ бошад, то дар раванди тарбияи шогирдон ба хатоӣ роҳ надиҳанд, шогирдони соҳибкасб, боистеъдод, ихтироъкору навоварро тарбия намоянд. Ҳамаи ин ба он ҳадаф бояд бошад, ки дар тафаккури таълимгирандагон холигӣ пайдо нагардад ва ин холигиро онҳо бо андешаҳои хурофотию таассубангез, парастиши фарҳанги бегона пур нагардонанд, зеро “сабаби асосии бадбахтии ҳар як миллат ва давлат эътибор надодан ба сифати мактабу маориф, саҳлангорӣ кардан ба тарбияи кӯдак аз хурдсолӣ ва фароҳам наовардани муҳити мусоид барои таълиму тарбия мебошад”.
Дар Паём инчунин зикр гардид, ки пешравии ҳар гуна ҷомеа ба илм вобаста аст. Аз ин рӯ, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба илму маориф диққати аввалиндараҷа дода, барои рушд ва густариши он заҳматҳои зиёд кашида истодааст, зеро маҳз тавассути илм ва ҷаҳонбинии илмӣ ҷомеа рушд мекунад. Ин нуктаро Пешвои миллат дар Паёми навбатиашон чунин қайд намуданд: “Ман аз рӯзҳои аввали роҳбарии худ ба масъалаи илму маориф эътибори доимӣ ва аввалиндараҷа медиҳам”. Ин эътибори Пешвои миллат боис гашта истодааст, ки олимони тоҷик дар сатҳи байналмилалӣ ва ҷаҳонӣ дастовардҳои худро пешкаш намуда, дар рушди Тоҷикистони соҳибистиқлол қарзи касбии худро иҷро карда истодаанд. Аммо бо ин ҳама қонеъ набояд шуд вадар рушди илм ва ҳамкориҳои илмӣ талошҳои зиёдтар лозим аст. Дар ин маврид дар зинаи таҳсилоти олӣ ва муассисаҳои илмӣ ҷорӣ намудани технологияҳои рақамӣ дар раванди таълиму таҳқиқот омили муҳим мебошад.
Дар баробари ин ҳама, Пешвои миллат ба ҷавонон эътимоднокии худро иброз дошта, таъкид сохтанд, ки онҳо бояд барои рушди илму инноватсия саҳми арзишманд гузоранд. Ягона омиле, ки ба ҷавонон дар ин роҳ кӯмак менамояд, аз нигоҳи Пешвои миллат, ин руй овардани онҳо ба илму дониш ва касбу ҳунар мебошад: «... ҷавонони ватандӯсти мо минбаъд низ бо илму донишҳои замонавӣ, касбу ҳунарҳои муосир ва саъю талоши навҷӯёнаи худ барои рушди илму инноватсия ва боз ҳам таҳким ёфтани нуфузи кишварамон дар арсаи байналмилалӣ саҳми арзишманд мегузоранд». Ҷавонони саодатманди кишварро зарур аст, ки ба боварии Пешвои миллат содиқ монда, дар рушди ҳамаҷонибаи Тоҷикистони азиз саҳмгузор бошанд ва ҳам дар олами воқеӣ ва ҳам бо истифода аз фазои маҷозӣ фарҳанги миллии худро ҳифз ва густариш диҳанд.
Масъалаи фазилати инсон, ватандӯстӣ ва ифтихори миллӣ дар Паёми Пешвои миллатмақоми баланд дошт. Тавре маълум аст, воқеияти замони муосир инсонро ба буҳрони маънавию ахлоқӣ ва фарҳангӣ рӯ ба рӯ сохтааст, ки он аз таҷзияи донишҳоииттилоотию технологӣ ва дигаргуниҳои густардаи ҷаҳони имрӯз вобастагӣ дорад. Ҷаҳони имрӯз новобаста ба комёбиҳо ба нузули арзишҳои ахлоқӣ ва инқирози экзистенсиалӣ ва дигаршавии ҷидди фаҳмишҳои инсон рӯ ба рӯ аст, ки сабабгори дигаргуншавии фаҳмишҳои ақлонии инсон гардидааст. Насли нави имрӯз дар руҳияипостмодернистӣ тарбия ёфта, тамоюлҳо ва арзишҳои умумиинсониро канор мегузорад. Вобаста ба гуфтаҳои ироашуда, дар Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои муаззами миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ, ки 28 декабри соли 2024 ироа гардид, ин масъала дар шакли гуфторҳои пандомези Пешвои муаззами миллат ба ҷомеаи имрӯзаи Тоҷикистон садо дод. Пешвои миллат гаштаву баргашта таъкид сохтанд, ки дар фарҳанги тоҷикон аз замонҳои қадим то имрӯз фазилатҳои инсонӣ, чун накӯкорӣ, адлу инсоф, озодӣ, муҳаббат ба ҳамдигар ва ғайра пояи ҷаҳонфаҳмии инсонро ташкил додаанд ва онҳоро мо набояд фаромӯш созем.
