МИЗИ МУДАВВАР БО МАҚСАДИ АМАЛИСОЗИИ БАРНОМАИ БИСТСОЛАИ ОМӮЗИШ ВА РУШДИ ФАНҲОИ ТАБИАТШИНОСӢ, ДАҚИҚ ВА РИЁЗӢ
Имрӯз, 29 май дар толори Кохи Ваҳдат ҷаласаи навбатии Шурои ҷамъиятии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади татбиқи қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи эълон намудани “Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ” баргузор гардид.
Дар кори ҷаласса котиб ва аъзоёни шуро, мудири бахши раёсати маориф, фарҳанг ва иттилооти Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Бобозода Фаридун Толибҷон, ноиби президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон Саломиён Муҳаммаддовуд, муовини Вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Каримзода Равшан, муовини аввали расис Кумитаи оид ба таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Давлатзода Баҳрулло ишитрок ва суханронӣ намуданд.
Зимни суханрониҳои хеш масъулин доир ба амалишавии “Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф барои солҳои 2020-2040” дар муассисаҳои илмӣ ва таҳсилоти миёнаи касбӣ фикру ақидаҳои хешро баён дошатанд.
Таъкид гардид, ки имрӯз бе илму инноватсия, технологияҳои иттилоотиву коммуникатсионӣ ва ташаккули ҷаҳонбинии техникӣ қадаме ба пеш гузошта намешавад. Мо дар доираи рушди илмҳои муосир саноатикунонии босуръати кишварро ҳадафи чоруми стратегии мамлакат эълон намудем.
Гуфта шуд, ки бояд истифодаи технологияҳои муосирро дар тамоми соҳаҳои иқтисоди миллӣ густариш дода, тафаккури техникии аҳолӣ, дар навбати аввал, ҷавононро тақвият бахшем, барои пешрафти илмҳои бунёдӣ ва техникиву технологӣ фазои мусоид фароҳам оварем. Маҳз бо ҳамин мақсад мо солҳои 2020-2040-ро Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиӣ, дақиқ ва риёзӣ эълон кардем ва бовар дорем, ки ин иқдом ба рушди тафаккури техникӣ ва тавсеаи ҷаҳонбинии илмии ҷомеа такони ҷиддӣ мебахшад.”
Дар идомаи ҷаласа аз ҷониби аъзоён ба баромадкунандагон саволҳо пешниҳод гардида, инчунин музокираҳо сурат гирифт. Бояд гуфт, ки дар фарҷоми ҷаласа бо ташаббуси президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, узви вобастаи АМИТ Хушвахтзода Қобилҷон Хушвахт як зумра аз аъзоёни Шуро бо “Ифтихорнома”- и Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон сарфароз гардонида шуданд.

ОЛИМОНИ АКАДЕМИЯИ ИЛМҲО ВАЗИФАДОРАНД, КИ ДАР ИҶРОИ СЕ ҲАДАФИ СТРАТЕГИИ ДАВЛАТ – ТАЪМИНИ ИСТИҚЛОЛИЯТИ ЭНЕРГЕТИКӢ, РАҲОӢ АЗ БУНБАСТИ КОММУНИКАТСИОНӢ ВА ҲИФЗИ АМНИЯТИ ОЗУҚАВОРИИ МАМЛАКАТ НАҚШИ ФАЪОЛОНА ДОШТА БОШАНД.
News
Имрӯз, 13 апрел дар Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон бахшида ба 35- солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон маҳфили Шурои занон дар мавзуи “Нақши ҷаҳонбинии илмӣ дар ташаккули худшиносии миллӣ” баргузор гардид.
Президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, академик Хушвахтзода Қобилҷон Хушвахт зимни суханронии худ иброз дошт, ки ҷаҳонбинии илмӣ пояи асосии ташаккули тафаккури солим ва худогоҳии миллӣ мебошад. Қайд гардид, ки дар шароити муосир равандҳои ҷаҳонишавӣ босуръат рушд мекунанд, ҳифзи ҳувияти миллӣ ва тақвияти арзишҳои фарҳангӣ бе такя ба донишҳои илмӣ ва таҳқиқоти амиқ ғайриимкон аст.
Гуфта шуд, ки ҷалби ҷавонон ба фаъолияти илмӣ, баланд бардоштани сифати таҳсилот ва рушди тафаккури интиқодӣ аз вазифаҳои муҳим ба шумор рафта, метавонанд дар тарбияи насли худшинос ва ватандӯст саҳми назаррас гузоранд. Дар ин замина, нақши муассисаҳои илмӣ, аз ҷумла Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, дар тарғибу ташвиқи донишҳои муосир ва рушди иқтидори зеҳнӣ ниҳоят муҳим арзёбӣ гардид.
Таъкид гардид, ки занон ҳамчун неруи фаъоли ҷомеа метавонанд дар ташаккули ҷаҳонбинии илмии насли наврас саҳми арзанда гузоранд. Аз ҷумла, тавассути тарбияи дуруст дар оила, рушди маърифати фарҳангӣ ва дастгирии таҳсилу тадқиқоти илмии фарзандон, онҳо метавонанд дар таҳкими худшиносии миллӣ ва ҳифзи арзишҳои суннатӣ нақши муассир бозанд.
Дар идомаи маҳфил як зумра аз занону бонувон дар маърузаҳои хеш доир ба дастгириҳои ҳамешагии Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон нисбат ба занону бонувон, баланд бардоштани мақому манзалати онҳо дар ҷомеа ва фароҳам овардани шароити мусоид барои фаъолияти илмию ҷамъиятии занон ибрози назар намуданд. Зикр гардид, ки сиёсати иҷтимоии давлат дар самти дастгирии занон барои рушди қобилияти зеҳнӣ ва иштироки фаъоли онҳо дар ҳаёти ҷомеа заминаи устувор фароҳам овардааст.
АЗ ТАЪМИРИ АСОСӢ БАРОВАРДАНИ ГАНҶИНАИ ФОЛКЛОР ДАР ИНСТИТУТИ ЗАБОН ВА АДАБИЁТИ БА НОМИ АБУАБДУЛЛОҲИ РӮДАКИИ АМИТ
Имрӯз, 13 апрел бахшида ба ҷашни 35- солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Институти забон ва адабиёти ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакии Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон бо иштироки президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, академик Хушвахтзода Қобилҷон Хушвахт ва дигар олимону кормандон, Ганҷинаи фолклори Институт, пас аз солҳои тулонӣ аз таъмири асосӣ бароварда шуд.
Зимни ифтитоҳ иттиллоъ дода шуд, ки ганҷинаи мазкур дорои маводи нодири фолклорӣ, аз ҷумла дастхатҳо, сабтҳои овозӣ, матнҳои шифоҳии мардумӣ, намунаҳои эҷодиёти даҳонӣ ва дигар осори арзишманди фарҳангии миллати тоҷик мебошад. Таъмири асосии он бо мақсади ҳифз, нигоҳдорӣ ва муаррифии беҳтари мероси ғайримоддии миллӣ анҷом дода шуда, барои муҳаққиқон ва олимон шароити мусоиди илмӣ фароҳам овард.
Таъкид шуд, ки эҳё ва ба истифода додани чунин ганҷинаҳо дар самти омӯзиш, гирдоварӣ ва таҳқиқи фолклори тоҷик аҳаммияти хос дошта, дар таҳкими худшиносии миллӣ ва ҳифзи арзишҳои фарҳангӣ нақши муҳим мегузорад.
Зикр гардид, ки дар доираи корҳои таъмири асосӣ шароити нигоҳдории мавод ба талаботи муосир мутобиқ гардонида шуда, утоқҳои махсус бо таҷҳизоти зарурӣ, аз ҷумла низоми танзими ҳарорат ва намнокӣ, рафҳои махсус барои нигоҳдории ҳуҷҷатҳо, инчунин шароити мусоид барои рақамисозӣ ва коркарди илмии мавод фароҳам оварда шудааст. Ин иқдом имкон медиҳад, ки осори нодири фолклорӣ на танҳо ҳифз карда шаванд, балки ба таври васеъ мавриди омӯзиш ва истифодаи муҳаққиқон қарор гиранд.
Ҳамзамон қайд гардид, ки бо ба истифода додани ганҷинаи таҷдидшуда имкониятҳои нави таҳқиқотӣ барои олимон, магистрантон ва докторантон фароҳам омада, заминаи мусоид барои анҷом додани корҳои илмӣ-таҳқиқотӣ, таҳияи рисолаҳо ва нашри осори илмӣ муҳайё мегардад.
НАСБИ ПАНЕЛҲОИ ОФТОБӢ ДАР БИНОИ МАРКАЗИ МИНТАҚАВИИ БЕХАТАРӢ, АМНИЯТ ВА КАФОЛАТҲОИ ХИМИЯВӢ, БИОЛОГӢ, РАДИАТСИОНӢ ВА ЯДРОӢ
Имрӯз, 10 апрел, президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, академик Хушвахтзода Қобилҷон Хушвахт бо ҳамроҳии як гурӯҳ олимону кормандон дар бинои Маркази минтақавии бехатарӣ, амният ва кафолатҳои химиявӣ, биологӣ, радиатсионӣ ва ядроии Агентии амнияти химиявӣ, биологӣ, радиатсионӣ ва ядроии Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон аз макони насби панелҳои офтобӣ дидан намуда, пурра аз тарзи кори панелҳои офтобӣ аз наздик шинос гардиданд.
Гуфта шуд, ки бо мақсади иҷрои Стратегияи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти татбиқ ва рушди иқтисодиёти “сабз” кормандони Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон корҳои илмӣ-таҳқиқотиро ба роҳ мондаанд. Дар ин замина, аз ҷониби кормандони Институти физикаю техникаи ба номи С.У. Умарови АМИТ панелҳои офтобӣ таҳия ва омода карда шуда истодаанд, ки ба рушди истифодаи манбаъҳои барқароршавандаи энергия мусоидат менамоянд.
Таъкид гардид, ки насби чунин таҷҳизоти муосир имконият фароҳам меорад, то муассиса бо неруи барқи тоза ва аз лиҳози экологӣ безарар таъмин гардида, ҳамзамон сатҳи истифодаи самараноки захираҳои энергетикӣ баланд бардошта шавад. Ин иқдом инчунин метавонад ҳамчун намунаи таҷрибаи пешқадам барои татбиқи технологияҳои “сабз” дар дигар муассисаҳои илмӣ ва соҳаҳои мухталифи иқтисоди миллӣ хизмат намояд.
Ҳамзамон қайд гардид, ки аз ҷониби Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе ва бо мақсади сарфа кардани нерӯи барқ минбаъд тибқи дастури Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ дар тамоми биноҳои баландошёнаи истиқоматӣ муассисаҳои таҳсилоти олӣ ва муассисаҳои таълимие, ки сохта ба истифода дода мешаванд, бояд панелҳои офтобӣ насб карда шавад. Вобаста ба ин аз ҷониби кормандони илмии Академияи миллии илмҳо сохта ба истифода додан ва насби панелҳои офтобӣ ба роҳ монда шуд.
ТАШРИФИ САФИРИ ФАВҚУЛОДА ВА МУХТОРИ ҶУМҲУРИИ ҚАЗОҚИСТОН ДАР ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН БА ИНСТИТУТИ ГЕОЛОГИЯ, СОХТМОНИ БА ЗАМИНҶУНБӢ ТОБОВАР ВА СЕЙСМОЛОГИЯИ АМИТ
Имрӯз, 10 апрел Сафири фавқулода ва мухтори Ҷумҳурии Қазоқистон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Валихан Туреханов ба Институти геология, сохтмони ба заминҷунбӣ тобовар ва сейсмологияи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон ташриф овард.
Қабл аз оғози ҳамоиши илмӣ, ноиби президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон Амонзода Илҳом Темур ҳамроҳ бо Сафири фавқулода ва мухтори Ҷумҳурии Қазоқистон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Валихан Туреханов бо мақсади гиромидошти хотираи академик Қаниш Сетбаев ва арҷгузорӣ ба саҳми ӯ дар рушди илми геологияи тоҷик дар назди лавҳаи ёдгории ӯ гулчанбар гузоштанд.
Сипас, дар доираи сафари мазкур дар Институти геология, сохтмони ба заминҷунбӣ тобовар ва сейсмологияи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон ҳамоиши илмӣ баргузор гардид.
Дар оғози ҳамоиш ноиби президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон Амонзода Илҳом Темур меҳмононро хайрамақдам гуфта, таъкид намуд, ки саҳми академик Қаниш Сетбаев дар рушди илми геологияи тоҷик, таҳкими пояҳои мактаби геологии миллӣ ва тарбияи мутахассисони соҳа басо назаррас мебошад. Зикр гардид, ки осори илмии ин шахсияти барҷастаи илми геология то имрӯз дар таҳқиқотҳои муосири геологӣ ҳамчун манбаи муҳими илмӣ истифода бурда мешавад.
Дар идома Сафири фавқулода ва мухтори Ҷумҳурии Қазоқистон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Валихан Туреханов қайд намуд, ки ҳамкориҳои илмӣ ва техникии миёни Ҷумҳурии Қазоқистон ва Ҷумҳурии Тоҷикистон, махсусан дар самти илмҳои геология, сейсмология ва омӯзиши равандҳои геодинамикӣ, дорои дурнамои васеъ мебошанд. Таъкид гардид, ки мероси илмии академик Қаниш Сетбаев барои рушди мактаби муосири геология дар минтақа аҳамияти бузург дошта, имрӯз низ ҳамчун манбаи муҳим барои таҳқиқоти илмӣ хизмат мекунад.
Ҳамзамон меҳмонон аз музей ва Маркази мониторинги сейсмикии Институти геология, сохтмони ба заминҷунбӣ тобовар ва сейсмологияи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дидан намуда, бо дастовардҳои илмӣ, таҷҳизоти муосири назоратӣ ва фаъолияти шабонарӯзии марказ дар самти омӯзиш ва сабти ларзишҳои сейсмикӣ шинос гардиданд.
Дар ҷараёни шиносоӣ ба меҳмонон маълумот оид ба низоми мониторинги сейсмикӣ, имкониятҳои техникии марказ, инчунин корҳои илмӣ-таҳқиқотӣ дар самти пешгӯии хавфҳои зилзила ва таҳлили равандҳои геодинамикӣ пешниҳод карда шуд.
ИШТИРОКИ ПРЕЗИДЕНТИ АМИТ ДАР ЧОРАБИНИИ ТАНТАНАВИИ ҲИЗБИЁНИ НОҲИЯИ ШОҲМАНСУР БАХШИДА БА ТАҶЛИЛИ ҶАШНИ НАВРӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ
Имрӯз, 9 апрел бо ибтикори Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Шоҳмансур бахшида ба ҷашни байналмилалии Наврӯз чорабинии идона бо шукӯҳу шаҳомати хоса баргузор гардид.
Дар чорабинӣ президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, академик Хушвахтзода Қобилҷон Хушвахт, муовини Раиси Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон Каримзода Мирзоқосим, раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Душанбе Шоҳиён Абдураҳим, масъулини Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Шоҳмансур ва дигар кормандону собиқадорони ҳизб иштирок намуданд.
Зимни чорабинӣ меҳмонон аз хони наврӯзии Кумита ва ташкилотҳои ибтидоии ҲХДТ дар ноҳияи Шоҳмансур дидан намуда, бо намунаҳои ҳунарҳои мардумӣ, таомҳои миллӣ ва расму ойинҳои аҷдодии тоҷикон шинос гардиданд.
Дар ин чорабинии идона масъулини Кумитаи иҷроияи ибтидоии “Хирадмандон”-и ҲХДТ дар Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон низ бо оростани хони наврӯзӣ фаъолона иштирок намуда, суннату анъанаҳои миллиро ба таври шоиста муаррифӣ карданд. Хони оросташуда бо таомҳои миллӣ, шириниҳо ва рамзҳои хоси Наврӯз зебу зинат дода шуда, таваҷҷуҳи меҳмононро ба худ ҷалб намуд.
Имрӯз, 8 апрел ҷашни байналмилалии Наврӯз дар Институти зоология ва паразитологияи ба номи Е.Н. Павловскийи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон бо шукуҳу шаҳомати хос таҷлил гардид.
Дар чорабинӣ президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, академик Хушвахтзода Қобилҷон Хушвахт иштирок намуда, ҳозиринро ба муносибати ин ҷашни бостонӣ табрик гуфт. Зикр гардид, ки Наврӯз ҳамчун рамзи эҳёи табиат, ваҳдату ҳамдигарфаҳмӣ ва пайванди наслҳо аҳамияти бузурги фарҳангиву маънавӣ дошта, дар таҳкими худшиносии миллӣ нақши муҳим мебозад.
Ҳамзамон таъкид шуд, ки дар шароити муосир илм ва фарҳанг ҳамчун ду рукни асосии рушди ҷомеа ба ҳам зич алоқаманд буда, баргузории чунин чорабиниҳо барои баланд бардоштани маърифати фарҳангии ҷомеа ва таҳкими рӯҳияи ватандӯстӣ мусоидат менамояд.
Инчунин, иштирокдорон аз намоиши дастовардҳои илмии институт дидан намуда, бо фаъолияти илмӣ-таҳқиқотии муҳаққиқон аз наздик шинос гардиданд. Чорабинӣ дар фазои идона ва руҳбаландкунанда баргузор гардида, ба ҳозирин ҳисси ифтихор аз фарҳанги миллӣ ва арзишҳои аҷдодиро бештар намуд.
Имрӯз, 8 апрел дар Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон вохурии президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, академик Хушвахтзода Қобилҷон Хушвахт бо намояндагони Донишгоҳи Оксфорд баргузор гардид.
Дар мулоқот роҳбарият, ноиби президент ва сардори Раёсати робитаҳои байналмилалӣ ва аз ҳайати Донишгоҳи Оксфорд мутахассисони соҳаи забон ва адабиёти форсӣ, аз ҷумла профессор Эдмунд Ҳерзинг, доктор Фарнияз Закер ва хонум Ани Бет-Мовсес иштирок намуданд.
Зимни вохурӣ ҷонибҳо масъалаҳои ба роҳ мондани созишнома миёни Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон ва Донишгоҳи Оксфорд, густариши ҳамкориҳои илмӣ-таҳқиқотӣ, табодули таҷриба миёни олимон, роҳандозии барномаҳои муштараки таълимӣ ва иҷрои лоиҳаҳои байналмилалиро мавриди баррасӣ қарор доданд.
Таъкид гардид, ки ҳамкориҳо дар самти омӯзиши забон ва адабиёти форсӣ, таҳқиқи мероси фарҳангӣ ва рушди равобити академӣ метавонанд ба манфиати ҳар ду ҷониб хизмат намоянд.
Дар мулоқот ба масъалаи тайёр намудани кадрҳои илмӣ аз ҳисоби магистрантон ва докторантон таваҷҷуҳи хос зоҳир гардида, ҷонибҳо зарурати таҳкими ҳамкориҳоро дар самти омода намудани мутахассисони баландихтисос таъкид намуданд.
Зикр гардид, ки ҷалби ҷавонони болаёқат ба барномаҳои магистратура ва докторантура, ташкили табодули донишҷӯён ва муҳаққиқон, инчунин фароҳам овардани шароити мусоид барои анҷом додани таҳқиқоти муштарак метавонад ба рушди минбаъдаи илму маориф ва тақвияти иқтидори зеҳнии ҷомеа мусоидат намояд.
Инчунин, ҷонибҳо барои дар оянда баргузор намудани конфронсҳо ва семинарҳои муштараки илмӣ ба мувофиқа расида, таъкид намуданд, ки чунин чорабиниҳо метавонанд барои табодули дониш, муаррифии натиҷаҳои таҳқиқот ва густариши ҳамкориҳои илмӣ заминаи мусоид фароҳам оваранд.
Қайд гардид, ки баргузории мунтазами чунин ҳамоишҳо ба таҳкими робитаҳои академӣ ва рушди муҳити илмии ҳар ду ҷониб мусоидат хоҳад кард.
Имрӯз, 6 апрел дар толори Раёсати Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон Конференсияи ҷумҳуриявии илмию назариявӣ дар доираи «Даҳаи муаррифии илми академии тоҷик» бахшида ба 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, «Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф (солҳои 2020-2040)», «Даҳсолаи байналмилалии «Об барои рушди устувор, 2018-2028», «Солҳои рушди иқтисоди рақамӣ ва инноватсия» (солҳои 2025-2030), “Даҳсолаи илмҳои криосферӣ” (солҳои 2025-2034), эълон гардидани соли 2026 – “Соли вусъат додани корҳои ободониву созандагӣ ва тақвияту таҳкими худшиносиву худогоҳии миллӣ” ва бузургдошти 1050-солагии Робияи Балхӣ дар солҳои 2026-2027 баргузор гардид.
Президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, академик Хушвахтзода Қобилҷон Хушвахт дар сухани ифтитоҳии хеш таъкид намуд, ки баргузории «Даҳаи муаррифии илми академии тоҷик» дар шароити муосир аҳамияти муҳимро касб менамояд. Гуфта шуд, ки илми академӣ ҳамчун заминаи боэътимоди рушди устувори давлат ва ҷомеа баромад намуда, дар татбиқи самараноки стратегияҳои миллӣ, пешбурди иқтисодиёти рақамӣ, тавсеаи равандҳои инноватсионӣ ва таҳкими иқтидори зеҳнии кишвар нақши калидӣ дорад.
Таъкид гардид, ки дар заминаи дастгириҳои пайвастаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои рушди соҳаи илму маориф шароити мусоид фароҳам оварда шуда, имрӯз олимони тоҷик метавонанд дар ҳалли масъалаҳои муҳимми иҷтимоию иқтисодӣ ва экологӣ саҳми арзанда гузоранд. Дар ин замина, густариши таҳқиқоти бунёдӣ ва амалӣ, ҷалби ҷавонон ба илм ва ҳамкориҳои байналмилалӣ аз самтҳои афзалиятнок арзёбӣ гардиданд.
Қайд гардид, ки дар замони ҷаҳонишавӣ ва рушди босуръати технологияҳои муосир, густариши фаъолияти илмӣ-таҳқиқотӣ ва истифодаи дастовардҳои илми муосир яке аз омилҳои асосии таъмини рақобатпазирии иқтисоди миллӣ ба шумор меравад. Дар ин замина, ҷалби неруи зеҳнии ҷавонон ба илм, рушди ҳамкориҳои байналмилалӣ ва татбиқи натиҷаҳои таҳқиқоти илмӣ дар истеҳсолот аз самтҳои афзалиятнок арзёбӣ гардиданд.
Зикр гардид, ки дар муассисаҳои илмӣ-таҳқиқотии Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон «Даҳаи муаррифии илми академии тоҷик» дар муддати ду ҳафта идома ёфта, дар доираи он баргузории конфронсҳо, семинарҳо, мизҳои гирд, намоишҳои дастовардҳои илмӣ ва дигар чорабиниҳои илмиву маърифатӣ ба нақша гирифта шудааст.
Дар доираи ин чорабиниҳо олимон, магистрантон ва докторантон бо маърӯзаҳои илмии худ баромад намуда, натиҷаҳои таҳқиқоти хешро муаррифӣ менамоянд. Бояд гуфт, ки ин раванд барои рушди тафаккури илмӣ, табодули таҷриба ва тақвияти ҳамкориҳои илмӣ миёни насли гуногуни муҳаққиқон заминаи мусоид фароҳам меорад.
Дар идома олимону муҳаққиқон дар баромадҳои хеш оид ба натиҷаҳои илмии бадастовардаашон дар самтҳои гуногуни таҳқиқот, аз ҷумла фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ, технологияҳои муосир, ҳифзи муҳити зист ва истифодаи самараноки захираҳои табиӣ маълумоти муфассал пешниҳод намуданд.