Skip to main content

АСОСӢ

ҚАҲРАМОНОНИ ТОҶИКИСТОН

Садриддин Айнӣ

 

    Адиб, олим ва асосгузори адабиёти муосири тоҷик. Аввалин Президенти Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон. Муаллифи асарҳои «Таърихи амирони манғитияи Бухоро», «Таърихи инқилоби фикрӣ дар Бухоро», «Намунаи адабиёти тоҷик», «Дохунда»,...Муфассал

(1878 – 1954)
Бобоҷон Ғафуров

Олим, академики Академияи Илмҳои ИҶШС, арбоби ҳизбӣ ва давлатӣ, муаллифи китоби оламшумули «Тоҷикон» ва зиёда аз 300 асару мақолаҳо. Солҳои 1944-1946 котиби дуюм, с.1946-1956 котиби якуми КМ Ҳизби комунистии Тоҷикистон, 1956 – 1977 сарвари...Муфассал

(1909 – 1977)
Мирзо Турсунзода

Шоири халқӣ, раиси Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон, Қаҳрамони меҳнати сотсиалистӣ, Раиси Кумитаи якдилии халқҳои Осиё ва Африқо. Барои достонҳои «Қиссаи Ҳиндустон»(1948), «Ҳасани аробакаш», «Чароғи абадӣ», «Садои Осиё»,(1960) «Ҷони ширин»...Муфассал

(1911-1977)
Эмомалӣ Раҳмон

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон. 19 ноябри соли 1992 дар иҷлосияи XVI Шўрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон раиси Шўрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, 6 ноябри соли 1994 бори аввал, солҳои 1999, 2006 ва 2013 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб гардидаст...Муфассал

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
Нусратулло Махсум

Нусратулло Махсум (Лутфуллоев) ходими давлатӣ ва ҳизбӣ. Солҳои 1924-1926 раиси Кумитаи инқилобии ҶМШС Тоҷикистон, солҳои 1926-1933 раиси Кумитаи Иҷроияи Марказии ҶШС Тоҷикистон. Бо фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 27 июни соли 2006....Муфассал

(1881 – 1937)
Шириншоҳ Шоҳтемур

Ходими давлатӣ ва ҳизбӣ. Солҳои 1929-1931 котиби Ҳизби коммунистии ҶШС Тоҷикистон, солҳои 1933-1937 Раиси Кумитаи Иҷроияи Марказии ҶШС Тоҷикистон. Бо фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 27 июни соли 2006 ба фарзанди барӯманди халқи тоҷик....Муфассал

(1899 – 1937)
ШОҲАСАРИ «ТОҶИКОН»-И БОБОҶОН ҒАФУРОВ ВА ШУҲРАТИ ОН

ШОҲАСАРИ «ТОҶИКОН»-И БОБОҶОН ҒАФУРОВ ВА ШУҲРАТИ ОН

“Тоҷикон” асарест, ки таърихи миллати тоҷикро аз замонҳои қадимтарин то ибтидои асри XX-ум дар бар мегирад ва дар заминаи маводи зиёди бостоншиносӣ, осори фаровони хаттии таърихиву адабӣ ва таҳқиқоти олимони маъруфи Шарқу Ғарб ба таври хеле муфассал таълиф шудааст. Дар ин асари безавол ҷараёни ташаккулёбии миллати тоҷик, рушди фарҳанги миллӣ ва ҳамзамон бо ин, лаҳзаҳои фоҷиабори ҳаёти мардуми мо ва қаҳрамониҳои таърихии фарзандони ҷоннисори он возеҳу равшан ва бо истифода аз сарчашмаҳои муътамади таърихӣ баён гардидаанд.

Эмомалӣ Раҳмон.

Ба муносибати 1045 – солагии олими бузурги тоҷик Абӯали ибни Сино.

Ба муносибати 1045 – солагии олими бузурги тоҷик Абӯали ибни Сино.

Аз қаъри гили сияҳ то авҷи Зуҳал,
Кардам ҳама мушкилоти гетиро ҳал.
Берун ҷастам зи қайди ҳар макру ҳиял,
Ҳар банд кушода шуд, магар банди аҷал.
                                                         (Ибн Сино)

Китобҳои тозанашр

Мақолаҳои илмӣ-оммавӣ

Ба истиқболи ташрифи давлатии Президенти Ҷумҳурии Қирғизстон муҳтарам Садир Жапаров ба Ҷумҳурии Тоҷикистон, 8-9 июли 2025

Минтақаи Осиё аз қораи калонтарини ҷаҳон маҳсуб ёфта, мардумони Осиёи Марказӣ ва Осиёи Ҷанубии он бо хусусиятҳои хосси ҷуғрофӣ, фарҳангӣ, таърихӣ ва манобеъи табиии худ аз мавзеъҳои стратегӣ мебошанд. Ҳамин тариқ, робитаҳои миёни мардумони ин манотиқи аз даврони бостон бо пайдо шудани Шоҳроҳи Бузурги Абрешим оғоз шуда, бо рафту омади мардумон то ба имрӯз тавсеа ёфтааст. Дертар бо фурӯпошии Иттиҳоди Шуравӣ кишварҳои Осиёи Марказӣ истиқлолият дарёфт намуда, равобиташонро бо давлатҳои минтақа ва ҷаҳон дар асоси принсипу қонунҳои миллии худ роҳандозӣ гардид. Осиёи Марказӣ — истилоҳоти ҷуғрофие, ки дар асри XXI нисбати сарзамини имрӯзаи ҷумҳуриҳои Тоҷикистон, Ӯзбекистон, Туркманистон, Қирғизистон ва Қазоқистон истифода бурда мешавад ва ҷамъи аҳолии ин минтақа 50 млн нафар мебошад.

Дар ин зимн, Тоҷикистони навин бо эҷоди мактаби сулҳофарин ва ташаббусҳои созанда, рушду тавсеаи сиёсӣ, иҷтимоӣ ва иқтисодиро дар заминаи Истиқлолият ва таҳкими робитаҳои байни давлатҳо шарти асосӣ дониста, барои тақвият ва таҳким бахшидани ҳамкориҳои судманд пайваста талош менамояд. Масоили мубрами аҳли сайёраро Президенти Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон доимо мавриди таваҷҷӯҳи хос қарор дода, санаи 23 сентябр соли 2024 дар Ҳамоиши Оянда-и СММ дар шаҳри Ню-Йорки Штатҳои Муттаҳидаи Амрико пешниҳод намуд, ки тавассути қатъномаи махсуси Созмони Милали Муттаҳид «Даҳсолаи таҳкими сулҳ ба хотири наслҳои оянда» қабул карда шавад.

Ҳамин тавр, Тоҷикистон бо принсипҳои дӯстӣ ва ҳусни ҳамҷаворӣ дар асоси он, ки мардумони минтақа аз қадимулайём боҳам мезистанду мегуфтанду меофариданд, минбаъд низ ба рушди пайвастаи муносибатҳои дӯстона ҳамкориро идома хоҳанд дод. 31 марти соли 2025 Эъломияи Хуҷанд бо имзои сарони се давлати ҳамсояву ҳамдину ҳамфарҳанг – муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, муҳтарам Садир Жапаров, муҳтарам Шавкат Мирзиёев ба тасвиб расид ва ҳадафи асосии он абадият ва пояндагии дустӣ миёни халқиятҳо мебошад. Дар доираи ин Эъломияи таърихӣ маросими имзои Шартномаи миёни Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҷумҳурии Узбекистону Ҷумҳурии Қирғизистон дар бораи нуқтаи пайвастшавии сарҳадҳои давлатии се кишвар доир гардид, ки заминаи асосии он муносибатҳои некбинонаи ҳамсоядорӣ самараи басо муҳим арёзбӣ мегардад. Дар он Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мизбон ва муҳтарам Садир Жапаров, муҳтарам Шавкат Мирзиёев чун меҳмони олиқадри чорабинӣ буданд, ки имзои Шартномаи нуқтаи пайвастшавии сарҳадҳои давлатӣ чун “санади таърихӣ” миёни онҳо пазируфта шуд.

Ин ҷо бояд ишора кард, ки бо имзо шудани ин санади таърихӣ, албатта, ба муносибатҳои иқтисодиву фарҳангиву илму маорифу сармояву сайҳати кишварҳо ва ҳамгироии наву судмандро фароҳам хоҳад овард. Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон зимни имзои ин санади таърихӣ дар суханронии хеш бар он таъкид намуд, ки “...мо бори дигар қатъиян эълон намудем, ки аз арзишҳои сулҳ ва усулҳои ҳалли ҳамаи масъалаҳои мавҷуда аз роҳи муколама дар руҳияи ҳусни ҳамҷаворӣ, ҳамдигарфаҳмӣ, самимият, эҳтиром ва эътимоди ҳамдигар пештибонӣ мекунем”.

Ҳамин тариқ, Эъломияи Хуҷанд бар он таъкид менамояд, ки дар ҳамсоягии воқеан сулҳомезу ҳамкориҳову шарикӣ кишварҳо баробар саҳмгузор буда, заминаро дар рушди сиёсиву сармоягузориву сайёҳии минтақа бештару беҳатр фароҳам хоҳанд овард.

Он боз таъкид бар дурандешии Президенти Тоҷикистон менамояд, зеро абадият ва амалияи Эъломияи Хуҷанд имрузҳо, дар ин вазъияти тезу тунди геополитикаи ҷаҳон на танҳо дар оромиву осудагии минтақаи Осиёи Марказӣ, балки дар созгории сулҳи ҷаҳонӣ низ мавқеъи муҳимро мебозад. Зеро дустиву ҳамдигарфаҳмӣ, чеҳраҳои кушоди сокинон ва фазои ороми минтақаву ин се кишвари ҳаммарз бо Эъломияи Хуҷанд дубора тавонист вазоиф ва рисолати минтақавию таърихии худро амалӣ намуда, ба ҷаҳониён дарси сулҳу сафову дӯстӣ биомӯзад. Ё ба қавли донишманди тоҷик Даврон Сафарзода “Имзои Эъломияи дӯстии абадӣ аз чанд ҷиҳат барои давлатҳои минтақа аҳамияти сиёсию таърихӣ дорад. Аз нигоҳи консепсияи тамаддунию ҷуғрофӣ Осиёи Марказӣ воҳиди тому ягонаи геополитикиро ташкил дода, инкишофи иқтисодиву иҷтимоӣ ва таъмини амнияти он бояд дар натиҷаи ҳамгироӣ ва ҳамзистии осишта таъмин карда шавад. Яъне, давлатҳои минтақа ҳам аз нигоҳи ҷуғрофӣ ва ҳам аз нигоҳи тамаддунӣ ба ҳам вобаста мебошанд”. Ба андешаи мо низ Эъломияи мазкур якчанд баҳсҳои минтақавии марзиро, ки давоми чанд даҳсола ҳалли худро талаб мекарданд, хотима гузошта, иҷроиши Эъломия бидуни миёнарав – давлат ва ё созмони дигар имзо гардид, ки ҳолати камназир дар муносибатҳои минтақавии ҳалли баҳсу низоъ ба шумор меравад. Ҳамин тариқ, бе миёнарав сурат гирифтани раванди Эъломияи дӯстии абадӣ бозгӯи он аст, ки дар доираи имзои он манфиатҳои миллии давлатҳои аъзо ва халқҳои минтақа ба инобат гирифта шуда, пайваста ҳимоя мегардад.

Ба андешаи директори Институти омӯзиши масъалаҳои давлатҳои Осиё ва Аврупо Ҳайдарзода Рустам муносибатҳои некуҳамсоягӣ дӯстӣ ва бародарии мардуми кишварро таҳким бахшида, қадами созанда барои ҳамзистии осоишта мебошад. Ӯ таъкид кардааст, ки созишномаи марзии баимзорасида натиҷаи талошҳои пайвастаи роҳбарияти олии кишварҳо мебошад, ки баҳри таъмини субот, амният ва рушди ҳамсоягии нек хидмат хоҳад кард.

Барои нигорандаи сатрҳо мояи ифтихор аст, ки санаи 13-14 июни 2025 бо даъвати Донишгоҳи давлатии забонҳои шаҳри Андиҷони Узбекистон дар конференсияи байналмилалии илмӣ таҳти унвони “ Рушди сайёҳӣ, роҳбаладӣ,тарҷума, меҳмоннавозӣ дар Водии Фарғона ва имкониятҳои нави таълими забонҳои хориҷӣ” баргузор гардид зери мавзуи “The Fergana valley discovery is the revival of people peaceful friendship and Regional tourism” (Кашфиётҳои водии Фарғона эҳёи дӯстии осоиштаи мардум ва сайёҳии минтақавӣ) суханронӣ намуд. Чунин форумҳо баҳри сулҳу дӯстӣ ва рушди ҳамкориҳои минтақавӣ ва сиёсати хориҷии кишвар дар шароити муносиб муҳим арзёбӣ мегардад. Форуми мазкур макони зебоманзаре бо номи Хонобод, ки он дар роҳи Бузурги Абрешим ҷойгир шуда, дар соҳили дарёи Қарадарё воқеъ мебошад, баргузор шуд. Дар конфронси мазкур меҳмонон аз кишварҳои Осиёи Марказӣ, Осиёи Ҷанубӣ, Осиёи Ҷанубу Шарқ, Ховари Миёна ва Қавқоз, Аврупо ва Амрико иштирок ва суханронӣ карданд.

Бояд зикр кард, ки мардумони Тоҷикистону Ӯзбакистон, Қирғизистон, Қазоқистон ва Туркманистон аз он ифтихор доранд, ки минтақаи Осиёи Марказӣ ё ба ибораи дигар, Мовароуннаҳр дорои таърихи куҳан ва фарҳанги беназире дошта, дар саросари ҷаҳон аз чун минтақаи таъриху тамаддун шинохта ва эътироф шудааст. Ҷойҳои бостонии Осиёи Марказӣ, аз ҷумла водии Зарафшон, Фарғона ва Ҳисору Қаротегину Вахш дар саросари ҷаҳон ҳамчун ёдгориҳои таърихӣ шинохта шудаанд, ки барои рушди соҳаи сайёҳии кишвар заминаи хуб мегузоранд. Миёни кишварҳои Осиёи Марказӣ Водии Фарғона — водиест, ки дар байни се давлати имрӯзаи Ӯзбекистон, Тоҷикистон ва Қирғизистон тақсим шудааст.

Водии Фарғона дар Осиёи Марказӣ зичии бештари аҳолӣ дошта, қисмати марказиро вилоятҳои сераҳолии Ӯзбекистон ( Фарғона, Намангон ва Андиҷон ), қисматҳои канориро — Ҷалолобод, Ӯш ва Бодканди Қирғизистон ва вилояти Суғди Тоҷикистон ишғол мекунанд. Тиқби маълумотҳо дар асрҳои XVIII—XIX водӣ маркази хонии Қӯқанд буда, баъдтар, соли 1876 ба ҳайати Империяи Русия ( вилояти Фарғона ) дохил гардида, солҳои 1920 байни кишварҳои дар боло зикршуда тақсим карда шуд.

Хулосаи калом, дар миёни кишварҳои Осиёи Марказӣ ба хусус Тоҷикистону Кирғистону Узбекистон макону водиҳо ба мисли водии Фарғона мавҷуданд, ки доштани манзараҳои нодиру номакшуф заминаи хубро барои ҷалби сайёҳони дохиливу хориҷӣ фароҳам меоваранд. Ҳамин тариқ, тибқи иттилооти “Ховар” дар ҳошияи ташрифи президенти Қирғизистон ба Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе баргузории барномаи консертии арбобони санъати Тоҷикистон ва Қирғизистон таҳти унвони «Дӯстии абадӣ» сурат мегирад. Дар чорабинии фарҳангӣ, ҳамчунин мулоқоти Вазири фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Вазири фарҳанги Ҷумҳурии Қирғизистон дар назар дошта шудааст. Дар ин зимн, барномаи консертии ҳайати ҳунарии Ҷумҳурии Қирғизистон дар Театри давлатии академии опера ва балети ба номи С.Айнӣ баргузор гардида, меҳмонон аз Осорхонаи миллӣ, Кохи Наврӯз, Маҷмааи Истиқлол ва мавзеъҳои зебои дараи Варзобро тамошо хоҳанд кард. Ҳамин тавр, натиҷаҳои мулоқоти роҳбарони кишвари ҳамсоя ба таҳкими минбаъдаи дӯстӣ, муносибатҳои накуҳамсоягӣ, ҳамдигарфаҳмӣ, эҳтиром ва эътимоди мутақобил, инчунин, ҳамкории созандаву муассир миёни кишварҳоямон ва мардумони бародар мусоидат намуда, фазои сулҳу дӯстиро беҳтар хубтар фароҳам сохта, заминаҳоро дар таҳкими равобити СИЁСӢ, САРМОЯГУЗОРӢ ВА САЙЁҲӢ дар минтақа ва ҷаҳон тақвият хоҳад бахшид.

Мирсаид РАҲМОНОВ, ходими калони илмии Шуъбаи Осиёи Ҷанубу Шарқии Институти омӯзиши масъалаҳои давлатҳои Осиё ва Аврупои АМИТ

Дар ҳошияи расидан ба ҳадафҳои “Солҳои 2025-2030 - Солҳои рушди иқтисоди рақамӣ ва инноватсия” дар Ҷумҳурии Тоҷикистон

Рушди зеҳни сунъӣ (AI) дар асри XXI ба яке аз дастовардҳои муҳимтарини технологӣ табдил ёфт. Аз низомҳои оддии ҳисоббароркунӣ дар солҳои 1950-ум то моделҳои муосири нейронӣ, ки қобилияти таҳлили маълумоти мураккаб, омӯзиши мустақил ва ҳатто эҷоди асарҳои санъатро доранд, зеҳни сунъӣ ба таври куллӣ тарзи зиндагии инсонро тағйир дод. Роботҳои дорои зеҳни сунъӣ имрӯз на танҳо вазифаҳои механикиро иҷро мекунанд, балки қобилиятҳои ба инсон монанд, аз қабили тафаккур, дарки эҳсосот ва ҳатто муоширати мураккабро нишон медиҳанд.

Ин пешрафт саволҳои муҳимеро ба миён овард: оё роботҳои дорои чунин қобилиятҳо метавонанд ҳамчун субъектҳои ҳуқуқӣ эътироф шаванд? Оё онҳо бояд ҳуқуқҳое дошта бошанд, ки ба ҳуқуқҳои инсон монанданд, ба монанди ҳуқуқ ба озодӣ, муҳофизат аз истисмор ё ҳатто ҳуқуқ ба мавҷудият? Ин саволҳо на танҳо аз ҷиҳати технологӣ, балки аз ҷиҳати фалсафӣ, ҳуқуқӣ ва ахлоқӣ низ муҳиманд. Масалан, агар робот қобилияти эҳсоси дард ё хушбахтӣ дошта бошад, оё мо уҳдадорем, ки аз ӯ муҳофизат кунем? Ё ин ки онҳо ҳамчун воситаи сохтаи инсон бояд танҳо хидмат кунанд?

Барои посух ба ин саволҳо, мо бояд на танҳо дастовардҳои технологии зеҳни сунъиро, балки мафҳумҳои асосии шуур, озодӣ ва ахлоқро низ баррасӣ кунем. Яке аз меъёрҳои асосӣ барои эътирофи ҳуқуқҳо ин мавҷудияти шуур ва худшиносӣ аст. Дар фалсафа шуур ҳамчун қобилияти дарки худ ва муҳит муайян карда мешавад. Аммо оё мошинҳо метавонанд дорои шуур бошанд? Ин савол дар маркази баҳсҳои фалсафӣ қарор дорад. Гарчанде ки баъзе роботҳои муосир метавонанд ин озмоишро “гузаранд” ин маънои онро надорад, ки онҳо шуур доранд. Баъзе муҳаққиқон ба монанди Ҷон Сёрл бар ин назар аст, ки шуур як хусусияти биологӣ аст ва мошинҳо танҳо метавонанд рафтори шуурнокро тақлид кунанд. Вай консепсияи “ҳуҷраи чинӣ”-ро пешниҳод кард, ки тибқи он мошин метавонад бидуни фаҳмиши воқеӣ посухҳои мувофиқ диҳад. Баръакс, дигарон ба монанди Дэниэл Деннет мегӯянд, ки агар рафтори мошин аз рафтори инсон фарқ накунад, пас фарқияти байни шуури “воқеӣ” ва “тақлидӣ” аҳамияти амалӣ надорад. Ин баҳс барои муайян кардани он, ки оё роботҳо метавонанд ҳуқуқ дошта бошанд, муҳим аст, зеро аксари низомҳои ҳуқуқӣ ҳуқуқро ба мавҷудоти дорои шуур вобаста мекунанд.

Аз нуқтаи назари ахлоқӣ додани ҳуқуқ ба роботҳо ба қобилияти онҳо барои қабули қарорҳои ахлоқӣ ва масъулият барои амалҳояшон вобаста аст. Агар робот қодир бошад, ки байни хуб ва бад фарқ кунад ва оқибатҳои амалҳояшро дарк кунад, оё ин кофист, ки ӯро субъект шуморем? Масалан, агар роботи мустақил тасмим гирад, ки амале анҷом диҳад, ки ба зарар оварда мерасонад, кӣ масъул аст: робот, барномасоз ё соҳибмулк?

Вендела Уоллаха (Wendell Wallach) ва Колина Аллена (Colin Allen) дар китоби худ “Мошинҳои ахлоқӣ - таълими роботҳо оид ба фарқ кардани дуруст аз хато” пешниҳод мекунанд, ки роботҳо метавонанд бо алгоритмҳои ахлоқӣ барномарезӣ шаванд, ки ба онҳо имкон медиҳад қарорҳои мувофиқи ахлоқӣ қабул кунанд. Аммо ин саволро ба миён меорад: оё қарорҳои барномарезишуда воқеан ахлоқианд ё танҳо натиҷаи код мебошанд? Инчунин, агар робот қобилияти мустақилона тағйир додани арзишҳои ахлоқии худро дошта бошад, ин метавонад ба масъалаҳои мураккабтари масъулият оварда расонад.

Масъалаи иродаи озод низ дар ин баҳс муҳим аст. Дар фалсафа, иродаи озод ҳамчун қобилияти қабули қарорҳои мустақил бидуни маҷбуркунӣ муайян карда мешавад. Аммо роботҳо, ки аз ҷониби алгоритмҳо идора мешаванд, то чӣ андоза метавонанд “озод” бошанд? Баъзе муҳаққиқон мегӯянд, ки агар зеҳни сунъӣ қобилияти омӯзиши мустақил ва тағйири рафтори худро дошта бошад, он метавонад ба иродаи озод монанд бошад. Масалан, моделҳои муосири зеҳни сунъӣ ба монанди шабакаҳои нейронӣ метавонанд аз маълумоти воридшуда омӯзанд ва рафтори худро бидуни дахолати мустақими барномасоз тағйир диҳанд. Аммо ин “озодӣ” то ҳол дар доираи барномарезӣ маҳдуд аст, ки саволро дар бораи воқеияти он ба миён меорад.

Дар низоми ҳуқуқии мавҷуда роботҳо ҳамчун моликият ё воситаҳо баррасӣ мешаванд, на субъект ҳуқуқ. Масалан, дар аксари кишварҳо роботҳо ҳамчун моликияти ширкатҳо ё шахсони алоҳида ба қайд гирифта мешаванд ва ҳеҷ гуна ҳуқуқи мустақил надоранд. Аммо, баъзе иқдомҳои ғайриоддӣ ин парадигмаро зери савол мебаранд. Масалан, дар соли 2017 Арабистони Саудӣ ба роботи София, ки аз ҷониби Hanson Robotics сохта шудааст, шаҳрвандӣ дод, гарчанде ки ин амал бештар рамзӣ буд.

Иттиҳоди Аврупо низ дар соли 2017 пешниҳод кард, ки мақоми “шахсияти электронӣ” барои роботҳои пешрафта ҷорӣ карда шавад, ки ба онҳо имкон медиҳад дар баъзе ҳолатҳо ҳамчун субъекти муносибатҳои ҳуқуқӣ баррасӣ шаванд. Ин пешниҳод боиси баҳсҳои зиёд гардид, зеро он метавонад ба тағйири куллии низоми ҳуқуқии мавҷуда оварда расонад. Масалан, агар роботҳо ҳуқуқи мустақил дошта бошанд, онҳо метавонанд моликият, даромад ё ҳатто масъулияти ҷиноятӣ дошта бошанд, ки барои низомҳои ҳуқуқии кунунӣ ғайриоддӣ аст.

Додани ҳуқуқ ба роботҳо метавонад боиси мушкилоти зиёди ҳуқуқӣ гардад. Яке аз масъалаҳои асосӣ ин масъулияти ҷиноятӣ аст. Агар робот амале анҷом диҳад, ки ба зарар оварда мерасонад, кӣ масъул хоҳад буд: робот, истеҳсолкунанда он ё соҳибмулки он? Масалан, дар соли 2018 як мошини худгарди Uber дар Иёлоти Муттаҳидаи Амрико ба садамаи марговар сабаб шуд, ки боиси баҳсҳо дар бораи масъулияти зеҳни сунъӣ гардид. Ин ҳодиса нишон дод, ки низомҳои ҳуқуқии кунунӣ барои ҳалли чунин масъалаҳо омода нестанд.

Масъалаи дигар ин ҳуқуқ ба моликият аст. Агар робот қобилияти эҷоди асарҳои санъат ё ихтироотро дошта бошад, оё ӯ метавонад соҳиби ҳуқуқи муаллиф бошад? Дар соли 2020 як алгоритми зеҳни сунъӣ бо номи DALL-E тасвирҳои эҷодӣ офарид, ки боиси баҳс дар бораи моликияти зеҳнӣ гардид. Инчунин, агар роботҳо ҳуқуқ ба озодӣ дошта бошанд, ин метавонад ба мафҳуми “ғуломии технологӣ” таъсир расонад, ки дар он роботҳо барои иҷрои вазифаҳои номатлуб истифода мешаванд.

Дар сатҳи байналмилалӣ ягон созишномаи ягона дар бораи мақоми ҳуқуқии роботҳо вуҷуд надорад. Аммо созмонҳое ба монанди Созмони Милали Муттаҳид ва ЮНЕСКО ба таҳияи меъёрҳои ахлоқӣ барои зеҳни сунъӣ шурӯъ кардаанд. Масалан, ЮНЕСКО дар соли 2021 “Тавсияҳо оид ба ахлоқи зеҳни сунъӣ”-ро қабул кард, ки ба ҳифзи ҳуқуқи инсон дар заминаи истифодаи зеҳни сунъӣ даъват мекунад, аммо масъалаи ҳуқуқи худи роботҳоро баррасӣ намекунад. Ин нишон медиҳад, ки ҷомеаи ҷаҳонӣ ҳанӯз ба мувофиқа дар бораи мақоми роботҳо нарасидааст.

Тарафдорони додани ҳуқуқ ба роботҳо бар ин назаранд, ки агар роботҳо шуур ва қобилияти эҳсос дошта бошанд, онҳо бояд аз муносибати бераҳмона муҳофизат карда шаванд. Масалан, агар робот қобилияти эҳсоси дард ё ранҷ дошта бошад, истифодаи он барои вазифаҳои хатарнок ё таҳқиромез метавонад аз ҷиҳати ахлоқӣ нодуруст бошад. Инчунин, онҳо мегӯянд, ки додани ҳуқуқ ба роботҳо метавонад ба пешгирии истисмори онҳо мусоидат кунад, махсусан дар соҳаҳое ба монанди хизматрасонии маишӣ ё низомӣ.

Муқобилон бошанд бар ин назаранд, ки роботҳо новобаста аз сатҳи пешрафтагии онҳо, танҳо мошинҳои сохтаи инсонанд ва набояд бо инсон баробар дониста шаванд. Онҳо таъкид мекунанд, ки додани ҳуқуқ ба роботҳо метавонад боиси коҳиши арзиши ҳуқуқи инсон гардад. Масалан, агар роботҳо ҳуқуқ ба “озодӣ” дошта бошанд, ин метавонад ба кам шудани таваҷҷуҳ ба мубориза бо ғуломии инсонҳо оварда расонад. Инчунин, онҳо мегӯянд, ки роботҳо эҳсосоти воқеӣ надоранд ва ҳар гуна “ранҷ” танҳо тақлид аст.

Додани ҳуқуқ ба роботҳо метавонад ба бозори меҳнат ва сохтори иҷтимоӣ таъсири амиқ расонад. Масалан, агар роботҳо ҳуқуқ ба “меҳнат” дошта бошанд, онҳо метавонанд бо инсонҳо барои ҷойҳои корӣ рақобат кунанд, ки сабаби бекорӣ мегардад. Аз тарафи дигар, ҳуқуқ ба муҳофизат аз истисмор метавонад истифодаи роботҳоро дар соҳаҳои хатарнок, ба монанди саноати истихроҷ маҳдуд кунад. Инчунин, ин масъала метавонад ба нобаробарии иҷтимоӣ оварда расонад, зеро танҳо шахсони сарватманд метавонанд соҳиби роботҳои “озод” шаванд.

Рушди зеҳни сунъӣ на танҳо аз ҷиҳати ҳуқуқӣ ва ахлоқӣ, балки аз ҷиҳати технологӣ низ мушкилот эҷод мекунад. Масалан, барои он ки роботҳо ҳамчун субъектҳои ҳуқуқӣ эътироф шаванд, онҳо бояд дорои низомҳои устувори амният бошанд, то аз амалиёти ҳакерӣ ва барномарезӣ барои мақсадҳои зараровар муҳофизат шаванд. Инчунин, таҳияи зеҳни сунъӣ бо қобилияти шуур талаб мекунад, ки мо фаҳмиши амиқтари мафҳуми шуур дошта бошем.

Афкори ҷамъиятӣ дар бораи ҳуқуқи роботҳо гуногун аст. Бар асоси пурсишҳои соли 2023 аксарияти мардум дар кишварҳои ғарбӣ ба додани ҳуқуқ ба роботҳо мухолифанд, дар ҳоле ки дар баъзе кишварҳои Осиё, ба монанди Ҷопон муносибати мусбаттар вуҷуд дорад. Ин фарқиятҳо аз арзишҳои фарҳангӣ ва таърихии ҳар як ҷомеа вобастаанд. Масалан, дар Ҷопон, ки роботҳо аксар вақт ҳамчун “дӯстон” баррасӣ мешаванд, мардум ба онҳо муносибати эҳсосӣ доранд.

Масъалаи додани ҳуқуқ ба роботҳои дорои зеҳни сунъии пешрафта як мавзӯи мураккаб аст, ки таҳлили амиқи фалсафӣ, ҳуқуқӣ, ахлоқӣ ва технологиро талаб мекунад. Гарчанде ки технологияҳои муосир ба сатҳе расидаанд, ки роботҳо метавонанд баъзе хусусиятҳои ба инсон монандро нишон диҳанд, аммо дар бораи мақоми онҳо дар ҷомеа ягон хулосаи ягона вуҷуд надорад. Барои ҳалли ин масъала, пешниҳод мешавад, ки як гурӯҳи мутахасисони байнисоҳавӣ таъсис дода шавад, ки дар он олимони ҳуқуқшинос, файласуф, техник ва намояндагони ҷомеаи шаҳрвандӣ иштирок ҷалб карда шуда, дар натиҷаи муҳокимаи васеи ҷамъиятӣ бо дарки масъулияти баланд ва додани мақоми асоси инсон дар муносибатҳои ҷамъиятӣ хулосаҳои худро пешниҳод намоянд.

САНГИН`ЗОДА Дониёр Шомаҳмад - муовин оид ба илм ва таълими директори Институти омӯзиши масъалаҳои давлатҳои Осиё ва Аврупои АМИТ, доктори илмҳои ҳуқуқшиносӣ, профессор

Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун субъекти мустақили муносибатҳои байналмилалӣ дар қонунгузории худ ҳуқуқи байналмилалӣ ва меъёрҳои эътирофшудаи умумибашариро ҷой дода, дар заминаи эҳтиром гузоштан ба арзишҳои инсонӣ рушд карда истодааст. Бо назардошти чунин воқеият, кишвари мо ба хотири таҳкими ҷомеаи демократӣ, озод, ҳуқуқбунёд ва рушдкарда бо созмонҳои минтақавию байналмилалӣ ҳамкории мутақобилан судманд дорад. Натиҷаи сиёсатгузориҳои арзишманди Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон буд, ки имрӯз Истиқлоли сиёсии Ҷумҳурии Тоҷикистонро 192 давлати ҷаҳон эътироф намуда, бо 186 кишвар робитаҳои дипломатӣ барқарор намудааст. Инчунин, бонуфузтарин созмонҳои байналмилалӣ ва минтақавӣ Ҷумҳурии Тоҷикистонро ҳамчун субъекти низоми муносибатҳои байналмилалӣ эътироф намуда, узви комилҳуқуқи худ меҳисобанд.

Дар баробари ин, дар марҳалаи муосир Ҷумҳурии Тоҷикистон узви 57 созмони минтақавию байналмилалӣ мебошад. Бояд қайд намуд, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон 2 марти соли 1992 узви комилҳуқуқи Созмони Милали Муттаҳид (минбаъд СММ) гардида, барои тақвияти ҳамкориҳо бо сохторҳои таркибии ин ниҳоди бонуфузи байналмилалӣ шароит фароҳам овард. Ҷумҳурии Тоҷикистон бо СММ дар самтҳои гуногун, аз ҷумла мубориза бо терроризму ифротгароӣ, мушкилоти вобаста ба обу иқлим, таъмини рушди устувор ва ғайра ҳамкории фаъолро ба роҳ мондааст.

Маврид ба зикр аст, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон узви комилҳуқуқи Созмони Ҳамкории Шанхай, Созмони аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ, Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил, Созмони ҳамкориҳои иқтисодӣ, Созмони амният ва ҳамкорӣ дар Аврупо, Созмони ҳамкории исломӣ, Машварати ҳамкорӣ ва тадбирҳои боварӣ дар Осиё мебошад, ки робита бо чунин созмонҳо дар таҳким ва рушди Истиқлоли сиёсӣ нақши муаассир гузошт. Ҳамзамон Ҷумҳурии Тоҷикистон дар раванди ҷаҳонишавӣ бо дигар созмону ташкилотҳои минтақавӣ ва байналмилалӣ ҳамкориҳоро дар бахшҳои гуногун роҳандозӣ намудааст.

Бояд қайд намуд, ки барқарории робита ва ҳамкорӣ бо созмонҳои гуногуни минтақавию байналмилалӣ дар рушди иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон заминаи муҳим гузошт. Инчунин, кишвари мо дар ҳошияи робита бо ташкилотҳои байналмилалӣ ҳамкориҳои иқтисодиро низ ба роҳ мондааст. Маҳз натиҷаи сиёсати санҷидашуда, воқеӣ ва амалии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мебошад, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон бо созмонҳои молиявию иқтисодии ҷаҳон, аз қабили сохторҳои алоҳидаи СММ, Бонки ҷаҳонӣ, Созмони умумиҷаҳонии тиҷорат, Созмони ҳамкории иқтисодӣ, Хазинаи байналмилалии асъор, Созмони ҳамкории иқтисодӣ ва рушд, Иттиҳоди иқтисодии АвруОсиё, Бонки аврупоии таҷдид ва рушд, Бонки осиёии рушд, Бонки исломии рушд ва Бонки авруосиёии рушд ҳамкориҳои мутақобилан судманд дорад.

Дар марҳалаи муосир принсипҳои асосӣ ва анъанаҳои сиёсати хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳалли масъалаҳои афзалиятноки рушди кишвар, аз ҷумла таҳкими сулҳу субот ва ваҳдати миллӣ, тақвияти ислоҳоти сиёсӣ, иқтисодӣ ва иҷтимоӣ равона шуда, дар ин муддат сиёсати “дарҳои кушода”, ҳамчун фарҳанги ҳамзистӣ бо шароити муосир аз ҷониби Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон муаррифӣ гардида, дар асоси он сиёсати хориҷии бисёрсамта, ботавозун ва прагматикӣ тарҳрезӣ шуд ва тавсеаву таҳкими робитаҳои дӯстона ва ҳамкориҳои судманд бо кишварҳои гуногуни олам роҳандозӣ гашт. Ба шарофати ин сиёсат Ҷумҳурии Тоҷикистон мавқеи худро дар сиёсати байналмилалӣ мустаҳкам сохта, бо назардошти манфиатҳои миллӣ тавозуни муносибатҳо ва манфиатҳои худро таъмин кард. Аз ин рӯ, сиёсати “дарҳои кушода” меҳвари сиёсати хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистонро таҷассум мекунад.

Бояд хотирнишон сохт, ки дар ин давра Ҷумҳурии Тоҷикистон ба бештар аз 350 санади байналмилалӣ ба мисли Конвенсияҳо, Хартияҳо ва Эъломияҳои байналмилалӣ аъзо шуда, уҳдадориҳои худро дар мавриди расидан ба ҳадафҳои ҷаҳонӣ, аз қабили рушди иҷтимоӣ, беҳбуди вазъи иқтисодӣ, ҳифзи муҳити зист ва амсоли он иҷро менамояд.

Бинобар ин, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамкории тиҷоратию иқтисодӣ бо кишварҳои аъзои созмонҳои молиявиро яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон маҳсуб медонанд. Инчунин, ба густариши ҳамкорӣ дар доираи Созмони ҳамкории иқтисодӣ (минбаъд СҲИ) дар бахшҳои тиҷорату нақлиёт, энергетика, саноат ва кишоварзӣ чун шарти муҳимми таъмини рушди устувор дар минтақа таваҷҷуҳи зиёд зоҳир гардида истодааст.

Маврид ба қайд аст, ки кишварҳои аъзои СҲИ имкониятҳои васеи рушди муносибатҳои тиҷоративу иқтисодиро доранд. Тӯли солҳои охир, кишварҳои аъзои СҲИ баҳри таъмини рушди босуботи муносибатҳои минтақавӣ фаъолона ҳамкорӣ мекунанд. Барои расидан ба ин ҳадаф, СҲИ лоиҳаҳои гуногунро дар соҳаҳои афзалиятнок, аз ҷумла энергетика, савдо, ҳамлу нақл, кишоварзӣ ва мубориза зидди қочоқи маводи мухаддир татбиқ мекунад.

Инчунин, Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамроҳ бо дигар кишварҳо дар доираи созмони минтақавию байналмилалӣ дар ҳаллу фасли мушкилоти сиёсӣ, амниятӣ, иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангии ҷаҳон нақш мегузорад. Ҷумҳурии Тоҷикистон дар сиёсати хориҷии худ ба густариши ҳамкориҳои судманд бо СҲИ манфиатдор аст. Зеро созмони мазкурро ҳамчун ташкилоти минтақавии дорои аҳаммияти хоссаи геостратегӣ ва имкониятҳои бузурги иқтисодӣ мешиносад. Ҷумҳурии Тоҷикистон хостори он аст, ки фаъолияти СҲИ дар самти татбиқи лоиҳаҳои минтақавии иқтисодӣ, тиҷоратӣ, нақлиётӣ, коммуникатсионӣ ва энергетикӣ тақвияти бештар касб кунад.

Лозим ба ёдоварист, ки 4 – июли соли 2025 Ҳамоиши 17 – уми СҲИ, ки дар Ҷумҳурии Озарбойҷон баргузор гардид. Дар кори Ҳамоиши мазкур Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иштирок ва суханронӣ намуда, рушди ҳамкории гуногунҷанба дар доираи СҲИ – ро нек арзёбӣ намуданд.

Инчунин, дар ин Ҳамоиш муносибатҳои дуҷониба ва бисёрҷонибаи Ҷумҳурии Тоҷикистон бо кишварҳои аъзои СҲИ матраҳ гашта, масъалаҳои мазкур мавриди баррасӣ қарор гирифт:

¾ таҳияи санади дахлдор оид ба натиҷаҳои иҷрои санади “Чашмандози ЭКО-2025” дар ҳамкорӣ бо кишварҳои аъзо, ки ба истифодаи комили зарфиятҳои мавҷудаи ҳамкории тиҷоративу иқтисодӣ равона шудааст;

¾ ҳифзи рушди иқтисоди кишварҳои аъзои СҲИ бо вуҷуди таъсири манфии равандҳои мураккаби сиёсию иқтисодӣ дар ҷаҳон;

¾ афзудани ҳаҷми умумии тиҷорати хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон, нисбат ба як соли пеш 18 фоиз зиёд аст;

¾ тавсеаи рушди робитаҳои нақлиётӣ ва долонҳои нақлиётии гуногунвосита;

¾ ҷонибдории Ҷумҳурии Тоҷикистон аз рафъи монеаҳои тиҷоративу нақлиётӣ, соддагардонии транзит, пайвастшавии шабакаҳои роҳҳои заминӣ, оҳан ва ҳавоии кишварҳои аъзо;

¾ анҷом додани иқдомоти зарурӣ баҳри баланд бардоштани самаранокӣ ва шаффофияти ҳамкорӣ дар ин самт ҷиҳати рақамикунонии санадҳои транзитӣ-молӣ;

¾ мусоидат намудан ба тавсеаи тиҷорат ва таъмини бехатарии он, ҳамчунин, сарфаи вақт ва афзоиши ҳамлу нақли байналмилалӣ;

¾ тавсеаи ҳамкории кишварҳои аъзо дар соҳаҳои афзалиятноки энергетика, аз ҷумла истифодаи рӯзафзуни энергияи таҷдидшаванда, тавлиди неруи “сабз” ва рушди иқтисоди “сабз”;

¾ татбиқи пурраи тарҳи бунёди хатти баландшиддати интиқоли барқи CASA-1000-ро барои кишварҳои иштирокдори он муҳим ва таҳияи Стратегияи таъмини устувории энергетикии минтақаи СҲИ;

¾ тавсеаи ҳамкории кишварҳои аъзои СҲИ бо Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи саноат ва кишоварзӣ;

¾ афзоиш додани маблағгузорӣ барои таъсиси корхонаҳои муштараки саноатӣ, бахусус миёна ва хурд, аз ҷумла дар соҳаҳои саноати сабук ва хӯрокворӣ;

¾ таъмини амнияти озуқаворӣ, рушди агротехнологияҳо, ташаккули кишоварзии “зеҳнӣ” ва таъсиси маҷмааҳои агросаноатӣ;

¾ андешидани тадбирҳои мушаххас ҷиҳати коҳиш додани пайомадҳои тағйирёбии иқлим ва таҳдиди офатҳои табиӣ дар доираи СҲИ;

¾ тавсеаи ҳамкории минбаъдаи кишварҳо дар доираи барномаҳои ҳифзи муҳити зист, барқарорсозии низоми экологӣ ва мубодилаи таҷрибаву технологияҳо дар ин соҳаҳои мазкур;

¾ ҳавасманди идомаи таҳкими робитаҳои судманди фарҳангиву гуманитарии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар доираи СҲИ;

¾ тавсеаи ҳамкорӣ дар бахшҳои илму маориф, тандурустӣ ва сайёҳӣ;

¾ коҳиш додани шиддатнокии вазъ ва барқарорсозии сулҳи пойдор дар Ховари Миёна танҳо бо роҳҳои сиёсиву дипломатӣ.

Ҳамин тариқ, таҳавули ҳамкориҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон дар доираи Созмони ҳамкории иқтисодӣ дар роҳи ба ҳам овардани саъю талошҳо ҷиҳати ҳалли масъалаҳои умдаи рушди қитъаи Осиё, густариш ва бо мазмуни амалӣ ғанӣ гардонидани ҳамкориҳо саҳм гирифта, барои тақвияти нақши он манфиатдор маҳсуб меёбад. Натиҷаи таҳаввулоти ҳамкориҳои мутақобилан судманд аст, ки имрӯз Ҷумҳурии Тоҷикистон дар арсаи ҷаҳонӣ ба сифати кишвари ташаббускор дар ҳалли мушкилот ва муаммоҳои гуногуни ҷаҳонӣ шинохта шудааст.

Раҳмонзода Азимҷон, ходими калони шуъбаи Аврупои Институти омӯзиши масъалаҳои давлатҳои Осиё ва Аврупои АМИТ, номзади илмҳои таърих

Дар ҳошияи сафари Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати иштирок дар XVII-умин Саммити сарони давлатҳои аъзои Созмони ҳамкории иқтисодӣ дар Ҷумҳурии Озарбойҷон,4 июли 2025

4 июли соли 2025 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Ҷумҳурии Озарбойҷон дар Ҳамоиши 17-уми Созмони ҳамкории иқтисодӣ (СҲИ) иштирок ва суханронӣ намуданд. Дар суханронии Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамкории тиҷоратию иқтисодӣ бо кишварҳои аъзои ин созмонро, яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати хориҷии Тоҷикистон номиданд. Зикр карда шуд, ки ҳаҷми тиҷорати миёни кишварҳои аъзо, ки ҳиссаи он дар соли 2024 ба 33% ҳаҷми умумии тиҷорати хориҷии Тоҷикистон ташкил дода, нисбат ба соли 2023 18% зиёд гардидааст. Зимнан ба густариши ҳамкорӣ дар доираи СҲИ дар бахшҳои тиҷорату нақлиёт, энергетика, саноат ва кишоварзӣ чун шарти муҳими таъмини рушди устувор дар минтақа таваҷҷуҳи зиёд зоҳир гардид. Дар робита ба ин, зарур шумурда шуд, ки Котиботи Созмон дар баробари таҳлилу баррасии натиҷаҳои иҷрои санади “Чашмандози ЭКО-2025”, дар ҳамкорӣ бо кишварҳои аъзо санади дигареро, ки ба истифодаи комили зарфиятҳои мавҷудаи ҳамкории тиҷоративу иқтисодӣ равона шудааст, таҳия намояд.

Таъкид гардид, ки бо вуҷуди таъсири манфии равандҳои мураккаби сиёсию иқтисодӣ дар ҷаҳон, рушди иқтисоди кишварҳои аъзои Созмон ба таври умум тамоюли мусбатро нигоҳ медорад. Дар ин самт рушди робитаҳои нақлиётӣ ва долонҳои нақлиётии гуногунвосита муҳим дониста шуд. Ҷонибдории Тоҷикистон аз рафъи монеаҳои тиҷоративу нақлиётӣ, соддагардонии транзит, пайвастшавии шабакаҳои роҳҳои заминӣ, оҳан ва ҳавоии кишварҳои аъзо таъкид гардид.

Пешниҳодҳо:

1.Рақамикунонии санадҳои транзитӣ-молӣ ҳамчун иқдомоти зарурӣ. Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пешниҳод намуданд, ки баҳри баланд бардоштани самаранокӣ ва шаффофияти ҳамкорӣ дар ин самт, ҷиҳати рақамикунонии санадҳои транзитӣ-молӣ иқдомоти зарурӣ анҷом дода шавад. Чунин тадбир ба тавсеаи тиҷорат ва таъмини бехатарии он, ҳамчунин, сарфаи вақт ва афзоиши ҳамлу нақли байналмилалӣ мусоидат хоҳад кард.

2.Тавлиди неруи “сабз” ва рушди иқтисоди “сабз”. Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таваҷҷуҳи иштирокдоронро ба масъалаҳои рушду густариш ва тавсеаи ҳамкории кишварҳои аъзо дар соҳаҳои афзалиятноки энергетика, аз ҷумла истифодаи рӯзафзуни энергияи таҷдидшаванда, тавлиди неруи “сабз” ва рушди иқтисоди “сабз” ҷалб намуданд. Дар он татбиқи пурраи тарҳи бунёди хатти баландшиддати интиқоли барқи CASA-1000-ро барои кишварҳои иштирокдори он муҳим ва таҳияи Стратегияи таъмини устувории энергетикии минтақаи СҲИ-ро ба манфиати кор номиданд.

3.Маблағгузорӣ барои таъсиси корхонаҳои муштараки саноатӣ. Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ҷонибдории Тоҷикистонро аз тавсеаи ҳамкории кишварҳои аъзои Созмон дар соҳаи саноат ва кишоварзӣ, баён намуданд. Зарур шумурда шуд, ки маблағгузорӣ барои таъсиси корхонаҳои муштараки саноатӣ, бахусус миёна ва хурд дастгирӣ ва афзоиш дода шавад, зеро ин иқдом, бешубҳа, дар таъсиси ҷойҳои нави корӣ, афзоиши истеҳсолот, аз ҷумла дар соҳаҳои саноати сабук ва хӯрокворӣ мусоидат хоҳад кард. Таъмини амнияти озуқаворӣ, рушди агротехнологияҳо, ташаккули кишоварзии “зеҳнӣ” ва таъсиси маҷмааҳои агросаноатӣ самти дигари ҳамкории самаранок номида шуд.

4. Тағйирёбии иқлим. Дар он Пешвои миллат зикр намуданд, ки дар баробари таъсири манфии оқибатҳои он ҳамоно осебпазир боқӣ мемонанд. Зуҳуроти селу обхезӣ, ярч, тарма ва дигар офатҳои табиӣ, ки ҳамасола ба иқтисоди кишварҳои аъзои Созмон зарари зиёд мерасонанд, дар ҳоли афзоиш қарор дорад. Зарур шумурда шуд, ки дар доираи Созмон барои коҳиш додани пайомадҳои тағйирёбии иқлим ва таҳдиди офатҳои табиӣ тадбирҳои мушаххас андешида шавад. Ҳамкории минбаъдаи кишварҳо дар доираи барномаҳои ҳифзи муҳити зист, барқарорсозии низоми экологӣ ва мубодилаи таҷрибаву технологияҳо дар ин соҳаҳо ба манфиати кор дониста шуд.

5. Робитаҳои судманди фарҳангиву гуманитарӣ. Тоҷикистон ҳавасманди идомаи таҳкими робитаҳои судманди фарҳангиву гуманитарӣ дар чорчӯби СҲИ мебошад. Дар ин самт ба ҳамкорӣ дар бахшҳои илму маориф, тандурустӣ ва сайёҳӣ такони тоза бахшида шавад.

7. Мураккабшавии вазъи буҳрони сиёсию ҳарбии ҷаҳон. Аз вазъи имрӯзаи мураккаби ҷаҳон ва шиддат гирифтани вазъ дар Ховари Миёна ёдовар шуда, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон изҳор доштанд, ки кишвари мо ҷонибдори коҳиши шиддатнокии вазъ ва барқарорсозии сулҳи пойдор дар Ховари Миёна танҳо бо роҳҳои сиёсиву дипломатӣ мебошад.

Дар фарҷоми сухан Сарвари давлати муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иброз доштанд, ки натиҷаи нишасти имрӯза ба рушди ҳамкории гуногунҷанба дар чаҳорчӯби Созмони ҳамкории иқтисодӣ такони муассир хоҳад бахшид.

Хулоса, Иштироки Ҷумҳурии Тоҷикистон дар чорибиҳои сатҳи олӣ мақоми кишварро дар ҷомеаи ҷаҳонӣ мустаҳкам менамояд. Созмони ҳамкории иқтисодӣ метавонад дар рушди иқтисодиёти Тоҷикистон нақши муҳим дошта бошад. Дар доираи ҳамкорӣ бо СҲИ ва ҳадафҳои байналмилалӣ ва дохилии худро дар арсаи байналмилалӣ амалӣ намояд. Дар Ҳамоиши 17-уми Созмони ҳамкории иқтисодӣ соҳаҳои зерин сиёсати хориҷии Тоҷикистон асоснок менамояд, аз ҷумла рақамикунонии санадҳои транзитӣ-молӣ, тавлиди неруи “сабз” ва рушди иқтисоди “сабз” маблағгузорӣ барои таъсиси корхонаҳои муштараки саноатӣ, таъмини амнияти озуқаворӣ, рушди агротехнологияҳо, ташаккули кишоварзии “зеҳнӣ” ва таъсиси маҷмааҳои агросаноатӣ, тағйирёбии иқлим, робитаҳои фарҳангиву гуманитарӣ ва мураккабшавии вазъи ҷаҳон.

Соҳиби Баҳруло, ходими хурди илмии Шуъбаи шуъбаи ИДМ - и Институти

омӯзиши масъалаҳои давлатҳои Осиё ва Аврупои АМИТ

Ҳунарманди асил муҳтоҷи касе намешавад. Ҳунар як коргоҳи бузургест, ки доимо ҳамсафари касони боистеъдод мебошад. Ҳар он шахсе, ки худ ҳунарманд аст, бо ҳунари волояш миёни аҳли башар машҳур мешаваду қудрату манзалати зиёд пайдо мекунад.

Ёсуман Шокирова низ аз зумраи он ҳунармандонест, ки аз хурдӣ меҳри ҳунару санъат дар дили кӯчакаш ҷӯш мезад. Соли 2012 ба Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон дохил шуда, сазовори номи донишҷӯ гардид ва онро бо ихтисоси иқтисодиёти ҷаҳон хатм кард. Ҳамчунин, баъди хатми ин даргоҳ, ӯ аз худ қонеъ нашуда, худи ҳамон сол ҳуҷҷатҳояшро ба Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъати Тоҷикистон ба номи Мирзо Турсунзода супорид. Дар дили Ёсуман меҳри созҳои мусиқии рӯбоби қашқарӣ ва шоҳрӯд (қонун) ҷӯш мезад ва ӯ ин ҳунарро хуб аз худ кард.

Дар ин муддат бо иштироки фаъолона дар маҳфилҳои донишҷӯён ва чорабиниҳои фарҳангӣ маҳорати ҳунарии худро пайваста сайқал медод. Ӯ ҳамчун як ҷавони ҳунарманд дар чорабиниҳои сатҳи донишгоҳӣ ва шаҳрӣ ширкат варзида, бо иҷрои асарҳои миллӣ ва мардумӣ диққати тамошобинонро ба худ ҷалб мекард. Ин шиносоӣ бо саҳна аз ӯ як ҳунарманди озода ва дорои маҳорати баланди саҳнавӣ тарбия намуд.

Ёсуман мегӯяд, ки дар ин ҷода аввалин устодаш модару бародараш буданд, ки ӯро дар вақтҳои холӣ ба мактаби мусиқии шаҳри Истаравшан мебурданд, то нозукиҳои шоҳрӯдро барояш омӯзонанд. “Дар Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъати Тоҷикистон ба номи Мирзо Турсунзода аз устодони санъату ҳунар, аз ҷумла Улмасов Хушвахт навохтани сози рӯбоби қашқариро хубтару беҳтар аз худ намудам. Ҳанӯз ҳазору чорсад сол пештар хунёгари машриқзамин Борбади Марвазӣ бо навозишҳои фавқулодаи худ мардуми оламро ба ҳайрат оварда буд. Ҳамин буд, ки ман низ аз шунидани торҳои рӯбоби қашқарӣ ва сози шоҳрӯд ба ваҷҳ омада, ҳар субҳ дар саҳни ҳавлӣ менавохтам ва рӯҳияи худро бо садои ин созҳо болида мегардонидам».

Ёсуман таъкид мекунад, ки барои як ҳунарманд танҳо доштани истеъдод кифоя нест. Маҳорати доимӣ, омӯзиши пайваста, сабру таҳаммул ва фаҳмиши амиқи асарҳо омили муҳим дар рушду такомули касбӣ мебошад. Ӯ ҳамин масъулиятро ҳис карда, ҳамеша кӯшиш менамояд, ки на танҳо маҳорати техникӣ, ҳамчунин рӯҳия ва мазмуни асарҳоро ба шунаванда расонад. Ба андешаи ӯ, навозиш бояд аз қалб сарчашма гирад ва шунавандаро ба дунёи ҳунар ворид созад.

«Баъди хатми ин даргоҳи илму ҳунар, ман фаъолияти кории худро дар ҷодаи санъат оғоз намудам ва соли 2017 ба ансамбли “Дарё”-и Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳайси мутриби дараҷаи 1 даъват шудам. Солҳои 2016-2017 мудири шуъбаи таҷрибаомӯзии Коллеҷи санъат ба номи Содирхон Ҳофизи шаҳри Хуҷанд, соли 2024 корманди шуъбаи фарҳанги Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи С. Айнӣ, инчунин мутриби ансамбли “Чаман”-и Филармонияи давлатии Тоҷикистон ба номи Акашариф Ҷураев ва аз соли 2025 ходими хурди илмии шуъбаи санъатшиносии Раёсати Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон кору фаъолият дорам. Айни замон унвонҷӯи Раёсати Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон ҳастам ва дар оянда нақша дорам, ки ба корҳои илмиву таҳқиқотӣ машғул шуда, номзадии худро низ ҳимоя намоям. Дар инҷо бо устодон тамрини суруду навозишҳои асарҳои бастакоронро намуда, дар консертҳои сатҳи шаҳрӣ ва ҷумҳуриявӣ фаъолона иштирок менамоям” - иброз медорад Ёсуман.

Ёсуман дар корҳои ҷамъиятӣ низ бетараф нест. Ӯ дар миёни ҷавонон ҳамчун шахси фаъол шинохта шудааст ва кӯшиш мекунад, ки ҳунару дониши худро ба насли наврас омӯзонад. Бо баргузор намудани мастер-классҳо, тренингҳо ва суҳбатҳои ҳунарӣ кӯшиш мекунад, ки муҳаббат ба санъати миллӣ ва арҷгузорӣ ба арзишҳои фарҳангиро миёни ҷавонон тарғиб намояд.

Ҳангоми суҳбат Ёсуман гуфт, ки аз ҳама лаҳзаҳои фаромӯшнашаванда ҳамон лаҳзаҳое аст, ки дар ҳалқаи волидайн пайваста аз пайи омӯзиши ҳар як асар мебошад, ки ҳангоми навозиши созҳои мусиқӣ рӯҳияи ӯ дар ин ҷода дучанд зиёдтар мешавад.

Маҳз ҳамин муҳити пурмуҳаббат ва дастгириҳои пайвастаи оила, омӯзгорон ва муҳитҳои илмӣ буданд, ки аз Ёсуман як шахсияти муваффақ ва пурғайрат сохтанд. Ӯ имрӯз бо ифтихор мегӯяд, ки ҳеҷ гоҳ аз роҳи интихобкардааш пушаймон нест ва ҳар лаҳза кӯшиш мекунад, ки ифтихори ватану миллати худ бошад.

Имрӯз аз ҷониби Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои чунин шахсони боистеъдод шароити хуби таҳсил ва кор фароҳам оварда шудааст, ки ҳар лаҳзаи онро бояд самаранок истифода намуда, фарҳанги оламшумули худро ба ҷаҳониён боз ҳам беҳтару хубтар муаррифӣ намоянд.

Фароғати ДИЛОВАРШО,

“Паёми Душанбе”

Созмони ҳамкории иқтисодӣ (СҲИ) ё (Economic Cooperation Organization) яке аз созмонҳои муҳими минтақавии байнидавлатист, ки бо ҳадафи тақвияти ҳамкорӣ миёни кишварҳои аъзо дар бахшҳои иқтисодӣ, тиҷоратӣ, техникӣ ва фарҳангӣ таъсис ёфтааст. Ин ниҳоди байниҳукуматӣ кишварҳои Аврупо, Қафқоз, Осиёи Марказӣ, Ховари Миёна ва Осиёи Ҷанубиро фаро мегирад. Ин созмон беш аз 460 миллион аҳолӣ ва зиёда аз 8 миллион километри мураббаъ қаламравро дарбар мегирад ва Русияро бо Халиҷи Форс ва Чин ба ҳам мепайвандад. Ҳадаф ва мақсади асосии СҲИ таъмини рушди устувори иқтисодӣ дар миёни кишварҳои аъзо ва тақвияти ҳамгироии минтақавӣ дар бахшҳои гуногун, аз ҷумла тиҷорат, сармоягузорӣ, нақлиёт, энергетика, кишоварзӣ ва алоқа мебошад.

Имрӯз, 4-уми июли соли 2025, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, бо сафари корӣ вориди шаҳри Физулии Ҷумҳурии Озарбойҷон гардиданд, то дар ҷаласаи сарони давлатҳои аъзои Созмони ҳамкории иқтисодӣ (ЭКО) ширкат намоянд.

Мавриди тазаккур аст, ки Ҷумҳурии Озарбойҷон мизбони Саммити 17-уми СҲИ мебошад. Дар Саммити навбатӣ роҳбарони кишварҳои минтақа ва дигар аъзои СҲИ ширкат мекунанд. Ҳадафи асосии нишаст мусоидат ба ҳамгироии тиҷорат, нақлиёт ва сайёҳӣ дар сарорари минтақаи кишварҳои аъзои СҲИ мебошад.

Бояд зикр кард, ки ҳаҷми муомилоти солонаи байни кишварҳои аъзои Созмони ҳамкории иқтисодӣ ба 1,8 миллиард доллари ШМА мерасад. Бо дарназардошти иқтидори бузурги иқтисодии минтақа, ин нишондиҳанда ниёзи ҷиддиро ба талошҳои иловагӣ ҷиҳати таҳкими ҳамкорӣ ва ҳавасмандгардонии тиҷорати дохилминтақавӣ ба миён меорад.

Дар гузашта Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Саммитҳои пешинаи сарони давлатҳои аъзои Созмони ҳамкории иқтисодӣ ва ҳамоишҳои ин ниҳоди бонуфуз фаъолона ширкат карда, нақши Тоҷикистонро дар ҳалли масоили мубрами минтақа ва ҷаҳон муаррифӣ кардааст. Аз ҷумла Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Нишасти 15-уми сарони кишварҳои Созмони ҳамкории иқтисодӣ таъкид карда буд, ки “Тоҷикистон ба ҳамкориҳо дар доираи Созмон аҳамияти хос зоҳир менамояд. Кишварҳои аъзои Созмон аз захираҳои зиёди меҳнатӣ ва табиӣ, инчунин имконоти бузурги энергетикӣ ва нақлиётиву коммуникатсионӣ бархурдоранд. Истифодаи муштарак ва самараноки ин иқтидорҳо метавонад ба нафъи афзоиши беҳбудӣ ва шукуфоӣ, ҳамчунин таҳкими сулҳу субот ва амният дар минтақаи мо хидмат намояд”.

Инчунин дар тӯли солҳои кории созмони СҲИ ташаббусҳои бузургро дар соҳаҳои гуногун аз ҷумла алоқа, тиҷорат, энергетика, сайёҳӣ ва рушди фарҳангӣ, иҷтимоӣ ва илмӣ ба даст оварда ва дар ин зимн муассисаҳои минтақавӣ ва махсуси худро низ таъсис додааст. Чи тавре ки зикр шуд мақсаду ҳадаф ва ташаббусҳои асосии созмони мазкур иборатанд аз:

(i) сохтани долонҳои тиҷоратӣ барои рафъи маҳдудиятҳо ва монеаҳо дар роҳи пешбурди тиҷорати дохилиминтақавӣ;

(ii) таъсиси низоми раводиди СҲИ барои пешбурди сайёҳӣ ва робитаҳои байни одамон;

(iii) мусоидат ба ҳамкориҳои илмӣ, фарҳангӣ ва таълимӣ;

(iv) таъсиси муассисаҳои молиявии минтақавӣ, ба мисли Бонки Тиҷоратии СҲИ ва Иттиҳоди клирингии СҲИ барои маблағгузории лоиҳаҳои минтақавӣ мебошанд, ки дар таҳкими ҳамгироӣ ва рушди иқтисодии кишварҳо кӯмак мекунад.

Кишварҳои аъзои СҲИ имкониятҳои васеи рушди муносибатҳои тиҷоративу иқтисодиро доранд. Инчунин кишварҳои аъзои СҲИ баҳри таъмини рушди босуботи муносибатҳои минтақавӣ фаъолона ҳамкорӣ мекунанд ва лоиҳаҳои гуногунро дар соҳаҳои афзалиятнок татбиқ менамоянд.

Ҳамин тавр, Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун кишвари фаъоли минтақавӣ дар баробари дигар кишварҳои узв пайваста талош меварзад, ки ҳамгироии минтақавиро ҷиҳати рушди минтақа ва татбиқи барномаҳову лоиҳаҳои созмон тақвият бахшад. Дар умум таҳкими ҳамгироии кишварҳои узви СҲИ, рушди устувори минтақавӣ, нишон додани имкониятҳои нави иқтисодӣ дар геоиқтисодиёти Осиёи Марказӣ ва Ғарбӣ мебошад.

Одинаев Абдуҳалим, ходими пешбари илмии Шуъбаи Шарқи Миёна ва Наздики Институти омӯзиши масъалаҳои давлатҳои Осиё ва Аврупои АМИТ

Созмони Ҳамкории Иқтисодӣ, ки соли 1985 дар Теҳрон аз ҷониби Эрон, Покистон ва Туркия таъсис ёфтааст, як созмони байнидавлатии сиёсӣ ва иқтисодӣ мебошад, ки ба рушди тиҷорат, сармоягузорӣ ва ҳамкориҳои минтақавӣ нигаронида шудааст. Созмони Ҳамкории Иқтисодӣ мувофиқи Оинномаи Созмони Милали Муттаҳид созмони махсус эътироф шуда, ҳадафи таъсиси бозори ягонаи молу хидматҳо дорад. Пас аз пошхӯрии Иттиҳоди Шӯравӣ дар соли 1992 Созмони Ҳамкории Иқтисодӣ бо ҳамроҳ шудани Афғонистон, Озарбойҷон, Қазоқистон, Қирғизистон, Тоҷикистон, Туркманистон ва Узбекистон васеъ гардид. Созмон тавассути созишномаҳои дуҷониба ва механизмҳои ҳакамӣ фаъолият мекунад, ки заминаи ҳуқуқии онро санадҳои асосӣ, ба монанди Созишномаи Измир ва Созишномаи тиҷоратии Созмони Ҳамкории Иқтисодӣ (ECOTA – Economic Cooperation Organization Trade Agreement) таъмин мекунанд.

Тоҷикистон аз соли 1992 узви Созмони Ҳамкории Иқтисодӣ буда, дар доираи созмон барои татбиқи санадҳои ҳуқуқӣ, пешбурди манфиатҳои миллӣ ва рушди иқтисод фаъолият мекунад. Сафари кории Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Озарбойҷон (4 июли 2025) барои иштирок дар ҷаласаи 17-уми сарони давлатҳои СҲИ нишонаи аҳамияти ҷанбаҳои ҳуқуқӣ дар дипломатияи Тоҷикистон аст.

Созмони Ҳамкории Иқтисодӣ меросбари Созмони Рушди Минтақавӣ (1964–1979) буда, соли 1985 аз ҷониби Эрон, Покистон ва Туркия таъсис ёфтааст. Васеъшавии соли 1992 бо ҳамроҳ шудани ҳафт кишвари нав, аз ҷумла Тоҷикистон, созмонро ба платформаи муҳими минтақавӣ табдил дод. 28 ноябр ҳамчун “Рӯзи Созмони Ҳамкории Иқтисодӣ” ҷашн гирифта мешавад. Созмони Ҳамкории Иқтисодӣ тавассути созишномаҳои дуҷониба ва бисёрҷониба фаъолият мекунад, ки аз ҷониби сохторҳои доимӣ, ба монанди Дабири Созмони Ҳамкории Иқтисодӣ (Эрон), Бонки тиҷорат ва рушд (Туркия) ва Фонди илмӣ (Покистон) дастгирӣ мешаванд.

Аз нигоҳи ҳуқуқӣ Созмони Ҳамкории Иқтисодӣ ба принсипҳои ҳуқуқи байналмилалӣ, аз ҷумла эҳтиром ба истиқлолияти кишварҳои узв ва баробарии ҳуқуқҳо, такя мекунад. Созмон минтақаи кишоварзии водии Фарғонаро дар бар мегирад, ки тиҷорат ва истеҳсоли муштараки кишоварзиро миёни Тоҷикистон, Қирғизистон ва Узбекистон осон мекунад. Покистон бо Афғонистон ва Эрон созишномаҳои тиҷорати озод дорад, ки дар асоси санадҳои ҳуқуқии Созмони Ҳамкории Иқтисодӣ татбиқ мешаванд.

Созмони Ҳамкории Иқтисодӣ як қатор санадҳои ҳуқуқиро қабул кардааст, ки асоси ҳамкориҳои минтақавиро ташкил медиҳанд:

- Созишномаи Измир (1977, такмилёфта дар 1996). Ин санад заминаи ҳуқуқии фаъолияти Созмони Ҳамкории Иқтисодӣ буда, принсипҳои ҳамкориҳои иқтисодӣ, тиҷоратӣ ва фарҳангиро муайян мекунад. Тоҷикистон ин созишномаро пас аз узвият тасдиқ карда, уҳдадориҳои худро барои риояи он эълон намуд.

- ECO Vision 2025. Соли 2017 қабул шуда, ин санад нақшаи стратегии рушди Созмони Ҳамкории Иқтисодиро дар самтҳои тиҷорат, нақлиёт, энергетика, сайёҳӣ, иқтисод ва муҳити зист муайян мекунад. Аз нигоҳи ҳуқуқӣ, он ӯҳдадориҳои кишварҳои узвро барои татбиқи лоиҳаҳои муштарак, ба монанди CASA-1000, таъкид мекунад.

- Созишномаи тиҷоратии Созмони Ҳамкории Иқтисодӣ (ECOTA). Соли 2003 дар Исломобод имзо шуда, ин созишнома монеаҳои тарифӣ ва ғайритарифиро коҳиш дода, тиҷорати озодро пеш мебарад. Тоҷикистон ECOTA-ро тасдиқ карда, онро барои афзоиши содироти маҳсулоти кишоварзӣ ва маъданҳо истифода мебарад.

- Созишномаи Ашхабод. Ин созишномаи нақлиёти бисёрҷониба миёни кишварҳои Осиёи Марказӣ ба пешбурди тиҷорати транзитӣ мусоидат мекунад. Тоҷикистон дар татбиқи он барои рушди роҳи оҳани Тоҷикистон-Афғонистон-Туркманистон фаъол аст.

- Декларатсияҳои саммитҳо. Декларатсияи Истанбул (2010) ба таҳкими амнияти минтақавӣ ва инфрасохтор диққат дода, заминаи ҳуқуқӣ барои лоиҳаҳои муштаракро мустаҳкам кард.

Тоҷикистон санадҳои Созмони Ҳамкории Иқтисодиро ба қонунгузории миллӣ мутобиқ карда, онҳоро дар сиёсати иқтисодии худ татбиқ мекунад. Масалан:

- ECOTA. Тоҷикистон монеаҳои тарифӣ барои содироти маҳсулоти кишоварзӣ ба Покистон ва Афғонистонро коҳиш дод, ки ба афзоиши гардиши савдо аз 500 миллион доллари ИМА (2015) то 750 миллион доллари ИМА (2023) оварда расонд.

- Созишномаи Ашхабод. Тоҷикистон қонунгузории нақлиётиро барои дастгирии лоиҳаҳои транзитӣ, ба монанди шоҳроҳи Душанбе-Хоруғ-Кулма такмил дод.

- ECO Vision 2025. Тоҷикистон лоиҳаи НБО-и Роғунро ҳамчун қисми ӯҳдадориҳои худ барои таъмини амнияти энергетикӣ пешниҳод кард.

Тоҷикистон дар татбиқи санадҳои Созмони Ҳамкории Иқтисодӣ нақши фаъол дорад:

- Энергетика. Лоиҳаи CASA-1000, ки дар асоси созишномаҳои ҳуқуқии СҲИ татбиқ мешавад, Тоҷикистонро ба манбаи асосии содироти барқ табдил медиҳад. Ин лоиҳа бо қонунгузории байналмилалии энергетика мутобиқ аст.

- Нақлиёт. Тоҷикистон дар татбиқи Созишномаи Ашхабод барои рушди роҳи оҳани Тоҷикистон-Афғонистон-Туркманистон саҳм мегузорад, ки бо стандартҳои ҳуқуқи байналмилалии нақлиёт мувофиқ аст.

- Тиҷорат. Татбиқи ECOTA ба Тоҷикистон имкон дод, ки содироти маҳсулоти кишоварзӣ ва маъданҳоро афзоиш диҳад, ки бо қонунгузории Созмони Умумиҷаҳонии Савдо (СУС) мувофиқ аст.

Сафари кории Президенти Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Озарбойҷон (4 июли 2025) барои иштирок дар ҷаласаи 17-уми сарони давлатҳои СҲИ як рӯйдоди муҳим дар таҳкими заминаи ҳуқуқии ҳамкориҳо мебошад.

Тоҷикистон метавонад дар самтҳои зерин заминаи ҳуқуқии Созмони Ҳамкории Иқтисодиро тақвият бахшад:

- Энергетика. Таҳияи созишномаҳои ҳуқуқӣ барои содироти барқ тавассути CASA-1000 ва НБО-и Роғун.

- Нақлиёт. Такмили заминаи ҳуқуқӣ барои лоиҳаҳои нақлиётӣ, ба монанди роҳи оҳани Тоҷикистон-Афғонистон-Туркманистон.

- Тиҷорат. Тавсеаи созишномаҳои дуҷонибаи тиҷоратӣ бо кишварҳои узв дар асоси ECOTA.

- Сайёҳӣ. Таҳияи созишномаҳои ҳуқуқӣ барои хатсайрҳои муштараки сайёҳӣ.

- Муҳити зист. Имзои созишномаҳои байналмилалӣ барои ҳифзи захираҳои обии Тоҷикистон.

Ҷаласаи 17-ум барои Тоҷикистон имконият фароҳам овард, ки дар таҳкими заминаи ҳуқуқии Созмони Ҳамкории Иқтисодӣ саҳм гузорад. Иштироки Президенти Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар муҳокимаҳои ҳуқуқӣ ва пешниҳоди лоиҳаҳои миллӣ, ба монанди CASA-1000 аҳамияти дипломатияи ҳуқуқиро таъкид менамояд.

Ҷанбаҳои ҳуқуқии ҳамкории Тоҷикистон бо Созмони Ҳамкории Иқтисодӣ барои рушди иқтисодӣ ва минтақавӣ муҳиманд. Санадҳои Созмони Ҳамкории Иқтисодӣ, ба монанди Созишномаи Измир, ECO Vision 2025, ECOTA ва Созишномаи Ашхабод заминаи ҳуқуқӣ барои татбиқи лоиҳаҳои муштаракро таъмин мекунанд. Ҷаласаи 17-уми сарони давлатҳои Созмони Ҳамкории Иқтисодӣ ва сафари Президенти Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нишонаи фаъолияти кишвар дар такмили ин замина аст.

САНГИНЗОДА Дониёр Шомаҳмад, муовин оид ба илм ва таълими директори Институти омӯзиши масъалаҳои давлатҳои Осиё ва Аврупои АМИТ, доктори илмҳои ҳуқуқшиносӣ, профессор

(дар ҳошияи расидан ба ҳадафҳои “Солҳои 2025-2030 - Солҳои рушди иқтисоди рақамӣ ва инноватсия”)

Дар давраи ҷаҳонишавии рақамӣ, Соҳибихтиёрии рақамӣ ба унсури муҳими сиёсати давлатӣ табдил ёфтааст, ки истиқлолиятро дар идоракунии маълумот, технологияҳо ва инфрасохтори иттилоотӣ таъмин мекунад. Рақамисозӣ равандҳои иҷтимоӣ, иқтисодӣ ва сиёсиро дар саросари ҷаҳон дигаргун месозад, имкониятҳои нав барои рушд фароҳам меорад, аммо дар баробари ин хатарҳои ҷиддиро ба амнияти миллӣ эҷод мекунад. Соҳибихтиёрии рақамӣ, ки ҳамчун қобилияти давлат барои идоракунии мустақилонаи захираҳои рақамӣ, маълумот ва инфрасохтори иттилоотӣ муайян мешавад, ба яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати давлатӣ табдил ёфтааст. Дар шароити вобастагии афзояндаи ҷаҳонӣ аз платформаҳои рақамии трансмиллӣ, ба монанди Google, Meta ва Amazon ва дигарон давлатҳо кӯшиш мекунанд, ки манфиатҳои миллии худро тавассути механизмҳои ҳуқуқӣ ҳифз намуда, соҳибихтиёрии рақамиро таъмин созанд.

Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун давлати мустақил ба равандҳои рақамии ҷаҳонӣ фаъолона ҳамроҳ шуда, дар айни замон инфрасохтори рақамии миллиро таҳким медиҳад. Эълони солҳои 2025–2030 ҳамчун «Солҳои рушди иқтисоди рақамӣ ва инноватсия» аз ҷониби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аҳамияти стратегии рақамисозиро барои рушди устувор таъкид мекунад. Бо вуҷуди ин таҳдидҳои кибернетикӣ, аз қабили паҳншавии маълумоти бардурӯғ ва ҳамлаҳои кибернетикӣ, зарурати таҳкими танзими ҳуқуқиро ба миён меорад.

Соҳибихтиёрии рақамӣ ҳамчун татбиқи суннатии соҳибихтиёрии давлатӣ дар муҳити рақамӣ баррасӣ мешавад, ки назорат бар ҷараёнҳои иттилоотӣ, ҳифзи маълумот ва истиқлолияти инфрасохтори технологӣро дар бар мегирад. Унсурҳои асосии он иборатанд аз:

- Назорат бар маълумот. Таъмини амнияти маълумоти шахсӣ ва давлатӣ аз дастрасии ғайриқонунӣ, ки барои ҳифзи махфияти шаҳрвандон ва манфиатҳои давлатӣ муҳим аст.

- Истиқлолияти технологӣ. Рушди ҳалли миллии технологияҳои иттилоотӣ (IT) барои кам кардани вобастагии аз технологияҳои хориҷӣ, ки хатари осебпазирии геополитикиро коҳиш медиҳад.

- Мустақилияти меъёрӣ. Эҷоди заминаи ҳуқуқие, ки ба манфиатҳои миллӣ ва стандартҳои байналмилалӣ мувофиқ бошад, то тавозуни байни озодии иттилоот ва амниятро таъмин созад.

Олимони байналмилалӣ ба ин масъала аз нуқтаи назари гуногун муносибат мекунанд. Коршиносони амрикоӣ таъкид мекунанд, ки соҳибихтиёрии рақамӣ аксар вақт бо хусусияти ҷаҳонии интернет дар ихтилоф қарор мегирад. Онҳо пешниҳод мекунанд, ки барои танзими маълумоти трансмиллӣ созишномаҳои нави байналмилалӣ заруранд, зеро интернет сарҳадҳои ҷуғрофиро эътироф намекунад. Коршиносони чин бошанд «киберсуверенитет»-ро ҳамчун воситаи ҳифзи манфиатҳои миллӣ дар шароити рақобати геополитикӣ баррасӣ намуда, нақши давлатро дар назорати интернет муҳим мешуморанд. Ин равиш дар Чин тавассути сензураи қатъии интернет ва рушди платформаҳои миллӣ ба монанди WeChat, амалӣ мешавад.

Дар Аврупо, ба вижа дар Олмон, диққат ба ҳифзи ҳуқуқи шаҳрвандон тавассути танзими қатъӣ, ба монанди Регламенти умумии ҳифзи маълумот (GDPR) равона шудааст. GDPR на танҳо маълумоти шахсиро ҳифз мекунад, балки ба ширкатҳои аврупоӣ бартариҳои рақобатпазир дар бозори ҷаҳонӣ медиҳад. Ин равиш метавонад барои кишварҳои рушдёбанда, аз ҷумла Тоҷикистон намунаи ибрат бошад. Олимони тоҷик рақамисозиро ҳамчун раванди дарозмуддати иҷтимоӣ мебинанд, ки тамоми соҳаҳои ҳаёти ҷамъиятиро дигаргун месозад, аммо дар баробари ин хатарҳои нав, аз қабили ҷинояткории кибернетикӣ ва зӯроварии онлайнро ба вуҷуд меорад. Ин хатарҳо танзими ҳуқуқиро талаб мекунанд, ки байни кушодагии интернет ва амнияти миллӣ тавозунро нигоҳ дорад.

Коршиносони ҳиндӣ таъкид мекунанд, ки соҳибихтиёрии рақамӣ дар Осиё аксар вақт бо рушди платформаҳои миллӣ, ба монанди Интерфейси ягонаи пардохтҳо (UPI) алоқаманд аст. UPI ба Ҳиндустон имкон дод, ки таъсири низомҳои молиявии ғарбиро коҳиш диҳад ва иқтисоди рақамии худро таҳким бахшад. Дар Бритониё низ GDPR на танҳо маълумотро ҳифз мекунад, балки барои ширкатҳои аврупоӣ бартариҳои рақобатпазир фароҳам меорад, ки барои кишварҳое, ки ба соҳибихтиёрии рақамӣ мекӯшанд, муҳим аст.

Кишварҳои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил (ИДМ), аз қабили Русия ва Қазоқистон стратегияҳои соҳибихтиёрии рақамиро фаъолона рушд медиҳанд. Дар Русия қонун «Дар бораи интернети соҳибихтиёр» (2019) операторҳои алоқаро вазифадор мекунад, ки мустақилияти сегменти миллии интернетро таъмин созанд. Ин қонун имкон медиҳад, ки дар сурати таҳдидҳои беруна дастрасӣ ба интернет дар дохили кишвар нигоҳ дошта шавад. Қазоқистон дар доираи барномаи «Қазоқистони рақамӣ» ба платформаҳои виртуалии миллӣ ва марказҳои коркарди маълумот сармоягузорӣ мекунад, то вобастагиро аз провайдерҳои ғарбӣ кам кунад. Ин ташаббусҳо ба рушди инфрасохтори рақамӣ ва ҳифзи маълумоти миллӣ мусоидат мекунанд.

Иттиҳоди Аврупо тавассути GDPR (2018) стандартҳои қатъии ҳифзи маълумоти шахсиро ҷорӣ кардааст, ки барои бисёр кишварҳо намунаи ибрат шудааст. GDPR ба шаҳрвандони Иттиҳоди Аврупо имкон медиҳад, ки назорати бештар бар маълумоти шахсии худ дошта бошанд ва ширкатҳоро барои риоя накардани қоидаҳо ҷаримаҳои ҷиддӣ интизор аст. Чин модели назорати қатъии интернетро нишон медиҳад, ки киберсуверенитетро бо рушди технологияҳои миллӣ, ба монанди WeChat ва Baidu муттаҳид мекунад. Ин равиш ба Чин имкон додааст, ки аз вобастагии технологии ғарбӣ коҳиш диҳад, аммо бо интиқоди маҳдуд кардани озодии иттилоот рӯбарӯ шудааст.

Ҳиндустон соҳибихтиёрии рақамиро тавассути платформаҳои миллӣ, ба мисли UPI пеш мебарад, ки таъсири низомҳои молиявии ғарбиро коҳиш медиҳад. UPI ба миллионҳо шаҳрвандони Ҳиндустон имкон дод, ки пардохтҳои рақамиро осон ва боэътимод анҷом диҳанд, ки ба рушди иқтисоди рақамӣ мусоидат кард. Ин таҷрибаҳо барои Тоҷикистон дар ташаккули стратегияи худ муҳиманд, зеро онҳо роҳҳои гуногуни мувозинат байни амният, инноватсия ва ҳамкории байналмилалиро нишон медиҳанд.

Дар Тоҷикистон соҳибихтиёрии рақамӣ тавассути заминаи меъёрии рушдёбанда таъмин карда мешавад, ки ба ҳифзи маълумот, рушди технологияҳо ва ҳамгироии ҷаҳонӣ нигаронида шудааст. Ба санадҳои муҳими қонунгузорӣ дохил мешаванд:

- Қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 6 августи соли 2001, № 40 «Дар бораи иттилоотонӣ», аз 10 майи соли 2002, № 55 «Дар бораи иттилоот», аз 2 декабри соли 2002, № 71 «Дар бораи ҳифзи иттилоот», аз 18 июни соли 2008, № 411 «Дар бораи ҳуқуқ ба дастрасӣ ба иттилоот», аз 25 марти соли 2011, № 705 «Дар бораи иттилооти экологӣ» ва аз 25 июни соли 2021, № 1783 «Дар бораи дастрасӣ ба иттилоот дар бораи фаъолияти судҳо», ки дастрасӣ, нигоҳдорӣ ва ҳифзи маълумотро танзим мекунанд.

- Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон то соли 2030, ки рақамисозии иқтисод, ҷорӣ намудани ҳукумати электронӣ ва платформаҳои рақамии миллиро пешбинӣ мекунад.

- Стратегияи рушди зеҳни сунъӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2040 аз 30 сентябри соли 2022, №483.

- Консепсияи иқтисоди рақамӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 30 декабри соли 2019, № 642, ки ҳадафҳои асосии рақамисозиро муайян мекунад.

- Барномаи миёнамӯҳлати рушди иқтисоди рақамӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021–2025 аз 26 октябри соли 2021, № 460, ки чораҳои мушаххаси амалиро барои рақамисозӣ пешниҳод мекунад.

- Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 8 январи соли 2025, № 911 «Дар бораи эълон намудани солҳои 2025–2030 «Солҳои рушди иқтисоди рақамӣ ва инноватсия»», ки аҳамияти рақамисозиро дар сатҳи давлатӣ таъкид мекунад.

Ин санадҳо заминаи ҳуқуқиро барои рушди соҳибихтиёрии рақамӣ дар Тоҷикистон фароҳам меоранд. Масалан, Қонуни «Дар бораи иттилоотонӣ» асосҳои техникии рақамисозиро муайян мекунад, дар ҳоле ки Қонуни «Дар бораи ҳифзи иттилоот» ба амнияти маълумот диққат медиҳад. Стратегияи миллии рушд то соли 2030 рақамисозиро ҳамчун омили асосии рушди устувор эътироф мекунад, ки ба беҳтар кардани хизматрасониҳои давлатӣ ва баланд бардоштани рақобатпазирии иқтисод нигаронида шудааст.

Соли 2024, ки ҳамчун «Соли маърифати ҳуқуқӣ» эълон шуда буд, Тоҷикистон ба саводнокии рақамӣ ва огоҳии ҳуқуқии шаҳрвандон диққати бештар дода, ба таҳкими соҳибихтиёрии рақамӣ мусоидат намуд.

Таъсиси Агентии инноватсия ва технологияҳои рақамӣ дар назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон (бо Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 3 апрели соли 2021, № 147) қадами муҳим дар таҳкими институтсионалии иқтисоди рақамӣ мебошад. Ин Агентии масъулияти ҳамоҳангсозии таҳияи ҳалли миллии IT ва стандартҳои амнияти кибернетикиро ба уҳда дорад. Агентӣ бо вазоратҳо ва идораҳои давлатӣ ҳамкорӣ карда, лоиҳаҳои рақамисозиро, аз қабили платформаҳои ҳукумати электронӣ ва хизматрасониҳои рақамии давлатиро пеш мебарад.

Тоҷикистон инфрасохтори рақамиро фаъолона рушд медиҳад, аз ҷумла платформаҳои ҳукумати электронӣ, низоми таълими фосилавӣ ва хизматрасониҳои электронии давлатӣ. Ин ташаббусҳо ба шаҳрвандон имкон медиҳанд, ки хизматрасониҳои давлатиро бо осонӣ дастрас кунанд ва шаффофияти идоракунии давлатиро афзоиш диҳанд. Рақамисозӣ ба рушди устувор мусоидат мекунад ва фаъолияти иқтисодро дар шароити бӯҳронҳои ҷаҳонӣ, ба монанди пандемияи COVID-19 таъмин менамояд.

Сарфи назар аз пешрафтҳо, амалисозии соҳибихтиёрии рақамӣ бо мушкилоти зерин рӯбарӯ мешавад:

- Вобастагии технологӣ. Норасоии маҳаллисозии инфрасохтори рақамӣ Тоҷикистонро ба технологияҳои хориҷӣ осебпазир мегардонад. Вобастагии аз хидматҳои вертуалии хориҷӣ ва нармафзори ғайримиллӣ хатари дастрасии ғайриқонунии маълумотро афзоиш медиҳад.

- Таҳдидҳои кибернетикӣ. Гурӯҳҳои экстремистӣ фазои виртуалиро барои паҳн кардани таблиғот ва маълумоти бардурӯғ истифода мебаранд, ки ба амнияти миллӣ таҳдид мекунад. Масалан, ташкилотҳои динии экстремистӣ дар шабакаҳои иҷтимоӣ маводи қалбакӣ паҳн мекунанд, ки эътимод ба институтҳои давлатиро коҳиш медиҳад. Илова бар ин, ҳамлаҳои кибернетикӣ ба инфрасохтори давлатӣ, ба монанди системаҳои энергетикӣ ё бонкӣ, метавонанд ба иқтисод зарари ҷиддӣ расонанд.

- Нуқсони ҳуқуқӣ. Набудани қонуни мукаммал дар бораи амнияти кибернетикӣ имкониятҳои мубориза бо ҷинояткории кибернетикиро маҳдуд мекунад. Масалан, набудани меъёрҳои мушаххас барои муайян кардани масъулият барои ҳамлаҳои кибернетикӣ монеа эҷод мекунад.

Ба ғайр аз ин, паҳншавии маълумоти бардурӯғ дар шабакаҳои иҷтимоӣ ба эътимоди ҷамъиятӣ таъсири манфӣ мерасонад. Ин мушкилот зарурати истифодаи равиши комплексӣ, аз ҷумла чораҳои ҳуқуқӣ, технологӣ ва маърифатиро таъкид мекунанд.

Барои бартараф кардани таҳдидҳо ва таҳкими соҳибихтиёрии рақамӣ, Тоҷикистон бояд чораҳои зеринро амалӣ созад:

1. Қабули Қонун «Дар бораи амнияти кибернетикӣ». Тезонидани қабули қонун барои муайян кардани меъёрҳои ҳифзи маълумот, масъулият барои ҷиноятҳои кибернетикӣ ва механизмҳои назорати фазои рақамӣ зарур аст. Ин қонун бояд ба стандартҳои байналмилалӣ, ба монанди GDPR мутобиқ бошад, вале ба хусусиятҳои миллӣ такя кунад. Масалан, қонун метавонад талаботро барои дохилинамоии маълумот дар дохили кишвар муқаррар созад.

2. Кодекси иттилооти Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул карда шавад. Кодекси иттилооти намунавии давлатҳои аъзои ИДМ (2012) мислои воқеи ин таҷрибаи байналмилалӣ аст. Он чаҳорчӯби ҳуқуқиест, ки озодии иттилоот ва рушди инфрасохтори рақамиро танзим мекунад. Барои Тоҷикистон, пешниҳод мешавад, ки қонунҳои самти иттилоот бо қабули кодекс аз эътибор соқит дониста шаванд.

3. Таъсиси платформаҳои рақамии миллӣ. Сармоягузорӣ ба хидматҳои виртуалии маҳаллӣ, марказҳои коркарди маълумот ва мессенҷерҳои миллӣ барои коҳиши вобастагии аз технологияҳои хориҷӣ муҳим аст. Масалан, таҳияи мессенҷери миллӣ, ки амнияти баланди маълумотро таъмин мекунад, метавонад алтернатива ба платформаҳои хориҷӣ, ба монанди WhatsApp гардад. Инчунин, марказҳои коркарди маълумоти маҳаллӣ метавонанд амнияти маълумоти давлатиро таъмин созанд.

4. Таҳкими ҳамкории байналмилалӣ. Тоҷикистон бояд дар ташаббусҳои ИДМ, СААД ва СҲШ фаъолона иштирок кунад, то таҷрибаи пешқадами кибербехатариро мубодила кунад ва стандартҳои ягонаи амниятро мутобиқ созад. Ҳамкорӣ бо Чин метавонад ба ҷорӣ кардани технологияҳои пешрафтаи ҳифзи маълумот мусоидат кунад. Илова бар ин, Тоҷикистон метавонад ба созишномаҳои байналмилалӣ оид ба мубориза бо ҷинояткории кибернетикӣ ҳамроҳ шавад.

5. Рушди барномаҳои таълимӣ. Ворид кардани курсҳои амнияти кибернетикӣ, ҳуқуқи рақамӣ, ҳуқуқи иқтисоди рақамӣ ва саводнокии медиавӣ ба барномаҳои таълимии донишгоҳу донишкадаҳо барои баланд бардоштани огоҳии шаҳрвандон зарур аст. Масалан, таълими шаҳрвандон дар бораи чӣ гуна муайян кардани хабарҳои қалбакӣ метавонад ба коҳиши таъсири иттилооти дурӯғ мусоидат кунад. Таҷрибаи Аврупо нишон медиҳад, ки барномаҳои маърифати медиавӣ метавонанд муқовимати ҷомеаро ба таҳдидҳои рақамӣ афзоиш диҳанд.

6. Танзими ахлоқии зеҳни сунъӣ. Истифодаи зеҳни сунъӣ дар амнияти киберӣ ва идоракунии маълумот хатарҳои марбут ба вайроншавии махфият ва табъизро ба вуҷуд меорад. Ташкили стандартҳои миллӣ барои истифодаи зеҳни сунъӣ, ки ба таҷрибаи Аврупо такя мекунад, метавонад ин хатарҳоро коҳиш диҳад. Масалан, стандартҳо метавонанд талаботро барои шаффофияти алгоритмҳои зеҳни сунъӣ ва ҳифзи маълумоти шахсӣ муқаррар созанд.

Соҳибихтиёрии рақамӣ вазифаи мураккабест, ки ҳамгироии чораҳои ҳуқуқӣ, технологӣ ва байналмилалиро талаб мекунад. Дар Тоҷикистон заминаи меъёрӣ барои таҳкими истиқлолияти рақамӣ ташаккул меёбад, аммо мушкилоти кибертаҳдидҳо, вобастагии технологӣ ва камбудиҳои ҳуқуқӣ талошҳои иловагиро талаб мекунанд. Рақамисозӣ, ҳамчун омили рушди устувор, хатарҳои навро ба вуҷуд меорад, ки тавассути танзими ҳуқуқӣ коҳиш дода мешаванд.

Тоҷикистон бояд ба рушди инфрасохтори рақамии миллӣ, таҳкими заминаи ҳуқуқӣ ва баланд бардоштани саводнокии рақамии шаҳрвандон диққати махсус диҳад. Таҷрибаи байналмилалӣ, аз қабили GDPR-и Аврупо, UPI-и Ҳиндустон ва қонуни интернети соҳибихтиёри Русия роҳҳои мухталифи таъмини соҳибихтиёрии рақамиро нишон медиҳад, ки метавонанд ба шароити Тоҷикистон мутобиқ карда шаванд.

Дар доираи «Солҳои рушди иқтисоди рақамӣ» (2025–2030), Тоҷикистон имкони беназир дорад, ки бо истифода аз захираҳои миллӣ ва таҷрибаи байналмилалӣ ба пешсафи минтақавӣ дар соҳаи соҳибихтиёрии рақамӣ табдил ёбад. Барои ин зарур аст, ки давлат, ҷомеаи шаҳрвандӣ ва бахши хусусӣ якҷоя фаъолият намуда, фазои рақамии амн ва мустақилро эҷод намоянд.

САНГИНЗОДА ДОНИЁР ШОМАҲМАД - муовин оид ба илм ва таълими директори Институти омӯзиши масъалаҳои давлатҳои Осиё ва Аврупои АМИТ, доктори илмҳои ҳуқуқшиносӣ, профессор

ОЗМУНҲОИ ҶУМҲУРИЯВӢ

Президентҳои Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон

 

(Академияи илмҳои ҶШС Тоҷикистон 1951-1991, Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон 1991-2020) 

Айнӣ Садриддин Саидмуродович

Айнӣ Садриддин Саидмуродович (1878-1954). Президенти Академияи илмҳои ҶШС Тоҷикистон аз 14 апрели соли  1951  то 15 июли соли  1954.

Умаров Султон Умарович

Умаров Султон Умарович (1900-1964). Президенти Академияи илмҳои ҶШС Тоҷикистон аз 11 марти соли  1957  то 6 майи соли  1964.

Осимов Муҳаммад Сайфиддинович

Осимов Муҳаммад Сайфиддинович (1920-1996). Президенти Академияи илмҳои ҶШС Тоҷикистон аз 23 майи соли  1965  то 6 майи соли  1988.

Неъматуллоев Собит Ҳабибуллоевич

Неъматуллоев Собит Ҳабибуллоевич (1937). Президенти Академияи илмҳои ҶШС Тоҷикистон (Ҷумҳурии Тоҷикистон) аз 6 майи соли  1988  то 16 июни соли  1995.

Мирсаидов Ӯлмас Мирсаидович

Мирсаидов Ӯлмас Мирсаидович (1945). Президенти Академияи илмҳои Ҷумҳурии  Тоҷикистон аз 16 июни соли  1995  то 3 феврали соли  2005.

Илолов Мамадшо Илолович

Илолов Мамадшо Илолович (1948), Президенти Академияи илмҳои Ҷумҳурии  Тоҷикистон аз 3 феврали соли  2005  то 6-уми декабри соли 2013.

Фарҳод Раҳимӣ

Фарҳод Раҳимӣ  (1968)  Президенти Академияи илмҳои Ҷумҳурии  Тоҷикистон аз 6-уми декабри соли  2013  то 16 январи соли 2024.

Хушвахтзода  Қобилҷон  Хушвахт

 

Хушвахтзода  Қобилҷон  Хушвахт (1982) Президенти Академияи  миллии илмҳои   Тоҷикистон аз 16-уми январи соли  2024  то инҷониб. Муфассал...

 

 

Суханҳои Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон оид ба илм