Skip to main content

Ба истиқболи Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон -16 ноябр

Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон яке аз санаҳои муҳим дар кишвари соҳибистиқлоли мо ба шумор меравад, ки таҷлили он на танҳо рамзи эҳтиром ба шахсияти роҳбари давлат аст, балки ифодаи садоқат ба халқу Ватан, ваҳдати миллӣ ва худшиносии миллӣ мебошад. Ин сана ба тамоми мардуми кишвар ёдрас менамояд, ки истиқлолият ва суботи сиёсӣ маҳз бо талош ва иродаи мустаҳками Сарвари давлат ва мардуми меҳнатдусти Тоҷикистон ба даст омадааст.

Ин сана дар тарбияи насли ҷавон ва баланд бардоштани ҳисси ватандорӣ ва эҳтироми арзишҳои миллӣ аҳамияти калидӣ дорад.

Маърифатнокӣ ва тараққиёти ҳар як ҷомеаро бисёр сабабҳо муайян мекунанд, ки дар байни онҳо мақому манзалати зан дар ҷомеа ва риояи ҳуқуқу озодиҳои вай яке аз ҷойҳои асосиро ишғол менамояд. Зеро ҷомеае, ки дар он ҳуқуқи шаҳрвандон бахусус, занон муҳофизат намешавад, наметавон онро ҷомеаи демокративу ҳуқуқбунёд эътироф намуд.

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои муаззами миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамасола дар Паёмҳои хеш ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон нисбат ба масъалаи баланд бардоштани мақоми зан дар ҷомеа таваҷҷуҳи ҳамаҷониба равона месозанд. Имрӯз агар як нигоҳи амиқ намоем, мушоҳида хоҳем кард, ки бо натиҷа ва самараи ин ҳадафҳои воқеӣ занон сарбаландона дар тамоми ҷанбаҳои ҳаёти ҷомеа кору фаъолият намуда, мақоми арзандаро соҳиб гаштаанд.

Бо фароҳам овардани шароити мусоид аз ҷониби Ҳукумати мамлакат ва дастгириҳои бевоситаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои кору таҳсили бонувони тоҷик бо иқдомот ва ташаббусҳои худ собит намуданд, ки занон дар баробари мардон метавонанд дар тамоми соҳаҳо муваффақ ва дар рушду тараққиёти Ватани худ ҳиссагузор бошанд.

Дар сатҳи давлатӣ хушбахтона имрӯз, нақши зан-модар зери таваҷҷуҳи махсуси Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қарор дорад. Дар иртибот ба ин гуфтаҳо, бо қадршиносӣ аз хизматҳои зан – модари тоҷик чунин иброз намуданд: «Мо – мардон вазифадорем, ки ҳамеша ба қадри ранҷҳои кашидаи модарон, заҳмату хизматҳои занону духтарони худ ва умеду интизориҳои онҳо расем. Мо набояд фаромӯш намоем, ки тамоми нобиғаву алломаҳои башар аз домони поки модар ба дунё омадаанд ва дар оғӯши гарми ӯ бузург шудаанд».

Илова бар ин гуфтаҳо, дар ҳақиқат ҳам занон ва модарони мо хазинаи бебаҳое мебошанд, ки тамоми қувваи худро барои тарбияи фарзандони соҳибмаърифату ватандӯст, дорои ахлоқи ҳамида дареғ намедоранд

Маҳз бо дастгириҳои пайвастаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Кумитаи кор бо занон ва оила ҳамчун сохтори воқеии муайянкунандаи баробарии гендерӣ ва пешбарандаи сиёсати гендерии кишвар ташкил шуда, бо мақсади тақвияти мавқеи занон дар ҷомеа ва фаъол гардондани нақши онҳо, тарбияи насли худшиносу худогоҳ тадбирҳои судманд роҳандозӣ гардиданд.

Бо мақсади амалӣ намудани ҳадафҳои Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030, инчунин то 30 фоиз расондани хизматчиёни давлатӣ ва то 25 фоиз кадрҳои роҳбарикунанда аз ҳисоби занону духтарони болаёқат қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи Барномаи давлатии тарбия, интихоб ва ҷобаҷогузории кадрҳои роҳбарикунанда аз ҳисоби занону духтарони болаёқат барои солҳои 2023 – 2030” аз 27 апрели соли 2022 қабул гардид.

Иловатан “Барномаи махсуси ҷалби занон ба вазифаҳои роҳбарикунандаи давлатӣ ва мубориза бо ҳолатҳои поймолшавии ҳуқуқи занон” бо фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон чандин сол қабл ҳанӯз аз соли 1999 қабул гардид. Дар асоси ин дастур соли 2001 барномаи дигар “Самтҳои асосии сиёсати давлатӣ оид ба таъмини баробарҳуқуқии мардону занон барои солҳои 2001–2010” қабул карда шуданд, ки дар заминаи ин санадҳо баробарии ҳуқуқу имкониятҳои занону мардон ва иштироки фаъолонаи бонувон дар зиндагии сиёсӣ, иқтисодӣ ва иҷтимоии кишвар тадриҷан амалӣ мегардад.

Ҳамзамон бо мақсади ҳавасманд гардонидани занону бонувон дар асоси Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз соли 2006 инҷониб грантҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба фаъолияти соҳибкории занон таъсис дода шуд, ки ин тадбир низ ҳамчун таҷрибаи муҳим барои дастгирии занон дар тамоми манотиқи кишвар арзёбӣ мегардад.Барои мисол, соли 2022 дар асоси қарори дахлдори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳаҷми маблағҳои грантӣ аз 2 ба 2,5 миллион сомонӣ барои 80 лоиҳаи мақсадноки занону бонувон зиёд гардид, ки ин раванди корбарӣ пеш аз ҳама инъикосгари сиёсати сулҳпарваронаю созандаи дохилию хориҷии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нисбат ба мақому манзалати занону бонувони сарбаланди тоҷик мебошад.

Дар сатҳи давлатӣ занон имрӯз натанҳо вакилони мардумӣ дар парлумон ва мақомотҳои давлатӣ, балки шарики баробарҳуқуқ ва таъсиргузор дар қабули қарорҳо мебошанд.Мисоли равшан ҳамасола барномаҳо ва стратегияҳои давлатӣ барои баланд бардоштани сатҳи намояндагӣ ва иштироки занон амалӣ мешаванд, ки ин ба устувории давлат ва рушди ҷомеа мусоидат мекунад.

Тибқи маълумотҳои омории дастрасшуда дар муқоиса бо кишварҳои ҳамсоя дар Ҷумҳурии Тоҷикистон занон, тақрибан 30 % вакилони парламентро ташкил медиҳанд, ки аз Қирғизистон (22 %) ва аз Қазоқистон (27 %) бештар буда дар қиёс нисбат ба дигар минтақаҳои Осиёи Марказӣ намунаи устувор ба ҳисоб меравад. Ин рақамҳо шаҳодат медиҳанд, ки сиёсати Пешвои миллат нисбат ба занон амалӣ, устувор ва бо якчанд ҷанбаҳо ҳамоҳанг мебошад.

Сиёсати Пешвои миллат нисбат ба занон имконият фароҳам овардааст, ки занон дар баробари мардон тавонанд ҳамчун қувваи созанда, таъсиргузор ва намунаи ибрат дар ҷомеа фаъолият кунанд.

Достиева Дилафрӯз, ходими хурди илмии шуъбаи Осиёи Ҷанубу Шарқии

Институти омӯзиши масъалаҳои давлатҳои Осиё ва Аврупои АМИТ

Ба Истиқболи Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон -16 ноябр

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар арсаи байналмилалӣ ҳамчун роҳбари ташаббускор ва нақшгузор дар ҳалли мушкилоти глобалӣ эътироф шудаанд. Маҳз бо шарофати сиёсати муваффақонаву бороварии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон имрўз ҷомеаи ҷаҳонӣ ба Тоҷикистон бо нигоҳи боэътимод ва хайрхоҳона назар дорад. Президенти кишвар зимни суханрониҳои худ масъалаҳои гуногуни аҳамияти глобалӣ дошта, алалхусус, пешгирӣ аз терроризму экстремизм, гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир, баҳси кишварҳо барои обҳои байналмилалӣ, таъмини устувории ҳифзи муҳити зист, афзоиши аҳолӣ, тағйирёбии иқлим, густариши бемориҳои сирояткунанда ва ғайраро баррасӣ карда, ҷомеаи ҷаҳониро барои раҳои ёфтан аз проблемаҳои замони муосир ва ҳалли ин мушкилот даъват менамоянд.

Президенти Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон имрӯз Пешвои сиёсии аз ҷониби ҷомеаи ҷаҳонӣ эътирофшуда ва бонуфузи глобалӣ буда, на танҳо дар муайян кардани рӯзномаи сиёсати байналмилалӣ, балки барои ҳалли масъалаҳои доғи глобалӣ қодир ҳастанд. Дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид Антониу Гутерриш, ки соли 2017 ба давлати мо сафар намуда, ба ташаббусҳои ҷаҳонии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баҳои баланд дод.

Алалхусус, Ҷумҳурии Тоҷикистон бо дарназардошти афзун гардидани таваҷҷуҳи ҷомеаи ҷаҳонӣ ба масъалаҳои об ва муҳиммияти захираҳои обӣ барои ноил гардидан ба рушди устувор масъалаҳоро вобаста ба об дар рӯзномаи ҷаҳонӣ тавсеа мебахшанд. Ташаббусҳои мазкури Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати эҷоди заминаи устувор барои ҳамоҳангсозӣ ва ҳавасмандгардонии талошҳо ба мақсади ҳаллу фасли мушкилоти марбут ба мудирияти маъалаҳои об роҳандозӣ шудааст.

Бешубҳа, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон назари худро на танҳо доир ба ҳалли мушкилоти Ҷумҳурии Тоҷикистон, балки ба ҳалли мушкилотҳои тамоми сайёра баён менамояд.

Мавриди зикр аст, ки ҳуқуқи истифодаи обро ҳамчун сарвати табиӣ ва истифодаи онро барои рушди ҳаёти иқтисодӣ, истифодаи он барои коркарди нерўи барқ, хоҷагии қишлоқ ва ҳифзи он дар сатҳи зарурӣ барои ҳаёт масъалаҳои глобалӣ буд, ки маҳз тавассути Роҳбари давлати мо ба сатҳи масоили байналмилалӣ бароварда шуд. Албатта, манфиат аз он танҳо барои миллат ва давлати мо не, балки барои кулли инсоният буд ва мемонад. Зеро ҳаёти инсонӣ он дараҷае, ки ба об вобаста аст, он миқдор ба дигар неъматҳои табиӣ ва маънавӣ тавъам нест, вале бинобар омилҳои мухталиф шинохт ва ҳифзи ин неъмат аз назарҳо дур монда буд.

Бояд гуфт, ки Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон муаллифи чор ташаббуси бузурге мебошанд, ки дар сатҳи ҷаҳонӣ вобаста ба об татбиқ гардидааст:

1. Соли 2003 – Соли байналмилалии оби тоза, ки дар сессияи 55-ум бо Қарори Ассамблеяи Генералии СММ аз 20 декабри соли 2000 таҳти №55/196 қабул гардидааст.

2. Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои ҳаёт», 2005-2015, ки дар сессияи 58‐ум бо Қарори Ассамблеяи Генералии СММ аз 23 декабри соли 2003 таҳти №58/217 қабул гардидааст.

3. Соли байналмилалии ҳамкорӣ дар соҳаи об – 2013, ки дар сессияи 65-ум бо Қарори Ассамблеяи Генералии СММ аз 20 декабри соли 2010 таҳти 65/154 қабул гардидааст.

4. Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор», 2018-2028, ки дар сессияи 71-ум бо Қарордоди Ассамблеяи Генералии СММ аз 21 декабри соли 2016 қабул гардидааст.

Дарвоқеъ, ташаббусҳои ҷаҳонии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро дар масъалаи об, стратег ва дурандеш будани Роҳбари давлати моро дар сатҳи байналмилалӣ комилан собит сохт. Президенти кишвар масъалаҳои дохилии давлати Тоҷикистонро ҳамчун имконҳои табиии кишвар то сатҳои байналмилалӣ бароварда, ҷиҳати истифодаи самараноки онҳо дар олам ва Тоҷикистон пешниҳодҳои судманд намуда, диққати созмонҳои байналмилалӣ ва сармояи хориҷиро ба кишвар ҷалб намуданд. Масъалаҳои самаранок истифодаи ин сарвати бебаҳо ҳал гардиду ҳам проблемаи ҷидии экологии ҷаҳон рў ба беҳбудӣ овард.

Дар баробари ин, моҳи декабри соли 2022 Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид дар иҷлосияи 77-уми худ Қатъномаи «Соли 2025 — Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо»-ро, ки аз ҷониби Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбарӣ шуда буд, якдилона қабул кард.

Ташаббуси навбатии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро 153 давлати узви ин созмон ҷонибдорӣ намуд. Қабули чунин як қатъномаи барои ҷомеаи муосири ҷаҳонӣ муҳиму муфид мояи ифтихору сарфарозии ҳамаи тоҷикони ҷаҳон гардид.

Дар асоси ин Қатънома, 21 март ҳамчун «Рӯзи байналмилалии ҳифзи пиряхҳо» ва соли 2025 «Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо» эълон гардид ва қарори дар назди СММ таъсис додани Фонди боварии байналмилалӣ барои саҳмгузорӣ ба ҳифзи пиряхҳо ва соли 2025 доир намудани Конфронси байналмилалӣ оид ба ҳифзи пиряхҳо дар шаҳри Душанбе низ ба тасвиб расид. Ин ташаббуси Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои инсоният ва сайёраи мо воқеан, аҳамияти бузург дорад, зеро он ба ҳифзи табиат ва захираҳои обӣ, дар маҷмӯъ ба ҳифзи ҳаёти инсоният дар сайёраи мо равона шудааст.

Тавре маълум аст, ҳар як ташаббуси Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон на танҳо барои ҳимояи давлату миллати тоҷик, балки барои ҳифзи арзишҳои умумиинсонӣ нигаронида шудаанд. Ташаббусҳои оламшумули Сарвари давлат ва мақсаду мароми некашон аст, ки мардуми тоҷик дар арсаи ҷаҳон ҳамчун як миллати бузурги соҳибандеша шинохта шуд.

Дар баробарӣ ин, Сарвари давлат аз минбари баланди СММ пешниҳодҳои зиёде вобаста ба эҳёи арзишҳои миллӣ кардаанд, ки он аз ҷониби ҷомеаи ҷаҳонӣ ҳамовозӣ пайдо намуданд. Аз ҷумла, 19 феврали соли 2010 Маҷмаи умумии СММ бо пешниҳоди Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар кишварҳое, ки “Иди Наврӯз”- ро ҷашн мегиранд қатъномаеро қабул кард, ки тибқи он ҷашни Наврӯз мақоми байналмилалӣ касб намуд. Иди Наврӯз соли 2009 аз ҷониби Кумитаи ҳифзи мероси фарҳангии Созмони Милали Муттаҳид расман ба феҳристи ЮНЕСКО оид ба мероси башарияти фарҳанги ҷаҳонӣ дохил гардид. Баъдан, дигар арзишҳои фарҳангӣ, аз қабили таом ва либосҳои миллӣ, ёдгориҳои таърихии мо ба феҳристи ЮНЕСКО ворид гардид, ки ифтихори ҳар як сокини кишвар аст.

Бояд қайд намуд, ки зеҳни сунъӣ имрӯз яке аз муҳимтарин технологияҳо ба шумор меравад, ки метавонад роҳи рушди кишварҳоро куллан тағйир диҳад. Дар Осиёи Марказӣ, ки дорои захираҳои табиӣ ва имконоти бузург барои ҷиҳати рушди иқтисодӣ ва иҷтимоӣ, татбиқи технологияи зеҳни сунъӣ метавонад ба рушди устувор ва рақобатпазирии минтақа ёрӣ расонад. Дар ин замина, қатъномаи махсусе, ки бо пешниҳоди Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул шудааст, ба таҳкими иқдомҳо ва ҳамоҳангсозии механизмҳои татбиқи зеҳни сунъӣ бо ҳадафи ноил шудан ба натиҷаҳои равшан дар минтақа равона карда шудааст.

Боиси ифтихору сарфарозист, ки ташаббуси мазкур аз ҷониби Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни суханронӣ дар мубоҳисаҳои умумии Иҷлосияи 79-уми Маҷмаи Умумии СММ 24 сентябри соли 2024 пешниҳод гардида буд ва аз ҷониби Маҷмаи Умумии СММ «Нақши зеҳни сунъӣ дар фароҳам овардани имконоти навин барои рушди устувор дар Осиёи Марказӣ» аз 25 июли 2025, қабул шуд. Махсусан дар шароити ҷаҳони пуртаҳаввул ва рӯзафзуни рақобатпазир, татбиқи барномаву алгоритмҳои дақиқу инноватсионӣ зарур аст. Маҳз зеҳни сунъӣ ҳамчун маҷмуи абзору имкониятҳои рақамӣ метавонад воситаи татбиқи лоиҳаҳо ва сиёсати устувори рушди иҷтимоию иқтисодӣ гардад.

Воқеан ҳам маҳз дар заминаи ташаббусҳои байналмилалии аҳамияти глобалидоштаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон буд, ки имрӯз шаҳри Душанбе ва дигар манотиқи Тоҷикистон макони баргузории ҳамоишҳои гуногуни байналмилалию минтақавӣ қарор гирифтааст. Ин худ нишонаи истиқрори тадриҷии вазъ, эътироф ва эҳтироми сиёсати давлатдории роҳбарияти давлат мебошад.

Тавре маълум аст, Президенти кишвар барои ҳалли буҳрони сиёсии Афғонистон низ ҳамеша кушиш менамояд. Хусусан, дар ироаи Паёми солонаи худ ба Маҷлиси Олӣ Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон чунин таъкид намудаанд: “Мо чи аз тариқи минбарҳои байналмилалӣ ва чи дар доираи гуфтушунидҳо бо роҳбарони кишварҳои хориҷӣ ва созмонҳои байналмилалӣ пайваста даъват ба амал меорем, ки ба қазияи Афғонистон таваҷҷуҳи ҷиддӣ зоҳир карда шавад. Мо кӯшишҳои Ҳукумати Афғонистони дӯст ва ҷомеаи ҷаҳонро ҷиҳати роҳандозӣ намудани раванди музокироти сулҳ дар кишвар, ба эътидол овардани вазъи сиёсиву низомӣ ва таъмини рушди иҷтимоиву иқтисодии он ҳамаҷониба пуштибонӣ мекунем ва бори дигар изҳор медорем, ки қазияи Афғонистон танҳо роҳи ҳалли низомӣ надорад” .

Хатарҳои вобаста ба равандҳои ҷаҳонишавӣ, даҳшатангезию ифротгароӣ, гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир, ҷинояткории трансмиллӣ, офатҳои табииву техногенӣ ва мавқеъгириву таъсиррасонии на ҳама вақт мусбии абарқудратон барои Осиёи Марказӣ возеҳанд, зеро ин минтақа дорои сарватҳои бузурги ҳаётан муҳими иқтисодӣ ва мавқеи геостратегию геополитикӣ мебошад. Табиист, ки қудратҳои асосии ҷаҳонӣ барои ҳузур ва таъмини нақши худ дар минтақаи мо талош доранд. Мо бояд дар паҳлуи давлату ҳукумати худ бошем ва дастгири ташаббусҳои Пешвои муаззами миллати худ бошем. Ҳар ташаббуси Роҳбари давлат инъикоскунандаи манфиати ҳаётии кишвар ва ҷомеаи мост.

Роҳбари давлат бо дарки эҳсоси мушкилиҳои ҷойдоштаи дохиливу давлатӣ тавонистанд бо роҳи эътирофи байналмилал ин норасоиро бартараф намуда, аз як ҷониб сатҳи сиёсати мувозинати оламро ба ин неъмати бебаҳо, ки аз дигар сарватҳои табиӣ барои инсон қимматтару муқаддастар аст, арҷгузорӣ намуда, аз ҷониби дигар ҳалли масоили ҳалталаби ватани азизи худро осон намуданд. Ин корро танҳо сиёсатмадори дурандеш ва нухбаи сиёсати ҷаҳонӣ қодир аст. Зеро бо сатҳ, бузургӣ ва мақоми давлати мо дар байни кишварҳои ҷаҳонӣ роҳи ягонаи ҳалли масъала маҳз тавассути ҷалби назари ҷомеаи ҷаҳонӣ имкон дошт. Ин сиёсат идома дорад, мо албатта, натиҷаҳои онро дар ояндаи наздик эҳсос хоҳем кард.

Дар маҷмӯъ, таҳия ва татбиқи усуливу пайгиронаи стратегияи ҳамаҷониба асоснок ва санҷидаи байналмилалӣ бо дарназардошти ҳадафҳо ва манфиатҳои олии кишвар, ҳамчунин ҳамоҳанг сохтану омезиш додани онҳо бо ниёзҳо ва манфиатҳои глобалӣ сабабгори узви мустақил, фаъол, ташаббускор ва соҳибэҳтироми ҷомеаи ҷаҳонӣ гардидани Тоҷикистони соҳибистиқлол мебошад.

ҚОДИРОВА Зулайхо, ходими хурди илмии шуъбаи Осиёи Ҷанубӣ ва Шарқии

Институти омӯзиши масъалаҳои давлатҳои Осиё ва Аврупои Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон

МАНБАЪИ ИСТИФОДАШУДА:

1. Нақши зеҳни сунъӣ дар фароҳам овардани имконоти навин барои рушди устувор дар Осиёи Марказӣ https:ovardani-imkonoti-navin-baroi-rushdi-ustuvor-dar-osiyoi-markaz%D3%A3/ (санаи муроҷиат 11.10.2025)

2. Саидова Ф.С. Санъати суханварии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва нақши он дар таъмини ваҳдат ва суботи ҷомеа//Маҷалаи академии ҳуқуқ. - 2019,№4.

3. Паёми Президенти ҶТ ба Маҷлиси Олӣ.27.12.2017.

4. Ҳайдарзода Р. Ҷ. “Геостратегия ва геополитикаи Президенти Тоҷикистон дар даврони соҳибистиқлолӣ”. //Маҷаллаи «Осиё ва Аврупо»- №3 (19) -2024.-С.12.

5. Ҳайдарзода Р.Ҷ. Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон – ташаббускори ҳифзи пиряхҳо дар сатҳи глобалӣ https://www.osiyoavrupo.tj/tg/post/prezidenti-um-urii-to-ikiston-emomal-ra-mon-tashabbuskori-ifzi-piryah-o-dar-sat-i-global (санаи муроҷиат 11.10.2025.)

Иҷлосияи XVI Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон яке аз сарнавиштсозтарини рӯйдодҳои таърих муосири тоҷикон ба ҳисоб меравад. Ин иҷлосия Тоҷикистонро аз хатари ҷудошавӣ ва нобуд шудани сохтори давлатӣ наҷот дод, роҳбарияти нави сиёсиро ба вуҷуд овард, замина сулҳу ризоятро гузошт ва пояҳои давлатдории муосири миллиро устувор кард.

Ба ин хотир тақдири миллати тоҷик ва сароғози давлатдории навини тоҷикон дар сессияи XVI ҳали худро ёфт. Соли 1992 Тоҷикистон ба буҳрони сиёсӣ ва низоми амиқ гирифтор буд. Дар бисёри аз минтақаҳо бархӯрдҳои гурӯҳӣ, бархостҳои сиёсӣ ва зиддияти мусаллаҳона ба суботи амнияти миллӣ таҳдиди ҷиддӣ эҷод карда бошад сохторҳои давлатӣ амалҳои аз фаъолият бозмонда, идораҳои давлатӣ бо мушкилоти сахти идорӣ рӯ ба рӯ шуданд.

Хатари парокандашавии кишвар ва нобуд шудани пояҳои давлатдории тоҷикон ба миён омада буд. Дар чунин вазъ зарурати баргузор намудани сессияи фавқулод ава сарнавиштсозӣ парламент ба миён омад, то роҳҳои ҳаллу фасли буҳрон ва наҷоти давлат муайян карда шавад.

Муҳимтарин рӯйдодҳои ин сессия интихоби Эмомалӣ Раҳмон ба сифати Раиси Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва таъсири роҳбарии он ба сохти давлатдори тоҷикон буд.

Ин интихоб марҳилаи тозаи сиёсиро дар кишвар оғоз намуд, ки ба муттаҳитсозии ҷомеа, барқарорсозии сохторҳои давлатӣ ва роҳандозии музокироти сулҳ такон бахшид.

Таърихи минбаъда нишон дод, ки баромади роҳбарияти нав бо иродаи қавӣ ва сиёсати сулҳҷуёна ба суботи деринаи Тоҷикистон ба буҳрон гирифтор замина гузошт.

Суханрониҳои зерини Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бояд шиори зиндагии мову Шумо бошад: “Тоҷикистон алҳақ, як неъмати Худодод, як муъҷизаи табиат, як пора биҳишти рӯйи Замин аст. Мисли сарзамини мо табиати нотакрор, оби софу зулол, чашмаҳои ширин, кӯҳҳои зебову сарбаланди дорои сарватҳои бойи зеризаминӣ, набототу ҳайвоноти нодир дар ягон гӯшаи олам вуҷуд надорад. Пас месозад, ки шукри ҳар пора замину ҳар қатра обаш кунем ва ин ҳама дороияшро, ки сарчашмаи ҳаёти мост, оқилона истифода намоему тозаю озода нигоҳбон бошем”.

Имрӯзҳо шукрона ба Пешвои миллат менамоем, ки дар як давлати тенҷу ором зиндаги мекунем, фаъолияти кори дорем, ва аз пешравиҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон хело хурсанд мебошем.

Боиси ифтихор аст, ки Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамчун олими гуногунҷабҳаи Тоҷикистони навин ҳисоб рафта ба оламиён намунаи ибрат аст. Махсусан ташаббусҳои созандаи Пешвои миллат дар соҳаи об, пеш аз ҳама ба таҳкими ҳамкорӣ ва танзими муносибат дар соҳаи ҳаётан муҳим нигаронида шудааст. Гузашта аз ин, саъю талоши пайгиронаи Пешвои миллат барои барқарории сулҳу субот ва сарҷамъии миллӣ басо нодир ва арзишманд арзёбӣ мегарданд. Имрӯзҳо таҷрибаи сулҳи тоҷикон дар бобати ҳалли мусолиматомези низоъ ҳам аз лиҳози назариявӣ ва ҳам аз нигоҳи амалӣ ба сарвати илми сиёсатшиносии ҷаҳонӣ мубаддал шудааст. Таҷрибаи сулҳи тоҷикон, ғайр аз ин ки роҳи моро барои пешрафти минбаъда равшан кард, аҳамияти байналмилалӣ низ дорад ва метавонад ҷиҳати ҳалли мушкилоти кишварҳои гуногун мавриди истифода қарор гирад. Беҳуда нест, ки таҷрибаи мо дар самти таъмини сулҳ, ба Ватан ва макони зисти доимиашон баргардондани қариб як миллион гуреза ва ташкили ҳамгироии иҷтимоӣ аз тарафи ташкилоту созмонҳои бонуфуз, аз ҷумла Созмони Милали Муттаҳид, Созмони амният ва ҳамкорӣ дар Аврупо воқеъбинона арзёбӣ шуда, ҳамчун шеваи нодири сулҳофарӣ эътироф гардидааст.

Мо олимони Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон бовар мекунонем ба қадри меҳнату талошҳои Пешвои миллат мерасем ва сатҳи илми тоҷикро дар сатҳи баланд мебардорем.

Мирзораҳимзода А.К. доктори илмҳои биологӣ, ноиби президент – Раиси Шуъбаи илмҳои биологияи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон

Имсол миллати шарофатманди тоҷик 34-солагии истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистонро таҷлил гирифт. Ин ҷашн дар шароите таҷлил гардид, ки мафҳуму ормонҳои истиқлол, озодӣ, демократия барои нахбагони сиёсӣ, зиёиён ва тамоми мардуми Ватани азизамон равшантар ва масири расидан ба ин ҳадафу ормонҳо мушаххастар шуда ва ҳаракати ҳамагонию пурнишот барои пешрафти кишвар дар тамоми заминаҳои ҳаёти сиёсию иҷтимоию иқтисодию фарҳангӣ ва афзудан ба дастовардҳои беназире, ки давлат ва мардуми мо дар тӯли беш аз се даҳсола ба он ноил гаштаанд, идома дорад. Ва дар ин замина нақши сиёсати хориҷӣ ва дастгоҳи дипломатӣ бисёр калидӣ аст.

Хотиррасон кардани ин ҳақиқат, ки расидан ба истиқлоли миллӣ дар охирин даҳаи садаи бист барои миллати тоҷик на оғози давлатдорӣ, балки бозгашт ба саҳнаи сиёсати ҷаҳонӣ аст, хеле муҳим мебошад. Тоҷикистони имрӯз ҳамчун давлати соҳибистиқлол шакли эҳёшудаи Давлати Сомониён аст, ки ба иллати ҳаводиси таърих зиёда аз як ҳазору сад сол пеш аз арсаи сиёсати ҷаҳонӣ фурӯ афтод. Давлати Сомониён, дар навбати худ, шакли идомаёфтаи Давлати Сосониён буд, ки низ замоне бар пояи усули давлатдории Империяи Ҳахоманишӣ бунёд гашта буд. Тоҷикони Моваруннаҳр ва Хуросон, ки дар сарчашмаҳои таърихӣ «порс» номида мешаванд ва дар замони ҳукмронии арабҳо номи «тоҷик»-ро гирифтанд, ҳамон ориёиҳое ҳастанд, ки ҳамеша омили давлатҳо ва империяҳои бузург буданд, ки дар дунёи бостон ба вуҷуд омадаву фурӯ пошидаанд.

Ҳамон тавре ки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллати тоҷик Эмомалӣ Раҳмон иброз доштаанд, ифтихори тоҷикон аз решаҳои ориёии худ ҳаргиз маънои рӯҳияи истисногароӣ ё бартариҷӯйӣ ё, бадтар аз ин, нажодпарастӣ доштани тоҷикон набуда, як ҳисси одии ба ҳар инсон хоси қаноатмандиву ризоят аз ҳувияти таърихии худ аст. Оё боиси ифтихору ризояти мо – тоҷикону эрониёну афғонистониён – нест, ки маҳз ниёгони мо – ориёиёни бостон – на танҳо поягузори давлатҳо ва империяҳои аввалин дар ҷаҳон, балки эҷодкори нахустин эъломияи ҳуқуқи башар мебошанд?!

Устувонаи Куруши Бузург, ки ҳамчун нахустин эъломияи ҳуқуқи башар шинохта шуда, дар соли 1971 Созмони Милали Муттаҳид онро ба ҳамаи забонҳои расмии Созмон мунташир кардааст, нишонаи он аст, ки ниёгони мо нахустин бунёдгузорони ҳуқуқи башар, яъне низоми демократӣ ва дипломатия дар ҷаҳон, ба ҳисоб мераванд. Дар бахше аз ин дастур аз забони Куруши Бузург омадааст: «Артиши бузурги ман ба оромӣ вориди Бобул шуд, нагузоштам ранҷу нороҳатӣ ба мардуми ин шаҳр ва ин сарзамин ворид шавад. Онҳоро аз зери юғи асорат хориҷ сохтам, ба бадбахтиҳои онон поён бахшидам ва мо ҳамагӣ шодмона ва дар роҳи сулҳу оштӣ мақоми баланди худовандгори бузургро сутудем. Ман ҳамаи шаҳрҳоеро, ки вайрон шуда буданд, аз нав сохтам».

Фарҳанги инсондӯстӣ ва рӯҳияи некукории ориёиҳоро бисёре аз бузургони илму адаби ҷаҳон сутудаанд. Таърихнависи бузурги юнонии замони бостон Ҳеродот, ки пас аз асре аз даврони Куруши Бузург зиндагӣ кардааст, дар бораи ин абармард чунин менависад: «Ҳеҷ порсе ёфт намешавад, ки битавонад худро бо Куруш муқоиса кунад. Аз ин рӯ, ман китобамро дар бораи порсиён ва юнониён навиштам, то кирдорҳои шигифтангезу бузурги ин ду миллати азим ҳеҷ гоҳ ба фаромӯшӣ супурда нашаванд. Куруш сардори бузург буд. Дар замони ӯ порсҳо аз озодӣ бархӯрдор буданд ва бар бисёре аз миллатҳои дигар фармонравоӣ менамуданд, ба илова, ӯ ба ҳамаи миллатҳое, ки зери фармонравоии ӯ буданд, озодӣ мебахшид ва ҳама ӯро ситоиш мекарданд».

Ниёгони мо аз замонҳои бостон ба кишварҳои ҳамсоя эҳтиром мегузоштанд ва истиқлоли онҳоро ба расмият мешинохтанд ва то замоне, ки кишваре бо сарзаминашон сари ҷанг намебардошт ва даст ба ғорату чаповули мардум намезад, бо он кишвар равобиту бархурди сулҳҷӯёнаву мадорохоҳона доштанд. Зеро ҷавҳари ахлоқию инсонии ориёиён покӣ, ростӣ, некӣ, бахшояндагӣ ва муносибати дӯстонаву самимона бо ҳамнавъон буд.

Овардани суханони роҳбари Иттиҳоди Шӯравӣ дар солҳои 1924–1953 И.В. Сталинро, ки яке аз огоҳтарин шахсиятҳои замони худ буд ва бар тавсифу таърифи миллате ё шахсе хеле кам сухан гуфтааст, лозим мешуморем: «Тоҷикон миллати хоссе ҳастанд. Онон куҳантарин миллати Осиёи Миёна мебошанд. Маънои тоҷик тоҷдор аст. Ва тоҷикон арзанда будани худро ба ин ном собит кардаанд.

Дар миёни миллатҳои ғайрируси мусулмони Иттиҳоди Шӯравӣ тоҷикон танҳо миллати ғайритурк буда, эронинажод мебошанд. Тоҷикон миллате ҳастанд, ки андешаву фарҳангашон шоири бузурге чун Фирдавсиро зодаву парвардааст.

Тоҷикон дорои фарҳанги бостонӣ, истеъдоди баланди ҳунарӣ, ҳисси зариф ҳастанд, ки дар осори мусиқӣ, таронаҳо ва рақсу вашташон ошкор аст.

Тоҷикон як миллати ғайриодӣ, соҳиби фарҳанги бузургу қадимӣ ҳастанд ва дар шароити давлати шӯравии мо ононро ояндаи бузурге дар интизор аст. Ва кумак кардан ба онон дар ин амр вазифаи тамоми халқи Иттиҳоди Шӯравӣ мебошад».

Ҳақ ба ҷониби ин сиёсатмадори бузург аст. Мо, тоҷикон, бозмондагони ориёиён, Тоҷикистон – мероси муқаддаси ниёгонамонро бо корбурди ҳушу хираду фитрати фарҳангофаринӣ ва давлатофаринӣ, ки аз ниёгонамон ба мерос гирифтаем, дар роҳи расондан ба ояндаи бузург қадам мезанем. Он ояндаи бузурге, ки оғозаш рӯзи 9 сентябри соли 1991 гузошта шудааст.

9 сентябри соли 1991 дар таърихи миллати тоҷик рӯйдоди бузургу хуҷастае ба вуқӯъ пайваст – Ҷумҳурии Тоҷикистон истиқлоли худро эълом кард ва ҳамчун давлати мустақил вориди саҳнаи сиёсии ҷаҳон гардид. Акнун роҳбарони ҷумҳурӣ ва нахбагони сиёсиро лозим буд, ки бо истифодаи комил аз ин фурсати мусоиди таърихӣ пояҳои давлати навбунёди худро устувор сохта, барои баровардани ниёзу ормонҳои мардум самтҳои асосии сиёсати дохиливу хориҷии давлатро – бар асоси анъанаю суннатҳои дерини давлатдории миллии хеш – тарҳрезӣ намоянд ва Тоҷикистонро дар масири рушду тавсеа пеш баранд.

Тоҷикон бо бархӯрдорӣ аз мероси бузурги фарҳанги давлатдорӣ, ки аҷдоди хирадмандашон якчанд давлатҳои бузурги дорои дастгоҳҳои муназзамро поягузорӣ кардаанд ва бо хиради азалӣ ва тафаккури созанда ҳамаи имконро доштанд, ки дар кӯтоҳтарин муддат дар роҳи табдил додани Тоҷикистон ба кишвари воқеан соҳибистиқлол – бо тамоми мушаххасоти давлати демокративу ҳуқуқбунёду дунявӣ – муваффақ шаванд. Аммо ҷанги шаҳрвандӣ, ки бо иғвою фитнаи бегонагон дар хоки муқаддаси Тоҷикистон даргирифт, ҳаллу фасли ин масъалҳои муҳимро ба таъхир андохт. Танҳо пас аз баргузории Иҷлосияи сарнавиштсози XVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ба сари қудрати сиёсӣ омадани Эмомалӣ Раҳмон бунёду устувор сохтани пояҳои давлатдории навин аз сар гирифта шуд.

Иҷлосияи XVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар моҳи ноябри соли 1992 ба марҳалаи гардиши куллӣ дар таърихи навини Тоҷикистон – даврони поягузории Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҳамчун давлати соҳибистиқлол, – оғоз бахшид. Ин марҳала дар таърихи навини Тоҷикистон ҳамчун марҳалаи талошҳои ҷиддӣ дар роҳи хотима бахшидан ба ҷанги бародаркушӣ, сарҷамъ намудани миллати тоҷик ва фароҳам овардани заминаҳои ваҳдати миллӣ, поя гузоштан ба низоми сифатан нави давлатдорӣ дорои аҳамияти бузург аст. Дар ҳамин давра буд, ки сиёсати хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҳамчун муҳимтарин ҳавзаи ҳаёти сиёсӣ, ба шакл гирифтан оғоз кард.

Нақши Эмомалӣ Раҳмон дар равшан сохтани ҳадафҳои асосӣ ва усулҳои сиёсати хориҷӣ ва дипломатияи миллии Тоҷикистон бисёр муассир ва корсоз аст. Эмомалӣ Раҳмон асосгузор ва роҳбари воқеии сиёсати хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад. Вижагии сурату сират гирифтани сиёсати хориҷии Тоҷикистони навин ин аст, ки заминаи назариявии ин бахши муҳими ҳаёти давлатӣ на дар доираи коршиносон ва назарияпардозон, балки раҳораҳ, ҳангоми анҷоми фаъолиятҳои пурталошу пӯёи дипломатии Сарвари давлати Тоҷикистон эҷод шудааст.

Дар он шароити печидаву ҳассоси солҳои нахустини пас аз барқарории ҳукумати қонунӣ, ба тақозои вазъият ва ногузирии ҳарчи зудтар хотима бахшидан ба ҷанги бародаркушӣ, раҳо кардани кишвар аз буҳрони сиёсию иҷтимоию иқтисодӣ Сарвари давлатро лозим меомад, ки барои эҷоди ҳамкориҳои Тоҷикистон бо созмонҳои бонуфузи байналмилалӣ, пеш аз ҳамa бо Созмони Милали Муттаҳид, давлатҳои минтақа ва ҷаҳон, ба манзури дарёфти кумак ва ҷалби пуштибонии онҳо барои ҳаллу фасли масъалаҳои мубрами ҳаёти давлатӣ сафарҳои зиёде анҷом диҳад. Бардоштҳо ва хулосаҳои Сарвари давлат аз ин сафарҳо асоси нахустин назарияи сиёсати хориҷӣ ва дипломатияи миллиро ташкил намуданд, ки онро Сарвари давлати Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар таърихи 28 декабри соли 1993 аз минбари Иҷлосияи XVIII Шӯрои Олӣ эълом дошт.

Бо вуҷуди ин ки дар солҳои баъд таҳти роҳбарии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон санадҳои муайянсозанда ва танзимкунандаи усулҳои асосӣ, ҳадафу вазифаҳо ва самтҳои афзалиятноки сиёсати хориҷии кишвар таҳия гардидаву ба тасвиб расиданд, ин ғояҳои бунёдии консепсияи сиёсати хориҷӣ аҳамияту арзиши вижаи худро то ҳол ҳифз намудаанд.

Дипломатияи тоҷик дар тӯли давроне пас аз иҷлосияи XVIII Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки ин нуктаҳои бунёдии сиёсати хориҷӣ баён гардида буданд, ба дастовардҳои назаррас ноил гаштааст ва тибқи сиёсати усулии «дарҳои боз» равобит ва ҳамкориҳои густурда ва мутақобилан судмандро бо ҳамаи кишварҳои ҳавзаҳои мазкур ва дигар мамлакатҳои ҷаҳон ба роҳ мондааст. Натиҷаи чунин сиёсати ҳамгироӣ ва мутавозин аст, ки имрӯз Тоҷикистон узви созмонҳои бонуфузи минтақавӣ ва байналмилалӣ буда, бо зиёда аз 140 мамлакати дунё ҳамкориҳои иқтисодиву технологиву фарҳангиро ба роҳ мондааст.

Роҳи пурифтихори тайкардаи кишвари азизи мо ва дипломатияи тоҷик тайи замоне бештар аз 30 сол таҳти роҳбарии Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон роҳи ҳамвору осонгузаре набуд.

Яке аз пояҳои муҳими давлатдорӣ ҳамеша фаҳми сиёсати берун аз марзҳо будааст. Давлатмардони бузурги таърих онон будаанд, ки миёни воқеияти дохили марзҳо ва таҳаввулоти берун тавозуну таодул эҷод кардаанд. Имрӯзҳо ин масъала беш аз ҳар даврони таърихии дигар мубрам аст. Зеро дар шароити дунёи пур аз хатару чолишҳои имрӯз ҳеҷ кишваре, новобаста аз густурдагии ҳудуд, қудрат, нуфуз ё дигар вижагиҳояш, наметавонад ба танҳоӣ суботу амнияти худро таъмин намояд. Ҳамбастагӣ ва ҳамкорӣ вижагиҳои барҷастаи ин даврон мебошанд.

Агар давлатҳои ҷаҳон ба масобаи сохтаҳои алоҳидаи як муҷтамеи воҳид тасаввур шаванд, чолишҳои замони муосир, монанди терроризми байналмилалӣ, ифротгароии сиёсӣ ва мазҳабӣ, қочоқи маводи мухаддир, буҳронҳои иқтисодӣ ва бисёре аз шароити дигар, бар масали тӯфони фоҷиаборанд. Дар баробари ин фарояндҳои харобиовар давлатҳо метавонанд фақат дар ҳамбастагӣ истодагӣ кунанд ва ҷомеаҳоро аз хатару мушкилот эмин доранд. Бо таваҷҷуҳ бар ин вижагии замони муосир, Эмомалӣ Раҳмон аз рӯзҳои аввали омадани худ ба сари қудрат равобити зич бо созмонҳои байналмилалӣ ва ҳамёрӣ бо кишварҳои минтақа ва ҷаҳонро на танҳо омили муассири пешрафтҳои иқтисодии Тоҷикистон, балки ҳамчунин заминаи муҳими таъмини амният ва суботи кишвар муайян намуд.

Истеъдоди сиёсии Эмомалӣ Раҳмон дар ин воқеият низ зоҳир гардидааст, ки ӯ аз ибтидо суботи сиёсиву иқтисодии Тоҷикистон ва суботи кишварҳои ҳамсоя, минтақа ва умуман ҷаҳонро дарк намуд. Бар асоси ин фалсафа, ки моҳиятан диалектикаи тавсеаи давлат мебошад, Сарвари давлати тоҷикон аз нахустин рӯзҳои ба сарварии Тоҷикистон расидан равобити ҳамаҷониба, зич ва дӯстона бо ҷумҳуриҳои Иттиҳоди Шӯравии собиқро аз муҳимтарин ва афзалиятноктарин самти сиёсати хориҷии Тоҷикистон муайян намуд. Зеро бо диди амиқи сиёсӣ дарк менамуд, ки иҷрои вазифаҳои душвору печидаи бунёд ва таҳкими Тоҷикистони соҳибистиқлол ва эҷоди қудрати иқтисодии он бидуни ҳамкории сиёсию иқтисодии густурда бо кишварҳои пасошӯравӣ, ки то дирӯз дар фазои ягонаи иқтисодӣ қарор доштанд ва бо ҳазорон риштаҳои дар тӯли даҳсолаҳо шаклгирифта ба ҳамдигар пайваст мебошанд, имконнопазир аст.

Бо талошу кӯшиши пайгиронаи Эмомалӣ Раҳмон Тоҷикистон дар созмонҳои ҳамгироӣ – чи дар фазои пасошӯравӣ ва чи дар минтақа ва ҷаҳон, – аз ҷумлаи СММ, Иттиҳоди давлатҳои мустақил, Созмони Аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ, Созмони амният ва ҳамкорӣ дар Аврупо, Созмони ҳамкории Шанхай, Машварати ҳамкорӣ ва эътимод дар Осиё ва дигар созмону ниҳодҳои ҳамгироӣ, симои вижа ва ширкати фаъолона дорад.

Бо ба тарзи саҳеҳ мушаххас намудани самтҳои тавсеаи Тоҷикистон дар арсаи байналмилалӣ ва бо дар назар гирифтани мавқеияти ҷуғрофию геосиёсӣ, манфиатҳои миллӣ ва инчунин омилҳое, аз қабили равобити фарҳангиву таърихӣ, арзишҳои умумибашарӣ ва яксон будани манфиатҳо, Эмомалӣ Раҳмон равобити дӯстонаи Тоҷикистонро бо ҳамаи кишварҳо танзим намуд.

Дар натиҷаи чунин сиёсати хориҷии мутавозин равобити созанда бо Россия ва давлатҳои дигари пасошӯравӣ, кишварҳои форсизабони Эрону Афғонистон, Чин, ИМА, Ҳиндустон, Покистон, мамлакатҳои Аврупо, кишварҳои араб, Осиёи Шарқӣ ва Африқо роҳандозӣ гардид.

Дар сояи истеъдоди баланди сиёсатмадорӣ, назари борикбин ва жарфнигарии Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон асосҳои назариявӣ ва ҳуқуқии сиёсати хориҷӣ бо муҳтавои прагматикӣ ва воқеъбинона, ки самтҳои асосӣ, роҳу василаҳои татбиқи манфиатҳои дарозмуддати миллии Ҷумҳурии Тоҷикистонро муайян мекунад, ба вуҷуд оварда шуданд. Қонун «Дар бораи хизмати дипломатӣ», Консепсияи сиёсати хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон, дигар санадҳои марбут, ки бар мабнои Конститутсияи Тоҷикистон таҳия шудаву ба тасвиб расидаанд, баёнгари ҳадафҳо, вазифаҳо ва хостаҳои давлат ва мардуми кишвар дар роҳандозии сиёсати хориҷӣ ба манзури даст ёфтан ба манфиатҳои миллӣ мебошанд. Барои фаъолияти муассир ва пайгирии пайвастаи манфиатҳои миллии Тоҷикистон дар арсаи байналмилалӣ марҳала ба марҳала шабакаи густурдаи намояндагиҳои дипломатӣ ва консулгариҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон дар хориҷ аз кишвар ба вуҷуд оварда шуданд.

Яке аз вижагиҳои мумтози сиёсати хориҷии Тоҷикистон сиёсати «дарҳои боз»-и эъломнамудаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон мебошад. Сиёсати хориҷии шаффоф ва усули «дарҳои боз» мусоидат ба он намуданд, ки Тоҷикистон узви шоистаи созмонҳои байналмилалӣ гардад ва равобити сиёсӣ ва ҳамкориҳои судмандро бо аксари давлатҳои ҷаҳон ба роҳ андозад. Тоҷикистон имрӯз дар арсаи сиёсати ҷаҳон симои хоси хешро дорад ва ҳамчун узви соҳибэътибори ҷомеаи ҷаҳонӣ шинохта шудааст.

Аз ҷониби ҷомеаи ҷаҳонӣ дастгирию пуштибонӣ шудани ибтикорҳои Тоҷикистон дар шахси Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон, бавижа дар ҳаллу фасли масъалаҳои обу энергетика, мубориза бар зидди терроризм, ифротгароӣ ва муомилоти ғайриқонунии маводи мухаддир, аз байн бурдани мушкилоти Афғонистон, баёнгари мавқеи вижаи Тоҷикистон дар низоми равобити байналмилалӣ ва обрӯи баланди роҳбари кишвари мо дар назди маҳофили сиёсии ҷаҳон аст.

Бо таваҷҷуҳ ба имкониятҳои беҳудуди энергетикаи обӣ, Эмомалӣ Раҳмон таъмини истиқлолияти энергетикиро яке аз самтҳои муҳимтарини стратегӣ ва афзалиятноки иқтисодии мамлакат муайян намуд. Дар давоми солҳои гузашта дар ин замина корҳои зиёде анҷом гирифта, дар нуқоти гуногуни мамлакат садҳо неругоҳҳои барқи обии хурд сохтаву ба истифода дода шудаанд ва бунёди неругоҳҳои хурди зиёде дар дасти кор мебошад.

Натиҷаи сиёсати оқилона ва дурбинонаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ва обрӯю эътибори ӯ чун сиёсатмадори сулҳофарин ва таъмингари суботи сиёсиву иҷтимоӣ аст, ки бо иштироки сармояи давлат ва ширкатҳои бонуфузи Федератсияи Россия неругоҳи барқи обии «Сангтӯда-1» ва бо ҷалби сармояи Ҷумҳурии Исломии Эрон ва маблағгузории дохилӣ неругоҳи барқи обии «Сангтӯда-2» бунёд гардиданд, хаттҳои баландшиддати интиқоли барқ кишида шуданд, роҳҳо, пулҳо, нақбҳои мошингузар, корхонаҳои зиёди ватанию муштарак сохта шуданд.

Роҳбарияти Тоҷикистон ва шахсан Президент Эмомалӣ Раҳмон, ҳамчун Раиси Анҷумани тоҷикон ва форсизабонони ҷаҳон, бо ҳамватанони бурунмарзиамон робитаи мустақим барқарор намуда, онҳоро дар иқдомҳои созандаи фарҳангию иқтисодӣ ширкат медиҳад. Ҳамватанони бурунмарзӣ, ки дар гӯшаю канори гуногуни ҷаҳон кору зиндагӣ мекунанд ва Тоҷикистонро хонаи умеди худ медонанд, ҳамеша аз дастгирию пуштибонии давлати Тоҷикистон бархӯрдор ҳастанд.

Сиёсати хирадмандона ва фарогири Сарвари давлат имкон фароҳам овард, ки мардуми тоҷик, бо аз сар гирифтани рисолати олии тамаддунсозии хеш ва бо такя ба арзишҳои волои миллӣ ва арзишҳои фарҳанги муосири сиёсӣ, фасли тозаеро дар таърихи давлатдории дерини худ бинависад.

Имрӯз бо ифтихор метавон гуфт, ки дар муддати кӯтоҳи таърихӣ дар роҳи таҳкими рукнҳои давлати воқеан соҳибистиқлол, демократӣ, дунявӣ ва иҷтимоии Тоҷикистон иқдомҳои муассир ба вуқӯъ пайвастаанд, самтҳои асосии сиёсати дохиливу хориҷии давлат, бо ба инобат гирифтани манфиатҳои миллӣ, муайян шудаанд. Дар тамоми соҳаҳои ҳаёти ҷамъиятӣ, аз ҷумла дар бахшҳои иқтисодиву иҷтимоӣ, барномаҳои густурдаи рушду тавсеа амалӣ мегарданд.

Итминон аст, ки Тоҷикистони азиз бо сарварии Президенти кишвар, Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар солҳои наздик, бо бархӯрдорӣ аз рӯҳияи кӯшандаи мардум, дар сояи давлати демокративу ҳуқуқбунёд ва дар ҳамкориҳои густурда бо мамлакатҳои ҷаҳон ва созмонҳои байналмилалӣ ба пешрафтҳои бештаре аз ҳоло даст меёбад ва дар сафи кишварҳои мутараққии ҷаҳон мақоми шоистаи хешро касб менамояд.

САЙИДЗОДА Зафар Шералӣ, мудири шуъбаи кишварҳои ИДМ-и Институти омӯзиши масъалаҳои кишварҳои Осиё ва Аврупои Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, мушовири давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Фиристодаи Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон, доктори илмҳои таърих

Ташаккули худшиносии миллӣ яке аз масъалаҳои муҳимтарине ба ҳисоб мерафт, ки Пешвои муаззами миллат мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз рӯзҳои нахустини давлатдорӣ таваҷҷӯҳи ҷиддӣ зоҳир намуданд. Албатта, ин мавзӯъ бисёр фарох аст. Инҷо танҳо таваҷҷӯҳи хонандаи азизро ба якчанд корнамоиҳои Пешвои миллат, ки воқеан тавониста ҳуввияти миллии шаҳрвандони моро баланд бардорад ҷалб мекунем. Миллати тоҷик дар таърихи башарӣ нақши тамаддунофар ва созандагии худро исбот намудааст. Гузаштаи он аз қаъри ҳазорсолаҳо паёми дӯстӣ, меҳру муҳаббат, илму маориф, ақлу хирад, зиракиву заковат ва фарҳангу маданиятро ба наслҳои минбаъда мерасонад.

Пешвои миллат ҳангоме, ки Президенти ҷумҳурӣ таъин гардиданд фазои фарҳангии Тоҷикистон ба ҳамагон аз саҳифаҳои таърих маълум аст, ки дар таъсири ҳодисаҳои таърихӣ арзишҳои миллии мо аксарият рӯ ба нестӣ ниҳода буданд ва воқеаҳои ҷанги шаҳрвандӣ низ ба мафкураи ҷомеа таъсири зиёде гузошт.
Бо таъкиди Пешвои муаззами миллат: “Омӯхтани таърих танҳо ба хотири донистани гузашта нест, балки он дурнамоест, ки роҳи ояндаи миллат ва пешомадҳои давлатиро равшан намуда, барои худогоҳии миллӣ, ваҳдату ягонагӣ ва рушди тафаккури таърихии наслҳои оянда хизмат мекунад”. Ин буд, ки барои рӯ овардани мардум ба гузаштаи худ ва худшинос гардидани ҷомеаи Тоҷикистон якчанд корҳои бузургеро анҷом доданд, ки чанде аз онҳо мавриди зикр аст:
Якум гузоштани аввалин муҷассамаи асосгузори давлатдории тоҷикон Исмоили Сомонӣ мебошад. Рӯзи 6 сентябри соли 1999 дар Душанбе аввалин муҷассамаи асосгузори давлатдории тоҷикон Исмоили Сомонӣ қомат афрохт. Дар майдони Дӯстӣ дар (собиқ майдони ба номи Ленин ва "Озодӣ"), дар қисми марказии ноҳияи маъмурии Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе, ба муносибати таҷлили 1100 - солагии ҷашни давлати Сомониён - аввалин давлати тоҷикон, муҷассамаи амири аввалини давлати тоҷикон (Давлати Сомониён) - Исмоили Сомонӣ сохта шуд. Майдон соҳиби номи нав – майдони "Дӯстӣ" гардид. Пас аз ин қариб дар ҳамаи минтақаҳои кишвар ҳайкалҳои ин қаҳрамони халқи тоҷик гузошта шуданд.
Мавриди зикр аст, ки гузоштани муҷассамаи амири аввалини давлати тоҷикон (Давлати Сомониён) - Исмоили Сомонӣ дар худшиносии мардуми тоҷик таккони ҷиддӣ бахшид. Хурду калони ҷумҳурӣ бо ифтихор аз назди ин муҷассама гузар мекунанд.
Дуюм шинохтани қаҳрамонҳои миллати худ, ки барои ҳар як соҳибватан нақши меҳварӣ дорад мукофотонидани шахсони бузурги миллати тоҷик бо унвони олии Қаҳрамони Тоҷикистон мебошад. Садриддин Айнӣ, Бобоҷон Ғафуров, Мирзо Турсунзода, Нусратулло Махсум, Шириншоҳ Шоҳтемур бо ин унвони олӣ мукофотонида шуданд. Худи Пешвои миллат, ки воқеан арзандаи ин унвони олӣ ҳастанд соли 1999 барои мустаҳкам намудани давлатдории соҳибистиқлол ва пойдории сулҳ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон бо унвони олии Қаҳрамони Тоҷикистон мукофотонида шудааст.
Бояд таъкид намуд, ки дар марҳилаи аввали шаклгирии давлат-миллат, чунин як сиёсат, яъне қаҳрамонсозӣ ба хотири ваҳдату якпорчагӣ, эҳёи фарҳанги миллӣ, худшиносӣ ва сохтани як миллати воҳид зарур буд.
Қаҳрамонҳои Тоҷикистон дар худшиносии наслҳои имрӯзу оянда нақши муҳим доранд. Онҳо касонеанд, ки ҳузурашон ва вуҷудашон барои миллати мо ҳаётист. Қаҳрамонҳои Тоҷикистонро миллат муҳтарам медонад ва аз маҳбубияти табиии мардум бархурдор мебошанд. Онҳо барои истиқлоли андеша ва озодии фард фарди ин миллат талош ва заҳмат намудаанд.
Сеюм Пешвои миллат ба номҳои кучаю хиёбонҳо, шаҳрҳо, ноҳияҳои Тоҷикистон таваҷҷӯҳ намуданд, ки тамоми кучаю хиёбонҳо, шаҳрҳо, ноҳияҳои Тоҷикистон барои тоҷикиятро дар вуҷуди ҳар фарди ҷомеаи Тоҷикистон рушд доданд ба тоҷикӣ номгузорӣ карда шуданд. Аксарият номҳои ба фарҳанги миллати тоҷик бегона дар тамоми саросари ҷумҳурӣ иваз карда шуданд.
Чорум фарҳанги номгузориро дар наслҳои имрӯзу оянда зери назорат гирифтанд. Ному насаб яке аз нуктаҳои асосии худшиносии миллӣ барои ҳар шаҳрванд ва миллату давлат мебошад. Қисми зиёди аҳолии ҷаҳонро ба шунидани номашон миллату давлаташон муайян мегардад. Ин далели он аст, ки ному насаб дар баробари муаррифии шахс инчунин муаррифгари миллату давлат ҳисобида мешавад.

Ҳукумати кишвар баъди соҳибистиқлолӣ баҳри ҳифзи анъанаҳо ва расму русуми миллӣ пардохтанд, ки қатори онҳо масъалаи номгузории тоҷикӣ ҳам шомил шуд. Ин иқдом, ки асоси дифоъ аз масъалаҳои миллиро дар бар мегирад, аввалин бор соли 2007 аз ҷониби Президенти кишвар роҳандозӣ гардид. Пешвои миллат аз аввалинҳо шуда, ному насабашро аз Раҳмонов Эмомалӣ Шарифович ба Эмомалӣ Раҳмон иваз намуд. Аз баҳори соли 2007 мардуми равшанфикру дорои ҳиси миллӣ ба гузоштани номҳои тоҷикӣ ва гирифтани пасвандҳои “ов”, “ова”, “ович”-у “овна” аз ному насабашон оғоз карданд. Инчунин, дар Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи ба қайдгирии сабти асноди ҳолати шаҳрвандӣ” ба хотири ҳифзи масъалаҳои миллӣ ва ҷорӣ намудани номҳои тоҷикӣ чанд тағйирот низ ба амал омад.
Панҷум Пешвои миллат ҷиҳати устувории забони тоҷикӣ талош варзиданд. Ин забон бо тавонмандӣ солҳои сангину пурошӯбро убур кард ва маҳз дар даврони Истиқлолият бо пуштибонию роҳнамоии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иқтидор пайдо карда, чун дарахти пургул ҷило дод. Аз ин лиҳоз, нақши Эмомалӣ Раҳмон дар мавқеи устувор пайдо кардану шукуфо гардидани забони тоҷикӣ ҳамчун забони давлатӣ дар даврони Истиқлолият хеле барҷаста мебошад. Ба ин китобҳои “Ҳастии миллат- забони миллат”, “Чеҳраҳои мондагор”, “Дин ва ҷомеа”; “Аз ориён то Сомониён”, суханрониҳои Пешвои муаззам бахшида ба Рӯзи забон ва ғайраҳо далел шуда метавонанд, ки саршор аз арзишҳои олии илмианд. Мавқеи устувор пайдо кардани забони тоҷикӣ ҳуввияти ҳар фарди тоҷикро баланд гардонид.
Шашум таваҷҷӯҳи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба бузургдошти Имоми Аъзам. Воқеан, таваҷҷӯҳ ба ин шахсият ин рӯ овардан ба гузаштаи арзандаи шахсиятҳои тоҷик аст. Имоми Аъзам бидуни шакку шубҳа аслан тоҷике аз сарзамини тамаддунхези Хуросони Бузург, саҳеҳтар гӯем, аз шарқи ин хиттаи бузург будааст, ки дар он ҷо аҷдоди асили тоҷикон зиндагӣ доштанд ва фарҳанги пурбори ҷаҳоншумулро эҷод намуданд. Хидмати ӯ махсусан дар ҳифз ва тақвияти асолати таърихӣ ва фарҳангии халқи мо бесобиқа бузург ва шойистаи қадрдонист. Зиндагию корномаи Имоми Аъзам ва таълимоти абадзиндаи ӯ, ки паҳлуҳои гуногуни ҳаёти динӣ-фарҳангии кишварро чун ойина равшан сохта, моро барои анҷом додани рисолати созандагӣ роҳнамойӣ мекунанд, аҳамияти бузурги ҳаётӣ доранд.
Ҳафтум арҷгузорӣ ба арзишҳои таърихӣ, фарҳангӣ ва расму оинҳои мардумӣ, инчунин баргузории солгарди бузургони илму адаб, сиёсат, маориф ва фарҳанги гузаштаву муосир, тарғибу ташвиқ, таҳқиқ ва таълими осору афкори онҳо ва ҳифзи мероси адабию фарҳангӣ ва таърихиву илмӣ дар даврони соҳибистиқлолии мамлакат, бешубҳа, аз сиёсати дурандешона ва фарҳангпарваронаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон сарчашма мегиранд. Бо мақсади густариши эҳсоси ватандӯстиву ифтихори миллӣ ва болоравии сатҳи маънавиёти ҷомеа бо ибтикори Пешвои миллат солгарди фарзандони фарзонаи миллат, аз қабили 1150-солагии сардафтари адабиёти классикии форсу-тоҷик Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ, 1000-солагии Носири Хусрав, 675-солагии Камоли Хуҷандӣ, 800-солагии Мавлоно Ҷалолиддини Балхӣ, 1310-солагии Имоми Аъзам Абуҳанифа, 600-солагии Нуриддин Абдураҳмони Ҷомӣ, 700-солагии мутафаккири барҷастаи Шарқ Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ таҷлил гардиданд. Ҳамзамон, санаҳои таърихиву фарҳангии 2500-солагии Истаравшан, 2700-солагии Кӯлоб, 3000-солагии Ҳисори Шодмон дар сатҳи байналмилалӣ ҷашн гирифта шуданд.
Ҳаштум Пешвои муаззами миллат мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Тоҷикистонро дар арсаи байналмилалӣ муаррифӣ намуда, дар ҳалли масъалаҳои минтақавию ҷаҳонӣ дар мисоли ҷонибдорӣ аз сулҳ дар сайёраи замин ва масъалаҳои иқлим пешниҳодҳои назаррас намуданд. Ҳамзамон, чандин ёдгориҳои таърихии Тоҷикистон ба феҳристии ҷаҳонии Юнеско ворид карда шуданд.
Нуҳум Пешвои муаззами миллат ҷиҳати саводнок намудани ҷомеа баргузории чандин озмунҳои ҷумҳуриявӣ ба монданди "Фуруғи субҳи донои китоб аст", " Илм фуруғи маърифат", "Тоҷикистон ватани азизи ман" ва ғайраро роҳандозӣ намуданд ва маблағҳои калон барои баргузории онҳо ҷудо намуданд.

Даҳум Пешвои муаззами миллат ҷиҳати руй овардан ба таърихи миллат чопи китобҳои гаронбаҳои "Тоҷикон" - и устод Бобоҷон Ғафуров ва "Шоҳнома" - и безаволи устод Абулқосим Фирдавсиро ба роҳ монда ба тамоми аҳолии Тоҷикистон тақдими онро дастур доданд.
Бояд таъкид намуд, ки созандатарин иқдомҳои Пешвои миллат дар ташаккули худшиносии ҷомеаи Тоҷикистон бешуморанд. Дар муддати 33 соли соҳибистиқлолӣ Ҷумҳурии Тоҷикистон дигар шуд, нав шуд, қабои ҷадид ба сар кашид. Арзишҳои бадастомадаи даврони истиқлолият ва корнамоиҳои беназири Пешвои миллат дар роҳи худшиносии мардуми тоҷик зиёданд ва ҳар яки он ба таври алоҳида таҳқиқу баррасии ҷудогонаро тақозо мекунад.
Тоҷикистони соҳибистиқлол дар партави сиёсати хирадмандонаю фарҳангпарваронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва ташаббусҳои ҷаҳонии ин шахсияти таърихӣ тавонист ҷойгоҳи шоистае дар арсаи минтақавию байналмилалӣ аз нигоҳи фарҳангию иттилоотӣ низ барои худ касб намояд. Дар замони ҷаҳонишавӣ пуштибонӣ аз фарҳангу ҳувият ва арзишҳои миллӣ яке аз самтҳои асосӣ барои пойдорию муаррифии миллат ба шумор меравад, ки хушбахтона, Пешвои миллат барои тоҷику тоҷикона будани миллат корҳои зиёдеро анҷом доданд ва амалинамоии чунин иқдомҳои бузургро идома дода истодаанд.

АБДУМУМИНЗОДА Ситора, номзади илмҳои педагогӣ, Мудири шӯъбаи кор бо магистрантон, докторантони PhD ва унвонҷӯёни ИФСҲ АМИТ.

Дар таърихи ҳар як миллат шахсиятҳое ҳастанд, ки бо фаъолияти созанда ва фидокоронаи худ роҳи инкишофи давлатро муайян мекунанд. Дар таърихи нави Тоҷикистон чунин шахсият Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мебошанд. Ба хотири арҷгузорӣ ба хизматҳои бузурги он кас дар роҳи сулҳ, ваҳдат ва давлатсозӣ, бо қарори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон соли 2016, 16 ноябр Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон эълон карда шуд. Рӯзи Президент, ҳамчун яке аз ҷашнҳои муҳими давлатӣ дар тақвими расмии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷой гирифтааст. Ин рӯз на танҳо ҷашни арҷгузорӣ ба шахсият аст, балки рамзи сулҳу ваҳдат, ифтихори миллӣ, меҳри Ватан ва устувории пояҳои давлатдорӣ мебошад.

Рӯзи Президент яке аз ҷашнҳои муҳими давлатӣ ва миллӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳисоб меравад. Ҳар сол 16 ноябр мардуми Тоҷикистон ин рӯзро бо эҳтирому ифтихор таҷлил менамоянд. Ин сана ба қадршиносӣ аз хизматҳои бузурги Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, дар роҳи таҳкими давлатдории миллӣ, барқарорсозии сулҳу субот ва ваҳдати тоҷикон бахшида шудааст.

Пайдоиш ва таърихи Рӯзи Президент
Баъди соҳибистиқлол гардидани Тоҷикистон, солҳои аввали истиқлол барои давлат ва миллат солҳои бисёр душвор буданд. Ҷанги шаҳрвандӣ кишварро ба буҳрони сиёсӣ ва иқтисодӣ гирифтор намуда буд. Дар чунин шароити вазнин 19 ноябри соли 1992 дар Иҷлосияи XVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Раиси Шӯрои Олӣ интихоб гардиданд. Ин рӯйдод оғози давраи нави сулҳҷӯӣ ва давлатсозӣ дар Тоҷикистон гардид.

Бо иқдоми созанда ва сиёсати хирадмандонаи Пешвои миллат сулҳу субот ба Тоҷикистон баргашт. Барои арҷгузорӣ ба ин хизматҳои таърихӣ, соли 2016 Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Қонун «Дар бораи Рӯзи Президент»-ро қабул кард ва тибқи он, 16 ноябр — Рӯзи Президент эълон шуд.

Сабаби ба ин рӯз рост омадани чунин ҷашни муборак дар он аст, ки маҳз дар ҳамин рӯзи таърихӣ, яъне 16-уми ноябри соли 1994 Пешвои маҳбуби миллат, муҳтарам Эмомалӣ Рахмон бори нахуст ҳамчун Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар назди халқу Ватан Савганд ёд карданд. Дар ҳамин сол дар аввалин Конститутсияи Тоҷикистони соҳибистиқлол, ки аз тарафи мардум қабул карда шуд, шакли идории Тоҷикистон ба шакли Ҷумҳурии президентӣ табдил дода шуд.
Рӯзи Президент танҳо як санаи тақвимӣ нест, балки рамзи эҳтиром ба давлати миллӣ, сулҳ, ваҳдат ва рушди устувори Тоҷикистон мебошад. Ин рӯз моро водор месозад, ки ба арзишҳои истиқлолият, ваҳдати миллӣ ва худшиносии ватандорӣ эҳтиром гузорем.

Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон бо сиёсати дурандешона тавонистанд Тоҷикистонро аз вартаи ҷанг наҷот дода, онро ба кишвари амну осуда ва рӯ ба тараққӣ табдил диҳанд. Бо роҳбарии оқилонаи Пешвои миллат Тоҷикистон дар самтҳои иқтисодӣ, иҷтимоӣ, фарҳангӣ ва байналмилалӣ пешравиҳои назаррас ба даст овард.

Ҷашни Рӯзи Президент дар кишвар
Ҳамасола дар тамоми гӯшаҳои Тоҷикистон Рӯзи Президент бо тантана таҷлил мегардад. Дар ин рӯз дар муассисаҳои таълимӣ, идораҳо ва муассисаҳои фарҳангӣ чорабиниҳои тантанавӣ, конфронсҳо, маҳфилҳои илмию фарҳангӣ ва вохӯриҳо бо ҷавонон баргузор мешаванд.
Ҷавонон дар ин чорабиниҳо дар бораи зиндагӣ, фаъолияти сиёсӣ ва нақши Пешвои миллат дар таҳкими давлатдории миллӣ маълумот мегиранд. Ин ҳама барои боло бурдани ҳисси ватандӯстӣ ва ифтихори миллӣ мусоидат мекунад.
Нақши Рӯзи Президент дар тарбияи насли нав Барои ҷавонон Рӯзи Президент на танҳо як ид, балки мактаби ватандӯстӣ ва сабақи садоқат ба Ватан мебошад. Он ба насли нав мефаҳмонад, ки сулҳ ва оромӣ неъмати бузург аст ва бояд онро бо меҳнату дониш ҳифз кард.
Пешвои миллат ҳамеша ҷавононро ояндаи дурахшони кишвар мехонанд ва онҳоро ба донишандӯзӣ, заҳматкашӣ ва ифтихори миллӣ даъват мекунанд. Аҳамият ва мазмуни Рӯзи Президент Рӯзи Президент барои мардуми Тоҷикистон рамзи миннатдорӣ аз сулҳ, ваҳдат, оромӣ ва рушди давлат мебошад. Ин ҷашн мардумро ба қадр намудани арзишҳои истиқлолият, ваҳдати миллӣ ва ватандӯстӣ даъват мекунад.
Дар муассисаҳои таълимӣ, корхонаҳо ва муассисаҳои давлатӣ бахшида ба ин рӯз чорабиниҳои гуногун баргузор мегарданд:
• конференсияҳо ва семинарҳои илмӣ;
• барномаҳои фарҳангӣ ва намоишномаҳо;
• гузоштани гулчанбар ба муҷассамаҳои Пешвои
миллат;
• намоишгоҳҳои таърихӣ ва суҳбатҳо дар бораи сулҳу ваҳдат.
Ҷавонон, ки ояндаи миллатанд, дар чунин рӯзҳо аз зиндагӣ ва фаъолияти Пешвои миллат ибрат мегиранд ва масъулияти худро дар назди Ватан бештар эҳсос менамоянд.

Хулоса
Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷашне мебошад, ки боиси ифтихори миллӣ, эҳтиром ба давлатдорӣ ва арҷгузорӣ ба заҳматҳои Пешвои миллат мегардад. Ин рӯз моро ба ваҳдат, меҳнати созанда ва муҳаббат ба Ватан раҳнамун месозад.
Ҳамасола таҷлил шудани ин сана нишони эҳтиром ва шукргузории мардум аз сулҳу оромӣ ва истиқлолияти миллӣ мебошад.
Бешубҳа, Рӯзи Президент барои ҳар як шаҳрванди Тоҷикистон рӯзи ифтихор ва худшиносии миллӣ аст.

Собирова Мавзуна Буриевна- лаборанти калони Агентии амнияти ХБРЯ-и АМИТ

Ба даст овардани истиқлолияти давлатӣ дар таърихи навини Тоҷикистон яке аз саҳифаҳои дурахшони таърихи сиёсии кишвар ба шумор меравад. Дар ибтидои солҳои 90-уми асри ХХ замони эълон гардидани соҳибистиқлолии Тоҷикистон дар кишвар вазъи сиёсӣ, иҷтимоӣ ва иқтисодӣ дар шароити хеле душвор қарор дошт, ки аз омилҳои асосии монеа эҷодкунанда, дар раванди ба низоми муқарраргардидаи ҳуқуқӣ даровардани ҳаракату ҷунбишҳои ба вуҷудомадаи сиёсӣ ва тақдири муносибатҳои байниҳамдигарии ояндаи онҳо, иборат буд.

Буҳрони сиёсӣ дар ҷумҳурӣ, ки гӯё баъд аз соҳибистиқлол гардидани Тоҷикистон бартараф карда шуда буд, бо нерӯи нав ва ҷалби ҳизбу ҳаракатҳову ташкилотҳои мухталиф барои расидан ба мақсадҳои ғаразноки худ зери таъсири омилҳои дохиливу берунӣ авҷ гирифт. Дар охири моҳи апрели соли 1992 вазъият дар шаҳри Душанбе ба ҳадди ниҳоӣ шиддат гирифт. Хатари бархурди гирдиҳамомадагони ду майдон афзуд. Қасри Президенти ҷумҳурии вақт аз ҷониби мухолифини зидди ҳукуматӣ иҳота карда шуда, кормандони он аз тарафи саркардагону иштирокчиёни майдони “Шаҳидон”, ки асосан аз аъзоёни ҳизби наҳзати исломӣ (ТТЭ ҲНИ) буданд, гаравгон гирифта шуданд.

Дар моҳи майи соли 1992 мухолифин садди роҳи дастрасии маводи хӯрока, ки ба шаҳри Душанбе аз манотиқи гуногуни кишвар барои гирдиҳамомадагони майдони “Озодӣ” ворид карда мешуд, мегирифтанд. Мухолифин, ки асосан аз саркардагону пайравони наҳзти исломӣ иборат буданд, барои дарёфти маводи хӯрока ба мағозаҳо ва барои дастрас намудани яроқу аслиҳа ба шуъбаҳои корҳои дохилии шаҳри Душанбе ва ноҳияҳои гирду атрофи ҳуҷум менамуданд.

Оҳиста-оҳиста оташи ҷанг дар манотиқи гуногуни Тоҷикистон, хусусан дар қисмати ҷанубии кишвар доман паҳн намуд. Мардуми баъзе ноҳияҳои ҷануби Тоҷикистон хонаву дари худро партофта, ҳамчун гуреза ба кишвари Афғонистон тарки ватан намуданд.

Баъд аз маҷбуран ба истеъфо равон кардани Президент Р. Набиев вазъи сиёсӣ-иҷтимоии кишвар боз ҳам мушкилтар гардид. Дар раванди авҷи рӯйдодҳо ва вазъияти муташанниҷ дар моҳи октябри соли 1992 садҳо нафар мусаллаҳони Фронти халқӣ бо сардории С. Кенҷаев аз самти ноҳияи Ҳисор вориди шаҳри Душанбе гардида, аз Ҳукумати мусолиҳаи миллӣ (моҳи майи соли 1992 таъсис дода шуда буд) ва аз Шурои Олӣ даъвати иҷлосияи ғайринавбатии парлумонро талаб намуданд.

Пас аз созишномаҳову муҳокимаҳои бардавом бо гурӯҳҳои мухталифи мусаллаҳ, мақомоти давлатӣ ва ғайраҳо, даъвати иҷлосияи XVI ғайринавбатии Шурои олии Ҷумҳурии Тоҷикистонро Президиуми Шурои Олии кишвар санаи 16 ноябри соли 1992 дар шаҳри Хуҷанд таъин намуд.

Рӯзномаи асосии иҷлосияро асосан, хотима бахшидан ба хунрезӣ, ҷангӣ бародаркуш, барқарор кардани Ҳукумати қонунии Тоҷикистон, инчунин интихоби роҳбари арзанда, ки метавонад мардумро ба ояндаи ободу дурахшони давлати тозаистиқлол роҳнамоӣ кунад, ташкил дод.

Иҷлосияи XVI Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва санадҳои меъёрии ҳуқуқии дар раванди иҷлосияи тақдирсоз қабулгардида, дар баробари он, ба интихоби дурусти роҳбари ояндасози кишвар барои ҳифзи давлатдории миллӣ ва рушди ояндаи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар солҳои минбаъда заминаи асосӣ гузошт. Намояндагони мардумӣ шахсиятеро сарвари давлат интихоб намуданд, ки садоқату адолат ва далериву шуъоъатро пешаи кори худ мепарварид ва бо лаҳни бурро, маҳорату далерӣ дар дили мардуми шуълаи умеду боварӣ аз ояндаи амн афрӯхт.

Маҳз ибтикороти садоқатпеша ва сарҷамъкунандаи Сарвари тозаинтихоб ва сулҳофару сулпарвар буд, ки зимни амалӣ сохтани савганди хеш, миллати азияткашидаву аз ҷанги хонумонсӯз беҳолу беҷомондаро аз парокандагӣ наҷот дода, ҳазорон гурезагон ва мардуми ба ғурбат гирифторгардидаро сарҷамъ намуд.

Маҳз талошу заҳматҳои шабонарӯзии Эмомалӣ Раҳмон - Сарвари сулҳофар буд, ки пас аз 9 марҳилаи баргузории музокироти миёни тоҷикон 27 июни соли 1997 дар шаҳри Москва Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ ба имзо расид.

Воқеан, сулҳу салоҳи тоҷикон беназир аст, зеро он роҳи ба ҳам расидани тарафҳои даргирро кашф намуд. Имрӯз сулҳи тоҷикон аз намунаҳои камназири ҳаллу фасли низоъҳои дохилӣ дар ҷаҳон арзёбӣ мегардад.

Боиси тазаккур аст, ки сиёсати сулҳпарваронаи Эмомалӣ Раҳмон ҳамчун маҷмуи мукаммали арзишҳои давлатӣ ва иҷтимоӣ то ба имрӯз амалӣ гардидаистода, ҳадафи асосии он таъмини амният, устувории миллӣ, арҷгузорӣ ба таърихи куҳанбунёд, арзишҳои милливу фарҳангӣ ва рушди инсонӣ мебошад.

Бо мақсади тақким ва густариши ваҳдату ягонагии миллӣ ва амну суботи ҷомеа, санаи 27-уми июн ҳамчун “Рӯзи Ваҳдати миллӣ” ҳамасола дар кишвар ҷашн гирифта мешавад, ки ифодакунандаи фарҳанги сулҳофариву ҳамдигарфаҳмӣ ва арзиши маънавии ҷомеаи кишвар мебошад.

Дар самти сиёсати хориҷӣ бошад, имрӯз Ҷумҳурии Тоҷикистон бо сарварии Пешвои муаззами кишвар Эмомалӣ Раҳмон ҳамчун меъмори сулҳ дар ҷомеаи ҷаҳонӣ мақоми хосаро дорад. Ҷумҳурии Тоҷикистон дар доираи созмонҳои байналмилалӣ, аз ҷумла СММ, СААД, СҲШ, ИДМ ва ғайраҳо ҳамчун давлати фаъол иштирок менамояд. Мисоли он, ибтикори ҷаҳонии сулҳофариву сулҳомези Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо пешниҳоди қабули Қатънома оид ба “Даҳсолаи таҳкими сулҳ ба хотири наслҳои оянда», ки аз минбари баланди Созмони Милали Муттаҳид моҳи сентябри соли 2024 садо дод, аз он шаҳодат медиҳад. Чун манотиқи гуногуни ҷаҳони муосир дар гирдоби ҷангу низоъҳои мусаллаҳона қарор доранд, ибтикороти роҳбари давлати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳат сулҳ ва хотима бахшидан ба ҷангу низоъ сари вақтӣ арзёбӣ мегардад.

Маврид ба зикр аст, ки дар тӯли солҳои соҳибистиқлолӣ таҳти роҳбарии Эмомалӣ Раҳмон сулҳу ваҳдат заминаи идеологияи миллии давлатдорӣ гардида, дар илми тоҷик мафҳуми “сулҳи тоҷикон” дар баробари падидаи сиёсӣ буданаш, ҳамчун арзишҳои ахлоқӣ, фарҳангиву иҷтимоӣ мавриди омӯзиш қарор гирифтааст.

Дар воқеъ, метавон зикр намуд, ки Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар таърихи давлати соҳибистиқлоли тоҷикон ҳамчун Сарвари сулҳофару сулҳпарвар, меъмори ваҳдати миллӣ ва асосгузори давлатдории навин ҷойгоҳи арзанда доранд. Зеро сулҳе, ки ӯ дар солҳои 90-уми асри гузушта барои миллати тоҷик овард, натиҷаи иродаи устувор, хиради воло, пеш аз ҳама нишонаи эҳсоси баланди ватандӯстӣ ва масъулияти таърихӣ мебошад.

Имрӯз, парчами сулҳ, ки дар фазои Тоҷикистони соҳибистиқлол парафшонӣ дорад, ҳифзи он вазифаи муқаддаси ҳар шаҳрванди кишвар маҳсуб меёбад.

Салимов А.Ҳ., ходими калони илмии шуъбаи Иттиҳоди Давлатҳои Мустақили

Институти омӯзиши масъалаҳои давлатҳои Осиё ва Аврупои АМИТ

Барои миллати тоҷик дар охирин даҳаи қарни бистум, солҳои 1990-ум, ки он вақт Тоҷикистон қадамҳои нахустинашро дар ҷодаи соҳибистиқлолӣ мегузошт ва бо хатари нобудшавии давлат ва миллат рӯ ба рӯ омад, ниёз ба шахсияти наҷотбахш ва тавоно ба миён омад. Ҳазорон шукр, ки аз миёни фарзандони миллати куҳанбунёди мо чунин шахс пайдо шуд. Ва ин шахс Эмомалӣ Раҳмон аст. Агар шуҷоату мардонагӣ ва ҷуръати сиёсии Эмомалӣ Раҳмон намебуд, аз даст додани истиқлоли давлатӣ як амри воқеӣ буд.

Насли калонсол ва миёнаи мамлакати мо ҳанӯз ба равшанӣ дар хотир доранд, ки оғози истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, алалхусус нимаи дуввуми соли 1992, дар таърихи навини халқи тоҷик бо чи ошуфтагӣ, беқонунӣ, ҳараҷу мараҷ ҳамроҳ буд. Дар ин айёми мусибатбор Тоҷикистонро аз фано шудан, ба маънои воқеии ин калима, фосилае ба қадри як сари мӯй ҷудо мекард.

Дар мамлакат беҳокимиятӣ ва бесарусомонии сиёсӣ ҳукмрон буд. Минтақаҳои ҷанубӣ ва пойтахти мамлакат аслан дар дасти гурӯҳҳои ғоратгари мусаллаҳ қарор доштанд. Мардум ба сабаби даргириҳои байни гуруҳҳои мусаллаҳ дар тарсу ҳарос ва изтироб ба сар мебурданд. Ҳокимони давр – онҳое, ки то дирӯзи наздик худро «хизматгори халқ» меномиданд, аз вазъи ноором ва барояшон «мусоиди» кишвар истифода бурда, бо азхудкунии моликияти давлатӣ машғул буданд ва коре ба ҳоли ошуфтаи мардуми мусибатзада надоштанд.

Ҷанги бемаънии шаҳрвандӣ ва вазъи ҷиноии кишвар, ки Тоҷикистонро ба як сарзамини доғ табдил дода буданд, аз обрӯи миллати тоҷик мекостанд ва мо бо номи нангини як миллати ҷангҷӯ вориди саҳнаи сиёсати байналмилалӣ мешудем.

Дар ин лаҳзаҳои ғамангез Эмомалӣ Раҳмон, ҳамчун наҷотдиҳандаи миллат ва давлат, ба майдони сиёсати ҷаҳонӣ ворид шуд. Мардуми тоҷик дар шахси намоядагони худ дар Парлумони кишвар ягона қадами дуруст ва бехато гузошт ва сарнавишти миллат ва давлати тоҷиконро ба дасти ҷавони ватандӯст, ҷасур ва хирадпеша Эмомалӣ Раҳмон супорид. Маҳз дар ҳамон рӯзҳои поёни тирамоҳи соли 1992, 19 ноябр, бо ба сари қудрат омадани фарзанди баномус ва сиёсатмадори ҷавон Эмомалӣ Раҳмон нуқтаи атфи наҷоти Тоҷикистон ба вуқуъ пайваст. Ҳанӯз аз рӯзҳои аввал барои мардуми мамлакат аён гардид, ки дастгоҳи идораи киштии зиндагии миллат дар дасти қавии инсони боэътимод супорида шудааст ва Ватан, миллат ва тамоми мардуми кишвар яқинан ба вартаи нобудӣ, ки бадхоҳони миллат барояшон омода карда буданд, фурӯ нахоҳанд рафт.

Хидмати бузурги Эмомалӣ Раҳмон дар назди миллати шарифи Тоҷикистон ва таърихи миллат дар он аст, ки ин шахси нодир ва сиёсатмадори дурандеш дар шароити печида ва муракабби муноқишаҳои ҳамватанӣ ва ҷанги таҳмилӣ давлатдории тоҷикон ва бақои давлатро аз парешонӣ ва фано шудан ҳифз намуд. Аз ин рӯ бо итминони комил метавон гуфт, ки Эмомалӣ Раҳмон наҷотбахши миллати тоҷик ва давлати тоҷикон аст. Маҳз шахсияти Эмомалӣ Раҳмон дар баробари фитнаи душманони миллати тоҷик, ки дар давраҳои гуногуни таърихӣ халқи моро борҳо ба гирдоби хун кашида буданд, қодир ба истодагарӣ гардид. Ва ин дафъа бо хости сарнавишт дар раъси давлати мо шахсияте қарор гирифт, ки ғайричашмдошти бисёриҳо тамоми ҳадафҳои бадхоҳони миллати моро барбод дод.

Бо хондани ин сатрҳо дар хонандаи гиромӣ суоли мантиқӣ ва барҷое метавонад пайдо шавад, ки чаро маҳз Эмомалӣ Раҳмон, ки дар он замон ҳеҷ таҷрибаи фаъолият дар зинаҳои баланду олии идораи давлат надошт, роҳбари Тоҷикистон интихоб гардид?

Бояд ин нуктаро таъкид кард, ки дар он рӯзҳои ошуфта ва пурфоҷеаи ҷанги шаҳрвандӣ, ки роҳбарияти ҷумҳурӣ яке аз паси дигар иваз мешуд, вале дар пешорӯи алангаи ҷанг бечора мемонд, касе аз сиёсатмадорон ҷуръат намекард, ки масъулияти душвори қатъ кардани ин фоҷеаи миллатро ба зиммаи хеш гирад.

Эмомалӣ Раҳмон бидуни дудилагӣ, бо мардонагӣ ва бо шуҷоати фавқулода бар дӯши худ масъулияти вазнини хотима додан ба ҷанги бародаркушӣ, бунёди появу асосҳои конститутсионӣ ва эҳёи давлатдориро гирифт. Эмомалӣ Раҳмон ба хубӣ дарк мекард, ки дар он шароите, ки Тоҷикистон қарор гирифта буд, яъне дар вазъияте, ки давлат фақат дар рӯи коғаз вуҷуд дошт ва, дар асл бошад, тамоми рукнҳои давлатдорӣ корношояму фалаҷ шуда буданд ва ё умуман вуҷуд надоштанд, таърих ва сарнавишт барояш рисолати бузург, вале ниҳоят душвори бунёд намудани давлати навинро гузоштааст.

Биёед, биандешем оё осон буд, ки як сиёсатматдори таҷрибаи кофӣ надошта чунин масъулиятро ба дӯши худ бигирад? Агар ҳам, ки он чиро Эмомалӣ Раҳмон дар тӯли як давраи кӯтоҳе дар поягузории аркони давлат анҷом дод, сарфи назар кунем, фақат ҷуръати инсониаш ва тасмими қавиаш, ки бори гарони эъмори давлатро бар дӯш гирифт, худаш қаҳрамонӣ аст.

Хушбахтона, умеди мардум ба навмедӣ накашид. Ва Эмомалӣ Раҳмон бидуни таамул ва бо иродаи матин ба муқобили ҷангу хунрезӣ паёми сулҳу ризоияти миллиро ҳамчун зербинои давлатдорӣ ташхис дод ва алорағми қувваҳои адоватпешаи дохиливу хориҷӣ, ки ҷиддан мекӯшиданд, то оташи ҷанг дар Тоҷикистон хомӯш нагардад, ба иқдом пардохт. Кӯшишҳои пайгирона ва талошҳои шабонарӯзии Сарвари давлати Тоҷикистон, ки дар фазои ҷонибдории тамоми мардуми Тоҷикистон сурат мегирифт, марҳала ба марҳала кишвари моро ба сӯи мақсуд раҳнамун сохт.

Бо такя ба дониши амиқи вазъи мавҷуда дар мамлакат, Эмомалӣ Раҳмон ба хулоса омад, ки нахуст якпорчагии мамлакатро бояд таъмин намуд ва баъдан роҳҳои пешбурди иқтисодӣ, сиёсӣ ва фарҳангии кишварро пеш гирифт, ҷанбаҳои хоси рушди онро ҷустуҷӯ намуд. Вазифаи муҳимтарини хешро низ дар он медид, ки ҳувияти дар асари ҷангу хунрезӣ ва парешонии ақидавӣ дургаштаи мардумро бозгардонад, ваҳдату пайванди пойдори афроди ҷомеаро эҷод намояд ва бо баҳрагирӣ аз ин ягонагиву ваҳдат рушду тавсеаи иҷтимоӣ, сиёсӣ, иқтисодӣ ва фарҳангиро ба роҳ андозад ва дигар ҳеҷ гоҳ нагузорад, ки бадхоҳони миллати тоҷик саҳнагардони хоки муқаддаси Ватани мо шаванд.

Таъкиди ин нукта муҳим аст, ки дар он шароити буғранҷи буҳрони сиёсӣ ва парешонии ақидавӣ, ки дар мамлакат ҳукмрон буданд, ва дар вазъе, ки тамоми мақомоту сохторҳои ҳокимияти давлатӣ аз ҳам рехтаву корношоям буданд, он чи Эмомалӣ Раҳмон аз обод кардани мулк ва сарҷамъ намудани миллат ҳарф мезад, хаёлпардозие бештар дарёфт намешуд. Он рӯзҳо чи дар мамолики ҳамсоя ва чи дар кишварҳои дур, чун сухан аз Тоҷикистон мерафт, пуристеъмолтарин калимот «фано шудан», «дар оташи ҷанги ҳамватанӣ сӯхтан», «то охирин тоҷик ҷанг кардан»... буд.

Ва дар воқеъ ҳам ба ҳақиқат пайвастани ин «пешгӯиҳо» аз эҳтимол дур набуд. Аз эҳтимол дур набуд – дар он сурат, ки агар аз миёни миллати тоҷик шахсияте пайдо намешуд, ки масъулияти наҷоти Ватан ва хотима додан ба ҷанги бародаркуширо бар уҳда гирад. Ва низ муҳим ин ки тавонад, ҳамватанонро даъват кунад, то аҳамияту арзиши иқдомҳои ӯро дарк намуда, бо саҳмгирии мустақимашон сарнавишташонро ба дасти худ гиранд ва аз тасмимоту фаъолиятҳои Сарвари давлат, ки ба хотири онҳо анҷом медиҳад, огоҳ бошанд, ба моҳияти онҳо пай бибаранд ва манфиатҳои миллӣ ва ватанашонро аз ҳар чизе болотар гузоранд.

Инсонҳо, бавижа ҷавонон, дар ҳар замоне барои расидан ба муваффақият ва камоли инсонӣ ниёзманд ба намунаҳои ибрат ҳастанд. Дар кишвари мо шахсият ва корномаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон беҳтарин сармашқҳо барои афроди ҷомеа дар тамоми арсаҳои зиндагӣ мебошанд. Ахлоқи неку, меҳрубонӣ ба ҳамватанон, устуворӣ, фазилат, бурдборӣ дар рафъи мушкилот, ки аз вижагиҳои шахсиятии Пешвои миллат ҳастанд, метавонанд барои такомули фард – ҳамчун шаҳрванд ва ҳамчун инсони дорои ахлоқу маънавиёти баланд – нақши бузург ифо намоянд.

*****

«Мегӯянд, ки корномаи як роҳбари сиёсии воқеиро метавон ба чаҳор марҳала тақсим кард: дар аввал ба ӯ таваҷҷуҳ намекунанд, баъд ба вай бо тамасхур менигаранд, сипас бо ӯ мубориза мебаранд. Ва саранҷом ӯ пирӯз мегардад». Ба дурустии ин суханҳои Маҳатма Гандӣ мо дар мисоли роҳбари сиёсии кишварамон – Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон – бовар пайдо кардаем.

Дар аввалҳо барои ин ба Эмомали Раҳмон таваҷҷуҳ намекарданд, ки мепиндоштанд зери бори вазнини мушкилоти зиёди тақрибан ҳалнопазири сиёсию ҳарбию иҷтимоӣ ё худаш ба зудӣ аз мансаби Сарвари давлат даст мекашад ва ё ӯро маҷбур мекунанд, ки ба истеъфо равад. Зеро шоҳиди он буданд, ки дар тӯли як давраи кӯтоҳе пас аз ба истиқлол расидани кишвар ду Президенти ҷумҳурӣ, чаҳор Раиси Шӯрои Олӣ ва панҷ Ҳукумат барканор шуданд. Илова бар ин, авзои кишвар аз вазъияти як сол пеш бамаротиб печидатар ва шароит сахттар гашта буд.

Баъдан ба Эмомалӣ Раҳмон ба ин сабаб бо тамасхур менигаристанд, ки медиданд ин сарвари ҷавон дар вазъияте, ки кишвар ҳанӯз дар гирдоби ҷангу хунрезӣ даступо мезад, даҳҳо ҳазор одамон бехонаю сарпаноҳ мондаву садҳо ҳазор ҷилои Ватан карда, дар мулкҳои бегона овора буданд, бо хушбоварии фавқулода аз сулҳу оштӣ, ҳамдиливу ҳамдигарфаҳмӣ, ваҳдати миллӣ, ояндаи дурахшони кишвар ва дигар ҳадафҳои бузург сухан мегуфт. Дар он рӯзҳо барои бисёриҳо тасаввури чунин ҳадафҳо воқеан ҳам душвор буд, зеро мепиндоштанд, ки ин ҳадафҳои бузург дастнаёфтанӣ мебошанд. Ҳатто баъзе аз онҳое, ки дар сохторҳои муҳими идораи давлат фаъолият мекарданд, ба фарҷоми муваффақиятомези иқдомҳои роҳбари давлат чандон бовар надоштанд.

Сипас барои он бо Эмомалӣ Раҳмон ба мубориза бархостанд, ки мехостанд ӯро аз саҳнаи сиёсат дур андозанд, то ба ин васила пеши ҷараёни солимсозии вазъи сиёсию ҷамъиятиро, ки бо тадбиру иқдомҳои ин сиёсатмадори матин беш аз пеш ба суръаташ афзуда мешуд, бигиранд, Тоҷикистонро дигарбора оғӯшта ба хоку хун кунанд, андешаҳои вопасгароёнаи худро ба миллати бофарҳанги тоҷик таҳмил намоянд ва кишварро ба фалокату бадбахтӣ бикашонанд.

Ва саранҷом Эмомалӣ Раҳмон ба пирӯзӣ расид! Барои он ба пирӯзӣ расид, ки дар ҳамаи кораш, ҳамаи иқдомаш ва азму талошаш ба ду омил – қудрати мардум ва тавоноиҳои фардии худ – такя кард.

Ҳамин такя ва бовар ба мардуми меҳан ва тавоноии дарунии хеш ба Эмомалӣ Раҳмон дар фаъолияти сахту душвораш дар роҳи расидан ба ҳадафҳову ормонҳои поку воло ба хотири саодату хушбахтии миллат шуҷоат, устуворӣ ва мардонагӣ бахшид.

Вақте Эмомалӣ Раҳмон Сарвари давлат интихоб гардид, на таҷрибаи кофии сиёсӣ дошт, на бар маҳфилҳои бузурги сиёсатмадорони ҷаҳон ворид буд, ки бо шахсиятҳои варзида маслиҳату машварат кунад, ва на узви ҳизби қудратманде буд, ки бар хатти он такя намояд. Такягоҳи ӯ танҳо мардуми кишвар буд. Ҳимояту пуштибонии мардум, ҷалби эътимоди онҳо, корбасти тавонмандиҳо ва неруи лоязоли халқ барои ҳаллу фасли хостаҳою ниёзҳои ҳаётии ҷомеа ба Эмомалӣ Раҳмон кумак карданд, то ҳамаи тадбирҳо ва иқдомҳои сулҳсозона ва зиндагисозонаи худро бомуваффақият ба ҳадаф расонад.

Дар такя ба мардум Эмомалӣ Раҳмон, ҳамчун фарзанди падару модари заҳматкаш, парвардаи обу хок ва муҳити меҳнату машаққати кишоварзон, халқро, ба маънои комили ин вожа, мешинохт ва онро қудрати бузург медонист. Ӯ муддатҳо пеш аз ба сиёсат рӯй овардан ба чунин ақида расида буд, ки агар роҳбари сиёсии тавонманду доное ба саҳна ояд ва тавонад, ки дар партави роҳу равиши равшан мардуми кишварро дар атрофи худ муттаҳид созад, ин мардуми ватандӯст, заҳматкаш ва бономусу шараф қодир аст Тоҷикистонро ба кишвари пешрафтаю ободу шукуфо табдил диҳад.

Эмомалӣ Раҳмон, ки чаҳор даҳа умри худро дар миёни мардуми заҳматкаш гузарондаву худ низ аҳли талошу заҳмат буд, наметавонист ҳатто тасаввури онро дошта бошад, ки сарнавишти худро аз сарнавишти мардуме, ки бо онҳо зиста буд ва ҳамеша шарики шодиву сурур ва ғаму андуҳи онон буд, ҷудо кунад. Ҳамин андеша ӯро ба сиёсат овард, то барои беҳбудии зиндагии халқи заҳматкаш хидмат кунад.

Дар такя ба худ Эмомалӣ Раҳмон равшантарин намунаи худбовариро, ки танҳо хислати инсонҳои неруманду тавоност, нишон дод. Ӯ ҳанӯз дар нахустин ҳафтаҳо ва моҳҳои раёсати худ бо ҷасорату мардонагию қотеият дар иҷрои нақшу масъулиятҳои худ собит кард, ки қодир аст дар сахттарин ва мушкилтарин шароити сиёсию ҳарбӣ даст ба иқдомҳои ҷасурона занад ва бо камтарин имконияти идорию низомӣ дар кӯтоҳтарин муддат вазъро ба эътидол оварад.

Ҳамин худбоварӣ ва огоҳӣ аз тавонмандиҳои даруниаш буд, ки Эмомалӣ Раҳмон дар марҳалаи барои сарнавишти давлату миллат хатарноки тирамоҳи соли 1992, дар мавқее, ки андаке монда буд Ватани мо ғарқ дар хуни фарзандони хеш гардидаву аз назарҳо нопадид шавад, рисолати наҷоти кишвар ва миллатро бар дӯш гирифт. Ин дар шароите буд, ки касе, ҳатто, онҳое, ки ба қавле устухонашон дар сиёсат сахт шуда буд, ҷуръати ба зимма гирифтани чунин масъулиятро надоштанд.

Ҳамин худбоварӣ ва эътиқоди устувор ба тавоноии шахсиятии хеш буд, ки Эмомалӣ Раҳмон дар пеши мардуми кишвар савганди фарзандӣ ёд кард ва изҳор намуд, ки дар кишвар сулҳу оромиро ҳатман барқарор хоҳад кард. Ӯ ин суханҳоро дар шароите ба забон оварда буд, ки Тоҷикистон на сохторҳои нерууманди қудратӣ дошт, на артиш дошт ва на мақомоти роҳбарии коромад!

Ҳамин худбоварӣ ва эътимод ба ҷасорату ҷавонмардии хештан буд, ки Эмомалӣ Раҳмон – ба хотири ҳарчи зудтар хотима бахшидан ба мухолифатҳо – бидуни заррае тарс ба маҳалҳои хатарноки ҷанг ва ба гуфтушунид бо ифротитарин сардорони силоҳбадастон мерафт, аз ҳеҷ гуна сӯиқасде ба ҷонаш ва эҳтимоли ҳалок гардидан намеҳаросид.

Ҳамин худбоварӣ ва такя ба истеъдодҳояш буд, ки Эмомалӣ Раҳмон корҳои бузургеро, ки бисёриҳо имконнопазир мешумориданд, имконпазир кард, аз монеаҳое, ки мепиндоштанд рахнанопазиранд, гузашт, ба ҳадафҳое, ки барои аксар дастнорас менамуданд, расид.

Муҳимтарин нукта дар пирӯзиҳои Эмомалӣ Раҳмон ин аст, ки илова бар ин ки худаш саршор аз худбоварӣ ва тавонмандиҳои маънавӣ аст, рӯҳияи худбовариро дар мардум низ бедор кард, ҳушмандию ибтикору эҳсоси масъулияти онҳоро ба ҳаракат овард, ҳамватанонро ба ҷидду ҷаҳд ба хотири бозшиносии ҷойгоҳи иҷтимоиашон ташвиқ намуд, ба мардум роҳи саҳеҳи расидан ба ҳадафҳоро нишон дод.

Шахсияти бисёрҷонибаи Эмомалӣ Раҳмон, ахлоқи писандида, шуҷоат, мардонагӣ ва ҳамоҳангии қавлу амалаш боис шуданд, ки мардум ба ӯ зуд эътимод пайдо карданд. Зеро медиданд, ки ин сарвари ҷавон бо шоистагии як роҳбари сиёсии хирадпеша ниёзҳои асосии ҷомеаро ташхис медиҳад ва ба ҳаллу фасли ин ниёзҳо дар ҳадди имкон талош мекунад. Медиданд, ки ӯ бо мардум пайваста дар иртибот аст ва мехоҳад дардҳою ранҷҳои халқро аз наздик эҳсос кунад, то бо огоҳӣ аз воқеият хостаҳои афроди ҷомеаро ба таври матлуб пайгирӣ намояд.

Эмомалӣ Раҳмон бо ин ҳама хусусиятҳо ва вижагиҳо дар баробари мардум ба сифати сармашқ ва намунаи ибрат қарор гирифт ва батадриҷ худтавонмандию иқтидори маънавии ӯ ба қишрҳои гуногуни ҷомеа интиқол ёфт ва ҳамагонӣ гардид. Ва, муҳимтар аз ҳама, миёни мардум ва Сарвари давлат пайванди рӯҳию маънавӣ ба вуҷуд омад Ин пайванди рӯҳию маънавӣ нуқтаи таҳаввулли миллати тоҷик гардид ва ҳамбастагӣ байни афроди миллату давлат бештар ва устувортар шуд. Бар асари ин таҳаввули равонию маънавӣ ва бо такя ба хосту иродаи мардум Эмомалӣ Раҳмон аз қитъаҳои азҳампошида Тоҷикистон сохт, ба кишвар азамату шукӯҳ бахшид ва ҷойгоҳи давлати тоҷиконро дар арсаи ҷаҳон устувор гардонд.

Имрӯзҳо 33 сол аз замони баргузории иҷлосияи таърихии XVI Шурои Олӣ мегузарад. Тоҷикистон, ки дар оғози истиқлоли худ ҳаммонанди ниҳоли навкошта пояаш суст ва дар пеши тундбодҳои ҳаводис ларзон буд, акнун мисли дарахти тануманду решадорест, ки устуворию иқтидорашро касе дар дунё наметавонад инкор кунад. Пешрафтҳои азиме, ки давлат ва миллати мо дар арзи солҳои гузашта дар тамоми арсаҳои сиёсию иқтисодӣ ва иҷтимоию илмию фараҳангӣ ба даст овардаанд, нишон медиҳанд, ки кишвари мо роҳи саҳеҳу итминонбахшро ба сӯи рушду тараққӣ дар пеш гирифтааст.

САЙИДЗОДА Зафар Шералӣ, мудири шуъбаи кишварҳои ИДМ-и Институти омӯзиши масъалаҳои кишварҳои Осиё ва Аврупои Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, мушовири давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Фиристодаи Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон, доктори илмҳои таърих

Тамоми донишу таҷрибаамро барои дар ҳар хона ва ҳар оила барқарор шудани сулҳ равона карда, барои гулгулшукуфии Ватани азизам садоқатмандона меҳнат мекунам. Барои ноил шудан ба ин нияти муқаддас агар лозим шавад, ҷон нисор мекунам, чунки ман ба ояндаи Ватанам ва ҳаёти хушбахтонаи халқи азияткашидаам бовар дорам.

Эмомалӣ Раҳмон

Мусаллам аст, ки Эмомалӣ Раҳмон шахсияти калидӣ дар таърихи муосири Тоҷикистон буда, ба ҳайси Президент ва Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат фаъолият доранд.

Нақши Эмомалӣ Раҳмон дар ташаккули стратегияи сиёсати хориҷӣ ва ҳалли масъалаҳои глобалӣ, аз қабили захираҳои об апрзёбӣ муҳим мебозад.

Саҳми Эмомалӣ Раҳмон дар навсозии ҷомеаи муосири тоҷик аз таҳкими ҳувияти миллӣ, таъмини субот ва рушди иқтисодӣ ва муаррифии Тоҷикистон дар арсаи байналмилалӣ иборат аст.

Сиёсати Эмомалӣ Раҳмон ба барқарорсозии кишвар пас аз ҷанги шаҳрвандӣ, ташкили низоми идораи давлатӣ, рушди инфрасохтор (энергетика, нақлиёт) ва бо иштироки фаъолона дар созмонҳои байналмилалӣ таҳкими мавқеи он дар арсаи ҷаҳонӣ нигаронида шуда буд.

Субот ва рушди иқтисодӣ: Бартараф намудани окибатҳои ҷанги гражданӣ: Ба шарофати саъю кушиши Эмомалӣ Раҳмон истиқлоли давлатӣ нигоҳ дошта, мустаҳкам гардид ва мамлакат ба роҳи тараққиёти устувори худ ворид гардид.

Модернизатсияи иқтисодӣ: Татбиқи лоиҳаҳои бузург, аз қабили сохтмон ва таҷдиди нерӯгоҳҳои барқии обӣ (аз ҷумла нерӯгоҳи барқии обии Роғун) ва рушди долонҳои нақлиётиро дар бар мегирад.

Ҳалли мушкилоти асосӣ: Муайян ва ноил шудан ба ҳадафҳои стратегӣ, аз қабили таъмини амнияти озуқаворӣ ва энергетикӣ, саноатсозӣ ва аз бунбасти нақлиётӣ баровардани кишвар.

Мавқеи байналмилалӣ: Сиёсати фаъоли хориҷӣ: таҳкими робитаҳои байналмилалӣ, тавсеаи ҳамкорӣ бо дигар кишварҳо, иштирок дар созмонҳои бонуфузи минтақавӣ ва байналмилалӣ (СҲШ, ИДМ).

Ташаббусҳои глобалӣ: Ҷалби фаъолона дар ҳалли масъалаҳои глобалӣ, аз қабили захираҳои об ва устувории экологӣ, ки ба баланд шудани обрӯи кишвар дар арсаи ҷаҳонӣ мусоидат кардааст.

Эътирофи байналмилалӣ: Саҳм дар таъмини сулҳу субот дар минтақа эътирофи байналмилалӣ гирифтааст.

Таърихи ҷаҳон бисёр шахсиятҳои барҷастаро медонад, ки бо корнамоиҳои диловаронаи худ дар мубориза барои озодӣ ва адолат шуҳрат пайдо кардаанд.

Субот ва бозсозӣ: Эмомалӣ Раҳмон дар хотима бахшидан ба ҷанги шаҳрвандӣ ва таҳкими давлатдории Тоҷикистон нақши ҳалкунанда доштааст.

Ваҳдати миллӣ: Нақши Эмомалӣ Раҳмон дар ташаккули ҳувияти миллӣ ба таъкид ба мероси таърихӣ, забон ва фарҳанг иртибот дорад.

Тараққиёти иқтисодиёт: Нақши Эмомалӣ Раҳмон дар тараққӣ додани хоҷагии халқ, аз ҷумла бо роҳи барпо намудани лабораторияҳои нав ва хавасманд гардондани истеҳсоли ашёи хоми доруворӣ.

Боиси сарфарозист, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон – ҳамчун арбоби барҷастаи сиёсиву ҷамъиятии Тоҷикистон, фаъолияташ ба ганҷинаи санъати сиёсӣ ворид шудааст.

Ба шарофати ташаббусҳои сулҳдустӣ ва эҷодии Эмомалӣ Раҳмон, садоқат ба Ватану халқи худ номи ӯ рамзи халқи тоҷик гардид.

Ба ақидаи Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои кадрҳо Асадулло Раҳмон: “Хизмати Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар таърихи миллат ва давлатсозии тоҷикон абадӣ боқӣ мемонад. Дар ҳама давру замон дар идораи давлату рушди ҷомеа роҳбарони оқилу доно ва фозилу хирадманде зарур буданд ва заруранд, ки ҷомеаро бо андешаҳои бунёдӣ сӯи эҳё ва ташаккул бурда, дар заминаи ҳофизаи таърихӣ давлатдориро таҳким бахшанд. Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз табори шахсиятҳоеанд, ки барои кишвари мо ва сокинони он ин асолати таърихиро иҷро намуда, барои рушди бесобиқаи Тоҷикистони азиз ҷаҳди пурсамар менамоянд”.

Модернизатсия ин навсозӣ ва такмил додани чизе ба сатҳи муосир аст. Оддӣ карда гӯем, ин равандест, ки объект, технология, истеҳсолот ё ҳатто тамоми ҷомеаро ба талабот ва стандартҳои нав мутобиқ карда, онро самаранок, дақиқ ва функсионалӣ мегардонад.

Намунаҳои модернизатсия:

Технология: Бо таҷҳизоти ҳозиразамон иваз кардани таҷхизоти куҳна, бо модулҳои нави автоматиконӣ ҷиҳозонидани установкаҳои (насбҳои)

мавҷуда.

Истеҳсол: Маҷмӯи чорабиниҳое, ки ба баланд бардоштани самаранокӣ, сифати маҳсулот ва рақобатпазирии корхона нигаронида шудаанд.

Ҷомеа: Навсозии амиқи асосҳои иҷтимоӣ-иқтисодӣ, сиёсӣ ва фарҳангии ҷомеа.

Эмомалӣ Раҳмон хатарҳоро хуб медонист, вале бо қабули ин тасмим роҳи наҷоти Ватан ва ҳифзи тамомияти арзӣ ва истиқлолияти давлатии Тоҷикистонро интихоб кард.

Хизмати ӯ дар он аст, ки дар замоне, ки кам касе ҷуръати ба дӯши чунин масъулиятро ба дӯш гирифтан надошт, тавонист дар як муддати кутоҳ пеши роҳи аз байн рафтани давлатро пешгирӣ кунад, алангаи ҷанги шаҳрвандиро хомӯш кунад, сохторҳои фалаҷшудаи қудратиро барқарор созад, артиши миллӣ ва қӯшунҳои сарҳадӣ таъсис диҳад.

Қобили зикр аст, ки Пешвои миллат борҳо собит кардаанд, ки омодагии худро баҳри ободии Тоҷикистон ва ҳифзи сулҳу оромии кишвар фидокорӣ кунанд. Ба шарофати ташаббуси шахсии Эмомалӣ Раҳмон ҷанги бародаркуши бемаънӣ қатъ гардида, ваҳдати мардуми тоҷик барқарор ва рушди устувори иҷтимоию иқтисодии Тоҷикистон таъмин гардид.

Хизматҳои Эмомалӣ Раҳмон дар назди халқи мамлакат ҳақиқатан бузурганд.

Эмомалӣ Раҳмон бо анҷоми ислоҳоти конститутсионии Тоҷикистон барои бунёди ҷомеаи нав дар Тоҷикистон заминаи сиёсиву ҳуқуқии имзои Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллиро 27 июни соли 1997 фароҳам овард.

Яке аз бузургтарин дастовардҳои Пешвои миллат истиқрори сулҳи пойдор ва ваҳдати миллӣ буд, ки имкон дод, ки барои барқарории иқтисодиёт заминаи мустаҳкам гузошта, корҳои созандагӣ оғоз шавад.

Мояи ифтихор аз ҷониби ҷомеаи ҷаҳонӣ эътироф шудани таҷрибаи сулҳҷӯёнаи Тоҷикистон ҳамчун мактаби бузурги сулҳпарварӣ ва ҳалли низоъҳост, ки сазовори омӯзиши ҳамаҷониба аст.

Дар тӯли ин солҳо Эмомалӣ Раҳмон ҳамчун Пешвои миллат масъулияти сарнавишти мардумро ба дӯш гирифт. Хамрохи халк озмоишхои душворро паси cap карда, давлати мустакили точикон барпо карда, ба ояндаи дурахшони он асос гузошт.

Номи Эмомалӣ Раҳмон бо таърихи навини Ҷумҳурии Тоҷикистон ва рушди иҷтимоию сиёсӣ, иҷтимоию иқтисодӣ ва фарҳангии он алоқаманд аст.

Ҳисси пуштибонии қавии мардум ва эътимод ба тавоноии ӯ дар рафъи чолишҳои душвор ба Эмомалӣ Раҳмон имкон дод, ки маҳорати роҳбариро инкишоф диҳад, ки ҷомеаро ба роҳи шукуфоӣ раҳнамоӣ кунад.

Ба шарофати фаъолияти пурсамари ӯ эҳёи анъанаҳои давлатдории дунявии демократӣ дар Тоҷикистон ва таҳкими соҳибихтиёрии кишвар имконпазир гардид.

Пешвои миллат рушди муътадили иқтисодиёт, ваҳдати иҷтимоӣ ва ваҳдати миллиро таъмин намуд.

Эмомалӣ Раҳмон мероси умумибашариро ба вуҷуд овард, ки устувории дарозмуддати модели рушди тоҷикон — ғояи миллӣ, давлатдорӣ ва эътирофи байналмилалии Ҷумҳурии Тоҷикистонро кафолат медиҳад.

Эмомалӣ Раҳмон ҳамчун пояи истиқлолияти миллӣ барои рушду таҳкими давлатдорӣ роҳи возеҳ пешниҳод кардааст.

Дар тахти рохбарии у азнавсозии куллии хамаи сохахои хаёти чамъияти точик ба амал бароварда шуд, ки ин боиси ташаккули муносибатхои нави иктисодӣ, азнавсозии системахои пулию бюджетй, гумрук ва харби гардид. Ин низ тағйироти ҷиддиро дар сиёсати идоракунӣ, фарҳангӣ, илмӣ ва маориф тақозо мекард.

Дастоварди Эмомалӣ Раҳмон дар он аст, ки ӯ дар фаъолияти худ хирадмандии Шарқ ва динамизми Ғарбро таҷассум намуда, Тоҷикистонро ба ҷаҳони муосир боз кард, ки бо ҷонибдориаш ба сулҳу субот ва амният машҳур аст.

Таҳти роҳбарии Эмомалӣ Раҳмон Ҷумҳурии Тоҷикистон тавассути ташаббусҳои башардӯстона дар ҳалли мушкилоти ҷаҳонӣ саҳми арзанда гузоштааст.

Имрўз обрўи Тољикистон дар арсаи байналмилалї хеле боло рафтааст. Кишвар аз ҷониби ҷомеаи ҷаҳонӣ ҳамчун иштирокчии фаъол дар масъалаҳои захираҳои об, суботи экологӣ, сулҳ ва рушди устувор эътироф шудааст.

Яке аз ҳадафҳои асосии ташаббусҳои байналмилалии Эмомалӣ Раҳмон иштироки фаъолона дар ҳалли мушкилоти об ва экологӣ мебошад, ки ба манфиатҳои Тоҷикистон ва ҷомеаи ҷаҳонӣ ҷавобгӯ мебошад. Аз охири солҳои 90-ум бо ташаббуси ӯ дар доираи Созмони Милали Муттаҳид чандин қатъномаҳои муҳиме қабул карда шуданд, ки ба ҳалли мушкилоти ҷаҳонии об нигаронида шудаанд.

Аз ҷумла: Эълони соли 2003 ҳамчун Соли оби ширин, эълони Даҳсолаи байналмилалии амал “Об барои ҳаёт” (2005-2015), Даҳсолаи байналмилалии амал “Об барои рушди устувор” (2018-2028) ва Эъломияи Соли 2027 Ҳифзи Созмони Милали Муттаҳид. Маҷмаи Умумии СММ 14 декабри соли 2022.

Гузашта аз ин, Тоҷикистон таҳти роҳбарии Эмомалӣ Раҳмон дар соҳаи ҳифзи муҳити зист ҳам дар сатҳи минтақавӣ ва ҳам дар сатҳи ҷаҳонӣ фаъолона иштирок мекунад.

Аз ҷумла, кишвар дар ҳалли бӯҳрони экологӣ ва беҳбуди вазъи иҷтимоию иқтисодии ҳавзаи баҳри Арал – яке аз бузургтарин офатҳои экологии асри 20 нақши муҳим дорад.

Ҳамин тариқ, ташаббусҳои созандаи ҷаҳонии Тоҷикистон таҳти сарварии Эмомалӣ Раҳмон, сиёсатмадори сатҳи ҷаҳонӣ, ба ҷустуҷӯи роҳҳои навоваронаи ҳалли мушкилоти печида мусоидат мекунанд.

Ин ташаббусҳо барои муҳокима ва дарёфти роҳҳои ҳалли оптималии масъалаҳои захираҳои об, суботи экологӣ, сулҳ ва рушди устувор ҳам дар минтақа ва ҳам дар саросари ҷаҳон замина фароҳам меоранд.

Эмомалӣ Раҳмон ба сулҳи миёни тоҷикон ноил шуд, ки барои ҷомеаи ҷаҳонӣ дарси муҳиме гардид.

Ӯ барои эҳёи миллӣ шароит фароҳам оварда, барои мустаҳкам намудани давлати миллӣ замина гузошт, сиёсати дохилию хориҷиро таҳия намуда, вазъи иҷтимоию иқтисодии мардумро ба куллӣ беҳтар намуд, хатари гуруснагиро бартараф намуда, дар эҳёи фарҳанг, таърих, анъана ва расму оинҳои давлати тоҷикон саҳм гузошт.

Дар баробари ин вай ба хеле баланд шудани нуфузи сиёсии мамлакат дар арсаи байналхалқӣ ноил гардид.

Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар назди халқи тоҷик вазифаҳои асосии стратегиро муайян ва гузоштаанд:

а) таъмини амнияти озуқаворӣ; б) аз бунбасти нақлиётию коммуникатсионӣ баровардани кишвар; в) ноил шудан ба амнияти энергетикӣ; г) индустрикунонии мамлакат.

Ин вазифаҳо марҳила ба марҳила амалӣ шуда истодаанд ва имрӯз бо ифтихор метавон гуфт, ки давраи роҳбарии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат ҳамчун даврони Эмомалӣ Раҳмон дар таърих боқӣ мемонад.

Ин давра яке аз сахифахои пуршарафи тараккиёти Точикистон гардид. Стратегияи сиёсати дохилию хориҷии кишвар, ки аз ҷониби ҷомеаи ҷаҳонӣ бомуваффақият эътироф гардида, суботи иҷтимоию иқтисодии он маҳсули заҳматҳои Пешвои миллат аст.

Муваффақияти асосии даврони Эмомалӣ Раҳмон дар он аст, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон дар тӯли 35 соли охир тавонист Истиқлоли давлатии худро нигоҳ дошта, онро таҳким ва боз ҳам рушд бахшад.

Ҳаёт ва фаъолияти сиёсии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бузургтарин мактаби мардонагӣ, ватандӯстӣ, муҳаббат ба Ватан ва садоқат ба халқи хешро ифода мекунад.

Модернизатсия (аз инглисӣ modern - муосир, пешрафта, навсозӣ) як раванди пайваста ва беохири навсозии объект, ба талабот ва стандартҳои нав, шартҳои техникӣ, нишондиҳандаҳои сифат мутобиқ кардани он мебошад.

Асосан машинаю таҷҳизот, равандҳои истеҳсолӣ-технологӣ ва иҷтимоӣ- иқтисодӣ нав карда мешаванд. Дар ҷомеашиносӣ модернизатсия гузаштан аз ҷомеаи анъанавӣ ба ҷомеаи муосир, аз ҷомеаи аграрӣ ба индустриалӣ ва ғ.

Модернизатсия маҷмӯи хусусиятҳои ба ҳам алоқаманд дорад, ки аксар вақт ҳамчун равандҳои алоҳидаи навсозии иқтисодӣ, сиёсӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангӣ баррасӣ мешаванд.

Навсозии иқтисодиёт интенсификатсияи раванди такрористеҳсолкунии иқтисодиро дар назар дорад, ки ин бо роҳи афзоиши дифференсиатсияи меҳнат, бо энергетики таҷҳизонидани истеҳсолот, ба қувваи истеҳсолкунанда (иқтисодӣ) табдил додани илм, инкишофи оқилонаи идоракунии истеҳсолот ба даст меояд.

Қисмҳои он инҳоянд:

Иваз кардани неруи инсон ё ҳайвонот бо манбаъҳои беҷони энергия, аз қабили буғ, сӯзишворӣ, нерӯи барқ, энергияи офтобӣ ё атомӣ, ки дар истеҳсолот, тақсимот, нақлиёт ва коммуникатсия истифода мешаванд;

Ҷудо кардани фаъолияти иқтисодӣ аз муҳити анъанавӣ;

Бо мошинҳо, нармафзор ва технологияҳои мураккаб тадриҷан иваз кардани меҳнати инсон.

Симои модернизатсионии ҳар як кишвар, самт, ҳаракат ва хусусиятҳои эволютсияи ҷомеаи гузариши демократӣ дар роҳи «модернизатсияи бошитоб» ҳамеша дар шакли зуҳуроти илмӣ, масъалаи мубрами сиёсӣ ва баҳси академӣ, ки бо таҳлил ва ҷустуҷӯи роҳҳо ва механизмҳои амалишавии инкишофи модернизатсионии босуръат пайваста аст, таҳлил ва арзёбӣ мешавад.

Яке аз сабабҳои асосии тадқиқи хусусиятҳои раванди модернизатсионии Тоҷикистон, пеш аз ҳама, бо дараҷаи коркард ва тадқиқи шаш масъалаҳои ҷомеаи муосир дар доираи илмии Тоҷикистон пайваст мебошад.Дар раванди модернизатсионӣ таваҷҷуҳи зиёд ба иқтисодиёт дода мешавад, зеро аз иқтидори иқтисодӣ рушди умумии ҷумҳурӣ пайвандӣ дорад.

Масъалаҳои модернизатсияи сиёсӣ дар Тоҷикистон бо ташаккули асосҳои сиёсӣ, иқтисодӣ, иҷтимоиву маънавии ҷомеаи демократӣ ва рушди устувори минбаъдаи истиқлолияти давлатдории тоҷик алоқаманд мебошад. Дар солҳои модерникунӣ дар кишвар системаи сиёсии нави демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ бунёд ёфт, ки ҳамаи сохторҳои ҳокимиятро таҳким бахшида, фазои солими маънавӣ ва равониро дар қабули қарорҳои сиёсӣ омода намуд. Барои рушди минбаъдаи Тоҷикистон фаъолияти институҳои сиёсӣ, бахшҳои ҷомеаи маданӣ ва шаҳрвандони қаторӣ назаррас аст. Истифодаи роҳҳои коркард ва паҳнгардии идеологияи модернизатсионӣ, ки бо ҷавҳари равонии замони гузариш мутобиқ мебошад, зарур аст .

Мавзуи рӯз будани масъалаи мазкур дар он маъно интишор мегардад, ки дар айни ҳол таҷрибаи модернизатсия чун арзиш эътироф гардида, дар тарҳи илмии ҷамъиятиву сиёсӣ таҳлил меёбад. Инчунин, дар раванди ҳалли масъалаҳои рӯзмарра истифода ва таҳкими таҷрибаи амалии равандҳои модернизатсионии кишварҳои гуногун, ки ба қатори ҷомеаҳои муосир, бо истифодаи шаклҳои идоранамои ғарбӣ дар сиёсат ва иқтисодиёт шомил шудаанд, зарур аст. Таҷрибаи амалии Тоҷикистон, махсусан, дар солҳои истиқлолият, ки бо давраи ҷангӣ ва баъдиҷангӣ ҳамқадам аст, чун намунаи таҳаввулоти системаи сиёсӣ бо натиҷаи ташаккули ҷумҳурии демократӣ асос меёбад.

Бар асоси гуфтаҳои боло метавон хулоса кард, ки саҳми Эмомалӣ Раҳмон дар навсозии ҷомеаи тоҷик ҳамчун кафили сулҳ, меъмори ваҳдат, ҷонибдори тоҷикони ҷаҳон ва намояндаи фарҳангу расму оин ва ҳувияти миллӣ беназир аст.

ДАВЛАТОВ Зубайдулло, - ходими калони илмии шуъбаи ИДМ –и

Институти омӯзиши масъалаҳои давлатҳои Осиё ва Аврупои АМИТ

“То вақте нафас мекашам, ба миллат ба Ватан содиқ мемонам”

Эмомалӣ Раҳмон

Боби пешниҳодшуда дар бораи Иҷлосияи XVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки моҳи ноябри соли 1992 дар шаҳри бостонии Хуҷанд баргузор гардид, ҳамчун нуқтаи гардиши таърихӣ дар эҳёи давлатдории навини миллӣ таъкид мешавад, ки: «Иҷлосияи XVI Шӯрои Олӣ, ки моҳи ноябри соли 1992 дар хри бостонии Хуҷанд баргузор шуд, ба ташкили давлату ҳукумати навини Тоҷикистон замина гузошт». Ин иқтибос дар матни васеътари суханронии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар соли ҷашнӣ – 30-солагии Иҷлосия – ҷойгир аст, ки дар он ба таҳлили дастовардҳои сиёсӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангии 30 соли истиқлол пардохта, нақши ин рӯйдоди таърихиро дар раҳоии кишвар аз ҷанги шаҳрвандӣ, барқарорсозии ваҳдати миллӣ ва гузоштани пояҳои рушди устувор муайян кардааст. Таҳлили илмӣ аз нуқтаи назари таърихшиносӣ, сиёсатшиносӣ, фарҳангшиносӣ ва ҳуқуқшиносӣ нишон медиҳад, ки Иҷлосияи XVI на танҳо ҳодисаи сиёсии муваққатӣ, балки марҳалаи эҳёи шинохти миллӣ дар фазои пасошуравӣ ва гузариш ба давлатдории муосир мебошад, ки дар шароити буҳрони чандҷанбаи сиёсӣ-иқтисодӣ-иҷтимоӣ ва фарҳангӣ ба вуқӯъ пайвастааст. Дар зер, бо такя ба далелҳои таърихӣ, манбаъҳои илмӣ, ҳуҷҷатҳои расмӣ ва таҳқиқоти муқоисавӣ, ин нуктаҳо ба таври муфассал ва сохторӣ таҳлил карда мешаванд, то аҳамияти Иҷлосия ҳамчун оғози эҳёи давлатдории навини миллӣ исбот гардад.

Пас аз фурӯпошии Иттиҳоди Шӯравӣ дар соли 1991, Ҷумҳурии Тоҷикистон ба буҳрони чандҷанба дучор гардид, ки решаҳои онро дар бетаҷрибагии сиёсии раҳбарони вақт, дурӣ аз мактаби давлатсозии миллӣ, назари танги идеологӣ ва нодида гирифтани арзишҳои миллӣ ҷустуҷӯ кардан мумкин аст. Буҳрони сиёсӣ-идеологӣ аз вобастагӣ ба идеологияи коммунистӣ бармеомад, ки унсурҳои миллиро дар қолаби сиёсати давлатӣ қабул надошт ва роҳбарони сиёсии замонро ба арзишҳои ғайримиллӣ ва синфӣ водор мекард. Ин омилҳо ба парешонӣ дар байни ақаллиятҳои этникӣ ва миллатҳои алоҳида овард, ки мисли "бемории сироятӣ" аз як минтақа ба минтақаи дигар паҳн шуд ва вазъро дар фазои пасошуравӣ мураккаб гардонд. Буҳрони иҷтимоӣ-этникӣ дар шакли даргириҳои минтақавӣ, тақсимоти сунъии мардум ба гурӯҳҳо ва муқобилгузории онҳо зуҳур кард, ки дар натиҷа кишвар ба вартаи ҷанги шаҳрвандӣ кашида шуд. Буҳрони иқтисодӣ бо фалаҷшавии низоми иқтисодӣ, камбудии буҷет, дуздии амволи давлатӣ ва ба сифр баробар шудани касри буҷет дар маҳалҳои даргир ва пойтахт муайян гардид. Буҳрони фарҳангӣ-мафкуравӣ дар шакли холигии фикрӣ, суст шудани фаъолияти маърифатӣ-равшаннамоӣ ва боло гирифтани яъсу ноумедӣ дар фазои сиёсӣ ва иттилоотӣ зоҳир намуд.

Тибқи таҳлили академик Фарҳод Раҳимӣ, ин буҳронҳо аз бетаҷрибагии сиёсӣ ва дурӣ аз мактаби давлатсозии миллӣ бармеоянд, ки раҳбарони вақтро дар ҳалли мушкилоти дохилӣ оҷиз гузошт. Далелҳои илмӣ аз таҳқиқоти муаллифони ғарбӣ, ба монанди Ҳаролд Ҳ. Санл (Раванди сулҳи ҷамъиятӣ, Душанбе, 2002, саҳ. 181), ин буҳрон ҳамчун натиҷаи "хаос"-и пасошуравӣ тавсиф мекунанд, ки дар Тоҷикистон ба ҷанги шаҳрвандӣ (1992–1997) оварда расонид, бо талафоти инсонӣ зиёда аз 150 ҳазор кушташуда, ҳафт қисми аҳолӣ (тақрибан 1 миллион нафар) фирориён ба кишварҳои ҳамсоя ва ИДМ. Ин буҳронҳо на танҳо дар дохил, балки аз дахолати бевоситаи абарқудратҳои минтақавӣ ва ҷаҳонӣ, ки сенарияи бесарусомониро дар ҷумҳуриҳои собиқ коргардонӣ мекарданд, тақвият меёфтанд. Дар чунин вазъияти ҳассос, сиёсатмадорону фарҳангиёни баномус дар манотиқи мухталиф саъю талош ба харҷ медоданд, то сатҳи буҳронро коҳиш диҳанд ва ҳамбастагии миллиро барқарор созанд, ки ин заминаи Иҷлосияро фароҳам овард.

Иҷлосияи XVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар моҳи ноябри соли 1992 дар Қасри Арбоб-и шаҳри Хуҷанд дар вазъияти фавқулоддаи сиёсӣ, иқтисодӣ ва иҷтимоӣ баргузор гардид, ки ҷанги дохилӣ идома дошт ва шохаҳои асосии давлатдорӣ комилан фалаҷ шуда буданд. Аз 230 вакили мардумӣ, ҳамагӣ 193 нафар иштирок доштанд, ки ин нишондиҳандаи фишори қувваҳои алоҳида ва тарсу ҳаросро аз ҷониби баъзе вакилон буд, чунончи Президенти вақт Эмомалӣ Раҳмон дар маҷлиси ботантанаи соли 2012 ба ёд овардаанд: «Қисме аз вакилони мардумӣ зери фишори қувваҳои алоҳида ва аз тарсу ҳароси ҷон натавонистанд мавқеи худро барои иштирок дар кори Иҷлосия равшан изҳор намоянд». Бо вуҷуди ин, аксарият ба Иҷлосия ҳозир шуданд, зеро дарк мекарданд, ки ягона роҳи хотима бахшидан ба бесарусомонӣ баргузории он мебошад. Дар рафти Иҷлосия 74 санади ҳуқуқӣ қабул гардид, аз ҷумла 15 қонун, 52 қарор, 6 фармон ва 1 изҳорот, ки ҳама барои ба эътидол овардани вазъи сиёсӣ, таҳкими низоми давлатдории навини миллӣ ва ҳалли мушкилоти гузариш хидмат карданд. Ду ҳуҷҷати муҳим – «Муроҷиатнома ба ҳамаи аҳзоби сиёсӣ, ҳаракатҳою созмонҳо ва меҳнаткашони ҷумҳурӣ» ва «Изҳороти Иҷлосияи Шӯрои Олӣ» (20 ноябри 1992) – бо ибтикори Раиси Шӯрои Олии нав интихобшуда Эмомалӣ Раҳмон ба тасвиб расиданд, ки мазмуни онҳо даъват ба сулҳу салоҳ, ҳамзистию ҳамбастагӣ ва бозгашти фирориёни иҷборӣ ба Ватан буд. Ин санадҳо на танҳо сиёсӣ, балки рамзии ваҳдати миллӣ буданд, ки заминаи Созишномаи умумии сулҳи миллӣ (27 июни 1997, Москва) гузоштанд. Таҳлили ҳуқуқӣ нишон медиҳад, ки ин санадҳо дар шароити ғайриконститутсионӣ қабул шуда, ҳокимияти қонунӣ барқарор карданд, ки дар таърихшиносии муосир ҳамчун "инқилоби ҳуқуқӣ дар буҳрон" арзёбӣ мешавад. Муқоиса бо дигар ҷумҳуриҳои пасошуравӣ (масалан, Гурҷистон ё Озарбойҷон) нишон медиҳанд, ки Иҷлосияи XVI моделӣ нодирест, ки бидуни интиқоли ҳокимият ба гурӯҳҳои мусаллаҳ ба сулҳ овард. Пеш аз Иҷлосия ҳокимият фалаҷ буд, ҷанг идома дошт ва дахолати беруна авҷ гирифта буд, баъди Иҷлосия арконҳои давлатдорӣ барқарор шуданд, истиқлол таҳким ёфт ва сиёсати хориҷӣ фаъол гардид.

Дар сатҳи иҷтимоӣ, тақсимоти мардум, фирориён ва қатлу куштор ба ваҳдат, бозгашти зиёда аз 1 миллион фирориён ва суботи иҷтимоӣ табдил ёфт.

Аз нигоҳи иқтисодӣ буҳрони пурра, касри буҷет ва дуздӣ ба рушди устувор, татбиқи ҳадафҳои стратегӣ ва саноатикунонӣ гузашт.

Дар ҷанбаи фарҳангӣ, холигии мафкуравӣ ва маҳалгароӣ ба эҳёи шиноти миллӣ ва маърифатпарварӣ табдил ёфт. Ин таҳаввулоти куллӣ исбот мекунад, ки Иҷлосия нуқтаи гардиши таърихӣ буд, ки аз бесарусомонӣ ба сохтмон ва аз парокандагӣ ба ваҳдат гузашт.

Интихоби муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ҳайси Раиси Шӯрои Олӣ дар 16 ноябри 1992 дар вазъияти фалаҷи пурраи сохторҳои давлатӣ, дахолати гурӯҳҳои ҷиноятӣ дар идора ва авҷи қатлу куштор сурат гирифт.

Сифатҳои шахсии ӯ – ҷасорат, ҳиммат, садоқат ба миллат, масъулият, адолат ва муҳаббат ба марзу бум – имкон доданд, ки дар муддати кӯтоҳ фазои амну субот, ҳамдигарфаҳмӣ ва ваҳдати миллӣ барқарор шавад. Аз рӯзҳои нахустини ҳукуматдорӣ, бо такя бар виҷдон ва имони миллӣ, муҳити бозиҳои сиёсию иҷтимоӣ ва фарҳангӣ муҳайё сохт, ки ривоҷи маҳалгароӣ, кӯтоҳандешӣ ва нуфузи гурӯҳҳои ҷинояткорро коҳиш диҳад. Дастовардҳои ӯ дар раҳоии кишвар аз ҷанг, барқарорсозии хоҷагии халқ, бозгашти фирориён (зиёда аз 1 миллион нафар) ва татбиқи ҳадафҳои стратегӣ (истиқлоли энергетикӣ, раҳоӣ аз бунбасти коммуникатсионӣ, амнияти озуқаворӣ ва саноатикунонии босуръат) ӯро ба мақоми Лидери миллӣ расонданд. Суханони ӯ дар Паёми соли 2012 ба Маҷлиси Олӣ: «Маҳз ба шарофати ин рӯйдоди муҳимми таърихӣ мо тавонистем, ки аркони давлатдорӣ ва шохаҳои фалаҷшудаи ҳокимиятро барқарор гардонида, пояҳои Истиқлоли давлатиро қавӣ намоем», аҳамияти Иҷлосияро ҳамчун наҷоти "тифли Истиқлол" таъкид мекунанд. Таҳлили сиёсатшиносӣ нишон медиҳад, ки роҳбарии ӯ феномени нодир дар гузариш аз буҳрон ба рушд аст, ки дар таҳқиқоти байналмилалӣ (масалан, таҳлилҳои Бунёди Карнегӣ) ҳамчун модел арзёбӣ мешавад.

Аҳамияти байналмилалии Иҷлосия ва таҷрибаи тоҷикӣ дар ҳалли муноқишаҳои миллӣ, динӣ ва сиёсӣ аз муқоиса бо Афғонистон бармеояд. Афғонистон наздик ба 200 сол дар оташи даргириҳои дохилӣ месӯзад, ки низоъҳо аз нав шуълавар мешаванд ва ҷомеаи мадании он ба сулҳу ваҳдат намерасад. Баръакс, Тоҷикистон тавассути Иҷлосия ва Созишномаи сулҳ ба ваҳдат расид, ки нақши Эмомалӣ Раҳмон дар он беназир аст. Ӯ масъалаи Афғонистонро ҳамчун мушкили минтақавӣ ва глобалӣ бардошта, хатари терроризм, экстремизм ва фундаментализмро таъкид кард. Таҷрибаи тоҷикӣ барои ҷаҳон омӯзанда аст, зеро тамомияти арзӣ, ризоияти миллӣ ва сулҳро таъмин намуд. Дастовардҳои имрӯза – истиқлоли сиёсӣ, рушди иқтисодӣ ва муаррифии Тоҷикистон дар арсаи ҷаҳонӣ – дар заминаи татбиқи ғояҳои Иҷлосия ба даст омадаанд.

Дар таҳлили фарҳангӣ-инфиродӣ Иҷлосия эҳёи арзишҳои миллӣ – забон, таърих, фарҳанг ва ваҳдати тоҷиконро оғоз кард, ки дар пасошуравӣ аз байн рафта буд. Ин марҳала гузариш аз ҳокимияти шӯравӣ ба давлатдории навини миллиро муайян кард, ки дар Паёми Президенти соли 2022 ҳамчун "ҳидоят ба сӯйи ҷаҳони мутамаддин" тавсиф шудааст. Ин таҳаввулот аз бесарусомонӣ ба сохтмон, аз парокандагӣ ба ваҳдат ва аз буҳрон ба рушди ҳамаҷониба гузашт, ки ҳама дар заминаи Иҷлосия ба вуҷуд омаданд.

Вазифаҳои миллӣ аз Иҷлосия бармеоянд, ки инҳоянд:

- шинохтани арзишҳои сиёсӣ, фарҳангӣ ва давлатдорӣ, саҳмгузорӣ дар татбиқи ҳадафҳои стратегӣ ва қадр кардани роҳбарии Пешвои миллат.

-давлатдорӣ кори ҳар кас нест, балки маҳорат, таҷриба ва ҷуръати фавқулоддаро тақозо мекунад, ки Эмомалӣ Раҳмон таҷассумгари он аст.

- имрӯз сиёсати давлатӣ таҳти роҳбарии ӯ ба рушди ҳамаҷониба равона шуда, боварии комил дорем, ки миллати тоҷик ба ҳадафҳои худ ноил мегардад.

Дар хулоса, иқтибоси академик Фарҳод Раҳимӣ ва матни Президенти ҶТ Иҷлосияи XVI-ро ҳамчун оғози эҳёи давлатдории навини миллӣ муайян мекунанд, ки дар буҳрони пасошуравӣ феномени нодири сулҳ, ваҳдат ва рушд аст. Ин рӯйдод на танҳо ҷанги шаҳрвандиро хотима дод, балки пояҳои давлати муосирро гузошт ва таҷрибаи он барои ҷаҳон омӯзанда мебошад.

ҚУРБОНОВА Ширин, сарходими илмии Шуъбаи Осиёи Ҷанубу Шарқии Институти омӯзиши масъалаҳои давлатҳои Осиё ва Аврупои Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, доктори илмҳои таърих.

Дар раванди ҷаҳони босуръат рушдёбанда, дипломатияи «иқтисоди сабз» ҳамчун омили муҳимми таъминкунандаи рушди устувор дар меҳвари сиёсати давлатҳои ҷаҳон қарор гирифта, як низоми хеле мукаммали муносибатҳои иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангӣ маҳсуб мегардад. Ба қавли коршиносон «иқтисоди сабз» ҳамчун яке аз самтҳои муосир дар ояндаи наздик соҳаҳои мухталифро фаро хоҳад гирифт. Бо назардошти ин таи даҳсолаҳои охир таҳти роҳбарии Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дипломатияи мазкурро роҳандозӣ намуда, ба мақсади истифодаи муассир аз бартариҳои муҳити табиӣ ва манбаъҳои саршори обию энергетикӣ, барои гузариш ба дипломатияи «иқтисоди сабз» қадамҳои устувор гузоштааст.

Таҳлили ҳамаҷонибаи масъалаи мазкур аз он шаҳодат медиҳад, ки рушди «иқтисоди сабз» дар пайвастагӣ бо ҳадафҳои стратегии кишвар, аз он ҷумла таъмини истиқлолияти энергетикӣ ва истифодаи самарабахши неруи барқ, раҳоии мамлакат аз бунбасти коммуникатсионӣ ва ба кишвари транзитӣ табдил додани он, таъмини амнияти озуқаворӣ ва дастрасии аҳолӣ ба ғизои хушсифат, саноатикунонии босуръати кишвар ва вусъатдиҳии шуғли пурмаҳсул амалӣ мегардад. Ба хотири ноил гаштан ба ҳадафҳои стратегии соҳаҳои иқтисодиёт, суботи иҷтимоӣ, мувозинати экологӣ ва баланд бардоштани сатҳи зиндагии мардуми кишвар моҳи сентябри соли 2022 Пешвои миллат «Стратегияи рушди иқтисоди сабз»-ро барои солҳои 2023–2037 ба имзо расониданд.

Ҳадафи асосии қабул намудани стратегии рушди «иқтисоди сабз» дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, чи тавре зикр кардем, ин таъмини рушди иқтисодиёт ва истифодаи самараноки захираҳои табиӣ, инчунин баланд бардоштани сатҳу сифати зиндагии аҳолӣ ва суботи иҷтимоӣ мебошад.

Чи тавре аз муҳтавои стратегияи мазкур бармеояд татбиқи амалии барои ноил шудан ба рушди устувор дар раванди «иқтисоди сабз» Ҷумҳурии Тоҷикистон дар марҳилаи аввал ба самтҳои зерин такя менамояд:

– риояи меъёрҳо ва санадҳои байналмилалии танзимкунандаи ташаккули «иқтисоди сабз»;

– таҳким ва тақвият бахшидан ба раванди мутобиқшавии институтсионалӣ ба талаботи «иқтисоди сабз»;

– ҳавасманд сохтани фаъолияти инноватсионӣ дар самти самараҷӯӣ ва сарфаҷӯӣ;

– таҳкими ҳамкориҳои байналмилалӣ дар самти ҷалби захираҳои молиявӣ ва интиқоли технологияҳои муосири ҷавобгӯ ба «иқтисоди сабз»;

– баланд бардоштани сатҳи некӯаҳволии аҳолии кишвар тавассути зиёд намудани теъдоди табақаи миёнаи аҳолӣ;

– тақвият бахшидан ба баробарҳуқуқӣ дар дастрасӣ ба хизматрасонии экологӣ;

– ҷорӣ намудани тамсилаҳои оқилонаи истеъмол ва истеҳсоли маҳсулот;

– таъмини алоқамандӣ байни рушди иқтисодӣ ва устувории экологӣ;

– таъмини мутобиқшавӣ ба тағйирёбии иқлим дар ҳамбастагӣ бо «иқтисоди сабз»; [1]

Имконоти баъдии татбиқи ҳадафҳои стратегӣ дар самти «иқтисоди сабз» ба қарори зайл мебошанд:

– нигоҳдории гуногуншаклии биологӣ ва афзуншавии сармояи табиӣ;

– истифодаи васеи технологияи инноватсионӣ ва каммасраф;

– истеҳсоли васеи маҳсулоти аз ҷиҳати экологӣ тоза (органикӣ) ва ба стандартҳои ҷаҳонӣ ҷавобгӯ;

–баланд бардоштани сатҳи фарҳанги экологӣ ва сифати хизматрасониҳои экологӣ;

– истеҳсол ва фуруши неруи барқ аз манбаъҳои барқароршавандаи энергияи сабз;

– мавқеи кишвар аз руйи татбиқи усули «иқтисоди сабз» ва воридшавии сармоя ба кишвар;

– ворид шудани Ҷумҳурии Тоҷикистон ба гурӯҳи 20 кишвари ҷаҳон бо нишондиҳандаи беҳтари индекси болоравии инклюзивии «иқтисоди сабз» ва ғайра.

Мутобиқ ба таҳлилҳои коршиносони ташкилоти Созмони Милали Муттаҳид, “иқтисоди сабз” чунин тарзи фаъолияти хоҷагидорист, ки ба боло рафтани сатҳи зиндагии одамон ва таъмини адолати иҷтимоӣ мусоидат хоҳад намуд.

Қобил ба зикр аст, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон дорои захираҳои бойи энергетикӣ буда, миёни кишварҳои ИДМ аз ҷиҳати истеҳсоли неруи барқи тоза ҷои аввалро ишғол менамояд.

Ҳамин аст, ки бо ташаббуси Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Ҳукумати мамлакат ба таҷдиду сохтмони неругоҳҳои обӣ идома бахшида, дар солҳои наздик дар ҷумҳурӣ истеҳсоли электромобил, электробус ва троллейбус оғоз мегардад, ки ин худ идомаи мантиқии сиёсати ҳукумат дар роҳи пешбурди рушди «иқтисоди сабз» мебошад.

Болотар аз ин доир ба ташаккул ва рушди ояндаи «иқтисоди сабз» ёддовар гардида, ҳанӯз дар Паёми худ аз 23 декабри соли 2022 ба Маҷлиси Олӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зикр намудаанд, ки «бояд таваҷҷуҳи асосӣ ба рушди босуботи соҳаҳои иқтисоди миллӣ, пешгирии таъсири хавфҳои эҳтимолии он, истифодаи самараноки иқтидорҳои мавҷуда, ташкили корхонаҳои истеҳсолӣ, таъсиси ҷойҳои кории нав, баланд бардоштани рақобатнокии маҳсулоти ватанӣ, тақвияти содирот, ташаккули «иқтисоди сабз» равона карда шавад».[2]

Дар ин замина, дар Паёми соли 2023 ба Маҷлиси Олӣ низ таъкид карданд, ки «Тоҷикистон ҳамчун давлати пешсафи ҷаҳон дар самти инкишофи «иқтисоди сабз» соли 2037 воқеан ба «кишвари сабз» табдил хоҳад ёфт, зеро иқлими ҷумҳурии мо барои ба мамлакати сабз табдил додани он мутобиқ буда, то соли 2032 истеҳсоли барқ дар кишвар пурра аз ҳисоби манбаъҳои барқароршаванда, яъне 100 фоиз бо «энергияи сабз» таъмин гардида, дар ин замина аз рӯйи меъёрҳои байналмилалӣ то соли 2037 партови газҳои гулхонаӣ то ҳадди ниҳоӣ коҳиш дода мешавад».

Дар иртибот ба гуфтаҳои боло Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба зиёд кардани истеҳсоли «энергияи сабз» таваҷҷуҳи ҷиддӣ зоҳир намуда, иброз доштанд, ки «бо назардошти саъю талошҳои ҷомеаи ҷаҳонӣ ҷиҳати дастрасӣ ба сатҳи сифрии партовҳои гулхонаӣ, мо ният дорем, ки иқтидорҳои худро оид ба истеҳсоли «энергияи сабз» то соли 2050 ду баробар афзоиш диҳем».

Ҳамин тариқ, дар масъалаи саҳми Пешвои миллат дар рушди дипломатияи «иқтисоди сабз» метавон чунин натиҷагирӣ намуд:

- дар амал татбиқ намудани консепсияи иқтисоди сабз ба сатҳи иҷтимоию иқтисодии давлат ва тафаккури фарҳангӣ ва техникии аҳолӣ таъсири мусбӣ хоҳад гузошт;

- иқтисодиёти сабз ба истеҳсоли «энергияи сабз» вобаста буда, афзун гардонидани он дар кишвар талаботи иқтисоди глобалӣ ва ворид гаштани Тоҷикистон ба ин низоми нави иқтисодӣ мебошад.

Дар охир бояд қайд намуд, ки нақши Пешвои миллат дар рушди «иқтисоди сабз» барои Тоҷикистон ва барои ҷаҳон яке аз роҳҳои асосии ҳалли масъалаи муҳими тағирёбии иқлим дар сатҳи сайёра маҳсуб меёбад. Татбиқи он моро водор месозад, ки корҳои илмӣ таҳқиқотии худро ҷиҳати рушди иқтисоди кишвар, аз ҷумла дар самти рушди иқтисоди инноватсионӣ, истифодаи технологияҳои навтарини муосир, рушди нерӯ, захира ва сармояи инсонӣ, ҷонок намуда, барои омода намудани кадрҳои баландихтисоӣ илмӣ, баланд бардоштани маърифати фарҳангӣ ва иқтисодии аҳолии кишвар, такмил додани бештари касбияту дониш ва таҷрибаи худ талош варзем.

МУҲАММАДАЛИЗОДА П.М – н. и. и., мудири шуъбаи Осиёи Ҷанубӣ ва Шарқии Институти омӯзиши масъалаҳои давлатҳои Осиё ва Аврупои АМИТ, вакили маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе

САРЧАШМАҲОИ ИСТИФОДАШУДА:

1. Стратегияи рушди иқтисоди «сабз» дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2023–2037

2. Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ» https://www.president.tj (санаи муроҷиат 08.11.2025)

Иҷлосияи XVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон яке аз рӯйдодҳои сарнавиштсоз ва калидии таърихи давлатдории навини тоҷикон маҳсуб меёбад. Аз дидгоҳи илмӣ ва таърихӣ, ин иҷлосия на танҳо қадами муҳиме дар самти барқарорсозии сохтори конститутсионӣ ва ҳифзи истиқлолияти миллӣ буд, балки оғози давраи нави ташаккули низоми сиёсии муосири Тоҷикистонро ифода намуд.

Дар заминаи буҳрони амиқи сиёсӣ ва ҷанги дохилии соли 1992, ки суботи сиёсӣ ва якпорчагии миллӣ зери хатар қарор дошт, баргузории иҷлосия ба унвони иқдоми наҷотбахши миллӣ маънидод мешавад. Тавре ки Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид намудаанд: «Иҷлосияи XVI ҷомеаро аз муқовимати сиёсии фоҷиабор, аз ҷанги таҳмилии бародаркуш ва аз оворагиву дарбадарӣ наҷот дод. Асолати таърихии халқамон, яъне одамият, маърифатпарварӣ ва сулҳдӯстиашро барқарор намуд».

Аз нуқтаи назари илмҳои сиёсӣ, иҷлосияи мазкур ба сифати механизми институтсионализатсияи қудрат ва барқарорсозии легитимияти давлатдорӣ баромад намуд. Моҳи октябри соли 1992 Шӯрои Олӣ қарор кард, ки иҷлосияи навбатиро дар шаҳри Хуҷанд баргузор намояд. Ин иқдом ба таҳкими низоми идоракунии давлатӣ ва ҷилавгирӣ аз парокандагии идораҳои марказӣ равона гардид.

Ҷомеашиносон ва таърихнигорон бар онанд, ки ин иҷлосия нуқтаи ибтидои сулҳи шаҳрвандӣ ва эҳёи арзишҳои миллӣ мебошад. Дар ин давра, ҷомеаи Тоҷикистон дар ҷустуҷӯи раҳбари қавӣ ва дорои ҷаҳонбинии созанда қарор дошт. Маҳз дар ҳамин марҳала Эмомалӣ Раҳмон ҳамчун шахсияти сиёсӣ бо иродаи устувор ва тафаккури давлатсоз ба саҳнаи сиёсӣ ворид гардид. Дар суханронии нахустини худ ӯ таъкид намуд: «Ман қасам ёд мекунам, ки тамоми донишу таҷрибаамро барои дар ҳар хона ва ҳар оила барқарор шудани сулҳ равона карда, барои гулгулшукуфии Ватани азизам садоқатмандона меҳнат мекунам».

Ин суханон ҳамчун барномаи сиёсӣ ва идеологияи ваҳдати миллӣ дар ҷомеа пазируфта шуданд. Таҳти роҳбарии ӯ дар иҷлосия як силсила санадҳои муҳим қабул гардид, ки онҳо пояҳои давлатдориро аз нав эҳё намуданд. Аз ҷумла, Қонуни «Дар бораи гурезаҳо», ки кафолати бозгашти даҳҳо ҳазор ҳамватанонро таъмин намуд, ифодагари сиёсати инсондӯстонаи давлат гардид. Ин қонун ҳамчун намунаи амалии сиёсати бахшандагӣ ва ҳамбастагии миллӣ арзёбӣ мешавад.

Аз нуқтаи назари илмҳои сиёсӣ ва ҳуқуқ, иҷлосияи мазкур марњилаи гузариш аз фалаҷи институтсионалӣ ба давлатдории фаъол ба ҳисоб меравад. Таҳти роҳбарии Эмомалӣ Раҳмон дар муддати кӯтоҳ сохторҳои амниятӣ ва идораҳои давлатӣ аз нав ташкил ёфтанд. Барқарории Артиши миллӣ, нерӯҳои ҳифзи ҳуқуқ ва мақомоти сарҳадбонӣ ба таъсиси асосҳои қудрати давлатӣ мусоидат намуд.

Бо таҳлили илмии равандҳо метавон хулоса кард, ки Иҷлосияи XVI Шӯрои Олӣ ба сифати нуқтаи гардиши стратегӣ дар давлатдории миллӣ баромад намуд. Он на танҳо роҳбарияти нави сиёсиро интихоб кард, балки сохтори конститутсиониро барқарор сохта, хатари парокандагии миллӣ ва таназзули давлатиро бартараф намуд.

Аз назари таърихшиносӣ, ин иҷлосия оғози давраи нави қонунгузорӣ ва сиёсатгузории миллӣ гардид, ки дар он пояҳои давлатдории ҳуқуқбунёд, дунявӣ ва демократӣ гузошта шуданд. Бо шарофати ҳамин иҷлосия Тоҷикистон аз марҳалаи буҳрон ба марҳалаи субот, сулҳ ва рушди устувор гузашт.

Дар яке аз паёмҳои худ ба Маҷлиси Олӣ Пешвои муаззами миллат таъкид кардааст: «Маҳз ба шарофати ин рӯйдодҳои муҳими таърихӣ мо тавонистем, ки пояҳои истиқлолияти давлатӣ ва ваҳдати миллиро мустаҳкам намуда, аркони давлатдориро эҳё намоем».

Аз нигоҳи назарияи сиёсӣ, иҷлосияи Хуҷанд модели нодири созиши миллӣ ва дигаргунсозии элитаи сиёсӣ мебошад, ки тавассути он арзишҳои сулҳ, ваҳдат ва ҳамбастагӣ ба сифати устухони асосии сиёсат ва мафкураи миллӣ ҷой гирифтанд.

Бо ҷамъбасти таҳлил метавон гуфт, ки Иҷлосияи XVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон на танҳо як рӯйдоди сиёсӣ, балки падидаи илмию таърихӣ аст, ки механизми эҳёи давлатдорӣ ва тавозуни иҷтимоиро таъмин намуд. Он асоси ташаккули давлатдории муосири тоҷиконро гузошта, нақши таърихии Эмомалӣ Раҳмонро ҳамчун роҳбари миллӣ ва меъмори сулҳу ваҳдати миллӣ тасдиқ кард.

Ба таври умум, Иҷлосияи XVI — наҷотбахши миллат, оғозгари сулҳ ва поягузори давлатдории навини тоҷикон мебошад.

Юнусова Фарзона - ходими хурди илмии МДИ «Марказаи омӯзиши пиряхҳои АМИТ