Дар анҷоми Паём Пешвои миллат ҳамаи шаҳрвандонро ба ваҳдат, дӯст доштани Ватан ва саҳмгузорӣ дар ояндаи дурахшони Тоҷикистон даъват намуданд. Ин Паём, бе шакку шубҳа, ҳамчун нақшаи стратегии рушди устувори кишвар хизмат карда, баҳри беҳбудии зиндагии мардум ва пешрафти ҷомеа заминаи заруриро фароҳам меорад.
Нозим Маҳмадизода - доктори илмҳои фалсафа, професссор, директори Институти фалсафа, сиёсатшиносӣ ва ҳуқуқи ба номи А.М. Баҳоваддинови Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон
Имрӯз ман метавонам расман хабар диҳам, ки мо як даҳсолаи гармои марговарро аз сар гузаронидаем. Дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид Антониу Гутерриш дар паёми соли нави худ гуфт, даҳсоли гармтарин дар таърихи сабтшуда дар даҳ соли охир, аз ҷумла соли 2024, рух додааст.
Дар соли 2025 кишварҳо бояд тавассути коҳиши якбораи партовҳо ва пуштибонӣ аз гузариш ба ояндаи таҷдидшаванда ҷаҳонро ба роҳи амнтар гузаранд ”гуфт ӯ.
Гузориши Ташкилоти Умумиҷаҳонии Метеорологӣ (ТУМ) дар бораи вазъи иқлим дар соли 2024 гармтарин соли рекордӣ буд, хати ҳушдории сурхро барои босуръати тағйирёбии иқлим, ки дар натиҷаи афзоиши пайвастаи газҳои гулхонаӣ дар атмосфера ба вуҷуд омадааст ҳушдорӣ менамояд.
Солҳои 2015-2024 даҳсоли гармтарин бесобиқаи сабтшуда буд. Обшавии пиряхҳо, баланд шудани сатҳи баҳр ва гарм шудани уқёнусҳо суръат гирифта ва обу ҳавои шадид ба ҷомеаҳо ва иқтисодҳои саросари ҷаҳон зарар расонид.
Таъсири тағирёбии иқлим дар соли 2024 тамоми ҷаҳонро фаро гирифта, боиси таъсироти пай дар пай аз қуллаҳои кӯҳҳо то қаъри уқёнусҳо ба ҷомеаҳо, иқтисод ва муҳити зист гардид.
Гармои тӯлонӣ ва шадид бори дигар зарурати амалҳои фавриро дар мубориза бо тағйирёбии иқлим ва мутобиқ шудан ба пайомадҳои он таъкид мекунад. Бо ақидаи олимон, «танҳо мутобиқшавӣ ба иқлим кофӣ нест. Мо бояд сабаби аслии онро пайдо ва нисбат ба коҳиш додани сатҳи рекордии партовҳои газҳои гулхонаӣ муносибати ҷиддӣ кунем».
Аз ин рӯ, самараноктарин роҳи ҳалли мушкилоти тағйирёбии иқлим ин рушди «иқтисоди сабз» мебошад, ки истифодаи манбаъҳои барқароршавандаи энергия, яъне «энергияи сабз»-ро дар бар мегирад. Бо ин мақсад, Стратегияи рушди «иқтисоди сабз» дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2023-2037 қабул гардид. Нуктаҳои асосии Стратегия сохтмони неругоҳҳои барқии обӣ ва офтобӣ мебошад, ки ба туфайли онҳо мамлакат ба калонтарин таъминкунандаи неруи барқ дар минтақа табдил хоҳад ёфт. Инчунин, татбиқи «иқтисоди сабз» дар саноатикунонии кишвар, ҷорӣ намудани принсипҳои «иқтисоди сабз» дар соҳаи кишоварзӣ, рушди «нақлиёти сабз» ва инфрасохтори ба он мутобиқ, амалисозии принсипҳои «иқтисоди сабз» дар соҳаи сохтмон ва меъморӣ, рушди сайёҳии экологӣ ва ғайра дар назар дошта шудааст.
Яъне, Тоҷикистон ҳамчун давлати пешсафи ҷаҳон дар самти инкишофи «иқтисоди сабз» то соли 2037, воқеан, ба «кишвари сабз» табдил меёбад.
М.Сафаров “Маркази омӯзиши пиряхҳо”- и Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон
ДУШАНБЕ, 02.01.2024 /АМИТ «Ховар»/. Мақоми Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар радабандиҳои байналмилалӣ боло меравад. Дар бораи радабандии мақоми муассисаҳои илмӣ ва таҳсилоти олии касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон Қобилҷон Хушвахтзода чунин иброз намуд:
— Радабандӣ ё муайянсозии тартиби мақоми муассисаҳои илмӣ ва таҳсилоти олии касбӣ ва муайянсозии рейтинги онҳо ҳамчун низоми баҳогузории объективӣ ҳанӯз дар ибтидои асри ХХ пайдо шуда бошад ҳам, танҳо дар охирҳои соли навадуми ин қарн ин амалҳо шакли ниҳоӣ гирифтанд. Ҳоло ба таври даврагӣ аз ҷониби созмону институтҳои бонуфузи байналмилалӣ радабандии муассисаҳои илмӣ ва таҳсилоти олии касбӣ тибқи низомҳои муайян дар самтҳои гуногун амалӣ карда мешаванд. Мавҷудияти чунин радабандиҳо имкон медиҳад, ки ҷолиб будани ҳар муассисаи илмӣ ва таҳсилоти олии касбӣ арзёбӣ карда шавад. Ба ибораи дигар, рейтингҳое, ки аз ҷониби созмонҳои бонуфуз таҳия карда мешаванд, ба вазъи ин муассисаҳои илмӣ ва таҳсилоти олии касбӣ таъсир расонида, метавонанд дар ҳолатҳои муайян шароити берунии ҳамкориро бо онҳо рушд диҳанд. Аз ин рӯ, имрӯз тамоми муассисаҳои илмӣ ва таҳсилоти олии касбӣ кӯшиш ба харҷ медиҳанд, ки зимни банақшагирии фаъолият барои давраҳои кӯтоҳмуҳлат ва ё дарозмуҳлат ҳатман беҳбуд бахшидани мақоми худро дар рейтингҳои байналмилалӣ ҳамчун яке аз роҳҳои таъмини рушди устувори ин ниҳодҳо ба инобат гиранд.
Дар замони муосир шумораи зиёди рейтингҳои байналмилалӣ вуҷуд доранд, ки дар онҳо мақоми муассисаҳои илмӣ ва таҳсилоти олии касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон низ дар қатори муассисаҳои давлатҳои дигари ҷаҳон муайян гардидааст. Чунин радабандиҳо бо истифода аз нишондиҳандаҳо (индикаторҳо), шохисҳо (индексҳо) ва тавассути арзёбиҳои электронӣ доир мешаванд. Бо ҳамин сабаб муассисаҳои илмӣ ва таҳсилоти олии касбӣ ҳамасола кӯшиш мекунанд, ки тибқи ҳамин талабот оид ба нишондиҳанда ва шохисҳо мақоми худро дар радабандиҳои рейтингӣ мустаҳкамтар кунанд.
Дар асоси гуфтаҳои боло мехостем, ки чанд андешаро дар бораи мақоми муассисаҳои илмӣ ва таҳсилоти олии касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар яке аз чунин радабандиҳо, ки барои муассисаҳои дахлдори мо беш аз ҳама дастрас аст, яъне китобхонаи электронӣ (e-library) ва Шохиси русиягии иқтибосоварии илмии Федератсияи Русия (Российский индекс научного цитирования (РИНЦ) баён созем. Дар ин радабандӣ фаъолияти илмии Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон низ пайваста арзёбӣ гардида, мақоми он дар байни муассисаҳои илмӣ ва таҳсилоти олии касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Федератсияи Русия ва дигар мамлакатҳои ба ин низом ворид муайян мегардад.
Бояд гуфт, ки болоравии мақоми Академияи миллии илмҳои Тоҷикистонро дар ин низом давоми як соли охир метавон на танҳо ҳамчун рушди эволютсионӣ ё рушди бесобиқа, балки ҳатто як дигаргунии куллӣ ҳисоб кард. Барои мисол, якчанд нишондиҳандаҳоро бо ҳам муқоиса мекунем. Соли 2023 Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар байни 49 муассисаи илмӣ ва таҳсилоти олии касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо нишондодҳои шохиси Хирш аз рӯи ҳама маводи дар китобхонаи электронӣ (e-library) нашршуда (10), шохиси Хирш аз рӯи ҳама маводи дар РИНЦ нашршуда (10) ва шохиси Хирш аз аз рӯи ҳама маводи дар ҷавҳари РИНЦ нашршуда (5) ҷойи охиринро ишғол карда буд. Ҳамзамон шумораи тамоми маводи дар китобхонаи электронӣ нашршуда ҳамагӣ 802 адад ва миқдори маводи нашршуда, ки аз онҳо иқтибос овардаанд, ҳамагӣ 519 ададро ташкил медод.
Дар натиҷаи қабули қарорҳои дурусти идорӣ, бастани шартномаи литсензионӣ SCIENCE INDEX №SIO-7380/2024 Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон бо Ҷамъияти дорои маъулияти маҳдуди «Китобхонаи илмии электронӣ» аз 11 июни соли 2024 ва тақвияти фаъолияти олимону муҳаққиқони Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар анҷоми соли 2024 ин нишондиҳандаҳо хеле боло рафтанд.
Имрӯз бо нишондодҳои шохиси Хирш аз рӯи ҳама маводи дар китобхонаи электронӣ (e-library) нашршуда (51), шохиси Хирш аз рӯи ҳамаи маводи дар РИНЦ нашршуда (49) ва шохиси Хирш аз рӯи ҳамаи маводи дар ҷавҳари РИНЦ нашршуда (42) Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар байни 49 муассисаи илмӣ ва таҳсилоти олии касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки мавриди арзёбӣ қарор гирифтанд, ҷойи аввалро ишғол мекунад. Ҳамзамон шумораи тамоми маводи дар китобхонаи электронӣ нашршуда 6692 ададро ташкил дода, миқдори маводи нашршуда, ки аз онҳо иқтибос овардаанд, ба 19595 адад расидааст. Дар баробари ин, шумораи муаллифон дар радабандии мазкур аз 188 нафари сабтшуда ба 455 нафар расид. Инчунин шумораи муаллифоне, ки дар шохиси Science Index ба қайд гирифта шудаанд, аз 153 нафар ба 445 нафар расидааст. Яъне, аз 1100 корманди илмии Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон соли 2024 тақрибан 40 фоиз дар шохиси номбурда ба қайд гирифта шудаанд ва маводи илмии онҳо ба китобхонаи электронӣ ворид карда шудааст, ки имконият медиҳад дастовардҳои илмии Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон ба ҷомеаи илмии ҷаҳонӣ дастрас бошад ва бо он ошно шаванд. Ҳамзамон соли 2025 имконият аст, ки боқимондаи ходимон ва кормандони илмии Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар Шохиси русиягии иқтибосоварии илмӣ ба қайд гирифта шаванд ва мақом, нишондиҳандаҳои Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, аз ҷумла миқдори маводи воридшуда ва иқтибосоварӣ ба онҳо дар шохиси номбурда боз афзун шавад.
Ҳамаи ин нишони он аст, ки фаъолияти илмию таҳқиқотии Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон аз рукуд боз монда, рӯ ба рушд дорад ва аз он дарак медиҳад, ки ҳисси масъулият, ки Президенти Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар мулоқот бо аҳли илм ва маорифи ҷумҳурӣ 30 майи соли 2024 ба олимони Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон талқин намуданд, имрӯз боло гирифт ва дар ин ниҳоди бонуфузи илмӣ тартибу низом муқаррар ва фаъолияти илмию таҳқиқотӣ тақвият пайдо кард. Аз ин рӯ, пешрафтҳои Академияи миллии илмҳои Тоҷикистонро дар ин самт метавон ҳамчун туҳфаи сазоворе барои мардуми ҷумҳурӣ дар анҷоми соли 2024 ва оғози соли нави мелодии 2025 баҳогузорӣ намуд.
(Бардошт аз Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии кишвар , 28.12.2024, шаҳри Душанбе)
Паёми имсолаи Роҳбари давлат дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии кишвар дар бинои нави мақоми олии қонунгузори мамлакат – Маҷлиси Олӣ баргузор мегардад. Паёми имсолаи Роҳбари давлат дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии кишвар дар бинои нави мақоми олии қонунгузори мамлакат – Маҷлиси Олӣ баргузор гардид.
Аз суханронии муҳтарам Пешвои миллат бармеояд, ки ҳоло кишвари мо дар марҳалаи нави тараққиёти худ қарор дошта, бо амалӣ намудани стратегияву барномаҳои иқтисодиву иҷтимоӣ ба дастовардҳои назаррас ноил гардида истодааст.
Вобаста ба ин, чуноне ки Пешвои муаззами миллат дар суханрониашон қайд карданд, дар заминаи амалисозии ҳадафҳои миллиамон, пеш аз ҳама, амнияти миллӣ ва рушди устувори иқтисодиро таъмин намоем ва сатҳу сифати зиндагии мардумро боз ҳам баланд бардорем. Зеро мардуми Тоҷикистон шоистаи зиндагии хуб аст.
Ҷойи дигар, Роҳбари давлат иброз намуданд, ки нооромиву низоъҳо дар минтақаҳои гуногуни олам, шиддат гирифтани мухолифатҳои сиёсӣ ва таҳримҳо миёни кишварҳои абарқудрат, мусаллаҳшавии бошитоб, «ҷанги сард», тағйирёбии иқлим, инчунин, канда шудани занҷираҳои таҳвили молу маҳсулот ва дигар омилҳои берунӣ моро водор месозанд, ки барои пешгирӣ кардани таъсири манфии онҳо ба иқтисодиёти кишвар тадбирҳои саривақтӣ андешем. Чунки иқтисодиёт яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати хориҷӣ ва дохии кишвар ба ҳисоб меравад.
Мусаллам аст, ки имрӯзҳо Ҳукумати мамлакат бо истифода аз ҳамаи захираву имкониятҳои мавҷуда ҷиҳати мунтазам беҳтар гардонидани шароити зиндагии мардум нақшаҳои бузурги созандагиро роҳандозӣ карда истодааст.
Ҷиҳати рушди иқтисодиву иҷтимоии кишвар ва амалисозии лоиҳаҳои афзалиятноки сармоягузории давлатӣ, инчунин, татбиқи нақшаву барномаҳои миллӣ, соҳавӣ ва маҳаллӣ дар панҷ соли охир аз ҳисоби буҷети давлат ва сармояи дохиливу хориҷӣ зиёда аз 197 миллиард сомонӣ равона карда шуд.
Барои иҷрои нақшаи корҳои ободониву бунёдкорӣ ба истиқболи ҷашни 35-солагии истиқлоли давлатӣ аз ҳисоби соҳибкорону шахсони саховатпеша ва сокинони бонангу номуси кишвар дар се соли охир беш аз 20 миллиард сомонӣ хароҷот карда шуд.
Корҳое, ки дар ин самт анҷом дода шуданд, ба таъмин гардидани нишондиҳандаҳои пешбинигардидаи рушди иҷтимоиву иқтисодӣ ва пешрафту ободии шаҳру деҳоти мамлакат мусоидат намуданд.
Дар доираи нақшаи зикргардида дар се соли охир дар мамлакат беш аз 1500 иншооти соҳаи маориф, яъне муассисаҳои томактабӣ ва таҳсилоти миёнаи умумӣ, 660 иншооти соҳаи тандурустӣ, 480 иншооти варзиш, 175 иншооти фарҳангу фароғат ва ҳазорҳо иншооти дигари истеҳсоливу иҷтимоӣ бунёд ва ба истифода дода шуданд.
Дар натиҷаи амалисозии тадбирҳои мушаххас даромади пулии аҳолӣ аз 48 миллиард сомонӣ соли 2019-ум ба 147 миллиард сомонӣ дар соли 2024-ум расид.
Ҳамчунин, Вазорати молия, Бонки миллӣ, Кумитаи андоз, Хадамоти гумрук, Агентии инноватсия ва технологияҳои рақамӣ якҷо бо дигар вазорату идораҳо ва мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ вазифадоранд, ки ҳалли масъалаҳои вусъат додани истифодаи технологияҳои муосири рақамиро ҳарчи зудтар таъмин намоянд.
Ба ибораи Пешвои миллат, “Тоҷикистон дар ҷодаи гузариш ба рақамикунонии соҳаҳои иқтисоди миллӣ ҷиҳати таъмин намудани шаффофияти муносибатҳои иқтисодиву молиявӣ қадамҳои устувор гузошта истодааст”.
Ҳамчунин, зимни Паёми хеш муҳтарам Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон иброз доштанд, ки дар панҷсолаи минбаъда ҷиҳати пешбурди иқтисоди рақамӣ бояд ба самтҳои зерин диққати аввалиндараҷа дода шавад:
1. Такмили фаврии заминаҳои ҳуқуқӣ ва қабули санадҳои дахлдор дар самти гузариш ба иқтисоди рақамӣ.
2. Инкишоф додани инфрасохтори рақамӣ, рушди марказҳои коркарди маълумот, таъсиси махзани мукаммали миллии маълумот.
3. Рақамикунонии пурраи хизматрасониҳои давлатӣ ва ташкили махзани ягонаи хизматрасониҳои давлатӣ.
4. Рушди сармояи инсонӣ бо роҳи омӯзиш ва бозомӯзии кадрҳо доир ба технологияҳои иттилоотӣ дар дохил ва хориҷи кишвар ва баланд бардоштани маърифати истифодаи технологияҳои рақамӣ.
5. Истифодаи васеи зеҳни сунъӣ дар пешниҳоди хизматрасониҳо ва низоми бақайдгирии давлатӣ.
6. Андешидани чораҳо дар самти таъмин намудани амнияти киберии махзанҳои маълумот.
7. Ташаккул додани соҳибкории рақамӣ ва рушди савдои электронӣ.
Ҷиҳати вусъат бахшидан ба равандҳои инноватсионӣ ва истифодаи ҳамаҷонибаи имкониятҳои технологияҳои рақамӣ дар иқтисодиёт Пешвои миллат пешниҳод намуданд, ки солҳои 2025 – 2030 «Солҳои рушди иқтисоди рақамӣ ва инноватсия» эълон карда шаванд.
Дар ин раванд, муҳайё кардани шароити беҳтарин барои тарбияи кадрҳо, пешниҳод намудани имтиёзҳои гуногун, ҳавасмандгардонии мутахассисони самти технологияҳои иттилоотӣ ва бозомӯзӣ дар муассисаҳои пешқадами хориҷӣ зарур дониста шуд.
Дар робита ба ин, Роҳбари давлат пешниҳод намуданд, ки дар заминаи Донишкадаи технология ва менеҷменти инноватсионии шаҳри Кӯлоб Донишгоҳи инноватсия ва технологияхои рақамӣ таъсис дода шавад. Ба ин донишгоҳ мақоми пойгоҳи асосии тайёр кардани мутахассисони самти мазкур дода, илова бар ин, дар ҳамаи муассисаҳои таҳсилоти олии касбии кишвар факултаю кафедраҳои дахлдор таъсис дода шаванд.
Хулоса, Соли 2025 азбаски соли рушди иқтисоди рақамӣ ва инноватсия эълон гардид, моро зарур аст, ки ҳаматарафа махсусан олимон саҳми босазои хешро дар рушди иқтисодиёти рақамӣ ва инноватсия гузорем. Зеро ба гузаштан ба иқтисодиёти рақами будҷети давлатӣ ду маротиба зиёд мешавад.
Санавбарбону Воҳидова, - мудири Шуъбаи Аврупои Институти омӯзиши масъалаҳои давлатҳои Осиёи ва Аврупои АМИТ, доктори илмҳои таърих, профессор
(Бардошт аз Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии кишвар , 28.12.2024, шаҳри Душанбе)
Паём ҳуҷҷати барномавии сиёсӣ ва ҳуқуқӣ буда дар он нуқтаи назар, таклиф ва пешниҳодҳои Президент оид ба самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии кишвар инъикос мегардад.
Чуноне, ки иттилоъ дорем, 28 декабри соли 2024 дар шаҳри Душанбе дар бинои нави парлумони Тоҷикистон Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилию хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон” ироа гардид. Президенти кишвар дар суханронии худ натоиҷи солро ҷамъбаст намуда, барои солҳои минбаъда ҳадафҳоро муайян намуданд. Самтҳои асосии Паём ба масъалаҳои мубрам, ки ба рушду равнақи кишвар таъсир мерасонанд, нигаронида шудаанд. Аз ҷумла, мо метавонем масъалаи тарбияи ҷавононро дар руҳияи худшиносии миллӣ, ҳувияти миллӣ, ифтихори миллӣ, манфиатҳои миллӣ, мафкураи миллӣ, сидқан дӯст доштани сарзамини биҳиштосои меҳан, меҳру муҳаббати самимӣ ба Ватан - Модар, арҷгузорӣ ба арзишҳо ва муқаддасоти миллӣ, ҳифзи истиқлолу озодии сарзамини аҷдодӣ, сулҳу оромӣ, суботи сиёсӣ, ваҳдати миллӣ ва дар ҳама ҳолат омода будани ҷавонон, ҷавонмардон баҳри дифои кишварро, ки дар Паём яке аз масоили калидӣ маҳсуб меёбад, таъкид намоем.
Имрӯз, ки Тоҷикистони соҳибистиқлол давлати демокративу ҳуқуқбунёд ва дунявӣ эътироф шудааст, тарбияи ватандӯстӣ ва таҳкими ҳувияти миллии ҷавонон муҳимтарин воситаи ҳаракатдиҳандаи пешрафти ҷомеа ба ҳисоб меравад. Ҳисси ватандӯстӣ, ки яке аз рукнҳои ҳуввияти миллии мардуми тоҷик аст, омили асосии эмин нигоҳ доштани ҷавонон аз таҳдидҳои замони муосир ба ҳисоб меравад. Маҳз ватандӯстӣ метавонад бар зидди таҳдидҳои замони муосир ҳамчун қувваи бузурги ҳифзи ватану таърихи он ва рӯҳияи шикастнопазири миллат табдил ёбад. Аз ин рӯ, дар қалби ҷавонон ҳамчун қувваи асосии пешбарандаи ҷомеа бедор намудани ҳисси ватандӯстиву ватанпарастӣ, арҷгузорӣ ба забон, таъриху фарҳанг ва тамаддуни миллӣ, баланд бардоштани нақш ва мавқеи онҳо дар ҷомеа аз ҷумлаи вазифаҳои муҳимми давлату Ҳукумат мебошад. Тарбияи шаҳрвандӣ - ватандӯстӣ - маҷмӯи тадбирҳое шинохта шудааст, ки баҳри дар тафаккури шаҳрвандон тарбия намудани дарки зарурати бошууронаи хизмати фидокоронаю беғаразона ба Ватан зимни иҷрои вазифаҳои хизматӣ, меҳнатӣ ва ҷамъиятӣ, муҳаббат ба кишвари маҳбуб, ташаккули фарҳанги ҳуқуқӣ, риояи қонун, ахлоқи ҳамида, фарҳанги умумӣ, мавқеи амиқи шаҳрвандӣ, омодагии доимӣ барои адои қарзи конститутсионӣ ва уҳдадориҳои шаҳрвандӣ, ифтихор аз дастовард ва анъанаҳои ниёгон равона карда шудааст. Ҷавонон қишри фаъолтарини ҷомеа ва идомадиҳандаи кору пайкори насли калонсол мебошанд ва маҳз онҳо масъулияти фардои кишвари соҳибистиқлоли худро ба дӯш хоҳанд гирифт. Мо ифтихор дорем, ки ҷавононамон нисбат ба Ватан меҳру муҳаббати самимӣ доранд, Ватанро сидқан дӯст медоранд, ба арзишҳо ва муқаддасоти миллӣ арҷ мегузоранд, иродаи мустаҳкам доранд ва сиёсати пешгирифтаи давлату Ҳукумати мамлакатро бо ҳисси баланди миллӣ ва эҳсоси худшиносиву худогоҳӣ дастгирӣ мекунанд. Ҷиҳати дар рӯҳияи ватандӯстӣ тарбия намудани ҷавонон, баланд бардоштани ҳисси ватадӯстии шаҳрвандон ва дарки амиқи худшиносию худогоҳии миллӣ, эҳтиром ба арзишҳои миллӣ ҳангоми таҳияи қонунҳо ба инобат гирифта мешаванд. Мусаллам аст, ки ҷаҳони пуртазоду ноороми муосир ҷавонони кишварро водор месозад, ки аз таҳаввулоти босуръати сайёра ҳамеша огоҳ бошанд, худ ва ҳамсолонашонро аз таъсири мафкураи радикаливу ифротӣ ва хурофотпарастӣ эмин нигоҳ доранд, барои ҳифзи истиқлолу озодии сарзамини аҷдодӣ, сулҳу оромӣ, суботи сиёсӣ ва ваҳдати миллӣ ҳамеша омода бошанд. Ватандӯстӣ рукни асосии худшиносии миллӣ буда, худшиносии миллӣ дар навбати худ наҷотбахшандаи миллат аз гирдоби туфони пурпечу тоби ҷаҳонишавӣ маҳсуб меёбад. Дар ҳар давру замон хизмат ба Ватан яке аз мактабҳои ҷавонмард ба шумор рафта, ҷавонони худшиноси миллатро мебояд, ҳатман дар ин мактаби шуҷоат мардонагӣ омӯхта, аз хатогиҳои гузашта бояд сабақ омӯзанд. Боиси тазаккур аст, ки мо аз ҷавонони кишвар умеди бузург дорем, ташаббусҳои созандаашонро минбаъд низ ҳамаҷониба дастгирӣ мекунем ва аз фаъолияти онҳо ба хотири рушду таҳкими давлатдории миллиамон ҳамеша қадрдонӣ менамоем. Аз ин рӯ, хеле муҳим аст, ки ҷавонони саодатманду хирадманди тоҷик мансубияти хешро ба миллат дарк намоянд ва аз ниёгони шарафманди худ ифтихор намоянд. Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми имсолаи хеш чунин зикр намуданд, ки минбаъд низ ба ҷавонон ҳамчун неруи боэътимод ва такягоҳи устувор таваҷҷуҳ хоҳем кард, зеро ояндаи миллату давлат аз онҳо вобаста мебошад. Бовар дорам, ки ҷавонони ватандӯсти мо минбаъд низ бо илму донишҳои замонавӣ, касбу ҳунарҳои муосир ва саъю талоши навҷӯёнаи худ барои рушди илму инноватсия ва боз ҳам таҳким ёфтани нуфузи кишварамон дар арсаи байналмилалӣ саҳми арзишманд мегузоранд. Барои ноил гардидан ба ҳадафҳои тарбияи ҷавонон дар рӯҳияи худшиносии миллӣ, ифтихори миллӣ, ватандӯстӣ ба низоми таълиму тарбия низ таваҷҷуҳ зоҳир кардан зарур аст. Аз ин рӯ, Ҳукумати кишвар ҳамеша ташаббусу пешниҳодҳои созандаи ҷавононро дастгирӣ намуда, барои амалӣ намудани онҳо имконияту шароити мусоид фароҳам меорад. Дар баробари ин ҷавонон дар дохил ва хориҷи кишвар таҳсил карда, соҳиби касбу ихтисосҳои гуногуни замонавӣ мешаванд, ки барои Тоҷикистони соҳибистиқлол хеле муҳим ва заруранд.
Ҳамин тариқ, тарбияи ҷавонон дар рӯҳияи худшиносии миллӣ, ифтихори миллӣ, ватандӯстӣ яке ҷанбаҳои муҳимми рушд ва ташаккули ҳувияти шаҳрвандӣ мебошад. Бинобар ин ҳамаи моро зарур аст, ки баробари шукронаву ифтихор кардан аз Ватани аҷдодиву давлати соҳибистиқлоламон тамоми азму талоши худро ба таҳкими ваҳдати миллӣ ва сарҷамъии миллат равона карда, ободии имрӯзу фардои кишварро таъмин намоем ва нагузорем, ки андешаҳои бегонапарастӣ, ифротгароиву тахрибкорӣ ва тундравию таассуб ба тафаккури мардуми мо, бахусус ҷавонон, нуфуз пайдо намояд.
Давлиёрова Сафаргул Тешаевна, - ходими пешбари илмии Шуъбаи ИДМ-и Институти омӯзиши масъалаҳои давлатҳои Осиё ва Аврупои АМИТ, номзади илмҳои фалсафа, дотсент
(дар ҳошияи Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, 28-уми декабри соли 2024)
Конститутсия талаб мекунад, ки Президент на фақат ба муҳокимаи вазъи долихию хориҷии давлат пардозад, балки чунин тадбирҳоеро, ки вай зарур ва ба мақсад мувофиқ мешуморад, тавсия кунад, балки ба Маҷлиси Олӣ, сокинони кишвар ва намонядагони дипломатии кишварҳои хориҷӣ дар бораи сиёсати дохилӣ, хориҷӣ, вазъи иқтисодӣ, иҷтимоӣ, фарҳангӣ ва амниятии кишвар маълумот диҳад. Барои комилан ошкор намудани ҳамаи масъалаҳоеро, ки дар вазъияти воқеии мамлакат, хоҳ дохилию хориҷӣ, ки аслан ба некуаҳволии умумӣ дахл доранд, паём ва ё гузориши сиёсӣ ба мардуми кишвар ироа намояд. Президент зимни иҷрои вазифаҳои конститутсионии худ на танҳо барои изҳори эътиқоди шахсӣ дар паём сухан меронад, балки ҳамчун Роҳбари ҳукумат манфиатҳои давлатро бо чашми холисона тафтиш намуда, барои ояндаи давлат тадбирҳои зарурӣ ва саривақтиро пешниҳод менамояд.
Паём лаҳзаи тантанаи истиқлоли як давлат ва як миллат дар як фосилаи муайяни таърихӣ аст. Паём маъмулан маҷмуаи масъалаҳои сиёсати дохилӣ ва хориҷӣ, роҳбурди сиёсати роҳбари давлат дар масъалаҳои сиёсӣ, иқтисодӣ, иҷтимоӣ фарҳангӣ, амниятӣ, байналмилалӣ ва ғайраро дар бар мегирад. Тавре маълум аст, то имрӯз 24 Паёми солонаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ироа гардида, ҳамчун фишанги баррасии масоили муҳими сиёсӣ, иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва дурнамои ҳадафҳои стратегӣ ва мақсадҳои дар пешистода эътироф гардидааст. Тибқи андешаи муҳаққиқ Абдуллоҳи Раҳнамо паём “суханронии марҳилавӣ ва барномавии роҳбари як давлат дар муаррифии самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии кишвар, вазъият ва рушду дастоварду фаъолияти давлат ё амалкарди нерўи роҳбарикунандаи давлат дар марҳилаи муайян ва ҳадафу вазифаҳои нави он барои марҳилаи баъдиро ифода мекунад”, мебошад. Муҳаққиқи дигар Қодири Қосим ба он назар аст, ки “паёми Президент ин нигоҳи амиқи таҳлил ба роҳи яксола нест”. Яъне Паём возеҳтар аз марҳилаи яксола буда, ҳадафҳои миёнамуҳлат ва дарозмуддатро низ дар бар мегирад. Масалан, дар Паёми соли 2019 эълон гашт, ки саноатикунонии босуръат ҳамчун ҳадафи чоруми стратегии кишвар пазируфта мешавад.
Дар Паём ҳамчунин барномаи аз модели рушди кишоварзию саноатӣ ба модели саноатию кишварзӣ тағйир намудани модели рушди кишвар эълон шуд. Се ҳадафи дигари стратегии Тоҷикисон низ дар паёмҳои солҳои пешин муайян ва эълон гашта буданд ва ҳамасола дар Паём сатҳи пешрафт дар масири дастрасӣ ба онҳо шарҳ дода мешаванд. Барномаҳои калоне чун “Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030”, “Барномаи миёнамуҳлати рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2016-2020” ва ғайра низ маҳз дар Паёмҳои солона эълон ё шарҳ дода шудаанд.
Имсол дар таърихи 28-уми декабр паёми 24-уми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва мардуми кишвар ироа гардид. Дар паёми имсола низ пешниҳоди чанд барномаву стратегия иброз гардид. Эълон гардидани солҳои 2025-2023 “Солҳои рушди иқтисодӣ рақамӣ ва инноватсия”, пешниҳоди таҳияи “Стартегияи ҷалби сармоя” ва “Барномаи тайёр намудани кадрҳои баландихтисос то давраи соли 2030” аз ҷумлаи он барномаву стратегияҳое ба шумор меравад, ки дар паёми имсола иброз гардид. Дар паёми имсола тавре маълум гардид, ягон соҳаҳои ҳаёти ҷамъиятие аз назари Пешвои миллат дар канор намонд ва бо супоришҳои дурбинона импулси наверо барои соли оянда асос гузоштанд. Соли 2025 барои Тоҷикистон аз ҷиҳати амалияи сиёсӣ соли таърихӣ ва муҳим дар паём арзёбӣ гардида, вазифаҳои мушаххас ба тамоми вазорату идораҳои давлатӣ дода шуд. Дар заминаҳои рушди иқтисоди миллӣ ва муваффақиятҳои дипломативу сиёсӣ дар соли 2024, дар паём ишора шуд, ки ин тамоюл дар соли 2025 низ нигоҳ дошта шавад. Паёми имсолаи Пешвои миллат бисёр паёми калидӣ буда, имсол диққати махсус ба рақамикунонии иқтисодиёт, корхонаҳои давлатӣ ва ғайраҳо дода шудааст. Зеро дар паём ироа шуд, ки Тоҷикистон дар давраи гузариш ба рақамикунонии иқтисод қарор дорад. Бинобар ин ба вазорату идораҳои дахлдори соҳа супоришу вазифаҳои мушаххас дода шуд. Эълон гардидани солҳои 2025-2030 “Солҳои рушди иқтисоди рақамӣ ва инноватсия”, як қадами бузургест, ки метавонад рушди Тоҷикистонро дар солҳои наздик ба маротиб зиёд кунад ва иқтисоди миллии кишвар ба натиҷаҳои назаррас ноил гардад.
Шарифов Искандар - ходими илмии шуъбаи ИДМ Институти омӯзиши масъалаҳои давлатҳои Осиё ва Аврупои АМИТ