Skip to main content

Имрӯз, 02 сентябр дар толори Раёсати Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон Конфронси илмӣ-назариявӣ таҳти унвони “Сафаралӣ Раҷабов – омӯзгор, олим ва арбоби давлатӣ” бо иштироки ходимони барҷастаи давлатӣ ва олимону кормандон баргузор гардид. Ба кори конфронс ноиби президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон Саломиён Муҳаммаддовуд ҳусни оғоз бахшид.

Президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, академик Хушвахтзода Қобилҷон Хушвахт зимни сухани ифтитоҳӣ иброз дошт, ки дар Академияи миллии илмҳо мунтазам вобаста ба бузургдошти олимони варзида, шоирону нависандагон, адибону шахсиятҳои бузурги таърихи ҳамоишу конференсияҳои илмӣ баргузор гардида, барои олимону адибон ва аҳли фарҳанг бо мақсади муаррифии дастовардҳои илмӣ-адабӣ ва эҷодӣ, ҳамчунин, китобҳои таълифнамудаи онҳо маҳфили Хирад баргузор карда мешавад. Ҳамоиши илмии имрӯза ба хотираи гиромидошти фаъолияти бисёрсола ва бенуқсони арбоби барҷастаи давлатӣ, омӯзгори корозмуда ва шахсияти ватандӯсту маърифатпарвар Сафаралӣ Раҷабов баргузор карда шудааст.

Таъкид гардид, ки чорабинии мазкур фурсати хубест барои баррасии саҳми арзандаи ин арбоби давлатӣ дар пешрафт ва рушду нумуи маориф ва илми Тоҷикистони соҳибистиқлол, ки дар давраи мураккаби таърихӣ фаъолият намудааст нақши муҳим бозидааст.

Сафаралӣ Раҷабов шахсияте буд, ки роҳи зиндагии ӯ аз як омӯзгори оддии мактаби миёна оғоз шуда, бо садоқат ва заҳмати бепоён то ба мақоми баланди Раиси Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазири маориф расидаст. Фаъолияти пурсамари ӯ дар вазифаҳои гуногуни давлатӣ, аз ҷумла дар таҳия ва татбиқи Конститутсияи соли 1994, иштирок дар сулҳи тоҷикон ва мустаҳкам намудани пояҳои давлатдории муосир, намунаи олии хизмат ба Ватан ва мардум аст. Ӯ бо хоксорию меҳрубонӣ, дипломатияи воло ва андешаҳои амиқи сиёсӣ дар қалби мардум ҷойгоҳи хоса пайдо карда буд.

Дар идомаи чорабинӣ Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои ҳуқуқӣ Зариф Ализода дар суханронии хеш изҳор дошт, ки Сафаралӣ Раҷабов на танҳо як сиёсатмадори варзида, балки як инсони хайрхоҳ, дӯсти бовафо ва шахсияти фарҳангӣ буд, ки дар ҳар қадамаш садоқат ба арзишҳои миллӣ ва инсонӣ эҳсос мешуд.

Инчунин, дар чорабинии мазкур муовини Раиси Ҳизби Халқии Тоҷикистон Мирзоқосим Каримзода, арбоби давлатӣ Хайриннисо Юсуфӣ, Зоир Ҷӯрахон Маҷидзода, мудири шӯъбаи ҳуқуқи давлатии Институти фалсафа, сиёсатшиносӣ ва ҳуқуқи ба номи А.Баҳоваддинови АМИТ, Дониёр Сангинзода - муовини директори Институти омӯзиши масъалаҳои давлатҳои Осиё ва Аврупои АМИТ оид ба илм ва таълим дар суханронии хеш аз ҳаёту фаъолият ва хотираҳои ин арбоби давлатӣ ёдовар гардиданд.

Дар фарҷоми чорабинӣ Сардори Раёсати баҳисобгирии муҳосибавӣ, банақшагирии молиявӣ ва моликияти АМИТ Шарифзода Алишер, сардори Раёсати магистратура, аспирантура ва докторантураи PhD- и Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон Қосимзода Солеҳ Салим, ходими пешбари илмии шуъбаи Аврупои Институти омӯзиши масъалаҳои давлатҳои Осиё ва Аврупои Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон Зиёев Субҳиддин Насриевич бо медали 30- солагии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон сарфароз гардонида шуданд.