
АСОСӢ
-
МАСОҲАТИ ПИРЯХИ ФЕДЧЕНКО БО ТАМОМИ ШОХАҲОЯШ 681,7 КМ2 ВА ДАРОЗИИ ОН 77 КМ МЕБОШАД.
ҚУЛЛАИ БОЛОИИ ШОХОБИ ПИРЯХ БА БАЛАНДИИ 6280 М МЕРАСАД ВА ҚИСМИ ЗАБОНАИ ПИРЯХ ДАР
БАЛАНДИИ 2910 М АЗ САТҲИ БАҲР ҚАРОР ДОРАД. ҒАФСИИ ПИРЯХ ДАР БАЪЗЕ ҶОЙҲО АЗ 800 ТО 1000
МЕТРРО ТАШКИЛ ДОДА ВА ҲАҶМИ ОН ТАҚРИБАН 130 КМ2 – РО ТАШКИЛ МЕДИҲАД. -
Соли 1933. Моҳи январи соли 1933 Пойгоҳи Академияи илмҳои
Иттиҳоди Шӯравӣ дар Тоҷикистон таъсис ёфт ва директори нахустини он
академик С.Ф.Олденбург (1868-1935) таъйин шуд. Пойгоҳ бахшҳои геология, ботаника,
зоологияву паразитология, хокшиносӣ, илмҳои гуманитариро дар бар мегирифт. -
МИНЁТУРИ НУСХАИ “ШОҲНОМА”-И АБУЛҚОСИМ ФИРДАВСӢ
ДАР МАРКАЗИ МЕРОСИ ХАТТИИ НАЗДИ РАЁСАТИ АМИТ, №5955
“САҲНАИ ГИРИФТОР ШУДАНИ ХОҚОН БА ДАСТИ РУСТАМ” -
ТЕЛЕСКОПИ ТСЕЙС-1000-И РАСАДХОНАИ
АСТРОНОМИИ БАЙНАЛМИЛАЛЛИИ
САНГЛОХИ ИНСТИТУТИ АСТРОФИЗИКАИ АМИТ -
БАБРИ БАРФӢ (PANTHERA UNCIA (SCHREBER, 1775)) БА ҚАТОРИ
ДАРАНДАГОН (CARNIVORA), ОИЛАИ ГУРБАШАКЛОН (FELIDAE)
МАНСУБ БУДА, ЗЕРИ ТАҲДИДИ МАҲВШАВӢ ҚАРОР ДОРАД. ДАР
ҲУДУДИ 20 ҚАТОРКӮҲ – ТУРКИСТОН, ЗАРАФШОН, ҲИСОР,
ҚАРОТЕГИН, ҲАЗРАТИ ШОҲ, ВАХШ, ДАРВОЗ, АКАДЕМИЯИ МИЛЛИИ
ИЛМҲО, ПЁТРИ I, ВАНҶ, ЯЗГУЛОМ, РӮШОН, ШОҲДАРА, ПШАРТ,
МУЗКӮЛ, САРИКӮЛ, АЛИЧУРИ ҶАНУБӢ, АЛИЧУРИ ШИМОЛӢ, ВАХОН,
ПАСИ ОЛОЙ ПАҲН ШУДААСТ. МАСОҲАТИ УМУМИИ ПАҲНШАВИИ
НАМУД ДАР ТОҶИКИСТОН ТАҚРИБАН 85,700 КМ2 (ТАҚРИБАН 2.8%
ҲУДУДИ ПАҲНШАВИИ НАМУДРО ДАР МИҚЁСИ ОЛАМ) ТАШКИЛ МЕДИҲАД. -
САРАЗМ ЯКЕ АЗ НОДИРТАРИН ЁДГОРИҲОИ БОСТОНШИНОСИСТ, КИ ХАРОБАҲОИ ОН ДАР
15-КИЛОМЕТРИИ ҒАРБИ ПАНҶАКЕНТ ВА 45-КИЛОМЕТРИИ ШАРҚИ САМАРҚАНД КАШФ
ШУДААСТ. ИН МАВЗЕЪРО ТИРАМОҲИ СОЛИ 1976 БОСТОНШИНОС АБДУЛЛОҶОН ИСҲОҚОВ
КАШФ КАРДА БУД ВА СОЛҲОИ ЗИЁД ТАҲТИ РОҲБАРИИ Ӯ МАВРИДИ ОМӮЗИШ ҚАРОР ГИРИФТААСТ. -
РАВАНДИ КОРИ АВВАЛИН ЛАБОРАТОРИЯИ POLLYXT “ЛИДАР” ДАР ОСИЁИ МИЁНА,
ДАР ОЗМОИШГОҲИ ИНСТИТУТИ ФИЗИКАЮ ТЕХНИКАИ БА НОМИ С. У. УМАРОВИ
АКАДЕМИЯИ МИЛЛИИ ИЛМҲОИ ТОҶИКИСТОН
Хабар ва навгониҳо
ҚАҲРАМОНОНИ ТОҶИКИСТОН

Адиб, олим ва асосгузори адабиёти муосири тоҷик. Аввалин Президенти Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон. Муаллифи асарҳои «Таърихи амирони манғитияи Бухоро», «Таърихи инқилоби фикрӣ дар Бухоро», «Намунаи адабиёти тоҷик», «Дохунда»,...Муфассал

Олим, академики Академияи Илмҳои ИҶШС, арбоби ҳизбӣ ва давлатӣ, муаллифи китоби оламшумули «Тоҷикон» ва зиёда аз 300 асару мақолаҳо. Солҳои 1944-1946 котиби дуюм, с.1946-1956 котиби якуми КМ Ҳизби комунистии Тоҷикистон, 1956 – 1977 сарвари...Муфассал

Шоири халқӣ, раиси Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон, Қаҳрамони меҳнати сотсиалистӣ, Раиси Кумитаи якдилии халқҳои Осиё ва Африқо. Барои достонҳои «Қиссаи Ҳиндустон»(1948), «Ҳасани аробакаш», «Чароғи абадӣ», «Садои Осиё»,(1960) «Ҷони ширин»...Муфассал

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон. 19 ноябри соли 1992 дар иҷлосияи XVI Шўрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон раиси Шўрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, 6 ноябри соли 1994 бори аввал, солҳои 1999, 2006 ва 2013 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб гардидаст...Муфассал

Нусратулло Махсум (Лутфуллоев) ходими давлатӣ ва ҳизбӣ. Солҳои 1924-1926 раиси Кумитаи инқилобии ҶМШС Тоҷикистон, солҳои 1926-1933 раиси Кумитаи Иҷроияи Марказии ҶШС Тоҷикистон. Бо фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 27 июни соли 2006....Муфассал

Ходими давлатӣ ва ҳизбӣ. Солҳои 1929-1931 котиби Ҳизби коммунистии ҶШС Тоҷикистон, солҳои 1933-1937 Раиси Кумитаи Иҷроияи Марказии ҶШС Тоҷикистон. Бо фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 27 июни соли 2006 ба фарзанди барӯманди халқи тоҷик....Муфассал
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон





АКАДЕМИЯИ ИЛМҲОИ ҶУМҲУРӢ ИН ОИНАЕСТ, КИ СИМОИ АҚЛОНӢ, САТҲИ МАЪРИФАТУ ДОНИШ ВА ТАМАДДУНИ ҶОМЕАИ МОРО ИНЪИКОС МЕНАМОЯД. ҲАР ҚАДАР ИН ОИНА ПОКИЗАВУ БЕҒУБОР БОШАД, БА ҲАМОН АНДОЗА СИМОИ МАЪНАВИИ МИЛЛАТУ ДАВЛАТИ МО РӮШАНТАРУ БАРҶАСТАТАР БА ҶАҲОНИЁН ҶИЛВАГАР МЕШАВАД.
ЭМОМАЛӢ РАҲМОН

ШОҲАСАРИ «ТОҶИКОН»-И БОБОҶОН ҒАФУРОВ ВА ШУҲРАТИ ОН
“Тоҷикон” асарест, ки таърихи миллати тоҷикро аз замонҳои қадимтарин то ибтидои асри XX-ум дар бар мегирад ва дар заминаи маводи зиёди бостоншиносӣ, осори фаровони хаттии таърихиву адабӣ ва таҳқиқоти олимони маъруфи Шарқу Ғарб ба таври хеле муфассал таълиф шудааст. Дар ин асари безавол ҷараёни ташаккулёбии миллати тоҷик, рушди фарҳанги миллӣ ва ҳамзамон бо ин, лаҳзаҳои фоҷиабори ҳаёти мардуми мо ва қаҳрамониҳои таърихии фарзандони ҷоннисори он возеҳу равшан ва бо истифода аз сарчашмаҳои муътамади таърихӣ баён гардидаанд.
Эмомалӣ Раҳмон.

Ба муносибати 1045 – солагии олими бузурги тоҷик Абӯали ибни Сино.
Аз қаъри гили сияҳ то авҷи Зуҳал,
Кардам ҳама мушкилоти гетиро ҳал.
Берун ҷастам зи қайди ҳар макру ҳиял,
Ҳар банд кушода шуд, магар банди аҷал.
(Ибн Сино)
Китобҳои тозанашр
Мақолаҳои илмӣ-оммавӣ
Либоси миллӣ муаррифгари фарҳанги ҳар як халқи мутамаддин мебошад. Эҳтиром ба либоси миллӣ ҳамчун рамзи арзишҳои миллӣ ифодагари тамаддуни давлатҳо маҳсуб мешавад. Вале, имрӯз матои адрас аз риштаҳои абрешимӣ ва нахҳои пахтагин бофта мешавад, ки риштаи он аз 15—20 пилла иборат аст. Намунаҳое, ки дар байни ду то ҳашт намуди гул истифода мешаванд, торҳои абрешимро абрнок мекунанд. Адрасро вобаста ба услуби ороиш ва сояи гулҳо , сабзи кароб, зар зада, сафед, бунафш, барги гул , хумӣ, накшу нигор, шона, мурғобӣ, гули лола ва ғайра накшу нигор менамоянд. Солҳои охир таваҷҷуҳи роҳбарияти мамлакат ба ташвиқу тарғиби либоси миллӣ ва эҳёи ҳунарҳои мардумӣ зиёд гардидааст.
Дар замони муосир ҳар як халқу давлат, аз ҷумла Ҷумҳурии Тоҷикистон низ мувофиқ ба шароити иқтисодӣ ва фарҳангӣ барои ҳамон ҷомеа ва миллати худ хос либоси махсусро интихоб карда, онро ба расмият дароранд.
Тавре, ки Пешвои муаззами миллат таъкид менамоянд: «Моро зарур аст, ки ба зуҳуроти нангини бегонапарастӣ ҳар чи зудтар хотима бахшида, сарулибосҳои миллии духтарону бонуворро бештар тарғиб намоем, пеши роҳи тақлиду таассуб ва зоҳирпарастиро гирем ва дар миёни занону бонувон корҳои фаҳмондадиҳиро вусъат бахшем».
Дар робита ба масъалаи мазкур, ҷиҳати пешгирии ҷавонон аз тақлид ба фарҳанги бегона ва тарбияи онҳо дар руҳияи ватандӯстиву хештаншиносӣ зарур меояд, ки зимни баргузории машғулиятҳои тарбиявӣ, ба масъалаҳои арҷгузорӣ ба фарҳанги миллӣ, одоби пӯшидани либос ва риояи меъёри муқарраргардидаи тартиби либоспӯшии донишҷён аҳамияти ҷиддӣ дода, ба корҳои фаҳмондадиҳӣ тақвият бахшем, ҳамчунин, дар ин замина дар замири онҳо фарҳанги либоспӯшии миллиро бедор намоем, зеро либос яке аз рукнҳои муҳим ва ифодагари тамаддуни хеле пешрафтаи халқи тоҷик мебошад.
Боиси ифтихор аст, ки аз қадимулайём гузаштагони мо бофарҳанг, бомаданияту зебопараст буданд ва бо пӯшидани либосҳои миллии худ ҳам тамаддун ва ҳам фарҳанги миллати тоҷикро дар таърихи башарият маъруфу машҳур намудаанд. Арзишмандии маънавии онро ҳифз карда, то ба мо расондаанд. Наслҳои оянда низ бояд ба мероси ниёгон ҳамчун меросбарони бофарҳанг арҷгузор бошанд.
Дар ин раванд дарк ва омӯзиши фазилат ва ҳикмате, ки либоси миллии ҳар халқ дар худ симои маънавии ӯро таҷассум менамояд, василаи муҳими худшиносӣ ва худогоҳӣ маҳсуб меёбад. Дар ҳама давру замон инкишофу пешравии фарҳанги миллӣ дар дасти ҷавонон буд. Ҷавондухтарон метавонанд, фарҳанги худро боз ҳам баланд бардошта, бо либоси адрасу атлас ва чакан, мӯйи бофта, тоқии гулдӯзӣ худро зебу зинат дода, маданияти миллии тоҷиконро бо ин амалашон дар олам муаррифӣ созанд.
Хушбахтона, моҳи ноябри соли 2018 чакани тоҷикӣ ба феҳристи мероси ғайримоддии ЮНЕСКО ворид шуда, дар арсаи ҷаҳон маъруф гардид.
Либоси миллӣ ойинаест, ки дар он фарҳанги миллии мо инъикос ёфтааст. Миллати тоҷик миллати соҳибтоҷ аст, аз ин лиҳоз, дар тамоми соҳаҳо мо бояд аз таърихи бостониву тамаддунсози худ, аз ҳунар ва арзишҳои волои фарҳанги миллӣ, ҳамзамон, аз либосҳои миллӣ, аз матои атласу адрас ва зардӯзиву чакан, ки моро ба ҷаҳониён муаррифӣ менамояд, бархӯрдор бошем.
Таърих гувоҳ аст, ки зан ва модари тоҷик дар ҳама давру замон посдори оину анъанаҳои муқаддаси миллат ба шумор мерафт. Яке аз нишонаҳои асосӣ ва хосаи муаррифгари фарҳангу тамаддуни миллатҳои мухталифи дунё либоси миллии онҳост ва вақте сухан аз либоси миллӣ меравад, ҳатман пеши назар симои занон бо либоси хоса пеши назар меояд.
Либоси миллии халқи тоҷик атласу адрас мебошад, ки имрӯз дар Тоҷикистон чандин навъи атласу адрас бо нахҳои табии истеҳсол шуда истодааст ва ба бунияи инсон безарат ва аз ҷихати экологӣ тоза мебошад. Мо бонувони тоҷик аз ин навъи матоъҳои миллӣ пироҳанҳои зебо медӯзем.
Либоси миллии мо шинаму дилкаш буда, он пурра метавонанд ба талаботи замона мувофиқат кунад. Халқи тоҷик, воқеан ҳам либоси миллӣ ва фарҳанги либоспӯшии хоси худро дошта, дар ин замина моро дар ҷодаи дарку шинохти арзишҳои воқеии милливу башарӣ пеш мебарад.
Боиси таассуф аст, ки имрӯз ҷавонони мо бешуурона майл ба либоси бегонагон намуда, аз фарҳанги бою ғании миллати худ истифода намекунанд. Андеша намекунанд, ки арҷ нагузоштан ба ҳунар ва тамаддуну таърихи худ беэҳтиромӣ нисбат ба миллат аст. Модоме, ки либоси миллии мо нишон аз фарҳанги мост, пас, биёед, фарҳанги миллиро бо тақлидҳои кӯркӯрона ба бегонагон фасод насозем ва онро ба ояндагон ба мерос гузорем. Умед бар он мекунем, ки корхонаҳои тавлидотии кишвар дар истеҳсоли матоъҳои хушсифату дастрас саҳми бештар дошта бошанд ва бо истифода аз ҳунару истеъдоди ҳунармандони касбии ватанӣ бозори истеъмолии кишварро бо молу матоъҳои рақобатпазиру бозоргир ҳарчи бештар таъмин намоянд атласу адрас либоси мавсимӣ набояд бошад.
Ҳама, ин накшу нигори матоъҳои точикона ин таҷасумгари табиати биҳиштосои Точикистон гулҳои шукуфону табиати сабзу гулҳои зебоманзарон гирифта шуда табъи ҳар яки мо бонувонро ба худ ҷалб мекунад. Интихоби либос ва ранги он низ ба саломатии одам таъсир карда метавонад ва хусусиятҳои фардии онро нишон медиҳад. Як гуруҳ одамон ранги зард, дигари ранги сабз, гулобӣ ва сабзу кабудро интихоб мекунанд. Нафарони оромтабиат, бештар ба рангҳои гулобӣ ва осмонии кабуд рӯ меоваранд. Дар ситоиши рангҳо ва таъсири онҳо ба саломатии инсон чунин маълумотҳо мавҷуданд ва онҳо метавонанд дар интихоби ранги либос ба мо кӯмак расонад.
Ранги зард руҳафтодагиро табобат ва фаъолияти кории одамро зиёд мекунад.
Ранги кабуд қувваи босираро тез карда одамро ором мекунад.
Ранги сабз таҷдиди ҳуҷайраю бофтаҳои организмро ба танзим медарорад ва масъунияти баданро баланд мебардорад, одамро ором мекунад.
Ранги норинҷӣ ба системаи ҳозима таъсири мусбӣ расонида, шахсро бардам намуда, мондагиро рафъ месозад.
Ранги бунафш кори мағзи сарро идора мекунад.
Ранги сурх одамро ба ҳаяҷон меорад ва бештар барои одамони камфаъолу хоболуд тавсия дода мешавад.
Ранги кабуди осмонӣ барои таботати бемориҳои асаб тавсия дода мешавад ва он ҳолати ҳаяҷоннокии одамро паст мекунад.
Дар либосҳои миллии мо атласу адрас ва чакан ҳамаи ин рангҳоро дучор омадан мумкин аст. Бинобарин пӯшидани ин либосҳо дар баробари арҷгузорӣ ва қадрдонии либосҳои миллӣ инчунин ба солимии мо низ таъсири худро мерасонад.
Ходими илмӣ озмоишгоҳи “Фармаколия”-и Институти кимиё ба номи Никитини В.И. АМИТ
Салимова Соро Шералиевна Раиси шурои занони Институт Халикова С.
Қобилҷон Хушвахтзода: «Ташаббусҳои Пешвои миллат оид ба масоили об дар ҳалли масъалаҳои истифодаи оқилонаи захираҳои обии сайёра нақши муҳим доранд»
Май 31, 2025 10:15
ДУШАНБЕ, 31.05.2025. /АМИТ «Ховар»/. Ҷумҳурии Тоҷикистон давоми се даҳсолаи охир дар ҳалли мушкилоти ҷаҳонии экологӣ, ки ба захираҳои об, кам кардани таъсири тағйирёбии иқлим ва ҳифзи пиряхҳо вобастаанд, нақши назаррас гузоштааст. Ташаббусҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон доир ба масоили об дар ҳалли масъалаҳои истифодаи оқилонаи захираҳои обии сайёра нақши муҳим доранд. Чунин изҳори назар намуд Президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон Қобилҷон Хушвахтзода ба мухбири АМИТ «Ховар.
Қабули ташаббуси навбатии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷониби Созмони Милали Муттаҳид оид ба Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо эълон намудани соли 2025 бозгӯи он аст, ки Тоҷикистон пайваста дар ҳалли ин мушкилоти муҳими ҷомеаи ҷаҳонӣ сиёсати дурбинонаро пеш мебарад. Дар доираи ин ташаббус конфронси байналмилалии сатҳи баланд оид ба ҳифзи пиряхҳо баргузор шуда истодааст, ки дар он мутахассисони пешрафтаи ҷаҳонӣ иштирок доранд.
Президенти Академияи миллии илмҳои мамлакат изҳор дошт, ки ҳақиқати бебаҳс ин аст, ки тағйирёбии иқлим зиндагии ҳаррӯзаи башариятро тағйир медиҳад. Ин, пеш аз ҳама, тавассути таъсиррасонӣ ба захираҳои обӣ мушаххас мегардад. «Ба иттилои олимон, яке аз нишондиҳандаҳои асосии тағйирёбии низоми обӣ обшавии зуд-зуди пиряхҳо дар натиҷаи гармшавии глобалӣ мебошад. Аз ҳама бештар коҳиш ёфтани ҳаҷми пиряхҳо дар Арктика, Антарктида ва Гренландия ҳамаро ба ташвиш овардааст. Хусусан пиряхҳои кӯҳӣ нисбат ба тағйирёбии иқлим хеле осебпазиртар ҳастанд»,-гуфт ӯ.
Тибқи баҳодиҳиҳои муосир, пиряхҳои Осиёи Марказӣ аз аввали солҳои 50-уми асри гузашта тақрибан 30%-и ҳаҷми худро аз даст додаанд. Ин раванд махсусан дар даҳсолаҳои охир бештар гардидааст. Қобилҷон Хушвақтзода изҳор медорад, ки пиряхҳо барои минтақаи Осиёи Марказӣ аҳамияти ҳаётан муҳим доранд, зеро аз ҳолати онҳо мустақиман таъмини аҳолӣ бо оби нӯшокӣ, рушди кишоварзӣ, энергетика, саноат ва дигар соҳаҳои калидии фаъолияти ҳаётӣ вобастагии зич дорад.
Дар баробари таъсири тағйирёбии иқлим афзоиши шумораи аҳолӣ низ фишорро ба захираҳои обӣ зиёд менамояд. Ба маълумоти мавҷуда, то солҳои 60-уми асри гузашта дар Осиёи Марказӣ ба ҳар нафар беш аз 8 000 метри мукааб об дар як сол рост меомад. Имрӯз ин нишондиҳанда беш аз чор баробар коҳиш ёфтааст.
«Обшавии зуд-зуди пиряхҳо на танҳо боиси камшавии захираҳои обии минтақа мешавад, балки сабаби афзоиши ҳодисаҳои хатарноки гидрологӣ — омадани сел, обхезӣ, лағзиш ва тармафароӣ мегардад, ки ҳар сол ба иқтисод ва муҳити зисти Осиёи Марказӣ зарари калон мерасонанд»,-мегӯяд ӯ.
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон 30 май зимни суханронӣ дар Конфронси байналмилалии сатҳи баланд оид ба ҳифзи пиряхҳо дар «Кохи Сомон»-и шаҳри Душанбе иброз намуданд, ки обшавии босуръати пиряхҳо раванди таъминоти обро халалдор ва ба амнияти озуқаворӣ таҳдид карда, ба истеҳсоли неруи барқи тоза таъсири манфӣ мерасонад. Ин раванд, ба таъкиди Сарвари давлат, дар аксари ҳолатҳо хатарҳои зиёд эҷод намуда, нобаробарии иқтисодӣ ва осебпазирии аҳолиро меафзояд.
Ба таъкиди Сарвари давлат, бахусус дар минтақаҳои кӯҳистон раванди обшавии босуръати пиряхҳо боиси обхезӣ, омадани сел ва фаромадани ярч гардида, ба инфрасохтор зарари калон мерасонад.
Дар ин замина Қобилҷон Хушвахтзода изҳор медорад, ки ҳолати муосири криосфера, бахусус пиряхҳои Тоҷикистон, ки дар ташаккули захираҳои обии Осиёи Марказӣ нақши калидӣ доранд, на танҳо таҳлили амиқ талаб мекунанд, балки қабули чораҳои мушаххасро низ зарур медонанд. «Ин чораҳо тақвияти пойгоҳи моддиву техникӣ ва рушди таҳқиқоти илмии муштаракро бо таъкид бар омӯзиши пиряхҳо дар бар мегирад. Дар ин замина таҳкими ҳамкории байналмилалӣ бо шарикон дар соҳаи таҳқиқоти яхшиносӣ дар минтақа хеле муҳим мебошад»,-чунин мешуморад ӯ.
Тавре иттилоъ дода шуд, бо назардошти аҳамияти масъалаи таҳқиқи пиряхҳо соли 2018 дар сохтори Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон Маркази омӯзиши пиряхҳо таъсис ёфт, ки дар он таҳқиқоти гуногунҷанба дар соҳаи яхшиносӣ бо истифодаи усулҳои муосири таҳқиқотӣ гузаронида мешаванд. Ҳоло дар марказ зиёда аз 60 корманд кор мекунад. Дар давраи фаъолияти марказ барои омӯзиши пиряхҳо дар минтақаҳои баланду душворгузари Тоҷикистон зиёда аз 50 экспедитсияи илмӣ ташкил карда шудааст.
Шаҳлои САДРИДДИН, АМИТ «Ховар»
Либоси миллӣ муаррифгари фарҳанги ҳар як халқи мутамаддин мебошад. Эҳтиром ба либоси миллӣ ҳамчун рамзи арзишҳои миллӣ ифодагари тамаддуни давлатҳо маҳсуб мешавад. Вале, имрӯз матои адрас аз риштаҳои абрешимӣ ва нахҳои пахтагин бофта мешавад, ки риштаи он аз 15—20 пилла иборат аст. Намунаҳое, ки дар байни ду то ҳашт намуди гул истифода мешаванд, торҳои абрешимро абрнок мекунанд. Адрасро вобаста ба услуби ороиш ва сояи гулҳо , сабзи кароб, зар зада, сафед, бунафш, барги гул , хумӣ, накшу нигор, шона, мурғобӣ, гули лола ва ғайра накшу нигор менамоянд. Солҳои охир таваҷҷуҳи роҳбарияти мамлакат ба ташвиқу тарғиби либоси миллӣ ва эҳёи ҳунарҳои мардумӣ зиёд гардидааст.
Дар замони муосир ҳар як халқу давлат, аз ҷумла Ҷумҳурии Тоҷикистон низ мувофиқ ба шароити иқтисодӣ ва фарҳангӣ барои ҳамон ҷомеа ва миллати худ хос либоси махсусро интихоб карда, онро ба расмият дароранд.
Тавре, ки Пешвои муаззами миллат таъкид менамоянд: «Моро зарур аст, ки ба зуҳуроти нангини бегонапарастӣ ҳар чи зудтар хотима бахшида, сарулибосҳои миллии духтарону бонуворро бештар тарғиб намоем, пеши роҳи тақлиду таассуб ва зоҳирпарастиро гирем ва дар миёни занону бонувон корҳои фаҳмондадиҳиро вусъат бахшем».
Дар робита ба масъалаи мазкур, ҷиҳати пешгирии ҷавонон аз тақлид ба фарҳанги бегона ва тарбияи онҳо дар руҳияи ватандӯстиву хештаншиносӣ зарур меояд, ки зимни баргузории машғулиятҳои тарбиявӣ, ба масъалаҳои арҷгузорӣ ба фарҳанги миллӣ, одоби пӯшидани либос ва риояи меъёри муқарраргардидаи тартиби либоспӯшии донишҷён аҳамияти ҷиддӣ дода, ба корҳои фаҳмондадиҳӣ тақвият бахшем, ҳамчунин, дар ин замина дар замири онҳо фарҳанги либоспӯшии миллиро бедор намоем, зеро либос яке аз рукнҳои муҳим ва ифодагари тамаддуни хеле пешрафтаи халқи тоҷик мебошад.
Боиси ифтихор аст, ки аз қадимулайём гузаштагони мо бофарҳанг, бомаданияту зебопараст буданд ва бо пӯшидани либосҳои миллии худ ҳам тамаддун ва ҳам фарҳанги миллати тоҷикро дар таърихи башарият маъруфу машҳур намудаанд. Арзишмандии маънавии онро ҳифз карда, то ба мо расондаанд. Наслҳои оянда низ бояд ба мероси ниёгон ҳамчун меросбарони бофарҳанг арҷгузор бошанд.
Дар ин раванд дарк ва омӯзиши фазилат ва ҳикмате, ки либоси миллии ҳар халқ дар худ симои маънавии ӯро таҷассум менамояд, василаи муҳими худшиносӣ ва худогоҳӣ маҳсуб меёбад. Дар ҳама давру замон инкишофу пешравии фарҳанги миллӣ дар дасти ҷавонон буд. Ҷавондухтарон метавонанд, фарҳанги худро боз ҳам баланд бардошта, бо либоси адрасу атлас ва чакан, мӯйи бофта, тоқии гулдӯзӣ худро зебу зинат дода, маданияти миллии тоҷиконро бо ин амалашон дар олам муаррифӣ созанд.
Хушбахтона, моҳи ноябри соли 2018 чакани тоҷикӣ ба феҳристи мероси ғайримоддии ЮНЕСКО ворид шуда, дар арсаи ҷаҳон маъруф гардид.
Либоси миллӣ ойинаест, ки дар он фарҳанги миллии мо инъикос ёфтааст. Миллати тоҷик миллати соҳибтоҷ аст, аз ин лиҳоз, дар тамоми соҳаҳо мо бояд аз таърихи бостониву тамаддунсози худ, аз ҳунар ва арзишҳои волои фарҳанги миллӣ, ҳамзамон, аз либосҳои миллӣ, аз матои атласу адрас ва зардӯзиву чакан, ки моро ба ҷаҳониён муаррифӣ менамояд, бархӯрдор бошем.
Таърих гувоҳ аст, ки зан ва модари тоҷик дар ҳама давру замон посдори оину анъанаҳои муқаддаси миллат ба шумор мерафт. Яке аз нишонаҳои асосӣ ва хосаи муаррифгари фарҳангу тамаддуни миллатҳои мухталифи дунё либоси миллии онҳост ва вақте сухан аз либоси миллӣ меравад, ҳатман пеши назар симои занон бо либоси хоса пеши назар меояд.
Либоси миллии халқи тоҷик атласу адрас мебошад, ки имрӯз дар Тоҷикистон чандин навъи атласу адрас бо нахҳои табии истеҳсол шуда истодааст ва ба бунияи инсон безарат ва аз ҷихати экологӣ тоза мебошад. Мо бонувони тоҷик аз ин навъи матоъҳои миллӣ пироҳанҳои зебо медӯзем.
Либоси миллии мо шинаму дилкаш буда, он пурра метавонанд ба талаботи замона мувофиқат кунад. Халқи тоҷик, воқеан ҳам либоси миллӣ ва фарҳанги либоспӯшии хоси худро дошта, дар ин замина моро дар ҷодаи дарку шинохти арзишҳои воқеии милливу башарӣ пеш мебарад.
Боиси таассуф аст, ки имрӯз ҷавонони мо бешуурона майл ба либоси бегонагон намуда, аз фарҳанги бою ғании миллати худ истифода намекунанд. Андеша намекунанд, ки арҷ нагузоштан ба ҳунар ва тамаддуну таърихи худ беэҳтиромӣ нисбат ба миллат аст. Модоме, ки либоси миллии мо нишон аз фарҳанги мост, пас, биёед, фарҳанги миллиро бо тақлидҳои кӯркӯрона ба бегонагон фасод насозем ва онро ба ояндагон ба мерос гузорем. Умед бар он мекунем, ки корхонаҳои тавлидотии кишвар дар истеҳсоли матоъҳои хушсифату дастрас саҳми бештар дошта бошанд ва бо истифода аз ҳунару истеъдоди ҳунармандони касбии ватанӣ бозори истеъмолии кишварро бо молу матоъҳои рақобатпазиру бозоргир ҳарчи бештар таъмин намоянд атласу адрас либоси мавсимӣ набояд бошад.
Ҳама, ин накшу нигори матоъҳои точикона ин таҷасумгари табиати биҳиштосои Точикистон гулҳои шукуфону табиати сабзу гулҳои зебоманзарон гирифта шуда табъи ҳар яки мо бонувонро ба худ ҷалб мекунад. Интихоби либос ва ранги он низ ба саломатии одам таъсир карда метавонад ва хусусиятҳои фардии онро нишон медиҳад. Як гуруҳ одамон ранги зард, дигари ранги сабз, гулобӣ ва сабзу кабудро интихоб мекунанд. Нафарони оромтабиат, бештар ба рангҳои гулобӣ ва осмонии кабуд рӯ меоваранд. Дар ситоиши рангҳо ва таъсири онҳо ба саломатии инсон чунин маълумотҳо мавҷуданд ва онҳо метавонанд дар интихоби ранги либос ба мо кӯмак расонад.
Ранги зард руҳафтодагиро табобат ва фаъолияти кории одамро зиёд мекунад.
Ранги кабуд қувваи босираро тез карда одамро ором мекунад.
Ранги сабз таҷдиди ҳуҷайраю бофтаҳои организмро ба танзим медарорад ва масъунияти баданро баланд мебардорад, одамро ором мекунад.
Ранги норинҷӣ ба системаи ҳозима таъсири мусбӣ расонида, шахсро бардам намуда, мондагиро рафъ месозад.
Ранги бунафш кори мағзи сарро идора мекунад.
Ранги сурх одамро ба ҳаяҷон меорад ва бештар барои одамони камфаъолу хоболуд тавсия дода мешавад.
Ранги кабуди осмонӣ барои таботати бемориҳои асаб тавсия дода мешавад ва он ҳолати ҳаяҷоннокии одамро паст мекунад.
Дар либосҳои миллии мо атласу адрас ва чакан ҳамаи ин рангҳоро дучор омадан мумкин аст. Бинобарин пӯшидани ин либосҳо дар баробари арҷгузорӣ ва қадрдонии либосҳои миллӣ инчунин ба солимии мо низ таъсири худро мерасонад.
Ходими илмӣ озмоишгоҳи “Фармаколия”-и Институти кимиё ба номи Никитини В.И. АМИТ
Салимова Соро Шералиевна Раиси шурои занони Институт Халикова С.
(Дар ҳошияи сафари Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба шаҳри Остона ва иштирок дар нахустин Саммити сарони давлатҳои “Осиёи Марказӣ – Италия”)
Нахустин саммити сарони кишварҳои Осиёи Марказӣ - Италия дар таърихи 30 майи соли 2025 дар пойтахти Ҷумҳурии Қазоқистон шаҳри Остона баргузор гардид.
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ин нишаст ширкат намуданд.
Дар ин сафар Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро вазири корҳои хориҷӣ, ёрдамчиёни Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои робитаҳои хориҷӣ ва оид ба масъалаҳои иқтисодӣ ва дигар шахсони расмӣ ҳамроҳӣ намуданд.
Дар Фурудгоҳи байналмилалии Нурсултон Назарбоев Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмонро Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ва дигар шахсони расмӣ самимона истиқбол гирифтанд.
Гуфтан ба маврид аст, ки ин нахустин нишасти сарони кишварҳои Осиёи Марказӣ ва сарвазири Италия Ҷорҷа Мелонӣ дар ин рӯз дар Остона баргузор шуда ва худи ҳамин рӯз раиси ҳукумати Италия бо сафари расмӣ ба Қазоқистон ташриф овард. Дар ин бора ТАСС бо истинод ба хадамоти матбуоти президенти ҷумҳурии Қазоқистон хабар дод.
Маълум аст, ки давоми чанд соли охир Мулоқоти сарони кишварҳои "панҷгонаи" Осиёи Марказӣ - Тоҷикистон, Қазоқистон, Қирғизистон, Туркманистон ва Узбакистон бо иштироки давлатҳои ғайри минтақавӣ баргузор мешавад. Бояд гуфт, ки дар чунин чорабиниҳо иштироки роҳбарони вазорати корҳои хориҷӣ ё дигар идораҳо низ дар сатҳи баланд баргузор мешаванд.
Гуфтан ба маврид аст, ки ин нишастҳо ба таври доимӣ дар ҳар як кишвари Осиёи Марказӣ ба роҳ монда шуда, тобистони ҳамин соли 2025 дар пойтахти Ҷумҳурии Қазоқистон шаҳри Остона нишасти сарони кишварҳои Осиёи Марказӣ ва Чин баргузор мешавад. Инчунин дар тирамоҳи ҳамин соли 2025 ин нишаст, яъне нишасти сарони давлатҳои Осиёи Марказӣ ва Русия дар шаҳри Душанбе пойтахти Ҷумҳурии Тоҷикистон зери номи “Нишасти кишварҳои Осиёи Марказӣ-Русия” ба нақша гирифта шудааст.
Дар ин сафар Сарвари кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар робита ба вазъи ҳамкории тиҷоратию иқтисодӣ миёни кишварҳои Осиёи Марказӣ ва Ҷумҳурии Италия иброз доштанд, ки ҳадафи Тоҷикистон ин аст, ки содироти маҳсулотро аз истеҳсолкунандагони тоҷик ба бозорҳои Аврупо, хусусан ба Италия аз ҷумла тавассути истифодаи имтиёзҳои тиҷоратиро ба ҳамдигар боз ҳам густариш бахшад.
Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оид ба имкону захираҳои табиии Тоҷикистон, иқтидорҳои бахши саноат, энергетика ва кишоварзӣ андешаронӣ намуда, изҳор доштанд, ки Тоҷикистон барои ҷалби сармояи хориҷӣ, ворид кардани технологияҳои навини итолиёвӣ ва истифодаи таҷрибаи ширкатҳои бонуфуз ҳавасманд мебошад.
Бояд гуфт, ки Италия дар маблағгузории лоиҳаҳои бузург саҳми созгор дорад ва дар соҳаи энергетика дар Тоҷикистон сармоягузорӣ менамояд ва ширкати «Салини Импреҷило» (Salini Impregilo) дар бунёду барқарорсозии иншооти гидроэнергетикӣ, аз ҷумла Неругоҳи барқи обии “Роғун” саҳми назаррас дорад.
Зикр намудан ба маврид аст, ки пудратчии сохтмони сарбанди Неругоҳи барқи обии Роғун Ширкати «Салини Импреҷило» баҳри татбиқи саривақтии нақшаи лоиҳавии бунёди иншоот тадбирҳои заруриро амалӣ карда, корҳоро сари вақт ва бо сифати баланд анҷом медиҳанд.
Инчунин, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар масъалаҳои рушди энергетика, густариши ҳамкорӣ барои рушди бахши хусусӣ ва сармоягузорӣ ба таъсиси ҷойҳои корӣ, омодасозии коргарони баландихтисос ва тавсеаи робитаҳои фарҳангию гуманитарӣ андеша намуданд.
Дар ин нишаст рушди ҳамкориҳои Осиёи Марказӣ ва Италия дар бахшҳои тиҷорат, иқтисод, сармоягузорӣ, энергияи сабз, илм ва инноватсия дар минтақаро дар бар мегирад.
Зиёев Субҳиддин Насриевич, - ходими пешбари илмии шуъбаи Аврупои Институти омӯзиши масъалаҳои давлатҳои Осиё ва Аврупои Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон
Илм, фарҳанг, иқтисод ва саноати ҳар кишвар набзи ҳар ҷомеа ва мизони шинохти сатҳи моддӣ ва маънавии зиндагӣ дар он аст. Дар шароити буҳронҳои моддӣ ва маънавии ҷаҳони муосир, таҳрими кишварҳое аз як сӯ ва имтиёзҳои навишта ва нонавиштаи қудратҳое аз дигар сӯ, ҳар фарди солим ба унвони узве аз пайкари ҷомеа, нигарони пайомадҳое мебошад, ки барои ин ҷаҳон ногузир пеш омада ва дар оянда пеш омаданист. Дар чунин вазъият дифоъ аз ҳарими таърихӣ, андарзпазирӣ аз таҷрибаҳои гузашта ва ҳол, ҳифзи арзишҳои моддӣ ва маънавии ҷомеа метавонад ба ҳукми сипар, кишвари моро аз газандҳои фарогири асри ҳозир эмин бидорад. Оғозин коре, ки дар ин роҳ метавон анҷом дод, дарки аҳаммияти фарҳанги донишпарвару хирадмеҳвар, илм ва фанноварӣ аст.
Дар мулоқотҳои Президенти муҳтарами Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо аҳли илм ва маорифи кишвар, ки ҳамасола баргузор мегардад, вазъи илм ва фанновариҳо дар ҷомеаи мо баррасӣ шуда ва ба натиҷаҳо ва дастовардҳои коромади илмӣ ва истеҳсолӣ ва дар баробар, камсамар ва гоҳе бесамар мондани бахшҳои муҳимме аз онҳо таъкид мегардад.
Дар чанд соли пасин кӯшишҳо ва заҳматҳои фардӣ ва ҷамъӣ дар соҳаҳо ва бахшҳои гуногуни фаъолияти ҷомеаи кишварамон натиҷаҳое ба бор овард, ки табиист, ҳам ба сурати дастовардҳо ва ёфтаҳои муваффақиятомез, ҳам ба гунаи таҷрибаҳои ислоҳталаб ва ниёзманди бознигариҳо арзёбӣ мешаванд. Барномаҳо ва корҳое, ки бавижа дар чанд соли охир барои беҳбуд бахшидан ба системаи таҳқиқ ва пажӯҳишҳои илмӣ пеш гирифта шуд, кӯшишҳои давлат ва ҳукумати Тоҷикистонро дар ислоҳ ва пешрафти омӯзиш ва таҳсилот, пажӯҳиш ва ҷусторҳои илмӣ нишон медиҳад.
Дар марҳалае, ки корбурди “зеҳни маснуӣ” дар кишварҳои ҷаҳон рӯ ба афзоиш аст, ҷойгоҳи неруи инсонӣ дар бақои ҷомеа ба унвони муҳимтарин сармоя арзёбӣ мешавад, ки дар пайи паёмҳои пешини Президенти муҳтарами Ҷумҳурии Тоҷикистон, дар мулоқотҳои солҳои 2024-2025 бо аҳли илм низ бар он таъкид гардид ва гуфта шуд, ки пешрафти иқтисод ва рақобатпазирии он бе саҳми сармояи инсонӣ ғайримумкин мебошад.
Аз ҷиҳатҳои дигаре, ки дар мулоқотҳои мавриди назар муҳим дониста шуд, истифода аз роҳи ҳал ва равишҳои корсоз барои ривоҷ ва пешрафти илм буд. Муҳимтарини онҳо сармоягузории муносиб барои расидан ба натиҷаи матлуби рушд ва пешрафти илм ва фанноварӣ дониста шуд. Президенти мамлакат дар мулоқоте, ки 30 майи соли 2024 бо аҳли илм ва омӯзиш доштанд, зимни ёдоварӣ аз тасвиби Қонун «Дар бораи тиҷоратикунонии натиҷаҳои фаъолияти илмӣ ва илмию техникӣ» (2022), гуфтанд: “Татбиқи қонуни зикршуда метавонад вазъи маблағгузории соҳаи илмро бамаротиб беҳтар гардонида, ба ҳарчи бештар амалӣ шудани дастовардҳои илм дар истеҳсолот мусоидат намояд”. Дар баробари ин, таъкид шуд, ки бино ба натиҷаи таҳлилҳо, “ҳанӯз роҳу воситаҳои татбиқи самараноки қонун таҳия нагардидааст ва қисми зиёди олимону ихтироъкорони мо доир ба моҳияти он маълумоти кофӣ надоранд”. Аз ҷумлаи онҳо қаноатбахш набудани сатҳи мавҷуди робитаи миёни илм ва истеҳсолот дониста шуд.
Пӯшида нест, ки чанде аз соҳаҳои фаъолият ва таҳқиқоти илмӣ ба иллати камбуд ва ё набуди сармоягузории мавриди ниёз, коршиносони соҳибтахассус ва гоҳе низ, ба далели муносибати саҳлангорона ба мавзуи пажӯҳишӣ, боровари натиҷаҳое мешаванд, ки чандон посухгӯ ба сатҳи меъёр нестанд. Таваҷҷуҳ ва кӯшишҳои давлат ва ҳукумат ба ҷиҳати мазкур, ҳамакнун барои ҷомеаи кишварамон ва бахусус, барои пажӯҳишгарону коршиносони марказҳо ва муассисаҳои илмӣ дар рушди боястаи соҳаҳо ва бахшҳои гуногуни фаъолияти илмӣ бамавқеъ мебошад. Ба ин манзур, фароҳам овардани зербинои муносиб ва пояи мутаносиб ба унвони шарт ва омили таъсиргузор дар фаъолияти самарбахш ва муназзами илмӣ ва истеҳсолӣ арзёбӣ мегардад, ки аз роҳи бознигарӣ ва ислоҳот дар сохтори муассисаҳои илмӣ ва системаи омӯзишу пажӯҳиш имконпазир дида мешавад. Дар ин росто дар яке аз суханронии Президенти муҳтарами кишварамон зимни мулоқот бо аҳли илм (2024) таъкид гардид: “Зарурати ислоҳоти ҷиддӣ, аз ҷумла таҷдиди сохтории Академияи миллии илмҳо ва муассисаҳои илмию таҳқиқотии он ба миён омадааст”.
Дар иртибот бо заминаҳои мавриди назар, дар паёмҳои пешин ва ҳамчунин, дар дидору суҳбати Президенти муҳтарами кишварамон бо аҳли илм интихоби равишҳои беҳтари фаъолияти вазоратҳои маориф ва илм, меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ, Кумита оид ба таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбӣ ба манзури таҳкими заминаи моддию техникии муассисаҳои таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбӣ муҳим дониста шуда, ҳамкории фаъоли онҳо бо муассисаҳо ва коргоҳҳои истеҳсолӣ омили таъсиргузор дар омода кардани мутахассисон ва коршиносони риштаҳои техникӣ ва муҳандисӣ арзёбӣ гардидааст.
Нуктаи муҳимми дигар ҷалби таваҷҷуҳи ҷавонон ба мутолиа, ҷустор ва фаъолияти пажӯҳишӣ буд. Ёдоварӣ шуд, ки таъсиси озмунҳои “Илм – фурӯғи маърифат”, “Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст” аз ҷумлаи корҳои таъсиргузор ва шоистаи солҳои охир дар миқёси кишвар мебошад. Дар воқеъ, ҷои хушнудист, ки дар солҳои охир баргузории озмунҳои мазкур ва ҳамчунин, мусобиқаҳо, ҷашнвораҳо ва чанде барномаҳои дигар шавқу ангезаи бесобиқаи намояндагони наслҳои гуногун ва пеш аз ҳама, кӯдакон ва навҷавонони ватанамонро ба мутолиа ва фарогирии донишҳо бедор кардааст. Бино ба таъкиди Президенти муҳтарами мамлакат, роҳнамоии кӯдакон ва ҷавонони соҳибистеъдод ва кӯшо дар марҳалаҳои пас аз озмунҳо вазифаи тахассусӣ ва инсонии устодон, коршиносон, вазоратҳо ва ниҳодҳои масъул аст. Дар тақвияти нуктаҳои ироашуда дар мулоқоти мавриди назар бояд гуфт, тадбири муҳимме, ки дар марҳалаи муосир метавонад сарнавиштсоз бошад, пайдо кардани механизмҳои дуруст ва имконпазири ҷалби мутахассисону коршиносони ҷавон ба фаъолиятҳои илмӣ, фанноварӣ ва истеҳсолӣ аст, то ин ки бо гирифтани пеши роҳи муҳоҷирати потенсиали зеҳнии ватанамон ва ё ҳадди аққал, коҳиш додани он, дар ояндаи наздик ҷои неруи муносиб, таҳсилдида, соҳибтаҷриба ва коромад дар дохили кишвар таъмин гардад.
Дар маҷмуъ, дар пайи таъйини самтҳои бартар дар тағйиру ислоҳоти лозим дар системаи фаъолияти муассисаҳои илмии мамлакатамон, аз соли 2024 ба ин сӯ шоҳиди оғози дигаргуниҳое дар сохтор ва низоми кори Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон ҳастем. Бо дастури давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ибтикор, ҷустуҷӯ ва пешниҳодҳои президент ва узви вобастаи АМИТ Қ.Х. Хушвахтзода, дигар масъулон ва аъзои гурӯҳҳои корӣ марҳалаи бознигарӣ, баррасӣ ва натиҷагирии фаъолиятҳои мавҷуд сурат гирифт. Бар асоси зинаҳои анҷомшудаи аттестатсияи кормандон, тасмими тағйироти лозим ба манзури беҳтар намудани фаъолияти марказҳо ва институтҳои ин ниҳоди муҳимми илмии кишвар сурат гирифта ва фароянди мазкур идома дорад.
Умед аст, масъулиятшиносии бештари коршиносон ва пажӯҳишгарон, тамаркуз ва кӯшишҳои ҷиддӣ барои ҳаллу фасли масъалаҳо ва ҳадафҳои матраҳшуда ба корбурди бештари ёфтаҳои илмӣ ва натиҷаҳои фанноварӣ дар истеҳсолот мусоидат хоҳад намуд, ки он аз муҳимтарин омилҳои пешрафти муназзами мамлакат дар соҳаҳои гуногуни иҷтимоӣ, иқтисодӣ ва фарҳангӣ хоҳад буд. Таъмини чунин пешрафт, пеш аз ҳама, ба коҳиши сатҳи бекорӣ ва муҳоҷирати корӣ таъсиргузор метавонад бошад, ки дар навбати худ, заминаи суботи иқтисодӣ ва иҷтимоиро фароҳам оварда метавонад.
Ҳоҷибоева Л.Т, Шарофова М.У. МД МТТИ Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, Озмоишгоҳи фарматсевтика ва пизишкии таҷрибавӣ
Истифода аз маводди маъданӣ ва гиёҳӣ аз дер боз дар дарозои ҳазорон сол дар назди инсон роиҷ будааст. Санъати дорусозӣ аз ҳангоме оғоз шуд, ки роҳу равиши синтези маводди кимиёӣ кашф гардид. Моддаи дурдаи пешоб (мочевина) ва моддаи асиди сирко (уксусная кислота) бад-ин гуна фароҳам шуданд ва пайрави он ҳазорон моддаи доруӣ тавлид ва батадриҷ ҷонишини маводди табиии доруӣ гардиданд. Таҷрибаи чандин даҳа истифода аз доруҳои синтезшуда ва мушоҳидаи пеш омадани ихтилолоти шадид дар саломатӣ, аз ҷумла истифода аз доруҳое монанди талидомид, ки сабаби нақси узв дар навзодон шуд, дидгоҳи умумиро нисбат ба ин гуна доруҳо тағйир дод ва сабаб шуд, ки дубора гиёҳпизишкӣ ҷойгоҳи худро биёбад. Аз он ҷо, ки доруҳои синтезшуда нахуст аз гиёҳон истихроҷ мешавад ва нишон дода шудааст, ки дар бисёре аз мавридҳо баъзе аз молекулаҳо, ки асароти доруии муҳимме доранд, ба сабаби мураккаб будан, қобили синтез намебошанд ва ночор бояд аз ҳамон фишурдаи гиёҳӣ (экстракт) барои сохтани он истифода кард. Дар натиҷа, имрӯза фаровардаҳои гиёҳӣ метавонад дар канори доруҳои синтезшуда ҷойгоҳи худро дошта бошад. Бештари доруҳои синтезшуда аз як то чанд молекулаи таъсиргузор ташкил шудаанд, вале фаровардаҳои гиёҳи доруӣ беш аз сад молекуларо доро мебошанд, ки дар бисёре сабаб мешаванд, ки аз оризаҳои ҷонибии он бикоҳанд. Каммият (миқдор) ва кайфият (сифат)-и маводди муассири доруии гиёҳӣ бастагии танготанг бо шароити парвариш ва рушди гиёҳон дошта ва он робита бо об, хок, иртифоъ (баландӣ) ва мизони офтоб дар минтақа дорад. Хушбахтона, кишвари Тоҷикистон аз он ҷо, ки сарзамине кӯҳистонӣ ва пурофтоб аст, фаровардаҳои доруӣ ба мизони бештаре дар гиёҳон тавлид мегардад.
Ҷойгоҳи гиёҳдармонӣ дар кишвари Тоҷикистон аз дер боз дар миёни мардум, бавижа, бонувон аз аҳаммияти фаровоне бархурдор будааст. Бино ба гузориши Кейт Уилямс (Keith Williams), дар ҷануби Тоҷикистон аз 23 нафар, ки дар ин кор саришта доштаанд, 69,57% зан буданд, 56,52% аз посухдиҳандагон дар мавриди истифода аз гиёҳони доруӣ аз яке аз аъзои хонавода ё ҷомеа омӯхтаанд[1]. Дар гузориши дигар хулосае аз корбурди 18 гиёҳи доруии муаттар аз Тоҷикистон ва таркиботи метаболитҳои сонавияи (дуввумдараҷа) онҳо ироа шудааст[2] ва аз гиёҳон ба унвони ганҷинаҳои табиӣ, ки манбаи муҳимме аз маводди муғаззӣ (ғизодиҳанда) ва омилҳои дармонӣ ҳастанд, ёд шудааст. Дар ин гузориш омадааст, ки гиёҳон бояд аз худ дар баробари уфунатҳои гиёҳхорӣ (гиёҳхӯрӣ) ва микробӣ дифоъ кунанд ва дар тӯли 400 миллион соли гузашта танаввуи болое аз метаболитҳои сонавияро, ки барои ҳайвонот ва микроорганизмҳо саммӣ (заҳрнок) ҳастанд, эҷод кардаанд. Ба далели ин пешинаи такомулӣ, бештари метаболитҳои сонавия аз назари биологӣ фаъол ҳастанд. Дар гузоришҳои дигар хосиятҳои ҳипогликемияи бархе аз гиёҳони доруии Тоҷикистон, ки аз дер боз барои дармони диабети қанд истифода шудааст, омадааст[3]. Бархе аз гиёҳони доруии коҳишдиҳандаи қанд ба далели доро будани таркиботе бо амалкарди шабеҳи инсулин, бар метаболизми карбоҳидратҳо бештар аз доруҳои маснуӣ таъсир мегузоранд. Гиёҳони доруӣ нисбат ба доруҳои маснуӣ бартарӣ доранд. Онҳо камтар саммӣ (заҳрдор) ҳастанд, асари мулоиме доранд, метавонанд барои муддати тӯлонӣ истифода шаванд, ба хубӣ бо доруҳо таркиб шаванд, асари дармонии онҳоро афзоиш диҳанд. Дар ин росто, доктор Анзурат Акобиршоева дар китобе ба вижагиҳои доруии гиёҳон дар баландкӯҳҳо (дар мисоли рустаниҳои Рӯшон) пардохтааст[4].
Дар гузоришҳои дигар Юсуф Нуралиев ба ҳамроҳи Саидҷон Нодирӣ дар китобе ба номи “Дармони санги гурда ба ривояти Ибни Сино” аз 40 гиёҳи доруӣ дар ин росто ном бурдаанд[5] ва бад-ин гуна, пажӯҳишгарони зиёде корҳои худро ба гунаи мақола ва ё китоб арза кардаанд. Осори донишмандоне монанди Барзуя, Бахтишуҷ, Исмоили Ҷурҷонӣ, Муҳаммад Закариёи Розӣ, Абубакри Бухорӣ, Абуалии Сино, Абумансури Ҳиравӣ ва дигар пизишкону ҳакимони тоҷик аз садаҳо пеш таъсири басазое дар густариши пизишкӣ ва фитофармакология доштаанд[6]. Осори донишмандони фармакологи Тоҷикистони имрӯза – профессор Нуралиев Ю.Н., профессор Азонов Ҷ.А., профессор Ишанқулова Б.А., доктори илмҳои тиб Шарофова М.У., номзади илмҳои тиб Муллозуҳур Тоҳирӣ, номзади илмҳои тиб Зубайдова Т.М., номзади илмҳои тиб Юлдошева У.П., номзади илмҳои тиб Ӯрунова М.В., номзади илмҳои тиб Музаффарова М., номзади илмҳои тиб Ҳоҷибоева Ф.М., номзади илмҳои тиб Халилова Ш., номзади илмҳои тиб Саидов Ф.Л., гиёҳпизишк Садриддиншоҳи Ҷалолӣ, фармакогноз Исмоил Ҳаитов ва дигарон гузориши пажӯҳишҳои зиёдеро мунташир кардаанд, ки ҳамаи ин гуна додаҳо ба гунаи пароканда дар дастрас буда ва мутаассифона, бо даргузашти ҳар донишманд, ҳама доштаҳо ва донистаниҳо низ ба хок супурда мешавад. Бо таваҷҷуҳ ба ин, метавон ба ин натиҷа расид, ки ҳанӯз дар Тоҷикистон як сохтор, ки битавонад дар сатҳи миллӣ ва байналмилалӣ арзиши дорудармонӣ ва ганҷинаи гиёҳон дар Тоҷикистон ва гиёҳони шифобахшро муаррифӣ карда, то ҷойгоҳи вижае дар сатҳи ҷаҳонӣ дошта бошад, вуҷуд надорад. Бад-ин сабаб, бунёнгузории як институти гиёҳдармонӣ дар Тоҷикистон яке аз барномаҳои арзишманд дар сатҳи академӣ ва давлатӣ хоҳад буд. Кишвари Тоҷикистон бо шароити ҷуғрофиёие, ки дорад, бо ганҷинаи гиёҳони доруии худ аз арзиши волое дар ҷаҳон бархурдор мебошад. Фарҳехтагон ва донишмандони гиёҳшинос, дорушинос, мутахассисон дар риштаҳои физика, химия, биохимия, фармакология ва пизишкон, ҳар кадом дар риштаи худ то тавонистаанд, дар заминаҳое, ки роҳу равиши онро медонистаанд, пешрафти басазое доштаанд, вале дар як сохторе мунсаҷим бо ҳам ҳамкорӣ надоштаанд. Эҷоди як институт, ки заминаро барои ҳамкории илмии ин фарҳехтагон фароҳам намояд, метавонад ба гунаи фарогир ва муассир боздеҳи корҳои пажӯҳишӣ, фармакологӣ ва болиниро дар сатҳи миллӣ ва ҳамкориҳои байналмилалӣ густариш диҳад. Чунин институти фармакологӣ барои гиёҳони шифобахш, беҳтар аст бар пояи пешрафти ин илм дар ҷаҳон барномарезӣ гардад, то битавонад ҷойгоҳи вижаи худро дошта бошад. Сохтори чунин марказе бар асоси як барномаи замонбандишуда, афзун бар як гурӯҳи илмии хубраи академӣ ва бо ҳамкории пажӯҳишгарон ва муҳандисони ҷавон, метавонад аз бахшҳои гуногуни тавлиди дору, бахши бозаргонӣ, бахши ҳамкориҳои байналмилалӣ, бахши сомонаӣ (тасвир) дар кӯтоҳмуддат бархурдор бошад. Бо фароҳам намудани шароит барои ҳамоишҳои солона мизони пешрафти ин фанновариро дар сатҳи дигар донишгоҳҳо ва муассисаҳои давлатӣ бисанҷад, то бар пояи он роҳҳои ҳамкориро бо ин сохторҳо фароҳам намояд.
Барои оғози кор метавон аз хубрагони фаъоли академияи илмҳо, ки корҳои тавлидӣ (истеҳсолӣ) дар корномаи худ доранд ва ҳамчунин, муҳандисон ва пажӯҳишгарони номдор даъват ба ҳамкорӣ намуд. Натиҷаҳои муфид пас аз сабти расмӣ, дар маҷаллаи вижа, ки намоёнгари пешрафти кори гурӯҳӣ хоҳад буд, дар сомонаи хоси ин институт дар ихтиёри ҷаҳониён қарор хоҳад гирифт. Ин институт метавонад барои як барномаи дусола бо бист-бисту панҷ нафар кори худро оғоз намояд ва батадриҷ, ҳар сол байни 5 то 10 нафар ва ҳадди аксар то 50 нафар пас аз панҷ сол ба гунаи собит ва коромад дарояд.
Барномаи чунин пажӯҳишгоҳро метавон ба чаҳор даста тақсим намуд:
1) бахши академӣ: дар ин бахш ҳамаи донишмандони гиёҳшинос, касоне, ки рӯи гиёҳон барои хосиятҳои умумии он пажӯҳиш доштаанд, мутахассисони гиёҳони мавриди истифода дар пизишкӣ, пизишкии суннатии гиёҳдармонӣ, ғизодоруҳои роиҷ дар Тоҷикистон интихоби беҳтарин намунаҳо барои корбурди пажӯҳишӣ хоҳад буд. Натиҷаи кори ин бахш шинохтани тавони доруӣ дар гиёҳпизишкии суннатии Тоҷикистон барои тавлид (истеҳсол)-и ғизодору барои дармони беморони бо ихтилоли инъиқоди хун, саратон, бемориҳои гурда, ҳепатопротектор, иммунопротектор, зидди бемориҳои уфунӣ, зидди хастагӣ ва стресс ва ғайра мебошад. Ҳамаи ин шохаҳо дар намудор ба ранги сабз дида мешавад.
2) Бахши озмоишгоҳӣ: аз он ҷо, ки сабаби дармон дар гиёҳон молекулаҳои доруӣ дар он мебошад, дар ин бахш кӯшиш мешавад, ки дар озмоишгоҳ нахуст асароти доруӣ ва асароти ҷонибии саммии он дар рӯи ҳуҷайраҳои гуногун дар озмоишгоҳ ва ҳамчунин, рӯи ҳайвонот, аз ҷумла, муш, калламуш ва харгӯш баррасӣ мешавад. Ғизодоруҳое, ки хосияти дармонии он бештар аз хосияти саммии он мебошад, интихобшуда ва барои таҳлил ба озмоишгоҳи фитохимия супорида мешавад. Натиҷаи кори ин бахш интихоби беҳтарини ғизодоруҳои роиҷ дар Тоҷикистон барои бемориҳои гуногун мебошад.
3) Бахши бемористонӣ: дар ин бахш нахуст ғизодоруҳои интихобшуда дубора рӯи ҳайвонот барои хосияти дармонии он озмоиш мешавад. Пас аз таъйид, ҳар ғизодору бино ба равишҳои стандарт дар ҷаҳон, ба беморон дар бемористонҳои Тоҷикистон дода шуда ва мизони таъсири онҳо бар бемориҳо мушаххас мешавад.
4) Бахши идорӣ: ҳама ғизодоруҳои интихобшуда пас аз сабт дар дафтари ихтироот, барои ин ки битавонад вориди бозор шавад, барои бастабандӣ ва гунаи тавлид баррасӣ шуда ва беҳтарин сохтор барои арза ба бозор интихоб ва дар ихтиёри созмонҳои дармонӣ қарор мегирад. Бахши ҳамкориҳои байналмилалӣ, китобхона ва дигар тасҳилоти идорӣ, аз ҷумла, фароҳам намудани бахши сомонаӣ, бозаргонӣ, таблиғ ва бозшинохти Тоҷикстон ва гиёҳони доруӣ дар ин кишвар дар дафтарҳои ҷудогона дар ин бахш анҷом мешавад.
Шарофова М.У., Ҳоҷибоева Л.Т., Миршоҳӣ М. - кормандони Озмоишгоҳи фарматсевтика ва пизишкии таҷрибавии МД МТТИ Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон
НАҚШИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ ДАР РУШДИ ТОҶИКИСТОНИ СОҲИБИСТИҚЛОЛ: ТАҲЛИЛИ ШЕЪРИ ДОНИЁР САНГИНӢ
Шеъри тоҷик дар тӯли таърихи худ ҳамчун оинаи фарҳанг, анъана ва арзишҳои миллӣ хизмат кардааст. Дар даврони муосир шеър на танҳо як шакли адабӣ, балки воситаи муҳими таблиғи ғояҳои миллӣ, сулҳу ваҳдат ва рушди иҷтимоию сиёсӣ низ гардидааст. Шеъри “Пешвои миллати моро нигаҳ дорад Худо!”-и шоир Дониёр Сангинӣ як намунаи барҷастаи адабиёти муосири тоҷик аст, ки ба ситоиши Пешвои Миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва дастовардҳои ӯ дар барқарории сулҳ, ваҳдат ва рушди кишвар бахшида шудааст.
Сулҳу ваҳдатро асосу халқу миллатро симо,
Барқарории низому ҳодӣ аст дар кори мо.
Соҳибунвону саодатманду фахри уламо,
Пешвои миллати моро нигаҳ дорад Худо!
Ҷангро аз байн бурду мулкро ором кард,
Ҳар гурӯҳе муттаҳиду саркашонро ром кард,
Ҳар чи коре кард онро баҳри худ не, ом кард,
Пешвои миллати моро нигаҳ дорад Худо!
Қонуну қонунгузориро, барои мо навишт,
Ҳокимиятро намуд ӯ устувору монд хишт,
Кишвари моро чу боғе кард монанди биҳишт,
Пешвои миллати моро нигаҳ дорад Худо!
Тоҷикистони азизам карда машҳури ҷаҳон,
Ё ки Наврӯзи Аҷамро ҷашни байни мардумон,
Дониёро, бош шокиру дуогӯ ҳар замон:
Пешвои миллати моро нигаҳ дорад Худо!
Шеъри “Пешвои миллати моро нигаҳ дорад Худо!” як ситоишномаи адабист, ки ба ситоиши шахсияти Пешвои Миллат ва дастовардҳои ӯ дар бунёди давлати муосири Тоҷикистон бахшида шудааст. Мавзӯи асосии шеър ифтихор аз сулҳу ваҳдат, қонунгузорӣ, рушди фарҳанг ва ободии кишвар аст, ки ҳамаи он ба фаъолияти Пешвои Миллат нисбат дода мешавад. Ғояи марказии шеър дуои нек барои Пешво ва таъкид бар аҳамияти нақши ӯ дар таъмини устувории давлат ва хушбахтии мардуми Тоҷикистон мебошад.
Мисраи такрории “Пешвои миллати моро нигаҳ дорад Худо!” на танҳо як дуои самимӣ, балки як рамзи вафодорӣ ва эҳтироми мардум ба роҳбари худ мебошад. Ин мисра дар ҳар банд такрор шуда, сохтори шеърро мустаҳкам ва паёми онро муассир мегардонад.
Шеър аз чаҳор банд иборат буда, дар вазни арузӣ навишта шудааст, ки ба он як ритми мушаххас ва мусиқиёти дохилиро мебахшад. Истифодаи вазни арузӣ нишонаи пайванди шеър бо анъанаҳои классикии адабиёти тоҷик аст, ки дар он шоирон ба монанди Рӯдакӣ, Фирдавсӣ ва Ҷомӣ аз ин вазн истифода мебурданд.
Шоир аз воситаҳои бадеии мухталиф, аз қабили истиора, ташбеҳ, муболиға ва такрор истифода кардааст. Масалан, ташбеҳи “Кишвари моро чу боғе кард монанди биҳишт” Тоҷикистонро ҳамчун як макони ободу зебо тасвир мекунад, ки натиҷаи фаъолияти Пешвои Миллат аст. Истифодаи калимаҳои “сулҳу ваҳдат”, “қонунгузорӣ” ва “саодатманд” ба шеър як мазмуни сиёсӣ ва иҷтимоӣ мебахшад, ки бо забони адабӣ ифода шудааст.
Забони шеър содда, вале пур аз рамзҳо ва маъноҳои амиқ аст. Истифодаи калимаҳои “миллат”, “давлат” ва “Худо” ба шеър як маънои муқаддас ва умумимиллӣ мебахшад. Шоир бо истифода аз забони халқӣ ва дуои маъмул (“нигаҳ дорад Худо”), шеърро ба дили хонанда наздик мекунад ва эҳсоси ифтихору вафодориро дар ӯ бедор месозад.
Яке аз муҳимтарин дастовардҳои Пешвои Миллат, ки дар шеър низ таъкид шудааст, барқарории сулҳ ва ваҳдат дар Тоҷикистон аст. Дар солҳои 1990-ум, Тоҷикистон баъди пошхӯрии Иттиҳоди Шӯравӣ ба ҷанги шаҳрвандӣ (1992–1997) гирифтор шуд, ки боиси талафоти ҷонӣ, харобии иқтисод ва парокандагии ҷомеа гардид. Эмомалӣ Раҳмон ҳамчун раҳбари Комиссияи оштии миллӣ (1994–1997) тавонист гурӯҳҳои мухталифи сиёсӣ ва минтақавиро муттаҳид созад ва бо имзои Созишномаи сулҳи миллӣ дар соли 1997 ба ҷанг хотима бахшад.
Мисраи “Ҷангро аз байн бурду мулкро ором кард” дар шеър ин дастовардро бо забони адабӣ тасвир мекунад. Сулҳи ба даст омада на танҳо ҷомеаро аз нобудӣ наҷот дод, балки заминаро барои рушди минбаъдаи сиёсӣ, иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангӣ фароҳам сохт.
Пас аз барқарории сулҳ, Пешвои Миллат ба таҳкими сохтори давлатдорӣ шурӯъ кард. Дар соли 1994 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул гардид, ки асоси ҳуқуқии давлати соҳибихтиёрро муқаррар намуд. Мисраи “Қонуну қонунгузориро барои мо навишт” ба ин дастовард ишора мекунад. Инчунин, ислоҳоти маъмурӣ, таъсиси ниҳодҳои давлатӣ ва таҳкими ҳокимияти қонунӣ ба устувории давлат мусоидат кард.
Сулҳу ваҳдат, ки дар шеър ҳамчун “асосу халқу миллатро даҳо” тавсиф шудааст, барои Тоҷикистон аҳамияти ҳаётӣ дорад. Пас аз ҷанги шаҳрвандӣ, барқарории эътимод байни гурӯҳҳои мухталифи ҷомеа ва минтақаҳо яке аз вазифаҳои муҳим ба шумор мерафт. Барномаҳои давлатӣ, аз қабили “Соли Ваҳдати миллӣ” (1997) ва таҷлили Рӯзи Ваҳдати миллӣ (27 июн), ба таҳкими ваҳдати ҷомеа мусоидат мекунад.
Сулҳ имкон дод, ки Тоҷикистон ба созмонҳои байналмилалӣ, аз қабили Созмони Милали Муттаҳид ва Созмони Ҳамкории Шанхай аъзо шуда, дар сатҳи ҷаҳонӣ мавқеи худро мустаҳкам сохта, заминаро барои ҷалби сармояи хориҷӣ ва рушди иқтисодӣ фароҳам овард.
Қонунгузорӣ, ки дар шеър ҳамчун “ҳокимиятро намуд ӯ устувору монд хишт” тавсиф шудааст, яке аз рукнҳои асосии давлатдории муосир аст. Аз соли 1994 то 2024, зиёда аз 400 қонун дар Тоҷикистон қабул шуд, ки соҳаҳои мухталиф, аз ҷумла иқтисод, маориф, тандурустӣ ва фарҳангро танзим мекунанд. Яке аз қонунҳои муҳим Қонуни “Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон” (2007) буд, ки ба коҳиши хароҷоти зиёдатӣ ва пешгирии исрофкорӣ мусоидат намуда, сатҳи камбизоатӣ аз 53% дар соли 2007 то 20.4% дар соли 2024 коҳиш дода шуд. Инчунин, қонун ба ҳифзи арзишҳои фарҳангии миллӣ ва таҳкими тартиботи ҷамъиятӣ кумак кард.
Шеър ҷашнгирии Наврӯзро ҳамчун “ҷашни мардумӣ” ишора мекунад, ки яке аз дастовардҳои муҳими Пешвои Миллат дар сатҳи ҷаҳонӣ аст. Дар соли 2010, бо ташаббуси Тоҷикистон, Наврӯз аз ҷониби Созмони Милали Муттаҳид ҳамчун ҷашни байналмилалӣ эътироф шуд. Ин иқдом на танҳо фарҳанги тоҷикро дар арсаи ҷаҳонӣ муаррифӣ кард, балки ифтихори миллиро дар байни мардуми Тоҷикистон тақвият бахшид.
Пешвои Миллат ба рушди маориф ва фарҳанг таваҷҷуҳи хосса зоҳир намуда, дар саросари кишвар ба болоравии сатҳи маърифати аҳолӣ мусоидат кардааст. Эҳёи анъанаҳои миллӣ, аз қабили либосҳои миллӣ ва санъати мусиқии тоҷик, ба таҳкими ҳуввияти миллӣ кумак кардааст.
Шеъри Дониёр Сангинӣ “Пешвои миллати моро нигаҳ дорад Худо!” на танҳо як асари адабӣ, балки як санади муҳими иҷтимоию сиёсӣ аст, ки эҳсоси миллати тоҷикро нисбат ба Пешвои миллат ифода мекунад. Таҳлили шеър нишон дод, ки он бо забони соддаи оммафаҳм, пурмаъно, ки дастовардҳои Пешвои Миллатро дар барқарории сулҳ, ваҳдат, қонунгузорӣ ва рушди фарҳанг тавсиф мекунад.
Нақши Пешвои Миллат дар таҳкими сулҳу субот, тинҷиву оромӣ, ташаккули давлатдории муосир, коҳиши камбизоатӣ, аз нав эҳёи фарҳанги миллӣ ва муаррифии Тоҷикистон дар арсаи ҷаҳонӣ аз муҳимтарин дастовардҳои ӯст, ки дар шеър низ инъикос ёфтааст. Барои оянда, зарур аст, ки ин дастовардҳо тавассути таҳкими маориф, фарҳанг ва иқтисод идома ёбанд, то Тоҷикистон ҳамчун давлати пешрафта ва устувор дар ҷаҳон мавқеи худро боз ҳам мустаҳкам созад.
Ширин ҚУРБОНОВА, сарходими илмии Шуъбаи Осиёи Ҷанубӣ ва Шарқии Институти омӯзиши масъалаҳои давлатҳои Осиё ва Аврупои АМИТ, доктори илмҳои таърих
ТАШАББУСИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ҲИФЗИ ПИРЯХҲОИ ТОҶИКИСТОН АЗ НИГОҲИ ДОНИШМАНДОНИ ВАТАНИВУ ХОРИҶӢ
Дар замони соҳибистиқлолӣ Ҷумҳурии Тоҷикистон дар арсаи ҷаҳон ҳамчун кишвари ташаббускор эътироф гардидааст. Маҳз бо талошу заҳматҳои беназир ва таҳлилҳои дурбинонаи Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон буд, ки дар як муддати кутоҳ Ҷумҳурии Тоҷикистон ба дастовардҳои бузурги байналмилалӣ ноил гардида, аз ҷониби ҷомеаи ҷаҳонӣ Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон ҳамчун шахси ташаббускор эътироф гардидааст. Дар замони муосир ва бархурди манфиатҳо ҳифзи муҳити зист ва тағийрёбии иқлим, яке аз масъалаҳои мубрам ва ҳасос мебошад, ки тамоми ҷомеаи ҷаҳонӣ барои пешгирӣ намудани офатҳои табиӣ аз ҷумла обшавии пиряхҳо талошҳои худро равона сохтаанд. Тағийрёбии иқлим ва аз ҳад зиёд гарм шудани ҳаво боиси талафоти зиёди пиряхҳо гардида, хатарҳои ҷиддиро барои инсоният ва табиат эҷод менамояд. Ҳифзи пиряхҳо ва бартараф намудани хатарҳои он яке аз масъалаҳои муҳими сиёсиву иҷтимоӣ, иқтисодӣ ва глобалӣ мебошад, ки Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон ба он таваҷҷуҳи махсус зоҳир намудаанд.
Қобили зикр аст, ки моҳи марти соли 2021 дар ҷаласаи пешвоёни Эътилофи обу иқлим Пешвои миллат, Эмомалӣ Раҳмон дар баромади худ ибрози андеша намуда, қайд намуданд, ки обшавии босуръати пиряхҳо дар баробари зиёдшавии истеъмоли об, ки аз афзоиши аҳолӣ ва рушди иқтисодӣ вобастагӣ дорад, метавонад ба оқибатҳои манфӣ оварда расонад. Аз ин рӯ, пешниҳод намуданд, ки ҷиҳати тамазкур кардан ба масъалаи мазкур дар сатҳи байналмилалӣ соли 2025 “Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо” ва “Рӯзи байналмилалии ҳифзи пиряхҳо” муайян гардида, Бунёди махсуси байналмилалии ҳифзи пиряхҳо таъсис дода шавад. Боиси ифтихор ва сарфарозист, ки дар асоси ин қатънома пешниҳодҳои ироашудаи Президенти кишвар аз ҷониби кишварҳои узви СММ дастгирӣ шудаанд. Аз ҷумла:
- Эълон гардидани 21-уми март ҳамчун Рӯзи байналмилалии ҳифзи пиряхҳо;
- Элон шудани соли 2025 Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо;
-Дар назди СММ таъсис ёфтани Фонди боварии байналмилалӣ барои саҳмгузорӣ ба ҳифзи пиряхҳо[2].
Билохира 14-уми декабри соли 2022 Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид дар иҷлосияи 77-уми худ қатъномаи “Соли 2025 соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо”-ро, ки аз ҷониби Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод гардида буд, қабул кард. Ин яке аз қатъномаи нодир мебошад, ки дар он ҳам эълони Рӯзи байналмилалӣ ва ҳам Соли байналмилалӣ дарҷ гардидааст. Иқдоми навбатии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо пуштибонии 153 кишвари узви СММ пазируфта шуд[2].
Бояд қайд намуд, ки пиряхҳо ва қабатҳои яхбандӣ тақрибан 70 дарсади оби ширини ҷаҳонро дар бар мегирад. Ин ташаббуси глобалии Ҳифзи пиряхҳо бо мусоидати Созмони Милали Муттаҳид, Созмони илм ва фарҳанг (ЮНЕСКО) ва Созмони ҷаҳонии обуҳавошиносӣ барои муттаҳид кардани ҷомеаи ҷаҳонӣ барои ҳифзи сарчашмаҳои об, ки беш аз 2 миллиард нафарро бо оби ширин таъмин менамояд, равона гардидааст[3].
Дабири кулли Созмони ҷаҳонии обуҳавошиносӣ Селесте Сауло оид ба ҳифзи пиряхҳо чунин қайд мекунад: “Обшавии яхҳо ва пиряхҳо ба амнияти дарозмуддати об барои миллионҳо одамон хатари ҷиддӣ эҷод мекунад. Эълон намудани соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо ҳушдор кардани ҷомеаи ҷаҳон буд.” Ҳамзамон доир ба масъалаи мазкур Доктор Лидия Брито, ёвари директори генералии ЮНЕСКО оид ба илмҳои табиӣ, дар маросими муаррифии Женева чунин ибрози андеша намуд: “50 макони мероси ЮНЕСКО бо пиряхҳо, тақрибан 10 дарсади майдони пиряхҳои Заминро
ташкил медиҳанд.” Вале дар як тадқиқоти охир чунин таъкид шудааст, ки пиряхҳо дар сеяки ин маконҳо то соли 2050 аз байн хоҳад рафт[3].
Мавриди зикр аст, ки тайи даҳсолаи охир тағйирёбии иқлим махсусан аз ҳад зиёд гармшавии курраи замин тамоми ҷомеаи ҷаҳонро ба ташвиш овардааст. Обшавии пиряхҳо ба табиат ва инчунин ба муҳити зист хатарҳои ҷиддиро ба миён меорад. Сабаби дигари обшавии пиряхҳо ин заводҳо ва корхонаҳои саноатӣ мебошад, ки ба рушди иқтисодиёт мусоидат менамояд вале мутаассифона ба табиат, ҳифзи муҳити зист, инчунин ба обшавии пиряхҳо заминаи асосӣ гардида метавонанд. Ҳамасола дар курраи замин зарарҳои офатҳои табиӣ ба назар мерасад, ки боиси талафотҳои зиёди иҷтимоӣ, иқтисодӣ ва сиёсӣ низ гардидааст. Солҳои охир тағйирёбии иқлим, махсусан обшавии пиряхҳо, боло рафтани ҳарорати гармӣ, обхезӣ ба иқтисодиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон хисоротҳои ҷиддӣ расонид. Ҳамасола дар фасли баҳору тобистон дар минтақаҳои кӯҳӣ махсусан дар минтақаҳои Ванҷу Дарвоз обхезӣ ва дигар садамаҳои табиӣ рух медиҳад, ки ба иқтисоди кишвар зарар мерасонад, ки боиси нигаронии Ҳукумати кишвар гардидааст. Аз ин рӯ Пешвои миллат барои пешгирӣ намудани офатҳои табиӣ ба Созмонҳои бонуфузи ҷаҳонӣ муроҷиат намуда, барои ҳалли мушкилотҳои мазкур таваҷҷуҳи хоса зоҳир намудаанд. Зеро мушкилотҳои офатҳои табиӣ махсусан обшавии пиряхҳо, обхезӣ, фаромадани тарма натанҳо мушкилотҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон балки мушкилотҳои ҷомеаи ҷаҳонӣ низ ба шумор мераванд.
Доир ба масъалаи мазкур доктор Каролина Алдер аз Ташаббуси Тадқиқоти Кӯҳистон чунин мегуяд: “Пиряхҳо парво надоранд, ки мо ба илм бовар дорем- онҳо танҳо дар гармӣ об мешаванд.” Ҳамзамон қайд кардан зарур аст, ки моҳи майи соли 2025 дар Ҷумҳурии Тоҷикистон конфронси байналмилалии ҳифзи пиряхҳо баргузор хоҳад шуд, ки дар он олимон, сиёсатмадорон ва роҳбарони созмону ташкилоти гуногун барои муҳокима ва ёфтани роҳҳои ҳалли мушкилотҳои тағйирёбии иқлим ва обшавии пиряхҳо гирди ҳам меоянд. Баҳодур Шерализода, раиси Кумитаи ҳифзи муҳити зисти Ҷумҳурии Тоҷикистон чунин қайд мекунад “Тоҷикистон беандоза ифтихор дорад, ки дар тадбиқу таблиғи қатъномаи Ҳифзи пиряхҳо нақши муассир дорад” [3].
Ҷумҳурии Тоҷикистон яке аз кишварҳои кӯҳии минтақаи Осиёи Марказӣ мебошад, ки дорои 8000 макони пирях буда, миллионҳо нафарро бо оби тозаи нӯшиданӣ таъмин менамояд. Ин пиряхҳо дар натиҷаи гармшавии глобалӣ об шуда, дар минтақа таъсири зиёди экологӣ, иҷтимоӣ ва иқтисодӣ ба вуҷуд меорад. Обшавии пиряхҳо дар Тоҷикистон солҳои тӯлонӣ боиси нигаронӣ гардидааст. Тибқи гузориши Бонки Ҷаҳонӣ, пиряхҳои кишвар аз соли 1950 тақрибан 30 дарсади вазни худро аз даст додааст. Интизор аст, ки ин раванд идома хоҳад ёфт ва баъзе коршиносон чунин пешгӯи намудаанд, ки бештари пиряхҳои Тоҷикистон дар тӯли чанд даҳсолаи оянда аз байн хоҳад рафт. Тоҷикистон дорои калонтарин пиряхҳо дар минтақаи Осиёи Марказӣ мебошанд. Тибқи маълумотҳо “Маркази тадқиқоти пиряхҳои Тоҷикистон” пиряхҳое, ки аз нишебиҳои қуллаи Сомонӣ сарчашма мегиранд, ба баландии 7400 метр мерасад ва дар ҳавзаҳои дарёҳои Сурхоб ва Кофарниҳон бошад хело кам аз 4500-5000 метр аз сатҳи баҳр зиёд мешавад. Калонтарин пирях дар Осиёи Марказӣ Пиряхи Федченко мебошад. Асосан дар кишвар 18 намуди пирях мавҷуд аст, ки ҳиссаи асосии онҳо дар қисмати шарқии кишвар мутамарказ мебошанд. Кишвар асосан ба пиряхҳои худ барои обёрӣ ва таъмини оби ошомиданӣ такя мекунад. Вақте, ки пиряхҳо об мешванд, об барои кишоварзӣ ва истифодаи маишӣ кам хоҳад шуд. Обшавии пиряхҳо метавонад боиси нарасидани озуқаворӣ ва афзоиши рақобатҳои захираҳои маҳдуди об гардад. [4].
Ҷумҳурии Тоҷикистон дар арсаи байналмилалӣ ҳамчун кишвари ташаббускори ҳалли масъалаҳои глобалӣ дар минтақа ва ҷаҳон дар самти истифодаи самараноки захираҳои об эътироф гардидааст. Гарчанде ки ташаббусҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳалли масъалаҳои об ба пешравиҳои назаррас ноил гардидааст, вале тақрибан 1 миллиард аҳолии ҷаҳон аз оби ошомиданӣ танқисӣ мекашанд. Мушкилоти асосии об дар ҷаҳон муқовимати иқлим ба захираҳои об, афзоиши корхонаҳои саноатӣ, талабот ба об барои кишоварзӣ ва ғайра мебошад. Тибқи маълумотҳо даҳсолаҳои охир ҳарорати ҳаво боло рафта, ҳазорон пиряхҳои хурд аллакай об шудаанд. Аз сабаби он ки онҳо манбаи асосии дарёҳои пиряхӣ мебошад, ки боиси кам шудани онҳо дар як муддати тулонӣ гардидааст. Вобаста ба ин афзоиши аҳолӣ яке аз омилҳои асосии таъмини об мебошад. Бояд қайд кард, ки афзоиши солонаи аҳолии Тоҷикистон тақрибан 2,5 фоизро ташкил медиҳад, ки боиси зиёдшавии талабот ба об, неруи барқ, манзил ва озуқаворӣ мегардад. Зиёдшавии аҳолӣ ва талабот ба захираҳои об барои танзими дуруст ва тақсимоти одилонаи захираҳои об, идоракунии об, идоракунии маҷмӯи захираҳои об, ҳамоҳангсозии истифодабарандагони гуногун, истифодаи самараноки об, дар истеҳсолот ҷорӣ намудани технологияҳои каммасрафи об чораҳои таъхирнопазиррро талаб мекунад. Ҳамзамон метавон гуфт, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон бо шарофати сиёсати хирадмандонаи Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар даврони соҳибистиқлолӣ тавонист бо кишварҳои хорҷа робитаҳои судманд дар соҳаҳои гуногун барқарор намояд, инчунин дар асоси ҳифзи манфиатҳои миллӣ ва эҳтироми арзишҳои умумибашарӣ дипломатия ва сиёсати хориҷии худро ба роҳ мондааст, ки дар ҷомеаи ҷаҳонӣ ҳамчун кишвари таъсиргузор дар ҳаллӣ масъалаҳои глобалӣ эътироф гардидааст[1].
Мавриди зикр аст, ки норасоии об ва таъмини аҳолии курраи замин бо оби ширин яке аз масъалаҳои ҳаётан муҳим ба шумор меравад, ки солҳои охир ҷомеаи ҷаҳонӣ ва созмонҳои бонуфузи байналмилалию минтақавӣ ба ин масъала таваҷҷуҳи хоса зоҳир намуда, барои ҳалли мушкилоти мазкур пайваста мубориза мебаранд. Пушида нест, ки аз норасоии об дар курраи замин ҳамасола чандин ҳазорҳо нафар ҷон бохта, ҳатто табиату ҳайвоноту наботот низ зарари ҷиддӣ дида истодаанд. Аз таҳлилҳои дар боло зикр гардида, чунин бар меояд, ки обшавии пиряхҳо, норасоии оби ошомиданӣ ва тағйирёбии иқлим ба олами зинда пайваста таъсири манфии худро мерасонад, ки боиси ташвишҳои сиёсиву иҷтимоӣ гардидааст. Мубориза бар зидди хатарҳои офатҳои табиӣ кори начандон осон буда, ба ҷомеаи ҷаҳонӣ махсусан кишварҳои абарқудрат, созмонҳои бонуфузи байналмилаливу минтақавӣ лозим аст, ки бо ҳам муттаҳид гардида, дар доираи ҳамоишҳо ва конфронсҳои байналмилалӣ масъалаҳои мазкурро ҷиддӣ баррасӣ намояд ва роҳи ҳалли онҳоро дарёбанд.
Қобили зикр аст, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон зери шиори “Об ба ҳамкорӣ табдил гардад” минбаъд масъалаҳои обро дар рӯзномаи минтақавӣ ва ҷаҳонӣ ҳимоят намуда, аз ҳукуматҳо оҷонсиҳои СММ, созмонҳои байналмилалӣ, созмонҳои ғайридавлатӣ ва дигар сохторҳои манфиатдор барои дастгирии онҳо ҷиҳати таъмини амнияти об барои наслҳои оянда дават менамояд. Солҳои охир Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар доираи Созмони Милали Муттаҳид оид ба аҳамияти об дар сатҳи ҷаҳонӣ як қатор ташаббусҳои байналмилалиро ба миён гузошт:
- Эълони соли 2003 ҳамчун Соли байналмилалии оби тоза, ки дар сессияи 54-уми Ассамблеяи Генералии СММ (1 октябри соли 1999) пешниҳод гардида буд. Дар асоси ин ташаббус дар Иҷлосияи 55-уми Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид соли 2003 Соли байналмилалии оби тоза эълон гардида, дар шаҳри Душанбе 29 август -1 сентябри соли 2003 Форуми байналмилалии оби тоза баргузор гадид.
- Ташаббуси Президенти Ҷумҳурии тоҷикистон оид ба эълони Даҳсолаи байналмилалии “Об барои ҳаёт”солҳои 2005-2015.
Тибқи Эъломияи Душанбе 23 декабри соли 2003 Маҷмаи Умумии СММ қатънома қабул карда, солҳои 2005-2015-ро Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои ҳаёт» эълон кард.
- Эълони соли 2013 ҳамчун Соли байналмилалии ҳамкорӣ дар соҳаи об. Соли 2013 ҷомеаи ҷаҳонӣ Қатъномаи 67/204 Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳидро дар бораи Соли байналмилалии ҳамкорӣ да соҳаи об бо ташаббуси Ҷумҳурии Тоҷикистон эътироф гардид. Дар қароргоҳи ЮНЕСКО 11 феврали соли 2013 дар Париж маросими эълони Соли байналмилалии ҳамкорӣ дар об баргузор гардид, ки дар он Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон иштирок ва суханронӣ намуд.
- Пешниҳоди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи эълон намудани солҳои 2018-2028 Даҳсолаи байналмилалии амал “Об барои рушди устувор”. СММ 21 декабри соли 2016 қатъномаи дахлдорро қабул намуда, солҳои 2018-2028-ро Даҳсолаи байналмилалии амал “Об барои рушди устувор” эълон кард. Иқдоми мазкур 12 декабри соли 2015 дар форуми ҷаҳонии об дар шаҳри Дегуи Кореяи Ҷанубӣ аз ҷониби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод гардида буд[5].
Дар ин робита, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ӯҳдадориҳои худ барои фароҳам овардани платформаи муколамаи сиёсӣ, шарикӣ ва амалӣ дар сатҳи ҷаҳонӣ, минтақавӣ ва миллӣ бо дастгирии Созмони Миллали Муттаҳид ва дигар шарикон конфронсҳои байналмилалӣ дар сатҳи баланд оид ба “Даҳсолаи Амал оид ба об” ташкил менамояд. Чорабиниҳои мазкур истилоҳи “Раванди оби Душанбе”-ро ташкил дод. Дар ин доира рӯзҳои 20-21-уми июни соли 2018 дар шаҳри Душанбе аввалин Конфронси байналмилалӣ дар сатҳи баланд оид ба Даҳсолаи байналмилалии “Об барои рушди устувор”, солҳои 2018-2028 (Аввалин Конфронси Даҳсолаи Амал оид ба оби Душанбе) баргузор гардид. Дар натиҷаи конфронс бо тавсияҳо оид ба Форуми сиёсии сатҳи баланди СММ оид ба рушди устувор бо баррасиҳои амиқи татбиқи Ҳадафҳои Рушди Устувор гузаронида шуд. Эломияи ниҳоии Конфронси якуми Душанбе диққати конфронси навбатӣ дар мавзуи “Катализатори фаъолият ва шарикӣ дар соҳаи об дар сатҳи маҳалӣ, миллӣ, минтақавӣ ва ҷаҳонӣ”, ки барои ноил шудан ба ҳадафҳои Даҳсолаи амали об ва дигар ҳадафҳои марбут ба обро тасдиқ кард [5].
Хулоса метавон гуфт, ки норасоии оби ошомиданӣ, обшавии пиряхҳо ба яке аз масъалаҳои муҳими глобалӣ дар арсаи ҷаҳон табдил ёфтааст. Зеро солҳои охир тағйирёбии иқлим ба ҳифзи муҳити зист ва обшавии пиряхҳо оварда расонидааст. Маҳз талошу заҳматҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон буд, ки ҷомеаи ҷаҳонӣ барои ҳалли мушкилотҳои глобалӣ махсусан ҳифзи пиряхҳо, норасоии оби ширин ва тағйирёбии иқлим таваҷҷуҳи хоса зоҳир намудаанд. Боиси ифтихор аст, ки созмонҳои бонуфузи байналмилалӣ махсусан СММ ва ҷомеаи ҷаҳонӣ Ҷумҳурии Тоҷикистонро ҳамчун кишвари ташаббускор дар соҳаи обу ҳифзи пиряхҳо эътироф намудаанд. Аз ин рӯ, Ҳукумати кишвар бо истифода аз имкониятҳои ҷойдошта, барои бартараф намудани хатарҳои табиӣ конфронсҳои байналмилалӣ оид ба Ҳифзи пиряхҳо ва об дар сатҳи баланд баргузор менамояд. Мақсади асосии баргузор намудани конфронсҳои мазкур пешгирӣ намудани хатарҳои офатҳои табиӣ, обшавии пиряхҳо ва мушкилотҳои норасоии оби ошомиданӣ мебошад, ки барои ба даст овардани натиҷаҳои назаррас пайваста кӯшишҳои худро равона месозад.
Нигора ФАЙЗУЛЛАЕВА, ходими илмии шуъбаи Осиёи Ҷанубӣ ва Шарқии Институти омӯзиши масъалаҳои давлатҳои Осиё ва Аврупои АМИТ
Адабиёт:
1. Қурбонов А, Набиев З.А “Tajikistan's implementation in a solution of global issues related to water” URL:https:// moluch.ru/ archive/ 309/69715 / ?ysclid =m8qv9y3579925833862 Санаи муроҷиат 27.03.2025
2. Пуштибонии ташаббуси навбатии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба эълон намудани соли 2025 ҳамчун Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо аз ҷониби ҷомеаи ҷаҳонӣ URL:https://www. mfa.tj /tg/ main/ view /11780/pushtibonii-tashabbusi-navbatii-prezidenti-jumhurii-tojikiston-oid-ba-elon-namudani-soli-2025-hamchun-soli-bainalmilalii-hifzi-piryakhho-az-jonibi-jomeai-jahoni Санаи муроҷиат 28.03.2025
3. Climate emergency: 2025 declared international year of glaciers UN News URL: https:// news. un. org /en / story / 2025/01/1159236 Санаи муроҷиат 2. 04.2025
4. T. Shavazov, A. Ashurov, J. Yoqubov “Analysis of the melting of glaciers in the territory of the Republic of Tajikistan based on remote sensing technologies”//Sustainable Agriculture/ №2 (18) соли 2023 саҳ 11 URL:https://staff.tiiame.uz/storage/users/893/articles/yBrc2JRVQczdGa8G6LYEZEkkfFLFbv09GWtvjI5i.pdf Санаи муроҷиат 2. 04.2025
5. The Republic of Tajikistan Leads Global Water Initiatives URL:https://trendzmena.com/the-republic-of-tajikistan-leads.../ Санаи муроҷиат 2.04.2025

Which organizes an individual's finances and sometimes includes a series of steps or specific goals for spending.

Which organizes an individual's finances and sometimes includes a series of steps or specific goals for spending.

Which organizes an individual's finances and sometimes includes a series of steps or specific goals for spending.

Which organizes an individual's finances and sometimes includes a series of steps or specific goals for spending.
Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон
Институти таърих, бостоншиносӣ ва мардумшиносии ба номи А. Дониш.
Институти таърих, бостоншиносӣ ва мардумшиносии ба номи А. Дониш
Илми таърих дар фарҳанги ҷаҳонгири тоҷикӣ ҳамеша ҷойгоҳи олӣ ва арҷманд дошт ва мактаби таърихшиносии тоҷик аз ибтидо то ба имрӯз бо усули нигориш... Муфассал
Осорхонаи Милии бостонии Тоҷикистон
Осорхона соли 2001 дар назди Институти таърих, бостоншиносӣ ва мардумшиносии ба номи А. Дониши Академияи илмҳои Ҷумхурии Тоҷикистон ифтитоҳ... Муфассал
Осорхонаи мардумшиносӣ.
В 1949 году при секторе истории Института истории, языка и литературы Таджикистана был открыт Музей этнографии и археологии... Муфассал


ОЗМУНҲОИ ҶУМҲУРИЯВӢ
Президентҳои Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон
(Академияи илмҳои ҶШС Тоҷикистон 1951-1991, Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон 1991-2020)

Айнӣ Садриддин Саидмуродович (1878-1954). Президенти Академияи илмҳои ҶШС Тоҷикистон аз 14 апрели соли 1951 то 15 июли соли 1954.

Умаров Султон Умарович (1900-1964). Президенти Академияи илмҳои ҶШС Тоҷикистон аз 11 марти соли 1957 то 6 майи соли 1964.

Осимов Муҳаммад Сайфиддинович (1920-1996). Президенти Академияи илмҳои ҶШС Тоҷикистон аз 23 майи соли 1965 то 6 майи соли 1988.

Неъматуллоев Собит Ҳабибуллоевич (1937). Президенти Академияи илмҳои ҶШС Тоҷикистон (Ҷумҳурии Тоҷикистон) аз 6 майи соли 1988 то 16 июни соли 1995.

Мирсаидов Ӯлмас Мирсаидович (1945). Президенти Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 16 июни соли 1995 то 3 феврали соли 2005.

Илолов Мамадшо Илолович (1948), Президенти Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 3 феврали соли 2005 то 6-уми декабри соли 2013.

Фарҳод Раҳимӣ (1968) Президенти Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 6-уми декабри соли 2013 то 16 январи соли 2024.

Хушвахтзода Қобилҷон Хушвахт (1982) Президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон аз 16-уми январи соли 2024 то инҷониб. Муфассал...
Суханҳои Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон оид ба илм





Муқовимат бо коррупсия дар Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон
