Skip to main content

(дар ҳошияи қабул қатъномаи Маҷмаи Умумии СММ дар бораи «Соли байналмилалии маърифати ҳуқуқӣ, 2027» A/80/L.24 аз 12 декабри соли 2025)

12 декабри соли 2025 дар доираи иҷлосияи 80-уми Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид ҷаласаи 61-уми пленарӣ баргузор гардид, ки дар он қатънома таҳти унвони «Соли байналмилалии маърифати ҳуқуқӣ, 2027», ки бо ташаббуси Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пешниҳод гардида буд, бо иттифоқи оро қабул гардид.

Боиси ифтихори бузург ва сарбаландии миллӣ аст, ки бо ташаббуси оқилона ва дурандешонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои муаззами миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон имрӯз 16 қатъномаи Созмони Милали Муттаҳид қабул гардида, номи Тоҷикистони азизамонро ҳамчун кишвари пешбари сулҳпарвар, ташаббускор, ҳомии манфиатҳои умумибашарӣ ва муҳофизи ҳуқуқи инсон дар арсаи ҷаҳонӣ боз ҳам баланд бардошт.

Воқеан дар шароити муосири ҷаҳонӣ, ки бо афзоиши низоъҳо, поймолшавии меъёрҳои ҳуқуқи байналмилалӣ ва зарурати таҳкими сулҳу субот ҳамроҳ аст, ташаббусҳои байналмилалӣ барои баланд бардоштани маърифати ҳуқуқӣ аҳамияти хоса пайдо мекунанд. Дар суханронии худ Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар мубоҳисаҳои умумии иҷлоси 80-уми Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид (СММ) аз 23 сентябри соли 2025, ки ба 80-умин солгарди таъсиси СММ бахшида шуда буд, пешниҳод намуда бунад, ки Соли байналмилалии маърифати ҳуқуқӣ эълон гардад, то фарҳанги шаффофият, адолат ва риояи ҳуқуқро дар сатҳи ҷаҳонӣ тақвият бахшад. Ин пешниҳод дар заминаи таҷрибаи миллӣ Тоҷикистон, аз ҷумла эълони соли 2024 ҳамчун "Соли маърифати ҳуқуқӣ" дар кишвар сурат гирифта буд, ки ба баланд бардоштани дониши ҳуқуқии шаҳрвандон ва таҳкими арзишҳои конститутсионӣ мусоидат намудаанд. Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид намуда буданд, ки "риояи қатъии ҳуқуқи байналмилалӣ ва маърифати ҳуқуқӣ пояи ҷомеаи одилона ва устувор мебошанд".

Маърифати ҳуқуқӣ ҳамчун маҷмуи андешаҳо дар бораи қонун, татбиқи он ва ҳифзи ҳуқуқ фаҳмида мешавад, ки дар шаклҳои маҳдуд (муносибатҳои танзимшавандаи ҳуқуқӣ) ва васеъ (анбори донишҳои ҳуқуқӣ) зоҳир мегардад. Он асоси рафтори қонунӣ буда, ба коҳиши нигилизми ҳуқуқӣ ва таҳкими эҳтиром ба қонун мусоидат мекунад. Дар асоси Консепсияи сиёсати ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2018-2028, баланд бардоштани маърифати ҳуқуқӣ самти муҳим аст, ки тавассути тарбияи ҳуқуқӣ, илми ҳуқуқӣ ва омӯзиши кадрҳо амалӣ мешавад. Таҳлили заминаи миллӣ нишон медиҳад, ки эълони соли 2024 ҳамчун "Соли маърифати ҳуқуқӣ" дар Тоҷикистон заминаи амалии ин пешниҳод аст. Дар ин сол, ҳадафҳои калидӣ муайян шуданд: баланд бардоштани сатҳи маърифати ҳуқуқии шаҳрвандон, тарғиби арзишҳои ҳуқуқӣ ва демократӣ, мустаҳкам намудани ҳуқуқҳои инсон, таъмини волоияти қонун, ташаккули рафтори ҳуқуқӣ, васеъ кардани дастрасӣ ба иттилооти ҳуқуқӣ ва омӯзиши мутахассисони ҳуқуқшиноси забондон. Ин ҳадафҳо тавассути чораҳо, аз қабили ҷоннок кардани тарғиби ҳуқуқӣ, таъмини дастрасии васеъ ба санадҳои ҳуқуқӣ ва таъсиси сомонаҳои ягонаи миллӣ, амалӣ шуданд. Аз ҷиҳати илмӣ, ин ҳадафҳо бо пажӯҳишҳо ҳамоҳанганд, ки маърифати ҳуқуқӣ ба пешгирии ҳуқуқвайронкуниҳо ва таҳкими ҷомеаҳои демократӣ мусоидат мекунад, зеро он эҳтиром ба қонун ва масъулияти ҳуқуқиро ташаккул медиҳад.

Соли байналмилалии маърифати ҳуқуқӣ, 2027 дар расидан ба Ҳадафҳои Рушди Устувор, хусусан Ҳадафи 4 (Таълими сифатнок) ва Ҳадафи 16 (Адолат ва институтҳои қавӣ) нақши калидӣ дорад, зеро он ба пешгирии поймолкуниҳо ва таҳкими ҳуқуқҳои инсон мусоидат мекунад. Ҳамчунин, ҳуқуқи байналмилалӣ ҳамчун механизми татбиқи Ҳадафҳои Рушди Устувор эътироф шудааст, ки дар он маърифати ҳуқуқӣ барои эҷоди муҳити мусоид барои рушди устувор зарур аст. Таҷрибаи Тоҷикистон дар эълони соли маърифати ҳуқуқӣ (2024) намунаи амалӣ аст, ки ба баланд бардоштани сатҳи маърифати ҳуқуқӣ, тарғиби арзишҳои демократӣ ва ҳимояи ҳуқуқҳои инсон нигаронида шуда буд.

Таҳлил нишон медиҳад, ки ин эълони “Соли байналмилалии маърифати ҳуқуқӣ, 2027” аз рӯи чанд заминаи илмӣ муҳим аст:

- Мубориза бо поймолкунии ҳуқуқҳо. Дар шароите, ки ҷомеаи ҷаҳонӣ шоҳиди нодида гирифтани меъёрҳои ҳуқуқӣ аст, маърифати ҳуқуқӣ ҳамчун воситаи пешгирии низоъҳо ва таҳкими сулҳ амал мекунад.

- Рушди устувор. Мувофиқи Ҳадафҳои Рушди Устувор, маърифати ҳуқуқӣ ба таҳкими давлатҳои ҳуқуқбунёд мусоидат намуда, ба расидан ба 17 ҳадаф то соли 20230 кӯмак мерасонад. Аз ҷумла, барҳам додани камбизоатӣ, барҳам додани гуруснагӣ, саломатии хуб ва некӯаҳволӣ, таълими сифатнок, баробарии гендерӣ, об ва беҳдошт, энергияи дастрас ва тоза, кории шоиста ва рушди иқтисодӣ, саноат, навоварӣ ва инфрасохтор, кам кардани нобаробарӣ, шаҳрҳо ва ҷамоатҳои устувор, истеъмол ва истеҳсоли масъулиятнок, мубориза бо тағйирёбии иқлим, ҳифзи ҳаёти зериобӣ, ҳифзи ҳаёти хушкигард, сулҳ, адолат ва институтҳои қавӣ, шарикӣ барои ҳадафҳо.

- Таҷрибаи байналмилалӣ. Солҳои байналмилалӣ, мисли Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо (2025), намунаҳои муваффақи таъсир ба сиёсатҳои ҷаҳонӣ мебошанд.

Эълони “Соли байналмилалии маърифати ҳуқуқӣ, 2027” ба самтҳои калидии ҷомеаи ҷаҳони таъсири мусбат мерасонад. Дар самти таълим ва тарбия имкониятҳои рушди барномаҳои байналмилалӣ барои баланд бардоштани дониши ҳуқуқӣ дар байни ҷавонон ва занон метавонад бо ҳамкории ЮНЕСКО амалӣ шавад. Дар бахши ҳуқуқи инсон тақвияти мониторинги ҳуқуқвайронкунӣ тавассути ЮНИСЕФ ва Созмони Байналмилалии Меҳнат имконпазир аст, ки ба пешгирии зӯроварӣ мусоидат мекунад. Ниҳоят, дар самти сулҳу субот ҳамоҳангсозии низоъҳо тавассути дипломатияи ҳуқуқӣ мусоидат намуда, саҳми арзанда дар қабули қатъномаи навбатии СММ «Даҳсолаи таҳкими сулҳ ба хотири наслҳои оянда» мегузорад.

Эълони “Соли байналмилалии маърифати ҳуқуқӣ, 2027” на танҳо аксуламал ба вазъи кунунӣ, балки стратегияи дарозмуддат барои таҳкими низоми байналмилалӣ аст, ки бо пажӯҳишҳои илмӣ дар бораи нақши ҳуқуқ дар рушди устувор ҳамоҳанг мебошад. Таҷрибаи соли 2024 дар Тоҷикистон нишон медиҳад, ки чунин ташаббусҳо метавонанд ба таҳкими рафтори ҳуқуқӣ, оштинопазирӣ нисбат ба ҳуқуқвайронкуниҳо ва ногузирии масъулияти ҳуқуқӣ мусоидат кунанд, ки ин барои сатҳи байналмилалӣ намунаи ибрат мебошад. Ин қатънома даъвати амалӣ барои таҳкими ҳуқуқи байналмилалӣ аст. Он метавонад ҳамчун пуле барои ҳамкории байнидавлатӣ хидмат кунад ва ба ҳифзи ҳуқуқи инсон дар кулли ҷаҳон мусоидат намояд. Ин қатънома саҳми Тоҷикистон дар устувор намудани маърифати ҳуқуқии аҳолии кулли ҷаҳон ва намунаи эҳтироми қонун барои ҷомеаи байналмилалӣ мебошад.

Дар қатънома дарҷ шудааст, ки давлатҳоро даъват менамоед, ки иқтидорҳои миллиро барои таълими ҳуқуқӣ ва маърифати ҳуқуқӣ таҳким бахшанд, аз ҷумла тавассути таҳия ва амалӣ гардонидани нақшаҳо ва стратегияҳои миллӣ ва созмонҳо ва ниҳодҳои дахлдори низоми Созмони Милали Муттаҳидро даъват менамояд, ки ҳангоми дархост кӯмаки техникӣ ва сохтмони иқтидорҳо пешниҳод намоянд ва таҷрибаҳои миллӣ, таҷрибаҳои беҳтарин ва дарсҳои омӯхташударо дар бораи пешбурди маърифати ҳуқуқӣ мубодила кунанд ва дар ин замина таҷрибаи Тоҷикистонро дар эълон кардани соли 2024 ҳамчун Соли маърифати ҳуқуқӣ дар кишвар барои мусоидат ба огоҳии ҳуқуқӣ миёни шаҳрвандонаш намунаи ибрат аст.

Қабул қатъномаи Маҷмаи Умумии СММ дар бораи «Соли байналмилалии маърифати ҳуқуқӣ, 2027» A/80/L.24 аз 12 декабри соли 2025 эътирофи байналмилалии ташаббускори ҷаҳонии маърифати ҳуқуқии будани Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои муаззами миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мебошад. Ин дастовардҳо на танҳо саҳми арзандаи Тоҷикистон дар ҳалли мушкилоти ҷаҳонӣ мебошанд, балки далели равшани он аст, ки овози миллати мо дар Маҷмаи Умумии СММ шунида мешавад ва ташаббусҳои Пешвои миллат ҷомеаи ҷаҳониро ба роҳи адолат, сулҳ ва рушди устувор ҳидоят мекунанд.

САНГИНЗОДА ДОНИЁР ШОМАҲМАД, муовини директори Институти омӯзиши масъалаҳои давлатҳои Осиё ва

Аврупои Академияи милии илмҳои Тоҷикистон оид ба илм ва таълим, доктори илмҳои ҳуқуқшиносӣ, профессор.

(Эҳдо ба ифтихори ҳаёт ва фаъолияти илмӣ ва илмӣ-ташкилии академики маъруф ва Арбоби шоистаи илми Ҷумҳурии Тоҷикистон

Хуршед Ҳилолович КАРИМОВ)

Коре, ки туро ба ҳақ расонад илм аст,

Моле, ки зи ту кас наситонад, илм аст.

Бе илм талаб макун ту андар олам,

Чизе, ки туро зи ғам раҳонад, илм аст.

2123Боре аз Луқмони Ҳаким пурсидаанд, ки кадом пироҳан аст, ки ҳаргиз он кӯҳнатар нашавад? Ӯ сар ба ҷайби андеша фурӯ бурда ва баъди сипарӣ гардидани муддати муддате чунин посух додааст, ки ин номи неку кори нек!

Оре, барҳақ дуруст гуфтааст ин ҳаким. Аз ин рӯ, қаҳрамони нигоштаи мо, академики маъруф ва олими оламшумул, доктори илмҳои биологӣ (1974), узви вобастаи Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон (1981), академики АИ ҶТ (1985) аз рӯи ихтисоси «Селексия, растанипарварӣ», ки самтҳои асосии фаъолияти илмии номбурда аслан гирем, ихтисосҳои физиология, биохимия, биотехнология, генетика, селексия, экологияи растаниҳо ва инчунин растанипарварӣ маҳсуб меёбад, устоди гиромиқадр ва донишманди мумтоз Каримов Хуршед Ҳилолович мебошанд, ки аз худ кори нек ва аъмоли басо ҳам некро ба ёдгор мондаанд.

Лозим ба тазаккур аст, ки ҳар яки мо аз китоби “Алифбо” аввалин ҳарфҳоро омӯхтаем ва хело ҳам хуб медонем, ки устоди азизу гиромиқадри мо, Хуршед Каримов - фарзанди муаллифи китоби мазкур, зиндаёд Ҳилол Каримов ба ҳисоб мераванд, ки рӯзи 10 – уми декабри соли 1935 дар шаҳри бостонии Самарқанд зода шудаанд.

Падарашон аслан аз шаҳри бостонии Канди куҳан, яъне Конибодоми имрӯза буданд. Азбаски Ҳилол Каримов инсони донишманд ва омӯзгори маъруф ба ҳисоб мерафтанд, солҳои 30-юми асри гузашта низ бо мақсади барҳам додани маҳви бесаводӣ ва таълиму тарбияи атфоли хурдсол, муддате дар шаҳри Самарқанд ба ҳайси муаллим ва фидоии ҷомеа кору фаъолият намудаанд.

Маврид ба зикр аст, ки даврони бачагӣ ва овони ҷавонии Хуршед Ҳилолович Каримов дар шаҳри Душанбе гузаштааст. Соли 1943 ӯ ба яке аз мактабҳои маъруф ва номии пойтахти мамлакат, ки он солҳои шаҳри Сталинобод номида мешуд, ба мактаби миёнаи таҳсилоти умумии №1 шомил гардида, азбаски аълочии хониш буданд, аз ин рӯ соли 1953 онро бомуваффақият ва ҳамзамон бо медали тилло хатм кардааст.

Хуршеди ташнаи илму дониш ва басо ҳам кунҷкову сермутолиа бо хоҳиши худ ва дуои волидайнаш соли 1953 баъди хатми мактаби миёнаи №1-и пойтахт ба яке аз донишгоҳҳои бонуфуз Донишгоҳи давлатии шаҳри Москва ба номи Михаил Василевич Ломоносов ба факултети биология ва хокшиносӣ дохил шуда, дар Кафедраи биохимияи растаниҳо аз рӯи ихтисоси «Биохимияи растаниҳо» соли 1958 бомуваффақият хатм намудааст.

Сипас, худи ҳамон сол ба Шуъбаи рӯзонаи аспирантураи Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон дар назди Институти ботаника аз рӯйи ихтисоси «Физиологияи растаниҳо» шомил мешавад. Ҳангоми таҳсил дар аспирантура роҳбари илмии ӯ яке аз фитофизиологҳои хело ҳам маъруфи рус, доктори илмҳои биология, профессор Александр Аркадевич Прокофев буд. Ин олими бузургу закӣ дар рушди илми физиология ва биохимияи растаниҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон саҳми басо ва ҳам боризи худро гузоштааст.

Лозим ба тазаккур аст, ки фаъолияти кории академик Каримов Х.Ҳ., пас аз хатми ин донишгоҳи олии бонуфуз, соли 1958 аз вазифаи ходими хурди илмӣ шурӯъ гардид. Сипас номбурда ба ҳайси ходими калони илмӣ, мудири озмоишгоҳ солҳои 1961-1966, муовини директори Институти физиология ва биофизикаи растании Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон солҳои 1966-1986, инчунин директори ҳамин институт солҳои 1986 - 2011 шуда кор кардааст.

Тавре устодони бузургсоламон ва ҳолдонҳо нақл карданд соли 1973 собиқ Институти физиология ва биофизикаи растании Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистонро аз кӯчаи Ҳамза Ҳакимзода -17, ба бинои нав, яъне ба шаҳраки академӣ - кӯчаи Садриддин Айнӣ - 299 кӯчонданд. Дар ин самт саҳми мавсуф хело ҳам назаррас маҳсуб меёфт, чунки дар бинои нав барои гузаронидани корҳои илмӣ - таҳқиқотӣ тамоми шароитҳои зарурӣ ва барои парвариши набототи соҳаи кишоварзӣ дар қитъаи илмӣ – таҷрибавии ҷудошуда имкониятҳои зиёде вуҷуд доштанд.

Маҳз баъди ба ин бино гузаштани институт таҳти роҳбарии Хуршед Каримов ва олимони басо ҳам ботаҷрибаю ҷавони онвақта, аз қабили Юсуф Саидович Носиров, Ваҳҳоб Бобоҷонов, Султонназар Маҳмадбеков ва шогирдаш Сайидалӣ Гулов як гармхонаи рӯйизаминӣ барои парвариши лимую апелсин бунёд карда шуд.

Дар озмоишгоҳи агрофизиология таҳқиқоти маҷмаавӣ оид ба асосҳои физиологӣ ва агротехникии ташаккулёбии соҳаи ситруспарварии саноатӣ дар Тоҷикистон гузаронида шуданд. Натиҷаҳои омӯзиши шароити микроиқлим дар лимӯхонаҳои хандакию рӯизаминӣ ва хусусиятҳои физиологии ситрусиҳо дар шароити онҳо ба асосҳои коркарди усулҳои парвариши ин зироатҳо дар иншоотҳои парвариши типи рӯизаминии лимон замина гузоштанд.

Якҷоя бо мутахассисони Бюрои махсуси конструкторӣ – технологии АИ Тоҷикистон лоиҳа коркард карда шуда, лимӯхонаи таҷрибавӣ дар масоҳати 500м2 сохта шуд. Аз ҷониби мутахассиони варзида С.Маҳмадбеков, С.М.Гулов, Л.М.Махмадбекова, Г.Юсуфӣ дар асоси натиҷаҳои таҳқиқотҳои гузаронида шуда агротехникаи муосири парвариши лимон коркард карда шуд. Дар 1 гектар замин зиёда аз 1800 ниҳоли лимони навъи Мейер ҷойгир карда шуда, аз он бештар аз 80 тонна аз як гектар ҳосил ба даст оварда шуд. Таркиби механикӣ ва биохимиявии меваи лимон вобаста аз таъсири шароитҳои гуногуни агротехникии парвариш ва нигоҳдории дарозмуддати лимонҳо дар ниҳолҳо (усули биологии нигоҳдории лимон) мавриди омӯзиш қарор гирифтанд. Таҳқиқот оид ба омӯзиши ҳосили иқтидории зироатҳои ситрусӣ ҳангоми оптималикунонии шароити парвариш (ҳаво, намнокӣ, ғизо) барои системаи реша, инчунин таркиби агрохимиявии хок ва растанӣ бо мақсади таъсиси системаи автоматикунонидашудаи обёрӣ ва додани моддаҳои ғизоӣ гузаронида шуданд

Татбиқи васеи натиҷаҳои таҳқиқоти институт дар истеҳсолот оид ба саноатикунонии усули парвариши зироатҳои ситрусӣ имконият дод, ки айни ҳол Тоҷикистон ба базаи асосии истеҳсолкунандаи лимон дар Осиёи Марказӣ табдил ёфтааст.

Маҳз бо ташаббуси академик Каримов Х.Ҳ. Озмоишгоҳи асосҳои физиологии растанипарварии самаранок таъсис дода шуда, аввалин мудири ин озмоишгоҳ мавсуф дар коркарди системаи тамоми сол истифодабарии заминҳои обёришаванда саҳми назаррас гузоштааст. Усулҳои гуногуни интенсификатсияи растанипарварӣ дар заминҳои обёришаванда, аз ҷумла нақшаи кишти пахта, зироатҳои хӯроки чорвои мобайнии дар зимистон нашвкунанда ва ғайраҳо коркард карда шудааст.

Аз ҷониби академики АИ ҶТ Х.Ҳ.Каримов усулҳои таҳрезишудаи гирифтани 2-3 ҳосил дар як сол дар асоси баҳисобгирии нурафкании нурҳои фаъоли фотосинтетикӣ ва истифодаи меъёрҳои оптималии нуриҳои маъданӣ коркард шудааст Тавсияҳои пешниҳодшуда оид ба растанипарварӣ дар тамоми сол дар заминҳои обёришаванда тайи солҳои зиёд дар соҳаи кишоварзии ҷумҳурӣ истифода бурда мешаванд.

Бар замми ин дар озмоишгоҳ корҳои илмӣ - таҳқиқотии экологию генетикӣ, физиологию биохимиявӣ ва селексионии зироатҳои асосии соҳаи кишоварзӣ, аз қабили пахтаю гандум, тритикалею мушунг ва ҷавдор оғоз гардида натиҷаҳояшон зуд ба истеҳсолот ҷорӣ карда шуданд. Инчунин дар ин ҷо мушкилоти асосии таҳқиқотҳои илмии институт ва масоили омӯзиши раванди фотосинтез дар сатҳи молекулавӣ, биохимия, физиология ва генетика ба роҳ монда шуданд.

Хуршед Каримов баъдан солҳои 1995 - 2001 ба сифати академик - котиби Шуъбаи илмҳои биология ва тиб, солҳои 2001-2010 дар вазифаи ноиби президенти Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, баъдтар узви Раёсати Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, соли 2010 ва сипас аз соли 2011 сарходими илмии Институти ботаника, физиология ва генетикаи растании АИ ҶТ ва ҳамзамон номбурда дар давраи солҳои 1989 – 1991 як даъват вакили халқии ИҶШС интихоб гардидааст.

Хизматҳои шоёни академики АИ ҶТ Каримов Х.Ҳ. аз ҷониби давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо медалҳои «Барои меҳнати шоён ба муносибати ҷашни 100 - солагии зодрӯзи В.И. Ленин», медали ҷашнии «20-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон», ифтихорномаҳои Раёсати Шурои Олии Ҷумҳурии Шӯравии Сотсиалистии Тоҷикистон қадр карда шудаанд.

Бар замми ин академики АИ ҶТ Каримов Х.Ҳ. ба ҳайси раиси Ҷамъияти физиологҳои растании Тоҷикистон (1989), аъзои ҳайати таҳририяи маҷаллаи «Физиологияи растаниҳо» (Академияи илмҳои Россия) аз рӯйи тахассуси «Фотосинтез ва маҳсулнокии растаниҳо» маҳсуб ёфта, ҳамчун аъзои Шурои илмии АИ ИҶСШ (солҳои 1989-1991), аъзои фахрии Ҷамъияти физиологҳои Россия (1993) хизмат намуданд.

Ҳамзамон академик Х.Ҳ. Каримов аз соли 1982 муовини сармуҳаррир, баъдан аз соли 1991 то соли 2000 роҳбари ҳайати таҳририяи маҷаллаи «Ахбори АИ ҶТ. Шуъбаи илмҳои биология ва тиб», аз соли 1995 то соли 2014 муовини сармуҳаррири маҷаллаи «Гузоришҳои Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон» шуда кору фаъолият намудаанд.

Илова бар ин гуфтаҳои мо, устоди гиромиқадр ва донишманди мумтоз Хуршед Ҳилолович Каримов муаллифи зиёда аз 400 асарҳои илмӣ, дар маҷмӯъ 11 китоб мебошанд. Хизмати академик Х.Ҳ. Каримов дар рушди илми биология дар Тоҷикистон бағоят калон аст.

Аз соли 1995 то соли 2013 устод Х.Ҳ. Каримов ба ҳайати Раёсати Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон шомил буданд ва ҳамзамон аз соли 1995 то соли 2000 дар вазифаи академик- котиби Шуъбаи илмҳои биология ва тибби Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон кору фаъолият намуда, аз соли 2001 то соли 2010 ноиби президенти АИ ҶТ буданд.

Барои саҳми арзанда дар рушди илми биология дар Тоҷикистон, дастовардҳои намоёни илмӣ ва татбиқи онҳо дар истеҳсолот, инчунин омода намудани як зумра кадрҳои баландихтисос, фаъолияти хуби илмӣ - ташкилотчигӣ ва омӯзгорӣ академик Х.Ҳ. Каримов соли 1996 бо унвони фахрии «Арбоби шоистаи илми Ҷумҳурии Тоҷикистон» сазовор гардонида шудааст. Соли 2011 ӯ бо Ҷоизаи давлатии баландмақоми Ҷумҳурии Тоҷикистон ба номи Абӯалӣ ибни Сино дар соҳаи илмҳои биология, тиб ва кишоварзӣ мушарраф гардидааст.

Бояд гуфт, ки устод инчунин ба забони модарии худ низ мақолаҳои илмию оммавии зиёде нашр намудаанд, ки аз ҷумлаи “Ба кор бурдани плёнкаҳои полиэтилинӣ дар сабзавоткорӣ”, “Биохимия”, ”Гапи нав бояд гуфт!”, “Давраи нашв”, “Ду-се бор ҳосил рӯёнем!”, “Замин асрор мекушояд”, “Кислотаҳои нуклеат”, “Кислотаҳои рибонуклеат”, “Кислотаҳои дезоксирибонуклеат”, “Кошифони илми оянда”, ”Матинҷ”, “Нитратҳо: суд ва зиён”, “Олимон-ба истеҳсолот”, “Омилҳои фаровонҳосилӣ”, ”Ревоҷи тагисангӣ”, “Тамоми сол - ҳосили фаровон”, “Тухмӣ ҳасту майдон не”, “Физиологияи растанӣ” ва ғайра ба қалами устоди гиромиқадри мо тааллуқ доранд.

Хулласи калом, устоди накӯному зиндаёди мо Хуршед Ҳилолович Каримов барои омода намудани кадрҳои баландихтисоси илмӣ дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон таваҷҷӯҳи махсус медоданд. Таҳти роҳбарии устод дар маҷмӯъ 15 рисолаи номзадӣ ва якчанд рисолаҳои докторӣ дифоъ карда шудааст.

Илова бар ин академик Каримов Х.Ҳ. аз соли 1987 то охири умрашон муттасил Раиси Шурои диссертатсионии Д047.00.01 аз рӯйи ихтисосҳои «Физиологияи растаниҳо» (2002) ва «Физиология ва биохимияи растаниҳо» (аз соли 2003) дар назди Институти физиологияи растанӣ ва генетикаро ба зимма доштанд.

Дар давраи роҳбарии устод дар Шурои мазкур, ҷамъ 24 рисолаи докторӣ ва 94 рисолаи номзадӣ дифоъ карда шудааст, ки зиёда аз нисфи онҳо кормандони худи Институт буданд (12 рисолаи докторӣ, 45 рисолаи номзадӣ). Гуфтан, ҷоиз аст, ки ягон рисола аз ҷониби Комиссияи олии аттестатсионии Федератсияи Россия бозгардонида нашуда буд ва Шуро ҳам ягон эроде низ нагирифтааст.

Дар фарҷом бояд зикр кард, ки устоди гиромӣ вақтро ҳамеша ғанимат шуморида, мудоб дар шитоб буданд ва ҳамзамон манфиати давлату миллатро аз ҳама болову воло медонистанду илми тоҷикро дар ҳама ҷо ва ҳамеша ҳифз мекарданд. Покниҳоду покизахисол ва инсони асилу олими соҳибхирад буданд. Ёди некашон гиромию рӯҳи покашон мудом шод бод!

Сафҳаи даҳр бувад дафтари умри ҳама халқ,

Ончунон гуфт хирадманд, ки андеша гумошт.

Хуррам он кас, ки дар ин дафтари пок,

Рақами хайр кашиду асари нек гузошт.

То ҷаҳон боқист номи неку нақши мондагори ин Хуршеди хирад ва тобони илми тоҷик, ҳамеша дар дилу дидаҳои мо – идомадиҳандагони кору пайкори устоди накӯномамон ҳамеша боқӣ хоҳад монд. Ба ифодаи Саъдӣ:

Зиндаю ҷовид монд, ҳар ки накӯном зист,

К-аз ақибаш зикри хайр зинда кунад номро!

БОБОЗОДА Бақохоҷа Бобо, директори Институти ботаника, физиология ва генетикаи растании АМИТ

Дар 43-умин Конференсияи генералии ЮНЕСКО, ки 6 ноябри соли 2025 дар Самарқанд баргузор шуд, "Устувонаи Куруши Бузург" (Хартия ё Манифести Куруш) расман яке аз аввалин ҳуҷҷатҳое дар таърихи ҷаҳонӣ эътироф карда шуд, ки дар он принсипҳои асосии ҳуқуқи инсон баён шудааст.

Устувонаи Куруш ин силиндраи гилӣ аст, ки Куруши Бузург фармуда буд дар он рӯйхати ғалабаҳо, пешгузаштагонаш ва амалҳои шафиқонаи ӯро бо хатти мехӣ сабт намоянд. Ин як уствонаи зарфшакл аз гили пухташуда бо диаметри 22,5 сантиметр ба 10 сантиметр мебошад. Осорхонаи Бритониё бунёди устувонаро ба давраи байни солҳои 539 ва 530 то милод мутааллиқ ҳисобидааст. Ин ёдгорӣ дар ҳафриёти Бобул дар соли 1879 пайдо ва ба осорхонаи Бритониё интиқол дода шудааст.

Устувона баъд аз ин маъруфияти васеъ пайдо карда, шоҳи охирини Эрон дар солҳои 60-уми қарни гузашта матни онро аввалин эъломияи ҳуқуқи инсон дар таърих эълон карда буд. Куруш дар устувона ҷонибдории худро аз бекор кардани ғуломдорӣ ва таъмини озодии диниро изҳор дошта, ҳамчун шоҳ ваъда додааст, ки сиёсати худро тибқи васиятҳои асосгузорони давлатдории ориёӣ роҳандозӣ менамояд.

Матни «Устувонаи Куруш» аз 45 сатр иборат аст. Мухтасари мундариҷаи сатрҳои ин матн чунин аст:

1-4: пурра барқарор карда нашудааст;

5-10а: ҷиноятҳои зиёди подшоҳи Бобул Набонид, норозигии худоён аз ҳукмронии ӯ.

10-16: худои ҳомии Бобул Мардук подшоҳи нав - Курушро меҷӯяд ва ба ӯ бар сарзаминҳо ҳукмронӣ ато мекунад.

17-19: Мардук ба Куруш ба Бобул ишора мекунад ва ӯ бо ёрии худоён шаҳрро бо тамоми кишварҳои дигар бе ҷанг ба худ тобеъ мекунад.

20-22: Куруш худро бо номбар кардани унвонҳояш ва ниёгонаш муаррифӣ мекунад.

23-28а: Куруш дар бораи фазилатҳои худ, шукуфоии Бобул, парастиши худогоҳона аз Мардук ва писари Ӯ - Набу хабар медиҳад.

28-30а: ҳокимони тамоми ҷаҳон ба Куруш итоат мекунанд.

30-36: Куруш маъбадҳои шаҳрҳои Байнаннаҳрайн - Месопотамияро барқарор мекунад ва худоёнро (ки Набонид онҳоро рабуда буд) ба ҷойҳои худ бармегардонад ва инчунин одамони ин шаҳрҳоро озод карда, ба онҳо имкон медиҳад, ки ба манзилҳояшон баргарданд - барои ин ӯ аз ҳамаи худоён хоҳиш мекунад, ки якҷоя бо ӯ барои некӯаҳволии ҳукмронии худ ба Мардук ва Набу дуо гӯянд; сулҳ дар ҳамаи заминҳои тобеи Куруш барқарор карда мешавад.

36-45: қитъаи сахт осебдидаи матн аст, ки дар он дар бораи қурбониҳо кардани Куруш дар маъбад ва барқарорсозии биное бо номи Ашшурбанипал дар Бобул хабар дода шудааст.

Соли 2026 бо иқдоми Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузории конференсияи байналмилалӣ оид ба «Устувонаи Куруш» ба нақша гирифта шудааст. Бо мақсади кӯмак ба мутахассисон яке аз вариантҳои эътирофшудаи матни «Устувонаи Куруш» бо забонҳои аккодӣ (дар транскриптсия), русӣ ва тоҷикӣ (мухтасаран) пешниҳод карда мешавад.

Матни «Устувонаи Куруш» бо забони аккодӣ (транскриптсия)

1. [ì-nu x x x] /x\-ni-šu

2. [x x x ki-i]b-ra-a-tì

3. [x x x] /x x\ GAL ma-ṭu-ú iš-šak-na a-na e-nu-tu ma-ti-šú

4. /ù?\ [x x x]-ši-li ú-ša-áš-ki-na ṣe-ru-šu-un

5. ta-am-ši-li É-SAG-ÍL i-te-[pu-uš-ma x x x t]ì? a-na ÚRIki ù si-it-ta-a-tì ma-ḫa-za
6. pa-ra-aṣ la si-ma-a-ti-šu-nu ta-[ak-li-im la-me-si x x x la] pa-liḫ u4-mi-šá-am-ma id-de-né-eb-bu-ub ù /ana ma-ag\-ri-tì

7. sat-tuk-ku ú-šab-ṭi-li ú-l[a-ap-pi-it pél-lu-de-e x x x iš]-tak-ka-an qé-reb ma-ḫa-zi pa-la-ḫa dAMAR.UTU LUGAL DINGIRmeš i[g-m]ur kar-šu-uš-šu

8. le-mu-ut-ti URU-šu [i-t]e-né-ep-pu-/uš\ u4-mi-ša-am-/ma x x\ [x x x ÙG]meš-šú i-na ab-ša-a-ni la ta-ap-šu-úḫ-tì ú-ḫal-li-iq kul-lat-si-in

9. a-na ta-zi-im-ti-ši-na dEN.LÍL DINGIRmeš ez-zi-iš i-gu-ug-m[a x x x] ki-su-úr-šu-un DINGIRmeš a-ši-ib ŠÀ-bi-šu-nu i-zi-bu at-/ma\-an-šu-un

10. i-na ug-ga-ti-ša ú-še-ri-bi a-na qé-reb ŠU.AN.NAki dAMAR.UTU t[i-iz-qa-ru dEN.LÍL DINGIRm]eš us-sa-aḫ-ra a-na nap-ḫar da-ád-mi šá in-na-du-ú šu-bat-su-un

11. ù ÙGmeš KUR šu-me-ri ù URIki ša i-mu-ú ša-lam-ta-áš ú-sa-/aḫ\-ḫi-ir ka-/bat\-[ta-áš] ir-ta-ši ta-a-a-ra kul-lat ma-ta-a-ta ka-li-ši-na i-ḫi-iṭ ib-re-e-ma

12. iš-te-’e-e-ma ma-al-ki i-šá-ru bi-bil ŠÀ-bi-ša it-ta-ma-aḫ qa-tu-uš-šu mKu-ra-áš LUGAL URU an-ša-an it-ta-bi ni-bi-it-su a-na ma-li-ku-tì kul-la-ta nap-ḫar iz-zak-ra šu-/um-šú\

13. kurqu-ti-i gi-mir um-man-man-da ú-ka-an-ni-ša a-na še-pi-šu ÙGmeš ṣal-mat SAG.DU ša ú-ša-ak-ši-du qa-ta-a-šú

14. i-na ki-it-tì ù mi-šá-ru iš-te-né-’e-e-ši-na-a-tì dAMAR.UTU EN GAL ta-ru-ú ÙGmeš-šú ep-še-e-ti-ša dam-qa-a-ta ù ŠÀ-ba-šu i-ša-ra ḫa-di-iš ip-pa-li-i[s]

15. a-na URU-šu KÁ.DINGIRmeš ki a-la-ak-šu iq-bi ú-ša-aṣ-bi-it-su-ma ḫar-ra-nu TIN.TIRki ki-ma ib-ri ù tap-pe-e it-tal-la-ka i-da-a-šu

16. um-ma-ni-šu rap-ša-a-tì ša ki-ma me-e ÍD la ú-ta-ad-du-ú ni-ba-šu-un gišTUKULmeš-šu-nu ṣa-an-du-ma i-ša-ad-di-ḫa i-da-a-šu

17. ba-lu qab-li ù ta-ḫa-zi ú-še-ri-ba-áš qé-reb ŠU.AN.NAki URU-šu KÁ.DINGIRmeš ki i-ṭi-ir i-na šap-ša-qí, mdNÀ.NÍ.TUKU LUGAL la pa-li-ḫi-šu ú-ma-al-la-a qa-tu-uš-šú

18. ÙGmeš TIN.TIRki ka-li-šu-nu nap-ḫar KUR šu-me-ri u URIki ru-bé-e ù šak-ka-nak-ka ša-pal-šu ik-mi-sa ú-na-áš-ši-qu še-pu-uš-šu iḫ-du-ú a-na LUGAL-ú-ti-šú im-mi-ru pa-nu-uš-šú-un

19. be-lu ša i-na tu-kul-ti-ša ú-bal-li-ṭu mi-tu-ta-an i-na pu-uš-qu ù ú-de-e ig-mi-lu kul-la-ta-an ṭa-bi-iš ik-ta-ar-ra-bu-šu iš-tam-ma-ru zi-ki-ir-šu

20. a-na-ku mKu-ra-áš LUGAL kiš-šat LUGAL GAL LUGAL dan-nu LUGAL TIN.TIRki LUGAL KUR šu-me-ri ú ak-ka-di-i LUGAL kib-ra-a-ti er-bé-et-tì

21. DUMU mKa-am-bu-zi-ia LUGAL GAL LUGAL URU an-ša-an DUMU DUMU mKu-ra-áš LUGAL GAL LUGA[L U]RU an-ša-an ŠÀ.BAL.BAL mši-iš-pi-iš LUGAL GAL LUGAL URU an-šá-an

22. NUMUN da-ru-ú ša LUGAL-ú-tu ša dEN u dNÀ ir-a-mu pa-la-a-šu a-na ṭu-ub ŠÀ-bi-šú-nu iḫ-ši-ḫa L[UGA]L-ut-su e-nu-ma a-n[a q]é-reb TIN.TIRki e-ru-bu sa-li-mi-iš

23. i-na ul-ṣi ù ri-ša-a-tì i-na É.GAL ma-al-ki ar-ma-a šu-bat be-lu-tì dAMAR.UTU EN GAL ŠÀ-bi ri-it-pa-šu ša ra-/im\ TIN.TIRki ši-m[a]/a-tiš\ /iš-ku?-na\-an-ni-ma u4-mi-šam a-še-’a-a pa-la-/aḫ\-šú

24. um-ma-ni-ia rap-ša-tì i-na qé-reb TIN.TIRki i-ša-ad-di-ḫa šú-ul-ma-niš nap-ḫar KU[R šu-me-ri] /ù\ URIki mu-gal-[l]i-tì ul ú-šar-ši

25. /URUki\ KÁ.DINGIR.RAki ù kul-lat ma-ḫa-zi-šu i-na ša-li-im-tì áš-te-’e-e DUMUmeš TIN.TIR[ki x x x š]a ki-ma la ŠÀ-[bi DING]IR-ma ab-šá-a-ni la si-ma-ti-šú-nu šu-ziz-/zu!\

26. an-ḫu-ut-su-un ú-pa-áš-ši-ḫa ú-ša-ap-ṭi-ir sa-ar-ma-šu-nu a-na ep-še-e-ti-[ia dam-qa-a-ti] dAMAR.UTU EN GA[L]-ú iḫ-de-e-ma

27. a-na ia-a-ti mKu-ra-áš LUGAL pa-li-iḫ-šu ù mKa-am-bu-zi-ia DUMU ṣi-it ŠÀ-bi-[ia ù a-n]a nap-ḫ[ar] um-ma-ni-ia

28. da-am-qí-íš ik-ru-ub-ma i-na šá-lim-tì ma-ḫar-ša ṭa-bi-iš ni-it-t[a-al-la-ak i-na qí-bi-ti-šú] ṣir-ti nap-ḫar LUGAL a-ši-ib BÁRAmeš

29. ša ka-li-iš kib-ra-a-ta iš-tu tam-tì e-li-tì a-di tam-tì šap-li-tì a-ši-ib n[a-gi-i né-su-tì] LUGALmeš KUR a-mur-ri-i a-ši-ib kuš-ta-ri ka-li-šú-un

30. bi-lat-su-nu ka-bi-it-tì ú-bi-lu-nim-ma qé-er-ba ŠU.AN.NAki ú-na-áš-ši-qu še-pu-ú-a iš-tu [ŠU.AN.NAk]i a-di URU aš-šurki ù MÙŠ-ERENki

31. a-kà-dèki KUR èš-nu-nak URU za-am-ba-an URU me-túr-nu BÀD.DINGIRki a-di pa-aṭ kurqu-ti-i ma-ḫa-z[a e-be]r-ti ídIDIGNA ša iš-tu pa!-na-ma na-du-ú šu-bat-su-un

32. DINGIRmeš a-ši-ib ŠÀ-bi-šú-nu a-na áš-ri-šu-nu ú-tir-ma ú-šar-ma-a šu-bat da-rí-a-ta kul-lat ÙGmeš-šú-nu ú-pa-aḫ-ḫi-ra-am-ma ú-te-er da-ád-mi-šú-un

33. ù DINGIRmeš KUR šu-me-ri ù URIki ša mdNÀ.NÍ.TUKU a-na ug-ga-tì EN DINGIRmeš ú-še-ri-bi a-na qé-reb ŠU.AN.NAki i-na qí-bi-ti dAMAR.UTU EN GAL i-na ša-li-im-tì

34. i-na maš-ta-ki-šu-nu ú-še-ši-ib šú-ba-at ṭu-ub ŠÀ-bi {ut} kul-la-ta DINGIRmeš ša ú-še-ri-bi a-na qé-er-bi ma-ḫa-zi-šu-un

35. u4-mi-ša-am ma-ḫar dEN ù dNÀ ša a-ra-ku U4meš-ia li-ta-mu-ú lit-taz-ka-ru a-ma-a-ta du-un-qí-ia ù a-na dAMAR.UTU EN-ia li-iq-bu-ú ša mKu-ra-áš{-áš} LUGAL pa-li-ḫi-ka u mKa-am-bu-zi-ia DUMU-šú

36. /x\ [x x x- i]b šu-nu lu-ú /x x x x x x x x\ ÙGmeš TIN.TIRki /ik-tar-ra-bu\ LUGAL-ú-tu KUR.KUR ka-li-ši-na šu-ub-ti né-eḫ-tì ú-še-ši-ib

Матни мухтасари «Устувонаи Куруш» бо забони тоҷикӣ

«Манам Куруш, ки шоҳи шоҳон, шоҳи бузург, шоҳи неруманд, шоҳи Бобул, шоҳи Сумер ва Акад, шоҳи чаҳор мамлакат, писари Камбуҷия – шоҳи бузург, навосаи Куруш, шоҳи бузург аз шохаи салтанати абадӣ, ки салтанаташ мавриди худоён ва ҳукуматаш ба дилҳо наздик аст. Вақте ки бе ҷангу ҷидол вориди Бобул шудам, ҳама мардум қудуми маро ба шодмонӣ пазируфтанд. Дар қасри подшоҳони Бобул ба сарири салтанат нишастам.

Мардук – худои Бобул дилҳои наҷиби мардуми Бобулро мутаваҷҷеҳи ман кард, зеро ман ӯро муҳтарам ва гиромӣ доштам. Лашкари бузурги ман ба оромӣ вориди Бобул шуд. Нагузоштам садама ва озоре ба мардуми ин шаҳру ин сарзамин ворид ояд. Вазъи дохилии Бобул ва амкинаи муқаддаси он қалби моро такон дод. Фармон додам, ки ҳама мардум дар парастиши худои худ озод бошанд ва бединонро наёзоранд. Фармон додам, ҳеҷ як аз хонаҳои мардум хароб нашаванд. Худои бузург аз ман хурсанд шуд ва ба ман, ки Куруш ҳастам ва ба писарам Камбуҷия ва тамоми лашкари ман аз роҳи иноят баракати худро нозил кард.

Подшоҳоне, ки дар ҳама мамолики олам дар сарзаминҳои худ нишастаанд, аз дарёи боло то дарёи поин ва подшоҳони Ғарб тамоман хироҷи сангин оварданд ва дар Бобул бар пойҳои ман бӯса заданд. Фармон додам, ки аз Бобул то Ошӯр ва Шуш ва Акад… Ва ҳамаи сарзаминҳое, ки дар он тарафи Даҷла воқеанд ва аз айёми қадим бино шудаанд, маобидеро, ки баста шуда буд, бикушоянд. Ҳама худоёни ин маобидро ба ҷойҳои худ баргардондам, то ҳамеша дар он ҷо муқим бошанд. Аҳолии ин маҳалҳоро ҷамъ кардам ва манозили онҳоро, ки хароб карда буданд, аз нав сохтам ва худоёни Сумеру Акадро беосеб ба қасрҳои онҳо, ки «шодии дил» ном доранд, боз гардондам. Сулҳу оромишро ба тамоми мардум ато кардам…».

Матни «Устувонаи Куруш» бо забони русӣ

1. [Когда Мардук, царь всех небес и земли, тот (...) который в своём (...) опустошает] свой (...)

2. [(...) великий (?) умом (...) обозревает (?)] стороны света

3. (...) перворождённый (?) низкий человек был поставлен во главу его государства

4. и (...) он поставил над ними подобие.
5. Он создал подобие Эсагилы (...) для Ура и прочих святилищ.

6. Несвоевременные обряды, [нечистые] приношения пищи (...) без страха изо дня в день бормоталось в оскорбление.

7. Он прекратил постоянные жертвоприношения, он вмешивался в обряды (...), он поставил (...) в святилищах. Страх перед Мардуком, царём богов, исчез внутри него.

8. Он творил зло его городу изо дня в день и (...) его народ (...) ярмом, от которого не было спасения, он погубил их всех.

9. В ответ на их жалобы Энлиль богов яростно вознегодовал и (...) их край. Боги, жившие в них, покинули свои святилища (?),

10. негодуя за то, что он перенёс их в Шуанну (Вавилон). Возвышенный Мардук, Энлиль богов, раскаялся. Обо всех поселениях, которых жилища были разрушены,

11. и людях земли Шумера и Аккада, которые стали подобны трупам, он раскаялся и пожалел их. Он обозрел и осмотрел все страны,

12. ища праведного царя по своему сердцу. Он взял за руку Кира, царя города Аншана, провозгласил его царство над всеми землями и назвал его имя.

13. Он поверг землю гутиев и всё войско мидян ниц перед его ногами. Народом же черноголовых, который он подчинил его руке,

14. он правил со справедливостью и правосудием. Мардук, великий господь, питающий свой народ, взглянул с радостью на его добрые деяния и его праведное сердце.

15. Он приказал ему идти в свой город Вавилон. Он приказал ему отправиться в путь в Тинтир (Вавилон) и, как друг и спутник, шёл рядом с ним.

16. Его огромное войско, которое, как воду реки, нельзя было сосчитать, в полном вооружении шагало рядом с ним.

17. Без сражения и боя он ввёл его в Шуанну (Вавилон). Он спас свой город Вавилон от беды. Набонида, царя, который не боялся его, он отдал ему в руки.

18. Все люди Тинтира (Вавилона), всей страны Шумера и Аккада, знать и правители, склонились перед ним, пали ниц, целовали ему ноги, радовались его царству, и лица их сияли.

19. Властелин, с чьей помощью они спаслись от смерти, который избавил их всех от трудностей и невзгод, они благословляли его и превозносили его имя.

20. Аз есмь Кир, царь вселенной, великий царь, могучий царь, царь Тинтира (Вавилона), царь страны Шумера и Аккада, царь четырёх сторон света,

21. сын Камбиза, великого царя, царя города Аншана, правнук Кира, великого царя, царя города Аншана, потомок Чишпиша, великого царя, царя города Аншана,

22. вечное семя царства, чью власть любят Бел (Мардук) и Набу, чьего царства они в радости своего сердца жаждут. Когда я с миром вошёл в Тинтир (Вавилон),

23. среди ликования и празднества в царском дворце я установил престол правления. Мардук, великий господь, судил мне великодушие того, кто любит Тинтир (Вавилон), и я изо дня в день стремился к нему в страхе.

24. Моё огромное войско мирно вошло в Тинтир (Вавилон), и вся страна Шумера и Аккада не испытала страха.

25. Городу Вавилону и всем его святилищам я принёс безопасность. Гражданам Тинтира (Вавилона), (...) которые как бы без божественного умысла страдали под ярмом вопреки им суждённому,

26. я облегчил их страдания, я избавил их от их оков (?). Мардук, великий господь, возрадовался моим добрым деяниям и

27. меня, Кира, царя, боящегося его, и Камбиза, сына, исшедшего из моего чрева, и всё моё войско,

28. благословил великим благословением, чтобы мы ходили перед ним в мире и благе. По его возвышенному приказу все цари, что сидят на престолах

29. в каждой стороне света, от Верхнего моря до Нижнего моря, что живут в отдалённых областях, (и) цари земли амореев, что живут в шатрах, все они

30. принесли свою тяжелую дань и в Шуанне (Вавилоне) поцеловали мои ноги. Из [Шуанны] в город Ашшур и Сузы,

31. в Аккад, в землю Эшнунны, в город Замбан, в город Ме-Турну, в Дер, вплоть до границы земли гутиев, в святилища по ту сторону реки Тигр, которых жилища ранее были разрушены,

32. богов, что в них жили, на их место я вернул и сделал для них постоянные жилища. Я собрал всех их жителей и вернул их в свои поселения,

33. и богов земли Шумера и Аккада, которых Набонид к ярости господа богов перенёс в Шуанну (Вавилон), я по слову Мардука, великого господа, в целости

34. в их обители возвратил, в жилища, любезные их сердцу. Пусть все боги, которых я перенёс в их святилища,

35. каждый день перед Белом и Набу просят о долготе моих дней, поминают мои добрые деяния и говорят Мардуку, моему господу: Кир, царь, боящийся тебя, и Камбиз, его сын,

36. (…) да заботятся о наших престолах до отдалённых (?) дней, и народ Тинтира (Вавилона) да благословляет царство. Я дал всем землям жить в мире.

Таҳияи доктори илмҳои фалсафа, профессор Хуршед Зиёӣ

(бахшида ба 31-умин солгарди Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон)

Ҷумҳурии Тоҷикистон кишвари соҳибихтиёр, демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ, ягона ва иҷтимоӣ буда, мутобиқи моддаи 1 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, барои ҳар як инсон шароити арзанда ва инкишофи озодонаро фароҳам меоварад.

Барои дар амал тадбиқ намудани ин муқаррароти конститутсионӣ, инчунин таҳкими иқтисодиёти устувор, ки баҳри беҳбудии ҷомеа нигаронида шудааст, 10 декабри соли 1994 Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар Анҷумани муассисони Ҳизби Халқии Тоҷикистон таъсис дода шуда, дар Вазорати адлияи ҷумҳурӣ 15 декабри соли 1994 таҳти №199 сабти ном шудааст. Раиси муаззами Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Анҷуман IV санаи 18 апрели соли 1998 сухан ронда, такид намуда буданд, ки: «Таърих гувоҳ аст, сиёсатмадороне, ки мехоҳанд дар кишвари худ ислоҳоти куллӣ гузаронанд, бояд қабл аз татбиқи барномаи стратегии худ ҳамсафон ва ҳаммаслақони худро ёбанд».

Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар давоми 31 сол дар фаъолияти худ бо мақсади таъмини ҳуқуқу озодиҳои инсон ба фазилатҳои баланди сиёсӣ, сифатҳои наҷиби ахлоқӣ ва маърифати пурсамари маънавии аъзояш такя намуда, кӯшишу ғайрат ва донишу идроки онҳоро барои мустаҳкам намудани истиқлолияти сиёсию иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангии Ҷумҳурии Тоҷикистон сафарбар намуда истодааст. Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон бо мақсади таъмини ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд ба хиради олии сиёсӣ, сифатҳои ҳамидаи ахлоқӣ ва маънавиёти баланди аъзои худ такя намуда, донишу маҳорати онҳоро ба амалӣ гардонидани ғояҳои сиёсӣ ва ҳадафҳои барномавии хеш сафарбар намуд. Ҳамчунин ба таҳкими истиқлоли сиёсӣ, иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангии мамлакат мусоидат кард.

Зимни суханронии худ санаи 30 ноябри соли 2022 Раиси муаззами Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид намуданд, ки «Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ҳаёти сиёсиву иҷтимоии сокинони Тоҷикистон нақши муассир дошта, дар ташаккули фарҳанги сиёсӣ ва худшиносиву худогоҳии мардум нақши сазовор мегузорад». Ба таъкиди Раиси муаззами ҳизб рисолат ва мазмуну моҳияти барномаҳои Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон рушди устувори Тоҷикистони соҳибистиқлол, ободу пешрафта ва аз лиҳози сиёсӣ ва иқтисодиву иҷтимоӣ босубот мебошад. Кумитаҳои иҷроияи ҳизб якҷо бо сохторҳои ваколатдори соҳаҳои гуногун ва мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ ҷиҳати фароҳам овардани ҷойҳои нави корӣ ва зина ба зина беҳтар намудани шароити зиндагии аҳолӣ тадбирҳои зарурӣ андешида, ҳалли масъалаҳои иҷтимоиро дар маркази диққат қарор медиҳанд, дар таъсиси инфрасохтори иҷтимоӣ, беҳсозии вазъи муассисаҳои таълимӣ, беҳтар гардонидани шароити оилаҳои серфарзанд, ҷудо намудани кумакҳои иловагӣ ба ятимону маъюбон ва дигар гурӯҳҳои осебпазири ҷомеа мусоидат менамоянд.

Мутобиқи Барномаи пешазинтихоботии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон (Самтҳои муҳимтарини рушди Тоҷикистон барои солҳои 2025 – 2030) дар самти такмили қонунгузорӣ Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон тадбирҳои зеринро амалӣ намуда истодааст: такмили қонунгузории кишвар ҷиҳати таҳкими истиқлоли давлатӣ, ваҳдату амнияти миллӣ, суботи сиёсӣ ва ягонагии Тоҷикистон бо дарназардошти равандҳои мураккаби ҷаҳонишавӣ ва вазъияти ҷаҳони муосир; таъмин намудани волоияти қонун, тарбияи шаҳрвандон дар руҳияи эҳтиром нисбат ба он ва дар байни шаҳрвандон ташаккул додани низоми устувори рафтори ҳуқуқӣ, оштинопазирӣ нисбат ба ҳама гуна ҳуқуқвайронкунӣ ва ногузирии масъулияти ҳуқуқӣ; таҳкими қонунгузории соҳаи бонкдорӣ бо мақсади таъмин намудани инкишофи муназзами низоми бонкӣ, такмили қонунгузории соҳаи фаъолияти бонкӣ, устувор намудани ҳолати молиявии бонкҳо, шаффоф ва содда гардонидани низоми қарздиҳӣ ва ҷорӣ намудани низоми ягонаи додани қарз; такмил додани механизми ҳуқуқии муроҷиати шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ, аз ҷумла истифодаи дастовардҳои навини илму технология бо мақсади баррасии саривақтӣ ва одилонаи муроҷиатҳо; бо иттилооти ҳуқуқӣ таъмин намудани ҳамаи мақомоти давлатӣ, аз ҷумла мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот; таъмин намудани имконияти истифодаи васеъ ва ройгони аҳолӣ аз санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ ва тағйиру иловаҳо ба онҳо; тарғибу ташвиқи қонунгузорӣ, рушди донишҳои ҳуқуқӣ ва баланд бардоштани фарҳанги ҳуқуқии аҳолӣ; ҷалби васеи ниҳодҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ дар таҳия, қабул ва амалишавии қонунгузорӣ; мунтазам гузаронидани мониторинги амалишавии қонунҳо вобаста ба мутобиқати онҳо ба мақсаду ҳадафҳои стратегии кишвар; баланд бардоштани сатҳи маърифати ҳуқуқии шаҳрвандон дар самти муқовимат ба коррупсия ва дар ин замина фароҳам овардани шароити оштинопазир нисбат ба падидаи коррупсия миёни ҷомеа; таҳия кардани чорабиниҳои мушаххас ҷиҳати пешгирии коррупсия; такмили низоми қонунгузории кишвар ва ба талаботи санадҳои ҳуқуқи байналмилалӣ мутобиқ намудани онҳо.

Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон бо назардошти рушду пешрафти минбаъдаи давлати соҳибистиқлоли Тоҷикистон бо ҳамаи ҳизбҳои сиёсӣ ва дигар иттиҳодияву созмонҳои ҷамъиятӣ, ки фаъолияташон дар доираи Конститутсия ва қонунҳои амалкунандаи Ҷумҳурии Тоҷикистон сурат мегирад, ҳамкорӣ мекунад.

Фаъолияти ташкилию таблиғотиашро Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар асоси принципҳои зерини демократӣ ба амал мебарорад:

-умумияти ғоявӣ, рафоқати ҳизбӣ, ягонагии манфиату ҳадафҳои ҳизб, баробарии ҳуқуқу уҳдадориҳои ҳамаи аъзоёни ҳизб, интизоми бошуурона;

-эҳтиром ба нуқтаи назари ҳар як аъзои ҳизб, худидоракунии ташкилотҳои ибтидоии ҳизбӣ, ошкорою шаффоф будани фаъолияти ҳизбии сиёсӣ;

-интихобӣ будани ҳамаи вазифаҳои роҳбарикунандаи ҳизбӣ аз поён то боло;

-ҳамеша ҳисоботдиҳанда будани мақомоти ҳизбӣ;

-интизоми қатъии ҳизбӣ ва ҳатмӣ будани қарорҳои мақомоти болоии ҳизбӣ барои мақомоти поёнӣ;

-роҳбарии дастҷамъона ба ҳамаи мақомоти ҳизбӣ, масъулияти шахсии ҳар аъзои ҳизб барои иҷрои вазифаҳою супоришҳои ҳизбӣ.

Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон бо дастгирии мардуми шарифи кишвар ва таҳти сарварии хирадмандонаи Раиси муаззами ҳизб, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба татбиқи ин ҳадафҳои барномавӣ ноил гардида, кишвар ва мардуми шарафманди Тоҷикистонро ба сӯи арзишмандтарин хостаҳои миллӣ зери шиори «Барои пешрафт ва саодати халқи Тоҷикистон!», аз ҷумла таҳким бахшидани давлатдории миллӣ, истиқлолу озодӣ, ваҳдату ягонагӣ ва суботу амният, суботи сиёсӣ аз рушди устувори иқтисоди миллӣ раҳнамоӣ мекунад.

Ҳар яки мо аъзои ҳизб барои татбиқи вазифаҳои стратегии давлату Ҳукумат, такмил додани низоми қонунгузорӣ, таҳкими сулҳу ваҳдати миллӣ, вусъат додани ғояҳои созандаи ватандӯстона ва тақвият бахшидани худшиносӣ ва худогоҳӣ бо роҳнамоии Раиси Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон саҳми босазои худро мегузорем.

Раиси муаззами Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон доимо такид менамоянд, ки узви Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон будан ҳам ифтихору шараф ва ҳам масъулияти бузург дар назди халқу Ватан ва сарнавишти ҷомеаи демократӣ, дунявӣ ва ҳуқуқбунёди Тоҷикистони соҳибистиқлоли мост.

Аз ин рӯ, вазифаи ҷонӣ ва қарзи виҷдонии мо аъзоёни Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон аст, ки масъалаи ҳифзи давлату давлатдорӣ, таъмини амнияти кишвар ва нигоҳ доштани суботу оромии ҷомеаро бартару болотар аз ҳама арзишҳо гузошта, афкори сиёсии ҳизбро дастгирӣ намоем ва муҳимтар аз ҳама, барои бунёди давлати демократӣ, муқтадир, тавоно ва шукуфони Тоҷикистони маҳбуб ҳиссагузор бошем.

Ҳизби Сарвар, ҳизби халқи Тоҷикистон,

Раҳбараш Пешвои миллат - Оли Раҳмон.

Дар ҳаёти иҷтимову иқтисоду ҳам сиёсат,

Нақши боризу саодат баҳри инсон.

Бо ҳидоятҳои раҳбар аҳли кишвар,

Мекушояд роҳи иқболро саросар.

Ҳизби нерӯ, ҳизби армону навовар,

Бо дуои Сарвари мо тахти бовар.

Ин ки моро Оли Раҳмон Пешвоӣ мекунад,

Ҳизби моро то Сурайё раҳнамоӣ мекунад.

Сулҳу оромӣ, суботу ваҳдати мо пойдор,

Қисмати моро ҳамеша ибтикори созгор.

Ифтихори Дониёр оромиши ҳизбу Ватан,

Дур бодо душманӣ аз эътибори анҷуман!

САНГИНЗОДА ДОНИЁР ШОМАҲМАД, муовини директори Институти омӯзиши масъалаҳои давлатҳои Осиё ва Аврупои Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон оид ба илм ва таълим, доктори илмҳои ҳуқуқшиносӣ, профессор.

Ҳамасола 11 декабрро рӯзи байналмилалии кӯҳ гуфта, дар тамоми гушаву канори дунё ҷашн мегиранд. Ин рӯз нахустин бор соли 2003 бо тасдиқи созмони бонуфузи ҷаҳон, Созмони Миллали Муттаҳид ҳукми қонуни қабул кардааст, ки барои олимону муҳаққиқони самту соҳаи илмҳои табиатшиносӣ ва сайёҳону дигар шахсиятҳо рӯзи хотирмону таърихӣ пазируфта шудааст.

Ҳамагон медонем, ки кӯҳҳо қисми ҷудонашавандаи замин буда, барои тамоми инсонҳову набототу ҳайвонот чун обу ҳаво заруранд, чунки кӯҳҳо ин манбаи обанд ва бе об на инсонияту на ҳайвоноту на наботот арзи ҳастӣ карда наметавонанд. Аҳамияти қабули ин рӯз ба он нигаронида шудааст, ки ба масъалаҳои марбут бо рушди устувори кӯҳистон замина мегузорад.

Дар бораи иҳотаи кӯҳҳо дар рӯи замин маълумотҳо гуногунанд, мутобиқи як манбаъ 22% кураи заминро кӯҳҳо иҳота кардаанд ва мутобиқ ба маълумоти дигар 27 дарсади заминро кӯҳҳо иҳота кардаанд.

Дар Тоҷикистони мо бошад, 93 дарсади масоҳати умумии заминро кӯҳҳо иҳота кардаанд. Аз ин лиҳоз барои Тоҷикистони мо ин рӯз аҳамияти хоса дорад.

Муҳиммияти қабули рӯзи байналмилалии кӯҳ ба бисёр самтҳо алоқаманд аст:

- Кӯҳҳо манбаи обанд;

- Кӯҳҳо заминаи мувофиқ барои ҷойгиршавии пиряхҳоянд;

- Кӯҳҳо макони ҷойгиршавии ҳайвонот;

- Кӯҳҳо заминаи сабзиши олами наботот;

- Кӯҳҳо дорои захираҳои табииянд;

- Кӯҳҳоро метаво сарвати табии ҳар як давлат номид!

Кӯҳҳо дар низоми экологӣ мақоми марказӣ доранд. Кӯҳҳо таъминкунандаи зиёда аз 60 фоизи оби ошомидании ҷаҳон буда, маҳз минтақаҳои кӯҳӣ ба равандҳои гидрологӣ, иқлимӣ ва биогеохимиявӣ таъсири амиқ мерасонанд. Гуногунии ҳайвонот ва наботот дар экосистемаҳои кӯҳӣ ба устувории умумии табиат мусоидат карда, ҳамчун паноҳгоҳи биологӣ хидмат менамоянд.

Аз нигоҳи иҷтимоию иқтисодӣ, кӯҳистон барои миллионҳо нафар манбаи зиндагӣ ба ҳисоб меравад. Кишоварзии баландкӯҳ, чарогоҳдорӣ, ҳунарҳои мардумиву анъанавӣ, ҳамчунин имкониятҳои баланди сайёҳии экстримӣ ва фарҳангӣ ҷойгоҳи кӯҳҳоро дар иқтисоди кишварҳо тақвият мебахшанд.

Бо вуҷуди аҳамияти бузург, минтақаҳои кӯҳӣ ба як қатор мушкилоти ҷиддӣ рӯ ба рӯ ҳастанд:

Обшавии пиряхҳо, камшавии захираҳои оби тоза, афзудани хавфи офатҳои табиӣ ҳама ин паёмадҳо тағйирёбии иқлиманд, ки бештар ба кишварҳои кӯҳӣ зарба мезананд. Тоҷикистон, ки минтақаи кӯҳӣ буда, зиёда аз 9000 пиряхро дар бар мегирад, аз ин раванд сахт осебпазир аст.

Дар баъзе деҳаҳову минтақаҳои дурдасти кӯҳӣ дастрасӣ ба роҳ, соҳаи тандурустӣ, маориф ва хизматрасониҳои иҷтимоӣ дар кӯҳистон дар баъзе ҳолатҳо мушкилиҳо пеш меояд, ки бо тадбирҷуиҳои Ҳукумати мамлакат чунин ҳолатҳо пешгирӣ карда, ин боиси муҳоҷирати аҳолӣ аз деҳоти баландкӯҳ мегардад.

Аз сабаби нобуди алтернативаҳои иқтисодӣ, аксарияти аҳолии кӯҳӣ ба истифодаи шадиди замин, буридани ҷангалҳо ва чаронидани аз ҳад зиёди чорво рӯ меоранд, ки ба таназзули замин ва камшавии гуногунии биологӣ оварда мерасонад.

Тоҷикистон ҳамчун кишваре, ки 93 фоизи ҳудуди он аз кӯҳҳо иборат аст, дар ташаккули сиёсати байналмилалӣ оид ба рушди устувори кӯҳистон нақши хоса дорад. Пешниҳодҳои Тоҷикистон дар сатҳи ҷаҳонӣ, аз ҷумла ташаббуси "Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо" ва қабули қатъномаи “Ҳифзи пиряхҳо” дар СММ, мавқеи пешсафи кишварро дар ҳифзи муҳити кӯҳӣ нишон медиҳад.

Бо ташаббуси Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо дар назардошти минтақаи кӯҳи будани Тоҷикистон якчанд пешниҳодҳои муҳимми обу иқлим, ба созмони бонуфузи ҷаҳон, Созмони Миллали Муттаҳид пешниҳод карда шуд, ки хушбахтона қобили қабул пазируфта шуд.

Тоҷикистон ҳамчун кишвари пиряхдор ва кӯҳистон ба масъалаҳои экологӣ таваҷҷуҳи махсус дорад. Барномаҳои ҳифзи пиряхҳо, идоракунии захираҳои об, рушди сайёҳии кӯҳӣ ва таҳкими ҳамкориҳои минтақавӣ аз самтҳои муҳимми сиёсати давлатӣ ба шумор меравад. Эълони “Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо” барои соли 2025 аз ҷониби СММ ба ташаббуси Тоҷикистон қабул гардид ва ин иқдом ба ҷаҳон паёми муҳим дар бораи зарурати ҳифзи экосистемаҳои кӯҳи расонд.

Ҳамасола дар Тоҷикистон бахшида ба Рӯзи байналмилалии кӯҳ конфронсҳои илмӣ, форумҳо, намоишгоҳҳо, аксияҳои муҳитзистӣ ва чорабиниҳои омӯзишӣ доир мегарданд, ки ҳадафи онҳо баланд бардоштани сатҳи маърифати экологӣ ва ҷалби ҷомеа ба ҳаллу фасли мушкилоти кӯҳистон аст.

Хулоса, Рӯзи байналмилалии кӯҳ на танҳо як санаи ҷашнӣ, балки минбари муҳиме барои баррасии масъалаҳои ҳаётан муҳими экологӣ, иқтисодӣ ва иҷтимоии минтақаҳои кӯҳӣ мебошад.

Рушди устувори кӯҳистон, ҳифзи пиряхҳо, фароҳам овардани имкониятҳои беҳтари зиндагӣ барои аҳолии баландкӯҳ ва истифодаи оқилонаи манобеи табиӣ — инҳо вазифаҳое мебошанд, ки ҳамкорӣ ва ҳамраъйии ҷомеаи ҷаҳониро талаб мекунанд.

Барои Тоҷикистон ҳамчун кишвари кӯҳнишин, таҷлили ин рӯз муҳимияти хоса дорад, зеро на танҳо масъалаҳои миллӣ, балки вазифаҳои умумибашариро фаро мегирад.

Саидов А. Ходими хурди илмии Шуъбаи география ва зондкунонии Раёсати Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон

Масъалаи ҳифзи ҳуқуқи инсон, пеш аз ҳама, ҳуқуқи занону кӯдакон, дар шароити муосир яке аз самтҳои асосӣ ва сарнавиштсози сиёсати ҷомеаи ҷаҳонӣ ва давлатҳои мустақил маҳсуб меёбад. Дар замоне ки ҷаҳон бо равандҳои мураккаби иҷтимоӣ, иқтисодӣ ва фарҳангӣ рӯ ба рӯ аст, рушди устувор ва таҳкими суботи миллӣ бе таъмин намудани амният, ҳимояи ҳуқуқ ва таъмини зиндагии бидуни хушунат барои гурӯҳҳои осебпазир амри номумкин мегардад. Маҳз ба ҳамин хотир, маъракаи байналмилалии «16 рӯзи мубориза алайҳи хушунат» на танҳо як иқдоми рамзӣ, балки як зарурати глобалӣ барои бедор кардани афкори ҷамъиятӣ, таҳрик додани сиёсиятҳои давлатӣ, таҳкими қонунгузорӣ ва баланд бардоштани маърифати ҷомеа мебошад. Ин маърака, пеш аз ҳама, барои ҷалби таваҷҷуҳи ҷомеа ба мушкилоте равона мешавад, ки солҳо ва асрҳо ҳамчун падидаи пинҳонӣ вуҷуд дошта, ба муносибати нобаробари гендерӣ ва ба поймолшавии ҳуқуқи асосии инсон оварда мерасонанд.

Дар заминаи сиёсати давлатӣ ва иҷтимоии Ҷумҳурии Тоҷикистон низ масъалаи мубориза бо хушунат, махсусан хушунати оилавӣ, яке аз самтҳои афзалиятнок маҳсуб мешавад. Қабули Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи пешгирии зӯроварӣ дар оила» худ як марҳалаи муҳими ташаккули сиёсати ҳифзи ҳуқуқи занону кӯдакон гардид. Ин қонун ба мақомоти давлатӣ, ҷомеаи шаҳрвандӣ ва ҳар як шахс масъулият мегузорад, ки пешгирӣ, ошкор, баррасӣ ва пеши роҳи хушунатро ба таври муассир амалӣ созанд. Вале қонун танҳо як сарчашмаи ҳуқуқӣ аст. Барои он ки ҷомеа воқеан ба сатҳи зиндагии бидуни хушунат расад, зарур аст, ки ҳам пайкари иҷтимоӣ ва ҳам фарҳанги ҷамъиятӣ такмил ёбанд. Тавре ки ташфи қонун нишон медиҳад, қонунгузорӣ танҳо вақте самаранок мешавад, ки аҳолӣ дар ҳаққи он огоҳ бошанд, тафаккури иҷтимоӣ иваз шавад ва сиёсати давлатӣ бо мақсади таъмини муҳити бехатар ва солим ба таври ҳамаҷониба амалӣ гардад.

Дар ин замина, суханони Пешвои муаззами миллат, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки борҳо таъкид кардаанд: «Ҷомеаи солим аз оилаи солим оғоз меёбад, ва ҳифзи ҳуқуқи занону кӯдакон вазифаи муқаддаси ҳар як инсони бонангу номус аст», ҳамчун чароғи раҳнамо барои сиёсати ҷомеа ва давлат хизмат мекунад. Пешвои миллат дар аксари суханрониҳои худ, махсусан дар мавриди масъалаҳои оила ва тарбияи насли наврас, зикр менамоянд, ки эҳтиром ба зан, ҳифзи ҳуқуқи кӯдак ва таҳкими оилаи солим барои суботи миллӣ, ваҳдати ҷомеа ва пешрафти иқтисодию фарҳангии кишвар заминаи асосӣ аст. Ин ҷумлаҳо, ки бар пояи арзишҳои инсонӣ ва фарҳанги тоҷикона асос ёфтаанд, нишон медиҳанд, ки мубориза бо хушунат танҳо як вазифаи техникӣ ё ҳуқуқӣ нест, балки баҳри пойдории сулҳу субот ва рушди давлати миллат аҳамияти бевосита дорад.

Занону кӯдакон, ки сутунҳои асосии оила ва ҷомеа ҳастанд, дар баробари ин гурӯҳҳои осебпазиртарин низ ба ҳисоб мераванд. Мавҷудияти хушунат нисбати онҳо метавонад таъсири ҷиддӣ ба тамоми сохтори иҷтимоӣ расонад. Хушунат на танҳо ҷисмонӣ, балки равонӣ, иқтисодӣ ва иҷтимоӣ буда, баъзан солҳо асари худро дар рӯҳи инсон боқӣ мегузорад. Кӯдаке, ки дар муҳити хушунат ба воя мерасад, эҳтимол дорад, ки дар оянда ё худ зӯровар шавад ё қурбонии навбатии зӯроварӣ шавад.

Ин раванд даврзании хушунат - яке аз хатарноктарин паёмадҳои иҷтимоӣ мебошад, ки рушди ҷомеаро бозмедорад, низоми оиларо суст мекунад ва ба ояндаи миллат захм мегузорад. Аз ин рӯ, таъмини муҳити бидуни хушунат барои кӯдакон ва занон натанҳо масъалаи ҳуқуқӣ ва ахлоқӣ, балки масъалаи амнияти миллӣ ва ояндаи давлат мебошад.

Дар ин раванд, тарзи ҳаёти солиму созанда ҷойгоҳи марказӣ дорад. Тарзи ҳаёти солим танҳо муносибат ба ғизо ё саломатӣ нест, балки маҷмӯи муносибати инсонӣ, фарҳангӣ ва ахлоқии шахс дар муҳити иҷтимоии худ мебошад. Оила, ки нахустин мактаби тарбия аст, бояд ба мактаби муҳаббат, эҳтиром, муколама ва ҳамдигарфаҳмӣ табдил ёбад. Омӯзиши малакаҳои муколамаи созанда, идоракунии эҳсосот, ҳалли муноқишаҳо, истифода накардани зӯроварӣ ҳамчун воситаи ҳал ин унсурҳои меҳварии тарзи ҳаёти солим мебошанд. Агар ин арзишҳо дар оила ҷорӣ шаванд, ҷомеа низ ба самти муҳити бехатар ва созанда таҳаввул меёбад. Ба ин хотир, худи маъракаи «16 рӯзи мубориза алайҳи хушунат» бояд на танҳо як силсилаи маърака, балки як фарҳанги доимии худогоҳӣ гардад.

Мубориза алайҳи хушунат дар ҷомеа аз нигоҳи илмӣ, ҳуқуқӣ ва иҷтимоӣ бояд ҳамаҷониба бошад. Яъне, ниҳодҳои давлатӣ барои татбиқи қонун масъуланд, ҷомеаи шаҳрвандӣ барои баланд бардоштани маърифати ҳуқуқӣ ва дастгирии иҷтимоӣ масъул аст, мактаб ва донишгоҳ барои таҳкими тафаккури ҳуқуқӣ ва фарҳанги муосир масъуланд, ва ҳар як шахс барои эҳтиром ва риояи ҳуқуқи дигарон масъул мебошад. Ҳар қадаме, ки дар ин самт гузошта мешавад - аз баргузории тренингҳо то тадқиқотҳои илмӣ, аз ҷаласаҳои огоҳсозӣ то фаъолиятҳои ҳама дар роҳи коҳиши хушунат ва бунёди ҷомеаи бехатар саҳм дорад.

Дар ҷамъбаст бояд гуфт, ки «16 рӯзи мубориза алайҳи хушунат» танҳо як маъракаи муваққатӣ нест, балки як даъват ба худогоҳӣ, масъулият, фарҳанги инсонӣ ва ҷаҳонбинии муосир мебошад. Ҳимояи занону кӯдакон аз ҳама гуна шаклҳои хушунат на танҳо иҷрои қонун, балки пойдории оила, суботи ҷомеа ва ояндаи миллат аст. Ҷомеаи бидуни хушунат, ҷомеаи ояндабин, бомаърифат ва соҳибтафаккур аст; ҷомеае, ки инсон ва ҳуқуқи инсонро арзиши волотарин медонад. Агар мо имрӯз дарк кунем, ки ҳар як сухани сахт, ҳар як амал ва ҳатто ҳар як беэътиноӣ метавонад ояндаи як инсонро тағйир диҳад, пас масъулиятро бо дилу виҷдон қабул мекунем.

Зиндагӣ бидуни хушунат маънои зиндагӣ бо муҳаббат, эҳтиром, масъулият ва эҳё намудани фарҳанги инсониятро дорад. Ин зиндагиест, ки шоистаи ҳар фарзандамон ва ҳар як шаҳрванди Тоҷикистон аст.

Шарифзода Сурайё, Раиси шурои занони «Бонувони муваффақ»-и Раёсати АМИТ

Ҳукумати Тоҷикистон илмро яке аз омилҳои асосии рушди кишвар ва олимонро захираи бузурги зеҳнии ҷомеа дониста, ба мақсади пешрафти ҳамаҷонибаи он ва беҳтар гардонидани шароити иҷтимоии кормандони соҳаи илм ҳамаи имкониятҳоро муҳайё намудааст.

Эмомалӣ Раҳмон

Бо шарофати сиёсати маорифпарваронаи Асосгузори Сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар тамоми Муассисаҳои олӣ ва муассисаҳои миёна (типи нав) бо озмоишгоҳҳои наву замонавӣ муҷаҳҳаз гардонида шудаанд. Бо пайрави ба ғамхориҳои сарвари давлат имрӯз ҳам бисёр устодон ва олимони барҷаста дар рушд ва тараққиёти химия органикӣ саҳми худро гузошта истодаанд ва ба дастоварҳои илмӣ ноил гардида истодаанд.

Химияи органикӣ ҳамчун яке аз бахшҳои муҳими илмҳои табиӣ ба ҳисоб рафта, ба омӯзиши пайвастаҳои карбондор ва механизми ҳосилшавии пайвастаҳои органикӣ машғул мебошад, ки ҳосилаҳои ин пайвастаҳо аҳамияти калони назариявию амалӣ ва иқтисодӣ доранд. Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон химияи органикӣ тӯли даҳсолаҳои охир таҳаввулотҳои ҷадид рӯи кор омад, ки ба дастовардҳои баланди аҳамияти тадқиқотӣ ва саноатидошта, аз қабили кишоварзӣ, саноати сабук ва маишӣ, тиб ва ғайраҳо ноил гардидааст. Бо дарназардошти қонеъ гардонидани талаботи инсоният ба захираҳои табиӣ, зарурати коркард ва таҳқиқи манбаъҳои маводи хоми органиӣ (нефт, газ, ангишт) ба миён омад, ки омӯзиш ва таваҷҷуҳи олимони соҳаи мазкур айни муддао буда, омили муҳим ва стратегӣ маҳсуб мешавад. Аз инҷост, ки имрузҳо барномаи самаранокии истифодаи манбаъҳои табии химияи органикӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон амал карда, бо риояи конуниятҳои экологӣ ва технологияи муосири бепартов ва кампартовро роҳандозӣ кардаанд.

Таҳқиқотҳо дар самти омӯзиши химия ҳанӯз аз солҳои 40–50-уми асри гузашта дар Тоҷикистон оғоз ёфта, бо таъсиси муассисаҳои илмӣ – таҳқиқотӣ, аз ҷумла Академияи илмҳои ҶШС Тоҷикистон ва як қатор муассисаҳои илмии дигар, ки кадрҳои арзандаи бозори меҳнатро дар бахши илмҳои табии аз ҷумла химия омода карданд, ки боиси рушди ин соҳа мусоидат намуд. Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷиҳати мавқеи геогрфӣ дорои захираҳои бузурги ангишт, флораҳои экстраксияшавандаи аҳамияти фармасевтидошта буда, таваҷҷуҳ ба химияи органикӣ муфид арзёбӣ мешавад. Аз инҷост, ки таваҷҷуҳ ба химияи органикӣ аз марҳилаҳи ибтидоӣ оғоз гардидааст. Солҳои 1960–1980-ум марҳилаҳои рушди тадқиқотҳо дар соҳаи химияи органикӣ ба шумор меравад. Ин давра бо таъсиси Пажӯҳишгоҳи химия ва технологияҳои химиявӣ (ҳоло ба номи академик В. Мансуров) ва саҳми олимоне чун, С. Ҳамидов ва В. Мансуров алоқаманд аст. Онҳо мактаби илмии худро бо равияи таҳқиқи пайвастаҳои табиӣ ва синтетикии дорои таъсири биологидошта таъсис додаанд. Бояд қайд кард, ки дар зери Академияи илмҳои ҶШС Тоҷикистон соли 1977 институти Химия ба номи В.И.Никитин таъсис дода шуд. Дар заминаи институти Химия ба номи В.И.Никитин озмоишгоҳи “Синтези органикӣ” яке аз ду озмоишгоҳҳои аввалини институт мебошад, ки бо таъсиси онҳо таърихи илми химия ва фаъолияти худи институт дар Тоҷикистон оғоз гардид. Аввалин мудири ин озмоишгоҳ ва бунёдгузори он академик Василий Иванович Никитин буд. Афкори ва ғояҳои илмии ӯ самти асосии озмоишгоҳро ба даҳсолаҳои оянда муайян намуд. В.И.Никитин намояндаи мактаби олими машҳур В. Е. Фаворский буд, ки ӯ бо дастовардҳои беназир дар соҳаи химияи пайвастаҳои носер ба мисоли ҳосилаҳои атсетилен машҳур гардидааст.

Дар муддати на он қадар тӯлонӣ кормандони озмоишгоҳ муваффақиятҳои калонеро дар соҳаи синтези глитсеринҳои атсетиленӣ ва эфирҳои соддаи онҳо, реаксияҳои оксидшавӣ, дегидрататсия, ҳидрогенонидани ин моддаҳо ноил шудаанд. Дар ин самт саҳми олимони озмоишгоҳ А.Зегелман, В. Сидоренко, Е. Глазунова, С.Сабиров, Н.Глебова, Ю.Саркисов, М.Нарницкая, М.Самиев, И.Потапова, Г.Санюкович ниҳоят бузург аст. Дар солҳои охир олимони озмоишгоҳи “Синтези органикӣ” М.Ҷ. Исобоев, Э.Х. Пулатов, Т.А. Абдуллоев, бо ҳамроҳии шогирдонашон як қатор моддаҳои навъи ҳетеросиклиро аз диметилэтинилкарбинол синтез намуданд, ки дар соҳаи тиб аналогҳои он хусусиятҳои фаъоли биологиро зоҳир мекунанд. Олими тоҷик профессор Ғ.А.Тошбоев якумин шуда синтези нави 2,3-диметилнафталинро пешниҳод кардааст. Дигар олими мувафақи тоҷик С.Г. Бандаев, бошад аввалин шуда кушодашвии сиклопропанро кашф кардааст. Яке аз олимони барҷастаи биохимики тоҷик Ғ.М. Бобизода ва К. Ҳайдаров моддаи дорувории навъи тимотсин, тимофен ва тимогарро синтез намудаанд, ки барои пешгирии бемроиҳои сироятӣ, фишори системаи масуният истифода мешаванд. Як қатор олимони дигари тоҷик: Э.У. Нуъмонов, Ш. Холиқов, М.А.Куканиев, Ҷ.Х. Холиқов, Р. Усмонов, С.Ш. Шукуров ва дигарон дар соҳаи рушди химияи органикии тоҷик саҳми арзандаи худро гузоштаанд.

Тарақиёти химияи органикӣ бо дастовардҳои болозикр хотима наёфта, балки минбаъд боиси таъмини эҳтиёҷоти ҷомеаи Тоҷикистон ва берун аз он гардидааст. Дар тӯли даҳсолаҳои ахир, олимони тоҷик як қатор пайвастаҳои нави органикиро кашф ва синтез намудаанд, ки дорои таъсири зиддибактериявӣ, зиддивирусӣ ва зиддиомос мебошанд. Баъзе аз ин пайвастагиҳои синтезшуда ҳамчун моликияти зеҳнӣ дар шакли ҳуҷати расмии патент тасдиқ шудааст. Дар баробари ин, нашрияҳои илмӣ дар намуди китобҳо ва мақолаҳои илмии тадқиқотии зиёде дар маҷаллаҳои байналмилалӣ нашр шудаанд. Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон бо талошу заҳматҳои ин олимони тоҷик корхонаҳои ТБШ, нуриҳои нитрогении Вахш, нуриҳои органикӣ фаъолият мекунанд. Бо роҳбарии академик Ҳайдаров К.Ҳ. ва доктори илми химия, профессор Кодиров А.Х. аввалин бор маводи доругии эфири глитсерин туршобаи ҳолат ва хенодезоксихолат синтез карда шудаанд, ки қобилияти ҳал кардани сангҳои талхадонро доранд. Қобилияти литолитикии ин маводҳо нисбат ба дигар маводхое, ки ба класси стероидхо дохиланд, беҳтаранд.

Муаллифон: Ходими калони илми озмоишгоҳи «Синтези органикӣ» н.и.х. Мавлонов Б.Г.

Докторанти PhD бахши 3-и озмоишгоҳи «Синтези органикӣ» Ҳаётов Н.А.

Терроризм ва экстримизм аз як ҷониб чун вабои аср хатари глобалии ҷиддӣ буда, аз ҷониби дигар аъмоли он гувоҳ аст, ки террорист ватан, миллат ва дину мазҳаб надорад, балки як таҳдиде ба ҷомеаи ҷаҳон ва ҷони ҳар як сокини сайёра аст.

Эмомалӣ Раҳмон

Пешгирӣ ва мубориза бар зидди терроризм ва экстремизм яке аз самтҳои афзалиятноки сиёси ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон маҳсуб ёфта, дар тули солҳои Истиқлолияти давлатӣ санадҳои меъёрии ҳуқуқи мухталиф қабул ва мавриди амал қарор дода шудаанд.Агар воқеаву ҳодисаҳои мухталифи ҷаҳони имрўзаро таҳлил намоем собит мегардад, ки проблемаи терроризми байналмилалӣ ва экстремизм яке аз масъалаҳои доғи рўз боқӣ мондааст ва пешгирии он натанҳо дар ҳамбастагии қудрат ва имконоти дохилию хориҷии кишварҳои ҳампаймон имконпазир мегардад.

Экстремизм- аз калимаи франсузии extremisme ва лотинии extremus гирифта шуда , маънои аслиаш ифротгароӣ, тундравӣ , фикру андешаҳо ва амалҳои тундравона, якравона, аз ҳад гузаштан, аз андоза гузаштан буда, экстремист- шахсиятест, ки дар фаъолияти худ ҷонибдори амалҳои тундравию якравӣ аст. Экстремизм шахсро ба сўи содир намудани ҷиноятҳои марбут ба терроризм мебарад.

Таҳқиқи истилоҳи терроризм яке аз масъалаҳои мураккабу печидаи илми ҷаҳонӣ мебошад. Маълум аст, ки зиёда аз дусад таърифи терроризм вуҷуд дорад, аммо ҳеҷ яке аз ин таърифҳо умуми эътирофшуда нест. Ин аз он дарак медиҳад, ки зуҳуроти терроризм гуногунҷабҳа,мураккаб ва бисёрчеҳра мебошад. Аз нуқтаи назари равиши методологӣ сухан сари он меравад, ки оё системаҳои иҷтимоӣ, қобилияти худинкишофёбӣ ва ҳамоҳангшавиро доранд ё не? Дар раванди амали намудани ин мақсад мо бояд аз идеяи фавқулодагии миллату давлат, даст кашем ва ба иттифоқу сулҳ, муколамаи зинда бо дигар халқу миллатҳо кўшиш намоем ва фалсафаи ғайризуровариро дар саргаҳи муносибатҳои худ ҷойгир намоем.

Бетарафӣ нисбати ин падидаи номатлуб бари рушди минбаъдаи кишвар халали ҷиддӣ ворид намуда, ба ваҳдати миллӣ, истиқлолияти давлатӣ ва бехатарии кишвар таҳдид менамояд.

Агентии амнияти химиявӣ, биологӣ, радиатсионӣ ва ядроии Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон ниҳоди илмие аст, ки ба баланд бардоштани самаранокии мубориза таҳдидҳои замони муосир нигаронида шудааст. Дар ин раванд Агентӣ нақши пешбарандаро ба уҳда гирифта, барномаҳои фарогири омодасозӣ ва такмили ихтисоси сохторҳои қудратии мамлакатро амалӣ менамояд.

Таваҷҷуҳи асосӣ дар фаъолияти Агентӣ ба гузаронидани даврҳои омӯзишӣ, семинарҳо ва конфронсҳо барои кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ равона шудааст. Ин чорабиниҳо ба баланд бардоштани сатҳи огоҳӣ ва маҳорат дар ошкор, пешгирӣ ва вокуниш ба таҳдидҳои химиявӣ, биологӣ, радиатсионӣ ва ядроӣ, ки аз ҷониби гурӯҳҳои террористӣ ва экстремистӣ истифода мешаванд, равона шудаанд.

Яке аз самтҳои асосии фаъолияти Агентии амнияти химиявӣ, биологӣ, радиатсионӣ ва ядроии Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон омодасозии кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқи Тоҷикистон мебошад. Татбиқи даврҳои омӯзишӣ, семинарҳо ва конфронсҳо ба баланд бардоштани малакаи кормандони соҳа ва пешгирии ин таҳдидҳо мусоидат менамояд.

Агентии амнияти химиявӣ, биологӣ, радиатсионӣ ва ядроии Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон бо ҷалби грантҳои байналмилалӣ мақомоти ҳифзи ҳуқуқро бо таҷҳизоти муосир, аз ҷумла детекторҳои химиявӣ, биологӣ, радиатсионӣ ва ядроӣ, либосҳои махсуси муҳофизатӣ ва таҷҳизоти алоқа таъмин менамояд. Илова бар ин дар чаҳорчӯби барномаи таҳкими марз ба таҷдид ва таҷҳизи гузаргоҳҳои марзӣ дар хати сарҳади Тоҷикистон ва Афғонистон, ки барои ҷилавгирӣ аз убури ғайриқонунии марз ва вуруди унсурҳои ифротӣ муҳим аст, таваҷҷуҳи хосса зоҳир мешавад.

Агентии амнияти химиявӣ, биологӣ, радиатсионӣ ва ядроии Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар мубориза бо терроризму ифротгароӣ ва таъмини амнияти миллӣ ва минтақавӣ нақши муҳим дорад. Ҳамкории байналмилалӣ ва ҷалби грантҳо дар татбиқи ин вазифаҳо нақши асосӣ бозида, намунаи муваффақонаи муттаҳид шудани қувваҳоро дар муқовимат бар зидди баъзе мушкилоти ҷиддии замони муосир нишон медиҳад.

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат,Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон вобаста ба низоми нави ҷаҳонӣ ва масъалаҳои глобалии ҳалталаб, аз ҷумла терроризму экстремизм, дар симпозиюму конфренсияҳои байналмилалӣ ширкат ва суханронӣ карда,ин зуҳуроти номатлубро маҳкум намуданд.

Тавре Сарвари давлат зимни ироаи Паём 26 декабри соли 2019 таъкид доштанд :Дар шароити ҷаҳони пурҳаводиси муосир бисёр муҳим аст, ки ҷавонони мо мисли солҳои 90-уми асри гузашта фирефтаи таблиғоти неруҳои ифротгарои динӣ ва бадхоҳони миллати тоҷик нагарданд, ҳамеша зираку ҳушёр ва барои ҳимояи манфиатҳои халқи тоҷик ва давлати тоҷикон омода бошанд”. Ин таъкиди Президенти кишвар бояд дар баробари мақомоти ҳифзи ҳуқуқ уҳдадории ҳар фарди ҷомеа бошад. Зеро иқдомҳои мантиқии якҷоя дар самти мубориза ва пешгирии ифротгароӣ кафилӣ минбаъдаи ҷомеаи осудаи кишвари мо хоҳад буд.

Хулоса, аҳли ҷомеа, ба хусус, ҷавононро аз амалу ниятҳои нопоки ифротгароён огоҳ сохта, дар ҷамъомаду чорабиниҳое, ки ба ин мақсад гузаронида мешаванд, намояндагони шӯъбаи амният ё ВКД, омӯзгорон, ҳуқуқшиносон даъват карда шаванд. Аҳолӣ, бахусус, ҷавононро ба вазъи ҷомеаи ҷаҳонӣ нисбат ба амалҳои ношоистаи террористону иғвоангезон бохабар созанд.

Бобоев К.О –Мудири шуъбаи бехатарӣ ва амнияти химиявӣ, Агентии аминияти ХБРЯ-и АМИТ

Норасоии неруи барқ имрӯз мушкилоти як ва ё якчанд кишвари алоҳида набуда, он ба як падидаи сатҳи ҷаҳонӣ табдил ёфтааст. Ин мушкилот на танҳо дар кишварҳои олами сеюм, ҳатто дар миқдори зиёди давлатҳои пешрафта низ ба назар мерасад. Аз ҷумла, тибқи омори охирин дар ин самт ибтидо аз соли 2023 чунин кишварҳо дар даҳгонаи пеши давлатҳое қарор доранд, ки дар онҳо норасоии барқ мушоҳида мешавад:

1. Чин (норасоӣ - 32,6 млн. квт.).

2. Ҷопон (- 14,5 млн. квт.).

3. Ҳиндустон (-14,3 млн. квт.).

4. Кореяи ҷанубӣ (- 9,8 млн. квт.).

5. Олмон (- 7,6 млн. квт.).

6. Италия (- 4,4 млн. квт.).

7. Туркия (- 4,4 млн. квт.).

8. Фаронса (- 4,2 млн. квт.).

9. Испания (- 3,4 млн. квт.).

10. Таиланд (- 2,9 млн. квт.).

Ҳамзамон, ба қатори дигар кишварҳои вобаста аз неруи барқ Нидерландия (норасоӣ - 2,4 млн. квт.), Вйетнам (норасоӣ - 2,0 млн. квт.), Белгия (норасоӣ - 1,9 млн. квт.) ва Полшаро (норасоӣ -1,9 млн. квт.) ворид сохтаанд.

Ба ҳамаи ин нигоҳ накарда, дар қитъаҳои гуногуни олам кишварҳое низ ҳастанд, ки мутаассифона, давлатҳои камтаъмин бо барқ ҳисобида шуда, фоизи хеле ками аҳолии онҳо ба ин неру дастрасӣ дорад. Ба ин кишварҳо Судони Ҷанубӣ (8,4 % аҳолӣ бо барқ таъмин аст), Бурунди (10,3% аҳолӣ), Чад (11,7% аҳолӣ), Малави (14% аҳолӣ), Ҷумҳурии Африқои Марказӣ (15,7% аҳолӣ), Ҷумҳурии Демократии Конго (21,5% аҳолӣ), Сйерра-Леоне (29,4% аҳолӣ) ва ғайра дохиланд.

Боиси таассуф аст, ки имрӯз дар Осиёи Марказӣ низ норасоии неруи барқ ба мушкилоти доғи рӯз табдил ёфтааст. Барои мисол метавон таъкид намуд, ки аз соли 2022 инҷониб масъалаи норасоии неруи барқ дар Ҷумҳурии Қазоқистон торафт зиёдтар шуда истодааст. Дар ин давра норасоии неруи барқ дар ин кишвар дар давоми 8 моҳ - дар моҳҳои январ, май, июн, июл, август, сентябр, ноябр ва декабр ба қайд гирифта шуда, дар маҷмуъ, тибқи маълумоти мавҷуда истеҳсоли неруи барқ 112,86 млрд. квт. соатро ташкил додааст, ки нисбат ба солҳои гузашта тахминан 1,5% камтар аст.

Дар кишвари дӯсту ҳамсоя - Ҷумҳурии Қирғизистон низ дар фасли зимистон барои кам кардани истеъмол барқро қатъ мекунанд, зеро дар кишвар иқтидори зарурӣ барои истеҳсоли миқдори зарурии барқ ҳоло вуҷуд надорад. Барои гузаштан аз давраи тирамоҳу зимистон ба Ҷумҳурии Қирғизистон тахминан 16,5 млрд. кВт. соат неруи барқ лозим аст, ки ин кишвар танҳо тақрибан 13,4 млрд. квт. соати онро истеҳсол карда метавонад.

Дар солҳои охир дар Ҷумҳурии Ӯзбекистон вазъ ба ҳамин монанд аст: сатҳи норасоии неруи барқ дар кишвар қариб ҳамарӯза зарурати барои чанд соат қатъ намудани интиқоли барқро ба вуҷуд меорад. Дар ин кишвари бародару ҳамсоя норасоии неруи барқ тахминан дар ҳаҷми истеъмоли ҳаррӯзаи 1820 млн. квт. соат мушоҳида мешавад.

Тавре, ки аз таҳлили омори мавҷуда аз манбаъҳои кушодаю дастрас бармеояд, норасоии неруи барқ имрӯз ба мушкилоти сатҳи ҷаҳонӣ табдил ёфтааст, ки сабаби асосии он табиӣ - тағйироти иқлим ба ҳисоб меравад. Вале эътимоди комил дорем, ки инсоният имрӯз ба пешрафтатарин дастовардҳои илм дар соҳаи энергетика мусаллаҳ буда, қобил аст, ки дастаҷамъона барои ҳифзи табиат мубориза кунад ва омилҳои норасоии ҳама гуна навъҳои неруро аз миён барад. Дар кишвари мо низ бо болоравии сатҳи маърифати аҳолӣ дар истифодаи барқ ва бунёди комили НОБ-и Роғун, ки дар асоси технологияҳои навтарини ҷаҳонӣ сохта шуда истодааст, ин мушкилот дар солҳои наздиктарин ҳаллу фасли ниҳоии худро пайдо мекунад.

Хуршед Зиёӣ - доктори илмҳои фалсафа, профессор

Дар шароити муосири рушди ҷомеаи ҷаҳонӣ, ки илм, технология ва иттилоот ба унсури асосии пешрафт табдил ёфтаанд, нақши занон ҳамчун нерӯи созанда ва омили муҳими такомули зеҳнии миллат бештар аз ҳар вақти дигар равшан мегардад. Ҷомеаи Тоҷикистон, ки пас аз ба даст овардани Истиқлолияти давлатӣ роҳи рушди устувори иҷтимоӣ, сиёсӣ ва иқтисодиро интихоб намуд, маҳз тавассути ҷалби неруи муассири занон дар соҳаҳои илм, маориф, технология ва идоракунии давлатӣ тавонист заминаҳои муҳим барои пешрафти илми миллӣ ва рушди кадрҳои баландихтисос фароҳам созад. Дар ин раванд, нақши олима-занони Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон аҳамияти хос дошта, ҳамчун неруи фаъоли зеҳнӣ самтҳои муҳими илму техника, гуманитария, тиб, биология, физика, математика, химия, ҷомеашиносӣ ва ҳифзи мероси фарҳангиро рушд медиҳанд.

Пешвои муаззами миллат, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон доимо таъкид мекунанд, ки рушди илми миллӣ бе иштироки фаъоли занон имконнопазир аст. Дар суханронии худ ба ифтихори Рӯзи илм Пешвои муаззами миллат, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид намудаанд: «Занони бомаърифат ва соҳибтаҷриба дар ҷомеа неруи бузурги зеҳнӣ мебошанд ва иштироки онҳо дар таҳқиқотҳои илмӣ яке аз омили муҳимтарини пешрафти кишвар ба шумор меравад». Ин суханон на танҳо ҷиҳати арзёбии фаъолияти олима-занони тоҷик аст, балки ҳамчун дастур барои сиёсати давлатӣ дар самти дастгирии неруи зани илмдӯст дар кишварамон хизмат мекунанд.

Агар ба таърихи рушди илми тоҷик назар афканем, мебинем, ки фаъолияти занон дар илм ҳамеша ҷойгоҳи хос дошт, аммо маҳз даврони Истиқлолият шароити воқеӣ барои рӯй додани таҳаввулоти ҷиддӣ дар самти иштироки занон дар илму технология фароҳам овард. Солҳои аввали Истиқлолият, ки ба кишвар вазъияти қариб фалокатбори иқтисодӣ ва иҷтимоӣ таҳмил карда буд, боиси коҳиши фаъолияти бисёр муассисаҳои илмӣ гардид. Бо вуҷуди ин, маҳз сиёсати ояндабинона ва дастгириҳои пайвастаи Пешвои миллат имкон дод, ки Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон на танҳо аз бӯҳронҳои пасоҷангӣ раҳо ёбад, балки ба маркази қавии илмӣ табдил ёфта, неруи нав ва ҷавони муҳаққиқон, аз ҷумла занон, ба фаъолияти илмӣ ҷалб карда шаванд.

Имрӯз даҳҳо зани олим дар сохторҳои мухталифи Академияи миллии илмҳо кору фаъолият доранд: дар Институти физика ва математика, Институти химия, Институти биофизика ва физиологияи растаниҳо ва ҳайвонот, Институти шарқшиносӣ, Институти забон ва адабиёт, Институти таърих, археология ва мардумшиносӣ, Институти иқтисод ва демография ва даҳҳо самтҳои дигар. Ҳузури онҳо нишон медиҳад, ки илми тоҷик дар заминаи гендерӣ мутавозин ва устувор рушд мекунад.

Меҳнати занони олим дар солҳои соҳибистиқлолӣ, махсусан дар соҳаҳои илмҳои табиӣ ва техникӣ, қадами муҳиме дар рушди неруи технологӣ ва инноватсионии Тоҷикистон аст. Пешвои миллат доимо таъкид мекунанд, ки Тоҷикистон бояд ба рушди иқтисодиёт дар асоси технологияҳои муосир такя кунад ва дар ин кор занон бояд нақши фаъол дошта бошанд. Дар яке аз суханрониҳои худ Пешвои муаззами миллат, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иброз намуданд: «Бе иштироки занони соҳибмаърифат дар рушди илм ва технология пешрафти воқеии кишвар имкон надорад. Мо вазифадорем, ки барои онҳо шароити зарурӣ фароҳам созем ва неруи зеҳнии онҳоро ба манфиати ҷомеа равона созем». Ин гуфтаҳо нишон медиҳанд, ки сиёсати давлатӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ба рушди баробарҳуқуқонаи илм ва дастгирии зани омӯзанда, муҳаққиқ ва биноқкор равона шудааст.

Олима-занони Академияи миллии илмҳо имрӯз дар самтҳои муҳими таҳқиқотӣ фаъолияти густурда доранд. Дар илмҳои табиӣ, махсусан химия, биология, геология, физика ва математика, олимаҳо дар таҳқиқоти асосӣ ва амалӣ ширкат меварзанд. Бисёре аз онҳо дар таҳқиқоти марбут ба экологияи Тоҷикистон, кашфи хӯлаҳои нав дар асоси металҳои ранга ба монанди рӯҳу алюмини, мис ав ғайра, истифодаи оқилонаи захираҳои табиӣ, омӯзиши таҳияи маводҳои нав, таҳқиқи обҳои зеризаминӣ ва омӯзиши равандҳои биохимиявӣ саҳми назаррас гузоштаанд. Дар соҳаи илмҳои гуманитарӣ олима-занон дар таҳқиқи таърихи тоҷикон, ҳифзи мероси ғайримоддӣ, омӯзиши забон, адабиёт ва фарҳанг, таҳлилҳои ҷомеашиносӣ ва равандҳои иҷтимоӣ пешсаф мебошанд. Ин фаъолияти густурда на танҳо илми моро ғанӣ мегардонад, балки симои байналмилалии илмии Тоҷикистонро низ муаррифӣ менамояд.

Бартарии фаъолияти занони олим дар Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар он аст, ки онҳо дар баробари тадқиқоти илмӣ ба рушди сармояи инсонӣ таваҷҷуҳи ҷиддӣ доранд. Зани олима на танҳо муҳаққиқ аст, балки устод, тарбиягар, роҳнамо ва илҳомбахш низ мебошад. Маҳз фаъолияти онҳо буд, ки имрӯз даҳҳо духтарони ҷавон ба илм рӯ овардаанд, дар магистратура, докторантура ва унвонҳои илмӣ таҳсил мекунанд ва худро дар нигоҳ доштани иқтидори зеҳнии кишвар масъул ҳис менамоянд. Пешвои муаззами миллат, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ин равандро чун дастоварди муҳими иҷтимоӣ арзёбӣ намуда, таъкид кардаанд: «Духтарон ва занони тоҷик имрӯз дар раванди таҳсил ва илм пешсаф буда, ин амали неки онҳо барои рушди устувори давлату миллат хизмат мекунад».

Нақши занон дар илм ба сиёсати давлатӣ оид ба таъмини баробарии иҷтимоӣ, баланд бардоштани мақоми зан дар ҷомеа ва ҳифзи ҳуқуқҳои онҳо вобаста аст. Қонуну барномаҳои давлатӣ, аз ҷумла «Қонун дар бораи баробарҳуқуқии мардону занон», «Стратегияи миллии фаъолсозии нақши занон», «Барномаи давлатии дастгирии занони шаҳрванд» ва дигар санадҳои меъёрӣ имкон доданд, ки иштироки занон дар илм афзоиш ёбад. Ин ҳуҷҷатҳо шароити мусоид барои таҳсил, такмили ихтисос, дастрасӣ ба грантҳои илмӣ, иштирок дар лоиҳаҳои инноватсионӣ ва барномаҳои байналмилалиро фароҳам намудаанд.

Ҳамин тавр, давлати Тоҷикистон тавассути меъёрҳои қонунгузорӣ раванди густариши неруи илмии занонро таъмин намуда, барои расидан ба ҳадафҳои стратегии миллӣ - аз ҷумла, саноатикунонии босуръати кишвар - заминаи мустаҳкам мегузорад.

Илова бар ин, фаъолияти олима-занон дар Академияи миллии илмҳо на танҳо ба илми миллӣ, балки ба муносибатҳои байналмилалии илмӣ низ таъсири мусбат мерасонад. Онҳо дар форумҳои байналмилалӣ, семинарҳо, конфронсҳо ва ҳамоишҳои илмӣ иштирок мекунанд, бо донишгоҳҳо ва марказҳои тадқиқотии кишварҳои ҷаҳон робитаи илмӣ барқарор намуда, Тоҷикистонро ҳамчун кишвари дорои неруи зеҳнии қавӣ муаррифӣ мекунанд. Ин иқдомҳо ба баланд бардоштани эътибори иҷтимоӣ ва илмии занони тоҷик мусоидат намуда, ҳамкориҳои илмиро бо кишварҳои пешрафта густариш медиҳанд.

Дар ҷамъбаст метавон гуфт, ки фаъолияти олима-занони Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон ифодаи равшани сиёсати давлат оид ба рушди неруи инсонӣ, баробарии гендерӣ ва такя ба неруи зеҳнии занон дар пешрафти илм ва ҷомеа мебошад. Саҳми онҳо дар рушди илмҳои табиӣ, гуманитарӣ, техникиву иҷтимоӣ на танҳо аҳамияти илмӣ дорад, балки барои рушди иқтисодиву иҷтимоии кишвар низ муҳим аст. Пешвои муаззами миллат, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар суханони худ таъкид намуда буданд: «Зани тоҷик имрӯз рамзи маърифат, неруи созанда ва пояи устувори давлатдорист». Ин арзёбӣ на танҳо воқеияти ҷомеаи морост, балки ҳадафи стратегӣ барои рушди минбаъдаи илми миллӣ мебошад. Ба ҳамин тартиб, нақши занон дар таҳкими пешрафти илм ва технология дар Тоҷикистон имрӯз ба унсури ҷудонопазири рушди минтақавӣ ва ҷаҳонӣ табдил ёфтааст, ки ин амр дар заминаи сиёсати давлат, дастгириҳои Пешвои муаззами миллат, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва заҳмати беинтиҳои олимаҳои тоҷик амалӣ мегардад.

Аминова Нигора Аминовна, н. и. т., мудири Озмоишгоҳи Маводшиносии Институти химияи ба номи В.И. Никитин.

Шарифзода Сурайё, Раиси шурои занон «Бонувони муваффақ»-и Раёсати АМИТ

Нахустин ҳолатҳои сирояти вируси норасоии масунияти одам (ВНМО) дар ҳудуди Тоҷикистони ҳозира соли 1988 дар шаҳри Элиста (ҳоло Қалмиқистон, Федератсияи Русия) ба қайд гирифта шуданд. Ин ҳодисаи маъруф бо номи «фоҷиаи Элиста» дар таърихи тибби Шӯравӣ ҳамчун нахустин ҳолати сирояти дохилибеморхонагии кӯдакон маъруф гардид. Аз 275 кӯдаки сироятёфтаи ВНМО дар Иттиҳоди Шӯравӣ, 75 нафарашон кӯдакони тоҷик буданд, ки барои табобат ба Элиста интиқол дода шуда буданд. Ин ҳодиса аввалин огоҳии ҷиддӣ дар бораи хатари ВНМО барои ҷумҳуриҳои Осиёи Марказӣ гардид.

Дар Тоҷикистон аввалин ҳолати расман бақайдгирифташудаи ВНМО соли 1991 дар Душанбе ба қайд гирифта шуд – шаҳрванди хориҷӣ аз Африқо. То соли 1996 дар ҷумҳурӣ ҳамагӣ 5 ҳолати ВНМО ба қайд гирифта шуда буд, ки ҳамаашон шаҳрвандони хориҷӣ буданд. Вокуниши давлатӣ дар ин марҳила маҳдуд буд ва ба назорати сарҳадӣ ва санҷиши хуни донорӣ такя мекард.

Ҷанги шаҳрвандӣ (1992–1997) боиси харобшавии пурраи системаи тандурустӣ, аз байн рафтани назорати сарҳадӣ ва афзоиши бениҳоят тезу тунди транзити маводи мухаддир аз Афғонистон гардид. Дар солҳои 1994–1997 Тоҷикистон ба роҳи асосии «Шоҳроҳи Шимолии героин» табдил ёфт. Мувофиқи гузоришҳои СММ, ҳаҷми героини аз Афғонистон гузаранда аз 1995 то 2000 10 маротиба афзуд.

Ин омилҳо заминаи воқеии эпидемияи ҷамъшударо гузоштанд:

- камбизоатӣ ва бекорӣ боиси афзоиши истифодаи маводи мухаддир гардид;

- аз байн рафтани системаи пешгирии нашъамандӣ;

- муҳоҷирати оммавӣ ва аз даст додани назорати саломатӣ.

Дар соли 1997 дар Душанбе аввалин ҳолатҳои сирояти ВНМО дар байни нашъамандони тазриқӣ (НТ) ба қайд гирифта шуданд. Дар ҳамон сол Маркази ҷумҳуриявии пешгирӣ ва мубориза бар зидди СПИД таъсис ёфт.

Соли 1999 аввалин барномаи миллии муқовимат бо ВНМО (1999–2001) қабул гардид. Дар соли 2001 Тоҷикистон ба Эъломияи сиёсии СММ оид ба ВНМО/БПНМ ҳамроҳ шуд ва Кумитаи миллии ҳамоҳангсозии мубориза бо ВНМО, сил ва вараҷа таъсис ёфт.

Дар солҳои 2001–2010 се барномаи миллӣ амалӣ гардиданд:

- 2001–2005 – марҳилаи аввалин пешгирӣ;

- 2007–2010 – ҷорӣ кардани нуқтаҳои боварӣ ва мубодилаи сӯзанҳо;

- 2011–2015 – аввалин барномаи табобати зиддиретровирусӣ (ТЗРВ).

Натиҷаҳои ин давра:

- аз соли 2005 то 2010 шумораи бақайдгирифташуда аз 1853 то ~8000 нафар афзуд;

- фарогирии табобати зиддиретровирусӣ (ТЗРВ) аз сифр то 35 % расид;

- аввалин нуқтаҳои мубодилаи сӯзанҳо (47 нуқта) кушода шуданд.

Дар давраи 1988–2010 Тоҷикистон аз марҳилаи «сирояти нодир» ба марҳилаи «эпидемияи ҷамъшуда дар гурӯҳҳои хатари баланд» гузашт. Омилҳои асосӣ: ҷанги шаҳрвандӣ, афзоиши транзити маводи мухаддир ва вайроншавии системаи тандурустӣ буданд. Ин давра заминаи воқеии сиёсати миллии муқовиматро гузошт, ки дар қисмҳои минбаъда таҳлил мешавад.

Барномаи миллӣ барои солҳои 2011–2015 (қарори Ҳукумат №562 аз 30.10.2010) аввалин ҳуҷҷати стратегӣ буд, ки принсипҳои «паст кардани зарар» (harm reduction)-ро ба таври расмӣ ҷорӣ намуд. Дар ин давра нуқтаҳои мубодилаи сӯзанҳо аз 47 то 110 зиёд гардиданд, барномаҳои табобати ивазкунанда бо метадон дар 11 шаҳру ноҳия оғоз ёфтанд (беш аз 1200 нафар фаро гирифта шуданд).

Натиҷаҳои асосӣда он зоҳир мегардад, ки сирояти амудӣ (аз модар ба кӯдак) аз ~30 % то камтар аз 5 % паст шуд, фарогирии ТЗРВ аз 35 % то 58–60 % расид, эпидемия дар байни НТ устувор гардид (17–19 %), яъне афзоиши босуръат боздошта шуд.

Ин барнома нахустин маротиба принсипи «Н=Н» (Ноопаёбанда = Наинтиқолдиҳанда)-ро дар амалия татбиқ кард ва заминаи гузариш ба модели «табобат ҳамчун пешгирӣ» гузошт.

Барномаи навбатӣ (2017–2020) дар заминаи Ҳадафҳои рушди устувор ва мақсадҳои ЮНЭЙДС 90-90-90 таҳия гардид. Дар ин давра ташхиси ҳатмии занони ҳомиладор ҷорӣ шуд (фарогирӣ аз 41 % то 95 %+), аввалин маротиба тестҳои фаврии луобӣ ва худтесткунонӣ озмоишӣ ҷорӣ гардиданд, шумораи нуқтаҳои боварӣ барои НТ ба 150+ расид.

Дар натиҷа соли 2020 фарогирии ТЗРВ ба 80,6 % (7055 нафар) расид, сирояти нав устувор гардид (~1300 ҳолат дар сол).

Барномаи миллӣ оид ба муқовимат ба эпидемияи вируси норасоии масунияти одам ва бемории пайдошудаи норасоии масуният дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021–2025, ки бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 27 феврали соли 2021, №50 тасдиқ гардидааст, дар таърихи сиёсати тандурустии Тоҷикистони мустақил ҳамчун марҳилаи гузариши ҷиддӣ ба модели «табобат ҳамчун пешгирӣ» (treatment as prevention) ва қабули расмии ҳадафҳои ҷаҳонии 95-95-95 ба қайд гирифта мешавад. Ин ҳуҷҷат аввалин бор дар таърихи кишвар ҳадафҳои зеринро дар сатҳи қонунгузории миллӣ сабт намуд: то соли 2025 95 % шахсони бо ВНМО зиндагӣкунанда бояд ҳолати худро донанд, 95 % онҳо бояд табобати зиддиретровирусӣ (ТЗРВ) гиранд ва дар 95 % онҳо вирусная нагрузка бояд ба сатҳи ноопаёбанда (undetectable) бирасад. Ин ҳадафҳо мустақиман аз Стратегияи ҷаҳонии ЮНЭЙДС барои солҳои 2021–2026 (End Inequalities. End AIDS) ва Ҳадафҳои рушди устувори СММ (ҲРУ №3.3) бармеоянд ва Тоҷикистонро ба зумраи кишварҳои пешсафи минтақаи Аврупои Шарқӣ ва Осиёи Марказӣ дохил карданд.

