Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои такомули илми биология басо мувофиқ арзёбӣ мегардад ва саҳифаҳои навинро дар ин ҷода во намуда, онро ба самти тозаву пурсамари рушди кишвар ворид сохт. Дар даврони соҳиб истиқлолӣ дар институтҳои илмӣ-таҳқиқотӣ ва донишгоҳҳо равияҳо ва ихтисосҳои нав ба нав ба роҳ монда шудаанд, ки мутахассисони сатҳи баландро омода менамоянд.
Сатҳи пешрафти илми биология дар ҷаҳон бо суръати кайҳонӣ пеш меравад. Дар тўли 30–50 соли охир тағйироти аҳаммиятнокии асбобу анҷоми методӣ ва методологӣ дар таҳқиқоти биологӣ истифодашаванда ба амал омадааст. Аз худ намудани донишҳои асри нав дар таҳқиқотҳои биологӣ, асосан аз ҳисоби истифодабарии методҳои биологияи молекулярӣ ва системавӣ мегузарад.
Инсоният бо дастовардҳои назараси илмӣ ва технологӣ куллан нав ба нав ба асри ХХI ворид гардид, ки он тарзи ҳаётро пурра тағйир дода истодааст. Дар замони муосир истифодаи самарабахши натиҷаҳои илмӣ бунёдӣ ва амалӣ омили муҳими рушди устувор дар ҳар як давлат ба ҳисоб меравад. Аз ин рӯ, бояд истифодаи технологияҳои муосирро дар тамоми соҳаҳои иқтисоди миллӣ густариш дода, тафаккури техникии аҳолӣ, дар навбати аввал, ҷавононро тақвият дод ва барои пешрафти илмҳои бунёдӣ ва техникаву технологӣ фазои мусоид фароҳам намуд. Дар ин росто аз ҷониби Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон солҳои 2020-2040 бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиӣ, дақиқ ва риёзӣ эълон гардида, чанд стратегияву барномаҳои давлатӣ қабул гардидаанд. Аз ҷумла, Стратегияи миллии рушди фанҳои табиӣ, дақиқ ва риёзӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021-2030, Стратегияи рушди “зеҳни сунъӣ” дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2040, Барномаи мақсадноки давлатии рушди илмҳои риёзӣ, дақиқ ва табиӣ барои солҳои 2021-2025 ва ғайра.
Дар солҳои 2000 то ин ҷониб дар илми растанишиносӣ ҳодисаи калидӣ ба амал омад: геноми (Arabidopsis thaliana L.) пурра рамзгузорӣ шуд. Дар солҳои гузашта геноми шолӣ ва юнучқа, сафедор ва чойҷуворӣ, ангур ва ҷуворимакка, афлесун ва мандарин, какао ва қулфинай, себ ва бангдона (канаб) сиквениронда шудаанд. Аз худ намудани геномҳои гандум, картошка, ҷав, нилуфар, помидор, маниока ва нахли харбуза ба анҷом расида истодааст. Биология ба давраи инкишофи баъдигеномӣ (рost-genomics world of science) гузашта истодааст. Дар ин давра таҳқиқоте омада истодаанд, ки бо сиквениркунии геном ва сафедаҳо оғоз ёфта, бо муайяннамоии вазифаи генҳои алоҳида, сафедаҳо ва метаболитҳо ва пайдоиши эволютсионии онҳо ба анҷом мерасанд. Ба сифати маркази ҳама ин таҳқиқот «ахбор оид ба сиквенси геном» хизмат мекунад. Маҳз он асосро барои таҳлили раванди дар дараҷаи гуногун: биохимиявӣ, генетикӣ, танзимӣ, ҳуҷайравӣ, организмӣ ва эволютсионии дар организм ба амал меомадаро медиҳад.
Замоне, ки маълумот оид ба сиквенсҳои пурраи геномҳо пайдо шуданд, илми нав – геномика ба вуҷуд омад, ки таркиби нуклеотидии геном, принсипҳои фаъолияти генҳои алоҳида, маҷмуи онҳо ва эволютсияи геномро меомўзад. Мақсади геномика ба муайяннамоии он, ки чи гуна ҳуҷайраҳо дар организми бисёрҳуҷайра, дорои генҳои ба ҳам дигар монанд буда, ин хел бофтаҳо ва узвҳои гуногунро ҳосил мекунад, ки дар баробари он махсусияти хоси сохторӣ ва функсионалиро дорост.
Имконияти дар як вақт таҳлилнамоии алоқамандии тамоми КРНм (транскрипт) ва сафедаҳо (протеомҳо) ба вуҷуд меояд, ки махсусияти функсионалии ҳуҷайра ва бофтаҳои хос ё узвро дар зинаи муайяни онтогенез вобаста ба шароити муҳит муайян мекунад. Бошиддат методҳои таҳлили метаболом – алоқамандии тамоми метаболитҳои ба ҳуҷайра, бофта ё узв дар зинаи муайяни онтогенез вобаста аз шароити муҳит амалӣ шуда истодаанд. Дар айни замон садҳо мақолаҳо дар соҳаи протеомика ва метаболомикаи растаниҳо чоп шуда истодаанд. Баъд аз гирифтани маълумот доир ба молекулаҳои алоҳида, ки протеом ва метаболоми ҳуҷайраро ба вуҷуд меоранд, қадами минбаъда бобати ташкилдиҳии тасвири пурраи сохторӣ ва функсионалии раванди ҳуҷайравӣ ба ҳисоб меравад. Дар ин ҳолат ҳатман масъалаҳои фаҳмиши принсипҳои идоранамоии физиологияи ҳуҷайра, рамзкушоии механизмҳои реаксияҳои ҷавобии он ба ангезандаҳои берунӣ ва дохилӣ ва инчунин мураттаб намудани «технология»-и коркард ва нигоҳдории ахборӣ ба вуҷуд меояд.
Инкишофи саноати кишварҳо даҳҳо миллиард маблағро дар таҳқиқоти фундаменталӣ ва амалӣ дар соҳаи технологияҳои баланди биологияи муосир ва маблағи калонро дар истифодабарии таҷрибавии он сарф мекунанд. Дар аҳаммиятнокӣ ва масштабии таҳқиқот дар соҳаи биология аз он шаҳодат медиҳад, ки танҳо дар 4 соли охир дар кишварҳои саноаташ инкишофёфтаи ҷаҳон (ИМА, Англия, Ҷопон, Олмон, Фаронса) дар технологияҳои информатсионии ба биологияи молекулярӣ, генетика, биотехнология, тиб, биологияи кишоварзӣ равона шуда зиёда аз 30 миллиард доллар сармоягузорӣ мешавад. Дар ИМА масраф ба таҳқиқоти биологӣ дар замони муосир то 50%-и тамоми сармоягузориҳо дар самти илмро ташкил медиҳад.
Мотиватсияи онҳо – ин бехатарии миллии дилхоҳ кишвар аз соҳиб будани технологияи баланди биологияи муосир ва истифодабарии амалии онҳо дар саноат, нигоҳдории тандурустӣ, соҳаҳои иҷтимоӣ ва демографӣ, нигоҳбонии муҳити зист, истеҳсоли маҳсулоти ғизоӣ вобастагӣ дорад. Дар баробари ин нақши муҳимми қатъиро дар биологияи муосир биологияи системавӣ ва информатсионӣ мебозад.
Биологияи информатсионӣ ба шумораи технологияи баланди биологияи муосир дохил мешавад ва асосҳои информатсионӣ – компютерӣ ва назариявии генетика ва селексия, генетика ва биологияи молекулярӣ, муҳандиси генетикӣ ва сафедавӣ, биотехнология, генетикаи тиббӣ, генодиагностика, генотерапия ва экологияро таъмин мекунад.
Аз солҳои 1980-1985 дар Шуъбаи илмҳои биологияи АМИТ таъминоти таҷҳизотҳои ҳозира замон на он қадар ба роҳ монда шудабуд. Боиси ифтихор аст, ки танҳо дар давраи Истиқлолияти Ҷумҳурии Тоҷикистон Озмоишгоҳи Маркази илмӣ-таҳқиқотии экология ва муҳити зисти Осиёи Марказӣ (ш.Душанбе). Дар Иститути ботаника, физиология ва генетикаи растании АМИТ Озмоишгоҳи “Бехатарии биологӣ”. Бо дастуру супоришҳо ва дастгирии бевоситаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон академик Хушвахтзода Қ.Х. дар самти илм дар Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон 3 озмоишгоҳи муосири илмӣ ба зерсохторҳои Шуъбаи илмҳои биология харидори шуд. Аз ҷумла дар Институти ботаника, физиология ва генетикаи растанӣ “Озмоишгоҳи биотехнология” дар Институти зоология ва паразитологияи ба номи Е.Н. Павловский “Озмоишгоҳи паразитологӣ” ва дар Институти биологии Помир ба номи Х.Ю. Юсуфбеков “Озмоишгоҳи биохимиявӣ ва биотехнологӣ” харидори шудааст. Аз ин озмоишгоҳҳо метавонанд тамоми донишмандони соҳаи илми биология корҳои илмӣ-таҳқиқотии худро дар сатҳи баланди илми муосири биология истифода намоянд. Таҷҳизотҳои имрӯза ҷавобгӯи сатҳи баланди илми ҷаҳон мебошад.
Дар охир мехостам аз мутахассиси маъруф дар соҳаи биологияи системавӣ ва информатсионӣ, профессори Институти технологии Массачусет Эрик Ландер (Eric S. Lander, 2003) иқтибос оварам: «Биология бо яке аз револютсияҳои бештар фундаменталӣ рў ба рў мешавад, ки то ҳол дар ягон илм мушоҳида намешуд. Вай аз илми пурра лабораторӣ ба илми аз технологияи информатсионӣ асосёфта табдил ёфта истодааст. Тамоми ХХ асрро метавон ҳамчун як муқаддима ба ин биологияи информатсионӣ диди назар кард. Ва он чизе ки ҳоло мондааст – ин ба насли минбаъдаи биологҳо додани калиди аз ҳама беҳтарин китобхонаи информатсионӣ дар ин ҷаҳон мебошад».
Мирзораҳимзода А.К. доктори илмҳои биологӣ, Ноиби президент
Раиси Шуъбаи илмҳои биологияи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон