Наврӯз ҷашни миллӣ, ҷашни растохези табиат ва нав шудани гетист. Дар бораи Наврӯз, ҷузъиёти анҷоми ойинҳои наврӯзӣ дар даврони бостон, хоса замони ҳахоманишӣ ва ашконӣ матолиби чандоне дар даст надорем. Танҳо тасвири намояндагони миллатҳои гуногуни ҳакшуда дар Тахти Ҷамшед, ки дар интизори расонидани ҳадоё ба ҳузури шоҳаншоҳ ҳастанд, гувоҳи таҷлил аз ҷашни Наврӯз дар даврони бостон мебошанду бас. Нахустин гузориш дар бораи ҷашну ойинҳоро аз сарчашмаҳои гоҳшумории форсии миёна ва суғдӣ дармеёбем.
Қадимтарин манбаъ, ки аз ривоҷи ҷашн ва дигар ойинҳо дар замонҳои бостон маълумот медиҳад, осори ғайримустақими тарҷумашуда ба забони арабӣ дар аҳди хилофати арабҳо мебошад. Матнҳои паҳлавӣ аз ҷониби Ибни Муқаффаъ (VӀӀӀ) тарҷума шуда, матни кӯтоҳи паҳлавӣ низ дар асари “Китоб-ут-тоҷ”-и Ал-Ҷоҳиз (ӀХ) зикр шудааст. Он чӣ дар бораи ойинҳои Наврӯз нигоштаанд, табъан бозтобе аз маросими ин рӯз дар даврони Сосониён ва аз он пештар будааст, аммо дар навиштаи паҳлавии “Китоб-ут-тоҷ” замони ҷашн гирифтани Наврӯз дарҷ нашудааст.
Поёни соли 2024 эроншиноси маъруфи муқими Фаронса устод Раҳом Аша дар дастхатҳои TD 26 китобхонаи Институти Шарқшиносии ба номи К.Р. Кама (Мумбайи Ҳинд) дастнавиштаҳои паҳлавиро пайдо мекунад. Дар миёни ин дастнависҳо баргае низ будааст, ки дар он аз Наврӯз ёдоварӣ шуда, ки ду далел аз барпо намудани ҷашни Наврӯз дар он дарҷ гардидааст. Ин барга аз ҷониби устод Раҳом Аша шинохта, бозхонӣ ва овонависӣ шудааст, ки овонавишту тарҷумаи он чунин аст:
nōgrōz do cim ēn:
ēk: māh ī fravardīn ud rōz ohrmazd. u-š cim ravāgīh ī dām ped ham rōz ud bunīh ī sāl ī ušmurdīg ī ast sisad-šast-u-panz rōz ud tasūg-ē ud xvardag īzamān. fradum hān rōz bun būd.
māh ī fravardīn ud rōz ī hurdad cim hān ī ka jamšēd az zanišn ī dēvān ud druzān abāz āmad, u-š az andarvāy vazurg rōšn ō gēhān xvaršēd humānāg-iz brāzīhist, ud mardōmān guft kū: rōz-ē ī nōg ul āmad. ud ham rōz jam xīr rāyēnišn ī gēhān ud kunišn pahrēzišn ī mardōm abāz ō peymān āvurd; ud amargīh ī dāmān pediš vinārd; ud abar kandan ī astōdānīhā hamag gēhān fravardag kird; ud…. pēdāgēnīd ud dāšt ud framān dād. ud huzahišnīh ī az hān-z jam rāy ī ka nazdist fravardag hān ō gēhān mad ud dahyubedān ud xvadāyān ī pas az hān fravardagīhā-z nišān andar sāl ō gēhān kird ud….. sahist, hān rōz sazed āvištan bē kirdan. pas kā-šān sahist hān sahist, abar ōh nibišt ud ō kišvar frēstīd.
Наврӯзро ду чам (далел) аст:
Як: Моҳи Фарвардин рӯзи Ҳурмузд. Чами он ривоҷи офариниш бад-ин рӯз аст ва ин рӯз о; аз солшумурде аст, ки сесаду шасту панҷ рӯз ва як чаҳорум рӯз (=6 соат) ва хурдазамон (чанд дақиқа). Пештар буни (оғози) сол он рӯз буд.
Ду. Моҳи Фарвардин рӯзи Хурдод (шашум рӯз), чами он ин аст, ки ҳангоме ки Ҷамшед аз задани девон ва друҷон боз омад, аз андарвои (ҳаво) рушании бузуре ба ҷаҳон дурахшид ҳамонанди хуршед ва мардумон гуфтанд, ки “рӯзе нав омад”. Ва ҳамин рӯз Ҷамшед роёниш (идора)-и ҷаҳон ва куниш ва парҳезиши кору тимори мардумон ба паймон (эътидол) боз овард ва бемаргии домон (=халоиқ) (тасбит кард) ва барои кандани устудонҳо ба ҳама ҷаҳон фраварда (нома) кард ва фармон дод ва бахти нек (иқбол) аз он фармони Ҷамро, ки нахуст фраварда (нома) аз ӯ ба ҷаҳон омад, даҳюбадон (фармондеҳон) ва худоён (шоҳон) пас аз он (он рӯзро) нишон андар сол ба ҷаҳон карданд ва нек донистанд ва сазовор аст, ки он рӯз фраварда (нома) муҳр бизананд. Пас, ҳангоме ки чунин писандиданд, бад-ин сон навиштанд ва ба кишвар фиристоданд.
Вожаи Наврӯз ҳам дар матни паҳлавии “Китоб-ут-тоҷ”, ки “dāšnīhā ī mihragān ud nōgrōz” унвон дорад, ҳам дар баргаи тоза пайдошудаи форсии миёна дар шакли nōgrōz омадааст, ки аз ду вожа иборат аст: дар форсии миёнаи монавӣ nōg – “нав”, дар форсии миёна nōk, эронии бостон nava, санскрит nava; портии миёнаи монавӣ rōz – “рӯз”, дар форсии миёна rōč, форсии бостон raučah аз решаи rauk “рушан будан”, “партав афкандан”.
Муаллифи матн ду далели мавҷудияти Наврӯзро зикр мекунад. Далели аввал “рӯзи Ҳурмузд моҳи Фарвардин” оғози соли 365-рӯза мебошад, ки маншаъи “динӣ” ва “дунявӣ” (илмӣ) дорад (Asha R. The Last Intercalation. Some remarks on the Persian Calendar, 2010). Бино бар пажуҳишҳои илмии муҳаққиқон “гоҳшуморӣ бар мабнои моҳ дар Эрон дар ҳудуди панҷ қарн пеш аз мелод бо гоҳшумории хуршедӣ, ки раҳоварде аз Миср ба дунболи кишваргушоиҳои Эрон буд, даромехт ва навъе гоҳшумории бостонӣ бар мабнои боварҳои динӣ низ бар он таъсир гузошт ва пояи гоҳшумории Эрон бо сесаду шаст рӯз, муташаккил аз дувоздаҳ моҳи сирӯза, ба иловаи панҷ рӯзи кабиса” шакл гирифтааст (آموزگار ژ. زبان، فرهنگ،اسطوره.- تهران،1388.-621 ص. ). Тамоми ақвоми эронӣ тақвими “мулуки пешдодӣ”-ро пазируфта, “солро сесаду шасту панҷ рӯз қарор дода буданд ва касрҳоро мепартофтанд, то ин ки аз ин чаҳорякҳо дар муддати яксаду бист сол як моҳ дуруст мешуд ва аз панҷяк соот як рӯз” (Берунӣ. Осор-ул-боқия. – Душанбе,1990.- С.24).
Пажуҳишҳои расадхонаи хуршедии Нақши Рустам дар Эрон ва катибаҳои Ҳахоманишӣ нишон доданд, ки ахтаршиносон огоҳиҳое аз гардиши хуршед доштаанд ва ҳоло номи моҳҳои хуршедии даврони Ҳахоманиширо дар даст низ дорем, ба монанди bāgayādi (меҳр, 23.09-23.10), varkazana (обон, 23.10-21.11), athiāguya (озар, 21.11 -22.12)....
Сол тибқи гоҳшумории бостонӣ иборат аз 12 моҳ буд ва то замони густариши Ислом ҳар як рӯзи моҳҳои сирӯзаи форсӣ ном дошт ва рӯзи якуми ҳар моҳ Ҳурмуз (номи эзади некӣ) ва моҳи аввали сол Фарвардин (муштақ аз fravarti – “фраваҳар”, яъне руҳи нахустин) хонда мешуд. Аз ёдгориҳои паҳлавӣ матни кӯтоҳе бо номи “Рӯзи Ҳурмузд моҳи Фарвардин” дар даст дорем, ки дар он сухан аз омурзиши мардумон, офариниши ситораҳо ва бахшҳои гетӣ, рушанию торикӣ, девону друҷон (дурӯғ), биҳишту дӯзах меравад, ки чунин оғоз мешавад: “Ба номи додор Ҳурмузд, ашавафзунӣ ба рӯзи аввали хондан, ба рӯзи Ҳурмузд, моҳи Фавардин, Додор Ҳурмузд, ашав Зартуштро фармуд, ки мардумони геҳонро воҷ (=омурзиш) кун, ки (андар) ин рӯзи воҷи Вананд (номи ситора, пирӯзшаванда) гиранд, ки андар он додор Ҳурмузд фармояд...
Ва бо ин ҷумла анҷом меёбад:
“Аз он (рӯй) додор Ҳурмузд бар ҳама мардумон, беҳдин фарзи (=зарурати) кирфа (кори нек кардан), хушнудии равон(-ро гуфтааст), ки ба рӯзи Ҳурмузд, моҳи Фарвардин воҷи Вананд парастед, (то) ба он ҷой (дӯзах) девонро задан Вананди Эзадро хушдилӣ ва ромишӣ фароз расад” (Адабиёти паҳлавӣ.- Душанбе, 2017.- Саҳ. 115-118).
Рӯзи Ҳурмуздро Берунӣ чунин таъриф мекунад: “Исми Худованди таолост, ки офаридгор ва соневу парварандаи дунё ва аҳли он аст” (Берунӣ. Осор-ул-боқия, 233). Бо таваҷҷуҳ ба осори Имом Ҷаъфари Содиқ дар китоби “Озарбоди Маҳраспандон” дар бораи Ҳурмуздрӯз омадааст: “Рӯзе нек аст ва бобаракат ва ҳама комҳо шояд. Ва ин рӯз буд, ки Худои азза ва ҷалла меҳтари одамро биёфарид” (اشه ر. آذرباد مهرسپندان.-تهران،۱۳۸۱.-۵۷۲ص). Дар “рӯзномаҳои порсиг” андар фазилатҳои рӯзи Ҳурмузд зиёд ёд шудааст. Аз ҷумла, дар андарзномаи Озарбод ба писараш аз рӯзгори Сосониён андар сифати рӯзи нахустини сирӯза – Ҳурмуздрӯз омадааст: Ohrmazd rōz may xvār ud huram bāš. – “Ҳурмуздрӯз май хур ва хуррам бош!” (اشه ر. آذرباد مهرسپندان).
Айни ҳамин андарз дар “Шоҳнома” омадааст, ки далели возеҳи огоҳии ҳаким Фирдавсӣ аз андарзномаҳои зардуштӣ мебошад:
Шаби урмузд омад аз моҳи дай,
Зи гуфтан биёсою бардор май.
Далели дувуми ҷашн гирифтани Наврӯз дар навиштаи паҳлавӣ моҳи Фарвардин рӯзи Хурдод аст. Рисолае ба паҳлавӣ бо ҳамин номи “Моҳи Фарвардин рӯзи Хурдод” то рӯзгори мо боқӣ мондааст. Вожаи хурдод номи яке аз эзадон аст: haurvatāt – “тамомияти комил”; дар паҳлавӣ хvardat номи яке аз амшоспандон аст, ки муваккили обу гиёҳ аст ва рӯзи шашуми ҳар моҳ ва сеюм моҳи солро Хурдод хонанд. Дар андарзномаи зардуштӣ дар ин рӯз, ки муваккилаш Хурдод аст, фармудаанд, ки “Хурдодрӯз ҷӯй кан ва аз об бипарҳез” (اشه ر. آذرباد مهرسپندان.-تهران،۱۳۸۱.-۵۷۲ص.- 275ص.). “Маънои ин ном суботи халқ аст. Ва Хурдод малакест, ки ба тарбияти халқ ва дарахтону наботот, нест кардани палидӣ аз обҳо муваккил аст” (Берунӣ. Осор-ул-боқия. – Саҳ. 239).
Ва дар “Шоҳнома” моҳ ва рӯзи Хурдод баробар корбаст шудаанд:
Бурун рафт хуррам ба Хурдодрӯз,
Ба нек эҳтирому фол гетифурӯз.
Ки тоҷи Каён ёфт аз Яздгард,
Ба Хурдодмоҳ андарун рӯзи Ард.
Дар Хурдодрӯз раҳоии Ҷамшед аз бадӣ, ба низом омадани ҷаҳон ва парҳезкории мардум ба вуқуъ пайваст, бино бар ин месазад рӯ ба ин рӯз кард. Аз ин навишта ва чандин ривоятҳо огоҳӣ дорем, ки пайдоиши ҷашни Наврӯз ва рӯзи навро ба шоҳ Ҷамшед нисбат медиҳанд: Ҷам гӯё динро нав карду бар Аҳриман ва пайравонаш пирӯз шуд, бо сабаби ин пирӯзӣ хуршед дурахшон шуд ва мардум мегуфтанд: “Рӯзи нав”, “Наврӯз”; Ҷам тахте пур аз гавҳар сохт, девон онро бар осмон барафрохтанд ва Ҷам чун хуршед дурахшид... ва амсоли ин.
Дар таърихномаҳо аз ду Наврӯз ёд шудааст: Наврӯзи хурд ё Наврӯзи ом ва Хурдодрӯз ё Наврӯзи бузург ё Наврӯзи мулук.Муҳаққиқон Наврӯзи бузургро, ки дар рӯзи шашуми моҳи фарвардин – дар Хурдодрӯз ба муносибати рӯзи таваллуди Зардушт ҷашн гирифта мешуд, қайд кардаанд. Мазмуни баргаи тозапайдошудаи паҳлавӣ аз ҷониби Абурайҳони Берӯнӣ айнан бозгӯӣ шудааст. Бо матни паҳлавӣ муқоиса шавад: “Ва дар рӯзи шашуми ин моҳ Наврӯзи бузург аст, ки назди эрониён иди бузургест. Ва гӯянд, ки Худованд дар ин рӯз аз офариниши ҷаҳон осуда шуд, зеро ин рӯз охири рӯзҳои шашгона аст... Ва Ҷам дар ин ҳангом бозгашт ва дар чунин рӯзе монанди Офтоб баромад ва нур дар ӯ метофт... Ва мардум гуфтанд: “Рӯзи нав!
Дар ин рӯз буд, ки Ҷамшед ба ашхосе, ки ҳозир буданд, амр намуд ва онон, ки ғоиб буданд, навишт, ки гӯристонҳои куҳнаро хароб кунанд...” (Осор-ул-боқия, Саҳ. 235-236).
Ба ривоятҳои дигаре, азбаски шоҳ бо табақоти гуногуни мардум аз оғози баҳор дидор мекард, рӯзи шашум идро дар ҳалқаи хосон баргузор мекард, ки ҳанӯз ҳам асаре дар миёни зардуштиён аз ин рӯз боқӣ мондааст. Назари дигаре низ ҳаст, ки дар даврони бостон моҳ ба шаш панҷрӯза бахш мешуд ва хурдодрӯз рӯзи аввали панҷаи дувуми Фарвардин буд, ки Наврӯзи бузург ҷашн гирифта мешуд ва дар миёни суғдиён низ дар ҳамин рӯз бо номи Навсард ид баргузор мешуд (رضی ه. نوروز سوابق تایخی تا امروز.- تهران، 1358.-271 ص. ).
Дар ҳамосасаи миллӣ – “Шоҳнома” вожаи Наврӯз 33 бор омадааст. Инчунин Наврӯз бо мафҳумҳое чун “сари соли нав” ва “фарвардинмоҳ” баён шудааст. Фирдавсӣ Наврӯзро аз назари ҳакимона ва хирадгароёнаи худ таърифу тавсиф намуда, воқеаҳои сиёсиву иҷтимоиро бо суннатҳои аҷдодӣ пайванд додааст. Фирдавсӣ тибқи ривоёти мардумӣ пайдоиши аввалин ҷомеаи башар – замони ба тахт нишастани нахустин подшоҳони пешдодӣ – Каюмарсу Ҷамшедро бо суннату андешаҳои мардумӣ, бо рӯзи аввали сари сол – Наврӯз пайванд медиҳад.
Чунин гуфт, к-“Ойини тахту кулоҳ,
Каюмарс оварду ӯ буд шоҳ.
Чу омад ба бурҷи ҳамал офтоб
Ҷаҳон гашт бо фарру ойину об”.
Ва рӯзи ба тахт нишастани Ҷамшедро “Сари соли нав Ҳурмузи фарвадин”, яъне Наврӯз хондааст:
Сари соли нав Ҳурмузи фарвадин.
Баросуда аз ранҷ рӯи замин.
Бузургон ба шодӣ биёростанд,
Маю ҷому ромишгарон хостанд.
Чунин ҷашни фаррух аз он рӯзгор
Ба мо монд аз он хусравон ёдгор.
Дар “Наврӯзнома”-и Хайём бунёнгузори солшумории шамсӣ Каюмарс буда, бозгаштани фарвардин ба мабдаъи асосиашро шоҳ Ҷамшед муайян карда, онро “рӯзи нав” хондааст (Умари Хайём. Наврӯзнома. – Душанбе, 2012.-250с.).
Аз навиштаи тозаёфтшудаи паҳлавӣ ва бозтоби он дар “Осор-ул-боқия” ва бархе аз манобеи илмиву адабӣ маълум аст, ки дар замони Сосониён рӯзи Ҳурмузд моҳи Фарвардин баробар ба 1-уми Фарвардин (21 март) Наврӯзи хурд ё Наврӯзи ом ва рӯзи Хурдод моҳи Фарвардин, баробар ба 6-уми Фарвардин (26 март) Наврӯзи бузург ё Наврӯзи хоса баргузор мешуд. Бо вуҷуди он ки аз замони густариши ислом гоҳшумории порсиён дар канори тақвими қамарӣ роиҷ буд, аммо шеваи ҷашнгирии бархе аз ин рӯзҳо то замони мо боқӣ намонданд. Аз ҷумла, Наврӯзи бузург, ки пайдоиш ва ҷашни он маншаъи илмии нуҷумӣ дошта, тибқи ривоятҳо ба шоҳони Эрони бостон нисбат дорад, аз байн рафт.
Ҳар миллате ва давлате аз тариқи гузаштаи таърихӣ ва фарҳангии худ шиносоӣ ва ҳувияти миллии худро ҷӯё мешавад ва бозёфти тозаи осори паҳлавӣ бори дигар собит месозад, ки тоҷикон бо доштани тамаддуне куҳан аз сарвати фарҳангии азиме низ бархурдор буданд, аз ин рӯ ҳифозати ин мероси фарҳангӣ вазифаи муҳимми ҳар як тоҷику тоҷикистонист.
Шарифзода Фарангис Худоӣ - директори
Институти забон ва адабиёти ба номи Рӯдакии АМИТ,
“Ҷашни умумимиллии Наврӯз барои халқи мо мероси таърихӣ ба шумор меравад, зеро он аз гузаштагони дурамон ба ёдгор мондааст.
Ҷашни Наврӯз, дар ҳақиқат, як ҷузъи хотираи тобноки маънавии одамон мебошад, ки наслҳоро ба ҳам пайванд дода, робитаҳои дӯстӣ ва муносибатҳои ҳамёриву ҳамкориро боз ҳам қавӣ мегардонад”.
Эмомалӣ Раҳмон
Ҷашни Наврӯз яке аз рукнҳои ниҳоят қадимаи фарҳангии мардуми ориёӣ буда, таърихи беш аз панљҳазорсола дорад. Ин ҷашн бузургтарин анъанаи миллиро дар худ таҷаллӣ намуда, то замони мо бо як силсила маросимҳои суннатӣ бо шукӯҳу шаҳомат таҷлил мегардад
Маҳз бо ибтикори наҷибона ва саъю талошҳои пайвастаи Пешвои муаззами миллат, Ҷаноби Олӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷашни Наврӯз дар Ҷумҳурии Тоҷикистон марҳала ба марҳала вусъату шукуҳи бештар ёфта ва ниҳоят соли 2010 бо қатъномаи Созмони Милали Муттаҳид ҳамчун ҷашни ҷаҳонӣ пазируфта шуд.
Зимнан бояд қайд кард, ки маҳз ба шарофати ин абармарди арсаи сиёсат ҷашни бостониву куҳанбунёд - Наврӯзи оламафрӯз ҳамчун ҷашни байналмилалӣ эътироф гардида, ҳамчун ҷашни умумиҷаҳонӣ шинохта шуда дар Феҳристи ЮНЕСКО бо ҳуруфи заррин ҳакокӣ гардид.
Ҷашни фархундаи Наврӯз барои мардумони ориёинажод, алалхусус барои тоҷикон рамзҳои зиёдеро дар худ инъикос мекунад, аз љумла бедоршавии табиат, зебої ва шукуфоии олами наботот, пирӯзии нур бар зулмот, гармӣ ба сардӣ, хубӣ ба бадӣ, покию нафосат ба касифӣ, шарофат ба разолат, маърифат ба ҷаҳолат, доноӣ ба нодонӣ, тандурустӣ ба беморӣ.
Ҷашну истиқболи Наврӯз аз суннатҳои фарҳангии қадимтарини мардуми тоҷику форс ва ориёӣ буда, чун Тиргону Меҳргон ва Сада то даврони ҳозир арзишҳои худро гум накардааст. Ҷашни Наврӯз нишондиҳандаи он аст, ки аҷдодони мардуми тоҷику форс аз қадим дорои фарҳангу тамаддуни воло будаанд.
Пос доштани ҷашни байналмилалии Наврӯз яке аз рисолатҳои муҳимми миллист. Чунки файзу баракати ин ҷашни бошукуҳ ҳар яки моро ба ояндаи боз ҳам неку дурахшон раҳнамоӣ менамояд.
Ҳамин тариқ, метавон хулоса намуд, ки то инсонияти рӯйи олам вуҷуд дорад, Наврӯз ҳамеша пояндаву абадӣ боқӣ хоҳад монд. Ба ифодаи Шоири халқии Тоҷикистон, устоди зиндаёд Лоиқ Шералӣ:
Наврӯз навҷавон аст, Наврӯз ҷовидон аст,
Аз рӯзгори пешин зеботарин нишон аст.
Наврӯзи хуҷастапай муборак бод!
Қадамзода Дилшод Саттор - директори Институти зоология ва
паразитологияи ба номи Е.Н. Павловскийи АМИТ
Вожаи наврӯз дар забони тоҷикӣ яке аз вожаҳои серистеъмол ба шумор рафта, дар баробари ифодаи номи ҷашни миллӣ дорои тобишҳои гуогуни маъноӣ низ мебошад. Ин вожа аз ҳама беш дар адабиёти бадеӣ, махсусан осори манзум бештар мавриди истифодаву тасвир қарор гирифтааст. Шоирони порсигӯ низ зимни истифода аз вожаи “наврӯз” тамоми вижагиҳои мафҳумии онро ба инобат гирифтаанд. Ин аст, он дар доираи майдони семантикӣ барои ифодаи маъноҳои зиёде корбаст шудааст.
Дар забони осори шоирони порсизабон вожаи «наврӯз» бо тамоми маъноҳои луғавӣ ва тобишҳои маъноияш мавриди истифода қарор гирифта, ба аҳли эҷод имконият фароҳам овардааст, ки дар мавридҳои зарурӣ барои баёни муассир аз ин вожа суди эҷодӣ биҷӯянд. Вожаи наврӯз, ки маънои рӯзи навро дорад, маҷозан маънои ҳар рӯзи фархундаву шоду бофараҳро низ ифода менамояд.
Дар ҳамин замина, вақте ба мавқеи истифода ин вожа дар забони шеър назар мекунем, дармеёбем, ки он ба гурӯҳи вожаҳои фаъоли забони шеър мансуб буда, барои бунёди муносибатҳои нави семантикии байни калимаҳо ва образҳои гуногуни бадеӣ мусоидат менамояд, ки ин, бешубҳа, ба вазифаи лексикии калима дар забон марбут аст.
Ба андешаи Г.С. Сиритса: «Нақши вожаҳо дар матни бадеӣ ба вазифаҳои мушаххаси ғоявӣ-бадеӣ вобаста аст. Дар матни бадеӣ дар байни калимаҳо муносибатҳои нави маъноии вожаҳо бунёд меёбад» [Сырица: 2014, 90]. Ин назария, дар ҳақиқат, хеле ҷолиб аст. Чунки дар матни бадеӣ муносибати семантикии калимаҳо дар баробари ифодаи маъноии мафҳумҳо ба якчанд омили дигар, аз қабили таносуби маъноии калимаҳо, ҳамнишинии онҳо ва тасвиру баёни муассир вобастагӣ дорад ва дар ҳамин росто муносибатҳои тозаи семантикии калимаҳо зуҳур меёбанд. Бояд зикр кард, ки омилҳои зикршуда асос ва бунёди шеърро низ ташкил медиҳанд ва ҳамеша дар робитаи байниҳамдигарӣ қарор дошта, аз ҷиҳати корбаст таносуби вожаҳо муносибатҳои муродифию антонимиро низ ба вуҷуд оварда метавонанд.
Калима ба ҳайси воҳиди асосии луғавӣ барои ифодаи маъно дар забон нақши муҳим дошта, вобаста ба услуб ва мавридҳои нутқ доира ва дараҷаҳои гуногуни истеъмолӣ дорад. «Вожа ва лафз моддаи аслии шеър ва яке аз авомили зебоию таъсири он аст, зеро мусиқӣва оҳанги шеър низ аз алфозе, ки шоир ба кор мебарад, бармехезад. Ба ҳамин сабаб яке аз ҳунарҳои шоирони бузург интихоби алфози булӯрин ва муносиб барои шеър аст. Гузиниши алфоз бо ҳама аҳамияте, ки барои шеър ва шоир дорад, тобеи ҳеҷ зобита ва қоидаи муайяне нест ва танҳо завқу истеъдоди зебогузинии шоир аст, ки аз миёни дастгоҳи густурда ва печидаи луғоти забон ва аз дарёи бекарони алфоз онро, ки беҳтару муносибтар ва тарошхӯрдатар аст, интихоб мекунад» [Хусрави Фаршедвард: 1378, 115].
Дар ҳамин росто, вожаи «наврӯз» низ яке аз вожаҳои фаъол ва муносибу тарошхӯрдаест, ки дар забони шеър бо вожаҳои зиёде ҳамнишин гардида, барои ифодаи маъниҳои муассире мусоидат кардааст.
Пеш аз ҳама, ин вожа дар робитаи маъноӣ бо вожаи «хусрав» ҳамнишин гардида, далолат бар он мекунад, ки шоҳони ориёӣ ҳамеша дар таҷлили ин ҷашн иштирок мекарданд ва як қатор суннатҳоро аз қабили бахшидани гуноҳҳои муҷримин, хайру эҳсон кардан, бо мардум сари як суфра нишаста суҳбат кардан, ба кишту кори баҳорӣ оғоз бахшидан ва монанди инҳоро ба ҷо меоварданд. Дар навбати худ аҳли эҷод низ ба шоҳон шеърҳои наврӯзӣ эҳдо мекарданд:
Аз ин фархунда фарвардину хуррам ҷашни наврӯзӣ,
Насиби хусрави одил саодат боду пирӯзӣ.
(Фаррухии Систонӣ)
Хусраво, рӯзат ҳама наврӯз бод
В-аз тараб шабҳои умрат рӯз бод,
То шабу рӯзи ҷаҳон ояндаанд,
Рӯзгорат рӯзу шаб наврӯз бод.
(Анварӣ)
Хез ба шамшери субҳ сар бибур ин мурғро,
Туҳфаи наврӯзсоз пеши шаҳи комёб.
(Хоқонӣ)
Бар ҷаноби ӯву бар аҳли ҷаҳон фархунда бод,
Риҷъати наврӯзу тарҷеи ману тақвими ӯ.
(Хоқонӣ)
То ки шуд наврӯз султони фалакро мизбон,
Омилони табъи ҷон бар мизбон афшондаанд.
(Хоқонӣ)
На Ҳофиз мекунад танҳо дуои хоҷа Тӯроншоҳ,
Зи мадҳи Осафе хоҳад ҷаҳон идию наврӯзӣ.
(Ҳофизи Шерозӣ)
Вожаи «наврӯз» бо вожаҳои хазон, зимистон, сармо, заҳмат ва монанди инҳо омада, омадани баҳор, сабру таҳаммул ва интизириро ифода кардааст:
Шаби меҳнатба охир омаду шуд,
Шаби ман рӯзу рӯзи ман наврӯз.
(Анварӣ)
Комҷӯёнро зи нокомӣ чашидан чора нест,
Бар зимистон сабр бояд толиби наврӯзро.
(Саъдии Шерозӣ)
Дӯстбоз омаду душман ба мусибат боз нишаст,
Боди наврӯзалорағми хазон боз омад.
(Саъдии Шерозӣ)
Зимистонасту бебаргӣ, биё, эй боди наврӯзӣ,
Биёбон асту торикӣ, биё, эй қурси маҳтобам.
(Саъдии Шерозӣ)
Алами давлати наврӯз ба саҳро бархост,
Лашкари заҳмати сармо зи сари мо бархост.
Ҳар касеро ҳаваси рӯи гуле дар сар шуд,
Гӯӣ, ин валвала аз ошиқи шайдо бархост.
(Саъдии Шерозӣ)
Наврӯз бо мафҳумҳоии «баҳор» ва «гулу гиёҳ» ва вожаҳои ба онҳо марбут мисли «абр», «бод», «борон» (маҷозан «ашк»), «сунбул», «саҳро» алоқаи ногусастании маъноӣ дорад. Баъзан онҳо дар майдони семантикӣ ифодаи маъноии якдигарро иваз ва ё комил карда, барои тасвири ҳолати руҳии қаҳрамони лирикӣ ва ё тасвири маъшуқа ва хислатҳои ӯмавриди истифода қарор гирифтаанд. Масалан:
Фасли баҳору мавсими наврӯзхуш бувад,
Дар сар навои булбулу дар даст булбула.
(Хоҷуи Кирмонӣ)
Фасли наврӯзчу дар барги суман менигарам,
Бе гули рӯи ту хорам зи басар мерӯяд.
(Хоҷуи Кирмонӣ)
Одаме нест, ки ошиқ нашавад фасли баҳор,
Ҳар гиёҳе, ки ба наврӯзнаҷунбад, ҳатаб аст.
(Саъдии Шерозӣ)
Абри озорӣбаромад боди наврӯзӣ вазид,
Ваҷҳи май мехоҳаму мутриб, ки мегӯяд расид.
(Ҳофизи Шерозӣ)
Зи кӯи ёр меояд насими боди наврӯзӣ,
Аз ин бод ар мадад хоҳӣ, чароғи дил барафрӯзӣ.
Боди наврӯз, бӯйи гулу сунбул дорад,
Лутф ин бод надорад, ки ту мепаймоӣ.
(Саъдии Шерозӣ)
Наврӯзрухат дидам, хуш ашк биборидам,
Наврӯзу чунин борон борида муборак бод.
(ҶалолуддиниБалхӣ)
Он кист, андар рафтанаш сабр аз дили мо мебарад,
Турк аз Хуросон омадаст, аз Порс яғмо мебарад.
Шероз мушкин мекунад чун нофи оҳуи Хутан.
Гар боди наврӯзаз сараш бӯе ба саҳромебарад.
(Саъдии Шерозӣ)
Ҳамнишинии вожаи «наврӯз» бо вожаҳои «ид», «туҳфа»:
Ҳар ки дар шаб рухи чун моҳи ту бинад, гӯяд,
Рӯзи идаст магар ё шаби наврӯзимшаб
(Хоҷуи Кирмонӣ)
Идомаду он моҳи дилафрӯз наомад,
Дил хун шуду он ёри ҷигарсӯз наомад.
Наврӯзи ман ҳар ид бурун омадӣ аз шаҳр,
Чун аст, ки ид омаду наврӯз наомад наомад.
(Хоҷуи Кирмонӣ)
Гар асари рӯи ту сӯи гулистон расад,
Боди сабо рад кунад туҳфаи наврӯзро.
(Хоқонӣ)
Шоданд ҷаҳониён ба наврӯзу ба ид,
Иди ману наврӯзи манимрӯз туӣ.
(Ҷалолуддини Балхӣ)
Ҳамнишинии вожаи наврӯз бо вожаҳои ифодагари мусиқӣ ва мафҳуми паранда:
Шоҳиди барбатзаназ ушшоқмесозад наво,
Булбули хушнағмааз наврӯзмегӯяд суруд.
(Хоҷуи Кирмонӣ)
Акнун ки мурғ пардаи наврӯзмезанад,
Эй моҳи пардасоз хурӯши рубоб ку?
(Хоҷуи Кирмонӣ)
Дар шеъри шоирони порсигӯгоҳо ба баъзе аз анъанаю суннатҳое, ки ҳангоми таҷлили ҷашни наврӯз сурат мегиранд, ишораҳо шудааст, ки он бештар дар қолаби ибораҳои изофӣ ифода ёфтааст. Масалан, дар ғазале Ҳофизи Шерозӣ таъбири «мири наврӯзӣ»-ро ба таври зайл овардааст:
Сухан дар парда мегӯям, чу гул аз парда берун ой,
Ки беш аз панҷ рӯзе нест, ҳукми мири наврӯзӣ.
Дар китоби «Фарҳангномаи шеърӣ» ин таъбир чунин шарҳ дода шудааст: «Мири наврӯзӣ– он кас ки дар чанд рӯзи охири сол, пеш аз наврӯз барои тафреҳ ба салтанат бармегузиданд ва вай аз тулӯи офтоб то ғуруб савори маркабе мешуда ва дар кӯйҳо ва майдонҳо мегаштааст ва гурӯҳе аз дарбориён мушоият мекардаанд ва ҳукми ӯ нофиз буда ва аз соҳибони дуконҳо вуҷуҳе дарёфт мекарда ва чун ғуруб мешудааст, ӯро анвои шиканҷа озор мерасонидаанд»
Ҳамин тариқ, ин вожа ба ҳайси яке аз вожаҳои аслии порсӣ дар забонҳои гуногуни кишварҳои таҷлилкунандаи ҷашни Наврӯз роҳёфта, ҳам ба ҳайси истилоҳи ҷашну маросим ва ҳам ба ҳайси вожаи ифодагари маъниҳои гуногуне аз қабили покию покизагӣ, озодагӣ, омодагӣ ба фасли баҳор, даъват ба сулҳу ҳамдигарфаҳмӣ, амнияту осоиш ва умуман бузургдошти инсону табиат дар осори бадеӣ ба таври густарда мавриди истифода қарор гирифта, дар бунёди мазмуни шеър мақоми меҳвариро касб кардааст.
Шоирони сухансанҷу суханвари тоҷикдар заминаи тобишҳои маъноии вожаи «наврӯз» маъниҳои муассир ва бикреро ифода карда, андешаҳои худро зимни овардани ин мафҳум дар доираи майдони семантикӣ дар алоқамандию равобит ва таносуб бо дигар вожаҳо иброз намуда, дар тасвир ва офаридани образҳо тавассути он суди эҷодӣ ҷуста, ба хонандаи шеъри форсию тоҷикӣдар тули зиёда аз ҳазор сол эҳсосидарки сухан ва лаззати зебоишинохтӣ бахшидааанд.
Рӯйхати адабиёт:
1. Сырица,Г.С. Филологический анализ художественного текста. – М.: ФЛИНТА: Наука, 2014.–344 с.
.2خسرو فرشیدورد. تأریخ مختصر زبان فارسی از آغاز تا کنون.– تهران: زوار،1378.–190 ص.
.3 فرهنگنامۀ شعری. بر اساس آثار شاعران قرن سوم تا یازدهم هجری (تألیف دکتر رحیم عفیفی) (سه جلد).– تهران: سروش، 1376.– 2744 ص.
Саломиён Муҳаммаддовуд, - доктори илмҳои филология, ноиби президенти
Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, профессори ДМТ
Мо тоҷикон ба ҷашни Наврӯз ҳамчун мероси маънавию фарҳангии инсоният нигариста ба он арҷ мегузорем ва гиромӣ медорем, зеро ки Наврӯз бо омаданаш файзу баракат, нозу неъмат ва тозагиву озодакориро ба Ватани азизамон ҳадия менамояд. Воқеан, Наврӯзи Аҷамро дар тӯли асрҳои зиёд аз шимоли Чин то марзҳои Аврупо халқияту миллатҳои гуногун, аз ҷумла халқиятҳои Осёи марказӣ бо самимият ва меҳру муҳаббати хоса ҷашн мегиранд, ки ин аз арзиши умумибашарӣ ва асолати тамаддунсози он башорат медиҳад.
Ҷашни Наврӯз бузургтарин ҷашни миллию фарҳангии мо ба ҳисоб рафта, дорои таърихи зиёда аз шашҳазорсола мебошад. Дар таърихи фарҳанги мардуми форснаҷот ҳеҷ як анъана ва расму оине чун ҷашни хуҷастапай ва фархундаи Наврӯз азизу гиромӣ ва куҳантар вуҷуд надорад. Ҷашни Наврӯз ҳамчун рамзи пайвандгари насли имрӯз бо расму оин, арзишҳои эстетикӣ, меҳру садоқат ва анъаноти ниёгон мебошад. Ҷашни Наврӯз аз қадимтарин ва бузургтарин идҳои мардумони тоҷику эронитабор буда, умри дарози беш аз шашҳазорсола дорад. Тавре ки аз номи он бармеояд, Наврӯз «рӯзи нав» маънӣ дошта, дар аввали соли нави хуршедӣ ба истиқболи Соли нав барпо мешавад. Наврӯз ҷашни фарорасии баҳоринозанин, зиндашавии табиат, оғози корҳои кишоварзӣ ва боғдорӣ, айёми баробаршавии шабу рӯз дар баҳор мебошад. Наврӯз ҷашнест, ки тамоми олами табииро зинда менамояд ва деҳқонон дар ин моҳ ба кишт кардан оғоз мекунанд. Аз нигоҳи ҳисоби ситорашиносӣ Наврӯз рӯзест, ки офтоб ба бурҷи барра (ҳамал) ворид мешавад ва дар ҳамон дақиқаву сонияе, ки ворид шуд, Соли нав фаро мерасад. Мувофиқи сарчашмаҳои таърихӣ Наврӯзро дар аввали моҳиФарвардин, ки бо солшумории имрӯзаи мо ба моҳи март рост меояд, ҷашн мегиранд.
Агар мо роҷеъ ба таърихи пайдоишу баргузории ин ҷашни куҳанбунёд нигарем, дар сарчашмаҳои таърихию адабӣ ва бадеӣ маълумотҳои зиёдеро пайдо менамоем, ки донишмандони тоҷику эронӣ ва хориҷӣ дар асоси онҳо мақолаҳову рисолаҳои арзишманд таълиф намудаанд. Маълумоти мустақим ва пурмаъно дар «Шоҳнома»-и Фирдавсӣ, «Наврӯзнома»-и Умари Хайём, «Осор-ул-боқия» ва «Ат-тафҳим»-и Абурайҳони Берунӣ, «Зайн-ул-ахбор»-и Абулсаиди Гардезӣ, «Ал-маҳосин-вал-аздод»-и Кисравӣ ва чанде дигар метавон пайдо кард, ки ба иттифоқ Ҷамшеди Пешдодиро бунёдгузори ҷашни Наврӯз хондаанд. Аксарияти сарчашмаҳои таърихӣ ба он далолат мекунанд, ки Наврӯз дар давраи салтанати Пешдодиён дар замони ҳукмронии Шоҳ Ҷамшед пайдо шудааст. Агар ба таърих назар афканем, мебинем, ки давраи салтанати Шоҳ Ҷамшед давраи адлу инсоф ва пайдоиши якчанд ҷашнҳои суннатӣ ва оинҳое, ки аз замони Зардушт боқӣ монда буданд, ба пуррагӣ қайд мешуданд.
Чуноне, ки аз асари машҳури Умари Хайём – «Наврӯзнома» бармеояд сабаби Наврӯз номгирифтани он чунин будааст, «чун бидонистанд, ки офтобро ду давр бувад, яке он ки ҳар сесаду шасту панҷ рӯз ва рубъе аз як шабонарӯз ба аввали дақиқаи Ҳамал боз ояд, ба ҳамон вақту рӯз, ки рафта буд, бад ин дақиқа натвонад омадан, чӣ ҳар сол аз муддат ҳаме кам шавад. Ва чун Ҷамшед он рӯзро дарёфт, Наврӯз ном ниҳод ва ҷашн ойин овард ва пас аз он подшоҳон ва дигар мардумон бад-ӯ ибтидо карданд».
Аз ин китобҳои таърихӣ маълум мешавад, ки Наврӯз дар даврони қадим ба шаклҳои гуногун қайд карда мешудааст. Рӯзҳои ҷашнгирии ид низ фарқ доштааст. Фарқи ҷашни Наврӯз аз дигар идҳо дар он маҳсуб меёбад, ки онро дар фасли баҳор ҷашн мегиранд ва оғози кишту кори баҳорист. Дар ин фасли сол табиат ба зиндашавӣ оғоз менамояд ва аз ҳама фасли зеботарин маҳсуб мешавад. Баргузории ҷашни Наврӯз дар замони Сосониён чанд рӯз (на кам аз шаш рӯз) тӯл мекашид. Он замон ҷашнгирӣ ба ду давра тақсим мешуд - Наврӯзи кӯчак ё Наврӯзи омма, ки панҷ рӯз буд ва аз якум то панҷуми моҳи Фарвардин гиромидошт мешуд ва рӯзи шашуми Фарвардин (Хурдодрӯз) ҷашни Наврӯзи бузург ё Наврӯзи хосса барпо мегашт. Ривояти дигаре ҳаст, ки манобеи мухталиф аз онҳо ёд шуда, бешу кам бо ҳамин таъбирот ҳамроҳӣ дорад, ки «рӯзи аввали фарвардин ибтидои баҳор аст ва инро «Наврӯзи кучак», «Наврӯзи омма» ва «Наврӯзи сағир» гӯянд.
Чунонеки дар боло қайд намудем иди Наврӯзи сароғози таърихи пурғановати мо буда, ҳамчун суннати пурарзиш ба фарҳангу тамаддуни миллӣ ва тору пуди зиндагии на танҳо мардуми тоҷику форс, балки кулли халқҳои минтақаи Осиёи Марказӣ ва берун аз он омезиш ёфтааст. Наврӯз чун рамзи пайванди азалии инсон бо табиат дар шабу рӯзҳои эътидоли баҳориву иваз шудани сол фаро мерасад ва бо расидани он рӯзгори кӯҳан зиндагиро аз сар оғоз мебахшад, табиату ҳастӣ рахти нав ба бар мекунад ва дар рӯҳу ҷони одамон гарми падид меояд.
Аз ин хотир халқи тоҷик ин иди азизу мӯътабар ва муқаддаси ниёгонро бо хурсандиву арҷгузории беандоза таҷлил карда, беҳтарин орзуву ормонҳои худро бо Наврӯзи хуҷастапай пайванд медонад. Тамоми оинҳои ибратомӯзи наврӯзӣ, ки моҳиятан сарчашмаи бузурги ахлоқиву тарбиявӣ ва бунёдкориву созандагӣ мебошанд, имрӯз низ барои ҳар фарди огоҳу солимфикр чун манбаи умеду ормонҳои наҷибу созанда ва василаи худшиносиву ҷаҳоншиносӣ хизмат мекунанд.
Имрӯз мову шумо дар марҳалаи хеле ҳассосу мураккаби ҷаҳонишавӣ қарор дорем, ки инсоният нисбат ба ҳар вақти дигар ба арзишҳои волои фарҳангӣ, суннатҳои зиндагисози маънавӣ, ахлоқи ҳамида, меҳру рафоқат, ҳамдиливу ҳамкорӣ ва сулҳу оромӣ ниёзи бештар дорад.
Бинобар ин баъди ба даст овардани Истиқлолияти давлатӣ, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба таъриху фарҳанг ва ҷашну маросимҳои мардумӣ диққати ҷиддӣ дода, барои эҳёи арзишҳои миллӣ талошҳои зиёдеро басомон расонида истодааст. Дар ин раванд ҷашнҳои миллию мардумӣ аз ҷумла таҷлили ҷашни Наврӯз миёни мардуми тоҷик ва тоҷикистониён мақоми хоссаро пайдо карда, хусусиятҳои деринаашро бо пазироии рӯҳияи замони нав созгор намуда, мавриди эътирофи ҷаҳониён қарор гирифт. Насли ҷавони даврони нав аз ин падидаҳои умедбахш орзую умедҳои зиёд доранд, зеро зинда ва ҷовидон мондани анъанаи ниёгон бақои ҳастии миллатро нишон медиҳад.
Аз ин рӯ мо орзуи онро дорем, ки ин ҷашни куҳану ҳамешаҷавон барои мардуми кишвари мо бигзор тинҷию осоиштагӣ, хуррамию некрӯзӣ, сулҳу амният ва неъматҳои фаровон ато намояд, орзу ва армонҳои насли имрӯза низ ҷомаи амал пӯшанд. Шодиву сурур ва хурсандию нишоти кӯдакон дар осмони сафобахши рӯзгор танинандоз бошад.
Муаллифон: Ҳамроев У.Х., Аюбов Д.Қ.
Наврӯзи аҷам зинда кунад, хоки куҳанро,
Аз нав бикунад ҷома бар тан боғу чаманро.
Аз партави хуршед замин гарму чаман гарм,
Аз ҳиммати найсон дили деҳқони Ватан гарм.
Наврӯз бузургтарин ҷашни миллӣ ва фархундаи ниёгони мо ба ҳисоб рафта, дорои таърихи ҳазорсолаҳо мебошад. Наврӯз пайвандгари насли имрӯз бо расму оин, арзишҳои эстетикӣ, меҳру садоқат ва анъанаоти ниёгон мебошад. Ҷашни Наврӯз аз қадимтарин ва бузургтарин идҳои мардумони эронитабор буда, таърихи беш аз 5 ҳазорсола дорад. Тавре ки аз номи он бармеояд, Наврӯз «рӯзи нав» маънӣ дошта, дар аввали соли нави хуршедӣ ба истиқболи Соли нав барпо мешавад. Наврӯз ҷашни фарорасии базори нозанин, зиндашавии табиат, оғози корҳои кишоварзӣ ва боғдорӣ, айёми баробаршавии шабу рӯз дар баҳор мебошад. Ин ҷашн ҳамеша бар рамзи таҷдиди тозагӣ, покизагӣ ва шодиву хушбахтӣ фаҳмида мешавад.
Наврӯз дар бисёр кишварҳо, хусусан дар Осиёи Миёна, Эрон, Туркманистон, Афғонистон ва дигар минтақаҳо бо ҷашни бузург ва анъанаҳои гуворо ва аҷиби худ ҷашн гирифта мешавад. Яке аз анъанавиҳои муҳими Наврӯз тайёр кардани таомҳои хос ва хӯрдани онҳо бо оила ва дӯстон мебошад. Дар байни онҳо "суманак" яке аз маъруфтарин таом аст, ки аз гандум тайёр мешавад ва рамзи ҳосил бомаром, шодиву иқбол аст. Наврӯз барои пешбурди муҳаббат ва бародарӣ байни одамон аст. Дар ин рӯз, одамон якдигарро бо дуоҳои хуб ва хушбахтӣ мебаранд ва онҳоро барои як соли пурра аз ҷиҳати маънавӣ ва ҷисмонӣ дуруст бо хираду иродаи тоза шод мекунанд.
Барои тоҷикон Наврӯз як ҷашн, бо аҳамияти фарҳангӣ ва маънавӣ аст. Ин ҷашн дар байни мардуми тоҷик як рӯйдоди фархунда ва муҳим ба шумор меравад, ки дар он хонаводаҳо ва мардум бо якдигар ҷамъ омада, боз ҳамдигарро бо хайр ва шодии нав тӯҳфа мекунанд. Наврӯз дар қалбҳои мардум ёдҳои шод ва давраи назаррас дар зиндагии одамон ба вуҷуд меорад. Баҳор на танҳо дар табиат, балки дар руҳи инсон низ эҳё мешавад.
Ин ҷашн хосиятҳои раванди руҳии инсонро бозгӯ мекунад ва рамзи он аст, ки ҳар як инсон метавонад бо нияти тоза ва хиради нав ба ҳаёти худ назар кунад. Барпо кардани рамзи тозаии табиат, барқарор кардани муҳаббат ва эҳтиром ба табиат ва ё фаромӯш кардани иштибоҳҳо ва ношоистагиҳо — ҳамаи ин барои навсозии ҳаёти инсонҳо муҳим аст.
Наврӯз як ҷашн аст, ки танҳо як рӯзи тоза ва шодӣ нест, балки боиси тағйироти амиқ дар қалб ва маънавияти одамон мебошад. Ин рамзи ҳосили бомаром ва муҳаббат аст ва барои омадани баҳор ва эҳёи табиати нав оғоз мешавад.
Шукӯҳу тантанаҳои наврӯзӣ гувоҳи он мебошанд, ки давлат ва Ҳукумати мамлакат ба рушти фарҳанги миллӣ ва эҳёи суннатҳои бостонӣ арҷ гузошта, барои пойдори ва боз ҳам ғанӣ гардонидани онҳо пайваста иқдом менамоянд.
Тамоми оинҳои ниёгони наврӯзӣ сарчашмаи бузурги ахлоқию тарбиявианд ва метавонанд наслҳоро ба садоқату вафодорӣ, бунёдкориву созандагӣ ва зебопарастӣ ҳидоят намоянд.
Фозилова Париноз Миралибековна, ходими калони шуъбаи «Назарияи функсияҳо ва таҳлили функсионалӣ»Институти математикаи ба номи А. Ҷӯраеви АМИТ.
Дар паёми шодбошӣ ба мардуми кишвар ба муносибати ҷашни Сада, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид мекарданд: “Панҷоҳ шабу панҷоҳ рӯз пеш аз фарорасии ҷашни Наврӯз таҷлил гардидани Сада кишоварзони моро водор месозад, ки ба истиқболи сазовори Наврӯзи ҷаҳонӣ ва киштукори баҳорӣ омодагии ҳаматарафа бинанд. Мо бояд барои таъмини амнияти озуқаворӣ кишвар ҳар як ваҷаб заминро самаранок истифода карда, рушди соҳаи кишоварзиро дар заминаи дастовардҳои инноватсионӣ ба роҳ монем”.
Дар Тоҷикистон майдони чарогоҳҳои табиӣ бештар аз 3,8 млн. гектар буда, дар минтақаҳои гуногун, аз водиҳои гармсер то баландкӯҳҳо паҳн шудааст. Иқлиму хокҳои гуногун сабабгори асосии набототи бой ва чарогоҳу алафзор гуногун мебошад. Дар таркиби алафзори табиӣ бештар аз 1000 намуди растаниҳои гулдор – алафҳои яксолаю бисёрсола, буттаю дарахтчаҳо месабзанд. Ғизонокии растаниҳои лубиёгӣ ва хӯшадор, ки асоси хӯроки чорво мебошанд, дар чарогоҳҳо баланд аст, чунки ҳангоми чаридан чорво растаниҳои хӯрокиро барвақт, дар вақти майсаю таназании онҳо истеъмол мекунанд. Дар ин давра миқдори сафеда дар баргу пояи растаниҳои хӯшадор 15-20% аст. Ҳангоми гулшукуфти растаниҳо ва мевабандӣ миқдори сафедаи растаниҳои худрӯй то 3 маротиба кам мешавад.
Чарогоҳҳои табиӣ барои чорвои хонагӣ яке аз манбаъҳои асосии хӯроки сабзи арзон ва серғизо аст. Тақрибан, аз се ду ҳиссаи талаботи хӯроки чорворо бо алафи чарогоҳҳои табиӣ таъмин мекунанд. Хӯронидани чорво дар чарогоҳҳо маҳсулнокии чорворо назар ба парвариши оғилӣ 25-40% зиёд намуда, сифати маҳсулотро беҳтар ва арзиши аслии онҳоро 20-30% кам мекунад.
Умуман, чарогоҳҳои ҷумҳурӣ мавсимӣ мебошанд, ки ин ба давраи сабзиши алафзор алоқамандии зич дорад. Дар тирамоҳ, зимистон ва баҳор чорворо дар чарогоҳҳои ҳамвориҳо ва таллу теппаҳои наздикӯҳи чаронида карда мешавад, тобистон бошад дар чарогоҳҳои минтақаи баландкӯҳ мечаронанд. Ба ин бештар хоҷагиҳои деҳқонӣ муваффақ мешаванд, зеро хонаводаҳои ҷудогона кам чорво доранд, ба чарогоҳҳои зимистона ва тобистона бурда наметавонанд. Онҳо зимистону баҳор ва тобистон дар чарогоҳҳои назди маҳалли зисташон чорвои худро мечаронанд. Захираи хӯрокаи ин чарогоҳҳо талаботи чорвои хонаводаҳои деҳаро таъмин карда наметавонад. Дар аксар маҳалҳо ҳамин тавр аст. Ин ба каммаҳсул ва нобудшавии чарогоҳҳо сабаб шудааст. Алафзор поймол ва нест шуда, миқдори зиёди майдони он (бештар аз 50%) ба пайроҳаҳои чорво мубаддал гардидаст. Ин сабаби таназзулёбии чарогоҳҳо, эрозияи хок, биёбоншавӣ, фуромадани ярч ва пайдо шудани ҷариҳо мешавад. Инчунин, миқдори муайяни чарогоҳҳои наздикӯҳӣ солҳои охир дар нишебиҳо барои киштукор шудгор шуда, бо таъсири боду борон эрозия шуданд ва ҳоло ҳамчун заминҳои партов бемаҳсул гаштаанд. Ҳамаи ин зарурияти барқарор ва ҳосилхезгардонии чарогоҳҳоро ба миён гузоштааст.
Мушоҳидаҳо нишон дод, ки дар натиҷаи бе низом ҷаронидани чорво растаниҳои беҳтарини хӯроки чорво дар чарогоҳҳо бештар нобуд шуда миқдори хӯрок хеле кам шудааст. Ҳоло таркиби набототи чарогоҳҳо сахт коҳиш ёфта, дар алафзор бештар растаниҳои ғайрихӯрокӣ, хор, растаниҳои заҳрнок ва қадпаст мерӯянд. Бинобар он, ҳосили умумии алафзор зиёд бошад ҳам миқдори растаниҳои хӯроки чорво хеле кам аст. Дар алафзорҳои даштӣ ва марғзории чарогоҳҳои тобистонаи қаторкӯҳи Ҳисор ҳосили растаниҳои хӯроки чорво 10-15% ҳосили умумии алафзорро ташкил медиҳад. Сабаби ба деградатсияи шадид дучор шудани чарогоҳҳои назди деҳаҳо аз ҳад зиёд чаронидани миқдори зиёди чорво мебошад.
Ҳоло дар бисёр мавзеъҳои наздикӯҳӣ ҳолати алафзори чарогоҳҳо хароб гаштааст ва таркиби набототи чарогоҳҳо хеле тағйир ёфтааст. Масалан, дар чарогоҳҳои ноҳияи Файзобод бештар растаниҳои эфемерӣ, аҷириқ ва гусолачиммак ба чашм мерасад. Ин растаниҳо барои аз ҳад зиёд чаронидани чорво тобовар мебошанд, чунки решаи боқувват доранд, вале ҳосилнокии онҳо назар ба растаниҳои асосии ин чарогоҳҳо – ҷави пиёзакдор, хардумак ва гандумак паст аст. Инчунин дар таркиби алафзори чарогоҳҳо бештар растаниҳои ғайрихӯрока, заҳрнок – мастакӣ, талхбуя ба чашм мерасанд. Бо сабаби зиёд будани намӣ, дар ин минтақа боришот 600-1000 ммаст, ҳосили умумии алафзор зиёд буда дар майдонҳои алафдарави табиӣ ва киштзори юнучқаю эспарсет ҳосили баланд мегиранд. Дар дараи Бодомо аз 2 дарави эспарсет зиёда аз 100 ц/га хошоки хушсифат гирифта шуд, ки ин назар ба ҳосили чарогоҳи табиӣ 5маротиба зиёд аст.
Бештар аз нисфи майдони чарогоҳҳои ҷумҳурӣ дар баландкӯҳ, дар баландии бештар аз 2500 то 4000 м аз сатҳи баҳр ҷойгир шудаанд. Ин ҷо асосан чорво 2,5-4 моҳ (июн-сентябр) чаронида мешавад. Бештари онҳо ба чарогоҳҳои тобистонаи даштӣ ва марғзорӣ, чарогоҳҳои саваннамонанди калоналаф (юғанзор) мансубанд. Мушоҳидаҳо нишон дод, ки ҳосили алафзори типчоқу анҷибар (қаторкӯҳи Ҳисор, 3320 м) дар майдони ҳифзшаванда ба ҳисоби миёна баробари 1,0 т/га алафи хушкро ташкил дода дар солҳои гуногун аз 0,2 то 1,5 т/га тағйир ёфтааст. Ҳосили алафи хӯроки чорвои чарогоҳҳои даштӣ хеле паст буда, таркиби набототи он сахт тағйир ёфтааст, бештар растаниҳои ғайрихӯрокӣ, хор ва набототи қадпаст мерӯянд.
Ҳолати юғанзорҳо ҳам хуб нест. Дар чарогоҳҳо бо сабаби аз ҳад зиёд, бенизом чаронидани чорво, юған хӯрокӣ нобуд шуда ба ҷои он набототи ғайрихӯрокӣ нашъунамо дорад. Майдони зиёди юғанзорро (дар ҳудуди ҷумҳурӣ бештар аз 600 ҳаз. га) барои дарав ва тайёр кардани хошок истифода мебаранд, Дар кӯҳистони Ҳисору-Дарвоз, Заравшон, дар баландии аз 2000 то 3000 м юған хуб нашъунамо мекунад. Асосан баргҳои наздирешагии юғанро ҳангоми зард шудан, дар давраи пухтани дони он дарав мекунанд. Бинобар он нигоҳ доштани як қисми танаҳои самарноки юған барои барқарор кардани он муфид мебошад. Вале бештари даравгарон ҳангоми ҷамъоварӣ, пояҳои самардори онро нобуд мекунанд, ки оянда ба сабзиши юған зарари калон меорад. Юғанзор хеле серҳосил мешавад. Дар майдонҳои алафдарав ҳосили умумии он ба 5-10 т/га алафи хушк мерасад ва 70-80%-и онро юған ташкил медиҳад..
Чарогоҳҳои баландкӯҳ бештар ба марғзори пасталаф ва даштӣ мансуб буда, аз гиёҳҳои хӯшадору лубиёгӣ иборат мебошанд. Ғизонокии онхо хеле баланд буда, шароити муътадили баландкӯҳ барои тез фарбеҳ шудани чорво мусоидат мекунад. Умуман алафзору чарогоҳҳои табиӣ манбаи хуби хӯроки чорвост. Истифодаи оқилонаи ин манбаъ барои рушди соҳаи чорводорӣ ва таъмини аҳолӣ бо маҳсулоти он кӯмак мекунад.
Усули асосии истифодабарии устувор чарогоҳҳо ҷорӣ намудани чарогоҳгардон аст. Чарогоҳгардон – ин тартиби оқилона истифодабарӣ ва нигоҳубини чарогоҳ буда, дар он муҳлати истифодабарӣ ва чораҳои ҳосилхез намудан, пайи ҳам сол ба сол ва мавсим ба мавсим аз рӯи нақшаи чарогоҳгардон ва нақшаи календарӣ хӯронидани алафзор амалӣ мегардад.
Мушоҳидаҳои бисёрсола нишон дод, ки муҳлати сабзиши растаниҳои чарогоҳҳо ҳар сол гуногун буда, ҳосили алафзор хеле тағйирёбанда аст. Бинобар он, баробари тартиб додани нақшаи чарогоҳгардон муҳлати чаронидани чорво ва имконияти чарогоҳро ҳар сол пеш аз чаронидани чорво муайян намудан мувофиқи мақсад аст.
Имконияти чарогоҳ – ин низоми асоси оқилона истифода бурдани чарогоҳ буда дар асоси миқдор ва талаботи чорво бо хӯрок, ва ҳосили хӯрокии алафзор муайян карда мешавад. Барои ин усули нави тезтар, аз руи қад ва зичии алаф ба воситаи ҷадвали махсуси ҳисоботӣ муайян кардани ҳосилии умумии алафи чарогоҳ тавсия шудааст. Дар давраи сабзиш растаниҳои хӯрокӣ меъёри оптималии хӯронидани алафи чарогоҳ 50-60%-ро ташкил медиҳад.
