Имрӯз, 14 июн дар толори Раёсати Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон ба муносибати 65- солагии таъсиси ҷамъияти дӯстии Тоҷикистону Афғонистон ва 79- умин солгарди хунёгари нотакрори Шарқ Аҳмад Зоҳир маҳфили илмӣ ва фарҳангӣ-ҳунарӣ таҳти унвони “Садои дӯстӣ ва қаламрави ҳамбастагӣ” баргузор гардид.
Президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, академик Хушвахтзода Қобилҷон Хушвахт тамоми ҳавдорон ва мухлисони хунёгари нотакрори Шарқ Аҳмад Зоҳирро ба ин сана муборак гуфта, таъкид дошт, ки савту навои хуш ва оҳангу садои гӯшнавоз, ки дар пардаи шеъру мусиқӣ мунсаҷим мешаванд, мардумро аз ҳар гӯшаву каноре даври ҳам ҷамъ меоваранд ва тантанаи дӯстию ҳамбастагиро таъмин месозанд. Аз тариқи шунидани созу оҳангу навою садои марғуб инсонҳо на танҳо қалбан таскин меёбанд, балки ба зиндагӣ дилгарм шуда, дар ҳавои шеъру мусиқӣ худро дарёфта, ҳамдигарро шинохта, эҳсоси ҳамдардӣ карда, даври ҳам ҷамъ омада, саранҷом ба ваҳдати куллӣ мерасанд. Ин аст, ки шеъру мусиқӣ ҷаҳонро тағйир ва дигаргуна мекунад ва шароити дӯстию ҳамбастагиро фароҳам меоварад.
Таъкид гардид, ки маҳфили мо бо мусиқӣ ва шахсияти овозадори мусиқии шарқ – Аҳмад Зоҳир бевосита иртибот дорад, ногузир ба чанд нукта таваҷҷуҳ мекунем. Мусиқӣ ба унвони ҳунар аз қадимтарин замонҳо ҳамқадаму ҳамнафаси инсонӣ буда, дар ғаму шодӣ, бурду бохт, муваффақияту нокомӣ ва дарду ранҷ инсони зиндаро шарикӣ мекардааст. Инсон танҳо дар қолаби мусиқӣ ба зиндагӣ аз нав дил мебандад ва онро гиромӣ медорад. Ба ин маъно мусиқӣ аз дарун ва ботин инсонро озодӣ мебахшад: озодӣ аз дарду ранҷ, озодӣ аз кинаву кудурат, озодӣ аз мазаррату бадбинӣ, озодӣ аз зулму истибдод ва дар маҷмуъ, озодӣ аз андӯҳи маргу нестӣ.
Гуфта шуд, ки мусиқии ҳирфаӣ, ки қалбҳоро ба шӯр оварда, эҳсоси истиқлолро дар вуҷуди инсонӣ туғён мебахшад, бемуҳобот, дар савту наво ва овозу садои ноткрори хунёгари маъруфи Шарқ Аҳмад Зоҳир зуҳур кардааст.
Аз ин ҷост, ки ҳамасола дар нимаи аввали моҳи июн, махсусан, санаи 14 июн, ки ҳам рӯзи таваллуд ва ҳам рӯзи даргузашти овозхони шаҳри Шарқ Аҳмад Зоҳир аст, доираҳои вежаи фарҳангию ҳунарӣ дар қолиби маҳфилу нишастҳо аз ин ҳунарманди нотакрор тамҷид мекунанду ёди ӯро гиромӣ медоранд. Маҳфили имрӯзаи мо ҳам, ки дар доираи ҳамкориҳои Раёсати Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон ва Ҷамъияти дӯстии Тоҷикистону Афғонистон баргузор мегардад.
Воқеан, Аҳмад Зоҳир то он дараҷа шахсияти матраҳи мусиқии Афғонистон будааст, ки тайи соли охири зиндагӣ (солҳои 1969-1979) пайдарпай сазовори бонуфузтарин ҷоизаи ҳунари овозхонии кишвар “Хонандаи беҳтарини сол” гардидааст. Тайи фаъолияти ҳунарӣ Аҳмад Зоҳир беш аз 600 суруду тарона сароидааст, ки ғолибан ба забони дарӣ садо дода, танҳо чанд суруди ангуштшумори ӯ ба забонҳои пашту, ҳиндӣ, англисӣ ва русӣ суруда шудаанд.
Дар идома раиси Ҷамъияти дӯстии Тоҷикистон-Афғонистон профессор Қосимшо Искандаров, шодбошии муовини раиси Ҷамъияти дӯстӣ ва равобити фарҳангӣ бо кишварҳои хориҷӣ Иброҳим Абдуллозода мавриди истимоъ қарор гирифта, баъдан гузориши илмӣ-ихтисосии ҳунарманди машҳури Афғонистонӣ Ваҳид Қосимӣ дар мавзуи “Аҳмад Зоҳир: зиндагии эҷодӣ, вежагиҳои ҳирфаӣ ва мушаххасоти ҳунарӣ” шунида шуд (зимнан, устод Ваҳид Қосимӣ бо ҳузури навозандагон чанд таронаву суруди Аҳмад Зоҳир ба таври зинда иҷро кард).
Инчунин, суханрониҳои ёддоштӣ-хотиротии Шоири халқии Тоҷикистон Аскар Ҳаким, донишманд, шоиру сиёсатмадори Афғонистон Муҳаммад Ёрманд, санъатшиноси матраҳи миллӣ, доктори саннъатшиносӣ Аслиддин Низомӣ ва ҳунарнамоии Ҳунармандони мардумии Тоҷикистон Файзалӣ Ҳасан ва Мастона Эргаш ва амсоли инҳо шунида шуда, дар байни ҳар як суханронии хотиротӣ як таронае дар иҷрои зиндаи мухлисони Аҳмад Зоҳир бо шумули Каримҷон Мизонзода (ҳаводори суруду таронаҳои Аҳмад Зоҳир аз Дарвоз), овозхони ҷавону умедбахш Фирӯзаи Тоҳир мавриди истимоъи ҳозирини маҳфил қарор гирифт.