Махсусан муҳим буданд чор самти стратегии ин барнома, ки онро аз барномаҳои қаблӣ ба куллӣ фарқ мекард:

1. Ҷорӣ кардани худтесткунонӣ дар сатҳи миллӣ – Тоҷикистон аввалин кишвар дар минтақа гардид, ки худтесткунонии ихтиёриро бо истифода аз тестҳои луобӣ (оральная жидкость) озмоиш ва то охири соли 2025 ба сатҳи миллӣ баровард. Ин чора ба таври назаррас фарогирии ташхисро дар байни гурӯҳҳои душвордастрас (муҳоҷирон, ҷавонон, ММАҶ) баланд бардошт.

2. Ҳамгироии хизматрасониҳои ВНМО бо кӯмаки аввалияи тиббию санитарӣ (КАТС) – ин принсипи стратегӣ имкон дод, ки хизматрасониҳои ВНМО аз марказҳои махсуси СПИД ба марказҳои саломатии оилавӣ ва беморхонаҳои ноҳиявӣ гузарад. Дар натиҷа, то соли 2025 зиёда аз 70 % беморони ТЗРВ доруҳояшонро аз ҳамин марказҳои КАТС мегирифтанд, ки тамға ва монеаҳои логистиро ба таври назаррас коҳиш дод.

3. Коҳиши тамға тавассути тағйири қонунгузорӣ – соли 2023 бо ташаббуси Вазорати тандурустӣ ва дастгирии ЮНЭЙДС Пленуми Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қароре қабул кард, ки моддаи 125 Кодекси ҷиноятии ҶТ (сироятёфтагонро ба ҷавобгарии ҷиноятӣ кашидан) ба таври назаррас нарм карда шуд. Ин қадам дар минтақа беназир буд ва имкон дод, ки беморон дертар ба ташхис ва табобат муроҷиат накунанд.

4. Таъсиси барномаҳои махсус барои муҳоҷирони меҳнатӣ – бо дарназардошти он ки зиёда аз 1 миллион шаҳрванди Тоҷикистон ҳар сол ба Русия ва дигар кишварҳо мераванд, барномаи «Муҳоҷир ва ВНМО» ташкил карда шуд, ки тесткунонии пеш аз сафар ва пас аз бозгашт, табобати пайваста ва ҳамкориро бо Хадамоти федералии назорати эпидемиологии Русия (Роспотребнадзор) дар бар мегирифт.

Натиҷаҳои соли 2025 (мувофиқи гузориши муштараки Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии ҶТ ва ЮНЭЙДС, 2025) нишон доданд, ки Тоҷикистон ба ҳадафҳои 95-95-95 хеле наздик шуд:

- шумораи умумии шахсони бо ВНМО зиндагӣкунанда ~15 000 нафар (бақайдгирифташуда ~13 500);

- фарогирии ТЗРВ – 89–90 % (аз 80,6 % дар соли 2020);

- ташхиси занони ҳомиладор – 98 %+;

- ҳолатҳои нав дар сол ~1250–1300 (устувор);

- роҳи ҷинсӣ – 73 % аз ҳамаи ҳолатҳои нав (нишонаи гузариш ба эпидемияи ҷинсӣ).

Аз ҷиҳати молиявӣ, дар давраи 2011–2025 тақрибан 61 % маблағҳо аз манбаъҳои берунӣ таъмин гардиданд: Фонди ҷаҳонӣ (Global Fund) – 40 %, USAID – 15–20 %, буҷети давлатӣ – 39 %. Аммо соли 2025 буридани маблағҳои ИМА (аз 12 млн доллар ба 2 млн доллар) хатари дефицити доруҳои зиддиретровирусӣ барои тақрибан 3000 нафарро ба вуҷуд овард. Ин ҳодиса нишон дод, ки вобастагии зиёди молиявӣ аз донорҳои берунӣ яке аз осебпазириҳои асосии сиёсати миллии муқовимат ба ВНМО боқӣ мемонад ва зарурати гузариши зуд ба маблағгузории дохилиро тақозо мекунад.

Хулосаи ин марҳилаи таърихӣ ин аст, ки Тоҷикистон дар муддати 15 сол (2011–2025) аз модели «пешгирии классикӣ» ба модели «табобат ҳамчун пешгирӣ» гузашт ва ба мақсадҳои ҷаҳонии 95-95-95 хеле наздик шуд. Ин муваффақият натиҷаи ҳамкории зичи давлат бо ЮНЭЙДС, ВОЗ, Фонди ҷаҳонӣ ва ҷомеаи шаҳрвандӣ мебошад. Аммо, барои нигоҳ доштани ин дастовардҳо ва расидан ба барҳамдиҳии эпидемия то соли 2030 зарур аст, кишвар ба таври қатъӣ ба маблағгузории дохилӣ гузарад, тамғаи иҷтимоиро пурра аз байн барад ва барномаҳои махсус барои муҳоҷиронро боз ҳам тавсеа диҳад.

Дар давраи 2011–2025 сиёсати давлатӣ аз модели «пешгирии классикӣ» ба модели «табобат ҳамчун пешгирӣ» гузашт. Тоҷикистон ба мақсадҳои 95-95-95 хеле наздик шуд, эпидемия дар марҳилаи ҷамъшуда устувор нигоҳ дошта шуд, аммо вобастагии маблағӣ ва афзоиши сирояти ҷинсӣ мушкилоти асосӣ боқӣ мемонанд.

Дар соли 2025, бо вуҷуди дастовардҳои назаррас, як қатор мушкилоти системавӣ ва иҷтимоӣ боқӣ мемонанд:

1. Афзоиши сирояти ҷинсӣ ва «роҳи номаълум». Роҳи ҷинсӣ ба 73 % аз ҳамаи ҳолатҳои нав расид (гузориши ЮНЭЙДС 2024). Ҳолатҳои «роҳи номаълум» 12–15 % боқӣ мемонад, ки эҳтимоли сироятҳои дохилибеморхонагӣ ва пинҳон кардани сироят дар байни муҳоҷиронро нишон медиҳад.

2. Вобастагии шадиди маблағгузорӣ аз берун. Аз соли 2015 то 2025 ҳиссаи буҷети давлатӣ ҳамагӣ 39 % буд. Буридани маблағҳои USAID дар соли 2025 (аз 12 млн то 2 млн доллар) хатари дефицити АРВ барои 3000 нафарро ба вуҷуд овард (гузориши Global Fund, 2025).

3. Тамға ва табъиз. Мувофиқи таҳқиқоти соли 2023 (Маркази ҷумҳуриявии СПИД), 46 % кормандони тиб омода нестанд ба ШВЗ хизмат расонанд; 55 % аҳолӣ ҷонибдори ҷудо нигоҳ доштани ШВЗ мебошанд. Ин боиси дер муроҷиат кардан (дар марҳилаи дери беморшавӣ – 29,3 %) мегардад.

4. Муҳоҷирати меҳнатӣ. Ҳар сол тақрибан 1 млн нафар (асосан мардон) ба Русия мераванд. Дар байни муҳоҷирон паҳншавӣ 1,23 % (2024), аммо аксари сироятҳо пас аз бозгашт ба хона ошкор мешавад.

5. Сирояти кӯдакон ва занон. Ҳанӯз ҳам 11–14 % ҳолатҳои нав дар байни кӯдакон (то 14-сола) ба қайд гирифта мешавад, ки қисме аз онҳо «роҳи номаълум» доранд.

Барои барҳамдиҳии эпидемияи вируси норасоии масунияти одам ва бемории пайдошудаи норасоии масуният ҳамчун таҳдиди ҷамъиятии тандурустӣ (мутобиқ ба Ҳадафи рушди устувори СММ №3.3 – то соли 2030 барҳамдиҳии эпидемияи СПИД), Тоҷикистон бояд дар давраи 2026–2030 як қатор чораҳои ҷиддӣ ва системавӣ андешад. Ин чораҳо на фақат аз таҳлили натиҷаҳои Барномаи миллӣ барои солҳои 2021–2025 бармеоянд, балки аз тавсияҳои мустақими ЮНЭЙДС, ВОЗ ва Фонди ҷаҳонӣ низ ҳастанд, ки соли 2025 дар конфронси миллии Душанбе расман пешниҳод гардиданд.

Нахустин ва муҳимтарин шарти барҳамдиҳӣ – зиёд кардани ҳиссаи буҷети давлатӣ аз 39 % то ҳадди ақал 60 % то соли 2030 мебошад. Дар соли 2025 буридани маблағҳои ИМА (аз 12 млн то 2 млн доллар) хатари дефицити доруҳои зиддиретровирусӣ барои 3000 нафарро ба вуҷуд овард ва нишон дод, ки вобастагии зиёди берунӣ (61 %) метавонад тамоми дастовардҳои 15-соларо зери хатар гузорад. Гузариш ба маблағгузории дохилӣ на фақат масъалаи иқтисодӣ, балки масъалаи амнияти миллии тандурустӣ аст.

Дуюм, тағйири пурраи моддаи 125 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва қабули қонуни алоҳида «Дар бораи ҳифзи ҳуқуқҳои шахсони бо ВНМО зиндагӣкунанда» зарур мебошад. Моддаи 125 то ҳол имкони ҷавобгарии ҷиноятӣ барои «хатари эҳтимолии сироятдиҳӣ»-ро дорад, ки бо принсипи Н=Н (ноопаёбанда = наинтиқолдиҳанда) комилан зиддият дорад. Дар соли 2023 нарм кардани модда қадами мусбат буд, аммо барои барҳамдиҳии тамғаи иҷтимоӣ ва ҷалби беморон ба ташхис бояд пурра бекор карда шавад. Таҷрибаи Украина (2018), Гурҷистон (2020) ва Қазоқистон (2022) нишон медиҳад, ки бекор кардани криминализатсия фарогирии ташхисро 18–25 % зиёд мекунад.

Сеюм, ҷорӣ кардани худтесткунонӣ дар сатҳи миллӣ ва фарогирии 100 % муҳоҷирони меҳнатӣ пеш аз сафар бояд ҳатмӣ гардад. Дар соли 2025 худтесткунонӣ дар 12 шаҳру ноҳия озмоиш шуд ва натиҷаҳои хуб дод (зиёда аз 8000 нафар ташхис гирифтанд). Аммо то ҳол муҳоҷирон (тақрибан 1 млн нафар дар сол) берун аз система мемонанд. Қонуни нав бояд тесткунонии ҳатмиро пеш аз гирифтани иҷозатномаи кор дар Русия ворид кунад.

Чорум, ҳамкории минтақавӣ бо Федератсияи Русия – таъсиси марказҳои тесткунонӣ ва табобатӣ дар Маскав ва Санкт-Петербург барои муҳоҷирони тоҷик – шарти ҳалкунанда аст. Дар соли 2024 аз 225 ҳолати нави муҳоҷирон 70 %-ашон пас аз бозгашт ба Тоҷикистон ошкор шуданд. Созишномаи байниҳукуматӣ бо Роспотребнадзор (соли 2023) замина гузошт, аммо то ҳол марказҳои махсус вуҷуд надоранд. Таҷрибаи Қирғизистон (марказ дар Маскав аз соли 2022) нишон медиҳад, ки чунин марказҳо сироятҳои навро 30 % кам мекунанд.

Панҷум, барномаи миллии коҳиши тамға барои солҳои 2026–2030 бо ҷалби роҳбарони динӣ, ВАО ва ҷомеаи шаҳрвандӣ бояд қабул шавад. Дар соли 2025 ҳанӯз ҳам 46 % кормандони тиб ва 55 % аҳолӣ тамға доранд. Таҷрибаи Уганда ва Кения нишон медиҳад, ки ҷалби имомон ва роҳбарони динӣ тамғаро 40 % кам мекунад.

Хулоса ин аст, ки Тоҷикистон дар остонаи барҳамдиҳии эпидемия қарор дорад. Агар ин панҷ чора то соли 2030 амалӣ шавад, кишвар метавонад аввалин давлати минтақа гардад, ки ВНМО/БПНМ-ро ҳамчун таҳдиди ҷамъиятии тандурустӣ барҳам медиҳад. Ин на фақат масъалаи тиббӣ, балки масъалаи сиёсати давлатӣ ва арзишҳои инсонӣ мебошад.

Дар давраи 1988–2025 Тоҷикистон аз марҳилаи «сирояти нодир» ба марҳилаи «эпидемияи ҷамъшудаи устувор» гузашт ва ҳоло дар остонаи «барҳамдиҳии эпидемия» қарор дорад. Ин муваффақият натиҷаи се омили асосӣ мебошад:

- сиёсати давлатии пайваста – қабули 5 барномаи миллӣ (2001–2025);

- ҳамкории байналмилалӣ – Global Fund, ЮНЭЙДС, USAID;

- фаъолшавии ҷомеаи шаҳрвандӣ – ташкилотҳои ғайридавлатӣ ва шабакаҳои ШВЗ.

Эпидемияи ВНМО/БПНМ(СПИД) дар ҷаҳон ҳанӯз ҳам яке аз таҳдидҳои калонтарини тандурустии ҷамъиятӣ мебошад. Мувофиқи арзёбиҳои ЮНЭЙДС (Барномаи муштараки Созмони Милали Муттаҳид оид ба ВНМО/БПНМ) ва СУТ (Созмони Умумиҷаҳонии Тандурустӣ) барои соли 2024, дар ҷаҳон 40,8 миллион нафар [37,0–45,6 миллион] бо ВНМО зиндагӣ мекунанд, ки нисбат ба соли 2010 (34 миллион) афзоиши 20 %-ро нишон медиҳад. Аз соли 2021 то 2025 шумораи ҳолатҳои нав аз 1,5 миллион (2021) то 1,3 миллион (2024) коҳиш ёфт, ки ин 40 % нисбат ба соли 2010 аст, аммо аз ҳадафи ЮНЭЙДС барои соли 2025 (камтар аз 370 000 ҳолатҳои нав) дур аст. Фавт аз сабабҳои марбут ба БПНМ аз 690 000 (2020) то 630 000 (2024) паст шуд, ки 70 % нисбат ба авҷи соли 2004 мебошад, аммо аз ҳадафи 250 000 барои соли 2025 пуштист.

Дар соли 2024, 77 % [62–90 %] аз шахсони бо ВНМО зиндагӣкунанда ба табобати зиддиретровирусӣ (ТЗРВ) дастрасӣ доштанд, ки 31,6 миллион нафарро ташкил медиҳад, аммо 5,3 миллион нафар ҳолати худро намедонанд. Ҳадафҳои 95-95-95 (95 % ташхис, 95 % табобат, 95 % супрессияи вирусӣ) то соли 2025 пурра амалӣ намегарданд: ташхиси умумӣ 86 %, табобат 77 %, супрессия 90 %. Дар соли 2025 мушкилоти калон – вобастагии маблағҳо аз донорҳои берунӣ (PEPFAR, Global Fund) ва буридани маблағҳои ИМА (аз 8,3 млрд доллар соли 2022 то 6,0 млрд дар 2025) мебошад, ки дефицити 17 %-ро ба вуҷуд меорад.

Муқовимат дар сатҳи ҷаҳонӣ тавассути барномаи Стратегияи ҷаҳонии мубориза бо СПИД 2021–2026 (Барҳамдиҳии нобаробарӣ. Барҳамдиҳии СПИД) амалӣ мешавад, ки ҳадафҳои 10-10-10-ро (10 % кишварҳои дорои қонунҳои таҳримӣ, 10 % кӯдакони сироятёфта ва 10 % ҳолатҳои нав миёни ҷавонон) пешбинӣ мекунад. Дар соли 2025, 26 кишвар нақшаҳои афзоиши маблағҳои дохилиро барои соли 2026 эълон карданд. Дар байни минтақаҳо, Африқои Шарқӣ ва Ҷанубӣ (бо 25,6 миллион ШВЗ) калонтарин борро дорад, аммо Осиё, Аврупо ва Амрико низ мушкилоти махсус доранд.

Дар Осиёи Ҷанубу Шарқӣ ва Марказӣ (ба истиснои Тоҷикистон) 6,6 миллион [6,1–7,5 миллион] шахсони бо ВНМО зиндагӣкунанда дар соли 2023 зиндагӣ мекунанд, ки 23 % ҳолатҳои нав дар ҷаҳонро ташкил медиҳад. Паҳншавӣ дар байни калонсолон (15–49-сола) 0,3 % аст, аммо дар байни гурӯҳҳои калидӣ (НТ, ШРХШ, ММАҶ) 2–29 % мерасад. Аз соли 2021 то 2025 ҳолатҳои нав 32 % миёни ММАҶ ва 85 % миёни шарикони ғайримиҷозии ШРХШ афзуданд.

Дар Ҳиндустон (2,1 миллион ШВЗ) ва Индонезия (700 000) эпидемия дар байни НТ ва ШРХШ тамаркуз ёфтааст, бо паҳншавии 1,3 % дар Мянма. Дар Тайланд ва Вьетнам ҳолатҳои нав миёни ҷавонон (15–24-сола) 20 % афзуданд. Дар соли 2023, 204 000 нафар доконтактӣ профилактика (PrEP) истифода бурданд, аммо аз ҳадафи 8,2 миллион барои соли 2025 дур аст.

Дар Осиё барномаҳои ЮНЭЙДС 2021–2026 ва Фонди ҷаҳонӣ маблағҳои 3,3 млрд долларро барои соли 2023 таъмин карданд, аммо то соли 2025 ба 9,2 млрд ниёз аст. Дар Тайланд ва Камбоҷа фарогирии ТЗРВ 90 % расид, аммо дар Индонезия танҳо 50 %. Чораҳои пешгирӣ мубодилаи сӯзанҳо ва PrEP барои НТ ва ММАҶ, аммо тамғаи баланд (дар Ҳиндустон 70 % ШРХШ ташхиси худро пинҳон мекунанд) монеа мебошад. Дар соли 2025, 50 % кишварҳо нақшаҳои коҳиши тамға доранд.

Дар Аврупо (аз ҷумла Аврупои Ғарбӣ, Марказӣ ва Шарқӣ) 1,5 миллион ШВЗ дар соли 2024 зиндагӣ мекунанд, бо 112 883 ташхиси нав дар соли 2023 (сатҳи 12,7 дар 100 000). Аз соли 2021 то 2025 ҳолатҳо 19,6 % паст шуданд, аммо дар Аврупои Шарқӣ (Русия, Украина) афзоиш доштанд (аз 15,8 дар 2019 то 12,4 дар 2022). Дар Иттиҳоди Аврупо/Минтақаи иқтисодии Аврупо (30 кишвар) 24 164 ташхиси нав дар соли 2024 (5,3 дар 100 000), ки 48 % дерӣ мебошад. Дар Аврупои Шарқӣ паҳншавӣ миёни НТ 11,9 % ва маҳбусон 8,4 % аст.

Дар Аврупо Ҳадафҳои Дублин (2013) ва стратегияи ЮНЭЙДС 2021–2026 амалӣ мешаванд. Дар соли 2024 фарогирии ТЗРВ 90 % расид, аммо дар Русия танҳо 60 %. PrEP барои 50 % осебпазирандагон (ҳадафи 2025), тестҳои фаврӣ ва коҳиши тамға (дар Германия ва Франсия 10 % қонунҳои таҳримӣ бекор шуданд). Дар соли 2025, 40 кишвар нақшаҳои афзоиши маблағҳои дохилиро доранд, аммо дар Аврупои Шарқӣ дефитсити 20 % вуҷуд дорад.

Дар Амрикои Шимолӣ (ИМА ва Канада) 1,2 миллион ШВЗ дар ИМА (2022) зиндагӣ мекунанд, бо 36 136 ташхиси нав дар соли 2021 (12 % коҳиш аз 2018). Аз соли 2021 то 2025 ҳолатҳо миёни африқоитабори амрикоиҳо (37 %) ва ҳиспаноязонҳо (33 %) баланд аст, бо 66 % миёни ММАҶ. Дар Амрикои Лотинӣ 2,4 миллион ШВЗ (2021), ки 50 % ҳолатҳои нав миёни гурӯҳҳои калидӣ мебошанд. Дар Бразилия ва Мексика паҳншавӣ миёни занон 41 % афзуд.

Дар ИМА стратегияи миллии мубориза бо ВНМО/БПНМ 2022–2025 (Барҳамдиҳии эпидемияи ВНМО) ҳадафҳои 95-95-95-ро пешбинӣ кардааст, бо фарогирии ТЗРВ 66 % (2021). PrEP барои 204 000 нафар (2023), аммо аз ҳадафи 8,2 миллион дур. Дар Амрикои Лотинӣ Созмони панамериконии тандурустӣ/СУТ барномаҳои 2022–2030-ро амалӣ мекунад, бо коҳиши ҳолатҳои амудӣ 50 %. Дар соли 2025, 15 кишвар нақшаҳои коҳиши тамға доранд.

Дар ҷаҳон ҳолатҳои нав 40 % коҳиш ёфтанд, аммо аз ҳадафҳои 2025 дур мемонанд. Дар Осиё эпидемияи ҷамъшуда (0,3 %) бо тамаркузи 23 % ҳолатҳои нав; дар Аврупо ташхиси дерӣ (48 %) ва афзоиш дар Шарқ; дар Амрико номутаносибӣ миёни африқоитабори амрикоиҳо (37 %). Муқовимат дар ҳамаи минтақаҳо тавассути ТЗРВ ва PrEP пеш меравад, аммо тамға ва маблағҳои кам монеа мебошанд. Барои соли 2030 зарур аст, ки маблағҳои дохилӣ 50 % зиёд шаванд ва қонунҳои таҳримӣ бекор гарданд.

Таҷрибаи Тоҷикистон барои дигар кишварҳои ҷаҳон ҳамчун намунаи муваффақи гузариш аз «эпидемияи ҷамъшуда» ба «барҳамдиҳӣ» хизмат карда метавонад.

ШИРИН ҚУРБОНОВА - сарходими илмии Шуъбаи Осиёи Ҷанубу Шарқии Институти омӯзиши масъалаҳои давлатҳои

Осиё ва Аврупои Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, доктори илмҳои таърих.

Дар ҳошияи иштирок ва суханронии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар нишасти навбатии Шурои амнияти дастҷамъии Созмони Аҳдномаи амнияти дастҷамъӣ, 27.11.2025, шаҳри Бишкеки Ҷумҳурии Қирғизистон

Созмони Аҳдномаи амнияти дастҷамъӣ (минбаъд – СААД) имрӯз ягона ташкилоти байналмилалии минтақавӣ дар фазои пасошӯравӣ мебошад, ки дорои механизмҳои воқеии амнияти дастҷамъӣ, аз ҷумла қувваҳои низомии муштарак ва уҳдадориҳои ҳатмии ҳуқуқии байналмилалӣ аст. Таърихи ташаккули он бевосита ба марҳалаи аввали гузариши давлатҳои тозаистиқлол аз Иттиҳоди Шӯравӣ ва зарурати ҳифзи амнияти онҳо дар шароити нооромиҳои сиёсиву низомӣ алоқаманд аст.

15 майи соли 1992 дар шаҳри Тошкент шаш давлат – Арманистон, Қазоқистон, Қирғизистон, Россия, Тоҷикистон ва Узбекистон Аҳднома дар бораи амнияти дастҷамъиро ба имзо расонданд. Соли 1993 ба он Озарбойҷон, Беларус ва Гурҷистон ҳамроҳ шуданд. Аҳднома 20 апрели соли 1994, пас аз анҷоми ратификатсияи миллӣ дар ҳамаи давлатҳо, эътибор пайдо кард. Дар моддаи 4 Аҳднома принсипи классикии амнияти дастҷамъӣ муқаррар шудааст: «Агар яке аз давлатҳои иштирокчӣ мавриди таҷовузи мусаллаҳонаи ягон давлат ё гурӯҳи давлатҳо қарор гирад, ин ҳолат ҳамчун таҷовуз нисбат ба ҳамаи давлатҳои иштирокчӣ дониста мешавад. Ҳамаи давлатҳои дигар ба давлати мавриди таҷовузёфта ёрии зарурӣ, аз ҷумла ёрии ҳарбӣ мерасонанд ва бо тамоми воситаҳои дар ихтиёрдоштаашон дастгирӣ мекунанд дар асоси ҳуқуқи худмуҳофизати дастҷамъӣ мувофиқи моддаи 51-и Оинномаи Созмони Милалҳои Муттаҳид».

Аҳднома барои 5 сол баста шуда буд. Соли 1999 Озарбойҷон, Гурҷистон ва Узбекистон аз тамдиди узвият даст кашиданд. 2 апрели соли 1999 дар Москва Арманистон, Беларус, Қазоқистон, Қирғизистон, Россия ва Тоҷикистон Протоколи тамдиди Аҳдномаро ба имзо расонданд, ки тартиби худкори тамдидро барои ҳар панҷ сол муайян кард. Аз ҳамин лаҳза таркиби имрӯзаи СААД шакл гирифт.

14 майи соли 2002 дар шаҳри Москва Шӯрои амнияти дастҷамъӣ қарор қабул кард, ки ба Аҳднома мақоми ташкилоти байналмилалии минтақавӣ дода шавад. 7 октябри соли 2002 дар шаҳри Кишинёв Оинномаи СААД қабул гардид. Декабри соли 2003 Оиннома дар Котиботи СММ ба қайд гирифта шуд. 2 декабри соли 2004 СААД дар Ассамблеяи Генералии СММ мақоми нозири расмӣ гирифт.

Дар асоси моддаи 3-и Оинномаи СААД ҳадафҳои ташкилотро чунин муайян мекунад:

- таҳкими сулҳ, амнияти байналмилалӣ ва минтақавӣ;

- ҳифзи дастҷамъонаи истиқлолият, тамомияти арзӣ ва соҳибихтиёрии давлатҳои узв.

Принсипҳои асосӣ ин ташкилот: афзалияти воситаҳои сиёсӣ нисбат ба воситаҳои ҳарбӣ; эҳтироми истиқлолият ва ихтиёрии иштирок; баробарии ҳуқуқу уҳдадориҳо; дахолат накардан ба корҳои дохилӣ.

СААД ҳамчун ташкилоти минтақавӣ дар маънои боби VIII-и Оинномаи СММ (моддаҳои 52–54) эътироф мешавад. Уҳдадориҳои моддаи 4-и Аҳдномаи 1992 комилан ба моддаи 51-и Оинномаи СММ мувофиқат мекунанд ва ҳуқуқи истифодаи қувваро танҳо дар ҳолатҳои худмуҳофизатӣ ва ё бо иҷозати Шӯрои Амнияти СММ пешбинӣ менамоянд.

Нишасти навбатии Шӯрои амнияти дастҷамъии СААД, ки 27 ноябри соли 2025 дар шаҳри Бишкек баргузор гардид, аз нуқтаи назари ҳуқуқии байналмилалӣ аҳамияти таърихӣ дорад. Дар он бори аввал ду санад бо қувваи ҳатмии ҳуқуқӣ барои даҳсолаи оянда (2026–2030) қабул карда шуданд:

1) Нақшаи рушди ҳамкории ҳарбии давлатҳои аъзои СААД барои солҳои 2026–2030.

2) Стратегияи зиддимухаддаротии давлатҳои аъзои СААД барои солҳои 2026–2030.

Иштироки фаъол ва суханронии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ин нишаст на танҳо мавқеи миллии Тоҷикистон, балки дурнамояи умумии рушди ҳуқуқии СААД-ро муайян намуд. Нишасти Шӯрои амнияти дастҷамъии СААД дар Бишкек (27 ноябри 2025) аз нуқтаи назари ҳуқуқи байналмилалӣ воқеан марҳалаи нав дар таърихи ташкилот гардид. Дар як рӯз ду ҳуҷҷати стратегӣ бо қувваи ҳатмии ҳуқуқӣ барои тамоми давлатҳои узв қабул карда шуданд, ки барои даҳсолаи 2026–2030 заминаи нави ҳамкории низомӣ ва ғайринизомиро муқаррар намуданд.

1. Нақшаи рушди ҳамкории ҳарбии давлатҳои аъзои СААД барои солҳои 2026–2030. Хусусиятҳои ҳуқуқии ин Нақша дар он аст, ки он бо қарори Шӯрои амнияти дастҷамъӣ (моддаи 12-и Оинномаи СААД) қабул шуда, барои ҳамаи шаш давлат ҳатмӣ мебошад. Мувофиқи моддаи 2(а)-и Конвенсияи Вена оид ба ҳуқуқи аҳдҳои байналмилалӣ (1969) ҳамчун созишномаи байнидавлатӣ дорои қувваи ҳуқуқии ҳатмӣ аст ва бори аввал нақшаи миёнамуҳлати ҳамкории ҳарбӣ бо мӯҳлати дақиқи 5-сола ва нишондиҳандаҳои санҷишпазир қабул карда шуд.

Мазмуни асосӣ ва аҳамияти ҳуқуқӣ ин нақша дар он аст, ки:

1. Нақшаи ягонаи омодабошии Неруҳои муштараки вокуниши сареъ дар се самти минтақавӣ - Шарқӣ, Ғарбӣ ва Қафқоз-Осиёи Марказӣ -таҳия шуд.

2. Гурӯҳҳои муштараки доимӣ дар самти ҷанубии СААД (Тоҷикистон – Қирғизистон – Россия) таъсис меёбад.

3. Ҳаҷми хариди ягонаи аслиҳа ва техникаи ҳарбӣ то 35 % аз ниёзҳои миллӣ то соли 2030 баланд бардошта мешавад.

4. Стандартҳои миллии ҳарбӣ бо стандартҳои СААД ҳамоҳанг мегарданд.

Аз лиҳози ҳуқуқӣ ин Нақша механизми воқеии иҷрои моддаи 4-и Аҳдномаи 1992 мебошад, зеро ҳоло барои ҳар як давлат уҳдадории мушаххаси миқдорӣ ва мӯҳлатнок муқаррар шудааст.

2. Стратегияи зиддимухаддаротии давлатҳои аъзои СААД барои солҳои 2026–2030. Хусусиятҳои ҳуқуқияш дар он аст, ки аввалин ҳуҷҷати ягонаи стратегӣ дар таърихи СААД дар соҳаи мубориза бо гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир буда, ба Конвенсияи СММ оид ба маводи мухаддир (1961), Конвенсияи СММ оид ба моддаҳои психотропӣ (1971) ва Конвенсияи СММ зидди гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир ва моддаҳои психотропӣ (1988) мувофиқ аст. Моддаи 16-и Оинномаи СААД («Ҳамкорӣ дар мубориза бо ҷинояткории муташаккили фаромиллӣ») асоси ҳуқуқии Стратегия мебошад.

Мазмуни асосӣ ва аҳамияти ҳуқуқии Стратегия чунинанд:

1. Эътирофи «роҳи шимолии Афғонистон» ҳамчун таҳдиди рақами якуми амният барои ҳамаи давлатҳои узв.

2. Таъсиси гурӯҳҳои муштараки тафтишотӣ-амалиётӣ бо иштироки мақомоти махсуси ҳар шаш давлат.

3. Соли 2027 оғози сохтмони Маркази минтақавии СААД оид ба мониторинги гардиши мухаддирот.

4. Зарурати ҳамоҳангсозии феҳристи миллии моддаҳои мамнӯъ ва прекурсорҳо.

Дар суханронии худ Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бори аввал дар сатҳи олӣ пешниҳод карданд, ки СААД ва Маркази минтақавии зиддимухаддаротии Созмони Ҳамкории Шанхай (бо марказ дар Душанбе) робитаи мустақими ҳуқуқӣ барқарор намоянд. Ин пешниҳод аз нуқтаи назари ҳуқуқ метавонад ба имзои Созишномаи байни ду ташкилот оварда расонад ва председенти нави ҳамкории ду ташкилоти калонтарини минтақавӣ гардад.

Дар ҷамъбаст Шӯрои амнияти дастҷамъӣ қарор қабул кард, ки татбиқи Барномаи ҳадафманди байнидавлатӣ аз соли 2013 (бо таҳрири соли 2021) то соли 2030 пурра маблағгузорӣ ва бо техникаи муосир таъмин карда шавад. Ин қарор бори аввал дар таърихи СААД ба як лоиҳаи мушаххаси миллӣ-минтақавӣ мақоми «лоиҳаи афзалиятноки дастҷамъӣ» дод.

Санадҳои қабулшуда дар шаҳри Бишкек СААД-ро аз як иттиҳоди сиёсиву низомии умумӣ ба ташкилоти дорои пояи мустаҳками ҳуқуқии барномавӣ ва молиявӣ табдил доданд. Ҳоло ҳар як давлати узв на фақат уҳдадории умумӣ, балки вазифаҳои мушаххаси миқдорӣ ва мӯҳлатнок дорад, ки ин аз лиҳози ҳуқуқи байналмилалӣ марҳалаи комилан нав дар институсионализатсияи СААД мебошад.

Нишасти навбатии Шурои амнияти дастҷамъии Созмони Аҳдномаи амнияти дастҷамъӣ на танҳо бо қабули ду санадҳои стратегӣ, балки бо матраҳ гардидани як силсила таҳдидҳои комилан нав дар сатҳи олӣ аз фарқияти сифатӣ бархӯрдор шуд. Бахусус суханронии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нишон дод, ки СААД бояд зудтар ба низоми ҳуқуқии худ ислоҳоти ҷиддӣ ворид намояд, то ба таҳдидҳои ғайрианъанавӣ ва гибридӣ посухи саривақтӣ ва ҳуқуқӣ дода тавонад.

Бори аввал дар таърихи СААД роҳбари давлати узв (Президенти Тоҷикистон) аз минбари Шӯрои амнияти дастҷамъӣ ошкоро изҳор намуд, ки гурӯҳҳои террористию ифротӣ аллакай аз технологияҳои зеҳни сунъӣ барои таблиғ, ҷалби аъзо, банақшагирии ҳамлаҳо ва ҳатто идораи дронҳо истифода мебаранд. Имрӯз дар пояи ҳуқуқии СААД ягон ҳуҷҷати махсус дар бораи мубориза бо кибертерроризм ва таҳдидҳои марбут ба зеҳни сунъӣ вуҷуд надорад. Ин холигии ҳуқуқӣ метавонад дар ояндаи наздик ба осебпазирии ҷиддӣ табдил ёбад. Зарурат пеш омад, ки то соли 2027 дар доираи СААД чунин санадҳо қабул гарданд:

- Протоколи иловагӣ ба Оинномаи СААД «Дар бораи мубориза бо таҳдидҳои киберӣ ва истифодаи зеҳни сунъӣ аз ҷониби гурӯҳҳои террористӣ»;

- Созишномаи алоҳида дар бораи табодули фаврии иттилооти киберӣ миёни хадамоти махсуси давлатҳои узв.

Сарҳади 1400-километраи Тоҷикистон бо Афғонистон то ҳол ягона хатти фронталии СААД боқӣ мемонад, ки бо минтақаи ноороми сиёсӣ бевосита ҳамсарҳад аст. Дар нишаст бори дигар таъкид гардид, ки гардиши мухаддирот, интиқоли ҷангиён ва силоҳ аз ин самт ҳамчунон таҳдиди рақами якум мебошад.

Аз лиҳози ҳуқуқӣ муҳимтарин натиҷаи нишаст ин эътирофи расмии Барномаи ҳадафманди таҳкими сарҳади Тоҷикистону Афғонистон (соли 2013/2021) ҳамчун лоиҳаи афзалиятноки дастҷамъии СААД то соли 2030 буд. Ин маънои онро дорад, ки маблағгузорӣ ва таъминоти техникӣ акнун на танҳо масъалаи дуҷонибаи Тоҷикистону Россия, балки уҳдадории ҳуқуқии ҳамаи шаш давлати узв мебошад.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пешниҳод намуданд, ки дар ҳудуди Тоҷикистон Маркази аксуламалҳои башардӯстонаи СААД таъсис ёбад. Ин пешниҳод комилан ба моддаи 8-и Оинномаи СААД («Ҳамкорӣ дар соҳаи ёрии башардӯстона») мувофиқат мекунад ва метавонад ба СААД имкон диҳад, ки дар ҳолатҳои фавқулодда (офатҳои табиӣ, гурезаҳо аз Афғонистон, буҳронҳои экологӣ) зуд ва муассир амал кунад. То ҳол чунин марказ вуҷуд надорад ва таъсиси он СААД-ро ба сатҳи нави фаъолияти ғайринизомӣ бармебардорад.

Пешниҳоди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар бораи робитаи мустақими СААД бо Маркази минтақавии зиддимухаддаротии СҲШ метавонад ба аввалин председенти ҳуқуқии ҳамкории расмии ду ташкилоти бузурги минтақавӣ табдил ёбад. Дар шароити кунунӣ ҳарду ташкилот аъзои умумӣ доранд (ба ҷуз Арманистон ва Беларус), ки ин корро аз лиҳози ҳуқуқӣ хеле осон мекунад.

Нишасти навбатии Шурои амнияти дастҷамъии Созмони Аҳдномаи амнияти дастҷамъӣ, Бишкек-2025 собит намуд, ки СААД аз соли 1992 то кунун се марҳалаи асосиро паси сар кардааст:

1) марҳалаи аҳдномавӣ (1992–2002),

2) марҳалаи институсионалӣ (2002–2025),

3) марҳалаи стратегӣ-ислоҳотӣ (аз соли 2025 сар шуда).

Имрӯз СААД на танҳо иттиҳоди низомӣ, балки ташкилоти муосири амнияти ҳамаҷониба мебошад, ки бояд ба таҳдидҳои классикӣ (гардиши мухаддирот, терроризм) ва таҳдидҳои нав (зеҳни сунъӣ, киберҳамлаҳо, буҳронҳои башардӯстона) якҷоя посух диҳад.

Саҳми Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ин марҳала ниҳоят калон аст. Кишвари мо бо роҳбарии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон на фақат қабулкунандаи ёрии амниятӣ, балки ташаббускори фаъоли ислоҳоти ҳуқуқӣ ва стратегӣ гардид. Пешниҳодҳои муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон (маркази башардӯстона, робита бо СҲШ, мубориза бо зеҳни сунъии террористӣ) аллакай ба рӯзномаи кории СААД дохил шудаанд ва дар солҳои 2026–2030 бояд ба санадҳои навбатӣ табдил ёбанд. Ҳамин тариқ, нишасти Бишкек-2025 на танҳо натиҷа, балки оғози марҳалаи нави рушди ҳуқуқӣ ва амалии Созмони Аҳдномаи амнияти дастҷамъӣ гардид, ки дар он Ҷумҳурии Тоҷикистон нақши пешбаранда ва таърихӣ бозида истодааст.

САНГИНЗОДА Дониёр Шомаҳмад, муовини директори Институти омӯзиши масъалаҳои давлатҳои Осиё ва Аврупои АМИТ оид ба илм ва таълим, доктори илмҳои ҳуқуқшиносӣ, профессор