Skip to main content

Имрӯз, 18 сентябр дар толори Раёсати Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон китоби тозанашри «Рустами Эмомалӣ – дастпарвари мактаби давлатдории Пешвои миллат», ки зери назари президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, академик Хушвахтзода Қобилҷон Хушвахт чоп гардидааст, рӯнамоӣ гардид. Ба рӯнамоии китоби мазкур ноиби президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон Саломиён Муҳаммаддовуд ҳусни оғоз бахшид.

Президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, академик Хушвахтзода Қобилҷон Хушвахт дар суханронии хеш изҳор дошт, ки ба ифтихори 35-умин солгарди Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон китоби тозанашр бо номи “Рустами Эмомалӣ – дастпарвари мактаби давлатдории Пешвои миллат” бо услуби хосса рӯйи чоп омад ва боиси сарфарозии ҳайати олимони кишвар аст, ки рӯнамои китоби мавриди назар дар боргоҳи илму маърифати тољик-Академияи миллии илмњои Тољикистон баргузор мегардад. Басо рамзист, ки рунамои китоби мазкур ба тантанаҳои ҷашни Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷиҷикстон рост омадааст, ки ба ин муносибат яко яки Шумо ҳозирини арҷмандро табрику таҳният мегӯем.

Таъкид гардид, ки китоби “Рустами Эмомалӣ - дастпарвари мактаби давлатдории Пешвои миллат” бо сифати баланд чоп шуда, фарогири мақолаҳои 18 нафар чеҳраҳои маъруфи кишвар мебошад. Китоб аз 280 саҳифа иборат буда, нигоштаҳои он бо 3 забон: тоҷикӣ, русӣ ва англисӣ таълиф шудаанд. Муаллифони мақолаҳо дар сохторҳои гуногуни давлативу ҷамъиятӣ ва илмию фарҳангӣ фаъолият менамоянд, ки нигоштаҳои хешро дар асоси санаду далел таълиф намуда, раванди меҳнату кӯшишњои созандагиву бунёдкоронаи Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалиро инъикос намудаанд. Китоб бо аксаҳо оро ёфтааст, ки аксҳои дар китоб ҷойдода муҳтавои нигоштаҳоро таҳкиму тақвият мебахшанд.

Гуфта шуд, ки бо 3 забон нашр шудани китоби “Рустами Эмомалӣ-дастпарвари мактаби давлатдории Пешвои миллат” барои дар сатҳи байналмилалӣ муаррифӣ намудани дастовардҳои 8 соли охири мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе таҳти роҳбарии муҳтарам Рустами Эмомалӣ ва ҷалби бештари сайёҳони дохиливу хориҷӣ ба пойтахти кишвар мусоидат менамояд.

Китоби “Рустами Эмомалӣ-дастпарвари мактаби давлатдории Пешвои миллат” маҷмуи мақолаҳои олимону зиёиён ва ходимони давлатию сиёсии кишварро ҷиҳати муаррифии хизматҳои мондагори шаҳрдори ҷавон-муҳтарам Рустами Эмомалӣ ҳамчун дастпарвар ва идомабахши мактаби давлатдории Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар бар гирифтааст.

Воқеан, мактаби давлатдории Пешвои миллат ба ҳайси бузургтарин мактаби сиёсӣ дар арсаи байналмилалӣ эътироф шуда, ин мактаб ба таҳкими сулҳу субот, амнияту осоиштагӣ дар сартосари мамлакат, рушди тамоми инфрасохтори кишвар замина гузошта, Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар як муддати кутоҳ дар арсаи байналмилалӣ ҳамчун як ҷумҳурии сарсабзу хуррам, бо суръат рушдкунанда ва муҳимтар аз ҳама ба як кишвари ташаббускор дар арсаи байналмилалӣ табдил дод. Ин мактаби бузурги сиёсӣ дар ташаккул ва рушду инкишоф ёфтани шахсиятҳои ворастаи сиёсӣ ва тарбияи нерӯи зеҳнию ақлонии кишвар мунтазам мусоидат намуда, дар худ як қатор чеҳраҳои сиёсиро ба камол расонидааст. Муҳтарам Рустами Эмомалӣ-шаҳрдори ҷавони кишварро метавон бешак аз зумраи беҳтарин дастпарварони асили ин мактаби сиёсии Пешвои муаззами миллат номид, ки тули фаъолияти хеш ба ҳайси шарҳрдори кишвар шаҳри Душанберо ба беҳтарин маркази маъмурии кишвар, давоми фаъолияти хеш ба ҳайси Раиси Федератсияи футболи Тоҷикистон нишон додани ташаббуси байналмилалӣ дар соҳаи мазкур ва ба ҳайси Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Палатаи болоии парломуни кишвар-Маҷлиси Миллиро ба яке аз ниҳодҳои асосии ташаббускор дар низоми қонунгузории кишвар табдил дод.

Дар ин росто лозим ба ёдовасрист, ки маҳз завқи баланди кордонӣ, эҷодкорӣ, андӯхтани таҷрибаи кишварҳои мутамаддин, маҳорати шоистаи роҳбарӣ, ишқи ҳақиқӣ ба Ватан, нигоҳи шаҳрофар ва иқдоми бузурги бунёдкориву созандагии Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ ҳамчун дастпарвари мактаби давлатдории Пешвои муаззами миллат буд, ки дар пойтахти кишвар раванди ободиву навсозиҳо нисбат ба 10-солаи қалб рушд намояд. Пешрафти босуръати соҳаҳои гуногун дар шаҳри Душанбе ба рӯйдоди муқаррарӣ табдил ёфтааст ва натиҷаҳои рушди иҷтимоию иқтисодии солҳои охир пойтахтро бо солҳои аввали соҳибистиқлолӣ муқоиса кардан имконнопазир мебошад.

Дар идома муовини Раиси шаҳри Душанбе Абдураҳмонзода Абдураҳмон зимни суханронии хеш изҳор дошт, ки чопи китоби “Рустами Эмомалӣ-дастпарвари мактаби давлатдории Пешвои миллат” ва рӯнамоии он дар Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон ин гувоҳӣ аз эҳтироми беандоза гузоштани олимону муҳаққиқон ба заҳмату талошҳои созандаи шаҳрдори Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ мебошад. Таъкид гардид, ки дар китоби мазкур фаъолияти Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ тавассути таҳияи мақолаҳои гуногун таҷассум ёфтааст, ки ин фаъолият намунаи ибрат аст. Муаллифон зимни таҳияи мақолаҳои хеш дар асоси далелу санад ҳақиқати ин иддаоро дар китоби мазкур исбот кардаанд. Китоби тозанашр дабистони муқаддасест, ки ҷавонони имрӯзу фардо аз он сабақи зиндагӣ, дарси хештаншиносиву ватандорӣ ва созандагиву бунёдкориро меомӯзанд.

Сипас, узви вобастаи АМИТ Муҳаммад Абдураҳмон, доктори илмҳои ҳуқуқшиносӣ Ҷурахон Зоир Маҷидзода, доктори илмҳои таърих Насрулло Убайдулло Каримзода, узви вобастаи АМИТ Ҳасани Султон, доктори илмҳои фалсафа Ҳайдарзода Рустам дар маърузаҳои хеш доир ба чопи китоби тозанашри “Рустами Эмомалӣ-дастпарвари мактаби давлатдории Пешвои миллат” ва фаъолияти пурсамари шаҳрдори ҷавон муҳтарам Рустами Эмомалӣ суханронӣ намуданд. Дар фарҷом Мирзоамини Мирсаидзода барои талошу заҳматҳои анҷомдодааш дар мураттабгардонии китоби мазкур бо Ифтихорномаи Раёсати Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон қадршиносӣ гардонида шуд.