Тайи солҳои охир олимони ҷумҳури роҳҳои беҳдошти чарогоҳҳои табииро омӯхта беҳтарини онҳоро дар амал ҷорӣ намуданд. Беҳдошти чарогоҳҳо – ҷамъи чорабиниҳо барои тағйир додани сохтор ва ҳосилхезии алафзору чарогоҳхоро дар бар мегирад. Ба шароитҳои экологӣ ва ҳолати алафзор нигоҳ карда усулҳои гуногуни беҳдошти чарогоҳу алафзорҳои табиӣ истифода 0бурда мешавад. Дар асоси набототи мавҷуда бо роҳи руякӣ ҳосилхез кардани чарогоҳу алафзорҳо (тоза кардан аз буттаю дарахтчаҳои хордор, растаниҳои заҳрнок ва ғайрихӯрокӣ, хоктеппаю сангтудаҳо ва партовҳо, беҳтар кардани ҳолати намнокии чарогоҳҳо, обёрӣ дар чарогоҳҳои баландкӯҳ, кишти рӯякии растаниҳои хӯроки чорво (бештар лубиёиҳо) ба дохили алафзори чарогоҳ, пошидани нуриҳои минералӣ ва органикӣ барои таъмин кардани растаниҳо бо ғизои азотӣ ва фосфорӣ (аз руи талаботи растаниҳо) мебошад.
Яке аз масъалаҳои асосии баланд бардоштани ҳосилнокии чарогоҳҳои ҷумҳурӣ таъмин намудани алафзори он бо моддаҳои ғизоӣ мебошад. Дар чарогоҳҳои водии Ҳисор ҳосили алафзор дар қитъаҳои нурии нитрогенӣ ва фосфорӣ дода шуда, назар бо назоратӣ (бенурӣ) 3 маротиба (то 8 т/га алафи хушк) зиёд мешавад.
Ҳоло, проблемаи таъмин намудани чарогоҳҳоро бо азот (нитроген) дар давлатҳои гуногуни дунё бо ду роҳи аз ҳамдигар фарқкунанда ҳал менамоянд. Дар як маврид агар нуриҳои азотдор васеъ истифода шаванд, дар мавриди дигар барои ин мақсад азоти биологӣ, яъне растаниҳои азотҷамъкунанда, ки дар решаашон бактерияҳои лӯндашакл доранд истифода мебаранд. Дар Австралия (давлати калони чорвопарварӣ) ҳосилхез кардани чарогоҳҳо ба воситаи растаниҳои азотҷамъкунандаи лӯбиёгӣ бо муваффақият ба роҳ монда шудааст. Дар чарогоҳҳо тухми себаргаи яксоларо пеш аз чаронидани чорвои майда болои замин рӯякӣ мекоранд, ки миқдори растанищои лубиёгиро дар таркиби алафзор 40-45% зиёд мекунад. Муайян карда шудааст, ки аз 1 тонна массаи хушки растаниҳои лӯбиёгӣ дар хок 10-12 кг азот (нитроген) ворид мешавад. Агар растаниҳои лӯбиёгӣ дар таркиби алафзори чарогоҳҳо зиёда аз 40%-ро ташкил диҳанд, пас ҳосил 2-3 маротиба зиёд мешавад ва дар ин заминҳо нурии нитрогенӣ истифода намешавад. Вале талаботи растаниҳо бо фосфор танҳо бо роҳи нуридиҳӣ таъмин карда мешавад.
Дар ҷумҳурӣ растаниҳои лӯбиёгӣ дар сохтори алафзори чарогоҳҳои табиӣ нақши муҳим доранд. Онҳо яке аз калонтарин оила - дар таркиби наботот (флора)-и Тоҷикистон аз 55 авлод ва 550 намуд иборат мебошанд. Дар чарогоҳҳои табии намудҳои нахӯтак (Astragalus), юнучқа (Medicago), мулкак (Lathyrus), мунҷ (Vicia), себарга (Trifolium), қатраборон (Onobrychis), ва ҳулбат (Trigonella) аҳамияти калони хӯрокӣ доранд. Бисёр намуди лӯбиёгиҳо растаниҳои хуби ғизоӣ, асалдор ва доруворӣ мебошанд.
Дар чарогоҳҳои таназзулёфта ва заминҳои партов, ки майдони зиёдро ташкил медиҳанд, бо роҳи кишт намудани намуду навъҳоии алафҳои серҳосили хӯроки чорво, ки ба шароити маҳал мутобиқ ва ноҳиябандӣ шудаанд, ҳосилхез карда мешавад. Истифодаи технологияҳои махсус барои парвариши зироати хӯроки чорво ва растаниҳои худруй дар шароити гуногуни ҷумҳурӣ тавсия карда шудааст. Ин усул бештар дар заминҳои ҳамвор ва нишебиҳои сатҳи нишебиашон то 10о буда амалӣ мешавад. Ҳоло дар бисёр ноҳияҳо дар хатакҳои нарм гардида, кишт кардани тухми растаниҳои серҳосилро дар чарогоҳҳо, аз назари экологӣ беҳтар меҳисобанд.
Бунёди чарогоҳҳои пурмаҳсул бо усули кишти растаниҳои хӯроки чорво тез ва хушсифат гузаронидани маҷмӯи усулҳои агротехникиро талаб мекунад. Технологияи мазкур аз интихоби қитъаи замин, коркарди он, муҳлати кишт ва меъёри тухмӣ, агротехникаи кишт, нигоҳубини киштзор иборат аст. Хусусияти биологӣ ва экологии зироатро ба назар гирифта, маҷмуи усулҳои агротехникиро мувофиқи мақсад истифода бурда, сабзиши хуби тухми ратаниҳоро таъмин менамояд, ки ин зичии хуби ниҳолҳоро фароҳам меорад.
Барои барқарор кардани чарогоҳҳои баҳории минтақаҳоии камбориш кишти растаниҳои яксола (эфемерӣ) ба монанди нахутак (астрагал), қашқаюнучқа, қатраборон, бомус, ҷави ёбоӣ, сулӣ, самар (вайда), гулбахия, чатири туркистонӣбештар дар минтақаҳои гармсери Тоҷикистони Ҷанубӣ (вилояти Хатлон) барои киштукор пешниҳод шудааст. Ин растаниҳо барои беҳдошти чарогоҳҳои зимистонию баҳорӣ тавсия шудаанд. Масалан, кишти алафи самар (вайда) дар чарогоҳҳои ноҳияи Ҷ. Балхӣ ва Қубодиён аз 16,5 то 22 ц/га баргу пояи хушк дод, ки ин назар ба ҳосили алафзори ҷорубаку ғешазор (ранг) хеле зиёд аст. Дар ин минтақа баъзе намуди шӯраи яксола ва мамиқ, ки тобистону тирамоҳ нашвунамо мекунанд ва дар фасли тирамоҳу аввали зимистон хӯронидани чорво муфид мебошад, барои кишт кардан тавсия дода шудааст.
Дар чарогоҳҳои наздикӯҳӣ (баландии 1000-2500 м) аз алафи яксола – мунҷ, мушунг, ҷави куҳӣ (тақ-тақ), қашқарбеда, сулӣ ва ғайра кишт карда мешавад. Растаниҳои яксола ҳам барои кишти руякӣбарои беҳтар кардани таркиби алафзори чарогоҳҳои таназзулёфта ва ҳам барои бунёди алафзорҳои нав, дар соли аввал кошта мешавад. Ин барои тайёр кардани замин барои кишти растаниҳои бисёрсола муфид аст.
Намуди растаниҳои бисёрсола барои беҳдошти чарогоҳҳо вобаста бо минтақаҳо хеле гуногунанд. Дар чарогоҳҳои гармсери водиҳо ва адиру теппаҳои наздикӯҳӣ (баландии 350-1000 м) кишти ҷорӯбак, изен, кейреук, шибоғ (явшон), чогон, саксавули сиёҳ, дар чарогоҳҳои миёнакӯҳ ва баландкӯҳ – ҷави пиёзакдор, хардумак, райграс, сулии бисёрсола эспарсет, юнучқа, мунҷи бисёрсола тавсия карда мешавад.
Абдулло Мадаминов - н.и.б., дотсент, мудири Озмоишгоҳи экология ва захираи растаниҳои
Институти ботаника, физиология ва генетикаи растании АМИТ.
Наврӯз ҳамчун ҷашни бостонии мардуми тоҷик ва дигар халқҳои минтақаи Осиёи Марказӣ, Шарқи Наздик ва Қафқоз, на танҳо иди фарорасии баҳор ва эҳёи табиат аст, балки бо худ мафҳумҳои амиқи иҷтимоӣ, фарҳангӣ ва маънавиро низ таҷассум менамояд.
Дар тӯли ҳазорсолаҳо, Наврӯз ҳамчун иди суннатии мардуми ориёитабор шинохта шуда, дар замони ҳукмронии шоҳони Эрони бостон — кайониён, ахеменидҳо ва сосониён — бо тамоми шукӯҳ таҷлил мегардид. Дар манобеи таърихӣ, аз ҷумла осори Абурайҳони Берунӣ, “Наврӯзнома”-и Умари Хайём ва дигар сарчашмаҳо, ҷашни Наврӯз ҳамчун ойини солшуморӣ ва эҳёи зиндагии инсонӣ пас аз зимистон тасвир шудааст. Ба эътиқоди аҷдодон, дар ин рӯз олам аз нав зинда мешавад, равшанӣ бар зулмат пирӯз меояд ва инсон бо дили тоза ва нияти неку хайр ба сӯи зиндагии нав рӯ меорад.
Яке аз унсурҳои муҳим ва ҷудонашавандаи ҷашни Наврӯз, ки аз замонҳои пешин то имрӯз боқӣ мондааст, маҳз варзиш ва бозиҳои миллӣ мебошад. Дар осори таърихии ниёгон, аз ҷумла дар “Шоҳнома”-и Абулқосим Фирдавсӣ, ки таърихи подшоҳони бостонро ба риштаи назм даровардааст, варзиш ҳамчун шеваи таҳкими қудрати ҷисмонӣ, рӯҳии мардонагӣ ва нишонаи шуҷоат зикр гардидааст. Подшоҳон ва сарлашкарони бостон дар рӯзҳои Наврӯз мусобиқаҳои аспдавонӣ, гӯштин ва шикор ташкил мекарданд, ки ин анъана солҳои зиёд дар тамоми кишварҳои форсизабон роиҷ будааст. Маҳз дар ҳамин айём, мардум бо ҳисси баланди ватандорӣ ва ифтихори миллӣ бо варзиш ва дигар намудҳои бозӣ рӯҳияи якдигарфаҳмӣ ва ваҳдатро тақвият мебахшиданд.
Дар фарҳанги суннатии тоҷикон, бахусус дар деҳот, Наврӯз бо баргузории чорабиниҳои варзишӣ ба мисли гӯштин, бузкашӣ, аспдавонӣ, камонварӣ ва бозиҳои мардумӣ, аз қабили арғунчак, сангбардорӣ, тухмҷанг ва бандкашӣ ҳамроҳ будааст. Ҳар як намуди варзиш дар ин ҷашн натанҳо воситаи фароғат, балки омили муҳими тарғиби ҳаёти солим ва таҳкими робитаи иҷтимоӣ ба ҳисоб мерафтааст. Масалан, гӯштини наврӯзӣ, ки қоидаҳои махсус доштааст, майдони намоиши қувват, шуҷоат ва ҳунари ҷавонмардӣ буда, барои ҳар марди тоҷик фурсате будааст, ки ба мардуми маҳал қудрат ва балоғаташро нишон диҳад. Дар саҳроҳои васеи кишвар аспдавонӣ баргузор мешуд, ки на танҳо бардасти аспсаворонро мепарварид, балки эҳсоси ватандӯстиву иттиҳоди мардумро таҳким мебахшид. Бузкашӣ ҳамчун бозии лашкариён бо хусусияти омодагӣ ба ҷанг ва шевои ҳарбӣ, дар замони пешин василаи рӯҳбаландсозии мардуми сарзамини мо будааст ва он имрӯз ҳам яке аз рамзҳои муҳими ҷашни Наврӯз дар ноҳияҳои кӯҳистон ба шумор меравад.
Дар даврони муосир, варзиш дар Наврӯз аҳамияти боз ҳам бештар пайдо намудааст. Дар доираи таҷлили расмии ҷашнҳои наврӯзӣ дар тамоми минтақаҳои Тоҷикистон мусобиқаҳои гуногуни варзишӣ ва озмунҳои ҳунарӣ баргузор мегарданд, ки ба оммавияти варзиш, рушди ҷисму рӯҳи ҷавонон ва таҳкими сулҳу ваҳдат мусоидат мекунанд. Ҳукумати Тоҷикистон ба варзиш аҳамияти махсус дода, онро як бахши муҳими рушди солими наслҳои оянда медонад ва дар ҳар як ҷашни миллӣ, аз ҷумла Наврӯз, чорабиниҳои варзишӣ нақши марказӣ доранд. Ин гуна тадбирҳо ба хотири онанд, ки мардум, махсусан ҷавонон, аз хурдӣ бо анъанаҳои миллӣ, варзишӣ ва фарҳангии Наврӯз ошно шуда, эҳсоси ифтихори ватандорӣ ва таассуби миллӣ дар онҳо парвариш ёбад.
Наврӯз дар баробари оини варзиш, инчунин ҳамчун рамзи ваҳдати миллӣ ва ягонагии мардум хизмат мекунад. Ин ҷашн дар шароити муосир ба майдони гиромидошти арзишҳои умумибашарӣ табдил ёфтааст, ки дар он нафарони ҳама синну сол, миллату дин, касбу фаъолият ширкат мекунанд. Фарқ надорад, ки кистӣ ва аз куҷоӣ — Наврӯз ҷашни ҳар тоҷику форс ва кулли дӯстдорони баҳор аст. Ҳамин эҳсоси умумӣ ва рӯҳи шодиву якдилӣ, ки дар рӯзҳои Наврӯз дар дилу дидаи мардум шуълавар аст, худ нишонаи ваҳдати миллӣ ва иттиҳоди халқ дар атрофи арзишҳои бостонӣ ва фарҳанги миллӣ мебошад. Ҷашни Наврӯз имконият медиҳад, ки мардум бо дили кушода ва нияти нек ба ҳамдигар меҳру муҳаббат зоҳир созанд, кинаву адоватро канор гузошта, аз фазои шодию истиқбол баҳраманд гарданд.
Хулоса, Наврӯз танҳо як ҷашни фаслии сол нест, балки ойине аст, ки дар заминаи он беҳтарин арзишҳои миллии мардуми тоҷик — аз ҷумла варзиш, ватандӯстӣ, ваҳдати миллӣ ва фарҳанги ҳамбастагӣ — таҷассум ёфтааст. Ойини варзишӣ дар Наврӯз на танҳо нишонаи гузаштаи ҷасуронаи ниёгон, балки воситаи пурқуввати тарбияи ҷавонон дар рӯҳияи зебоии ҷисму рӯҳ ва парчамбардории сулҳу дӯстӣ аст. Имрӯз мо вазифадорем, ки ин мероси фарҳангиро ба таври шоиста пос дорем ва онро ҳамчун омили таҳкими ваҳдати миллӣ ва солимии ҷомеа ба наслҳои оянда интиқол диҳем. Наврӯз бо оини варзишии худ фурсатест, ки мардум бо ҳам пайванд ёбанд ва бо дили пур аз умед ба ояндаи дурахшон қадам гузоранд.
Наврӯз муборак бод!
Қурбонов Шодком Аҳмадбоевич– н.и.т., ходими калони илмии озмоишгоҳи ғанигардонии маъдани Институти химияи ба номи В.И. Никитини АМИТ
Ҷашни Наврӯз яке аз куҳантарин ва зеботарин ойинҳои мардуми мо буда, садсолаҳо боз ҳамчун рамзи эҳёи табиат, таҷдиди рӯҳу равони инсон ва пайвандгари дилҳо дар саросари кишварҳои форсизабон ва берун аз он таҷлил мегардад. Дар тӯли таърих, Наврӯз ҷойгоҳи хосае пайдо намуд, ки он густурда шуда, имрӯз дар қатори ҷашнҳои байналмилалӣ шинохта мешавад. Бурҳони ин суханро метавон дар байти зайл пайдо кард:
Зи бас хубу зебост Наврӯзи мо,
Кунун ҷашни дунёст Наврӯзи мо.
Ин ду мисраъ худ гувоҳӣ медиҳанд, ки Наврӯз аз доираи маҳаллу минтақа бурун рафта, чун “ҷашни дунё” мақому мартаба пайдо кардааст. Ҳар сол бо фаро расидани баҳор мардуми мо ин ҷашни бостониро бо расму ойинҳои гуногун истиқбол мегиранд. Дар ин росто, адабиёти классикӣ ва муосири тоҷик низ саҳифаҳои дурахшоне дар васфи Наврӯз дорад, ки шоирон онро бо шеърҳои рангин ва пур аз наво барои наслҳои баъдӣ мерос гузоштаанд.
Наврӯз аз гузашта то имрӯз дар шеъри адабиёти мардуми мо ҳамчун рамзи дигаргуншавии ҳаёт, шукуфтан, рушду камолот ва эҳёи арзишҳои инсониву табиат тараннум меёбад. Адабиёти тоҷик саршор аз ашъору манзумаҳоест, ки ҳар яке пораи қалби шоиронро дар ин айёми пуршукӯҳ инъикос кардаанд. Масалан, НуралӣНурзод дар шеъри худ “Нафаси гули баҳорон” ишора мекунанд, ки бо фарорасии баҳор дили инсон низ мисли табиат нав мешавад:
Нафаси гули баҳорон чамане пур об дорад,
Дили шавқҷӯши ман ҳам ҳаваси шароб дорад.
Зи суруди марши турна шунавед пайки Наврӯз,
Ки ҷарас баҳор имсол зи наю рубоб дорад.
Сафари сиёҳи зулмат ба дари саҳар адо шуд,
Дами фикри субҳкешон чӣ қадар савоб дорад.
Ин мисраъҳо моро ба дунёи рангоранги баҳори тоҷикон ошно месозанд. “Марши турна” ҳамчун башорати баҳор шунида мешавад, ки ин парандагон дар башорат додани омад-омади фасли шукуфтан нақши муҳим доранд. Ифодаи “суруди марши турна” инчунин садои эҳё ва зинда гардидани табиатро мемонад, ки ҳатто дили инсонро низ барои ба истиқболи нашъунамои нав омода гардонидан даъват мекунад. Шоир басо зебо ифода намудааст, ки “дамӣ фикри субҳкешон чӣ қадар савоб дорад”. Яъне, ҳама касе ки худро барои сафои рӯҳу қалб омода менамояд, ҳамқадами чигунагии рӯҳи баҳорӣ мешавад.
Имрӯз бошад, ҷашни Наврӯз танҳо маҳдуди мардуми форсизабон нест: бисёр халқҳои дигар низ онро ҳамчун рӯзи навшавӣ ва оғози тағйироти мусбат пазируфтаанд. Маҷмааи Умумии СММ расман ҷашни Наврӯзро ҳамчун иди байналмилалӣ эътироф кардааст, ки ин гувоҳи паҳнои васеъи нуфузи фарҳангии он мебошад. Шеъри Ҷаъфар Муҳаммад “Наврӯз муборак бод!” бо як самимияти шоирона муаррифӣкарданист, ки чигуна ин фасли зебои сол бароямон паёмовари хуррамӣ ва умед аст:
Эй ёри баҳоройин, Наврӯз муборак бод!
Парвардаи Фарвардин, Наврӯз муборак бод!
Эй дасти баҳоролуд, эй чашми хуморолуд,
Эй кокули атрогин, Наврӯз муборак бод!
Эй ғаркаи хоҳишҳо, сармасти навозишҳо,
Эй ошиқи фаррухдин, Наврӯз муборак бод!
Эй синаи бекина, эй қалби чу ойина,
Эй хонаи меҳрозин, Наврӯз муборак бод!
Эй рози тари борон, бар гӯши дили ёрон,
Табрик бигу ширин: Наврӯз муборак бод!
Эй ҳафт нишон аз «шин», дар суфраи ҷон биншин,
Эй ҳафт салом аз «син», Наврӯз муборак бод!
Дар ин шеър, мафҳуми “эй синаи бекина” ва “эй қалби чу ойина” нишон медиҳад, ки Наврӯз рамзи пок гардидани дили инсон аз кинаву бухл, инчунин рамзи ҳамдилии мардум аст. Наврӯз даъватест барои беҳбуд бахшидан ба муносибатҳои инсонӣ, афзудани меҳру муҳаббат, бахшидан ва бахшида шудан.
Ба ғайр аз ҷанбаи иҷтимоӣ, Наврӯз ҳамчунин намоди рушд ва инкишофи шахсият низ мебошад. Дар адабиёти классикӣ бисёр шоирон, аз ҷумла Саъдии Шерозӣ, Наврӯзро фурсати худшиносӣ ва ақлу хирад дарёфтан меҳисобанд. Шоир дар шеъри зер ишора менамояд, ки садои бод аз субҳмехезад ва касе, ки дар пайи тоза кардани ақлу табъи худ мешавад, бояд мафкураашро нав кунад:
Субҳам аз машриқ баромад боди Наврӯз аз ямин,
Ақлу табъам хира гашт аз сунъи Раббу-л-оламин.
Бо ҷавонон роҳи саҳро баргирифтам бомдод,
Кӯдаке гуфто: «Ту пирӣ, бо хирадмандон нишин!».
Саъдӣ дар қолаби нуқтаи хирад шунидани як “кӯдак”-ро зикр мекунад, ки ин худ шигифтангез аст: гоҳо фаҳму андешаи нав дар забони кӯдакон низ садо медиҳад. Наврӯз тавре ки шеър мегӯяд, барои ҳама – пир ё ҷавон – як имкони навбахшӣ меорад. Ҳар кадоме бояд дар ҷустуҷӯи хирад ва тозасозии андешаву ниятҳои худ бошанд, зеро дар ин ҳолат Наврӯз воқеан “Нав-рӯз” мегардад – рӯзи нав, зиндагии нав.
Наврӯз биё, ҳар нафасат, бӯйи баҳор аст,
Рухсори ту ойинаи гулрӯйи баҳор аст.
Ин мисраъҳо низ зангӯлаи шодӣ ва тароватанд, ки инсонро ба ҳолати бедорӣ ва омодагӣ дар баробари нафаси софи баҳор даъват мекунанд. Чунин шеърҳо, дар баробари арҷ гузоштан ба Наврӯз, инчунин ба хонанда илҳом мебахшанд, ки ҷашнро на танҳо дар зоҳири табиат, балки дар ботини худ таҷлил намояд.
Наврӯз на фақат шеъру тарона, балки маҷмӯи расму ойинҳоест, ки дар фарҳанги мардуми тоҷик хеле нақши муҳим доранд. Чанд намунаи барҷастаи он:
-
Ҳафтсин ва Ҳафтшин: Дар суфраи Наврӯзӣ гузоштани ҳафт чизе, ки номи онҳо ба ҳарфи “с” ё “ш” шурӯъ мешаванд, нишонаи рамзҳои нек, бахт ва сарбаландист. Дар шеъри Ҷаъфар Муҳаммад хам “Эй ҳафт нишон аз «шин», дар суфраи ҷон биншин…” ёд мешавад.
-
Гулгардонӣ ва сайругашти идона: Сафари саҳро, дидани табиати шукуфон, шодиву пойкӯбии дастаҷамъӣ як рукни ҷудоинопазири Наврӯз аст.
-
Хонатакконӣ: Пеш аз фарорасии Наврӯз, мардум хонаро тоза мекунанд, ки ин амал рамзи покизакунии рӯҳу равон низ мебошад.
-
Оинҳои варзишиву бозиҳо: Дар деҳаҳою шаҳрҳо гузаронидани бозиҳои миллӣ чун гӯштингирӣ, бузкашӣ, арғунчак, аспдавонӣ низ як бахши муҳими ҷашнҳои Наврӯзӣ маҳсуб меёбад.
-
Пӯшидани либосҳои нав: Одамон либосҳои нав ё тоза пӯшида, бо рӯҳи ҷавонӣ солро оғоз мекунанд, ки ин низ рамзи тоза шудани андешаву ниятҳост.
Лоиқ Шералӣ дар шеъри худ аз ҳамин тоза шудани табиат ва асабу равони инсон ёдовар мешавад:
Эй ғунчаи хандида, Наврӯз муборак бод!
Эй чашмаи ҷӯшида, Наврӯз муборак бод!
Эй камдили тарсида, аз ишқ фурӯ бигзор,
Эй ошиқи шӯрида, Наврӯз муборак бод!
Эй шохаи хушкида, имсол ту нашкуфтӣ,
Эй пунбаи болида, Наврӯз муборак бод!
Эй ёри аламдида, имсол куҷо рафтӣ?
Эй ёри писандида, Наврӯз муборак бод!
Эй ҳусни барозида, Наврӯз муборак бод!
Эй ҷону дилу дида, Наврӯз муборак бод!
Шоир зангӯлаи огоҳиро низ барои касе, ки “шохаи хушкида” мондааст, садо медиҳад: то ҳол дар ин фасли шукуфтан ношукуфта намон, бархез ва ҳамроҳ бо баҳор қабои тоза бипӯш! Зеро ҳар нафасе, ки бо баҳор ҳамсадо мешавад, метавонад рӯҳи инсонро эҳё созад. Ва ин нест магар моҳияти асосии Наврӯз: вусъат бахшидани гармии муҳаббат, тоза кардани қалби инсонӣ аз ғубору кина ва оғози таҳаввули нав дар зиндагӣ.
Дар хулоса метавон гуфт, Наврӯз рамзи шукуфоии мафкуравию ахлоқӣ ва покизагиву бардоштҳост, ки дар адабиёти тоҷик ҳамчун ойинаи нуронии халқ садсолаҳо боз мақоми волоро ишғол кардааст. Шеърҳое, ки оварда шуданд, гӯё садояшон барои як ҷаҳони бехатартар, босаодат ва ошиқона садо медиҳад. Ҷашни Наврӯз, бешубҳа, ҳар сол инсонҳоро ёдрас менамояд, ки бояд зебо зист, ғамро пушти сар кард, нияти нек намуд ва дар зиндагӣ як қадам ба сӯи рӯшноӣ гузошт. Ин аст рамзи барҷастаи Наврӯз дар зиндагӣ ва адабиёти мо, ки ҳама вақт он чун як чароғи умед дар роҳи зиндагӣ медурахшад.
Наврӯз муборак бод!
Холов Холмаҳмад Исроилович – н.и.т., ходими пешбари озмоишгоҳи ғанигардонии маъдани
Институти химияи ба номи В.И. Никитини АМИТ
ДУШАНБЕ, 20.03.2025 /АМИТ «Ховар»/. Ташаккули давлати соҳибистиқлол ва рушду нумуи он бе такомули шахсият – омили ҷамъият ва дар иттиҳод бо дигар аъзои ҷомеа манбаи асосии ҳокимияти давлатӣ имконнопазир аст. Ин фикрро Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар қолаби ҷумлаи пурмуҳтавое фаро гирифта, гуфтаанд: «Ташаккули давлатдории навин ва рушди ҳамаҷонибаи он бо эҳёи маънавӣ ва худшиносии миллӣ пайванди ногусастанӣ дорад».
Роҳу усули муайян намудани меъёрҳои худшиносии миллӣ дар фаъолияти пурсамар ва ибтикороти доманадори Сарвари давлат мавқеи хоссаеро доро аст. Муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон масъалаи густариш бахшидан ба худшиносии миллиро ба унвони масъалаи бунёдии давлатдорӣ қарор дода, бо роҳи омӯзиш ва таҳқиқи сабабҳо ва омилҳои рукуди ин шакли тафаккури ҷамъиятӣ фикру ақидаҳои пурарзиш баён намудаанд.
Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бар онанд, ки худшиносии миллӣ тарбиятпазир буда, бо роҳи таълиму парвариши нек ва бо бедор намудани эҳсоси ифтихори таърихӣ ва ғурури солими миллӣ ба он суръат бахшидан мумкин аст.
Сарвари давлат худшиносиро дар таълимоти худ ҳамчун омили дарк намудани мақому манзалати инсонӣ, ҷустуҷӯйи ҳақиқату адолат ва озодиву истиқлол маънидод менамоянд ва нишон медиҳанд, ки маҳз эҳсоси худшиносии миллӣ халқи тоҷикро дар марҳалаҳои гуногуни таърихи дуру дароз ва пурфоҷеааш ба талошу муборизаҳо барои истиқлолу озодӣ раҳнамун сохтааст. Таъкид менамоянд, ки бедории сиёсӣ ва худшиносии мардум буд, ки ҷумҳурии мо дар муддати кӯтоҳи таърихӣ дар роҳи бунёди ҷомеаи демократӣ, ҳуқуқбунёд ва дунявӣ қадамҳои устувор гузошт.
Нуктаи маълум ин аст, ки дар ҷамъияти инсонӣ афроди ҷомеа дар зинаи баробари такомули иҷтимоӣ қарор надоранд. Ин гуногунии мафкуравӣ вобаста ба шароити таърихӣ ва равандҳои сиёсию иҷтимоии сохтори ҷамъиятие аст, ки одамон вориди он ҳастанд. Масалан, дар давронҳои гузашта, то он замоне, ки усули фаъолияти дастҷамъие, чун демократия мавҷуд набуд, ҳадди аксари аҳли ҷамъият нисбат ба давлат ва сиёсат бетафовут буданд. Бадеҳист, ки тағйир ёфтани меъёрҳо ва арзишҳои нави давлатдорӣ ба якборагӣ дар мафкураи одамон роҳ намеёбад.
Бо назардошти чунин воқеият, ки аз ҳақиқати раднопазири зиндагии ҷомеа аст, Роҳбари давлат ба сатҳи зарурӣ бардоштани тафаккури худшиносӣ ва ташаккули инсони фаъоли шоистаи давлатдории навинро нахуст ба дӯши давлат ва сипас ба зиммаи равшанфикрони миллат, онҳое, ки бештар баёнгари ормонҳои милливу фарҳангӣ ҳастанд, мегузоранд. Муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон итминони қавӣ доранд, ки зиёиён метавонанд идеяи ваҳдати миллиро дар зеҳну шуури мардум ҷой намуда, халқро барои якдигарфаҳмӣ омода созанд.
Тазаккури ин нукта зарур аст, ки дар таълимоти Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон категорияҳои «ваҳдати миллӣ» ва «худшиносии миллӣ» маънои тавъам доранд, зеро иттиҳоди одамон фақат дар заминаи огоҳӣ аз мавқею мақоми шахсият ва дарки умумияти нажодиву фарҳангӣ ва таърихиву иҷтимоӣ доир мегардад. Инсон омили ҷараёни таърих аст ва таърих вақти муҷассами рушди ҷомеаи инсонӣ аст. Давронҳои гузаштаро вақте таърих меноманд, ки аз он давронҳо осори моддию маънавӣ ба ёдгор мондаанд, ки барои тамаддуни баъдина ба унвони замина арзёбӣ мешавад. Аз ин лиҳоз, инсон фақат андаруни ҷомеа, ки барои рафъи ниёзҳои ҷисмонӣ ва руҳонии худ неъматҳои моддӣ ва маънавӣ ба вуҷуд меоварад, метавонад шахсият бошад.
Барои халқи тоҷик, ки иттиҳоди иҷтимоияш аз давронҳои дури таърихӣ сарчашма мегирад, густариш додани тафаккури умумияти таърихиву фарҳангӣ ва ирқиву нажодӣ аз масъалаҳои сифатӣ аст. Яъне пешорӯйи равшанфикрони миллат на ин ки масъалаи ба вуҷуд овардани эҳсоси ҳамбастагии афроди ҷомеа, балки густариш додан ва таҳким бахшидани ваҳдати иҷтимоӣ ва ба шакли нав даровардани худшиносии миллӣ қарор дорад.
Ба шакли нав даровардани худшиносӣ тақозои шароити нави таърихист, ки аз моҳияту мундариҷаи истиқлол бармеояд. То ин даврон, ки худшиносӣ бештар дарки ҳамбастагии ирқиву нажодӣ буд, акнун бояд, ки моҳият ва маънои сиёсиро низ касб намояд.
Яъне шахсият худро на танҳо омили ҷамъияти этникӣ, балки низ ҳамчун ҷузъи фаъоли омили сиёсӣ ва сарчашмаи ҳокимияти давлатӣ бишносад.
Дар парвариш додани тафаккури сифатан нави худшиносӣ, ки маънои мутобиқат кунонидан ба арзишҳои солими тамаддуни имрӯзро дорад, омили таърихиву фарҳангӣ нақши муайянкунанда дорад. Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар робита ба ин нукта гуфтаанд: «Эҳёи худшиносӣ бе тафаккури таърихӣ номумкин аст. Мо роҳи худшиносӣ ва эҳёи халқамонро пазируфта, ба мероси гузашта ҳамчун манбаи зиёбахши бунёди ҷомеаи нав, ваҳдати ҷумлаи тоҷикон ва тамоми халқи Тоҷикистон эҳтиром мегузорем».
Дар пайвастагӣ бо ин андешаи баланд афзудани ин нукта заурр аст, ки «мероси гузашта» ва «тафаккури таърихӣ» бо халқе иртибот дорад, ки бархурдор аз пешинаи боифтихор ва собиқаи бошукуҳи илмию фарҳангӣ ва маънавию ахлоқӣ аст. Маҳз ҳамин заминаҳои боэътимоди таърихиву фарҳангӣ ва маънавию ахлоқиро Пешвои миллат ҳамчун меъёрҳо ва омилҳои густариш ва таҷаддуди худшиносии миллӣ муайян намудааст.
Таҷлили идҳои миллӣ ва ҷашнҳои бузургдошти ниёгони шуҳратманди тоҷик низ аз омилҳое ҳастанд, ки метавонанд, пеш аз ҳама, бо маънову муҳтавояшон ба густариш ва такомули эҳсоси умумияти милливу нажодӣ мусоидат намоянд. Фазои тантанаву шодӣ ба ҳастии иҷтимоии шахсият таъсири муъҷизаосо дорад. Зеро ҳамагон дар атрофи як ҳодиса, як чиз ва ё як шахсият фароҳам меоянд, ки ба ҳар кас ва ба ҳама тааллуқ дорад.
Дар рӯзгори даврони шуравӣ, дар солҳои ҳафтодум эҳё гардидани таҷлили ҷашни Наврӯз аз хурсандибахштарин рӯйдодҳои фарҳангӣ буд ва дар он солҳои ташнагиҳои шадид ба идҳои миллӣ чун оби ҷонбахш ба дашти лабташнаи маънавиёти халқ равон шуд. Ва Наврӯз, бешубҳа, яке аз омилҳои такондиҳанда ба шинохти миллӣ ва дарки асолати таърихӣ гардид.
Шароити Истиқлоли давлатии Тоҷикистон ва бахусус буҳрони маънавие, ки дар оғози истиқлолият ба амал омад ва нишонаҳояш дар ҷомеа дер боз ба мушоҳида мерасиданд, тақозо мекунад, ки маъно ва муҳтавои расму оинҳои миллиро дар баробари рангин гардонидани зиндагии маънавӣ дар роҳи шинохти миллӣ, идроки умумияти таърихиву фарҳангӣ ва ваҳдату ягонагии мардуми тоҷик ва халқҳои Тоҷикистон истифода намоем.
Аҳамияти расму оинро ҳамчун сарчашмаи муҳим барои тарбият кардани руҳияи ватанпарастӣ, ифтихори миллӣ ва густариш додани худшиносӣ ба назар гирифта, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон хотирнишон месозанд, ки «миллате, ки бо анъанаҳо ва оинҳои миллии хеш ифтихор надорад, наметавонад аз неъмати бебаҳои истиқлол баҳра гирад, дар бунёди давлат ва давлатдории навин саҳм гузорад».
Сарвари давлат таъкид менамоянд, ки «мо вазифадор ҳастем, ки пеш аз ҳама, боигариҳои маънавии қадимаи халқамонро ҳамчун манбаи нодиру гаронбаҳо дар тарбияи ҷавонон истифода барем».
Бузургтарин иде, ки роҳи дуру дарози таърихиро паймуда, то ба рӯзгори мо расидааст, Иди Наврӯз мебошад. Президенти ҷумҳурӣ бобати бақои ин ҷашни бостонӣ андешида, мегӯянд:
«Биёед, як лаҳза биандешем, ки чаро Наврӯз – ин оини бостонӣ аз қаъри асрҳо гузашта, то ба замони мо омада расид? Умуман ин иди деҳқон, иди киштукор ва меҳнат аст. Наврӯз оғози бедории табиат, оғози нафаси гарми хок асту мардумро ба иҷрои корҳои муфид ва созанда ташвиқ мекунад.
Ҷашни Наврӯз зодаи хирад, андеша, ҷаҳонбинӣ, тафаккури гузаштагони бузурги мост ва маҳз ҳамин категорияҳои ахлоқию фалсафиро, ки ҷомеаи мо имрӯз аз ҳарвақта дида бештар ба онҳо ниёзманд аст, дар ниҳоди худ дорад.
Ин иди мубораки бостониро чун оини ниёгон бояд ба таври сазовор ҷашн гирем. Зеро бо таҷлили он дар шуури насли наврас ҳисси ватанпарастӣ, меҳри заҳмати ҳалол ва эҳсоси ҳамдигарфаҳмиву созандагӣ ҷой мегирад».
Зафар САЙИДЗОДА, - мудири шуъбаи Иттиҳоди Давлатҳои Мустақили Институти омӯзиши масъалаҳои давлатҳои Осиё ва Аврупои Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, доктори илмҳои таърих
АКС: АМИТ «Ховар»
Наврӯз бо обу хок, марзу бум ва рӯҳи тамаддунсози ниёгони мо пайванди азалӣ дошта, расму ойинҳои он рамзҳое доранд, ки аз замонҳои бостонӣ то имрӯз рӯзгори мардуми фарҳангиву ободгар ва инсондӯсту таҳаммулгарои моро ҳамроҳӣ мекунанд.
Эмомалӣ Раҳмон
Наврӯз аз ҷашнҳои куҳантарин ва қадимаи ориёитабори халқи тоҷик буда, дар тули мавҷудияти давлатдории тоҷикон шукуҳу шаҳомати беандоза пайдо намудааст. Маҳз қобили зикр аст, ки ҷашни Наврӯз таърихи бисёр деринаро дар бар гирифта, ҳамчун ойини бедориву хушҳолӣ, якдиливу муҳаббати инсонӣ мебошад. Бо фаро расидани фасли баҳори файзбахш аёми бедории табиат шурӯъ гардида, тамоми мавҷудоту табиат аз нав зинда мегарданд.
Наврӯз яке аз ҷашнҳое мебошад, ки фарҳанги таърихи башарии халқи тоҷикро ба ҷаҳониён муаррифӣ менамояд. Ҳамин аст, ки дар солҳои охир бо ташаббус ва талошҳои бевоситаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аҳамияти умумибашарии ҷашни бостонии Наврӯз бо дастгирии аксарияти кишварҳои олам бо Қатъномаи Маҷмааи Умумии Созмони Милали Муттаҳид мақоми байналмилалиро соҳиб гардид, ки ин алббата мояи ифтихори мардуми фарҳангсолори тоҷик ба ҳисоб меравад.
Дар арафаи ин ҷашни бузургу муқаддас, ки ба 21- уми моҳи фарвардин, яъне моҳи март рост меояд, мардуми тоҷик бо тантана ин ҷашни бостониро ба ҷаҳониён муаррифӣ менамоянд. Бо оғози ин санаи муҳим дар тамоми манотиқи кишвар фазои идона шуруъ мегардад, ки халқи соҳибтамадуни тоҷик ҷашни меросдор ва ойини миллии аҷдодони худро бо як шукӯҳ ва шаҳомати беандоза ҷашн мегиранд.
Донишмандони мо аз қадимулаём ба расму ойин ва ҷашнҳои аҷдодӣ арҷ гузошта, барои ҳифзу муаррифии онҳо асарҳои арзишманди донишмандони бузурги форсу тоҷик Абурайҳони Берунӣ дар китоби машҳури худ «Осор-ул-боқия» аз забони Алӣ ибни Яҳё навиштааст, ки «Рӯзи Наврӯз ягона рӯзест, ки тағирнопазир аст» ва дар китобаш «Ал-Тафҳим» менигорад, ки «Наврӯз нахустин рӯз аст аз фарвардинмоҳ ва аз ин ҷиҳат рӯзи нав карданд, зеро ки нишонии соли нав аст». Чунин ривоят ва ҳикоятҳои беназир доир ба таърихи пайдоиши Наврӯз бисёр мебошанд.
Дар ин масир метавон гуфт, ки Абурайҳони Берунӣ дар китоби «Ал-Тафҳим» овардааст: «Чун Ҷамшед ба подшоҳӣ расид, динҳо аз нав кард ва ин кори хеле бузург ба назар омад ва он рӯзро, ки рӯзи тоза буд, Ҷамшед ид гирифт, агарчи пеш аз он ҳам Наврӯз бузургу муаззам буд». Монанди ҳамин матлаб дар як қисмати китоб омадааст: «Аз расмҳои подшоҳон Наврӯз чист? Нахустин рӯз аст аз фарвардинмоҳ ва аз ин ҷиҳат рӯзи нав ном карданд, зеро ки пешонии соли нав аст».
Аз маълумотҳои мазкур чунин хулосабарорӣ кардан мумкин аст, ки ин донишманд ба таври густурда дар бораи ҷашн гирифтани Наврӯз сухан мегӯяд ва дар таҳқиқоти хеш барои шинохти рамзу рози оинҳо ва маросимҳои гуногун на танҳо ганҷинаҳои куҳанро мековад ва дарҳои онҳоро ба рӯйи хонандагони асари гаронбаҳояш мекушояд, балки аз суннатҳои деринаи рӯзгори худ низ хабар медиҳад ва ошкоро мегӯяд, ки мардумони давронаш бо покизагардонию навсозии ҳамаи афзорҳо ва дастмояҳои зиндагӣ ва оростану пиростани хонаву кошона аз Наврӯз истиқбол менамуданд.
Наврӯз ҷашнест, ки бо фаро расидани он тамоми мавҷудоти олам аз нав зинда шуда, ба табиат ҳусни дубора мебахшанд. Чуноне, ки устод Рустами Ваҳҳоб фармудаанд:
Меҳровару меҳрбахшу меҳромӯзӣ,
Шаҳномаи хуршеди ҷаҳонафрӯзӣ.
Ҳар қулла, ки сар кашад, бар он парчами туст,
Наврӯз, туӣ, ки ҷовидон пирӯзӣ.
Мутафаккири дигар Умари Хайём низ дар асари “Наврӯзнома”- и хеш ба Наврӯзи замони қадим ва хусусиятҳои оинҳои он чунин ишора мекунад: «Сабаби ном ниҳодани Наврӯз он будааст, ки чун бидонистанд, ки офтобро ду давр бувад. Яке он, ки ҳар сесаду шасту панҷ рӯзу рубъе аз шабонарӯз ба аввали дақиқаи ҳамал боз ояд. Ва чун Ҷамшед он рӯзро дарёфт «Наврӯз» ном ниҳод. Ва пас аз он подшоҳон ва дигар мардумон бад-ӯ иқтидо карданд. Ва қиссаи он чунон аст, ки чун Каюмарси аввал аз мулки Аҷам ба подшоҳӣ биншаст, хост, ки айёми солу моҳро ном диҳад ва таърих созад, то мардумон онро бидонанд. Бингарист, ки он рӯз бомдод Офтоб ба аввали дақиқаи ҳамал омада. Мубадон гирд карда ва бифармуд, ки таърих аз он ҷо оғоз кунанд. Мубадон ҷамъ омаданд ва таърих ниҳоданд. Ва чунин гуфтанд мубадони Аҷам, ки доноёни рӯзгор буданд, ки Эзиди таборак ва таоло дувоздаҳ фаришта офаридааст: аз ин чаҳор фаришта бар осмонҳо гумоштааст, то осмонро ба ҳар чи андар ӯст, аз аҳриманон нигоҳ доранд ва чаҳор фариштаро бар чаҳор гӯшаи ҷаҳон гумоштааст, то аҳриманонро гузар надиҳанд, ки аз Кӯҳи Қоф баргузаранд”.
Воқеан ҳам ҷашни Наврӯз аз замони пайдоиш таърихи дуру дарозе, ки ҳамчун ҷашни бедории табиат, оғози рӯзи нав, аз нав эҳё шудани табиат мебошад. Наврӯз ин набзи сайёраи Замин буда, дар гирди Офтоб як даври пурраи соли астрономиро паси сар мекунад ва дар моҳи фарвардин ба ҷойгоҳи аслии худ бармегардад. Дар маҷмӯъ Наврӯз рамзи рӯзи нав, ибтидои солинав, қосиди баҳор, мабдаи ҳаёт, эҳёи табиат ва оғози кишту кори деҳқонон мебошад.
Достиева Дилафруз, - лаборанти калони шуъбаи Шарқи Миёна ва Наздики Институти омӯзиши масъалаҳои давлатҳои Осиё ва Аврупои АМИТ
Ҷашни Наврӯз яке аз маросимҳои хосе дар таърихи кишварҳои бостонии тоҷику форс ва тамаддуни онҳо мебошад, ки дар китобу сарчашмаҳои қадимӣ дар шакли ривояту қиссаҳо баёноти худро ёфтааст. Дар бораи ҷашни Наврӯз иллати пайдоиш ва фалсафаи он фикру андешаҳои мухталиф вуҷуд дорад, ки баъзе аз онҳоро дар ин мақола мухтасар баён хоҳем кард.
Мувофиқи ривояту афсонаҳои устуравии тоҷику форс пайдоиш ва оғози ҷашни Наврӯз ва фалсафаи ҳастии онро ба Ҷамшед – чорумин подшоҳи Пешдодии тоҷику форс нисбат додаанд. Дар «Таърихи «Ғурар ус-сияр» дар бахши «Подшоҳии Ҷамшед аз хонадони Ҳушанг» омадааст: «Номи ин подшоҳ Ҷамшед» аст, ки ба гунаи фишурда «Ҷам» низ гӯянд….Чун Ҷам ба подшоҳии ҷаҳон расид ва париву мардум роми ӯ шуданд, барои онон суханронӣ кард ва гуфт: ман барои вежагиҳое, ки Худованд бар ман арзонӣ дошта ва фуруғе, ки ба ман додааст, подшоҳи шумо шудаам, то заминро ободон созам ва мардумро бебиму осуда гардонам ва дод бигустаронам, диҳиши бисёр кунам ва некиҳоро зинда кунам ва бадиро аз миён бардорам…».[1] Ҷамшед мардумро ба радаҳои гуногун ҷудо мекунад: радаи лашкариён – дифокунанда аз шарафу родӣ: радаи донишмандон – варзандаи дониш: радаи нависандагон, шуморгарон ва бозоргонон. Он гоҳ мефармояд, ки ҳар яки ин радаҳо ба кори худ машғул бошанд ва аз марзи худ берун набароянд.
Дар ривояти дигаре омадааст, ки муборизаи Аҳуромаздо бо Аҳриман ва найрангҳои аҳриманӣ боиси хушксоливу қаҳтӣ ва нобудии хайру баракат шуда буд. Аммо ба сари қудрат омадани Ҷамшед муҷиби нобудии Аҳриман мешавад ва бори дигар хуррамию шодмонӣва хайру баракатро ба мардум арзонӣдошта, дарахтҳои хушкида, аз нав сабзида ва мардум он рӯзро «Наврӯз» ё «Рӯзи навин» хонданд. Он гоҳ ҳама бо фархундагиву шодмонӣчунин рӯзе дар таште ҷӯ коштанду сабза рӯёнданд ва ин расм барои мардуми тоҷику форс дар айёми Наврӯз ҷовидона шуд.
Дар баъзе ривоятҳо омадааст, ки Ҷамшед дар ҷаҳон сайр мекард, ҳангоме ки ба Озарбойҷон расид бо тоҷу тахте бар нуқтаҳои баланде дар машриқ ҷой гирифт ва рушноии он тоҷу тахт ҳангоми тулуи Офтоб чашми мардумонро хира кард ва он рӯзро рӯзи нав хонданд ва ҷашн гирифтанд ва лафзи «шед», ки дар паҳлавӣба маънои шуо аст бар номи вай афзуданд ва подшоҳро Ҷамшед номиданд ва расми ҷашнгирии Наврӯз тавассути ӯ ба таври доимӣ пойдору бар ҷо шуд.
Дар замони шоҳии хеш Ҷамшед ба инкишофу пешрафтӣ фалсафаи ҳастӣ- сохту сози сохтумонҳои баланду қаиқҳои баҳрию ҳавоӣ ва дигар афзорҳои таробарии дарёӣ, ҳавоӣ таваҷҷуҳи хос намуда, ба мардум дарёнавардӣва аз дарёҳо берун кашидани гуҳарҳои дарёӣ ва кишту кор ва дигар касбу ҳунарҳоро омӯзонда пешрафти зиндагиро ба авҷи аъло расонд…. «Он гоҳфармон дод, ки гардунае аз оҷу соҷ бисозанд ва онро бар дебо фарш кунанд. Сипас бар он савор шуд ва девонро фармуд, ки ӯро баргиранд ва ба миёни осмону замин бубаранд ва бо ҳамон чархи якрӯза аз роҳи ҳаво аз Дамованд ба Бобул омад. Ин рухдод дар нахустин рӯзи фарвардин аз нахустин моҳи баҳор пеш омад, ки оғози сол ва ҳангоми тозагии ҷаҳон ва зинда шудани замин… аст. Мардум ин рӯзро рӯзи наву ҷашни фархунда ва сарфарозӣ номиданд ва онро аз бузургтарин ҷашнҳо баргузиданд ва Наврӯзаш номиданд ва Худоро сипос гуфтанд, ки чунин ҷойгоҳи арҷманд ба подшоҳашон бахшидааст. «Ва ба ҷашну ромишу шодхорӣ ва пойкубӣ пардохтанд ва доди ин ҷашни хуҷастаро бидонанд»[2]. Ин аст ҳикмати ҷашни Наврӯз ва фалсафаи он, ки тавассути нияти поки Ҷамшед-шоҳи некқадами даврони бостони тоҷику форс, ки ба ҳастии замину мардуми он баракату раҳмат ва рушноии ҳаёту зиндагии осуда овард. Ин подшоҳи хирадманду тавоно дар таърихи тамаддуни бостон қонунҳои тараққиёту пешрафти ҳаётро дар сарзаминаш аз нигоҳи диалектикаи табиат ва тафаккуру фаҳмиши инсонӣ ҷорӣ намуд.
Мувофиқи ривояте, ки дар «Таърихи «Ғурар ас-сияр» омадааст Ҷамшед сесаду си сол ба дараҷаҳои болое расида, зиндагии пур аз асоиш ва сарриштаи кори ҷаҳонро ҳам ба даст дошт. Дар кори кишвардорӣ бобарор буду бар париёну мардумон фармонравоӣмекард. Мардум низ дар амну амонӣ, фаровонии неъмат ва осудагиву дур аз нигарониву ошуфтагӣ мезистанд.
Пайравони ойини Маздоясно боз муътақид буданд, ки Зардушт дар ин рӯз мутаваллид шуда ва дар ҳамин рӯзи муқаддас бо Худованд бо розу ниёз пардохтааст ва ин рӯз барои мардуми тоҷику форс муқаддасу муҳтарам ҳисобида мешавад. Подшоҳони сосонӣ низ дар дарборҳои хеш ойини Наврӯзро бошукуҳу ҳашамати хосе баргузор мекарданд ва шоҳпанҷ рӯзи аввал ё «Наврӯзи ома» бори ом медод ва барои иҷрои хоставу ҳоҷатҳои мардум мепардохт. Сипас «Наврӯзи хоса» ё «Наврӯзи бузург»-ро, ки ба рӯзи шашуми фарвардин оғоз мешавад ба худ ва наздиконаш ихтисос дода, ба ҷашну шодмониҳо машғул мешуданд. Дар замони сосонин бахшида ба ин ҷашн оҳангҳои хоси наврӯзӣ навохта мешуд.
Ҳамин тариқ, Наврӯзро мардуми ориёӣ ва тоҷику форс аз замонҳои қадим ҳамчун маросими суннатӣистиқбол менамуданд ва расму ойинҳояшро дар шаклҳои мухталиф ба ҷо меоварданд. Дигар кишварҳои Осиёи миёна Наврӯзро ба таври ғайрирасмӣ дар сурати пухтупазҳои суннатӣ-баҳорӣ, махсусан суманак, шинонидани ниҳолу тозакунии ҷӯю каналҳо, шудгору кишти ҳар гуна маҳсулот, хонатаконӣ, дар рӯзи ид ба хурду калон пушонидани либоси миллӣ ва наву тоза, паҳнкунии дастархони наврӯзӣва монанди инҳо пешвоз мегирифтанд. Вале дар даврони муосир ин ҷашнро дар бисёре аз кишварҳои Ховари миёна, Осиёи миёна, Кавказ, Туркия, Ҳиндустон ва ғ. дар илова ба суннатҳои қадима ба замони имрӯза мувофиқ кунонда ҷашн мегиранд. Ва бо гузашти замон сарҳади ҷуғрофӣва ҷашнгирии Наврӯз фаротар мегардад. Махсусан аз байн рафтани Иттиҳоди шуравӣ ва мустақилияти кишварҳои Осиёи миёна боиси он гардид, ки барои аз нав эҳё намудани ин ҷашни суннатӣ мардуми фарҳангдӯсту меҳрпарвар саъю талош намуданд, то ки Наврӯз ба ҷашни суннатӣ-фарҳангӣ ва байналмилалӣ табдил гардад.
Ҳамчунин ҷамъомадҳое бо номи «Ҷашни ҷаҳонии Наврӯз» амал мекунад, ки дар он сарварони кишварҳое, ки Наврӯзро ҷашн мегиранд ҷамъ омада, аз ин маросими суннатӣ-фарҳангӣ қадрдонӣ мекунанд.
Маросими Наврӯз дар сарзамини тоҷикон ҷашни миллии ниёгон аст ва аз он ба унвони рамзи муҳаббату дӯстӣ, баракату неъмат, оқибат ба хайр шудани сол, сиҳативу бардамӣ, рафъи офату балоҳои осмониву заминӣ ва ғайра ёд карда, онро бо сару либоси тару тоза, рақсу тарона ва монанди инҳо ба номи «Ҷашни бузург» пешвоз мегиранд.
Ҷашну истиқболи Наврӯз аз суннатҳои фарҳангии қадимтарини мардуми тоҷику форс ва ориёӣ буда, чун Тиргону Меҳргон ва Сада то даврони ҳозир арзишҳои худро гум накардааст. Ҷашни Наврӯз нишондиҳандаи он аст, ки аҷдодони мардуми тоҷику форс аз қадим дорои фарҳангу тамаддуни воло будаанд.
Наврӯзро дар даврони муосир миллати тоҷик ҳамчун иди суннатии миллӣбо шавқу завқ ва ифтихору самимияти зиёде дар шаҳру вилоят ва ноҳияву деҳотҳо бо базму тараб ва тайёр намудани неъматҳои солинавӣ-баҳорӣ бо умеди баракату фаровонӣ ҷашн мегиранд. Зеро ки ин маросим ҳамчун нишонаи файзу сарсабзӣ ва оқибат ба хайр шудани сол аст. Дар даврони истиқлол ҷашнгирии он боз ҳам зеботару бошукуҳтар ва бо омезиш бо фарҳанги суннатӣ - замонавӣ мегузарад. Ҷашни Наврӯз ҳамчун иди баҳор, иди кишту кори деҳқонӣ ва заминагузорӣ барои ҳосили сол, тару тоза намудани гулгашту хиёбонҳо, шинонидани ниҳолу гулчанбарҳо, хонатаконӣ ва шустушӯй намудани тамоми асбобу васоили рӯзгор, сару либосҳои хона ҳамчун нишонаи аз байн бурдани гарду ғубор ва ғаму андуҳи соли куҳна мебошад. Ҳамчунин як қатор расму ойинҳо, ба монанди аспдавонӣ, гуштингирӣ, кабкҷангӣва хурусҷангӣ, тухми мурғ бозӣ, бузкашӣ, бандкашӣ, хона ба хона аввалин гулҳои баҳориро расонидан, ки аз беҳтарин машғулиятҳои айёми наврӯзии мардуми тоҷик ба шумор мерафт.
Фарорасии Наврӯз боз як бори дигар ба мардум аз маърифату фарҳанг ва маънавиёти воло доштани гузаштаву имрӯзаи мо хабар медиҳад, ки ин ҷанбаи тарбиявию омӯзандагӣ дошта, худшиносӣ, маърифати ватандӯстӣ, ваҳдат ва ҳувияти миллии мардумро ҳамчун ҷавҳари ҳастии миллат боло мебарад.
Муродова Тоҷинисо - номзади илмҳои фалсафа, дотсент, ходими пешбари илмии ИФСҲ-и ба номи А. Баҳоваддинови АМИТ
[1] Абумансур Абумалик ибни Муњаммади Соалибии Нишопурї. Таърихи ѓурар ус-сияр маъруф ба «Шоњнома»-и Соалибї. Тољнома. Китоби 111. Душанбе «Бухоро», 2014.-С.46.
[2] Таърихи ѓурар ас-сияр. Китоби 111.-С.48.
Таҷрибаи ҳамкориҳои байналмилалӣ ва узвият дар ташкилотҳои сатҳи ҷаҳонӣ собит менамоянд, ки арҷгузорӣ ба арзишҳои моддӣ ва маънавии ин ё он халқу миллат одатан аз санаҳои муайян, ё ҷашну маросимҳои хоссаи мардумон нашъа мегирад. Чунин пайвандии санаҳои таърихӣ ба тамоми аҳолии кураи Замин муҳим будан ва масъалаи меҳварӣ ба ҳисоб рафтани рӯйдодро бори дигар хотирнишон месозад.
Натиҷаи кӯшишҳои беғаразонаи роҳбарияти олии мамлакат ва хоссатан Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон буд, ки 14 декабри соли 2022, Маҷмаи Умумии СММ зимни иҷлосияи 77-уми худ Қатъномаи «Соли 2025 – Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо»-ро, ки аз ҷониби Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод шуда буд, бо иттифоқи оро қабул кард ва 21 март ҳамчун Рӯзи байналмилалии ҳифзи пиряхҳо эълон карда шуд.
21 март муайян гардидани Рӯзи байналмилалии ҳифзи пиряхҳо басо рамзӣ ва падидаи нек аст. Зеро дар ин рӯз мардуми шарифи Тоҷикистон, ҳамасола тамоми тоҷикзабонони ҷаҳон ва мардумони ҳавзаи Наврӯз ҷашни байналмилалии Наврӯзро бо шукӯҳу шаҳомати хосса таҷлил менамоянд.
Иди Наврӯз моҳи сентябри соли 2009 аз ҷониби Кумитаи ҳифзи мероси фарҳангии Созмони Миллали Муттаҳид расман ба феҳристи ЮНЕСКО ба рӯйхати мероси ғайримоддии фарҳанги башарият дохил карда шуд. 19 – уми феврали соли 2010 Маҷмааи умумии Созмони Миллали Муттаҳид қатъномаеро қабул кард, ки тибқи он ҷашни Наврӯз мақоми байналмилалӣ касб намуд. Истиқболи “Рӯзи байналмилалии Наврӯз” баъд аз қабул гардидани қатъномаи Маҷмааи умумии Созмони Милали Муттаҳид ҳам дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ҳам дар сатҳи байналмилалӣ ҷашн гирифта мешавад. Дар Тоҷикистон ҷиҳати истиқбол ва ҷашнгирии Иди байналмилалии Наврӯз рӯзҳои 21 – 26 март рӯзҳои истироҳатӣ эълон шудаанд.
Аз ҷониби СММ муайян шудани 21 март ҳамчун Рӯзи байналмилалии ҳифзи пиряхҳо беҳикмат набуда, нишон аз арҷгузории ҷомеаи ҷаҳонӣ, аз ҷумла СММ ба фарҳанги тоҷикон, махсусан ташаббусҳои Пешвои тоҷикони ҷаҳон, сиёсатмадори сатҳи байналмилалӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мебошад. Ин иқдоми СММ бори дигар нуфузи ҷаҳонӣ доштани тоҷикон инчунин ташаббусҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро нишон медиҳад.
Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати фароҳам овардани заминаҳои ташкилӣ-ҳуқуқии муайяннамоии Рӯзи байналмилалии ҳифзи пиряхҳо чораҳои мушаххаси амалиро роҳандозӣ кардааст. Аз ҷумла, дар кишвар ҷиҳати пегирии мушкилоти обшавии пиряхҳо то кунун як барномаи давлатӣ, ду стратегия ва Қолнуни Ҷумҳурии тооҷикистон дар борраи ҳифзи пиряхҳо қабул гардида, амал карда истодаанд, ки мазмуну моҳият ва ҳадафи амалисозии онҳо ҷиҳати ноил шудан ба мақсадҳои болозикр равона гардидааст. Дар ин ҳуҷҷатҳои муҳим ҳадафҳои созанда ва муқаррароти амиқ ҷиҳати ҳифзи пиряхҳо ва санаи дақиқи таҷлили Рӯзи байналмилалии ҳифзи пиряхҳо оварда шудаанд.
Сафаров М., Шомаҳмадов А. – “Маркази омӯзиши пиряхҳо”-и Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон