Skip to main content

Дар асоси дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати таъмини заминаҳои моддиву техникии муассисаҳои илмӣ, таъсиси озмоишгоҳҳои наву замонавӣ танҳо дар нимсолаи якуми соли 2025 бо ташаббуси президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, академик Хушвахтзода Қобилҷон Хушвахт 8 озмоишгоҳи замонавӣ бо техникаву технологияҳои муосир дар заминаи муасссисаҳои - илмӣ таҳқиқотӣ мавриди истифода қарор дода шуданд.

ОЗМОИШГОҲҲОИ ЗАМОНАВӢ ДАР МУАССИСАҲОИ ИЛМИИ ЗЕРИН БА ИСТИФОДА ДОДА ШУДААНД:

✅Институти кимиёи ба номи В.И. Никитини Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон 3- адад.

✅Институти физикаю техникаи ба номи С.У. Умарови Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон 1- адад.

✅Институти биологии Помир ба номи Х. Юсуфбекови Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон 2- адад

✅Муассисаи давлатии Маркази омӯзиши пиряхҳои Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон 2- адад.

Бояд гуфт, ки пас аз ба истифода додани 3 озмоишгоҳ Институти кимиёи ба номи В.И. Никитини Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон пурра бо базаи модиву техникӣ таъмин гардид.

Ёдовар мешавем, ки ин ҳама иқдомҳои созандагиву бунёдкорӣ дар Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон маҳз аз дастгириҳои пайвастаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нисбат ба олимон мебошад.