Skip to main content

Абӯалӣ Ҳусайн ибни Абдуллоҳ ибни Сино (980–1037), ки дар Ғарб бо номи Авитсенна маъруф аст, яке аз бузургтарин донишмандони асрҳои миёнаи Шарқ ва ҷаҳон мебошад. Вай дар соҳаҳои мухталифи илм, аз қабили тиб, фалсафа, мантиқ, риёзиёт, физика, астрономия ва адабиёт саҳми беназир гузоштааст. Гарчанде ки Абӯалӣ ибни Сино бештар ҳамчун табиб ва файласуф машҳур аст, фаъолияти ӯ ҳамчун фақеҳ (ҳуқуқшинос) ва асосгузори меъёрҳои ҳуқуқи тиббӣ низ дар таърих сабт шудааст.

Абӯалӣ ибни Сино дар давраи Сомониён (асри X–XI) дар шаҳри Бухоро дар оилаи тоҷик таваллуд шудааст. Падараш Абдуллоҳ, олими исмоилӣ ва мансабдори дарбори Сомониён, барои таълиму тарбияи фарзандаш шароити мусоид фароҳам оварда буд. Абӯалӣ ибни Сино дар синни ҷавонӣ аз устодони барҷастаи замон, аз ҷумла Абӯабдуллоҳи Нотилӣ ва Исмоили Зоҳид, илмҳои мантиқ, фалсафа ва фиқҳро омӯхт. Дар синни 14-солагӣ ӯ аз муаллимони худ пеш гузашт ва дар 17-солагӣ чун олими баркамол шуҳрат ёфт.

Давраи зиндагии Абӯалӣ ибни Сино бо нооромиҳои сиёсӣ ва фурӯпошии давлати Сомониён ҳамроҳ буд. Вай дар дарборҳои гуногуни ҳокимони Хуросон, Хоразм ва Эрон ба ҳайси табиб, вазир ва мушовир хизмат кардааст. Ин фаъолиятҳо ба ӯ имкон доданд, ки бо низоми ҳуқуқӣ, идоракунии давлатӣ ва масъалаҳои ахлоқи касбӣ, аз ҷумла дар соҳаи тиб, аз наздик ошно шавад.

Гарчанде Абӯалӣ ибни Сино бештар бо асарҳои тиббӣ ва фалсафии худ, ба монанди «Китобу-ш-Шифо» ва «Ал-Қонун фи-т-тиб» маъруф аст, вай дар соҳаи ҳуқуқ низ фаъолият доштааст. Дар сарчашмаҳои таърихӣ зикр шудааст, ки ӯ гоҳе ба сифати фақеҳ (ҳуқуқшиноси исломӣ) дар дарборҳои ҳокимон кор мекард. Нақши фақеҳ дар он замон аз донистани қонунҳои шариат, мантиқ ва ахлоқ вобаста буд, ки Абӯалӣ ибни Сино дар ҳамаи ин соҳаҳо маҳорати баланд дошт.

Абӯалӣ ибни Сино дар синни ҷавонӣ аз устодони худ асосҳои фиқҳро омӯхта, дар баҳсҳои ҳуқуқии дарбор ширкат меварзид. Фиқҳ дар он давра на танҳо ба масъалаҳои динӣ, балки ба танзими муносибатҳои иҷтимоӣ, иқтисодӣ ва сиёсӣ низ дахл дошт. Дар асарҳояш, аз ҷумла «Донишнома» ва «Китобу-ш-Шифо», ӯ ба масъалаҳои мантиқ ва ахлоқ, ки асоси ҳуқуқи исломиро ташкил медиҳанд, таваҷҷуҳи хоса зоҳир кардааст. Охирин баёнгари он аст, ки Абӯалӣ ибни Сино ба масъалаҳои адолат, ахлоқи ҳуқуқӣ ва низоми иҷтимоӣ диққати ҷиддӣ додааст.

Абӯалӣ ибни Сино дар чандин дарбор, аз ҷумла дарбори Оли Кокӯя дар Ҳамадон, ба ҳайси вазир кор кардааст. Вазифаи вазир дар он замон на танҳо идоракунии корҳои маъмурӣ, балки таҳияи сиёсатҳои ҳуқуқӣ ва қабули қарорҳои муҳимро низ дар бар мегирифт. Фаъолияти ӯ дар ин мақом нишон медиҳад, ки вай дар масъалаҳои идораи давлатӣ ва танзими муносибатҳои ҳуқуқӣ таҷрибаи амалӣ доштааст.

Яке аз саҳмҳои муҳими Абӯалӣ ибни Сино дар соҳаи мантиқ аст, ки бевосита ба илми ҳуқуқ таъсир расонидааст. Вай асосгузори мантиқи синоӣ буда, дар асарҳояш ба таҳлили масъалаҳои мантиқии марбут ба далел ва исбот диққат додааст. Ин усулҳо дар фиқҳ барои тафсири қонунҳои шариат ва қабули қарорҳои ҳуқуқӣ истифода мешуданд. Масалан, дар «Китобу-ш-Шифо» ӯ ба таври муфассал ба масъалаҳои мантиқ ва далелҳои ҳуқуқӣ пардохтааст, ки барои фақеҳони замон аҳамияти калон дошт.

Яке аз саҳмҳои барҷастаи Абӯалӣ ибни Сино дар соҳаи ҳуқуқ ин таҳияи меъёрҳои ахлоқии касби табибон дар асараш «Китобу-л-Қонун фи-т-тиб» (Қонуни тиб) мебошад. Ин китоб на танҳо як манбаи мукаммали тиббӣ, балки асоси ташаккули ҳуқуқи тиббии ҷаҳонӣ низ ба ҳисоб меравад. Дар ин асар Абӯалӣ ибни Сино ба масъалаҳои зерин диққат додааст, ки барои ҳуқуқи тиббӣ аҳамияти бузург доранд:

1. Ахлоқи касбии табиб. Абӯалӣ ибни Сино дар «Ал-Қонун» меъёрҳои ахлоқии табибро муайян кардааст, ки то имрӯз асоси кодексҳои ахлоқии тиббӣ ба ҳисоб мераванд. Вай таъкид мекунад, ки табиб бояд боэътимод, бовиҷдон ва масъулиятнок бошад. Ин меъёрҳо ба ташаккули қонунҳои марбут ба масъулияти табибон ва ҳуқуқи беморон мусоидат кардаанд.

2. Ҳуқуқи бемор. Дар «Ал-Қонун» Абӯалӣ ибни Сино ба ҳуқуқи беморон, аз қабили эҳтиром ба шахсияти онҳо, махфияти иттилоот ва дастрасӣ ба табобати одилона, таваҷҷуҳ кардааст. Ин принсипҳо асоси ҳуқуқи муосири тиббиро ташкил медиҳанд ва дар таҳияи қонунҳои байналмилалии соҳаи тандурустӣ таъсири амиқ гузоштаанд.

3. Масъулияти табиб. Абӯалӣ ибни Сино дар асараш ба масъулияти табибон дар баробари беморон ва ҷомеа таъкид карда, меъёрҳои ахлоқиро барои пешгирӣ аз хатоҳои тиббӣ ва риояи адолат муқаррар намудааст. Ин меъёрҳо дар ташаккули низоми қонунгузории тандурустӣ дар асрҳои баъдӣ нақши муҳим бозидаанд.

«Ал-Қонун» дар тӯли қариб 800 сол дар донишгоҳҳои Аврупо ҳамчун манбаи асосии таълими тиб истифода шуда, ба ташаккули низоми ҳуқуқии соҳаи тиб дар ҷаҳон таъсири бузург расонидааст. Ин асар Абӯалӣ ибни Синоро ҳамчун асосгузори ҳуқуқи тиббии ҷаҳонӣ муаррифӣ кардааст.

Гарчанде Абӯалӣ ибни Сино мустақиман дар таҳияи қонунҳои муосир иштирок накардааст, таъсири ӯ ба илми ҳуқуқ аз тариқи мантиқ, ахлоқ ва фалсафа эҳсос мешавад. Усулҳои мантиқии ӯ дар таҳлили масъалаҳои ҳуқуқӣ ва тафсири қонунҳо то имрӯз аҳамият доранд. Инчунин, меъёрҳои ахлоқии табибон, ки дар «Ал-Қонун» оварда шудаанд, дар ташаккули кодексҳои муосири тандурустӣ ва Принсипҳои ахлоқии Созмони Умумиҷаҳонии Тандурустӣ, нақши муҳим бозидаанд.

Абӯалӣ Абӯалӣ ибни Сино на танҳо табиб ва файласуфи бузург, балки олими ҳуқуқшинос ва асосгузори ҳуқуқи тиббии ҷаҳонӣ низ буд. Вай дар танзими муносибатҳои иҷтимоӣ, идораи давлатӣ ва таҳияи меъёрҳои ахлоқии касбӣ саҳми арзанда гузоштааст. Фаъолияти ӯ ҳамчун фақеҳ ва вазир, инчунин таълимоти мантиқии ӯ, ба рушди илми ҳуқуқ дар асрҳои миёна мусоидат кардааст. Асарҳои ӯ, ба хусус «Китобу-ш-Шифо» ва «Ал-Қонун фи-т-тиб», на танҳо ба илми тиб, балки ба фалсафаи ҳуқуқ ва ахлоқи касбӣ низ таъсири амиқ расонида, асоси ҳуқуқи тиббии ҷаҳониро гузоштаанд. Абӯалӣ ибни Сино бо мероси ғании худ то имрӯз ҳамчун мутафаккири абадзинда дар таърихи тамаддуни ҷаҳонӣ боқӣ мемонад.

САНГИНЗОДА ДОНИЁР ШОМАҲМАД -муовини директори Институти омӯзиши масъалаҳои давлатҳои

\Осиё ва Аврупои АМИТ оид ба илм ва таълим, доктори илмҳои ҳуқуқшиносӣ, профессор

3123Чи тавре ки ба ҳамагон маълум аст, рӯзи 5-уми октябр ҳамасола дар кишвари мо ва берун аз он ҳамчун Рӯзи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон таҷлил мегардад, ки ин аз таваҷҷуҳи Ҳукумати ҷумҳурӣ ва, пеш аз ҳама, аз ғамхорӣ ва пуштибонии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар бораи мақоми иҷтимоии забони миллии мо, яъне забони тоҷикӣ, ҳифзу рушди минбаъдаи он гувоҳӣ медиҳад. Зеро, тавре ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон фармудаанд: “Забон на фақат воситаи муҳимтарини муомилоти инсонӣ ва падидаи иҷтимоист, балки нишонаи асосӣ ва муайянкунандаи асолату ҳувияти миллат мебошад”. Маҳз, чунин ғамхории Ҳукумати ҷумҳурӣ ва Пешвои миллат аст, ки мақоми забони тоҷикӣ дар ҷомеаи мо хеле боло рафт ва худи забон сол аз сол рушд карда, ҳамқадами замон гардидааст.

Имрӯз забони тоҷикӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон на танҳо ба сифати забони давлатӣ, балки ба ҳайси забони илму фарҳанг ҳам амал намуда истодааст, зеро имрӯз ба ин забон асарҳои зиёди илмӣ таълиф гардида, аз забонҳои дигар ҳам асарҳои зиёди илмию техникӣ ба забони тоҷикӣ тарҷума мешаванд.

Чунин мақоми баланд ва аҳаммияти иҷтимоии забони тоҷикӣ моро водор месозад, ки ба таълиму омӯзиш, таҳқиқ ва истифодаи шоистаи забони тоҷикӣ бо як муҳаббати бепоёну масъулияти баланд муносибат намоем. Чунин аст, рисолати зиёиёни имрӯза ва ояндаи ҷумҳурии мо, ки аз суханони зерини Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бармеояд: “Барои озодона бо забони адабии тоҷикӣ сухан гуфтану суҳбат карда тавонистан, бояд ҳар як зиёии тоҷик на танҳо кӯшиш намояд, балки ба дигарон намунаи ибрат бошад.”

Мусаллам аст, ки забон муҳимтарин унсури бақои миллат буда, оинаи рӯзгори гузаштаву ҳозира ва маҷмуи тафаккуру андешаи халқ ба ҳисоб меравад ва он яке аз арзишдмантарин сарчашмаҳои мероси гузаштагон барои наслҳои ояндаи мо арзёбӣ мегардад. Таърихи башар гувоҳ аст, ки халқҳо, миллатҳо ва давлатҳо танҳо бо доштани забони миллии худ устувору пойдор мемонанд. Яъне забони ҳар миллат шарти муҳимтарини пойдории он дониста мешавад.

Бояд бо ифтихор иброз дошт, ки пас аз давлати Сомониён забони миллии мо танҳо дар даврони Истиқлол дар мақоми забони давлатӣ қарор дода шуд. Аз рӯзҳои аввали соҳибистиқлолӣ барои ғанӣ гардонидани забони адабии тоҷикӣ ва ҳифзу рушди он саъйу талош намуда, дар кишвар ҷиҳати рушди он заминаҳои ҳуқуқӣ фароҳам оварда шудаанд.

Дар баробари ин, як қатор санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ қабул гардида, барои пешрафти он силсилабарномаҳои давлатӣ роҳандозӣ шудаанд, ки ба хотири бузургдошти ин рукни муҳимми давлатдориамон дар қонунгузорӣ тағйирот ворид гардидаву ҳамасола Рӯзи забони давлатиро бо шукӯҳу шаҳомат таҷлил менамоем.

Чи тавре ки Пешвои муаззами миллат иброз медоранд: «Барои ман забони тоҷикӣ на танҳо воситаи гуфтугӯю муошират ба шумор меравад, балки болотар аз он, шиносномаи миллати азизам, руҳи поки гузаштагонам ва оинаи осори ниёгонам мебошад.

Аз ин рӯ, ман ба ин забони шевои шоирона сидқан арҷ мегузорам, бо ҳисси баланди ватандӯстӣ аз минбарҳои баланд бо ин забон сухан мегӯям, аз лаҳни шакарину дилнишинаш лаззати маънавӣ мебарам ва ҳастиамро бо ҳастии забонам пайванд дониста, ин гавҳари хушоб ва дурри ҷаҳонтобро пайваста ситоиш ва тарғиб менамоям».

Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳифзи арзишҳои миллии забониро аз вазифаҳо ва ҳадафҳои асосии худ барои насли имрӯзу фардои ҷомеа ҳисобида, моро вазифадор мекунад, то дар рушду густариши забони давлатиамон чи дар дохил ва чи хориҷ аз он камари ҳиммат баста, кору иқдомоти марбут ба ин масъалаҳоро мунтазам дар тамоми қишри ҷомеа амалӣ сохтаву ба роҳ монем. Зеро, «Забони мо баёнгари сарнавишти мо, мояи ифтихору сарфарозӣ ва пойдевори ваҳдати ҷовидонаи миллати мост».

Бояд зикр намуд, ки кормандони илмии Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар тамоми раванди рушди забони тоҷикӣ дар замони Истиқлол дар пайи амалӣ сохтани дастуру супоришҳои Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Ҳукумати мамлакат фаъолиятҳои босамар ва пажуҳишҳои назаррасе анҷом дода, заминаҳои илмиро барои омӯзиш ва таълими забони тоҷикӣ фароҳам оварда, бо Кумитаи забон ва истилоҳоти назди Ҳукумати Тоҷикистон ҳамкориҳои илмии судмандеро ба роҳ мондаанд, ки натиҷаҳои ин равобит дар таҳияи Қоидаҳои имлои забони тоҷикӣ, таҳияи “Барномаи рушди забони давлатӣ барои солҳои 2020-2030”, лоиҳаи “Фарҳанги имлои забони тоҷикӣ” ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ инъикос ёфтаанд. Дар фарҷоми сухани худ тамоми ҳамватанонамонро бо фарорасии Рӯзи забони давлатӣ самимона табрик намуда, орзуи онро дорем, ки ин забон бо миллати шарафмандаш ҳазорсолаҳои дигар дар саҳифаҳои таърихи башар мондагор гардида, бо ширинию шевоӣ ва гувороии худ дар дили аҳли башар ошёни меҳру садоқат ва муҳаббату самимияти инсониро бо андарзҳои пандомезаш бунёд менамояд.

Президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, академик Хушвахтзода Қобилҷон Хушвахт

(Ба муносибати Рӯзи омӯзгор ва Рӯзи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон)

«Омӯзгор бояд на танҳо донандаи фанни худ, балки мураббии ҳақиқии инсон бошад. Зеро тарбияи насли наврас - ин тарбияи ояндаи миллат аст.» Эмомалӣ Раҳмон

Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон бо роҳнамоии сарвари маорифпарвар, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба омӯзгорон таваҷҷуҳи махсус равона гардида, дар мулоқоту паёмҳои Президент шахсият ва ҷойгоҳи муаллимон пайваста мавриди таваҷҷуҳ қарор дорад ва ҳифзи шахсияту мақоми онҳо бештар таъкид гардида, барои кору фаъолияти судманду мондагори онҳо дар ҷомеа шароитҳои зарурӣ фароҳам оварда шудааст.

Дар суханони самимонаи Президенти кишвар ҳадафу мароми рисолати муқаддаси омӯзгор дар ташаккули шахсияти насли наврас ва бунёди ҷомеаи солиму созанда равшан баён гардида, ӯро бо меҳнати фидокорона, сабру таҳаммул ва масъулияти бузург дар таълиму тарбияи шогирдон ба худшиносӣ, роҳи дурусти зиндагӣ, арзишҳои миллӣ ва инсонӣ муҳим меҳисобад.

Омӯзгорон на танҳо таълим медиҳанд, балки бо ахлоқи накӯву шахсияти волои худ шогирдонро ба хирад, одоби ҳамида, эҳтиром ба калонсолон, ватандӯстиву меҳнатдӯстӣ ҳидоят мекунанд.

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар мулоқоту суханрониҳои худ борҳо рисолати омӯзгоронро таъкид намуда, дар паёмҳои худ ба муносибати Рӯзи омӯзгор чунин ишора кардаанд: «Мо бояд ба омӯзгорон эҳтироми хоса гузорем, зеро онҳо тарбиятгари насли фардои миллатанд».

Шахсият ва мақоми омӯзгор дар ташаккули забон ва адабу фарҳанг низ ҳамеша нақши бузург дошта, ӯро тарбиятгари инсон, чароғи роҳнамо ба сӯйи фардои дурахшон, таконбахши рушди ҷомеа ва саҳмгузори рушди неруи ақлонӣ меноманд. Имрӯз низ ин гуфтаи бузургони илму хирад "Агар дар ҷаҳон набвад омӯзгор, шавад тира аз бехирад рӯзгор" пойбарҷо буда, ҳамеша аз нақши омӯзгор мегӯянду ба бузургияш арҷ мегузоранд.

Бо мақсади қадр кардани заҳмати омӯзгорон ва ёдоварӣ намудан аз фаъолияти содиқонаву самимонаи онҳо дар самти таълиму тарбияи насли наврас ва ҷавон ҳар сол дар ҳафтаи аввали моҳи октябр, “Рӯзи омӯзгор” дар сатҳи баланд қайд мегардад. Ин шаҳодати он аст, ки Ҳукумати мамлакат ва роҳбарияти олӣ ба омӯзгорон таваҷҷуҳи ҳамешагӣ доранду нақши онҳоро дар самти ба камол расонидани насли ояндаи кишвар муҳим медонанд. Ба назари бештари равшанфикрон барои соҳиби илму дониш ва ахлоқи ҳамида гардидани насли наврас дар қатори волидайн омӯзгорон низ вазифадор буда, ин вазифаи хешро дар сатҳи зарурӣ иҷро мекунанд.

Зимнан, Пешвои миллат иброз медоранд, ки “Нақши омӯзгор дар таълиму тарбияи насли наврас бениҳоят бузург аст. Муаллим, пеш аз ҳама, афрӯзандаи чароғи дурахшони илму дониш аст ва хушбахтона, қисми асосии зиёиёни кишварро муаллимон ташкил мекунанд. Бинобар ин, вазифаи асосии муаллим дар баробари омӯзонидани илму дониш, инчунин омӯзонидани адаб ва ҳидояту роҳнамоии шогирдон ба роҳи рост мебошад. Ин амр бояд ба меъёри ахлоқии фаъолияти муаллим табдил ёбад”.

Дар шароити ҷаҳонишавӣ ва рушди технологияҳои иттилоотӣ, омӯзгорро зарур меояд, то пайваста дониши худро такмил диҳад, бо усулҳои муосир таълими тарбия шинос шуда, шогирдонро ба илму маърифат, эҳсону эҳтиром ҳидоят намояд. Ӯ бояд мураббии равонӣ низ бошад, ки ба шогирдон дар шинохти худ, дарки масъулият ва рушди маҳорат кӯмак расонад.

Бешак, омӯзгорон роҳкушои аҳли башар ба сӯйи дониш, илм, маърифат ва камолоти маънавӣ буда, роҳнамои роҳи ростӣ, роҳи корбарӣ, роҳи орӣ аз ҳама гуна кирдорҳои бади инсонӣ, мубаллиғи илму дониш ва камолот насли инсонҳо буда, ҳар яке аз мову шумо аз илму дониш тавассути онҳо баҳравар шуда, баҳри ҳаёти хуб ва эҷоди ҷомеаи созгору маърифатнок саъю талош намудаем. Беҳуда нест, ки шоир гуфтааст:

Нури маърифат ба рӯям боз кард омӯзгор,

Мурғи иқболам баландпарвоз кард омӯзгор.

Хулосаи калом, дар таълиму тарбияи насли худогоҳу худшинос ва ватандӯст, забондону фарҳангпарвар омӯзгор нақши муҳим дошта, манбаи ҳама гуна дастоварду пешравӣ ва рушду нумуи фикрӣ ва хазинаи маънавию илмӣ ба шумор меравад. Зеро тавассути роҳнамоиҳои дақиқу дурусти ин шахсият башар метавонад ҷаҳонро бо дониш бештар кашф кунад.

Бо сабабҳои болозикр, Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон барои таълиму тарбияи насли наврасону ҷавонони нав фаъолияти Академияи хурди илмҳоро роҳандозӣ кардааст, ки барои андешидани тадбирҳо дар самти интихоби касбу ҳунари мактаббачагон ва ҷалби онҳо ба эҷодиёти муташаккилонаи илмию техникӣ, инкишофи маърифат, малакаҳои илмию таҳқиқотӣ, ихтироъкорӣ, фаъолияти таҷрибавии беруназдарсӣ таҳти роҳбарии олимон, устодони мактабҳои олӣ ва миёнаи махсус, мутахассисони иқтисоди миллӣ нигаронида шудааст. Ин боргоҳи илму ҳунар бо устодону муаллимон, омӯзгорони соҳибмактаб дар таълиму тарбияи насли наврас саҳм гузошта, ҳамасола сессияҳо, озмуну маҳфилҳои илмӣ барояшон ташкил менамояд. Аз миёни аъзои Академияи хурди илмҳои Тоҷикистон нафарони зиёде ба илму дониш дил баста, ҳоло ҳамчун олимони варзида ва мутахассисони боистеъдод дар соҳаҳои гуногуни иқтисоди миллии ҷумҳурӣ фаъолият доранд.

Бешубҳа, бо пайравӣ аз ҳидоятҳои Пешвои миллат ва арҷгузорӣ ба рисолати омӯзгор, мову шумо метавонем якҷо насли наврасро хуб таълим дода, онҳоро донишманд, ватандӯсту созанда бисозем, ки баҳри ҳифзу оромиву ободии Ватан бештару беҳтар хидмат намоянд.

Тамоми устодону омӯзгорону муаллимонро бо рӯзи гиромидошти илму маърифат ва хираду ақлу андеша, яъне “Рӯзи омӯзгор” ва таҷлили “Рӯзи забони давлатӣ” табрику таҳният намуда, ба ҳама саодати зиндагӣ, сарбаландӣ ва хушии рӯзгорро таманно дорем ва аз забони шоир таъкид месозем:

Агар дар ҷаҳон набвад омӯзгор,

Шавад тира аз бехирад рӯзгор.

Шарифзода Сурайё - мутахассиси шуъбаи кор бо мактаббачагони Раёсати АМИТ

Дар асоси меъёрҳои забони адабӣ, ки дар забоншиносии муосир муайян шудааст, шакли талаффузи овозҳои ба забони адабӣ воридшуда бояд ҳадди аксар барои тамоми соҳибони забон (ки бо лаҳҷаҳои гуногун суҳбат мекунанд) ва ҳадди ақал барои аксарияти соҳибзабонон умумӣ бошад. Яъне ҳангоми таҳияи имлои забони адабӣ меъёрҳои таърихие ба назар гирифта мешавад, ки дар тамоми ё қисмати бештари лаҳҷаҳои забони тоҷикӣ таърихан ташаккул ёфта, хусусияти умумӣ ё фаролаҳҷавиро гирифта бошанд. Бинобар ин Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дуруст мефармояд, ки «Яке аз муҳимтарин масъалаҳое, ки бояд мавриди таҳқиқи ҷиддии донишмандон, махсусан забоншиносон қарор гирад, масъалаи муқаррар намудани меъёрҳои забони адабӣ мебошад. Забони давлатиро бояд бар пояи меъёрҳои адабӣ устувор сохта, онро аз ҳама гуна қолабҳои сунъии бегона ва унсурҳои лаҳҷавӣ озод кардан лозим аст. Дар робита ба ин, таъкид месозам, ки инкишофи устувори забонро танҳо дар асоси риояи қоидаҳо ва қонуниятҳои меъёр ва таърихи он таъмин кардан мумкин аст»[1]. Аз ин нуқтаи назар таҳаввули таърихии садонокҳои забони тоҷикӣ бисёр омӯзанда аст.

Садонокҳои забони тоҷикӣ дар давраҳои тулонии таърихи забони мо тағйиру таҳаввули зиёде дида, суфта гардида то ба имрӯз расидаанд. Азбаски ҳамсадоҳои забон бештар собиту устувор буда, ба тағйироти шакливу овоӣ камтар рӯ ба рӯ мешаванд, мо садонокҳои забон ва таҳаввули онҳоро аз лиҳози таърихӣ мавриди баррасӣ қарор медиҳем. Яке аз хусусиятҳои хоси овозҳои забонҳои бостонии эронӣ ба таври мушаххас фарқ кардани садонокҳо аз лиҳози дарозии овоз мебошад. Забони форсии бостон, ки падарбузурги овозҳои забони тоҷикӣ ҳисоб мешавад, дар таркиби худ се ҷуфти садонокҳои одӣ (а, о, и, э, у, ӯ) ва чор садоноки мураккаб (ai, aī, au, aū) дорад.[2] Инкишофи минбаъдаи садонокҳо дар забони форсии миёна ва портӣ нишон медиҳанд, ки ду садонокҳои мураккаб ai ва au мутаносибан ба садонокҳои дарози ē ва ō табдил ёфтаанд, дар забони форсии миёна дар давраи оғозини инкишофи забони класикии форсӣ-тоҷикӣ шумораи садонокҳо ба шаш садонок (i, ī, ē, a, ā, u, ū, о, ) мерасад.

Садонокҳои забони тоҷикӣ шаш садоноки ҷуфт иборат аст (а-о, у-ӯ, и-э). ин аломатҳо ва тақсимбандӣ дар грамматикаи илмии забони тоҷикӣ омадааст. Инчунин садонокҳои ҷуфт аз тарафи Абуалӣ ибни Сино ҳануз дар асри X дар «Махориҷ-у-ул-ҳуруф» зикр гардидааст. Ӯ дар ин бора чунин фармудааст: «Оид ба савтиёт (фонетика)

«Алиф»-и масавват ва хоҳари ӯ «забар», ба гумони ман, махраҷи ин ду раҳо кардани ҳавост ба равонӣ ва бемузоҳамат.

«Вов»-и мусавват ва хоҳараш «пеш», ба гумони ман, аз раҳо кардани махраҷ ва андак майле ба боло падид меояд.

«Ё»-и мусавват ва хоҳараш «зер», аз раҳо кардани ҳаво ва бо андак танг кардани махраҷ ва каме майл ба пойин ҳадис мешавад.

Амри ин се ҳарф бар ман душвор аст, аммо ин қадар ба яқин медонам, ки «алиф»-и мамдуди мусавват дар замоне бештар ё ду баробари замони забар воқеъ мешавад ва забар дар кучактарин замоне, ки дар он интиқол аз ҳарфе ба ҳарфи дигар мумкин бошад. Ва низ чунин аст нисбати «вов»-и мусавват ба «пеш» ва «ё»-и мусавват ба «зер». (Сино. Махориҷ-у-ул-ҳуруф). С.-237

Аз рӯйи гуфтаҳои алломаи бузург, сухан дар бораи ҷуфти садонокҳои имрӯзи а, о, и (устувор ва ноустувор) ва ӯ-и (устувору ноустувор) меравад. Дар бораи садонокҳои ӯ (у-и устувори дароз) ва э (и-и устувори дароз) умуман сухан намеравад.

Бинобар ин моро зарур аст, ки сари таърихи овошиносии забон андеша намоем ва имлои садонокҳои забони тоҷикиро бо меъёрҳои таърихии имлои онҳо мувофиқ созем. Албатта, ин навиштаҳои мо як тарзи пешниҳодӣ аст ва ҳар як овози садоноки забонро ба тавр ҷудогона муфассал мавриди баррасии илмӣ қарор бояд дод.

Бояд гуфт, ки масъалаи садонокҳои забони тоҷикӣ дар даврони Шӯравӣ борҳо мавриди баррасӣ қарор гирифтааст ва то ин дам шумораи садонокҳои забони тоҷикиро пажӯҳишгарон гоҳ дар асоси шумораи садонокҳо дар забони классикии форсӣ-тоҷикӣ 8 садонок, гоҳ ҳафт садонок ва асосан шаш садонок ҳисоб кардаанд. Дар ибтидои асри ХХ, солҳои 1927-1928 дар давраи омодагӣ барои гузариш ба алифбои лотинӣ баҳс сари садонокҳои дарозу кутоҳи ū – u ва i – ī хеле доманадор буд ва ин баҳсҳо аввал бо қабул кардани ҳашт садонок i, ī, e, a, o, ů, ū, u анҷом ёфт. Дар натиҷа китобҳои аввалини дарсӣ барои забони тоҷикӣ, ки солҳои 1929-1930 чоп шуданд, бо овардани ҳашт садонок дар забони тоҷикӣ нашр гардидаанд.[3]

Абдуррауфи Фитрат дар китоби худ бо номи «Қоидаҳои забони тоҷик (сарф ва наҳв)», ки соли 1930 ба чоп расидааст, чунин менависад: «Босадоҳои (садонокҳои - С.Н.) забони тоҷик 8 адад буда, ба се ҷуфт ва 2 тоқа тақсим мешаванд. 6 босадои ҷуфт-ҷуфт:

Кутоҳ

у, и, а

Дароз

ӯ, ӣ, о

Ду босадои тоқа: «е, у»[4]

Вале баъдан Комиссия оид ба омодагӣ ба анҷумани илмӣ-забоншиносии Тоҷикистон садонокҳои забони тоҷикиро 6-то муқаррар намуд ва овозҳои i - ī ва u - ū-ро на аз рӯйи дарозӣ, балки дар асоси устуворӣ муайян намуд.[5]

Ин анҷуман ки моҳи августи соли 1930 баргузор гардид, аз рӯйи чор масъала, забони адабии тоҷик, алифбо (алифбои лотинӣ дар назар аст), имло ва масъалаи алифбои шуғнонӣ қарорҳои махсус қабул кард, ки ду қарори Анҷуман «Қарор дар масъалаи алифбо» ва «Қарор дар бораи имлои нави тоҷикӣ» ба имлобандӣ бевосита иртибот дошта, тарзи навишти калимаҳоро ба алифбои лотинӣ муайян менамояд. Аз ҷумла, дар «Қарор дар масъалаи алифбо» оид ба муайян кардани ҳарфҳо барои овозҳои ӯ, у, у чунин омадааст: «Анҷуман тамоми масъалаҳои мубоҳисадори алифбои нави тоҷикро ҳаматарафа музокира карда, ба ин қарор меояд, ки дар қисми муҳимми шеваҳои тоҷикӣ овози (у) вов-и маҷҳул мавҷуд нест ва ин вов бо (ӯ) вови маъруф мувофиқ мебошад, барои ҳамин дар аснои таълим хондан ва навиштан душвориҳо ба миён меояд. Барои аз миён бардоштани ин душвориҳо минбаъд овозҳои (ӯ) ва (у) бо як шакл (ӯ) нишон дода шавад ва ин шаклро бо хосиятҳои шеваҳо мувофиқ карда кор фармудан мумкин хоҳад шуд. Ин ҳол дар шеваҳое, ки ин се овоз (яъне ӯ, у, у) фарқ доранд, дуруст хондан ва навиштанро осонтар карда, дар шеваҳое, ки фақат дутоии ин овозҳо ҳаст, душвории мавҷударо аз миён мебардоранд».[6]

Як нуктаи муҳими дигар бар асоси меъёрҳои таърихии забони адабӣ таҳия гардидани имло мебошад. Дар қарори мазкур дар ин бора чунин омадааст:

«Анҷуман қайд мекунад, ки дар муайян кардани қоидаҳои имлоӣ танҳо як лаҳҷаро асос гирифтан аз хусусиятҳои лаҳҷа (ё ки шева)-ҳои дигар чашм пӯшидан мувофиқи мақсад нест. Бинобар ин ҳамаи лаҳҷаҳоро дар назар дошта истода қоидаҳои имлогии сарфии муштаракро муайян кардан лозим аст.

Қайд: азбаски забони адабии тоҷик то як дараҷа ҳамаи хусусиятҳои лаҳҷаҳоро ба худ акс кунонидааст, бинобар ин дар тартиби қоидаҳои имлогӣ дар ваҳлаи аввал ба забони адабии мавҷуда муроҷиат кардан зарур аст».[7]

Аз ин иқтибос чунин бармеояд, ки таҳиягарони имлои забони тоҷикӣ дар ибтидои солҳои сиюми садаи ХХ тарафдори таҳияи имло дар асоси меъёрҳои таърихии грамматикӣ буда, аз «принсипи савтӣ»-и таҳияи имло сарфи назар менамоянд: Таваҷҷуҳ кунед ба иқтибоси дигар аз ҳамин қарор: «Азбаски забони тоҷик ду лаҳҷаи асосӣ ва як қатор шеваҳои дарунӣ дорад, бинобар ин имлои тоҷикиро дар асоси соф савтӣ ниҳодан мумкин нест. Бинобар ин имлои нави тоҷик дар принципи шаклӣ ниҳода мешавад»[8].

Дар солҳои 1937-1940 дар давраи гузариш ба алифбои кириллӣ масъалаи садонокҳои забони тоҷикӣ аз нав мавриди баррасӣ қарор гирифт. Боз фарқ кардани i – ī ва ū – u масъалаи асосӣ гардид. Соли 1940 китоби Лутфулло Бузургзода «Фонетикаи забони адабии тоҷикӣ» бо ҳуруфи лотинӣ чоп шуд, ки дар он масъалаи дарозӣ ва кутоҳии садонокҳои i - ī ва ū – u аз нав тасдиқ гардида, барои забони тоҷикӣ меъёр ҳашт садонок муқаррар гардид. Аз ҷумла, ӯ дар бораи овози i: - ī менависад: «i: Ин овоз аз ҷиҳати ҷой ва усули ташаккул аз «i» фарқ надорад, яъне овози қатори пешин ғайрилабӣ ва танги болоӣ буда, аммо аз «i» андак кашидатар (дарозтар) талаффуз карда мешавад: i:d, bi:пo, si:r (sī:ri kosa), si:r, zi:n, zi:пa, xi:ra, pi:v, di:па, di:ruz//di:rūz, ki:па, si:. Ин овоз дар як қисм шеваҳо монанди забони адабӣ фонемаи мустақил ба шумор равад ҳам, дар як қисм шеваҳо (Самарқанд, Ленинобод) аз «i» фарқ карда намешавад.»[9] Л. Бузургзода дар бораи u:(ū) ҳам чунин ақидаро пешниҳод мекунад ва барои намуна мисолҳои du:r, hu:š, šu:š, пu:r, du:d-ро меорад.[10] Тавре ки аз ин намунаҳо мебинем, ва худи муаллиф ҳам қайд мекунад, ин дарозиву кутоҳӣ агар дар забони адабӣ ва баъзе аз шеваҳо фонемаи мустақил бошад ҳам, вале дар лаҳҷаҳои Самарқанду Ленинобод аз овози «i» фарқ надорад. Бинобар ин дар имлои забон ҳам минбаъд дар назар гирифта нашудаанд.

Вале баъд аз як соли нашри ин китоб китоби дигаре бо номи «Грамматикаи забони тоҷикӣ» нашр мешавад, ки дар он ҳафт садонок (a, e, u, ӣ, o, y, ӯ) барои забони адабии мо муқаррар шудааст.

Тарзи талаффузи овози ӯ дар вожаҳои «ду», «ту», «куҳ», «нуҳ» боз ҳам кутоҳшавии ин овозро тасдиқ мекунад. Ақидаи забоншиносон оид ба аз дарозиву устуворӣ ба кутоҳиву ноустуворӣ тағйир ёфтани овозҳои садоноки забони мо имрӯз илман тасдиқ шудааст. Ҳол он ки дар забони мо бе доштани меъёри таърихӣ як силсила қоидаҳо (аз қабили пеш аз овози (h)ҳ дар калимаҳои куҳна, куҳан ва пеш аз овозҳои h ва айн (аломати сакта) дар калимаҳои арабӣ талаффуз кардани ӯ пайдо шудаанд, ки имрӯз онҳоро ҳамчун хусусиятҳои хоси забони тоҷикӣ қаламдод мекунанд. Ҳол он ки хусусияти хоси ин овозҳоро, яъне ба ӯ-и дароз табдил ёфтани у-и кутоҳ дар лаҳҷаҳои шимолии Тоҷикистон, аз ҷумла дар лаҳҷаҳои «самарқандӣ-бухороӣ, ленинободӣ-конибодомӣ, аштӣ, чустӣ, косонсоӣ, уротепагӣ, шаҳристонӣ» дар намунаҳои уҳда, муҳтоҷ, мумин (арабии муъмин) ҳанӯз дар соли 1964 муҳаққиқи рус Расторгуева В.С. қайд карда чунин гуфта буд: «Гузариши u (у-и кутоҳ) ба ů (ӯ-и дароз) дар зери таъсири ҳамсадои гулӯӣ танҳо дар лаҳҷаҳои шимолӣ (ҷое, ки садоноки ū (ӯ-и дароз) дорад) ва махсусан дар лаҳҷаҳои самарқандиву бухороӣ, ленинободиву конибодомӣ, аштӣ, чустӣ, косонсоӣ, уротепагӣ, шаҳристонӣ дида мешавад.»[11] Яъне ин падида дар аксарияти дигари лаҳҷаҳои минтақаҳои тоҷикнишини тоҷикони Осиёи Марказӣ ва лаҳҷаҳои марказӣ, ҷанубӣ ва ҷануби шарқии Тоҷикистон аз тарафи муҳаққиқон маълум карда нашудааст ва онро ҳамчун меъёр ба забони адабӣ дохил кардан ба назар дуруст намерасад. Агар меъёрҳои забони адабиро ба баъзе минтақаҳои тоҷикнишини Ӯзбекистону Тоҷикистон маҳдуд накарда, онро ба тамоми сарзамини тоҷикон мансуб донем, нодурустии ин меъёр боз ҳам равшантар ва бармалотар аён мегардад. Ӯ таъсири забонҳои туркӣ ва махсусан забони ӯзбекиро дар пайдо шудани овози ӯ дар калимаҳои арабӣ ва тоҷикӣ дар намунаи лаҳҷаҳои Чирчиқи боло, Раштон ва атрофи он зикр намуда чунин мегӯяд: «Ин фонема (овози ӯ дар назар аст) хати инкишофи ō-и маҷҳули куҳанро идома намедиҳад. Он дар ин ҷо аз забони ӯзбекӣ иқтибос шудааст ва фақат дар калимаҳои иқтибосии узбекӣ дида мешавад» (мисолҳо ҳам оварда мешавад).

Баъдан ӯ дар ҳамин ҷо зикр мекунад, ки «ō-и маҷҳул дар ин ҷо ба монанди лаҳҷаҳои марказӣ ба овози ū табдил ёфтааст: rūz, rūy, mūy ва ғ.»[12] (яъне у-и устувори калимаҳои дур, пур, гур ва ғ.)

Ҳамин тариқ дар лаҳҷаҳои забони тоҷикӣ бештар садонокҳои таърихии қатори ақиб ба тағйироти сифатӣ дучор шудаанд. Агар мо тағйироти сифатии лаҳҷаҳои тоҷикии Афғонистонро (махсусан лаҳҷаҳои шимоли шарқӣ ва маркази Афғонистон- Балх, Бадахшон, Қундуз, Тахор, Самангон, Парвон, Кобул) бо лаҳҷаҳои Тоҷикистону Ӯзбекистон муқоиса кунем, пас умумияти ин лаҳҷаҳо бештар бо лаҳҷаҳои ҷануби Тоҷикистон дида мешавад ва дар маҷмуъ лаҳҷаҳои шимолӣ бо доштани хусусиятҳои қадимӣ (асосан доштани ҳашт садонок) аз як тараф ва лаҳҷаҳои ҷанубӣ бо лаҳҷаҳои шимол ва маркази Афғонистон (бо доштани хусусияти ҳафтсадонокӣ ва шашсадонокӣ) дар байн ва лаҳҷаҳои забони форсӣ бо доштани хусусияти шашсадонокӣ аз тарафи дигар қарор мегиранд.[13]

Дар забони тоҷикӣ имрӯз баҳс бештар сари истифодаи ӯ-(у-и дароз) ва у (у-и кутоҳ) сурат мегирад. Ҳол он ки тавре дар намунаҳои боло аз ибтидои солҳои сиюм то ибтидои солҳои чилуми садаи ХХ дидем, масъалаи истифодаи и (и-и кутоҳ) ва ӣ (и-и дароз) низ мавриди мубоҳисахои тӯлонӣ карор гирифтааст. Истифодаи овози ӯ-и дароз пеш аз аломати сакта (ъ) ва овози ҳ, ки имрӯз мавриди баррасиҳои дурудароз карор гирифтааст, дар асоси маводи илмӣ ва суннати таърихии имлобандӣ пояи илмӣ надорад. Он ба таври сохта дар асоси пешниходхои сохтани забони нави адабӣ дар охири солҳои сиюм ва ибтидои солҳои чилуми садаи ХХ, ки намунааш фармони № 1 Комиссариати Халқии маорифи РСС Тоҷикистон «Дар бораи баъзе масъалаҳои забони тоҷикӣ (Тоҷикистони Сурх, 25 январи соли 1939) мебошад, ба имлои соли 1941 (Қоидаҳои асосии орфографияи забони тоҷикӣ // Газетаи муаллимон, 20 феврали соли 1941) дар шакли зерин дароварда шудааст: «Агар ҳарфи ҳ ва ё аломати сакта бо у-и пеш аз худ омадагӣ як ҳиҷои бастаро ташкил кунад, дар он вақт у не, балки ӯ навишта мешавад: сӯҳбат, мӯҳтарам, уҳда, шуъба, мӯътадил, мамнӯъ, муътабар ва м. ин».

Ин қоидаи сохта дар ду қоидаҳои имлои даврони Шӯравӣ (1955, 1972) бетағйир омад. Баъд аз ба Истиқлол расидани Ҷумҳурии Тоҷикистон Комиссияи доимии Институти забон ва адабиёти ба номи Рӯдакӣ, ки ба ҳайати он донишмандони мумтозе чун А. Мирзоев, Ш. Рустамов, М. Шакурӣ ва дигарон шомил буданд, ба таҳияи қоидаҳои имлои забони тоҷикӣ шурӯъ намуданд. Ин лоиҳа, ки соли 1993 омода шуда буд, то имрӯз мукаммалтарин лоиҳаи имлои забони тоҷикӣ мебошад. Дар ин лоиҳа, ки минбаъд асоси «Имлои забони тоҷикӣ» (1998) гардид, миқдори ҳарфҳои тоҷикӣ 31 ҳарф муқаррар гардида, йотбарсарҳо (е, ю, я, ё.) низ аз алифбо бароварда шуда, инчунин қоидаи сохта оид ба пеш аз ҳарфҳои ҳ ва ъ омадани ӯ-и дароз низ ҳазф шуда буд. Дар он чунин омадааст: «г)дар ҳиxои охири калимаҳои зерин пеш аз ҳарфи ъ мувофиқи суннат ӯ навишта мешавад: мавзӯъ, мазрӯъ, мамнӯъ, марсӯъ, маснӯъ, руҷӯъ ва ғайра.

Аммо дар ҳиxои бастаи пеш аз ҳамсадои айни калимаҳои зерин мувофиқи суннат у-навишта мешавад: уъҷуба, буъд, луъбат, муъзам, муъмин, муътабар, руъб / тарс /, руъйо, суъбон / аждаҳо /, суълук / фаrир/, туъма, шуъба, шуъла ва монанди инҳо». Ин бахш дар қоидаҳои имлои соли 1998 дида намешавад. Вале ин масъала нодида гирифта шуд ва аз тарафи баъзе расонаҳои гурӯҳӣ ва шахсони алоҳида то имрӯз ҳам риоя намегардад. Фақат баъд аз қабули «Қоидаҳои имлои забони тоҷикӣ» (4 октябри соли 2011, Қарори ҲҶТ №458) бо ташаббуси Раиси собиқи Кумитаи забон ва истилоҳоти назди ҲҶТ ин масъала ба танзим дароварда шуд.

Баъдан бо қарори ҲҶТ аз 30 июни соли 2021. №268 ба қоидаи имло тағйирот ворид гардида он ҳамчун «Қоидаҳои имлои забони тоҷикӣ» қабул гардид. Дар ин санад бе ворид кардани аломатҳои нави ҳарфи талаффуз ва аломатҳои ҳарфии «у-и устувор», «у-и ноустувор» ва «у-и устувори дароз» ва инчунин «и-и устувор» ва «и-и ноустувор» ва «и-и устувори дароз» мушаххас гардидааст. Ин қоидаҳои дар имлои нав чунинанд:

3. Ҳарфҳои у ва у дар мавридҳои зерин навишта мешаванд:

1) ҳарфи у дар мавридҳои зерин навишта мешавад:

- барои ифодаи овози у-и ноустувор: булбул, буз, бузург, шутур, сурх, умед, усто, устувор, устухон, хушк ва ғайра;

- дар ҳиҷои аввали калимаҳои тоҷикӣ пеш аз ҳарфи ҳ: Суҳроб, нуҳ, куҳна//куҳан, гуҳар, муҳр, муҳра ва ғайра;

- дар калимаҳои иқтибосии арабӣ: таваҷҷуҳ, таҷаммуъ, таматтуъ, тарашшуҳ, тазарруъ, таваккуъ, табарруъ, муҳтарам, муҳлат, шуъба, шуъла, муъмин, суҳбат, уҳда ва ғайра;

- барои ифодаи овози у-и устувор: бумӣ, дуд, дур, хуб, зуд, гуна, зону, андуҳ ва ғайра;

2) ҳарфи ӯ дар мавридҳои зерин навишта мешавад:

- барои ифодаи овози ӯ-и устувори дароз: кӯҳ, рӯз, гӯш, рӯд, дӯст, пӯст ва ғайра;

- дар ҳиҷои дуюми калимаҳои навъи фурӯг, дурӯг, гурӯҳ, шукӯҳ, афрӯз ва ғайра;

- дар калимаҳое, ки таърихан дар решаашон ҳамсадои й доранд:рӯй, сӯй, ҷӯй, шӯй, бӯй, мӯй ва ғайра.

4. Ҳарфҳои и ва ӣ дар мавридҳои зерин навишта мешаванд:

1) ҳарфи и дар мавридҳои зерин навишта мешавад:

- барои ифодаи овози и-и ноустувор: дил, китоб, шитоб, нигоҳ, нигор ва ғайра;

- барои ифодаи бандаки изофӣ: кишвари сарсабз, шаҳрванди Тоҷикистон, сари кӯҳи баланд ва ғайра;

- дар анҷоми пешояндҳо меояд: барои, баъди, дар бораи, бо мақсади ва ғайра;

- дар охири пайвандакҳо меояд: ки, чи (чи ... чи), чунки, агарчи, азбаски, ё ин ки, ба сабаби он ки, бинобар он ки ва ғайра;

- дар охири ҷонишинҳо меояд: ҳар ки, ҳар чи ва ғайра;

- дар исмҳои хосе, ки иқтибосианд: Леонардо да Винчи, Индира Ганди, Паганини, Ибарури, Сочи, Тбилиси, Батуми, Миссисипи ва ғайра;

- барои ифодаи овози и-и устувор: тир, шир, пир, дид, дин, оин, низ, миз ва ғайра;

2) ҳарфи ӣ дар мавридҳои зерин навишта мешавад:

- дар охири калима барои ифодаи овози и-и устувори дароз: моҳӣ, шоҳӣ, шолӣ, биҳӣ, сӣ, бародарӣ, далерӣ, таксӣ, туфлӣ ва ғайра;

- дар бандакҳои феълӣ ва хабарӣ: (ту) омадӣ, (ту) гуфтӣ, (ту) гуфтаӣ, (ту) ҳунармандӣ ва ғайра;

- дар ҷонишинҳои саволии кӣ? ва чӣ?: кӣ омад? чӣ шуд? ва ғайра.

Эзоҳ. Дар мавриди калимаву иборасозӣ овози ӣ бо и навишта мешавад: моҳӣ - моҳиҳо, моҳиён, моҳигир, моҳии бирён, моҳиро бо шаст гирифтан; кӣ? - киҳо?, кист?, киро?, киям?; ободӣ - ободии кишвар; сӣ - сиюм, сисола; шолӣ - шоливу гандум ва ғайра.

Ҳар як банди он бод алоҳида баррасӣ шавад. Вале дар маҷмуъ баъзе нуктаҳоро метавон хулоса кард.

Албатта «Қоидаҳои имлои забони тоҷикӣ» ҳуҷҷати расмӣ буда, иҷрои он барои тамоми сокинони ҷумҳурӣ, ки ба забони давлатӣ сару кор доранд, ҳатмӣ аст. Вале имло ҳам дар ҳоли тағйир аст ва дар оянда зарурати такмили он пайдо мешавад. Бинобар ин дар Пажӯҳишгоҳи забон ва адабиёт, Комиссияи доимамалкунандаи имлои забони тоҷикӣ фаъолият дорад ва вазифаи ин Комиссия аст, ки таҳаввулоту тағйиротро дар густариши забони адабӣ омӯзад ва онҳоро ҳангоми таҳияи имлои забони адабӣ дар оянда ба назар гирад.

Назарзода Сайфиддин, доктори илми филология, узви вобастаи АМИТ , мудири шуъбаи

фарҳангнигорӣ ва истилоҳоти Институти забон ва адабиёти ба номи Абуабдуллоҳ Рӯдакии АМИТ

Адабиёт

1. Абдуррауфи Фитрати Бухороӣ. Қоидаҳои забони тоҷик (Сарф ва наҳв). – Душанбе, Сино, 2009. -С.40-41.

2. Бузургзода Л. Фонетикаи забони адабии тоҷик, Сталинобод, 1940, -С.39; Соколова В.С. Фонетика таджикского языка, М.-Л., 1949. -С.11-12.

3. К вопросу об едином литературном таджикском языке, терминологии и латинизированном таджикском алфавите. Материалы работ комиссии по подготовке научно-лингвистического сьезде в Сталинабаде, Сталинабад, 1930.

4. Князев С.В., Пожарицкая С.К. Современный русский литературный язык: Фонетика. Орфоэпия, графика и орфография: Учебное пособие для вузов. – 2-е изд., перераб. И доп. – М.: Академический Проект; Гаудеаму, 2012. – 430 с. – (Gfudeamus). - С. 13.

5. Л. Бузургзода ва Б.Ниёзмуҳаммадов. Грамматикаи забони тоҷикӣ, Сталинобод, 1941, с.21; Соколова В.С. Фонетика таджикского языка. М.-Л., 1949- С.12.

6. Маводи анҷумани нахустини илмӣ-забоншиносии тоҷик оид ба забони тоҷикӣ ва масъалаҳои ҳалталаби он // Забоншиносӣ, 2010, №1. - С. 132.

7. Маводи анҷумани нахустини илмӣ-забоншиносии тоҷик оид ба забони тоҷикӣ ва масъалаҳои ҳалталаби он // Забоншиносӣ, 2010, №1. - С. 132.

8. М.Н. Қосимова. Таърихи забони адабии тоҷик (асрҳои IX-X). Қисми 1. – Душанбе, 2003.- С. 4

9. Назарзода С. Имло ва забони адабӣ. – Душанбе, «Андалеб-Р», 2015. - С.3

10. Основы иранского языкознания. Новоиранские языки, М.1982. - С. 20.

11. Основы иранского языкознания. Новоиранские языки. М., 1982. –С.42-43.

12. Расторгуева В.С. Опыт сравнительного изучения таджикских говоров. М., 1964. -С.41,

13. Расторгуева В.С. Опыт сравнительного изучения таджикских говоров. -М., 1964. -С.38-41; Aвdul Chafar Farhadi. le persian parle en Afghanistan. Grammaire du Kaboli/ Paris. 1955;

14. Соколова В.С. Исследования по фонетикие иранских языков. (Автореф. докт. диссерт.). Л., 1954. -С. 29-36.

15. Соколова В.С. Фонетика таджикского языка, с. 27-29.

16. Сухарева О.А. Руководство для изучения таджикского языка, Самарканд, 1929; Громатович, Дмитриевский, Хашимов. Учебник таджикского языка, Ташкент, 1931; Соколова В.С. Фонетика таджикского языка. М.-Л., 1949.-С.11.

17. 17 .Тагирова К. Таджикские говоры Бастандоскского района Узбекской СССР. - Сталинабад, 1959. - С.10-11. -С.29.

18. Ҷамъбаст ва қарорҳои Анҷумани нахустини илмӣ-забоншиносии Тоҷикистон // Роҳбари дониш, №10, 11, 12 с. 41-42: Маводи анҷумани нахустини илмӣ-забоншиносии тоҷик оид ба забони тоҷикӣ ва 7. масъалаҳои ҳалталаби он // Забоншиносӣ, 2010, №1. - С . 131.

19. Bartholomae Chr. Awestisch und Altpersisch || Grundriss der iranischen Philologue. Bd. I. Alt.1.Strusslbug, 1895-1901, 187; Meillet A. Grammaire du v ieux perse, Paris, 1931 .- С. 47-48.

 

Муаллим - ақл, шарафу виҷдони ҷомеа ва симои асосӣ мебошад. Вай донишу заковат, гармии дили худро бедареғ ба фарзандони худ медиҳад ва хешро хушбахт мешуморад.
 

Эмомалӣ Раҳмон

Омӯзгорон дар ҷомеаи муосири Тоҷикистон нақши калидӣ дар таҳкими маънавиёт, рушди зеҳнии насли наврас ва тарбияи шаҳрвандону ватандӯстони ояндаро бар дӯш доранд. Ин нуктаро Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, дар яке аз паёмҳои худ чунин баён кардаанд:

«Эҳтиром ба омӯзгор — эҳтиром ба миллат, фарҳанг ва давлатдорӣ аст. Мақоми омӯзгор бояд ба аҳамияти ӯ дар ҷомеа мувофиқ бошад.»

Омӯзгор шахсе аст, ки бо нури саводу маърифат ва илму дониш ҳаёти ҷомеаро равшан месозад, хурофоту ҷаҳолатро аз ҳаёти ҷомеа берун мекунад ва созандагону ободгарони ояндаи Ватанро ба камол мерасонад. Таҷассуми муҳаббати шогирд ба устод, дӯст доштан, эҳтиром намудан, арҷгузорӣ ба ранҷу заҳмат ва баланд бардоштани мақому манзалати омӯзгор аз ҷумлаи ҳадафҳои Пешвои миллат буда, ҳанӯз аз рӯзҳои аввали соҳибистиқлолӣ заҳмати омӯзгор дар назди давлат эътибори бузург дорад.

Қабули қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи маориф», «Дар бораи масъулият барои таълиму тарбияи кӯдак», якчанд барномаҳои давлатӣ, стандартҳои таҳсил барои ҳамаи муассисаҳои таълимӣ, қабули низомномаҳо, таваҷҷуҳ ба таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбӣ, интихоби беҳтарин роҳҳои таълим дар ҳамаи зинаҳои таҳсил, бунёду таъмири мактабҳо, ҳамасола баланд шудани музди меҳнати омӯзгорон, қадршиносии аҳли таълиму тарбия бо ҷоизаҳои давлатӣ ва мукофоти соҳавӣ аз ҷумлаи омилҳои муассире ҳастанд, ки бо мақсади дастгирии омӯзгорон ва такмил бахшидани шароити фаъолияти онҳо амалӣ мешаванд.

Омӯзгор дар Тоҷикистон — танҳо интиқолдиҳандаи дониш нест. Ӯ роҳнамо, тарбиятгар ва созандаи шахсиятҳо мебошад. Маҳз ба ҳамин хотир, сиёсати давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон пайваста ба таҳкими мақому манзалати омӯзгор таваҷҷуҳи хоса зоҳир менамояд — ҳам дар сатҳи ташаббусҳои қонунгузорӣ ва ҳам дар шакли дастгирии иҷтимоӣ ва фарҳангӣ.

Омӯзгоре, ки бо азму иродаи қавӣ рисолати худро иҷро мекунад, на танҳо илм меомӯзонад, балки наслеро ба камол мерасонад, ки бо арзишҳои инсонӣ устодаш ва Ватан содиқ мемонад. Чунин омӯзгорон меҳвари рушду пешрафти ҷомеъаанд. Суханони рӯҳбаландкунанда ва эътирофи ҷомеа нисбат ба заҳмати омӯзгор, илова бар он ки масъулияти ӯро зиёд мекунад, инчунин муҳаррики асосии фаъолияти садоқатмандона ва босифати ӯ мегардад.

Омӯзгор дар Тоҷикистон шахсияти калидӣ дар рушди маънавӣ, зеҳнӣ ва иҷтимоии миллат мебошад. Давлат тавассути қонунгузорӣ, дастгирии иҷтимоӣ ва ислоҳоти маориф кӯшиш дорад, мақому манзалати омӯзгорро баланд бардорад.

Дар ин замина, Рӯзи омӯзгор, ки ҳамасола дар Ҷумҳурии Тоҷикистон 5-уми октябр таҷлил мегардад, на танҳо ҷашни касбӣ, балки рамзи арҷгузорӣ ба меҳнати пурзаҳмат ва таъйини самти сиёсати маориф мебошад. Дар шароити кунунӣ, эҳтиром ва дастгирии омӯзгорон кафолати рушди устувори ҷомеа, суботи фарҳангӣ ва амнияти миллӣ ба шумор меравад.

Давлатова Мунзифа – докторанти PhD-и Маркази омӯзиши пиряхҳои Академияи миллии илмоҳои Тоҷикистон

Забони тоҷикӣ яке аз забонҳои қадимаи дунё ба ҳисоб рафта, таърихи бузург дорад. Имрӯз ин забони муқаддасро чун забони бузурги тамаддуни башарӣ ҳамагон мешиносанд ва мехоҳанд онро биомӯзанд. Инро дидаву шунида мо соҳибзабонон низ вазифадорем, ки забони бузурги тоҷикиамонро поку беолоиш нигоҳ дошта, дар тозагиву равонии он ҳамаруза саҳмгузор бошем. Вазифаи ҳар як тоҷикзабон пеш аз ҳама аз он иборат аст, ки барои поку беолоиш ва орӣ аз камбудиву нуқсонҳои ғайр ё забони бегона сухан гуфтан алфози модарии хеш саҳмгузор бошем. Ҳар як инсон пеш аз оне, ки бо забони дигар сухан ронад, пеш аз ҳама бояд донандаи хуби забони модарии хеш бошад.

Ҳар к-ӯ ба забони худ сухандон гардад,

Донистани сад забон-ш осон гардад.

Ин буд, ки 5 октябри соли 2009, таҳти №553 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» дар таҳрири нав қабул гардид. Мувофиқи моддаи 3, банди 2 – и ин қонун «Ҳар як шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон вазифадор аст забони давлатиро донад». Ҳамасола 5 октябр рӯзи забони тоҷикӣ дар тамоми корхонаву идораҳо аз ҷумла муассисаҳои таълимӣ бо як шукӯҳу шаҳомати хоса ҷашн гирифта мешавад. Ҷашнгирии рӯзи забони тоҷикӣ барои азхудкунӣ ва арҷгузори ба арзишҳои миллӣ такони ҷиддие медиҳад.

Ба гуфтаи Сарвари давлатамон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон: «Забони точикӣ поянда аст, то даме, ки миллати тоҷик ҳаст, забони у низ пойдор хоҳад буд».

Дар ҳаду сарҳадшиносии ҷаҳон,

Сарҳади тоҷик забони тоҷик аст.

То забон дорад, ватандор аст ӯ,

То забондор аст, бисёр аст ӯ.

Забони модарӣ. Чӣ хел ибораи аҷибу фараҳбахш аст. Барои он забони модарӣ меномем, ки модари азизамон меҳри онро бо қатраҳои шири сафеди ҷонбахшаш ба ҷисму ҷони мо равон кардааст. Аз ин рӯ онро поку муқаддас мешуморем. Вақте ки кӯдак таваллуд мешавад, ӯ аввал бо забони модариаш суруди “Алла”-и Модарро мешунавад, ки бо як ҷаҳон орзую умедҳо суруда мешавад. Шахсе ки забони модариашро поку муқаддас нигоҳ медорад, ӯ модарашро, ватанашро ҳамчунин азиз нигоҳ дошта метавонад. Чуноне ки устод Лоиқ фармудаанд:

Заҳр бодо шири модар бар касе,

К-ӯ забони модарӣ гум кардааст.

Забони тоҷикӣ забони баландҳиммате, ки Саъдию Ҳофизи бузург, Синою Хайём, Бедилу Низомии зинатофарини ҳаёт, бо он ҳарф мегуфтанд. Забоне, ки Айниву Лоҳути, Мирсаиду Турсунзода, Бозору Лоиқ номдораш гардонидаанд, ки имрӯз аз ҳастии бузургаш мо тоҷикон меболем ва фахр менамоем.

Оре, забони тоҷикӣ бо фасоҳату балоғати худ асрҳо оламиёнро ба ҳайрат гузоштааст. Ҳатто намояндагони дигар забонҳо забони тоҷикиро арҷ гузоштаву тавассути он ба адабиёти оламшумули тоҷикон шиносои пайдо карда, аз он баҳра бардошта, ниёзҳои худро ба он мутобиқ сохтаанд. Нависанда ва шоири намоёни қазоқ Олжас Омарович Сулейменов гуфтааст: “Нутқи шифоҳии тоҷикон ба забони адабии форси ба лафзи дарист. Забоне, ки дар кураи шеъри Рӯдакӣ гудохта, дар байтҳои Фирдавсӣ обутоб ёфта, дар ёқути кабуди Ҳофиз ва лаъли Хайём ҷило ёфтааст”.

Модоме, ки дигарон забони тоҷикии моро бо як бузургии хоса ситоиш кардаанд, бояд мо барои омӯзиш, омӯзондан ва ҳифзи он пайваста кӯшиш намоем.

Ҷон фидо созам ба алфози дарӣ,

Баҳри фарҳангу забони модарӣ.

Ҳар сухан, ҳар харфи ӯ як санъат аст,

Он забони хоси аҳли ҷаннат аст.

Дороии асосии ӽар як қавму миллат забони ӯст. Ин аст, ки забонро рукни муӽимми давлатдорӣ ном мебаранд. Забон омили муҳими ташаккули миллат, баёнгари сарнавишт, мояи ифтихору сарфарозии соӽибзабонон мебошад. Таърихи ӽар халқу миллат дар забони ӯ таҷассум меёбад. Аз ин рӯ, тамоми миллату халқиятӽо ба забон эӽтироми шоиста доранд. Забон дар ӽаёти инсон нақши бисёр муӽим дошта, барои рушди маънавиёти ӯ хизмат менамояд.

Асосгузори сулӽу ваӽдати миллӣ- Пешвои миллат, Президенти Ҷумӽурии Тоҷикистон муӽтарам Эмомалӣ Раӽмон қайд намудаанд: «Забон муӽимтарин унсури бақои миллат буда, оинаи рӯзгори гузаштаву ӽозира ва маҷмуи тафаккуру андешаи халқ ба ҳисоб меравад ва яке аз арзишмандтарин сарчашмаҳои мероси гузаштагон барои наслҳои оянда арзёбӣ мегардад. Тавассути забон одамон бо ҳамдигар муошират карда, аз ҳоли ҳамдигар хабардор мешаванд ва таассуроташонро баён месозанд. Ҳангоми гуфтугӯ ва баёни фикр асолати забон боз ҳам равшантар зоҳир гардида, рукни тавонманд ва сарнавиштсоз будани он ошкор мешавад» Забон падидаи фарӽангие мебошад, ки одамонро ба ӽам муттаӽид менамояд, ба воситаи он ӽар як инсон шахсияту ӽувияти хешро мешиносад, ҷаӽонбиниашро бою ғанӣ мегардонад. Дар забон анъана, расму оин ва дигар суннатҳои ин ё он халқ ифода меёбад. Тавассути забон инсон арзишҳои маънавии халқи худро ҳифз намуда, ба онҳо арҷ мегузорад. Забон ганҷинаи нодиру бебаҳо ва оинаи ҳаднамои ҳар қавму миллат аст.

Имрӯз омӯзиши забон ҳамчун як роҳи пурмаҳсули тафсири фарҳанги инсон мушоҳида мегардад. Ҳар як халқу миллат дорои забони табиии худ мебошад. Дар ҳар як забон таъриху фарҳанг ва маданияту хусусиятҳои хоси ин ё он халқ таҷассум ёфтааст, ки барои забоншиносии маърифатӣ ва фарҳангӣ аҳаммияти калон дорад. Забон бо пайдо шудани ҷомеаи инсонӣ дар шакли муошират (гуфтор) ба вуҷуд омадааст. Аз ин сабаб, як гурӯӽ муӽаққиқон ба он назаранд, ки ӽангоми таӽқиқи консепти «забон» пеш аз ӽама бояд ба фолклор (эҷодиёти даӽонакии халқ» рӯ овард, чунки ибтидои бунёди забон маҳз дар фолклор таҷассум ёфтааст.

Таърих гувоӽ аст, ки забонӽое, ки аз саҳнаи сиёсат дур мешаванд, қудрату тавонро аз даст дода, бемору заифу нотавон мегарданд ва оқибат муқовимату истодагариро дар баробари фишору тазйиҳи забонҳои ҳоким аз даст дода, рӯ ба нестӣ меоранд. Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қайд намудаанд: “Забон дар паҳно ва сояи давлат қувват ва неру мегирад ва давлат аст, ки барои рушду нумуи забон муҳити мусоиди зисту амал фароҳам меорад. Дар ӽама давру замонӽо миёни забону хат, давлат ва ӽувияти миллӣ пайванди мустақил вуҷуд доштааст. Ҳар гоӽе ки ин пайванд мустаӽкам ва неруманд гардидааст, забон марӽилаи рушду такомулро дар паноӽи давлати муқтадир паймудааст ва ӽувияти миллӣ низ дар беӽтарин ваҷӽ ба зуӽур омадааст. Ва, баръакс, суст шудан ва ё аз байн рафтани пайванди мазкур боиси заъфу нотавонӣ ва ҳатто маҳву фанои забон ва ҳувияти миллӣ гардидааст»

Агар ба забон муносибати ғамхорона аз ҷониби соҳибзабонон зоҳир нагардад, барои рушду инкишофи он саъйу талош карда нашавад, баробари рушду инкишофи илму техника ва технологияи навин гом наниҳад, забон низ ба бечорагӣ нотавонӣ гирифтор шуда, аз байн меравад. Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон андешаҳои худашонро вобаста ба рушду ташаккули забон чунин баён намудаанд: «Масъалаи ташаккули забони илм ва истилоҳот имрӯз дар ҷомеаи мо беш аз пеш аҳамият пайдо мекунад, зеро дар раванди имрӯзаи ҷаҳонишавӣ ва сели хурӯшони ҳаводиси рӯзгори пурошӯби мо танҳо забони тавонманд ва ҷавобгӯйи ниёзҳои илм ва фановарии муосир бо имконот ва собиқаю салиқаи худ метавонад дар баробари ин раванду ҳаводис устувору побарҷо монад. Баръакс, забоне, ки ҳамқадами замон нест ва соҳибону алоқамандони ин забон барои рушду густариши он дар заминаҳои мухталифи илму фан аз худ кору пайкори ҷиддии мондагор нишон намедиҳанд, маҳкум ба нобудист ва ногузир аз байн хоҳад рафт».

Забон бо ҷамъият ва бо соӽибони худ алоқаи зич дорад, зеро маӽз ба туфайли ҷамъият забон вуҷуд дорад. Ҷамъияту забон дар як вақт ба вуҷуд омада, яке аз омилӽои асосии пайдоишу рушди инсон маӽсуб меёбанд. Ба пайдо шудани равияи нави забоншиносии маърифатӣ ва фарӽангӣ диққати муӽаққиқон ба омӯзишу таӽқиқи забон ва инсон бештар гардид. Ин ҳама шарҳи он аст, ки забон калиди низоми андешаи инсон ба табиати равонии ӯ буда, барои тавсиф намудани миллат хизмат мерасонад. Маӽз дар забон, пеш аз ҳама тариқи матбуот, нодиртарин ва пурқиматтарин офаридаҳои нобиғаҳо - олимон, шоирону нависандагон, хуллас фарзандони оқилу донои халқу миллатҳои гуногун таҷассум меёбад. Аз рӯи захираи вожагон ва истилоҳҳои забон метавон дар бораи пешрафту шукуфоӣ ва ё камбудиву норасоиҳои ин ё он соҳа маълумот пайдо намуд.

Забон ҳама ҳастии маънавию рӯҳии инсонро дар худ маҳфуз медорад ва ҳастии бузурги инсон ба рӯйи аҳли олам, ба пешвози рӯйдоду воқеаҳои дирӯзу имрӯзи он дарҳои манзили худро кушода, ҳамаи онро дар бар мегирад. Барои рушди ҳам забон ва ҳам инсон заминаҳои мусоиду мувофиқи иқтисодиву иҷтимоӣ зарур мебошанд. М. Шакурӣ (Шукуров) гуфтааст: «Забон таҷассуми фикр аст, ҳама ҳастии маънавию рӯҳии инсонро ифода карда, оламҳои маънавии рӯҳро ба ҳам мепайвандад ва оламҳои наве эҷод мекунад, зеро зотан эҷодгар буда, натанҳо неруи эҷодкории инсонро афзоишу такомул медиҳад, балки ӯро тамоман дигар мекунад, фаҳми ӯро ташаккул ва ё ба куллӣ тағйир дода, одаму олами дигаре месозад. Асоси эҷодгарии забон ва моҳияти эҷодкории инсон сахт ҳамбастаи якдигаранд, аз якдигар оғоз меёбанд. Лекин, агар инсон дар ӽақиқат эҷодгар бошад, забон ӽам эҷодкору халлоқ хоӽад буд, вагарна набояд аз забон халлоқият чашм дошт. Қувваи беканори маъниофаринӣ, маънавиятпарварӣ ва инсонсозии забон ба қувваи фикру рӯӽи худи инсон вобаста аст, ба он воқеияти иҷтимоӣ вобастагӣ дорад, ки барои зиндагии инсон, барои қувватафзоӣ ва парвози фикри ӯ замина тайёр мекунад. Агар шароити иҷтимоӣ мавҷуд набошад ва инсон моӽияти эҷодгарии худро зоӽир карда натавонад, аз шукуфти табъи эҷодкории забон ҷои умед намемонад.

Тавре ки зикр намудем, забон ӽам мисли одамон дар тӯли таърих давраӽои гуногунро аз сар гузаронида, рушду нуму мекунад ва ӽамеша дар сатӽи андешаву тафаккур ва ҷаӽонбинии соӽибонаш қарор дорад. Рушди забон ба рушди миллат вобастагӣ дорад. Миллат ӽар қадар муқтадиру тавонманд гардад, забон ӽам бо ӽамон дараҷа муқтадиру тавонманд хоӽад шуд. Асосгузори сулӽу ваӽдати миллӣ- Пешвои миллат, Президенти Ҷумӽурии Тоҷикистон муӽтарам Эмомалӣ Раӽмон қайд намудаанд: “Агар ба таърихи забонӽои ҷаӽон аз ибтидои пайдоиш то имрӯз нигарем, мебинем, ки забони ӽар миллат дар ӽамаи давраӽои таърих дар сатӽи тараққиёти тафаккуру андешаи соӽибони он қарор дошта, дараҷаи пешрафти моддиву маънавии онро инъикос мекунад. Бо ибораи дигар миллат ӽар қадар пешрафта ва созандатар бошад, забони он ӽам ба ӽамон андоза тавоно ва зояндаву поянда аст. Азбаски диалектикаи тараққиёту инкишофи ҷомеа бар пояи навҷӯйиву навоварӣ устувор аст, бинобар ин бозёфтӽо ва дастовардӽои нави моддиву маънавии халқӽои нисбатан пешрафта дер ё зуд дар байни миллатӽои дигар, пеш аз ӽама ӽамсоягон, ё ба сурати “сулӽомез” ва ё аз тариқи нуфузи сиёсиву иқтисодӣ паӽн мегардад. Дар натиҷа забони ин миллатӽо низ марзӽои сиёсиву ҷуғрофиро шикаста, кишварӽо ва гоӽӽо сарзаминӽоро “тасхир” мекунанд ва бо истилоӽи имрӯза забони байналмилалӣ мешавад”.

Раҳмонов Р.О. – доктори илмҳои химия, муовини директор оид ба илм ва таълими

Институти кимиёи ба номи В.И. Никитини АМИТ

 

 

Забон ҳамчун яке аз рукнҳои асосии ташаккули миллат ва шинохти ҳувияти миллӣ, дар тамоми давраҳои таърихӣ мақом ва ҷойгоҳи беназир доштааст. Он на танҳо воситаи муоширати байнифардӣ, балки омили муҳими интиқоли арзишҳои фарҳангӣ, тамаддуни гузаштагон, ҷаҳонбинӣ ва таҷрибаи таърихии наслҳо мебошад.

Дар ин замина, забони тоҷикӣ, ки ба гурӯҳи забонҳои ҳиндуаврупоӣ мансуб аст, дар тӯли беш аз се ҳазор сол ҳамчун яке аз забонҳои қадимаи дорои таърих, адабиёт ва фарҳанги густурда, дар Осиёи Марказӣ ва Шарқи Наздик нақши бориз доштааст. Забони тоҷикӣ дар паҳнои таърих тавассути осори бузургони илму адаб, аз қабили Рӯдакӣ, Фирдавсӣ, Ибни Сино, Саъдӣ, Ҳофиз, Ҷомӣ, Бедил, Айнӣ, Лоиқ Шералӣ ва дигарон рушд ва такомул ёфта, дар нигаҳдошти тамаддуни миллӣ хизматҳои арзанда анҷом додааст.

Дар масири таърих, забони тоҷикӣ борҳо ба фишорҳои сиёсиву идеологӣ дучор гаштааст. Аз ҷумла, дар асри XIX ва асри XX дар натиҷаи сиёсати русикунонии маориф ва фарҳанг дар қаламрави Осиёи Миёна, махсусан дар давраи Иттиҳоди Шӯравӣ, забони тоҷикӣ мавқеи худро дар бахшҳои муҳими ҷомеа, аз ҷумла илму маориф ва идоракунии давлатӣ, тадриҷан аз даст медод. Он бештар дар муоширати ғайрирасмӣ ва муҳити хонаводагӣ истифода мешуд.

Бо вуҷуди ин, дар нимаи дуюми солҳои 1980 ва дар заминаи ислоҳоти сиёсӣ (перестройка), рӯҳияи худшиносии миллӣ дар ҷомеа боло гирифт ва талошҳо ҷиҳати барқарор намудани мақоми забони тоҷикӣ афзоиш ёфт. Дар натиҷа, санаи 22 июли соли 1989, дар Иҷлосияи Шӯрои Олии ЉШС Тоҷикистон Қонуни забони тоҷикӣ (форсӣ) қабул гардид. Ин санад бори аввал мақоми давлатии забони модариро дар замони муосир ба расмият шинохт ва то соли 2009, санаи 22 июл ҳамчун Рӯзи забон таҷлил мешуд.

Бо ба даст овардани истиқлолияти давлатӣ, сиёсати забонӣ ба марҳилаи нав ворид гардид. Қабули Конститутсияи Љумҳурии Тоҷикистон (6 ноябри соли 1994) заминаи ҳуқуқии забони модариро ҳамчун забони давлатӣ боз ҳам таҳким бахшид. Мувофиқи моддаи 2-и Конститутсия:

«Забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон — забони тоҷикӣ мебошад».

Сипас, бо назардошти эҳтиёҷоти замони муосир ва зарурати таҳкими меъёрҳои ҳуқуқии истифодаи забони давлатӣ, 5 октябри соли 2009, Қонуни нави Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» қабул гардид. Он истифодаи забони давлатиро дар тамоми самтҳои ҳаёти ҷомеа – мақомоти давлатӣ, маориф, фарҳанг, муносибатҳои меҳнатӣ, расонаҳо ва бахши хусусӣ танзим мекунад.

Дар асоси ҳамин қонун, 5 октябр ҳамчун Рӯзи забони давлатӣ муайян гардида, ҳамасола дар саросари ҷумҳурӣ бо шукуҳу шаҳомати хоса таҷлил мегардад.

Дар баробари ин, масъалаи забон, ҳифзи он, омӯзиши таъриху рушди забони тоҷикӣ ва таҳкими забони давлатӣ, ҳамеша аз самтҳои калидии сиёсати фарҳангии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба шумор меравад.

Дар ин замина, асари илмӣ-таҳлилӣ ва барҷастаи Пешвои миллат таҳти унвони «Забони миллат – ҳастии миллат», ки соли 2019 ба нашр расид, саҳми назаррас дар рушди худшиносии миллӣ ва ташаккули сиёсати давлатии забон дорад.

Ин асар, ки аз муқаддима, шаш боб, зербобҳо, хулоса ва китобнома иборат аст, бо усули таҳлили илмӣ масъалаҳои забоншиносӣ, таърихи забони тоҷикӣ, таҳдидҳои мавҷуда ва дурнамои истифодаи забонро мавриди баррасӣ қарор медиҳад. Он дар муҳити илмӣ, адабӣ ва фарҳангии кишвар мавқеи баланди таҳлилӣ пайдо намуда, яке аз аввалин тадқиқоти фарогир доир ба забони тоҷикӣ бо назари стратегӣ арзёбӣ мешавад.

Имрӯзњо, забони тоҷикӣ ҳамчун забони давлатӣ, яке аз воситаҳои муҳимтарини таҳкими давлатдории миллӣ, ҳифзи арзишҳои таърихиву фарҳангӣ ва рушди илм дар Тоҷикистон ба ҳисоб меравад. Нашри осори илмӣ, тавсеаи забони меъёрии адабӣ, татбиқи қонунгузории забонӣ дар соҳаҳои маорифу фарҳанг, таҳкими худшиносии забонӣ дар байни ҷавонон ва омӯзиши забон дар ҳама зинаҳои таҳсилот, аз нишондиҳандаҳои асосии рушди устувори забони миллӣ мебошад.

Сиёсати забон дар замони истиқлол, зери роҳбарии Пешвои миллат, на танҳо ҳифзи забони модариро таъмин менамояд, балки рушди онро ҳамчун забони илм, фарҳанг ва дипломатияи муосир ба як ҳадафи стратегӣ табдил додааст. Забони тоҷикӣ имрӯз як унсури таъсиргузори ҳувияти миллӣ ва василаи муассири тавсеаи тафаккури илмӣ ва маърифатӣ дар ҷомеаи муосири тоҷик ба шумор меравад.

Мусоев Дилшод - ходими калони илмии шӯъбаи экспедитсионӣ ва таҳқиқоти саҳроӣ МДИ Маркази омӯзиши пиряхњои АМИТ

Забони мо имкониятҳои фаровоне дорад, ки мафҳуму маъниҳо ва истилоҳоти нави илму фанро дар ҳар асру замон ҳазм карда, бо рангу бӯйи тоҷикона таҷассум намояд».

Эмомалӣ Раҳмон.

Забон ҳамчун омили муайянкунандаи ҳувияти миллӣ ва на танҳо воситаи муошират, балки таҷассумгари маърифати таърихӣ, фарҳангӣ ва фикрии миллат маҳсуб меёбад. Дар замони ҷаҳонишавӣ масъалаи ҳифз ва таҳкими забон, махсусан дар байни миллатҳои дорои таърихи куҳан дошта, аҳамияти хосса дорад.

Забони модарӣ воситаи интиқоли фарҳанг, арзишҳои ахлоқӣ зеҳнии аз насл ба насл мебошад. Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон бо дарки амиқи масъулияти хеш ба ҳайси роҳбари сиёсии кишвар ба мақоми забони давлатӣ таваҷҷуҳи беандоза дорад ва забони тоҷикӣ дар андешаи он кас яке аз рукнҳои асосии ҳувияти миллӣ тољикистониён буда, аз мавқеияти хосае бархурдор мебошад. Забони модарӣ, аз дидгоҳи илмҳои забоншиноси ва иљтимоӣ, яке аз рукнҳои асосии ташаккули ҳувияти шахсият ва миллат мебошад. Ҳувияти миллӣ маҷмӯи хислатҳо, арзишҳо, таърих ва ҷаҳонбинии халқи муаян аст, ки тавассути забон таърихан нигоҳ дошта мешавад. Маҳз забон аст, ки робитаи маънавии байни гузашта, имрӯза ва ояндаи миллатро таъмин менамояд.

Халқи тоҷик тули ҳазор соли бенасибӣ аз давлатдорӣ аз байн нарафт, зеро онҳое, ки болои он ҳукумат мекарданд ва онро дар панҷаи зулму асорат нигоҳ медоштанд, ҳамеша ниёз ба забон ва неруи эҷодкориву созандагии доштанд. Воқеан, ҳам арзишмандтарин муќаддасот барои миллат дар радифи соҳибистиқлолӣ, забон ба ҳисоб меравад ва Пешвои муаззами миллат, Президенти кишварамон Эмомалӣ Раҳмон борҳо таъкид мекунанд, ки забон сарчашмаи ҳастӣ ва ҷовидонаи миллат аст.

Чуноне, ки маълум аст ҳамасола 5-уми октябр дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Рӯзи забони давлатї бо ифтихору сарбаландӣ таҷлил мегардад. Забони тоҷикӣ забони модарии садҳо нобиғаҳо ба монанди Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ, Абдураҳмони Ҷомӣ, Ҷалолиддини Румӣ, Саъдии Шерозӣ, Умари Хайём, Садриддин Айнию Мирзо Турсунзода ба ҳисоб меравад, ки ҳама бо ин забон шеъру ғазал, маснавию рубоӣ, панду андарз, роману ҳикоя ва дигар ашъори оламшумулро эҷод намудаанд. Мавриди қайд аси, ки ғояи миллии ҳар як давлат ба василаи забони назм, адабиёт ва санъату ҳунар ифода ёфта, дар дилу ниҳоди ҳар як фард ҷойгузин мегардад. Дар шароити имрўзаи ҷаҳонишавӣ ба фаҳму дарки аҳли ҷомеа, махсусан насли ҷавон расонидани таъриху тақдири забони тоҷикӣ, ќудрату тавоноии он ҳамчун муқаддасоти миллӣ, ба ҳисоб меравад фароҳам овардани шароити мусоид барои рушду нумӯи забони тоҷикӣ дар давраи Истиқлол ба тақвияти худшиносии миллӣ, тарбияи рӯҳияи ватанпарастӣ, ифтихори шаҳрвандӣ, бедор намудани ҳисси муҳаббату эҳтиром нисбат ба забон ва омӯзишу аз худ намудани забони тоҷикӣ ва забонҳои дигар ва инчунин ба боло рафтани сатҳи худшиносию маънавӣ ва мафкуравии сокинони мамлакат мусоидат мекунад.

Воқеан, ҳам забони давлатӣ яке аз муҳимтарин аркони давлати миллӣ маҳсуб меёбад. Метавон гуфт, ки дар баробари Нишон, Парчам ва Суруди миллӣ забони давлатӣ низ ба қатори муқаддасоти миллӣ дохил мешавад. Дар ташаккул ва рушди давлатдории навин ва устувории он дар умури сиёсӣ иқтисодӣ, иҷтимои ва фарҳангӣ забони давлатӣ нақши муҳим дорад. Забон дар баробари рукнҳои асосии давлати соҳибистиқлол ба ҳисоб рафтан, инчунин омили муҳимми ягонагии давлат низ маҳсуб меёбад. Ҳар як давлат вазифадор аст, ки на танҳо рукни муҳими соњибистиклолии худро мустаҳкам нигоҳ дорад, балки ҷиҳати рушди он ғамхорӣ намуда, густариши онро дар қаламрави мамлакат ва берун аз он таъмин намояд. Забони миллӣ василаи ифодаи идеологияи давлатӣ мебошад ва дар татбиқи он саҳми назарас мегузорад.

Алфред Норт Уайтхед (1861–1947) математик ва файласуфи англис доир ба нақши забон дар ҳаёти инсоният чунин менависад: “Тамаддуни башарӣ маҳсули забон аст ва забон маҳсули тамаддуни рӯ ба инкишоф аст”. Яъне, инсон метавонад аз дастовардҳои тамаддуни даврони гузашта танҳо тавассути забон огоҳ шавад. Дар ин маврид– Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар асари “Забони миллат ҳастии миллат”чунин ибрози андеша менамоянд:: “Хушбахтона, халқи мо аз ҷумлаи чунин мардумони фарҳангзову тамаддунсози дунёи қадим ба шумор меравад. Офаридаҳои моддиву маънавии дар як минтақаи васеи ҷаҳон паҳн гардида, на танҳо мардуми ҳамнажоду ба ҳам наздик, балки қавму қабилаҳои гуногунро дар домони хуб парваридааст.”

Забони мо дорои таърихи куҳан ва ганҷинаи бебаҳост. Бо қарори Созмони Милали Муттаҳид 21 феврали соли 2002 Рӯзи байналмилалии забони модарӣ эълон гардидааст. Аз 22 июли соли 1989 бо қарори Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон забони давлатӣ - забони тоҷикӣ эълон гардид. 5 октябри соли 2009 тахти №553 Қонун дар бораи забон бори дигар қабул гардид, ки вазъи ҳуқуқии забонро муайян мекунад. Мувофиқи ин қарор коргузории тамоми корхонаву муассисаҳои таълимию илмӣ ва ѓайра бо забони давлатӣ сурат мегиранд. Табиист, имрӯз, ки яке аз марҳилаҳои муҳими инкишофи забони тоҷикӣ, яъне дар коргузории идораҳои давлатӣ ва ғайридавлатӣ ҷорӣ шудани забони давлатӣ анҷом ёфтааст, масъалаи истилоҳот, стандартсозӣ ва ҳамгунсозии он ба ҷои аввал мебарояд. Ҳамгунсозии риштаҳои илму фан ва технология ба далели ҷаҳонишавӣ ва бад ин ҷиҳат таъсири забонҳои гуногун ва анъанаҳои истилоҳсозии асрҳои охир дар замони мо фурсат ва заҳмати бештарро талаб мекунад.

Дар ҳамин росто Пешвои миллат дар Паёми телевизонии худ ба ифтихори Рӯзи забони давлатӣ (5.10.2017) таъкид доштанд, ки “Зиёиён забони тоҷикиро аз сели вожаҳои иқтибосӣ ҳифз намоед.”

Хушбахтона, миллати мо ҳам тавонист, ки ин ёдгории бемисли худро дар қатори дигар ёдгориҳои маънавии ниёгони худ ҳифз намояд ва онро то ба имрӯзи оварда расонад. Бояд гуфт, ки забони давлатӣ воситаи муҳими ҳамгироӣ, ваҳдати миллӣ ва рушди устувори кишвар аст. Аз ин рӯ, ҳарқадаре ,мо мақому мартабаи забонамонро пос дошта тавонем,ҳамон қадар ба хувияту худогоҳии миллӣ арҷгузори карда метавонем. Забон нахустин ёдгорӣ аз Модар ва ширинтарин гуфторест ,ки хаёли моро ба дуриҳои дур барои ормонҳои миллӣ ва соҳибистиқлолии Тоҷикистони азизамон ҳидоят мекунад.

Фарзона Маҳмадова корманди Иниститути фалсафа, сиёсатшиносӣ ва ҳуқуқи назди АМИТ

Агар дар ҷаҳон набвад омӯзгор,

Шавад тира аз бехирад рӯзгор.

Ҳиким Фирдавсии Тӯсӣ

Дар суханронии худ Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати Рӯзи дониш ва Дарси сулҳ санаи 30.08.2025 такид намуданд, ки: “Омӯзгор шаъну шарафи миллат аст ва имрӯзу фардои ҳар як кишвар ва ҷомеа аз сатҳи маърифат ва фаъолияти ӯ вобастагии калон дорад. Хиради омӯзгор ҷаҳлу хурофотро аз байн мебарад ва сарчашмаи комёбиҳо мегардад. Дар бартарафсозии тамоми мушкилоти миллату давлат, пеш аз ҳама, омӯзгорон саҳмгузоранд”.

Башарият аз замонҳои қадим арзиши маориф ва нақши муҳиммеро, ки таълим дар ҳаёти мо мебозад, дарк кардааст. Демокрит, ки ба масъалаҳои таълиму тарбия таваҷҷуҳ карда буд, чунин хулосаро ба мо ҳидоят мекунад: “На ҳунар ба даст меояду на ҳикмат, агар омӯхта нашаванд”.

Ба қавли К. Хуммел, низоми донишандузии дилхоҳ кишвар ояндаи миллатро густариш дода, айни замон умеди даврон мебошад. Маориф дари фардои моро мекушояд, бинобар ин, ҷиҳати баланд бардоштани сифати он, лоиҳаҳои гуногуни ислоҳот дар ин соҳа ногузиранд.

Дар давраи бунёди ҷомеаи иттилоотӣ саводнокии компютерӣ ва донистани иттилоот шарти зарурии болоравии касбии корманди ҳар як ташкилот гардид. Ба ҳар ҳол, вазъ дар соҳаи маориф бештар аз рӯйи чунин омилҳо, ба монанди мақсадҳо муайян карда мешавад, ки ноил шудан ба онҳо дар сатҳи давлатӣ ҳамчун шарти зарурии фаъолияти системаи маориф эълон карда мешавад. Натиҷаи ҳамин аст, ки доираи васеи масъалаҳо, аз ҷумла мазмуни нақшаҳои таълимӣ, сатҳи омӯхташавии дарс ва сифати маводи таълимӣ мавриди таҳлилу баррасӣ қарор бигиранд. Сиёсати миллии маориф барои ҷавоб додан ба бисёре аз ин масъалаҳо пешбинӣ шудааст. Бинобар ин, таваҷҷуҳи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон тӯли бештар аз 34 сол мешавад, ки ба соҳаи маориф коста нагардида, баръакс тақвият меёбад. Сарвари давлат дар санаи 1 сентябри соли 2024 ба самти сифати таҳсилу тадрис ва барномаҳои таълимӣ дахолат карда, таълифи китобҳои ҷавобгӯ ба меъёрҳои муосирро таъкид намуданд: “Барои расидан ба ҳадафи беҳтар намудани сифати таҳсилот, дар навбати аввал, баланд бардоштани сатҳи касбияти кадрҳои омӯзгорӣ, китобҳои дарсии мутобиқ ба талаботи меъёрӣ, инчунин, таъминот бо имкониятҳои таълимиву методӣ, аз ҷумла таҷҳизоти озмоишгоҳӣ, технологияҳои иттилоотиву коммуникатсионӣ ва мунтазам гузаштан аз курсҳои такмили ихтисос ва бозомӯзӣ зарур аст”.

Миқдори зиёди ислоҳоти соҳаи маориф, ки дар кишварҳои гуногуни ҷаҳон гузаронида мешаванд, хеле бомуваффақият анҷом ёфтаанд. Биёед сатҳи татбиқшавиро аз кишварҳои хориҷӣ таҳқиқ кунем. Масалан, то соли 1970 дар Арабистони Суудӣ таносуби аҳолии саводноку камсавод 10 бар 90 фоизро ташкил медод, аммо пас аз 30 сол 95 фоизи аҳолии ин кишвар ҳадди аққал маълумоти миёна доштанд. Дар Олмон аз аввали солҳои 2000-ум як қатор барномаҳо амалӣ карда мешаванд, ки ба ҳамаи пиронсолон имкон медиҳад аз бозомӯзии касбӣ гузаранд.

Ҷоиз ба тазаккур аст, ки ниёгони мо аз дерзамон ба масъалаи донишомӯзӣ рағбат дошта, дар таърих чун миллати саҳмгузор дар таҳияи донишҳои фундаменталӣ маъруфанд. Мо ин андешаро бо далелҳои қавӣ исбот хоҳем кард, ки аҷдодамон дар гузашта ва имрӯз дар такмил ёфтани сатҳи донишҳои башарӣ нақши боризе аз худ боқӣ гузоштаанд. Ҳанӯз Рӯдакӣ бобати гиромидошти дониш ва дар сангнабиштаҳо маҳфуз доштани он ашъор сурудааст. Қабл аз ӯ, майли бесарҳад доштани тоҷикон ба фаро гирифтани илму дониш дар маохизи таърихӣ ба мушоҳида мерасад. Аммо ҳадаф аз нигоштани ин мақола вазъи маорифи муосир аст ва бо такя бо иқдомҳои наҷибонаи Пешвои миллат дар соҳаи маориф метавон гуфт, ки на танҳо таваҷҷуҳ, балки бартарӣ додани маорифу илм бар соири самтҳои фаъолият натиҷаи сиёсати давлатӣ маҳсуб мешавад. Масалан, Роҳбари давлат зимни суханронӣ бахшида ба таҷлили Рӯзи дониш ва Дарси сулҳ бобати иртиботи наслҳо таъкид намуданд: “Мо бояд хуб дарк намоем, ки фарзандон назди мо амонатанд, онҳо ояндаи мову шумо ва соҳибони фардои давлату миллат мебошанд. Мо набояд бо дастони худ ояндаи худамонро барбод диҳем, ба амонати хеш хиёнат кунем ва фарзандони худро дидаву дониста бадбахт созем. Мо бояд фарзандонамонро, чи писару чи духтар, хононем, илму дониш, касбу ҳунар ва одобу ахлоқ омӯзонем, забон омӯзонем, аз истифодаи техникаву технологияҳои муосир бархурдор созем, ба зиндагии мустақилона ҳаматарафа омода намоем, онҳоро ҳамчун шахсиятҳои худшиносу худогоҳ, масъулиятшинос ва ватанпарвару заҳматдӯст ба камол расонем”.

Агар хонандагон барои гирифтани донишҳои нав ҳавасманд набошанд, хоҳишу кӯшишҳои омӯзгору волидайн натиҷа нахоҳанд дод. Ҳамзамон, баъзе волидайн, ки аз дарсҳои ояндаи фарзандонашон нигарон ҳастанд, мекӯшанд, ки онҳоро то ҳадди имкон ба мактаб омода созанд ва аз тақрибан сесолагӣ хониши равон ва арифметикаро талаб мекунанд. Модару падарони дигар, ки орзую умедҳояшон баланд аст, мекӯшанд, ки фарзандонро аз гаҳвора ба воя расонанд ва масалан, ҳатто пеш аз он ки онҳо бо забони модариашон озодона ҳарф зананд, ба таълим додани забонҳои хориҷӣ шуруъ мекунанд. Норасоии китобҳои дарсӣ дигар мушкили ташвишовари соҳа ва яке аз сабабҳои дар сатҳи зарурӣ аз худ накардани барномаҳои таълимӣ аз ҷониби хонандагон ва паст гардидани сифати таҳсилот мебошад. Ҳамаи ин омилҳоро ба инобат гирифта, асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни суханронии пурмуҳтаво бахшида ба таҷлили Рӯзи Дониш дар санаи 1 сентябри соли 2024 татбиқи озмуни “Шоҳномахонӣ”-ро пешниҳод карда, пасон дастур доданд, ки озмунҳои дигар аз лиҳози ҳаҷми мукофотпулӣ дар ҳаҷми 100 фоиз боло бурда шавад: “Бар замми ин, пешниҳод менамоям, ки дар кишвар барои гурӯҳҳои алоҳидаи синнусолӣ, яъне хонандагон, донишҷӯён ва калонсолон озмуни «Шоҳномахонӣ» роҳандозӣ гардида, дар арафаи ҷашни 35-солагии истиқлоли давлатӣ ҷамъбаст карда шавад ва ғолибон бо ҷоизаву мукофотпулиҳои арзишманд қадрдонӣ карда шаванд. Инчунин, дастур дода мешавад, ки мукофотпулӣ барои ғолибони озмунҳои «Тоҷикистон - Ватани азизи ман», «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» ва «Илм - фурӯғи маърифат» аз мактабҳо сар карда, то сатҳи ҷумҳуриявӣ 100 фоиз зиёд карда шавад”.

Омӯзгор тавассути таълим ва интиқоли таҷриба дар ташаккули арзишҳо, муносибатҳо, меъёрҳои иҷтимоӣ ва ахлоқии шахсият саҳм мегузорад. Ба рӯйи насли наврас дари ҳаёти ҷомеаи пайваста рушдёбандаро мекӯшояд. Маҳз ҳамин тавр ҷавонон ба замони муосир ворид шуда, тадриҷан аз равандҳои рушди тамоми ниҳодҳои асосии ҷомеа ва давлат бохабар мегарданд. Бинобар ин, гуфтан мумкин аст, ки омӯзгор дар ташаккули ҷамъияти оянда, қувваҳои истеҳсолкунанда, илму фарҳанг ходими фаъол мебошад.

Ҷаҳони муосир бо суръат тағйир меёбад, волидон, омӯзгорон, кӯдакон, ҷомеа дигар мешаванд. Усулҳои нави таълими насли наврас кор карда баромада мешаванд. Аммо рисолати асосии иҷтимоии омӯзгор ба насли наврас расонидани ҳаҷми неъматҳои ҷамъиятие, ки ба онҳо дар шакли дониши муфид, меъёрҳои ахлоқӣ ва таҷрибаи зиндагӣ дастрас аст, иборат мебошад. Омӯзгор ҳамчун посбон ва барандаи неъматҳои гуногуни ҷамъиятии тамоми мардум, арзишҳои рӯзмарра, фарҳангӣ, ахлоқӣ, фикрӣ ва маънавии онҳо баромад мекунад. Ӯ ин арзишҳоро дар дохили худ ҷамъоварӣ ва азхуд карда, ба қадри имкон ба насли наврас мебахшад. Дар натиҷа, фарзандони мо бояд малакаҳои муносибатҳои солимро омӯзанд. Қобилият дар ин муносибатҳо барои дифоъ аз эътиқод ва арзишҳои худ ҳам дар сухан ва ҳам дар амал хеле муҳим ба назар мерасад. Омӯзгор на танҳо омӯзгор, балки дар масъалаҳои тарбияи фарҳангию ахлоқию маънавии насли наврас мураббӣ мебошад. Омӯзгор тавассути талқини андешаҳои ҷавонон дар бораи арзишҳои фарҳанги миллии худ ҷавононро таълим медиҳад, ки рафтори худро мувофиқи ин арзишҳо танзим кунанд, дар асоси принсипҳои некӣ, эҳтиром ва инсондӯстӣ нисбат ба дигарон зиндагӣ кунанд. Мо ҷомеаи муосир ҳастем ва дарк мекунем, ки омӯзгор симои асосии ташаккули ояндаи мост, мо бояд ба вазъи иҷтимоӣ, маънавӣ ва моддии шахсе, ки ояндаи худро ба ӯ бовар дорем, дастгирӣ намоем. Чунонки дар ин маврид Пешвои муаззами миллат зимни суханронӣ дар Рӯзи Дониш қайд намуданд: “Аз ин рӯ, ҷомеа бояд хуб дарк намояд, ки эҳтиром ба омӯзгор - эҳтиром ба ояндаи миллат аст. Омӯзгор шахсест, ки бо нури саводу маърифат ва илму дониш ҳаёти ҷомеаро равшан месозад, хурофоту ҷаҳолатро аз ҳаёти ҷомеа берун мекунад ва созандагону ободгарони ояндаи Ватанро ба камол мерасонад. Дуруст аст, ки ҳанӯз дар ҳаёти омӯзгорон мушкилоти иқтисодиву иҷтимоӣ ва маишӣ ҷой доранд, вале агар омӯзгор бо азму иродаи қавӣ дар иҷрои рисолати касбии худ кӯшиш намояд, он гоҳ насле ба камол хоҳад расид, ки ба қадри заҳмати устоду омӯзгори худ мерасад ва ба давлату ҷомеа содиқона хизмат мекунад”.

Новобаста аз таассуроту сатҳи тафаккури иҷтимоӣ омӯзгор дар рушди ҷомеа нақши мусбат ва калидӣ дорад. Чунки дар ҳавасмандӣ, сатҳи омӯзиши мавзуъ ва ошкоргардии қобилиятҳо саҳми омӯзгор низ мушоҳида мешавад. Бояд мутазаккир шуд, ки омӯзгор дар дилхоҳ давлат таҳиягару интиқолдиҳандаи ғизои маънавӣ аст ва ин масъулиятро на ҳар кас бар хеш муносиб ё қобилияти дарк кардани онро дорад. Бинобар ин, ҳеҷ каси мо бе кумаку раҳнамоии омӯзгорон ба ҳоли кунунии худ нарасидаем ва дар густариши эҳсоси ҳувиятхоҳиамон нақши омӯзгор низ ҳаст. Чунонки Мавлоно Ҷалолиддини Балхӣ мегӯяд:

Ҳеҷ кас аз пеши худ чизе нашуд,

Ҳеҷ оҳан ханҷари тезе нашуд.

Ҳеҷ Мавлоно нашуд муллои Рум,

То муриди Шамси Табрезӣ нашуд.

Чунин иқтибосҳоро аз осори барҷомондаи мутафаккирони тоҷик метавон пайҳам овард, аммо ҳадафи мо таваҷҷуҳу ташаббуси Пешвои миллат ба соҳаи илму маорифи кишвар аст, чунки дар воқеъ, Сарвари давлат дар ҳар як таълифоти хеш соҳаи мазкурро баррасӣ карда, роҳҳои бозомӯзии онро таҳқиқ намудаанд. Мо инро ҳам дар китоби “Чеҳраҳои мондагор” мебинем ва ҳам дар ҳар суханронии Пешвои миллат бартарии илму маорифи кишварро дар таҳия ва рушди давлатдории миллӣ эҳсос мекунем. Масалан, зимни суханронии худ бахшида ба таҷлили Рӯзи дониш ва Дарси сулҳ Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Раиси Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид намуданд, ки таҳсили миёнаи умумӣ бар ҳар як ҷавон ҳатмӣ буда, ҷиҳати афзудани таҳсилоти томактабӣ чораҳои зарурӣ дида шавад: “Дар шароити ҷаҳонишавӣ ба таври ҷиддӣ баланд бардоштани сифати таҳсилот яке аз масъалаҳои асосӣ дар самти таълиму тарбия маҳсуб мешавад. Инчунин, ба ҷалби омӯзгорони соҳибтаҷриба ва дорои қобилияти баланди омӯзгорӣ аҳаммияти ҷиддӣ дода, мушкилоти норасоии омӯзгорон ва ғайритахассус кор кардани онҳоро дар самти технологияҳои иттилоотӣ дар муддати ду сол бартараф созад”.

Вазифаи омӯзгорӣ чун тарбиявӣ фаҳмида мешавад, ки ба тарбияи шаҳрвандон, на танҳо кӯдакон, балки волидони онҳо низ алоқаманд аст, аммо дар айни замон бо сабаби равандҳои дар соҳаи маорифи ҷаҳонӣ ба амал омада, омӯзгорон аз зумраи гурӯҳи иҷтимоӣ-касбӣ шинохта шудаанд.

Вазифаи асосӣ ва иҷтимоии омӯзгор тарбияи ҷавонон, инкишофи неруи зеҳнию ахлоқии ҷомеа мебошад. Сатҳи маърифатнокии наслҳои минбаъда ва арзишҳои дар ҷомеа ҷойдошта аз омӯзгор вобаста аст. Фаъолияти омӯзгор дар ҳаёти ҷамъият дар ҳамаи марҳалаҳои тараққиёти таърихии он аҳаммияти калон дорад.

Ба олам раҳнамо омӯзгор аст,

Ба азмаш ҳам виқору нангу ор аст.

Ба гуфтору ба кирдори накӯяш,

Намояд ҷумла шогирдон ба сӯяш.

Зи хондан мешавад ҳар фард комил,

Ку нахле чун дарахте бидҳад ҳосил?

Намуна мешавад шогирд он гаҳ?

Раҳи дониш бар худ мекунад раҳ.

Агар устод бошад тозаэҷод,

Кунад шарҳу баёни ҷумла азёд.

Агар устод донишвар набошад,

Нигоҳе бар дари бовар набошад.

Чу месозад фаҳме шахсият ӯ,

Ба мулки меҳр аз дил тарбият ӯ.

Басифат кори мактаб соз бояд ,

Ба дониш қуфли розе боз бояд.

Агар умре биёрем рӯ ба хондан,

Кашем мо даст аз як лайк мондан.

Ба дониш мегарав шоҳи савод аст,

Ки ӯ як раҳнамои умрбод аст.

ШИРИН ҚУРБОНОВА - сарходими илмии Институти омӯзиши масъалаҳои давлатҳои

Осиё ва Аврупои Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, доктори илмҳои таърих.

Таҳти ҳамин унвон мақолаи президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, академик Хушвахтзода Қобилҷон Хушвахт дар нашрияи расмии Ҷумҳурии Тоҷикистон рӯзномаи "Ҷумҳурият" ба нашр расид.

Пешрафти давлатҳои муосир бидуни илму техникаи пешқадам ва технологияҳои инноватсионӣ, ба роҳ мондани тарзу усулҳои нави идоракунии истеҳсолот ва ҷорӣ намудани дастовардҳои нави илмӣ дар иқтисодиёт тасаввурнопазир аст. Дар шароити шиддат ёфтани ҷаҳонишавии иқтисоди ҷаҳонӣ, раванди рақобати давлатҳо дар соҳаи рушди илму техника низ тақвият меёбад. Ин, қабл аз ҳама, ба он вобастагӣ дорад, ки мамлакатҳои дар ин соҳа пешрафта аз раванди ҷаҳонишавӣ бо тамоми оқибатҳояш аз ҳама бештар ба афзалияти иқтисодӣ ноил мешаванд.

Аз ин рӯ, ҳадафи асосӣ аз рақобате, ки имрӯз миёни кишварҳо дар ин самт идома дорад, танҳо ба даст овардани даромадҳои иловагии иқтисодӣ аст. Таҳлили вазъи маблағгузорӣ ба соҳаи илм дар ҷаҳони муосир собит месозад, ки он ҳар сол дар ҳамаи кишварҳо рӯ ба афзоиш ниҳодааст ва аз муқоисаи рушди иқтисодии кишварҳои олам бармеояд, ки дар ин рақобат ҳамон кишваре ғолиб меояд, ки ба соҳаи илм аз ҳама бештар маблағгузорӣ мекунад.

Имрӯз дар Ҷумҳурии Тоҷикистон мақом ва нақши илм дар рушду шукуфоии ҳаёти иқтисодиву иҷтимоӣ ва маънавии ҷомеа беш аз пеш эҳсос гардида, аз ҷониби роҳбарияти давлату ҳукумат ба он эътибори хосса зоҳир мегардад. Ин аст, ки тайи солҳои соҳибистиқлолӣ аз тарафи Президенти мамлакат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади рушди илми ватанӣ, ташаккул ва такомули тафаккури техникии ҷомеа, ҳамгироии илм ва маориф, ба вуҷуд овардани технологияҳои рақобатпазир, омӯзишу таҳқиқи манбаъҳои барқароршавандаи энергия, таҳқиқи масъалаҳои иҷтимоӣ, таҳким бахшидани пояи илмӣ-техникии муассисаҳои илмӣ-таҳқиқотӣ, тарбияи кадрҳои илмӣ ва илмию педагогӣ фармону амр ва қарору фармоишҳое қабул гардиданд, ки барои фаъолияти муассисаҳои илмӣ ва дар маҷмуъ, барои рушди илм ва дастгирии олимон дар ҷумҳурӣ нақши муассир гузоштаанд.

Сулҳ ҳамчун арзиши умумибашарӣ яке аз унсурҳои муҳимтарини рушди устувори ҷомеа ва давлат мебошад. Бе таъмини сулҳ ва амният наметавон аз рушди иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангӣ сухан гуфт. Дар ҷомеаи муосир сулҳи байналмилалӣ ҳам ҳамчун меъёри ҳуқуқи байналмилалӣ ва ҳам ҳамчун таҷассуми арзишҳои башардӯстӣ мавқеи хоса дорад. Ҷумҳурии Тоҷикистон пас аз ба даст овардани истиқлолияти давлатӣ ба мушкили ҷанги шаҳрвандӣ рӯ ба рӯ шуд, ки хатари нобуд шудани давлати ҷавонро ба миён оварда буд. Дар чунин шароит нақши Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои барқарории сулҳ ва ваҳдати миллӣ таърихӣ арзёбӣ мегардад.

Сулҳи байналмилалӣ асосан дар ҳуҷҷатҳои муҳими байналмилалӣ, аз ҷумла Оинномаи СММ, Аҳдномаи Ҳелсинки ва дигар санадҳои ҳуқуқии байналмилалӣ таъкид шудааст. Сулҳи байналмилалӣ ҳамчун арзиши асосӣ ва меъёри ҳуқуқӣ ҳам дар Оинномаи Созмони Милали Муттаҳид (1945) ва ҳам дар Аҳдномаи Ҳелсинки (1975) эътироф шудааст. Тибқи Моддаи 1-и Оинномаи СММ, мақсадҳои Созмони Милали Муттаҳид иборат аз ҳифзи сулҳ ва амнияти байналмилалӣ, пешгирии низоъҳо ва ташвиқи муносибатҳои дӯстона байни давлатҳо бо асоси эҳтироми истиқлолият ва ҳудуди онҳо. Оиннома таъкид мекунад, ки низоъҳо бояд тавассути роҳҳои осоишта, аз қабили гуфтушунид, миёнаравӣ ва дипломатия ҳал шаванд, на бо истифодаи қувва, ба истиснои ҳолатҳои мудофиаи худ ва ё бо иҷозати Шӯрои Амнияти СММ.

Ҳамчунин, Аҳдномаи Ҳелсинки таъкид мекунад, ки сулҳи пойдор дар Аврупо ва берун аз он аз эҳтироми мутақобила ба истиқлолият, нақзи марзҳо ва соҳибихтиёрии давлатҳо вобаста аст. Он таъкид мекунад, ки низоъҳо бояд бо роҳи осоишта ҳал шаванд ва ҳифзи ҳуқуқи инсон ва озодиҳои асосӣ ҷузъи муҳимми сулҳи устувор мебошанд. Аҳднома инчунин аҳаммияти эътимод ва ҳамкориро тавассути гуфтугӯи сиёсӣ, ҳамкории иқтисодӣ ва табодули фарҳангӣ таъкид мекунад, ки ин метавонад танишҳоро пешгирӣ ва устувории ҷомеаро дар арсаи байналмилалӣ таъмин намояд.

Ҳарду санад нишон медиҳанд, ки сулҳи байналмилалӣ на танҳо набудани ҷанг аст, балки чаҳорчӯбаи мукаммали ҳуқуқ, гуфтугӯ, эҳтироми истиқлолият ва ҳифзи ҳуқуқи инсон мебошад, ки пояи устуворӣ ва ҳамкории ҷаҳонӣ ва рушди муттаҳидро ташкил медиҳад.

Тибқи ин санадҳо, ҳар як давлат вазифадор аст, ки ба амнияти байналмилалӣ, эҳтироми истиқлолияти кишварҳо ва ҳамзистии осоишта саҳм гузорад. Дар асри XXI таҳдидҳои нав, аз қабили терроризм, экстремизм, ифротгароӣ, гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир ва муноқишаҳои минтақавӣ сулҳи байналмилалиро зери хатар қарор медиҳанд. Аз ин рӯ, сиёсати сулҳдӯстонаи давлатҳо аҳаммияти калидӣ дорад.

Тоҷикистон яке аз намунаҳои нодири таъмини сулҳ дар охири асри XX ба шумор меравад. Ҷанги шаҳрвандӣ (1992-1997) на танҳо кишварро ба бӯҳрони сиёсӣ ва иҷтимоӣ бурд, балки барои тамоми минтақаи Осиёи Марказӣ таҳдид эҷод кард. Дар чунин вазъ, талошҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар самти оғози музокироти байни тоҷикон ва ба имзо расидани Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ (27 июни соли 1997, шаҳри Маскав) аҳаммияти таърихӣ доранд.

Соҳибназарон таҷрибаи сулҳи Тоҷикистонро “мактаби дипломатияи сулҳ” ном мебаранд, зеро он бар асоси гуфтушунид, муколамаи созанда ва гузаштҳои тарафҳо амалӣ гардид. Ин таҷриба имрӯз ҳамчун намунаи нодир аз ҷониби Созмони Милали Муттаҳид ва дигар созмонҳои байналмилалӣ арзёбӣ мешавад.

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон на танҳо дар дохили кишвар сулҳу ваҳдатро таъмин намуданд, балки дар арсаи байналмилалӣ низ ҳамчун ташаббускори сулҳ ва ҳамкории минтақавӣ шинохта шудаанд. Аз ҷумла:

-Пешниҳод дар бораи таъсиси Бунёди байналмилалии “Оби тоза” ва эълони солҳои байналмилалии оби тоза (2003, 2010, 2013, 2018) аз ҷониби СММ.

-Ташаббусҳо оид ба мубориза бо таҳдидҳои ҷаҳонӣ, аз ҷумла терроризм, экстремизм ва гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир.

-Нақш дар рушди дипломатияи минтақаӣ ва таҳкими ҳамкорӣ бо кишварҳои Осиёи Марказӣ, Ховари Миёна ва ҷаҳон.

-Муҳимтарин саҳм - пешниҳоди таҷрибаи Тоҷикистон ҳамчун намунаи сулҳи бардавом барои кишварҳои гирифтори низоъ.

Арзёбии илмӣ ва сиёсӣ

Муҳаққиқон таъкид мекунанд, ки таҷрибаи сулҳи тоҷикон дорои чанд ҷанба аст:

Ҷанбаҳои ҳуқуқӣ - созишномаҳо бо риояи меъёрҳои ҳуқуқи байналмилалӣ имзо шуданд.

Ҷанбаҳои сиёсӣ -сулҳ дар Тоҷикистон тавассути гуфтушунид ва муколамаи миллӣ таъмин гардид.

Ҷанбаҳои иҷтимоӣ - сулҳ ба барқарорсозии иқтисодиёт ва ҳамзистии осоишта мусоидат намуд.

Ҷанбаҳои байналмилалӣ - Тоҷикистон бо пешниҳоди ташаббусҳои глобалӣ мавқеи худро ҳамчун кишвари сулҳпарвар мустаҳкам сохт.

Сулҳи байналмилалӣ арзиши олӣ ва заруратест, ки тамоми башарият онро бояд ҳифз намояд. Ҷумҳурии Тоҷикистон бо роҳбарии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ -Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон тавонистанд аз як ҷанги шаҳрвандӣ ба давлати сулҳпарвар ва ташаббускори ҷаҳонӣ табдил ёбад. Ин таҷриба на танҳо барои таърихи сиёсии Тоҷикистон, балки барои илм ва амалияи дипломатияи ҷаҳонӣ аҳаммияти назаррас дорад.

Саидзода Ҳалим - ходими калони илмии шуъбаи Шарқи Миёна ва Наздики Институти омӯзиши масъалаҳои

давлатҳои Осиё ва Аврупои Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, доктори илмҳои филолгия

Адабиёт

Созмони Милали Муттаҳид. Оинномаи Созмони Милали Муттаҳид, 1945.

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон. Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ, 1997.

Раҳмонов Эмомалӣ. Сулҳ ва ваҳдати миллӣ. Душанбе, 2010.

Сафаров А. Муколама ва музокироти сиёсӣ дар Тоҷикистон. Душанбе, 2015.

United Nations. International Peace and Security Reports, 2000–2020.

Забони модарӣ нахустин воситаи муошират ва зуҳуроти тафаккури инсон аст. Он дар ташаккули шахсият, ҷаҳонбинии фард ва худшиносии миллӣ нақши муассир дорад. Забон на танҳо василаи иртибот аст, балки инъикосгари таърих, фарҳанг ва руҳу маънавиёти миллат низ мебошад. Забони тоҷикӣ, ки аз шохаҳои забонҳои эронии шарқӣ маҳсуб меёбад, зиёда аз ҳазор сол таърихи хаттӣ ва адабӣ дорад ва ҳамчун забони модарии мардуми тоҷик имрӯз низ мавқеи хоси худро нигоҳ доштааст.

Забони модарӣ нахустин забонест, ки кӯдак тавассути он муҳити худро мешиносад, эҳсосот ва фикру андешаи худро иброз медорад. Маҳз бо забони модарӣ инсон тавонистааст, ҷаҳонро дарк намояд ва фарҳангу суннатҳои миллиро аз насл ба насл интиқол диҳад.

Забон ва ҳувияти миллӣ пайвандии ҷудонашаванда доранд. Агар забон аз байн равад, дер ё зуд худшиносии миллӣ низ заиф мегардад. Ин маънӣ дар таълимоти бисёре аз мутафаккирони ҷаҳон ва ходимони давлатию фарҳангӣ таъкид шудааст. Ба қавли устод Айнӣ,
“забон пояи фарҳанг аст ва фарҳанг — рукни ҳастии миллат”.

Аз ин рӯ, ҳифзи забони модарӣ на танҳо вазифаи давлатист, балки, қабл аз ҳама масъулияти шахсии ҳар як шаҳрванди бонангу номус мебошад.

Забони тоҷикӣ дар асл шохае аз забони форсии дарӣ буда, дар асрҳои VIII–IX мелодӣ шакл гирифтааст. Забони тоҷикӣ бо осори безаволи устод Рӯдакӣ сарчашмаи нодири хаттӣ пайдо кард ва дар асрҳои минбаъда бо шоҳкориҳои Фирдавсӣ, Ҷомӣ, Ҳофиз, Саъдӣ, Хайём, Мавлавӣ ва дигарон ғанӣ гардид.

Забони тоҷикӣ дар давоми асрҳо дар қаламрави паҳновари Осиёи Миёна ва Хуросон ҳамчун забони илму адаб, идоракунӣ ва муоширати байниқавмӣ истифода шудааст. Ҳатто дар замони Аморати Бухоро, ки тобеи хонадони Манғития буд, тамоми умури расмӣ бо забони тоҷикӣ анҷом дода мешуданд.

Сарфи назар аз вижагиҳо ва баъзе маҳдудияти даврони шуравӣ, забони тоҷикӣ тавонист, ки худшиносӣ ва якпорчагии миллиро нигоҳ дорад ва имрӯз, баъд аз ба даст овардани соҳибистиқлолӣ, дубора мавқеи давлатиро касб кардааст.

Барои он ки забони тоҷикӣ на танҳо ҳифз, балки, аз ҷумла ба ҳайси забони илм дар шароити рақамикунонии соҳаҳои мухталифи иқтисоду ҳаёти ҷомеа рушд ёбад, бояд аққалан тадбирҳои зерин амалӣ гарданд:

Баланд бардоштани сатҳу сифати таълими забон дар муассисаҳои таълимӣ: аз синфҳои ибтидоӣ то донишгоҳ, омӯзиши забони гуфтугӯӣ ва навиштории модарӣ бояд ҷузъи муҳими барномаи таълимӣ бошад.

Омодасозии кадрҳои баландихтисос дар соҳаи забоншиносӣ, тарҷума ва таҳияи адабиёт: танҳо тавассути забоншиносони варзида метавон камбудиҳои мавҷударо бартараф сохт.

Инкишофи фанновариҳои рақамӣ бо забони тоҷикӣ: тарҷумаи барномаву истиллоҳҳои компютерӣ, таҳияи луғатҳои электронӣ, муҳаррикҳои ҷустуҷӯ ва системаҳои матншиносӣ бо забони тоҷикӣ.

Тарғибу ташвиқи забони модарӣ дар ВАО ва шабакаҳои иҷтимоӣ: истифодаи забони тоҷикӣ бояд ба як меъёри иҷтимоӣ табдил ёбад.

Ҳавасмандгардонии муассиса ва ашхосе, ки барои рушду тарғиби забони тоҷикӣ саҳм мегузоранд, бо ҷоизаҳо ва ифтихорномаҳои давлатӣ.

Забони тоҷикӣ ҳамчун забони модарии миллати тоҷик на танҳо воситаи иртибот, балки пояи ҳастии фарҳанги миллӣ ва асолати тоҷикон мебошад. Ҳифзи забон ҳифзи миллат аст. Дар шароити ҷаҳонишавӣ ва рақобати фарҳангҳо ҳар миллате, ки ба забони модарии худ арҷ мегузорад, метавонад истиқлоли фарҳангӣ, маънавӣ ва фикрии худро нигоҳ дорад.

Ҳар як фарди ҷомеа бояд дарк намояд, ки истифодаи дурусти забони модарӣ на танҳо масъулияти шахсӣ, балки қарзи шаҳрвандӣ ва миллӣ мебошад. Танҳо дар сурати гиромидошт ва рушди забони тоҷикӣ мо метавонем худшинос, худогоҳ ва соҳибфарҳанг боқӣ монем.

САЛИМОВ Акбар - ходими калони илмии шуъбаи Иттиҳоди Давлатҳои Мустақили

Институти омӯзиши масъалаҳои давлатҳои Осиё ва Аврупои Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон

Subscribe to Мақолаҳо