Ҷашни Сада – яке аз ҷашнҳои эронитаборон ва мардуми форсизабон аст, ки дар оғози шомгоҳи 10 баҳманмоҳ (30 январи тақвими мелодӣ) баргузор мешавад ва ин рӯзро Обонрӯз мегӯянд.
Сада ҷашни мулуки номдор аст,
Зи Афридуну аз Ҷам Ёдгор аст
(Унсурӣ)
Ҷашни Сада ба оини Меҳргароӣ (Митроӣ) дуруст меояд, ки аз оини Зардӯштӣ 3000- то 5000 пеш арзи вуҷуд дошт. Сада то садаи XII ҷашн гирифта мешуд, лекин баъдҳо аз байн рафт, вале нишонаҳои он - гулхан афрӯхтан, дар гирди он базм оростан ҳанӯз ҳам дар байни мардуми тоҷик дида мешавад.
Фирдавсии бузург сарчашмаи ин ҷашнро ба Ҳушанг писари Сиёмак нисбат медиҳад.
Зи Ҳушанг монд он Сада ёдгор,
Басе бод чун ӯ дигар Шаҳриёр
Дар Тоҷикистон аз рӯи тақвими форсизабонон ҷашни сада дар баъзе аз деҳаҳо ҷашн гирифта мешавад. Ҷашни Сада ҷашни қадимӣ ва суннатии мардуми ориёнажод аст. Ин ҷашн 50 рӯз пеш аз Наврӯз дар шаби 10-уми моҳи баҳман тибқи тақвими шамсӣ, баргузор мегардад.
Сада аз решаи форсии “сад” гирифта шуда, ба маънои рақами сад ишора мешавад, ки он рамзи 100 рӯзи боқимонда то шурӯи кишоварзии пурра дар баҳор мебошад.
Таърихи пайдоиши ҷашни Сада
Ҷашни сада решаҳои амиқ дар фарҳанги қадимии ориёӣ дорад. Мувофиқ ба ривоятҳои бостонӣ, ин ҷашн замоне пайдо шуд ки Каюмарс, аввалин подшоҳи мифологии ориёӣ, одамонро ба гиромидошти нур ва гармӣ даъват кард. Дар дигар сарчашмаҳои фарҳангӣ низ ин ҷашн ба шарафи кашфи оташ аз тарафи Ҳушанг, яке аз подшоҳони достони шоҳномаи Фирдавсӣ баргузор мегардад.
Расму оинҳои ҷашни Сада
Ҷашни Сада асосан бо афрӯхтани гулхан таҷлил мегардад. Ин гулхан рамзи пирӯзии гармӣ бар сардӣ ва нур бар зулмот аст. Мардуми деҳот ва шаҳр низ дар атрофи ин гулхан шодӣ карда шукргузорӣ аз табиат мекунад ва мувофиқи расму оин онҳо ғизоҳои миллӣ аз қабили ширбиринҷ, палав ва ҳар навъи нонҳои анъанавӣ омода месозанд ва тибқи суннати меҳмоннавозии мо тоҷикон меҳмонони худро пазируфта, фазои гарму дӯстонаеро ба вуҷуд меоранд.
Нақши ҷашни Сада дар фарҳанги тоҷикон
Сада дар таърихи тоҷикон ҳамчун ҷашни муттаҳидкунанда шинохта шуда, он на танҳо баёнгари эҳтиром ба табиат, балки аҳамияти муттаҳидии иҷтимоиро низ дорост. Ҷашни Сада кунун ҳам дар баъзе минтақаҳои кишвар, алалхусус дар байни кишоварзон бо эҳтироми хосса аз ниёгонам ҷашн гирифта мешавад.
Паёми ҷашни Сада
Паёми асосии ин ҷашн муҳаббати хоссае ба табиат, дӯстию ҳамбастагии амиқ байни мардум мебошад. Сада нишон медиҳад, ки инсоният ҳамеша барои муттаҳидӣ дар атрофи арзишҳои умум ба монанди рӯшноию некӣ талош намудааст.
Ин ҷашни муттаҳидӣ-Сада на танҳо ёдгорие аз гузашта, балки як ҷузъиёти зиндаи фарҳангиест, ки барои эҳёи суннатҳои миллӣ ва эҳтиром ба табиат хизмат мекунад.
Иброимзода Сайёҳат - лаборанти калони Шуъбаи масъалаҳои фалсафии дини ИФСҲ-и АМИТ
Дар дунёи фалсафа, тафаккур ва маънавиёти зеҳнии эронитаборон фуру рафтан ва аз он бозгаштан, корест басо сангину имконнопазир. Ин пиндорамон барои обу ранг ва ҳусни калом ҳаргиз набуда, зеро агар ба фалсафаи иҷтимоиву ахлоқӣ ва хиради ба ҷой гузоштаи аҳли илму адаби форсу тоҷик назар афканем, хоҳем дарёфт, ки ҳақиқатан хираду ҳикмати эронитаборон, ба вежа тоҷикон баҳрест бекарон ва ҳар касе агар ғаввоси моҳире бошад метавонад аз он баҳри бепоён марвориде ба даст оварад. Албатта, ба умқи ин андеша танҳо шахсиятҳое, ки аз он баҳр қатрае баҳра бардоштаанд, дарк мекунанд. Ҳазор сол қабл барҳақ, фарзона ва энсиклопедист Абӯалӣ пури Сино фармуда буд: «Агар тавоноии донишмандони Эрон аз ҷаҳони дониш гирифта шавад, чизе ҷуз сиёҳи боқӣ намемонад». Арҷгузорӣ ва омӯзиши таърих, фарҳанг, фалсафаи иҷтимоиёту фарҳанг, суннатҳои аҷдодӣ ва илму адаби гузашта барои ҳар фарди худшиносу ҳувиятшинос ҳам фарзу ҳам суннат аст. Беэътиноӣ ва нодидагирифтани рукнҳои зикргардида, инсонро ба беҳувиятӣ ва ниҳоят ба вартаи нестӣ бурда мерасонад. Пешвои миллат дар ин хусус изҳор доштаанд: «Ҳар кас, ки таърихи гузаштаи худро надонад, ояндаи худро сохта наметавонад». Имрӯз зарур аст, ки ҳар фарди миллати тоҷик беш аз пеш рӯй оварад ба осори адабиву илмӣ ва суннатҳои гузаштаи ниёгони худ ва бад-ин минвол диравшбардори илму хирад ва давомдиҳандаи кору пайкори аҷдодони хеш бошад.
Ҳоло диққати ононеро, ки ин сатҳоро мехонанд ба яке аз ҷашнҳои суннатӣ ва миллӣ, ки «Сада» ном дорад, ҷалб менамоем. Албатта, боварӣ дорем, ки ҳар кадоми шумо аз ин ҷашн воқифед ва медонед, ки чӣ гуна ҷашн аст, вале мо мекӯшем, мухтасар аз таърихи пайдоиш ва баъзе вижагиҳои ин ҷашни бостонии миллӣ, ки худшиносӣ ва ҳамбастии инсониятро талқин менамояд, маълумоте ироа дошта бошем.
Ҷашни «Сада» дар шумори сегонаи ҷашнҳои Наврӯз ва Меҳргон дохил шуда, ба гунаи ҷашнҳои Наврӯз ва Меҳргон таърихи хеле қадимаро доро мебошад. Роҷеъ ба пайдоиш ва чигунагии ҷашни Сада аз сарчашмаҳо нисбати Наврӯзу Меҳргон маълумот камтар оварда шудааст, вале ин наонқадар аҳамияти ҷиддие дошта метавонад, зеро маълумотҳое, ки аз сарчашмаҳо оид ба ин ҷашн омадааст, то ҷое қонеъкунанда мебошанд, ки мо ин ҷашни миллиро шиносем ва барои эҳёи он беш аз пеш ҷаҳд намоем.
Чи тавре ки дар сарчашмаҳо зикр гардидааст, таҷлили ҷашни Сада ҳамасола ба 10-уми Баҳманмоҳи солшумории шамсӣ (мутобиқ ба 30-уми январи солшумории мелодӣ) рост меояд. Чунонки гуфта мешавад, муҳтавои фалсафии вожаи Садаро пирӯзии рӯшноӣ бар торикӣ, гармо бар сармо ва некӣ бар бадӣ ташкил медиҳад. Мардуми аҳди қадим ва асримиёнагӣ ҷашни Садаро бо ниҳояти хурсандӣ ва пирӯзмандӣ ҷашн мегирифтаанд, ки аз банди сардиву торикӣ раҳо гардидаанд ва дар пеш онҳоро рӯзҳои хушу хуррам ва табиати сабзу ҳавои гарме интизор аст. Ва ҷашни Сада ҳамтаборон, ҳамкешон, ёру рафиқон ва дар ниҳоят инсонҳоро сари як суфра ё маҳфиле, ки он ҷо меҳр асту садоқат асту муҳаббати самимии инсоният ҳаст, сарҷам менамуда ва ҳамзамон, талқин менамуда, ки инсонҳо нисбат ба худу ҳамгинони худ ғамхору шодиқарину ғамқарин буда бошанд. Зеро ҷашни Сада муроду ҳосилаш умеду фаррӯхрӯзӣ ато намудан бар инсонҳо аст, ки пас аз ин сардиҳову меғу ғубор инсонҳоро фасли шукуфону гармӣ интизор аст ва аз ин хотир, гузаштагони мо бештар дар ҷашни Сада шодмониву масрурӣ менамудаанд, ки моро дар пеш фасли баҳорону табиати рӯзидиҳанда интизор аст.
Ҷашни Садаро афрӯхтани оташ шукуҳу шаҳомати дигаре зам мекунад, ки он намоди гармиву рӯшноиро ифода мекардааст, аммо бархе аз муддаиён ва радикалони адёну мазоҳиб ин оин иддао мекардаанд, ки ин ҷашни оташпарастон, яъне ҷашни Садаро хоси дини зардуштӣ медонистаанд. Вале фолклоршиноси тоҷик Дилшод Раҳимов дар китоби хеш «Фолклори тоҷик» дар ин хусус аз қавли доктор Меҳрдоди Баҳор, овардааст: «Сада ҷашни зардуштӣ нест, зеро дар Авестову мутуни паҳлавии сосонӣ аз Сада ишорае нашудааст. Саранҷом дини зардуштӣ ҷашнҳои Наврӯз ва Меҳргонро мепазирад, вале мӯҳтамалан иди Садаро чун ҷодуӣ меангошта, вориди дин накардааст». Барилова, ҷашни Сада ва соири ҷашнҳои устуравии эронитаборон ғолибан марбут ба ҳеч кешу оине набудаанд, балки сирф фалсафӣ, иҷтимоӣ, фарҳангӣ ва эҷоди мардумист, ки сарчашмаҳо низ ин андешаро аксаран тасдиқ менамоянд.
Роҷеъ ба вожаи “Сада” дар осори Маҳмуди Гардезӣ, Абулфазли Байҳақӣ, Абӯрайҳони Берунӣ, Хайём, Алиакбари Деҳхудо шарҳу тавсирҳои гуногун омадааст. Баъзе гӯянд Сада баргирифта аз фарзандони Каюмарс «Машӣ ва Машиёна» аст, ки ба рақами 100 мерасанд. Баъзе гӯянд дар қиёми Коваи оҳангар бар муқобили Заҳҳок 100 нафар, ки аз марг тавассути Заҳҳок раҳоӣ ёфта ва дар кӯҳи Дамованд паноҳ бурда буданд, қиём мекунанд ва ба ёрии Фаридун меоянд. Баъзеи дигар гӯянд, ки Сада, яъне 50 рӯз ва 50 шаб ба ҷашни Наврӯз монда, ё ба иборате баъзе гӯянд 50 рӯз ва 50 шаб аз зимистон гузашта. Аммо ба ҳар ҳол, таъбир ва тафсир ба ҳар навъе, ки бошад, ҷашни Сада дар тӯли солиён байни ориёиён бисёр муқаддасу гиромӣ буда ва онро гиромӣ медоштанд ва медоранд.
Вале аз ҳама маъмултару машҳуртар дар байни мардум – «сада» баргирифта аз шумораи сад аст. Тафсироти мардумӣ аз сад бар ин андеша аст, ки пас аз панҷоҳ рӯзу панҷоҳ шаб, Наврӯз даррасад ва маънии «Сада» ҳам аз ҳамин баргирифта мебошад. Аммо аз устурашиноси маъруфи эронӣ Меҳрдод Баҳор бар ин назар аст, ки ин ташреҳи истилоҳи «сада», ки гуё аз ду панҷоҳ сохта шуда бошад, иштиқоқи омиёна аст. Сада аз решаи sand-и авестоӣ, ба маънои «зоҳир шудан» аст. Яъне Хуршед пас аз чил рӯз зоҳир мешавад. Ва ин тафсироти доктор М. Баҳор аз ин ҷиҳат дуруст мебошад, ки ҷашни Сада пас аз чил рӯзи Шаби Ялдо – рӯзи мелоди эзид Митра, ки ин ҳам яке аз ойинҳои бостонии эронитабон мебошад, таҷлил мегардад. Аз ин шарҳу тафсилот бармеояд, ки ҷашни Сада ҳамчун муждарасон, пайки шодиовар бар мардум мебошад. Ҷашни Сада дар дили мардум умед, нишот меоварад ва мардум аз ин муждаи садаӣ огоҳ мешаванд, ки рӯзҳои башумор мондааст, ки аз сардиву торикӣ, яъсу ноумедӣ, дуду чанги хокистари оташ раҳо бишаванд. Ва аз ин лиҳоз, дар гузашта мардум ин рӯзро хуҷаста ва муборак медоштаанд, зеро Сада қосиди фараҳмандиҳои эшон будааст. Ва агар мо аз дидгоҳи фалсафӣ ба ин ҷашн назар афканем, хуб дармеёбем, ки гузаштагони мо дар илму фалсафаи иҷтимоӣ, ақлгароӣ, арзишшиносӣ, табиат ва амсол аз инҳо бетафовут набудаанд, балки то қадри имкон бархурдор ва ошноӣ доштаанд, бад-ин маъност, ки аз гардиши рӯзгор ва чархи фалак бетафовут набудаанд, вагарна чи тур метавон ин гуна ҷашнҳое, ки вобаста ба гардиши сол, хуршед, моҳ ва коинот аст, ҳам кафш карду ҳам офарид?
