
АСОСӢ
-
МАСОҲАТИ ПИРЯХИ ФЕДЧЕНКО БО ТАМОМИ ШОХАҲОЯШ 681,7 КМ2 ВА ДАРОЗИИ ОН 77 КМ МЕБОШАД.
ҚУЛЛАИ БОЛОИИ ШОХОБИ ПИРЯХ БА БАЛАНДИИ 6280 М МЕРАСАД ВА ҚИСМИ ЗАБОНАИ ПИРЯХ ДАР
БАЛАНДИИ 2910 М АЗ САТҲИ БАҲР ҚАРОР ДОРАД. ҒАФСИИ ПИРЯХ ДАР БАЪЗЕ ҶОЙҲО АЗ 800 ТО 1000
МЕТРРО ТАШКИЛ ДОДА ВА ҲАҶМИ ОН ТАҚРИБАН 130 КМ2 – РО ТАШКИЛ МЕДИҲАД. -
Соли 1933. Моҳи январи соли 1933 Пойгоҳи Академияи илмҳои
Иттиҳоди Шӯравӣ дар Тоҷикистон таъсис ёфт ва директори нахустини он
академик С.Ф.Олденбург (1868-1935) таъйин шуд. Пойгоҳ бахшҳои геология, ботаника,
зоологияву паразитология, хокшиносӣ, илмҳои гуманитариро дар бар мегирифт. -
МИНЁТУРИ НУСХАИ “ШОҲНОМА”-И АБУЛҚОСИМ ФИРДАВСӢ
ДАР МАРКАЗИ МЕРОСИ ХАТТИИ НАЗДИ РАЁСАТИ АМИТ, №5955
“САҲНАИ ГИРИФТОР ШУДАНИ ХОҚОН БА ДАСТИ РУСТАМ” -
ТЕЛЕСКОПИ ТСЕЙС-1000-И РАСАДХОНАИ
АСТРОНОМИИ БАЙНАЛМИЛАЛЛИИ
САНГЛОХИ ИНСТИТУТИ АСТРОФИЗИКАИ АМИТ -
БАБРИ БАРФӢ (PANTHERA UNCIA (SCHREBER, 1775)) БА ҚАТОРИ
ДАРАНДАГОН (CARNIVORA), ОИЛАИ ГУРБАШАКЛОН (FELIDAE)
МАНСУБ БУДА, ЗЕРИ ТАҲДИДИ МАҲВШАВӢ ҚАРОР ДОРАД. ДАР
ҲУДУДИ 20 ҚАТОРКӮҲ – ТУРКИСТОН, ЗАРАФШОН, ҲИСОР,
ҚАРОТЕГИН, ҲАЗРАТИ ШОҲ, ВАХШ, ДАРВОЗ, АКАДЕМИЯИ МИЛЛИИ
ИЛМҲО, ПЁТРИ I, ВАНҶ, ЯЗГУЛОМ, РӮШОН, ШОҲДАРА, ПШАРТ,
МУЗКӮЛ, САРИКӮЛ, АЛИЧУРИ ҶАНУБӢ, АЛИЧУРИ ШИМОЛӢ, ВАХОН,
ПАСИ ОЛОЙ ПАҲН ШУДААСТ. МАСОҲАТИ УМУМИИ ПАҲНШАВИИ
НАМУД ДАР ТОҶИКИСТОН ТАҚРИБАН 85,700 КМ2 (ТАҚРИБАН 2.8%
ҲУДУДИ ПАҲНШАВИИ НАМУДРО ДАР МИҚЁСИ ОЛАМ) ТАШКИЛ МЕДИҲАД. -
САРАЗМ ЯКЕ АЗ НОДИРТАРИН ЁДГОРИҲОИ БОСТОНШИНОСИСТ, КИ ХАРОБАҲОИ ОН ДАР
15-КИЛОМЕТРИИ ҒАРБИ ПАНҶАКЕНТ ВА 45-КИЛОМЕТРИИ ШАРҚИ САМАРҚАНД КАШФ
ШУДААСТ. ИН МАВЗЕЪРО ТИРАМОҲИ СОЛИ 1976 БОСТОНШИНОС АБДУЛЛОҶОН ИСҲОҚОВ
КАШФ КАРДА БУД ВА СОЛҲОИ ЗИЁД ТАҲТИ РОҲБАРИИ Ӯ МАВРИДИ ОМӮЗИШ ҚАРОР ГИРИФТААСТ. -
РАВАНДИ КОРИ АВВАЛИН ЛАБОРАТОРИЯИ POLLYXT “ЛИДАР” ДАР ОСИЁИ МИЁНА,
ДАР ОЗМОИШГОҲИ ИНСТИТУТИ ФИЗИКАЮ ТЕХНИКАИ БА НОМИ С. У. УМАРОВИ
АКАДЕМИЯИ МИЛЛИИ ИЛМҲОИ ТОҶИКИСТОН
Хабар ва навгониҳо
ҚАҲРАМОНОНИ ТОҶИКИСТОН

Адиб, олим ва асосгузори адабиёти муосири тоҷик. Аввалин Президенти Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон. Муаллифи асарҳои «Таърихи амирони манғитияи Бухоро», «Таърихи инқилоби фикрӣ дар Бухоро», «Намунаи адабиёти тоҷик», «Дохунда»,...Муфассал

Олим, академики Академияи Илмҳои ИҶШС, арбоби ҳизбӣ ва давлатӣ, муаллифи китоби оламшумули «Тоҷикон» ва зиёда аз 300 асару мақолаҳо. Солҳои 1944-1946 котиби дуюм, с.1946-1956 котиби якуми КМ Ҳизби комунистии Тоҷикистон, 1956 – 1977 сарвари...Муфассал

Шоири халқӣ, раиси Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон, Қаҳрамони меҳнати сотсиалистӣ, Раиси Кумитаи якдилии халқҳои Осиё ва Африқо. Барои достонҳои «Қиссаи Ҳиндустон»(1948), «Ҳасани аробакаш», «Чароғи абадӣ», «Садои Осиё»,(1960) «Ҷони ширин»...Муфассал

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон. 19 ноябри соли 1992 дар иҷлосияи XVI Шўрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон раиси Шўрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, 6 ноябри соли 1994 бори аввал, солҳои 1999, 2006 ва 2013 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб гардидаст...Муфассал

Нусратулло Махсум (Лутфуллоев) ходими давлатӣ ва ҳизбӣ. Солҳои 1924-1926 раиси Кумитаи инқилобии ҶМШС Тоҷикистон, солҳои 1926-1933 раиси Кумитаи Иҷроияи Марказии ҶШС Тоҷикистон. Бо фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 27 июни соли 2006....Муфассал

Ходими давлатӣ ва ҳизбӣ. Солҳои 1929-1931 котиби Ҳизби коммунистии ҶШС Тоҷикистон, солҳои 1933-1937 Раиси Кумитаи Иҷроияи Марказии ҶШС Тоҷикистон. Бо фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 27 июни соли 2006 ба фарзанди барӯманди халқи тоҷик....Муфассал
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон





АКАДЕМИЯИ ИЛМҲОИ ҶУМҲУРӢ ИН ОИНАЕСТ, КИ СИМОИ АҚЛОНӢ, САТҲИ МАЪРИФАТУ ДОНИШ ВА ТАМАДДУНИ ҶОМЕАИ МОРО ИНЪИКОС МЕНАМОЯД. ҲАР ҚАДАР ИН ОИНА ПОКИЗАВУ БЕҒУБОР БОШАД, БА ҲАМОН АНДОЗА СИМОИ МАЪНАВИИ МИЛЛАТУ ДАВЛАТИ МО РӮШАНТАРУ БАРҶАСТАТАР БА ҶАҲОНИЁН ҶИЛВАГАР МЕШАВАД.
ЭМОМАЛӢ РАҲМОН

ШОҲАСАРИ «ТОҶИКОН»-И БОБОҶОН ҒАФУРОВ ВА ШУҲРАТИ ОН
“Тоҷикон” асарест, ки таърихи миллати тоҷикро аз замонҳои қадимтарин то ибтидои асри XX-ум дар бар мегирад ва дар заминаи маводи зиёди бостоншиносӣ, осори фаровони хаттии таърихиву адабӣ ва таҳқиқоти олимони маъруфи Шарқу Ғарб ба таври хеле муфассал таълиф шудааст. Дар ин асари безавол ҷараёни ташаккулёбии миллати тоҷик, рушди фарҳанги миллӣ ва ҳамзамон бо ин, лаҳзаҳои фоҷиабори ҳаёти мардуми мо ва қаҳрамониҳои таърихии фарзандони ҷоннисори он возеҳу равшан ва бо истифода аз сарчашмаҳои муътамади таърихӣ баён гардидаанд.
Эмомалӣ Раҳмон.

Ба муносибати 1045 – солагии олими бузурги тоҷик Абӯали ибни Сино.
Аз қаъри гили сияҳ то авҷи Зуҳал,
Кардам ҳама мушкилоти гетиро ҳал.
Берун ҷастам зи қайди ҳар макру ҳиял,
Ҳар банд кушода шуд, магар банди аҷал.
(Ибн Сино)
Китобҳои тозанашр
Мақолаҳои илмӣ-оммавӣ
Қарни ХХ1 замони рушду инкишофи бесобиқаи илму технология ва шабакаҳои иҷтимоӣ мебошад. Мо шоҳиди он ҳастем, ки дар ҷомеаи илмии кишварҳои мухталиф мутаассил ихтироотҳо ва кашфиётҳои гуногуни илми сурат мегирад, ки ин раванд ба рушду инкишофи ҷомеаи инсонӣ таъсири мусбат мерасонад. Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон муҳимияти масъаларо ба назар гирифта, дар паёми навбатӣ, қайд намудан, ки барои рушду инкишофи технологияҳои иттилоотӣ ва шабакаи ҷаҳонии интернет чораҳои зарурӣ андешидан амри зарурист. Аз қабили, “.... , то шабакаҳои панҷ – ҷӣ (5G) инкишоф додани инфрасохтори рақамӣ, рушди марказҳои коркарди маълумот, таъсиси махзани мукаммали миллии маълумот.
-Рақамикунонии пурраи хизматрасониҳои давлатӣ ва ташкили махзани ягонаи хизматрасониҳои давлатӣ.
-рушди сармояи инсонӣ бо роҳи омӯзиш ва бозомӯзии кадрҳо доир ба технологияҳои иттилоотӣ дар дохил ва хориҷи кишвар ва баланд бардоштани маърифати истифодаи технологияҳои рақамӣ.
-истифодаи васеи зеҳни сунъӣ дар пешниҳоди хизматрасониҳо ва низоми бақайдгирии давлатӣ.
-андешидани чораҳо дар самти таъмин намудани амнияти киберии махзанҳои маълумот”.[1]
Воқеан, мо мушоҳида менамоем, ки шабакаи интернет солҳои охир ба яке аз воситаҳои муҳими иртиботи ҷомеа табдил ёфтааст, ки ба ҳастии ҷомеа таъсири мусбату манфӣ мерасонад. Ба назари мо шабакаи умумиҷаҳонии интернет фазои фаррохи дастрасии озод ба аудиторияи бузурги одамони корафтода мебошад. Аз ин рӯ, душвории асосӣ сари он аст, ки шабакаи интернет фазои интиқоли босуръати иттилоот буда, сензура ва дигар шаклҳои назорат дар он дида нашуда, тамоми фаъолияти инсон дар шабакаҳои иҷтимоӣ ба таври пинҳонӣ, бе маълум кардани шахсияти одам амалӣ мешавад. [2.С.41-47] Яъне маълум набудани шахсияти инсон раванди амалинамоии корҳои фаҳмондадиҳиро байни аҳолии кишвар нисбатан душвор мегардонад.
Новобаста аз ин мушоҳида мешавад, ки одамон вақти зиёди худро дар шабакаҳои иҷтимоӣ сарф намуда, ба воқеъияти виртуалӣ пура ғутавар мешаванд, ки ин омил ба шуури онҳо таъсири худро мерасонад. Дар раванди истифодаи шабакаҳои иҷтимоӣ насли наврас ва ҷавонон бо ахбороту итиллооти мухталиф ру ба ру мешаванд, ки дар шуури онҳо нақш баста, ба муносибати байниҳамдигарии аҳли ҷомеа, ба муҳити атрофи инсон, ба ташаккулёбии ҷаҳонбинии инсон ва иҷтимоишавии насли наврас нақши худро мегузорад. Мувофиқи ахбори Internet Word Stats 4.4 млрд ё 56,8% аҳолии кураи Замин ба шабакаи ҷаҳонии Интернет пайваст буда, ба ҳисоби миёна инсон дар як рӯз 6 соати вақти худро дар фазои шабакаҳои иҷтимоӣ мегузаронад [3]. Дар кишвари мо аксари ҷавонон ба шабакаҳои иҷтимоӣ дастрасӣ доранд, ки сину соли онҳо гуногун мебошад. Бо шарофати шабакаи ҷаҳонии интернет ҷавононе, ки дар шаҳрҳои дур таҳсил менамоянд бо волидайнашон пайваста дар иртибот буда, худро аз волидайн дур эҳсос наменамоянд.
Гуфтан мумкин аст, ки интернет яке аз воситаҳои самараноки иртибот байни одамон буда, имкон фароҳам меорад, ки инсон 24 соат дар алоқа бошад ва таввасути паёмрасонҳо табоддули иттилоот намояд, ки ин омил дар шароити инкишофи ҷомеаи итилоотӣ ниҳоят муҳим арзёби мешавад. Дар замони ҳозира одамон маъмулан таввасути шабакаҳои иҷтимоӣ ва паёмрасонҳо робита барқарор намуда, ҳатто ба воситаи шабакаҳои иҷтимоӣ тиҷорати молу маҳсулоти гуногунро ба роҳ мондаанд.
Вижагии дигари шабакаи ҷаҳонии интернет дар он аст, ки одамон мувофиқи таъбу завқашон ба гурӯҳҳои дилкаш ҳамроҳ шуда, фаъолият мебаранд. Ҷомеаҳои интернетӣ, ки дар раванди фаъолияти якҷояи одамон ташаккул меёбад, низоми нисбатан устувори робитаҳою муносибатҳо байни истифодабарандагони шабака ва фазои иттилоотӣ мебошад.
Шабакаи интернет барои ташаккули интернет – ҷамоатҳо имкониятҳои хубу бемаҳдуд фароҳам овардааст.
1. Пеш аз ҳама, ҷанбаи мусбии шабакаи интернет дар он зоҳир мешавад, ки ҳар як инсон мувофиқи таъбу завқаш ба интернет – ҷамоатҳо пайваст шуда, фаъолияти худро ба роҳ мемонад.
2. Шиносоию муколама дар шабакаи интернет бисёр соддаю осон сурат мегирад, чунки инсон назар ба ҳаёти рӯзмарра дар фазои маҷози худро озоду роҳат ҳис мекунад.
3. Шабакаи интернет имкон фароҳам меорад, ки инсон озодона фикрашро нисбати масъалаҳои муҳими иҷтимоӣ, иқтисодӣ, сиёсӣ ва фарҳанги тавасути шабакаҳои иҷтимоӣ, видеороликҳо, китобҳои электронӣ иброз намояд.
Чи тавре маълум аст шабакаи ҷаҳонии интернет дар ҳолати рушду инкишофи бесобиқа қарор дорад ва ин раванд заминаи муҳими инкишофи шабакаҳои иҷтимоӣ гардиданд, ки мо онҳоро ҳамарӯза истифода менамоем. Вижагии шабакаҳои иҷтимоӣ дар он аст, ки онҳо осон дар телефонҳои ҳушманд насб мешаванд ва ҳар хоҳишманд метавонад, ки дар шабакаҳои иҷтимоӣ интернет – ҷамоатҳои худро ташкил намоянд. Масалан, дар шабакаҳои иҷтимоӣ интернет – ҷамоатҳо аз қабили барномаҳои хурокпазӣ, тиб, тиҷорат, илм, сиёсат, фарҳанг ва ғайра арзи вуҷуд доранд ва пайваста тавассути роликҳои видеои ба намоиш гузошта мешаванд. Бартарии муҳими шабакаи ҷаҳонии интернет дар он ифода меёбад, ки он фарҳангу анъанаи нодири ҷомеаҳои мухталифро бо ҳам мепайвандад ва замина фароҳам меорад, ки мо ба таври маҷозӣ бошад ҳам аз фарҳангҳои дигар омӯзем ва илҳом гирем.
Сотсиолог П. Колок масъалаи мазкурро таҳқиқ карда, менависад, ки одамон дар ҷамоатҳо муттаҳид мешаванд ба хотири он ки ба якдигар ёри расонанд, мақоми иҷтимоии худро баланд бардоранд ва самаранокии кори худро зиёд гардонанд[4].
Ёри ҳамдигарӣ дар он зоҳир мешавад, ки аъзои интернет – ҷамоатҳо ба ёрии дигар аъзоён ниёз доранд ва дар ин раванд кӯшиш менамоянд, ки аз дигарон иттилоотҳои заруриро баҳри рушду инкишофи худ ва соҳаи фаъолияти худ ба даст оранд. П. Колок ин шакли муносибатҳоро системаи кредит ва дебет меномад.
Баланд бардоштани мақоми иҷтимоӣ дар он ифода меёбад, ки инсон холисона ба дигарон ёри мерасонад ва ба ин минвол мақому манзалати худро байни интернет – ҷомеа баланд мебардорад.
Эҳсоси самаранокӣ: ба назари П. Келок истифодабарандаи шабака эҳсос менамояд, ки ба интернет – ҷомеа пайваста манфиату фоида меорад ва ба ин минвол ба ҷамоат таъсир мерасонад. Ҳамчунин қайд кардан зарур аст, ки корбарон тавассути шабакаҳои иҷтимоӣ бо пайравони худ дар атрофи фикру ғояи нав, молу тиҷорати нав ё ахбороти нав суҳбат намуда, фикрҳои онҳоро ҷамъоварӣ намуда, як хулосаи ниҳои пешниҳод менамоянд, ки ин ҳам як бартарии шабакаҳои иҷтимоӣ ё фазои маҷозӣ мебошад, ки онро дар ҳаёти рӯзмарра ба назар гирифтан ба фоида рушди кор мебошад. Агар интернет – ҷамоат дуруст тарҳрези шуда бошад вай ҳатман бехатар фаъолият намуда, амнияти ҳаёти шахсии дигар корбаронро ба назар хоҳад гирифт, ки маълумотҳои шахсии онҳо паҳн нашаванд.
Бартарии муҳими Интернет дар он аст, ки одамон имкон пайдо намуданд, ки маҳорати касбии худро баланд бардоранд, ба таври дистансионӣ таълим гиранд. Маълум аст, ки дониши нави замонавӣ ва иттилоот ба иҷтимоишавии ҷавонон таъсири мусбат расонида, садҳои ҷуғрофиро бартараф менамояд ва имкон фароҳам меорад, ки одамон новобаста аз макони ҷойгиршавиашон байни ҳам табодули иттиллот намоянд.
Вобаста ба масъалаи дастрасии ҷавонон ба шабакаи ҷаҳонии интернет ва таъсири шабакаҳои иҷтимоӣ ба шуури ҷавонон аз ҷониби Кумитаи кор бо ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тадқиқоти сотсиологӣ соли 2018 гузаронида шудааст. Натиҷагирӣ аз ин тадқиқоти сотсиологӣ муаян намуд, ки таъсири шабакаҳои иҷтимоӣ ба шуур, ҷаҳонбинӣ ва рафтору кирдори ҷавонон мухталиф аст. Масалан тадқиқоти сотсиологӣ маълум намуд, ки 76,9% ба ин ақидаанд, ки шабакаҳои иҷтимоӣ барои саривақт дастрас намудани ахбороти зарурӣ мусоидат менамояд. 55,4% пурсидашудагон ба ин назаранд, ки шабакаҳои иҷтимоӣ ҷаҳонбинии ҷавононро васеъ менамояд. 50,0% ҷавоб додаанд, ки ҷавонон саривақт оид ба равандҳои мухталифи Тоҷикистон ва ҷаҳон хабардор мешаванд. 38,3 % респондентон ба ин назаранд, ки муошират байни ҳам осон шуда, дӯстони нав пайдо мешаванд. 35,2% ҷавоб додаанд, ки интернетро ҳамчун воситаи ирсолу қабули мактубҳои электронӣ истифода менамоянд[5].
Шабакаи ҷаҳонии интернет заминаи муҳими рушду инкишофи технологияҳои иттилоотӣ гардидааст. Шабакаҳои иҷтимоӣ боис гардиданд, ки донишҷуён ва омӯзгорон ба маъхазҳою китобхонаҳои бузурги электронӣ, тестҳои имтиҳонӣ ва воситаҳои муосири муошират дастрасӣ пайдо намоянд, ки ин ҳолат ба ҷаҳонбинии илмии онҳо таъсири мусбат хоҳад расонид. Интернет барои ҷавонон ба як шабакаи бузурги донишҳои замонавӣ табдил ёфтааст. Воқеан ҷавонон ва дигар хоҳишмандон имкон доранд, ки шабакаи интернетро ба фоидаи рушду инкишофи касбии худ истифода намоянд. Ҳамчунин шабакаҳои иҷтимоӣ раванди муоширати байни ҳамдигаррор осон намудааст. Гуфтан мумкин аст, ки шабакаи интернет бо ин вижагиаш сохтори иҷтимоии ҷомеаи муосирро таъғйир додааст. Яъне ба ин маъно интернет ба иҷтимоишавии ҷавонон таъсири мусбат мерасонад. Аммо, набояд фаромӯш кард, ки шабакаҳои иҷтимоӣ паҳлуҳои манфӣ низ доранд, ки дар поён мо онҳоро таҳлилу баррасӣ хоҳем кард.
Ҷавонон қисмати фаъоли истифодабарандагони шабакаи интернетро ташкил медиҳанд. Истифодаи зиёди шабакаҳои иҷтимоӣ ба равони ҷавонон таъсири манфӣ мерасонад ва мо вазифадорем, ки вақти истифодабарии шабакаҳои иҷтимоиро аз ҷониби ҷавонону насли наврас ба танзим дарорем то ки ба саломатии равонию ҷисмонии ҷавонон озори зиёд нарасад. Мушоҳида мешавад, ки истифодаи зиёди шабакаи интернет аз ҷониби ҷавонон малакаи муоширатии онҳоро низ заиф мегардонад ва ба ин минвол ба иҷтимоишавии онҳо таъсири манфӣ мерасонад.
Мо дар замони зиндагӣ менамоем, ки як қисми фаъолияти мо дар шабакаи интернет амалӣ мешавад. Истифодаи зиёди шабакаҳои иҷтимоӣ сабаб шудаанд, ки як қатор одамон муошират бо атрофиёни худ, оила ва ҳамкоронро фаромӯш намуда, пура ба фазои маҷозӣ дода шудаанд. Чунин менамояд, ки одамон ба истифодаи шабакаҳои иҷтимоӣ зиёд дода шуда, назар ба дӯстони воқеъи ба дӯстони маҷозӣ зиёдтар аҳамият медиҳанд. Ин раванд яке вижагиҳои манфии шабакаҳои иҷтимоӣ мебошад, чунки ҷавонон зери таъсири шабакаҳои иҷтимоӣ қарор гирифта, аз ҳаёти рӯзмарра канда мешаванд ва ба ин минвол ба раванди иҷтимоишавии худ дар ҷомеа халал ворид месозанд.
Онлайн – бозиҳо дар ҳаёти имрӯзаи ҷавонон чуқур реша давонидааст. Машғул шудан ба онлайн – бозиҳо вақти зиёди ва қиммати наврасон, ҷавонон ва ҳатто калонсолонро зоеъ менамояд. Хуб мешуд, агар ҷавонон вақти ба онлайн – бозиҳо сарф мекардаи худро ба муошират бо ҳамсолон ё барои аз худ кардани малакаҳои иртиботӣ сарф менамуданд. Ҳатто, мушоҳида мешавад, ки гурӯҳе аз ҷавонон чунон саргарми онлайн – бозиҳо мешаванд, ки аз аъзоёни оилаи худ дур мешаванд. Масъалаи вобастагӣ аз онлайн – бозиҳо ҳам ба ҷинси мард ва ҳам ҷинси зан дахл дорад. Масалан, дар Кореяи Ҷанубӣ оилаи дар фазои маҷозӣ ба кудакӣ виртуалии бофтаю хаёлӣ сару кор гирифта, буду боши фарзанди воқеъии худро фаромӯш кардаанд, ки дар натиҷа фарзандашон аз гушнагӣ ба ҳалокат расидааст.
Истифодаи шабакаҳои интернетӣ назорат мехоҳанд, агар мо вақти худро бемаҳдуд барои истифодаи шабакаҳои иҷтимоӣ сарфа намоем ба саломатии ҷисмонию равонии худ таъсири манфи мерасонем. Аз ин рӯ зарур аст, ки вақти худ ва фарзандонро дар фазои маҷозӣ назорат намоем, ки ин зуҳурот ба фарзандони мо таъсири манфии худро нарасонад. Маълумотҳои тибби нишон медиҳанд, ки вобастагӣ аз шабакаҳои интернетӣ ба хусусиятҳои шахсӣ, тахассуси ва иҷтимоии инсон таъсири ногувор мерасонад. Суҳбату муошират дар шабакаҳои иҷтимоӣ наметавонад, ки суҳбат ва рафту омади зиндаро иваз кунад, чунки ҳеҷ имкон надорад, ки суҳбату муоширати одамон дар фазои маҷозӣ самимона бошад.
Ба ғайр аз ин, ҳатто муошират дар шабака метавонад ба истифодабарандагон таъсири манфӣ расонад; масалан, дар шабака наметавон эҳсосоти воқеӣ ва аксуаламали мусоҳибро пайгирӣ кард. Дар муоширати шахсӣ тамоми таомулоти номатлуб тавассути ишороти ғайрикаломӣ, ки метавонанд комилан калимотро иваз намоянд, қатъ мегардад. Зимни муошират дар шабака бо шахсе, ки дар наздикӣ ҳузур надорад, барои дарки истеҳзо ё самимияти ӯ, шумо василаҳои полоишии худро дар ихтиёр доред, ки метавонанд иттилои расидаро ба сурати зеҳнӣ тафсир кунанд. Васоили полоишии ботинии мо аз ҳолу ҳавоямон бастагӣ доранд; хамин тавр ибораи аз лиҳози маънӣ мубҳами «Не, сипосгузорам», ки онро инсон пас аз як рўзи басо душвор дар паём дарёфт мекунад, метавонад бар хилофи радди муаддабона аз ҷониби ҳамсуҳбат, беадабона ба назар расад.
Яке аз муҳимтарин ҷанбаҳое, ки ба ҷомеапазирӣ (иҷтимоӣ шудан) таъсири манфӣ мерасонда, он воқеият аст, ки истифодаи беш аз ҳад аз Интернет метавонад боиси эътиёд шавад, ки мунҷар ба афсурдагӣ мегардад. Натиҷаи тадқиқоти сотсиологӣ муаян намуд, шабакаи умумиҷаҳонии интернет ва махсусан шабакаҳои иҷтимоӣ ба шуур ва руҳу равони ҷавонон таъсири манфӣ низ мерасонанд. Муҳақиқони тоҷик Муродбеков М.Ҳ., Юсупов С.З. дар мақолаашон таҳти унвони “Шабакаҳои иҷтимоӣ: истифода ва таъсири он ба ҷомеа”, ки дар сомонаи ravshanfikr.tj чоп шудааст қайд менамоянд, ки дар баробари ҷиҳатҳои мусбӣ, рушду инкишофи шабакаи умумиҷаҳонии интернет ва шабакаҳои иҷтимоӣ дорои ҷанбаҳои манфӣ низ мебошанд, ки чунинанд: Масалан, мусоҳибон ба ин ақидаанд, ки истифодаи шабакаҳои иҷтимоӣ боиси беҳуда гузаронидани вақт (72,4%), тамошои видеоҳои фаҳш (52,9%), ҳамроҳ шудан ба гурӯҳҳои каҷрафтор (51,1%), коста шудани ахлоқ (44,6%), дур шудан аз муоширати зинда (33,5%) ва вобастагӣ пайдо шудан (26,2%) мегардад. Воқеан беназорат гузоштани насли наврас ва махсусан ҷавонон дар истифодаи шабакаҳои иҷтимоӣ метавонад, ки моро ба оқибатҳои ногувор расонад[5].
Муҳақиқони масъалаи мазкур Ҷ. Мейзер, А. М. Ледбеттер, мақолаеро интишор намуда, дар он масъалаеро мавриди пажуҳиш қарор доданд, ки чӣ гуна саргармии инфиродӣ дар Интернет ба зуҳури чунин мушкилоте, мисли афсурдагӣ ва эҳсоси танҳоӣ таъсиргузор аст.
Ҷ.Мейзер ва А.Ледбеттер дарёфтанд, ки тамоюли одамон ба иртибототи иҷтимоии онлайнӣ муҷиби он гардид, ки онҳо аз Интернет ба таври бештар васвасаомезе истифода ба амал оранд. Агар инсон дар олами воқеӣ малакаҳои заифи муошират дошта бошад, пас, ба эҳтимоли зиёд, ўро иртибототи онлайнӣ бештар ба худ ҷалб менамояд, ки ин ҳолат метавонад муҷиби афзудани истифодаи васавасаомез аз Интернет гардад.
Таҳқиқотҳо нишон медиҳанд, ки одамоне, ки таҷрибаи кофии робитаҳои иҷтимоию иртиботӣ надоранд бисёртар ба шакли муоширати маҷозӣ руй меоранд. Ҳамчунин кушиш менамоянд, ки шиносоию равобити худро ҳатман дар муҳити маҷозии шабакаҳои иҷтимоӣ ташкил намоянд. Новобаста, аз душвориҳои мавҷуда муҳаққиқон Майзер ва Ледбетер қайд менамоянд, ки одамоне, ки аз шабакаҳои иҷтимоӣ зиёд истифода менамоянд, аз ҳад зиёд ба афсурдаҳолӣ гирифтор мешаванд. Воқеан муошират дар фазои маҷозӣ тавассути шабакаҳои иҷтимоӣ осону дастрас аст, аммо онҳо робитаи зиндаро байни фардҳо иваз карда наметавонанд.
Хулоса шабакаҳои иҷтимоӣ воситаи муҳими иртиботӣ буда, махсусан байни ҷавонон ба таври бесобиқа паҳн шудааст. Яъне дар марҳилаи кунунии инкишофи ҷомеаи Тоҷикистон шабакаҳои иҷтимоӣ воситаи муҳими барқарор кардани робитаҳои иҷтимоӣ байни ҷавонон мебошад. Мо бояд фаромӯш насозем, ки истифодаи аз ҳад зиёди шабакаҳои иҷтимоӣ ҷавононро ба касалии вобастагӣ мувоҷеҳ месозад. Яъне ин паҳлуи масъаларо низ бояд ба назар гирем, ки ҷавонон дар мавриди истифодаи шабакаҳои иҷтимоӣ фарҳанги баланди истифодабарии шабакаи Интернетро аз худ намоянд ва вобастаи ашадии интернет ё шабакаҳои иҷтимоӣ нашаванд.
Дар шабакаҳои иҷтимоӣ омилҳои дигаре низ ҳастанд, ки ба иҷтимоишавии ҷавонон таъсири манфӣ мерасонанд, ба монанди дастраси ёфтани ҷавонон ба маводҳои порнографӣ, ифротӣ ва ғайриахлоқӣ. Мушоҳида мешавад, ки ҳатто кӯдакон ба осони ба шабакаҳои номатлуб дастраси пайдо намуда, ба ин минвол ҳолати равонии худро осебпазир менамоянд. Зарур мешуморем, ки тавасути ба роҳ мондани корҳои фаҳмондадиҳи байни насли наврас онҳоро аз паҳлуҳои ногувори шабакаҳои иҷтимоӣ ҳимоя намоем, то ки онҳо ҳамчун насли солим ба воя расанд.
Маҳмадизода Нозим Давлатмурод – Директори институти фалсафа,
сиёсатшиносӣ ва ҳуқуқи ба номи А.Баҳоваддинови АМИТ
АДАБИЁТ
1. Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ». https://prezident.tj/event/missives/36370 (санаи муроҷиат ба сомона 16.07.2025)
2. Маҳмадизода Н.Д. Тарғибу ташвиқи идеологияи ифротгароӣ(экстремистӣ) дар шабакаҳои иҷтимоӣ ва таъсири тахрибкоронаи онҳо ба шуури ҷавонон. Шабакаҳои иҷтимоии интернетӣ ҳамчун таҳдиди воқеӣ ба амнияти миллӣ. Маводи конференсияи ҷумҳуриявии илмӣ-назариявӣ (ш.Душанбе, 29-уми ноябри соли2022). С.41-47.
3. Шахов Л.М. Положительное и негативное влияние интернета на социализацию молодежи. https://elar.urfu.ru/handle/10995/78793 (дата обращения к сайту 16.07.2025)
4. Невесенко Е.Д. Социологический анализ Интернет-сообществ: новые подходы к изучению феномена. https://cyberleninka.ru/article/n/sotsiologicheskiy-analiz-internet-soobschestv-novye-podhody-k-izucheniyu-fenomena (дата обращения к сайту 16.07.2025)
5. Муродбекова М.Ҳ, Юсупов С.З. Шабакаҳои иҷтимоӣ: истифода ва таъсири он ба ҷомеа. https://ravshanfikr.tj/shinokhti-masoili-i-timo-va-sijos/shabaka-oi-i-timo-istifoda-va-ta-siri-on-ba-omea.html?tmpl=component&print=1 (санаи муроҷиат ба сомона 31.07.2025)
Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Исломии Эрон оқои Аббос Арақчӣ рӯзи 30 июли соли 2025 бо сафари расмӣ ба Тоҷикистон, бо ҳадафи таҳкими муносибатҳои дуҷониба ва баррасии масоили муҳими ҳамкории сиёсӣ, иқтисодӣ ва фарҳангӣ миёни ду кишвари дӯст, ташриф овард. Аббос Арақчӣ ҳафтаи гузашта баъд аз хотима ёфтани ҷанги 12 рӯза миёни ҶИЭ ва Исроилу Амрико бо сафари расмӣ ба Россия рафт ва бо мақомоти Олии ин кишвар, аз ҷумла, бо президенти он В.Путин мулоқот анҷом дод. Сафари дуюми ӯ ба хориҷи кишвар баъд аз муноқишаи Исроил ва Амрико ба Эрон ба Тоҷикистон сурат гирифт.
Дар мулоқот бо Асосгузори сулҳу ваҳдат, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон масоили зерин мавриди гуфтугӯ ва қаноатмандӣ қарор гирифтанд:
-Тарафҳо аз раванди вусъати робитаҳо барои ҳарду тараф судманд, хусусан аз раванди хуби татбиқи натиҷаи мулоқоту музокироти сатҳи Олӣ изҳори қаноатмандӣ намуданд;
-Масъалаҳои вобаста ба ҳамкориҳои дуҷонибаи тиҷоративу иқтисодӣ дар маркази таваҷҷуҳи тарафҳо қарор доштанд;
-Алоқамандии тарафҳо дар тавсеаи ҳамкорӣ дар бахши энергетика, саноат, ҳамлу нақли байналмилалӣ, кишоварзӣ, илму фановарӣ, тандурустӣ, фарҳангӣ, гардишгарӣ ва дигар бахшҳо таъкид карда шуд;
Ҳамчунин, гуфтушунидҳо дар масоили минтақавӣ ва байналмилалӣ мавриди таваҷҷуҳи мустақими ҷонибҳо қарор гирифтанд.
Маврид ба зикр аст, ки Эрон дар ду даҳсолаи охир, оид ба пешрафти илм як ҷаҳиши бузурге намуда, дар байни 200 кишвари ҷаҳон ҷойи шонздаҳумро ишғол намудааст. Дар ҳоли ҳозир, новобаста аз таҳримҳои ҷиддӣ бештар аз 40 сола тавонистааст, ки дар илми техникаи роботӣ дар ҷаҳон ҷойи чорум ва дар саноати фӯлод дар ҷаҳон ҷойи 10-ро ба даст биоварад. ҶИЭ дар истеҳсоли нону дору дар ҷои ҳафтум ва дар соҳаи нанотехнология ҷойи чорум, мақоми 7 ва 8 –ро дар истеҳсоли доруҳои навтаркиби гемофилӣ, дар сохтани лазерҳои пуртавон дар қатори 5 давлати пурқудрати ҷаҳон, дар илмҳои муолиҷаи бефарзандӣ (нобороварӣ) дар ҷойи чорум, дар чашмпизишкӣ дар ҷои 15 ва дар ҷарроҳии дил дар қатори 10 кишвари дунё қарор гирифтааст.
Ғайр аз ин, дар илмҳои кайҳоншиносӣ ба пешрафтҳои назаррас ноил гардида, дар сохтани техникаҳои ҷангӣ ва мудофиавӣ, аз қабили рокетаҳои бурди наздик ва дур, бесарнишинҳои гуногун, модернизатсияи техникаҳои ҳарбии заминӣ ва ҳавоӣ пешрафт кардааст.
Ногуфта намонад, ки дар тамоми давраи барқарории муносибот, ки беш аз 30 солро дар бар мегирад, миёни Тоҷикистону Эрон бештар аз 250 санади муҳими ҳамкорӣ ба имзо расидааст, ки чашмандози равобити ду кишвари дӯст ва ҳамзабонро таъйид намуда, ҷиҳати тавсеаи бештари равобити дуҷониба хидмат хоҳанд кард. Дар миёни ин санадҳо “Барномаи дарозмуддати ҳамкориҳои иқтисодӣ ва тиҷоратӣ”, “ҳамкориҳои амниятӣ”, мубориза бо терроризм, экстремизм ва қочоқи ғариқонунии маводи мухаддир аз аҳамияти муҳиме бархурдор мебошанд.
Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Эрон дар чорчӯби созмонҳои минтақавӣ, монанди Созмони ҳамкории иқтисодӣ (ЭКО) ва Созмони ҳамкории Шанхай ҳамкории хубе дошта, ҳамеша аз мавқеи ҳамдигар дар ин созмонҳо пуштибонӣ мекунанд.
Дар ин хусус, сафири ҶИЭ дар Тоҷикистон оқои Муҳаммадтақӣ Собирӣ, ҳамчун намояндаи Ҷумҳурии Исломии Эрон чунин мефармояд: “Ҷумҳурии Исломӣ барои тавсеаи равобит ва ҳамкорӣ бо Тоҷикистон ҳеҷ маҳдудияте надорад”.
ХОЛНАЗАРОВ Назар, ходими илмии шуъбаи Шарқи Миёна ва Наздики
Институти омӯзиши масъалаҳои давлатҳои Осиё ва Аврупои АМИТ
Дар асри 21, технологияҳои рақамӣ (Digital Technology) ва зеҳни сунъӣ (Artificial Intelligence) ба воситаи муҳими таъмини амнияти химиявӣ, биологӣ, радиатсионӣ ва ядроӣ (ХБРЯ) табдил ёфтаанд. Технологияҳои мазкур бо қобилияти таҳлилии зуд, пешгӯии хатарҳо ва автоматикунонии равандҳо ба ҳифзи амнияти миллӣ, саломатии аҳолӣ ва муҳити зист мусоидат мекунанд. Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки яке аз кишварҳои фаъол дар татбиқи сиёсати инноватсионӣ аст, истифодаи технологияҳои мазкур дар соҳаи амнияти ХБРЯ аҳамияти хоса дорад. Дар ин ҷода, бо ташаббуси Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти кишвар, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҳошияи Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид пешниҳод ва қабули қатъномаи «Нақши зеҳни сунъӣ дар фароҳам овардани имконоти навин барои рушди устувор дар Осиёи Марказӣ» A/79/L.94 аз 25 июли 2025 нақши муҳимро мебозад.
Технологияҳои рақамӣ, аз қабили сенсорҳои интеллектуалӣ, таҳлили маълумоти калон ва блокчейн, дар идора ва пешгирии хатарҳои ХБРЯ нақши хос дорад. Сенсорҳои интеллектуалии муосир имкон медиҳанд, ки сатҳи радиатсияро дар вақти воқеӣ назорат карда ва аз паҳншавии радионуклидҳо дар боду ҳаво маълумоти пешакӣ ва дақиқ диҳанд, ҳамзамон ба саломатии инсон ва ҳифзи экологии кишвар сари вақт мусоидат намояд.
Системаи таҳлилии маълумот бошад, дар муддати кӯтоҳ маълумотҳои калонро ҷамъоварӣ ва таҳлил карда, ба қабули қарорҳои фаврӣ мусоидат мекунад. Таҳлили маълумотҳо метавонад, ки пешгуи аз паҳншавии бемориҳои сироятиро таъмин намоянд ва аз таҳдиди биологӣ нигоҳ доранд.
Раванди блокчейн барои сабт ва нигоҳдории бехатарӣ маълумот дар соҳаи амнияти ХБРЯ истифода мешавад. Технологияи мазкур шаффофият ва пешгирии дастрасии ғайриқонунии маълумотро таъмин менамояд. Масалан, блокчейн метавонад барои пайгирии маводи ядроӣ ва радиоактивӣ дар занҷираи таъмини маълумот ва таърихи пайдоиши онҳо истифода гардад ва дар пешгирии ғайриқонунии истифодаи маводҳои хатарноки ядроӣ ва радиоактивӣ мусоидат намояд.
Ҳамин тариқ, зеҳни сунъӣ бо қобилияти худкорсозӣ, пешгӯии хатарҳо ва таҳлили мураккаб дар таъмини амнияти ХБРЯ саҳми беназир дорад. Технологияи мазкур на танҳо самаранокиро баланд мебардорад, балки хатарҳоро бо дақиқии баланди маълумотҳо муайян мекунад.
Зеҳни сунъӣ дар муҳофизат аз ҳамлаҳои киберӣ низ нақши муҳим дорад. Масалан, системаи ба монанди Darktrace, таҳдидҳои кибериро дар вақти воқеӣ ошкор карда, онҳоро пеш аз расонидани зарари ҷиддӣ манъ мекунад.
Бо ташаббуси Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, Тоҷикистон дар Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид лоиҳаи қатъномаи махсусро зери унвони «Нақши зеҳни сунъӣ дар фароҳам овардани имконоти навин барои рушди устувор дар Осиёи Марказӣ» пешниҳод намуд, ки 25 июли соли 2025 бо иттифоқи оро қабул гардид. Қатъномаи мазкур аҳамияти зеҳни сунъиро дар таъмини рушди устувор, аз ҷумла дар соҳаи амнияти ХБРЯ, таъкид мекунад. Ташаббуси мазкур на танҳо дар сатҳи минтақа, балки дар сатҳи ҷаҳонӣ низ Тоҷикистонро ҳамчун кишвари пешсаф дар истифодаи технологияҳои нав муаррифӣ менамояд. Инчунин, қатъномаи мазкур барои густариш додани ҳамкорӣ бо созмонҳои байналмилалӣ, ба монанди Агентии байналмилалии нерӯи атомӣ (АБНА, IAEA) ва дигар ташкилотҳои бонуфузи байналмилалӣ, барои татбиқи технологияҳои зеҳни сунъӣ дар соҳаи ядроӣ ва радиатсионӣ мусоидат менамояд.
Барои истифодаи пурсамари технологияҳои рақамӣ ва зеҳни сунъӣ, омодасозии мутахассисони баландихтисос нақши муҳимро мебозад.
Истифодаи технологияҳои рақамӣ ва зеҳни сунъӣ дар амнияти ХБРЯ айни замон ба якчанд мушкилиҳо рӯ ба рӯ аст ва муҳимтарини онҳо чунинанд:
- шумораи мутахассисони таҷрибадори соҳаи амнияти киберӣ ва зеҳни сунъӣ дар Тоҷикистон маҳдуд аст.
- ҷорӣ кардани технологияҳои нав ба сармоягузории зиёд ниёз дорад.
- системаҳои рақамӣ ба ҳамлаҳои киберӣ осебпазиранд.
Бо вуҷуди ин, дурнамои рушд умедбахш аст. Сиёсати давлатии Тоҷикистон барои солҳои 2025-2030, ки ҳамчун “Солҳои рушди иқтисоди рақамӣ ва инноватсия” эълон шудаанд, ба татбиқи технологияҳои нав мусоидат хоҳад кард ва ташаббусҳои Тоҷикистон, аз ҷумла қатъномаи таърихии СММ, ки бо пешниҳоди Пешвои муаззами миллат қабул гардид, аҳамияти ин технологияҳоро дар сатҳи ҷаҳонӣ таъкид менамояд.
Манучеҳр ШОКИРОВ – Мудири шуъбаи амнияти киберӣ, кафолатҳо, омодагӣ ва вокуниш ба садамаҳои ХБРЯ-и Агентии амнияти ХБРЯ-и АМИТ
Олимҷон АЗИЗОВ – Мудири шуъбаи менеҷмент, Шуъбаи муносибатҳои байналмилалӣ ва робита бо ҷомеаи Агентии амнияти ХБРЯ-и АМИТ
Адабиёт:
1. Сомонаи расмии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон. www.president.tj/
2. Сомонаи расмии Вазорати корҳои хориҷӣ. www.mfa.tj/
3. Сомонаи расмии Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон. www.amit.tj/
4. Сомонаи расмии Агентии амнияти ХБРЯ-и АМИТ. www.cbrn.tj/
5. “Истифодаи зеҳни сунъӣ дар фаъолияти илмӣ: Абзорҳо ва равишҳои нав”. Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон, 2024. www.tajmedun.tj
6. “Нақши муҳим ва муассири технологияҳои рақамӣ ва зеҳни сунъӣ дар рушди соҳаҳои иқтисодию иҷтимоӣ”. Донишгоҳи технологии Тоҷикистон, 2023. www.iutet.tj
7. “Зеҳни сунъӣ ва нақши он дар замони муосир”. Донишгоҳи миллии Тоҷикистон, 2023. www.mmf.tnu.tj
8. “Қатъномаи таърихии Тоҷикистон оид ба зеҳни сунъӣ дар Маҷмаи Умумии СММ қабул гардид”. АМИТ «Ховар», 2025. www.khovar.tj
9. IAEA. “Nuclear Security and Digital Technologies”. www.iaea.org
Фарҳанг ба унвони тарз ва равиши зиндагии башарӣ тайи таърих ҷомеаи инсониро дар баробари хатару таҳдидҳои гуногун ва мушкилоту муаммоҳои рӯзгор ҳамеша муқовим доштааст. Аз ҷониби дигар, инсон тавассути фарҳанг дар баробари вуҷуду ҳастӣ қад алам карда, тамаддун офарида, ҷаҳонро маъно ва мафҳум бахшидааст. Ин аст, ки фарҳанг дар ҳама давру замон тору пуд ва ҳасту буди инсон ва ҷомеаи инсонӣ талаққӣ мешавад. Ба ин маъност, ки инсон иддао мекунад:
Зебоии замину замон аз вуҷуди мост,
Ин осмон масири фарозу фурӯди мост.
Беазмиҳо каронаи заъфу рукуди мост,
Фарҳанг аслу азму тавони вуҷуди мост,
Гуфтушунуди мост,
Пайку дуруди мост,
Фатҳу кушуди мост,
Шеъру суруди мост,
Чун тору пуди мост,
Пас, ҳасту буди мост!
Бо таваҷҷуҳ ба ин, фарҳанг азму талошу ҳаркату тавонмандии навъи башар аст ва сириштан ва моҳиятан дар муқобили беталошӣ, беҳаракатӣ, рукуду нодонӣ қарор мегирад. Дар маҷмӯъ, фарҳанг таровиши хиради инсонҳост. Ҷаҳонбинӣ, пиндорҳо, гумонҳо ва андешаҳои мардум дар бастагӣ бо ҳунари офаринандагии инсонӣ нишони фарҳанги мардумист. Фарҳанг ба вижагии ҷӯяндагӣ ва офаринандагии инсонҳо марбут аст. Гузашта аз ин, низоми мардумсолорӣ (демократия ва озодӣ) натиҷаи шинохти пасмондагӣ ва заъфҳои фикрию иҷтимоӣ ва равонию маданӣ буда, тавассути ин навъ шинохту бозрасиҳо мардум ба дараҷаи баланди огоҳӣ ва сатҳи зарурии донишу биниш мерасанд ва сарнавишти худро ба дасти худ таъйин мекунанд. Аммо ҳар қадар дар ҷомеа сатҳи костиҳо, пулпарастиҳо, сарватандӯзиҳо, истисмору истибдод, ғуруру такаббури нобаҷо, бетафовутию саҳлангорӣ зиёд шавад, ҳамон қадар сатҳи фарҳанг пойин меравад ва буҳронҳои гуногун ҷомеа ва давлатҳоро фаро мегиранд. Дар зимн, мардуме, ки аз вопасгаройии фикрӣ ва фарҳангӣ ранҷ мебарад ва дар ҳоли фақри маънавӣ гирифтор аст, намехоҳад, ки фикри пешрафта пирӯз гардад, чаро ки бо пирӯз гардидани фикру андешаи пешрафта ва мудерн нодонӣ ва вомондагии мардум рӯ мезанад. Аз ин рӯ, қишри ҷаҳолату нодонӣ ва хурофоту таассуб, ки алайҳи донишу фарҳанги зинда ва пешрав ҳамеша шӯру қиём мекунанд, дар ҳоли карахтии фикрӣ ва эҷодӣ қарор доштани мардумро мехоҳанд (ниг.: Оноҳид Марду. Таровиши андеша дар перомуни фарҳанг. Фаронса: Бунёди фарҳанги Ирон, баҳори 2008 (ба хатти форсӣ). -С.83-84).
Ба ин тартиб, ҳадафи зандагӣ ва зистан ҳам дар тасаввури инсон ҳамин фарҳанг аст, ки дар бурузи тавоноиҳои ботинӣ ва сириштӣ ва мунтаҳо, раҳонидани мардум аз мушкилоти зиндагӣ таҳаққуқ меёбад. Дар саргаҳи фарҳанг ва қудрати фарҳангӣ ақлу донишу ҳуш, ки аз огоҳӣ ва худшиносӣ сарчашма мегиранд, қарор дорад. Инсони огоҳу ҳушманд ҳамеша барои огоҳӣ бахшидани навъи башар кўшиш кардааст ва ин навъ инсонро «фарҳангӣ» унвон додаанд, ки ин унвони ифтихории иҷтимоӣ то имрўз дар миёни ҷомеа аз маҳбубияти вижа бархўрдор аст. Фарҳангиён бо роҳандозӣ кардани барномаҳои фикрию маданӣ ҳувият ва натиҷатан, фарҳанг дуруст карда, муносибатҳои инсониро бар мабнои фарҳанг устувор намуда, як ҷомеаи низомманд месозанд. Ҷомеаи низомманд ҷомеаи озоду созанда буда, тафоҳуму ҳамзистии фарҳангиро дар муҳитҳои иҷтимоӣ ба вуҷуд меоварад. Гузашта аз ин, ҷомеаи низомманд фарҳанги миллиро аз қайдубандҳои гуногуни ахлоқӣ, фикрӣ, ақидатӣ, сиёсӣ ва иҷтимоӣ эмин медорад ва роҳро барои расидан ба ҳадафҳои инсонӣ ва давлатсозии миллӣ ҳамвор месозад. Ин масъалаи муҳимест, ки дар шароити феълии давлатсозии миллӣ корсоз мебошад.
Мусаллам аст, ки мо дар шароити сахти бозиҳои сиёсию геополитикӣ ва бархӯрдҳои шадиди тамаддунӣ зиндагӣ мекунем. Ин гуна шароит ва фазо, ки ғолибан дар қолаби барномарезиҳо ва пружаҳои сиёсию мафкуравӣ ва иҷтимоию иқтисодӣ буруз менамояд, блоки сиёсию фарҳангии давлатҳои миллиро водор месозад, ки дар масири андешидани тадбир ва чораҳои зарурӣ ҳаракат кунанд ва масуният ва иммунитет доштани худро собит созанд. Муҳимтар аз ҳама, барои сенаристону коргардонони пружаҳои сиёсию геополитикӣ, ки ба хотири таҳти контрол даровардану мудирият кардани манотиқи мавриди назар саҳнаю намоишномаҳо таҳия ва пахш мекунанд, дар ҳоли хурофоту таассуб нигоҳ доштани ҷомеаҳои хушку карахт ба манфиати кор аст. Афзун бар ин, ҳар қадар ҷомеа дар ҳоли карахтии фикрӣ ва сатҳи пойини маърифатию маданӣ қарор дошта бошад, сатҳи татбиқи пружа ва тарҳҳои геополитикӣ ҳамон қадар боло меравад. Аз ин ҷост, ки аксаран, барномаю стратегияҳои сиёсию мафкуравии қудратталабони минтақавию ҷаҳонӣ дар минтақаҳои мавриди назар бидуни мушкил роҳандозӣ мегарданд ва натиҷатан, бохти давлату кишварҳои вопасгароро таъмин менамоянд.
Ба сухани дигар, ба вуҷуд овардани холои фикрию маданӣ, боло бурдани сатҳи ҳассосиятҳои миллию мазҳабӣ ва тасаллут бахшидани хурофоту таассуби динӣ муҳтавои барномаҳои ба истилоҳ, геополитикии давру замонро ташкил медиҳанд. Агар ба фазо ва муҳити тоҷикӣ дар шароити бархӯрдҳои сиёсию тамаддунӣ таваҷҷуҳ намоем, ба хубӣ мушоҳида мешавад, ки тайи даҳ-понздаҳ соли ахир қишрҳои гуногуни иҷтимоӣ ва ниҳодҳои мадании мо ҳам батадриҷ ба домани хурофоти динию мазҳабӣ, ки меросбар ва барандагонаш рӯҳониёни муҳофизакору мутаассиб мебошанд, часпидаанд. Бавижа, дар ин марҳила, бар асари нуфузу ташаннуҷи хурофоту таассуби мазҳабӣ фарҳанги миллӣ ва бовардоштҳои аҷдодӣ ба дараҷаи фаръӣ (на аслӣ) пойин фуромаданд ва ҷойи ифтихороти миллиро муфтахироти хурофӣ гирифтанд. Агар ба фазо ва муҳити фикрию маънавии даҳ-понздаҳ соли ахир дақиқкорона назар афканем, пай бурдан душвор нахоҳад буд, ки ҷомеаи мо ба чӣ мушкилу чолишҳое мувоҷеҳ гардидааст. Қабл аз ҳама, роҳандозӣ намудани барномаю тарҳҳои мафкуравӣ-идеологӣ ва фарҳангӣ (албатта, таҳти пӯшиши ҷаҳонишавӣ ва фарҳанггустарӣ), ки ҳадафи шикастани рӯҳияи миллӣ ва ҷаҳонбинии фалсафиро дунбол мекунанд, ба унвони таҳдид ва чолиши асосӣ дар шароити феълӣ шинохта мешавад. Аз тарафи дигар, ин навъ чолишу мушкилоти фикрию маданӣ, ки дар баробари онҳо чораандешиҳои муассири маънавию мафкуравӣ сурат нагирифтааст, боиси ба вуҷуд омадани буҳронҳои ҷиддии ахлоқӣ ва фарҳангӣ дар баданаҳои иҷтимоӣ гардидааст. Дигар ин ки буҳрони фикрӣ, пеш аз ҳама, ба фарҳанг ва мафкураи миллӣ, ки муҳраи калидии давлати миллӣ ва сохтори секулорӣ маҳсуб меёбад, осеб мерасонад. Ин аст, ки ҷиҳати рафъи мушкилот ва таҳдиду хатарот блоки мафкуравӣ дар ҳамоҳангӣ бо ҷомеаи маданӣ бояд аз муассиртарин тадбирҳо кор бигирад. Аз ҷумла, роҳандозӣ намудани барнома ва пружаҳои миллӣ, ки бар мабнои фарҳангу маънавиёти секулории аҷдодӣ матраҳ мегарданд, дар сатҳи кӯдакистону парваришгоҳҳо ва донишкадаву донишгоҳҳои ҷумҳурӣ тақозои замон аст. Бар ин асос, таҳияи силсилафилмҳои тасвирӣ, ҳуҷҷатӣ ва бадеӣ, ки дар созмон ёфтани фазои миллӣ ва таҳкими раванди секулорӣ нақши муассир доранд, зарурати замонию маконӣ мебошад. Ногуфта намонад, ки бар асоси сенарияҳои ҷолиб, ки бар мабнои фарҳанг ва биниши ҳунарии миллӣ бояд таълиф гарданд, метавон филмҳои муассири тасвирӣ, мустанад ва бедеӣ ва намоишномаҳои дархӯри миллӣ офарид ва бо дарназардошти синнусолӣ ва завқу салиқавии аҳолӣ манзури наслҳои наврас, ҷавон, миёнсол ва солманд кард. Дар айни замон, таҳким бахшидани раванди кори мафкуравӣ-идеологӣ, ки ба кайфияти блоки идеологӣ бастагӣ дорад, дар шароити феълӣ амри зарурист. Заъфи фикрӣ, таноқузи мафкуравӣ ва пойин будани сатҳи маданӣ бар нафъи бегонагон аст. Мо дар шароити ҳассоси сиёсию геополитикӣ ҳақ ва ҳуқуқи заифу нотавон буданро надорем. Зимнан, фарҳанги миллӣ, ки реша дар умқи таърихи башарӣ дорад, ба ин ҳаққи заифу нотавон ва бечоранолу беҳувият буданро намедиҳад. Ҳувияти миллӣ дар ҳофизаи фарҳанги бостонии мо нуҳуфта аст ва берун овардан ва таровиш бахшидани он вазифа ва рисолати виҷдонию инсонии қишри фарҳангӣ ва зиёии кишвар аст. Фарҳанги миллӣ минҳайси шева ва равиши зиндагии мардумӣ бояд дар ҷомеа маҳбубият ва машрӯият пайдо намояд ва ин тарзу тариқаи зистӣ ва ҳамбастагии миллӣ ҳаргиз маънои нодида гирифтани соири миллият ва ақаллиятҳои динию этникии муқими Тоҷикистонро надорад. Баръакс, мо ба мерос ва арзишҳои ақаллиятҳои миллию этникии муқими кишвар эҳтиром қоилем ва ононро ҷузъи ҷудонопазири ҷомеаи тоҷикӣ медонем. Дар навбати худ, эҳтиром ба арзишҳои миллӣ эҳтиром ба арзишҳои умумиинсонӣ аст. Бинобар ин, коргирӣ аз фарҳанги миллӣ, бовардоштҳои деринаи аҷдодӣ, меросу офаридаҳои бостонӣ ва илму фалсафаи худсози уврупоӣ ҷомеаи моро аз вартаи хатароту таҳдидоти рӯзмарраи дохилию хориҷӣ наҷот мебахшад ва роҳро барои расидан ба аҳдофи миллӣ ва сохтмони давлати дунявӣ ҳамвор месозад.
Корманди Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон Н.Нуров
Дар ҷаҳони муосир, ки илму техника босуръат рушд мекунад, нақши дониш ва маърифат дар ҳаёти инсон беш аз ҳарвақта муҳимтар гардидааст. Бо дарки ҳамин воқеият, Пешвои муаззами миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо ташаббусҳои наҷибона барои баланд бардоштани сатҳи маърифати аҳолӣ, махсусан ҷавонон, иқдомҳои муҳими фарҳангиву илмиро роҳандозӣ намудаанд.
Яке аз чунин иқдомҳои арзишманд — Озмуни ҷумҳуриявии “Илм — фурӯғи маърифат” буда, инак соли панҷум аст, ки дар Тоҷикистони азизи мо бо мақсади кашф кардани соҳибистеъдодҳо баҳри осон кардани роҳи расидан ба ҳадафи чоруми стратегӣ яъне саноатикунонии мамлакат ва амалисозии тарҳи «Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф» баргузор гашта истодааст. Дар соли ҷорӣ низ Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи баргузории озмуни ҷумҳуриявии “Илм - фурӯғи маърифат” аз 2 январи соли 2025 ба тасвиб расидааст. Ёдовар мешавем, ки озмуни ҷумҳуриявии «Илм-фурӯғи маърифат» бевосита таҳти сарпарастии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамасола баргузор мегардад.
Мақсади гузаронидани озмун ин, рушди тафаккури техникӣ, тарғиби ҷаҳонбинии илмӣ, дастрасӣ пайдо кардан ба техникаву технология, тавсеаи ихтироъкорӣ ва навоварӣ, пайвасти илм бо истеҳсолот, ҷалби бештари хонандагону донишҷӯён ва дигар қишрҳои ҷомеа ба омӯзиши фанҳои риёзӣ, дақиқ ва табиӣ, ҳамчунин дарёфт ва муаррифии истеъдодҳои нав дар ин самтҳо буда, тамоми қишри ҷомеа (ба истиснои докторони илм, профессорон, узви вобаста ва пайвастаи Академияи миллии илмҳо ва академияҳои соҳавӣ) метавонанд иштирок намоянд.
Фарқ аз солҳои гузашта, имсол барои баланд бардоштани сатҳи огоҳии иштирокчиёни озмун дар бораи технологияҳои навин дар соҳаҳои зеҳни сунъӣ ва муҳандисии барномавӣ, ҷалби таваҷҷуҳи онҳо ба дурнамо ва имкониятҳои соҳаҳои мазкур, инчунин ҳавасмандгардонии фаъолиятҳои ҷустуҷӯӣ, коркард ва тадиқотии марбут ба идеяҳои нав дар Озмун номинатсияи нав — «Зеҳни сунъӣ ва барномасозӣ» илова карда шуда, ки соҳибони мақоми аввали номинатсия мазкур ва номинатсияи «Ихтироъкорӣ» метавонанд барои Шоҳҷоизаи озмун дар даври ниҳоӣ рақобат кунанд. Инчунин бо илова намудани номинатсияи мазкур шумораи ҷойҳои ифтихори дар озмун аз 132 ҷой ба 156 ҷой омада расид.
Бояд қайд намуд, ки бо ташаббуси Пешвои миллат мукофотпулӣ барои ғолибони озмуни «Илм –фурўғи маърифат» аз соли ҷорӣ 100 фоиз зиёд карда шуд. Яъне минбаъд барои ғолибони ҷойи сеюм 30 ҳазор сомонӣ, ҷойи дуюм 50 ҳазор сомонӣ ва ғолиби ҷойи якум 70 ҳазор сомонӣ ва барандаи Шоҳҷоиза 140 ҳазор сомонӣ муқаррар гардидааст. Инчунин ба омўзгороне, ки шогирдонашон сазовори ҷойҳои 1, 2, 3 ва шоҳҷоиза мегарданд, 20 ҳазор сомонӣ мукофотпулӣ дода мешавад. Вобаста ба ин, дар соли ҷорӣ барои озмун аз Фонди захиравии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон 9 220 000 (нуҳ миллиону дусаду бист ҳазор) сомонӣ ҷудо карда шуд.
Ба ғайр аз ин ғолибони озмуни мазкур бо имтиёзҳо бархурдор карда мешаванд, яъне баъди хатми муассисаи таҳсилоти миёнаи умумӣ, ибтидоӣ, миёна ва олии касбӣ ба ихтисоси интихобкардаи худ ба муҳлати се сол бе супоридани имтиҳон ба муассисаҳои таҳсилоти миёна ва олии касбӣ ва баъд аз муассисаи таҳсилоти олии касбии ҷумҳурӣ ба гурӯҳҳои ройгон қабул мешаванд.
Чӣ хеле, ки дар боло қайд намуда будем, озмуни мазкур бо мақсади амалисозии «Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф» баргузор мешавад. Пас озмуни ҷумҳуриявии «Илм–фурўғи маърифат»-ро муҳарики асосии бистсолаи мазкур гуем ҳам хато намекунем, зеро баргузории Озмуни мазкур тайи солҳои 2021-2024 нишон дод, ки миёни ҷавонону наврасони кишвар таваҷҷуҳ ба омӯзиши илмҳои риёзӣ, дақиқ ва табиӣ бамаротиб зиёд гардида, барои дарёфт ва тарбияи мутахассисони баландихтисоси муҳандисию техникӣ замина гардидааст.
Хулоса, Озмуни ҷумҳуриявии “Илм-фурӯғи маърифат” дар баробари озмунҳои дигар, аз як тараф барои баланд бардоштани маърифати қишрҳои гуногуни ҷомеа хидмат намуда, аз ҷониби дигар, қувваи бузургеро доро мебошад, ки барои баланд бардоштани сифати таълиму тарбия дар тамоми зинаҳои таҳсилот судманд аст. Илова бар ин, кори ҷиддӣ бо ин озмунҳо метавонад, норасоиҳоеро, ки дар раванди низоми таълим дар зинаҳои гуногуни таҳсилот вуҷуд дорад, пайдо ва бартараф намояд. Яъне, Роҳбари давлат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо роҳандозӣ намудани озмунҳои гуногуни ҷумҳуриявӣ кафолати муваффақиятҳои соҳавиро дар дасти миллат ва мутахассисон додааст, то тавонанд, дар самтҳои худ дастоварду пешрафтҳои илмӣ дошта бошанд ва аз ин роҳ барои миллату давлат фарзандвор хидмати содиқона дошта бошанд.
Мудири шӯъбаи таҳрезии математикии Институти математикаи ба номи А. Ҷӯраеви АМИТ н.и.ф.м., Сафарзода Э.Ҳ.
Математика ягона фанест, ки дар тамоми мактабҳои ҷаҳон аз соли аввали таҳсил то анҷоми хатми он омӯзонида мешавад. Чаро дар олам ба шоҳи фанҳо чунин имтиёз дода мешавад? Фаҳмост, ки нақши математика дар ҷаҳони муосир пайваста меафзояд. Ин аз он иборат аст, ки бидуни тавсифи риёзӣ як қатор зуҳуроти воқеият ба амиқтар дарк ва аз худ кардани онҳо умед кардан душвор аст. Рушду инкишофи соҳаҳои илми дақиқ, забоншиносӣ, техникӣ ва дигар илмҳо васеъ истифода бурдани математикаро тақозо менамоянд. Зиёда аз ин, бе математика на тадқиқи фазои, коинот имконпазир асту на на кашфи машинаҳои электронии ҳисоббарор.
Ба шарофати дониш ва малакаи математикӣ мо на танҳо масъалаҳои арифметикиро ҳал мекунем, балки он ба мо имкон медиҳад, ки чандирии ақлро инкишоф диҳем, ки барои ҳалли масъалаҳои муҳими объективӣ зарур аст. Ин гуна масъалаҳо на танҳо масъалаҳои дорои хусусияти математикӣ дошта мебошанд, балки проблемаҳое мебошанд, вазъиятҳои гуногуни ҳаётро баррасӣ менамоянд ва барои фаҳмидани моҳияти мушкилии онҳо шумо бояд онро аз чанд тараф баррасӣ кунед, ки ин ба шарофати тасаввуроти мантиқӣ-математикӣ имконпазир аст.
Математика илми дақиқест, ки хатоҳоро таҳаммул намекунад. Маҳз ба шарофати ҳамин хусусияти вай қонунҳои математикӣ асоси тамоми ихтироъҳоро ташкил доданд, аз кашфиёти ибтидоӣ дар шакли фишангҳо, то соҳаҳои техникӣ ва компьютерҳои ҳозиразамон.
Қоидаҳо ва қонуниятҳои дар математика кашфшуда дар ҳамаи соҳаҳои дигари донишҳои инсонӣ, аз ҷумла физика, химия, љуғрофия, геология ва ғ. ошкоро ё ноаён амал мекунанд ва зиндагии ҳаррӯзаи моро дақиқу пурмазмун мегардонанд, дар натиҷа иқтисоди моро пеш мебаранд.
Забони формула, ки дар математика истифода мешавад, ба тамоми олимони ин соҳа бахшида шуда, сарфи назар аз миллат, забон равшан аст, ба шарофати он дар олами математика дар муддати кӯтоҳ кашфиёт ва далелҳои нав пайдо мешаванд.
Математика ҳамчун илм дар шакли моделҳои гуногуни математикӣ инъикос мегардад, ки вазифаи асосии онҳо намоиш додани ҳодисаҳо ва падидаҳои воқеӣ мебошад, аз ин рӯ, ҳадафи асосии математика таҳияи моделҳое мебошад, ки падида ё объектро дар зери он ба таври кофӣ шарҳ медиҳанд.
Яке аз хусусиятҳои дониши математикӣ дар он аст, ки забони ададҳо ба ҳама объектҳои моделшуда татбиқ мегардад. Дар ин илм забони муомилоти илмӣ бо ҳарф ифода мегардад ва дар баробари ин забони рақамҳо байналхалқӣ буда, онро ҳар як одами бофарҳанг мефаҳмад.
Дониши математикӣ ба инсон имкон медиҳад, ки муносибатҳоро дар ҳодисаҳои дар атрофи ӯ рӯйдода зуд ва дуруст муайян кунад, муҳимтар аз ҳама аз нуқтаи назари мантиқӣ амал кунад ва ба ҳалли масъалаҳои гуногун муносибати созанда дошта бошад. Аз ин рӯ, шахсеро, ки математикаро хуб медонад, мантиқшинос ва бомаъри фат номидан мумкин аст.
Математика дар ҳаёти инсон ҷойгоҳи махсусро ишғол мекунад, мо бо он чунон омехта шудаем, ки ин вобастагиро пайхас намекунем. Масалан, дар сохтмон мо, бидуни он ки ин ё он формулаи математикиро намедонем, нақшаи хонаро таррезӣ карда хона месозем.
Дар мактаб масъалаҳои математикӣ зиёданд ва мураккабии онҳо сол то сол меафзояд, ки ба ин гуна масъалаҳо машғулиятҳои математика, ҳалли масъалаҳои математикӣ одамро инкишоф медиҳад, вайро мақсаднок, фаъол ва мустақил мегардонад.
Чунин ба назар мерасад, ки пас аз мактаб математика дар ҳеҷ ҷо фоидае нахоҳад дошт, ки ин ақидаи куллан хатост. Масалан, барои харидани хона ба шумо чӣ миқдор маблағ лозим аст? Шумо аз математика ва ҳалли масъалаҳои математикӣ чӣ қадар даромад гирифта метавонед? Дар ҳама ҳолат математика ба ёрии шумо меояд ва дар ҳама ҷо шуморо пайгирӣ мекунад, ба шумо дар мушкилот ёрӣ мерасонад.
Агар ба таърихи инсоният назар афканем, мебинем, ки мисриёни қадим ҳељ гоҳ аҳромҳоҳои бузурги худро бидуни қонунҳои одии риёзӣ сохта наметавонистанд. Бешубҳа барои сохтани паҳлуҳои пирамида ба шумо хатти рости чанд километр дарозӣ лозим меояд. Маҳз бо ёрии маҳорати математикӣ ба мисриён муяссар шуд, ки ин масъаларо ҳал кунанд ва дар таърих абадан сабт шаванд.
Коидаҳои зиёди китобҳои дарсии мактабӣ оид ба арифметика ва геометрия ба юнониёни қадим беш аз ду хазор сол қабл маълум буданд. Халқҳои дигари дунёи қадим, мисриён, бобулиён, чиниён ҳануз дар ҳазорсолаи сеюми пеш аз милод дар бораи геометрия ва математика маълумоти кофӣ доштанд.
Инчунин, математика ба мунаҷимон барои муайян кардани роҳҳои ситораҳои дурдаст, дар идора кардани парвозҳои ҳавопаймоҳо ва киштиҳои кайҳонӣ ёрии беғаразона мерасонад.
Ҳоло машинаҳои ҳисоббарор, дастгоҳҳои мураккаб, машинаҳои гуногуни худкор торафт бештар шуда истодаанд. Бинобар ин, математика на танҳо ба муҳандисону физикдонҳо, балки ба устои одӣ ва коргари муқаррарии заводу фабрикаҳо низ лозим ва зарур аст.
Азбаски баъзеҳо табиати математика ва алоқаи онро бо табиат ба таври гуногун баҳо медиҳанд, онро дар омӯзиши конунҳои он муҳим намешуморанд, мо наметавонем хомӯш бошем ва мехоҳем то андозае онро фаҳмонем, ки нақши математика ва донишҳои математикӣ дар чистанд. Онро набояд истисно кард, ки дар байни математика ва ҳақиқати воқеӣ чӣ алоқамандӣ вуҷуд дорад.
Якчанд музаффариятҳои математикаро аз қабили мавҷҳои электромагнитӣ, самараи пешгӯии назарияи нисбият, шарҳи математикии назарияи атомӣ ва ҳаракати моллекулаҳо, ҳатто назарияи ҷозибаи нютониро ва шарҳи садҳо ҳодисаҳои ноаёни дигарро мисол овардан мумкин аст, ки қабул кардану дарк намудани онҳо бе донистани математика ғайриимкон аст. Оё табиат бо мантиқи инсонӣ ягон алоқа дорад? Чаро математика ҳангоми навиштани ин ё он ҳодисаи табиат ба ёрӣ меояд? Дар ҳақиқат дар илму техникаи муосир муаммоҳои зиёде мавҷуданд, ки дарк карданашон аз донистани илми математика вобастагӣ дорад. Аён аст, ки ин илм дар худ сирҳои зиёдеро ниҳон дорад, ки алҳол мо онҳоро намедонем.
Табиати атроф механизми азимро мемонад, ки қисмҳои алоҳидаи дар алоқаи байниҳамдигарӣ амал мекунанд. Ин механизм бе нуқсон ва бе иштибоҳ ҳаракат мекунанд. Ба ин ҳаракати сайёраҳо, мунтазам иваз шудани мадду чазрҳо, имконияти пешгӯӣ кардани хусуфҳои Офтобу кусуфҳои Моҳ мисол шуда метавонанд. Қисми ин механизми азим – ин ҳаракати бефосилаи материя мебошад, ки онро қувваи фавқуъазим ба вуҷуд меорад ва идора мекунад. Инро муфассал шарҳ медиҳем.
Асоси ин механизмро мафҳуми матертия ташкил додааст, ки ҳамчун ҷавҳари аслии ҷисмонӣ вуҷуд дорад. Боварӣ ба он ки материя асоси ҳама мавҷудоти олам мебошад, ҳануз ба юнониҳои қадим маълум буд. Олимони машҳури ин минтақа бо тарзҳои барояшон хос олами атрофро таҳқиқ намуда хулосаҳо мебароварданд. Масалан Левкипп ва Демокрит идеяеро пешниҳод карданд, ки мувофиқи он ҷаҳон аз зарраҳои ҷудонашаванда иборат буда дар холигӣ вуҷуд доранд. Арасту бошад материяро аз чор унсур: об, хок, бод, оташ иборат муарифӣ кард. Томас Гоббс тасдиқ мекард, ки ҳамаи ашё вазн дорад, яъне он дорои ченакҳо – дарозӣ, бар ва баландӣ аст.Дар навбати худ, ҳар қисми ин ашё низ дар навбати худ дорои ҳамин ченакхо мебошад. Бо ақидаи ӯ ҷисм чизест, ки фазоро пур кардааст: он тақсимшаванда ва дар ҳаракат буда, худро бо тарзи математикӣ ифода мекунад. Азбаски мо инсонҳо як қисми ин табиат мебошем, бояд амали мо вобаста аз мафҳумҳои материя, ҳаракат ва математика муарифӣ карда мешаванд.
Математик ва файласуфи машҳури немис Рене Декарт ақида дошт, ки материяро Худованд офарида, онро аз рӯйи қонунҳои муайян ба гардиш даровардааст ва ҳамаи ҳаводиси табиатро бо воситаи мафҳумҳои материя ва ҳаракат ва бо забони математика маънидод кардан мумкин аст.
То ибтидои асри ХХ ҳамаи физикҳо ва файласуфҳо ба он ақида буданд, ки материя асос ва моҳияти ҳақиқати воқеӣ мебошад. Аз ҷумла Исаак Нютон боварӣ дошт: азбаски материяи ҳаракаткунанда ҳамчун калид барои навишти ҳаракати сайёраҳо ва афтиши озоди ҷисмҳо хизмат мекунад, олимон кӯшиш ба харҷ доданд, то бо воситаи математика чунин ҳодисаҳоеро шарҳ диҳанд, ки табиати онҳо низ номуайяну номаълум буданд. Гармӣ, рушноӣ, қувваи электрикӣ ва магнетизм ҳамчун шаклҳои мухталиф ва “бевазн” муарифӣ шуданд.”Бевазнӣ” маънои ниҳоят хурд будани зичии ин шаклҳои материяро дошт, бинобар он онҳоро чен кардан ғайриимкон ҳисоб меёфт. Ҳамин тавр барои маънидод кардани ҳаракати сайёраҳо Нютон мафҳуми “қувваи ҷозиба”-ро ворид сохт. Барои маънидоди ҳодисаҳои магнитӣ ва электрӣ Фарадей мафҳуми “ хатҳои қуввагӣ”- и ин майдонҳоро қабул кард ва боварӣ дошт, ки онҳо воқеан вуҷуд доранд. Ҳамин тавр дар табиат се мафҳуми асосӣ вуҷуд дорад: материя, қувва ва ҳаракат. Қувва ба материя таъсир мекунад, ҳаракат бошад ин рафтори материя мебошад. Пас материя аз ин се мафҳум аз ҳама муҳимтар ҳисоб меёбад. Аз ҳамин нуқтаи назар олимон материяро, ки рафтори онро танҳо бо воситаи қонунҳои математикӣ ифода кардан мумкин асту халос, ҳақиқати ягона пиндоштанд ва мепиндоранд.
Дар охири асри ХVIII яке аз шохаҳои илми физика бо номи “механика” ба инкишофи пурра соҳиб гашт. Он дар байни аҳли илм ҳамчун “ Илми универсиалӣ” маъруф гашт. Мувофиқи ақидаи олими машҳур Герман Гелмголтс ( 1821- 1894) , ки дар асараш “ Лексияҳои ҳамабоб дар бораи илм” ( 1869) навишта буд, мақсади ниҳоии илмҳои табиатшиносӣ аз он иборат аст, ки ҳалли масъалаҳои хешро бо воситаи механика ба даст оваранд. Ва ҳамин тавр ҳам буд. То асри Х1Х физикадонҳо гумон доштанд, ки қариб ҳамаи ҳодисаҳои табиат шарҳи механикӣ доранд. Яке аз ҳодисаҳоро, ки бо воситаи механика маънидод кардан ғайриимкон буд – ҳодисаи ҷозибаи табиат аст. Ин ҳодисаро Нютон то андозаеро маънидод кард, вале он нокифоя буд. Чӣ гуна қувваи ҷозиба метавонад Офтоб ва сайёраҳоро, ки дар масофаи садҳо миллиард километрҳо ҷойгиранд дар фазо дар масофаҳои муайян нигоҳ дорад? Физикҳо, гарчанде ақидаи Нютонро бечунучаро қабул карда бошанд ҳам, аммо дар бораи табиати физикии ҷозиба чизеро дарк намекарданд. Аз ифодаи математикии қонуни ҷозиба истифода карда, олимони математики машҳури замона Лагранж ва Лаплас тавонистанд якчанд татбиқи онро дар ҳодисаҳои ғайриодӣ мушоҳида намоянд, дар ҳаракати ҷирмҳо осмон дарк кунанд ва дар асоси он баъзе ҳодисаҳои навро пешгӯӣ кунанд. Ҳоло медонем, ки мафҳуми ҷозиба ( гравитатсия) - як ҳарзагуии беҳудаи илмӣ буда, то ҳоло сиру асрори зиёдеро ба душ гирифта меояд ва касе онро шарҳ дода наметавонад. Бо ибораи дигар Нютон ва пайравони ӯ ҳодисаи табиии гравитатсияро ба мафҳумҳои математикӣ ҳавола карда буданд, ки то ҳол моҳияти онҳо нофаҳмо, мафҳум боқӣ мондаанд. Дар ин маврид суханони нависандаи англис Г.Честертон (1874- 1936) -ро овардан ҷоиз аст, ки ӯ гуфта буд: “Мо ҳақиқатро дарёфтем, вале маълум гашт, ки он маънои физикӣ надорад”. Барои мисол, агар мо ҳоло ду пораи магнитро гирифта онҳоро бо ҳам наздик созем, онҳо ҳамдигарро ё тела медиҳанд ё бо ҳам ҷазб мешаванд. Оё мо доир ба чӣ гуна таъсир расонидани ин пораҳои магнит чизе гуфта метавонем? Ба гумонам не! Пас мо ҳоло дар бораи таъсири байниҳамдигари хаттҳои қуввагии майдони магнитӣ, ки нахустин шуда онҳоро Фарадей ошкор сохтааст, чизи аниқе гуфта наметавонем. Ин ҷо ҳам ба Максвелл ва муодилаи ӯ умед бастан беҳтар аст. Максвелл ба ҷойи хаттҳои қуввагии майдони магнитии Фарадей мафҳуми нави эфирро ворид сохт, ки ҳамчун муҳити гузаронандаи рушноӣ, ҳамчун паҳнкунандаи мавҷҳои электромагнитӣ, ҳатто мавҷҳои рушноӣ муарифӣ карда шуд. Ин кушиши механикии анҷомдодаи Максвел низ ҳамчун ақидаи Нютон натавонист, ки моҳияти ҷозибаро кушода диҳад. Муодилаҳои математикӣ боло гирифтанд. Ҳамин тавр инкишофи минбаъдаи физика ақидаи “эфир” – ро низ аз муомилоти илмӣ танг карда баровард.
Солҳои баъдин дар байни файласуфҳо ақидаи “сабаб – оқибат “ инкишоф ёфт ва оҳо кушиш кардаанд, ки рӯй додани ягон ҳодисаи табиатро сабаби ҳодисаи дигаре маънидод намоягнд. Масалан, мувофиқи ақидаи математики машҳуртарини Дунёи Қадим Архимед сабаб бо он меоварад, ки материя дар ҳама ҷо ва ҳамеша худро ҳамчун бо тартиб ва пешгӯишаванда муарифӣ мекунад. Ошкор кардани сабабият дар илми муосир аз Галилей сарчашма мегирад. Ӯ дар бораи ҷозибаи Замин андеша ронда, ҷозибаи заминро ҳамчун натиҷаи ҳаракати ҷисмҳои он маънидод карда буд, гарчанде аз ӯҳдаи навишти математикии қонунҳои он баромада натавонист.
Нютон ва ҳамасрони ӯ ақидаеро пешниҳод карда буданд, ки дар давоми ду аср мавқеашро устувор нигоҳ дошт. Мувофиқи он сабабият ба табиати худи ҷаҳони физикӣ марбут аст. Ба ҳамин таълимот такя карда Нютон мафҳуми “қувваи универсалии ҷозиба”- ро пешниҳод кард. Ӯ хулоса кард, ки сабаби ҷозибаи умумиолам аз рӯи мадорҳои эллиптикӣ давр задани сайёраҳо мебошад. Агар қонуни ҷозиба намебуд,- гуфта буд ӯ,- сайёраҳо бояд аз рӯи мадорҳои ростхатта ҳаракат мекарданд. Математики дигар машҳури немис Г.Лейбнитс ҳам онро тарафдор буд, ки “ҳар он чӣ ба амал меояд, сабаби худашро дорад ва даркшаванда аст”
Математика, инчунин, дар ошкор сохтани ҷирмҳои аз назар ноаёни кайҳонӣ низ нақши бориз гузоштааст.Масалан, бо ёрии қонунҳои математикӣ ошкор карда шудааст, ки чандин миллион сол пеш дар байни мадорҳои Миррих ва Муштари саёрае бо номи рамзии Фаэтон дар атрофи Офтоб давр мезадааст. Ҳоло ин сайёра пора гашта майдони астероидҳоро ташкил додааст. Сайёраҳои дурдасти Системаи офтобиро , аз қабили Уран ва Нептун низ бо ёрии формулаҳои математикӣ Гаусс ва дигарон ошкор сохта буданд, ки ин аз қудрату эътибори математика ҳамчун шоҳи фанҳо дарак медиҳад.
Мақсад аз иншои ин мақолаи илмӣ-оммавӣ дар нишон додани он аст, ки донишҳои математикӣ дар омӯзиши табиат чӣ нақши муҳим доранд. Агар математика натиҷаи эҷоди ақли инсон бошад, аз ин ҷо ба кадом хулоса омадан мумкин аст? Мо қобилияти баҳо додан ба саволи оё табиат тартиби муайянро доро аст, оё вай аз рӯйи нақшаи пешакӣ тарҳрезишуда (мувофиқи ақидаи Арасту) амал мекунад? Вале мо бо боварии комил гуфта метавонем, ки шоҳи фанҳо- Математика, ки олоти пуриқтидори ихтироъкардаи олимон ба ҳисоб меравад имкон медиҳад, то олами мураккабу гуногуншакли ҳаводиси табиатро ошкор намоем ва онро ба манфиати хеш истифода барем.
Дар охир мо қонуниятҳо ва формулаҳои математикиеро меорем, ки онҳо дар таърихи чандинҳазорсолаи инсоният нақши хеле арзанда гузоштаанд ва дар таҳқиқи табиат ва фазои коинот абадан дар истифода қарор доранд:
Формулаҳое, ки ҷаҳонро дигар сохтанд:
1. Формулаи бобулиҳо ( асрҳои III – IV то милод) ( Пифагор, 530 то милод)
a2 + b2 = c2.
2. log (xy) = log x + log y. ( Непер, 1610).
3. Ҳосилаи функсияи у = f(x). = (Нютон,1668).
4. Қонуни Ҷозиба. F = G ( Нютон, 1687).
5. Формулаи Эйлер барои бисёррӯяҳо. V – E + F = 2 ( Эйлер, 1751).
6. Решаи квадратӣ аз -1. i2 = -1. ( Эйлер, 1750).
7. Қонуни тақсимоти нормалӣ.(х) = ( Гаусс, 1810).
8. Муодилаи мавҷӣ. =. . ( Даламберт, 1746).
9. Табдилдиҳии Фуре. F() =dx. ( Фурие, 1822).
10. Муодилаи Наве- Стокс. ( + vv) = - +T+f . (C.Ҳавиер,G.Cтокс,1845).
11. Муодилаи Максвелл. = 0, H = 0,
E = -, H =. ( J.C. Максвелл, 1865).
.Қонуни дуюми термодинамика. 0. ( Л.Болтсман, 1874).
. Муодилаи нисбияти Эйнштейн. E = m. ( Эйнштейн, 1905).
Муодилаи Шрёдингер. ih = H . ( E. Шрёдингер, 1927).
Назарияи информатсияҳо. H = - ( C. Шаннон, 1949).
Муодилаи мантиқӣ( Назарияи Чаос). = k ( 1 -). ( Роберт Мей, 1975).
Муодилаи Блек – Шоулез. + rs + – rv = 0. (Блек,Шолес, 1990).
18. Муодилаи муҳимтарини Кайҳон ё муодилаи якуми Фридман. (А.Фридман,1922).
- - = - .
Ин муодила мефаҳмонад, ки чӣ тавр вобаста аз мазмуни (оканаи) кайҳон суръати васеъшавии кайҳон бо гузашти вақт тағйир меёбад...
А. Раҳимзода – номзади илмҳои физика – математика, директори Институти математикаи ба номи А. Ҷӯраеви АМИТ
А.Шарифзода – Ходими калони илмии шуъбаи назарияи функсияҳо ва таҳлили функсионалӣ Институти математикаи ба номи А. Ҷӯраеви АМИТ
ИСТИФОДАИ ТЕХНОЛОГИЯҲОИ РАҚАМӢ ВА ЗЕҲНИ СУНЪӢ ДАР САМТИ АМАЛИСОЗИИ ҲАДАФҲОИ РУШДИ УСТУВОР
“Технологияҳои рақамӣ ва зеҳни сунъӣ барои ноил шудан ба Ҳадафҳои рушди устувор заминаи муносиб ба шумор мераванд. Тоҷикистон тавассути қабули стратегия ва дигар санадҳои консептуалӣ ҷиҳати марҳала ба марҳала гузаштан ба низоми рақамикунонӣ тадбирҳои зарурӣ меандешад.”
Эмомалӣ РАҲМОН
Мусаллам аст, ки дар замони муосир ва инчунин дар раванди рушди босуръати илм ва техника маҳз қабули Қатъномаи муҳимму басо ҳам муфид аз ҷониби Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид таҳти унвони «Нақши зеҳни сунъӣ дар фароҳам овардани имконоти навин барои рушди устувор дар Осиёи Марказӣ», ки аз санаи 25 июли соли 2025 бо ибтикори бевоситаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои муаззами миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҷаноби Олӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пешниҳод гардида, қабул шуд, яке аз аввалин ҳуҷҷати байналмилалӣ маҳсуб меёбад, ки ба татбиқи зеҳни сунъӣ дар сатҳи минтақавӣ таваҷҷуҳи бештари худро медиҳад.
Чунки дар замони муосир рушди босуръати илму техника яке аз муҳимтарин масоил барои ҳар як давлат ва бар замми ин пеш аз ҳама таъмини амнияти иттилоотии кишвар ва инчунин шаҳрвандонаш маҳсуб меёбад. Хоҳ нохоҳ иттилоот дар ҳаёти инсон ва инчунин давлат торафт мақоми волотареро ишғол менамояд. Аз ҷониби дигар, зеҳни сунъӣ ҳамчун воситаи пурқудрат ҷиҳати суръат бахшидан ба пешрафт дар самти 17 Ҳадафҳои рушди устувор (ҲРУ) ҳамаҷониба хизмати зиёде мекунад, ки ба истифодаи муносиби захираҳо, инчунин таҳлили маълумоти зиёд ва навоварӣ ҳамаҷиҳата мусоидат мекунад.
Бинобар ин имрӯзҳо сухан бештар дар атрофи марҳалаи нави рушди башарият, яъне ҷомеаи иттилоотӣ меравад. Зеро айни замон, тибқи аксари мушоҳидаҳо кулли кишварҳои дунё манфиатҳои давлатии худро бо таҳлили қиёсии ширкати фаъолона дар ташаккулдиҳии ҷомеаи иттилоотӣ арзёбӣ менамоянд. Дар соли 2025, тавре ки дар гузориши UNSDG қайд шудааст, зеҳни сунъӣ аллакай истифодаи муносиби энергияро таъмин мекунад, ташхиси тиббиро беҳтар мекунад ва биоравнақиро назорат мекунад.
Лозим ба тазаккур аст, ки зеҳни сунъӣ ҳамчун соҳаи илмӣ аз солҳои 1950 инҷониб инкишоф ёфтааст ва айни замон бештар дар самтҳои омӯзиши мошинӣ, шабакаҳои нейронӣ ва коркарди маълумоти калон ба таври васеъ истифода мешавад. Дар маҷмуъ рушди устувор, зеҳни сунъӣ ба ҳадафҳои СММ ҳамаҷониба мусоидат мекунад, ки масалан, ҳадафи 9 (навоварӣ ва инфрасохтор) ва ҳадафи 13 (ҳифзи иқлим) мебошанд.
Бояд қайд кард, ки маҳз бо дарназардошти рушди инфраструктураи глобалии иттилоотӣ, таъсисдиҳӣ ва истифодабарӣ аз техника ва инчунин технологияҳои ҷадиди замони муосир баҳри таъмини болоравии иқтисодии устувор, беҳтару хубтар гардонии ҳаёти иҷтимоии ҷомеа, дастгирии ҳамаҷонибаи сулҳу ризоияти миллӣ ва таҳкимбахшии демократия, ҳифзи манофеи миллии Тоҷикистон дар соҳаи иттилоот бори аввал дар Консепсияи амнияти иттилоотӣ, ки соли 2002 аз ҷониби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҷаноби Олӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба тасвиб расида буд. Маҳз дар ин санади муҳим вазифаҳое, ки ҳалли онҳо барои расидан ба ин мақосиди зарурӣ лозиманд низ нишон дода шудаанд.
Метавон гуфт, ки дар Осиёи Марказӣ мушкилоти минтақавӣ ба монанди идоракунии захираҳои обӣ, ки Ҷумҳурии соҳибистиқлоли Тоҷикистон дар он пешсаф аст, метавонанд бо кӯмаки зеҳни сунъӣ ҳал шаванд. Масалан, моделҳои ЗС барои пешгӯйии офатҳои табиӣ ва истифодаи муносиби кишоварзӣ истифода бурда мешаванд. Дар замони муосир зеҳни сунъӣ ҳамчун воситаи калидӣ барои ҳалли масъалаҳои глобалӣ, аз ҷумла рушди устувор шинохта шудааст.
Мутобиқи гузоришҳои СММ зеҳни сунъӣ метавонад, ки дар самтҳои ҳифзи муҳити зист, рушди соҳаҳои тандурустӣ, маориф ва иқтисод нақши басо муҳим бозад. Дар Осиёи Марказӣ, ки минтақаи дорои захираҳои бой ва мушкилоти муштарак ба монанди тағйирёбии иқлим ва нобаробарии иқтисодӣ аст, истифодаи зеҳни сунъӣ имконоти навин фароҳам меоварад. Зеро дар соли 2025 бо дарназардошти ақибмонии ҲРУ зеҳни сунъӣ метавонад, ки ҳамчун як воситаи ҳаракатдиҳанда ва ноилшавандаи ояндаи устувор гардад.Чунки амнияти итилоотӣ манофеъ ва обрӯю эътибори (имиҷи) давлат дар соҳаи иттилоот яке аз муайянкунандаҳои ояндаи бехатарии миллӣ ва инчунин байналхалқӣ гардидааст.
Қатъномаи Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид таҳти унвони «Нақши зеҳни сунъӣ дар фароҳам овардани имконоти навин барои рушди устувор дар Осиёи Марказӣ» A/79/L.94. Ин ташаббус аз суханронии Пешвои миллат дар иҷлосияи 79-уми Маҷмаи Умумии СММ (24 сентябри 2024) сарчашма мегирад: чунки Қатъномаи A/79/L.94 ба соҳаи ғайриҳарбӣ тамаркуз карда, истифодаи зеҳни сунъиро барои ҳадафҳои ҳарбӣ истисно мекунад.
Аз ҷониби дигар, он таъсири трансформатсионии зеҳни сунъиро дар Осиёи Марказӣ ҳамаҷониба эътироф намуда, бар замми ин гуфтаҳо ҳамзамон саъю талошҳои кишварҳои минтақаро, аз ҷумла амали стратегияҳои миллӣ (Стратегияи рушди зеҳни сунъӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2040, Стратегияи Ӯзбекистон то соли 2040, Консепсияи Қазоқистон барои солҳои 2024-2029) ва таъсиси марказҳои инноватсионӣ (ба монанди Asian Hub ва Парки технологияҳои баланд дар Қирғизистон)-ро тақвият мебахшад.
Ҳамин тариқ, метавон гуфт, ки ҲРУ-яъне Ҳадафҳои Рушди Устувор дар маҷмуъ 17 ҳадафи ба ҳам алоқамандро дар бар мегиранд: аз барҳам додани камбизоатӣ (ҲРУ 1) ва гуруснагӣ (ҲРУ 2) то таълими босифат (ҲРУ 4), баробарии гендерӣ (ҲРУ 5), энергияи тоза (ҲРУ 7), шаҳрҳои устувор (ҲРУ 11) ва амалҳои иқлимӣ (ҲРУ 13). Ҳамаи онҳо аслан гирем ба се сутуни устувор – иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва экологӣ – нигаронида шудаанд. Аз ин рӯ, дарки он муҳим мебошад, ки ҳеҷ як кишвар дар ҷудоӣ ва берун аз фазои иттилоотии ҷаҳон вуҷуд дошта наметавонад. Зеро асри гузаштаи ХХ ба пуррагӣ дар маҷрои пурҷӯшу хурӯши ташаккулёбӣ ва рушди индустрияи иттилооти ҷаҳонӣ сипарӣ гардид.
Лозим ба тазаккур аст, ки тибқи маълумоти дақиқ барои далел агар соли 1993 дар ҷаҳон теъдоди истифодабарандагои шабакаи умумиҷаҳонии Интернет наздик ба 90 ҳазор расида бошад, баъд аз сипарӣ гардидани як даҳсола шумораи истифодабарандагон ин дастгоҳи бузурги иттилоотӣ ба 580 миллион ва дар давраи соли 2004 бошад, дар маҷмуъ миллиард нафарро ташкил менамуд. Чунки дар давоми таърихи инсоният ҳеҷ як ВАО бо чунин як суръати баланд инкишоф наёфтааст.
Хулласи калом, бо сипарӣ гардидани расо се даҳсола, яъне баъд аз таъсисдиҳии шабакаҳои нахустини компутарӣ ва ҳамзамон пас аз 10 соли расидани шабакаи умумиҷаҳонии Интернет ба зинаи муосири нуқтаи инкишофи худ ва инчунин ба вуҷуд омадани фазои иттилоотии ҷаҳонӣ як падидаи воқеӣ ва инчунин ҳалли вазифаҳои он гӯиё як зарурияти ҳаётан муҳим гардиданд, ки пештар, дақиқаш 50-сол қабл аз ин, дар мавриди аз тариқи почта фиристодани 30 саҳифаи матн ба масофаи 5 ҳазор километр тақрибан 10 рӯз ва инчунин 10 доллар зарур буд. Ё ин ки 20 сол пеш аз ин ҳамин гуна миқдори матнро тавассути факс дар зарфи 1 соат бо масрафи 50 доллар интиқол намудан мумкин буд. Акнун имрӯз бошад барои амалӣ гардонидани ин кор ҳамагӣ чанд сония ва дар маҷмуъ 3 сент лозим аст.
Хулоса, айни замон зеҳни сунъӣ, аз ҷумла омӯзиши мошинӣ, таҳлили иттилооти калону пешгӯйиҳо имкониятҳои назаррас барои ҳалли ин масоилу аҳдофро пешниҳод мекунад. Тибқи гузориши Nature соли 2020, ки соли 2025 навсозӣ шудааст, зеҳни сунъӣ метавонад баҳри ноил шудан ба 134 аз 169 нишондиҳандаи ҳадаф мусоидат кунад, аммо инчунин ба 59-тои онҳо бошанд монеъ шавад.
Аз нигоҳи дигар, мутобиқи маълумоти Гузориши ҷаҳонии рушди устувор соли 2025, пешрафт дар Ҳадафҳои Рушди Устувор камтар аз 50% аст ва бо ақибмонӣ дар кишварҳои рӯ ба тараққӣ оварда расонидааст. Зеҳни сунъӣ метавонад дар мониторинг ва амалисозӣ тавассути таҳлили маълумот барои пешгӯйии тамоюлҳо ва истифодаи муносиби захираҳо ҳамроҳ шавад.
Ҳамин тариқ, метавон хулоса кард, ки Консепсияи рушди устувор дар натиҷаи муттаҳид кардани се нуқтаи назари асосӣ: иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва экологӣ пайдо шудааст. Он пеш аз ҳама тадбирҳои истифодаи муносиби захираҳои маҳдуд ва инчунин истифодаи технологияҳои экологӣ - табиӣ, энергия ва материалсарфа, ҳифзи устувории системаҳои иҷтимоӣ ва фарҳангӣ, таъмини якпорчагии системаҳои биологӣ ва физикии табииро дар назар дорад.
РАҲИМЗОДА Алишер Орзу, номзади илмҳои физикаву математика, директори Институти математикаи ба номи А. Ҷӯраеви Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон
Ба хотири боз ҳам беҳтар ба роҳ мондани омӯзиши илмҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ инчунин, барои тавсеяи тафаккури техникии насли наврас солҳои 2020 - 2040 “Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф” аз тарафи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон эълон карда шуд. Боварии комил дорем, ки ин иқдом ба рушди тафаккури техникӣ ва тавсеяи ҷаҳонбинии илмии ҷомеа такони ҷиддӣ мебахшад.
Дар ин самт бояд таъкид дошт, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар сиёсати оқилонаи пешгирифтаи худ соҳаи маориф ва илмро яке аз самтҳои стратегии муҳими давлату миллат қарор додаанд. Чигунае, ки Пешвои муаззами миллат дар вохӯрии хеш бо зиёиёну кормандони соҳаи илму маориф санаи 18 марти соли 2020 таъкид намуданд: «Имрӯз бе илму инноватсия, технологияҳои иттилоотиву коммуникатсионӣ ва ташаккули ҷаҳонбинии техникӣ қадаме ба пеш гузошта намешавад».
Барои бештар ҷалби наврасон ва ҷавонон аз тарафи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон-Ватани азизи ман», «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» эълон карда шуд. Барои омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф озмуни ҷумҳуриявии «Илм-фурӯғи маърифат» эълон карда шуд. Бинобар ин ба Вазоратҳои молия, маориф ва илм, Академияи миллии илмҳо ва вазорату кумитаҳое, ки дар сохторашон муассисаҳои таълимӣ доранд.Вазифадор карда мешаванд, ки якҷо бо роҳбарони вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо дар мавриди амалӣ намудани қарори зикршуда ба саҳлангорӣ роҳ надиҳанд.Ҷиҳати таҷҳизонидани кабинетҳои фанҳои риёзиву дақиқ ва табиӣ тадбирҳои фаврӣ андешида, аз натиҷаи корҳо ба Ҳукумати мамлакат гузориш диҳанд.
Бештар ба омӯзиши илмҳои риёзиву дақиқ ва табиӣ ҷалб кардани наврасону ҷавонон, олимону муҳаққиқон ва устодону омӯзгорон ҳамасола озмуни ҷумҳуриявӣ зери унвони «Илм – фурӯғи маърифат» гузаронида шавад. Ҳамчунин, охири соли гузашта барои олимону омӯзгорони фанҳои риёзӣ, дақиқ ва табиӣ ҷоизаи махсуси давлатӣ таъсис дода шуд, ки ҳар сол 15 нафар беҳтаринҳо метавонанд соҳиби он гарданд. Бо назардошти пешрафти рӯзафзуни илму техника дар ҷомеаи муосир раванди дигари ислоҳоти соҳаи илму маорифро аз бар намудани донишҳои муосир, азхудкунии фанҳои дақиқ, вусъат додани раванди ихтироъкориву навоварӣ дар ҷодаи илмҳои дақиқ, азхудкунии технологияи инноватсионӣ ва ҷорӣ кардани онҳо дар истеҳсолот, пайваста омӯхтани забонҳои хориҷӣ ва рушди тафаккури техникии ҷомеа, бахусус насли ҷавон, омӯзиши таҷрибаи байналмилалӣ, мутобиқ кардани нақшаву барномаҳои таълимӣ ба талаботи бозори дохиливу ҷаҳонии меҳнат ва гузариш ба меъёрҳои ҷаҳонии таҳсилот, бо усулҳои инноватсионӣ ба роҳ мондани пажӯҳишҳои илмӣ, баланд бардоштани нишондиҳандаҳои рушди неруи инсонӣ, татбиқи лоиҳаҳои инноватсионӣ ва таҳқиқи масъалаҳои иқтисоди рақамӣ фарогир аст. Пас дар омӯзиши фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ чунин асроре ниҳон аст: аз худ кардани илмҳои дақиқ асоси рушди тафаккури мантиқии инсоният, устувор шудани ҳиссиёти ақлонию эҷодӣ, пайдо шудани қобилияти омӯзиш, зеҳни қавӣ, васеъ шудани ҷаҳонбинии илмӣ, қадами ҷиддӣ дар рушди устувори иқтисодӣ ва таъмини рақобатпазирии кишвар дар арсаи ҷаҳон маҳсуб мешавад.
Бо дастгирии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон як шабакаи нав "Илм ва табиат" таъсис дода шуд. Таъкид карда буданд, ки дар шабакаи мазкур таълими фанҳои табиӣ, дақиқ, риёзӣ, техникӣ ва технологиро ба роҳ монда, бо ин мақсад омӯзгорони ботаҷриба ва донишмандони соҳаро ҷалб намоянд. Супориш дода шуд, ки дар барномаҳои ҳаррӯзаи ин шабака дастовардҳои илмӣ, ватанию ҷаҳонӣ ва ихтирооти инноватсионӣ бояд пайваста муаррифӣ гарданд. Мо олимон метавон ихтироъотҳо ва навовариҳои худро тавассути шабакаи "Илм ва табиат" пешкаши ҷомеа намоем. Ин аз он шаҳодат медиҳад, ки илми тоҷик давра ба давра ба пеш рафта истодааст. Барои амалӣ намудани нақшаҳои хеш мо олимон кӯшиш менамоем, ки тавсия ва пешниҳодҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллатро ба инобат гирифта, илмро рушд бидиҳем ва парчами илму маърифат, шукӯҳу шаҳомати илми тоҷикро дар арафаи ҷашнгирии 30 солагии Истиқлолияти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар арсаи ҷаҳонӣ, баландтару баландтар бардорем. Мо шукрона мекунем, ки чунин сарзамини ободу сулҳу вахдат дорем.
Раҳимов Фируз Акбарович н.и.т., ходими пешбари илмии Муассисаи давлатии илмии «Маркази таҳқиқоти технологияҳои инноватсиони»-и назди Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон

Which organizes an individual's finances and sometimes includes a series of steps or specific goals for spending.

Which organizes an individual's finances and sometimes includes a series of steps or specific goals for spending.

Which organizes an individual's finances and sometimes includes a series of steps or specific goals for spending.

Which organizes an individual's finances and sometimes includes a series of steps or specific goals for spending.
Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон
Институти таърих, бостоншиносӣ ва мардумшиносии ба номи А. Дониш.
Институти таърих, бостоншиносӣ ва мардумшиносии ба номи А. Дониш
Илми таърих дар фарҳанги ҷаҳонгири тоҷикӣ ҳамеша ҷойгоҳи олӣ ва арҷманд дошт ва мактаби таърихшиносии тоҷик аз ибтидо то ба имрӯз бо усули нигориш... Муфассал
Осорхонаи Милии бостонии Тоҷикистон
Осорхона соли 2001 дар назди Институти таърих, бостоншиносӣ ва мардумшиносии ба номи А. Дониши Академияи илмҳои Ҷумхурии Тоҷикистон ифтитоҳ... Муфассал
Осорхонаи мардумшиносӣ.
В 1949 году при секторе истории Института истории, языка и литературы Таджикистана был открыт Музей этнографии и археологии... Муфассал


ОЗМУНҲОИ ҶУМҲУРИЯВӢ
Президентҳои Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон
(Академияи илмҳои ҶШС Тоҷикистон 1951-1991, Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон 1991-2020)

Айнӣ Садриддин Саидмуродович (1878-1954). Президенти Академияи илмҳои ҶШС Тоҷикистон аз 14 апрели соли 1951 то 15 июли соли 1954.

Умаров Султон Умарович (1900-1964). Президенти Академияи илмҳои ҶШС Тоҷикистон аз 11 марти соли 1957 то 6 майи соли 1964.

Осимов Муҳаммад Сайфиддинович (1920-1996). Президенти Академияи илмҳои ҶШС Тоҷикистон аз 23 майи соли 1965 то 6 майи соли 1988.

Неъматуллоев Собит Ҳабибуллоевич (1937). Президенти Академияи илмҳои ҶШС Тоҷикистон (Ҷумҳурии Тоҷикистон) аз 6 майи соли 1988 то 16 июни соли 1995.

Мирсаидов Ӯлмас Мирсаидович (1945). Президенти Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 16 июни соли 1995 то 3 феврали соли 2005.

Илолов Мамадшо Илолович (1948), Президенти Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 3 феврали соли 2005 то 6-уми декабри соли 2013.

Фарҳод Раҳимӣ (1968) Президенти Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 6-уми декабри соли 2013 то 16 январи соли 2024.

Хушвахтзода Қобилҷон Хушвахт (1982) Президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон аз 16-уми январи соли 2024 то инҷониб. Муфассал...
Суханҳои Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон оид ба илм





Муқовимат бо коррупсия дар Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон
