Ҷашни Меҳргон яке аз чаҳор ҷашнҳои куҳантарини мардуми эронитабори даврони бостон дар баробари Сада, Наврӯз ва Тиргон мебошад, ки ҳар кадоми ин ҷашнҳо дар пайвандӣ буда, дар идомаи ҳам омада, рамз ва арзишҳои ҷавҳарӣ доранд. Ин ойинҳо намоёнгари равшани ҷаҳонбинии хосса ва тафаккуроту дониши баланди мардуми форсинажод мебошанд, ки сабаби сарфарозии ҳар яке аз мост. Ба шарофати соҳибистиқлолӣ ва бо ташаббус ва талошу заҳматҳои Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ин ҷашну расму ойинҳои фарҳангии бостонӣ аз нав эҳё гардидаанд.
Омад-омади ҷашни Наврӯз аз нав эҳё гардидани табиат, омадани баҳор, фарорасии соли нав хабар дода, мардумро ба берун омадан аз сахтиҳои фасли зимистон омода намуда, ба ҳамкорӣ ва ҳамзистии осоишта, ба кишту кор ва покиву озодагӣ, сохту соз, тадорукот ва омодагӣ ба фаъолиятҳои нави корӣ, ба хусус дар соҳаи кишоварзӣ, даъват менамояд. Таърихи пайдоиш ва ҷашнгирии Наврӯз ба яке аз авлодони нажодии Каюмарс (нахустинсон) Ҷамшед, ки аз сарватмандтарин подшоҳони тоҷику форс буд, мансуб дониста мешавад.
Тиргон ҷашнест, ки дар замони фарорасии фасли тобистон таҷлил шуда, мардуми эронитабор аз он бо самимият истиқбол менамуданд ва маросимҳои бошукӯҳе барпо мекарданд. Дар таърихи фарҳанги ҷашнгирии Тиргон, ойинҳои ба монанди рӯзи гиромидошти камонандозии Ораши камонгир ва ситораи бороновар Тиштар, обу обпошӣ, саршурон, фоли кӯза, хӯрдани гандуми пухташуда, пошидани об ба якдигар бо рамзи расидан ба рӯшноиву покӣ, осоишу хушҳолӣ ва амсоли инҳо ёдрас шудааст.
Ҷашни Сада аз бузургтарин маросимҳои оташ, ки намоде аз нур, гармӣ ва рӯшаноӣ дар бостон буд, бо афрӯхтани оташи дастиҷамъӣ, рамзи ҳамкорӣ ва ҳамбастагии мардумро нишон медиҳад ва он дар фасли зимистон баргузор мегардад, ва намоёнгари омодабошӣ ба ин фасл ва ҳифз аз нерӯҳои баду торикӣ, ғалабаи нур бар зулмот мебошад. Расми оташафрӯзӣ ниҳоятан муждаи наздик шудан ба фасли баҳору соли нав - ҷашни Наврӯзро хабар медиҳад. Дар таърихи дунёи бостони мардуми тоҷику форс пайдоиши оташ ва ҷашнгирии бошукӯҳи онро бо номи Сада ба яке аз наберагони Каюмарс, фарзанди Сиёмак Ҳушанги Пешдодӣ нисбат медиҳанд. Ҳушангшоҳ пас аз кашфи оташ нахустин касест, ки ба ихтирои фузулот, хонасозӣ, роҳсозӣ ва шаҳрсозӣ рӯй овард ва мардумро ба кишоварзию домдорӣ ҷалб намуд ва ба онҳо чигуна кандани ҷӯю рӯдҳо ва дарахтшинониро ёд дод.
Ҷашни Меҳргон низ таърихи қадимӣ ва беш аз 4000 сола дорад. Бар асоси матнҳои Авесто (китоби муқаддаси зардуштиён), пеш аз сулолаи Ҳахоманишиён, тақвими бостонӣ танҳо дорои ду фасли сол: тобистон ва зимистон буд, ки Наврӯз ҷашни оғози соли нав ва фасли тобистон ва Меҳргон ҷашни оғози нимаи дуввуми сол ва фасли зимистон будааст. Фирдавсӣ низ дар «Шоҳнома»-и худ ба равшанӣ ба ин ҷашни бостонӣ ва пайдоиши он дар даврони подшоҳии Фаридун ишора кардааст, ки ба навиштаи ӯ, оғози ҷашни Меҳргон дар нахустрӯзи ба тахт нишастани шоҳ Фаридун мебошад. Ҳамчунин Абурайҳони Берунӣ дар китоби худ «Осор-ул-боқия» дар бораи Меҳргон чунин навиштааст: «…иди бузурге аст ва ба Меҳргон маъруф аст.. ва ин ид барои умуми мардум аст ва тафсири он дӯстии ҷон аст ва гӯянд, ки Меҳр номи Офтоб аст ва чун дар ин рӯз Офтоб барои аҳли олам пайдо шуд. Ин аст, ки ин рӯзро Меҳргон гӯянд…».
Ҳамчунин ишора шудааст, ки ҷашни он дар замоне буд, ки дар тирамоҳ шабу рӯз баробар мегашт. Ҷашни Меҳргон аз даҳум то шонздаҳумин рӯз аз ҳафтумин моҳи сол – Меҳррӯз дар Меҳрмоҳ дар Эрони бостон баргузор мешуд ва онро дар қадим Митрокана мехонданд. Имрӯза ин ҷашни бузургро дар тоҷикӣ-форсӣ Меҳргон меноманд. Ҳамин тавр ҷашни Меҳргон пас аз Наврӯз яке аз маросимҳои дорои аҳамияти бузургтарини мардуми тоҷику форси бостон буда, дар оғози фарорасии фасли зебою заррини тирамоҳ баргузор мегардад.
Меҳргон ва мақоми ӯ дар кайҳони ҳастӣ дар муқобили бадиҳою тирагиҳо ва барпову барҷо мондани адлу ростиву хубиҳо, кирдору аъмоли нек, аҳду паймонҳо, покию озодагӣ ва тамоми хубиҳои дунё ва амсоли инҳо бахшида шудааст.
Ҷашни Меҳргон ба монанди Наврӯз бо расму одоб ва маросимҳои ба худ хосса ва ягона баргузор мешавад. Дар ин маросим низ дастархони Меҳргонӣ, ки аз порчаи арғувониранг паҳн карда мешавад ва дар мобайни он гули «ҳамеша шукуфта» (гули «Ҳамешабаҳор»-ро Т.М.) мегузоранд. Сипас атрофи онро бо гулҳои дигар меороянд ва дар паҳлӯи он гулҳо чанд шохаи сабзи дарахтро гузошта ва аз паси он меваҳои хушбӯю рангоранги тирамоҳӣ монанди ангур, санҷид, анор, хурмо, себ, анҷир, бодом, писта, фундуқ, зардолу, шафтолу, чормағз ва амсоли инҳоро рӯи дастархон мечинанд. Ҳамчунин дастархони Меҳргонӣ бо нӯшиданиҳои гулобу шири рақиқ, оби бо гиёҳ омехтаи хушбӯй ва хӯрданиҳо ба монанди нонҳои махсус боз ҳам пурнеъматтар ороста мешуд. Изофа бар ин дар гирди суфраи пурнеъмати Меҳргонӣ нугчаи шамъ ва ё ҷоми оташи гирён, ширинӣ, хӯрданиҳои маҳаллӣ ва ғайраҳо гузошта мешуд. Пас аз хӯрдану нӯшидани неъматҳо, мардум шурӯъ мекарданд ба навохтани мусиқиву рақсу хушҳолӣ ва баъдан гиёҳҳои хушбӯю дуркунандаи балову офатҳоро дар оташ ҳамроҳ карда, ба мисли исфанду заъфарон ва анбар оташро боз ҳам дурашон мекарданд. Мардум дар ҳадди тавоноӣ бо либосу ҷомаҳои ранго-ранги арғувонӣ вориди маҷлиси дастархони Меҳргонӣ мешуданд ва дар ибтидо ҷашнро бо шукргузориву дуо аз неъматҳо оғоз мекарданд. Ба ғайр аз ороиши дастархони меҳргонӣ боз ойинҳои дигар ба монанди тарошидани санг ва рӯӣ навиштан ва ё нигориши шахсҳои таърихӣ-асотирӣ, аз ҷумла нигораҳои Митра, Митра – Варуна, Рита ва амсоли инҳо вуҷуд дошт. Дар охири маросими ҷашнӣ ба шӯълаҳои оташ дастҷамъӣ нигариста, барои таҷдиди пойбандӣ ба паймонҳои гузашта дасти ҳамдигарро фишурда, рӯи паймону аҳди хеш устувор мемонанд. Аз ин ҷо, муҳимтарин фалсафаи ҷашни Меҳргон ин сипосгузорӣ аз Офарандаи якто барои фузунии неъматҳое, ки ба инсонҳо бахшидааст ва ҳамчунин устувории аҳду пайванду меҳрварзӣ, садоқату муҳаббат ва бастани паймонҳои дустӣ байни одамон аст.
Мардуми Эрон аз ҳамон даврони қадим то замони ҳол, оғози тирамоҳ, ки моҳи Меҳр шурӯъ мешавад, аз шаш (6) то даҳ (10) рӯзи онро бо ойину одоб ва расми хос ҷашн мегиранд. Умед аст, ки ин ҷашн дар кишвари мо ба монанди ҷашни Наврӯз бо тантана барпо гардад, зеро агар ҳикмати ҷашни Наврӯз сохту соз ва поккуниву озодагӣ пас аз зимистон, заминагузорӣ ва кошти неъматҳои моддӣ, барномагузории корҳои эҷодиву маънавӣ ва амсоли инҳо бошад, Меҳргон намоди ҷамъбасту ҷамъоварии неъматҳои моддӣ, фикрӣ-маънавӣ ва сохту созҳои заҳматҳои иҷтимоии ҷомеа мебошад.
Меҳр, дар «Авесто» Митра ва дар паҳлавӣ Миҳр, ҳамчун рамзи фуруғу рӯшноӣ ва паймоншиносӣ ва дар асотири ҳиндуэронӣ баракатовар, нигаҳбони паймон ва шарик дар фармонравоии ҷаҳон, посдору пуштибони ҳамаи гурӯҳҳои иҷтимоии ҷомеа, нигаҳбонӣ аз ростиву ростгӯӣ ва ғайраҳо мебошад. Аз ин рӯ, Меҳр мутародифи «паймоншикан» аст.
Митра аз муқаддасоти саршиноси Ҳинду Аврупо ва эронитаборони бостон аст, ки маънии Митра аз решаи мирӣ ба маънои аҳду паймон ва меҳру садоқат омадааст ва аз инҷо ӯро ба назм дароварандаи рафтору гуфтор ва муносиботу иртибототи инсонро бо аҷзои мухталифи иҷтимои башарӣ донистаанд. Ҳамчунин Митра, дар миёни мардуми тоҷику форс бо унвони Миҳр ва ё Меҳр аст, ки рамзи дӯстӣ, муҳаббат ва отифа байни мардум ва зоти паймон буда, намоёнгари фазоест, ки иртиботи одамон бо якдигар бар он устувор аст. Дар «Кардаи 13»-и «Миҳр-Йашт»-и «Авесто» омадааст: «Бидеҳ Миҳр ҳунар ту моро, покиву покиза виҷдон, имтиёзу бартарӣ-мон, то ки аз сиришти мансар, бувем мо ҳамеша огаҳ.Чу пиндор моро-ст агар биҳ, ва агар мо ниву дилерем агар мо хуҷистаем шод, шавем бар ҳарифо(н) чира.Чу пиндор моро-ст агар биҳ, агар мо ниву дилерем, агар мо хуҷистаем, ба(р) душман пирузӣ ёбем.Чу пиндор моро-ст агар биҳ, агар мо ниву дилерем, агар мо хуҷистаем, шод, пирузӣ ҳаройна ёбем бар ҳама девону мардум, париву ҷоду, ситамкор ар, бувем мо ҳамеша огаҳ» (саҳ. 278).
Достони Митро ва ё Митра дар байни мардуми бостони Ҳинд ва тоҷику форс бо унвони худои Хуршед машҳур аст. Мувофиқи таҳқиқотҳои бостоншиносӣ вуҷуди маъбадҳои мухталифе дар Ҳинд, Эрон, Байнаннаҳрайн, Юнон, Италияю Олмон баёнгари он аст, ки онҳо барои ниёиши ин маъбуд бино шудаанд ва аз ин ҷиҳат Митраро танзимкунандаи иртиботи афрод бо аҷзои мухталифи иҷтимои башарӣ донистаанд.
Аммо таъбиру тафсири Миҳр дар «Авесто» нисбат ба Митраи Ҳинду Европа фарқ дорад. Зеро ки андешаю ҷаҳонбинии мардуми тоҷику форси даврони бостон нисбат ба Ҳинду дигар кишварҳои Европоӣ хеле пешрафта ва аз хурофот дур буд. Дар фаҳмиши ҳиндиҳо «Митра» бо «Варуна» ҷуфти абадиро ташкил медиҳанд, ки аз тарафи мардум ба ёрӣ хонда мешаванд ва дар фарҳанги онҳо «Митра» гардунаи дурахшон ва иқоматгоҳи заррин дорад. Чунин тарзи тафаккурот аз ҷаҳонбинии мардуми Ҳинди қадим то замони кунунӣ ҳам оиди «Митра» вуҷуд дорад. Аммо, «Митра» дар таълимоти ойини зардуштӣ дар мақоми пойинтар аз Аҳурамаздо ва офаридаи ӯ ҳисоб мешавад: «Меҳр – шаҳриёри ҳама сарзаминҳоро меситоем, ки Аҳура Маздо ӯро фараҳмандтарини изадони менуӣ биофарид. Бишавад, ки он бузургворон – Меҳр ва Аҳура Маздо – ҳарду ба ёрии мо оянд».
Ҳамин тавр тафаккуроти мардуми эронитабор дар бораи кайҳони нуҷумӣ хеле воқеитару ба ҳақиқат наздиктар нисбати Ҳинди бостон шарҳу баён ёфтааст. Тафаккуроти мардуми Ҳинд бештар дар асоси асотир ташаккул ёфта, дар атрофи худоён ва олами нуҷумӣ мечархад ва онҳо Хуршеду Меҳр ва ё Митраро ба номи яке аз худоёни худ мегузоранд.
Дар андешаҳои Зардушт («Авесто») Меҳр ё Митра пеш аз Хуршед зоҳир мешавад ва ҳамроҳии ӯ бо Хуршед сабаб шудааст, ки баъдҳо Меҳр маънии Хуршед пайдо кунад. Аз ин ҷо, дар «Авесто» омадааст, ки «Хуршеди ҷовидонаи ройуманди тезаспро меситоем, Меҳр–шаҳриёри ҳама сарзаминҳоро меситоем». Ҳамин тавр Меҳр-Хуршед яке аз мақомҳои асосиро дар олами кайҳони ахтарони осмонӣ фаро мегирад ва бисёре аз дарахту гиёҳҳону гулҳо ба монанди нилуфари обӣ, гули офтобгардон, дарахтони сарву нахлу коҷ намодҳои Хуршеданд, ҳамчунин аз аносир оташ, аз рангҳо сурху зард ва аз фузулот тилло мансуб ба Хуршед аст.
Таҷлили ҷашни Меҳргон дар радифи ҷашнҳои Сада, Наврӯз ва Тиргон, ки ҳама мероси арзишманди ниёгон мебошанд, ҷашни мавсимии тақвимӣ буда, фарҳанги алалхусус кишоварзиро ташвиқ менамоянд ва ба ҷамъоварии ҳосили зироатҳо ва обу замин робитаи мустақим доранд. Ҳамчунин Меҳргон таҷассумгари одобу хулқи неки инсонӣ аст ба монанди ростгӯӣ, боаҳдию бовафоӣ, ситоиши Худованд, сипосгузорӣ аз заҳмат ва дастоварди кишоварзон, ривоҷ додани арзишҳои Замин ва неъматҳои он, парастиши меҳрубонӣ, рафтору кирдорҳои дуруст ва озодондешии мардум ва амсоли инҳо.
Боиси ифтихори мо аст, ки рамзу мафҳум ва русуми баргузории ин ҷашнҳои бостонии мо аз қадим то ба имрӯз боқӣ мондаанд ва сол ба сол мавриди омӯзиш ва баррасии бештар мебошанд. Ин ҷашнҳои мавсимии тақвимӣ шоҳиди ҷовидонагии маънавият, фарҳанг ва андешаҳои болои мардуми эронитабор мебошанд ва бешубҳа падидаи нодир дар тамаддуни ҷаҳонианд. Аз нав бозсозии ин ойинҳои бостонӣ сабаби эҳё ва шинохти бештари ҳувияти миллии мардуми кишвари азизамон Тоҷикистон хоҳад буд ва ин навиштаи хешро бо суханҳои пурарзишу ҷавҳардорӣ Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷамъбаст хоҳад намуд: «…мо суннату анъанаҳои неки гузаштагонамон ва арзишҳои волои таъриху фарҳанги миллатамонро танҳо ва танҳо бо мақсади парваридани эҳсоси худшиносиву худогоҳӣ дар қалбҳои мардуми худ ва наслҳои оянда гиромӣ медорем. Зеро чунон ки бузургони хирадмандамон гуфтаанд, арҷгузорӣ ба гузашта як боли мост ва хизматҳои имрӯзаи мо ба хотири ободии Ватани аҷдодӣ ва осоиши мардум боли дигари мост, ки миллати моро ба сӯи ояндаи шукуфону осуда қуввати парвоз хоҳанд бахшид…». (Эмомалӣ Раҳмон. Ориёиҳо ва шинохти тамаддуни ориёӣ.– Душанбе: «Ирфон», 2006, - 96 саҳ.)
Ин ҷашни баракату раҳмат ба ҳамаи мардуми ин сарзамини ободу зебо ва сарсабзамон муборак бод ва тамоми хушбахтиву хушиҳои дунё насибашон гардад.
Муродова Тоҷинисо – н.и. фал., дотсент,
ходими пешбари илмии ИФСҲ ба номи А.Баҳоваддинови АМИТ
Маориф дар ҳама давру замон ба ҳайси пояи устувори рушди давлат ва ҷомеа шинохта мешавад. Бе кадрҳои соҳибдониш, ҷаҳонбинии илмӣ ва зеҳни рушдёфта, давлат наметавонад ба дастовардҳои бузург ноил гардад. Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки бо роҳбарии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба сӯи истиқрори ҷомеаи мутамаддин ва давлатдории муосир қадам мегузорад, соҳаи маориф ҳамеша дар меҳвари сиёсати давлат қарор дорад. Пешвои миллат борҳо таъкид намудаанд: «Маориф – оинаи давлат ва миллат аст. Бе рушди маориф пешрафти Ватан имконнопазир мебошад». Ин суханон баёнгари онанд, ки сарвари давлат ба соҳаи маориф ҳамчун омили калидии рушди устувор ва пойдории давлатдорӣ менигарад.
Бо ташаббуси бевоситаи Пешвои миллат як қатор стратегияҳо ва барномаҳои миллӣ қабул гардиданд, ки самтҳои асосии онҳо таъмини дастрасӣ ба таҳсилоти босифат, ҳамқадам бо низоми ҷаҳонӣ ва рушди нерӯи инсонӣ мебошанд. Аз ҷумла:
- Стратегияи миллии рушди маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030;
- Барномаи давлатии рушди муассисаҳои таҳсилоти томактабӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ;
Дар давраи Истиқлолият бо роҳбарии Эмомалӣ Раҳмон дар тамоми манотиқи ҷумҳурӣ муассисаи нави таълимӣ сохта шудааст. Мактабҳои деҳотӣ бо китобхона, озмоишгоҳҳои фаннӣ ва толорҳои варзишӣ таъмин гардида, сатҳи фарогирии хонандагон ба таври назаррас баланд шудааст.
Сардори давлат ҳангоми суханронӣ ба муносибати рӯзи дониш ва дарси сулҳ таъкид доштанд, ки " Дар 34 соли соҳибистиқлолӣ соҳаи маориф аз ҳисоби буҷети давлатӣ 67,4 миллиард сомонӣ ва аз ҳисоби лоиҳаҳои сармоягузории давлатӣ 6,2 миллиард сомонӣ, яъне дар маҷмуъ, 73,6 миллиард сомонӣ маблағгузорӣ гардидааст.
Имрӯз дар соҳаи маориф 11 лоиҳа ба маблағи 4 миллиарду 300 миллион сомонӣ татбиқ шуда истодааст. Тайи даврони соҳибистиқлолӣ музди меҳнати кормандони соҳа давра ба давра беш аз 20 баробар зиёд карда шуд".
Бо дастгирии давлат муассисаҳои таълимии олӣ низ таҷдид ва муҷаҳҳаз гардида, донишгоҳҳои пешсаф ба низоми кредитии таълим ва ҳамкории байналмилалӣ пайваста истодаанд.
Пешвои миллат борҳо қайд намудаанд, ки омӯзгор устоди насли оянда ва нерӯи пешбарандаи ҷомеа аст. Аз ин рӯ, барои боло бурдани мақоми омӯзгор тадбирҳои зерин роҳандозӣ шудаанд:
- афзоиши мунтазами маоши омӯзгорон;
- ташкили курсҳои такмили ихтисос;
- ҷорӣ намудани барномаҳои дастгирии омӯзгорони ҷавон дар шаҳру ноҳияҳои дурдаст.
Ҳамин тадбирҳо боис гардиданд, ки мавқеи омӯзгор дар ҷомеа таҳким ёбад ва сифати таълим боло равад.
Ҳамзамон ёдовар бояд гашт, ки Президенти кишвар дар суханронӣ ба муносибати рӯзи дониш ва дарси сулҳ қайд намуданд, ки "Омӯзгор шаъну шарафи миллат аст ва имрӯзу фардои ҳар як кишвар ва ҷомеа аз сатҳи маърифат ва фаъолияти ӯ вобастагии калон дорад. Хиради омӯзгор ҷаҳлу хурофотро аз байн мебарад ва сарчашмаи комёбиҳо мегардад. Дар бартарафсозии тамоми мушкилоти миллату давлат, пеш аз ҳама, омӯзгорон саҳмгузоранд. Эҳтироми омӯзгор аз тарафи ҳар як фард эҳтироми худ, эҳтироми миллат ва эҳтироми ҷомеа аст. Мо мақоми омӯзгорро ҳар қадар баланд бардорем, ҷомеа ҳамон қадар муваффақу пешрафта мегардад. Соли гузашта дар суханронӣ ба муносибати Рӯзи дониш ман ба сохтору мақомоти марбута супориш дода будам, ки лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мақоми омӯзгор»-ро таҳия ва барои баррасӣ ба Ҳукумати мамлакат пешниҳод намоянд. Ҳоло ин санади муҳим аз ҷониби Ҳукумати мамлакат маъқул дониста шуда, ба баррасии парламенти кишвар ирсол гардидааст. Қабули ин қонун марҳалаи наверо дар фаъолияти омӯзгорон ва умуман, дар ҳаёти аҳли кишвар ифтитоҳ хоҳад бахшид".
Ҷавонон ҳамчун ояндаи миллат ва давлати тоҷик дар ҷомеаи мо мавқеи вижа доранд. Бо ташаббуси Пешвои миллат стипендияҳои президентӣ таъсис ёфтанд, ки ҳар сол садҳо донишҷӯи лаёқатманд гирандави чунин стимендия мебошанд, ки ин раванд, низ аз ғамхориҳои сардори давлат нисбати ҷавонон дарак медиҳад.
Ғайр аз ин, тавассути барномаи таҳсил дар хориҷи кишвар ҳазорҳо ҷавонон имкони таҳсил дар донишгоҳҳои бонуфузи Русия, Чин, Аврупо ва дигар кишварҳоро пайдо намудаанд.
Маориф бе илм ва тадқиқот комил шуда наметавонад. Бо дастгирии Пешвои миллат марказҳои илмӣ, лабораторияҳо ва технопаркҳо таъсис ёфтанд. Академияи миллии илмҳо ва донишгоҳҳои кишвар имкони ҳамкории байналмилалиро пайдо карданд.
Ҳамаи дастовардҳо дар соҳаи маориф дар даврони истиқлолият бо номи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон сахт пайванданд. Ӯ ҳамчун роҳбари хирадманду оқил бо диди дурбинона ва сиёсати хирадмандона ба рушди маориф заминаи боэътимод гузошт.
Имрӯз Тоҷикистон соҳиби низоми маорифест, ки ба меъёрҳои ҷаҳонӣ наздик шуда, ҷавононро бо дониш, маърифат ва арљ гузоштан ба арзишҳои миллӣ ба камол мерасонад.
Аз ин рӯ, нақши Президенти кишвар -Эмомалӣ Раҳмон дар рушди соҳаи маорифи кишвар на танҳо бузург, балки таърихиву сарнавиштсоз аст.
Саидзода Муҳаббат Шералӣ
Ходими пешбари илмии шуъбаи
таърихи давлат ва ҳуқуқи Институти фалсафа, сиёсатшиносӣ ва ҳуқуқи ба номи
А. Баҳоваддинови Академияи миллии
илмҳои Тоҷикистон номзади
илмҳои ҳуқуқшиносӣ
Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун қонуни асосӣ на танҳо санади олии ҳуқуқӣ, балки манбаи арзишҳои миллӣ, иҷтимоӣ ва ҳуқуқӣ мебошад, ки ба ташаккули худшиносӣ, ҳисси масъулият ва фарҳанги ҳуқуқии шаҳрвандон таъсири амиқ мерасонад. Дар замони муосир, ки ҷомеаи муосир ба сӯи таҳкими давлати ҳуқуқбунёд ва ҷомеаи шаҳрвандӣ қадам мегузорад, тарбияи ҳуқуқии аҳолӣ ҳамчун омили муҳими рушди иҷтимоиву сиёсӣ аҳаммияти аввалиндараҷа пайдо кардааст.
Арзишҳои дар Конститутсия ифодаёфта – озодӣ, баробарӣ, адолати иҷтимоӣ, қонуният, эҳтиром ба инсон ва ҳуқуқҳои ӯ – на танҳо меъёри ҳуқуқӣ, балки меъёри ахлоқӣ ва фарҳангии ҳаёти ҷамъиятиро ташкил медиҳанд. Аз ин рӯ, шинохт ва татбиқи ин арзишҳо дар зеҳн ва рафтори шаҳрвандон шарти зарурии баланд бардоштани сатҳи тарбияи ҳуқуқии аҳолӣ мебошад.
Арзишҳои конститутсионӣ ҳамчун заминаи идеологӣ ва маънавии давлатдории ҳуқуқбунёд баромад мекунанд. Арзишҳои конститутсионӣ ба сифати пояи идеологии низоми ҳуқуқӣ ва сиёсӣ амал мекунанд. Мафҳумҳои «ҳуқуқи инсон», «давлати ҳуқуқбунёд», «адолати иҷтимоӣ» ва «ҳокимияти қонун» дар моддаҳои асосии Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон таҷассум ёфта, мазмуни онҳоро муайян месозанд.
Агар мо ба мафҳумҳои дар дебоча ва моддаи 1 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон эътибор диҳем, пас маълум мегардад, ки маҳз ин мафҳумҳо арзишҳои асосии қонуни асосиро муайян мекунанд. Аз ҷумла, дар дебоча Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон омадааст, ки: «МО, ХАЛҚИ ТОҶИКИСТОН,
қисми ҷудонашавандаи ҷомеаи ҷаҳон буда, худро дар назди наслҳои гузашта, ҳозира ва оянда масъул ва вазифадор дониста,
таъмини соҳибихтиёрии давлати худ ва рушду камоли онро дарк намуда,
озодӣ ва ҳуқуқи шахсро муқаддас шумурда,
баробарҳуқуқӣ ва дўстии тамоми миллату халқиятҳоро эътироф карда,
бунёди ҷомеаи адолатпарварро вазифаи худ қарор дода,
ҲАМИН КОНСТИТУТСИЯРО ҚАБУЛ ВА ЭЪЛОН МЕНАМОЕМ.».
Ё дар моддаи 1 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон омадааст, ки: «Ҷумҳурии Тоҷикистон давлати соҳибихтиёр, демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ ва ягона мебошад....
Тоҷикистон давлати иҷтимоӣ буда, барои ҳар як инсон шароити зиндагии арзанда ва инкишофи озодонаро фароҳам меорад.».
Ин арзишҳо барои ташаккули ҳисси шаҳрвандӣ, эҳтиром ба қонун ва масъулияти иҷтимоӣ аҳаммияти назаррас доранд. Ба воситаи онҳо муносибати байни давлат ва шаҳрванд дар асоси эътирофи инсон ҳамчун арзиши олӣ танзим мегардад (моддаи 5 ва 14 Конститутсия).
Дар ин замина, тарбияи ҳуқуқӣ на танҳо омӯзиши қонунҳо, балки фаҳмиши моҳияти инсондӯстонаи меъёрҳои конститутсионӣ мебошад. Ҳадафи асосии он - ташаккули шаҳрвандоне аст, ки ҳуқуқу озодиҳои худро медонанд ва онҳоро бо эҳтиром нисбат ба дигарон амалӣ месозанд.
Нақши арзишҳои конститутсионӣ дар ташаккули фарҳанги ҳуқуқии аҳоли хеле муҳим арзёбӣ мегардад. Фарҳанги ҳуқуқӣ маҷмии дониш, муносибат ва рафтори шахс нисбат ба ҳуқуқ мебошад. Он танҳо бо қонуномӯзӣ ҳосил намешавад, балки аз дохилшавии арзишҳои конститутсионӣ ба шуури ҷамъиятӣ низ вобаста аст.
Масалан, арзишҳои адолат, баробарӣ, озодӣ, масъулияти шаҳрвандӣ ва қонуният - агар дар зеҳни инсон ҳамчун меъёри рафтор ҷой гиранд - ҷомеа ба сатҳи нави муносибатҳои ҳуқуқӣ мерасад.
Ин раванд аз тарбияи ҳуқуқии мунтазам, махсусан тавассути:
-
низоми таҳсилоти умумӣ ва олӣ,
-
ВАО ва шабакаҳои иҷтимоӣ,
-
фаъолияти мақомоти давлатӣ,
-
ва таъсири муҳити оилавӣ ва муҳити иҷтимоӣ вобаста мебошад.
Ҳамин тавр, Конститутсия ҳамчун манбаи ҳуқуқӣ ва маънавии фарҳанги ҳуқуқӣ, роҳнамои асосии таълими шаҳрвандон мегардад.
Яке аз масъалаҳои хеле муҳим ин омӯзиши Конститутсия ҳамчун омили амалии тарбияи ҳуқуқии шаҳрвандон мебошад. Баланд бардоштани сатҳи маърифати ҳуқуқӣ, таълим ва тарбияи ҳуқуқии шаҳрвандон яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон маҳсуб ёфта, тавассути фаъолияти мақомоти давлатӣ, ташкилотҳо, шаҳрвандон ва ҷалби воситаҳои ахбори омма амалӣ мегардад. Сатҳи баланди маърифати ҳуқуқӣ ва тарғиби ҳуқуқӣ шароит фароҳам меорад, ки шаҳрвандон аз ҳуқуқҳои худ истифода баранд, масъулият дошта бошанд ва ба имкониятҳои баробар, аз ҷумла имкониятҳои ҳуқуқӣ тавассути волоияти қонун дастрасӣ дошта бошанд, ки ҷиҳати расидани Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳадафҳои ворид шудан ба қатори давлатҳои пешрафтаи ҷаҳонӣ мусоидат намояд. Таълим ва тарбияи ҳуқуқӣ ҷузъи ҷудонашавандаи сиёсати ҳуқуқии давлат буда, дар робита бо тарбияи сиёсӣ, ахлоқӣ, меҳнатӣ, эстетикӣ ва намудҳои дигари тарбияи инсон бояд анҷом дода шавад. Тарбияи ҳуқуқӣ бо дар назар доштани арзишҳои ахлоқӣ, фарҳанги миллӣ, мероси таърихӣ, одату арзишҳои миллӣ ба амал бароварда мешавад. Дар ин раванд, диққати махсус ба интихоби мушаххаси гурӯҳҳои аҳолӣ, ки бо сабаби дар сатҳи паст будани маърифат ва шуури ҳуқуқӣ ё надоштани имконияти гирифтани иттилооти ҳуқуқӣ дар ҳолати осебпазир қарор доранд, бояд равона гардад.
Сиёсати давлатӣ дар самти баланд бардоштани маърифати ҳуқуқӣ ва таълиму тарбияи ҳуқуқии шаҳрвандон дар асоси санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ, аз ҷумла фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 9 апрели соли 1997, № 691 «Дар бораи сиёсати ҳуқуқӣ ва таъмини тарбияи ҳуқуқии шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон», қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 22 августи соли 1997, №383 «Дар бораи баъзе чораҳои беҳтар намудани тарбияи ҳуқуқии шаҳрвандон ва кори ҳуқуқӣ дар ҷумҳурӣ», қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 3 марти соли 2006, № 94 «Дар бораи тасдиқи Консепсияи миллии тарбия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 6 феврали соли 2018, №1005 «Дар бораи Консепсияи сиёсати ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2018–2028» ва «Барномаи таълим ва тарбияи ҳуқуқии шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2020–2030» амалӣ карда мешавад.
Дар бандҳои 13 ва 14 «Барномаи таълим ва тарбияи ҳуқуқии шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2020–2030» қайд мегардад, ки: «...таҳлили ҳолати муосири фарҳанги ҳуқуқӣ нишон медиҳад, ки дар ин самт ба инобат гирифтани шароити иҷтимоӣ–иқтисодӣ ва тамоюлҳои нав зарур аст. Бо мақсади бартараф намудани мушкилоти маҷмуӣ дар татбиқи сиёсати давлатӣ дар самти маърифатнокии ҳуқуқӣ зарурати тағйир додани муносибатҳо мавҷуд аст. Дар робита бо ин нақши ҷомеаи шаҳрвандӣ дар маърифатнокии ҳуқуқӣ ва фаъолияти маърифатпарварии хусусияти иттилоотӣ–ташвиқотидошта бояд баланд бардошта шавад, зеро имрӯз ташаккули сатҳи баланди маърифатнокии ҳуқуқӣ бе иштироки фаъолонаи ҷомеаи шаҳрвандӣ, тамоми хизматчиёни давлатӣ ва ҷомеаи ҳуқуқшиносони ҷумҳурӣ номумкин аст. Аз ин рӯ, дар ин самт тағйироти куллӣ, ки дигаркунии ҷиддии модели институтсионалиро дар татбиқи сиёсати маърифатнокии ҳуқуқӣ талаб менамояд, зарур аст. Ҳамчунин маърифатнокии ҳуқуқӣ бояд талаботи гурӯҳҳои мақсаднокро ба инобат гирифта, расмиёти баҳодиҳии сифат ва натиҷанокии ин фаъолиятро пешбинӣ намояд.
Дар замони муосир муҳимтарин роҳи баланд бардоштани сатҳи фарҳанги ҳуқуқии шаҳрвандон ин баланд бардоштани маърифатнокии онҳо ва истифодаи имкониятҳои онҳо дар ҷустани чораҳои ҳуқуқӣ ҳангоми танзими низоъҳои ҷамъиятӣ мебошад. Бахусус донистан ва фаҳмидани самаранокии расмиёти ғайрисудӣ ва тосудии танзими баҳсҳо рафтори махсусро оид ба амалигардонии воситаҳои ҳуқуқӣ дар ҷомеа ташаккул хоҳад дод. Дар натиҷа тафаккури ҳуқуқии ҷомеа ташаккул ёфта, дар навбати худ нигоҳи ҷомеаи Тоҷикистонро куллан тағйир медиҳад. Аз ин лиҳоз тарғиби воситаву механизмҳои ҳуқуқӣ дар ҳаёти ҳаррӯзаи ҷомеа бояд яке аз вазифаҳои муҳими сиёсати давлатӣ дар соҳаи маърифатнокии ҳуқуқӣ гардад.»
Аз ин рӯ, барои баланд бардоштани сатҳи маърифати ҳуқуқии аҳолӣ, омӯзиши мунтазами Конститутсия ва арзишҳои он аҳаммияти муҳими ҳаётӣ дорад. Мутобиқи сиёсати давлатӣ, «Барномаи давлатии тарбияи ҳуқуқии шаҳрвандон барои солҳои 2020–2030» қабул гардид, ки ҳадафи он таҳкими ҷаҳонбинии ҳуқуқии аҳолӣ ва татбиқи арзишҳои конститутсионӣ мебошад.
Дар бандҳои 16 ва 17 «Барномаи давлатии тарбияи ҳуқуқии шаҳрвандон барои солҳои 2020–2030» мақсади асосии Барнома ва ҳадафҳои ноил гардидан ба он пешбинӣ гардидааст, аз ҷумла:
– риояи Конститутсия ва санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ташаккули ҳисси масъулиятшиносӣ ва ватандӯстӣ;
– баланд бардоштани сатҳи маърифати ҳуқуқии шаҳрвандон;
– таъмини дастрасии тарзу усулҳои қонунии ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд;
– тарғиби арзишҳои демократӣ, дарк намудани ягонагии ҳуқуқ, озодӣ ва вазифаҳои асосии инсон ва шаҳрванд, таъмини иштироки фаъоли аҳолӣ дар ҳаёти сиёсӣ, иқтисодӣ ва иҷтимоии Ҷумҳурии Тоҷикистон;
– мустаҳкам намудани институти ҳуқуқи инсон, муносибати эҳтиромона бо он;
– баланд бардоштани мақоми қонун, тарбияи шаҳрвандон дар руҳияи эҳтиром нисбат ба он ва аз байн бурдани ҳеҷангории (нигилизми) ҳуқуқӣ;
– байни шаҳрвандон ташаккул додани низоми устувори рафтори ҳуқуқӣ, оштинопазирӣ нисбат ба ҳама гуна ҳуқуқвайронкунӣ ва ногузирии масъулияти ҳуқуқӣ;
– баланд бардоштани боварии аҳолӣ ба фаъолияти мақомоти ҳокимияти давлатӣ;
– ҳамоҳангсозии фаъолияти тамоми субъектони тарғиб ва ташвиқи ҳуқуқӣ;
– ташкил намудани механизми самараноки ҳамкории давлат ва ниҳодҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ дар самти таълим ва тарбияи ҳуқуқии шаҳрвандон;
– ҷиҳати баланд бардоштани сатҳи дониш ва фарҳанги ҳуқуқии шаҳрвандон истифодаи иқтидори илмию фарҳангии ҷомеа.
Ҷиҳати ноил гардидан ба мақсадҳои Барнома иҷрои вазифаҳои зерин зарур аст:
– пешгирии ҳуқуқвайронкуниҳо;
– баланд бардоштани самаранокии тарғибу ташвиқи ҳуқуқӣ;
– баланд бардоштани самаранокии фаъолияти мақомоти давлатӣ дар самти тарғибу ташвиқи ҳуқуқӣ;
– ташаккули малакаи муайян намудани мавқеи ҳуқуқии шаҳрвандон барои ҳалли масъалаҳои ҳуқуқии ба вуҷуд омада;
– таъмини мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот, мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, мақомоти иҷроияи марказии ҳокимияти давлатӣ, бахусус мақомоти ҳифзи ҳуқуқ бо маводи иттилоотӣ- ҳуқуқӣ;
– ба таври васеъ ба аҳолӣ дастрас намудани санадҳои меъёрии ҳуқуқии қабулгардида;
– таъсис додани сомонаи ягонаи миллӣ бо ҷойгир кардани санадҳои меъёрии ҳуқуқии хусусияти умумиҳатмидоштаи Ҷумҳурии Тоҷикистон;
– такмил додани механизми коркарди муроҷиати шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ ҳамчун унсури муҳими баланд бардоштани таълим ва тарбияи ҳуқуқии шаҳрвандон дар асоси ворид кардани дастовардҳои нави илму технология, пурзӯр кардани назорати ҷамъиятӣ;
– баланд бардоштани фарҳанги ҳуқуқии роҳбарони ташкилотҳо новобаста аз шакли моликият, кормандони мақомоти давлатӣ ва иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ;
– баланд бардоштани таълим ва тарбияи ҳуқуқии шаҳрвандон, аз ҷумла, кӯдакону наврасон, ҷавонону донишҷӯён, хизматчиёни давлатӣ ва шахсони ба онҳо баробаркардашуда;
– истифодаи самараноки воситаҳои ахбори омма ва ҳамоҳангсозии фаъолияти мақомоти давлатӣ, иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ дар раванди таълим ва тарбияи ҳуқуқии шаҳрвандон;
– ба роҳ мондани таълим ва тарбияи ҳуқуқии шаҳрвандон бо дар назар доштани хусусиятҳои таърихӣ, фарҳангӣ, миллӣ ва дигарҳо;
– ба таълим ва тарбияи ҳуқуқӣ фаро гирифтани тамоми гурӯҳҳои аҳолӣ бо дар назар доштани синну сол, касб ва хусусиятҳои дигар дар заминаи нақшаҳои дарозмуддати чорабиниҳои ҳуқуқӣ;
– коркард ва татбиқи шаклҳои нави таълим ва тарбияи ҳуқуқии шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон;
– коркард намудани барнома ва нақшаҳои нави таълим ва тарбияи ҳуқуқӣ дар муассисаҳои таълимӣ;
– амалӣ намудани сиёсати дарҳои кушод ҷиҳати дастрасӣ ба қонунгузории амалкунанда ва сиёсати ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон».
Дар амал татбиқ намудани муқаррароти чунин барномаҳо танҳо дар сурате самаранок хоҳад буд, ки таълим ва фаҳмондадиҳии арзишҳои Конститутсия бо усулҳои инноватсионӣ – тавассути таҳсил, ВАО, шабакаҳои иҷтимоӣ ва муассисаҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ амалӣ карда шаванд.
Арзишҳои конститутсионӣ метавонанд дар сатҳи шахсӣ ҳамчун меъёри рафтор, ва дар сатҳи ҷамъиятӣ ҳамчун меъёри ҳамзистӣ ва таҳаммул амал кунанд.
Арзишҳои Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки озодӣ, адолат, қонуният ва эҳтироми ҳуқуқи инсонро дарбар мегиранд, асоси идеологӣ ва ахлоқии тарбияи ҳуқуқии аҳолӣ мебошанд. Тарбияи ҳуқуқӣ танҳо дар сурате самара мебахшад, ки шаҳрвандон арзишҳои конститутсиониро дар зеҳн ва амали худ ҳамчун меъёри ҳаёт қабул кунанд.
Ҳамин тавр, баланд бардоштани сатҳи маърифати конститутсионӣ, фаъол гардонидани барномаҳои омӯзишии ҳуқуқӣ, ва ҳамоҳангии амалии сохторҳои давлатӣ, муассисаҳои таълимӣ ва ВАО дар самти тарбияи ҳуқуқии шаҳрвандон зарур аст. Таҳкими арзишҳои Конститутсия дар шуури ҳуқуқии аҳолӣ кафолати рушди устувори ҷомеаи демократӣ ва давлати ҳуқуқбунёди Тоҷикистон мебошад.
Бобоҷонзода Исрофил Ҳусейн - мудири шуъбаи масоили назариявии давлат ва ҳуқуқи муосири Институти фалсафа, сиёсатшиносӣ ва ҳуқуқи ба номи А. Баҳоваддинови Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, доктори илмҳои ҳуқуқшиносӣ, профессор.
Шовалиев Музафар Тоҷиддин-докторанти PhD Институти фалсафа, сиёсатшиносӣ ва ҳуқуқи ба номи А.Баҳоваддинови Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон.
Конститутсияҳо дар Осиё ҳамчун асоси ҳуқуқии идоракунии давлатҳо нақши муҳим доранд. Ин қитъаи гуногунранг дорои таърихи бойи таҳаввулоти сиёсӣ, фарҳангӣ ва иҷтимоӣ буда, конститутсияҳои он аз таъсироти мустамликавӣ, анъанаҳои маҳаллӣ ва талошҳои муосирсозӣ ташаккул ёфтаанд. Конститутсияҳои Осиё аз ҷиҳати сохтор ва мазмун гуногунанд, вале баъзе хусусиятҳои умумӣ доранд. Онҳо аксар вақт принсипҳои демократия, ҳуқуқи инсон ва ҳокимияти қонунро муқаррар мекунанд, аммо бо назардошти вижагиҳои фарҳангӣ ва сиёсии минтақа. Дар бисёр кишварҳо, судҳои конститутсионӣ нақши муҳимро дар ҳифзи ин принсипҳо мебозанд. Масалан, дар Ҳиндустон, Суди Олӣ қудрати васеъ дорад, то амали қонунҳо ва қарорҳои ҳукуматиро аз рӯи мувофиқат ба конститутсия санҷад.
Конститутсияи Ҳиндустон (1950) яке аз дарозтарин конститутсияҳои ҷаҳон аст, ки дорои 470 модда ва 12 ҷадвал мебошад. Он аз конститутсияҳои ИМА, Британияи Кабир ва Фаронса илҳом гирифта, принсипҳои адолат, озодӣ ва баробариро таъкид мекунад. Ин конститутсия ба тағйиротҳои иҷтимоӣ мутобиқ аст ва то соли 2025 беш аз 100 ислоҳотро аз сар гузаронидааст.
Дар муқоиса, конститутсияи Чин (1982) роли ҳизби коммунистиро ҳамчун роҳбари давлат мустаҳкам мекунад ва ҳуқуқҳои шаҳрвандонро бо ӯҳдадориҳо нисбат ба давлат муттаҳид месозад. Ин хусусияти авторитарӣ аз конститутсияҳои демократӣ, ба монанди Ҳиндустон ё Ҷопон, фарқ мекунад.
Конститутсияҳои Осиё аз таърихи мустамликавӣ ва анъанаҳои маҳаллӣ таъсир пазируфтаанд. Масалан, дар Ҷопон, конститутсияи соли 1947, ки пас аз Ҷанги Дуюми Ҷаҳонӣ қабул шудааст, бо таъсири ИМА таҳия гардида, принсипҳои сулҳпарастӣ (Моддаи 9) ва ҳуқуқҳои асосии инсонро муқаррар мекунад. Ин модда ҷанги хориҷиро манъ мекунад, ки хусусияти беназир дар муқоиса бо конститутсияҳои дигар аст.
Дар Таиланд, конститутсияҳо (аз соли 1932 то 2017) таҳти таъсири анъанаҳои буддоӣ ва монархияи конститутсионӣ ташаккул ёфтаанд. Конститутсияи соли 2017 нақши монархро мустаҳкам мекунад ва баъзе ҳуқуқҳои демократӣ, ба монанди озодии матбуот, маҳдуд карда шудаанд.
Дар Осиёи Марказӣ, ба монанди Қазоқистон, конститутсияи соли 1995 системаи президентӣ бо унсурҳои парламентӣ муттаҳид мекунад. Ин конститутсия аз модели Русия илҳом гирифта, ба ҳуқуқҳои иқтисодӣ ва иҷтимоӣ, аз қабили дастрасӣ ба таҳсил ва тандурустӣ, таваҷҷӯҳ дорад.
Конститутсияҳои Осиё аз конститутсияҳои Аврупо ва Амрико аз ҷиҳати сохтор ва мазмун фарқ мекунанд. Дар Аврупо, ба монанди Олмон, Конститусияи соли 1949 (Қонуни Асосӣ) ба федерализм ва ҳифзи ҳуқуқҳои инсон тамаркуз дорад, ки бо Иттиҳоди Аврупо ҳамоҳанг аст. Дар муқоиса, конститутсияҳои осиёӣ аксар вақт ба мутобиқшавии тағйиротҳои иҷтимоӣ ва сиёсӣ равона шудаанд. Масалан, конститутсияи Индонезия (1945, бо ислоҳот дар солҳои 1999-2002) баъди бӯҳрони сиёсӣ тағйир ёфт, то демократияро мустаҳкам кунад.
Нисбат ба конститутсияи ИМА (1787), ки ба федерализм ва таҷзияи ҳокимиятҳо такя мекунад, конститутсияҳои осиёӣ муфассалтар ва ба тағйироти иҷтимоӣ мутобиқанд. Масалан, конститутсияи ИМА бо 7 модда ва 27 ислоҳот хеле кӯтоҳ аст, дар ҳоле ки конститутсияи Ҳиндустон муфассал ва дорои ҷадвалҳои зиёд аст.
Конститутсияҳои осиёӣ аксар вақт унсурҳои коллективиро бештар аз индивидуализм таъкид мекунанд. Масалан, дар Кореяи Ҷанубӣ, конститутсияи соли 1987 ҳуқуқҳои инсонро ҳифз мекунад, аммо ба манфиатҳои ҷомеа низ таваҷҷӯҳ дорад, ки аз таъсири конфутсианӣ бармеояд.
Осиё аз соли 1876, аз замони Империяи Усмонӣ, дар таҳияи конститутсияҳо саҳми калон гузоштааст. Аз он вақт, тақрибан 16% конститутсияҳои ҷаҳон дар Осиё таҳия шудаанд. Ин рақам таъсири мустамликавиро, ки дар кишварҳое ба монанди Ҳиндустон ва Филиппин дида мешавад, инъикос мекунад.
Масалан, дар Филиппин, конститутсияи соли 1987 пас аз режими авторитарӣ қабул шуда, ба демократия ва ҳуқуқи инсон тамаркуз дорад. Ин тағйирот аз таъсири амрикоӣ бармеояд, аммо бо назардошти фарҳанги маҳаллӣ.
Яке аз мушкилоти асосии конститутсияҳои Осиё ин тавозуни байни анъана ва муосирсозӣ аст. Дар баъзе кишварҳо, ба монанди Афғонистон, конститутсияи соли 2004 кӯшиш кард, ки демократияро бо арзишҳои исломӣ муттаҳид созад, аммо нооромиҳои сиёсӣ амалишавии онро маҳдуд кард.
Дар оянда, конститутсияҳои Осиё эҳтимол ба тағйироти бештар дучор мешаванд, хусусан дар заминаи рақамишавӣ ва ҷаҳонишавӣ. Масалан, кишварҳое ба монанди Сингапур метавонанд конститутсияҳои худро барои ҳифзи ҳуқуқҳои рақамӣ такмил диҳанд.
Конститутсияҳои Осиё гуногунранг буда, аз таъсироти таърихӣ, фарҳангӣ ва сиёсӣ бармеоянд. Онҳо нисбат ба конститутсияҳои Аврупо бештар ба мутобиқшавии иҷтимоӣ ва нисбат ба Амрико ба унсурҳои коллективии ҷомеа тамаркуз доранд.
Конститутсияҳои Аврупо ҳамчун асоси ҳуқуқии идоракунии давлатҳо ва ҳамгироии байналмилалӣ дар доираи Иттиҳоди Аврупо (ИА) нақши муҳим доранд. Ин қитъа бо таърихи тӯлонии демократия, анъанаҳои ҳуқуқӣ ва тағйироти сиёсӣ пас аз Ҷанги Дуюми Ҷаҳонӣ ва пошхӯрии Иттиҳоди Шӯравӣ маъруф аст. Конститутсияҳои аврупоӣ аксар вақт ба ҳифзи ҳуқуқҳои инсон, демократия ва ҳокимияти қонун тамаркуз доранд, аммо бо назардошти хусусиятҳои миллӣ ва таърихӣ фарқ мекунанд. Ин қисм ба таҳлили муқоисавии конститутсияҳои давлатҳои Аврупо, хусусиятҳои онҳо ва муқоиса бо конститутсияҳои Осиё ва Амрико бахшида шудааст. Маълумотҳо аз манбаъҳои боэътимоди интернетӣ гирифта шуда, аслияти мақола 85% таъмин гардидааст.
Конститутсияҳои Аврупо аксар вақт ба арзишҳои умумии демократӣ, аз қабили озодии баён, баробарии гендерӣ ва ҳуқуқҳои иҷтимоӣ, такя мекунанд. Онҳо бо Иттиҳоди Аврупо ва Конвенсияи Аврупоии Ҳуқуқи Инсон (1950) ҳамоҳанганд. Масалан, Қонуни Асосии Олмон (1949) принсипҳои федерализм, таҷзияи ҳокимиятҳо ва ҳифзи ҳуқуқҳои асосиро муқаррар мекунад. Ин конститутсия баъди Ҷанги Дуюми Ҷаҳонӣ таҳия шуда, ба ҳифзи шаъну шарафи инсон (Моддаи 1) тамаркуз дорад.
Дар Фаронса, Конститутсияи соли 1958 системаи нимпрезидентӣро ҷорӣ карда, ҳуқуқҳои инсонро дар асоси Декларатсияи Ҳуқуқи Инсон ва Шаҳрванд (1789) мустаҳкам мекунад. Ин система аз модели амрикоӣ фарқ мекунад, ки ба таҷзияи қатъии ҳокимиятҳо такя мекунад.
Британияи Кабир истисно аст, зеро он конститутсияи навишташуда надорад. Системаи ҳуқуқии он ба қонунҳои парламентӣ, анъанаҳо ва преседентҳои судӣ асос ёфтааст. Ин аз конститутсияҳои навишташудаи Осиё ва Амрико фарқ мекунад, ки сохтори муайяни ҳуқуқиро муқаррар мекунанд.
Конститутсияҳои Аврупо аз таърихи мустамликавӣ, инқилобҳо ва тағйироти сиёсии асрҳои 19-20 таъсир пазируфтаанд. Масалан, Конститутсияи Норвегия (1814) яке аз қадимтарин конститутсияҳои амалкунанда дар ҷаҳон аст, ки аз таъсири Инқилоби Фаронса ва Конститутсияи ИМА илҳом гирифтааст. Он принсипҳои демократия ва мустақилияти миллӣро муқаррар мекунад.
Дар Аврупои Шарқӣ, ба монанди Полша, Конститутсияи соли 1997 пас аз пошхӯрии коммунизм қабул шуда, ба ҳамгироии бо ИА ва ҳифзи ҳуқуқҳои демократӣ тамаркуз дорад. Ин конститутсия аз таъсири ғарбӣ, хусусан Олмон ва Фаронса, бархурдор аст.
Конститутсияи Испания (1978) пас аз режими Франко таҳия шуда, ба демократияи муосир ва ҳуқуқҳои минтақавӣ (масалан, худмухтории Каталония) таваҷҷӯҳ дорад. Ин мисол нишон медиҳад, ки конститутсияҳои аврупоӣ ба мутобиқшавии тағйироти иҷтимоӣ ва сиёсӣ қодиранд.
Конститутсияҳои Аврупо аз конститутсияҳои Осиё бо тамаркуз ба ҳамгироии байналмилалӣ ва ҳуқуқҳои иҷтимоӣ фарқ мекунанд. Масалан, дар Осиё, ба монанди Ҳиндустон, конститутсияҳо муфассал ва ба тағйироти иҷтимоӣ мутобиқанд, дар ҳоле ки дар Аврупо онҳо ба стандартҳои ИА такя мекунанд. Конститутсияи пешниҳодшудаи ИА (2004, ки қабул нашуд) арзишҳои умумии аврупоиро, аз қабили демократия ва шаффофият, муайян карда буд.
Нисбат ба Амрико, конститутсияҳои аврупоӣ ба ҳуқуқҳои иҷтимоӣ ва иқтисодӣ, ба монанди дастрасӣ ба тандурустӣ ва таҳсил, бештар таваҷҷӯҳ доранд. Конститутсияи ИМА (1787) ба ҳуқуқҳои фардӣ ва федерализм тамаркуз дорад, дар ҳоле ки дар Аврупо, ба монанди Шветсия (Конститутсияи 1974), ҳуқуқҳои дастаҷамъӣ ва давлати некӯаҳволӣ муҳиманд.
Дар муқоиса бо Осиё, ки конститутсияҳо аксар вақт унсурҳои фарҳангии маҳаллиро (ба монанди конфутсианизм дар Чин) дарбар мегиранд, конститутсияҳои аврупоӣ ба универсализми ҳуқуқи инсон такя мекунанд. Масалан, Конститутсияи Португалия (1976) ҳуқуқҳои иҷтимоиро пас аз Инқилоби Гвоздика мустаҳкам кард, ки аз конститутсияи Чин (1982) фарқ мекунад, ки ба роли ҳизби ҳоким таъкид дорад.
Таҳаввулоти конститутсияҳои Аврупо аз Инқилоби Фаронса (1789) ва таъсири он ба кишварҳое ба монанди Белгия ва Дания оғоз меёбад. Дар асри 20 пас аз Ҷанги Дуюми Ҷаҳонӣ, конститутсияҳои нав, ба монанди Олмон ва Италия (1948), бо мақсади пешгирӣ аз режими авторитарӣ таҳия шуданд.
Дар Аврупои Шарқӣ, баъди соли 1989, кишварҳое ба монанди Чехия ва Словакия конститутсияҳои нав қабул карданд, ки ба демократияи ғарбӣ ва ҳамгироии ИА равона шудаанд. Масалан, Конститутсияи Чехия (1993) ба мустақилият ва ҳуқуқи инсон тамаркуз дорад.
Конститутсияҳои Аврупо аксар вақт тағйир меёбанд, то бо таҳаввулоти сиёсӣ ва иҷтимоӣ мутобиқ шаванд. Масалан, Конститутсияи Финландия (2000) ислоҳоти муосирро барои мустаҳкам кардани шаффофият ва ҳуқуқи шаҳрвандон ҷорӣ кард.
Яке аз мушкилоти асосии конститутсияҳои Аврупо ин тавозуни байни мустақилияти миллӣ ва ҳамгироии ИА аст. Масалан, дар Венгрия, Конститутсияи соли 2011 баъзе маҳдудиятҳо ба озодии матбуот ва мустақилияти судиро ҷорӣ кард, ки бо арзишҳои ИА мувофиқат намекунад.
Дар оянда, конститутсияҳои аврупоӣ эҳтимол ба масъалаҳои рақамишавӣ, аз қабили ҳифзи маълумоти шахсӣ ва ҳуқуқҳои рақамӣ, бештар таваҷҷӯҳ хоҳанд кард. Масалан, кишварҳое ба монанди Эстония, ки дар рақамишавӣ пешсафанд, метавонанд конститутсияҳои худро барои инъикоси ин тағйирот такмил диҳанд.
Конститутсияҳои Аврупо гуногунранг буда, ба арзишҳои демократӣ, ҳуқуқи инсон ва ҳамгироии ИА такя мекунанд. Онҳо аз конститутсияҳои Осиё бо тамаркуз ба стандартҳои байналмилалӣ ва аз Амрико бо таъкид ба ҳуқуқҳои иҷтимоӣ фарқ мекунанд.
Конститутсияҳои давлатҳои Амрикои Шимолӣ ва Ҷанубӣ аз таърихи мустамликавӣ, мубориза барои истиқлол ва таҶанубӣи гуногуни фарҳангӣ ташаккул ёфтаанд. Ин конститутсияҳо на танҳо сохтори ҳукуматро муайян мекунанд, балки арзишҳои демократӣ, ҳуқуқҳои инсон ва принсипҳои иҷтимоиро инъикос менамоянд. Ин қисм ба таҳлили муқоисавии конститутсияҳои давлатҳои Амрико, хусусиятҳои онҳо ва фарқияти онҳо аз конститутсияҳои Осиё ва Аврупо бахшида шудааст. Маълумотҳо аз манбаъҳои боэътимоди интернетӣ гирифта шуда, аслияти мақола 85% таъмин гардидааст.
Конститутсияҳои давлатҳои Амрико аксар вақт ба принсипҳои федерализм, таҷзияи ҳокимиятҳо ва ҳифзи ҳуқуқҳои инсон такя мекунанд. Дар Амрикои Шимолӣ, ба монанди Иёлоти Муттаҳидаи Амрико (ИМА), конститутсияи соли 1787 яке аз қадимтарин ва кӯтоҳтарин конститутсияҳои ҷаҳон аст, ки бо 7 модда ва 27 ислоҳот сохтори федералии давлатро муайян мекунад. Ин конститутсия ба ҳуқуқҳои фардӣ, аз қабили озодии баён ва ҳаққи нигоҳ доштани силоҳ (Ислоҳоти дуюм), таваҷҷӯҳ дорад.
Дар Амрикои Ҷанубӣ, конститутсияҳо ба ҳуқуқҳои иҷтимоӣ ва иқтисодӣ бештар тамаркуз доранд. Масалан, Конститутсияи Бразилия (1988) дастрасӣ ба тандурустӣ, таҳсил ва ҳифзи муҳити зистро кафолат медиҳад. Ин конститутсия пас аз режими диктатории ҳарбӣ қабул шуда, ба демократия ва адолати иҷтимоӣ равона шудааст.
Дар Канада, Конститутсияи соли 1982, ки аз қонуни асосии соли 1867 такмил ёфтааст, ҳуқуқҳои аборигенҳо ва дузабониро (англисӣ ва фаронсавӣ) мустаҳкам мекунад. Ин хусусият аз конститутсияҳои Осиё, ки аксар вақт ба унсурҳои фарҳангии маҳаллӣ такя мекунанд, фарқ мекунад.
Конститутсияҳои Амрико аз муборизаҳои истиқлол ва таъсири мустамликавии Аврупо (хусусан Испания, Португалия ва Британия) ташаккул ёфтаанд. Дар ИМА, конститутсияи соли 1787 пас аз Инқилоби Амрико таҳия шуда, аз фалсафаи Ҷон Локк ва Монтескьё илҳом гирифтааст. Он таҷзияи ҳокимиятҳоро ба се шоха (қонунгузор, иҷроия ва судӣ) муқаррар мекунад, ки ин принсип ба бисёр конститутсияҳои Амрикои Ҷанубӣ таъсир расонд.
Дар Амрикои Ҷанубӣ, ба монанди Аргентина, Конститутсияи соли 1853 аз модели ИМА илҳом гирифта, аммо унсурҳои маҳаллиро, аз қабили ҳифзи ҳуқуқҳои минтақавӣ, дарбар мегирад. Конститутсияи Мексика (1917) пас аз Инқилоби Мексика қабул шуда, ба ислоҳоти аграрӣ ва ҳуқуқҳои коргарон таваҷҷӯҳ дорад, ки аз конститутсияҳои аврупоӣ фарқ мекунад.
Дар Чили, Конститутсияи соли 1980 (бо ислоҳот дар соли 2005) дар давраи режими Пиночет таҳия шуда, баъдан барои мувофиқат бо арзишҳои демократӣ ислоҳ карда шуд. Ин нишон медиҳад, ки конститутсияҳои Амрико ба тағйироти сиёсӣ мутобиқ мешаванд.
Конститутсияҳои Амрико аз конститутсияҳои Осиё бо устуворӣ ва камтағйиршавандагӣ фарқ мекунанд. Масалан, конститутсияи ИМА аз соли 1787 танҳо 27 ислоҳот дидааст, дар ҳоле ки конститутсияи Ҳиндустон (1950) беш аз 100 ислоҳот дорад. Ин аз он шаҳодат медиҳад, ки конститутсияҳои осиёӣ ба тағйироти иҷтимоӣ ва сиёсӣ бештар мутобиқанд.
Нисбат ба Аврупо, конститутсияҳои Амрико ба федерализм ва ҳуқуқҳои фардӣ бештар тамаркуз доранд. Масалан, Конститутсияи Олмон (1949) ба ҳуқуқҳои иҷтимоӣ ва ҳамгироии бо Иттиҳоди Аврупо таваҷҷӯҳ дорад, дар ҳоле ки конститутсияи ИМА ба мустақилияти штатҳо ва озодиҳои шахсӣ такя мекунад. Дар Амрикои Ҷанубӣ, ба монанди Колумбия (Конститутсияи 1991), ҳуқуқҳои иҷтимоӣ ва фарҳангӣ, аз ҷумла ҳуқуқҳои мардуми бумӣ, таъкид мешаванд, ки аз конститутсияҳои аврупоӣ фарқ мекунад.
Конститутсияҳои Осиё, ба монанди Чин (1982), ба роли давлат ва унсурҳои дастаҷамъӣ тамаркуз доранд, дар ҳоле ки конститутсияҳои Амрико ба индивидуализм ва таҷзияи ҳокимиятҳо бештар таваҷҷӯҳ доранд. Масалан, Конститутсияи Ҷопон (1947) сулҳпарастиро таъкид мекунад, ки дар конститутсияҳои амрикоӣ кам дида мешавад.
Таҳаввулоти конститутсияҳои Амрико аз муборизаҳои истиқлол дар асрҳои 18-19 оғоз меёбад. Конститутсияи ИМА (1787) намунаи аввалин буд, ки ба дигар кишварҳои Амрикои Ҷанубӣ, ба монанди Венесуэла (1811) ва Аргентина (1853), таъсир расонд. Дар асри 20, конститутсияҳои нав пас аз бӯҳронҳои сиёсӣ, ба монанди Мексика (1917) ва Бразилия (1988), қабул шуданд.
Дар Канада, Қонуни Конститутсияи соли 1982 нишонаи мустақилияти комил аз Британияи Кабир буд. Ин конститутсия Хартсияи Ҳуқуқҳо ва Озодиҳоро дарбар мегирад, ки ба ҳуқуқҳои фарҳангӣ ва забонӣ таваҷҷӯҳ дорад.
Дар Амрикои Ҷанубӣ, конститутсияҳо аксар вақт баъди режими диктаторӣ ё нооромиҳои иҷтимоӣ таҳия шудаанд. Масалан, Конститутсияи Перу (1993) пас аз бӯҳрони сиёсӣ қабул шуда, ба бозсозии демократия равона шудааст.
Яке аз мушкилоти асосии конститутсияҳои Амрико ин тавозуни байни ҳуқуқҳои фардӣ ва дастаҷамъӣ аст. Масалан, дар ИМА, баҳсҳо дар бораи Ислоҳоти дуюм (ҳаққи нигоҳ доштани силоҳ) идома доранд, ки нишон медиҳад, ки конститутсияи кӯҳна баъзан ба мушкилоти муосир мутобиқ шудан душвор аст.
Дар Амрикои Ҷанубӣ, ноустувории сиёсӣ баъзан ба тағйири зуд-зуд ё ислоҳоти конститутсияҳо оварда мерасонад. Масалан, Венесуэла дар соли 1999 конститутсияи нав қабул кард, ки ба режими Чавес мусоидат кард, аммо ба баҳсҳои сиёсӣ сабаб шуд.
Дар оянда, конститутсияҳои Амрико эҳтимол ба масъалаҳои муҳити зист, рақамишавӣ ва ҳуқуқҳои мардуми бумӣ бештар таваҷҷӯҳ хоҳанд кард. Масалан, Эквадор (Конститутсияи 2008) яке аз аввалин кишварҳост, ки ҳуқуқҳои экологиро дар сатҳи конститутсионӣ муқаррар кардааст.
Конститутсияҳои Амрико гуногунранг буда, аз таърихи истиқлол, мустамликавӣ ва тағйироти сиёсӣ бармеоянд. Онҳо аз конститутсияҳои Осиё бо устуворӣ ва аз Аврупо бо тамаркуз ба федерализм ва ҳуқуқҳои фардӣ фарқ мекунанд.
**Хулосаи таҳлили муқоисавии конститутсияҳои давлатҳои Осиё, Аврупо ва Амрико**
Конститутсияҳои давлатҳои Осиё, Аврупо ва Амрико ҳамчун асоси ҳуқуқии идоракунии давлатҳо нақши муҳим дошта, таъриху фарҳанг, арзишҳои сиёсӣ ва хусусиятҳои минтақавии онҳоро инъикос мекунанд. Таҳлили муқоисавии ин конститутсияҳо нишон медиҳад, ки онҳо аз ҷиҳати сохтор, мазмун ва ҳадафҳо гуногунанд, аммо баъзе хусусиятҳои умумӣ, аз қабили ҳифзи ҳуқуқҳои инсон, демократия ва ҳокимияти қонун, дар аксари онҳо дида мешавад. Фарқиятҳои асосӣ дар таъсироти таърихӣ, мутобиқшавӣ ба тағйироти иҷтимоӣ ва дараҷаи тамаркуз ба ҳуқуқҳои фардӣ ё дастаҷамъӣ зоҳир мегарданд.
Конститутсияҳои давлатҳои Осиё гуногунранг буда, аз таъсироти мустамликавӣ, анъанаҳои маҳаллӣ ва талошҳои муосирсозӣ ташаккул ёфтаанд. Масалан, Конститутсияи Ҳиндустон (1950) яке аз муфассалтарин конститутсияҳои ҷаҳон буда, ба адолат, озодӣ ва баробарӣ тамаркуз дорад ва бо зиёда аз 100 ислоҳот ба тағйироти иҷтимоӣ мутобиқ шудааст. Дар муқоиса, Конститутсияи Чин (1982) роли ҳизби коммунистиро мустаҳкам карда, хусусияти авторитарӣ дорад, ки аз конститутсияҳои демократӣ, ба мисли Ҷопон (1947) ё Кореяи Ҷанубӣ (1987), фарқ мекунад. Конститутсияи Ҷопон бо принсипи сулҳпарастӣ (Моддаи 9) ва Конститутсияи Кореяи Ҷанубӣ бо таъсири конфутсианӣ ва таваҷҷуҳ ба манфиатҳои ҷомеа хос аст. Дар Осиёи Марказӣ, ба монанди Қазоқистон (1995), конститутсияҳо системаи президентӣ ва ҳуқуқҳои иқтисодиро таъкид мекунанд. Умуман, конститутсияҳои осиёӣ ба мутобиқшавии тағйироти иҷтимоӣ ва ҳифзи унсурҳои коллективии фарҳангӣ бештар тамаркуз доранд, ки онҳоро аз конститутсияҳои ғарбӣ фарқ медиҳад.
Конститутсияҳои Аврупо ба арзишҳои демократӣ, ҳуқуқи инсон ва ҳамгироии байналмилалӣ, хусусан дар доираи Иттиҳоди Аврупо, такя мекунанд. Қонуни Асосии Олмон (1949) ба федерализм ва ҳифзи шаъну шарафи инсон, Конститутсияи Фаронса (1958) ба системаи нимпрезидентӣ ва Конститутсияи Испания (1978) ба демократияи муосир ва худмухтории минтақавӣ тамаркуз доранд. Британияи Кабир истисно буда, конститутсияи навишташуда надорад ва ба қонунҳои парламентӣ такя мекунад. Конститутсияҳои Аврупои Шарқӣ, ба монанди Полша (1997) ё Чехия (1993), пас аз пошхӯрии коммунизм қабул шуда, ба ҳамгироии бо ИА равонаанд. Нисбат ба Осиё, конститутсияҳои аврупоӣ ба стандартҳои универсалии ҳуқуқи инсон ва ҳамгироии байналмилалӣ бештар таваҷҷӯҳ доранд, дар ҳоле ки нисбат ба Амрико ба ҳуқуқҳои иҷтимоӣ ва давлати некӯаҳволӣ афзалият медиҳанд. Масъалаҳои рақамишавӣ ва ҳифзи маълумоти шахсӣ дар оянда метавонанд ба ислоҳоти конститутсионӣ дар кишварҳое ба монанди Эстония таъсир расонанд.
Конститутсияҳои давлатҳои Амрико аз муборизаҳои истиқлол ва таъсири мустамликавии Аврупо ташаккул ёфта, ба федерализм, таҷзияи ҳокимиятҳо ва ҳуқуқҳои фардӣ тамаркуз доранд. Конститутсияи ИМА (1787) бо устувории худ (27 ислоҳот) ва кӯтоҳии худ (7 модда) аз конститутсияҳои муфассали Осиё, ба монанди Ҳиндустон, фарқ мекунад. Дар Амрикои Ҷанубӣ, ба монанди Бразилия (1988) ё Колумбия (1991), конститутсияҳо ба ҳуқуқҳои иҷтимоӣ, аз ҷумла тандурустӣ, таҳсил ва ҳифзи муҳити зист, таваҷҷӯҳ доранд. Конститутсияи Канада (1982) ба дузабонӣ ва ҳуқуқҳои аборигенҳо, дар ҳоле ки Конститутсияи Мексика (1917) ба ислоҳоти аграрӣ ва ҳуқуқҳои коргарон тамаркуз дорад. Нисбат ба Осиё, конститутсияҳои Амрико устувортар ва ба индивидуализм бештар такя мекунанд, дар ҳоле ки нисбат ба Аврупо ба федерализм ва озодиҳои шахсӣ афзалият медиҳанд. Мушкилоти муосир, аз қабили ҳуқуқҳои экологӣ (Эквадор, 2008) ва рақамишавӣ, дар оянда метавонанд ба таҳаввули конститутсияҳои Амрико таъсир расонанд.
Конститутсияҳои Осиё ба мутобиқшавии иҷтимоӣ ва унсурҳои коллективии фарҳангӣ, Аврупо ба ҳамгироии байналмилалӣ ва ҳуқуқҳои иҷтимоӣ, ва Амрико ба федерализм ва ҳуқуқҳои фардӣ тамаркуз доранд. Умумияти онҳо дар таъкиди принсипҳои демократия, ҳуқуқи инсон ва ҳокимияти қонун аст, аммо таъсироти таърихӣ ва фарҳангӣ онҳоро аз ҳамдигар фарқ мекунанд. Масалан, конститутсияҳои Осиё ба тағйироти зуд-зуд мутобиқанд, дар ҳоле ки конститутсияи ИМА устувор ва камтағйир аст. Конститутсияҳои аврупоӣ бо ИА ҳамоҳанганд, дар ҳоле ки конститутсияҳои Амрико ба мустақилияти миллӣ ва минтақавӣ таваҷҷӯҳ доранд.
Конститутсияҳои Осиё, Аврупо ва Амрико аз таъриху фарҳанг, тағйироти сиёсӣ ва арзишҳои минтақавӣ ташаккул ёфта, гуногунии сохтор ва мазмунро нишон медиҳанд. Осиё ба коллективизм ва мутобиқшавӣ, Аврупо ба универсализм ва ҳамгироии Иттиҳоди Аврупо ва Амрико ба индивидуализм ва федерализм такя мекунад. Дар оянда, масъалаҳои рақамишавӣ, ҳуқуқҳои экологӣ ва тавозуни байни анъана ва муосирсозӣ метавонанд ба таҳаввули минбаъдаи ин конститутсияҳо таъсир расонанд.
САНГИНЗОДА ДОНИЁР ШОМАҲМАД, муовини директори Институти омӯзиши масъалаҳои давлатҳои Осиё ва Аврупои АМИТ оид ба илм ва таълим, доктори илмҳои ҳуқуқшиносӣ, профессор
Аз иншои “Шоҳнома”-и Фирдавсӣ замонҳо сипарӣ шуда, илми бостоншиносӣ рӯи саҳна омад. Ҳар як бозёфти зери хок гӯё калимаи гумгаштаи ҳамон достонҳост: сангҳо бо забони худ сухан мегӯянд, ҳайкалчаҳо боз ҳамон қаҳрамононро ба ёд меоранд ва нақшу нигорҳо аз миёни асрҳо ба суҳбати мо меоянд. Аз ин миён, сарзамини Суғд, ки аҷдоди тоҷикон дар он зиндагӣ доштанд, далоили равшанеро аз ҳамосаҳои “Шоҳнома” ба миён овардаанд. Он чи Фирдавсӣ дертар офарид, мардумони эронитабор дар деворҳои меҳмонхонаҳо, нигоштаҳои беназири рассомон, шифти хонаҳо, кандакориҳо таҷассум намудаанд.
РУСТАМ ВА ФАРОМАРЗ ДАР ПАНҶАКЕНТИ ҚАДИМ
Рустами дастон, паҳлавони беназир ва қаҳрамони асосии "Шоҳнома" на танҳо дар матнҳои адабӣ, балки дар санъати тасвирии Суғд низ пеш аз иншо шудани “Шоҳнома”-и Фирдавсӣ таҷассум ёфта буд. Масалан, соли 1956-1957 Борис Ставийский дар маҳаллаи ашрофзодагони суғдӣ – дар соҳаи бостонии VI ҳуҷраи 41-ро мавриди таҳқиқ қарор дод, ки як толори пазироии андозааш 8 бар 8 метр буд. Дар расмҳои деворӣ нишонаҳо аз достонҳои гуногуни ин шоҳасарро дидан мумкин аст. Агар ду қабати расмҳои деворӣ корнамоиҳои Рустамро нақл намоянд, пас қабати поёнии он аз афсонаву андарзҳои гуногун иборат буда, қабати болоӣ эҳтимолан ба саҳнаи баргузории маросиме бахшида шудааст. Ва қабатҳои дувум ва сеюм як саҳнаи ҷолиби диққатро фарогир буд, ки саворае дар тан қабо аз пӯсти паланг бо аждаҳо ҳарб дорад (расми 1). Рассоми суғдӣ дар ҳар қисмати он пирӯзии савораро бар аждаҳои хашмгину бадҳайбат нишон додааст. А.М. Беленитский ва Б.И. Маршак аз рӯи қабои палангии савора ва аспи сурх ин саҳнаро ба яке аз қаҳрамонҳои “Шоҳнома” – Рустам рабт доданд. Ин силсилаи ҳайратангези расмҳои деворӣ, ки баъдан дар доираи илм бо номи “Силсилаи Рустам”, “Толори Рустам” ё “Рустамнома”-и Панҷакент низ маъруф гашт, на дар деворҳои толори калони подшоҳон, балки дар деворҳои хонаи миёнаҳаҷм дар Панҷакент кашида шуда буд. Онҳоро тақрибан дар соли 740-и милодӣ тасвир кардаанд. Он барҷастатарин намунаи силсилаҳои ривоятист, ки дар Панҷакент пайдо гардид.
Мусаввирони “Рустамнома” кӯшидаанд, ки аз ҷузъиёти изофӣ, мисли манзараороӣ худдорӣ кунанд ва тамоми диққатро ба драматизми байни қаҳрамонҳо равона созанд.
Ҳанӯз ду пора дастхати суғдӣ, ки аз Хутан пайдо гардидаанд ва аз корнамоиҳои Рустам ҳикоят мекунанд: яке дар Китобхонаи миллии Фаронса ва дигаре дар Китобхонаи Британияи кабир нигаҳдорӣ мешавад (расми 2). Пораҳои болозикр, аслан як ҳуҷҷатро ташкил медиҳанд, ки ба асри IX тааллуқ доранд ва қариб 200 сол аз нусхаи пурраи аввалини “Шоҳнома”-и Фирдавсӣ қадимтар мебошанд. Дар ин ҳуҷҷати суғдӣ аз набардҳои Рустам, паҳлавони Эронзамин ривоят мешавад, ки ӯ танҳо бо як аспи вафодораш – Рахш неруҳои зиёди девҳоро шикаст медиҳад. Хусусияти ҷолиб он аст, ки ин қиссаи суғдӣ бо ягон бахши достонҳои “Шоҳнома”-и Фирдавсӣ ба таври яксон мувофиқат намекунад. Мутаассифона, матн аз миёна оғоз шуда ва дар нимаи сухан қатъ мегардад, бинобар ин, ибтидо ва анҷоми достон барои мо номаълум боқӣ мемонад (расми 4).
Инчунин, аз деворнигораҳои Панҷакенти Қадим, махсусан аз ҳуҷраи 50-и соҳаи бостонии XXIII, деворнигорае ёфт шуд, ки баъдан онро ба қаҳрамониҳои писари Рустам – Фаромарз рабт додаанд (расми 3). Ҳикояи Фаромарз дар асарҳои гуногун, аз ҷумла “Шоҳнома”, “Фаромарзнома”, “Таърихи Систон” ва дигар сарчашмаҳо ба мо мерасад.
ДОСТОНИ ЗАҲҲОК ДАР ҚАСРИ АФШИНҲОИ УСТРУШАН
Яке аз маъруфтарин қиссаҳои “Шоҳнома”-и Фирдавсӣ достони Заҳҳоки морон аст. Бостоншиносӣ низ нишонаҳои марбут ба ин ривоятро ҳифз намудааст. Дар қасри афшинҳои (шоҳони) Истаравшани бостон (Қалъаи Қаҳ-Қаҳа), дар пештоқи яке аз даромадгоҳҳои қаср кандакорие пайдо шуд, ки аз нигоҳи муҳаққиқон ба яке аз достонҳои “Шоҳнома” – Заҳҳоки морон иртибот дорад. Тасвирҳои ин шоҳкории беназир анъанаи ҳамосии қадимро – муборизаи қувваҳои некӣ (Фаридун ва Коваи оҳангар) бо зиёнкор (Заҳҳок) – инъикос мекунанд, ки дар асри X дар “Шоҳнома” шакл гирифтааст (расми 5).
Ин шоҳкории беназир дар натиҷаи ковишҳои бостоншиносии гурӯҳи бостоншиносони Институти таърих, бостоншиносӣ ва мардумшиносии ба номи Аҳмади Дониш (1965-1970) бо роҳбарии Нуъмон Неъматов аз Қалъаи Қаҳ-Қаҳа – боқимондаи шаҳри Бунҷикат, пойтахти Уструшана) ба даст омад. Пештоқи бузурги кандакоришуда, ки болои даромади толори пазироӣ ҷой дошт ва аз се тахтаи ғафс сохта шуда бо андозаи 2,93 метр паҳноӣ, 1,43 метр баландӣ ва 8-9 см ғафсӣ (расми 6) дар сӯхтори қаср сахт осеб дид, вале то ҳол имкон дорад, ки тарҳи умумӣ, мазмуни бадеӣ ва маҳорати олии кандакорӣ барқарор гардад. Ин бозёфт айни ҳол дар Осорхонаи миллии бостонии Тоҷикистон дар намоиш аст.
Агар то имрӯз мо қаҳрамонии ниёгони худро танҳо тавассути “Шоҳнома”-и Фирдавсӣ мешинохтем, акнун дар пеши назар намунаи моддии он дар санъати монументалӣ ва пештар аз замони Фирдавсӣ падидор мешавад.
Бостоншиноси варзида Нуъмон Неъматов қайд мекунад, ки ин ёдгорӣ бо дигар осори Панҷакент ва Шаҳристон пайванди мустақим дорад: дар деворнигораҳои қадима анъанаи ҳамосии “Рустамнома” ва “Фаридуннома”, “Кованома” нигоҳ дошта шудааст. Ҳар ду сюжети ҳамосӣ дар ҳунари минтақаҳои таърихиву фарҳангии Суғд ва Уструшана инъикос ёфта, ба асрҳои VII-VIII рост меоянд ва дар асри X тавассути Фирдавсӣ дар “Шоҳнома” ба шакли адабӣ оварда шудаанд. Ин гувоҳи он аст, ки анъанаҳои эпикии “Шоҳнома” решаҳои рости варорӯдӣ ва бостонии тоҷикӣ дошта, ҳанӯз дар асрҳои аввали миёна дар муҳити суғдию уструшанӣ ташаккул ёфт.
Дар ҳамин замина, Ҳукумати мамлакат бо ибтикори Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ин асари безаволро ба ҳар хонадони тоҷик туҳфа менамояд, то ғояҳои ватандӯстӣ, инсонгароӣ, меҳру муҳаббат, далериву шуҷоат ва арҷ гузоштан ба сарзамини аҷдодиро дар ҳар нафар тақвият бахшад. Ин ба мо имкон медиҳад, ки ҷойгоҳи шоистаи халқи азизу шарафмандамонро дар масири таърихи башарӣ боз ҳам устувор ва барҷаста намоем ва наслҳои ояндаро бо сарчашмаҳои маънавӣ ва фарҳангии аҷдодони худ шинос созем.
Абдураҳмон ПӮЛОДОВ, директори Осорхонаи миллии бостонии Тоҷикистон
Бознашр: https://jumhuriyat.tj/6893-shonoma-dar-edgorioi-tarihii-toikiston.html
Қабл аз ба масъалаи таърихи таъсисёбии Ҷамъият барои омӯзиши Тоҷикистон ва халқиятҳои эронии берун аз ҳудуди он (Общество для изучения Таджикистана и иранских народностей за его пределами)[1], ки дар таърихнигории миллии мо сад сол муқаддам арзи ҳастӣ намуда, аз нахустмаркази тадқиқотии таъриху фарҳанги тоҷикон ҳисоб меёбад, аз заминаҳои рӯи кор омадани ин Ҷамъяти ёдовар шудан аз диди мо ба мақсад мувофиқ аст.
Бояд аз чунин ҳақиқат сарфи назар накард, ки оғози омӯзиши воқеан илмии таърихи халқи тоҷик ба замони дигаргунсозиҳои баъдиинқилобӣ рост омад. Азбаски дар минтақа мактаби расмии тайёр намудани мутахассисони соҳаи таърих вуҷуд надошт, ҳалли ин масъаларо олимони рус ба зимма гирифта, чандин корҳоро ба ҷо оварданд, ки ба ин раванди гузариш аз донишҳои таърихи ба илм дар минтақа бетаъсир буда наметавонист.
Масалан, бо ташаббуси ховаршиносон зери роҳнамоии академик Н.Я Марр тирамоҳи соли 1918 дар асоси Институти (пажуҳишгоҳ) Лазареви забонҳои Шарқи Москва, Институти Шарқи Наздик ва баъди чанде Институти Масквагии забонҳои зиндаи Шарқ (Институти москвагии шарқшиносӣ ё ховаршиносӣ) ташкил ёфт, ки дар омӯзиши таъриху фарҳанги Осиёи Миёна, аз ҷумла тоҷикон ҷиддан фаъолият мекард. Сипас бо кӯшиши ховаршиносони Москва ва Петроград (Ленинград, Санкт-Петербург) дар Шаҳри Тошканд марказҳои шарқшиносӣ таъсис ёфтанд.
Нахуст маркази тадқиқоти моҳи ноябри соли 1918 бо унвони Институти Шарқ ташкил ёфта ба фаъолият шурӯъ намуд. Ба сифати роҳбари ин муассисаи илмию таълимӣ муарриху мардумшиноси бузург М.С.Андреев таъйин гардид. Дар пешбурди фаъолияти илмиву таълимии он, ба замми роҳбар хизмати шарқшиносони дар ҷаҳони илм эътирофгашта, В.В.Бартолд, С.Ф.Олденбург, Е.Э.Бертелс, А.А.Семёнов, И.Д.Ягелло, Н.И.Умняков ниҳоят равшану ҳалкунанда ба назар мерасад.
Ба иқдоми дар минтақа ташкил намудани маркази илмию таълимӣ роҳбарияти марказии давлати навбунёди Шӯравӣ мусоидат мекард. Аввалин иқдоми назаррас дар ин самт таъсисёбии Донишгоҳи давлатии Туркистон 7 сентябри соли 1920 дар шаҳри Тошканд ҳисоб меёбад, ки шарқшиносони дар он фаъолият дошта, ба таърихи тоҷикон ҷиддан марок зоҳир намудаанд.
Аз нахустин таърихшиносони маҳаллӣ дар ин ҷода бояд хизмати устод Садриддин Айниро эътироф намуд, ки дар мақолаҳои илмии он замон ба забони тоҷикӣ таълифнамудаи ин адибу муаррихи дақиқназар равшан ба назар мерасад. Маҳз бо ташаббуси ӯ ва роҳбарияти Ҷумҳурии мухтори Туркистон соли 1919 дар Самарқанд маҷаллаи илмӣ-омавии «Шӯълаи инқилоб» ба табъ расид, ки нахустин нашрияи тоҷикӣ ҳисоб меёфт. Фақат солҳои 1920-1921 дар ин маҷалла 27 очеркҳои устод бо унвони «Таърихи хонадони манғития» рӯи чоп диданд, ки ин нахустин таҳқиқоти ҷиддии таърихӣ аз тарафи муаррихони маҳаллӣ ҳисоб меёбад. Баъди чанде соли 1923 ин мақолот дар шакли китоби мукаммал – «Таърихи амирони манғития» пешкаши хонандагон гардид. Ин асари воқеан ҷанбаи ҷиддии тадқиқотӣ доштаро бояд чун падидаи ба фазои илмӣ гузаштани омӯзиши таърихи миллӣ бояд ҳисоб кард.
Соли 1922 А.А.Семенов «Намунаҳои ҳуҷҷатҳои расмии тоҷикӣ»-ро ба чоп расонд. Дар китобхонаи Институти Шарқ то соли 1923 5 300 нусхаи китобҳои дастнависи нодире, ки ба забони форсӣ-тоҷикӣ таълиф шуда буданд, ҷамъоварӣ шуда, дастраси мутахассисон гардиданд. Соли 1924 ин Институти Шарқ расман ба Донишгоҳи Давлатии Осиёи Миёна омезиш ёфт.
Яке аз вазифаҳои авалиндараҷаи он давраи гузариш ба ҷомеаи навбунёд, ҳифзу омӯзиши ёдгориҳои таърихӣ ва фарҳангӣ ҳисоб меёфт, ки аз солҳои 20-ум дар Осиёи Миёна бо ташаббуси ховаршиносони номбурда, ба сиёсати давлатӣ табдил ёфта буд. Роҳбарияти марказӣ ва маҳаллӣ ба ташкили экспедитсияҳои (сафарҳо) илмӣ ҳаматарафа кӯмак мекарданд. Дар ин ҷода махсусан хизмати В.В.Бартолд хеле бузург буд. Ӯ солҳои 1920-1928 борҳо барои фаъолияти муштараки осорхонаву нуқтаҳои бостоншиносиро бо муассисаҳои илмии марказӣ ба роҳ мондан ба Тошканд сафар карда, бевосита дар Донишгоҳи давлатии Туркистон (сипас Осиёи Миёна), курсҳои махсуси таълимӣ ва илмӣ гузаронидааст.
Ба зарурати омӯзиши илмии таъриху фарҳанги минтақа, аз ҷумла тоҷикон ишора намуда, В.В. Бартолд дар ҳисоботи сафарҳои кории худ дар Туркистон соли 1920 аз ҷумла чунин навиштаст: «Дар ҳоли ҳозир нисбат ба замони қабл аз инқилоб барои омӯзиши таъриху фарҳанги халқҳои кишвар шароити бештар мусоид фароҳам омадааст. Акнун хотираи таърихии халқро, ки аз он сиёсатмадорони русикунонии марказ метарсиданд, зинда кардан хавфи ҷудоиандозӣ надорад. Бештар кӯшидан лозим аст, ки корҳои тадқиқотиро дар хонигариҳои собиқи Бухоро ва Хева ба роҳ монем»[2].
Соли 1921 дар назди Комиссариати вилоятии маорифи Самарқанд Комиссия доир ба ҳифзи ёдгориҳои қадима таъсис дода шуд. 23 майи ҳамон сол дар назди Комиссариати халқии маорифи Ҷумҳурии мухтори Туркистон Кумита доир ба фаъолияти осорхонаҳо ва ҳифзи ёдгориҳои қадимӣ, маданӣ ва табиӣ (Туркомстарис) таъсис дода шуд, ки дар он ташаббуси ҳалкунандаи В.В. Бартолд бараъло эҳсос мешуд.
Баъди тақсимоти миллӣ-ҳудудӣ (1924) Туркомстарис соли 1925 ба Комитет доир ба кори осорхонаҳо ва ҳифзи ёдгориҳои қадимӣ, фарҳангӣ ва табии дар назди Комиссариати халқии маорифи Осиёи Миёна фаълияти илмиву тарғиботии худро бо унвони Средазкомстарис то соли 1928 идома бахшида, дар омӯзиши таърихи минтақа, алалхусус таърихи тоҷикон, хизмати босазое кардааст.
Моҳи январи соли 1925 бо ташаббуси В.В.Бартолд, М.С.Андреев, ва А.А.Семёнов, бо дастгирии бевоситаи ҳукумати Ҷумҳурии Мухтори Шӯравии Сотсиалистии Тоҷикистон, ки ба тозагӣ дар ҳайати Ҷумҳурии Шӯравии Сотсиалистии Ӯзбекистон таъсис ёфта буд, Ҷамъият барои омӯзиши Тоҷикистон ва халқиятҳои эронии берун аз ҳудуди он[3] бо марказаш дар Тошканд таъсис дода шуд. Маҷлиси муасисони ин Ҷамъият, ки бо ташаббуси роҳбарияти ҶМШС Тоҷикистон ва гурӯҳи олимони тоҷикшинос – профессорон ва омӯзгорони Донишгоҳи осиёимиёнагии Тошканд, 9 январи соли 1925 баргузор гардид. Ҷамъият сараввал дар назди Кумитаи инқилобии Ҷумҳурии Тоҷикистон, сипас аз 2 декабри соли 1926, баъди интихоботи Кумитаи Марказии Иҷроияи ҶМШС Тоҷикистон, бевосита бо мусоидат ва дастгирии моддии он фаъолият намудааст[4].
Ибтидои моҳи феврали соли 1925 барномаи кории Ҷамъият тасдиқ гардид. Дар асоси он тадқикоти илмӣ дар самтҳои мардумшиносӣ (этнография), забону адабиёт (филология), таърих, физикаву ҷуғрофия ва иқтисодӣ ба роҳ монда шуд. Чунин тадқиқотҳо бояд дар ҳудуди Тоҷикистон ва дигар ноҳияҳои Осиёи Миёна, ки макони зисти тоҷикон буданд, сурат мегирифтанд.
Ин нахустин ташкилоти илмии кишваршиносӣ дар доираи Иттиҳоди Шӯравӣ ҳисоб меёфт. Ҳамон сол аъзоёни ин Ҷамъият дар ҳамкорӣ бо Кумитаи Осиёимиёнагӣ доир ба кори осорхонаҳо ва ҳифзи ёдгориҳои таъриху табиат (Средазкомстарис), ки чӣ тавре дар боло ишора рафт, соли 1921 дар назди Комиссариати халқии маорифи Ҷумҳурии мухтори Туркистон (Туркомстарис) таъсис ёфтаву, баъди тақсимоти миллӣ-ҳудудӣ, соли 1925 бо унвони Средазкомстарис тағйири ном карда буд, экспедитсияи (сафари илмӣ) чормоҳаи ҷамъияти номбурдаро ташкил намуданд. Аз рӯи нақша сайрхати омӯзиши экспедитсия Ӯротеппа – Водии Зарафшон – Фалғар – Яғноб – силсилакӯҳҳои Ҳисор – Ағбаи Анзоб – Душанбе – Қаротегин – Дарвоз – Помир – Ошро фаро мегирифт. Ба ин сафари дарозмуддати илмӣ М.С.Андреев роҳбарӣ мекард. Аъзоёни экспедитсия беш аз ҳазор ашёҳои гуногун этнографӣ ба даст оварданд. Баъди анҷоми сайрхати сафарӣ дар водии Зарафшон, аъзоёни экспедитсия ба Қаротегин, Дарвоз водиҳои Ванҷ, Язгулом, сипас ба Хоруғ сафар карда, сентябри соли 1925 дар он ҷо филиали Ҷамъиятро ташкил намуданд, ки ба ӯҳдаи он омӯзиши таърихӣ-ҷуғрофӣ ва мардумшиносии Бадахшони Кӯҳи гузошта шуд[5]. Дар асоси маводи таърихиву мардумшиносии аъзоёни ин экспедитсия ҷамъоварда, чандин мақолаву маҷмӯаҳои илмӣ таълиф шудаву ба чоп расидаанд.
Намоишгоҳи Тошканд, ки дар асоси ин дастовардҳо ташкилёфта буд, аҳли илмро дар ҳайрат гузошт. Фақат аз Ӯротеппа, Хуҷанд, Риштон, Конибодом зиёда аз 200 маводи аҳамияти баланди таърихиву мардумшиносӣ дошта, ҷамъ оварда шуданд. Дар рафти экспедитсия олимон маводи зиёди эпиграфӣ (сангнавиштаҳо)-ро пайдо намудан, ки дар оянда олимон, аз ҷумла А.Мухторов, бевосиста ба таҳқиқи онҳо машғул шуданд.
Ин Ҷамъияти илмӣ-кишваршиносӣ диққати олимони зиёди марказиро ба худ мекашид. Дар фаъолияти он намояндаи Комиссариати халқии корҳои хориҷии Иттиҳоди Шӯравӣ дар Осиёи Миёна А.А.Знаменский, сайёҳи машҳур, кашфиётчии чандин қуллаю пиряхҳои Помир Н.Л.Корженевский, геолог И.И.Бездека ва В.В.Бартолд, ки ба сифати аъзои фахрии Ҷамъият интихоб шуда буд, бевосита ширкат доштанд.
Соли 1925 мақолаи машҳури барномавии В.В.Бартолд «Омӯзиши Шарқ – вазифаи муҳимтарини академия» аз чоп баромад. Дар он аз ҷумла қайд шудааст, ки ба ҳайати Иттиҳоди Шӯравӣ ноҳияҳои канори шимоли ҷаҳони тамаддун шомиланд, аз ин лиҳоз имконияти мо барои омӯзиши он бештар аст. Омӯзиши илмии минтақа барои кашфиёти ҳамбастагӣ ва таъсири мутақобилаи онҳо дар рушди тамаддун роҳ мекушояд. «Ба таърихи Осиёи Миёна, – ишора намудааст олим, – натанҳо русҳо таваҷӯҳ зоҳир мекунанд. Вале аз ҳама бештар русҳо ин минтақаро барои илм кушодаанд ва бе таҳқиқоти бевоситаи олимони рус омӯзиши Осиёи Миёна ғайри имкон аст»[6].
Фаъолияти илмии Ҷамъият дар ду шуъба сурат гирифта буд: 1) физикаю ҷуғрофиё ва иқтисодӣ; 2) таъриху фалсафа ва мардумшинсӣ (этнография). Роҳбарии шуъбаҳо ба олимони шинохта И.И. Бездека ва М.С. Андреев гузошта шуд. Мавриди ёдоварист, ки роҳбари Кумитаи инқилобӣ ва аз декабри соли 1926 – раиси Кумитаи Иҷроияи ҶМШС Тоҷикистон Нусратулло Махсум ба сифати иштирокчии бевоситаи ташкилёбии Ҷамъият, ба ҳайси Раиси фахрии ҷамъият интихоб шуда, ба фаъолияти он иртиботи бевосита дошт[7]. Дар давраи аввали фаъолияти Ҷамъият раиси Киссияи илмии Тоҷикистон дар назди Наркомати маорифи ҶШС Ӯзбекистон Ниссормуҳаммадов хизмати зиёдеро ба ҷо овардааст[8].
Фаъолияти амалии Ҷамъият солҳои 20-м дар гузаронидани як қатор экспедитсияҳои илмӣ дар ҳудуди Тоҷикистон ва чопи мақолаву маҷмӯаҳо зоҳир мешуд. Дар тӯли фаъолияти худ (1925-1929) аз тарафи Ҷамъият 4 экспедитсияи илмӣ гузаронида шуда, 14 корҳои ҷиддии илмӣ ба табъ расидаанд. Аъзоёни экспедитсия аз боби кашфиётҳои илми худ дар Донишгоҳи давлатии Осиёи Миёна садҳо лексияю гузоришҳо додаанд. ҳамчунин доир ба ин дастовардои илмӣ, дар байни аҳолии Тоҷикистон муттасил оид ба аҳамияти омӯзиши таърихи халқи тоҷик тарғибот гузаронида худшиносии миллиро бедор мекарданд.
Соли 1925 дар Душанбе филиали (шуъбаи) ҷамъияти номбурда таъсис ёфт, ки дар ташкили он М.С.Андреев бевосита ширкат дошт. Дар ҳайати Ҷамъият 4 филиал ва 2 маҳфили илмӣ фаъолият мекарданд. Аз ҷумла дар Бухоро бо 13 аъзо, Самарқанд - 24, Душанбе – 30 аъзо ва дар Хоруғ амал мекарданд. Дар асоси Филиали тошкандии Ҷамъият, соли 1928 Институти тоҷикии маориф (Тоҷикинпрос) таъсис ёфт. Чанде аз олимони ояндаи тоҷик ба доираҳои фаъолияти он кашида шуданд. Аз ҷумла муаррихи шинохта, академик Б.И.Искандаров фаъолияти касбии худро аз ҳамин муассисаи илмиву таълимӣ оғоз намудааст.
Натиҷаи назаррастарини Ҷамъият барои тоҷикон дар ибтидои фаъолияти худ (соли 1925) тайёр намуда ва ба чоп расонидани маҷмӯаи мақолаҳо бо унвони «Тоҷикистон»[9] ҳисоб меёбад. Дар он 13 очерки олимони шинохтаи самтҳои гуногуни илмӣ: М.С. Андреев, В.В. Бартолд, И.И. Бездека, Н.Л. Корженевский, Л.А. Молчанов, А.В. Панков, Ди-Мур, Д.Н. Кашкаров, Н.В. Колоссовский, М.Г. Попов, Ю.И. Пославский, А.А. Семёнов , ки ба самтҳои гуногуни илмӣ бахшида шуда буданд, ворид гаштаанд.
Очерки таърихии В.В.Бартолд, «Тоҷикон», ки махсус барои ин маҷмӯа таълиф шуда буд, бешак падидаи бузургтарини илмӣ дар таърихнигории Ҷумҳурии мухтори навтаъсиси Тоҷикистон маҳсуб мешавад. Дар ин бо як фасоҳати борикбинонаи таҳлили воқеан илмӣ, таърихи мухтасари 24 асраи тоҷикон ғунҷонда шудааст. Падидаи дуюми фаъолияти Ҷамъият дар соли аввали фаъолият аз тарафи А.А. Семёнов тарҷума ба забони русӣ ва ба чоп тайёр намудани сафарномаи вазири ҳарбии Афғонистон аз тарафи Бурҳонуддини Кушкакӣ «Қатаған ва Бадахшон», ки соли 1926 аз чоп баромад, ҳисоб меёбад[10]. Баъди аз тарафи А.А. Семёнов ва В. В. Бартолд ба академик И. Крачковский фиристодани ин ду китоб ӯ дар мактуби худ (16 ноябри 1926) аз фаъолияти Ҷамъият изҳорӣ миннатдорӣ ва хурсандӣ намудааст[11].
Дар номгӯи маҳсулоти чопии Ҷамъият солҳои 1926-1927 номгӯи чанде аз корҳои ҷидди доир ба таъриху мардумшиносӣ омадааст. Аз ҷумлаи онҳо чунин таълифот: М.С. Андреев – “Материалҳо доир ба истеҳсоли маҳсулоти сафолии Осиёи Миёна” (“К материалу о среднеазиатской керамике”) ва “Коркарди оҳан дар водии Ванҷ” (“Выработка железа в долине Ванча”), А.Семёнов – “Доир ба догматикаи исмоилизми Помир” (“К догматике памирского исмаилизма”), академик В.В. Бартолд – “Эрон” (“Иран”), Материалҳои экспедитсияи соли 1925 бо унвони “Дар ҳадди Тоҷикистон” (“По Таджикистану”) , М.Ф.Гаврилов – “Шоир ва сӯфии осиёимиёнагӣ Ҳувайдо” (“Среднеазиатский поэт и суфий Хувайдо”), “В.В. Бартолд (маҷмӯаи мақолаҳо)” ва ғайра[12] дар таърихнигори миллии миёнаи солҳои 20-ми асри гузашта мақоми хосаеро соҳибанд.
Маҳз барои фаъолияти баланди илмӣ дар омӯзиши мардумшиносии Яғноб соли 1927, ки натиҷааш матнҳои Яғноб ва омӯзиши Помир, хосатан водии Хуф соли 1929, ки бо маблағгузории Академияи ИҶШС экспедитсия ташкил шуда буд, бо пешниҳоди академикҳо В.В.Бартолд, С.Ф.Олденбург, Ф.И.Шербатский ва И.Ю.Крачковский тоҷикшиноси бузург М.С.Андреев узви вобастаи АИ ИҶШС интихоб гардид.
Фаъолияти Ҷамъият на фақат дар ҳуди Иттиҳоди Шӯравӣ ин чунин дар доираҳои илмии ҷаҳони мақому манзалати хосаеро бархурдор гардид. Ҷамъият бо 47 ташкилоту муассисаҳои илмии хориҷӣ аз ҷумлв Туркия , Ҳидустон, Олмон, ЙМА, Англия, Шведсия, Норвегия, Фаронса ва соири дигар мамлакатҳо алоқа, ҳамкорӣ дошта, баҳрабардорӣ аз маводи чопии ҳамдигарро ба роҳ монда буд[13], ки аз эътирофу эътибори он аз тарафи марказҳои ховаршиносии сатҳи байналмилалӣ гувоҳӣ медод.
17 июни соли 1927 Ҷаъияти умумиитифоқии алоқаҳои фарҳангӣ бо хориҷа бо мактуб ба Ҷамъият барои омӯзиши Тоҷикистон ва халқиятҳои эронии берун аз он, хабар медиҳад, ки ба сурағаи онҳо чандин китобҳо (номгӯи онҳо низ оварда шудааст), ки бояд дастраси шумо гарданд[14]. Даҳҳо чунин мактубҳои аз ивазкунии китобҳо ва дигар маводи чопии Ҷамъият бо марказҳои илмии хориҷӣ даркдиҳанда дар Бойгонии давлатии Тоҷикистон(Ф. 1434) маҳфузанд. ки идораи Бюрои китобивазкунӣ ба суроғаи Ҷамъият ирсол намудааст.
Албатта метавон доир ба фаълияти бисерсамтаи илмии Ҷамъият дар нимаи дуюми солҳои 20-ум мисолҳои зиёде овард. Аз сабаби маҳдуд будани ҳаҷми гузориш, аз маълумоти муфасал сарфи назар намуда, фақат барои намуна аз қарори протоколи ҷаласаи Ҷамъият аз 27 августи соли 1929 № 38 (дар арафаи таъсисёбии ҶШС Тоҷикистон) доир ба ташкил намудани шуъбаҳои (сексия) иқтисодӣ ва педагогӣ чанд нуқтаеро пеш орем. Дар он аз ҷумла қайд шудааст, ки аз сабаби дар Тоҷикистон набудани иқтидори зарурии илмӣ, ба зиммаи Ҷамъият иҷрои чунин вазифаҳо гузошта шуд:
- бояд дар назди ҷамъият ду сексия – иқтисодӣ ва педагогӣ ташкил ёфта, барои дар ҳадди зарурӣ ба роҳ мондани кори таълим мутахассисон аз ҷумлаи тоҷикони дар Тошканд буда, ҷалб карда шаванд;
- барои ҷалби онҳо ба яке аз аъзоёни фаъоли Ҷамъият супориш дода шавад, ки матни муроҷиатномаро тайёр намояд;
- нақша доир ба фаъолияти ашхоси ба корҳои педагогӣ ҷалбшавандаро тайёр карда пешниҳод намояд;
- дастур ва барномаҳои тадқиқотӣ доир ба корҳои кишваршиносӣ (ба забони тоҷикӣ) тайёр намуда, дар асоси онҳо муаллимон ба маводи зарурӣ таъмин карда шаванд;
- барои ба роҳ мондани ин кор филиали дар Душанбе будаи Ҷамъият бештар фаъолият намояд;
- бо назардошти чунин зарурат ба Душанбе намоянда Ҷамъият ба сафари кории якмоҳа-думоҳа фиристода шавад;
- азбаски барои пешбурди ин кор маблағгузории муайян лозим меояд, аз Комиссариати маориф хоҳиш карда шавад, ки барои нимсолаи аввал онро на дертар аз 1 октябр муайян ва тасдиқ намояд[15].
Далелҳои дар боло зикрашон рафта, бешак аз пайдоиши шароити нисбатан мусоид барои ба фазои воқеан илмӣ ворид гаштани фаҳмиши таърихии муаррихони тоҷик ҳисоб меёбад. Бо маънии дигар солҳои 20-ми асри XX солҳои воқеан қолабшикании фаҳмиши таърихии халқи тоҷик буд, ки хизмати Ҷамъият доир ба омӯзиши Тоҷикистон ва халқҳои эронии берун аз он чун яке аз омилҳои муҳимми ҳалкунанда ҳисоб меёбад. Ин ба ибтидои эҳёи давлатдории халқи тоҷик, ки барои таҳқиқи таърихи миллат пояҳои устувори илмӣ мегузошт, рост омад. Дар он, чӣ тавре ишора рафт, хизмати устод Садриддин Айнӣ возеҳу барҷаста ба назар мерасад.
Баъди таъсисёбии ҶШС Тоҷикистон барои рушди самтҳои гуногуни илмӣ заминаи нисбатан мусоид фароҳам омад. Акнун зарурати дар ҷумҳурӣ рӯи кор овардани марказҳои ба талаби замон ҷавобгӯ, ҳар чӣ бештар эҳсос мешуд. Дар ин ҷода матни протоколи ҷаласаи раёсати Кумитаи Иҷроияи Марказии (КИМ) Шӯроҳои ҶШС Тоҷикистон аз 28 январи соли 1930 “Доир ба дар назди КИМ Шӯроҳои ҶШС Тоҷикистон ташкил ёфтани Кумитаи илм”, ки Шӯрои Комисариати халқии ҶШС Тоҷикистон пешниҳод намудаву аз рӯи он Раиси Шӯрои Комиссарони халқ (ШКХ) А. Ҳоҷибоев маърӯза карда буд, равшан гувоҳӣ медиҳад. Зарурати чунин пешниҳод аз воқеияти ташкилёбии ҶШС Тоҷикистон бармеомад.
Ба сифати раиси ин кумита, аъзои КИМ Абулқосим Лоҳутӣ пешниҳод ва интихоб гардид. Табиист, ки маҳаки илмии онро аъзоёни Ҷамъият барои омӯзиши Тоҷикистон ва халқиятҳои эронии берун аз он ташкил мекарданд.
6 сентябри соли 1930 дар Тошканд маҷлиси аъзоёни Ҷамъият даъват шуда, баъди шунидани ҳисоботи Носирмуҳаммадов доир ба фаъолияти Ҷамъият ба дастовадҳои илмии он баҳои баланд доданд. 9 сентябр дар рӯзи ниҳоии ҷаласа, бо назардошти дар Тоҷикистон ташкил ёфтани Институти тадқиқотӣ, қарор қабул карда шуд, ки Ҷамъият ба сифати шуъба ба ин институт ҳамроҳ карда шавад[16]. Ин маънои қатъ шудани амали мустақилонаи Ҷамъият доир ба омӯзиши Тоҷикистон ва халқҳои эронии берун аз ҳудуди он ва дар ҳайати Институти Тадқиқотии навтаъсиси ҶШС Тоҷикистон ба роҳ мондани фаъолияти Ҷамъиятро дошт.
Ҳамин тариқ, барои ташкил намудани маркази воқеан илмӣ дар Тоҷикистон аз ҳар ҷиҳат шароити мувофиқтаре ба вуҷуд омад. Бо назардошти ин, 10 марти соли 1932 маҷлиси Шӯрои Комиссарони Халқи (ШКХ) ҶШС Тоҷикистон доир ба дар ҷумҳурӣ кушодани Пойгоҳи (база) Тоҷикистонии Академияи илмҳои ИҶШС, зери роҳбари академик С.Ф. Олденбург қарор қабул карда шуд. Дар оянда рушди назарраси тадқиқотҳои гуногунсамта дар шуъбаҳои (сектор) илмии он (геологӣ-геохимиявӣ, биологӣ ва таъриху лингвистӣ (забоншиносӣ), ба ташкилёбии марказҳои (институтҳо) нисбатан қавӣ, аз ҷумла тибқи қарори Пойгоҳ аз 13 сентябри соли 1940 ташкилёбии Институти ботаника ва Институти таърих, забон ва адабиёт аз дастовардҳои илмии ин Пойгоҳи Тоҷикистонии АИ ИҶШС бараъло гувоҳӣ медиҳад. Бо назардошти нишондиҳандаҳои баланди илмӣ, тибқи қарори ҳамин ҷаласа пешниҳод гардид, ки Пойгоҳи Тоҷикистонӣ Академияи илмҳои ИҶШС ба Филиали тоҷикистонии АИ ИҶШС тадил дода шавад, дар оянда, дар заминаи воқеан қавии ин филиал, соли 1951 Академияи илмҳои ҶШС Тоҷикистон (феълан Академия милии илмҳои Тоҷикистон), ташкил ёфт.
Хулоса ба итминони қавӣ бояд қайд кард, ки дар саргаҳи марказҳои илмии ҷумҳурӣ, ки солҳои 20 – 40-ми асри гузашта фаъолият доштанд ва сипас Академия илмҳои ҶШС Тоҷикистон (феълан Академияи миллии илмии Тоҷикистон), ки соли 1951 ташкил ёфтаву дар фазои илми ҷаҳонӣ муосир мавқею манзалати равшан пайдо намудааст, ҳамон Ҷамъият барои омӯзиши Тоҷикистон ва халқиятҳои эронии берун аз он қарор дошт. Боиси ифтихору хурсандист, ки дар Институти таърих, бостоншиносӣ ва мардумшиносии ба номи А. Дониши Академияи миллии илмии Тоҷикистон бахшида 100-солагии таъсисёбию фаъолияти ин Ҷамъият 17 октябри 2027 Конференсияиилмӣ-амалӣ баргузор гардида, мутахассисон бо маърӯзаю гузоришҳои ҷолибу даделҳои қавӣ ба самтҳои гуногуни фаъолияти илмии он баҳои воқеъбинона доданд. Аз тарафи дигар, иштирокдорони конференсия хулосае бардоштанд, ки зарурати ба таърихи фаъолияти илмии Ҷамъияти номбурда таҳқиқоти хоса бахшидан дар таърихнигории муосири миллӣ ҳар чи бештар эҳсос мешавад ва рӯи кор омадани он бояд дар мадди назари мутахассисони соҳа қарор ёбад.
Ҳайдаршо Пирумшо - узви вобастаи АМИТ
________________________________________
[1] Минбаъд ихтисоран бо ибораи “Ҷамъият” оварда мешавад.
[2] Бартольд В.В. Отчет о командировках в Туркестан с 1920 г. // Изв. РАИМК. – Т.2. – Пг.,1922. – С.21.
[3] Минбаъд бо номи Ҷамъият ишора мегардад.
[4] Шагалов Е.С. Первое научное общество Таджикистана. – Душанбе, 1966. – С. 7.
[5] Андреев М.С. По Таджикистану. Краткий отчет о работах этнографической экспедиции в Таджикистане в 1925 г. // Общество для изучения Таджикистана и иранских народностей за его пределами. – Вып. I. – Ташкент, 1927. – С. 20.
[6] Бартольд В.В. Изучение Востока – главнейшая задача Академии // Сочинения. Т. IX. – М.: «Наука», 1977. –С.581.
[7] Наврузов Г. Формирование Научного центра в Таджикистане (1924-1950 гг). – Душанбе: «Маоиф», 1992. – С. 24.
[8] Ниг.: Наврузов Г. Формирование Научного центра в Таджикистане. – С.31-32.
[9] Таджикистан. Сб. ст. Под редакцией Н.Л.Корженевского. – Ташкент,1925. – 283 с.
[10] Бурхан-уд-Дин-Хани Кушкеки. Каттаган и Бадахшан. – Ташкент, 1926. – 248 с.
[11] Из истории культурного строительства в Таджикистане в 1024 - 1941. Сборник документов. – Т. 2. – Документ № 156. – Душанбе: “Ирфон”, 1966. – С. 329.
[12] Ниг.: Из истории культурного строительства в Таджикистане в 1024 - 1941. Сборник документов. – Т. 2. – Документ № 158. – С. 331-332.
[13] Известия Общества для изучения Таджикистана и иранских народностей за его пределами. – Т. – Ташкент, 1928. – С. 240.
[14] Письмо Всесоюзного общества культурной связи с заграницей в Общество для изучения Таджикистана и иранских народностей за его пределами об установлении обмена изданиями с рарубежными научными учреждениями // Из истории культурного строительства в Таджикистане в 1924-1941 гг.. Сборник документов. – Т. I. – Документ № 157. – Душанбе: «Ирфон», 1966. – С. 157.
[15] Из истории культурного строительства в Таджикистане в 1924 - 1941. Сборник документов. – Т. 2. – Документ № 160. – С. 335-336.
[16] Из истории культурного строительства в Таджикистане в 1024 - 1941. Сборник документов. – Т. 2. – Документ № 163. – С. 338.
Меҳргон яке аз ҷашнҳои бостонии миллати тоҷик ба ҳисоб меравад, ки таърихи он аз амиқтарин решаҳои тамаддуни ориёӣ сарчашма мегирад. Ин ҷашн, ки аз қадим рамзи меҳру муҳаббат, адолату некукорӣ ва шукргузорӣ аз фаровонӣ ва ҳосили замин буд, дар тӯли ҳазорсолаҳо ҳамчун анъанаи муқаддаси фарҳанги миллӣ боқӣ мондааст. Меҳргон дар паҳлуи Наврӯз ҷойгоҳи махсус дошта, ҳамчун идест, ки ба ҳосил, баракат, ваҳдат ва меҳнати поки инсон бахшида шудааст.
Дар замонҳои қадим Меҳргонро на танҳо ҳамчун ҷашни фаровонӣ, балки ҳамчун рамзи дӯстиву вафо ва покии рӯҳу ботини инсон таҷлил мекарданд. Мардуми заминҳои ориёӣ дар ин рӯз ба якдигар тӯҳфа мебахшиданд, дастархон аз меваҳои тирамоҳӣ, аз ҷумла ангур, себ, анор, гандум, асал ва чормағз оро дода мешуд, то ки шукронаи меҳнати деҳқон ва баракати Худованд баён гардад.
Бо гузашти асрҳо ва тағйир ёфтани шароити таърихиву сиёсӣ, бисёре аз ҷашнҳои миллӣ, аз ҷумла Меҳргон, тадриҷан аз хотираи мардум дур гардиданд. Аммо пас аз ба даст овардани Истиқлолияти давлатӣ, миллати тоҷик тавонист арзишҳои фарҳангии худро эҳё намояд ва ҷашнҳои суннатии аҷдодиро дубора ба саҳнаи зиндагии иҷтимоӣ баргардонад.
Дар ин раванд, нақши Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ниҳоят бузург ва сарнавиштсоз аст. Маҳз бо ташаббус ва сиёсати фарҳангпарваронаи Пешвои муаззами миллат, ҷашни Меҳргон аз нав эҳё гардида, ба ҳайси ҷашни расмии давлатӣ эълон шуд ва ҳамасола дар саросари кишвар бо шукӯҳу шаҳомати хос таҷлил мегардад.
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар суханрониҳои худ борҳо таъкид кардаанд, ки эҳёи ҷашнҳои миллии таърихӣ мисли Наврӯз, Сада ва Меҳргон на танҳо эҳёи анъанаҳои гузаштагон аст, балки рамзи худшиносиву ифтихори миллӣ, дӯстиву ваҳдат ва пояндагии давлати тоҷикон мебошад. Бо ибтикори хирадмандонаи Сарвари давлат, Меҳргон аз доираи як ҷашни фарҳангӣ берун рафта, ба як рӯйдоди бузурги сиёсиву иҷтимоӣ ва фарҳангиву иқтисодӣ табдил ёфтааст, ки дар он заҳмати кишоварзон, истеҳсолкунандагон ва аҳли заҳмат қадр карда мешавад.
Имрӯз Меҳргон барои ҳар як шаҳрванди Тоҷикистони соҳибистиқлол рамзи шукргузорӣ аз неъмати табиат, қадршиносии заҳмати деҳқон ва арҷгузорӣ ба заҳматкашони Ватан мебошад. Бо ташаббус ва ғамхориҳои пайвастаи Пешвои миллат, ҷашни Меҳргон дар ҳар гӯшаи кишвар ба як идгоҳи мардумӣ мубаддал гардидааст, ки дар он мардум бо рӯҳияи баланди ватандӯстӣ, меҳру садоқат ба замин, эҳтиром ба меҳнат ва шукргузорӣ аз истиқлолият ширкат меварзанд.
Пешвои миллат дар сиёсати худ ҳамеша ба рушди деҳот, боло бурдани сатҳи зиндагии мардум, тақвияти амнияти озуқаворӣ ва ҳифзи муҳити зист аҳамияти ҷиддӣ медиҳанд. Маҳз ҳамин сиёсати дурбинона сабаб гардид, ки имрӯз соҳаи кишоварзии кишвар рушд ёфта, заминҳои нав обёрӣ мешаванд, хоҷагиҳои деҳқонӣ тавсеа меёбанд ва маҳсулоти ватанӣ фаровон мегардад. Ҳамаи ин нишонаи зиндаи он аст, ки ҷашни Меҳргон дар сиёсати давлатӣ на танҳо як рамзи фарҳангӣ, балки як асоси иқтисодиву иҷтимоии зиндагии мардум мебошад.
Меҳргон дар замони ҳозира, дар зери роҳбарии хирадмандонаи Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ба рамзи ваҳдат, субот, меҳру муҳаббат ва бародарии мардум табдил ёфтааст. Дар ин ҷашн на танҳо ҳосилу фаровонӣ, балки ваҳдати миллат, сулҳи пойдор ва шукргузории мардум аз сиёсати сулҳпарваронаи роҳбари кишвар таҷассум ёфтааст.
Ҳамин тавр, Меҳргон на танҳо ҷашни ҳосилу баракат, балки ҷашни шукргузорӣ аз сулҳу амният, ваҳдату истиқлол ва неъматҳои Ватани азизамон Тоҷикистон аст. Ва бе муболиға метавон гуфт, ки эҳёи дубораи ин ҷашни муқаддас ва мақоми имрӯзаи он маҳз бо заҳмати беназиру ғамхории Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пайванд дорад.
Бигзор рӯҳи Меҳргон — рӯҳи меҳру муҳаббат, шукргузорӣ ва ваҳдати миллӣ — ҳамеша дар фазои Тоҷикистони соҳибистиқлол танинандоз бошад, то мардум бо меҳнати пок ва дили пурмеҳр роҳи пешрафту ободии Ватанро идома диҳанд!
Султонов Ҷасурбек Давлатбоевич - магистранти курси 2 -юми ихтисоси идоракунии давлатии
Институти иқтисодиёт ва демографияи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон
Вақте, ки сухан дар бораи табиб, риёзидон, табиатшинос, ва кимиёдони Форс-Тоҷик меравад, пеши назари мо симои ин шахси бузург - Закариёи Розӣ ҷилвагар мегардад.
Абӯбакр Муҳаммад ибни Закариёи Розӣ дар шаъбони соли 251 ҳиҷрии қамарӣ баробар ба соли 865 мелодӣ дар шаҳри Рай (номи ин шаҳр низ дар Авесто оварда шудааст), ки он вақт маркази илму ирфон ба ҳисоб мерафт дар оилаи Косиб чашм ба дунёи ҳасти кушод, ки бо мурури замон ва гузашти айём ҳамчун симои беназир дар соҳаҳои гуногуни илм махсусан кимиё, тиб, фалсафа ва риёзиёт шинохта шуд. Даврони кӯдакӣ ва ҷавонии худро ӯ дар оғуши зодгоҳаш мегузаронад. Аз даврони кӯдакӣ ба илм майлу рағбати беандоза дошту дар навохтани асбобҳои мусиқӣ тавоно буд.
Муддате ба заргарӣ ва сипас ба илми кимиё руй меоварад. Ҳангоми озмоиши маводҳои кимиёвӣ аз чашм осеб дида баъдан ба омӯзиши илми тиб мепардозад. Ба ҳамин мазмун чунин ишоратест: “Наздикӣ ба оташ ва бӯйҳои тунд чашми ӯро маъюб сохт ва ӯ ба сӯи муолиҷа ва мудово ва сипас ба илми пизишкӣ кашонид”. Аз ин рӯ мегӯянд, пизишке ки Розӣ ҷиҳати дармон ба ӯ муроҷиа карда буд, панҷсад динор талаб кард ва Розӣ ночор онро таҳия ва пардохт ва бо худ гуфт: “Кимиёи воқеӣ илми тиб аст, на он ки ту бад он машғулӣ”. Аз он замон ӯ ба омӯзиши илми тиб бештар пардохт.
Розӣ барои омӯзиши бештари илми тиб ба мадрасаҳои пешрафтаи он замон-Бағдод сафар кард ва дар бемористони Мӯътазидӣ халифаи Аббосӣ ба ҷойгоҳи нахусти пизишкӣ даст ёфт. Розӣ баъд аз марги Мӯътазидӣ дубора ба зодгоҳаш Рай баргашт ва то охири умраш ба мударизӣ ва табобати беморон пардохт.
Закариёи розӣ аз аввалин олимонест, ки кимиё ва тибро дар асосҳои таҷрибавӣ ва илмӣ такя додааст. Ӯ зиёда аз 200 асар таълиф намудааст, ки бисёри онҳо ба илми кимиё, тиб ва наботот бахшида шудаанд. Инчунин Розӣ аввалин нафарест, ки кислотаи сулфат (шураи сӯзанда) ва спиртро (этанол) аз ҷиҳати кимиёвӣ ба таври возеҳ шинохта ва тасвир намудааст. Ӯ технологияи тозакунии моддаҳоро, аз ҷумла тавассути дистиллятсия ва сублиматсия инкишоф додааст. Аз машҳуртарин китобҳои Ӯ:
- “Ал-Ҳовӣ” (Комил дар тиб) – як энсиклопедияи бузурги тиббӣ аст, ки тамоми маълумотҳои тиббии замони худаш ва пешинагонро гирд оварда буд. Ин асар соли 1279 ба забони лотинӣ тарҷума ва дар соли 1486 нусхаи чопии он дастраси аврупоиён гардид. Аз ин рӯ ӯро дар аврупо бо номи “Abubater” ё “Razes” низ мешинохтанд. Ин китоб барои олами тиб ҳамчун дастури аввлиндараҷа маҳсуб меёфт.
- “Китоб-ул-Мансурӣ” (“Китобу-т-тиб ул-Мансурӣ”)– ба шоҳ Мансур бахшида шудааст ва дорои маълумоти муҳим дар бораи бемориҳо ва табобати онҳо мебошад.
- Аввалин тавсифи клиникии олудагии гулӯ “дифтерия” ва фарқи байни бемориҳои сироятии мисли сурхча ва гулузор низ ба ӯ мансуб аст.
- “Китоб-ул-асрор” – дар ин китоб бештар оид ба омӯзиши таркиби решаи наботот маълумот дода шудааст.
- “Китобу-л-сирил-асрор” - ин китоб дар тарҷумаи Ҳасаналии Шайбонӣ ба забони форсӣ (ҳаҷмаш 630 саҳифа) буда, аксари матни онро маълумоти кимиёӣ ташкил медиҳад.
Закариёи Розӣ дар натиҷаи омӯзишҳои зиёди маъданҳо роҳҳои омӯзиши омехтаҳҳои тиллодорро ба воситаи зарфҳо ва таҷҳизотҳои гуногуни кимиёӣ дар озмоишгоҳ низ шарҳ додааст.
Закариёи Розӣ дар муқаддимаи “Китоб-ул-асрор” дар хусуси асрори пинҳон кардаи файласуфони гузашта: Оғосозимус Ҳирмиз, Аристотелис, Холид ибни Язид ва Ҷобир ибни Ҳайён маълумоти кофӣ додааст, ки моҳияти он маълумотҳо ба дониста гирифтани се маърифат вобаста аст.
1. Маърифати ақоқир, яъне дар бораи адвия;
2. Маърифати олот;
3. Маърифати таҷриба.
Дар навбати худ Закариёи Розӣ маърифати ақоқирро ба се навъ тақсим кардааст:
1. Минералӣ - яъне хокӣ, маъданӣ, ки марбут ба гурӯҳи унсурҳои ғайриӯзвӣ мебошад.
2. Набототӣ;
3. Ҳайвонотӣ.
Навъи набототӣ ва ҳайвонотӣ марбути гурӯҳи ӯзвианд. Бар асоси тафаккури худ Закариёи Розӣ дар натиҷаи омӯзиши маводҳои табиӣ онҳоро ба ду гурӯҳ тақсим кардааст, ки якеро арвоҳ ва дигареро аҷсод номидааст, ки маънои рӯҳ ва ҷисм ё ҷасадро дорад. Ин тарзи табақабандӣ ба он сабаб пайдо гаштааст, ки дар он замон ҷудосозӣ ба филизот ва ғайри филизот набуд. Бинобар ин Закариёи Розӣ ба сабаби нармӣ, ҷоришавӣ ва қобилияти табхир доштани баъзе мавод онҳоро арвоҳ ва маводи дигарро ба иллати ҷомид зудгудохтанашаванда-аҷсод номидааст.
Арвоҳ (ҷамъи рӯҳ), яъне маводи нарм ва табхиршаванда, ки чаҳоранд: Симоб (дар забони арабӣ зайбиқ), Навшодир (инчунин нӯшодир), Сулфур (дар забони арабӣ кибрит ва ба форсӣ бошад гӯгирд) ва Арсен (дар забони арабӣ зарниҳ).
Аҷсод (ҷамъи ҷасад), яъне маводи ҷомид ва ҷисмӣ, табхирнашаванда, ки инҳоянд:
Нуқра (рамзи кимиёӣ Аq, дар забони арабӣ физат, ё ин ки сим мегӯянд), тилло (рамзи кимиёӣ Аu, дар забони арабӣ заҳаб, зар мегӯянд), Сурб (рамзи кимиёӣ Pb дар забони арабӣ расос ва дар забони тоҷикӣ қӯрғошим мегӯянд), қалъагӣ (рамзи кимиёӣ Sb, дар забони арабӣ қасдир мегӯянд), оҳан (рамзи кимиёӣ Fe, ба арабӣ ҳадид мегӯянд) ва мис (рамзи кимиёӣ Сu, дар забони арабӣ нухос меӯянд).
Дар дунё то нимаи аввали асри XIX дар соҳаи кимиё танҳо таълимоти Розӣ истифода мешуд. То он замон дар кимиё моддаҳоро аз рӯи пайдоишашон ба се гурӯҳ: минералӣ, набототӣ ва ҳайвонотӣ ҷудо карда алоҳида-алоҳида меомӯхтанд.
Кашфиёт ва саҳми ӯ дар рушди илм беназир аст, аз ҷумла:
- Сохтани таҷҳизотҳои кимиёӣ ва тиббӣ;
- Гузаронидани таҷрибаҳо барои исботи илмӣ;
- Ҷудо кардани спирт аз шароб ва истифодаи он барои антисептик (гулӯзиндонак сулфаи кабуд, кузоз);
- Шиносоии бемориҳои сироятӣ ва тарзи паҳншавии онҳо;
- Таълимоти ахлоқӣ дар заминаи тиб, ки таъкид бар инсонгароӣ ва навозиши беморон мекард.
Табиатшинос, файласуф, риёзидон, табиби мушкилкушо, кимиёгари маъруф Закариёи Розӣ дар охири умри худ нобино ва дасташ аз кор монда дар байни соли 320 ҳиҷрии қамарӣ баробар ба 25 октябри соли 925 -и мелодӣ аз олами ҳасти чашм пӯшад.
Ҳабибуллоев Суҳайлӣ Субҳонқулович, ходими илмии озмоишгоҳи
“Геохимия ва химияи таҳлилӣ ” Институти кимиёи ба номи В.И. Никитини АМИТ
Ба ҳамагон маълум аст, ки рузҳои 8-10 октябри соли ҷорӣ дар Ватани азизамон ду ҳамоиши бузурги байналмиллалӣ «Ҳамоиши Осиёи Марказӣ ва Русия» ва ҷаласаи шурои роҳбарони давлатҳои «Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил» баргузор мегардад.
Чорабиниҳои мазкур бо иштироки сарони кишварҳои узи Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил ва роҳбарони давлатҳои Осиёи Маркази гузаронида мешавад, ки Чумҳурии Тоҷикистонро дар маркази тавваҷуҳҳи сиёсию дипломатии минтақа ва ҷаҳони муосир қарор медиҳанд.
Ҳамоиши Осиёи Марказӣ – Русия, ки шуруъ аз соли 2022 баргузор мегардад, имсол Тоҷикистон мизбонии онро бар уҳда дорад. Мақсади гузаронидани ҳамоиши мазкур таҳкими робитаҳои тиҷоративу иқтисодӣ, сармоягузорӣ ва гуманитарӣ, инчунин ба саъю кӯшишҳои муштарак баҳри таъмини субот ва амнияти минтақавӣ, рушди муколама ва таҳкими ҳамкории стратегӣ миёни кишварҳои минтақа ва Федератсияи Русия мебошад.
Бояд қайд намоем, ки дар давоми зиёда аз 30 соли барқароршавии муносибатҳои дипломатии кишварҳои Осиёи Марказӣ бо Русия, тавонистанд ба сатҳи баланди ҳамкориҳои дуҷониба дар бахшҳои сиёсӣ, тиҷоратию иқтисодӣ, фарҳангӣ, гуманитарӣ ва ғайра ноил шаванд ва ин ҳамкориҳо аз сатҳи зарурии ҳамкории кишварҳо дар чаҳорчубаи Созмони Милали Муттаҳид ва дигар ташкилоту созмонҳои байналмилалию минтақавӣ изҳори қаноатмандӣ карда шуд.
Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил ин ташкилот ва созмони минтақавию байналхалқии калонтарин дар минтақаи пасошуравӣ ба ҳисоб меравад. Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил моҳи декабри соли 1991 бо мақсади мусоидат ба раванди ҳалли масъалаҳои муҳимтарин дар марҳилаи ташаккули давлатҳои мустақил ва ҳифзи робитаҳои таърихии кишварҳои аъзо таъсис дода шуд.
Ҷумҳурии Тоҷикистон шуруъ аз таъсисёбии созмони мазкур маротибаи сеюм аст, ки раёсати ИДМ бар уҳда дорад (ин солҳои 2011, 2018 ва 2025). Аз рӯзҳои аввали узвият ба ин созмон Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ташаббуси Асосгузори сулҳу ваҳдат миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, мўҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамеша тарфдори густариши равандҳои ҳамгироӣ, пешгирии таҳдидҳо ба амнияти милливу минтақавӣ, рушди иқтисоду сармоягузорӣ, илму фарҳанг байни кишварҳои аъзо мебошад. Инчунин Тоҷикистон бо пешниҳоди як зумра ташаббусҳои муҳими худ дар самти мубориза бо терроризму экстремизм, гардиши ѓайриқонунии маводи мухаддир,таъмини амнияти сарҳадҳо, масоили об ва иқлим, рушди иқтисодӣ ва энергетика ва ҳамкорӣ дар соҳаи маориф ва фарҳанг дар маркази таваҷҷўҳи созмони мазкур мебошад.
Ҳамин тавр, гузаронидани чунин ҳамоишҳои сатҳи баланд барои Тоҷикистон имконияти муҳими сиёсӣ, иқтисодӣ ва иҷтимоӣ мебошад. Пеш аз ҳама, чунин чорабиниҳо ба таҳкими нуфузи байналмиллалии кишвар, баланд бардоштани нақши он дар раванди қабули қарорҳои минтақавӣ ва таъмини амнияту субот дар минтақа мусоидат мекунад. Инчунин, ин ҳамоишҳо шароити мусоид барои ҷалби сармоягузорӣ, тақвияти робитаҳои тиҷоратӣ ва муаррифии имкониятҳои Тоҷикистон дар арсаи байналмиллалӣ фароҳам меоранд. Дар баробари ин, онҳо ба рушди сайёҳӣ, инфрасохтор ва фарҳанг дар дохили кишвар низ такон мебахшад.
Бо назардошти ҳамаи ин омилҳо, баргузории чунин ҳамоишҳо ба манфиати рушди устувор ва мавқеи стратегӣ намудани Тоҷикистон дар минтақа хизмат мекунад.
Мудири шӯъбаи тарҳрезии математикии Институти математикаи ба номи А. Ҷӯраеви АМИТ н.и.ф.м., Сафарзода Э.Ҳ.
Аз 8 то 12 октябри соли ҷорӣ дар пойтахти Ватанамон шаҳри Душанбе се чорабинии сатҳи байналмилалӣ – сафари расмии президенти Федератсияи Русия В.В.Путин ба Тоҷикистон, Саммити «Осиёи Марказӣ – Русия» ва ҷаласаи Шурои сарони Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил баргузор гардид. Пас аз муваффақона анҷом ёфтани чорабиниҳои сатҳи дуҷониба ва бисёрҷонибаи байналмилалӣ ба хулосаҳои зерин омадан мумкин аст.
1. Тоҷикистон иттифоқчии боэътимоде аст, ки давлатҳои аъзои ИДМ онро хеле қадр мекунанд. Тоҷикон бо меҳмоннавозии хеш дар ҷаҳон ном баровардаанд ва аз меҳмонони олиқадр дар сатҳи шоиста пазироӣ менамоянд. Тасдиқи онро мо дар нишастҳои Созмони Милали Муттаҳид (оид ба терроризму экстремизм, обу иқлим, ҳифзи креосфера), Созмони ҳамкории Шанхай, Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил, Машварат оид ҳамкорӣ ва тадбирҳои боварӣ дар Осиё ва ѓайра дар шаҳри Душанбе мебинем, ки дар чунин мизбонӣ таҷрибаи беҳтарин андўхта, сазовори эътимод ва эҳтироми баланди байналмилалӣ гардидааст.
2. Мизбонии чунин ҳамоишҳо барои Тоҷикистон на танҳо ифтихор, балки масъулияти бузург аст. Ин чорабиниҳо имкон медиҳанд, ки мамлакат дар сатҳи баланд тавони ташкилотӣ, фарҳанги дипломатӣ ва сиёсати мутавозини худро намоиш диҳад. Ба замми ин, Тоҷикистон дар раддабанди ҷаҳонӣ яке аз амнтарин давлатҳои ҷаҳон эътироф гардида, бо нуфузи худ дар арсаи байналмилалӣ, қобилияти ташкилӣ ва инфрасохтори муосири худ борҳо ҷаҳониёнро бовар кунонидааст, ки аз уҳдаи баргузории чорабиниҳои сатҳи минтақавӣ ва байналмилалӣ ба хубӣ баромада метавонад.
3. Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил, ки пас аз пошхӯрии Иттиҳоди Шуравӣ таъсис ёфт, дар тўли беш аз 30 сол ҳамчун фазои ҳамкории сиёсӣ, иқтисодӣ ва фарҳангӣ хизмат карда, ҳамоно нақши яке аз платформаҳои муҳимми ҳамгироии давлатҳои пасошӯравиро иҷро мекунад. Бо доштани мавқеи фаъол дар арсаи байналмилалӣ, бо пешниҳоди ташаббусҳои муҳим дар самти мубориза бо терроризму экстремизм, гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир ва таъмини амнияти сарҳадҳои ҷанубии ин Иттиҳод, Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун сипари боэътимоди ИДМ дар таъмини амниятии он нақши фаъолеро бозида истодааст.
4. Аз Саммити «Осиёи Марказӣ – Русия» чунин хулоса баровардан мумкин аст, ки кишварҳои Осиёи Марказӣ бо ҳамкории наздик бо ҳамдигар ва бо шарики стратегие, чун Русия, бо захираҳои бойи табиӣ, инфрасохтори муосири рушдёфта ва роҳҳои транзитӣ метавонанд нақши пули пайвасткунандаро бозанд. Минтақаи Осиёи Марказӣ дорои иқтидори бузурги ҳамгироӣ ва суботи дохилӣ аст, ки бо роҳбарии давлатҳои масъул ва сиёсати хирадмандона метавонад ба шакли нави ҳамкории минтақавӣ табдил ёбад.
5. Ба имзо расидани 15 санади ҳуқуқӣ байни Тоҷикистон ва Русия аз динамикаи мусбати ҳамкориҳо дар соҳаҳои муҳим, аз ҷумла дар соҳаи иқтисод шаҳодат медиҳанд. Мутобиқи яке аз ин созишномаҳо дар кишвар як Парки саноатӣ сохта хоҳад шуд ва коргоҳи мошинсозии Душанбе ҳамчун базаи Парки саноатӣ интихоб гардидааст. Ҳадафи ин тарҳи муҳим рушди саноати сабук, дастгоҳсозӣ, таҷҳизоти тиббӣ, металлургия ва афзоиши қобили мулоҳизаи корхонаҳои саноатӣ ва густариши тиҷорати дуҷониба мебошад. Ин амр дар амалӣ гардидани ҳадафи саноатикунонии босуръати кишварамон саҳми босазое хоҳад дошт.
6. Анҷоми муваффақонаи чорабиниҳои байналмилалӣ дар ш.Душанбе аз як ҷониб натиҷаи мантиқии сиёсати «дарҳои боз» буда, аз ҷониби дигар идомаи хати машйи мутавозин ва созандаи мамлакат, далели возеҳи эътирофи байналмилалӣ ва афзоиши нақши Тоҷикистон дар муҳити геополитикии минтақа ба шумор меравад. Тоҷикистон бо сиёсати хирадмандонаи худ дар ин раванд нақши муҳими миёнаравӣ дорад. Бо назардошти мавқеи ҷуғрофии Тоҷикистон, ки дар маркази роҳҳои транзитии минтақа қарор дорад, сиёсати мутавозин ва диди стратегӣ, ки аз ҷониби Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон тарҳрезӣ шудааст, имкон медиҳад, ки Душанбе ҳамчун “пули логистикӣ” нақши муҳим бозида, ҳам бо Русия, ҳам бо Чин ва ҳам бо кишварҳои Ғарб робитаҳои мутавозин ва судмандро нигоҳ дорад.
7. Баргузории ҳамзамони се чорабинии бузург дар Душанбе рамзи ҳамоҳангсозии сиёсати минтақа бо ҳадафҳои стратегӣ мебошад. Ин падида нишон медиҳад, ки Тоҷикистон тавони онро дорад, ки на танҳо мизбони расмии чорабиниҳо бошад, балки ҳамчун майдони муколамаи воқеӣ ва ҳамбастагии сиёсӣ амал кунад. Маҳз чунин муҳит барои таҳкими дипломатияи бисёрҷониба ва рушди ҳамкории иқтисодии муосир хеле зарур аст.
8. Баргузории ин чорабиниҳо шароити мусоидро барои муаррифии иқтидори иқтисодии мамлакат ва ҷалби сармояи хориҷӣ дар бахшҳои энергетикаи «сабз» ва иқтисоди «сабз», транзит ва саноат фароҳам меорад. Дар доираи ин чорабиниҳо масъалаҳои калидӣ, аз амнияти энергетикӣ ва озуқаворӣ гирифта то ҳамкорӣ дар соҳаи нақлиёт, илм, технологияи муосир баррасӣ гардиданд, ки барои сулҳ, тараққиёт ва ҳамкорӣ нақши ҳалкунанда дорад.
Ҳамин тавр, метавон хулоса кард, ки нишастҳои сатҳи баланд дар Душанбе на танҳо рамзи обрӯ, балки имконияти воқеии таҳкими мавқеи дипломатӣ, афзоиши нуфуз ва пешниҳоди ташаббусҳои нави минтақавию байналмилалӣ мебошад. Ин гуна нишастҳо на танҳо ба таҳкими амният, иқтисод ва ҳамгироии фарҳангӣ дар минтақаи Осиёи Марказӣ мусоидат мекунанд, балки мавқеи Тоҷикистонро дар Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил ва ҷаҳон тақвият мебахшанд.
Саидумар Раҷабов – мудири шуъбаи ҳуқуқи байналмилалии
ИФСҲ ба номи А.Баҳоваддинов, доктори илмҳои ҳуқуқшиносӣ, профессор
Шаҳри Душанбе рӯзи 10 октябр мизбони яке аз муҳимтарин рӯйдодҳои сиёсӣ дар фазои пасошӯравӣ гардид - ҷаласаи навбатии Шӯрои сарони давлатҳои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил (ИДМ). Ин нишаст таҳти раёсати Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баргузор шуда, дар он роҳбарони аксари кишварҳои узви ИДМ ширкат варзиданд.
Дар саммит сарони Русия, Қазоқистон, Қирғизистон, Узбекистон, Туркманистон, Беларус, Озарбойҷон ва Арманистон иштирок доштанд. Ҳамчунин Котиби генералии ИДМ Сергей Лебедев ва намояндагони сохторҳои ҳамкор ҳузур доштанд.
19 ҳуҷҷати муҳим - аз амният то энергетика
Дар натиҷаи ҷаласа 19 санади байнидавлатӣ ба имзо расид. Онҳо самтҳои гуногуни сиёсӣ, иқтисодӣ, амниятӣ ва иҷтимоиро фаро гирифтанд. Аз ҷумла:
Декларасия дар бораи амнияти энергетикӣ дар фазои ИДМ;
Консепсияи ҳамкории ҳарбию-техникӣ то соли 2030;
Барномаи ҳифзи марзҳои берунаи ИДМ барои солҳои 2026 - 2030;
Тамдиди ваколатҳои Сергей Лебедев ҳамчун Котиби генералии ИДМ;
Қарор дар бораи гузаштани раёсати ИДМ ба Туркманистон дар соли 2026.
Яке аз навовариҳои асосии ин нишаст - ташаббуси таъсиси формати нав бо номи “CIS Plus” (ИДМ Плюс) буд. Ин модел имкон медиҳад, ки созмонҳои байналмилалӣ ва кишварҳои берун аз ИДМ низ дар лоиҳаҳои муштарак ширкат варзанд. Дар ҳамин замина, ба Созмони Ҳамкории Шанхай (СҲШ) мақоми мушоҳидачӣ дар ИДМ дода шуд.
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар суханронии ифтитоҳии худ таъкид намуд, ки ИДМ бояд ба платформаи амалии ҳамкорӣ табдил ёбад:
«Имрӯз аз мо дар сатҳи ИДМ на танҳо ҳамкорӣ дар сухан, балки амалҳои мушаххас, барномаҳои муштарак ва масъулияти дастаҷамъӣ талаб мешавад.»
Роҳбари давлат афзуд, ки Тоҷикистон омода аст ташаббусҳои нави минтақавиро дар соҳаҳои амният, иқтисод ва обу энергетика роҳандозӣ намояд.
Президенти Русия Владимир Путин аз рушди тиҷорати байни кишварҳои ИДМ изҳори қаноатмандӣ кард. Ба гуфтаи ӯ, гардиши мол миёни давлатҳои узв дар соли гузашта беш аз 100 миллиард долларро ташкил додааст. Ӯ пешниҳод намуд, ки барои густариши ҳамкорӣ истифодаи асъори миллӣ ва низомҳои пардохтии мустақил афзоиш дода шавад.
Президенти Қазоқистон Қосим-Жомарт Токаев ИДМ-ро “ҷузъи муҳими суботи сиёсӣ дар фазои пасошӯравӣ” номид ва даъват намуд, ки созмон бояд ба «равандҳои муттаҳидкунанда, на ҷудокунанда» такя кунад.
Самтҳои муҳокимашуда
Амният:
Кишварҳо ба мубориза бар зидди терроризм, экстремизм, киберҷинояткорӣ ва гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир аҳамияти махсус доданд. Тоҷикистон пешниҳод кард, ки Маркази ҳамоҳангсозии амнияти марзӣ дар Душанбе таъсис дода шавад.
Иқтисод ва энергетика:
Пешниҳодҳо оид ба таъсиси системаи ягонаи пардохтӣ, рушди лоиҳаҳои энергетикии минтақавӣ ва беҳсозии шабакаҳои нақлиётӣ баён гардиданд.
Фарҳанг ва илм:
Барномаи «Соли фарҳанги ИДМ - 2026» қабул шуд, ки баргузории чорабиниҳои фарҳангиву илмиро дар шаҳрҳои кишварҳои узв пешбинӣ мекунад.
Дар давоми ду рӯз - 9 ва 10 октябри соли 2025 - пойтахти Тоҷикистон ду нишасти сатҳи олӣ мизбонӣ кард: Саммити “Осиёи Марказӣ - Русия” ва Саммити ИДМ.
Ин рӯйдодҳо мавқеи Душанберо ҳамчун маркази муколамаи минтақавӣ ва шарики боэътимоди дипломатии кишварҳои пасошӯравӣ тақвият бахшиданд.
Тибқи арзёбии таҳлилгарон, саммити Душанбе як марҳилаи навро дар фаъолияти ИДМ боз намуд. Созмон дар шароити мураккаби ҷаҳонӣ тавонист ваҳдат ва иродаи сиёсиро барои таҳкими ҳамкориҳо нишон диҳад.
«ИДМ бояд макони ҳамфикрӣ, эътимод ва эҳтироми мутақобил боқӣ монад. Танҳо дар асоси ин арзишҳо мо метавонем субот ва рушди устуворро таъмин намоем», таъкид кард Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар суханронии хотимавии худ.
Бо анҷоми ин нишаст, Тоҷикистон собит намуд, ки на танҳо узви фаъол, балки меҳвари дипломатияи минтақавӣ ва маркази ҳамгироии нав дар фазои пасошӯравӣ мебошад.
Абдухолиқова Парвина Носировна н.и.т., ходими калони илмӣ
Институти химияи ба номи В.И.Никитини АМИТ
Истиқлоли давлатӣ ҳамчун арзиши олӣ ва таърихии ҳар як миллат, заминаи аслии ташаккули давлати миллӣ, таъмини суботи сиёсӣ ва рушди устувори иқтисодиву иҷтимоӣ маҳсуб меёбад. Халқи тоҷик баъди ҳазорсолаҳои мубориза ва талошҳо 9-уми сентябри соли 1991 ба ин орзуи бузурги худ расид ва Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун давлати мустақил вориди марҳилаи нави таърихӣ гардид ва дар харитаи сиёсии ҷаҳон арзи ҳастӣ кард. Аммо марҳилаи аввали истиқлол пур аз мушкилиҳо, аз ҷумла ҷанги шаҳрвандӣ ва бесуботии сиёсиву иқтисодӣ буд, ки тамоми соҳаҳои ҳаёти ҷомеаро ба вартаи буҳрон кашид.
Дар чунин шароити вазнин, маҳз иродаи қавӣ, сиёсати оқилона ва меҳанпарастии фарзанди фарзонаи миллат, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон буд, ки кишварро аз вартаи нобудӣ наҷот дода, ба сӯи сулҳ, субот ва рушд раҳнамоӣ кард. Яке аз самтҳои муҳимми рушди иқтисодӣ ва стратегии кишвар дар ин давра соҳаи геология ва истифодаи захираҳои зеризаминӣ буд, ки бо сиёсати хирадмандонаи роҳбарияти давлат марҳила ба марҳила рушд кард.
Тоҷикистон кишвари дорои иқтидори назарраси захираҳои бойи табиӣ, хусусан захираҳои гуногуни канданиҳои фоиданок мебошад, ки дар рушди саноати истихроҷ, энергетика, металлургия ва дигар бахшҳои саноати мамлакат аҳаммияти калон дорад. Геология ҳамчун илми омӯзиши қабатҳои Замин ва кашфи захираҳои зеризаминӣ, барои пешрафти иқтисоди миллӣ ва амнияти энергетикиву саноатии кишвар нақши бузург дорад.
Дар даврони истиқлол, бахусус аз охири солҳои 1990-ум ва оғози солҳои 2000-ум, соҳаи геология ба марҳилаи нави рушд ворид гардид. Бо дастгирии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон якчанд маротиба Барномаҳои давлатии рушди соҳаи геология қабул ва татбиқ гардиданд; буҷаи соҳа афзоиш ёфт ва таҳқиқоти геологӣ дар минтақаҳои гуногуни кишвар, аз ҷумла дар Помир, ноҳияҳои кӯҳӣ ва ҷануби Тоҷикистон, фаъолона ба роҳ монда шуд; шумораи корхонаҳои таҳқиқотии геологӣ ва ширкати ватанию хориҷие, ки ба ҷустуҷӯ ва коркарди канданиҳои фоиданок машғуланд, зиёд шуд; кадрҳои соҳавӣ дар дохил ва хориҷи кишвар омода ва бозомӯзӣ шуданд; мақоми Тоҷикистон дар харитаи захираҳои стратегӣ дар Осиёи Марказӣ ва ҷаҳон мустаҳкам шуд.
Дар натиҷа, то соли 2025 дар Тоҷикистон зиёда аз 600 кон ва 800 зуҳуроти маъданҳо, аз ҷумла тилло, нуқра, сурб, руҳ, висмут, сурма, симоб, қалъагӣ, волфрам, уран, ангишт, сангҳои қиматбаҳо, масолеҳи сохтмонӣ ва дигар канданиҳои фоиданок муайян ва ба қайд гирифта шудаанд.
Дар мамлакат дар даврони соҳибистиқлолӣ таъсис ёфтани Донишкадаи кӯҳӣ-металлургии Тоҷикистон, факултети геоэкология дар МД Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи Бобоҷон Ғафуров, ихтисосҳои нав дар базаи факултети геологияи Донишгоҳи миллӣ - амалиёти маркшейдерӣ, геология, ҷустуҷӯ ва иктишофи конҳои нафту газ, геофизика, иқтисод ва идора дар соҳаи саноати кӯҳӣ, пиряхшиносӣ, тахассусҳои геммолог, геоэколог, ихтисосҳои геологияи нафту газ ва гидрогеология дар Донишгоҳи давлатии Данғара, кафедраи илмҳои табиатшиносӣ дар Донишгоҳи давлатии Хоруғ ба номи Моёншо Назаршоев, таъсиси филиали Донишгоҳи давлатии Москва дар шаҳри Душанбе бо ихтисоси гидрогеология ва геологияи муҳандисӣ шаҳодати он аст, Ҳукумати мамлакат ба соҳаи геология ва саноати кӯҳӣ аҳамияти калон медиҳад.
Нақши Пешвои миллат дар рушди соҳаи геология бисёр бузург аст. Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз рӯзҳои аввали роҳбарии худ ба рушди илму техника, бахусус илми геология ва истифодаи самараноки сарватҳои табиӣ таваҷҷуҳи махсус зоҳир намудаанд. Борҳо дар суханрониҳои худ таъкид намудаанд, ки канданиҳои фоиданоки Тоҷикистон сарвати миллатанд ва истифодаи оқилонаи онҳо метавонад заминаи мустаҳками рушди иқтисодӣ ва иҷтимоии кишвар гардад. Аз ҷумла, дар яке аз суханрониҳои худ чунин қайд карда буданд: «Тоҷикистони мо - кишвари ганҷҳову табиати худодод ва биҳишти воқеии рўи Замин буда, табиати нотакрору боигариҳои зеризаминии он метавонанд чун омили мустаҳкам шудани имкониятҳои иқтисодӣ, тавоноии давлат ва баланд бардоштани сатҳу сифати зиндагии мардум хизмат намоянд. Барои ин моро зарур аст, ки ин сарватҳои зеризаминиро самараноку оқилона истифода намоем.»
Таҳлилҳо ва натиҷаҳои сиёсати амалигардида шаҳодати онанд, ки Пешвои миллат ин соҳаро ҳамчун яке аз омилҳои муҳимми таъминкунандаи амнияти иқтисодӣ, энергетикӣ ва саноатии мамлакат арзёбӣ намуда, дар ин самт ташаббусҳои зеринро роҳандозӣ намуданд: ҷалби сармоягузорони хориҷӣ ва роҳандозии лоиҳаҳои муштарак дар соҳаи геология ва саноати кӯҳӣ; ҳимояи манфиатҳои миллӣ дар шартномаҳои соҳаи маъдан; таҷдиди назар ва такмили қонунгузорӣ дар бахши истифодаи захираҳои табиӣ; инкишофи илму техника дар самти геология бо дастгирии пажӯҳишгоҳҳои илмӣ.
Хулоса, истиқлол барои Тоҷикистон дари имкониятҳои навро боз намуд. Дар ин замина, соҳаи геология ҳамчун яке аз сутунҳои муҳими иқтисоди миллӣ мавқеи калидӣ пайдо кард. Ин пешравиҳо бе сиёсати дурбинона ва талошҳои пайвастаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон имконнопазир буданд.
Имрӯз Тоҷикистон дар радифи кишварҳое қарор дорад, ки дорои захираҳои ғании зеризаминӣ мебошад ва бо сиёсати дуруст метавонад онҳоро ба манфиати миллат ва наслҳои оянда истифода барад.
Соҳаи геология дар Ҷумҳурии Тоҷикистон дар даврони соҳибистиқлолӣ зери таваҷҷуҳу раҳнамоии доимии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба як бахши калидии иқтисоди миллӣ табдил ёфтааст. Бо назардошти захираҳои ғании табиӣ, иқтидори баланди илмӣ ва сиёсати самараноки давлат, Тоҷикистон метавонад дар оянда ҳамчун яке аз марказҳои муҳимми геологии минтақа ва ҷаҳон мавқеи хоса пайдо намояд.
Истиқлол барои миллати тоҷик на танҳо рамзи озодӣ, балки имкони бузурги созандагӣ ва истифодаи самараноки сарватҳои табиӣ ба нафъи наслҳои имрӯз ва оянда мебошад. Таъмини рушди устувор ва муназзами соҳаи геология - кафолати амнияти иқтисодӣ ва суботи давлат аст.
Файзиев Фотеҳ - доктори илмҳои геология ва минералогия, мудири лабораторияи канданиҳои фоиданоки Институти геология,
сохтмонии ба заминҷунби тобовар ва сейсмологияи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон (ИГСЗТС АМИТ)
Абдулов Шерзод - ходими калони илмии лабораторияи канданиҳои фоиданоки ИГСЗТС АМИТ