Роҷеъ ба пайдоиш ва замону макони ҷашни Сада дар сарчашмаҳои таърихиву адабӣ маълумотҳои гуногун омадааст. Пайдоиши ҷашнро ба давраи ориёиҳо мансуб медонанд, ки ин рафта ба замони асотир мерасад. Ҳаким Фирдавсӣ дар китоби худ «Шоҳнома» пайдоиши ҷашни Садаро ба шоҳ Ҳушанги пешдодӣ нисбат медиҳад, ки далели гуфтораш ҳам дар он аст, ки шоҳ Ҳушанг аввалин касе мебошад, ки оташро кашф кардааст ва ба хотири он ҷашн меорояд ва аз худ ҷашни Садаро ёдгор мегузорад. Ва ин ҷо порае аз нигоштаи Ҳаким Фирдавсиро меоварем, ки мефармояд:
Яке ҷашн кард он шабу бода х(в)ард,
Сада номи он ҷашни фархунда кард.
Зи Ҳушанг монд ин Сада ёдгор,
Басе бод чун ӯ дигар шаҳриёр.
Донишвар Абӯрайҳони Берунӣ оид ба пайдоиши ҷашни Сада дар китоби худ «Ат-тафҳим» овардааст: « …Ва аммо сабаби оташ кардан ва бардоштан он аст, ки Беваросб (Заҳҳок) тавзеъ карда буд бар мамлакати хеш ду мард ҳар рӯз, то мағзашон бар он ду реш ниҳодандӣ, ки бар китфҳои ӯ баромада буд. Ва ӯро вазире буд номи ӯ Армоил, некдил ва неккирдор. Аз он ду тан якеро зинда яла кардӣ ва пинҳон ӯро ба Дамованд фиристондӣ. Чун Афредун ӯро бигирифт, сарзаниш кард. Ва ин Армоил гуфт: тавоноии ман он буд, ки аз ду кушта якеро бираҳонаме. Ва ҷумлаи эшон аз паси кӯҳанд. Пас бо вай устуворон фиристод, то ба даъвӣ аз ӯ нигаранд. Ӯ касеро фиристоду бифармуд, то ҳар касе бар боми хонаи хеш оташ афрӯхтанд. Зеро ки шаб буд ва хост то бисёрии эшон падид оянд». Аз ин гуфтори мардумшинос ва ҳаким Берунӣ бармеояд, ки пайдоиши ҷашни Садаро ба шоҳ Фаридун нисбат додааст. Ва дар манбаъҳои дигар ҷашни Садаро ба шоҳ Ардашери Бобакон низ нисбат медиҳанд, ки албатта, барои мо ворисони эшон пеш аз ҳама маълум гардидааст, ки ҷашни Сада ҷашнест таърихи қадим дошта, решааш дар замонҳои асотир ва асримиёнагӣ об хӯрда, то ба замони мо омада расидааст. Ифтихор ва фараҳмандии мо аз он аст, ки гузаштагони мо дар шинохти ҳамагуна ҳодисаҳои табиат ва ҷанбаҳои ахлоқиву иҷтимоии инсонӣ ба хубӣ ошноӣ дошта будаанд. Аз ҷашнҳои суннатӣ, ҳикматҳо ва рисолаву китобҳои ба ҷой гузоштаи аҷдодон, имрӯз ҳар кадоми мо бояд ифтихор дошта бошем, вале ин нуктаро ҳам бояд зикр кард, ки на ифтихори пӯчу булфузулӣ, балки бо диду назари имрӯз баррасӣ ва мувофиқа намуд, то баъдинаҳо низ аз он баҳравар гарданду дар меҳвари ифхтихори милливу ҳувияти миллиашон қарор диҳанд.
Ҷашни Сада дар Вароруду Хуросон ва дар дигар ҷойҳое, ки эронитаборон сукунат доштанд, то замони ҳамлаи муғулҳо бо шукуҳи хоса таҷлил карда мешуд. Замоне, ки муғулони бедодгару яғмогар ҳуҷумҳои пай дар пай ба сарзаминҳои тоҷикон карданду онро ғасб намуданд, оҳиста- оҳиста илму фарҳангу адаби форсу тоҷик рӯ ба таназзул овард ва аз ҷабру зулми золимон аз шаҳрҳову водиҳои гурезон шуда, ба дараҳову кӯҳҳо паноҳ оварданд. Ва золимону хунхорони ҷоҳилу таасубзада ҳама ҷашну суннат ва оини гузаштагони моро аз кешу оини зардуштӣ ва будпарастӣ дониста, барои таҷлилу ҷашнороияш муқобилият нишон дода, онҳоро то ҷое қубҳ эълом намуданд ва қисматеро ба гӯшаи фаромӯшӣ биспурданд. Вале бояд қайд намуд, ки мардум ҷашни Садаро бо тағйири ном таҷлил мекарданд ва аз ҷашнгирии он даст накашидаанд. Ба мисол ҳут, чоршанбеи охирон ва амсол аз инҳо. Ғосибони хонабардӯш ва душмани илму фарҳанг ба дарки нуктаи борик намерафтанд, ки давлатдориву шоҳигарӣ мисли илму фарҳанг, ҷашну маросим ҷовидона ва намиранда нестанд. Таърих гувоҳ аст, ки китобу рисолаҳо, ҷашну маросимҳо низ мисли соҳибонашон қисмати талхеро пушти сар кардаанд, вале ҷавҳар ва рисолати худро аз даст надода, дар ҳама давру замон хидматгузору раҳнамои натанҳо як миллат ё қавм, балки башарият будаанду ҳастанд.
Ағлаби ҷашну маросимҳои гузаштагони мо храктери гуманистӣ ва ҳамзистии инсониятро дар худ доштанд ва дар батни ҷашну оинҳои бостонии аждодони тоҷикон меҳру меҳрпарасти нисбат ба инсоният парваришу густариш ёфтааст, аз ин рӯ, ҷомеашиноси ватанӣ Нозим Нурзода низ бар ин назар аст, ки нуктаи меҳварӣ дар ҷашну ойинҳои миллӣ, аз ҷумла Сада он аст, ки ҳамагӣ ба нуру рӯшноӣ ва меҳру фурӯзандагӣ тавъаманд. Гузашта аз ин, онҳо бо замин ва аносири заминӣ – замину хок (Наврӯз), об (Тиргон), боду осмон (Меҳргон) ва оташу рӯшноӣ (Сада) робитаи ногусастанӣ доранд. Маҳз ҳамин нуктаи калидӣ – ба аносири заминӣ ва материалӣ-унсурӣ часпиши бевосита доштани иду ҷашнҳои бостонии миллӣ онҳоро миёни қавму милали ҷаҳонӣ, чи дар гузашта ва чи имрӯза зинда нигаҳ доштааст. Аз сӯйи дигар, ин ҷашнҳо тараннумгари ҳамбастагию ҳамзистии мардум, новобаста аз тааллуқоти динӣ, мазҳабӣ, сиёсӣ, нажодӣ, миллӣ ва қавмӣ буда, қавмияту миллиятҳои гуногунро муттаҳид мекунанд. Ҳамин махсусият ё вижагии ҷашнӣ ва маросимӣ Наврӯзу Меҳргон ва Ялдову Садаро аз як минтақа ба минтақаи дигар, аз як ҷуғрофиё ба ҷуғрофиёи дигар, аз як тамаддун ба тамаддуни дигар, аз як муҳит ба муҳити дигар интиқол дод ва дар либоси фарҳангҳои мутанаввеъ тобишҳои рангоранг ба бар намуд.
Нуктаи қобили таваҷҷуҳ ва андешаманд ин аст, ки ҷашнҳои бостонии мо, бахусус Наврӯз, Тиргон, Меҳргон ва Сада агарчи аз ҷониби ҳушмандони тоҷику порс кашфу бунёдгузорӣ гардидааст, аммо ҷашнҳои зикргардида хоси як миллат ё қавме набуда, балки ҷашни умумибашарӣ будааст. Яъне ин ҷашнҳо ниёзбарор ва шодбошгӯи инсоният аст ва ба ҳеч кешу оине робитаи мустақим надоштааст. Аз ин лиҳоз, донишварону хирадмандони гузашта порсу тоҷик инсониятро дар мадди аввал гузошта, ҳар ихтироъ ё кашфиёте аз илм намудаанд хидматгузори як қавм ё минтақа набуда, бал яксон баҳри одамиён хидматгузор будааст.
Ва имрӯз ба шарофати истиқлолият, моро имкон даст дод, ки ҷашнҳои суннативу миллии хешро аз нав эҳё ва зинда намоем. Мутахассисони соҳаи этнография, бостоншиносӣ, фолклоршиносӣ, мардумшиносӣ мунтазам таҳқиқотҳо гузаронида истодаанд, ки албатта, то имрӯз бештари оину маросимҳои миллӣ таҳқиқу баррасӣ карда шуда, қисматҳои баҳсталаби онҳо дар пажӯҳиши илмӣ қарор дода шудаанд. Ва дар яке аз паёмҳои хеш Пешвои миллат махсусан зикр намуданд: «Суннату ойинҳои нек ва ҷашнҳои миллии мо, мисли Наврӯз, Меҳргон ва Сада дар тӯли таърих барои тарғиби ахлоқу маънавиёти созанда хизмат кардаанд».
Аз ин лиҳоз, моро зарур аст, ки беш аз пеш баҳри эҳё ва зиндагардонии мероси маънавии гузаштагон камари ҳиммат бибандем, то ба ин васила ба худшиносии миллӣ бирасем ва арзишҳои фарҳангиву илмиву иҷтимоии миллати худро ба ҷаҳониён ба таври боиста муаррифӣ намоем.
Зоҳири Сайфулло - ходими илмии Шуъбаи фалсафаи Фарҳанг ИФСҲ. АМИТ
Истиқлолияти давлатӣ беҳтарин дастоварди миллии мо дар садаи ХХ мебошад, ки ба шарофати он мақоми Тоҷикистони азиз дар арсаи байналмилалӣ баланд рафт ва ҷумҳуриямон ба сифати як кишвари мустақили ягонаи демокративу дунявӣ шинохта шуд.
Баъди расидан ба истиқлолият ва озодӣ дар кишварамон як қатор суннатҳо ва ҷашнҳои миллӣ эҳё гардиданд, ки онҳо садсолаҳо аз назари халқ дур буданд, таҷлили баъзеашон манъ гардида буд ва қисми дигарашон ба гӯшаи фаромӯшӣ рафта, танҳо дар хотираи таърихиву фарҳангии халқамон боқӣ монда буданду халос. Ҳатто таърихи халқи тоҷик мукаммал омӯхта намешуд, қисми зиёди одамон дар бораи қавму қабилаҳои ориёӣ, шоҳони пешин, давраҳои тиллоии давлати тоҷикон, муборизаҳои фидокоронаи фарзандони ин кишвари номвар ба муқобили аҷнабиён ва даҳҳо ҳодисаву рӯйдодҳои дигари гузашта маълумот надоштанд.
Бо шарофати истиқлолият ва ба сифати Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб гардидани шахсияти ватанхоҳу ватандӯст ва худогоҳу худшинос муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон масъалаи ҳувияти миллӣ ва эҳё гардидани таърихи куҳан, инчунин муроҷиат ба осори пешин ва зинда намудани чеҳраҳои таърихиву фарҳангии гузаштаи халқи тоҷик ба ҷойи аввал баромад. Бо таълифи асари бисёрҷилдаи «Тоҷикон дар оинаи таърих», «Нигоҳе ба таърих ва тамаддуни ориёӣ», «Забон – ҳастии миллат» ва китобу мақолаҳои зиёди муҳими хусусияти ватандӯстона дошта, Пешвои миллат исбот намуданд, ки халқи тоҷик таърихи ниҳоят куҳан дорад ва фарзандони баномус ва бузурге дар ин сарзамин умр ба сар бурдаанд, ки номашон на танҳо дар оинаи таърих, балки офаридаҳояшон барои башарият хидмат намудаанд. Дар баробари ин, Сарвари давлат ба мероси маънавии суннатии шоистаи мардум баҳои баланд дода, омӯзиш ва тарғиби ин осори гаронбаҳоро вазифаи ҳар як фарди бедордил дониста, доимо даъват ба амал меоваранд, ки таърихи гузашта ва фарҳанги пешиниёнро насли имрӯза дуруст аз бар намоянд ва ба он сидқан арҷ гузоранд.
Доир ба ҷойгоҳи Наврӯз ва Меҳргон ва нақши онҳо дар рӯзгори мардуми тоҷик корҳои илмии арзишманд таълиф шуданд, аҳли ҷомеа таҷлили онҳоро ба хубӣ пазируфтанд ва ҳамасола дар мамлакат ин ҷашнҳо бо шукӯҳу шаҳомат дар саросари диёри азизамон доир мегарданд ва хурду бузург дар тантанаҳои ҷашнӣ фаъолона иштирок менамоянд. Аммо оид ба ҷашниСада дар кишвар асарҳои илмӣ ва оммавӣ андак буда, мақоми ин ҷашни миллӣ кам шарҳ ёфтааст ва таҷлили он низ дуруст ба роҳ монда нашудааст. Ҳол он ки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон чанд сол муқаддам ҳангоми нахустин бор ҷашн гирифтани ҷашни Меҳргон ишора карданд, ки: «барои халқи тоҷик ҷашни Сада мисли ҷашни Меҳргон таърихи қадим дорад ва бояд аз нав эҳё гардад».
Дар асоси ҳамин ишораҳои ватандӯстона омӯзиш, таҳқиқ ва ҷустуҷӯҳои бостоншиносиву мардумшиносӣ дар ҷумҳуриямон бо диди нав оғоз шуд ва тайи ду даҳсола натиҷаҳои дилхоҳ ба даст овард. Махсусан, ҷиҳати шинохти миллати тоҷик, таърихи ниҳоят қадимаи он як қатор таълифоти илмӣ арзи ҳастӣ карданд, ки онҳо барои таҳаввули тафаккури ҷомеа ва омӯзиши осори гузашта мусоидат намуданд. Ҳамин боис шуд, ки дар ин давра мардуми тоҷик ба омӯзиши таърихи халқи худ ва давраҳои ташаккули он майли бештар пайдо намуданд ва эҳсосу муҳаббаташон нисбат ба ин марзу бум ва мероси гаронбаҳои халқ бештар гардид.
Боиси сарфарозист, ки маҳз тавассути асарҳои Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва ташаббусҳои шоистаашон расму оинҳои неки ниёгон, ки барои рушди тамаддуни башарӣ хидмат намуданд, аз нав эҳё гардиданд ва аз тарафи аҳли ҷомеа ба хубӣ пазируфта шуданд. Дар байни онҳо ҷой ва мақоми се ҷашни миллию мардумӣ-Наврӯз, Меҳргон ва Сада хоса мебошад.
Вобаста ба ин, Сарвари кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳангоми таҷлили ҷашни Меҳргон таъкид намуда буданд, ки: «Ҷашн танҳо ба хотири ҷашн нест ва таҷлили ҳар санаи муҳим дар зиндагӣ бояд моро ба андеша ва хулосабарорӣ барои оянда таҳрик созад».
Ҳоло аз баракати Истиқлолияти кишвари азизамон ҷашни Сада эҳё гардид. Акнун ҳамон шукӯҳи бостонии онро бояд барқарор кард. Дар оянда баробари фурӯ рафтани офтоб гулхани азиме афрӯхта шавад. Дар гирди ин гулхан корвони шодмонии Сада барпо шавад. Доирадастон, сурнайнавозон, карнайнавозон, ҳунармандон, масхарабозон, дорбозон, аскиячиҳо, раққосон, аспакбозҳо, паҳлавонон, ҳар касе, ки ҳунаре барои намоиш додан дорад, ҳамроҳ гардад.
Хуб мешуд, ки дар вақти маросими ҷашни Сада суннатҳои ин ҷашни мардумӣ риоя карда шаванд, ки қисме аз онҳо ба замони мо низ мувофиқ меоянд. Аз ҷумла, мардум метавонанд дар ҳамин рӯз, ба хотири ҷашни Сада бо ҳам биёянд, базм ороянд, хурсандӣ карда, дар боғҳои истироҳатӣ чорабиниҳои фарҳангӣ ташкил намоянд. Инчунин, намоиши фурӯши ниҳолу дарахтон ва гулу гулбуттаҳоро ташкил карда, мардумро ба дарахтшинонӣ ва гулшинонӣ даъват созанд. Ба калонсолон, пиронсолон, ятимону барҷомондагон кумак расонида, ба аёдати беморон бароянд ва онҳоро дилбардорӣ кунанд. Дастархони хоксоронаи идона оро дода, дар он меваҷот гузоранд ва шукрона аз сулҳу субот намоянд. Ба хонаи ҳамсоягони худ ба қадри имкони худ ҳадя фиристанд, агар он ниҳол ва ё дарахт бошад, боз беҳтар. Дар назди ҳавлӣва хонаҳои худ дарахту гул шинонанд, ба тоза кардани дарахтон машғул шаванд, боғҳои худро тоза намоянд, рамзан гулхан гиронда, ҳамаи кудуратҳо, ифлосиҳо ва партовҳоро сӯзонанд ва ҷӯйу заҳбурҳоро тоза карда, дар қади роҳҳо дарахт шинонанд. Бо ҳамдигар бо меҳр салом диҳанд, хурдсолон ва наврасонро ба меҳнат кардан ҷалб намоянд ва аз ҳавлӣ ва хонаҳо чизҳои нодаркор, партовҳоро берун карда, ба тоза кардани онҳо машғул шаванд. Бегоҳ либоси тоза ба бар карда, зиёфати хонаводагӣ ва ё суфраи ҷашни Сада оро диҳанд. Хуб мешуд, ки дар ин суфра падару модар, хоҳару бародар, хешу таборони наздик бо ҳам ҷамъ оянд, аввал дар боби дӯстию рафоқат, одаму одамгарӣ, хайру саховат, эҳтироми якдигар суҳбат ороста, зиёфат хӯрда, хурсандӣ ва базму бозӣ намоянд. Якдигарро табрик карданро фаромӯш накунанд. Аз меваҳои барои зимистон нигоҳдошта ширинӣ ва шарбат тайёр карда, дар хони идона гузоранд, боз беҳтар.
Ин иддае аз суннатҳои ҷашни Сада мебошад, ки ниёкони мо онҳоро иҷро мекарданд ва хушиву хурсандӣ намуда, ҷашни Садаро таҷлил мекарданд ва барои омадани Наврӯз орзую ниятҳои худро ифода менамуданд.
Метавон ёдовар шуд, ки имрӯзҳо дар кишварҳои гуногуни олам, дар он шаҳрҳое, ки тоҷикон ва форсизабонон, курдҳо, паштунҳо, баллуҷҳо ва дигар мардуми эронитабор зиндагонӣ менамоянд, Садаро ҷашн мегиранд. Дар тарабхонаҳо ба ифтихори ҷашни Сада базми ҷамшедӣ барпо менамоянд.
Дар ҷашни Сада низ созҳои миллӣ, навъҳои гуногуни ҳунарҳои мардумӣ, маҳорати пазандагони моҳир, навъҳои таомҳои суннатӣ, порчаҳои атласу адрасбофӣ, зардӯзӣ, гулдӯзӣ, қолинбофӣ, заргарӣ, либосҳои миллии зимистонӣ, намоиши расму оинҳои мардумӣ, рақсу сурудҳо ба маърази тамошо гузошта шавад. То бо ин шодмонию хурсандӣ зимистони сарди афсунгарро гусел намуда, барои бештар ҷаҳонро мунаввар намудани Хуршеди баҳорофар мадад намоем.
Хуб мешуд, ки дар гирди ҷашни Сада арӯсакҳое чун рамзи Хуршеди тобон таҳия гардад; рамзи бобои деҳқон, ки интизори баҳору Наврӯз аст, намоиш дода шавад. Ҳангоми ҷашни Сада ҳамчун рамзи зимистони сарду ҷодугар тимсоли пиразани аҷуза сохта, бо чеҳраи масхараомези хандадор барои тамошобинон пешкаш гардад.
Садаро бояд чунин пешвоз гирифт, ки мардум гӯё ҳама ба истиқболи Хуршеди оламтоб мераванд. Тибқи суннати ниёгон даст ба сӯи Хуршед бурда, ниёиш карда, дар ин рӯзҳои сарди ҷодуовар, аз ин оташи гарми Наврӯзовар барои беҳбуд шудани рӯзгори ояндаи бахтовар мададгор шаванд.
Умед дорем, ки ҷашни Сада низ ба сифати як ҷашни миллию мардумӣ на танҳо барои дилхушиву зиёфат баргузор мешавад, балки мададгори кишоварзон шуда, барои рушди боғдориву токпарварӣ, гулкорию гулпарварӣ, чорводорию зироаткорӣ ва дар маҷмӯъ, ободкорӣ мусоидат менамояд ва минбаъд боз ҳам густариш меёбад. Дар ҳақиқат, ҷашни Сада, ба мисли ҷашни Меҳргону Наврӯз ҷашни кишоварзон мебошад, ки тамоми қишрҳои ҷомеа аз он дастгирӣ менамоянд ва маросимҳои онро риоя карда, аз баргузориаш изҳори шодмонӣ месозанд.
Ҷашни Сада аз наздик омадани баҳору Наврӯзи хуҷаста, омодагӣ ба киштукори баҳорӣ, покиза намудани кӯчаву хонаҳо, кандану тоза кардани ҷӯю заҳбурҳо ва нигоҳубини хуби чорво барои гузарондани зимистон пайк медиҳад. Дар гузашта, сокинони шаҳр ва рустоҳо ба-рои оташафрӯзӣ ҳезум ҷамъ оварда, гулхани бузурге меоростанд ва аз болои оташ парида, дар гирди он давр гаштаву сурудхонон ме-рақсиданд. Дар натиҷа, меҳру муҳаббат, якдилӣ, дӯстиву рафоқати одамон зиёд мегардид. Дар гузарондани маросими оташафрӯзӣ, муоширати хубу самимӣ, равуо байни хешу ақрабо, ҳамсояву дӯстон, гармиву сафо бахшидан ба қалби инсонҳо ва аз тарафи инсон эҳтирому гиромидошти неъмати табиат (оташ) мунъакис меёбад.
Солҳо паси сар мешаванд, асрҳо мегузаранд, наслҳо ҷойгузини наслҳои нав мегарданд. Дар қалби инсонҳо он нуре, ки аз аҷдодон мерос мондааст: урфу одат, анъанаву оини мардум идома меёбад. Шояд дар дигар шакл бошад, муҳим ин ки эҳтироми суннати аҷдодиамон давом дорад. Анъанаи оташафрӯзӣ ҳанӯз аз байн нарафта, вобаста ба шароиту муҳит дар баъзе аз деҳаву ноҳияҳои Суғд, Бадахшон, Хатлон ва водии Ҳисор идома дорад. Мисоли ин гуфтаҳо: дар шаби тӯй, маросими гулхан афрӯхтану дар гирди оташ сурудхонон рақс карда, давр гаштани арӯсу домод аст, ки байни мар-думи кишвар то ҳол роиҷ аст.
Баъди ба даст овардани истиқлолият бо ибтикори Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Ҷашни Сада аз нав эҳё гардида, ҳамасола 30-юми январ бо шукӯҳу шаҳомати хос таҷлил мешавад.
Имрӯзҳо мо тавассути истиқлолияти давлатии тоҷикистон соҳиби ҳақиқии ҷашнҳои ниёгон хеш гардидем. Бовар дорем, ки қалби ҳар як сокини кишвар аз шодиву сурур ҷӯш мезанад, зеро ки Сада дар даврони истиқлол эҳё гардида, меҳру муҳаббат, якдилӣ, сарҷамъиву хушҳолӣ ва некиву равшаниро дар худ таҷассум намудааст. Ва моро водор месозад, ки иди аҷдодиамонро мутобиқ ба замони хеш ҷашн гирифта, оини гузаштагонро давом диҳем, то наслҳои оянда аз фарҳанги бою пурғановати гузаштаи худ огоҳ шаванд ва қадр намоянд ва онро эҳтиром намоянд.
Ҳамчунин, бо умеду орзуҳои нек ёдовар мешавем, ки минбаъд суннатҳои ин ҷашн ба таври васеъ омӯхта шуда, таҷлили он дар саросари мамлакат ба ҳукми анъана медарояд ва тамоми сокинони кишвар онро дар рӯҳияи баланди арҷгузорӣ ба мероси маънавии халқ таҷлил менамоянд. Ин тадбир имкон медиҳад, ки боз ҳам ҳувияти миллӣ қавитар гардад ва насли имрӯза аз анъанаҳои ниёкони худ бештар бархӯрдор шаванд.
Зиёева З. И. - ходими калони илмии Шуъбаи фалсафаи Фарҳанг ИФСҲ ба номи А. Баҳоваддинови АМИТ
Ҷашни Сада яке аз идҳои дигари бостонии мардуми ориёитабор аст, ки дар радифи идҳои Наврӯз ва Меҳргон қарор дорад. Ин ид ҷашни мавсими сол буда, қабл аз Наврӯз таҷлил карда мешуд. Яъне, иди Сада пеш аз иди Наврӯз, баъди чиллаи зимистон фаро мерасад. Моҳияти ин ҷашн аз он иборат аст, ки баъд аз Шаби Ялдо, ки он аслан рӯзи таваллуди Меҳр (Митра) дар оини меҳрпарастӣ мебошад ва баъди ташаккули оини масеҳият онро ба рӯзи мавлуди Исои Масеҳтабдил доданд, дароз шудани рӯз ва гарм шудани ҳаво ба вуқуъ мепайвандад ва партавафшонии Хуршед ба Замин бештар мешавад. Дар қишри замин ҳодисаҳои пайвастагиҳои махсуси биологиву органикӣ рух медиҳанд, ки табиатро барои эҳё омода ва Заминро бордор месозанд.
Дар ин айём деҳқонон тибқи анъана бояд ба кандани наҳрҳову заҳбурҳо, тоза намудани ҷӯйборҳо, ба замин пошидани пору ва дигар корҳо машғул шаванд. Ғайр аз ин, Сада мисли дигар ҷашнҳои суннатии сол аз нигоҳи ниёгони мо ҷузъе аз ҳодисаву дигаргуниҳои воқеии кайҳонӣ мебошад, ки акси садои таҳвилу таҳаввул ва таъсири бевосиати ҳаракати ҷирмҳои мунири осмонӣ ба табиат нуфузи муассири худро гузошта метавонад.
Аммо дар хусуси пайдоииши Сада устураҳои зиёд ҷой доранд, ки мувофиқи яке аз онҳо Ҳушанг оташро кашф менамояд. Ин дар ҳоле сурат мегирад, ки Ҳушанг санге ба сӯи мор мепартояд ва санг бар санги дигаре бархӯрда, оташ падидор мегардад. Падид омадани оташро ҷашн гирифтанд ва онро Сада номиданд. Дар китоби “Донишномаи фарҳанги мардуми тоҷик” як қатор устураҳо дар хусуси пайдоиши иди Сада ба маврид зикр мешаванд, ки онҳо чунинанд:
-«Адади фарзандони Одам». Мегӯянд Каюмарс, яъне Одам, ки нахустин инсон буд, сад фарзанд дошт. Панҷоҳ нафари онҳо аз ҷинси зан ва панҷоҳ нафари дигар аз ҷинси мард. Замоне, ки онҳо ба балоғат расиданд, он рӯзро ҷашн гирифтанд;
-“Ба сад расидани фарзандони Машӣ ва Машёна ба сад мерасид”. Тибқи ишорати баъзе сарчашмаҳо ҷамъи фарзандони Машӣ ва Машёна ба сад мерасад онро ҷашн мегиранд ва Сада ном мениҳанд;
-“Шаби пирӯзии Фаридун бар Заҳҳок”, ки инро Берунӣ дар асарҳои худ “Ат-тафҳим” ва “Осор-ул - боқия” муфассалтар баён менамояд. Инчунин ин масоил дар “Наврӯзнома”-и Умари Хайём низ дарҷшудааст;
-вазири Заҳҳок ҳар рӯз бояд ду танро кӯшта, мағзашонро ба морони душҳои Заҳҳок медод, вале ӯ якеро наҷот мебахшид. Чун Фаридун бар Заҳҳок пирӯз шуд, теъдоди он озодшудагон ба сад расид, яъне наҷоти сад танро ҷашн мегиранд ва ҷашни Сада меноманд;
-садаро ёдбуди пирӯзии Таҳмосб ба Афросиёб низ медонанд;
-чун бо гузашта сад рӯз аз зимистони бузург, сармо ба поини аҷи худ мерасад ва баъд суст мешавад, ба шодии ин сустӣ ниёгони мо ҷашни Садаро барпо медоштанд.
-мегӯянд, ки аз ҷашни Сада то Наврӯз панҷоҳ рӯзу панҷоҳ шаб аст, дар пеш аст, ки маҷмӯан теъдоди он шабу рӯз сад мешавад. Ба ин сабаб ҷашни Садаро панҷоҳ рӯз то ба Наврӯз мондан ҷашн мегирифтанд.
-аз рӯзи Сада то рӯзи гирдоварии ғалла дар навоҳии ҷануби Эрон як сад рӯз фосила аст, ки ба ин сабаб ҷашнро Сада номидаанд.
Ҷашни Сада дар бисёре аз сарчашмаҳои таърихӣ, адабӣ ва бадеӣ зикр ёфтааст. Масалан “дар Авесто ҳарчанд аз Сада ёд намешавад, вале бахши махсусе ба номи “Хуршед-яшт” аст, ки аз мутолиаи он метавон бовар кард, ки Сада дар воқеъ ҷашни Хуршед аст ва онро бояд таҷлил намуд. Аз ҷумла дар “Авесто” омадааст: “ Ҳангоме ки Хуршед барояд, замини аҳураофарида пок шавад; оби дарё пок шавад; оби чашмасорон пок шавад; оби равон пок шавад; оби истода пок шавад; офариниши Аша Спандменуст –пок шавад”. Аммо бо вуҷуди ин суханҳо дар “Авесто” номи Сада ёд нашудааст. Бисёри донишмандон бар он назаранд, ки мардуми ниёгон Садаро бо афсуну ҷоду, сӯзондани ҳайвоноту парандагон дар гулхани оташ ҷашн мегирифтанд ва ба гуфти М. Баҳор аз сабаби он ки “Авесто” китоби динӣ аст ва дар он куштани ҳайвоноту парандагон ва афсуну ҷоду мамнуъ аст, аз ин хотир дар он аз Сада ёд нашудааст.
Ҳамчунин, Абурайҳонӣ Берунӣ дар асари дигари худ «Осор –ул-боқия» қайд менамояд, ки «Асосгузори сулолаи Зиёриён Мардовиҷ бини Зиёри Дайламӣ (928-935) мебошад, ки вай лашкаркаши бо маҳорати амир Асфор будааст, ки он дар музофоти Гургон ва Табаристону Қазвин ҳокимият дошт. Мардовиҷ пас аз ҳокимиятро ба даст даровардан, чун шоҳаншоҳони гузаштаи сарзаминаш ба тахти тиллоӣ нишаста, саркардагону наздиконашро барои ба сар гузоштани тоҷҳои симин даъват менамояд. Маҳз Мардовиҷ амр мекунад, ки дар Исфаҳон ҷашни Садаро бо тантана қайд намоянд».
Таҷлили ҷашни Сада ва пайдоиши он дар аҳди бостон дар осори адибони классики тоҷик низ хеле хуб тасвир ёфтааст. Аз ҷумла, Манучеҳри Домғонӣ дар яке аз қасидаҳояш аз Исфандиёру Каюмарс ёдгор мондани ҷашни Садаро низ ишора намудааст:
Ҷашни Сада, амиро, расми кибор бошад,
Ин ойини Каюмарсу Исфандиёр бошад.
З-он барфурӯз, ки имшаб андар ҳисор бошад,
Ӯро ҳисор, миро, чархи уқор бошад.
Шоири қасидасарои қарни XI Унсурӣ низ пайдоиши ҷашни Садаро ба аҳди Фаридуну Ҷамшед нисбат медиҳад. Ба гуфтаи ӯ гӯё шаби таҷлили ин ҷашн замини шаб ба мисли кӯҳи Тур аст:
Сада ҷашни мулуки номдор аст,
Аз Афредуну аз Ҷам ёдгор аст.
Замини ин шаб гӯё Кӯҳи Тур аст,
К-аз ӯ нури таҷаллӣ ошкор аст…
Дар сарчашмаҳои таърихӣ дар бобати пайдоиши ҷашни Сада фикру ақидаҳои гуногун аст. Яке пайдоиши ин ҷашнро ба замони Ҳушанг ва дигаре ба пирӯз гардидани Фаридун ба Заҳҳок ба қалам додаанд. Ховаршиноси машҳури даниягӣ Артур Кристенсен, Ҳошим Разӣ, Меҳрдод Баҳор ва дигарон пайдоши ва моҳияти Садаро дар асарҳои худ шарҳ доданд, ки баъзе онҳо сабаби пайдоши Садаро тақлид ба Хуршед (Офтоб) ва баъзеи дигар эҳтироми беандоза доштан ба оташ тасвир намудаанд. Ба андешаи Меҳрдод Баҳор Сада марбути зардуштиён нест, балки пеш аз онҳо пайдо шудааст, вале онҳо ҳоло Садаро таҷлил менамоянд. Пас муддате дини Зардуштӣ ҷашнҳои Меҳргон ва Наврӯзро мепазирад, вале иди Садаро, ки чун ҷодуӣ менигоштанд, вориди дин накарда буданд.
Бо пайдо шудани оташ ва муқаддас гардидани он мардуми пешин барои худ ҷашни Садаро интихоб карданд. Ин агар аз як тараф ифодагари рамзи ҷовидонии Хуршед ва муқаддас донистани оташ бошад, аз тарафи дигар ба зиндагии инсон ва робитаи ӯ бо табиат вобастагии ногусастанӣ дорад. Минбаъд, маҳз бо пайдо шудани «ҷашни оташ» ва ҳамчун рамзи Хуршед донистани он ҷашни Сада дар миёни мардум густариш ёфт. Маҳз ҷашни Сада барои эҳтиром гузоштан ба Хуршед ва оташу рӯшноӣ асос гузошт ва боиси он гардид, ки одамони қадим ба ин муқаддасот эътиқод пайдо намоянд ва онҳоро ситоиш созанд. Агар Хуршед бо нури
гармии худ ва фурӯзонии хеш ба зиндагии одамон гармӣ ворид карда бошад, пас, оташу рӯшноӣ барои мунаввар сохтани қалби онҳо ва идомаи зиндагиашон асос гузошта, баъдҳо онҳо ба ду ҷавҳари муқаддас табдил ёфтаанд, ки дар устураҳо ҷанбаи парастишӣ пайдо карда, аз ҷониби мӯъбадон ситоиш ва ниёиш ёфтаанд.
Хулоса, Сада ин ҷашни ихтироъ, ҳосилу кашфи оташ аст, ки ба шарофати он аҳли башар ба ҷои олоти чӯбину сангин асбобу олоти оҳанин ба даст овард ва барзгарон(кишоварзон) – и олам ҳосилро афзун гардондаанд. Сада омодагӣ ба кишту кори баҳорист. Дар ин ҳангом корҳои гуногуни кишоварзӣ: яхобмонии боғу токзорҳо, обшӯкунии хокҳои шӯр, тоза кардани заҳбуру заҳкашҳо, дарахтбурию шаклдарорӣ, нармкунии атрофи дарахтон, таъмиру омода намудани техникаи кишоварзӣ ба мавсим, мубориза бар зидди касалию ҳашаротҳо ва ғайра сурат мегирад.
Садаф Ҷангибекова корманди ИФСҲ АМИТ ба номи А Баҳоваддинов Шуъбаи фалсафа фарҳанг
Ҷашни Сада аз ҷиҳати илми астрономия як робитаи рамзӣ дорад, гарчанде ки он бештар бо фарҳанг, таърих ва эътиқодҳои мардумӣ алоқаманд аст. Ин алоқа асосан дар муносибати ҷашн бо рафти ҳаракати Замин ва тағйироти фаслҳо дида мешавад.
Ҷашни Сада 50 шабу 50 рӯз пеш аз Наврӯз таҷлил мешавад. Наврӯз оғози соли нави астрономӣ ва баробаршавии шабу рӯз (эътидоли баҳорӣ) мебошад, ки як воқеаи муҳими астрономӣ аст. Ин ҷашн дар миёнаҳои зимистон баргузор мешавад, вақте ки рӯзҳо мунтазам дароз мешаванд.
Ҷашни Сада яке аз ҷашнҳои бостонии мардуми форсу тоҷик мебошад, ки таърихи он ба замони қадим, пеш аз пайдоиши динҳо, рафта мерасад. Ин ҷашн ҳамасола рӯзи 10-уми моҳи баҳман (тақрибан 30-уми январ) дар тақвими ҳиҷрии шамсӣ баргузор мешавад ва ба муносибати пайдо кардани оташ ва шинохти аҳамияти он дар зиндагии инсонҳо таҷлил мегардад.
Таърихи ҷашн: Тибқи ривоятҳои бостонӣ, ҷашни Сада бо ихтирои оташ аз тарафи Ҳушанг, яке аз подшоҳони афсонавии дини Зардуштӣ, алоқаманд аст. Ҳушанг ҳангоми шикор кӯшиши задани морро кард, вале санг ба санги дигаре бархӯрда, шарораҳо ба вуҷуд оварданд ва одамон аҳамияти оташро дарк намуданд. Аз он замон ин рӯйдод ҳамчун як ҷашни муқаддас таҷлил мегардад.
Расму ойинҳо: Дар ҷашни Сада оташ фурӯзон мекунанд, ки рамзи равшанӣ, гармӣ ва пирӯзии нур бар зулмот аст. Одамон дар гирди оташ рақсу сурудхонӣ менамуданд. Дар ин рӯз таомҳои суннатӣ омода намуда, ба ҳамдигар тақсим менамоянд. Дар назди оташ дуо карда, барои неъматҳои табиат шукргузорӣ менамоянд.
Ҷанбаи рамзӣ: Ҷашни Сада як таҷассумгари мутобиқати инсон бо табиат мебошад. Дар ин ҷашн омодагӣ ба баҳор ва гармии зиндагӣ эҳсос мешавад. Сада рамзи шодмонӣ, ҳамбастагӣ ва эҳтиром ба қувваҳои табиат ва кайҳон аст.
Дар даврони қадим, инсонҳо бисёр ҷашнҳои худро бо ҳаракати Замин ва дигар ҷирмҳои осмонӣ мувофиқ мекарданд. Ҷашни Сада низ, ҳамчун ҷашни рӯшноӣ ва гармӣ, метавонад робитаи худро бо ивазшавии фаслҳои сол дошта бошад.
Ҳарчанд асоси ҷашни Сада бештар фарҳангӣ ва мифологӣ аст (мисли пайдоиши оташ аз тарафи Ҳушанг), робитааш бо астрономия бештар аз ҷиҳати вақту замон ва тағйироти табиӣ мебошад. Аммо гуфта наметавонем, ки ҷашн пурра ба астрономия асос ёфтааст — он бештар таҷассумгари ҳамзистии инсон бо табиат ва замон аст.
Бархе аз олимони астрономия робитаи ҷашни Сада бо астрономияро рад мекунанд. Ин андеша асосан ба он асос ёфтааст, ки ҷашнҳо мисли Сада бештар бо фарҳанг, эътиқодҳои мардумӣ ва суннатҳои қадима вобастаанд ва вақт ё таърихи баргузории онҳо аксаран аз ҷониби инсонҳо бо ҳадафҳои рамзӣ ва иҷтимоӣ, на бо воқеаҳои мушаххаси астрономӣ муайян мешаванд.
Далелҳое, ки ин робитаро инкор мекунанд:
Таърихи баргузории Сада аз рӯйи як рамзи сад рӯз то Наврӯз (50 шабу 50 рӯз) асоснок шудааст, ки ин бештар як тасмими рамзӣ ва суннатии инсонҳост, на асоси мушоҳидаҳои астрономист!
Ғайр аз Наврӯз, ки бо эътидоли баҳорӣ (баробар шудани шабу рӯз) алоқаманд аст, Сада ба ягон воқеаи мушаххаси астрономӣ (мисли мавқеи Замин ё дигар ҷирмҳои осмонӣ) рост намеояд.
Ҷашнҳои қадим, аз ҷумла Сада, бештар барои посдорӣ аз табиат, неъматҳо ва ҳамоҳангии инсон бо табиат ташкил мешуданд. Ин ҷашнҳо маъмулан бо эътиқодҳои мифологӣ ва рамзиятҳои иҷтимоӣ тавзеҳ дода мешаванд, на бо таҳлили илмӣ ё астрономӣ!
Имрӯзҳо, ин ҷашн бештар ҳамчун як суннати фарҳангӣ ва нишонаи мероси қадима таҷлил карда мешавад.
Пирова В.С. - лаборанти калони Институти астрофизикаи АМИТ
Ҷашни Сада баёнгари тамаддуни мо тоҷикон буда, ҳифзу таҷлили он вазифаи муқаддаси ҳар яки мост. Ҷашнҳои миллӣ, хусусан ҷашни Сада, ки аҷдодони мо асосгузор ва имрӯз мо эҳёгарӣ он ба ҳисоб меравем, ҷиҳати мустаҳкам намудани мавқеи мо тоҷикон ҳамчун як миллати воҳид дар арсаи байналмилалӣ мақоми шоиста дорад. Дар эҳёи ин ҷашни миллӣ дар баробари дигар ҷашнҳои милии тоҷикон дар даврони соҳибистиқлолӣ Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нақши бузург доранд.
Метавон гуфт, ки даврони соҳибистиқлоли ба давлати Тоҷикистон имкон дод, ки ҳар ончи моли мо тоҷикон дар гузашта буд, ба тамаддуни миллати тоҷик дахл дошт, баробари пойдор гардидани сулҳу Ваҳдат соҳибӣ намояд ва барои ба наслҳои оянда мерос гузоштан анъанаҳои ин ҷашнҳоро эҳё кунад. Чуноне, Президенти мамлакат дар паёми табрикотии худ бахшида ба ҷашни Сада якуми январи соли 2022 иброз намуда буданд: "Сада дар баробари ҷашнҳои воқеан мардумии Наврӯз, Тиргон ва Меҳргон яке аз ойинҳои куҳантарини мардумони ориёитабор, аз ҷумла мо – тоҷикон буда, баъди гузашти асрҳои зиёд дар даврони соҳибистиқлолии Тоҷикистон аз нав эҳё гардид". Маврид ба зикр аст, ки аз ин оини кӯҳантарини худ мо имрӯз бо ифтихор бояд ёд намуда, дар доираи хонавода низ таҷлил намоем. Суннатҳои ҷашни Сада ҳар як оиларо ба ободию осудаги ҳидоят менамояд. Аз ин рӯ, Пешвои миллат иброз доштанд: Ҳамчунин, хотиррасон менамоям, ки ободу сарсабз гардонидани табиати кишвар, гулгашту кӯчаҳо, тозаву озода кардани хонаву кошона ва маҳалли зист аз ҷумлаи суннатҳои ҷашни Сада ба ҳисоб мераванд".
Ҷашни Сада, ки пеш аз ҷашни Наврӯз меояд аз оғози корҳои кишоварзӣ ва фасли шукуфтанҳо мужда медиҳад. "Аз ин ҷашни бостонӣ то ба имрӯз як силсила расму анъанаҳо, намунаҳои фарҳангиву адабӣ ва малакаву таҷрибаҳои кишоварзӣ мерос мондаанд, ки ин арзишҳои маънавӣ наслҳои имрӯзаро бо таърихи беш аз шашҳазорсолаи халқамон пайванд медиҳанд".
Ҷиҳати устувор гардонидани ҳуввияти миллии мо тоҷикон дар замони вусъат ёфтани ҷаҳонишавӣ эҳёи расму ойинҳои ин ҷашни аҷдодӣ бисёр муҳим мебошад. Ҳарчи бештар ба ҷавонон аҳамияти ҷашни Сада фаҳмонида шавад, дар рушди худшиносию ҳуввияти миллии онҳо нақши муассир мегузорад. Бо шарофати эҳё гардидани ин ҷашни бостонӣ ба ҷавонон таърихи бостонии миллати тоҷик ошнотар ва ҳисси ифтихор аз фарҳангу тамаддуни мардумамон афзун мегардад.
Дар робита ба ин, метавон аз натиҷаи тарғибу ташвиқ доир ба ин ҷашни бостонӣ ёдовар шуд. Ҷавонони мо, ки дар замони муосир ба омӯхтани технологияҳои муосири иттилоотӣ ва касбҳои замонавӣ машғул ҳастанд, тавассути омӯзиши суннатҳои чунин ҷаншҳои аҷдодӣ ба навоварию эҷодкорӣ бо доштани маълумоти комил аз гузаштаи худ ва ҳисси худшиносӣ машғул мегарданд, ки ин хеле мубрам аст. Барои ҳар шахс пеш аз соҳибкасб гардидан, худшиносу Ватандӯст будан бисёр муҳим аст. Аз рӯ, омӯзиши ҷашни Сада дар таълиму тарбияи наслҳои оянда, рушд додани тоҷикият дар қалби онҳо нақши бориз дорад. Инсон новобаста аз онки дар кадом гӯшаи дунё умр ба сар мебарад, соҳиби кадом касбу кор аст, аслу насаби хешро бояд бидонад ва то лаҳзаи охир Ватани худро дӯст бидорад. Омӯзиши ҷашни Сада, таҷлили он ба ҷавонон имкон медиҳад гузаштагони соҳибтамаддуни худро, ки дар пайдоиши чунин ҷашнҳои аҳамияти ҷаҳонӣ дошта асос гузоштанд шиносанд ва дарк намоянд, ки тоҷик аз рӯзи пайдоиши худ то имрӯз тамаддунофару ихтироъкору, соҳибэҳтиром буд.
Ҷашни Сада, ки моҳияти иҷтимоиву иқтисодӣ пайдо карда, ба яке аз василаҳои таблиғу ташвиқи корҳои деҳқониву боғдорӣ табдил ёфтааст, ҳамзамон метавонад, дар ҷавонон ҳисси созандагию эҷодкориро сайқал диҳад. Ҷашни Сада ва умуман тамоми ҷашнҳои аҷдодии мо далели онанд, ки тоҷик дар гузашта тавоно буд ва имрӯз низ тавоно аст, дар оянда низ наслҳои ояндаи мо, мутахассисони ояндаи мо бояд тавоною созанда бошанд.
АБДУМУМИНЗОДА Ситора, - номзади илмҳои педагогӣ, Корманди ИФСҲ АМИТ
Ҷашни Сада ба монанди ҷашнҳои Наврӯз, Меҳргон ва Тиргон ҷашни миллӣ буда, анъана ва оину суннатҳои ниёгонро дар худ нигоҳ дошта, то ба замони мо мустақилияти худро ҳифз намудааст. Ҷашни Сада яке аз ҷашнҳои қадимӣ ва фарҳангии мардуми тоҷик аст, ки таърихи бисёр дерина дорад.
Таърихшиносон бовар доранд, ки ин ҷашн таърихи зиёда аз 3000-сола дошта, решаҳои он ба давраи Зардуштия мерасад. Ин ҷашн ба фарҳанги ориёии бостон рабт дошта, бо мақсади арҷгузорӣ ба оташ ва нерӯи табиат таҷлил мегардад. Калимаи “Сада” ба маънои рақами сад ишора мекунад ва ин ҷашн 50 шабонарӯз пеш аз Наврӯз, одатан дар рӯзи даҳуми моҳи баҳман (тақвими қадимаи офтобӣ), баргузор мегардад. Ҷашни Сада ҳамчун рамзи пирӯзии равшанӣ бар торикӣ, гармӣ бар сармо ва некӣ бар бадӣ таҷлил мешавад. Дар ин маросим афрӯхтани оташ маънои нерӯи поксозӣ ва нурро дорад, ки тамоми нобасомониҳои сармо ва торикиро дур мекунад.
Дар ҷашни Сада, оташ ҳамчун унсури муқаддас ва рамзи зиндагӣ дар маркази маросимҳо қарор мегирад. Гулхани бузург дар майдони кушод афрӯхта мешавад, то сармоии зимистонро шиканад ва гармии худро ба табиат ва мардум бахшад. Дар ин рӯз мардум гирди он ҷамъ мешаванд ва бо сурудхонӣ, рақсу бозиҳо ва хурсандӣ ба оташ арҷ мегузоранд. Ин анъана рамзи ҳамгироӣ ва иттиҳод миёни мардум мебошад. Ба қавли Абурайҳони Берунӣ аҷдодони барӯманди мо шабу рӯзро алоҳида ҳисоб мекарданд, ки он дар якҷоягӣ то расидани Наврӯз 100 шабу рӯзро ташкил менамуд.
Ҷашни Сада ба Наврӯз наздик аст, зеро ҳарду ҷашн ба табиат ва гардиши сол алоқаманданд. Агар Наврӯз оғози сол ва эҳёи табиатро ҷашн гирад, Сада ҳамчун ҷашни омодагӣ ба он шинохта мешавад. Он нишон меҳад, ки рӯзҳои сармо дар ҳоли гузаштананд ва гармию нур рӯз аз рӯз бештар мешаванд. Ҷашни Сада ҳамчунин ба деҳқонӣ ва кишоварзи вобаста аст.
Дар гузашта, он ҳамчун як маросими омодагӣ ба мавсими киштукор ва ибтидои фаъолияти деҳқонон ҷашн гирифта мешуд. Бо афрӯхтани оташ, мардум мехостанд нерӯ ва гармии онро барои табиат ва ҳосилбахшӣ интиқол диҳанд. Ба ҷашни Сада ривоятҳои зиёде алоқаманданд. Пеш аз ҳама, бояд ёдовар шуд, ки маълумот дар бораи пайдоиши ҷашни Сада дар “Шоҳнома”-и безаволи Абулқосими Фирдавсӣ хеле муфассалтар ва пурмаънотар, аз он маълумотест, ки дар ҳамин китоб дар бораи Наврӯз ва Меҳргон омадааст.
Дар ривоятҳои “Шоҳнома” Ҳушанг, шоҳи пешдодиён, ҳамчун бунёдгузори ин ҷашн дониста мешавад. Ҳангоми шикор, сангеро ба тарафи мор ҳаво медиҳад ва аз бархӯрди сангҳо оташ аланга мегирад. Бо шукргӯзорӣ ба ин кашфиёт, Ҳушанг ба мардум амр медиҳад, ки ҷашни Садаро ҳамчун ҷашни оташ ва нур таҷлил кунанд. Ин ҳодиса мардумро ба кашфи оташ расонд ва ба шарафи он ҷашни Садаро таъсис доданд. Ин ривоят кашфи оташ ва истифодаи оқилонаи он мебошад.
Имрӯзҳо ҷашни Сада дар Тоҷикистон ва кишварҳои ҳамфарҳанг ҳамчун як бахше аз мероси фарҳангӣ ва таърихӣ таҷлил мешавад. Он на танҳо ёдоварӣ аз анъанаҳои бостонӣ, балки василаи муттаҳид кардани наслҳои имрӯза бо гузаштагони худ мебошад. Ҷашни Сада дар худ эҳсоси қадр кардани табиат, ҳамбастагӣ ва ҳифзи фарҳанги миллиро ифода мекунад.
Бӯризода А.М. Директори Институти астрофизикаи АМИТ
Назарова Ш.К. Лаборанти Институти астрофизикаи АМИТ:
Бояд қайд намуд, ки яхобмонӣ яке аз чорабиниҳои зарурӣ дар бахши кишоварзӣ ба шумор меравад. Ин тадбири зарурии агротехнологӣ пеш аз ҳама барои ба намӣ таъмин намудани хок ба шумор рафта, дар ба охир расидани фасли тирамоҳ ва дар давоми фасли зимистон гузаронида мешавад. Ин чорабинии зарурии агротехникӣ асосан аз тарафи деҳқонону кишоварзони тоҷик ҳазорҳо сол пеш ба ҷо оварда шудааст ва таърихи тӯлониро дар бар мегирад.
Деҳқони тоҷик аз қадимулайём тавассути ин тадбири кишоварзӣ тавонистааст, ки намнокиро дар қаби хок зиёд намуда, барои ба даст овардани ҳосили баланди зироатҳо заҳмат кашидааст. Чорабинии агротехнологии яхобмонӣ барои деҳқонон дар кишоварзӣ чунин муҳимиятҳоро таъмин менамояд:
Ø нигоҳ доштан ва захира намудани миқдори намнокӣ дар қабати хок;
Ø нобуд сохтани ҳашароту касалиҳои зараррасони зироатҳо дар хок ва дар масоҳати решаи дарахтони боғот ва токзор;
Ø нигоҳ доштани давраи сабзиш ва гулкунии дарахтони мевадиҳанда дар боғот ва токзор;
Ø нигоҳ доштани ҳарорати нисбатан паст дар хок ва дар минтақаи решаронии дарахтон;
Ø кам гардонидани ҷараёни бухоршавии намӣ дар хок;
Ø кам гаштани шӯрнокии хок;
Ø пешакӣ омода сохтани заҳбури ҷӯйборҳои обмонӣ дар боғот ва дар заминҳои кишоварзӣ;
Ø баланд бардоштани ҳосилнокӣ ва беҳтар шудани сифати ҳосил аз ҳисоби захираи зарурии намӣ дар қабати хок.
Давомнокии яхобмонӣ вобаста ба хоку, мавқеи ҷойгиршавии замин ва боғоту токзор бояд 3-4 рӯз давом ёбад. Реҷаи обмонӣ бояд суст ва ором бошад, то ин ки об қабати ҳосилхези болои заминро нашӯяд ва эрозияи заминро пеш наорад. Инчунин дар боғот ва токзор бошад, месазад, ки об дар назди решаи дарахтон набояд кул шавад ва барои дохилшавии ҳаво ба қабати решаи дарахтон монеъ нагардад. Дарозии ҷӯйякҳо обмонӣ на бояд аз 100-150 м дароз ва онҳо морпечу сарбаста бошанд.
Дар минтақаи кӯҳистон бошад, ба деҳқонон зарур аст, ки миқдори барфро дар назди бехи дарахтон ғун намуда, шибба карда монанд. Ин чорабинӣ метавонад муддате давраи гулкуниро ба таъғир оварда, аз хунукиҳои аввали фасли баҳор дарахтонро эмин мегардонад.
Ҳоло ба деҳқонони меҳнатқарини кишвари биҳиштосоямон хело зарур аст, ки ин чорабинии агротехникиро, яъне яхобмониро дар саросари заминҳо, боғот ва токзорҳо гузаронанд ва тавассути ин корҳо тавониста бошанд, ки дар нигоҳдоштан ва захираи намонкии қабати хок дар фасли зимистон комёб гарданд.
Партоев Қ., доктори илмҳои кишоварзӣ,
Қурбонов М.М., номзади илмҳои кишоварзӣ.
(дар радифи Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ. 28.12.2024, ш.Душанбе)
Мо минбаъд низ ба ҷавонон ҳамчун неруи боэътимод ва такягоҳи устувор таваҷҷуҳ хоҳем кард, зеро ояндаи миллату давлат аз онҳо вобаста мебошад.
Эмомалӣ Раҳмон
Паём барномаи махсуси дохилидавлатӣ буда, барои як соли дар пешистода нақшаҳои муҳимми стратегӣ тарҳрезӣ гардида, ба мардуми кишвар ироа мегардад. Паём самтҳои гуногуни ҳаёти иҷтимоӣ-иқтисодӣ, фарҳанг, сиёсат, амният, маориф, илм, ҳуқуқ, техника, технология, рушди технологияи рақамӣ, забономузӣ, таълиму тарбия ва ғайраҳоро бо мақсади фароҳам овардани зиндагии шоистаи шаҳрвандон дар бар мегирад.
Боиси ифтихори мо ҷавонони даврони соҳибистиқлолии Тоҷикистони азиз аст, ки Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар толори калони бинои наву пуршукӯҳи Парлумони кишвар зимниҷаласаи якҷояи Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ироа гардид.
Дар Паём Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Презеденти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба қувваю бозуи созандаю ҷавонмардонаи ҷавонон такя намуда, аз ҷумла иброз намуданд, ки “мо аз ҷавонони кишвар умеди бузург дорем, ташаббусҳои созандаашонро минбаъд низ ҳамаҷониба дастгирӣ мекунем ва аз фаъолияти онҳо ба хотири рушду таҳкими давлатдории миллиамон ҳамеша қадрдонӣ менамоем.Ҷавонон қишри фаъолтарини ҷомеа ва идомадиҳандаи кору пайкори насли калонсол мебошанд ва маҳз онҳо масъулияти фардои кишвари соҳибистиқлоли худро ба дӯш хоҳанд гирифт. Мо ифтихор дорем, ки ҷавононамон нисбат ба Ватан меҳру муҳаббати самимӣ доранд, Ватанро сидқан дӯст медоранд, ба арзишҳо ва муқаддасоти миллӣ арҷ мегузоранд иродаи мустаҳкам доранд ва сиёсати пешгирифтаи давлату Ҳукумати мамлакатро бо ҳисси баланди миллӣ ва эҳсоси худшиносиву худогоҳӣ дастгирӣ мекунанд.”
Дар воқеъ, мо ҷавонони соҳибхиради кишвар ҷавобан ба ин боварию эътимоду ғамхориҳои оқилонаю хирадмандонаи Сарвари давлат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон содиқ буда, хешро вазифадор мешуморем, ки минбаъд низ барои пешрафту ободонии диёри азизамон саҳми боризи хешро гузорем. Бе шубҳа, мо ҷавонон дарк менамоем, ки идомадиҳандаи кору пайкори насли бузургсолон мебошем. Чуноне, ки дар Паём ироа гардид: “Дар қалби ҷавонон ҳамчун қувваи асосии пешбарандаи ҷомеа бедор намудани ҳисси ватандӯстиву ватанпарастӣ, арҷгузорӣ ба забон, таъриху фарҳанг ва тамаддуни миллӣ, баланд бардоштани нақш ва мавқеи онҳо дар ҷомеа аз ҷумлаи вазифаҳои муҳимми давлату Ҳукумат мебошад.”Аз ин рӯ қавл медиҳем, ки мо ҷавонони кишвар бо хониши хубу аъло, рафтору кирдори намунавӣ ва бо меҳру садоқат ба Ватани азизамон Тоҷикистон аз самими дилу ҷон хизмат намуда, масъулияти ояндаи кишварро ба дӯш мегирем. Барои ҳифзи истиқлолу озодии сарзамини аҷдодӣ, сулҳу оромии кишвар аз имрӯз омодагии ҷиддӣ мебинем. Якчанд забонҳои хориҷӣ ва техникаву технологияи замонавиро омӯхта, ба манфиати кишварамон Тоҷикистони азиз хизмат менамоем.
Чуноне, ки Пешвои миллат иброз намуданд: “Бовар дорам, ки ҷавонони ватандӯсти мо минбаъд низ бо илму донишҳои замонавӣ, касбу ҳунарҳои муосир ва саъю талоши навҷӯёнаи худ барои рушди илму инноватсия ва боз ҳам таҳким ёфтани нуфузи кишварамон дар арсаи байналмилалӣ саҳми арзишманд мегузоранд.” Шукр мекунем, ки дар чунин сарзамини амн ба сар мебарем. Фикр мекунам, модоме, ки мо ҷавонони замони соҳибистиқлоли Ватан донишҳои замони муосирро аз худ мекунем, соҳиби ақлу хирад ва тафаккури созанда ҳастем, ҳеҷ гоҳ рӯ ба фарҳанги бегонаю бегонапарастӣ намениҳем. Аз тоҷику тоҷикистонӣ будани худ ифтихор менамоем. Барои он, ки истиқлолияти Тоҷикистон пойдору устувор гардад ва давлати мо дар ҷомеаи ҷаҳонӣ мавқеи хоси худро ёфта, дар сафи кишварҳои тараққикарда ҷой гирад, бояд мо гузаштаи худро хуб дарк карда, бо неруи тоза ва азму иродаи қавӣ ба ҳалли мушкилоти имрӯзу оянда рӯ оварем.
Камолова Шукрона Аҳмадҷоновна, корманди Маркази Синошиносии Институти фалсафа, сиёсатшиносӣ ва ҳуқуқи ба номи А.М. Баҳоваддинови Академияи миллии илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон
«Дар шароити ҷаҳонишавӣ ба таври ҷиддӣ баланд
бардоштани сифати таҳсилот яке аз масъалаҳои асосӣ
дар самти таълиму тарбия маҳсуб мешавад»
Эмомалӣ Раҳмон
Дар Паёми имсолаи Пешвои миллат, мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон масъалаҳои рушди сармояи инсонӣ, маърифати ҳуқуқӣ, тақвияти иқтидорҳои истеҳсолӣ ва истифодаи технологияҳои муосир, ташкили истеҳсоли молу маҳсулоти рақобатнок бо арзиши баланди иловашуда, пайванди илм бо истеҳсолот ва ихтироъкориву навоварӣ пиёда гардида, вижагиҳои он дар партави рушди иқтисодӣ асос ёфтаанд. Инчунин, дар Паём хусусиятҳои самтҳои мухталифи рушди моддӣ ва маънавӣ дар асоси эҳё ва таҳаввули фикрии инсонӣ ва такомули технологияҳои муосир дар заминаи қобилияти зеҳнӣ ва амалӣ мавриди таҳқиқу баррасӣ қарор ёфтааст. Дар ин замина, дар ҷомеаи мутамаддини муосир танҳо тавассути илму дониш имкониятҳои худро барои расидан ба ҳадафи олӣ барои бартараф кардани ниёзҳо ва ҷолишҳо бояд аз таҷрибаи дигар давлатҳо, ки бо кадом роҳҳо онҳо тавонистанд бар заъфу ноумедӣ ғолиб баромадаанд, биомӯзанд ва таҳқиқ намоянд.
Илму маориф дар ҳар давру замон ва бахусус дар ҷомеаи мутамаддини ҳозира самти асосии пешрафти фарҳангии ҳар як кишвар мебошад. Рушду нумӯи илму маърифат аз пешрафти иқтисодиёт, иҷтимоиёт ва фарҳанги сиёсӣ вобастагӣ дорад. Сарвари давлат дар ҳар як Паёми ирсолшудаи худ доир ба илму маориф сухани тозае иброз мекунанд. Ба қавли Пешвои миллат, мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бояд ба рушди соҳаи маориф таваҷҷуҳи аввалиндараҷа дода шавад.
Аз таъриху фарҳанги халқи тоҷик маълум аст, ки мутафаккирони тоҷик дар ҳар давру замон саъюу талош доштанд, ки илму донишро ҳамчун ганҷинаи асосии осори моддиву маънавии ниёгон ҳифз намоянд. Танҳо хиради солим, рӯҳи озодихоҳии гузаштагони мо тоҷикон фаъолияту заҳмати давлатдорон, сиёсатмадорон, мероси пурарзиши мутафаккирон ба хотири истиқлолияти ватан, худшиносии миллӣ ва адолати иҷтимоӣ дар осори ҷовидонаи абармардони илму адаб ва дар таърихи миллатамон боқӣ мондааст.
Мутафаккирони барҷастаи фарҳангу тамаддунамон, аз қабили Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ, Абулқосими Фирдавсӣ, Абуали Сино, Носири Хусрав, Саъдии Шерозӣ, Мавлоно Ҷалолуддини Балхӣ, Абдураҳмони Ҷомӣ, Сайидои Насафӣ, Камоли Хуҷандӣва дигарон барои бунёд ва таҳкими гуманизм, сулҳу иттиҳод, ватандӯстӣ, меҳанпарастӣ, ҳувияти миллӣ ва адолати иҷтимоӣосори пурарзиши худро ба мерос гузоштаанд. Ин мутафаккирон новобаста бар он, ки дар тӯли таърих фосилаи зиёди замонӣ аст, аммо тавонистаанд шахсонеро тарбия намоянд, ки бо афкори илмӣ ва назарияи нав созгор буда, дар табаддулотҳои навини илмию техникии замони муосир мувофиқбошанд.
Маҳз ин ҳадафро метавонем дар ҷомеаи шаҳрвандии имрӯз, ки шакли иттиҳоди одамон аст ва он ҳаёти моддию маънавиро таъмин месозад, талаботу манфиатҳои онҳоро қонеъ мегардонад, низ амалӣ гардонем. Дар ин ҷо суоле ба миён меояд, дар замони муосир чи зарурияте падид меояд, ки мо бояд дидгоҳ ва ё ба таври аниқтар таҳаввулоти зеҳнии ҷавононро доир ба шинохти маърифат, худогоҳии инсон ва ташаккули низоми давлатдорӣ равона намоем?
Доир ба мавзуи зерин инчунин дар Паёми имрӯза таъкид бояд кард, ки «ҳамеша дар хотир бояд дошт, ки ҳамаи пешравию пирӯзии ҳар як давлат ва ҷомеаро мактабу маориф ва илму дониш таъмин мекунанд».
Аз ин рӯПешвои миллат барои баланд бардоштани сифати иҷтимоии кормандони илму маориф бо дарназардошти ин масъала, мақому манзалати илм, олимону донишмандон, аҳли маориф ва зиёиёни эҷодкорро дар ҷомеа аз нигоҳи иҷтимоӣ, маънавӣ ва молиявӣ давра ба давра баланд бардоштааст. Таърихи халқи тоҷик гувоҳӣ аз он медиҳад, ки дар ҷаҳони муосир танҳо кишварҳое метавонанд ҳастии худро ҳифз карда, рушд ёбанд, ки шаҳрвандонашон дорои сатҳи баланди саводнокӣ ва маърифату фарҳанг, илмдӯсту донишманд ва соҳибҳунар бошанд.
Имрӯз шоҳиди ҳолем, ки чӣгуна кишварҳои мухталифи дунё бар пояи илму дониш, ихтироъкориву истеҳсол ва истифодаи техникаву технологияҳои муосир чӣ гуна тараққӣ карда истодаанд. Аз ин бармеояд, ки инсоният бо кашфу ихтироъ дар самти технология, барои ба вуҷуд омадани тамаддуни нисбатан нав шароит фароҳам овардааст. Вижагиҳои ин марҳилаи минбаъдаро дар раванди ташаккули технология натиҷагирӣ намуда, муайян намудан мумкин аст, ки дар ин марҳила на фақат арзиши меҳнати ҷисмонӣ коҳиш меёбад, балки дар заминаи барномарезии зеҳни сунъӣ ва истифодаи он дар раванди истеҳсолот, ба қувваи кории инсонӣ дигар эҳтиёҷ намемонад. Инчунин, дар бозори меҳнат ба зарфияти зеҳнии инсонҳо, ки аз тариқи илмҳои муосир шакл гирифтааст, эҳтиёҷ бештар мегардад. Аз ин рӯ, дар раванди ташаккули технология ба инсонҳои донишманд бештар такя карда мешавад, аммо дар ҳама давлатҳо дар самти омода намудани мутахассисони сатҳи баланд мушкилоти ҷиддӣ вуҷуд дорад.
Ба ҳамин хотир, мумкин аст дар чанд даҳсолаи оянда дар бисёр соҳаҳо технология ҷойи инсонро иваз намояд. Зеро технологияи имрӯза бидуни масрафи қувваи инсонӣ метавонад он кореро, ки даҳҳо инсон анҷом бидиҳанд, дар як муддати кӯтоҳ иҷро намояд. Чунин ҳолатҳо на фақат дар соҳаи истеҳсолот, балки дар самти хизматрасонӣ низ дида мешаванд. Ҳоло истифодаи «зеҳни сунъӣ» дар ҷабҳаҳои гуногуни ҳаёти ҷомеаи ҷаҳонӣ торафт густариш пайдо карда истодааст. Ба ин маънӣ, дастоварди олимон на танҳо пешрафти як давлату миллатро такон мебахшад, балки метавонад мавриди истифодаи башарият қарор гирад.
Пешвои миллат барои барои маърифатнокии ҷомеа ва баланд бардоштани сатҳи дониши аҳолӣ бо вуҷуди корҳои то имрӯз дар соҳаи маориф амалигардида, ба Ҳукумати мамлакат, Вазорати маориф ва илм ва роҳбарони мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣсупориш дода мешавад, ки бо дарназардошти афзоиши аҳолӣва зиёд гардидани шумораи кӯдакону наврасон тадбирҳои мушаххас андешанд. Яъне дар панҷ соли оянда бо истифода аз ҳамаи сарчашмаҳои маблағгузорӣва бо дарназардошти ҳадафи гузошташуда барои фарогирии 50 фоизи кӯдакони синну соли томактабӣбунёди 800 муассисаи таҳсилоти томактабӣва беш аз 1000 муассисаи таҳсилоти умумиро таъмин намоянд.
Имрӯз дар соҳаи маорифи мамлакат ҳашт барномаи давлатӣва ду стратегияи дарозмуддат татбиқшуда истодааст, ки ба рушду инкишофи таълиму тарбия, амалигардонии ислоҳоти соҳа, дастгирии мактабу омӯзгор, таълифи китобҳои дарсӣ барои насли нав ва такмили мазмуну мундариҷаи таҳсилот мусоидат менамояд. Илова бар ин, дар замони соҳибистиқлолӣбеш аз 117 ҳазор ҷавонони боистеъдоди мамлакат барои таҳсил ба донишгоҳҳои бонуфузи 42 кишвари пешрафтаи ҷаҳон фиристода шудаанд. Имрӯз 42400 нафар ҷавонони мо дар 42 давлати мутараққии ҷаҳон таҳсили илм доранд, ки 13 ҳазор нафар ё беш аз 30 фоизи онҳо духтарон мебошанд.
Бояд гуфт, ки дар зинаи таҳсилоти олӣмасъалаҳои сатҳу сифати таълим, дараҷаи касбии омӯзгорон ва истифодаи технологияҳои муосир аз ҷониби онҳо, ҷорӣнамудани технологияҳои рақамӣдар раванди таълим, таҳкими заминаи моддиву техникӣ, ҳамкориҳои байналмилалӣ, табодули илмии омӯзгорону донишҷӯён, корҳои илмиву таҳқиқотӣва тадбирҳои тарбиявӣ ҳанӯз ба тақвият ниёз доранд.
Аз ин лиҳоз, Ҳукумати мамлакат, роҳбарони Вазорати маориф ва илм, Академияи Миллии Илмҳои Тоҷикистон, Академияи таҳсилот ва муассисаҳои таҳсилоти олӣдоир ба ин масъалаҳо тадбирҳои муассир андешида, рушди босуботу устувори муассисаҳои таҳсилоти олии касбиро дар солҳои наздик бояд таъмин намоянд. Мусаллам аст, ки рушди маориф бо пешрафти соҳаи илм пайванди ногусастанӣ дорад.
Пешвои миллат дар соли 2024-ум бо аҳли илм ва маорифи кишвар ду маротиба мулоқот карда, мушкилот ва дурнамои соҳаро ҳаматарафа таҳлилу баррасӣнамуда, барои ислоҳи вазъ дастуру супоришҳои қатъӣдоданд. Ҳоло амалисозии онҳо тибқи нақшаи чорабиниҳои тасдиқшуда бомаром идома дорад.
Илова бар ин, Пешвои миллат дастур доданд, ки вазоратҳои маориф ва илм, рушди иқтисод ва савдо, Академияи Миллии Илмҳои Тоҷикистон, Комиссияи олии аттестатсионӣ, академияҳои соҳавӣва дигар сохторҳои марбутаро зарур аст, ки «Барномаи давлатии тайёр кардани кадрҳои сатҳи баланди илмӣ барои солҳои 2021–2030» - ро дар муддати ду моҳтаҷдиди назар карда, ба Ҳукумати мамлакат пешниҳод намоянд. Дар шароити рушди босуботи ҳамкориҳои байналмилалӣ ва вусъат ёфтани ҳамгироии Тоҷикистон бо ҷомеаи ҷаҳонӣталабот ба мутахассисоне, ки сатҳи касбияти баланд дошта, забонҳои хориҷӣ, махсусан, русӣ ва англисиро хуб медонанд, рӯз ба рӯз меафзояд. Бинобар ин, зарур аст, ки омӯзиши забонҳои хориҷӣаз зинаи таҳсилоти томактабӣба роҳмонда шавад.
Яъне имрӯз мақоми забони англисӣ ва русӣ бояд ба сатҳи байналмиллалӣ посухгӯй бошанд. Дар Паёми навбатии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат, мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олӣ таъкид гардид, ки «минбаъд ба ҷанбаҳои сифатии рушди иқтисоди миллӣ, тақвияти нерӯи инсонӣ, бо истифода аз технологияҳои муосир ва ҷорӣ намудани инноватсия, вусъат додани истеҳсоли маҳсулоти ниҳоӣ, баланд бардоштани фаъолнокии иқтисодии аҳолӣ, такмили низоми дастгирии соҳибкориву сармоягузорӣ ва тавсеаи иқтисодиёти рақамӣ диққати аввалиндараҷа дода шавад». Яъне зарур аст, ки дар соҳаи худ барои ноил шудан ба ягон дастовард бояд ҳар як мутахассис забондон бошад, то ки тавонад идея ва ё кашфиёти худро ба ҷаҳониён муаррифӣ кунад.
Хеле муҳим аст, ки дорандаи забон қобилияти фикрикунонии худро бидуни саҳмгузории дигарон ба мисли дигар мутахасиссони кишварҳои пешрафта муааррифии ҷаҳониён гардонида, пешбарандаи ифтихори кишвари худ бошанд. Дар ин ҷода, Вазорати маориф ва илм вазифадор карда мешавад, ки ҷиҳати таҷдиди назар кардани стандартҳо ва нақшаву барномаҳои таълимӣ, ворид намудани воҳидҳои нави кории омӯзгорони забонҳои хориҷӣ, таҳияи маводи муосири таълимӣ, истифодаи босамари технологияҳои рақамӣ, усулҳои навини омӯзиши забон ва такмили маҳорати касбии омӯзгорон чораҳои қатъӣандешанд.
Ҳамеша дар хотир бояд дошт, ки ҳамаи пешравию пирӯзии ҳар як давлат ва ҷомеаро мактабу маориф ва илму дониш таъмин мекунад Имрӯз, чуноне ки мусаллам аст, маорифу илм дар Британияи Кабир, Кореяи Ҷанубӣ, Чин, Япония, Амрико, Дания, Финландия, Сингапур ва Эстония хеле пеш рафтааст. Аз ин рӯ, мо бояд, пеш аз ҳама таҷрибаи давлатҳои мутамаддинро таҳти омӯзиш қарор дода, ташаккули иқтисоди рақамиро дар мамлакат дар ҳама самтҳо дар сатҳи баланд ва замонавӣ ба роҳмонем.
Пешвои миллат, муҳтарам ЭмомалӣРаҳмон низ дар Паём қайд намуданд, ки чи гуна бояд таҷрибаи онҳоро, ки идеяҳоро барои назарияи кашфиёт мефурӯшанд ва аз он ба сармояи кишвари худ манфиати зиёд ба даст меоранд, пешниҳод намуданд. Пешвои миллат кишвареро дар паёми имсола мисол овард, ки чандон бузург нест, вале аз лиҳози иқтисодӣва технологӣ бисёр пешрафтаву неруманд аст. Зеро ин давлат ҳар сол фақат аз фурӯши идеяҳо ва кашфиёту ихтироот, ки маҳсули ақли шаҳрвандони он мебошанд, 35 миллиард доллар фоидаи соф ба даст меорад. Саҳми хонандагони мактабҳои миёна дар ин дастовард, яъне ихтироот 1 миллиард долларро ташкил мекунад. Харидорони ин идеяҳо асосан ширкатҳои бузургтарини дунё мебошанд.
Дар баробари ин, бояд гуфт, ки сабаби асосии бадбахтии ҳар як миллат ва давлат эътибор надодан ба сифати мактабу маориф, саҳлангорӣкардан ба тарбияи кӯдак аз хурдсолӣва фароҳам наовардани муҳити мусоид барои таълиму тарбия мебошад. Аз таърихи ниёгони халқамон ба мо мусаллам аст, ки калиди ҳамаи бадбахтиҳои ҷаҳлу нодонӣ аст ва ҷаҳлу нодонӣдар ҷомеа танҳо дар он сурат коҳиш меёбанд, агар мардуми ин диёр хирадманду заковатманд бошанд. Танҳо хирад метавонад садди роҳи тамоми бадбахтиҳо бошад.
Аз ин рӯ, Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид мекунад, ки яъне то вақте, ки тамоми ҷомеа ба мактаб ва низоми маориф рӯй наоварад, миллат дастнигар, хору зор, таҳқиргашта ва афроди он моил ба ҳама гуна ҷиноятҳои сангину пешгӯйинашаванда боқӣхоҳанд монд. Яъне то вақте мардум маълумоти кофӣнадошта бошанд, ояндаи ҷомеа дар хатар аст. Маълумотнокии мардум бояд дар миқдор дида нашавад, ки мағрур шуда, ҳисобот диҳем, ки теъдоди онҳо фисади зиёд дорад. Аз ҳама муҳим ин аст, ки сифати мутахассисоне, ки имрӯз давлат ва ё ҷомеа ба дониши онҳо ниёз дорад, баланд бошанд. Мушкилии масъала ин аст, ки ҷаҳолат, хурофот ва таассуб ҳамеша ифротгаройиро тавлид карда, василаю абзори муҳими тадовумибеназмию бетартибӣ, бадахлоқию бадандешӣ, кинаю адоват, нафрату бадбинӣ дар ҷомеа гардида, роҳи тараққиёту таҳаввулоти иҷтимоӣ, сиёсӣ, иқтисодӣ, ахлоқӣ, фикрӣ, фарҳангиро ба таври куллӣ барбаста, мардумро дар тангнои фикрию сиёсӣ қарор дода, ҷониби хирадзудоию варшикастагӣ равона месозад. Аз ин ру, маъсулияти ҳар як шаҳрванди миллат дар он дида мешавад, ки барои оне, ки фарзандони мо тарбияи дуруст гиранд, бештари вақти худро бояд волидайн масрафи тарбияи онҳо кунанд, ба такмил ва тақвияти дониши онҳо ҳаматарафа таваҷҷӯҳи хосе намоянд. Зеро аз натиҷаи дониши онҳо на танҳо ояндаи хонавода, балки ояндаи давлат низ муайян карда мешавад. Барои мисол ҳар як падару модар талош мекунанд, ки фарзанди худро барои таълиму тарбия ба беҳтарин муаллим супорад, то натиҷаи дилхоҳе ба даст оранд, аммо ба назари банда, то даме, ки саҳми худи падару модар дар касб намудани дониш ва талоши бениҳояти онҳо баҳри дарёфти сифати дониши мукаммал арзёбӣнагардад, ин ҳадафи онҳо амалӣ нахоҳад гардид.
Аз ин ҷост, ки Пешвои миллат, мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон низ таъкид кард, ки сифати ҷомеа на ба шумораи аҳолӣ, балки ба сифати аҳолӣвобаста мебошад.
Аз ин рӯ, Пешвои миллат таъкид намуд, ки ба масъалаи ҳифзи сулҳу субот, таҳкими пояҳои давлатдорӣ, мустаҳкам намудани иқтидори мудофиавии мамлакат, тақвияти инфрасохтор ва заминаи моддиву техникии муассисаҳои таълимии ин соҳа ҳамчун шарти муҳимтарини пойдории амният ва суботу оромии ҷомеа аҳамияти аввалиндараҷа зоҳир намоем.
Бандалиева Ш.Н. - н.и.ф., ходими калони илмии Шуъбаи онтология, гносеология ва мантиқи Институти фалсафа, сиёсатшиносӣ ва ҳуқуқи ба номи А.Баҳоваддинови АМИТ
Дар фасли зимистон ба назардошти хуб гузаронидани давраи оромӣ (карахтӣ ) дар боғҳо чунин тадбирҳои агротехнологӣ гузаронидан зарур аст:
1. Обмонии захиравӣ барои таъмини намӣ дар фасли зимистон ва аввали баҳор.
2. Яхобмонӣ (шабҳое, ки ҳарорати ҳаво дараҷаи манфӣ дошта бошад).
3. Меъёри обмонии захиравӣ ва яхобмонӣ ба 1\га барои заминҳои сангу регдор 700-800 м3 ва барои заминҳои хокӣ 1200-1500 м3 мебошад.
4. Теъдоди обмонии зимистона 1-2 маротиба дар солҳое, ки боришот кам аст 2-3 маротиба дар моҳи январ ва феврал мондан лозим аст.
5. Аҳмияти яхобмонӣ ва обмонии захиравӣ.
- захира намудани намӣ барои нашъуднамои ояндаи дарахтон.
- нобуд кардани зараррасонҳо ва касалиҳои дар хок зистткунанда.
- беҳтар намудани сохти хок.
- давраи оромии дарахтонро давомнок намудан ва ба қафо партофтани давраи гулкунии дарахтон.
- ба сардӣ тобовар намудани дарахтон ва ғ.
Шуъбаи илмҳои биологияи АМИТ Саидалӣ Гулов - узви вобастаи АМИТ, доктори илмҳои биологӣ, профессор
Сада ҷашни мулуки номдор аст,
Зи Афридуну аз Ҷам ёдгор аст.
А. Унсурӣ
Сада яке аз ҷашнҳои мардуми форсизабон аст, ки дар оғози шомгоҳи 10 баҳманмоҳ (30 январи тақвими мелодӣ) баргузор мешавад. Ин рӯзро Обонрӯз мегӯянд.
Бино ба тадқиқоти олими мардумшинос ва мутахассиси фолклор Равшан Раҳмонӣ таърихи нишонаҳои пайдоиши ҷашни Сада, ки марбут ба Хуршед ва тимсоли он оташ мебошад, хеле қадимӣ буда, ба замони пеш аз ориёӣ ва ҳатто аз он ҳам дуртар мерасад. Доир ба арзи ҳастӣ намудани он аввалин ахбор дар фарҳанги гуфторӣ (шифоҳӣ), устураҳои мансух ишора рафта ва тавассути ин ду сарчашма ба осори хаттӣ роҳ ёфтааст. Хеле муҳим аст, ки боварҳо ва нишонаҳои эътиқод ба Хуршеду оташ, ки сабабгори аслии ба вуҷуд омадани ҷашни Сада мебошад, то имрӯз дар байни мардумони гуногуни олам ба назар мерасад.
Бо пайдо шудани оташ ва муқаддас гардидани он мардуми пешин барои худ ҷашни Садаро интихоб карданд. Ин аз як тараф ифодагари рамзи ҷовидонагии Хуршед ва муқаддас донистани оташ мебошад, аз тарафи дигар ба зиндагии инсон ва робитаи ӯ бо табиат вобастагии ногусастанӣ дорад. Баъдҳо маҳз пайдо шудани «ҷашни оташ» ва ҳамчун рамзи Хуршед донистани он ҷашни Сада дар миёни мардум густариш пайдо кард.
Дар бораи пайдоиши ҷашни Сада назарҳо гуногун мебошанд. Баъзе муҳаққиқон ва донишмандон онро ҷашни замони ориёӣ мепиндоранд ва иддаи дигар падидории онро пеш аз даврони ориёиҳо медонанд. Вале ба ҳар сурат пайдоиши ҷашни Сада ва устураҳои марбут ба он масъалаи таҷҷамӯи рӯшноӣ ва оташ вобаста мебошад ва аз таҳаввули ташаккули қавмҳои ориёӣ дарак медиҳанд, ки онҳо ин ҷашнро аз пешиниён гирифтанд ва баъдиҳо онро то рӯзгори мо расониданд. Агар аз ин нуқтаи назар ба ҷашни Сада наздик шавем, нахуст аз ҳама моҳияти мақулаҳои хуршед, рӯшноӣ ва оташ пеши назар меоянд, ки ҳар кадомаш ба ҳаёти инсон ва табиат вобастагии хос доранд. Ба ҳамагон маълум аст, ки маҳз ба воситаи рӯшноии Хуршед тамоми мавҷудоти олам зинда аст ва ҳаракат мекунад. Дар ин бора Пешвои миллат дар навиштаҳои худ ишорати ҷолибе доранд, ки чунин аст:
«Дар миёни қувваҳои сершумори бадӣ, дар дашту ҷангалҳои Осиёи Марказӣ, ки ҷони инсонро дар азоб ва ба таҳлука меандохт, бахусус хушкӣ ва торикӣ бисёр зиёновар буданд. Онҳо дарёфта буданд, ки бар зидди неруҳои номбаршудаи бадӣ, озар ё оташ ва раъду барқ муассир буданд. Бар зидди торикӣ бошад, Хуршед, чун унсури тавоно муқаддас дониста мешуд. Нисбати ҳамин аст, ки Хуршед дар миёни нажоди қавмҳои зиёди олами бостон ситоиш ва парастиш шудааст».
Ҳамин хусусиятро инсонҳои замони бостон эътироф намуда, аз гармии Хуршед баҳра мебурданд ва алоҳида онро ниёиш карда, пасон, рӯшноӣ ва оташро ба он нисбат дода, ин унсурҳои табииро кашф карданд ва ба онҳо эътиқод оварда, ба парастишашон оғоз намуданд, ки баъдҳо муҷиби пайдо шудани ҷашни Сада гардидааст.
Дар фарҳанги суннатии ниёгони мо муборизаи равшанӣ ва торикӣ ҳамчун ҷавҳари маънавӣ нақши калидӣ доранд, ки он ба ҷашни Сада низ алоқаманд мебошад. Дар доираи ташаккули ҳамин унсурҳои ба ҳам зид гузаштагони мо, аз ҷумла қавмҳои ориёӣ ду фасли сол доштанд, ки ин ҳамон муборизаи Ҳурмузду Аҳриман ва муборизаи равшанӣ бо торикиро ба ёд меорад. Якеро тобистони (ҳама [hama]) бузург меномиданд, ки он ҳафт моҳро дар бар мегирифт ва аз оғози фарвардин (баробари 21-ум ва гоҳе 22 марти тақвими мелодӣ) шурӯъ шуда, то охири моҳи меҳр (баробари 22 октябри тақвими мелодӣ) идома меёфт. Дуюмиро зимистони (зайана [zayana]) бузург мегуфтанд, ки аз аввали моҳи обон (баробари 23 октябри тақвими мелодӣ) сар мешуд ва то поёни моҳи исфандро (баробари 20 марти тақвими мелодӣ) дар бар гирифта, 150 рӯз идома меёфт.
Сада дар забони авастоӣ ба маънои «баромадан ва тулуъ кардан»-ро доро будааст. Дар забонҳои эронии бостон ба гунаи «sadok» ва дар форсии миёна ба гунаи «sadag» будааст. Агар нахустин рӯзи зимистонро (пас аз Шаби ялдо) тавлиди дигаре барои Хуршед ё Меҳр бидонем метавон онро ҳамоҳанг дар ҷашн гирифтан дар даҳумин ва чиҳиллумин рӯзи тавлиди ойини куҳан ва зиндаи эронӣ донист (дар ҳамаи остонҳои кишвар ва сарзаминҳои эронӣ дониста мешавад).
Ҷашни Садаро дар байни мардуми форсизабон ба тарзи гуногун истиқбол мегирад. Яке аз усулҳои идгузаронӣ чунин аст:
Дар даҳумин рӯз ё Обонрӯз аз баҳман моҳ бо афрухтани ҳезуме, ки мардум аз пагоҳӣ бар бомӣ хонаи худ ё бар баландии кӯҳистон гирд оварданд, ин ҷашн оғоз мешавад. Дар ишороте торих, ин ҷашн ҳамеша ба шакле дастҷамъӣ ва бо гирдиҳамойии ҳамаи мардумони шаҳр, маҳалла ва русто дар якҷо ва бо барпойи як оташе бузург баргузор мешуда аст. Мардумон дар гирд овардани ҳезум бо якдигар мушорекат мекунанд ва ба ин тартиб ҷашни Сада, ҷашни ҳамкорӣ ва ҳамбастагии мардумон аст.
Аз шаби таваллуди Хуршед, пас аз чил рӯз барои гарму сӯзон шудани офтоб, ниёкони мо ҷашни Садаро гиромӣ медоштанд. Дар ҷашни Сада маросими афрӯхтани оташ ва паридан аз болои он ривоҷ доштааст. Ин расм дар миёни насрониҳо, ба вижа русҳо, ҳамчун ҷашни «масленница», роиҷ аст.
Ҷашни Садаро дар даҳумин рӯзи моҳи баҳман (баробари 29-30 январ) баргузор мекарданд, ки аз зимистон сад рӯз (обон, озар, дай ва даҳ рӯзи баҳман) мегузашт. Ба ақидаи ориёиҳои қадим сармо ба авҷи баланди худ мерасид ва баъдан ҳаво тадриҷан ба самти беҳбудӣ, нармӣ ва гармӣ мерафт. Аз ин рӯ, барои он ки ба кишту кори онҳо зараре нарасад ва чорвоҳояшон аз сардӣ эмин нигаҳдорӣ гардад, оташро ҳамчун рамзи Ҳурмузд меафрӯхтанд, то дар он қувваҳои бадӣ сӯзанду нобуд гарданд. Ба гуфти бархе аз донишмандон ҳамин ки аз зимистони бузург сад рӯз мегузашт, мардум ҷашни оташ, яъне Садаро барпо менамуданд. Онҳо бовар доштанд, ки лаҳзаҳои сармои ҷонкоҳ гузаштаасту нармию гармӣ вориди рӯзгори мардум шудааст. Аз гузаштани сармои шадид, ки неруи аҳриманӣ аст, хушҳолӣ карда аз дашту саҳро ҳезум, бутта, хошок ҷамъ оварда, хирмани бузург месохтанд. Баробари расидани торикӣ он хирмани ҳезуму хасу хошокро оташ мезаданд, ки аз ин оташ ҳама ҷо фурӯзон мегашт ва дар гирди он рақсу бозию хушҳолӣ менамуданд. Дар он рӯзгорони қадим ниёгони ориёиҳо бар он бовар буданд, ки ин гулхан ҳамчун неруи Ҳурмузд бозмондаҳои сарморо, ки марбути Аҳриман аст, нобуд месозад.
Теҳрон, Караҷ, устони Язд ва рустоҳои атрофи Ардакон, Кирмон ва рустоҳо, Аҳвоз, Шероз, Исфаҳон, Урупо (Суъед) ва Омрико (Колифурниё) ва Устуролиё бо гирд омадан дар як нуқта аз шаҳр ё русто дар канораҳои ҳам оташе бузург меафрӯзанд ва ба ниёишхонӣ ва сурудхонӣ ва ба пойкубӣ мепардозанд. Ин ҷашн дар тақвими ҷадиди зартуштиён мусодеф бо Меҳррӯз аз баҳманмоҳ шудааст, ҳол онки Абурайҳони Берунӣ ва дигар манобеъ онро Обонрӯз гузориш кардаанд.
Сада дар гузаштаи тоҷик
Мувофиқи ривояти «Шоҳнома» Ҳушанг шоҳи пешдодиён ин ҷашнро асос гузоштааст. Гӯё Ҳушанг ҳамроҳи дарбориёнаш дар саҳро ба море дучор меояд. Ҳушанг сӯйи мор санг меандозад. Санг бар санги дигар бархӯрда аз он оташак меҷаҳад ва ба ҳамин васила оташ кашф мегардад. Минбаъд одамон ба ҳамин муносибат оташ афрӯхта ба он саҷда мекарданд. Ҷашни Сада ба оини Меҳргароӣ (Митроӣ) дуруст меояд, ки аз оини Зардуштӣ 3000-то 5000 пеш мавҷуд буд. Дар оини Зардуштӣ муқаддасоти ҷашни Сада нигоҳ дошта шуд. Сада то садаи XII ҷашн гирифта мешуд, лекин баъдҳо аз байн рафт, вале нишонаҳои он — гулхан афрӯхтан, дар гирди он базм оростан ҳанӯз ҳам дар байни мардуми тоҷик ба назар мерасад. Ҳаким Фирдавсӣ оғози ин ҷашнро ба Ҳушанг, писари Сиёмак нисбат медиҳад.
Зи Ҳушанг монд он Сада ёдгор,
Басе бод чун ӯ дигар шаҳриёр.
Дар Тоҷикистон аз рӯи тақвими мардуми форсизабон рӯзи ҷашни Сада дар баъзе аз деҳот ҷашн гирифта мешавад.
Маҳмадулоева Н.М. Лаборанти калони шуъбаи онтология, гносеология ва мантиқи ИФСҲ-и АМИТ