Skip to main content

Имрӯз, 27 август президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, академик Хушвахтзода Қобилҷон Хушвахт бо декани факултети мубодилаи байналмилалии фарҳангии Донишгоҳи давлатии омӯзгории Шинҷони Ҷумҳурии Мардумии Чин Ден Син мулоқот намуданд.

Дар мулоқот ҳамчунин ёрдамчии директори Донишкадаи Конфутсии назди ДМТ Ван Хуэйҷуан, мудири шуъбаи Раёсати робитаҳои байналмилалии илмии АМИТ Мирвайсов Мамурҷон иштирок намуданд.

Зимни мулоқот роҳбари академия ташрифи меҳмононро ба Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон хайрамақдам гуфта, оид ба ҳамкориҳои самарбахши олимони тоҷик бо ҳамтоёни чинӣ мухтасар маълумот дода, доир ба нақши муҳими маркази омӯзишии забонии чинии Конфутсии назди ДМТ дар таҳкими ҳамкориҳои судманди дуҷониба байни ду кишвар, ки яке аз асосгузоронаш профессор Ден Син мебошад қайд намуд.

Дар идома профессор Ден Син оид ба кушодани маркази такмили ихтисоси омӯзгорони давлатҳои Осиёи Марказӣ дар назди Донишгоҳи омӯзгории Шинҷони Ҷумҳурии Мардумии Чин ва самтҳои афзалиятноки ҳамкориҳо дар самт иттлоъ дода, қайд намуд, дар баробари омода намудани омӯзгорон, такмили ихтисоси олимону муҳаққиқон, таҳсил дар зинаҳои магистратура ва докторантура пешбинӣ шудааст.

Ҳамзамон дар рафти мулоқот оид ба татбиқи Ёддошти тафоҳум байни Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон ва Идораи миллии матбуот ва интишороти Ҷумҳурии Мардумии Чин оид ба тарҷума ва нашри осори классикон, ки моҳи июли соли 2024 дар ҳошияи сафари давлатии Раиси Ҷумҳурии Халқии Хитой Си Ҷинпин ба Ҷумҳурии Тоҷикистон ба имзо расонида шуда буд, суханронӣ карда шуд.

Ҷонибҳо ба мувофиқа расиданд, ки аз ҳарду тараф 20 номгӯи китобҳои классикону, олимону сиёсатмадорони Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Мардумии Чин интихоб карда шуда, гуруҳи корӣ, тарҷумонон ва мушовирон таъсис дода шуда, рузҳои наздик ҷаласаи кори онлайнӣ баргузор карда мешавад.