Тоҷикистон дар тӯли солҳои соҳибистиқлолӣ на танҳо ҳамчун давлати соҳибихтиёр, балки ҳамчун иштирокчии фаъоли равандҳои ҷаҳонии гузариш ба рушди устувор низ шинохта шудааст. Кишвари мо, ки дорои иқтидори бузурги манбаҳои барқароршавандаи энергия мебошад, таҳти роҳбарии хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати рушди иқтисодиёти сабз роҳи воқеъбинонаро пеш гирифтааст. Ин интихоби стратегиро на танҳо тамоюлҳои муосир, балки ғамхории дурандешонаи Сарвари кишвар дар бораи амнияти энергетикӣ, беҳбудии экологӣ ва шукуфоии наслҳои оянда муайян мекунад.
Тоҷикистон ҳамчун сарзамини дарёҳои беназир ва кӯҳҳои азим бо боигарии асосии худ — захираҳои гидроэнергетикӣ, аз дигар кишварҳо фарқ мекунад. Ҳамзамон, хушбахтона ҳукумати кишвар иқдомҳои фаротар аз доираи нерӯи обии анъанавиро амалӣ намуда, вобаста ба истифодаи то ҳадди имкон бештари манбаҳои таҷдидшавандаи энергияро амалӣ намуда истодааст. Ин қадамҳои стратегӣ дар як қатор санадҳои муҳим, аз қабили «Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030» ифода ёфтааст. Барномаи мазкур, ки дар сатҳи олӣ ташаббус ва дастгирӣ ёфт, ҳамчун ҳуҷҷати меъёрӣ барои рушди ҳамаҷонибаи соҳа мубрамияти баланд дорад. Он ба ҷалби сармоя, ҷорӣ намудани технологияи муосир ва фароҳам овардани заминаи зарурии қонунгузорӣ нигаронида шудааст.
Коршиносони соҳа хуб медонанд, ки кишвари мо дар минтақа дорои потенсиали баландтарини энергияи офтобиро дорад. Бо дастгириҳои ҳукумати кишвар лоиҳаҳои таҷрибавӣ оид ба насби истгоҳҳои фотоэлектрикии офтобӣ дар минтақаҳои гуногуни ҷумҳурӣ мунтазам ва доимӣ ба роҳ монда шудаанд. Бунёди нерӯгоҳҳои электрикии офтобӣ дар минтақаҳои дурдаст, барои ҳалли масъалаи бо энергия таъмин намудани аҳолии маҳаллӣ, такони ҷиддӣ медиҳад.
Рушди соҳаи манбаҳои барқароршавандаи энергия дар кишвар на танҳо ҳамқадами тамоюли ҷаҳонӣ, балки сиёсати дурандешона ва созанади Сарвари кишвар мебошад, ки собитқадамона амалӣ карда мешавад. Иқдоми мазкур бевосита барои ноил шудан ба ҳадафҳои рушди устувор, амнияти энергетикии кишвар ва баланд бардоштани сатҳу сифати зиндагии ҳар яке аз шаҳрвандони кишвари азизамон мусоидат мекунад.
Ҳукумати кишвар таҳти роҳбарии бунёдкоронаи Сарвари кишвар яке аз ташаббускорони фаъоли энергияи сабз, ҳамчун таъминкунандаи ояндаи экологии сайёра, дар мубориза бо тағйирёбии иқлим шинохта шудааст. Кишвари мо бо бунёди нерӯгоҳҳои гидроэнергетикӣ ва офтобӣ ба сӯи таҳкими соҳибихтиёрии иқтисодӣ дилпурона пеш меравад. Ин дастовардҳо осори истиқлолияти кишвар буда, барои ободии фардо асос мешаванд.
34-умин солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон муборак – ҳамватанони азиз!
А.Ғ. Сафаров – мудири Маркази омӯзиш ва татбиқи манбаҳои барқароршавандаи энергия
Ф. Шокир, Қ.Ботуров – ходимони пешбари илмии МОТМБЭ
9 сентябри соли 1991 Тоҷикистон дар асоси Изҳороти истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки аз тарафи Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул гардид, истиқлолияти давлатии худро эълон кард. Дар ин рӯз давраи нави таърихӣ оғоз ёфт. Акнун кишварамон аз таъсири сиёсати беруна озод шуда, роҳ ба сӯи худмуайянкунии миллӣ, пешрафти иҷтимоӣ ва эҳёи маданӣ боз гардид.
Мафҳуми истиқлолияти давлатӣ аз Эъломияи истиқлолияти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 24 августи соли 1990 бармеояд, ки мувофиқи он истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ягонагӣ ва ҳукмравоии ҳокимияти давлатӣ дар тамоми ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон ва соҳибихтиёрии он дар муносибатҳои хориҷӣ ифода меёбад.
Аз замони бадастории истиқлолияти давлатӣ 34 сол гузашт ва дар Тоҷикистон насли томе ба воя расидааст, ки дар даврони истиќлолият таваллуд шудаанд. Саволи мантиқӣ ба миён меояд: имрӯз ҷавонони кишвар истиқлолиятро чӣ гуна дарк мекунанд?
Истиқлолият барои кишварамон ба осонӣ ба даст наомадааст. Солҳои аввали соҳибихтиёрӣ бо ноустувории сиёсӣ ва ҷанги шаҳрвандӣ (солҳои 1992-1997) ҳамроҳ буд, ки кишвар солҳои зиёд оқибатҳои онро паси сар кард. Бо шарофати заҳмату талошҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва халқи меҳнатпарасти тоҷик дар Тоҷикистон сулҳ барқарор гардида, ниҳодҳои ҳокимияти давлатӣ мустаҳкам гардиданд ва раванди рушди устувор бошиддат ҷараён гирифт. Ин дониш заминаи ташаккули шуури ватандӯстӣ дар ҷавонон мебошад.
Насли ҷавони муосири Тоҷикистон хонандагони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ ва махсус, донишҷӯён, мутахассисони ҷавон, соҳибкорони ҷавон, олимони ҷавон ва варзишгарон мебошанд. Онҳо дар ҳаёти ҷамъият фаъолона иштирок карда, мамлакатро дар арсаи байналмилалӣ муаррифӣ мекунанд ва дар пешрафти соҳаҳои гуногун ҳисса мегузоранд.
Аксари ҷавонон истиқлолиятро бо мафҳумҳои зерин алоқаманд мекунанд: сулҳу субот; озодии интихоб ва имкониятҳои худшиносӣ; рушди фарҳанг ва забони модарӣ; масъулияти ояндаи мамлакат ва ғайра.
Барои ҷавонон истиқлолият на танҳо як воқеияти таърихӣ, балки воқеияти рӯзмарраест, ки онҳо дар он зиндагӣ мекунанд, таҳсил мекунанд, касбу кор меомӯзанд ва оила бунёд мекунанд.
Барномаҳои давлатӣ барои дастгирии ҷавонон дар тарбияи ватандӯстӣ нақши муҳим доранд.
Намунаҳои чунин ташаббусҳо инҳоянд:
• Форумҳо ва конфронсҳои миллии ҷавонон;
• Бурсияҳо ва барномаҳои давлатӣ барои таҳсил дар хориҷа;
• Чорабиниҳои фарҳангию маърифатӣ бахшида ба Рӯзи Истиқлолият;
• Ҷалби ҷавонон ба лоиҳаҳои волонтёрӣ, экологӣ ва иҷтимоӣ.
Бо шарофати ин иқдомот дар ҷавонон мавқеъи фаъоли шаҳрвандӣ, майли ба кишвари худ муфид будан ва дарки аҳамияти истиқлолият ҳамчун арзиши олии миллӣ ташаккул меёбанд.
Насли ҷавон ба оянда некбинона менигарад. Ҷавонони Тоҷикистон сарфи назар аз чолишҳои ҷаҳони муосир – аз ҷаҳонишавӣ то таҳдидҳои экологӣ талош доранд, дастовардҳои кишвари худро ҳифз ва афзун намуда истодаанд. Барои онҳо истиқлолият арзиши бузургест, ки оянда дар асоси он бунёд мешавад Истиқлолият на танҳо иди давлатӣ, балки заҳмату талошҳои ҳаррӯза, саҳмгузорӣ дар рушди ҷомеа, илму фарҳанг, экология ва инноватсия аст. Истиқлолияти Тоҷикистон ҷузъи ҷудонашавандаи ҳувияти миллӣ мебошад. Барои насли ҷавон ин на танҳо озодӣ, балки масъулият низ мебошад. Ҳамин тариқ, ҷавонони Тоҷикистон истиклолияти давлатии Тоҷикистонро чунин бояд дарк намоянд: “Эҳтиром ба гузаштагон, фаъолияти самаранок дар имрӯз ва майлу хоҳиши ояндаи нек”.
34-умин солгарди Истиқлолияти давлатии Тоҷикистонро ба тамоми ҳамдиёронам муборакбод мегӯям.
Абдураҳмонзода Бобоҷон – сардори шуъбаи кадрҳои Институти фалсафа,
сиёсатшиносӣ ва ҳуқуқи ба номи А. Баҳоваддинови Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон
«Имрӯз терроризм ва экстремизм ҳамчун вабои аср ба амнияти ҷаҳон ва ҳар як сокини сайёра таҳдид карда, барои башарият хатари на камтар аз силоҳи ядроиро ба миён овардааст».
Эмомалӣ Раҳмон
Стратегияи муқовимат ба экстремизм ва терроризм дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021-2025 мақсад, вазифаҳо ва самтҳои асосии сиёсати давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар соҳаи муқовимат ба экстремизм ва терроризм муайян намуда, ба муттаҳид намудани тадбирҳои мақомоти давлатӣ, мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот, ниҳодҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ ва созмонҳои байналмилалӣ дар ин самт равона шудааст[1].
Ҷумҳурии Тоҷикистон эъмори давлати соҳибихтиёр, демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ ва ягонаро пеша гирифта, дар сатҳи Конститутсия инсон, ҳуқуқ ва озодиҳои ӯро арзиши олӣ эътироф намуда, дар як вақт ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрвандро ба воситаи Конститутсия, қонунҳои ҷумҳурӣ ва санадҳои ҳуқуқии байналмилалие, ки аз тарафи Тоҷикистон эътироф шудаанд, таъмин менамояд. Ҳуқуқ ва озодиҳои инсон ва шаҳрванд бевосита амалӣ мешаванд. Онҳо мақсад, мазмун ва татбиқи қонунҳо, фаъолияти ҳокимияти қонунгузор, иҷроия, мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ ва худидоракуниро муайян мекунанд ва ба воситаи ҳокимияти судӣ таъмин мегарданд (м.1,5,14 Конститутсия).
Давлат зиёда аз 35 моддаи Конститутсияро ба ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд бахшида, танҳо дар 4 ҳолат уҳдадориҳоро (дар Тоҷикистон ҳар шахс вазифадор аст, ки Конститутсия ва қонунҳоро риоя кунад, ҳуқуқ, озодӣ, шаъну шарафи дигаронро эҳтиром намояд, м.42; ҳифзи Ватан, ҳимояи манфиати давлат, таҳкими истиқлолият, амният ва иқтидори мудофиавии он вазифаи муқаддаси шаҳрванд аст, м.43; ҳифзи табиат, ёдгориҳои таърихиву фарҳангӣ вазифаи ҳар як шахс аст, м.44; супоридани андоз ва пардохтҳо, ки қонун муайян кардааст, ҳатмист, м.45) пешбинӣ намудааст, ки яке аз онҳо риоя Конститутсия ва қонунҳо, эҳтироми ҳуқуқ, озодӣ, шаъну шарафи дигарон мебошад. Ба ҳамаи ин нигоҳ накарда, дар баъзе аз ҳолатҳо бошад шаҳрвандон даст ба ҷиноят ва хусусан, ҷиноятҳои хусусияти экстремистӣ ва террористӣ дошта мезананд.
Чи тавре, ки ба ҳамагон маълум аст, солҳои охир экстремизм ва терроризм ба хатари глобалӣ табдил ёфта, ҷаҳони муосирро ба ташвиш овардааст. Афзоиши ҷиноятҳои хусусияти экстремистӣ ва террористӣ дошта ба вусъат ёфтани терроризми байналмилалӣ, фаъолшавии унсурҳои тундраву ифротгаро, ҷалби ҷавонон ба сафи созмонҳои экстремистиву террористӣ ва иштироки онҳо дар низоъҳои мусаллаҳонаи давлатҳои хориҷӣ мусоидат менамояд[2].
Экстремизм – (аз калимаи франсузии «ехtrеmismе» ва лотинии «eхtrеmus») гирифта шуда, маънои аслиаш ифротгароӣ, тундравӣ, фикру андешаҳо ва амалҳои тундравона, аз ҳад гузаштан, аз андоза гузаштан аст.
Дар замони мо шахсони алоҳида, ҳизбу ҳаракатҳо ва созмонҳое ҳастанд, ки кӯшиш менамоянд, мақсаду маром, ғояву андеша, афкор ва нақшаҳои худро бо ҳар роҳу васила ва ҳатто, бо амалҳои тундравона амалӣ созанд. Ба ақидаи аксари муҳаққиқон, сиёсатшиносон, рӯзноманигорон экстремизм бештар аз ҳама дар соҳаи дин дучор меояд ва ин падида дар тамоми гушаву канори сайёраи мо ба амал меояд.
Экстремизм ва терроризм аз мафҳумҳоест, ки дар дунёи имрӯза вирди забони ҳама шудааст ва ин ду мафҳум ба ҳам пайваст мебошанд. Экстремизм (тундравӣ, аз андоза гузаштан) ба терроризм меорад. Истилоҳи «терроризм» (аз калимаи лотинии «tеrrоr») маншаъ гирифта, маъноаш «тарс ва ваҳм» аст. Террористон мехоҳанд, мақсаду мароми худро бо роҳи зӯроварӣ, куштор, тарсу ваҳм амалӣ созанд. Террор кардан, ҷомеаро ба ҳолати тарсу ваҳшат ва ноумедӣ афкандан аст.
Шаклҳои зиёди экстремизм ба монанди: сиёсӣ, миллатгароӣ, динӣ, наврасон ва ҷавонон, экологӣ, зиддиҷаҳонишавӣ, маънавӣ ва ғайра муайян карда шудаанд.
Экстремизм бо дарназардошти хусусияти глобалиаш ба Ҷумҳурии Тоҷикистон низ бетаъсир намондааст. Афзоиши ҳаводиси ифротгароӣ боиси он шуд, ки Қонуни ҶТ аз 8-уми декабри соли 2003[3] «Дар бораи мубориза бар зидди экстремизм (ифротгароӣ)» қабул гардида буд, ки баъдан Қонуни ҶТ аз 2-уми январи соли 2020 таҳти №1655 «Дар бораи муқовимат ба экстремизм» дар таҳрири нав ва Қонуни ҶТ аз 23-уми декабри соли 2021 таҳти №1808 «Дар бораи муқовимат ба терроризм» қабул карда шуданд. Дар асоси Фармони Президенти ҶТ аз 12-уми ноябри соли 2016 Стратегияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба муқовимат ба экстремизм ва терроризм барои солҳои 2016-2020[4] ва баъдан бо Фармони Президенти ҶТ аз 1-уми июни соли 2021 таҳти №187 Стратегияи муқовимат ба экстремизм ва терроризм дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021-2025 ва Нақшаи амал оид ба амалисозии Стратегияи муқовимат ба экстремизм ва терроризм дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021-2025[5] тасдиқ гардидааст, ки дар онҳо роҳҳои афзалиятноки мубориза ба муқобили ин хатари манфии иҷтимоӣ мушаххас карда шуданд[6].
Аз ҷумла дар Стратегияи зикргардида омадааст, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон дар қатори кишварҳои дигари минтақа таҳдидҳои афзояндаи экстремизм ва терроризмро ба амнияти миллӣ ва рушди босуботи худ эҳсос менамояд. Таҳдидҳои террористӣ шаклу усулҳои тозаро касб карда, ҷуғрофиё ва доманаи онҳо васеъ гардида, тарзҳои содир намудани ҳамлаҳои террористӣ ва ҳадафҳои онҳо тағйирёбандаанд. Интиқоли ҷангиён-террористон аз минтақаи Ироқу Сурия ба минтақаҳои дигар ва дар ин замина тақвият ёфтани мавқеи ташкилоти террористии «Давлати исломӣ» дар Ҷумҳурии Исломии Афғонистон барои кишварҳои Осиёи Марказӣ хавфи зиёдро ба миён овардааст. Ташкилотҳои экстремистию террористии фаъолияташон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон манъшуда бо ин сохторҳо робитаҳои устувор дошта, дорои сарчашмаҳои маблағгузорӣ ва таҷрибаи пешбурди фаъолияти тахрибкорию террористӣ мебошанд. Созмонҳои экстремистию террористӣ ҷиҳати ба сафҳои худ ҷалб намудани ҷавонон, аз ҷумла тавассути ҷустуҷӯи аъзои нав бо истифода аз шабакаҳои иҷтимоӣ фаъолияти густурдаи ташвиқотию тарғиботӣ мебаранд. Дар робита ба ин Ҷумҳурии Тоҷикистон чораҳои ниҳодӣ, фарогир ва маҷмӯии пешгирӣ, ошкор, рафъ ва қатъ намудани зуҳуроти экстремизм ва терроризмро қабул ва амалӣ менамояд.
Дар Кодекси ҷиноятии ҶТ як қатор моддаҳое мавҷуданд, ки онҳоро ҷиноятҳои хусусияти террористӣ ва тамоюли ифротгароӣ дошта меноманд.
Аслан пайдоиши чунин гурӯҳбандӣ аз Қонуни ҶТ “Дар бораи мубориза бар зидди экстремизм (ифротгароӣ)” аз 8 декабри соли 2003 №69[7] ва Қонуни ҶТ “Дар бораи мубориза бар зидди терроризм” аз 16 ноябри соли 1999 таҳти №846 ба миён омадааст, ин қонунҳо баъдан дар таҳрири нав қабул гардидаанд ва дар ин бора поёнтар муфассалтар истода мегузарем.
Ҳамон вақт, моддаи 3 Қонуни ҶТ “Дар бораи мубориза бар зидди экстремизм (ифротгароӣ)” мафҳуми расмии экстримизм ва амалҳое, ки ҳамчун экстримистӣ эътироф мешаванд, пешбинӣ намуда буд, ки тибқи талаботи он экстремизм – ин изҳори фаъолияти ифротии шахсони ҳуқуқӣ ва воқеӣ ба даъвати нооромӣ, дигаркунии сохти конститутсионӣ дар давлат, ғасби ҳокимият ва тасарруфи салоҳияти он, ангезонидани нажодпарастӣ, миллатгароӣ, бадбинии иҷтимоӣ, мазҳабӣ. Ҳоло бошад, тибқи муқарраоти моддаи 1 Қонуни ҶТ “Дар бораи муқовимат ба экстремизм” аз 2 январи соли 2020 №1655[8] мафҳуми экстремизмро, ҳамчун ифодаи мафкура ва фаъолияти экстремистие, ки барои бо роҳи зӯроварӣ ва амалҳои дигари зиддиқонунӣ ҳал намудани масъалаҳои сиёсӣ, ҷамъиятӣ, иҷтимоӣ, миллӣ, нажодӣ, маҳалгароӣ ва динӣ (мазҳабӣ) равона карда шудааст, фаҳмида мешавад.
Қонуни ҶТ “Дар бораи муқовимат ба экстремизм” мафҳуми фаъолияти экстремистиро - фаъолияти ҳизбҳои сиёсӣ, иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ ё динӣ, воситаҳои ахбори омма ё ташкилотҳои дигар, аз ҷумла созмонҳои байналмилалӣ ва шахсони воқеӣ оид ба банақшагирӣ, ташкил, тайёр кардан ва иҷрои амалҳое, ки ба содир кардани фаъолияти экстремистӣ, ноустувор сохтани амнияти миллӣ ва қобилияти мудофиавии давлат, инчунин даъвати оммавӣ ҷиҳати бо роҳи зӯроварӣ ғасб намудани ҳокимияти давлатӣ ё бо роҳи зӯроварӣ тағйир додани сохтори конститутсионӣ ва ҳаракатҳое, ки ба барангехтани кинаву адовати миллӣ, нажодӣ, маҳалгароӣ ё динӣ (мазҳабӣ) равона шудаанд ва мафҳуми муқовимат ба экстремизмро бошад – ҳамчун фаъолияти мақомоти давлатӣ, мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот ва шахсони мансабдори онҳо, инчунин шахсони дигари ҳуқуқӣ, ки ба ҳимояи асосҳои сохтори конститутсионӣ, ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд, таъмини соҳибихтиёрӣ, тамомияти арзӣ ва амнияти давлат, ошкор кардани сабабу шароити ба зуҳуроти экстремизм мусоидаткунанда, инчунин барои огоҳонӣ, ошкор, пешгирӣ, рафъ ва қатъ намудани фаъолияти экстремистӣ ва аз байн бурдани оқибатҳои он равона карда шудааст, муайян намудааст.
Дар КҶ ҶТ як қатор таркибҳои ҷиноятие мавҷуданд, ки дар дитспозитсияҳои худ амалҳои хусусияти террористӣ ва экстримистӣ доштаро дарбар мегиранд. Масалан, диспозитсияи моддаҳои зерин номгӯи чунин ҷиноятҳоро муқаррар кардааст:
– моддаи 1791 («Ҷалб кардан барои содир намудани ҷиноятҳои хусусияти террористидошта ё мусоидати дигар барои содир намудани онҳо») - ҷалб кардани шахсон барои содир намудани ҷиноятҳои дар моддаҳои 179, 1792, 1793, 181, 182, 184, 1841, 1842, 1843, 1844, 185, 193, 194, 1941, 1942, 1943, 1944, 1945, 310 ва 402 пешбининамудаи КҶ ё моил намудани шахс барои иштирок дар фаъолияти ташкилоти террористӣ, яроқнок намудан ё таълими шахсон бо мақсади содир намудани ҷиноятҳои номбаршуда, инчунин мусоидат кардан ба тарзи дигар;
– моддаи 1792 («Маблағгузории ҷиноятҳои хусусияти террористидошта») - бевосита ё бавосита пешниҳод намудан ё ҷамъ овардани воситаҳо бо мақсади пурра ё қисман истифодаи онҳо ё бо дарки он ки ин воситаҳо барои содир намудани ҷиноятҳои дар моддаҳои 179, 1791, 1793, 181, 182, 184, 1841, 1842, 1843, 1844, 185, 193, 194, 1941, 1942, 1943, 1944, 1945, 310 ва 402 пешбининамудаи КҶ истифода мегарданд, ҳамчунин агар воситаҳои мазкур воқеан дар ҷиноятҳои зикршуда истифода нагарданд;
– м. 1793 («Даъвати оммавӣ барои содир намудани ҷиноятҳои хусусияти террористидошта») - даъвати оммавӣ барои содир намудани ҷиноятҳои дар моддаҳои 179, 1791, 1792, 181, 182, 184, 1841, 1842, 1843, 1844, 185, 193, 194, 1941, 1942, 1943, 1944, 1945, 310 ва 402 пешбининамудаи КҶ.
Қонуни ҶТ “Дар бораи мубориза бар зидди терроризм” аз 16 ноябри соли 1999 таҳти №846 мафҳуми хеле муфассали терроризмро дода буд, ки тибқи он терроризм - яъне зӯроварӣ ё таҳдиди истифодаи он нисбати шахсони воқеӣ, маҷбур кардан ё таҳдиди истифодаи он нисбати шахсони ҳуқуқӣ, ҳамчунин нобудсохтани (зарар расонидан) ё таҳдиди нобуд сохтани (зарар расонидан ба) молу мулк ё дигар объектҳои моддии шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ, ки боиси хавфи ҳалокати одамон, расонидани зарари басо ҷиддӣ ба молу мулк ё ба миён омадани оқибатҳои барои ҷамъият хавфнок, ки бо мақсади халалдор сохтани амнияти ҷамъиятӣ, тарсонидани аҳолӣ ё расонидани таьсир ҷиҳати аз ҷониби мақомоти ҳокимият қабул намудани қарори барои террористон мақбул ё қаноатбахш намудани манфиатҳои ғайриҳуқуқии молумулкӣ ва (ё) дигар манфиати онҳо, инчунин таҷовуз ба ҳаёти арбоби давлатӣ ё ҷамъиятӣ бо мақсади суст кардани сохти конститутсионӣ ё амнияти давлат, ҳамчунин бо мақсади қать гардидани фаолияти давлатӣ ё дигар фаьолияти сиёсӣ ё содир намудани чунин кирдор бинобар интиқом барои чунин фаолият, инчунин сӯиқасд ба ҳаёт, расонидани зарари ҷисмонӣ ба ходими давлатӣ ё ҷамьиятӣ ё намояндаи ҳокимият, вобаста бо фаолияти давлатӣ ё ҷамъиятии онҳо, бо мақсади ноором сохтани вазьият ё расонидани таъсир ҷиҳати қабули қарор аз тарафи мақомоти давлатӣ ё монеъ шудан ба фаьолияти сиёси ё ҷамьиятӣ, инчунин ҳамла ба намояндаи давлати хориҷӣ ё корманди ташкилоти байналхалқии таҳти ҳимояи байналмилалӣ қарордошта ё аъзои оилаи бо ӯ истиқоматкунанда, инчунин ба биноҳои хизматӣ ё истиқоматӣ ё воситаи нақлиёти шахсоне, ки таҳти ҳимояи байналмилалӣқарор доранд, агар ин ҳаракатҳо бо мақсади барангехтани ҷанг ё мураккаб сохтани муносибатҳои байналхалқӣ содир шуда бошанд, муайян карда буд.
Қонуни ҶТ аз 23 декабри соли 2021 №1808[9] «Дар бораи муқовимат ба терроризм» бошад, мафҳуми терроризм, ки тибқи он терроризм – мафкураи зӯроварӣ ва таъсиррасонӣ ба қабули қарори мақомоти ҳокимияти давлатӣ, мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот ё созмонҳои байналмилалӣ, ки бо тарсонидани аҳолӣ ва ё дигар шаклҳои зӯроварии ғайриқонунӣ алоқаманд мебошад, пешбинӣ менамояд, инчунин мафҳуми амали террористиро низ пешбинӣ намудааст, ки тибқи он амали террористӣ – бевосита содир намудани ҷиноятҳои дорои хусусияти террористӣ дар шакли ба гаравгон гирифтан ва ё боздошт намудани гаравгонҳо, рабудани одамон, суиқасд ба ҳаёти арбоби давлатӣ ва ҷамъиятӣ, намояндагони гурӯҳҳои миллӣ, динӣ, мазҳабӣ, нажодӣ, дигар гурӯҳҳои аҳолӣ, намояндагони давлатҳои хориҷӣ, созмонҳои байналмилалӣ, ғасб намудан, зарар расонидан ва нобуд кардани иншооти давлатӣ ва ё ҷамъиятӣ, амалӣ кардани таркиш, сӯхтор, тирпарронӣ, истифода намудан ва ё таҳдиди истифодаи таҷҳизоти тарканда, моддаҳои радиоактивӣ, биологӣ, тарканда, кимиёвӣ ва дигар маводи заҳролудкунанда, ғасб намудан, ҳай карда бурдани воситаҳои нақлиёти заминӣ, обӣ ва ҳавоӣ, ташкили бетартибӣ ва иғвои он дар ҷойҳои серодам ва ҷамъиятӣ, ҷойҳои маҳрум ва маҳдуд кардан аз озодӣ, ҷойҳои гузаронидани чорабиниҳои оммавӣ, расонидани зарар ба ҳаёт ё саломатии аҳолӣ, молу мулки шахсони воқеӣ ва ё ҳуқуқӣ бо роҳи содир кардани садамаҳо, фоҷиаҳои техногенӣ, паҳн кардани таҳдид бо дилхоҳ восита ва тарзу усулҳо, инчунин, кирдорҳои дигари террористӣ, ки тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ва санадҳои ҳуқуқии байналмилалӣ, ки Тоҷикистон онҳоро эътироф намудааст, муқаррар шудаанд, муайян намудааст.
Таҳти мафҳуми ташкилоти террористӣ бошад, тибқи Қонуни ҶТ аз 23 декабри соли 2021 №1808 «Дар бораи муқовимат ба терроризм», ташкилоте фаҳмида мешавад, ки бо мақсади амалӣ намудани фаъолияти террористӣ таъсис дода шудааст ё дар фаъолияти худ имконияти истифодаи терроризмро эътироф менамояд. Ташкилот ҳамчунин террористӣ ба ҳисоб меравад, агар яке аз воҳидҳои сохтории он фаъолияти террористиро бо огоҳсозии ақаллан яке аз мақомоти роҳбарикунандаи ин ташкилот анҷом диҳад. Дар сурати аз ҷониби суд террористӣ эътироф карда шудани ташкилот, он бо қарори суд барҳам дода, молу мулкаш мусодира шуда, ба даромади давлат гузаронида мешавад ва фаъолияти террористӣ бошад – фаъолияте фаҳмида мешавад, ки ба содир намудани як ва ё якчанд ҷинояти дорои хусусияти террористӣ равона шудааст ва кирдорҳои ташкил, банақшагирӣ, тайёрӣ ва содир намудани амалҳои террористиро дар бар гирифтааст, моил кардан ба содиркунии амалҳои террористӣ, даъвати зӯроварӣ бо ҳадафҳои террористӣ, ташкили гурӯҳҳои ҳарбикардашудаи ғайриқонунӣ ё ташкилоти ҷиноятӣ бо мақсади содир намудани амалҳои террористӣ, инчунин, иштирок намудан дар онҳо, ҷалб кардан, мусаллаҳ намудан ё истифодаи террористон, инчунин, ба онҳо омӯзонидани малакаи террористӣ, маблағгузории ташкилоти террористӣ ё террористон, дар ҳама шакл кумак расондан ба ташкилотҳое, ки фаъолияти онҳо тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон террористӣ эътироф шудааст, таблиғоти ғояҳои терроризм, паҳн кардани мавод ё иттилооте, ки ба амалигардонии фаъолияти террористӣ даъват менамояд ё зарурати амалигардонии чунин фаъолиятро асоснок ё сафед мекунанд, аз ҷумла бо истифодаи шабакаҳои иттилоотию телекоммуникатсионии истифодаи умум ва Интернет, мусоидат кардан ба тайёр ва содир намудани амалҳои террористиро дар бар гирифтааст.
Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон тибқи ҳалномаҳои Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 9 октябр, 8 декабри соли 2014 ва 14 апрели соли 2015 фаъолияти чунин созмонҳои экстремистӣ мисли «Ал-Қоида», «Ҳаракати Туркистони шарқӣ», «Ҳизби Исломии Туркистон» (собиқ ҳаракати Исломии Узбекистон), «Ҳаракати Толибон», «Бародарони мусулмон», «Лашкари Тойиба», «Гурӯҳи исломӣ», «Ҷамъияти Исломии Покистон», «Ҷамоати таблиғ», ташкилоти динӣ-миссионерии «Созмони таблиғот» ва «Тоҷикистони озод», «Ҳизб-ут-Таҳрир», «Салафия», «Ҷамоати таблиғ», «Ҷамоати Ансоруллоҳ», «Ҷабҳат Ан–Нусра», «Гурӯҳи-24», Ҳизби назҳати исломи Тоҷикистон ғайриқонунӣ эълон карда шуда, фаъолияти онҳо дар қаламрави кишвар манъ карда шудааст. Инчунин вебсайти интернетии www. irshod.kom, www.irshod.net ва дигар вебсайтҳои Ҷамоати (Ҷамъияти) «Ансоруллоҳ» баста шудааст. Ба ҳудуди Тоҷикистон ворид, паҳн, истеҳсол, чопу нашр намудани адабиёту варақаҳо, аудио ва видеосабтҳои Ҷамоати (Ҷамъияти) «Ансоруллоҳ» манъ карда шудааст. Сомонаҳои интернетии «Гуруҳи 24» баста шуда, ба Тоҷикистон ворид намудан ва дар ҳудуди он паҳн, истеҳсол, чопу нашр намудани адабиёту варақаҳо, аудио ва видеосабтҳои «Гурӯҳи 24» манъ карда шудааст.
Парвандаҳои ҷиноятӣ оид ба ҷиноятҳои хусусияти террористӣ дошта, инчунин парвандаҳои маданӣ дар бораи ҷуброн кардани зарар, мумкин аст бо қарори суд дар маҷлисҳои пушидаи судӣ баррасӣ карда шаванд.
Номгӯи ҷиноятҳои хусусияти террористӣ дошта дар Қонуни зикргардида ба тарзе муайян шудааст, ки аз мафҳуми муқарраркардаи КҶ ҶТ тафовут дорад. Мувофиқи он ҷиноятҳое, ки дар моддаҳои 179, 1791, 1792, 1793, 181, 182, 184, 1841, 1842, 1843, 1844, 185, 193, 194, 1941, 1942, 1943, 1944, 1945, 310 ва 402 КҶ ҶТ пешбинӣ шудаанд, ҷиноятҳои хусусияти террористӣ дошта, дониста мешаванд. Вале дар баробарои ин тавзеҳоте ҷой дорад, ки ба ҷиноятҳои хусусияти террористӣ дошта мумкин аст, дигар ҷиноятҳое, ки КҶ ҶТ пешбинӣ намудааст, дар ҳолати ба мақсади террористӣ содир намудани онҳо, дохил карда шаванд. Зимнан ҷавобгарӣ барои содир намудани чунин ҷиноятҳо мутобиқи КҶ ҶТ сурат мегирад.
Шахсоне, ки ба фаъолияти террористӣ машғул мешаванд ё бо террористҳо ва ташкилотҳои террористӣ ёрӣ мерасонанд, инчунин фаъолияти онҳоро тарғиб менамоянд, мувофиқи КҶ ҶТ ба ҷавобгарӣ кашида мешаванд.
Шахсоне, ки аъзои ташкилоти террористӣ набуда, аммо аз номи онҳо амали террористӣ содир кардаанд ё дар ташкили он, таъмини маблағ, таъмин ва мусаллаҳ гардонидани он иштирок менамояд, баробари аъзоёни ташкилотҳои террористӣ ҷавобгар мебошанд.
Шахсоне, ки дар бораи мавҷудияти ташкилоти террористӣ ё шахсони алоҳидаи ба фаъолияти террористӣ шарикбуда маълумот дошта, аммо дар ин бора ба мақомоти дахлдори давлатӣ хабар надодаанд, тибқи КҶ ҶТ ба ҷавобгарӣ кашида мешаванд.
Мувофиқи моддаи 28 Қонуни ҶТ аз 16 ноябри соли 1999 №846 «Дар бораи мубориза бар зидди терроризм», ки «Озодкунӣ аз ҷавобгарӣ» ном дошт ва ин қонун аз эътибор соқит шудааст, муқаррароте ҷой дошт, ки тибқи он шахсоне, ки ба субъектҳои бар зидди терроризм муборизабаранда ёрӣ мерасонанд, барои шуғл варзидан бо фаъолияти террористӣ мутобиқи КҶ ҶТ аз ҷавобгарӣ озод карда мешаванд, агар дар давраи дар ташкилоти террористӣ будани онҳо қасдан ҷиноят содир накарда бошанд. Инчунин, хизматчиёни ҳарбӣ, кормандон ва мутахассисони субъектҳои бар зидди терроризм муборизабаранда барои зарари маънавӣ, модӣ ва ҷисмонӣ расонданашон ба террористон бинобар истифодаи қувваи ҷисмонӣ, воситаҳои махсус ва силоҳи оташфишон, ки онҳоро қонун пешбинӣ кардааст, мутобиқи КҶ ҶТ, ҷавобгар нестанд. Дар навбати худ, шахсоне, ки бо хоҳиши намояндагони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ё дигар мақомоти давлатӣ, командирони киштиҳои ҳавоӣ барои қать ё пешгирӣ кардани амали террористӣ ёри расонидан, барои амали ба муқобили террористон истифода бурдаашон мутобиқи КҶ ҶТ, ҷавобгар намебошанд.
Дар Қонуни нав дар бораи муқовимат бо терроризм бошад, бо кадом асосҳо чунин муқаррарот ҷой дода нашудааст, номаълум мебошад, ҳол он ки чунин муқаррарот дар эзоҳҳои моддаҳои мухталифи КҶ ҶТ ҷой дода шудаанд. Аз ҷумла, мутобиқи Эзоҳи моддаи 179 КҶ ҶТ шахсе, ки дар омода сохтани кирдори терористӣ иштирок дорад, агар мақомоти давлатиро сари вақт огоҳ созад ё бо роҳи дигар содир гаштани кирдори терористиро пешгирӣ кунад ва агар дар ҳаракатҳои ин шахс дигар таркиби ҷиноят мавҷуд набошад, аз ҷавобгарии ҷиноятӣ озод карда мешавад. Инчунин, тибқи Эзоҳи моддаи 1791 КҶ ҶТ («Ҷалб кардан барои содир намудани ҷиноятҳои хусусияти террористидошта ё мусоидати дигар барои содир намудани онҳо») низ шахсе, ки ҷинояти дар моддаи мазкур пешбинишударо содир намудааст, аз ҷавобгарии ҷиноятӣ озод карда мешавад, агар ӯ ихтиёран ва саривақт бо роҳи ба мақомоти ҳокимияти давлатӣ хабар додан ё бо дигар тарзҳо барои пешгирии содир шудани ҷиноятҳои хусусияти террористидошта мусоидат намояд, агар дар ҳаракатҳояш таркиби ҷинояти дигар набошад.
Қонуни ҶТ “Дар бораи муқовимат ба экстремизм” ҷиноятҳои хусусияти экстремистидоштаро - кирдори (ҳаракат ё беҳаракатии) содиршудаи гунаҳгоронаи барои ҷамъият хавфноке, ки дар асоси хусуматҳои сиёсӣ, ҷамъиятӣ, иҷтимоӣ, миллӣ, нажодӣ, мафкуравӣ, маҳалгароӣ ва динӣ (мазҳабӣ) бо мақсади маҳдудияти ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд, расондани зарар ба амнияти ҷамъиятӣ, асосҳои сохтори конститутсионӣ, инчунин ба сулҳу амнияти байналмилалӣ равона гардида, бо таҳдиди татбиқи ҷазо тибқи Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон манъ карда шудааст, пешбинӣ намудааст.
Вобаста бар ин, дар КҶ ҶТ дар баробари ҷиноятҳои хусусияти террористӣ боз як қатор моддаҳои дигаре ҷой доранд, ки онҳоро «ҷиноятҳои дорои тамоюли экстремистӣ» меноманд. Ин, пеш аз ҳама, м.3071 («Даъвати оммавӣ дар ба амал баровардани фаъолияти экстремистӣ (ифротгароӣ)») мебошад. Барои даъвати оммавӣ дар ба амал баровардани фаъолияти экстремистӣ тибқи ин модда ҷавобгарии ҷиноятӣ пешбинӣ шудааст.
Дар диспозитсияи моддаи 3072 КҶ ҶТ ба даҳ таркиби ҷинояте ишора шудааст, ки онҳоро расман ҷиноятҳои хусусияти экстремистӣ (ифротгароӣ) дошта меноманд:
«Ташкили иттиҳоди экстремистӣ, яъне гурӯҳи муташаккили шахсон барои тайёр ё содир намудани ҷиноятҳои дар моддаҳои 157, 158, 160, 185, 188, 189, 237, 2371, 242, 243 (ҷиноятҳои хусусияти экстремистидошта) пешбинамудаи ҳамин Кодекс аз нигоҳи бадбинӣ ё кинаю адовати идеологӣ, сиёсӣ, нажодӣ, миллӣ, маҳалгароӣ, ё динӣ, ҳамчунин аз нигоҳи бадбинӣ ё кинаю адоват нисбати кадом як гурӯятҳи иҷтимоӣ, инчунин роҳбарӣ ба чунин иттиҳоди экстремистӣ, ба ҷузъ ё томҳои ба чунин иттиҳод дохилшаванда, ҳамчунин ташкили иттиҳоди ташкилкунандагон, роҳбарон ё дигар намояндагони ҷузъ ё томҳои чунин иттиҳод бо мақсади таҳияи нақшаҳо ва (ё) шароит барои содир намудани ҷиноятҳои хусусияти экстремистидошта».
Аз рӯйи мазмуни моддаи 3072 КҶ ҶТ ба ҷумлаи ҷиноятҳои хусусияти экстримистидошта инҳо дохил мешаванд: м.157 («Монеъ шудан ба фаъолияти ташкилоти динӣ»); м.158 («Монеъ шудан ба фаъолияти ҳизбҳои сиёсӣ ва иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ»); м.160 («Вайрон кардани тартиби ташкил ва гузаронидани маҷлисҳо, гирдиҳамоиҳо, намоишҳо, пикетгузориҳо ва роҳпаймоиҳо»); м.185 («Ташкили воҳидҳои мусаллаҳи ғайриқонунӣ»); м.188 («Бандитизм»); м.189 («Барангехтани кинаю адовати миллӣ, нажодӣ, маҳалгароӣ ва ёдинӣ»); м.237 («Авбошӣ»); м.2371 («Вандализм»); м. 242 («Несту нобуд ё вайрон кардани ёдгориҳои таърих ва фарҳанг»); м.243 («Таҳқири ҷасади фавтидагон ва гӯри онҳо»).
Чуноне аз мазмун ва моҳияти таркибҳои мазкур бармеояд, онҳо ягон хел «хусусияти» («тамоюли») барои бандубаст аҳаммиятнок надоранд. Мувофиқи м.3073 КҶ ҶТ барои ташкили фаъолияти ҳизбҳои сиёсӣ, иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ ё динӣ ё дигар ташкилоте, ки нисбати он аз ҷониби суд қарори эътибори қонунӣ пайдо карда дар бораи барҳам додан ё манъи фаъолияташ бо сабаби ба амал баровардани фаъолияти экстремистӣ қабул шудааст, ҷавобгарии ҷиноятӣ пешбинӣ шудааст.
Иловаи муҳим ба КҶ ҶТ ин ворид намудани м.3074 («Ташкили таълим ё гурӯҳи таълимии хусусияти динии экстремистидошта») мебошад. Дар он барои ташкили таълим ё гурӯҳи таълимии хусусияти динии экстремистидошта, инчунин роҳбарӣ ё иштирок дар чунин таълим новобаста аз ҷойи таълим ҷавобгарии ҷиноятӣ пешбинӣ шудааст.
Мувофиқи эзоҳи м. 3072 КҶ ҶТ шахсе, ки ихтиёран аз иштирок дар иттиҳоди экстремистӣ даст мекашад, аз ҷавобгарии ҷиноятӣ озод карда мешавад, агар дар кирдори ӯ таркиби ҷинояти дигар мавҷуд набошад.
Эзоҳи м. 3073 КҶ ҶТ низ озод карданро бо чунин тартиб пешбинӣ кардааст: шахсе, ки ихтиёран аз иштирок дар фаъолияти ҳизбҳои сиёсӣ, иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ ё динӣ ва ё дигар ташкилоте, ки нисбати он аз ҷониби суд қарори эътибори қонунӣ пайдо карда дар бораи барҳам додан ё манъи фаъолияташ бинобар сабаби ба амал баровардани фаъолияти экстремистӣ қабул шудааст, даст мекашад, аз ҷавобгарии ҷиноятӣ озод карда мешавад, агар дар кирдори ӯ таркиби ҷинояти дигар мавҷуд набошад.
Қонуни ҶТ “Дар бораи муқовимат ба экстремизм” таҳти мафҳуми экстремизм изҳори фаъолияти ифротии шахсони ҳуқуқӣ ва воқеӣ ба даъвати нооромӣ, дигаркунии сохти конститутсионӣ дар давлат, ғасби ҳокимият ва аз худ кардани салоҳияти он, ангезонидани нажодпарастӣ, миллатгароӣ, бадбинии иҷтимоӣ ва мазҳабиро мефаҳмад.
Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолияти экстремистӣ манъ мебошад. Моҳияти аслии фаҳмиши экстримистиро дар қонунгузории миллӣ тавассути амали экстремистӣ ва мақсадҳои он хеле муфассал дарк намудан мумкин аст. Фаъолияти шахсони ҳуқуқӣ ва ё воқеӣ вобаста ба банақшагирӣ, ташкилкунӣ, тайёр кардан ва иҷрои амалҳои (кирдорҳои) эстремистӣ мебошанд, ки барои иҷрои мақсадҳои зерин равона карда шудаанд:
Фаъолияте, ки дар Ҷумҳурии Тоҷикистон экстремистӣ ҳисобида мешаванд инҳоянд:
- бо зӯрӣ сарнагун кардан ва ё тағйир додани сохтори конститутсионӣ, вайрон ва халалдор кардани соҳибихтиёрӣ, истиқлолият ва тамомияти арзии Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин мусоидат кардан ба чунин кирдорҳо;
- барангехтани кинаю адовати нажодӣ, миллӣ, маҳалгароӣ, динӣ (мазҳабӣ) ва муноқишаҳои иҷтимоӣ, инчунин тарғиби махсусият ва бартарии шаҳрвандон аз нигоҳи муносибати онҳо ба дин (мазҳаб), забон, мансубияти онҳо ба миллат, нажод ё маҳал ба таври оммавӣ ё бо истифодаи воситаҳои ахбори омма ё содир кардани ин ҳаракатҳо бо роҳи зӯроварӣ ё таҳдиди истифодаи он;
- амалҳое, ки ба ноустувор сохтани амнияти Ҷумҳурии Тоҷикистон равона шудаанд;
- амалҳое, ки ба ғасб ё аз худ кардани ваколатҳои ҳокимият равона шудаанд;
- ташкил кардани гурӯҳҳои мусаллаҳи ғайриқонунӣ ё иштирок дар онҳо;
- паст задани шаъну эътибори миллӣ;
- вайрон кардани ҳуқуқ, озодӣ, манфиатҳои қонунии инсон ва шаҳрванд вобаста ба мансубияташ ба гурӯҳи иҷтимоӣ, нажод, миллат, қавм, маҳал, дин (мазҳаб) ва забон ё муносибати ӯ ба дин;
- ҷалб намудан барои иштирок дар амалҳои экстремистӣ, инчунин омӯзондани мафкураи экстремистӣ;
- монеъ шудан ё маҷбур кардан ба тағйир додани хусусияти фаъолияти қонунии мақомоти ҳокимияти давлатӣ, мақомоти худидоракунӣ, комиссияҳои интихоботӣ, ташкилот, иттиҳодияҳои дигар ва шахсони мансабдори онҳо;
- истифодаи зӯроварӣ ё таҳдиди истифодаи он нисбат ба кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ё ташкилоти дигари давлатӣ ва наздикони онҳо бо мақсади қасос гирифтан барои он амалҳое, ки бо иҷрои фаъолияти хизматӣ вобаста бошад ё ин ки хатари истифодаи зӯроварӣ вобаста ба ин асосҳо;
- ташвиқот ва ба намоиши оммавӣ гузоштани нишон, парчам ё рамзи дигари ташкилотҳои аз ҷониби суд экстремистӣ эътирофшуда;
- даъвати оммавӣ барои иҷро намудани амалҳои экстремистӣ ё интишори маводи экстремистӣ, инчунин тайёр кардан ва нигоҳ доштани онҳо бо мақсади паҳн намудан;
- нашр ва (ё) паҳн кардани маводи чопӣ, аудиоӣ, видеоӣ ва маводи дигари дорои хусусияти экстремистӣ дар воситаи ахбори омма, шабакаи интернет, воситаи алоқаи барқӣ.
Барои амалигардонии фаъолияти экстремистӣ шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳрвандони хориҷӣ ва шахсони бешаҳрванд мувофиқи тартиби муқарраршудаи қонунгузориии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҷавобгарии ҷиноятӣ, маъмурӣ ва ҳуқуқӣ-гражданӣ кашида мешаванд.
Бо мақсади таъмини бехатарии давлативу ҷамъиятӣ бо тартибу асосҳои пешбининамудаи қонун бо қарори суд коркунӣ ва фаъолият ба шахси дар фаъолияти экстремистӣ иштироккарда дар хизмати давлатӣ, хизмати ҳарбӣ, мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва ҳамчунин дар муассисаҳои таълимӣ ва машғул шудан ба фаъолияти хусусии ҳуқуқӣ маҳдуд карда мешавад.
Дар ҳолате, ки агар роҳбар ё корманди мақомоти роҳбарикунандаи иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ, динӣ ва ё ташкилоти ғайритиҷоратӣ ва дигар воҳидҳои таркибии онҳо рӯирост барои амалигардонии фаъолияти экстремистӣ даъват мекунад, аз ҷумла дар ҳолатҳое, ки қарори суд нисбати ин шахс барои ҷинояти равиши экстремистидошта ба ҳукми қонун даромадааст, иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ, ташкилотҳои динӣ ва ё дигар ташкилотҳои ғайритиҷоратӣ ва дигар воҳидҳои таркибии онҳо ӯҳдадоранд, ки дар муддати панҷ рӯз аз рӯзе, ки ариза дода шудааст, рӯирост дар бораи розӣ набуданашон ба гуфтаҳо ё кирдорҳои чунин шахсон хабар диҳанд.
Ҳангоми гузаронидани маҷлисҳо, намоишҳо, гирдиҳамоӣ, роҳпаймоӣ ва дигар намоишҳои оммавӣ ба фаъолияти экстремистӣ роҳ дода намешавад. Ташкилкунандагони намоишҳои оммавӣ барои риоя накардани талаботҳои муқарраргардидаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки ба тартиби гузаронидани намоишҳои оммавӣ дахл доранд, ба роҳ надодан ба фаъолияти экстремистӣ, ҳамчунин ба пешгирии саривақтии он ҷавобгаранд.
Ба иштирокчиёни намоишҳои оммавӣ бо худ гирифтани яроқ ва дигар чизҳое, ки махсус тайёр карда шудаанд ва барои расонидани зиён ба саломатии шаҳрвандон ё зарар ба шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ истифода шуданаш мумкин аст, манъ аст. Ҳамин тавр, агар меъёрҳои Қонуни ҶТ «Дар бораи муқовимат ба экстремизм», КҶ ҶТ ва Конвенсияи Шанхай дар бораи мубориза бо терроризм, ҷудоихоҳӣ ва ифротгароӣ (аз 15 июни соли 2001) бо ҳам муқоиса намоем, номувофиқатӣ байни онҳо ошкор мешавад. Мафҳуми экстремизм хеле васеъ дар қонунгузории миллӣ муқаррар шуда, аз аломатҳои аслии он, ки бо зӯроварӣ алоқаманд аст, берун баромадааст. Дар натиҷа меъёрҳои коллизионии зиёд ба вуҷуд меояд.
Дар иртибот бо ин гуфтаҳо, мо чунин мешуморем, ки мутобиқат байни фаҳмиши экстримизм бояд ҷой дошта бошад. Ҷиноятҳои ба истилоҳ тамоюли (хусусияти) экстримистидошта ҷиноятҳои мураккаб набуда, чунин «хусусият» ба қоидаи бандубасти ҷиноятҳо таъсир намерасонад. Ин ҷиноятҳо бо меъёрҳои худиашон бандубаст гардида, маҷмӯи ҷиноятҳоро ба вуҷуд намеоранд.
Бо мақсади мубориза бар зидди ҷиноятҳои хусусияти террористӣ ва экстримистидошта ва пурзӯр намудани ҷавобгарии ҷиноятӣ барои содир кардани чунин кирдорҳо соли 2018 ба моддаи 57 КҶ ҶТ тағйирот ворид карда шуд[10], ки тибқи он "ё барои маблағгузории сафари шахсони воқеӣ ба давлате, ки дар он ҷо истиқомат намекунанд ва ё шаҳрванди он нестанд, бо мақсади содир кардан, банақшагирӣ, тайёр кардан ё иштирок дар содир намудани акти (актҳои) террористӣ ва ё барои тайёр намудани террористон ё гузаштан аз чунин тайёрӣ» илова карда шуд, ки минбаъд судҳо ҳангоми таъини ҷазои асосӣ нисбати шахсоне, ки чунин ҷиноятҳоро содир менамоянд, инчунин ҷазои иловагиро дар намуди мусодираи молу мулк таъин менамоянд.
Дар қонунгузори Ҷумҳурии Тоҷикистон кайҳост, ки мафҳуми ташкилоти ҷиноятӣ ҷой дорад, аз ҷумла, “ташкилоти террористӣ”. Дар Қонуни ҶТ «Дар бораи муқовимат ба экстремизм» “Ҷавобгарии ташкилотҳо барои фаъолияти террористӣ”, “Ҷавобгарӣ барои маблағгузории фаъолияти террористӣ” ҷой дода шудаанд. Масалан, «Моддаи 38. Ҷавобгарии ташкилотҳо барои фаъолияти террористӣ.
1. Таъсисдиҳӣ ва амалисозии фаъолияти ташкилоте, ки мақсад ё амалҳояш ба тарғиб, сафедкунӣ ва дастгирии терроризм ё содиркунии ҷинояти дорои хусусияти террористӣ равона шудааст, манъ аст.
2. Ташкилот бо қарори суд дар асоси аризаи Прокурори генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар он сурат террористӣ ҳисобида, фаъолияташ манъ карда мешавад, агар ташкил, тайёр ва содиркунии ҷинояти дорои хусусияти террористӣ аз ном ва ба манфиати ташкилот анҷом дода шавад, инчунин, агар амали мазкурро шахси воқеие содир намояд, ки ташкилот таҳти назорати ӯ бошад. Қарори дахлдори суд дар бораи манъи фаъолияти ташкилот ба сохторҳои маҳаллӣ ва сохторҳои дигари он низ паҳн мешавад.
3. Барои аз ҷониби суд террористӣ эътироф гардидани ташкилоти хориҷӣ ё байналмилалӣ (шуъба, филиал, намояндагии он) маводи мавҷудбуда ва ё тибқи шартномаи байналмилалӣ ё дар асоси мутақобила маводи пешниҳодкардаи давлати дахлдор, ки алоқамандии ташкилотро ба фаъолияти террористӣ тасдиқ менамоянд, асос шуда метавонанд.
4. Дар сурати террористӣ эътироф шудани ташкилоти хориҷӣ ё байналмилалӣ (шуъба, филиал, намояндагии он), фаъолияти ташкилоти мазкур дар ҳудуди кишвар манъ мегардад ва он барҳам дода мешавад, молу мулки ба ин ташкилот тааллуқдошта ва ё бевосита ё бавосита дар ихтиёри он қарордошта мусодира карда мешавад. Ҳамчунин, молу мулке, ки барои кумак расондан ба ташкилоти хориҷӣ ё байналмилалии мазкур дар фаъолияти террористӣ истифода шудааст, тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон мусодира мегарданд ё Моддаи 39. Ҷавобгарӣ барои маблағгузории фаъолияти террористӣ
1. Шахсони воқеӣ, ки дар маблағгузории фаъолияти террористӣ гунаҳгоранд, тибқи қонунгузории ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҷавобгарӣ кашида мешаванд.
2. Фаъолияти ташкилотҳое, ки фаъолияти террористиро маблағгузорӣ мекунанд, бо қарори суд манъ шуда, молу мулки онҳо ба фоидаи давлат мусодира карда мешаванд. Роҳбарон ва кормандони шахсони ҳуқуқии фаъолиятшон манъшуда, ки дар маблағгузории фаъолияти террористӣ бевосита иштирок намудаанд, мувофиқи қисми 1 ҳамин модда ба ҷавобгарӣ кашида мешаванд.
3. Тартиби танзими муносибатҳои шаҳрвандони, шаҳрвандони хориҷӣ, шахсони бешаҳрванд ва ташкилотҳо оид ба гузаронидани амалиётҳо бо маблағҳои пулӣ, коғазҳои қиматнок ва молу мулки дигар, инчунин, мақомоти давлатӣ, ки дар ҳудуди гузаронидани амалиёт бо маблағҳои пулӣ, коғазҳои қиматнок ё молу мулки дигарро бо мақсади муқовимат ба маблағгузории фаъолияти террористӣ назорат мекунанд, бо қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян карда мешавад.».
Чунин муқарраротро дар муқаррароти моддаи 57 КҶ ҶТ низ вохурдан мумкин аст, аммо дар КҶ ҶТ бошад, ҷавобгарӣ барои шахсони ҳуқуқӣ пешбинӣ карда нашудааст, яъне то имрӯз ташкилотҳо ҳамчун субъекти ҷиноят эътироф нашудаанд, ки ба андешаи мо ин нигарон аст. Чунин таҷриба дар давлатҳои гуногуни ҷаҳон ҷой дошта, он барои муқовимат бо экстремизм ва терроризм мусоидат менамояд. Ба андешаи мо вақте расидааст, ки мо низ ба ин масъала рӯ оварда, таркибҳои ҷиноят барои содир кардани ҷиноят аз ҷониби ташкилотҳоро дар КҶ ҶТ пешбинӣ намоем.
Бобоҷонзода Исрофил Ҳусейн - мудири шуъбаи масоили назариявии давлат ва ҳуқуқи муосири институти фалсафа,
сиёсатшиносӣ ва ҳуқуқи ба номи а.баҳоваддинови академияи миллии илмҳои тоҷикистон, доктори илмҳои ҳуқуқшиносӣ, профессор.
Истиқлоли давлатӣ сифати ҳуқуқии давлат буда, соҳибихтиёрии сиёсӣ, иқтисодӣ ва ҳуқуқии давлатро дар ҳалли масъалаҳои дохилӣ ва мустақилона ба роҳ мондани муносибату ҳамкориҳо дар муносибатҳои хориҷиро ифода менамояд. Дар натиҷаи ба даст овардани соҳибистиқлолӣ давлат ба сифати субъекти мустақили муносибатҳои байналхалқӣ шинохта шуда, миллат соҳиби ҳуқуқи худмуайянкунӣ мегардад.
Соҳибистиқлол будан дар муносибатҳои байналхалқӣ маънои эътироф гардидан аз ҷониби дигар давлатҳои ҷаҳон, ҳуқуқ пайдо намудан дар пешниҳоди ташаббусҳои ҷаҳонӣ ва нақш гузоштан дар ҳалли масъалаҳои глобалиро дорад. Ба шарофати соҳибистиқлолӣ давлат дар арсаи байналмилалӣ мақсаду манфиатҳои қонунии шаҳрвандони худро ҳимоя ва татбиқ менамояд.
Ба андешаи мо Истиқлоли давлатӣ барои кишвар, миллат ва шаҳрвандони Тоҷикистон чунин шароиту имкониятҳоро фароҳам овард:
- Озодии миллат барои мустақилона муайян намудан таърих ва тақдири худ.
- Эҳё, ҳифз ва рушди фарҳанг ва ҳувияти миллӣ, ифтихор аз мероси пурғановати фарҳангии халқи форсу тоҷик.
- Ободу зебо гардонидани сарзамини кунунии Тоҷикистон тавассути корҳои ободкорона, сохтмони биноҳои боҳашамат, роҳҳою пулҳо ва иншоотҳои бузурги аср, сохтмони корхонаҳои хурду бузурги саноатӣ ва ғайра.
- Ваҳдати миллӣ ва ҳамбастагию ҳамраъйии халқу миллатҳои сокини Тоҷикистон.
- Таъсисёбӣ ва неруманд гардидани Артиши миллӣ ҳамчун сипари боэътимоди давлату миллат.
- Фароҳам омадани шароити мусоид барои худмуайянкунии шахсӣ ва касбии шаҳрвандони Тоҷикистон.
- Фароҳам омадани шароити мусоид барои ҷойивазкунии иҷтимоии шаҳрвандон, махсусан ҷавонони Тоҷикистон.
- Ҳифзи ҳуқуқ, озодиҳо ва манфиатҳои қонунии шаҳрвандони Тоҷикистон.
- Зиндагии шоён, сазовор, бехатар ва осудаи шаҳрвандони Тоҷикистон.
- Фароҳам омадани шароити мусоид барои таҳсилот, фаъолияти ҷамъиятӣ, пешрафти касбӣ ва худмуайянкунии бонувони Тоҷикистон;
- Пайдо шудани имкониятҳо барои сафарҳои корию меҳнатӣ, сайёҳӣ ва таълимии шаҳрвандони Тоҷикистон ба дигар давлатҳои хориҷӣ;
- Боло рафтани мақоми Тоҷикистон дар муносибатҳои байналмилалӣ ва аз ҷониби Созмони Милали Муттаҳид дастгирӣ ёфтани ташаббусҳои Тоҷикистон дар ҳалли масъалаҳои глобалӣ ва ғайра.
Дар шароити ҷаҳонишавӣ ва таҳдидҳои замони муосир масъалаи устувор нигоҳ доштани истиқлоли давлатӣ аҳаммияти аввалиндараҷа пайдо менамояд. Махсусан, хатари гурӯҳҳои экстремистию террористӣ, ки барои барҳам задани субот, ваҳдати миллӣ ва истиқлоли миллии кишварамон талош меварзанд, ботадриҷ меафзояд. Мутаассифона, баъзе аз шаҳрвандони Тоҷикистон дар гурӯҳҳои экстремистӣ шомил шуда, бо ҳар восита ба зидди пешрафт, осудагӣ ва зиндагии шоёну ороми ҳаватанони худ мубориза мебаранд. Агар чунин нафарон бо ин ҳама талошҳо неруи хешро дар ободии кишварамон равона мекарданд, дар пешрафти Ватан ва боз ҳам беҳтар гардидани сатҳи зиндагонии аҳолӣ саҳми назаррас мегузоштанд.
Натиҷаҳои таҳқиқотҳои сотсиологии давоми солҳои 2019-2024 гузаронидашуда нишон медиҳанд, ки мусоҳибон экстремизм ва терроризмро ҳамчун таҳдиду хатари ҷиддӣ ба сулҳу ваҳдат ва истиқлоли давлатӣ номбар намудаанд. Агар соли 2019 то 36,3%-и мусоҳибон экстремизм ва терроризмро хатар ба сулҳу ваҳдат ва истиқлоли давлатӣ донанд, пас ин нишондиҳанда дар соли 2024 то ба 73,5% рафта расидааст. Нишондиҳандаҳои омӯзиши афкори омма аз он шаҳодат медиҳанд, ки аллакай аксарияти кулли мардуми кишварамон таъсири манфии таҳдиду хатарҳои муосир, аз ҷумла экстремизм ва терроризмро дарк кардаанд ва барои ҳифзи истиқлолу озодӣ ва дастовардҳои он ҳамеша ҳушёру омода ҳастанд.
Мувофиқи натиҷаҳои таҳқиқоти сотсиологие, ки аз ҷониби кормандони шуъбаи сотсиологияи Институти фалсафа, сиёсатшиносӣ ва ҳуқуқи ба номи А. Баҳоваддинови АМИТ бо ҳамкорӣ бо мутахассисони кафедраи сотсиологияи факултети фалсафаи ДМТ дар мавзуи «Ватандӯстӣ, маърифати ҳуқуқӣ, ҳувияти миллӣ ва муқовимат ба муқобили экстремизм дар шароити ҷомеаи муосири Тоҷикистон» (соли 2024) гузаронида шуд, аксарияти мусоҳибон (73,5%) ҳамроҳшавии шаҳрвандон ба гурӯҳҳои экстремистию террористӣ ва паст будани сатҳи дониши илмии шаҳрвандон (42,1%)-ро ҳамчун хатарҳои асосӣ ба сулҳ, амният, ваҳдат ва истиқлоли давлатии Тоҷикистон номидаанд. Ҳамзамон, 22,8%-и мусоҳибон хурофотпарастӣ, 22,4% каҷрафтории наврасону ҷавонон, 19,0% ҷудошавии оилаҳои ҷавон, 18,0% коррупсия, 16,6% ҷараёнҳо ва гурӯҳҳои экстремистию террористӣ, 15,8% майли шаҳрвандон ба фарҳанги бегона, 12,8% сатҳи нокофии ҳисси ватандӯстӣ ва ҳувияти миллии шаҳрвандон ва 9,6% муҳоҷирати меҳнатиро таҳдиду хатарҳои истиқлоли давлатии Тоҷикистон меҳисобанд
Истиқлоли давлатӣ арзиши олии иҷтимоӣ ва сиёсии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳисоб меравад, сарвати миллиест, ки ҳифзу пойдор ва устувор мондани он аз ҳушёрию зиракии сиёсӣ, ватандӯстӣ, ҷаҳонбинии илмӣ ва кордонию соҳибкасб будани ҳар як ҳамдиёри мо вобастагӣ дорад. Ҳамбастагию ҳамдилӣ, муттаҳидию ҳамраъйии тоҷикистониён меҳвари истиқлоли давлатиро ташкил медиҳанд. Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми шодбошии хеш ба муносибати 33-солагии истиқлоли давлатии Тоҷикистон чунин ибрози назар намуданд: “Бо камоли ифтихору сарфарозӣ иброз медорам, ки расидан ба истиқлоли сиёсӣ ва таъсис додани давлати соҳибихтиёр бузургтарин, муқаддастарин ва муҳимтарин падидаи таърихи муосири халқи тоҷик мебошад. Ин рӯйдоди беназир ҳамчун оғози таҳаввулоти бунёдӣ дар сарнавишти миллати бостонии тоҷик заминаи устувори худшиносии миллии мардуми моро фароҳам овард, ба хотири ҳифзи манфиатҳои миллӣ ва оғози ташаббусҳои созанда омили муттаҳидсоз гардид. Истиқлолу озодӣ барои ҳар фарди Тоҷикистон арзиши муқаддастарин, сарвати гаронбаҳотарин ва сарчашмаи саодат ба ҳисоб меравад. Имрӯз ба шарофати истиқлол давлати Тоҷикистон аз ҷониби ҷомеаи ҷаҳонӣ эътироф гардида, кишвари азизи мо ба узвияти кулли созмонҳои бонуфузи дунё пазируфта шудааст. Аз ин лиҳоз, қарзи инсонӣ ва вазифаи шаҳрвандии мост, ки ҳамеша шукронаи ин неъмати бебаҳоро ба ҷо оварем ва онро чун гавҳараки чашм ҳифз намоем”.
Умуман, истиқлоли давлатӣ барои Тоҷикистон дастоварди воқеан таърихӣ ва сарнавиштсоз, омили муҳимми рушди иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангӣ, инчунин, заминаи зиндагии арзанда ва инкишофи озодонаи шаҳрвандон мебошад. Бо шарофати истиқлоли давлатӣ мардуми шарифи Тоҷикистон имконият пайдо намуданд, ки озодона кору зиндагӣ кунанд ва ҳамчун миллати комилҳуқуқ дар рушди кишвар ва ҷаҳон нақши назарраси худро гузоранд. Маҳз истиқлоли давлатӣ шароитеро фароҳам овард, ки миллати тоҷик забон, фарҳанг ва ҳувияти миллии худро аз нав эҳё намуда, дар шароити равандҳои ҷаҳонишавӣ ҳифз намоянд. Ояндаи дурахшони кишварамон ба устувор ва поянда будани истиқлоли давлатӣ, инчунин, садоқату ватандӯстии ҳар як шаҳрванди бонангу номуси кишварамон вобастагӣ дорад.
Мирзода Фирӯз Сафаралӣ – н.и.ф., ходими калони илмии шуъбаи сотсиологияи Институти фалсафа,
сиёсатшиносӣ ва ҳуқуқи ба номи А.М. Баҳоваддинови Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон
Истиқлоли давлатӣ яке аз арзишҳои олӣ ва муқаддас барои ҳар як миллат ба ҳисоб меравад. Он на танҳо рамзи соҳибихтиёрӣ ва озодӣ, балки шарти асосии ташаккули давлати муосир, рушди иқтисодӣ, фарҳангӣ ва иҷтимоӣ мебошад. Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки 9 сентябри соли 1991 истиқлолияти давлатии худро эълон намуд, дар муддати кӯтоҳ тавонист мақоми худро дар ҷомеаи ҷаҳонӣ ба даст орад ва ҳамчун субъекти мустақили ҳуқуқи байналмилалӣ эътироф гардад.
Бо вуҷуди мушкилоти солҳои аввали соҳибистиқлолӣ ва вазъи душвори сиёсиву иҷтимоӣ, Тоҷикистон роҳи мураккабро тай намуда, тавонист худро ҳамчун давлати комилан соҳибистиқлол муаррифӣ намояд. Эътирофи байналмилалӣ ва ҳамгироӣ бо созмонҳои минтақавию ҷаҳонӣ барои таҳкими пояҳои давлатдории навини тоҷикон нақши калидӣ бозид.
Набояд фаромӯш кард, ки истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дастоварди талошҳои пайваста ва роҳбарии Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мебошад. Пешвои миллат бо сиёсат ва барномаҳои стратегӣ, ки ҳадафмандона барои ба даст овардани истиқлолият ва таҳкими мавқеи ҳуқуқии кишвар равона буданд, роҳи худро барои воридшавӣ ба ҷомеаи байналмилалӣ ҳамвор намуд.
Сиёсати дурандешона ва муваффақонаи Пешвои муаззами миллат на танҳо барои расидан ба истиқлолияти давлатӣ заминаи боэътимод фароҳам овард, балки роҳи ҳамкории созанда ва устувор бо ҷомеаи ҷаҳонӣ ва узвият дар созмонҳои байналмилалиро низ барои Тоҷикистон боз намуд. Нақши стратегӣ ва аҳамияти амалии роҳбарии Пешвои маҳбуби миллат имрӯз ҳамчун намунаи барҷастаи муваффақияти сиёсӣ, далерию ҳушёрӣ ва қобилияти дипломатии Тоҷикистон дар арсаи байналмилалӣ пазируфта мешавад, ки ҳам барои таҳкими мавқеи давлат дар сатҳи ҷаҳонӣ ва ҳам барои ҳифзи манфиатҳои миллӣ муҳим арзёбӣ мегардад.
Эътирофи байналмилалии истиқлол. Эътирофи истиқлоли давлатии Тоҷикистон аз ҷониби ҷомеаи ҷаҳонӣ як рӯйдоди таърихӣ ва бисёр муҳим маҳсуб меёбад, ки мавқеи ҳуқуқии кишварро ҳамчун субъекти мустақили муносибатҳои байналмилалӣ таҳким бахшид. Дар охири соли 1991 ва оғози соли 1992, пас аз эълони истиқлолият, Тоҷикистон аз ҷониби як қатор давлатҳои ҷаҳон расман эътироф шуд. Дар ин миён метавон Федератсияи Русия, Иёлоти Муттаҳидаи Амрико, Ҷумҳурии Мардумии Чин ва кишварҳои аъзои Созмони Милали Муттаҳидро ном бурд, ки эътирофи онҳо ба кишвар имконият дод дар арсаи байналмилалӣ ҳамчун давлати комилан соҳибихтиёр ва мустақил қарор гирад. Ин эътироф на танҳо барои таҳкими мавқеи дипломатии Тоҷикистон муҳим буд, балки заминаи ҳуқуқӣ ва сиёсиро барои ҳамкорӣ бо ҷомеаи ҷаҳонӣ ва пайвастан ба созмонҳои байналмилалӣ фароҳам овард.
Маҳз эътирофи расмии байналмилалӣ ба Тоҷикистон имконият фароҳам овард, ки санаи 2 марти соли 1992 ҳамчун узви комилҳуқуқи Созмони Милали Муттаҳид пазируфта шавад. Ин рӯйдод на танҳо нуқтаи аввали эътирофи байналмилалӣ буд, балки оғози фаъолият ва нақши фаъоли дипломатии Тоҷикистонро дар арсаи ҷаҳонӣ низ муайян намуд.
Истиқлоли давлатии Тоҷикистон на танҳо дар доираи қоидаҳои ҳуқуқи байналмилалӣ таҳким ёфт, балки ҳамчун дастоварди бузурги сиёсӣ ва рамзи соҳибихтиёрии миллӣ мавқеи устувор пайдо кард. Эътирофи расмии истиқлол аз ҷониби ҷомеаи байналмилалӣ барои кишвар шароити мусоид фароҳам овард, ки он имконият дод робитаҳои сиёсӣ, иқтисодӣ ва фарҳангӣ бо дигар давлатҳо ва созмонҳои байналмилалиро барқарор ва густариш диҳад. Ин раванд ба Тоҷикистон имконият дод, ки ҳамчун давлати мустақил ва бо нуфуз дар арсаи байналмилалӣ фаъолият намояд ва нақши худро дар ҳалли масъалаҳои глобалӣ ва минтақавӣ пайваста тақвият бахшад.
Ҳамгироии Тоҷикистон дар низоми байналмилалӣ. Ҳамгироии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар муносибатҳои байналмилалӣ яке аз самтҳои муҳим ва стратегӣ пас аз истиқлолият ба шумор меравад. Ҷумҳурии Тоҷикистон дар давраи 34 соли соҳибистиқлолӣ ба як қатор созмонҳои бонуфузи байналмилалӣ ва минтақавӣ ҳамроҳ шуд, аз ҷумла: Созмони Милали Муттаҳид (СММ), Созмони амният ва ҳамкорӣ дар Аврупо (САҲА), Созмони байналмилалии меҳнат (СБМ), Созмони ҳамкории Шанхай (СҲШ), Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил (ИДМ), Созмони аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ (СААД), Созмони ҳамкории исломӣ (СҲИ) ва дигарҳо.
Ҳамзамон, Тоҷикистон бо роҳандозии ташаббусҳои муҳими байналмилалӣ, бахусус дар соҳаи об, иқлим ва муҳити зист, мавқеи фаъол ва эътибори худро дар арсаи ҷаҳонӣ тақвият бахшид. Қатъномаҳои СММ, аз ҷумла Соли байналмилалии оби тоза (2003), Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои ҳаёт» (2005-2015), Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор» (2018-2028) ва Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо эълон гардидани соли 2025, маҳз бо пешниҳоди Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул шуданд, ки далели нақши фаъоли кишвар дар ҳаллу фасли масъалаҳои глобалӣ ва саҳмгузории фаъолона дар ҳамгироии байналмилалӣ мебошад.
Ҳамгироии Тоҷикистон дар равандҳои байналмилалӣ на танҳо ба таҳкими нуфуз ва мавқеи сиёсӣ ва ҳуқуқии кишвар дар арсаи ҷаҳонӣ мусоидат кардааст, балки ба рушди иқтисоди миллӣ, ҷалби сармоягузорӣ, густариши ҳамкориҳои тиҷоратӣ ва беҳбуди сатҳи зиндагии аҳолӣ низ саҳми назаррас дорад. Ин раванд имкон фароҳам меорад, ки Тоҷикистон бо истифодаи имкониятҳои байналмилалӣ ва дастгирии созмонҳои молиявӣ ва техникӣ стратегияи рушди устуворро амалӣ намояд ва дар баробари дигар давлатҳо нақши фаъоли худро дар ҳаллу фасли масъалаҳои минтақавӣ ва ҷаҳонӣ нишон диҳад.
Ҳамин тавр, истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар арсаи байналмилалӣ тавассути ду марҳалаи асосӣ «эътироф ва ҳамгироӣ» мазмуну муҳтавои воқеӣ пайдо намуд. Эътирофи истиқлол аз ҷониби давлатҳо ва созмонҳои ҷаҳонӣ асоси ҳуқуқии мавҷудияти Тоҷикистонро таъмин кард, дар ҳоле ки ҳамгироӣ бо ҷомеаи байналмилалӣ имконият дод, ки кишвар мақоми сазоворро дар муносибатҳои минтақавию ҷаҳонӣ соҳиб гардад.
Имрӯз, пас аз 34 соли соҳибистиқлолӣ, Тоҷикистон ҳамчун давлати мустақил ва бо нуфузи рӯзафзун дар арсаи байналмилалӣ шинохта мешавад. Дастовардҳои бадастомада шаҳодати онанд, ки истиқлолият барои миллати тоҷик на танҳо рамзи озодӣ, балки заминаи асосии пешрафти сиёсӣ, иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангӣ мебошад.
Назарзода Давлатхон - ходими калони илмии шуъбаи ҳуқуқи байналмилалии Институти фалсафа,
сиёсатшиносӣ ва ҳуқуқи ба номи А. Баҳовадинови АМИТ, номзади илмҳои ҳуқуқшиносӣ, дотсент
Имрӯзҳо мо дар арафаи ҷашни бузурги миллӣ “Истиқлол” қарор дорем ва миллати азизи мо инак 34 сол мешавад, ки ин рӯзро бо як шукӯҳу шаҳомати хосса ҷашн мегиранд ва шукрона аз истиқлолу ободии кишвар мекунанд. Дар ҳақиқат дар муддати 34 соли истиқлол, ки дар назди илми таърих муддати тулонӣ нест, мардуми тоҷик бо дастгириҳои бевоситаи Ҳукумати кишвар ва Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон ба дастовардҳои назаррас ноил шудаистодаанд.
Бояд ёдовар шуд, ки истиқлол ва мавҷудияти ҳар ҷомеа аз истиқлоли фарҳангии он сарчашма мегирад. Истиқлоли фарҳангӣ бо мафҳумҳоре ҳамчун истиқлоли фикрӣ, ҳуввиятӣ, арзишӣ ва ҳар он чи ки ба таърих, анъана ва андешаи мардум марбут аст, пайванд дорад. Аз ин рӯ, агар миллате эҳсоси ҳуввият, иззат ва шахсият дошта, ба истиқлоли фарҳангӣ даст ёфта бошад, истиқлоли иқтисодӣ ва сиёсии он, побарҷо мемонад. Миллати тоҷик дорои фарҳанги бузурги миллӣ аст. Маҳз забон ва фарҳанг боис гашт, ки ин миллат то имрӯз ҳайсияти худро дар ҷомеа нигоҳ дошт.
Таърихи ҷомеаҳои пешрафта собит менамояд, ки, дар баробари дигар зарфияту арзишҳо, нақши фарҳанг ва ҳунар дар муаррифӣ ва шинохти миллатҳо хеле муассир аст. Аз ин дидгоҳ, шинохти давлати тоҷикон дар ақсои олам бо мероси фарҳангии пурғановат амри зарурие ба шумор меравад, ки аз оғози истиқлоли давлатӣ то ҳол ба ин самт таваҷҷуҳи махсус зоҳир мегардад.
Сиёсати фарҳангпарваронаи Пешвои муаззами миллат, заминаҳои арҷгузорӣ ба арзишҳои таърихӣ, фарҳангӣ ва расму оинҳои мардумиро ба вуҷуд оварда, дар маҷмуъ, муҳит ва фазои маънавиро дар ҷомеа шакл бахшидааст. Маҳз бо дастгирии эшон чеҳраҳои илму фарҳанги мо зинда ва ба ҷаҳониён ҳамчун тоҷик муаррӣ гаштаистодаанд. Имсол низ маҳз бо дастгириҳои Пешвои миллат ва Ҳукумати Ҷумҳурӣ 1045 солагии Шайхурраис Абуалӣ ибни Сино, 1160 солагии Закариёи Розӣ бо як шаҳомати бузург дар саросари Ҷумҳурӣ ва ҳатто ҷаҳон таҷлил мегардад ва ҳатто мардум аз кору пайкори ин бузургон то ҳол ёд мекунанд ва осори илмиашонро истифода мебаранд.
Хидматҳои дигари Пешвои миллат барои ҳифзи фарҳанги миллӣ ин ташкили озмунҳои зиёди фарҳангӣ, аз қабили “Тоҷикистон – ватани азизи ман”, “Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст”, “Шоҳномахонӣ” ва ғайраҳо мебошанд, ки ин озмӯнҳо дар нигоҳ доштан ва рушди фарҳанги миллӣ нақши аввалиндараҷа доранд.
Чун сухан дар бораи истиқлоли фарҳангӣ меравад, сухани Пешвои миллат “Фарҳанг ҳастии миллат” ин масъаларо тақвият мебахшад, зеро дар ҳақиқат сарчашмаи асосии ҳастии миллатро фарҳанг ташкил медиҳад.
Дар баробарӣ ин ҳама ғамхориҳо ҷомеаи мо бояд барои ҳифзи истиқлоли фарҳанги талоши бештар дошта бошанд ва аз ҳар гуна бегонапарастӣ дур бошанд. Зеро фарҳанг низ ба ҳифз ва рушд эҳтиёҷ дорад. Фарҳангшиноси рус Дмитрий Лихачёв чунин гуфтааст: “Фарҳанг ҷомеаро наҷот медиҳад, агар ҷомеа фарҳангро ҳифз кунад”.
Рамазониён А.Б – ходими илмии Маркази синошиносии
ИФСҲ ба номи А, Баҳоваддинови АМИТ
Воқеан ҳам, Истиқлолият худ волотарин ва пурарзиштарин дастоварди миллати куҳанбунёди тоҷик мебошад, ки маҳз 34 сол муқаддам, яъне 9 сетябри соли 1991 миллати мо истиқлолият ба даст овард. Барои ба даст овардани Истиқлолият дар шароити ҷаҳони муосир, тавонист соҳиби давлати мустақил гардад.
Истиқлолият муқаддастарину азизтарин неъмат, рамзи саодат ва асолати миллат, шарафу номуси ватандорӣ ва нишонаи пойдориву бақои давлат мебошад. Мо ифтихор аз он дорем, ки бо кӯшишҳои пайгиронаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон миллати парешонгаштаи тоҷик сарҷамъ омад, мамлакат обод шуд ва имрӯз дар чеҳраи ҳар модару фарзанди тоҷик нишоту хурсандӣ дида мешавад.
Истиқлолият имконият дод ба миллати тоҷик, ки забон, фарҳан ва арзишҳои миллии худро пост дорем. Хусусан забони тоҷикӣ ҳамчун рамзи ҳувияи миллии мавқеи шоистаро дар бар гирифт ва барои бедор кардани суннатҳо, ҷашнҳои миллӣ, рушди фарҳанг ва адабиёти мардуми тоҷик имкониятҳо пайдо шуданд.
Пас аз пошхӯрии Иттиҳоди Шуравӣ, ки ба мустақил шудани ҷамоҳири ҳайати он мусоидат намуд, ба давраи нави давлатдории хеш - давраи соҳибихтиёрӣ оғоз намуд, ки солҳои аввали истиқлолият барои Тоҷикистон хеле мушкил буданд. Ҷанги шаҳрвандӣ, дар солҳои 1992-1997 кишварро ба бӯҳрони шадиди сиёсиву иҷтимоӣ ва иқтисодӣ рӯ ба рӯ кард. Бо талошҳои пайвастаи Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон ва сокинони кишвар, сулҳу субот барқарор ва ваҳдати миллӣ таъмин гардид.
Пеш аз ҳама барои пешрафти иқтисодиёти мамлакат ва ба ҳам пайванд кардани минтақаҳои Тоҷикистон сохтмони роҳҳои замонавӣ ва бунёд кардани нақбҳоро ба роҳ монданд. Сохтмони шоҳроҳи «Роҳи абрешим», бунёди нақбҳои «Анзоб», «Шаҳристон», «Шар-шар» ва «Чормағзак», сохтмонҳои қитъаҳои алоҳидаи роҳҳои мошингарди Душанбе – Хоруғ – Мурғоб, Душанбе – Рашт – Саритош, Душанбе – Хуҷанд – Чанак, Қулма-Қароқурум, роҳи оҳани Қӯрғонтеппа–Кӯлоб аз иқдомҳои Пешвои миллат буданд, ки боиси пешрафту тараққиёт гашта, мардум аз азияти ағбаҳои хатарнок растанд ва имкон фароҳам омад, ки ҳаракати нақлиёт дар дохили мамлакат ва берун аз он тамоми фаслҳои сол имконпазир бошад ва дар ин замина вазъи равуо ва боркашонӣ ба манотиқи гуногуни кишвар сад дар сад беҳтар гардад.
Имрӯз Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун давлати соҳибистиқлол дар арсаи байналмилалӣ ҷойгоҳи худро пайдо наму ва пешрафтҳои назаррас дар соҳаҳои иқтисод, маориф, илм, фарҳанг, варзиш ва робитаҳои байналмиллалӣ далели равшани имкониятҳои истиқлолият мебошад.
Дар шароити кунунӣ, ки ҷаҳони муосир дорад, таҳкими Истиқлолият, устувор гардонидани пояҳои давлат ва баланд бардоштани сатҳ ва сифати зиндагии инсон барои на танҳо мардуми мо, балки тамоми инсоният мазмуни ҳаётан муҳим пайдо мекунад. Аз ҳамин лиҳоз ҳодисаву воқеаҳои пурошӯби охирҳои асри гузашта моро водор намуд, ки оид ба масъалаи таъмини амнияти милливу давлатӣ, нигоҳ доштани оромии авзои ҷомеа, пойдории сулҳу субот, ва ободу зебо гардонидани ватани маҳбубамон, ру ба тарақи ниҳодани иқтисодиёт, саноати кунонии кишвар ва таҳкими истиқлолияту ҳифзи дастовардҳои он андеша кунем.
Якубов Умарали Шералиевич - доктор (PhD), ходимони калони
илмии МД Маркази таҳқиқоти технологияи инноватсионии АМИТ
Рӯзи истиқлоли Ҷумҳурии Тоҷикистон яке аз муҳимтарин ҷашнҳои давлатии кишвар буда, ҳамасола санаи 9-уми сентябр таҷлил мегардад. Ин рӯз на танҳо рамзи истиқлолияти ҳуқуқӣ ва сиёсии кишвар аст, балки ёдоварӣ аз роҳи тӯлонӣ ва душвори мардуми тоҷик ба сӯи озодӣ, соҳибихтиёрӣ ва ҳувияти миллӣ мебошад.
Дар таърихи мардуми тоҷик, ки саршор аз рӯйдодҳо, мубориза барои истиқлолият ва ҳифзи ҳуввияти фарҳангӣ аст, дар тӯли садсолаҳо сарфи назар аз таҳдидҳои беруна ва мушкилоти дохилӣ барои ҳифзи фарҳангу забон ва анъанаҳои худ мубориза бурдааст. Дар асри ХХ, пас аз муборизаҳои чандинсола барои ҳувияти миллӣ Тоҷикистон ба як давлати мустақил табдил ёфт. Эъломияи истиқлолият 9 сентябри соли 1991, вақте ки Шӯрои Олии ҶШС Тоҷикистон Эъломияи соҳибихтиёрии давлатиро қабул кард, ки марҳалаи муҳими роҳи истиқлолияти комил гардид. Ин рӯз рамзи озодӣ ва истиқлолияти миллӣ ва оғози марҳалаи нави таърихи кишвар гардид.
Эълони истиқлолият бо равандҳои печидаи дохилӣ, аз ҷумла ҷанги шаҳрвандии солҳои 1992-1997, ки ба рушди кишвар таъсири назаррас расонд, ҳамроҳ буд. Мардуми тоҷик бо вуҷуди душвориҳо тавонист давлатдории худро ҳифз намуда, роҳи субот ва рушдро идома диҳад. Дар солҳои истиқлолият Тоҷикистон дар соҳаҳои гуногуни ҳаёти кишвар ба комёбиҳои назаррас ноил гардид. Дар мамлакат рушди васеъи инфраструктура ба амал омад, ба мисоли роҳу купрукҳо, неругоҳҳои барқии обӣ ва объектҳои иҷтимоӣ сохта шуданд. Дар натиҷа иктисодиёти кишвар сарфи назар аз душвориҳои дохилӣ ва берунӣ тадриҷан ба таври назаррас инкишоф ёфта истодааст.
Дар давраи соҳибистиқлолии Тоҷикистон системаи маориф хеле беҳтар гардида, мактабҳо, донишкадаҳои олӣ ва марказҳои нави илмӣ бунёд гардиданд, ки ин ба инкишофи сармояи зеҳнӣ ва тадқиқотҳои илмӣ мусоидат мекунад. Инчунин системаи тандурустӣ такмил ёфта, беморхонаҳо ва марказҳои саломатӣ сохта шуданд, ки дар натиҷа дараҷаи хизматрсонии тиббӣ ба аҳолии кишвар афзуд. Дар кишвар анъанаҳои миллӣ, забон ва фарҳанги миллӣ фаъолона дастгирӣ ва инкишоф меёбанд. Барои ҳифз ва оммавӣ гардонидани осори тоҷикон шароит фароҳам оварда шудааст. Тоҷикистон ба узвияти фаъоли созмонҳои байналмилалӣ табдил ёфта, равобити дипломатиро таҳким бахшида, лоиҳаҳои муштаракро барои рушди минтақа амалӣ менамояд.
Дар кишвар барномаҳои беҳтар намудани шароити зиндагӣ, мубориза бо камбизоатӣ ва таъмини ҳифзи иҷтимоӣ амалӣ карда мешаванд. Ин дастовардҳо гувоҳӣ аз он медиҳанд, ки Тоҷикистон сарфи назар аз душвориҳои дохила ва беруна бо боварии комил ба сӯи субот ва шукуфоӣ ҳаракат карда истодааст.
Ҷашни истиқлоли кишвар ин як чорабинии муҳимест, ки одамони синну соли гуногун, миллат ва мазҳаби гуногунро муттаҳид месозад. Дар ин рӯз барои таҳкими ҳувияти миллӣ ва ватандӯстӣ чорабиниҳои идона, фарҳангӣ, варзишӣ ва сайру гашт доир мегарданд. Барои ҷавонон ин ҷашн имкони беҳтар дарк кардани таърихи кишвари худ, дарки арзишҳои озодӣ ва истиқлолият мебошад.
Шукурзода Алишер - лаборанти калони Шуъбаи экспедитсия ва тадқиқоти саҳроии
Маркази омӯзиши прияхҳои Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон
Дар Тоҷикистон ҳамасола аввали моҳи сентябр ҳамчун оғози расмии соли нави таҳсил бо номи Рӯзи дониш таҷлил мегардад. Ин сана дорои хусусияти рамзӣ буда, бо дарси сулҳ оғоз мешавад, ки мақсади асосии он таҳкими тафаккури сулҳпарварӣ ва ваҳдати миллӣ дар миёни ҷавонон мебошад. Аз ҷиҳати илмӣ ва иҷтимоӣ, Рӯзи донишро метавон на танҳо ҷашни таълимӣ, балки падидаи иҷтимоӣ-маърифатӣ арзёбӣ намуд, ки ҳадафаш омезиши омӯзиш бо арзишҳои фарҳангиву сиёсӣ мебошад.
Аз нуқтаи назари сиёсӣ, ин рӯз ба ҷомеа њамчун паёми равшан – таҳсилот ва сулҳро ду пояи асосии давлатдорӣ ва пешрафти ҷомеа ифода менамояд.
Моҳияти асосии Рӯзи дониш дар он аст, ки он ҷавононро ба омӯзиши илмҳои дақиқ, забонҳои хориҷӣ ва технологияи муосир ҳидоят мекунад. Ҳамзамон, таваҷҷуҳи ҷиддӣ ба касбомӯзӣ ва мутобиқсозии низоми таҳсилот ба талаботи бозори меҳнат равона мешавад.
Ҷойгоҳи Пешвои муаззами миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, дар ташаккул ва таҳкими анъанаи таҷлили Рӯзи дониш ва дарси сулҳ калидӣ мебошад. Пешвои миллат бо ҳидоятҳои худ ба ҷавонон на танҳо омӯзиши фанҳои муосир, забонҳои хориҷӣ ва технологияи иттилоотиро зарур шумурданд, балки сулҳ ва оромиро заминаи асосии ҳама гуна пешрафт арзёбӣ намуданд.
Бо ибтикори Пешвои муаззами миллат, дар заминаи Рӯзи дониш ҳамасола дарси сулҳ баргузор мегардад, ки тавассути он арзишҳои сулҳпарварӣ ва ваҳдат ба насли наврас интиқол меёбанд. Бевосита, ифтитоҳи муассисаҳои нави таълимӣ ва дастгирии қишрҳои осебпазири ҷомеа, аз ҷумла донишҷӯёни ятим, нишондиҳандаи нақши бевоситаи Пешвои муаззами миллат дар пайвастани сиёсати иҷтимоӣ бо таҷлили Рӯзи дониш мебошад.
Масалан, соли љорї бо иштироки Пешвои муаззами миллат, як қатор иншооти нави таълимӣ ва иҷтимоӣ дар Донишгоњи байналмилалии сайёњї ва соњибкории Тољикистон, аз љумла марказҳои омӯзишӣ, хобгоҳ ва муассисаҳои хизматрасонӣ барои донишҷӯён мавриди бањрабардорї ќорор гирифтанд. Ин иқдомҳо далолат бар он доранд, ки таҷлили Рӯзи дониш танҳо маънои рамзӣ надорад, балки бо сиёсати давлатӣ дар соҳаи маориф ва рушди кадрҳо пайваст мебошад.
Аз баски сулҳ барои Тоҷикистон арзиши беназир дорад, оғози соли нави таҳсил бо “Дарси сулҳ” ифодаи мантиқии ин сиёсати миллӣ мебошад. Маҳз тавассути чунин таҷриба, арзишҳои сулҳ ва ваҳдат ба насли наврас интиқол дода мешаванд. Ин рӯз ҳамчун рамзи хотиррасон амал мекунад, ки тамоми пешрафтҳо дар соҳаи маориф ва ҷомеа маҳз дар фазои сулҳу субот имконпазиранд.
Ҳамзамон, пешниҳоди Тоҷикистон оид ба “Даҳсолаи таҳкими сулҳ ба хотири наслҳои оянда” низ баёнгари он аст, ки Пешвои муаззами миллат Рӯзи донишро на танҳо дар доираи миллӣ, балки ҳамчун асоси ташаббусҳои байналмилалии сулҳпарварӣ арзёбӣ менамоянд.
Ҳамин тавр, Рӯзи дониш дар Тоҷикистон аз марҳилаи рамзии тақвимӣ берун рафта, бо ташаббус ва сиёсати дурнамоии Пешвои миллат ба падидаи иҷтимоӣ-маърифатӣ ва стратегӣ табдил ёфтааст, ки мактаби воҳиди ҳамгироии таълим, сулҳ ва сиёсати миллӣ мебошад.
Мусоев Дилшод - ходими илмии шуъбаи Экспедитсионӣ ва тадқиқоти саҳроӣ
Имрӯз мо аз он ифтихор дорем, ки Тоҷикистони азизи мо ҳамчун кишвари соҳибистиқлол дар арсаи ҷаҳонӣ шинохта шуда, дар радифи кишварҳои рӯ ба тараққӣ мавқеи хоси худро пайдо намудааст.
Чӣ тавре ки ба ҳамагон маълум аст, Истиқлоли давлатӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ба осони ба даст наомадааст. Он дар таърихи 9 сентябри соли 1991 аз ҷониби Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон эълон гардида, аз пайдоиши давлати нави соҳибихтиёр дар арсаи ҷаҳонӣ ва соҳиби давлати озоди худ шудани миллати тамаддунофари тоҷик башорат дод.
Мутассифона, ҳанӯз дар ҳамон ибтидо мардуми мо шаҳди истиқлол ва давлатдории миллиро начашида ва аҳамияти ин неъмату атои бебаҳои худовандро эҳсос накарда, душманони давлату давлатдории тоҷикон тавонистанд дар марзи Тоҷикистони азиз муноқишаҳои хунину нангинро эҷод бикунанд.
Хушбахтона, дар ин даврони басо пурталотуми тақдирсоз офаридгори олам барои аз вартаи фано наҷот додани давлату миллати тоҷикон Эмомалӣ Раҳмон – фарзанди баору номус, далеру боҷасорат ва фидокору сарсупурдаро ба майдони сиёсат овард.
Ҷаҳду талошҳои пайваста ва ҷон ба каф гирифтанҳои Сарвари ҷавону диловари Тоҷикистон барои ба даст овардани сулҳу салоҳ ва сарҷамъ кардани миллати парешонгашта панҷ соли дароз давом карда бошад ҳам, сиёсати сулҳҷӯёна ва ба ҳамдигарбашхӣ равонагаштаи ӯ аз рӯзҳои аввали ба сари ҳокимият омаданаш мавриди дастгирӣ қарор гирифт ва ин заминаи хубе шуд барои ба роҳ мондани сиёсати хориҷӣ ва ба ҷаҳониён муаррифӣ кардани давлати нави тоҷикон.
Маҳз дастгирӣ ёфтани сиёсати сулҳҷӯёнаи ӯ имкон фароҳам овард, ки Тоҷикистонро чун узви наву комилҳуқуқи ҷомеаи ҷаҳонӣ аксари давлатҳои ҷаҳон ба расмият шиносанд.
Сарвари давлати Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон моҳи сентябри соли 1993 нахустин бор аз минбари Созмони Милали Муттаҳид суханронӣ карда, ҷомеаи ҷаҳониро оид ба нияту нақшаҳои бунёдкорона, ҳадафҳои сиёсии сулҳҷӯёна, расидан ба ваҳдати миллӣ, инчунин таҳкиму тақвияти ҳамкориҳо бо ҳама кишварҳои дӯсту сулҳпарвари ҷаҳон ошно намуд.
Мавқеи устувору хулосагариҳои амиқан асосноки Сардори давлати Тоҷикистон аз минбарҳои баланди ҷаҳонӣ эътимоди аҳли сайёраро ба ояндаи неку бобарори Тоҷикистон қавитар намуд. Ҳамин сиёсати Пешвои муаззами миллат сабаб гардид, ки имрӯз истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистонро зиёда аз 190 кишвари ҷаҳон ба расмият шинохта, бо кишвари мо муносибати дипломатӣ барқарор намудааст.
Бо талошҳои бевоситаи хеш Асосгузори Сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар таҳкими роҳҳои давлатдории миллӣ саҳми босазо гузоштааст ва худ ин иқдомро ба чунин тарз қайд намудааст: “Маҳз истиқлолият имконият фароҳам овард, ки мардуми Тоҷикистон тақдири худро ба даст гирифта, роҳи пешрафти минбаъда ва сарнавишти ояндаи сарзамини аҷдодии хешро мустақилона интихоб намояд”.
Таърихи башар собит намудааст, ки ҳифзи истиқлолияту озодӣ кори бисёр сангину душвор мебошад. Аз ин лиҳоз, ҳар фарди бонангу номуси кишвар бояд ба қадри ин неъмати бебаҳо расад ва барои ҳимояи ин дастоварди бузурги таърихӣ ҳамеша омода бошад.
Муҳимтарин вазифаи шаҳрвандӣ ва қарзи фарзандии ҳар як сокини мамлакат, бахусус, наврасону ҷавонон аз он иборат аст, ки Тоҷикистони азиз, Ватани муқаддаси хешро сидқан дӯст дорад ва онро чун гавҳараки чашм ҳифз намояд.
Раванди бисёр мураккабу пурпечутоби ҷаҳонишавӣ ва таҳдиду хатарҳои торафт афзояндаи замони муосир моро ҳушдор медиҳад, ки ҳамеша ҳушёр бошем, зиракии сиёсиро аз даст надиҳем ва давлати соҳибистиқлоли худро аз таъсири таззодҳои ҷаҳони имрӯза эмин нигоҳ дошта, ба хотири фардои ободу осуда саъю талоши бештар кунем.
Имрӯз ҳифзи сулҳу оромӣ, суботи сиёсӣ, таҳкими ваҳдати миллӣ ва заҳмати содиқонаву софдилона барои рушди давлати соҳибистиқлоли тоҷикон ва болоравии нуфузу обрӯи он дар арсаи байналмиллалӣ вазифаи ҳар як шаҳрванди ватандӯст ва бонангу номуси кишвар мебошад, чунки ояндаи ободи сарзамини аҷдодиамон аз ин омилҳо вобастагии мустақим дорад.
Мо, хурду бузурги кишвар бояд ба хотири истиқболи арзандаи ҷашни 34-солагии Истиқлоли давлатии Тоҷикистони маҳбубамон боз ҳам бештар заҳмат кашем, корхонаҳои нави истеҳсолӣ бунёд кунем, иқтидори иқтисодӣ ва имкониятҳои содиротии мамлакатро тақвият бахшем, ҷойҳои нави кор муҳайё намоем, сатҳу сифати зиндагии халқамонро мунтазам баланд бардорем, Ватани азизамонро то дурдасттарин гӯшаҳои он ободу пешрафта гардонем ва собит созем, ки Тоҷикистон ҳамчун давлати соҳибистиқлол дар ҷомеаи мутамаддини асри бисту як ҷойгоҳ ва мақоми шоистаи худро дорад.
Мирзораҳимзода Акобир Карим, ноиби президенти АМИТ,
раиси Шуъбаи илмҳои биологияи АМИТ, доктори илмҳои биология, профессор
Истиқлолияти давлатӣ барои ҳар як кишвар падидаи бениҳоят муқаддас, волотарин ва пурарзиштарин дастоварди давлату миллати тоҷик ба шумор меравад. Таърих гувоҳ аст, ки барои мушарраф гардидан ба истиқлолияти пойдор ва рушду нумӯи он одамон чӣ қадар ҷоннисориҳо намудаанд. Мубориза барои истиқлолу озодӣ – гиромитарин фасли таърихи ҳар як кишвар ба ҳисоб меравад. Агар мо ба таърихи башарият назар афканем, шоҳиди он мегардем, ки аз замони пайдоиши нахустин давлатҳо одамон кӯшиш бар он менамуданд, ки истиқлолияти давлатии хешро ҳифз намоянд.
Истиқлол волотарин ва пурарзиштарин дастоварди давлату миллати тоҷдори тоҷик аст, ки сиву чор сол муқаддам муҳимтарин воқеаи таърихии сарнавишти миллати тоҷик ба вуҷуд омад: Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон эълон гардид. Ин ҳодисаи фараҳбахш аввали моҳи сентябри соли 1991 ба вуқӯъ пайваст ва 9 сентябр расман Рӯзи Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул гардид. Раванди ба даст овардани истиқлолият дар ҷумҳурии мо назар ба дигар ҷумҳуриҳои осиёимиёнагӣ бе қурбониҳо ва душвориҳои сангин ба даст наомад. Соли 1992 дар Тоҷикистон гурӯҳҳои тундрави ифротгаро чун нерӯи қавии қудратталаб шакл гирифта, мавқеи нерӯҳои демократиро заиф сохтанд ва бо сӯйиистифода аз фурсат ва имконоти равандҳои демократӣ ва озодихоҳӣ ба муборизаи ошкоро шурӯъ намуданд. Дар байни қишрҳои гуногуни ҷомеа нофаҳмиҳо ба вуҷуд омад, ки билохир ба ҷанги шаҳрвандӣ оварда расонд. Хушбахтона, фарҳанги бузурги тоҷикона ғалаба кард ва дар тафаккури шаҳрвандон ҳисси ягонагӣ, ваҳдат, ҳамдигарфаҳмӣ, гузаштан аз гуноҳи якдигар ба умеди шукуфоии оянда боло гирифт. Сулҳу ваҳдат дар кишвар пойдор гардид. Маҳз ваҳдати миллӣ ва сулҳ нуктаҳои калидие буданд, ки истиқлолияти давлатиро таҳким бахшиданд ва роҳро барои бартараф намудани рушди иҷтимоӣ, сиёсӣ ва иқтисодии кишвар кушоданд.
Дар таҳкими истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон нақши Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон хело назаррас мебошад. Аз рӯзи роҳбари давлат интихоб гардидани фарзанди барӯманди халқ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон сохти конститутсионӣ барқарор ва сулҳу ваҳдат пойдор гардид. Ҳамзамон, яке аз рукнҳои асосии давлатдории мустақил – Артиши миллӣ ва нерӯҳои сарҳадӣ таъсис дода шуда, ҳифзи марзу буми Ватан ва сарҳади давлатӣ таҳти назорати доимӣ қарор гирифт. Сиёсати хирадмандонаи Президенти кишвар оромӣ ва суботи сиёсиро таъмин намуда, тоҷикони дунёро зери парчами сулҳу дустӣ муттаҳид кард. Инчунин сулҳ имкон дод, ки ихтилофҳо дар кишвар барҳам дода шуда, тамоми гурезаҳо ба Ватан баргардонда шаванд ва як заминаи воқеӣ барои ҷомеаи боамну босубот дар кишвар муҳайё карда шавад.
Маҳз истиқлолият буд, ки дар кишвар бунёди роҳҳои оҳан ва автомобилгард ба монанди «Роҳи мошингарди Бадахшон», «Нақби Истиқлол», «Роҳи оҳани Хатлону Кӯлоб», таҷдид намудани бунёди неругоҳи бузурги аср – НБО-и Роғун, Сангтуда-1, Сангтуда-2 қадами бузург баҳри иҷрои ҳадафҳои стратегӣ ва омили муҳим баҳри ҳамгироии ҷомеа маҳсуб меёбад. Имрӯҳо мо наслҳои ҷавони кишвар бояд шукргузорӣ аз ин тинҷию оромӣ намуда, барои пешрафти даавлат саҳмгузор бошем.
Қодиров Ҳалим - ходими хурди илмии Маркази омӯзиши пиряхҳои
Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон
Ба ифтихори 34 - солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон
“Истиқлолият Тоҷикистонро бо ҷаҳон ва ҷаҳонро бо Тоҷикистон пайванди ногусастанӣ ва ҳамешагӣ бахшид ва дарвозаҳои чаҳор самти олами бекаронро ба рӯяш боз намуд”.
Эмомалӣ РАҲМОН
Мусаллам аст, ки имрӯзҳо халқи тоҷик таҳти сарварии хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои муаззами миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҷаноби Олӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба шарофати ба даст омадани Истиқлолу Ваҳдати миллии сартосарӣ дар зери чашми мо ва ҳамзамон дар давоми зиёда аз се даҳсолаи охир ба як идда комёбиҳои беназир ва як қатор пешрафту ободиҳо мушарраф гардиданд, ки ин ҳама далел аз пешрафт ва сарҷамъию муттаҳидӣ гувоҳӣ медиҳанд.
Тавре, ки Роҳбари давлатамон низ борҳо дар ин хусус иброз доштаанд: “Истиқлолияти давлатӣ бузургтарин ва муқаддастарин неъмат, нишонаи олии ифтихори миллӣ ва нангу номуси ватандорӣ, рамзи ҳастии миллати бостонӣ ва соҳибихтиёриву соҳибдавлатии халқи тоҷик ва инчунин асоси хушбахтиву сарбаландии сокинони Тоҷикистон аст”.
Имрӯзҳо мо ба гузашта бо сипосгузорӣ ва ба имрӯз бошад бо ҳисси баланди ифтихор ва ба фардо бошад дилпурона менигарем.Чунки дар давраи солҳои соҳибистиқлолӣ симои давлати тоҷикон - Тоҷикистони азизу арҷманд рӯз аз рӯз ба куллӣ дигаргун шуда, маҳз дар натиҷаи заҳмати аҳлонаву меҳанпарастонаи кулли сокинону банангу ораш ва инчунин таҳти сарварии хирадмандонаи абармарди арсаи сиёсат, Президенти мамлакат, Ҷаноби Олӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Ҷумҳурии соҳибистиқлоли Тоҷикистон ва бар замми ин, ҳамзамон бо кӯшишу ғайрати Раиси шаҳри Душанбе, ҷавонмарди ғаюру бунёдкор, муҳтарам Рустами Эмомалӣ пойтахти мамлакатамон – шаҳри маҳбуб ва дилрабои Душанбе рӯз аз рӯз ободу зебо гардида, амалҳои ободонию созандагӣ вусъати тоза касб намудаанд. Феълан мо ба гузашта бо сипосгузорӣ, ба имрӯз бо ифтихор ва ба фардо бошад бо дилпурӣ менигарем.
Эъломияи соҳибистиқлолӣ ва соҳибихтиёрӣ ба кишвар имкон дод, ки раванди ислоҳоти конститутсионалӣ, ки бо бунёди давлати ҳуқуқбунёд ва иқтисоди бозоргонӣ асос ёфтааст, оғоз шавад. Дар зарфи ин солҳо маҳз таҳти роҳбарии хирадмандонаи Ҷаноби Олӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва инчунин ба шарофати ибтикору роҳандозии иқдомҳои наҷибу олӣ, тарҳрезиву таҳияи барномаҳои ҳадафмандона ҷиҳати таҳкиму густариши Ваҳдати миллии сартосарӣ, ҳифз ва таблиғи ташвиқи дастовардҳои Истиқлоли давлатӣ манфиатҳои тамоми қишрҳои ҷомеа, таҳкими амнияту оромии кишвар ва саломатию некӯаҳволии аҳолӣ эътироф гардидааст.
Тавре ҳамагон хуб медонем, соҳибистиқлолии ҳар як кишвар хоҳ нохоҳ аз се омили асосӣ - Истиқлолият, Сулҳу субот ва Ваҳдату ризоияти ҷомеа иборат буда, ҳамзамон ин арзишҳои бузургу муқаддас зербино ва асоси рушди кишвар ва роҳ ба сӯйи фардои дурахшон маҳсуб меёбанд. Аз нигоҳи дигар Истиқлоли комили давлатӣ наслҳои имрӯзу фардоро ҳушдор медиҳад, то ин ки онҳо идомабахши расму русум, урфу одат ва анъанаҳои давлатсозиву давлатдорӣ, фарҳангу тамаддунофарӣ, илму маърифатпарварӣ, инсондӯстиву меҳанпарастӣ ва инчунин дигар кору иқдомоти арзишманд бошанд, то забони гуҳарбору арзишҳои нотакрори миллии хешро содиқона ҳифз карда тавонем ва дар баробари нигоҳдошти фарҳанги қадимаи миллат, ҳамзамон дорои тафаккури муосири ҷавобгӯйи тамоюли байналмилалӣ ва ҳамқадами тараққиёти навтарин бошем.
Бояд қайд кард, ки маҳз бузургтарин неъмате, ки халқи барӯманду хирадманди тоҷик пас аз муборизаю талошҳои ҳазорсолаи худ ва инчунин тавассути муборизаю ҷоннисориҳои фарзандони фарзонааш дар таърихи 9-уми сентябри соли 1991 ба даст овардааст, ин Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон маҳсуб меёбад, ки дар сарнавишту таърихи давлатдории халқи тоҷик гӯё он ҳамзамон саҳифаи дурахшону пурҷилоеро боз намуда, тақдири минбаъдаи миллатро ба даст гирифт. Инак, беш аз 34-соли расо аст, ки маҳз миллати шарафмандамон таҳти сарварии хирадмандона ва инчунин таҳти роҳбарии одилонаву оқилонаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҷаноби Олӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зери парчами Истиқлол ба пеш, ба сӯйи мақсаду мароми оливу шоиста бомаром қадамҳои устувор мегузорад.
Иҷлосияи таърихии ХVI-и Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати дувоздаҳум дар Қасри Арбоби шаҳри Хуҷанд 9-уми сентябрро ҳамчун Рӯзи Истиқлоли давлатӣ эълон намуд, ки ин санаи сарнавиштсоз дар таърихи давлату давлатдории миллати тоҷик бо ҳарфҳои заррин сабт ёфтааст ва ҳамзамон боиси ифтихори ҳар яки мост.
Бояд қайд кард аст, ки дар он даврони басо ҳам душвору пуртаҳлука Истиқлоли давлатии тоҷикон ба осонӣ ба даст наомада, балки он дар миёни маргу зиндагӣ қарор дошт. Дар мамлакатамон он айёми душвор ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ идома дошт, масъалаи ҳастии миллати тоҷик ва ҷумҳурии навакак ба Истиқлол мушаррафшудаи Тоҷикистон зери суол буд...
Истиқлоли тоза ба даст омада ба бахти мардуми тоҷик ва Тоҷикистони соҳибистиқлол, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои муаззами миллат Президенти маҳбуби мардумӣ Ҷаноби Олӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро ба минбари сиёсати ояндасоз овард, ки дар мураккабтарин лаҳзаҳои басо ҳам душвор ин абармарди миллат бе ягон тарсу ҳарос ва бо дили пур вазифаи роҳбариро ба зиммаи худ гирифта, дар ин роҳ устуворона қадам зада, барои ҳастии тоҷикону Тоҷикистон қаҳрамонона муборизаи бурдаанд. Чунки дар он даврони вазъи басо ҳам муташанниҷ бархе аз хиёнаткорони миллату зархаридонашон умуман намехостанд, ки тоҷикон соҳиби давлат ва инчунин Истиқлолияти худ шаванд. Онҳо ҳамеша дар ин роҳ аз ҳама роҳу воситаҳо, маблағгузориҳои хориҷиён ба таври васеъ истифода мебурданд. Қувваҳои бадхоҳи дохилӣ дар мамлакат оташи ҷанги бародаркушро афрӯхтанд, ки дар натиҷа ин гуна амалҳои хиёнатпешагон хисороти бузурги молию ҷонӣ ва маънавиро ба бор овард. Ҳатто, дар он рӯзҳо аз ҷониби ин бадбахтҳои хоини Ватан нақшаи тақсимоти Ҷумҳурии Тоҷикистон низ ба миён омада буд...
Хулоса метавон гуфт, ки хизматҳои арзандаи Пешвои муаззами миллат, Ҷаноби Олӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои миллати бузурги тоҷику сокинони Ҷумҳурии соҳибистиқлоли Тоҷикистон басо бесобиқа аст ва ин сиёсатмадори сатҳи ҷаҳонӣ, Қаҳрамони Тоҷикистон дар радифи роҳбарону пешвоёни ҷонфидои одил, сарони созандаю далер, ғайратманду шуҷоъ, ҷонфидои Ватан ва адолатпешаи ориёӣ чун Куруши Кабир, Дориюш, Анӯшервони Одил, Бузургмеҳри вазир, Исмоили Сомонӣ ва дигар пешвоёни Аврупою Осиё дар натиҷа мавқеи сазовори худро ишғол намуд ва маҳбуби қалбҳои мардум ва инчунин сатҳи ҷаҳонӣ гардид.
Шоир Бобоҷони Нурзод чаҳор сол қабл аз ин бахшида ба истиқболи ҷашни бузурги таърихии миллат, яъне 30-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар маҷмӯаи ашъори худ таҳти унвони “Истиқбол аз Истиқлол”, ки он аслан аз достонҳою шеърҳо ва дигар анвоҳои шеърӣ иборат аст, ҳамчун шоири меҳандӯсту ватансарои асил ва тараннумгари Истиқлолу Ваҳдати миллӣ тамаддунофарин ва созанда будани миллати барӯмандамонро бо эҳсоси баланди шеърияти воло аз ҷумла дар зер чунин ба қалам додааст: “Истиқлол садсолаҳои дигар барои Ватани азизу муқаддасамон боз ҳам хизмат менамояд. Зеро барҳақ худи Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз ҷумла чунин гуфтаанд: “Ватанро дӯст доштан, аз он ифтихор кардан, барои ҳимояи он омода будан ба қадри сулҳу субот, осудагию ваҳдат ва Истиқлол расидан, ҳамзамон шукронаи соҳибдавлатиро ба ҷо овардан аз ҷумлаи арзишҳое мебошанд, ки мо бояд онҳоро дастури зиндагии ҳаррӯзаи худ қарор диҳем ва итминон дошта бошем, ки танҳо дар ҳамин сурат метавонем кишвари воқеан ободу пешрафта ва тавоно бунёд намоем.”
Ҳумоюн бод, истиқлоли тоҷик,
Шукуҳу шавкату иқболи тоҷик.
Гар истиқлолаш истиқбол дорад,
Ба парвози навин шаҳболи тоҷик”.
Лозим ба тазаккур аст, ки ба шарофати заҳмату бедорхобиҳои Сарвари давлатамон муҳтарам Ҷаноби Олӣ Эмомалӣ Раҳмон илми тоҷик рӯз аз рӯз пеш рафта, бар замми ин ғамхорию раҳнамоиҳои зиёд ҷиҳати рушди илми ватанӣ ва ҳамзамон андешидани тадбирҳои судманд як ҷузъи муҳимми стратегияи давлатии таҳкими истиқлолият тавассути рушди зеҳнӣ ва неруи касбии олимону муҳаққиқон гардид, ки боиси ифтихори ҳар яки мо мебошад.
Бояд зикр намуд, ки ҳар яки мо бояд Ватанамонро дӯст дорему ба Истиқлолияти давлатии худ ҳамеша арҷ гузорем, инчунин ба таври мунтазам донишу малакаи худро такмил диҳем. Худро созему хештаншинос бошем ва шахсияти худро танҳо бо меҳнати ҳалолу ҷаҳду талоши ватандорӣ ва меҳансозӣ муаррифӣ намоем. Чунки гузаштагони бузургамон беҳуда нафармудаанд, ки қутбнамои беҳтарин дар ҳаёт ин пеш аз ҳама марому мақсади нек аст. Суқроти донишманд низ таъкид накардааст, ки ҳар касе, ки мехоҳад ҷаҳонро такон диҳад, бояд аввал ӯ худашро такон диҳад.
Хулоса, мо олимон ва роҳбарони ниҳодҳои илмӣ муваззафем, ки дар ҷавоби ин гуна ғамхориҳои рӯзафзуни Роҳбари давлатамон донишу малакаи худро пайваста бо роҳи илмомӯзӣ ва инчунин истифодаи самараноки техникаву технологияи муосир ҳамаҷониба такмил диҳем, инчунин марбут ба талаботи даврони муосир ҳамеша ҳамқадами замон бошем ва ба халқу давлати худ содиқона хизмат намуда, саҳми боризи худро дар самти ободу зебо намудани Тоҷикистони соҳибистиқлолу соҳибиқбол гузорем.
БОБОЗОДА Бақохоҷа Бобо, директори Институти ботаника,
физиология ва генетикаи растании Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон




