Наврӯз яке аз ҷашнҳои қадимтарин ва шинохтатарини миллии тоҷикон буда, таърихи чанд ҳазорсоларо дар бар мегирад. Масъалаи офариниш ё пайдоиш дар тамоми ҷомеаҳои аз сар гузаронидаи инсоният яке аз масъалаҳои мубрам ва пурбаҳс дар ҷомеа ба шумор рафтаву ҳануз ҳам идома дорад.
Мавзӯи офариниш бо бедор шудани табиат иртиботи мустақим ва ногусастанӣ дорад. Наврӯз, ки ба унвони аввалин рӯзи офариниши табиат дар тақвими эронӣ ҷойгоҳе воло дорад, бидуни тардид ёдгории яке аз куҳантарин боварҳои қавмҳои ориёӣ мебошад, ки фалсафаи зуҳураш ба бисёре аз қавмҳои дуру наздик таъсири амиқ гузоштааст. Тасвиби ин рӯз ба унвони яке аз ҷашнҳои байналмилалӣ дар Созмони Милали Муттаҳид шаҳодат бар он медиҳад, ки домана ё ҷуғрофиёи вуҷуди он дар миёни бисёре аз қавмҳову миллатҳои ҷаҳон дар тули асрҳои мухталиф густариш доштааст.
Бо талошу пайгириҳои мудаввоми Ҷумҳурии Тоҷикистону Ҷумҳурии Исломии Эрон ва бо ҳамраъйиву дастгирии кишварҳои Озарбойҷон, Афғонистон, Туркия, Туркманистон, Қазоқистон ва Қирғизистон рӯзи 21 март дар саросари ҷаҳон ҳамчун Рӯзи ҷаҳонии Наврӯз дар Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид ба тасвиб расид.
Маҷмаи Умумии Сомони Милали Муттаҳид рӯзи 21 марти соли 2010 Қатъномаи Рӯзи ҷаҳонии Наврӯзро дар чорчӯби моддаи 49 Дастури кори худ ва таҳти унвони “ Фарҳанги сулҳ” ба тасвиб расонид ва аввалин бор дар таърихи ин Созмон Наврӯз ҳамчун муносибати байналмилалӣ ба расмият даромад.
Қатъномаи мазкур, ки аз ҷониби 8 давлати ҷаҳон тартиб дода шуда буд, мавриди пушгтибонӣ ва ҳимояти тамоми кишварҳои узви Созмон қарор гирифт. Аз ҳама муҳимаш дар он аст, ки дар ҳамон рӯзи овоздиҳӣ се кишвари дигар: Ҳиндустон. Албания ва Македония ба 8 кишвари омодакунандаи Қатънома ҳамроҳ гардиданд.
Дар ҳамин нишаст таъкид карда шуд, ки “Наврӯз” ҳамчун забони муштараки миллионҳо инсон дар Осиё, Ховари Миёна, шибҳиқораи Ҳинд, Осиёи Марказӣ, Қафқоз, Балкан, ҳавзаи Баҳри Сиёҳ ва бисёри аз нуктаҳои дигари ҷаҳон ворид гардидааст. Имрӯз зиёда аз 300 миллион нафар Наврӯзро дар саросари ҷаҳон гиромӣ медоранд.
Бузургдошти Наврӯз-ин бузургдошти решаҳо, таърих,ва арзишҳои тамаддунҳои дурахшони башарият мебошад, ки дар тӯли қарнҳо арзишҳои инсониро то ба имрӯз расонидаанд.
Тайи чанд соли ахир тавассути баргузории чорабиниҳои мухталиф, аз қабили: конференсияҳо, семинарҳо ва чопи даҳҳо китобу маҷаллаҳои гуногунному мухталифҳаҷм ва ғайра ба забонҳои гуногуни ҷаҳон дар заминаи Наврӯз, аҳамияти ин ҷашни байналмилалӣ ва растохези табиат борҳо таъкид шудааст. Дар ҳамин асос соли 2011 сарони се давлати ҳамзабони Тоҷикистон, Эрон ва Афғонистон дар Теҳрон гирди ҳам омаданд, то ин ҷашни байналмилалиро доир ва бо ширкати хеш ба он шукуҳи тозае бахшанд. Ҳамзамон, дар Душанбе низ як маросими бисёр зебову пурҳашамат доир карда шуд.
Наврӯз дар баробари дорои хосият ва сифоти гуногун буданаш, ҳамчунин дорои рамзҳои мухталиф низ мебошад.
Рамз як навъ баёни иҷтимоӣ мебошад, ки дар шаклҳои лафзӣ (ғайримоддӣ), хаттӣ, тасвирӣ зуҳур карда, тасаввуроту ҷаҳонбинӣ, орзуву хостаҳо, эҳсосот, зебоишиносӣ ва эътиқоди мардумро дар худ таҷассум намудааст.
Ҷашни Наврӯз ҳамчун падидаи бузурги суннатӣ дорои рамзу мазмунҳои ошкору нуҳуфта мебошад. ки боиси рангорангиии шукӯҳ ва зебоии он гаштаанд. Рамзҳои таркибии одобу русум ва боварҳои Наврӯз гуногунанд. Масалан, рамзҳои ифодакунандаи офариниш, рамзҳои марбут ба покӣ ва бегуноҳӣ, рамзҳо бо нияти баракату фаровонӣ, тандурустиву шодкомӣ, бе ягон газанду офат гузаронидани соли Нав, хушбахтӣ ва амсоли инҳо. Баъзе рамзҳо ҳарчанд дар иду маросим ва маъракаҳои дигар истифода шаванд ҳам, аммо дар ҷашни Наврӯз дурахш ва мавқеи писандида доранд.
1.Наврӯз-рамзи навгонӣ. Пеш аз ҳама худи ҷашни Наврӯз дар фарҳанги суннатии тоҷикон ҳамчун падидаи иҷтимоию фарҳангӣ ифодагари рамзи куллии навгониҳо мебошад. Наврӯз паёмовари навгониҳост, ҳамаи унсурҳои табиат дар раванди навшавию навпазирӣ қарор дошта, ба марҳилаи тозаи инкишоф рӯ меоваранд. Аз ҷиҳати мушоҳидаи ҳодисоти кайҳонӣ, Офтоб гардиши худро аз нав оғоз карда, ба бурҷи Ҳамал ворид мегардад, рустаниҳо месабзанд, донаку тухмиҳои ба замин афтода ва ё пошида шуда аз хок сар мекашанд. Ҷонварон аз афзоиши равшанию гармӣ баҳравар гардида, оғози марҳалаи нави ҳаётро пеш мегиранд. Одамон ҳам ба такопу афтода аз тағйироти ба вуҷуд омада шодмонӣ карда, ба табиати зиндагардида ҳамроҳ гашта ба корҳои нав оғоз мебахшанд. Пеш аз ҳама бачагон аз ин тағйироти табиат болида ГУЛГАРДОНӢ мекунанд.
Маросими ҶУФТБАРОРОН аз дигар навгониҳову навшавии табиат мебошад. Хонумҳо дар хонаҳо ба тар кардани гандум дар табақҳо бо умеди майсасабзонӣ бо мақсади пухтани СУМАНАК машғул мегарданд. СУМАНАК низ паёме аз дигар навгониҳои наврӯзӣ мебошад, ки танҳо аз майсаи нав омода мешавад. Бо ҳамин мақсад барои рӯзи ид ба бачаҳо либоси нав медӯзанд, калонсолон низ кӯшиш мекунанд, ки дар рӯзи ид либосҳои нав дошта бошанд. Ҳамаи ин навгониҳову навсозиҳо аз Наврӯз сарчашма мегиранд, мардумро ба Наврӯз ва ба ҳаёту табиат дилгарм месозанд.
2. Тухм -рамзи офариниш. Тухми мурғ на танҳо ҳамчун маводи ғизоӣ барои пухту пази таомҳо, хӯришҳо ва анвои нону дигар маводи истеъмолӣ ба кор бурда мешавад, балки дар расму оинҳои мо ҳамчун намоде аз наслу офариниш низ маҳсуб мешавад. Аз қадимулайём суфраи наврӯзиро, ки ифодакунандаи ашёи рамзӣ мебошад, бе тухми мурғ тасаввур карда намешавад. Тухми мурғро бештар ба хотири Аҳурамаздо, ки рамзи офариниш ба шумор мерафт ва дар тасаввуроти асотирӣ Ӯ ҳамчун офаридгори мардумон ҳисобида мешуд, рӯйи суфраи Наврӯзӣ мегузоштанд. Гузашта аз ин, маълум аст, ки тамоми намуди паррандагон аз тухм таваллуд мешаванд ва тамоми гиёҳҳову дарахтон, умуман наботот аз тухмӣ мебароянд. Ҳамин падидаҳои табиатро ба назар гирифта, одамони қадим тухми мурғро чун рамзи офариниш ва насловарию борварӣ шинохта, онро дар суфраи “Ҳафт син”- и хеш ҷой додаанд. То ҳануз ин расм давом дорад ва дар ҳамин замина тухмҷанг, ки дар солҳои охир шарҳу шукуҳи хешро аз даст додааст ва ба як бозии бачагона табдил ёфтааст, идома дорад.
3. Сафедӣ-рамзи покӣ ва бегуноҳӣ. Аз маълумоти гирдовардаи мардушиносону муаррихон ва пажуҳишҳои фолклоршинсон бармеояд, ки дар миёни ойинҳову суннатҳои наврӯзӣ, одамон ҳанӯз аз замонҳои дури таърихӣ ба ранги сафед, ки онро ҳамчун рамзи покиву бегуноҳӣ, сулҳу салоҳ, хушбахтӣ ва кушоиши корҳо қабул доштанд, бештар таваҷҷуҳ зоҳир карда, аз он истифодаи васеъ карда, ба он афзалияти бештар медодаанд. Масалан, ҳанӯз пеш аз омадани Наврӯз хонаҳоро тамиз ва сафед мекарданд, дару деворҳои худ ва бехи дарахтонро сафед менамуданд, ба бачаҳояшон бештар либоси идонаи сафед медӯзониданд ва худашон низ кушиш мекарданд, ки дар рӯзҳои наврӯзӣ либоси сафед пӯшанд. Хонумҳо дар ин айём бештар сертараддуд шуда, дастурхони наврӯзияшонро бо маводи ғизоии ранги сафед дошта аз қабили: шир. ҷурғот, сир, қанди сафед, хӯрокиҳои аз шир пухташуда (ширбиринҷ) панир, тухми мурғ ва аз анвои гӯшти ҷонварон-гӯшти мурғу моҳиро,ки сафедранг ҳастанд, оро медоданд. Баъзе қавмҳо ҳатто суманакро ҳам дар зарфҳои сафед рехта ба хонаи ҳамсояҳо мебурданд. Ҳамсояҳо низ зарфи суманакдорро холӣ карда, дар он ягон маводи ғизоии сафедранг: шир, орд ё шакар ё ягон чизи дигар рехта бармегардониданд.
Пеш аз фарорасии Наврӯз чунин корҳоро аз қабили: сафед кардани девору бехи дарахтон, поксозии хонаву ҳавлию кӯчаҳо, роҳҳо, ҷӯйборҳо, қабристонҳо,масҷиду тамоми ҷойҳои ҷамъиятӣ ва дигар корҳоро бо мақсади пешвоз гирифтани Наврӯз тақрибан дар тамоми минтақаҳои тоҷикнишини Осиёи Марказӣ анҷом медиҳанд.
4. Ифодаи рамзи тандурустӣ ва шодкомӣ. Мардуми тоҷик пештар аз фарорасии Наврӯз ва лаҳзаҳои аввали соли Нав баъзе аз расму русум ва ойинҳоеро анҷом медоданд, ки онҳо тааллуқ ба тандурустию амният ва хушию хушвақтии онҳо доштанд. То миёнаҳои асри сипарӣ гарида, мардуми Ҳисору Қаратоғ, Истаравшану Хуҷанд, Самарқанду Бухоро ва дигар маҳалҳо пеш аз фарорасии Наврӯз косаву табақ, чойнику пиёла, кӯза ва дигар зуруфи лабшикаста, дарз оварда ва ё сирпаридаю кӯҳнашударо шикаста мепартофтанд ва ба ҷойи онҳо зарфҳои нав харидорӣ менамуданд. Ин амали онҳо чунин маъное дошт, ки ҳамаи зарфҳои шикаста бо ҳамроҳии соли кӯҳна бебозгашт бираванд ва дар соли Нав ҳама бешикасту тансиҳат бошанд.
Ҳамчунин бо мақсади дар тули соли Нав тандурусту шодком будан, онҳо чоршанбеи охири солро ҳамчун ҷашн бо номи “чоршанбегӣ” (Чоршанбе сурӣ) таҷлил мекарданд. Дар ин рӯз дар паскӯчаҳо, майдонҳо, боғҳо оташ афрӯхта, хурду калон аз болои оташ мепариданд ва мегуфтанд: “ Ранҷурию ранги зарди ман аз туву сурхию хуррамии ту аз ман”. Бо анҷоми ин амал онҳо бовар доштанд, ки ҳангоми аз болои оташ паридан амроз ва гуноҳҳои шахси аз болои оташ ҷаҳида ба оташ рехтаву сӯхта ва нобуд мегарданд. Дар минтақаи Мовароуннаҳр бошад, дар ин рӯз ба ҳамдигар гул туҳфа мекарданд, гулоб мепошиданд ва ширинӣ мечашониданд. Ин ҳама корҳо ба умеди он карда мешуданд, ки дар давоми соли Нав сиҳатманд, хуррам ва шодком бошанд. Мутобиқи бовари дигар, қабл аз фарорасии соли Нав онҳо на танҳо манзил, ҳавлӣ, кӯчаву паскӯча, ашёву абзори хонаро тозаву озода мекарданд, балки бо об пошидану аз болои оташ ҷаҳидан гӯё худро рӯҳан низ тозаву озода менамуданд.
Рамзи баракат ва фаровонӣ. Азбаски Наврӯзро миёни мардум пешонаи фасли баҳор меноманд, мардуми кӯҳистон асосан, дар айёми Наврӯз ба кишоварзӣ ва зироаткорӣ, тоза намудани ҷӯю ҷӯйборҳо ва шинонидани ниҳолҳои дарахтони мевадору сояафкан оғоз менамоянд. Тақрибан дар тамоми ҳудуди Тоҷикистон ва шаҳру вилоятҳои Ӯзбекистон то солҳои наздик маросими “Ҷуфтбаророн” доир мегашт. Ин маросим ҳанӯз ҳам дар миёни мардуми куҳистони водии Зарафшон ривоҷ дорад. Дар ин рӯз тамоми мардуми деҳот дар ҷойи муайяне ҷамъ омада, зиёфат меороянд, хӯрок мехӯранд ва аз Қуръони Азим-уш-шаън сураҳо қироат намуда, дар ҳаққи Бобои Деҳқон дуову фотеҳа карда, таманнои онро менамуданд, ки корҳои деҳқониашон бо барор бошад, Худованд дар соли Нав барояшон файзу баракат бидиҳаду соли фаровонӣ бошад. Баъд аз он, ҷуфти гов ё чанд ҷуфти говҳоро ба замини киштшаванда бо юғу омоч ва тухмӣ бурда, ба гардани говҳо юғу омочро баста, шохи говҳоро равғани зағир молида, омода менамоянд. Пеш аз оғози ҷуфт боз дастҳоро боло карда дуо менамуданд, ки имсол соли пурфайзу баракат, соли фаровонӣ гардаду ҳосили фаровон рӯёнанд. Сипас яке аз деҳқонони пуртаҷрибаву кордон бари ҷелак ё ҷомаашро аз тухмӣ пур карда, ба пошидани тухмӣ оғоз менамуд. Деҳқони ҷуфтгар аз паси марди донапош говҳоро бо як шавқи хоса ба ҳаракт медаровард ва бо ҳамин ба кишту кори баҳорӣ оғоз мебахшиданд.
Дар ин лаҳзаҳо чизи дигари диккатҷабкунанда ин аз ҷониби занҳо пухтани СУМАНАК мебошад, ки амали бисёр диданӣ ва хотирмон мебошад. Дар ин амале, ки аз ҷониби занҳо анҷом меёбад, дар ҷараёни пухтани суманак ба даруни дег партофтани 7 (ҳафт) дона сангча мебошад, ки ин ҳам рамзи фаровонӣ ва баракат мебошад.
Хӯроки анъанавие, ки тоҷикон дар айёми Наврӯз мепазанд, таркибаш аз анвои ғалладона иборат мебошад, ба мисли: гандуми кӯфта, нахуд, лубиё, ва гиёҳҳои хуштаъм ба монанди райҳон, пудина, шулха, ҷаъфарӣ, пиёз ва ғайра, ки номи онро дар баъҳе деҳаҳои Зарафшон “ғармич” мегӯянд. Ғизои мазкур дар маҳалҳои гуногуни кишвар бо номҳои мухталиф пухта шавад ҳам, аммо таркибаш дар ҳама ҷо тақрибан як хел мебошад.
6. Рамзи эҳёи табиат ва сарсабзиву хуррамӣ. Тибқи ривоят ва асотири халқҳои гуногун Худованд ҷахонро дар оғози фасли баҳор офаридааст. Офаридгор оламро на дар фасли хунуку сармои зимистон ва ё дар гармои сӯзони тобистону фасли зардиву хазонрези тирамоҳ, балки дар аввали баҳор замони баромадан аз фасли сардӣ, афзудани равшанӣ ва гармӣ бо фурӯғи ҳаётбахши хуршед, дар айёми рустани гулу гиёҳҳои баҳорӣ ва зиндашавии табиат офаридааст. Фарорасии баҳор дар расму оинҳои мардуми тоҷик, зиндашавии табиат ва оғози кори деҳқон бо шаклу намудҳои мухталиф инъикос ёфтааст. Аз расидани Наврӯз пеш аз ҳама бачагон тавассути гулгардонӣ хабар медиҳанд. Онҳо даста-даставу грӯҳ гурӯҳ ба саҳрову талу теппаҳо рафта, гулҳои баҳорӣ, аз ҷумла: гулҳои сияҳгӯш, баҳман ё бойчечак ва дигар намуди гулҳоро чида ба маҳалли зисташон оварда сурудхонон хона ба хона гашта аз омад-омади Наврӯз хабар медиҳанд. Солҳои охир, чунин бачагону наврасонро мо дар имтидоди роҳҳои берун аз шаҳр вомехӯрем, ки бо дастагулҳои зебои табиӣ истодаанд ва ба роҳгузарон пешниҳод менамоянд.
Аз суннатҳои дигари мардуми тоҷик он аст, ки мардум дар рӯзҳои наврӯзӣ ба хотири ободу сарсабз гардонидани маҳалли зисти хеш ба ниҳолшинонӣ оғоз менамоянд, ки ин ҳам рамзи сарсабзиву хуррамиро нишон медиҳад. Сабзонидани майсаи гандуму ҷав, ки аз компонентҳои асосии пухтани суманак ба шумор меравад, дар асл ифодакунандаи рамзи эҳёи табиат ва зебоию осоиши ҳаёт мебошад.
Дар деҳоти водии Яғноб расме роиҷ аст, ки рӯзи пухтани СУМАНАК ҳафт духтар майсаи сабзонидашударо ба табақҳо гирифта, болои сар гузошта, ба наврӯзгоҳ (маҳалли пухтани суманак) мебаранд ва то пухтани суманаку дигар ғизоҳои наврӯзӣ ба пазандаҳо кӯмак менамоянд.
7. Наврӯз- Рамзи муттаҳидӣ, дӯстӣ ва ҳамдигарфаҳмӣ. Худи дастҷамъона гузаронидани ҷпшни Наврӯз, ширкат дар бозиҳо ва маросимҳои наврӯзӣ, аз қабили “бузкашӣ”,”гуштингирӣ, “оташпарак”, “ҷуфтбаророн”ва дигар намуди бозиҳои варзишӣ ин аз муттаҳидии мардум хабар медиҳад. Ё дар арафаи иди Наврӯз ва рӯзҳои наврӯзӣ узрхоҳиву хамдигарбахшӣ, аз қалбҳо берун кардани кинаву адоват, муомила кардан бо лабони пуртабассум ва дилҳои лабрез аз фараҳ магар нишонаҳое аз ҳамдигарфаҳмӣ нест? Гузаштагони дури дури мо, ки ба боварҳо эътимоду эътиқоди зиёд доштанд, аз хӯрокиҳои наврӯзии омадакардаашон дар тақсимчаҳо кам-кам рехта болои бомашон мегузоштанд ва бовар бар он доштанд, ки рӯҳу арвоҳи гузаштагонашон дар рӯзҳои наврӯзӣ ба хонаашон омада аз ин ғизоҳо мечашанд ва агар маъқулашон шаванд, дуо мекунанд, ки тамоми сол дар ин хонадон сериву пурӣ бошад. Ҳамчунин, бузургони хонавода ба аъзои хонадон мегуфтанд, ки агар шумо ҳамдигарро дар давоми соли сипаришуда ранҷонида бошед ё ягон дуруштие ба ҳамдигар карда бошед, ҳатман ҳамдигарро бахшед ва рӯзҳои идро бо хурсандиву шодмонӣ гузаронед,,зеро дар ин рӯзҳо руҳу арвоҳи ниёгонамон ба манзилашон меоянд. Агар онҳо бинанд, ки дар миёни аъзои хонадонашон тифоқиву дӯстӣ ҳукмфармо нест, хафа шуда дуо мекунанд, ки тамоми солро ҳамин тавр гузаронанд. Ва агар диданд, ки ҳама ба ҳамдигар дӯстона ва дар рифоҳу салоҳ умр ба сар бурда истодаанд, хурсанд гардида дуои нек мекунанд ва тамоми сол бо дӯстиву хурсандӣ мегузарад.
Ин ҷо мехоҳам бо овардани як порчаи шеърӣ навиштани мақоларо ба охир расонида, тамоми Шумо хонандагони гиромӣ ва дар шахси Шумо тамоми мардуми кишварамонро бо фарорасии Наврӯз табрику муборакбод гуфта, ба Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мухтарам Эмомалӣ Раҳмон ба хотири заҳматҳои шоёнашон дар эҳё намудани расму оинҳои қадимии мардуми тоҷик ва саҳми назаррасашон дар ҷаҳонӣ намудани Наврӯз минатдории самимии худро иброз дошта бошам.
Рӯзи Наврӯз асту олам сабзазор,
Занги дилро мебарад бӯйи баҳор.
Булбулон андар хурӯшанд дар чаман,
Кӯдакон андар тамошо, беқарор.
Назар Холназаров, ходими илмии Институти омӯзиши масъалаҳои давлатҳои Осиё ва Аврупои Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон.
Дипломатияи фарҳангӣ ҷуъзимуҳимми воситаҳои татбиқи сиёсати хориҷии давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад. Қабландипломатияи фарҳангӣ хоси кишварҳоипешрафта ва мутараққӣ буд, вале бо тақозои замон имрӯз дар арсаи муносибатҳои байналмилалии кишварҳои ҷаҳон ин шохаи дипломатия, ки яке аз шохаҳои муҳимба ҳисоб меравад ба кор бурда мешавад. Возеҳ аст, ки тамоми кишварҳо барои баҳрабардорӣ аз ҳар зарфияте ҷиҳати пешбурди дипломатия ва ҷойгоҳашон дар низоми муносибатҳои байналмилалӣ дипломатияи фарҳангиро истифода менамоянд. Бовҷуди ин ва дар шароите, ки кишварҳои абарқудрат имрӯз мехоҳанд бо нерӯи нарм фарҳангу расму русум ва оини хешро дар дигар кишварҳо ҷорӣ кунанд ва ҳатман барои иҷрои ин амал як нерӯи таъсирбахше лозим мешавад. Барои муаррифии фарҳанг, расм, оин ва арзишҳои миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар сиёсати хориҷӣНаврӯз яке аз беҳтарин васила аст, ки ба ин восита Тоҷикистон дар ҷаҳон шинохта мешавад ва Тоҷикистон яке аз кишварҳои таъсиргузор ва таъсисдиҳандаи ҳавзаи тамаддуни Наврӯз шинохта шудааст.
Яке аз намунаҳои барҷастаи дар амал татбиқ намуданидипломатияи Наврӯз ва ба воситаи неруи нарм ба роҳ мондаи онро дар ба ҳамомаданисарони кишварҳои Тоҷикистон, Эрон, Ӯзбекистон ва Қирғизистон, ки ба муносибати таҷлили ҷашни байналмилалии Наврӯз дар 31-уми марти соли 2025 дар маркази вилояти Суғд шаҳри Хуҷанди Ҷумҳурии Тоҷикистонбаргузор мегардад, мушоҳида менамоем.
Таҷлили ҷашни Наврӯз ва ҳамбастагии фарҳангӣ, дидгоҳ ва андешаи наздикимиллатҳо буда, таърихи тӯлонӣ дорад, ки миллатҳо ҳамеша дар пайи ҷустуҷӯ ва таҳкими омилҳои муттаҳидсозанда ва ташкили равобити байни худ будаанд. Албатта, набояд фаромӯш кард, ки ғояи истифодаи умумияти фарҳангӣ ва иҷтимоӣбарои таҳким ва ташкили муносибатҳои байни миллатҳо як мавзӯи қадимаест, ки таърихи дуру дароз дорад. Ҷашни Наврӯз аз он заминаҳои маънавию таърихӣ аст, ки бо мавзӯҳои ҷолиби фарҳангӣ ва таърихии худ метавонад равобити байни миллатҳо ва ҳукуматҳоро наздиктару самимитар намояд.
Дипломатияи фарҳангӣ метавонад дар табодули фарҳанг ва ба даст овардани нуфузи фарҳангӣ нақши муҳим бозад, ки дар натиҷаи рушд ва пешрафти фарҳанги сулҳ ва ҳамзистии осоишта ба вуҷуд меояд.
Нақши Наврӯз дар ҳамгироиифарҳангӣ дар ду шакл сурат мегирад. Аввал ин, ки дар ҳамгироии “сахт” як созмон ё ниҳоде ташкил мешавад ва дар атрофи он фарҳангу ҳувият бунёд мешавад. Мисоли равшани ин баъзе созмонҳо, ки аз тариқи ин нерӯ талош мекунад, ки ҳуввияташонро ҷорӣ кунад , аммо дар баъзе мавридҳо нокоммешаванд. Аммо навъи дигар ҳамгироиинарм ё нерӯи нарм аст, ки дар он кишварҳо ба далели дарки ҳуввияти умумӣ ба сӯи ҳамгироӣ ҳаракат мекунанд ва ба ин васила табодули худро афзоиш медиҳанд. Ин намуди ҳамгироӣустувортар аст ва умри дарозтар ва устувортар дорад. Наврӯз як ҷашн ва як ҳуввияти муштарак аст, ки боиси ҳамбастагӣ шудааст.
Чизи дигар ин аст, ки Наврӯз танҳо як замон ва як ҷашн нест, балки як гуфтушунид аст. Наврӯз гушфушунидест, ки аз он сулҳ бармеояд. Сулҳе, ки кишварҳои минтақа беш аз ҳарвақта ба он ниёз доранд ва дар сурати ба даст овардани он метавон онро дар тамоми гӯшаҳои ҷаҳон паҳн кард.
Наврӯз миллатҳову давлатҳову халқиятҳоро ба нармӣ ба ҳам меорад. Дар он тавоноиҳои хубе барои пайванд ва ҳамгироии миллатҳо дида мешавад, зеро дар матни оинҳои Наврӯзӣ, ҳеҷ намунае аз ширк, бутпарастӣ, оинҳои ғайриинсонӣ ва ғайриахлоқӣ ва суханҳои манфӣ вуҷуд надорад. Ҳама чиз дар онҷо табиӣ, инсонӣ ва сипос ба офариниш аст. Ҷаҳони пур аз нур, рӯшноӣ, ҳаракат, баракат ва ростӣ аст.
Ҷашни Наврӯз ҳамвора ба унвони мероси муштараки маънавӣ миёни кишварҳои ҳавзаи фарҳангӣ ва тамаддунӣ шинохта мешавад ва Наврӯз аз ҷумлаи оинҳое аст, ки дар он робитаи инсон ва табиат ва посдорӣ аз муҳити зист таҷаллӣ мешавад.
Ин ҷашни аҷдодӣ як ҷузъи фарҳанги муштараки мардуми сарзамини дорои эътиқодҳои гуногун, либосҳои гуногун ва забонҳои гуногун аст, ки метавонад ба дипломатияи сулҳу дӯстӣ дар арсаи тамаддунмусоидат кунад ва метавонад ва имкон дорад, ки ба унвони як унсури бунёдии дипломатияи фарҳангии кишварҳо дар чаҳорчӯби дипломатияи мардумӣ, дар пешбурди мақоми фарҳангӣ ва сиёсии кишварҳои ҳавзаи Наврӯз ба кор бурда шавад. Ба хотири таҳкими дипломатияи фарҳангӣ маросими Наврӯз як риштаи муштаракест, ки метавонад ҳамгироиикишвари моро бе ягон шубҳа, нофаҳмӣ ё ихтилофи назарбо кишварҳои дигари минтақа ба роҳ монад.
Дар робита ба ин, бояд гуфт, ки истифода аз дипломатияи наврӯзӣ ба унвони василае дар сиёсати хориҷӣ ва равобити кишварҳои минтақа метавонад дар воқеъ паёмадҳои густурда ва самаре дошта бошад. Аз ин лиҳоз, аз як сӯ, бо таваҷҷуҳи бештар ва истифода аз зарфиятҳои дипломатияи фарҳангӣ ва дипломатияи наврӯзӣ ҳамчун ҷузъи муҳими дипломатия ва сиёсати хориҷии кишварҳои минтақа доираи ҳамкориҳои фарҳангӣ ва нуфузи кишварҳои наврӯзии Осиёи Марказӣ, Қафқоз ва Осиёи Ғарбӣ густаришдода шавад.
Аз ҷониби дигар, ба ҷуз аз густаришу наздикшавии фарҳангӣ, бо истифода аз ин дипломатия, яъне дипломатияи наврӯзӣ дар сиёсати хориҷии минтақа, ҳамкориҳои сиёсӣ, иқтисодӣ ва фарҳангии кишварҳои минтақаро метавонад густариш диҳад.
Ба ин тартиб, таҷлили Наврӯз ҳамчун як нуктаи муштараки кишварҳои минтақа метавонад омили муносиб барои расидан ба ҳамгироиисиёсӣ дар сатҳи минтақа бошад. Кишварҳои минтақа барои рафъи чолишҳо ва таҳдидҳои муштарак ва ҳамчунин барои расидан ба манфиатҳои муштарак метавонанд аз Наврӯз, ба унвони яке аз муштаракоти фарҳангии минтақа, кумак биҷӯянд ва барои амиқтар шудани ҳамгироиисиёсӣ талош кунанд.
Аз ин нигоҳ, Наврӯзро метавон яке аз муҳимтарин омилҳои баҳамоии кишварҳо дар арсаи тамаддуниШарқарзёбӣ кард. Дар воқеъ, Наврӯз як ҷашни шарқӣ ва рамзи покӣ аст, ки таърихан як ҷурофияи васеъро аз ғарби Чин то Осиёи Сағир, аз нимҷазираи Ҳинд то Байнаннаҳрайн ва аз Шинҷону Осиёи Марказӣ то Қафқози Бузургро фаро мегирад. Ба ин тартиб, Наврӯз моҳиятҳои зиёде дорад, ки бояд дар дипломатияи фарҳангӣ ва неруи нарм эътироф ва истифода шавад. Имрӯз Наврӯз на танҳо дар қаламрави се кишвари ҳамзабон – Тоҷикистон, Эрон ва Афғонистон ва дигар кишварҳои Осиёи Марказӣ, балки дар Ховари Миёна, аз қабили Ироқ, Сурия ва Миср ва дигар кишварҳо таҷлил мешавад. Аз ин рӯ, мо бояд барои ҳифзи ин мероси гаронбаҳои фарҳангӣ ва оини бостониву пойдор саъйу талош кунем ва муттаҳид бошем.
ЗИЁЕВ СУБҲИДДИН НАСРИЕВИЧ, - номзади илмҳои филология, мудири шуъбаи Шарқи Миёна ва Наздики Институти омӯзиши масъалаҳои давлатҳои Осиё ва Аврупои Академияи миллии лимҳои Тоҷикистон
Наврӯз ҳамчун ҷашни оғози соли нав дар байни ориёитаборон, ки дар ҳудуди Осиёи Марказӣ, Эрон ва Ҳиндустон зиндагӣ мекарданд, маъруф буд. Тибқи осори таърихӣ, ориёиҳо Наврӯзро ҳанӯз ҳазорсолаҳо қабл, пеш аз таъсиси давлатҳои аввалин таҷлил мекарданд.
Наврӯз аз қадим ҷашни баҳорӣ ва оғози давраи нави табиат буд, ки бо эътиқодоти ориёиҳо мутобиқат дошт. Дар Ведҳо мафҳумҳои тозагӣ, поксозӣ ва эҳёи зиндагӣ, ки дар Наврӯз низ дида мешаванд, хеле муҳим буданд.
Гарчанде ки худи калимаи “Наврӯз” дар Ведҳо зикр нашудааст, мазмуни он ҳамчун ҷашни эҳёи табиат ва оғози нав ба таври амиқ дар фарҳанги ведоӣ ҷой гирифтааст.
Дар “Ведҳо”, ки қадимтарин матнҳои муқаддаси ориёӣ ба шумор мераванд, ишораҳои ғайримустақим ба ҷашнҳое монанд ба Наврӯз вуҷуд доранд.
Махсусан,“Ригведа” дар бораи табиат, тағйироти фаслҳо ва аҳамияти даврҳои кайҳонӣ ба таври васеъ тавсиф мекунад. Дар таърихи ведоӣ ҷашнҳое вуҷуд доранд, ки ба ибтидои баҳор ва оғози давраи нави зиндагӣ рабт доранд, аз қабили:
1. Ҷашнҳои офтобӣ ва баробарии рӯз ва шаб
Дар Ведаҳо Суря (Офтоб) ва Агни (Оташ) ҳамчун рамзҳои ҳаёт ва тозагӣ васф мешаванд.
Ҷашнҳое, ки ба ҳаракати офтоб марбутанд, яке аз аслҳои Наврӯзро ташкил медиҳанд.
2. Маҳабҳарат ва Рамаяна
Дар достонҳои эпикии ҳиндуӣ, монанди “Маҳабҳарат”ва “Рамаяна”, ҷашнҳои фаслии баҳорӣ ва оғози соли нав қайд шудаанд, ки бо Наврӯз шабоҳатҳои зиёд доранд.
3. Макараи Санкранти (Makar Sankranti)
Ин ҷашн дар Ҳиндустон таҷлил мешавад ва ба ҳаракати Офтоб ба сӯи нимкураи шимолӣ рабт дорад, ки ба оғози кишоварзӣ ва навшавии табиат ишора мекунад.
Баъди давраи Ведҳо (тақрибан ҳазораи I то мелод), Наврӯз дар сарзаминҳои Эрону Осиёи Марказӣ шакли равшантарро ба худ гирифт.
Хусусан дар давраи Зардуштия ҷашни Наврӯз мақоми расмӣ касб намуд. Дар Авасто, китоби муқаддаси зардуштӣ, Наврӯз ҳамчун ҷашни пайванди инсон бо табиат ва Худованд тавсиф мешавад. Дар “Яштҳо” ва “Вандидод” низ ба покизагӣ, эҳёи зиндагӣ ва арҷгузорӣ ба нур ва рӯшноӣ ишора шудааст.
Яке аз унсурҳоиасосии таълимоти Зардуштия поксозӣ ва эҳтиром ба муҳити зист мебошад. Дар “Авасто” омадааст, ки ҳар шахс бояд пеш аз ҷашн покизагӣ ва тозагиро риоя кунад:
• Тозакунии хона ва муҳит
• Обпошӣ ва поксозии ҳаво
• Фароҳам овардани фазои ором барои руҳияи нек
Ҳамин анъанаҳо то имрӯз дар суннатҳои наврӯзии мардум боқӣ мондаанд.
Оташи муқаддас дар Зардуштия рамзи нур, хирад ва покӣ мебошад. Дар “Авасто” таъкид шудааст, ки дар рӯзи Наврӯз бояд оташ афрӯхта шавад, то ки қувваҳои бад дур гарданд.
Тақвими ориёии бостонӣ бар асоси гардиши офтоб танзим шуда буд. Дар он соли нав бо оғози баҳор – баробаршавии шабу рӯз (21 март), ки дар Авасто низ муҳим шуморида мешавад, оғоз мешуд. Ин тақвим бо номи ҷашни Ҷамшедӣ (Наврӯзӣ) маъруф буд ва дар замони муосир ҷашни Наврӯз низ аз рӯи ин тақвим таҷлил мегардад.
Умуман дар “Авасто” Наврӯз на танҳо як иди оддӣ, балки як ҷашни муқаддаси рӯшноӣ, покизагӣ ва оғози давраи нави зиндагӣ дониста мешавад. Ин ҷашн бо Аҳурамаздо, фариштагон ва унсурҳои табиат алоқаманд аст. Оташ, об, покизагӣ ва эҳёи табиат рамзҳои асосии Наврӯз дар таълимоти Авасто мебошанд. Поксозии хона, афрӯхтани оташ ва эҳтиром ба замин ва офтоб суннатҳое ҳастанд, ки аз Авасто сарчашма мегиранд ва то имрӯз дар Наврӯз боқӣ мондаанд.
Хулоса, Наврӯз ҳамчун ҷашни қадимаи фарҳанги ориёӣ, миёни мардуми ориёитабор ҷойгоҳи мухсусиеро касб намудааст ва аз сарчашмаҳои бостонии ориёӣ ба монанди “Ведҳо” ва “Авасто” оғоз гардида, то ба замони мо омада расидааст. Ҳам дар “Ведҳо” ва ҳам дар “Авасто” Наврӯз ҳамчун ҷашни таҷдиди табиат ва рӯшноӣ тасвир шудааст. Он бо офтоб, оташ, покизагӣ, ва оғози зиндагии нав алоқаманд буда, аҳамияти фалсафии амиқро ифода мекунад. Ин ҷашн далели он аст, ки инсон ҳамеша бо унсурҳои табиӣ, ба монанди об, оташ, хок ва ҳаво алоқаманд буда, ҳамчун пайванди аслии инсон бо табиат ва коинот ҳамасола эҳё карда мешавад.
Муҳаммадиева Сайҳуна – ходими хурди илмии Маркази антропологияи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон.
Наврӯз - яке аз куҳантарин ва зеботарин ҷашнҳои ҷаҳонӣ мебошад, ки аз даврони бостон то имрӯз бо шукӯҳ ва шаҳомат таҷлил мешавад. Ин иди баҳорӣ рамзи эҳёи табиат, оғози соли нав ва ҳамбастагии мардум аст. Ҳамасола 21-уми март, дар рӯзи баробарии шабу рӯз, мардум Наврӯзро бо расму оинҳои хос таҷлил мекунанд.
Наврӯз таърихи беш аз 3000-сола дорад ва бо фарҳанги ориёӣ, таълимоти зардуштӣ ва тамаддуни қадимӣ иртиботи қавӣ дорад. Тибқи ривоятҳо, шоҳ Ҷамшед яке аз шоҳони афсонавии Эрони Бостон онро ҷорӣ кардааст. Ба рӯи маълумотҳои "Шоҳнома"-и Фирдавсӣ, дар ҳамин рӯз Ҷамшед ба тахт нишаст ва тамоми ҷаҳонро равшан сохт, ки рамзи пирӯзии нур бар зулмот гардид.
Дар осори таърихшиносон ва сайёҳони маъруф, аз ҷумла Ал-Берунӣ ва Страбон, Наврӯз ҳамчун ҷашни бузурги мардумони Эронзамин, Осиёи Марказӣ ва қисматҳои дигар ҷаҳон зикр шудааст. Он дар тӯли асрҳо бо мурури замон рушд карда, бо анъанаҳо ва урфу одатҳои гуногуни мардумӣ ғанӣ гардид.
Наврӯз на танҳо оғози соли нав, балки ҷашни покизагӣ, навсозии рӯҳӣ ва ҷисмонӣ мебошад. Чанд ҳафта пеш аз фаро расидани он, мардум хонаҳоро тоза мекунанд, либосҳои нав мепӯшанд, бо наздикон оштӣ мешаванд ва кӯшиш мекунанд, ки бо дили соф ба соли нав ворид шаванд.
Яке аз расму оинҳои муҳими Наврӯз оростани дастархон бо ҳафт син ё ҳафт шин мебошад. Дар ин анъана, миз бо ҳафт ашё оро дода мешавад, ки номашон бо ҳарфи "с" ё "ш" оғоз меёбанд ва ҳар кадоми онҳо маънои хоси худро дорад:
Сабза – зиндагии нав ва рушди тоза
Сирко – хирад ва таҷриба
Себ – зебоӣ ва муҳаббат
Санҷид – рамзи ишқ ва серҳосилӣ
Суманак – баракат ва фаровонӣ
Сир – саломатӣ ва ҳифзи инсон аз бадӣ
Сумоқ – шодмонӣ ва нерӯи ҳаётӣ.
Дар баъзе минтақаҳо, расми ҳафтшин низ маъмул аст, ки ашёҳое чун шароб (ҳамчун рамзи шодӣ), шамъ (нур), шона (тартиб ва покизагӣ), шакар (ширинӣ ва хушбахтӣ) ва дигаронро дар бар мегирад.
Илова бар ин, дар кишварҳои гуногун анъанаҳои дигари Наврӯзӣ низ роиҷанд: Ҷаҳидан аз болои оташ рамзи покшавӣ аз гуноҳ ва бадбахтиҳо. Оббозӣ ё пошидани об нишонаи тозагӣ ва покии рӯҳу тан. Бозиҳои халқӣ аз қабили бузкашӣ, гӯштин ва аспсаворӣ. Гулгардонӣ ва сайругашт дар табиат эҳтиром ба муҳити зист ва зиндагии нав. Наврӯз ҳамчунин иди хайру саховат мебошад. Дар ин рӯз ба ятимон ва ниёзмандон кӯмак мерасонанд, ба дӯстон ва хешовандон тӯҳфаҳо медиҳанд ва бо нияти нек ба оянда назар мекунанд.
Имрӯз Наврӯз дар беш аз 10 кишвари ҷаҳон расман ҷашн гирифта мешавад, аз ҷумла дар Тоҷикистон, Эрон, Афғонистон, Ӯзбекистон, Туркманистон, Қазоқистон, Озарбойҷон, Қирғизистон, Покистон, Ҳиндустон ва Туркия. Дар ҳар як кишвар Наврӯз бо хусусиятҳои хоси худ таҷлил мегардад.
Дар Тоҷикистон Наврӯз яке аз ҷашнҳои муҳими миллӣ буда, бо маросимҳои хос таҷлил мешавад. Бозии бузкашӣ, аспсаворӣ, гулгардонӣ ва пухтани таомҳои махсус, бахусус суманак, аз анъанаҳои маъмуланд.
Дар Эрон Наврӯз 13 рӯз идома мекунад ва охирин рӯзи он бо номи Сиздаҳ-бе-дар бо сайругашт дар табиат таҷлил мешавад.
Дар Афғонистон Наврӯз бо маросими хос ва мусобиқаҳои варзишӣ, аз ҷумла гӯштин ва бузкашӣ қайд мегардад.
Дар Озарбойҷон расму оини ҷаҳидан аз болои оташ хеле маъмул аст. Дар Ӯзбекистон ва Туркманистон маросимҳои мардумӣ, бозиҳои миллӣ ва пухтани таомҳои наврӯзӣ ба таври васеъ сурат мегирад.
Бо дарназардошти аҳамияти таърихӣ ва фарҳангии он, соли 2010 Созмони Милали Муттаҳид (СММ) Наврӯзро ҳамчун мероси фарҳангии ғайримоддии инсоният эътироф кард.
Наврӯз рамзи ҳамбастагӣ, сулҳ ва эҳтироми табиат мебошад. Он таълим медиҳад, ки инсон бояд бо муҳити зист ва ҳамдигар дар сулҳ бошад, некиро ба ҷо орад ва аз зиндагии нав илҳом гирад. Дар ҷаҳони имрӯза, ки пур аз низоъҳо ва мушкилот аст, паёми Наврӯз ваҳдат, ҳамдигарфаҳмӣ ва эҳтиром ба гуногунрангии фарҳангҳо беш аз пеш муҳим аст. Ин ҷашн ба мардум хотиррасон мекунад, ки сарфи назар аз миллат ва мазҳаб, ҳамаи инсонҳо метавонанд дар фазои ҳамдигарфаҳмӣ ва дӯстӣ зиндагӣ кунанд.
Наврӯз на танҳо оғози сол, балки оғози зиндагии нав аст. Ин ҷашн моро водор месозад, ки бо нияти нек ба пеш ҳаракат кунем, бо муҳаббат ва умед зиндагӣ кунем ва ба атрофиён шодӣ ва гармӣ бахшем. Бигзор Наврӯз ба ҳар хонадон файзу баракат, сулҳу осоиш ва хушбахтӣ оварад!
Наврӯзатон муборак бод!
Лашкарбекова Оиша – докторанти PhD-и Институти ботаника, физиология ва генетикаи растании АМИТ
Малахҳо яке аз ҳашароти зараррасон ба ҳисоб рафта, аз замонҳои қадим ба заминҳои кишоварзӣ, чарогоҳҳо ва дигар маконҳои сабзу хуррам зарари ҷиддӣ мерасонанд. Пеш аз солшумории мелодӣ дар Мисри қадим зараррасонии малах ба заминҳои кишоварзии сокинони он давра ба қайд гирифта шудааст, аз ин баъдтар мувофиқи нишондоди дастовардҳои олимон давлатҳои Чин, Ҳиндустон, мамлакатҳои Европа, Осиёи Марказӣ ва дигар давлатҳое, ки ба соҳаи кишоварзӣ ва чорводорӣ машғул буданд, миллионҳо гектар заминҳояшон аз малах зарар медиданд.
Айни замон малахҳои зараррасон ҳудуди паҳншавии васеъ дошта, дар бисёре аз кишварҳои ҷаҳон, аз ҷумла Тоҷикистон низ сукунат мекунанд. Дар ҷаҳон беш аз 20 000 намуди малах ба қайд гирифта шуда, дар Тоҷикистон тақрибан 130 намуди онҳо вомехӯранд.
Аз рӯи хусусияти афзоишу инкишоф малахҳо ба ду гурӯҳ ҷудо мешаванд, малахҳои галлагӣ ва ғайригаллагӣ. Ба гурӯҳи малахҳои галлагӣ он намудҳое дохил мешаванд, ки дар макони зисташон бо шумораи зиёд ба қайд гирифта мешаванд. Дар ҳар як метри мураббаъ вобаста ба давраҳои инкишофи кирминагӣ аз 20 то 1000 адад ва аз ин ҳам зиёдро ташкил медиҳанд. Ба ин гурӯҳи малахҳо даҳ намуд мансуб мебошанд, ки дар Тоҷикистон 3 намуди онҳо ба қайд гирифта шудааст - пруси итолиёвӣ (Calliptamus italicus), малахи марокашӣ (Dociosturus maroccanus) ва малахи осиёӣ ё кӯчанда (Locusta migratoria). Боқимонда намудҳо ба гурӯҳи малахҳои ғайригаллагӣ мансуб мебошанд.
Малахҳо натанҳо ба заминҳои кишоварзию чарогоҳҳо, балки ба буҷаи давлат низ таъсири манфӣ мерасонанд. Дар ноҳияҳои наздикӯҳии қисмати ҷанубу ғарбии ҷумҳурӣ бештар шумораи зиёди малахи марокашӣ ба мушоҳида мерасад. Бори аввал авҷи зиёди ин намуд соли 2007 дар ноҳияҳои Хуросон, Қубодиён, Шаҳритус, Данғара, Панҷ ва Ҷайҳун дар майдони зиёда аз 35 ҳазор гектар ба қайд гирифта шуд. Баъдан паҳншавии ин намуд дар дигар ноҳияҳои наздикӯҳии ҷумҳурӣ ба мушоҳида расид. Ҷойҳои афзоиш ва макони зисти малахи марокашӣ вобаста бо баланди аз сатҳи баҳр аз 450 то 1200 м мебошад ва дар баъзан ҳолатҳо ин намуд дар баландиҳои аз 100 то 2200 метр аз сатҳи баҳр низ вомехӯрад.
Солҳои охир паҳншавии малахи марокашӣ бештар дар ҳудуди Тоҷикистони Ҷанубӣ-Ғарбӣ ва қисман дар ҳудуди Тоҷикистони Шимолӣ ба мушоҳида мерасад. Солҳои авҷи шумораи ин намуд ба кишти зироатҳои ғалладонагӣ, лубиёгиҳо, пахта, полезӣ, боғу токзор ва дигар растаниҳои табиӣ зарари ҷиддӣ мерасонад.
Шумораи зиёди пруси итолиёвӣ бештар дар ҳудуди вилояти Суғд ба қайд гирифта мешавад. Соли гузашта (2024), ҳангоми мушоҳидаҳои саҳроӣ зиёдшавии шумораи ин намуд дар заминҳои бекорхобидаи ноҳияи Зафаробод ба мушоҳида расид.
Дар баробари малахҳои галлагӣ, инчунин намудҳои ғайригаллагие мавҷуданд, ки баъзан солҳо шумораашон зиёд гардида, ба чарогоҳҳо ва заминҳои кишоварзӣ зарар мерасонанд. Сабаби зиёдшавии шумораи онҳо аз рӯи мушоҳидаҳои олимон, хуб будани муҳити зист ва шароити мусоиди иқлим ба ҳисоб меравад.
Ҳангоми мавҷуд будани шароити мусоид, дар натиҷаи зиёдшавии шумораи намуд аз таъсири малахҳои ғайригаллагӣ талафёбии намудҳои гуногуни растаниҳо мушоҳида мегардад. Барои мисол дар соли 2018 аз сабаби гарм ва камбориш омадани фасли зимистон дар қисмати ҷанубии ноҳияи Қубодиён талафёбии миқдори зиёди буттаҳои саксавул аз ҷониби малахи кӯзапушти калони саксавулӣ ба қайд гирифта шуд. Қаблан дар Тоҷикистон авҷгирии шумораи ин намуд ба мушоҳида нарасида буд.
Ин намуд ба гурӯҳи малахҳои ғайригаллагӣ мансуб буда, бештар дар биёбонҳои саксавулзор умр ба сар мебарад ва давраҳои ҳаётии он дар болои буттаву дарахтони саксавул мегузарад.
Баъд аз тухм баромадан, охирҳои моҳи март ва аввалҳои апрел, панҷ давраи инкишофи кирминагиро мегузаронад. Аз як син ба синни дигар гузаштан вобаста ба обу ҳаво аз 9 то 14 рӯз давом меёбад. Давраи пурра болдоршавӣ охирҳои моҳи май мушоҳида мегардад. Баъд аз пурра болбарорӣ давраи ҷуфтшавиро гузаронида, ба тухмгузорӣ шурӯъ менамояд. Тухмҳоро дар дохили кӯзачаи колбашакли каҷтоб, ки дарозиаш 41-55 миллиметрро ташкил медиҳад, дар хоки сахти ҷойҳои регзори заминҳои қумӣ дар чуқурии аз 4 то 5 см мегузорад. Давраи ҳаётии дигар намуди малахҳо низ бештар ба ин намуди малах монандӣ дорад.
Баъзан намуди малахҳои ғайригаллагӣ низ ба монанди кӯзапушти калони саксавулӣ, солҳои барои инкишофашон мусоид шумораашон бештар дар экосистемаҳои табиӣ зиёд гардида, баъдан ба маҷмуаи экологии антропогенӣ гузашта, бошиддат ба зироатҳои ғалладонагӣ ва растаниҳои ғизоӣ зарари ҷиддӣ мерасонанд.
Чӣ хеле, ки дар боло қайд гардид, ҳамасола дар заминҳои наздикӯҳии ноҳияҳои наздисарҳадӣ ва гирду атрофии онҳо шумораи намуди малахи марокашӣ зиёд гардида, зараррасонии он ба чарогоҳ ва дигар заминҳои хоҷагии қишлоқ ба қайд гирифта мешавад.
Ҳамасола аз ҷониби кормандони Муассисаи давлатии «Экспедитсияи мубориза бар зидди малах»-и Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба муқобили малахҳои зараррасон чораҳои муборизаи кимиёвӣ истифода бурда мешавад.
Солҳои охир дар ҷаҳон ба муқобили ҳашароти зараррасон, аз ҷумла малахҳо усули муборизаи биологӣ ба роҳ монда шудааст. Дар Институти зоология ва паразитологияи АМИТ дар шароити лабораторӣ ба муқобили якқатор намуди малахҳои ғайргаллагӣ ва малахи галлагии марокашӣ маводи микробиологии Актарофит истифода карда шуд. Дар шароити табиӣ маводи мазкур ба муқобили кирмина ва синни болиғи малахи марокашӣ дар масоҳати 2.0 га истифода шуда, натиҷаи назаррас ба даст оварда шуд.
Инчунин якҷоя бо кормандони Муассисаи давлатии “Экспедитсияи мубориза бар зидди малах”-и Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ташкилоти байналмиллалии ФАО дар деҳаи Навзамини ноҳияи Хуросони вилояти Хатлон самаранокии биопрепарати Новокрид (Metarhizium acridium) бар зидди малахи марокашӣ таҳқиқ карда шуд. Муқаррар карда шуд, ки самаранокии истифодаи биопрепарати Новокрид дар муддати 21 шабонарӯз ба 96.2% баробар мебошад ва барои истифода бар зидди ин намуди зараррасон дар шароити Тоҷикистон тавсия карда мешавад.
Бояд қайд намуд, ки ҳангоми истифодабарии микромаводи биологӣ бар зидди малах, танҳо худи он нобуд гашта, дигар намуди ҳашарот, хазандагон, парандагон, умуман дигар мавҷудоти зинда осеб намебинад. Ҳангоми истифодаи чунин метод муҳити экологӣ безарар боқӣ мемонад.
Ходими калони илмии Институти зоология ва паразитологияи ба номи Е.Н.Павловский АМИТ Хайров Хурамҷон Сайдамирович
Наврӯз бо таърихи беш аз шашҳазорсолаи худ бузургтарин ҷашни миллии тоҷикон ва соли нави аҷдодии мо буда, ниёкони некноми мо онро аз замонҳои хеле қадим таҷлил мекарданд, омадани баҳор ва эҳёи табиатро бо шодиву хурсандӣ ва бо иштироки хурду бузурги диёр истиқбол мегирифтанд. Наврӯз ҷашни эҳтиром аз ҷойгоҳи табиат ва бузургдошти сайёраи Замин аст, ки баъди карахтии сармои зимистон ба мисли инсон аз хоб бедор мешавад ва ба риёзату тафаккур шурӯъ мекунад.
Наврӯзро метавон ба мисол набзи тапандаи сайёраи Замин шинохт, ки дар гирди Офтоб як даври пурраи соли нуҷумӣ(астронономӣ)-ро паси сар мекунад ва дар моҳи Фарвардин ба ҷойгоҳи аслии худ, ки мӯъҷизакориро аз он оғоз карда буд, бармегардад. Агар ба рамзи Наврӯз назар андозем, мебинем, ки рамзи аслии он навсозӣ ва навпардозӣ, тантанаи некӣ ба бадӣ аст, на кӯҳнапарастӣ, ки баъзе аз ашхос ба хато, бо чашми зоҳирбин онро чунин пиндоштаанд. Ҳарчанд ки Наврӯз ҳар сол ба як қарор такрор мешавад, вале он на ҷашни такрорҳо, балки паёму даъват аст ба кашфу навгонӣ ва инчунин поксозӣ ва бозсозии тинату вуҷуди Инсон ва муҳити зиндагии табииву иҷтимоии ӯ. Ин бозсозии бадану тинат ҳам ба мисли Наврӯзу силсилаҷашнҳои ориёӣ кори доимии инсонҳо мебошад, на кори якрӯзаву дурӯза ва мавсимӣ.
Дар ин бора дар романи таърихии «Ориёно. Ҳасрати Зардушт» чунин омадааст: ʻʻВатани аслии тамаддуни ориёӣ Осиёи Миёна, Афғонистону Эрон аст ва муаллифи нахустасари олам «Авесто» Зардушти Спитамон низ зодаю парвардаи ҳамин ватан астʼʼ. Наврӯз аз андешаи поку неки ақвоми Ҳиндуориёи падид омад, ки дар асрори офариниши табиату коинот одаму олам тафаккур мекарданду ҳуввияти волофарҳангсолорию фарҳангӣва имлдӯстию донишандӯзӣдоштанд аз ҷумла дар офаридани хат ва алифбои нахустини инсоният. Арзише ки арзиши онро дар матни тамаддуни умумиинсонӣбаҳогузорӣмушкил аст,ин қадами нахустини инсоният ба ҷаҳони маърифат аст. Ин қадам офаридани алифбо аст. Маъхазҳо дарак медиҳанд, ки офарандагони фарҳанги ориёнӣ-тоҷикӣчандин алифбо эҷод кардаанд. Қисме аз онҳо ба фаромушхонаи таърих рафтааст.Аз он ҷумла алифбое ба унвони «Шоҳдабира». Ин алифбое будааст,ки онро танҳо шоҳ ва чанд нафаре ки мавриди эътимоди шоҳбуданд медонистанд…..ва боз чандин алифбои дигар. Беибо метавон гуфт, ки мардумони атрофии Вароруд, ориёҳои бостонӣниёгони Наврӯзанд. Вожаи ориёӣ – дарӣ будани худи истилоҳи Наврӯз шаҳодат аз он медиҳад, ки тоҷикон дар саргаҳу сароғози фарҳангу таърихи тамаддуни башарӣ қарор доштанд. Фалсафа ё худ ҳикмати Наврӯз; пиндори нек, гуфтори нек ва рафтори нек аст. Покӣ, некӣ, ростӣ, баробарӣ, тавозуну эътидол (гармония), эҳё шудан ва пирӯзии некӣ бар бадӣ, рушноӣ бар торикӣасоси фалсафаи Наврӯзро ташкил медиҳанд. Оинҳои поку неки наврӯзӣ; покӣ, некӣ, ростӣ аз андешаву афкори поку неки ниёгони поктинату несиришт, равшанзамиру рушанрой ва некманишу ваҳдонифитрати мо тоҷикон падид омадаю зуҳур ба олами ҳастӣ намудааст, ки дар худ баландтарин мақом ва поя, ғояҳои олии раиятпарварӣ, ваҳдату ягонагӣва мардумсолориро таҷассум мекунад. Ҳикмати Наврӯз дар принсинҳои олии он: покию некӣ, ростӣ, баробарию бародарӣтаҷассум ёфтааст, ки метавон принсипҳои аввалину асосии мардумсолорӣ(демократия) номид. Ниёгони инсондӯсту раиятпарвари мо сар карда аз нахустодам Каюмарс, Афридуну Ҷам, Дорюшу Доро, Кайхусраву Куруши Кабир, Сосониёну Сомониён то ба имрӯз фақат покию некӣ, ростию баробарию бародарӣ – яъне ғояҳои олии гуманистиро – оини хеш қарор дода, чун ливои пирӯзии Наврӯз бар афсурдагию парешонӣва сардию торикӣ, ҳамеша ҷилвагар доштанду фархундаҳолию фарзонагӣва фараҳмандию фаррухрӯзгориро сарсилсилаи оини Наврӯзӣ сохтаанд.
Ҳикмати Наврӯз пеш аз ҳама покию покизагӣ, озодию озодагӣ, соҳибаслу табии будан бо табиату коинот ва қавонини он созгорӣ доштану худро ҷузъи таркибию ҷудоинопазир ва бевоситаи олами ҳастӣ шуморидани инсон аст. Ба таври дигар покии зоҳиру ботин, покӣ дар ҳама ҷову ҳама чиз ва ҳама вақт, дар ҳама ҷанбаҳои ҳаёти инсонӣ, луқмаи ҳалол аз ранҷи заҳмати худ, ростию росткорӣ, ростқавлӣ, сидқ дар аҳду паймон, адлу инсоф, таодул ва мувозинат дар муносибатҳо; оилавӣ, бо мардум,муомилот– доду гирифт, қарз додан, бахшишу сахо кардан, пардохтани ҳаққи хизматчиёну музддурону ранҷбарон ва дигар паҳлӯҳои ҳаёти инсонӣ мебошад. Ғояи асосии оини наврӯзӣ ин талқини идеяҳои олии гуманистӣ – инсондӯстӣ, даст ёфтан ба ҳаёти бошууронаю бошарафона, амну осоиш ва фараҳ дар зиндагии дунявӣ – дар олами моддӣ мебошад. Меҳвари аслии Наврӯз ин инсон аст,инсони озод,бошараф,инсони комил,озодруҳу озодравон ва озодфитрату некманиш.Дигар паҳлӯи ҳикмати наврӯзӣ ин эътидол аст. Эътидолу тавозун дар ҳама ҷову ҳама чиз ва ҳама вақт. Мувозинату баробарӣ,назму низом, адолат, мутавозинӣ дар корҳо ва амалҳо, асолат ва руҷуъ ба асл кардан, рӯ овардан ба асли хеш, ба назми азалии рӯзи офариниши олам мебошад, ки ҳама чиз дар ҳама ҷо дар мувозинати мутлақ (обсолютная гармония) қарор дошт ва дар муносибати миёни инсону табиат эътидолу мувозинати кулл ҳукмрон буд. Чаҳор унсур ё нахустмабдаи олами ҳастӣ дар муносибати созандаву ҳаётзо қарор доштанд на муносибати инкоркунандаву тахрибкунандаи якдигар. Замоне ки об бо оташ ва хок бо бод ба ҳам меомаданд. (ин ишора ба даврони белоишӣ – артезишн аст). Бо як ҳарф ҷашни Наврӯз, ҷашни эътидолу баробарӣ, мавзунию мувозинат, назму низом ва адолати саросарӣ дар муносибати одаму олам ва кулли коинот буда асли он айёми таҷаллии қудрату ҷалоли офаридгор-зебогии табиату мавҷудот аст. Ҳавзаи тамаддуни ҷашни бостонию оламгири Наврӯз макони баромад ва сарчашмаю сароғози тамаддуни таъриху фарҳанги башарӣба ҳисоб меравад ба ин маънӣ ки оғози ибтидои пайдоиши оламро аз замони офариниш шуруъ мекунад. Наврӯз оғози олам аст, зодрӯзи оламу одам ва ҳастист, он як ҷашни оддӣ нест, як фарҳанг аст ва хато нест агар гӯем, ки як тамаддун аст. Наврӯз рамзи покию некӣ ва пирӯзист. Қабл аз ҳама рамзи эҳё ва бедории инсону табиат аст, пайғоми ҳаёти нав, сарабзию хуррамӣ, рушду нумуъ ва фархундаҳолию фараҳ аст. Оини озодагию озодагон, фарзонагию фарзонагон, гаронбаҳотарину пурарзиштарин мероси фарҳангии миллати тоҷик, ҳумоюнтарину хуҷастатарин ҷашни мардумони ориёитабор ва рукни аслию муҳими худшиносии миллист, зеро ҷавҳари аслии Наврӯз ин инсондӯстию таҳаммулгароӣ, ҳамдигарпазирӣ, ваҳдату баҳамоӣ, асолат ва руҷуъ кардан ба асл аст. Наврӯз ҷашни инсони комил, ростин, нексирату нексиришт, некандешу некманиш аст, ки дар ҳама ҳол эътидолро риоя мекунад. Ба як ҳарф шиору машъали Наврӯз: «пиндори нек, гуфтори нек ва рафтори нек» аст, ки далели ин гуфтаҳоянд.
Наврӯз тантанаи руҳи мардуми ориёист, руҳи озоду равони пок, сиришти неку, хиради ростин ва роҳи ростон. Ҷавҳари ҷашни Наврӯз аслан ҳикмат аст, ҳикмати зиндагӣ, зиндагии бошарафона ва бархурдорӣ аз одамият, он фалсафаи зиндагӣва ҷаҳонбинию ҷаҳоншиносии ориёнажодон аст, ки дар пояи ахлоқ ва хирад бунёд гардидааст, ки он тарбияи инсони комилро тақозо дорад. Наврӯз фарҳанг ва фалсафаи озодону озодагон, пирӯзии фарзонагон аст ва аз ҳар манзар, ки бингарӣ, ростӣ, покию некӣва софию сафост ва аз сиёхию бади дар ӯ ҳеҷ нишоне нест.
Чуноне ки аз сарчашмаҳои таърихӣ бар меояд,доктринаи асосии ахлоқӣ –эстетикии Ориёиҳои бостон,кафолати ҳаёти некро дар дунё ва наҷоти руҳи инсонро дар охират маҳз дар риояи адолат ва эътидол дар умури рузмарраи дунёӣмаънидод мекунад.Чуноне ки қайд кардем Наврӯз оғози оғозҳост, ҷашни офариниши олам аст ва ҳеҷгуна иртиботу ихтилофе бо ҳеҷ гуна дину мазҳаб ва равияю фирқае надорад, чунки он муқаддамтар аз кулли адён аст ва он замоне зуҳур ба олами ҳастӣнамуд, ки ҳоло масоили дин ва эътиқод дар миён набуд. Инсон нав ба олами моддии ҳасти по гузошта буду дар асрори офариниши олам ва қавонини он акнун ба андеша пардохта буд ва барои худ роҳи дурусти зиндагиро меҷуст ва мекушид, ки бо табиату коинот ҳамсону ҳамрадиф бошад. Азбаски инсон танҳо аз даврони беолоишӣ берун омада буд ҳоло тафаккури ӯ поку тоҳир буд, бо хаёлоти мағшуш олуда нагашта буд, биноан ягона афкори ӯ паймудани роҳи росту ҳақиқат, некию покӣ буд ва ба ҳар сон, ки метавонист аз каҷию торикӣ ва бадӣ, дӯрӣ меҷӯст. Гуё ин ҳарф аз тинати поку сиришти неки ниёгони мо берун меомад: “Эй Аҳуро моро аз душман, хушксолӣва дуруғ наҷот деҳ”.
Инчунин ҳамаи 5 китоби Авасто бо ин суханон тамом мешаванд: “Роҳякест ва он роҳи ростист, дигар ҳама роҳҳо бероҳаанд”. Робиндранат Такур барои чунин хусусиятҳои мардуми ориёӣ ин тавр ибрози назар мекунад: “Онҳо мехостанд бо нерӯи маниши пок ва эътимод ба нафс истиқомати ҷаҳонро обод ва аз неъмати Хурдод баҳраманд шаванд, то дар ҷаҳони дигар низ ба бахшоиши Амрдод комраво гарданд”. Ниёкони мо дуруғгуиро хислати зишттарин медонистанд. Ҳеродот низ инро таъкид кардааст, ки ориёиёни бостон ба фарзандони худ аз овони кудакӣ се чиз меомӯхтанд: “аспсаворӣ, тирандозӣ ва ростгӯӣ” . Гуноҳе, ки дар дини маздоясно нобахшиданист, дуруғ мебошад. Дар Меҳряшт беҳтарин подош барои ростгӯ ва шадидтарин ҷазо барои дурӯғгу муайян шудааст. Мувофиқи он эзиди Меҳр дурӯғгу ва аҳдшиканро ба доғи фарзандонаш менишонад. хонаашро вайрон, хайру баракат аз хонумонаш мебардорад, аз хушиҳои Фзиндагӣ маҳрум менамояд. Тарзе ки аз гуфтаҳои боло мебинем ягона оини Наврӯз ин ростӣ, покӣ ва некист. Гарчанде, ки ин ҷашн ҷанбаи динӣ-мазҳабӣ надошта бошад ҳам, ҷиҳатҳои тақвиятбахши омӯзаҳои динию ахлоқиро дорост. Наврӯз натанҳо ба ягон дину оине ихтилофе надорад, балки тақвиятбахшандаи фармудаи ҳама мазоҳибу адиёни ҷаҳонист. Аввалан покӣ дар ҳама ҷо ва ҳама чиз, эътидол дар ҳама корҳо. Некӣ кардан ба ҳама офаридоти Худо, авфу бахшиши гуноҳон, атову бахшишу саховат кардан, ёрӣ ба ниёзмандону дастгирии дармондагон, дурӣ ҷустан аз аъмоли ношоиставу пайвастан ба накукорон, парҳез аз афкору гуфтори нописанд, муносибати нек бо ҳамсоягону ноошноён, ҳамапазирию таҳаммулгароӣ, ҳамзистии осоишта дар сулҳу ваҳдат, покии манзилу макон, тан, рӯҳ ва ҷону имон. Дурустию ростӣ дар аҳду паймон, пардохтан ба ободкориву созандагӣ ва амсоли инҳо. Ба як сухан боз ҳамон фармуда ё шиори Авасто: “Пиндори нек, гуфтори нек ва рафтори нек” ё фармудаи аз ҳама ҷолиби он: “Роҳ якест ва он роҳи ростист, дигар ҳама роҳҳо бероҳаанд” ёд меояд. Дар фароварди сухан овардани як нуктаи басе ҷолибу дар айни замон дархурдеро аз китоби гаронмояи Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои Миллат, Призиденти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар тақвияти ҷамъбасти мавзӯъ ба маврид медонем, ки чунин аст: “Он халқ хушбахту ҷовид аст, ки бо ниёкони худ пайванди ногусастанӣдорад”. Он халқ боз бештар сарбаланду сарфароз аст, ки дар ҳар мавриди сахту осон барои машварат ба ниёкони худ рӯ оварда ва ҳамеша дар пайи он бошад, ки ба хазинаи пурбаҳои андӯхтаи гузаштагонаш аз худ чизе илова намояд.
Шуъбаи масъалаҳои фалсафии дини ИФСҲ ба номи А. Баҳоваддинови АМИТ.
Наврӯз, ба унвони яке аз қадимтарин ва зеботарин ҷашнҳо дар олам, бар пояи тасаввуроти амиқи фалсафӣва ҷаҳоншинохтие устувор гаштааст, ки ҳар кадом намоди давом ва бақои кавми тоҷик ва дигар ақвоми ориёитабор махсуб мешавад. Ин ҷашнро ақвоми зиёди муҷовир аз дуру наздик: аз марзи Чин ва ақсои Ҳинд то савоҳили уқёнуси Атлас ва аз арозии Сибириё то Халиҷи Форс ба унвони ҷашни миллӣва қавмии худ пазируфта, ва бо шукӯҳу шавкати хосае онро таҷлил мекунанд, ки ин худ далели возеҳу раднопазирест марбут ба таъсири фарҳангии тоҷикону дигар ориёинажодон бар сокинони ин марзу бум ва куллан тамоми ақсои олам.
Гузашта аз он, «иморати хештаншиносии тоҷику эронӣду шаҳсутун дорад: яке забони порсисту дигаре чашни Наврӯз».
Дар ин набиштаи мухтасар ишороте чанд хоҳад омад ба унвони далел бар асолату дурустии ин суханон, бо таъкид бар он ки: «Забони порсӣ (точикӣ) ба унвони ҳомилу ҳомии осор ва пиндори фарҳангӣ ҳам ҳофизаи таърихӣва ҳам дурнамои рушди маънавиамонро таҷассум мекунад. Ҷашни Наврӯз ба унвони суннати зиндаи халқ замонати бақои рузгори ӯст».
Ва инак, мисоле чанд роҷеъ ба Навруз ва инъикоси тасаввуроту боварҳои ниёгонамон дар ин ҷашни куҳан ва шукӯҳманд, ки бештар дар назми оламгири форсӣтаҷассум гардидаанд:
Гирдгардон будани олам, яъне дар ҳолати тағййиру таҳаввули мудовиму давраӣ қарор доштани он, дар тасаввури аҷдодони мо як падидаи муқаррарӣбудааст. Ва ба фармудаи Одамушшуро Рудкӣ:
Ҷаҳон ҳамеша чунин аст, гирдгардон аст,
Ҳамеша то бувад, ойин-ш гирдгардон буд.
Ва бар асари ҳамин ҳолати гирдгардонӣаст, ки:
Куҳан кунад ба замоне ҳамон куҷо нав буд,
Ва нав кунад ба замоне ҳамон ки халқон буд.
Ва нуқтаи тавассули чунин як ҳолати гирдгардонӣва мубаддал шудани куҳна ба на нав баҳору Наврӯз аст, ва ҳатто:
Шояд ки марди пир бадин гаҳшавад ҷавон,
Гетӣ бадил ёфт шубоб аз паи машиб.
Илова бар он, аз дидгоҳи Одамушшуаро, Наврӯз худ табибест ҷиҳати муолиҷаи ҷаҳони бемору дардманд ва василает ҷиҳати ба эътидол овардани олами хастӣдар сатҳи ҷомеа ва кайҳон:
Якчанд рӯзгор ҷаҳон дардманд буд,
Беҳ шуд, ки ёфт бӯи суман бодро табиб.
Яъне Наврӯз василаву намоди эътидол аст, чун он замони тавозуни шабу рӯз ва оштиву сулҳу салоҳмиёни инсонхо, дур афкандани кинаю кудуратҳо, пушти сар гузоштани сардию хушунат ва рӯй овардан ба меҳрубонию каромат меобошад. Ва аз ин лиҳоз ба фармудаи Унсуралмаъолии Кайковус, «этидол ҷузвест аз ақли кулл».
Пас, аз ин дигоҳНаврӯз намоди ақли кулл маҳсуб мешавад.
Васфи Наврӯз бавижа дар «Шоҳнома»-и Ҳаким Фирдавсии Тусӣмақоми сазовор ва чойгоҳи баланде дорад ва ба унвони даврони пирӯзии некӣбар бадӣ, ҷилваи шукӯҳу шавкати шоҳону шаҳриёрон, шукуфоии олам ва сарбаландию осоиши одам талаққӣ мешавад. Хаким Фирдавсӣба масъалаи Наврӯз аз дидгоҳи равобити фитрии инсон ва табиат ва куллан олами ҳастӣ менигарад, ва ин ҷашнро пули иртиботе медонад ҷиҳати таҷдиду шукуфоии муштараки инсон ва кайҳон. Забони шево ва тавонои форсӣ (тоҷикӣ) имкон медиҳад, ки Ҳакими Тус дар нигориши вижагиҳои Наврӯз ба гунаи шигифтоваре доди сухан диҳад, ва хонандаро ба олами сеҳрангезу рӯҳнавози ин забон раҳнамун бошад ва макоми Наврузро дар тадовуму такомули фарҳанги порсизабонон ба намоиш бигзорад.
Хаким Фирдавсӣбо ишора ба тасаввуроти қадимии ақвоми ориёӣ Наврӯзро инчунин замони вонамудани рози оламу одам медонад. Масалан, дар «Достони Бежан», вақте ки Гев дар ҷустуҷӯи Бежан оҷиз мемонад, ва ба чораҷуӣназди Кайхусрав меравад, ва аз у барои дарёфтани гумшудааш ёрӣмехоҳад, шоҳи каёнитабор чунин посух медиҳад:
Бимон, то биёяд маҳи фарвадин,
Ки бифрузад андар ҷаҳон ҳурдин.
Бар он гаҳ, ки бар гул нишонад-т бод,
Чу бар сар ҳаме гул фишонад-т бод,
Бигуям туро ҳар куҷо Бежан аст,
Ба ҷом андарун ин маро равшан аст.
Яъне то замоне, ки Наврӯз фаро нарсидааст, Кайхусрав наметавонад ба Ҷоми Ҷам бингарад, ва асрор ҳувайдо созад. Чаро? Зеро, ки танҳо дар айёми Наврӯз ҷаҳонро тағййироти боризе фаро мегирад, ва биниши фитрӣ ба бор меояд.
Ва чун Наврӯз фаро мерсад, Кайхусрав:
Яке ҷом бар каф ниҳода набид,
Баду андарун ҳафт кишвар бидид.
Замону нишони сипеҳри баланд,
Ҳама кард пайдо: чиву чуну чанд.
Навруз дар «Шоҳнома» на танҳо оғози соли нав, пушти сар шудани зимистону сармо ва фаро расидани баҳору шукуфоӣ, балки нуқтаи оғозини замони шаҳриёрии шоҳони даврони бостон низ ҳаст. Дар ин маврид низ Наврӯз оғози даврони нави эътидол ва назму низоми навинест дар зиндагии мардум, дар миқиёси кишвар ва дар умури кишвардорӣ.
Ва Ҳаким Умари Хайёми Нишопурӣ ҳам аз мафҳуми Наврӯз ба унвони даврони сипарӣшудани мушкилоти куҳан ва фаро расидани назми сурурафзои навин истифода менамояд. Аз дидгохи ӯ ин чашни муборак василаест ҷиҳати нафйи даврони пур аз мушкилот ва руй овардан ба тавфиқ:
Бар чеҳраи гул шабнами Наврӯзхуш аст,
Бар тарфи чаман рӯи дилафрӯз хуш аст.
Аз дӣ ки гузашт, харчӣгӯи хуш нест,
Хуш бошу зи дӣ магӯ, ки имрӯз хуш аст.
Ғанимат донистани даврони зиндагонӣбо фаро расидани Наврӯз маънии тозае пайдо мекунад, зеро ин давронест, ки олами ҳастӣ бо тамоми нафосату латофати худ зуҳур мекунад, нав мешавад ва назми тозаю назаррабое касб менамояд:
Чун абр ба Наврӯз рухи лола бишуст,
Бархезу ба ҷоми бода кун аҳд дуруст.
К-ин сабза, ки имрӯз тамошогаҳи туст,
Фардо ҳама аз хоки ту бархоҳад руст.
Дар ин рубоӣбоз як нуктаи ҷолиб ва тасвири хеле нозуке хаст: рухи лоларо шустани абр. Зеро равшан аст, ки абр тавассути борон рухи лоларо на танҳо дар айёми Наврӯз, балки дар дигар рӯзҳои сол низ мешӯяд, ва ба он таровати тозае мебахшад. Вале ин ҷо ишора бар он аст, ки Наврӯз худ айёми муборакест, ки тавони поксозии зохиру ботини оламу одамро дорад; ва чун он кудуртҳоро мезудояд, адоватҳоро аз миён мебарад, ҷаҳонро ба таври сеҳромезе тағййир медиҳад ва назму низоми навини хубиву некӣэҷод мекунад, пас дар ин айём «азм ба ҷоми бода» намудан, яъне василаи шодмонию сурурро фарохам овардан амалест дархури инсони равшанзамир.
Ҳамчунин ишора ба гузаро будани даврони зиндагӣ низ бо истифода аз нишонаҳои наврӯзӣ, яъне сабзаву марғзор, ки бо гузашти айём фанопазиранд, сӯрат мегирад.
Дар рубоиёти Хайём садои дилнавози мурғони нағмахон, бавижа булбул, низ ба унвони намоди овоии (савтии) Наврӯз ҷилва мекунад:
Рӯзест хушу ҳаво на гарм асту на сард,
Абр аз рухи гулзор ҳамешӯяд гард.
Булбул ба забони паҳлавӣбо гули зард,
Фарёд ҳамекунад, ки май бояд хвард.
Ва инчо булбул маҳз ба забони пахлавӣ (форси, точики) нағма мепардозад ва бо муроҷиа ба гули зард, ки намоди навмедӣва бевафоии ёр аст, аз назми гирдгардони олам ва зарурати ғанимат донистани даврони шукуфоӣ хабар медихад.
Лисонулғайб Хоҷа Ҳофизи Шерозӣмавзӯи Наврӯзро ба таври хеле шево ва барои офаридани мазомини баланди ирфонӣба кор гирифтааст. Ӯ, ки дар ифодаи ҳолу аҳвол ва мақомоти орифон хеле чирадаст аст, Наврӯзро ба унвони паёмовар аз сӯи Дӯст ва барафрузандаи чароғи дил, яъне бахшандаи ваҷди орифона тавсиф менамояд:
Зи кӯи ёр меояд насими боди наврӯзӣ,
Аз ин бод ар мадад хоҳӣ, чароғи дил барафрузӣ.
Инчунин «чароги дил барафрухтан» тавассул ҷустан ба даргоҳи Дӯст аст, ки чун боди наврӯзӣсафои рӯҳ мебахшад. Ва ин сафои рӯҳ дар навбати худ василаест ҷиҳати дарёфти назму эътидоли маънавӣ барои солик, ки раҳсӯи манзили Ӯро дар пеш дорад.
Яке аз вижагиҳои боризи ашъори Хофиз маҳз он аст, ки ҳар кас онҳоро мувофиқба холи худ ва дар сатҳи тавони худ дарк мекунад. Вале ин гуна дарк дар ҳама ҳол ва барои ҳар нафаре, сарфи назар аз сатҳи омодагии маънавии ӯ, ҳақиқат дорад. Яъне чи ориф, чи файласуф ва чи наҳвӣ аз назми Ҳофиз чизҳоеро дарку фахм мекунанд, ки ба ҳолати ма’навии онҳо созгор ва аз ҳар чашмандозе дуруст аст ва ба дард мехурад. Ҳар чанд, ки Хоҷаи Шероз бо эътирофи худаш «сухан дар парда» мегӯяд:
Сухан дар парда мегӯям, зи худ чун ғунча берун ой,
Ки беш аз панҷрӯзе нест ҳукми мири наврӯзӣ.
Дар инҷо Ҳофиз барои ифодаи эътидоли олами ҷисмонию рӯҳонӣ, ки аз тариқи такрор ва нафйи нафй, тавассути раванди гирдгардонӣ(тагййирпазирии даврӣ) зуҳур меёбад, ва чуноне ки зиакраш рафт, Наврӯз нуқтаи тавассули он аст, аз ибораи «мири наврӯзӣ» истифода намудааст. Зеро, ки мири наврузӣ, ки табқи суннати қадим ба таври муваққат аз миёни омма барои саргармӣ ба унвони «ҳоким» интихоб мешуд, вале хӯкумати воқеӣ надошт, бо гузашти панҷё шаш рӯз аз ин мансаб маъзул мешуд. Яъне инҷо киноя аз зудгузарӣва нопойдорӣ аст.
Ва ҳамин зудгузарии мукаррар худ ҷузве аз эътидоли ҷисмонӣва рӯҳонӣ дар ин олам аст. Вале ҳар дафъа:
Нафаси боди сабо мушкфишон хохад шуд,
Олами пир дигарбора ҷавон хоҳад шуд.
Хамин нигоҳи гузаро ба намунае чанд аз осори навобиғи назми олашумули форсӣ-тоҷикӣгувоҳбар он аст, ки Наврӯз на танҳо ҷашни суруру шодмонии зоҳирӣ, балки як падидаи нодири фарҳангӣ ва суннатиест, ки бо худ рамзу рози эътидоли ҷисмонӣ ва рӯҳонии ҷаҳони ҳастиро ҳамроҳ дорад ва то ҳадди зиёде онро метавон ба унвони боландагӣ ва равшангарии рӯҳи ориёӣ таллаққӣ кард. Ва дарки ҷанбаҳои мухталифи ин ҷашни шукӯҳманди ниёгон ба таври ҳатмӣдар ҷодаи худшиносии миллӣ таъсиргузор хоҳад буд.
Махшулов М., ходими пешбари илмии маркази синошиносии Иститути фалсафа, сиёсатшиносӣ ва ҳуқуки ба номи А. Баҳоваддинови АМИТ
Назаров С.Т., Ктиби илмии Иститути фалсафа, сиёсатшиносӣ ва ҳуқуки ба номи А. Баҳоваддинови АМИТ
Мусаллам аст, ки асноди таърихи бостон дар мавриди ҷашну маросими қавму миллатҳои гуногун баҳсбарангезанд, зеро далелу шавоҳид мухталифанд ва гоҳо бо воқеиятҳои таърихӣ мутобиқат намекунанд. Лекин суннати мутавораса (равише, ки аз пешиниён ба мерос мондааст) далелу шоҳиди қатъӣ бар вуҷуди ҷашну маросими муайян ва таҷлили онҳо дар қуруни пеш аз мелод аст. Бино бар ин, истинод бар таҳқиқоти олимону пажуҳишгарони ватаниву хориҷӣ, дар ҳоли ҳозир, ягона равише аст, ки аз он мешавад истифода кард ва умед бар он баст, ки маълумоти дақиқтар дар ихтиёри муҳаққиқон қарор бигирад.
Яке аз ҷашнвораи таърихии муҳим барои миллати тоҷик Наврӯз аст, ки дар радифи дигар ҷашнвораҳои табиии инсоният таҷлил мегардад ва бо заҳмат ва кушиши Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмоалӣ Раҳмон мақоми ҷаҳонӣ гирифтааст. Пас, ҳар тоҷику тоҷикистониро мебояд аз таърихи пайдоиш, ташаккул, таҳаввул ва таҷлили иди Наврӯз маълумоти мухтасар дошта бошад.
Муҳаққиқони тоҷику форс, муаррихони ҳавзаи паҳншавии Наврӯз ва пажуҳишгарони ақвому милал ва адёни гуногуни Шарқу Ғарб бар он назаранд, ки Наврӯз қабл аз даврони таърихи навиштаи башар (то замони пайдоиши навиштаҷот) ҷашн гирифта мешуд. Ҳавзаи паҳншавии он, аввалан дар фарҳанги мардумоне дида мешавад, ки зери таъсир ё қаламрави Шоҳаншоҳӣ ва ё фарҳанги форс қарор доштанд. Дар Шоҳномаи Фирдавсӣ ҷашни Наврӯз ба шоҳ Ҷамшед нисбат дода шуда, рӯзи “Ҳурмуз”-и моҳи “Фарвардин” ҷашн мешуд. Дар сарчашмаҳои форсӣ Наврӯз асри 2-и милодӣ ёд мешавад, вале таҷлили он аз сулолаи Ҳахоманишҳо (тақрибан солҳои 648-330 п.а.м.) шуруъ шудааст. Дар ин рӯз амирони сарзамини Форс ба Шоҳаншоҳ туҳфаҳо меоварданд.
Баъзе муҳаққиқон тахмин мезананд, ки Куруши кабир соли 538 п.а.м. (ҳангоми ҳуҷум ба Бобул) Наврӯзро ҷашни миллӣ эълон кард. Дар даврони Ашкониён ва Сосониён Наврӯз 2 тақсим мешуд: Наврӯзи омма ва Наврӯзи хосса. Наврӯзи омма 5 рӯз – аз 1-ум то 5-уми Фарвардин давом дошт. Наврӯзи хосса рӯзи 6-уми Фарвардин (Хурдодрӯз) буд. Дар 5 рӯз табақаҳои гуногуни ҷамъият (деҳқонон, руҳониён, сипоҳиён, пешаварон ва ашроф) ба дидори шоҳ омада, арзу дод ва инъом мегирифтанд. Рӯзи 6-ум танҳо наздикони шоҳ ба ҳузури ӯ меомаданд. Далелҳое мавҷуданд, ки даврони Сосонӣ солҳои кабиса риъоят нагашта, дар ҳар 4 сол иди Наврӯз 1 рӯз аз мавқеи доимияш (оғози бурҷи Ҳамал) дертар қайд мешуд. Барои ҳамин дар ин даврон рӯзи Наврӯз собит набуд ва дар фаслҳои гуногуни сол меомад. Ардашери Бобакон, бунёнгузори силсилаи Сосониён, соли 230 милодӣ аз давлати Рум хост то Наврӯзро ба расмият бишносад ва чунин ҳам шуд.
Дар Авасто оварда шудааст, ки рӯзи Наврӯз Сиёвуш аз ҷониби Афросиёб кушта шудааст. Дар Шоҳномаи Фирдавсӣ рӯзи дафни Сиёвушро Наврӯз номиданд ва он ҳар сол ҳамчун ид қайд мешавад. Маълум аст, ки ин ид ҷанбаи анимистӣ низ касб карда буд. Дар рӯзи Наврӯз ҳиндуориёҳо руҳҳои гузаштагони хеш (Фраваш)-ро ёд мекарданд. Дертар ин оин ба Зартуштия интиқол ёфт, ки дини расмии Эрон гашт. Мувофиқи он 10 рӯз пеш аз Фарвардин арвоҳи гузаштагон ба замин фуруд омада, ба хонаи наздикони худ мераванд. Аз ин рӯ хонабарориву пушидани либоси тоза, шамъгирониву хушбуӣ оғоз мешуд. Мувофиқи баъзе сарчашмаҳои таърихӣ аз 7 иде, ки зартуштиён ҷашн мегирифтанд, якеаш ба охири зимистон ва аввали баҳор рост меомад, ки ба иди “ёдоварии арвоҳи гузаштагон” машҳур аст. Ва ин ид дар шаби пеш аз баробарии шабу рӯз ҷашн гирифта мешуд. Яке аз хусусиятҳои афрухтани оташ, бадрақа (гусел кардан)-и арвоҳ буд. Шаби пеш аз Наврӯз, дар дамодами субҳ, одамон бо афрухтани оташ дар қуллаи талу тепа ва бомҳои хонаҳо “фравахар”-ҳоро гусел карда, барои оромии онҳо дуову дуруд мефиристоданд ва хоҳиш мекарданд то соли оянда биёянд. Дар даврони Ҳахоманишҳо (а. 6-4 п.а.м.) ва Сосониҳо (а. 3-7 м.) ҳар сол дар маъбадҳо бузургдошти оташ мегузашт ва дар хонаҳо шамъ афрухта мешуд.
Муҳаққиқон муътақиданд, ки пас аз ҷорӣ шудани дини ислом дар қаламрави Эрон бисёре аз ҷашнҳои форсҳо аз байн рафт, ба ҷуз аз Наврӯз ва Меҳргон. Барои баргузории ин ду ид ба души форсҳо молиёти муайян гузошта шуда буд. Халифаҳои уммавӣ ва аббосӣ ин молиётгузориро идома доданд, ҳарчанд ки худашон баъзан дар ин ҷашн иштирок мекарданд ва онро гиромӣ медоштанд. Дар “Таърихи Табарӣ” омадааст, ки халифа Муътазид мардуми Бағдодро аз оташафрӯзӣ ва обпошӣ барҳазар дошт, вале аз бими шуриш фармонашро пас гирифт. Халифаҳои фотимӣ низ чандин бор оташафрӯзӣ ва обпоширо мамнуъ эълон карда буданд. Вале аз асри 4-и ҳиҷрӣ ба баъд дар Бағдод мардум дар овони Наврӯз либосҳои нав пушида, ба ҳамдигар ҳадяҳои гуногун мефиристоданд. Халифаҳои аббосӣ ҳадяҳои наврӯзиро машруъ дониста, аз он истиқбол мекарданд.
Дар даврони Тоҳириён, Сомониён ва Оли Буя ҷашни Наврӯз боҳашаматтар мегузашт. Дар ин даврон шоирон дар дарбор барои ситоиши Наврӯз шеър мегуфтанд. Байҳақӣ аз шукуҳи мросими Наврӯз дар дарбори ғазнавиён ёд мекунад. Бисёре аз шоирони дарборӣ, ба мисли Фаррухӣ, Манучеҳрӣ ва Саъди Салмон дар ситоиши Наврӯз шеър гуфтаанд.
Дар даврони Салҷуқиён бо дастури Ҷалолуддин Маликшоҳи Салҷуқӣ теъдоде аз ситорашиносон, аз ҷумла Умари Хайём, Наврӯзро дар аввали Баҳор (вуруди офтоб ба бурҷи Ҳамал) қарор доданд ва ҷойгоҳи онро собит намуданд. Бар асоси ин гоҳшуморӣ, ки ба “Тақвими ҳилолӣ” маъруф шуд, барои собит мондани Наврӯз дар оғози баҳор, муқаррар шуд, ки ҳар 4 сол (гоҳе ҳар 5 сол) як бор адади рӯзҳои сол на 365, балки 366 рӯз дар назар гирифта шавад.
Дар даврони Сафавиён шоҳ Аббоси Сафавӣ наврӯзро дар иморати “Нақши ҷаҳон”-и Исфаҳон таҷлил кард ва ин шаҳрро пойтахти Эрон эълон намуд. Аз дидгоҳи шиъа наврӯз рӯзи зуҳури имоми замон аст.
Дар Аморати Бухоро ва тобеияти он, то истилои Ҳукумати Шуравӣ, иди Наврӯз бо тамоми хусусиятҳои таърихияш ҷашн гирифта мешуд. Устод Садриддин Айнӣ дар «Ёддоштҳо» зери унвони «Иди Наврӯз ва сайри Ширбадан» ва «Достони сайри Ширбадан» муфассал аз таҷлили иди Наврӯз дар Бухоро нақл мекунад.
Дигаргуншавии ҳолати геополитикӣ дар ҷаҳон баъди ҷанги 2-юми ҷаҳонӣ, ба фарҳангу тамаддуни миллатҳои гуногун таъсири амиқ расонд. Ҳукумати Шуравӣ баргузории ҷашни Наврӯзро дар бархе аз ҷумҳуриҳои Осиёи миёна – Тоҷикистон, Туркманистон, Қирғизистон мамнуъ эълон карда буд. Лекин мардум ба таври пинҳонӣ ё бо номҳои дигар, масалан ҷашни “Лола”, ё баробар бо 8 март (Рӯзи озодии занон) суннатҳои Наврӯзиро мегузарониданд. Баъди эълони “бозсозӣ”-и Горбачёвӣ (1985) мардуми қаламрави паҳншавии Наврӯз дар Ҳукумати Шуравӣ ошкор ҷашнгирии ин иди бошукуҳро сар карданд. Дар қисматҳои ҷанубии Тоҷикистон бо оростани маҳфили “Дарвешона”, ки аксари хусусиятҳои ҷашнии иди Наврӯзро дар бар мегирифт, таҷлили он гузаронида мешуд. Эҳёи маҳфили “Дарвешона” дар рӯзҳои иди Наврӯз, армуғони неке барои ҳувияти миллии тоҷикон хоҳад буд.
Дар даврони муосири Эрон, баъди инқилоби “Баҳман”-и соли 1979 баъзе аз фуқаҳо бар зидди таҷлили Наврӯз дар сатҳи давлати исломӣ баромаданд, лекин муваффақ нашуданд. Дар Афғонистон дар даврони ҳукумати аввали Толибон баргузории ҷашни Наврӯз мамнуъ буд. Онҳо танҳо тақвими ҳиҷрии қамариро ба расмият мешинохтанд. Ҳукумати Иморати исломии Толибон, ки аз соли 2021 дубора ба сари қудрат омадаанд, изҳор мекунанд, ки Наврӯз иди исломӣ нест ва дар сатҳи давлатӣ ҷашн гирифта намешавад, вале монеи таҷлили он дар байни аҳолӣ намешаванд.
Дар Туркия, Сурия ва Ироқ Наврӯзро бештар курдҳо таҷлил мекарданд ва аз ин ҷиҳат баъзе мухолифатҳо аз ҷониби давлатдорон ба назар мерасид. Туркия аз 1925 то 1991 ҷашни Наврӯзро расман мамнуъ эълон карда буд. Наврӯз аз тарафи арабҳо чашн гирифта намешавад. 21 март расман дар Афғонистону Эрон оғози соли нави шамсист. Бо тақвими Баҳоӣ низ Наврӯз аввали сол аст. Дар Эрон Наврӯз 13 рӯз ҷашн мешавад. 5 рӯзи аввал пешвози Наврӯз ва хабаргирӣ аз хешовандону дӯстон аст. Рӯзи 9-ум бо номи Нарвӯзи шаҳриёрон ва 13-ум чун сездаҳ ба дар машҳур аст.
30 сентябри 2009 аз ҷониби ЮНЕСКО Наврӯз ба феҳрасти мероси маънавии башарият, дар баробари 76 унсури маънавӣ аз тамоми ҷаҳон пешниҳодгашта, дохил карда шуд. Аз ин рӯз сар карда 21 март ҳамчун рӯзи баналмилалии Наврӯз эълон шудааст. 23 феврали 2010 маҷмааи умумии созмони милал 21 мартро рӯзи Наврӯз эълон кард, ки таърихи беш аз 3000-сола дорад ва беш аз 300 милион нафар онро ҷашн мегиранд.
Аз давраи президент Ҷорҷ Буш сарварони Амрико ба мардум паёми наврӯзӣ мефиристанд. Дар кохи сафед бо ташаббуси Мишел Обама (завҷаи президент Барак Обама) 11 марти 2015 хони наврӯзӣ орсота шуд ва ӯ мардуми Амрикоро бо забони тоҷикӣ “Наврӯзатон муборак!” гуфта табрик намуд.
Дастархони наврӯзӣ бо ҳафт сину ҳафт шину ҳафт мим ва дар Афғонистон бо ҳафт мева (кишмиши сабзу сурх, чормағз, бодом, писта, зардолу ва санҷид) ороста мешавад. Гулгардониву булбулхонӣ, ҳаммом рафтан ва пушидани либоси нави наврӯзӣ, зиёрати якдигар, мусобиқоти варзишӣ, наврӯзхонӣ ва дигар аъмол аз камтарин урфу одати наврӯзӣ маҳсубанд. Тоҷикон масале доранд, ки мегӯянд: «Ҳамал – ҳама чиз дар амал».
Хулоса, таърих, фалсафа ва фарҳанги Наврӯз мавзуи доманадори илмӣ-таҳқиқотӣ буда, доираи васеи муҳаққиқони оламро мутаваҷҷеҳ сохтааст ва дар садади кашфи хусусиятҳои нави он қарор дорад. Муҳаққиқони ҷавони миллати тоҷикро мебояд, ки паҳлуҳои норавшани ин ҷашни бузурги аҷдодиро ошкор сохта, ҷойгоҳи онро дар фарҳанг ва тамаддуни ҷаҳонӣ ба таври шоиста муаррифӣ намоянд.
Шамсов М.С. – н.и.ф., мудири шуъбаи Таърихи фалсафаи ИФСҲ АМИТ
Наврӯз яке аз қадимтарин ҷашнҳои башарият буда, таърихи он ба ҳазорон сол пеш бармегардад. Бино ба таҳқиқоти таърихӣ ва ривоятҳои адабӣ, ин ҷашн бори аввал дар ҳудуди Форс (Эрон) ва Осиёи Марказӣ таҷлил шудааст.
Аввалин далелҳои таърихии ҷашн гирифтани Наврӯз ба замони подшоҳони Ҳахоманишӣ, махсусан Куруш Кабир (550–530 п.м.), мансубанд. Дар ин давра Наврӯз ҳамчун ҷашни расмии давлатӣ шинохта шуда, шоҳон онро бо маросимҳои бошукӯҳ таҷлил мекарданд. Дар "Шоҳнома"-и Фирдавсӣ омадааст, ки подшоҳ Ҷамшед (аз силсилаи подшоҳони бостонии Эрон) Наврӯзро барои мардум муқаррар кард. Гуфта мешавад, ки ӯ рӯзе, ки офтоб ба авҷи дурахшандагии худ расид (яъне баробарии рӯз ва шаб), Наврӯзро ҷашн гирифт ва ин рӯз ҳамчун оғози некбахтӣ пазируфта шуд.
Бостоншиносон нишон медиҳанд, ки дар шаҳри Персеполис маросимҳои Наврӯзӣ бо иштироки шоҳони форс ва намояндагони кишварҳои гуногун баргузор мешуданд. Осори мӯътабари таърихӣ, ба монанди нақшҳои девории ин қаср, шаҳодати таҷлили бошукӯҳи Наврӯзро медиҳанд. Бархе аз муҳаққиқон бар он назаранд, ки Наврӯз аслан дар Бохтар (қисме аз Осиёи Марказӣ) пайдо шудааст. Балх дар даврони қадим маркази фарҳанги зардуштӣ ва анъанаҳои ориёӣ буд, ки эҳтимолан дар ҳамин ҷо Наврӯз бори аввал таҷлил гардидааст. Бархе аз таърихшиносон бовар доранд, ки Наврӯз решаҳои амиқ дар фарҳанги Шумер ва Бобул дорад, ки маросимҳои таҷлили баҳор ва эҳёи табиатро доштанд. Наврӯз аввалин маротиба дар минтақаҳои Эрон, Осиёи Марказӣ ва қисматҳои Афғонистону Месопотамия таҷлил шудааст. Бостоншиносон ва таърихшиносон бештар ба ин назаранд, ки он ба давраи Ҳахоманишиён ё ҳатто қабл аз он мансуб буда, ҷашни офтоб, зиндагӣ ва эҳёи табиат ба шумор меравад. Имрӯз Наврӯз дар кишварҳои зиёде таҷлил мешавад ва ҳамчун мероси фарҳангии ҷаҳонӣ эътироф гардидааст.
Ҳамин тавр, Наврӯз – яке аз куҳантарин ҷашнҳои миллии мардуми ориёинажод буда, таърихи чандҳазорсола дорад. Ин ҷашн на танҳо як анъанаи фарҳангӣ, балки дорои асосҳои маънавӣ ва ҳуқуқии устувор низ мебошад.
Асосҳои маънавии Наврӯз:
1. Арзиши фарҳангӣ ва ахлоқӣ. Наврӯз ҳамчун ҷашни баҳорӣ ифодагари бедорӣ, эҳёи табиат ва оғози нав дар зиндагии инсонҳост. Ин ҷашн рамзи ҳамбастагӣ, дӯстӣ ва сулҳ миёни инсонҳо мебошад.
2. Ҷанбаи динӣ ва фалсафӣ. Дар таърихи қадим, Наврӯз бо боварҳои зардуштӣ ва дигар ҷараёнҳои фалсафӣ алоқаманд буд. Он ба қадршиносии табиат, муҳаббат ба зиндагӣ ва эҳтироми қонуниятҳои коинот асос меёбад.
3. Раванди иҷтимоӣ ва оилавӣ. Наврӯз ҳамчун ҷашни оилавӣ ҷойгоҳи махсус дорад. Дар ин рӯз мардум ба аёдати наздикон, падару модар ва пиронсолон мераванд, ки ин нишонаи эҳтироми арзишҳои оилавӣ мебошад.
Асосҳои ҳуқуқии Наврӯз:
1. Қонунгузории миллӣ. Наврӯз дар Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи рӯзҳои ид» Иди байналмилалии Наврӯз - 21-24 март эълон гардида, ҳамчун ҷашни расмии давлатӣ эътироф шудааст (м. 2). Дар Кодекси меҳнати Тоҷикистон ин рӯз ҳамчун рӯзи истироҳат ва идона муайян гардидааст (м. 82 КМ ҶТ). Агар рӯзи истироҳат ба рӯзи иди ғайрикорӣ рост ояд, рӯзи истироҳат ба рӯзи аввали кории баъд аз рӯзи иди ғайрикорӣ гузаронида мешавад (қ. 5 м. 89 КМ ҶТ).
2. Эътирофи байналмилалӣ. ЮНЕСКО ҷашни Наврӯзро соли 2009 ба рӯйхати мероси ғайримоддии фарҳангии башарият дохил намуд. Сипас, соли 2010 ин ҷашн ҳамчун ҷашни байналмилалӣ аз ҷониби Созмони Милали Муттаҳид расман эътироф гардид.
3. Муқаррароти анъанавӣ ва ҳуқуқи урфӣ. Дар бисёр минтақаҳои Осиёи Марказӣ, Наврӯз бо қоидаҳо ва урфу одатҳои миллӣ таҷлил мегардад. Дар даврони қадим, Наврӯз ҳамчун рӯзи адолат, бахшиши гуноҳҳо ва оғози ҳаёти нав шинохта мешуд.
Наврӯз на танҳо як ҷашн, балки як унсури муҳими фарҳангӣ ва ҳуқуқии миллатҳои гуногун мебошад. Он бо арзишҳои инсондӯстӣ, сулҳ, ваҳдат ва эҳёи табиат пайванд дошта, дар сатҳи миллӣ ва байналмилалӣ қонунигардонӣ шудааст.
Бобоҷонзода Исрофил Ҳусейн - мудири шуъбаи масоили назариявии давлат ва ҳуқуқи муосири Институти фалсафа, сиёсатшиносӣ ва ҳуқуқи ба номи А.Баҳоваддинови Академияимиллии илмҳои Тоҷикистон, доктори илмҳои ҳуқуқшиносӣ, профессор.
Ҳам аз шоирони гузаштаву имрӯзӣ ва ҳам аз ашъори наврӯзии мардумӣ намунаҳои зиёд метавон овард, ки натанҳо бозгӯйи хусусиёти ин ҷашн ва тасвири он ҳастанд. Агар фаротар андешем ва амиқ таваҷҷуҳ намоем, мебинем, ки на шеър тасвиргари Наврӯз ва хусусиёти он, балки Наврӯз худ манбаъ, матлаъ ва сарчашмаи зояндаи баҳорияҳо ва ашъори наврӯзӣ, инсонмеҳварӣ, ахлоқӣ, иҷтимоӣ, арзишҳои гуманистӣ ва ҳамчунон тарғибгари навандешиву пӯяндагиву омӯзишӣ будааст. Ин ҷо як нукта ҷолиби диққат аст, ки то имрӯз аз ҷониби пажуҳандагони ин ҷашни бостонӣ танҳо инъикоси Наврӯз дар шеъру адаб баррасӣ гардида, аммо таъсири Наврӯз ва унсурҳои он ба ин соҳа мавриди таваҷҷуҳ ва пажуҳиши ҷиддӣ қарор нагирифтааст. Ба ақидаи профессор Абдунабӣ Сатторзода низ “Наврӯз ва баҳор дар офариниши адабиёт (на инъикоси он дар шеър), бахусус шеъри наврӯзӣ ва баҳория чӣ таъсироте расонидааст, таваҷҷуҳ камтар сурат гирифта”[1]. Ин дар ҳолест, ки оид ба таъсири ин ҷашн ба дигар ҷабҳаҳои зиндагии инсон ва сайёра пажуҳишҳои гуногуне сурат гирифтааст.
Муҳтавои ашъори наврӯзӣ ва баҳорияҳо, арзишҳои этикиву эстетикӣ нишон медиҳанд, ки омадани Наврӯз аз чанд ҷиҳат хусусияти фарқкунанда доранд. Аз ҷумла, ҷавоншавии табиат, шод гардидани пиру ҷавон, меҳру меҳварзӣ нисбати ҳамдигар, оғози зиндагии нав ва ғайра.
Устод Рӯдакӣ мегӯяд:
Гетӣ ба дил ёфт шабоб аз пайи машиб[2].
Аз Масъуди Саъди Салмон:
Наврӯз расиду шоду хуррам гаштем,
Аз рафтани барф ҷумла беғам гаштем[3].
Манучеҳрии Домғонӣ мегӯяд:
Омада Наврӯз ҳам аз бомдод,
Омаданаш фарруху фархунда бод.
Боз ҷаҳон хурраму хуб истод,
Мурд зимистону баҳорон бизод[4].
Анварии Абевардӣ дар ташбиби як қасидаи худ мегӯяд:
Боз ин чи ҷавонию ҷамол аст ҷаҳонро
В-ин ҳол, ки нав гашт заминрову замонро?!
Миқдори шаб аз рӯз фузун буду бадал шуд,
Ноқис ҳама инро шуду зоид ҳама онро[5].
Табиист, ки чӣ дар асрҳои гузашта ва чӣ дар замони имрӯз Наврӯз ва аносири он илман таҳқиқ ва пажӯҳиш шудааст. Чунонки медонем, яке аз аввалин асарҳои мукаммал дар бораи Наврӯз- “Наврӯзнома” ба қалами Ҳаким Умари Хайём тааллуқ дорад, ҳарчанд, ба ақидаи устоди адабиёти форсӣ Амир Исмоили Озар, “дар ин асар ҳақоиқе бо қисме аз ривоят омехта шудааст”[6]. Хайём- муаллифи ҳамин рисола, ки шоир ҳам ҳаст, дар баробари иншо “Наврӯзнома”-аш ва ҷамъоварии “ҳақоиқ ва ривояти Наврӯз” дар он, баъзе аз унсурҳои ин ҷашнро тавассути шеър баён мекунад:
Саҳро рухи худ ба абри Наврӯз бишуст
В-ин даҳри шикастадил зи нав гашт дуруст[7].
Муаррихи тоҷик Сайфуллоҳи Муллоҷон ба ин назар аст, ки “Илми таърихи мо тоҷикон ҳамеша бо адабиёт ҳамроҳу ҳамгом буда, баъзе донишмандон таърихро шуъбае аз адабиёт номидаанд. Шоирони мо муаррих ва муаррихони мо ғолибан шеър ҳам гуфтаанд. Муаррихони тоҷик Байҳақӣ, Утбӣ, Ҷувайнӣ, Мирхонд, Хондамир, Аҳмади Дониш, Айнӣ дар шеър низ саромади рӯзгори худ буданд. Миёни муаррихону адабиётшиносон то кунун баҳс аст, ки Абулфазли Байҳақиро муаррих номем ё адиб. Зеро Байҳақӣ (ва дигар муаррихони мо) таърихро чунон зебову дилнишин нигоштаанд, ки хонандаи асари онҳо ба ҷуз огоҳӣ аз таърих ҳикмат, забон ва адаб низ меомӯзад”[8]. Мо ин андешаи муаррихро ҷонибдорӣ карда, илова мекунем, ки натанҳо муаррихони мо, балки файласуфон ва риёзидонону мунаҷҷимони мо низ ба шеъру адаб таваҷҷуҳ доштанд ва баъзан андешаҳои худро аз тариқи шеър ва рисолаҳои адабӣ баён мекарданд. Ин андешаро осори адабӣ ва ашъори бозмонда аз Абунасри Форобӣ, Абуалӣ Сино, Умари Хайём ва дигарон собит мекунанд. Аз ин рӯ, наметавон гуфт, ки ҳамаи баҳорияҳо ва ашъори наврӯзӣ танҳо баёнгари эҳсосоти муаллифон ва тасвири зоҳирии тағйироти табиат дар арафаи баҳор бошад. Зеро агар Хайёми мунаҷҷим ва риёзидон “ин даҳри шикастадил зи нав гашт дуруст” мегӯяд, набояд дар он фақат тасвири шоирона дид. Балки ӯ шояд аз нуқтаи назари ситорашиносӣ ва “гардиши афлок” “шикастадил шудани даҳр”-ро то фарорасии Офтоб ба бурҷи Ҳамал, чунончӣ, дар ин хусус Ҳаким Фирдавсӣ низ мефармояд:
Чу омад ба бурҷи ҳамал Офтоб,
Ҷаҳон гашт бо фарру оину об[9],
пас аз ин марҳалаи нуҷумӣ “дуруст гаштан”-и онро мушоҳида кардаву омӯхта бошад ва сипас ба тариқи шеър баён карда бошад?
Ё дар рубоии дигар мегӯяд:
Наврӯз биё ки кӯҳна нобуд шавад,
Дунёи ҷавонӣ ба сари ҷуд шавад.
Хуршеди куҳансол ҳам аз файзи баҳор,
Аз авҷи фалак зи нав таваллуд шавад[10].
Оё ин андеша моро водор намекунад, ки бигӯем, Наврӯз худ ба зоти худ ҳомили ҳама гуна ашъори наврӯзӣ ва баҳорияҳост, ки то имрӯз ҳар касе ҳар андоза аслу умқи моҳияти Наврӯзро бештар ва фаротар шинохт, ҳамон андоза шеъри наврӯзӣ барояш ошкор шуд?
Ба андешаи мо, метавон гуфт, ки чунин аст.
Дар замони шоҳигарии Хусрави Парвиз (590-628-638) санъати ромишгарию овозхонӣ хеле хуб ба роҳ монда шуда буд, ки бо туфайли он ҳунармандону навозандагоне чун Борбади Марвазӣ, Гесуи Навогар, Накисои Чангӣ, Саркашу Саркаб, Ромтину Бомшод ба дарбор ҷалб шуданд ва дар инкишофи санъати мусиқӣ нақши бориз гузоштанд. Воқеан ҳам таснифоти навоҳои наврӯзӣ дар замони Сосониён ба дараҷаи камолоти хеш расида буд.
Ҳарчанд мусиқии наврӯзӣ аз замони хеле қадим ва ҳатто пеш аз Борбад (асрҳои 6-7 пеш аз милод) оғоз меёбад, тавассути ин хунёгари барҷаста ба зинаи баланд бардошта мешавад[11].
Дар инкишоф ва такмили санъати мусиқии форсу тоҷик нақши Борбади Марвазӣ хеле назаррас аст. Асосан эҷодиёти Борбад дар «Готҳо», «Яштҳо», «Ясноҳо»-и «Авасто» ва таронаҳои қадимаи халқӣ реша доштанд. Дар маъхазҳои осори ниёгонамон ба гунаи «Трамикномак» (китоби таронаҳо), «Даруки хварсанди» (китоби хурсандиҳо), «Сроти Хусравоин» (сурудҳои Хусравонӣ) ва бештар аз инҳо дар бораи мусиқии силсиласурудҳои наврӯзии замони Сосониён маълумот дода шудааст[12].
«Борбад асосгузори мусиқии классикии касбии тоҷику форс «Дувоздаҳмақом» ба ҳисоб меравад, ки минбаъд тадриҷан ба «Шашмақом» табдил ёфтааст. Наврӯз дар мусиқӣ яке аз овозҳо дар низоми «Дувоздаҳмақом» ва қисмҳои он: «Наврӯзи Аҷам», «Наврӯзи хоро», «Наврӯзи сабъ», «Наврӯзи хурдак» - оҳанг, суруди мавсимӣ-маросимӣ аз таснифоти Борбади Марвазӣ мебошад. Маҳз тавассути хизматҳои шоистаи Борбади ромишгар ин овозҳо дар низоми санъати мусиқии классикӣ бо анъаноти наврӯзӣ пайваст гардида, то имрӯз ҳифз шудаанд»[13].
Замони давлатдории сулолаи Сомониён ба таъбире «давраи тиллоӣ»-и таърихи эронинажодон маҳсуб меёбад. Дар аҳди эшон анқариб тамоми суннатҳои аҷдодӣ эҳё гардиданд, ки дар ин раванд хидмати шоҳи Сомониён Исмоили Сомонӣ ва вазири хирадгустар Абӯалии Балъамӣ басо муассир аст.
“Абӯалии Балъамӣ дар ҳимоят аз аҳли илм ва арбоби фазлу сухан суннати некӯи аслофи худ, ба вижа падари бузургвораш идома дод. Ин вазири олитабор на бар иқтизои таомули мутадовили ашрофон, ки сарпарастии аҳли илму адаб ва ҳунарро як ҷузви ҳашамати хеш мешинохтаанд, балки ба манзури таҷдиди таърих ва рӯҳонияти миллии Аҷам, ба хотири эҳёи фарҳанги суннатии тоҷикон ба адибону донишмандон иродат мепарваридааст. Далели боризи ин матлаб ба Абӯмансури Дақиқӣ назми “Шоҳнома”-ро фармудани Абӯалии Балъамӣ, тарҷума шудани андарзномаи Бузургмеҳри вазир аз арабӣ ба форсии тоҷикӣ бо унвони “Пирӯзнома” тавассути худи ӯ ва корномаҳои дигари ин вазири фарзона мебошад”[14].
Замина ва пойдевори идеологияи миллӣ ва ҳувияти онро Сомониён амиқ дар аҳди худ гузоштаанд. Дар партави сиёсати фарҳангӣ ва иҷтимоии дурнамои аҳди Сомониён, ки меҳвари онро гароиш ба аҳдоф ва манфиатҳои миллӣ, фарҳангу маънавиёт, забони миллӣ ва анъанаву суннатҳои аҷдодӣ ташкил медод. Ҷалби пайвастаи Сомониён ба забон ва адаби миллӣ, хирадгустарӣ, сутудани донишварон аз аввалин иқдоми пешгирифтаашон буд, ки шоирону адибон ва олимонро аз гирду атрофи Эронзамин ва ҳатто аз кишварҳои араб ба Бухоро ҷалб намуданд. Дар як муддати начандон зиёд Бухороро яке аз марказҳои илму фарҳанг табдил доданд ва дар баробари пойтахти хилофати араб- Бағдод шуҳратёр гардид. Дар ин маврид соҳибқирон Рӯдакӣ барҳақ гуфтааст: «Имрӯз ба ҳар ҳоле Бағдод Бухорост». Муаррихон ва донишмандон авҷи камолоти донишварии замони Сомониёнро бо Юнони қадим ҳампоя медонанд. Чи гунае, ки дар асари «Донишномаи Сомониён» зикр гардидааст: «Фазо ва муҳити фарҳангии аҳди Сомонро бо муҳити фарҳангии Юнони қадим метавон қиёс кард, зеро як навъи ҳаммонандии таърихие дар ин минтақаи ҷуғрофӣва сиёсати ҳуккоми он ба чашм бармехӯрад. Ин ҳаммонандӣна танҳо дар рушди фарҳанг ва зуҳури нобиғаҳои ҳамвазн дар ин ду гӯшаи фарҳангарои дунё, балки дар масири баъдинаи ин фарҳанг ва таъсири он ба тамаддуни соири халқу кишварҳои наздику дур бештар зоҳир мешавад. Баъд аз байн рафтани давлати Афин ва суқути Юнон фарҳангу илми он ба ҷаҳону кишварҳои дигар роҳёфт ва то дер халқҳову қавмҳои мутамаддини дунё таҳти сайтараи фикрӣва адабию илмии донишмандони Юнони қадим қарор гирифтанд. Илму адаби замони Сомониён бо фарҳанги он низ дар симо ва осори илмии донишмандоне чун Бӯалии Сино, Абӯрайҳони Берунӣ, Закариёи Розӣ, Абӯсаҳли Масеҳӣ, Абӯмаҳмуди Хуҷандӣ, Абӯмансури Мотуридӣ, Абӯлайси Самарқандӣ, Ҳакими Самарқандӣ, Мустамиллии Бухороӣ, Абӯзайди Балхӣ, Абӯнасри Форобӣ, Абулфазли Балъамӣ, Абӯалии Балъамӣ, Ҷайҳонӣва сухани ноби дарии тоҷикӣ ҳам дар замони Сомониён ва ҳам баъди суқути ин давлат тамоми сарзаминҳои форсизабон ва ҳамҷаворро то дурдастҳо мунаввару музайян ва таҳти сайтараи худ қарор дод ва ин амр имрӯз ҳам идома дорад». [15]Амирон ва вазирони Сомонӣ бо халифаҳои араб созиш намуда, дар он миён ҳадафҳои миллӣхудро мунтазам густариш медоданд. Аввалин коре, ки онҳо ба сомон расонданд, ин бештар осори арзишманде, ки дар ин даврони қиёмҳои пурфутӯҳи фарҳангиву миллӣтаълиф ё тарҷума шудаанд, бо дастури амирону вазирони сомонӣсомон пазируфтаанд. Аз ҷумла, осоре ба монанди «Шоҳнома»-и Дақиқӣ, «Синбоднома», «Калила ва Димна», «Таърих» ва «Тафсир»-и Муҳаммад ибни Ҷарири Табарӣ, «ас-Саводу-л-аъзам»-и Абулқосими Самарқандӣва ғайра, ки дар аҳди Сомониён иншо шудаанд, ҳамагӣпарваридани сиришти маърифатпарвари ин сулола маҳсуб мешаванд.[16] Ва эшон бо кӯшишҳои зиёд тавонистанд, ки тарҷума ва таълифи таърихи Табарӣ, ки дар замони кишвардории Абӯсолеҳи Мансури Сомонӣ соли 963 ба қалами Балъамӣсурат гирифтааст, дар шаклгирии илми таърихнигории форсу тоҷик ва таъмиқи худогоҳии миллии қавмҳои ориёӣзиёда мусоидат намудааст. Тавассути тарҷумаи аввалин тафсири Қуръон «Ҷомеу-л-баён ан таъвил ойи-л-Қуръон» дар ҳафт муҷаллад, ки бо ибтикор ва ширкати Балъамӣ аз арабӣба порсӣбаргардон шудааст, забони форсии тоҷикӣмашруияти мазҳабӣ ва расмияти динӣба даст овард.[17] Чи тавре, ки аз мадракҳои таърихӣбармеояд, Сомониён аксарияти суннатҳо ва маросимҳои давраи тоисломии аҷдодони хешро эҳё ва илму фарҳанги миллии худро низ ба забонҳои арабиву форсии нав тарҷума намудаанд. Насри классики форсу тоҷик, ки дар сояи тадбирҳои хушоянди сиёсӣ ва иродатмандии хоссаи Сомониён ба забону фарҳанг гул-гул шукуфт, аз оғоз ба решаҳои таърихии худ такя дошт. Насри қадимаи қавмҳои ориёӣ, ки ба забонҳои паҳлавӣ, суғдиву хоразмӣва ғайра мароҳили таҳаввулу такомулро паймуда, дар оини нигориш суннатҳои қоим ва ғании худро ба вуҷуд оварда буд, ба ҳайси омили ирсӣдар шаклгирӣ ва танаввӯи насри нави порсӣтаъсири басо амиқ ва муассир гузошт.
Таҷаллии бадеии бедории миллӣва наҳзати маънавиву ахлоқии тоҷикон ва соири қавмҳои ориёӣдар асрҳои IX-X аз муҳимтарин ва ҷомеътарин вижагиҳои маънавии назми аҳди Оли Сомон ва ба таври умум адабиёти он давр ба шумор меояд. Аз ин лиҳоз, адабиёти аҳди Оли Сомонро метавон давраи эҳёи анъанаву суннатҳои адабиёти тоисломии халқҳои эронӣ, таҷдиди дунёи устураҳо ва ҳамосаҳои бостон, бозофаринии дастовардҳои ақлониву рӯҳонии Эронзамини тоисломӣ дар партави ҷаҳоншиносии нави ваҳдонӣ номид. Ба маврид аст, инҷо нақши муаррихон ва адибону олимонӣ аҳди Сомониёнро ёдовар бишавем. Ҳуввияти миллӣ ва ормонҳои мардумӣ дар кулли осори шоирону нависандагон инъикос гардидааст. Ғолибан дар он замон ҳама равандҳо ва суннатҳои фарҳанг ва илму адаби ҳазорсолаи тоҷику форс заминаи мустаҳкам гузошта шуд. Аз ҷумла, ҷашну маросимҳои тоисломии мардум дар мадди аввали аҳли фарҳанг буд. Адабиёти дар он замон баҷой монда, далели ин матлаб аст. Дар инъикоси суннатҳои аҷдодӣ, бавижа ҷашни Наврӯз осори ба ғоят зиёде аз он даврон боқӣмондааст. Ҷашни Наврӯз дар замони Сомониён мавқеи хоссаро пайдо карда буд. Чи тавре, шоирони он давр васф намудаанд ва аз эҷодиёти эшон ба хубӣметавон дарк намуд, Наврӯзро бо тамоми ҷузъиёташ Сомониён таҷлил менамудаанд. Рӯдакӣомадани баҳорро чунин васф менамояд:
Омад баҳори хуррам бо рангу бӯи тиб,
Бо сад ҳазор нузҳату ороиши аҷиб.
Шояд, ки марди пир бад-ин гаҳ шавад ҷавон,
Гетӣ ба дил ёфт шабоб аз паи машиб.
Дар ҷои дигар соҳибқирони шоирон мефармояд:
Бод бар ту мубораку хуншон,
Ҷашни Наврӯзу Гӯспандкушон.
Шоир ҷашни Гӯспандкушон гуфта, иди қурбони мусалмониро дар назар дорад, вале мо номи форсии ин идро мутаассифона, фаромуш кардаем.
Яке аз аввалин шоираиҳои порсигӯ Робиаи Балхӣ Наврӯзро чунин тасвир кардааст:
Фишонд аз савсану гул симу зар бод,
Зиҳӣ боде, ки раҳмат бод бар бод.
Шоири дигари ҳамасри Рӯдакӣ, Аммораи Марвазӣ дар мавриди ҷашни бостонӣмефармояд:
Шохи бед сабз гашта рӯзи бод,
Чун яке маст навону сарнагун.
Лолабарги лаъл бингар бомдод,
Чун сари шамшери олуда ба хун.
Яке аз аламбардорони мероси тоисломии гузаштагон шоир Дақиқӣнигоштааст:
Барафканд, эй санам, абри биҳиштӣ
Заминро хилъати урдибиҳиштӣ…
Дақиқӣ чор хислат дӯст дорад
Ба гетӣ аз ҳама хубиву зиштӣ:
Лаби ёқутрангу нолаи чанг,
Майи хушрангу дини зардуҳиштӣ.
Посдорӣ ва ифтихор аз русуму ойинҳои милливу мазҳабӣ дар назми аҳди Оли Сомон дар маънибандиҳои фаровон бар асоси адёни бостонии қавмҳои ориёӣ низ ба зуҳур мерасад. Шуарои давр аз қабили Рӯдакӣ, Хусравии Сарахсӣ, Хусравонӣ, Абӯшакури Балхӣ, хоссатан Дақиқӣ зимни руҷуъ ба гузашта аз муқаддасоти ойини зардуштия ёдовар шудаанд, китобҳои мазҳабӣ ва пораҳои онҳоро дар тасвироту ташбеҳоти худ ба кор гирифтаанд, зеро ойину мазоҳиби бостонӣ ва кутубу осори марбут ба онро суханварони қарни X ҷузве аз таъриху фарҳанги аҷдод ва ганҷе аз ганҷинаи андешаву ақоиди аслоф ба шумор меоварданд. Аз ҷониби дигар, муносибати таҳаммуломези ағлаби умарои сомонӣ ба адёну мазоҳиби гуногун ва иҷтиноби онҳо аз таасуботи мазҳабиву динӣ мӯҷиб ба он гардидааст, ки дар назми давраи мавриди назар оҳангҳои озодманишӣ ва озодандешӣгустариш ёфтаанд.
Зимни чунин раванди тавсиадори бозофарини тақвибанд тамоми осори давраи тоисломии адабиёти эронзамин, ки дар қарнҳои 8-9 аз паҳлавӣ ба забони арабӣ тарҷума шуда буд, аз нав ба забони форсии тоҷикӣ тарҷума ва нақл гардид. «Калила ва Димна», «Синбоднома» ва даҳо осори дигаре, ки дар аҳди Оли Сомон ва бо ибтикороти фарҳанггустаронаи эшон ба насри форсӣ тарҷума ва бо кисвати назми дарӣ муайян гардиданд, ин матлабро ба субут мерасонад.
Ба ҳамин тартиб ҳама донишварони аҳди Сомониён дар васфи суннатҳои аз гузаштагон мерос монда, суханҳову пажуҳишҳои тоза эҷод намудаанд ва бо ин хидмати бузургашон тавонистанд, ки олами маънавиёти мардуми эронитаборро ба авҷи камолот бирасонанд. Фарҳангшинос Акбари Турсон дар ин хусус андеша ронда, ғолибан менависад: “Дар солномайи таҳаввули таърихии ориётаборони Эрону Турон низ чунин марҳалаи пурбори рушду камоли маънавӣ вуҷуд дошт, ки 700 соли тамомро (Х-ХХII) дар бар гирифтааст. Дар он даврайи хуҷаста илму фалсафа ва адабу ҳунари мардуми Ориёзамин боғ-боғ шукуфта, бо накҳати анбаринаш ҳама оламро гирифта буд. Эҳёи Аҷам аз рӯйи хайру баракаташ фасли баҳори монавитабъро мемонд. Дар хилоли ташбеҳи мазкур оғози ҳамон баҳори хушрангу хушқадамро метавон Наврӯзи Хуросон хонд, ки дар давоми се қарни зарринбол (Х-ХII) сартосари Хуросони Бузург гулафшонӣ мекард. Он вақт ақлу заковати халлоқии аҷдоди тоҷикону эрониёни кунуни ба ҳадди гӯшношунид ба ҷилва омад ва тавассути сухани манзуми Фирвадсии Тӯсӣ “Аҷам зинда кардам бад-ин порсӣ” муаррифӣ шуда, дар таърихи ҷаҳони мутамаддин бақойи абад ёфт”[18].
Пасомадагон низ бунёди гузоштаи давраи Сомониёнро натанҳо идома доданд, балки ғолибан дар ғанӣ гардондани фарҳангу илми порсӣ хидматҳои арзишманд намуданд.
Дар пасманзари эҷодиёти бундёдӣ ва то қарни бист агар таваҷҷуҳнамоем, ҳамагуна суннатҳои мардумӣ ҳифз ва муқаддас нигаҳдорӣ гардидаанд. Бахусус, ҷойгаҳи Наврӯз пас аз суқути давлати Сомониён ҳам назаррас буд. Ҳарчанд қабилаҳои туркнажод давра ба давра зимоми ҳукмрониро дар даст доштанд, вале сохти давлатдорӣ, мудирият, коргузорӣ, сиёсати фарҳангиву иҷтимоиашон тақлид ба ҳукумати Сомониён буд.
Дар рӯзи таҷлили Наврӯз шоир Анварӣ ба шоҳ рӯ оварда чунин ситоиш мекунад:
Хусраво, рӯзат ҳама Наврӯз бод
В-аз тараб шабҳои умрат рӯз бод…
Шери гардун пеши шери раъият,
Сахра чун оҳуи дастомӯз бод.
Дар адабиёти классикии форсу тоҷик дар васфи Наврӯз эҷодиёти шифоҳии мардумӣ ҳам мавқеи хосро доро аст. Фолклоршиноси маъруф Рӯзӣ Аҳмад оид ба эҷодиёти халқ барҳақменависад: «Мардуми куҳанфарҳанги тоҷик дар баробари адабиёти классикии ҷаҳоншумули хеш дорои эҷодиёти шифоҳии гуногунжанру пурмуҳтавое низ мебошанд, ки он ҳамеша манбаи илҳом, сарчашмаи эҷодиёти шоиру нависандагон ва фарҳангофаринон қарор гирифтааст. Дар ин фарҳанги пурғановати мардуми мо ҷашни Наврӯз мақом ва манзалати махсус дорад».[19] Роҷеъ ба ҷашни Наврӯз мардуми мо эҷодиёти шифоҳии ғание доранд, аммо то ба имрӯз ба пуррагӣ ҳамаи он ҷамъоварӣнагардидаанд. Этнографон ва фолклоршиносонро зарур аст, ки аз ҳарвақта бештар тадқиқотҳо оид ба эҷодиёти мардумӣбибаранд, то он ганҷинаи хиради мардум ҳифзу маҳфуз бигардад. Эҷодиёти шифоҳии мардумӣ аз лиҳози баён ва фалсафаи зиндагонӣ хеле баландмазмун мебошад. Чаҳорпорчаи зайл, ки баёнгари армонҳои эшон аст, далели гуфтаҳои боло аст:
Ба соли нав, Наврӯзо, дами мо шод гардонӣ,
Самарқандро самарбахшу бофайз, обод гардонӣ.
Илоҳо, сарнагун созӣ саги бадхоҳи ҷангҷӯро,
Тамоми одамон аз банди ғам озод гардонӣ[20].
Наврӯзро гоҳе ба даврони Каюмарс ва гоҳе ба даврони Ҷамшед нисбат додани Берунӣ ва дигар олимон далолат мекунад, ки мо ҳадс занем, ин ҷашн баробари пайдоиши инсоният дар рӯйи замин қадимият доштааст, чун мутобиқи асотири ориёӣ Каюмарс аввалин одами рӯйи замин буд. Нуктаи дигаре, ки бояд гуфт, ин аст, ки ҳар қадар инсоният дар шинохти Наврӯз ва аносири он чун этика ва эстетикаи он пешрафт кард, ҳамон андоза диди зебоишиносии наврӯзӣ рушд кард ва Наврӯз, ки худ шеъри дилангези табиат аст, ба дилу андешаҳо роҳ ёфт. Ба назари мо, он чи ки мо имрӯз “ашъори наврӯзӣ” ва “баҳория” меномем, акси садо ё бозтоби шеърияти зотии Наврӯз дар оинаи дили мардум, хусусан шоирон аст.
Зоҳири Сайфулло, - ходими хурди илмии шуъбаи Фалсафаи фарҳанг
[1] Сатторзода А. “Наврӯз дар адабиёт”. “Самак”.
[2] Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ. Шеърҳо. Душанбе, 2007, с.7.
[3]
[4] Донишномаи фарҳанги мардуми тоҷик, ҷ. 3 (Наврӯз ва ҷашнҳои дигар), Душанбе, 2018, с.239.
[5]
[6] https://www.tasnimnews.com/fa/news/1400/01/01/2471523/ نوروز-به-چه-معناست-و-از-چه-زمانی-وارد-فرهنگ-ما-ایرانی-ها-شد
[7] Ё.Қ. Одинаев. Умари Хайём ва рубоиёти ӯ аз назари Свами Говинда. Душанбе, Ирфон, 2013, с. 255.
[8] https://www.facebook.com/profile.php?id=1677291902 “Муаррихи адиб” (Ба баҳонаи зодрӯзи донишманди шаҳири тоҷик, академик Аҳрор Мухторов (4))
[9] Фирдавсӣ мегӯяд:
Чу омад ба бурҷи ҳамал Офтоб,
Ҷаҳон гашт бо фарру оину об.
[10]
[11] Ҳамон асар. саҳ. 10.
[12] www.bahoriajam.tj. Нақши мусиқӣ дар рисолати фарҳангии Наврӯз.
[13] АИТ, ИФСҲ, кит. Масъалаҳои омӯзиш ва таҳқиқи таърих ва фалсафаи наврӯз. Б.П. Ализода, Наврӯз- ҷашни бостонӣ ва муосир. Душанбе-2016, с. 25
[14] Донишномаи Сомониён. ДДХ ба номи академик Б.Ѓафуров-2008, с. 492
[15] Њамон китоб. с. 489
[16] Њамон китоб. с. 23.
[17] Њамон китоб. с. 23
[18] Акбари Турсон. “Чун абр ба Наврӯз рухи лола бишуст...” (Андушаҳои фарҳангшинохтӣ дар ҳошияи “Наврӯзнома”-и Умари Хайём). “Наврӯзнома”, Душанбе, “Адиб”, 2012, сањ. 6
[19] Рӯзии Аҳмад. «Таронаҳои Наврӯзӣ», « Адиб-2011», с. 13
[20] Ҳамон асар, с.54
Ҷашни фархундаю хуҷастапаи Наврӯз барои мардумони ориёнажод ва хосатан, барои тоҷикон рамзи бедории табиат шукофоию рамзи қавонии оламу одам аст. Навруз ҷашни омадани баҳор иди такопу ва ҷунбиши зебоиҳои ҳаёт, зоишу рушди дубораи табиат мебошад. Навруз яке аз бузургтаринва мондагор тарин ойинҳо ҷашнҳои тоисломии мардуми олитабори Ориёӣ мебошад, ки бо ҷашнҳои Меҳргон, Сада, Тиргон, Об, Оташ, Оғом, Навзул ва ғайра тавъам аст. Он ҷашну маросимҳо якдигарро комил мегардонанду, тақвият мебахшанд.
Наврӯз ҷашни муқаддастарин, зеботарин сури миллӣ ва фарогири ҳамагон аст. Метавон пиндошт, ки ҷашни Навруз ҳақиқат, тағйиру такмили табиати ҷаҳону инсонҳо, кушиш барои навшавӣ, навгароӣ, навандешӣ, тағйирӣ тозаи зоҳириву ботин, андешидани нақшаҳои навин барои беҳбуди оянда, барои дар ҷаҳони моддӣ нав шудан аст.
Агар ба таъриху ойину русуму ҷашну сурҳои ҷаҳониён бингарем, ба ёд мерасад, ки аз ин пеш аз кеши Зардушти кабир то кунун ҳеҷ ҷашне ба дараҷаи Наврӯз дар байни қавмҳои ориёӣ дар равнақу шукуҳ набуда.
Наврӯз яке аз маъмултарин ва қадимтарин ҷашнҳои миллӣ буда, дар ҳаёти фарҳангии тоҷикон нақш ва мақоми хоса дорад. Дар даврони соҳибистиқлолии Тоҷикистон Наврӯз ҳамчун мероси фарҳанги миллӣ ва ҷашни муқаддаси ниёгон мазмуну шукуҳи тоза пайдо кард. Боиси ифтихор аст, ки ҷашни Наврӯз ҳамасола дар сарзамини камназирамон дар фазои мубораки истиқлолу ваҳдати миллӣ бо саммимияти хоса ва шукургузории том таҷлил мегирад. Махсусан, баъд аз мақоми байналмилалӣ гирифтани ҷашни Наврӯз (2010) таваҷҷуҳ ба омӯзишу таҳқиқи он ва нашри маводи наврӯзшиносӣ тадриҷан боло рафта, теъдоди асарҳои ҷудогона ва рисолаву мақолаҳои илмӣ афзуданд. Таваҷҷуҳи муҳақиқонро бештар масоили таърихӣ, пайдоиш ва фалсафаи Наврӯз, ҷойгоҳи Наврӯз дар фарҳанги миллӣ ва тамаддуни башарӣ давраҳои таҳаввул, расму оинҳо ва суннатҳои Наврӯзӣ, тарзи тайёр намудани дастархони Наврӯзӣ ба худ ҷалб намуд.
Мардумони наҷиби ориёӣ тавонистанд аз мероси фарҳангии худ, аз ҷумла, ҷашни Наврӯзро аз манъкуниву монеъшавии аъроб қаҳрамонона дифоъ кунанд. Ойинҳои мо баъзан ба андешаҳои исломӣ низ пайванд дода мешаванд. Дар ин ҷода бохту бурдҳо ба чашм мерасад. Ҳарчанд халифаҳои ъарабӣ дар ибтидо ба Наврӯз беэътино будаанд, дар рӯзи Наврӯз ҳадяҳои ин ҷашнро ҳамчун хироҷи солиёна қабул мекардаанд. Умавиён бошанд барои даромаду ҳадяҳои (андозҳои) наврӯзиро афзуда, мардумро ба эҳдои ҳадяҳо (неъматҳои бо арақи ҷабин дарёфта) даъват мекарданд. Аммо ин ҷашн дар тамоми муддати вуҷудияташ ҳамчун ҷашни миллӣ боқӣ мондааст.
Рамзи баҳори дунё- Наврӯз ҳамчун муборактарину хуррамтарин рӯз бисёр шоиронро ба ваҷҳу шӯру шавқ, ба нуқтапардозӣ оварда буда.
Аз ҷумла, Умари Хайём мефармояд:
Бар чеҳраи гул шабнами Наврӯз хуш аст,
Дар тарфи чаман рӯи дилафрӯз хуш аст.
Аз дӣ, ки гузашт ҳар чӣ гӯӣ, хуш нест,
Хуш бош, зи дӣ магу, ки имрӯз хуш аст.
Ба ақидаи Хайём Ҷамшед баробарии шабу рӯзро дарёфта ва онро Наврӯз ном ниҳод, мавҷуд будану ҷашнгирии он дар айёми пеш аз Зардушт буда. Ҷашни Наврӯз на фақат хоси дарбору дарбориён буд, балки ҷашни мардумӣ ҳам буд. Баъзе андешаҳои худро оид ба ойинҳои гузаштагон асосан дар заминаи «Наврӯзнома» ба такрор гушзад карданд. Вале баъзе нуқоти дигари «Наврӯзнома», ин китоби ҳаҷман хурд, вале фарогири як ҷаҳон маъноҳост, бояд гуфт.
«Наврӯзнома»-ро метавон ибрози назар оид ба оинҳои мардумӣ, ривоятҳову гуфтаҳо, бипазируфт. Чун Умари Хайём ба халқ хеле наздик буд, тавонист анъанаҳои халқиро хеле амиқу густурда ба қалам кашад. Наврӯзро Хайём ба ҷузъиёташ баён кардааст. Дар «Наврӯзнома» аз кашфи ҳақиқати Наврӯз, кадом рӯз будани он, бузург доштани он ва дигар оинҳои подшоҳон сухан рафтааст. Хайём сабаби ниҳоди Наврӯзро ду даври офтоб (365)-руз меҳисобад. Ҷамшед дарёфт он рузрову(ба аввали дақиқаи Ҳамал боз омадани рубъе аз шабу рӯз ва ба ҳамон вақту рӯз рафтан) Наврӯз ном ниҳод ва ҷашн оин кард, хабар медиҳад Хайём.
Метавон бо камоли бовар иброз дошт, ки таърих садои инсонҳост. Аз ин рӯ, ба ҳодисаву воқеаҳо, рӯйдодҳои он наметавон бепарво буд. Таърихи куҳан ифодагари воқеоти гӯёву хомуш, Қомуссест омӯзанда, барои имрӯзу фардо ва фардоҳан оянда. Таърих агар лаҳзаҳое хумуш монда бошад, онро бояд гӯё кард. Таърихи қавмҳои ориёӣ, ки тоҷикон низ ҷузъи он мебошанд, бисёр қадиму пурвоқеот, пур аз моҷарроҳо, ҷангу хунрезӣ ва бунёду эҷодҳо буда, пурсодаву пурнаво, шоистаи баёдоварист, зеро муаммоҳои бисёри бознашуда дорад.
Моя ва маслаки қадимтарин ҷашни мардумони ориётабор метавон пайвандгарӣ аслҳои фарҳангӣ ва наслҳои инсонӣ унвон кард. Наврӯз хешу табор, авлодро бо аҷдод, наслҳоро бо аслҳо, гузаштаро бо ҳозира, ҳозираро бо оянда ва дар ниҳояти силсилаии робитаҳо ва нисбатҳо Ҷаҳони Кеҳин (Инсон)-ро Ҷаҳони Меҳин (Кайҳон) мепайвандад. Пайвандгоҳу аслҳову наслҳо ба сони ҳамон замини барӯманди афсонавӣ бувад, ки такягоҳу такондеҳи ҳунарнамоиҳои Антей ном қаҳрамони як устураи машҳури Юнонист: ҳар боре, ки ӯ дар ҷанги тан ба тан бемадор мешуд, ба замин (тимсоли модараш) даст расонда қуввати нав мегирифт ва пирӯз мегардид.
Наврӯз ҳам барои ҳар як фард ва ҳар як халқи некиродаю боғайрат рӯзи андухтани қуввату қудрати тозаи руҳонию равонист.
Гузаштагони мо дар ҷумлаи осори гаронбаҳои маданӣ, илмӣ, адабӣ анъана ва ҷашнҳоеро низ ба ёдгор гузоштаанд, ки онҳоро муҳити таърихию иҷтимоӣ ва рӯзгори зироатдорӣ ба вуҷуд овардаанд. Яке аз чунин маросимҳо ҷашни Наврӯз мебошад.
Наврӯз ба иди баҳору меҳнат, бардамию нишот чусту чолокӣ, сабзу хуррамии шаҳру деҳот ва дӯстии халқҳо мубаддал гардидааст. Мо ки Наврӯзро ҳар сол ҷашн мегирем бояд бидонем, ки пайдоиш ва таҳаввули минбаъдаи он чӣ гунааст.
Наврӯз аз ҷашнҳои бостонии аҳли меҳнат мебошад, ки тасвир ва инъикоси он дар адабиёти классикӣ ва эҷодиёти лафзии тоҷикон мавқеи калон дорад. Дар бораи Наврӯз дар маъхазҳои қадимии «Авесто», алалхусус, «Занд Авесто» гуфта шудааст, ки ба мабдаи муқаддас ва тавонотарини тавоноҳо-Ҳурмузд (Аҳурамаздо)- баъди 3000 сола подшоҳияш аз тарафи мабдаи ҷаҳодат ва торикӣ Аҳриман бо лашкариёнаш (торикиву ҷаҳолат) ҳуҷум сар мешавад. Мабдаи тозагӣ ва равшаноӣ Ҳурмузд барои несту нобуд намудани Аҳриманро равшаноиро эҳдо карда, ба муқобили душманаш равона менамояд. Ҳамин рӯзи пайдоиши равшании аввалин гӯё Наврӯз мебошад.
Зардуштиёни қадим вуҷуд доштани дунёро ба таври мавҳум тасаввур мекарданд. Мувофиқи ақидаҳои онҳо Худои хубӣ ва нур Ҳурмузд ва равшанӣ фармон фармоӣ мекардаст. Аз рӯи тасаввуроти онҳо дар маркази мавҷудоти офтоб воқеъ гардидааст, ки вуҷуд доштани дунё ба он вобастамебошад. Онҳо дар як рӯз шаш бор пеш аз баромадан, ҳангоми баромадан чоштгоҳӣ, нимрӯзӣ, пеш аз нишастан ва дар айни ғуруби офтоб сурудхонон ба он саҷда мекарданд, ки баъзе осори он сурудҳоро ҳоло аз байни халқ пайдо кардан мумкин аст. Масалан, дар Бухоро пеш аз револютсия агар паи ҳам чанд рӯз бориш шаваду офтоб набарояд, мардум ба бачаҳо мефармуданд, ки таронаи зеринро суруда, аз зери абр баромадани офтобро хоҳиш намоянд.
Анҷилою манҷило,
Ба халқи гумбази тилло.
Хуршедхоним фирор кун,
Нимаи биринҷа об кун.
Булур равад ба шаҳри дур,
Хуршед биёд ба шаҳри мо.
Гузаштагони мо аз рӯи ҳолати офтоб фаслҳои солро муайян мекарданд. Наврӯз ҳамон вақт дохил мешуд, ки гӯё равшанӣ торикиро маҳв месохту ҳаёт аз болои марг ғалаба мекард ва офтоб бо тантана ба олам ҳукмронӣменамуд.
Азбаски ҷашни Наврӯз айёми баробаршавии шабу рӯз, ҳангоми эҳёи табиат, оғози мавсими киштукори баҳории деҳқонӣ буда, нисбат ба дигар ҷашнҳо эътибори бештаре дошт.
Тақвими Авестоӣ дар давраи Сосониён, низ мавҷуд буд. Мувофиқи ин тақвим рӯзи аввали моҳро Ҳурмузд ё худ Урмузд меномиданд. Рӯзи аввали моҳи фарвардин оғози соли нав ҳисоб мешуд.
Дар бораи пайдоиши Наврӯз дар асарҳои олимон ва шоирони асрҳои миёнаи форсу тоҷик ривоятҳои мухталифе мавҷуд аст. Ин ривоятҳо фикру ақидаҳои мардумро дар бораи пайдоиш ва ҷоришавии ҷашни Наврӯз ҳар хел маънидод менамоянд.
Бунёди ҷашнгирии Наврӯзро сарчашмаҳои бостонӣ ба Ҷамшед нисбат медиҳанд.
Олим ва файласуф Абурайҳони Берунӣ сабаби Наврӯз номида шудани рӯзи аввали моҳи фарвардинро чунин шарҳ медиҳад: «Чун Ҷамшед барои худ тахт бисохт, дар ин рӯз ба он савор шуд ва ҷин ва шаётин онро ҳамл карданд ва ба як рӯз ба куҳи Дамованд ва Бобул омад ва мардум барои дидани ин амр дар шигифт шуданд ва ин рӯзро ид гирифтанд». Ва дастаи дигар аз Эрониён мегӯянд, ки Ҷамшед дар шаҳрҳо зиёд гардиш менамуд ва чун хост дар Озарбойҷон дохил шавад, бар сарире аз зар нишаст ва мардум ба души худ он тахтро мебурдан ва чун партави офтоб бар он тахт битобид ва мардум онро диданд, ин рӯзро ид гирифтанд. (Абурайҳони Берунӣ, Осор-ул-бақия, Теҳрон соли 1321 ҳиҷрӣ, 1943 мелодӣ, саҳ242).
Ибни Балхӣ, низ дар «Форснома» сабаби аз тарфи Ҷамшед ҷашн гирифта шудани Наврӯзро баён намудааст. Мувофиқи гуфтаи Ибни Балхӣ Ҷамшед писари Виванҷаҳон, бародари Таҳмурас будааст. Аз рӯи ин ривоят Ҷамшед 717 сол умр дида, ба мардум ҳар гуна ҳунарҳоро меомӯзонад, шаҳр барпо мекунонад ва онро Истахр ном ниҳода, қарор медиҳад. Ба ин муносибат ҷашн барпо мегардад, ки онро «Наврӯз» меноманд. (Ибни Балхӣ, Форснома, чопи Кембриҷ,1921,саҳ.32-33).
Дар бораи сад рӯз ҷашн гирифта шудани Наврӯз маълумотҳои мухталиф мавҷуд аст. Берунӣ дар аҳди Сосониён шаш рӯз ид карда шудани Наврӯзро хотирнишон намудааст. Мувофиқи маълумоти ин муаллиф, шоҳ рӯзи аввалин Наврӯзро бо қабули мардум ва ҳурмату эҳтироми онҳо мегузаронид. Рӯзи дуюм мансабдорон ва давлатдоронро қабул карда, суҳбат меорост. Рузи сеюм мӯъбадан, олиму доноёни давр, чаҳорум аҳли дарбор, рӯзи панҷум фарзанду хешу таборони худро мепазируфт. Рӯзи шашум, ки расид, худи шоҳ наврӯзро қайд мекард. Аз ин рӯ, ҷашни рӯзи шашумро«Наврӯзи бузург» номидаанд. Шоҳ дар Наврӯзи бузург пешкашҳои аз вилоятҳои омадаро қабул менамуд. Аз онҳо ба мардум бахшида, ҳиссаи костаашро ба хизина мефиристод.
Дар давраи истилои арабҳо низ гузаштагони тоҷикон Наврӯзро мисли пешина ҷашн мегирифтанд. Дар аввали ҳукмронии худ арабҳо бо мақсади нуфузи исломро афзун гардонидан хостанд, ки ҷашнҳои Наврӯз ва Меҳргонро чун дигар расму оини хуби мардуми эронинажод аз байн баранд.
Аммо Арабҳо ноилоҷ Наврӯзро ҷашни «суннати Ҷамшед» номида ба ид карда шуданаш иҷозат медиҳанд.
«Дар давраи хилофоти бани Аббос,-мегӯянд Саид Насифӣ,-махсусан дар замоне, ки вузарои эронӣ ва аз он ҷумла Бармақиён ба сари кор буданд, Наврӯз дар дарбори эшон шукуҳи хоса дошта ва дар адабиёти он замон, хоса дар осори Чаҳиз ба бештар дар «Китоб-ул-махосини-ва-л-аздод»-и мансуб ба ӯ ва дар ашъори сухансароёни маъруфи дарбори Бағдод ва бештар аз ҳама Абӯнавос, Буҳтурӣ ишораи бисёр дар шукӯҳ ва ҷалоли Меҳргон дар ин давра ҳаст». (Саид Нафисӣ, ҳамон асар,Паёми навин саҳ. 78).
Доир ба таъриху давраҳои таҳаввули ҷашни Наврӯз ва вижагиҳои баргузории он то имрӯз теъдоди зиёди сарчашмаҳои қаламию чопӣ, савтию электронӣ бо забонҳои гуногуни дунё интишор ёфтаанд, ки қисме аз онҳо дар се китобномаи «Наврӯз» номнавис шудаанд.
Китобномаҳои мазкур бо мақсади баланд бардоштани сатҳи дониши наврӯзшиносии мардум ва муаррифию тавсияи адабиёти баргузида оид ба Наврӯз ва суннатҳои наврӯзӣ таҳия шуда, 4193 номгӯи адабиёти чопӣва электронии дар солҳои 1947-2017 интишорёфтаро фаро гирифтаанд. Китобномаҳо ба эҳтиёҷмандон барои дарёфти адабиёт марбут ба таъриху давраҳои таҳаввули Наврӯз, расму оинҳо ва тавсифу тасвири бадеии он кумак хоҳанд расонд.
Зиёева З.И. ходими илмии Шуъбаи фалсафаи фарҳанги ИФСҲ ба номи А.Баҳоваддинови АМИТ
Наврӯз ҳам ормон аст, ҳам арзиш аст, аз назари мубрам будани ваҳдати миллӣ дар гузашта, аммо хусусан дар имрӯзи рӯзгори мо шоҳсутуни тамаддуни ориёнӣ аст. Наврӯз натанҳо барои Тоҷикистон хосияти баракатбори ваҳдатсозӣ дорад, балки барои тамоми қавмҳои табори ориёӣ ҳамин гуна ваҳдатсоз аст. Гузашта аз ин ба сабаби ҷаҳонӣ эълон шудани Наврӯз ин ҷашни зебоӣ, ободкорӣ, баҳамоварандаи ҳама гуна инсон сарфи назар аз дину ҳизбу рангу нажоду... ваҳдатсози тамоми ҷаҳон хоҳад шуд.
Бе сабаб ҳам нест, ки бо мурури замон ҷашни Наврӯз аҳамияти ҷаҳони касб мекунад.
Аз он ҷумла, тибқи конвенсияи ҳифзи мероси маънавӣ, соли 2003 ба руйхати мероси арзишманди маънавии маданӣ дохил карда шуд;
Соли 2001 Наврӯз ҳамчун роҳнамои гуфтугӯи тамаддунҳо пешниҳод шуд;
Соли 2007 дар декларатсияи ҳамкории тамаддунҳо, ҳусни тафоҳуми динҳо, Наврӯз ҳам пешниҳод шуд.
Ва ниҳоят соли 2010 Асамблияи Генералии Созмони Милали Муттаҳид рузи 21-мартро рузи байналмилалии Наврӯз эълон кард ва мавзуъҳои калидии он Сулҳ, Ваҳдат ва Тозакориро қайд кард
Дар Паёми соли 2025 Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо эҳсоси мамнунят қайд карданд, ки “Ҳоло кишвари мо дар марҳалаи наваи тарақиёти худ қарор дошта ба амалӣ намудани стратегияву барномаҳои иқтисодиву иҷтимоӣ ба дастовардҳои назаррас ноил гардида истодааст. Дар баробари ин нооромиву низоҳо дар минтақаҳои гуногуни олам, шиддат гирифтани мухолифатҳои сиёсӣ ва таримҳо миёни кишварҳои абарқудрат, мусаллаҳшавии бошитоб, “ҷанги сард”, тағирёбии иқлим, инчунин, канда шудани занҷираҳои таҳвили молу маҳсулот ва дигар омилҳои берунӣ моро водор месозанд, ки ба иқтисодиёти кишвар тадбирҳои саривақтӣ андешем”.
Чунин як вазияти сахт печида саршор аз масъалаву мушкилоти ғайри интизор чуноне минбад дар “Паём” омадааст дар баробари тадбирҳои дигари сиёсӣ, иқтисодӣ, фарҳангӣ, бештар аз ҳамма ваҳдати миллиро тақозо мекунад. Ваҳдати андеша,ваҳдати шинохти вазъи ҷаҳони ноором, ваҳдати андешаву пайкорҳои тамоми ҷомеа барои рушду равнақи Ватан.
Воқеъан дар бунёд кардани чунин як Ваҳдат нақши Наврӯз созанда ва пурбаракат аст. Созмони Милали Муттаҳид Наврӯзро, ки байналмиллалӣ эълон кард мавзуҳои калидии онро Сулҳ, Ваҳдат ва Тозакорӣ қайд кардааст.
Наврӯз маълум шуд ки барои ҷомеаи ҷаҳони ҳам ваҳдатофар аст, барои ҷомеаи Тоҷикистон нақши ваҳдатсозии ин ҷашни муборак ҳоҷат ба шарҳу баён надорад.
Дар айни замон қайд бояд кард, ки аз назари аксеологи, аз назари бунёдкориҳои тоза ба тоза тибқи стратегияҳои миллӣ ваҳдатсозии Наврӯз дар ҷараёни тадбиқи нақшаҳои умумимиллӣ нақшҳои дигарро низ иҷро карда метавонд;
бо истифода аз сулҳпарварӣ, ваҳдатсозӣ ва тозакории Наврӯз дар ҳаёти сиёсиву иқтисодии ҷаҳони муосир нақш ва саҳми Тоҷикистонро дастгирӣ мекунад;
аз баски ин ҷашни муборак ҳеҷ кадом як рабте на ба динҳо, на ба дигар арзишҳои консервативии миллатҳо надорад як фазои тозае эъҷод мекунад, ки дар ин фазо ҳамма миллат, пайравони ақидаҳои гуногун ва ғайра мавқеву нақши шоиста пайдо кунанд, фазои ҳусни тафоҳумашон густурдатар гардад.
Саргузашти Наврӯз хеле шабеҳи саргузашти умумии миллат аст! Ҳамеша мавриди диққати ҷаҳониён, хусусан мавриди диққат, муҳаббат, хашм, музтар мондани истилогарони ҳавзаи Наврӯз будааст. Тӯли саргузашти зиёда аз чорҳазорсолааш ҳам мавриди эҳтироми хосса будааст, ҳам мавриди хашму тохтутоз ва як нуктае, ки бисёр ҷолиб аст, хусусан барои истилогарон мавриди манфиатҷӯӣ ва силоҳи бисёр айёронаи манфиатҷӯён будааст. Бемуҳобо, бо дили пур гуфта метавонем, ки даврони истиқлолияти сиёсии Тоҷикистон тӯли ин таърихи дароз ин ягона 34 соли Истиқлолият, ки Наврӯз хонаву кошонаи шоиста ёфт. Ороишу таҷлилу шаҳомати барои Наврӯз зебанда муҳаббати шукуфону самаровар эътибори баланди ҷаҳонӣ. Истиқлолият ва Наврӯз даст ба даст якдигарро зебову пурқувват кардаанд, агар истиқолияти сиёсии миллат шарофату шаҳомати Наврӯзро шоиставу боиста эҳё кард, Наврӯз ҳам бо сабаби аз тариқи дастгоҳи сиёсии умумибашарӣ шуҳрату эътибори Тоҷикистони соҳибистиқлолро дар ҷомеаи ҷаҳонӣ ба мартабаву мақоми басо обрӯманд боз ҳам устувортар кард.
Асноду далоиле, ки то имрӯз дар мавриди Наврӯз дар даст дорем, таърихи зиёда аз чаҳор ҳазор сол доштани ӯро бе шакку шубҳа эътироф карда метавонад.
Муҳимтарин нуктае, ки дар масири сиёсату фарҳанги ҷаҳони имрӯза бояд гуфт, ин аст, ки Наврӯз комилан ҷашни мардумӣ аст. Ҳеҷ кадом рабту робитае на дар пайдоишаш, на дар масири камолоташ, на дар ороишу пироиши латифу зебояш ба ҳеҷ кадом дине надорад, -на ба динҳои тотемистиву анимистии ақвоми ҳавзаи Наврӯз, на ба динҳои монавӣ, маздакӣ, зардуштӣ, исломӣ… Мутаассифона, тамоми ин динҳо аз Наврӯз манфиатҷӯ буда, манфиатҳои фаровон ҳам гирифтаанд.
Дар даврони истиқлолият шинохт, маърифати Наврӯз дақиқ, сареҳ шуд. Осори зиёди пажӯҳишӣ ба нашр расид, ки дар назари мо ҷомеътарин, муҳимтарини онҳо ва дар айни замон истидлолитарини онҳо монаграфияи М. Ҳазратқулов «Наврӯзи оламафрӯз ва дигар идҳои суннатии сол»[1], Энцинклопедияи Тоҷик қомуси махсус бо унвони “Донишномаи Наврӯз” ба нашр расид ва Р. Шаъбонӣ «Одоб ва русуми Наврӯз»[2] ҳастанд.
Гуфтем, ки Наврӯз кадом робитаи камтаринро ба ҳеҷ дине надорад, ҳар дине аз он манфиат ҷустааст, аммо дар айни замон зарарҳои сахт ҳам расонидааст. Аз он ҷумла, аз бузургони илму адаби мо ҳам, ки мо барҳақ аз ному осори онҳо ифтихор дорем, ҳамчунин ба ҷисми мубораки Наврӯз зарбаҳои сахте кӯфтаанд. Яке аз онҳо гуфтааст: «агар касе дар Наврӯз гулхан биафрӯзад, ҷомаи нав пӯшад ва касе ӯро бикушад савоби онро мегирад, ки сад ҳазор кофарро кушта бошад». Ин гуна ситезакорӣ бо Наврӯз имрӯз ҳам дар кишварҳои ҳавзаи Наврӯз мушоҳида мешавад, ки ин ситезакориҳо ҳаргиз камтар аз амалҳои даҳшатафканиву ифроткорӣ нестанд. Мушоҳидае, ки соли 2010 натиҷа дод, ин аст, ки гурӯҳи бисёр сершумор, гурӯҳе, ки имконияти фаровони таблиғотии гуфториву дидорӣ, навишторӣ доранд. Дар фазои бекаронаи шабакаҳои телевезиониву интернетии ҷаҳон шӯру ғавғои маҳшар бардоштанд, ки дар рӯзи Наврӯз даступо кӯфтан ҳаром аст. шодмониву овозхонӣ комилан ҳаром аст, куфри маҳз аст ва монанди инҳо...
Аммо тибқи ҳақиқате, ки оби дарёро ҳеҷ ҷонваре гандида кардан наметавонад ва нури моҳро садои ҳеҷ ҷонваре хира карда наметавонад, зулоли Наврӯз ҳамоно мусаффо аст, ҷилои Наврӯз ҳамоно оламафрӯз мемонад.
Нуктае, ки бисёр ҷолиби диққат аст, дар батни маросимоти наврӯзӣ эҷод шудани русуме ҳаст, ки тӯли чаҳор ҳазор сол ҳамоно мубраму босамар мемонанд. Яке ин аст, ки дар маросими хонатаконӣ зарфҳое, ки тарқишу порагӣ пайдо карданд аз истифода берун мешаванд ва аз хона берун бурда шикаста мешаванд. Нисбат ба инҳо гуфта мешавад, ки «Дар тарқиши зарфҳо ҷинҳо хона мекунанд, ба рӯҳу ҷону ҷисми одам зарар мерасонанд». Эпидемиологияи имрӯза ин ҳақиқатро тасдиқу тасвиб мекунад ва таъкид мекунад, ки дар тарқиши зарфҳо микробу вирусҳое пайдо мешаванд, ки ба сиҳатии инсон зарар мерасонад. Воқеан, ин вирусу микробҳо, ки ба чашм дида намешаванд, бо вуҷуди зарраи ноаён буданашон таъсири воқеии ҷинниву девӣ доранд, яъне ҷонварони воқеӣ ҳастанд, ки дар чашм наменамоянд, зарарҳои ғайриинтизор, ногаҳонӣ, муфоҷо доранд.
Нуктаи дигаре, ки дар шароити ҷаҳонишавӣ, рушду тараққии саноат ба муҳити зист зарари ҷаҳонӣ мерасонанд, бисёр таъкид карданӣ аст, беҳдошти муҳити зист дар матни умумии осори ориёнӣ-тоҷикии то исломӣ, аз он ҷумла дар консепсияи маросимоти наврӯзӣ ҳамон мубрам ва даркорӣ мемонад. Таълимоти экологии фарҳанги наврӯзӣ аз хурд то бузург имрӯз шоистаи пайравӣ ва иҷро кардан аст. Аз он ҷумла,муносибати одам бо об, ки дар доираи «Даҳсолаи об барои амал» ҳам муҳим аст.
***
Дар осори хаттии бостонии тоҷик, аз он ҷумла дар «Ҷовидонхирад» ва «Авасто» аз Наврӯз ёд намешавад. Наврӯзро дар «Бундаҳишн» дар чунин матн меёбем: «Хурдод сарвари солҳову моҳҳову рӯзҳост, (яъне) инро, ки ӯ сарвари ҳама аст. Ӯро (ба) гетӣ об хеш аст. Чунин гӯяд: «Ҳастӣ зоишу парвариши ҳамаи мавҷудоти моддии ҷаҳон аз об асту заминро низ ободонӣ аз ӯст». Агар дар сол нек шояд зистан, ба сабаби Хурдод аст. Чунин гӯяд, ки: «Ҳамаи некӣ чун аз абргарон ба гетӣ ояд, он (ба) Хурдодрӯз (ки) Наврӯз аст, ояд». Бошад, ки гӯяд, ки: «Ҳама рӯз ояд, аммо он рӯз беш ояд». Пайдост, ки агар он рӯз бар тан ҷомаи некӯ бидоранду бӯи хуш бӯянду мурвои нек кунанду дар нишастан, аз ҷои риману аз мардуми бад дур буванду обҳоро баҳр кунанд ва ситоиши гоҳҳои рӯзро, ки Айаранаму Аснайа номанд, анҷом диҳанд. Он сол некӯӣ бад-эшон беш расад ва бадиро аз эшон беш дур созад. Ӯ, ки обро ромиш бахшад ё биозорад, он гоҳ, Хурдод (аз) ӯ осуда ё озурда бувад. Ӯро ҳамкор Тиру Боду Фарвардин аст. Тир ҳамон Тиштр аст, ки боронварӣ ва парвариши офаридагон кунад. Бод минуи бод аст, ки зеру забари ин заминро фаро гирифтааст ва оберо, ки Тиштр ситонад, (ба) ӯсупорад».[3]
Аз ин пора ба осонӣ мушоҳида мекунем, ки покизагӣ ҳам дар ҷома, ҳам дар хонаву палос барои бобоёни мо чи мартабаи бузурге доштааст. Дар назари мо бисёр ҷолиб аст, ки нуктаи таъкидии «аз мардуми бад дур будан» дар баробари таъкиди парҳез кардан аз нишастгоҳи нопок, бадбӯй меояд. Дар як шакли гармонияи фавқулодда мавзун, қобили идроки ҳамагон омадани матлабҳои дараҷаҳои гуногун барои сабки баёни осори бостонии аҷдоди мо ниҳоят андеша карданӣ аст. Решаи ин сабки мураккаб ва дар айни замон фаҳмо будани баёни нуктаҳои дараҷаҳои гуногуни маънавиёт ба назари мо дар он аст, ки ҷаҳоншиносии бостонии аҷдоди мо хусусияти равшани воқеии заминӣ дорад. Ҳатто мавзӯҳои вобаста ба рӯҳониёт ва маънавиёт дар пайвастагиву ҳамоҳангӣ бо рӯзгори моддиву маънавии заминӣ шарҳу тафсир меёбанд. Ҷолибтарин нукта ин аст, ки шинохтани табиати зерину барин, замину осмон аз қиёс ба вуҷуди одам оғоз мешавад. Ин нуктаро муҳаққиқи голандӣ Гупер низ қайд мекунад. Ҷаҳоншиносии ориёниёни бостон аз шинохти инсон оғоз мешавад. Ин ҷаҳоншиносиро шартан ҷаҳоншиносии «набзгуна» (Rhythmic) номидан мумкин аст. Шарҳи ин ҷаҳоншиносӣ дар гузориши Ризо Шаъбонӣ чунин меояд: «Табъан инсони асрҳои куҳан мекӯшид, то он ҷо ки мумкини ӯст, доираи замонҳои муқаддасро густариш диҳад ва аз доманаи замонҳои номуқаддас кам кунад. Аммо тақаддуси замонҳои марбут ба набзҳои кайҳонӣ ва табиӣ ба маънои ситоиши ҷанбаи физикии падидаҳои кайҳонӣ ва табиӣ набуд. Инсони асрҳои бостон, ки кайфиёти ҷаҳон ва низоми офаринишро ба қиёс аз худ баргирифта буд, ҳамаи падидаҳои ҷаҳонро дорои ҷону равон меангошт ва он чи ӯро ба ситоишу ниёиш вомедошт, таваҷҷӯҳ ба рӯҳи ҷаҳон ва ҷони он буд. Ситоиши падидаҳои набзгуна (Rhythmic) ва пайдоиши ойинҳои ситургӣ вобаста ба онҳо сабаби эътиқод ба вуҷуди моварои табиӣ онҳо бар асоси муътақидоти динӣ ва имонии инсон буд. Амри эҳсосӣ дар ҷаҳони гиёҳон, таваллуди гиёҳ, боззоии табиат ва нав шудани зиндагист ва на сирфан сабз шудани дона ва ҷавона задани гиёҳ. Ва низ амри эҳсоси дигар – марги гиёҳ аст, на пажмурдани он. Ҳар ҳилоли моҳе таваллуди тозае ва ҳар муҳоқе марге дигар маҳсуб мешуд. Гоҳ гумон мерафт, ки хуршед ҳар рӯз зода мешавад. Бад-ин гуна, табиат жарфо, густариш ва маъное бас васеътар аз он дошт, ки инсони замони мо ағлаб бовар дорад. Маънои ҳар рӯйдоди набзгунаи табиӣ ва кайҳонӣ аз ин низ васеътар менамуд ва бовар ин буд, ки рухдодҳои кайҳонӣ ва табиӣ, ки ҳар сол такрор мешавад, дақиқан такрори ҳамон чизе аст, ки дар азал рух додааст. Бино бар ин, ойинҳои вобаста ба замони муқаддаси рухдодҳои набзгун низ метавонист бо намоишҳое тавъам бошад, ки бо иҷрои онҳо замони устураӣ ва оғозин ба замоне ҳозир ва абадӣ табдил мегашт».[4]
Ҷаҳонбинии набзгуна ё ритмик, ки ҷаҳони зерину баринро аз қиёс бо вуҷуди одам мешиносад, ин шинохт аз набзи инсон оғоз мешавад, шарҳи ин методи омӯхтан дар иқтибосе, ки овардем, омадааст, ҳаргиз примитив, содалавҳона нест. Аз назари космологияи имрӯза ҷаҳони органикӣ – набототу ҳайвоноту кайҳон ва ҳатто ҷаҳони ҷамодиёт дар доираи як зарабони муайян сипарӣ мешаванд. Ҳатто қиёси пайдоиш, таваллуд ва марги ҷаҳони рустамиро дар қиёси зарабони одам ба таҳқиқ гирифтанд, хусусияти инсонӣ додан ба ҷаҳони беруна аст, яъне шинохти ҷаҳон аз назари гуманизм. Ин баҳс доманаи бисёр густурда дорад… Баргардем ба мубрам будан, даркориву асрӣ будани экологияи ориёниёни бостонӣ: бисёр мавриди диққати махсус гузоштани тозагии об, ҳаво, андеша, рӯҳ дар ҷаҳоншиносии гузаштагон самарҳои бешубҳа додааст. Як мисол аз таърихи фоҷеаҳои сироятӣ ин аст, ки дар асри чордаҳ (1346-1353) аз вабо (atramors) дар Аврупо зиёда аз шаст миллион одамон аз ин беморӣ фавтиданд. Дар минтақаҳо аз се як қисми аҳолӣ, дар ва Италия нисфи аҳолӣ.
Дар системаи арзишҳои ориёӣ ростӣ ва покизагӣ дар мартабаи аввал меистанд. Дурӯғ Деви Друҷ номида мешавад. Дар як шакли бисёр мудҳиш тасвир мешавад: қомати каҷу килеб, дастҳои дарози хунолуд, гӯшҳое, ки монанди бистар ҳастанд, чашмони мудҳиши ташнаи хун. Айни таззоди ҳамин ростӣ тасвир мешавад: болобаланд, чашмони равшану меҳрбор, дастони гарму ободкор… Об ва андешаи пок созанда ҳастанд, офаранда ва ободкор, шодиафзо…
Шоҳаншоҳи ориёнӣ, Хашиёршоҳ 2500 сол пеш аз милод яке аз ба истилоҳ кодекси зистномаи худро навишт, васият кард, ки онро дар санги мазораш сабт кунанд. Ин шиори зиндагии шоҳаншоҳ то имрӯз дар лавҳи санги мазораш боқӣ мондааст, ҳуҷҷатест мустанаду бешакку шубҳа аз қадру қиммат ва мартабаи арзишҳои бостонии миллати мо, аз ҷумла ростӣ, шуҷоат, мардонагӣ, собитқадамӣ....
Ин ҳуҷҷатро аз баски дақиқ аст, ҳуҷҷати бешакку шубҳа аст, намунаи барҷастаи сабки суханварии пешвоёни бостонии мост, ҷо дорад, ки комилан иқтибос кунем:
“Худои бузург аст Аҳуро Маздо, ки ин ҷаҳони шигифтофаринишро офарид, ки хирад ва тавоноиро бар Хашиёршоҳ бахшид. Хашиёршоҳ гӯяд: Ба хости Аҳуро Маздо ман чунонам, ки ростиро дӯст дорам ва аз дурӯғбезорам, ман намехоҳам, ки тавоное бар нотавон ситам кунад ва ҳам нахоҳам, ки ба тавоно аз нотавон осеб расад. Он чӣ рост аст онро меписандам. Хости Худо дар замин ошӯб нест, балки сулҳ, неъмат ва ҳукумати хуб аст. Ман дӯсти дуруғгӯён нестам, дар дили худ тухми кина намекорам, ҳар он чӣ, ки барои ба хашм оварад аз худ дур медорам, бо нерӯи хирад бар хашми худ сахт чираам. Ҳар ки ҳамкорӣ кунад ва ҳамроҳӣ пеша кунад дархӯри кӯшиши ӯро подош медиҳам, он ки газанд расонад ва ситам кунад ба андозаи гӯш молаш медиҳам. Намехоҳам касе зиён расонад ва кайфар набинад. Ё чӣ касе бар зидди дигаре бигӯяд маро қонеъ натавон кард магар он, ки бино ба қонуни нек гувоҳи дуруст оварад ва доварӣ бинад. Аз он чӣ касе фарохӯрӣтавоноии хеш анҷом диҳад ва ба ҷо оварад шодмон ва хурсанд мешавам ва хушнудиямро каронае нест, чунин аст ҳуш ва иродаи ман. Напиндор, ки замзамаҳои пинҳонӣ ва дар гӯш беҳтарин сухан аст. Бештар ба оне гӯш фаро дор, ки бепарда мешунавӣ, ту беҳтарин корро аз тавонмандон мадон ва бештар ба чизе бингар, ки нотавон сар мезанад.
Он гоҳ ту аз он чӣ бар дасти ман рафта, чӣ дар зодгоҳам ва чӣ дар овардгоҳ бубинӣ ё бишнавӣ бидон, ки ин аст тавоноии ман, ки бартар ва тезтар аз нерӯи пиндор аст. Ин аст кордонии ман. То ҷое, ки тушу тавон дорам дар ҷангҷӯ ӣҳамоварди хубам, чун дар овардгоҳ бошам касеро, ки дур мебинам ба нерӯи идрок ва хирад медонам, ки бадхоҳ аст, то ки дижандеш нест, ба нерӯи идрок ва иродаи хеш ҳамвора нахустин касе ҳастам, ки тасмим мегирад кори шоистаро, чун душманро бубинам ва чун дӯстдореро. Марде ҳастам варзида, ҳам ба даст ҳам по ва ҳангоми саворкорӣ, саворкори хубам. Дар тираафганӣ тирандозе чирадаст, чӣ бар асб бошам чӣ бо пойи пиёда. Дар найзаварӣнайзавари некам, хоҳ аз рӯйи асб хоҳ аз рӯйи хок. Инҳо ҳунарҳое ҳаст, ки Аҳуро Маздо маро бахшидааст ва тавоноии ба кор бастани онҳоро доштам. Он чӣ бар дастам рафтааст ба ёрии Яздон ҳамаро бо ҳунарҳои хеш, ки арзонии Аҳуро Маздо будааст ба анҷом расонидаам. Аҳуро Маздо маро ва корҳои маро бипояд.” (Катибаи сангии Хашиёршоҳ)
Хиштҳои аввалини тамаддунро аҷдоди бостонии ориёии мо гузоштаанд. Ин ҳақиқатро олимони табиатшинос бо чунин ҳуҷҷатҳо тасдиқмекунанд:
(а) тадқиқоти олимон Л. Даго ва Ж. Досе нишон мидиҳанд, ки 3000 сол муқаддам аз милод дар Аврупо ду ҷараёни муҳоҷират сурат мегирад; яке аз Шарқ (Осиёи Марказӣ) ба Ғарб, дигаре аз Скандинавия ба ҷанубу ғарби Аврупо... Дар ин ҷо, яъне дар Осиёи Марказӣ аҷдоди бостонии мо, ки бо чорводорӣ ва кишоварзӣ машғул буданд, конфедератсияи “Ориёниёни Бузург”-ро ташкил медоданд зиндагӣ мекарданд;
(б) ҳуҷҷати китоби- Авасто аст. Профессор Фирӯза Носирова мутахассиси генетикаи инсон аз ин китоб чунин натиҷа мегирад, ки таълимоти Авасто дар бораи муборизаи нуру зулмот, ростӣ ва дуруғ бунёди ҷаҳонбинии ориёниёнро ташкил мекунад. Масъулияти инсон дар кӯшишу пайкори зиндагии инсон бояд ҷонибдори хайр бошад, шарофат ва тазри зисти бовиҷдонро, ки “пиндори нек”, “гуфтори нек”, “кирдори нек” тақозо мекунанд риоят кунад. Ин гуфтаҳо маълуму машҳур ҳастанд. Андешаи дигари профессор Фирӯза Носирова аҳамияти муҳим дорад. “Ҳамчун яке аз воситаҳои асосии мубориза бо қувваҳои шар таълимоти авастоӣ машғулият бо чорводорӣ, заминдорӣ, афзудани неъматҳои моддиро медонад... Ин ҷаҳоншиносӣ аз пайравонаш тақозо мекард, ки кишоварзӣ ва чорводориро ҳамчун як корнамоии шарофатманд донанд... Мусаллам аст, ки ориёниён бори нахустин бо ҷамъоварии меваву гиёҳ машғул шуданд, шикорро омӯхтанд, завқи заминдориву чорводориро парвариш карданд, ки парвариши ин малака даврони зиёди таърихиро фаро мегирад.[5]”
Барои омодагии ин семинар як тадбири ба истилоҳ сотсиологӣ кардем;
дар шабакаҳои иҷтимоӣ хоҳиш намудем ки мардум андешаҳои худро дар чунин мавзӯъҳо пешниҳод кунанд;
нақши Наврӯз дар беҳдошти сиёсати ҷаҳонӣ;
пешниҳоди шумо барои густурдатар кардани нуфузи Наврӯз;
чи бояд кард, ки Наврӯз манфиати молиявӣ ва иқтисодӣ оварда тавонад;
барои ба сатҳи ҷаҳонӣ(ба мисли карнавалҳо) овардани Наврӯз чӣ пешниҳод доред.
Ростӣ гумон надоштем, ки ин пешниҳод истиқболи гарм пайдо кунад, аммо хушбахтона чанд нафар андешаҳои худро тақдим карданд, ки баъзеи онҳоро дар инҷо овардан зарур донистем;
Андешаи мардум, қаблан ки бо пешниҳодҳои мо ба сохторҳои марбута дар мавриди Наврӯз карда будем мувофиқ омадаанд. Аз ҷумла сохтани Наврӯзгоҳи бузург барои ҳадди ақал барои сад нафар ширкаткунандагон. Чанд нафар пешниҳод карданд, ки дар чунин Наврузгоҳи бузург майдонҳои алоҳида, барои гуштингирон, барои човандозон, барои таронаву рақс, майдони махсус барои шоирону мухлисони шеър, пешниҳод ҳам шудааст, ки барои ҳар як вилоят, ё барои ҳар як ноҳия ҷойи махсус барои ярмаркаҳои Наврӯзӣ сохта шавад, (ин ярмаркаҳо метавонад, ки ҳам дар Наврӯз ва ҳам тамоми сол фаъол бошанд,яъне як воситаи таъсирбахши арзон кардани молу маҳсулот, ки бевосита аз дасти истеҳсолкунанда ,-деҳқону ҳунарманд ба дасти муштарӣ мерасад,
шароити дави Наврӯзӣ ба роҳ монда шавад,
намоиши навовариҳо ихтироҳо ташкил карда шавад,
бозори китоб ва дигар дастовардҳои маънавӣ ташкил карда шавад,
Мукофотҳои махсуси Наврӯзӣ таъсис дода шавад;
Беҳтарин шеъри Наврӯзӣ;
Паҳлавони Наврӯзи соли...;
човандозӣ....
Тибқи оинҳои бостонӣ тантанаҳои рӯзи Наврӯзӣ,
чоршанбе сурӣ,
ҳамма рузҳои дигари махсуси Наврӯзӣ ки дар маҷмуъ ҳудуди як моҳро фаро мегирад, эҳё ва барпо карда шавад.
Пешниҳод кардаанд, ки аз олами ҳайвоноту ҷаҳони табиати зинда аввалин шуда сангпушт, зарқилдоқ ва чанд хазандаи дигар бедор шуда атрофро сабзгуна мебинанд ва ба бозӣ мебароянд дар баробари гулкорӣ ва дарахтшинонӣ ҳамин оғози табии Наврӯзӣ роҳи намоиши худро пайдо кунад. Як пешниҳоде ҳаст, ки бояд қайд кунем;
ҳаммаи мукофотҳо барои дастовардҳои Наврӯзӣ пурарзиш, чашмрас бошанд, то диққати ҳам шаҳрвандони Тоҷикистон ва ҳам мухлисони ҷаҳонии Наврузро ҷалб карда тавонад.
Пениҳод ҳаст, ки унвони Наврӯз дар шароити бархурди тамадунҳо чунин бошад; “Навруз намоди сулҳи башарӣ” ин пешниҳод ҳам чолиби таваҷҷуҳ аст, ки армуғонҳои датрас ба монанди футболкаҳо бо нишони Наврӯзи Тоҷикистон зиёд пешниҳод шавад.
Аслан пешниҳодҳое, ки қаблан Шуъбаи фалсафаи фарҳанги ИФСҲ ба номи А.Баҳоваддинови Академияи Миллии Илмҳои Тоҷикистон ба он ҳадаф ироа мешуданд, ки Наврӯзи Тоҷикистон ҳар чӣ бештар бозтоби умумиҷаҳонӣ пайдо кунад ва шароит фароҳам оварда шавад, ки ин тадбирҳо манфиати иқтисодиву молӣ оварда тавонанд[6].
Руйхати адабиёт
1. Фируза Насырова. Генофонд человека и проблемы биобезопасности. Душанбе 2005, с.16.
2.Муҳаммадқул Ҳазратқулов. «Наврӯзи оламафрӯз ва дигар идҳои суннатии сол».- Душанбе 2012.
3.Мероси хаттии бостон, ҷ. 1, «Бундаҳишн», саҳ. 249
4.Ризо Шаъбонӣ. «Одоб ва русуми Наврӯз». Душанбе 2011.
5.Шаъбонӣ, Ризо. “Одоб ва русуми Наврӯз”. Душанбе, 2011, саҳ. 84.
6.”Донишномаи Наврӯз” Душанбе 2016
Назри Яздонӣ - ходими пешбари илмии Институти фалсафа, сиёсатшиносӣ ва ҳуқуқи ба номи А.Баҳоваддинови АМИТ
[1]Муҳаммадқул Ҳазратқулов. «Наврӯзи оламафрӯз ва дигар идӯои суннатии сол», Душанбе 2012.
[2]Ризо Шаъбонӣ. «Одоб ва русуми Наврӯз», Душанбе 2011.
[3]Мероси хаттии бостон, ҷ. 1, «Бундаҳишн», саҳ. 249
[4]Шаъбонӣ, Ризо. “Одоб ва русуми Наврӯз”. Душанбе, 2011, саҳ. 84
[5]Генофонд человека и проблемы биобезопасности, Фируза Насырова. Душанбе 2005, с.16.
[6] Бо арзи ташаккур аз он муҳтарамоне ки дар ин таҳқиқи шабакавии мо ширкат карданд, ба Маликшоҳзода Шоҳбеги, Афросиёб Туроншоҳ, Маҷид Салим, Ҳотами Равшан, Меҳриддин Ғиёсӣ,Марям Давлатова.