Skip to main content

Паёми имсолаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таҷассумгари дастовардҳои муҳими кишвар ва муайянкунандаи ҳадафҳои стратегии рушди устувори Тоҷикистон мебошад. Дар Паём масъалаҳои таҳкими пояҳои илмӣ, рушди технологияҳои навин, рақамикунонӣ ва баланд бардоштани самаранокии идоракунии давлатӣ ба таври возеҳ ифода ёфтаанд.

Паём на танҳо натиҷаҳои имрӯзаи рушди кишварро дар бар мегирад, балки самтҳои асосии рушди илмӣ ва технологиро барои солҳои минбаъда муайян менамояд. Дар бахши сиёсати хориҷӣ ва ҳамкориҳои байналмилалӣ, ба ҳалли масъалаҳои сарҳадӣ, таҳкими муносибатҳои дуҷониба ва бисёрҷониба бо кишварҳои ҳамсоя, аз ҷумла Қирғизистон ва Ӯзбекистон, таваҷҷуҳи хос зоҳир гардид, ки он барои татбиқи лоиҳаҳои муштараки илмӣ ва технологӣ заминаи устувор фароҳам меорад.

Иштироки фаъоли Тоҷикистон дар конфронсҳои байналмилалӣ вобаста ба ҳифзи пиряхҳо ва ворид гардидани ёдгории мероси фарҳангии Хуттали қадим ба Феҳристи мероси ҷаҳонии ЮНЕСКО нишонаи болоравии нуфузи байналмилалии кишвар ва арҷгузорӣ ба мероси таърихию илмӣ мебошад.

Зимни ироаи Паём ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон 16 декабр, Пешвои миллат эълон намуданд, ки бо ташаббуси Тоҷикистон соли 2025 «Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо» ва солҳои 2025–2034 «Даҳсолаи илмҳои криосфера» эълон гардидаанд. Дар робита ба ин, Сарвари давлат ҳамаи сохторҳои дахлдорро ба густариши фаъолияти илмӣ ва амалии худ дар ин самт ва муаррифии дастовардҳо дар сатҳи байналмилалӣ даъват намуданд.

Бо назардошти аҳамияти стратегии масъалаи ҳифзи пиряхҳо ва омӯзиши илмҳои криосфера, пешниҳод гардид, ки Муассисаи давлатии илмию таҳқиқотии «Маркази омӯзиши пиряхҳои Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон» ба Институти омӯзиши пиряхҳо ва криосфераи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон табдил дода шавад.

Паёми Пешвои миллат ҳамчун ҳуҷҷати муҳими сиёсӣ ва илмӣ, роҳнамои ҷомеа дар роҳи рушди устувор, ҳифзи муҳити зист ва таҳкими нуфузи байналмилалии Тоҷикистон ба ҳисоб меравад.

Дар соҳаи иқтисод, Тоҷикистон рушди устуворро таъмин карда, маҷмуи маҳсулоти дохилӣ 3,4 баробар афзуд ва суръати миёнаи рушди солона 7,6%-ро таъмин намуд. Ҷалби сармояи дохилӣ ва хориҷӣ ва афзоиши даромади аҳолӣ имконият фароҳам овард, ки захираҳои молиявӣ барои рушди инфрасохтори илмӣ, лоиҳаҳои рақамикунонӣ ва технологӣ таъмин карда шаванд. Ҳадафҳои стратегӣ барои солҳои 2026–2030 ду баробар афзоиши маҷмуи маҳсулоти дохилӣ, кам кардани сатҳи камбизоатӣ, афзоиши ҳиссаи табақаи миёнаи аҳолӣ ва рушди иқтисоди инноватсионӣ мебошанд, ки ин ба устувории иқтисоди илмӣ-танзимӣ ва рушди кадрҳои баландихтисос таъсири мустақим дорад.

Дар бахши илм ва технология, ҷалби сармоя барои таъсиси корхонаҳои саноатӣ, модернизатсияи инфрасохтори энергетикӣ ва нақлиётӣ, истифодаи самараноки заминҳои кишоварзӣ ва рушди хизматрасонӣ, ҳамчунин истифодаи технологияҳои рақамӣ ва зеҳни сунъӣ, нишондиҳандаи самаранокии сиёсати илмӣ ва стратегияи саноатикунонии босуръат мебошад. Ҷорӣ намудани низоми рақамии биллингӣ дар соҳаи энергетика талафоти неруи барқро аз 15,1% ба 5,1% коҳиш дод ва воридшавии маблағ ба низоми энергетикӣ тақрибан 1,5 млрд сомониро таъмин намуд. Омӯзиши талаботи бозори меҳнат барои мутахассисони иқтисоди рақамӣ ва ҷорӣ намудани низоми рақамӣ дар идораи молияи давлатӣ нишондиҳандаи тадбирҳои танзимии илмӣ ва технологӣ мебошад.

Ҳиссаи бахши хусусӣ дар истеҳсолот 80% ва дар шуғл 70%-ро ташкил медиҳад, ки ин ба рушди тадқиқотҳо, дастрасии осон ба захираҳои молиявӣ, технология ва ҳамкориҳои инноватсионӣ мусоидат мекунад. Рақамикунонии маъмурикунонии андоз, беҳбуди хизматрасониҳои электронӣ ва соддагардонии иҷрои уҳдадориҳои андозӣ нишондиҳандаи механизми идоракунии илмӣ-танзимиро тақвият медиҳад.

Дар соҳаи саноат ва энергетика таъсиси 2,600 корхонаи саноатӣ бо 87,000 ҷойи нави корӣ, афзоиши истеҳсоли маҳсулоти маъдан ва неруи барқ, сохтмони неругоҳи «Роғун» ва ду неругоҳи офтобӣ нишондиҳандаи татбиқи стратегияҳои илмӣ-технологӣ мебошад. Суръати рушди соҳаи кишоварзӣ 8,5% ва афзоиши сатҳи ҳифзи амнияти озуқаворӣ аз 60% ба 85% таъсири мустақими тадқиқотҳои агротехникӣ ва технологӣ мебошад.

Дар бахши маориф ва илм, буҷети соҳаи маориф ба 14 млрд сомонӣ (+25,4%) расида, омодагӣ ба таҳсили 4 млн хонанда дар 25 соли оянда таъмин шудааст. Омӯзиши забонҳои русӣ ва англисӣ, такмили кадрҳои омӯзгорӣ, гузариш ба низоми дувоздаҳсолаи таълим ва фаъолияти Институти омӯзиши пиряхҳо ва криосфераи Академияи миллии илмҳо ба рушди илмҳои муҳити зист ва технологияҳои пешрафта мусоидат менамояд.

Дар соҳаи фарҳанг ва мероси таърихӣ бунёди 150 иншооти нав сохта шуда, 350 таҷдид гардид, нашри 900 номгӯй адабиёт ва тақдими ройгон ба мардум, эълони «Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо» ва Даҳсолаи илмҳои криосфера (2025-2034) далели раднопазири таваҷҷуҳи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Э. Раҳмон ба соҳаҳои мазкур мебошад. Соҳаи тандурустӣ ва иҷтимоӣ 1,300 иншоот бо маблағгузории зиёда аз 5,3 млрд сомонӣ сохта шуда, маош ва нафақа афзоиш ёфт. Ҳадаф беҳбуди сатҳи зиндагӣ ва фароҳам овардани шароити арзанда барои гурӯҳҳои осебпазир мебошад.

Афзоиши захираҳои қувваи корӣ, банақшагирии1,4 млн ҷойи корӣ дар 5 соли оянда ва иштироки фаъолонаи ҷавонон ва занон дар ҳаёти ҷамъиятӣ нишондиҳандаи устувории иҷтимоӣ мебошад. Қонунгузорӣ барои рушди устувор ва ҳифзи субот аҳамияти калидӣ дошта, ҳамзамон мубориза бо терроризм, экстремизм ва ҷиноятҳои киберӣ механизми амният ва идоракунии илмӣ-танзимиро тақвият медиҳад.

Мусаллам аст, ки тоҷикон яке аз миллатҳои фарҳангиву тамаддунофари дунё мебошанд. Боиси ифтихор аст, ки гузаштагони некноми мо ориёҳо, ба ҷаҳониён забону фарҳанг, илму ҳунар, ойину суннатҳои башардӯстона, аз ҷумла Наврӯз, инчунин анъанаҳои пешрафтаи давлатдориро мерос гузоштаанд. Мо вазифадорем, ки ин мероси бузургу оламшумулро омӯзем, идома диҳем ва барои наслҳои оянда ҳамчун ганҷинаи ҳувиятсоз ба мерос гузорем.

Паёми Пешвои миллат таъкид менамояд, ки аҷдоди хирадманди мо «пиндори нек, гуфтори нек ва кирдори нек»-ро ҳамчун арзиши инсондӯстона ва шиори зиндагӣ қарор додаанд. Наврӯз, ки имрӯз мақоми байналмилалӣ гирифтааст, ҳамчунин Меҳргон, Сада ва Тиргон, ки таҷассумгари андешаҳои инсондӯстӣ ва бузургдошти табиат мебошанд, асоси ҳувият ва асолати тоҷикон мебошанд. Бо мақсади таҳкими мероси фарҳангӣ ва илмӣ, ба Ҳукумати кишвар ва Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе дастур дода шуд, ки барои бунёди Қонуни Маркази тамаддуни ориёӣ ва Маркази байналмилалии Наврӯз ҷиҳати ҷудо намудани қитъаи замин чораҳои зарурӣ андешида шавад

Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон ва дигар муассисаҳои илмӣ вазифадор шудаанд, ки бо ҷалби олимон ва донишмандон консепсияи марказҳоро дар асоси анъанаҳои меъморӣ ва шаҳрсозиву шаҳрдории бостонии тоҷикон таҳия ва ба Ҳукумати мамлакат пешниҳод намоянд. Амалӣ намудани ин иқдомҳо шаҳодати раднопазири таърих, фарҳанг ва фарҳанги илмии беш аз шашҳазорсолаи мо тоҷикон мебошад.

Боиси ифтихори мост, ки Консепсияҳои зикршуда аз ҷониби олимону муҳақиқони Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон таҳия мешавад. Ин далели эътимоди Ҷаноби Олӣ ба Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон мебошад. Умедворем, ки олимон аз уҳдаи иҷрои ин вазифаи пурмасъул сарбаландона мебароянд.

Дар маҷмуъ, Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ на танҳо дастовардҳои сиёсӣ, иқтисодӣ ва иҷтимоиро ба таври мушаххас нишон медиҳад, балки ҳадафҳои илмӣ-танзимӣ, рушди технологияҳои рақамӣ ва инноватсионӣ, ҳамчунин эҳёи мероси фарҳангиву тамаддунии миллати тоҷикро низ дар назар дорад.

Азизуллозода Майсара Нурулло

ходими илмии Шуъбаи таърихи илм ва техникаи ИТБМ ба номи Аҳмади Дониши АМИТ