Skip to main content

АСОСӢ

  • МАСОҲАТИ ПИРЯХИ ФЕДЧЕНКО БО ТАМОМИ ШОХАҲОЯШ 681,7 КМ2 ВА ДАРОЗИИ ОН 77 КМ МЕБОШАД.
    ҚУЛЛАИ БОЛОИИ ШОХОБИ ПИРЯХ БА БАЛАНДИИ 6280 М МЕРАСАД ВА ҚИСМИ ЗАБОНАИ ПИРЯХ ДАР
    БАЛАНДИИ 2910 М АЗ САТҲИ БАҲР ҚАРОР ДОРАД. ҒАФСИИ ПИРЯХ ДАР БАЪЗЕ ҶОЙҲО АЗ 800 ТО 1000
    МЕТРРО ТАШКИЛ ДОДА ВА ҲАҶМИ ОН ТАҚРИБАН 130 КМ2 – РО ТАШКИЛ МЕДИҲАД.
  • Соли 1933. Моҳи январи соли 1933 Пойгоҳи Академияи илмҳои
    Иттиҳоди Шӯравӣ дар Тоҷикистон таъсис ёфт ва директори нахустини он
    академик С.Ф.Олденбург (1868-1935) таъйин шуд. Пойгоҳ бахшҳои геология, ботаника,
    зоологияву паразитология, хокшиносӣ, илмҳои гуманитариро дар бар мегирифт.
  • МИНЁТУРИ НУСХАИ “ШОҲНОМА”-И АБУЛҚОСИМ ФИРДАВСӢ
    ДАР МАРКАЗИ МЕРОСИ ХАТТИИ НАЗДИ РАЁСАТИ АМИТ, №5955
    “САҲНАИ ГИРИФТОР ШУДАНИ ХОҚОН БА ДАСТИ РУСТАМ”
  • ТЕЛЕСКОПИ ТСЕЙС-1000-И РАСАДХОНАИ
    АСТРОНОМИИ БАЙНАЛМИЛАЛЛИИ
    САНГЛОХИ ИНСТИТУТИ АСТРОФИЗИКАИ АМИТ
  • БАБРИ БАРФӢ (PANTHERA UNCIA (SCHREBER, 1775)) БА ҚАТОРИ
    ДАРАНДАГОН (CARNIVORA), ОИЛАИ ГУРБАШАКЛОН (FELIDAE)
    МАНСУБ БУДА, ЗЕРИ ТАҲДИДИ МАҲВШАВӢ ҚАРОР ДОРАД. ДАР
    ҲУДУДИ 20 ҚАТОРКӮҲ – ТУРКИСТОН, ЗАРАФШОН, ҲИСОР,
    ҚАРОТЕГИН, ҲАЗРАТИ ШОҲ, ВАХШ, ДАРВОЗ, АКАДЕМИЯИ МИЛЛИИ
    ИЛМҲО, ПЁТРИ I, ВАНҶ, ЯЗГУЛОМ, РӮШОН, ШОҲДАРА, ПШАРТ,
    МУЗКӮЛ, САРИКӮЛ, АЛИЧУРИ ҶАНУБӢ, АЛИЧУРИ ШИМОЛӢ, ВАХОН,
    ПАСИ ОЛОЙ ПАҲН ШУДААСТ. МАСОҲАТИ УМУМИИ ПАҲНШАВИИ
    НАМУД ДАР ТОҶИКИСТОН ТАҚРИБАН 85,700 КМ2 (ТАҚРИБАН 2.8%
    ҲУДУДИ ПАҲНШАВИИ НАМУДРО ДАР МИҚЁСИ ОЛАМ) ТАШКИЛ МЕДИҲАД.
  • САРАЗМ ЯКЕ АЗ НОДИРТАРИН ЁДГОРИҲОИ БОСТОНШИНОСИСТ, КИ ХАРОБАҲОИ ОН ДАР
    15-КИЛОМЕТРИИ ҒАРБИ ПАНҶАКЕНТ ВА 45-КИЛОМЕТРИИ ШАРҚИ САМАРҚАНД КАШФ
    ШУДААСТ. ИН МАВЗЕЪРО ТИРАМОҲИ СОЛИ 1976 БОСТОНШИНОС АБДУЛЛОҶОН ИСҲОҚОВ
    КАШФ КАРДА БУД ВА СОЛҲОИ ЗИЁД ТАҲТИ РОҲБАРИИ Ӯ МАВРИДИ ОМӮЗИШ ҚАРОР ГИРИФТААСТ.
  • РАВАНДИ КОРИ АВВАЛИН ЛАБОРАТОРИЯИ POLLYXT “ЛИДАР” ДАР ОСИЁИ МИЁНА,
    ДАР ОЗМОИШГОҲИ ИНСТИТУТИ ФИЗИКАЮ ТЕХНИКАИ БА НОМИ С. У. УМАРОВИ
    АКАДЕМИЯИ МИЛЛИИ ИЛМҲОИ ТОҶИКИСТОН

ҚАҲРАМОНОНИ ТОҶИКИСТОН

Садриддин Айнӣ

 

    Адиб, олим ва асосгузори адабиёти муосири тоҷик. Аввалин Президенти Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон. Муаллифи асарҳои «Таърихи амирони манғитияи Бухоро», «Таърихи инқилоби фикрӣ дар Бухоро», «Намунаи адабиёти тоҷик», «Дохунда»,...Муфассал

(1878 – 1954)
Бобоҷон Ғафуров

Олим, академики Академияи Илмҳои ИҶШС, арбоби ҳизбӣ ва давлатӣ, муаллифи китоби оламшумули «Тоҷикон» ва зиёда аз 300 асару мақолаҳо. Солҳои 1944-1946 котиби дуюм, с.1946-1956 котиби якуми КМ Ҳизби комунистии Тоҷикистон, 1956 – 1977 сарвари...Муфассал

(1909 – 1977)
Мирзо Турсунзода

Шоири халқӣ, раиси Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон, Қаҳрамони меҳнати сотсиалистӣ, Раиси Кумитаи якдилии халқҳои Осиё ва Африқо. Барои достонҳои «Қиссаи Ҳиндустон»(1948), «Ҳасани аробакаш», «Чароғи абадӣ», «Садои Осиё»,(1960) «Ҷони ширин»...Муфассал

(1911-1977)
Эмомалӣ Раҳмон

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон. 19 ноябри соли 1992 дар иҷлосияи XVI Шўрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон раиси Шўрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, 6 ноябри соли 1994 бори аввал, солҳои 1999, 2006 ва 2013 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб гардидаст...Муфассал

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
Нусратулло Махсум

Нусратулло Махсум (Лутфуллоев) ходими давлатӣ ва ҳизбӣ. Солҳои 1924-1926 раиси Кумитаи инқилобии ҶМШС Тоҷикистон, солҳои 1926-1933 раиси Кумитаи Иҷроияи Марказии ҶШС Тоҷикистон. Бо фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 27 июни соли 2006....Муфассал

(1881 – 1937)
Шириншоҳ Шоҳтемур

Ходими давлатӣ ва ҳизбӣ. Солҳои 1929-1931 котиби Ҳизби коммунистии ҶШС Тоҷикистон, солҳои 1933-1937 Раиси Кумитаи Иҷроияи Марказии ҶШС Тоҷикистон. Бо фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 27 июни соли 2006 ба фарзанди барӯманди халқи тоҷик....Муфассал

(1899 – 1937)
ШОҲАСАРИ «ТОҶИКОН»-И БОБОҶОН ҒАФУРОВ ВА ШУҲРАТИ ОН

ШОҲАСАРИ «ТОҶИКОН»-И БОБОҶОН ҒАФУРОВ ВА ШУҲРАТИ ОН

“Тоҷикон” асарест, ки таърихи миллати тоҷикро аз замонҳои қадимтарин то ибтидои асри XX-ум дар бар мегирад ва дар заминаи маводи зиёди бостоншиносӣ, осори фаровони хаттии таърихиву адабӣ ва таҳқиқоти олимони маъруфи Шарқу Ғарб ба таври хеле муфассал таълиф шудааст. Дар ин асари безавол ҷараёни ташаккулёбии миллати тоҷик, рушди фарҳанги миллӣ ва ҳамзамон бо ин, лаҳзаҳои фоҷиабори ҳаёти мардуми мо ва қаҳрамониҳои таърихии фарзандони ҷоннисори он возеҳу равшан ва бо истифода аз сарчашмаҳои муътамади таърихӣ баён гардидаанд.

Эмомалӣ Раҳмон.

Ба муносибати 1045 – солагии олими бузурги тоҷик Абӯали ибни Сино.

Ба муносибати 1045 – солагии олими бузурги тоҷик Абӯали ибни Сино.

Аз қаъри гили сияҳ то авҷи Зуҳал,
Кардам ҳама мушкилоти гетиро ҳал.
Берун ҷастам зи қайди ҳар макру ҳиял,
Ҳар банд кушода шуд, магар банди аҷал.
                                                         (Ибн Сино)

Китобҳои тозанашр

Мақолаҳои илмӣ-оммавӣ

Тоҷикистон дар заминаи сиёсати хориҷии “дарҳои кушода” ва таҷрибаи ҳамкории беш аз се даҳсола бо кишварҳои Аврупо, Амрико, Осиё, Ховари Миёна ва давлатҳои дигар қитъаҳои дунё омодагии хешро ҷиҳати идомаи таҳкими муносибатҳои гуногунҷанба бо онҳо ҳам дар сатҳи дуҷониба ва ҳам қолабҳои бисёрҷониба изҳор мекунад.

Эмомалӣ Раҳмон

Ба истиқболи Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон-16 ноябр

Мавриди зикр аст, ки сиёсати хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистонро “сиёсати дарҳои кушода” ташкил дода, муносибатҳои худро бо кишварҳои минтақа ва ҷаҳон бо дар назардошти манфиатҳои миллӣ ба роҳ мондааст. Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон. муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар оғози асри XXI бо эълони “сиёсати дарҳои кушода” равобити байналмилалиро баҳри муаррифии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҷаҳон ва ҷалби сармояи хориҷӣ барои бозсозии кишвар оғоз намуданд, ки пас аз гузашти солҳо ин сиёсат ҳамчун сиёсати озмудашуда ва муваффақ дар арсаи байналмилалӣ эътироф гардидааст. Интихоби сиёсати “дарҳои кушода” аз як тараф роҳи ягонаи дурусти пешбурди сиёсати хориҷӣ ва аз ҷониби дигар иъикоси арзишҳои фарҳангию таърихӣ ва суннатии халқи тоҷик яъне дӯстӣ ва ҳусни ҳамсоягӣ мебошад, ки самараи бевоситаи Пешвои миллат мебошад.[1]

Бо ташаббуси Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон имрӯз Ҷумҳурии Тоҷикистонро тамоми ҷомеаи ҷаҳон ба расмият шинохта, Пешвои миллатро сарвари сулҳпарвар эътироф намудаанд. Маҳз талошҳо ва заҳматҳои бепоёни Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мебошад, ки имрӯз Ҷумҳурии Тоҷикистон бо тамоми кишварҳои дуру наздик ва ҷаҳон ҳамкориҳои судманду дӯстонаро ба роҳ мондааст. Кореяи Ҷанубӣ яке аз кишварҳои Осиёи Шарқӣ мебошад, ки дорои иқтисоди босуръат рушдкунанда буда, ба қатори кишварҳои даҳгонаи “Бабрҳои Осиёӣ” шомил мебошад. Дар замони бархурди манфиатҳо ва рақобатҳои геосиёсиву геоиқтисодӣ ба роҳ мондани ҳамкориҳои судманд миёни кишварҳо, яке аз шартҳои рушди пайвастаи ҳар як кишвар бо ҷомеаи ҷаҳонӣ ба шумор меравад. Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ин раванд дур набуда, бо Кореяи Ҷанубӣ ҳамкориҳои дуҷонибаву бисёрҷонибаро дар тамои соҳаҳо ба роҳ мондааст.

Муносибатҳои дипломатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Кореяи Ҷанубӣ 27 апрели соли 1992 барқарор гардидааст. Аз оғози робитаҳои дипломатӣ ҳамкориҳои дуҷониба дар соҳаҳои сиёсӣ, иқтисодӣ, тиҷоратӣ, иҷтимоӣ, энергетикӣ, илмӣ-техникӣ ва фарҳангӣ ҷараён дорад. Соли 2008 Кореяи Ҷанубӣ намояндагии худро дар шаҳри Душанбе боз намуд. Консули фахрии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Кореяи Ҷанубӣ аз 13 апрели соли 2015 расман ба фаъолият оғоз намуд. Мавриди зикр аст, ки сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Кореяи Ҷанубӣ соли 2015 дар заминаи сафари расмии Президенти кишвар ифтитоҳ гардид. Асоси тамоми ин ҳамкориҳо дар мулоқоти нахустини Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Ҷумҳурии Корея Ким Ён Сам (соли 1995 дар шаҳри Ню-Йорк) баргузор гардид. Заминаи шартномавӣ-ҳуқуқии ду кишварро 20 санади ҳамкории байниҳукуматӣ ва байниминтақавӣ ташкил медиҳад.[2]

Қобили зикр аст, ки дар таърихи ҳамкориҳои дуҷониба, аввалин маротиба санаи 15-17 июли соли 2019 дар сатҳи боломақом Сарвазири Кореяи Ҷанубӣ Ли Нак Ён бо ҳайати вакилони худ ба Ҷумҳурии Тоҷикистон сафари расмӣ анҷом доданд. Дар рафти вохӯрӣ вазъ ва дурнамои ҳамкориҳои дуҷониба ва бисёрҷониба миёни Тоҷикистону Корея дар соҳаҳои сиёсӣ, иқтисодӣ, тиҷоратӣ саноатӣ, илмӣ-фарҳангӣ ва иҷтимоӣ баррасӣ гардид. Дар мулоқоти мазкур доир ба самтҳои манфиатбори муносибатҳои байнипарлумонии Тоҷикистону Кореяи Ҷанубӣ, ҳамкориҳои сиёсӣ, тиҷоратию иқтисодӣ, саноатӣ, гидроэнергетика, молиявиву бонкдорӣ ва бахшҳои хусусӣ, сармоягузорӣ, кишоварзӣ, тандурустӣ, дорусозӣ, илму маориф, фарҳанг, муҳоҷират, сайёҳӣ ва бунёди корхонаҳои муштараки истеҳсолӣ дар заминаи минтақаҳои озоди иқтисодии Тоҷикистон,ҳар ду ҷониб табодули назар намуданд. Метавон гуфт, ки вохӯрии мазкур қадамҳои аввал дар рушди ҳамкориҳои тарафайн ба ҳисоб рафта, барои дар оянда таҳким бахшидани муносибатҳои дуҷониба ва бисёрсамта нақши муҳим мебозад. Зеро, дар ин мулоқот масъалаҳои муҳими ҳамкориҳои судманд баррасӣ гардида, бо дар назардошти манфиатҳои миллӣ рӯз то рӯз ҳамкориҳо миёни ду кишвар рушд намуда истодааст.[3]

Мавриди зикр аст, ки санаи 1-уми апрели соли 2021 Раиси Парлумони Кореяи Ҷанубӣ Пак Бён Сок ба Ҷумҳурии Тоҷикистон сафари расмӣ анҷом дод. Дар ин нишасти самимӣ ба масъалаҳои муҳимтарини ҳамкориҳо ба хусус дар таҳкими муносибатҳои байнипарлумонӣ Тоҷикистону Корея таваҷҷуҳи махсус зоҳир намуданд. Зикр гардид, ки фаъолияти минбаъдаи Комиссияи байниҳукуматӣ оид ба ҳамкориҳои тиҷоратию иқтисодӣ ва густариши ҳамкорӣ бо Фонди рушди ҳамкории иқтисодӣ метавонад, яке аз омили таҳкими ҳамкориҳо дар ин самт ва афзоиши ҳаҷми сармоягузорӣ байни ҷонибҳо гардад. Инчунин, қайд гардид, ки истифодаи иқтидори бойи захираҳои табиии Тоҷикистон, таъсиси марказҳои логистикию тиҷоратӣ дар минтақаҳои озоди иқтисодӣ, ҳамкорӣ дар соҳаи бонкдорӣ, ҷудо кардани қарзҳои имтиёзнок ба иқтисодиёти Тоҷикистон, аз самтҳои ояндадори таҳкими муносибатҳои ҳамкории ду кишвар маънидод гардид. Ҷонибҳо аз сатҳи ҳамкориҳои байни ҳукуматҳо, аз ҷумла фаъолияти пурсамари Агентии ҳамкориҳои байналмилалии Корея (KOIKA) изҳори қаноатмандӣ намуданд.[4]

Агентии ҳамкории байналмилалии Корея (KOICA) соли 1991 таъсис гардида, ба барномаҳои кӯмаки грантӣ равона гардидааст, ки аз ҷониби ҳукумат Кореяи Ҷанубӣ маблағгузорӣ мешавад. Мақсади асосии ин барномаи (KOICA) мубориза бо камбизоатии ҷаҳонӣ ва дастгирии рушди устувори иҷтимоию иқтисодии кишварҳои рӯ ба тараққӣ мебошад. Агентии ҳамкории байналмилалии Корея (KOICA) дар амалисозии барномаҳои кӯмаки грантии Кореяи Ҷанубӣ нақши калидӣ мебозад. Нуфузи Кореяи Ҷанубӣ дар арсаи ҷаҳонӣ баланд гардида, Кореяи Ҷанубӣ дар ҳаллӣ мушкилоти рушди байналмилалӣ нақши назаррас мегузорад. Кореяи Ҷанубӣ тавассути барномаи KOICA як қатор лоиҳаҳоро дар беш аз 100 кишвари ҷаҳон дар соҳаҳои иқтисодӣ ва иҷтимоӣ дар рушди ҷамоатҳои деҳот, тандурустӣ, маориф, идоракунии давлатӣ, тағйирёбии иқлим, энергетика ва инфрасохтори саноатӣ амалӣ месозад. Инчунин, имкониятҳои омузиш ва таълимиро ба кормандони давлатӣ ва намояндагони шаҳрвандони кишварҳои қабулкунанда пешниҳод менамояд. Бо истифода аз платформаи муштараки KOICA шумораи ташкилотҳо, корхонаҳо ва шахсони алоҳидаи Кореяи Ҷанубӣ дар амалӣ сохтани лоиҳаҳои бузурги KOICA ҳамроҳ гардидаанд.[5]

Бо ташаббусҳои пайвастаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон солҳои охир таваҷҷуҳи Кореяи Ҷанубӣ ба кишвари мо бештар шуда истодааст. Аз ин рӯ, Кореяи Ҷанубӣ бо Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамкориҳои дуҷонибаву бисёрҷонибаро густариш дода, бештар ба ҳамкориҳои байнипарлумонӣ, гумрукӣ, нақлиётӣ, энергетикӣ, тиҷоратӣ, иқтисодӣ, инфрасохтор, техникӣ, рақамикунонӣ, саноатӣ, соҳибкорӣ ва илмӣ-фарҳангӣ таваҷҷуҳи хоса зоҳир намудаанд.

Солҳои охир ҳамкориҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Кореяи Ҷанубӣ дар соҳаи гумрук ва нақлиёт низ ба роҳ монда шуда, пайваста рушд карда истодааст. Ҳамкориҳо миёни мақомоти гумруки Тоҷикистон ва Кореяи Ҷанубӣ ба роҳ монда шуда, дар заминаи санадҳои меъёрии ҳуқуқии бисёрҷонибаи Созмони умумиҷаҳонии Савдо ва Созмони умумиҷаҳонии гумрук густариш ёфта истодааст. Дар заминаи ҳамкориҳои судманд дар шаҳри Душанбе “Системаи идораи таваккал” ифтитоҳ гардид. Татбиқи лоиҳаи мазкур дар Ҷумҳурии Тоҷикистон дар солҳои 2019-2021 дар асоси Созишнома дар бораи содагардонии расмиёти савдои Созмони Умумиҷаҳонии Савдо вобаста ба расонидани кӯмаки техникӣ аз ҷониби кишварҳои мутараққӣ ба кишварҳои рӯ ба рушд амалӣ карда шудааст. Дар асоси Созишномаи дуҷониба аз ҷониби Ҳукумати Кореяи Ҷанубӣ ёрии техники барои Ҷумҳурии Тоҷикистон ба маблағи 4,2 миллион доллари амрикоӣ тасдиқ ва ҷудо карда шуд. Дар маросими ифтитоҳи “Системаи идораи таваккал” намояндаи ширкати “DATA World CoL/td” доир ба марҳилаҳои татбиқи лоиҳаҳо, системаи идораи таваккал, ҳадаф, афзалият ва дурнамои он изҳори андеша намуданд. Ҳамзамон дар доираи муаррифии лоиҳаи мазкур мулоқоти дуҷонибаи Хадамоти гумруки Тоҷикистону Корея баргузор гардид. Дар доираи ҳамкориҳои дуҷониба ҳаҷми гардиши тиҷорати хориҷӣ байни Тоҷикистону Корея солҳои охир густариш ёфта, соли 2023 беш аз 96 миллион доллари амрикоиро ташкил дод. Воридоти бештари молҳо аз Кореяи Ҷанубӣ ба Ҷумҳурии Тоҷикистон таҷҳизоту дастгоҳҳои истеҳсолию технологӣ, маҳсулоти фармасевтӣ, воситаҳои нақлиёт ва дигар намуди молҳоро ташкил медиҳад.[6]

Дар доираи ҳамкориҳои сиёсию дипломатӣ санаи 29-уми ноябри соли 2021 дар Қасри миллат Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Вазири корҳои хориҷии Кореяи Ҷанубӣ Чон Ий Ёнро бо сафари расмӣ ва ҷиҳати иштироки Форуми “Осиёи Марказӣ + Корея” дар Тоҷикистон қарор дошт, ба ҳузур пазируфтанд. Дар мулоқот вазъи феълии ҳамкориҳои ду кишвар ва масъалаҳои муҳими рӯзномаи байналмилалию минтақавӣ баррасӣ гардиданд. Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид намуданд, ки мо Кореяро дар арсаи байналмилалӣ ҳамчун шарики боэътимоди худ медонем ва ба рушди минбаъдаи ҳамкорӣ бо он мутобиқ ба манфиатҳои муштарак аҳамияти хос медиҳем. Инчунин, дар ин мулоқот таҳкими робитаҳои байнидавлатӣ дар соҳаҳои сиёсӣ, байнипарлумонӣ, иқтисодӣ-тиҷоратӣ, илмӣ-техникӣ ва фарҳангиро муҳокима намуданд. Таъкид карда шуд, ки фаъолияти минбаъдаи Комиссияи байниҳукуматӣ оид ба ҳамкориҳои тиҷоратию иқтисодӣ ва густариши робитаҳо дар доираи Форуми муштараки соҳибкорӣ метавонад омили таҳкими ҳамкориҳо дар афзоиши ҳаҷми сармоягузорӣ миёни ду кишвар гардад. Ҳамзамон қайд карда шуд, ки истифодаи иқтидори бойи захираҳои табиии Тоҷикистон, ҳамкорӣ дар соҳаи бонкдорӣ, энергетика, гидроэнергетика, саноат, саноати коркарди кӯҳӣ, кишоварзӣ, нақлиёт ва коммуникатсия, технологияҳои иттилоотӣ, туризм, маориф ва тандурустӣ самтҳои афзалиятноки рушди ҳамкориҳои минбаъдаи ҳар ду кишвар маънидод гардид.[7]

Дар санаи 6-уми сентябри соли 2024 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Қасри миллат Президенти Агентии Корея оид ба ҳамкориҳои байналмилалӣ (КОЙКА) Ҷанг Вон Самро ба ҳузур пазируфтанд. Дар мулоқоти мазкур ҳамкории Тоҷикистон бо Агентии Корея оид ба ҳамкориҳои байналмилалӣ баррасӣ гардид. Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Ҷумҳурии Кореяро шарики боэътимоди Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Осиёи Шарқӣ ва КОЙКА-ро ниҳоди муҳими тақвияти ин шарикӣ номиданд. Бояд қайд намуд, ки дар 7 моҳи соли 2024 гардиши молу маҳсулот миёни ду кишвар 29% афзоиш ёфтааст. Дар рафти суҳбат ҳамкорӣ дар татбиқи тарҳҳои мухталиф аз ҷумла дар самтҳои энергетика, нақлиёт, саноат, соҳибкории хурду миёна, рақамикунонӣ, идоракунии давлатӣ ва рушди захираҳои инсонӣ баррасӣ гардиданд. Инчунин, ҳамкорӣ дар бахшҳои маориф, тандурустӣ, кишоварзӣ ва идораи об, ҳифзи муҳити зист, ҳолатҳои фавқулода ва таъмини рушди устувор низ самтҳои афзалиятноки рушди ҳамкориҳои дуҷониба арзёбӣ гардид. Ҳамзамон, дар масоили мубрами ҳамкориҳои дуҷониба аз қабили тайёр намудани кадрҳои баландихтисос, афзоиши бунёди “энергияи сабз”, рушди “иқтисоди сабз”, таъсиси “технопаркҳо”, ҷорӣ намудани “технологияҳои рақамӣ” ва тавсеаи “тиҷорати электронӣ” ибрози андеша намуданд.[8]

Қобили зикр аст, ки муҳоҷирати меҳнатӣ яке аз масъалаҳои муҳим барои Ҷумҳурии Тоҷикистон ба шумор меравад. Пешвои миллат пайваста ба ин масъала таваҷҷуҳи махсус зоҳир намуда, барои ҳалли мушкилотҳои ҷойдошта талошҳои худро равона месозад. Аз ин рӯ, Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи муҳоҷирати меҳнатӣ низ бо дигар кишварҳо ҳамкориҳоро ба роҳ монда, пайваста ҳамкориҳоро густариш медиҳад. Зикр кардан зарур аст, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон дорои иқтидори қувваи корӣ буда, метавонад бо Кореяи Ҷанубӣ ҳамкориҳоро дар соҳаи муҳоҷирати меҳнатӣ густариш диҳад.

Мавриди зикр аст, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Кореяи Ҷанубӣ ҳамкориҳои сиёсиву дипломатии худро дар самти муҳоҷирати меҳнатӣ низ ба роҳ монда, баҳри рушди самти мазкур пайваста талошҳои худро равона месозанд. Асосан рушди муҳоҷирати меҳнатӣ барои Ҷумҳурии Тоҷикистон бештар манфиатовар мебошад. Аз ин рӯ, метавон гуфт, ки саҳму талошҳои бепоёни Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар густариши робитаҳои дуҷонибаву бисёрҷониба миёни ду кишвар бештар ба назар мерасад. Санаи 5-уми ноябри соли 2024 дар шаҳри Сеул муовини вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Содиқ Имомӣ бо муовини Президенти Хадамоти захираҳои инсонии Кореяи Ҷанубӣ оид ба масъалаҳои қувваи кории хориҷӣ ва шуғли ҷаҳонӣ Лим Син Мук мулоқот намуданд. Дар доираи мулоқоти мазкур ҷонибҳо Ёддошти тафоҳум оид ба фиристодан ва қабули кормандон тавассути низоми иҷозати кор миёни Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати шуғл ва меҳнати Кореяи Ҷанубӣ ба имзо расид. Инчунин ҷонибҳо дар мавриди татбиқи он, аз ҷумла таъсиси Маркази низоми иҷозати шуғл дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ва фиристондани шаҳрвандони кишвар барои фаъолияти муваққатии меҳнатӣ ба Кореяи Ҷанубӣ изҳори андеша намуданд.[9]

Дар соли 2025 аввалин гуруҳи кории муҳоҷирон аз ҷониби Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Кореяи Ҷанубӣ сафарбар шуданд, ки ин иқдомҳои аввалини сиёсати муҳоҷирати меҳнатии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар минтақаи Осиёи Шарқӣ ба ҳисоб меравад. Дар амалишавии сиёсати муҳоҷирати меҳнатии ду кишвар дар асоси манфиатҳои миллии ҷонибҳо, яъне Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати шуғл ва меҳнати Кореяи Ҷанубӣ нақши муассир доранд. Метавон гуфт, ки Созишномаи байниҳукуматӣ дар соҳаи муҳоҷирати меҳнатӣ миёни ду кишвар, ки дар соли 2024 ба имзо расонида шуд, барои шинохти ду халқият ва барои таҳкими робитаҳои сиёсии байниҳукуматӣ миёни ду кишвар мусоидат менамояд.

Ҳамин тариқ, метавон қайд кард, ки дар таҳкиму густариши робитаҳои дуҷониба ва бисёрҷонибаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Кореяи Ҷанубӣ нақши Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бениҳоят бузург аст. Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар доираи сиёсати “дарҳои кушода” тавонистанд бо кишварҳои дуру наздик махсусан бо Кореяи Ҷанубӣ ҳамкориҳои зич ва густардаро ба роҳ монда, баҳри ҳифзи манфиатҳои миллӣ дар арсаи байналмилалӣ талошҳои беназири худро равона месозанд. Метавон қайд кард, ки солҳои охир ҳамкориҳои дуҷониба миёни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Кореяи Ҷанубӣ дар соҳаҳои сиёсӣ, дипломатӣ, парлумонӣ, иқтисодӣ, тиҷоратӣ, техникӣ, энергетикӣ, саноатӣ, гумрук, инфрасохтор, илмӣ-фарҳангӣ рушд ёфта истодааст, ки ин ҳам заҳматҳои шабонарӯзии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мебошад.

ФАЙЗУЛЛОЕВА Нигора, ходими илмии Шуъбаи Осиёи Ҷанубӣ ва Шарқии Институти омӯзиши масъалаҳои давлатҳои Осиё ва Аврупои Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон

Адабиёт

1. Мирзоев Ҳабибҷон “Нақши Эмомалӣ Раҳмон дар таҳкими истиқлолият ва эҷоди давлати миллӣ” 15.11.2019. Институти омӯзиши масъалаҳои давлатҳои Осиё ва Аврупо (osiyoavrupo.tj)

2. Муносибатҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Ҷумҳурии Корея | Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон https:// www. mfa.tj/ tg/ main/ view/ 34/ munosibathoi-tojikiston-bo-jumhurii-koreya

3. Мулоқот бо Сарвазири Ҷумҳурии Корея Ли Нак Ён /Президенти Тоҷикистон- President of Tajikistan- Президент Таджикистана /- (prezident.tj) http:// www. prezident.tj/node/20682

4. Пак Бён Сок: «Мы высоко оцениваем усилия Президента Таджикистана Эмомали Рахмона по обеспечению мира и стабильности в регионе Центральной Азии» | НИАТ "Ховар" (khovar.tj)

5. Korea International Cooperation Agency (KOICA) https://darpe.me/aid-entries/koica/

6. Таҳкими ҳамкории гумрукии Тоҷикистону Корея (gumruk.tj) https: //www. gumruk. tj/ index. php/ 12121 / ruiydodi-gumruk/1164-2021-09-17-18-13-03

7. Мулоқоти Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Корея https:// www. mfa.tj/ tg/ main/ view/ 9262/ muloqoti-peshvoi-millat-prezidenti-jumhurii-tojikiston-bo-vaziri-korhoi-khorijii-jumhurii-koreya

8. Мулоқот бо Президенти Агентии Корея оид ба ҳамкории байналмилалӣ (КОИКА) Ҷанг Вон Сам https://president.tj/event/news/47172

9. Вохӯрӣ бо муовини Президенти Хадамоти захираҳои инсонии Корея оид ба масъалаҳои қувваи кории хориҷӣ ва шуғли ҷаҳонӣ/ Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон https:// www.mfa.tj /tg / main / view/16074/vokhuri-bo-muovini-prezidenti-khadamoti-zakhirahoi-insonii-koreya-oid-ba-masalahoi-quvvai-korii-khoriji-va-shugli-jahoni

Шукри Ваҳдат, шукри бахти пойдор,

Пешво дорем, дорем ифтихор.

16 ноябр дар саросари кишвари азизамон Рӯзи Президент ҷашн гирифта мешавад, ки барои мо хеле азизу гиромист. Ҳама чиз дар қиёс хубтар фаҳмида мешавад. Мо бояд донем, ки дирӯзи мо чӣ гуна буд ва имрӯз то ба куҷо расидем? Инчунин мо бояд донем, ки дар он замони пурталотуми ҷанги шаҳрвандии бародаркуш ва ҳалокатбор мо дар кадом вазъият қарор доштем ва моро чӣ тақдир дар пеш буд? 31 сол пеш, яъне 16 ноябри соли 1992 дар Иҷлосияи сарнавиштсози Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Худованд ба миллати тоҷик чунин шахсиятеро ато намуд, ки тавонист роҳи наҷоти ӯро пайдо намояд. Ин шахсият Пешвои миллат, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон буд, ки баъди ба мансаби Раиси Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб шуданашон савганд ёд намуданд, ки ба Тоҷикистон сулҳ меоранд, то охирин муҳоҷирро ба Ватан бармегардонанд ва миллати азияткашида ва парокандаи тоҷикро сарҷамъ мекунанд. Пас аз талошҳои ҷонфидоёна, сафарҳои пурхатар ва гуфтугӯҳои созанда бо гурӯҳҳои мухталифи сиёсӣ ба ин абармарди сиёсат, шуҷоъ ва хирадманд муяссар шуд, ки ба ивази гарави ҷони худ сулҳу ваҳдатро дар кишвар барқарор намояд. Аз ин ҷост, ки мардуми шарифи Тоҷикистон сарвари аъзами худро аз ҷон бештар дӯст дошта, ояндаи кишварро ба он кас супурданд ва дар ин кор хато накарданд. Имрӯз кишвари мо дар арсаи ҷаҳонӣ соҳиби обрӯи бесобиқа гашта, таҷрибаи сулҳи тоҷикон сарлавҳаи дастуру китобҳои сиёсатшиносӣ гаштааст. Имрӯз миллати тоҷик ифтихор аз он дорад, ки дар баробари дигар халқҳои олам ҳуқуқу овози баробар дошта, ҳувияти миллии хешро дар арсаи ҷаҳонӣ муаррифӣ менамояд.

Дар давоми 31 сол рушди кишвар, ободиву тинҷӣ ва сатҳи зиндагии мардуми мо хеле боло рафта, Тоҷикистон яке аз кишварҳои амнтарини дунё ҳисобида мешавад ва пойтахти он шаҳри Душанбе ба маркази чорабиниҳои байналмилалӣ табдил ёфтааст. Баргузории чандин конфронсу саммитҳои муҳими Созмони Милали Муттаҳид оид ба обу иқлим, ҷаласаҳои Созмони ҳамкории Шанхай, ҳамоишҳои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил ва дигар чорабиниҳои сатҳи олӣ нишон медиҳанд, ки Тоҷикистон дар арсаи байналмилалӣ ба ҳайси давлати устувор, эътимодбахш ва дорои сиёсати хориҷии хирадмандона шинохта шудааст.

Мақсад аз рӯзи ид муайян кардани рӯзи 16 ноябр дар он ифода меёбад, ки ибтидо аз ҳамин рӯзи тақдирсозу муайянкунандаи рушди минбаъдаи бомароми Тоҷикистон марҳилаи нави муҳими давлатӣ, яъне тибқи Конститутсияи давлати соҳибихтиёр дар Ҷумҳурии Тоҷикистон идоракунии президентӣ оғоз ёфта, роҳбари давлати тозаинтихобгардида ба иҷрои вазифа шурӯъ намудаанд. Бо итминони комил метавон гуфт, ки таҷлили Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон нишони ихлосу самимият, муҳаббат ва қадршиносии миллати мо нисбат ба Сарвари маҳбубу раҳнамо, рамзи муттаҳидии мардум дар атрофи Пешвои муаззами миллат мебошад.

Сиёсати пешгирифтаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон моро вазифадор менамояд, ки барои амалӣ гардидани ҳадафҳои давлату ҳукумат дар самти таҳкими рукнҳои давлатдории навини Тоҷикистон ва баланд бардоштани сатҳи некуаҳволии аҳолӣ тамоми нерӯ, қудрат, тавоноӣ ва донишу таҷрибаамонро ба кор барем ва зиракии сиёсиро аз даст надиҳем. Бигзор, хуршеди озодиву истиқлолият ба хонадони ҳар фарди кишвари маҳбубамон Тоҷикистон то абад файзу баракат ва нуру зиё бахшад!

Камолова Д.Ҳ. - ходими илмии Маркази омӯзиши пиряхҳои Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон

«Тоҷикистон барои бисёр мамлакатҳои олам нодиртарин намунаи бо роҳи осоишта ҳал кардани низоъҳои дохилиро нишон дод, ки онро саҳми Тоҷикистон дар таърихи сулҳоварӣ гуфтан хато нест»

Кофи Аннан, собиқ дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид

Ба истиқболи Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон -16 ноябр

Боиси ифтихору сарфарозист, ки тӯли 34 сол мешавад, ки дар партави сулҳу субот, ваҳдату ягонагӣ ва соҳибистиқлолии Тоҷикистони маҳбубамон умр ба сар мебарем. Воқеан ин неъмати бебаҳост, зеро ки дар тӯли ҳазорсолаи таърих расидан ба Истиқлол, Ваҳдату якдилӣ ва муттаҳидӣ ақлу зеҳни тамоми инсониятро ба худ ҷалб менамуд. Аммо расидан ва даст ёфтан ба он кори басо мушкилу пурпечутоб буд ва ҳазорон қаҳрамонон ҷони худро дар ин роҳ фидо кардаву ба мақсад нарасидаанд.

Эъмори ҳар давлатро, бе муҳобот, бидуни оромиву субот тасаввур намудан ғайриимкон аст. Вале бо амри тақдир барои баъзе аз давлатҳои собиқ Иттиҳоди Шуравӣ он дар майлонҳои куллан ноозмуда рӯи кор омад, ки таърих мисолашро ёд надорад.

Таърихи гувоҳ аст, ки пас аз пош хӯрдани Иттиҳоди Шуравӣ яке аз қадамҳои аввалин ва тақдирсоз ин ба даст овардани Истиқлоли давлатӣ буд. Бо талошу заҳматҳои зиёд санаи 9 сентябри соли 1991 Ҷумҳурии Тоҷикистон Истиқлоли комили худро эълон намуд, ки заминаи нави сиёсӣ ва ҳуқуқиро барои рушди минбаъдаи кишвар гузошт. Вале пас аз ин воқеоти муҳимми таърихӣ нооромӣ фазои кишвари азизи моро фарогир гашт ва рушду тараққиёти онро ба чандин солҳо ақиб зад. Аммо бо заҳмату кӯшишҳои фарзандони ҷонфидои миллат, монанди Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки шабу рӯз фикрашон ба комёб гардидан дар сарҷамъ намудани миллат ва ба даст овардани якдилию якдигарфаҳмии онҳо равона буд, мо тавонистем аз чанголи ин зуҳуроти харобиовар раҳоӣ ёбем ва ваҳдату сулҳу суботро дар кишвар побарҷо намоем. Имрӯз самараи ин ҳама кӯшишҳоро мо дар лабханди модарону хоҳарон, оромию ободии мамлакат, дастовардҳои беназири ҳамватанон дар дохил ва хориҷи кишвар, шинохти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар арсаи байналмилалӣ ҳамчун ташаббускори ҳалли масъалаҳои ҷаҳонӣ ва монанди инҳо дида метавонем.

Мардуми шарифи тоҷик бояд дарк кунанд, ки сулҳ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон танҳо дар асоси муносибати таҳаммулпазирии қуваҳои гуногун, баъзан қувваҳои мухолифи якдигар, ҳаракатҳо ва ҳизбҳо устувор нигоҳ дошта мешавад, Сулҳ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон имкон дод, ки дар натиҷаи эътироф намудани гуногунрангии шароитҳои зиндагӣ дар кишвар, яъне дар натиҷаи рад кардани ҳокимияти чизе ё дигарон, имконпазир шуд.

Муҳимтарин ҳуҷҷат – Созишномаи истиқрори сулҳ байни тоҷикон ба оғози марҳилаи сифатан нави таърихӣ – бозсозию ободкорӣ дар асоси ғояи Тоҷикистони азизу соҳибистиқлол – Ватани маҳбуби ҳамаи мо шуруъ шуд. Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми худ ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон зикр кард, ки таҷрибаи арзишманди гузаштагони мо дар мубориза барои озодӣ ва истиқлол дар асри ХХ – даврони ниҳоят мураккаби сарнавишти миллати тоҷик аҳамияти фавқулоддаи ҳаётӣ дошт ва ин масъала то ҳанӯз мавриди таваҷҷуҳи ҷиддӣ ва баррасиву таҳқиқи ҷомеашиносон ва таърихнигорон қарор нагирифтааст. Дар охири асри ХIX ва оғози садаи ХХ миллати тоҷик таҳти таъсири омилҳои зиёди сиёсиву иҷтимоӣ дар марҳалаи ниҳоят ҳассос ва хатарноки ҳастии хеш қарор дошт.

Ҷумҳурии Тоҷикистонро бе ному кору пайкори Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳаргиз тасаввур карда наметавонем. Барқарорсозии сулҳ дар Ҷумҳурии Тоҷикистонро метавон аз заҳматҳои Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон арзёбӣ намуд, ки на танҳо барои тоҷикон, балки барои тамоми кишварҳои минтақа ва ҷаҳон дастоварди муҳим арзёбӣ мегардад. Зеро, амнияту оромиши Ҷумҳурии Тоҷикистон бо назардошти мавқеъ ва имкониятҳои ҷуғрофии он кафили сулҳу субот дар минтақа ва ҷаҳон маҳсуб мешавад.

Яке аз нақшаҳои стратегии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки аз Иҷлосияи XVI Шурои Олӣ бармеояд, эъмори ҷомеаи демокративу ҳуқуқбунёд аст. Аз нахустин рӯзҳои роҳбарӣ Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ташкили ҳизбҳои сиёсиро мутобиқи талаботи меъёрҳои Конститутсия истиқбол мекарданд.

Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бар хилофи ҳамаи нотавонбинҳои дохилию хориҷӣ, ки ба ояндаи давлати мо хушбин набуданд, ҷасурона роҳбарии давлатро бар уҳда гирифтанд. Нахустин сухане, ки Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз минбари баланди ин Иҷлосияи таърихӣ гуфтанд, сулҳ буд ва роҳи мо ба сӯйи ин субот яксону ҳамвор нест. Хиради азалии миллати тоҷик муқобили ҷаҳолат ғолиб омад ва мо дасти ҳам гирифтему дар талоши наҷоти миллат ва бақои давлат гардидем.

Он ваќт Ҷумҳурии Тољикистон ќадамњои нахустинашро дар љодаи соњибистиќлолї мегузошт ва бо хатари нобудшавии давлат ва миллат ру ба ру омад, ниёз ба чунин шахсияти наљотбахш ва тавоно ба миён омад. Дар назди Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалї Рањмон мушкилтарин вазифаҳо истода буданд:

- гирифтани пеши роҳи ҷанги шаҳрвандӣ;

- бунёд кардани заминаи сулҳ;

- баргардонидани гурезаҳои иҷборӣ;

- таъмини иҷтимоии аҳолӣ;

- ба низом овардани сохторҳои қудратӣ (хусусан артиши миллӣ) густурдани заминаҳои ваҳдати миллӣ, ҳал кардани масъалаи бумбасти коммуникатсионӣ...

ва чандин вазифаҳои дигар, ки баршумурдани онҳо ҳам зарур аст ва ҳам тӯлонӣ. Аммо вазифаҳое, ки қайд карда шуданд, на танҳо мубрам, на танҳо рӯзмарра, балки ба истилоҳи дар он рӯзгор маъмул тақдирсоз буданд.

Ваҳдати миллӣ ҳамчун падидаи нодири даврони соҳибистиқлолии кишвар барои сарҷамъ намудани милати дар ҳоли парокандашавӣ қарордоштаи тоҷик ва аз вартаи нестӣ раҳоӣ бахшидани давлати навини тоҷикон нақши басо бузургро иҷро кард. Рӯзи ба имзо расидани Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ, яъне 27-уми июни соли 1997 барои мо, воқеан оғози ҳамдигарфаҳмиву сарҷамъӣ ва фароҳам овардани шароит барои зиндагии орому осоиштаи халқамон мебошад.

Ваҳдати миллӣ ҳамчун омили муттаҳидсозанда тамоми мардуми Тоҷикистон шароит овард, ки бо истифодаи арзишҳои аз ҷониби ҷаҳони эътирофшуда дар кишвар таҳкурсии ташаккули ҷомеаи шаҳрвандӣ гузошта шавад ва барои беҳтар гардидани сатҳи зиндагии мардум, ободӣ ва ояндаи давлати соҳибистиқлол заминаи мусоид муҳайё гардад.

Дарвоқеъ, Ваҳдати миллӣ тавоноии миллат ва давлат аст, ки дар он нақши Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон беназир мебошад.

Маҳз Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон меъмори Ваҳдат гаштанд ва ба сокинони кишвар қавл доданд, ки дар қадами аввал барои онҳо сулҳ меоваранд. Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба қавли додаашон вафо карданд. Маҳз дар даҳсолаи аввали мушкили давлатдорӣ бо ҳидоятҳои Пешвои миллат дар мамлакат Парчам, Суруди миллӣ, Конститутсия, асъори миллӣ қабул шудаанд.

Тайи се даҳсолаи сипаригардида, ки барои таърих он қадар тӯлони нест, Ҷумҳурии Тоҷикистон тавонист дар сиёсати дохилӣ ва хориҷии хеш ба муваффақиятҳои зиёд ноил гардад. Имрӯз ҷумҳурии моро дар арсаи ҷаҳон чун кишвари боэътимод мешиносанд. Боиси хушнудист, ки обрӯву нуфузи он сол то сол боло рафта, дар самти рушду тараққиёт уфуқҳои нав ба нав кашф мегарданд.

Дар баробари ин, Ҳукумати мамлакат бо сарвари Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба тарбияи насли наврас да руҳияи баланди ватандӯстӣ, ифтихори ватандорӣ ва арзишҳои миллӣ таваҷҷуҳи ҳамеша дошта, дар муассисаҳои таълимӣ ватандӯстони ҷоқеӣ ба камол расанд, то ин ки ин Ватан ва хоки муқаддаси онро дӯст доранду чун гавҳараки чашм ҳифз намоянд.

Фарзанди барӯманди халқи тоҷик Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пуштибонии ин марзу бумро дар сангинтарин марҳила ба дӯши худ гирифтанд ва изҳор доштанд, ки барои халқу Ватан, барои осудагӣ ва ободии он донишу қувваи худро дареғ намедоранд. Маҳз ҳамин ҷонфидоӣ ва диловарии Пешвои миллат муҳтарм Эмомалӣ Раҳмон буд, ки дар дили миллионҳо тоҷику тоҷикистониён шуълаи умеду орзуҳо аз нав фурӯзон гардид. Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон сапедӣ бар сиёҳӣ пирӯз меомад. Соли 1994 бо созмон дода шудани музокироти тољикон марҳалаи нав оғоз гардид. Дар ин замина ќадам ба ќадам барои иҷрои мақсадҳои ниҳоӣ шароит муҳайё мегардид.

Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалї Рањмон, ки бо рисолати таърихии барќарор кардани сулњу осоиш сарварии кишварро бар дўши худ гирифта буданд, аз аввалин рўзњои фаъолияташон роњи расидан ба маќсудро дар муколама ва муносибати сулњомез бо тамоми неруњои сиёсии кишвар муайян намуданд. Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар яке аз аввалин изњороташон усули аслии фаъолияти роњбарияти Ҷумҳурии Тољикистон чунин сифат намуда буданд:

«Идеали сиёсии мо вањдати миллї аст. Мо ягон масъалаи принсипии аслии љомеамонро бо роњї зўрї ва аз тариќи набарди мусаллањона њал карданї нестем. Муроду маќсадамон бунёдкорї асту бас».

Ваҳдати миллӣ дар тамоми гӯшаву канори мамлакат шодиву фараҳ овард. Он чун нушдорӯе дар ҷисму ҷонҳои хаста рӯҳу тавон бахшид, ки самарашро ҳамарӯз мо бо чашми ақл мушоҳида мекунем. Шукрона,ки имрӯз Тоҷикистон на танҳо ободу зебо мегардад, балки дар пешрафти ҷомеа гомҳои устувор дорад, ки, пеш аз хама, аз самари ин санади тақдирсоз замина гирифтааст.

Моњияти хидматњои бузурги Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро мо дар поягузории давлатдории навини тољикон ва ба кишвари сулњу салоњ табдил додани Ҷумҳурии Тољикистон медонем ва иқрор бо онем, ки њар фарзанди фарзона соњиби унвони ќањрамони кишвар ва пешвои асри XXI шуда наметавонад.

Дар марњалаи нави бунёди давлатдории муосири Ҷумҳурии Тољикистон таќдири баланди миллати куњанбунёди тољик дар он зохир мегардад, ки дар симои шахсияти беназири таърихї Пешвои миллат муҳтарам Эмомали Раҳмон олитарин сифатњои башарӣ – адолати инсонї, бузургдилию шуљоат, рањму шафќат ва ќобилияти нотакрори вањдатофарӣ – таҷассум ёфтанд ва мањз њамин њамоњангї љомеаро ба сатњи баланди хештаншиносї расонид.

Мањз бо зањмату талошњои пайгиронаи Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Ҷумҳурии Тољикистон дар интињои асри бист аз фољиаи миллї рањої ёфта, истиќлолияти давлатии худро тањким бахшид ва миллати тољик баъд аз њазор сол дар роњи эњёи давлатдории миллї ба дастовардњои бузурги таърихї ноил гардид ва имрўз ба сӯи ояндаи нек устуворона ќадам мегузорад.

Зеро ин таъриху фарњанг, ин миллати куњанбунёд воќеан ниёзманди хамин гуна сарвару пешвое буд, ки дар садри давлат онро аз вартаи нобудї ба шањри умеди орзуњо рањнамун созад. Ва имрўз ин миллат бо камоли ифтихору сипос ва бо сарбаландиву худшиносии миллї Эмомалї Рањмонро Пешвои худ ном мегиранд.

Маҳз Истиқлоли давлатӣ ва сулҳу Ваҳдати миллӣ ҷонибдории мамлакатҳои берунмарзӣ ва мавқеъу мақоми Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар миқёси ҷаҳон овозадор гардонидааст. Агар Истиқлоли давлатӣ мустақилӣ ва ҳеҷ як субъекти берунӣ вобаста набудани давлатро ифода намояд, пас Ваҳдату ягонагӣ ин сар баровардан аз як гиребон, муттаҳид шудан баҳри татбиқи ғояҳои нав, барои ҳифозати миллату давлат сипар кардан аст. Ин ду арзиш бо якдигар тавъаманд ва маҳз алоқамандии онҳост, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон дар кутоҳбарин муддат – 34 соли Истиқлоли давлатӣ ба яке аз кишварҳои амнтарин мубаддал гардидааст. Бо татбиқи ҳарчи бештари ғояҳои миллӣ ва созандагӣ, пояҳои давлатдории миллии мо ҳамон андоза мустаҳкам гардида, ки боиси болоравии камолоти маънавии мардум ва ҷомеа гардидааст. Зеро дар фазои сулҳу ваҳдат душвориҳо ва монеаҳо паси сар мешаванд, рӯзгори мардум рӯ ба тараққӣ ниҳода, кишвари азизи биҳиштосоямон дар шоҳроҳи пешрафти тараққиёт мавқеи боз ҳам мустаҳкамро соҳиб мегардад.

Ҳамин тариқ, Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид медоранд, ки «Вақти он расидааст, ки мо аз иқдоми муассир барои тақвияти нақши асосии СММ дар ҳалли низоъҳо ва барқарорсозии сулҳу субот дар сайёра кор бигирем»,-

Бинобар ин, «Даҳсолаи таҳкими сулҳ ба хотири наслҳои оянда» ном гирифтани ин пешниҳод бори дигар далели он мебошад, ки тамоми талошу заҳматҳои Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон танҳо ба хотири ояндаи дурахшони насли наврасу ҷавон мебошад. Ибтикори навбатии Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон на фақат аз камолоти касбӣ, ҳамчун ходими намоёни сиёсӣ, арбоби барҷастаи давлатӣ ва дипломати олимақоми сатҳи ҷаҳонӣ гувоҳӣ медиҳад, балки мақом ва мартабаи ҶумҳурииТоҷикистонро дар низоми муносибатҳои байналмилалии замони муосир ба маротиб боло бурда, ҳамчун давлати соҳибистиқлоли сулҳовар муаррифӣ менамояд.

РАҲМОНЗОДА Азимҷон Шералӣ, ходими калони илмии шуъбаи Аврупои Институти омӯзиши масъалаҳои давлатҳои Осиё ва Аврупои Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон

Таҳлили татбиқи аснод ва маромномаҳои Иҷлосияи таърихии XVI-уми Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар зиндагии иҷтимоӣ ва сиёсии кишварамон ва натиҷаҳои таърихии он то ба имрӯз ба хулосаҳои мушаххас овардааст. Яке аз вазифаҳои муҳими Иҷлосияи XVI-ум заминаи таҳкими робитаҳои бисёрсамтаро бо тамоми кишварҳои ҷаҳон ва созмонҳои байналмилалӣ ва минтақавӣ гузошт. Яъне марҳалаи нав дар сиёсати хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон пас аз Иҷлосияи таърихии XVI-ум оғоз гардид.

Усули асосии нави сиёсати хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистони соҳибистиқлол 19-уми ноябри соли 1992 аз тарафи Раиси нави Шурои Олии ҷумҳурӣ Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар “Муроҷиатнома ба халқи шарифи Тоҷикистон” эълон гардида буд, ки аз ҷониби ҷомеаи ҷаҳонӣ ба хушӣ пазируфта шуд ва дастгирӣ ёфт. Он масъалаҳо аз рӯйи тартибе, ки дар Муроҷиатномаи мазкур омадаанд, чунинанд:

1. Ворид шудани Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҷомеаи ҷаҳонӣ;

2. Барқарор кардани муносибатҳои дипломатӣ бо ҳамаи кишварҳое, ки мехоҳанд бо Ҷумҳурии Тоҷикистон дар асоси баробарҳуқуқӣ ва муносибатҳои муфиди тарафайн ҳамкорӣ кунанд;

3. Аъзо шудан ба созмонҳои байналмилалӣ ва минтақавӣ;

4. Мустаҳакам кардан ва боз ҳам инкишоф додани муносибатҳои неки ҳамсоягӣ ва ҳамкории ҳамаҷониба бо Давлатҳои Муштаракулманофеъ, пеш аз ҳама, бо Федератсияи Русия, ҷумҳуриҳои Ӯзбекистон, Қазоқистон, Қирғизистон ва Туркманистон;

5. Дар асоси усули баробарӣ, ҳамкории дутарафаи судманд, ки кишварҳои хориҷӣ интихоб намудаанд, дахолат накардан ба корҳои дохилии якдигар, барқарор намудани муносибат бо ҳамаи кишварҳои ҷаҳон, аз ҷумла, бо Афғонистон, Покистон, Чин, Эрон, давлатҳои дигари Осиёву Африқо ва Аврупою Амрико;

6. Ёфтани ҷойгоҳи муносиби худ дар ҷомеаи ҷаҳонӣ.

Ҷумҳурии Тоҷикистон тавонист дар Иҷлосияи XVI-уми Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон натанҳо робитаҳои судманде бо ҷаҳони хориҷ барқарор созад, балки бо пайдо намудани равиши хоси дипломатияи худ, ки бар ҳифзи манфиатҳои миллӣ ва эҳтироми арзишҳои умумибашарӣ асос ёфтааст, ҳамчун як кишвари фаъол ва таъсиргузор дар ҳалли масъалаҳои ҷаҳонӣ шинохта шавад.

Барқарории робитаҳои хориҷӣ ва шиносонидани Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун кишвари мустақил яке аз муҳимтарин ва дар айни ҳол мушкилтарин бахшҳои давлатсозӣ дар солҳои аввали Истиқлоли сиёсӣ буд. Ҷумҳурии Тоҷикистон бо эътироф кардани асноди робитаҳои байналмилалӣ, аз ҷумла Оинномаи Созмони Милали Муттаҳид, Санади хотимавии Хелсинки, Баёнияи Париж ва дигар санадҳо зербинои сиёсати дохилӣ ва хориҷии худро бунёд намуда, эълон кард, ки инсон ва ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои онро, сарфи назар аз мансубияти миллӣ, мазҳабӣ, нажодӣ ва ҷинсӣ арзиши олӣ мешуморад.

Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни суханронии худ дар Иҷлосияи 17-уми Шурои Олии ҷумҳурӣ 26 –уми июни соли 1993 зикр намуданд, ки “баъд аз иҷлосияи 16-уми Шурои Олӣ дар сиёсати хориҷии мо марҳалаи нав оғоз ёфт. Инчунин, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар суханронии хеш дар Иҷлосияи XVIII Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистои дар таърихи 28 декабри соли 1993 зимни зарурати танзими консепсияи сиёсати хориҷии кишвар таъкид намуда буданд, ки «Ҷумҳурии Тоҷикистон аз рӯи мавқеи ҷуғрофӣ, мавқеи геосиёсӣ ва манфиатҳои иқтисодиаш ба 5 ҳавзаи сиёсӣ дохил мешавад.

Ҳавзаи якум Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил аст, ки бо вуҷуди душвориҳои солҳои аввали ташаккулаш ба сӯи таҳкими робитаҳои ҳамаҷиҳата тамоили ботинӣ дорад.

Ҳавзаи дуюм Осиёи Марказист, ки кунун рӯ ба ваҳдати иқтисодию сиёсӣ овардааст.

Ҳавзаи сеюм фазои зисту амали давлатҳои ҳамсояи форсизабон аст, ки ҳанӯз ба ягон иттиҳоди муштараки сиёсӣ ё иқтисодӣ нарасида бошанд ҳам, онҳоро нафақат ҳамбастагии таърихӣ ва мазҳабию фарҳангӣ, балки дурнамои воқеии рушди миллӣ бо ҳам ҷазб мекунанд.

Ҳавзаи чаҳорум доираи нуфузи давлатҳои мусулмоннишини Шарқ аст, ки онҳоро на фақат ягонагии дину ойин ва суннатҳои рӯҳонӣ, балки имконот ва эҳтиёҷоти рушди миллӣ низ ба ҳам мепайванданд.

Ҳавзаи панҷум ҷомеаи байналмилалист, ки ҷамъбастагии зоҳирию ботиниаш беш аз пеш қувват мегирад ва ҳам оҳиставу пайваста ба сӯи тамаддуни воҳиди умумибашарӣ роҳ мепаймояд.

Дар маркази доираи диққати кишварҳо ва минтақаҳои номбаршуда қарор гирифтани Ҷумҳурии Точикистон се омили асосӣ дорад: иқтисодӣ, низомӣ ва сиёсӣ. Диққати он кишварҳоро, пеш аз ҳама, сарватҳои зеризаминӣ ва рӯизаминии Ҷумҳурии Тоҷикистон – тилло, нуқра, пахта, арзиз, мис, оҳан, уран, ҳамчунин мавқеи стратегии он ва равандҳои сиёсию иҷтимоие, ки солҳои охир дар сарзамини мо ба вуҷуд омадаанд, ба худ ҷалб намудааст. Махсусан масъалаи об имрӯз дар сиёсати муносибатҳои байналмилалии ҷумҳурӣ як таҳаввули сиёсиро ба вуҷуд овардааст. Илова бар ин Ҷумҳурии Тоҷикистон барои бисёрии ин кишварҳо бозори муносибу мувофиқи фурӯши молҳояшон мебошад. Махсусан, барои он кишварҳое, ки молҳояшон дар бозори ҷаҳонӣ ба рақобати сахти кишварҳои ғарбӣ ва давлатҳои пешрафтаи шарқӣ рӯбарӯст. Аз ин рӯ, ҳамаи онҳо кӯшиш доранд, ки дар Ҷумҳурии Тоҷикистон нуфуз дошта бошанд, то хостаҳои сиёсию иқтисодӣ ва низомиашонро бароварда созанд.

Яке аз ҷанбаҳои таҳаввулии сиёсати хориҷӣ ин иштироки фаъолонаи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳаллу фасли масъалаҳои байналмилалӣ ва минтақавӣ мебошад, ки дар ин маврид низ комёбиҳои ҷумҳурӣ чашмрасанд. Аз ҷумла, чандин ташаббуси кишвар, бахусус дар ҳаллу фасли масъалаҳои об ва энергетика, ҷилавгирӣ аз офатҳои табиии марбут ба об, ҳифзи пиряхҳо, мубориза алайҳи терроризм, тундгароӣ ва гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир, аз байн бурдани мушкилоти Афғонистон аз ҷониби соири кишварҳои ҷаҳон дар СММ дастгирӣ ёфтанд.

Сиёсати хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шароити муосир хусусияти таҳаввулотиро дорост, ки он имконият медиҳад бо давлатҳои ҷаҳон бештар муносибатҳои дуҷониба ва бисёрҷонибаро ба роҳ монад. Дар муносибат бо давлатҳои ҳамсарҳад ва давлатҳои сохти демократӣ дошта, Ҷумҳурии Тоҷикистон сиёсати дӯстӣ, дахолат накардан ба сиёсати дохилии дигар давлатҳо, ҳал намудани масъалаҳо бо роҳи осоиштаро пурра ҷонибдорӣ менамояд.

Азбаски кишварҳои гуногун нисбати Ҷумҳурии Тоҷикистон хостаҳои гуногун, манфиатҳои гуногун доранд ва аксар хостаҳои онҳо бо хостаҳо ва манфиатҳои давлатҳои дигар дар тазод мебошад, байни ин кишварҳо рақобате вуҷуд дорад. Ин рақобати онҳо ба вазъи Ҷумҳурии Тоҷикистон бе таъсир нахоҳад буд.

Имрӯз дар сиёсати хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки акнун чоряк аср таҷриба пушти сар дорад, муносибатҳои дуҷониба ва ҳамкориҳои бисёрҷониба мавқеи махсус доранд. Зарурати иштироки Ҷумҳурии Тоҷикистон дар фаъолияти ин созмонҳо аз он бармеояд, ки кишвар дар таҳкими амнияту суботи байналмилалӣ пайваста талош меварзад.

Ҷумҳурии Тоҷикистон дар тӯли 34 соли Истиқлоли сиёсии хеш тавонист, бо барқарор намудани муносибатҳои ду ва бисёрҷониба бо кишварҳои дунё, созмонҳои байналмилалӣ ва минтақавӣ марҳала ба марҳала мавқеи сиёсии худро дар арсаи ҷаҳонӣ мустаҳкам гардонад. Дар ин марҳалаи начандон тӯлонии таърихи муосир Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ҳидояти роҳбарияти кишвар ҳамчун узви комилҳуқуқи ҷомеаи ҷаҳонӣ эътироф гардида, обрӯ ва эътибори хешро боло бурд, ҳамкориҳои судмандро таҳкиму густариш бахшид ва то имрӯз бо аксари давлатҳои ҷаҳон робитаҳои хубу манфиатовар ба роҳ мондааст.

Бояд гуфт, ташаббусҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи об, пеш аз ҳама, ба таҳкими ҳамкориҳою танзими муносибатҳо нигаронида шуда, мавзӯи обро аз чаҳорчӯбаи фаҳмиши классикии ақибмондаи собиқи он раҳоӣ мебахшанд, дар навъи нигариш ва истифодаи обҳои фаромарзӣ миёни кишварҳои минтақа раванди муколама дохил карда мешавад, аз таҷрибаи пешрафтаи якдигар ва ҷаҳон дар ҳалли масъалаҳои баҳсноку низоъангез, аз ҷумла, идоракунии захираҳои оби дарёҳои сарҳадгузар истифода карда мешавад.

Барои ба ҳадафҳои ин ташаббусҳо расидан аз ҷониби кишварҳо ва созмонҳои ҷаҳонӣ чорабиниҳои зиёде бо иштироки роҳбарияти Ҷумҳурии Тоҷикистон гузаронида шуд. Ҳамчунин, дар асоси Қатъномаи Маҷмаи умумии СММ як қатор чорабиниҳои сатҳи баланди байналмилалӣ дар пойтахти кишварамон бо иштироки намояндагони кишварҳои аъзои СММ ва дигар созмонҳои байналмилалию минтақавӣ гузаронида шуданд.

Ҷумҳурии Тоҷикистон ба шарофати сиёсати “дарҳои кушода” ҳамкории мутақобилан судмандро бо як қатор созмонҳои иқтисодӣ ва ниҳодҳои молиявии байналмилалӣ ба роҳ мондааст. Аз ҷумла, Созмони ҳамкории иқтисодӣ, Созмони ҳамкории иқтисодӣ ва рушд, Иттиҳоди иқтисодии АвруОсиё, Хазинаи байналмилалии асъор, Бонки ҷаҳонӣ, Бонки аврупоии таҷдид ва рушд, Бонки Осиёии рушд, Бонки исломии рушд, Бонки Авруосиёии рушд, Бонки навтаъсиси осиёии сармоягузории зерсохторӣ ва ғайра.

Дар самти ҳамкории иқтисодии хориҷӣ қобили зикр аст, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолона бо шарикони анъанавӣ, монанди Федератсияи Русия, Ҷумҳуриҳои Қазоқистон, Ӯзбекистон, Қирғизистон ва Туркманистон ҳамкории наздик ба роҳ мондааст. Дар ин ҷо ҳамсояи ҳаммарзи бузург Ҷумҳурии Халқии Хитойро, ки тавассути сармояҳои муассири хеш ба рушди иҷтимоиву иқтисодии кишвар мусоидати назаррас мерасонад, наметавон махсус зикр накард. Ҳамзамон, Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамкории устуворро бо кишварҳои хориҷии дур, аз ҷумла кишварҳои қаламрави Иттиҳоди Аврупо ва Иёлоти Муттаҳидаи Амрико ба роҳ монда, мунтазам кӯшиш ба харҷ медиҳад, ки онҳоро васеъ ва амиқ намояд.

Ҳадафи асосии сиёсати хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳифзи манфиатҳои стратегии кишвар дар арсаи байналмилалӣ буда, он аз тариқи фароҳам овардани шароити мусоиди берунӣ барои рушди устувори ҳамаҷонибаи мамлакат, мусоидат ба таҳкими беш аз пеши пояҳои истиқлолияту соҳибихтиёрии давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва кӯшишҳои пайгирона ҷиҳати дарёфти ризоият ва манфиатҳои мутақобила бо кишварҳои хориҷӣ ва созмонҳои байналмилалӣ дар ҷараёни иҷрои вазифаҳои авлавиятноки сиёсати хориҷии кишвар амалӣ мегардад.

Ҷиҳати ноил шудан ба ҳадафи мазкур Ҷумҳурии Тоҷикистон сиёсати хориҷии мустақили бисёрсамта ва сиёсати “дарҳои кушода”-ро, ки ба талаботи манфиатҳои олии давлативу миллӣ ҷавобгӯ буда, ҳадафи ба роҳ мондани муносибатҳои дӯстона ва мутақобилан судмандро бо кишварҳои гуногуни олам пайгирӣ мекунад ва ба эҳтироми бечунучарои ҳуқуқи байналмилалӣ асос ёфтааст, татбиқ менамояд.

Дар марҳалаи кунунӣ принсипҳои асосӣ ва анъанаҳои сиёсати хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳалли масъалаҳои афзалиятноки рушди кишвар, аз ҷумла таҳкими сулҳу субот ва ваҳдати миллӣ, тақвияти ислоҳоти сиёсӣ, иқтисодӣ ва иҷтимоӣ равона шуд. Дар ин муддат сиёсати «дарҳои кушода», ҳамчун фарҳанги ҳамзистӣ бо олами имрӯз аз ҷониби роҳбарияти кишвар муаррифӣ гардида, дар асоси он сиёсати хориҷии бисёрсамта, ботавозун ва прагматикӣ тарҳрезӣ шуд ва тавсеаву таҳкими робитаҳои дӯстона ва ҳамкориҳои судманд бо кишварҳои гуногуни олам роҳандозӣ гашт. Ба шарофати ин сиёсат Ҷумҳурии Тоҷикистон мавқеи худро дар сиёсати байналмилалӣ мустаҳкам сохта, бо назардошти манфиатҳои миллӣ тавозуни муносибатҳо ва манфиатҳои худро таъмин кард. Сиёсати “дарҳои кушода” меҳвари сиёсати хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистонро таҷассум мекунад. Бархе аз натиҷаҳои ин сиёсатро метавон чунин баршумурд:

1. ҳар сол миёни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва беш аз 100 кишвари ҷаҳон табодули мол сурат мегирад. Соли 2013 Ҷумҳурии Тоҷикистон узви комилҳуқуқи яке аз созмонҳои бонуфузтарини дунё — Созмони Умумиҷаҳонии Тиҷорат гардид;

2. то имрӯз Ҷумҳурии Тоҷикистон бо кишварҳои гуногуни олам беш аз 2100 ҳуҷҷати дуҷониба ба имзо расонидааст, ки масъалаҳои муносибату ҳамкориҳои дуҷонибаро дар соҳаҳои сиёсӣ, иқтисодӣ, тиҷоратӣ, ҳарбӣ-техникӣ, амният, илм, фарҳанг, маориф, тандурустӣ, сайёҳӣ ва дигар самтҳоро фаро мегиранд;

3. ағлаби ташаббусҳои сиёсӣ, аз ҷумла ҳаллу фасли мухолифати шаҳрвандӣ тариқи гуфтушунид, мусоидат ба ҳалли мушкилоти сиёсиву иқтисодӣ ва иҷтимоии Афғонистон, рушди ҳамкориҳои минтақавӣ, як зумра ташаббусҳо оид ба истифодаи оқилонаи захираҳои обӣ ва ҳамкорӣ дар соҳаи энергетика, мубориза бар зидди терроризм, экстремизм ва қочоқи маводи мухаддир, инчунин дигар пешниҳодҳои арзишманди роҳбарияти Тоҷикистон аз ҷониби ҷомеаи ҷаҳонӣ ҳамовозӣ ва дастгирӣ пайдо намудаанд.

Бояд хотирнишон сохт, ки дар ин давра Ҷумҳурии Тоҷикистон бо бештар аз 350 санади байналмилалӣ ба мисли конвенсияҳо, хартияҳо ва эъломияҳои байналмилалӣ аъзо шуда, уҳдадориҳои худро дар мавриди расидан ба ҳадафҳои ҷаҳонӣ, аз қабили рушди иҷтимоӣ, беҳбуди вазъи иқтисодӣ, ҳифзи муҳити зист ва амсоли он иҷро менамояд.

Ҷумҳурии Тоҷикистон дар доираи Созмони илмию фарҳангии Созмони Милали Муттаҳид (ЮНЕСКО) низ муаллифи чандин ташаббус буда, ҳамовозии ин созмонро ба даст овардааст, ки ба чанде аз онҳо ишора мекунем:

1. соли 2002 пойтахти Тоҷикистон шаҳри Душанбе ба ҳайси “Шаҳри сулҳ” сазовори ҷоизаи ЮНЕСКО гардид;

2. соли 2003 “Шашмақом” ҳамчун мусиқии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон ба ҳайси шоҳкориҳои шифоҳӣ ва фарҳангии мероси ғайримоддии башарият ба феҳристи ЮНЕСКО ворид карда шуд;

3. соли 2010 бо қарори 34-умин ҷаласаи Кумитаи мероси умумиҷаҳонии ЮНЕСКО шаҳраки қадимаи «Саразм» ба феҳристи мусаввараҳои мероси фарҳангии умумиҷаҳонии ЮНЕСКО ворид карда шуд;

4. соли 2013 бо қарори 36-умин ҷаласаи Кумитаи мероси умумиҷаҳонии ЮНЕСКО “Боғи миллии Тоҷикистон – кӯҳҳои Помир” ба феҳристи Мероси табии умумиҷаҳонии ЮНЕСКО шомил гардид;

5. соли 2013 дар шаҳри Париж, дар қароргоҳи ЮНЕСКО муаррифии китоби «Меъмори сулҳ», дар роҳи расидан ба сулҳу суботи комил дар кишвар бахшида шуда буд, баргузор гашт;

6. соли 2013 бо эътирофи пайравии пайваста ба ҳадафҳои ташаккули сулҳи пойдор ва пешбурди рушди устувор, аз ҷумла тавассути ташаббусҳо оид ба пешбурди ҳамкорӣ ва муколамаи байналмилалӣ дар соҳаи об, табодули донишҳои илмӣ ва мусоидат ба пешрафт дар самти татбиқи Ҳадафҳои Рушди Ҳазорсола ва ҳадафҳои рушди дар сатҳи байналмилалӣ ҳамоҳанг шуд;

7. соли 2013 дар шаҳри Париж дар рафти 37-умин иҷлосияи Конфронси генералии ЮНЕСКО ҷашнҳои 3000-солагии Ҳисор, 700-солагии Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ (дар ҳамкорӣ бо Ҷумҳурии Исломии Эрон) ва 600-солагии Абдураҳмони Ҷомӣ ба феҳристи ҷашнҳое, ки бо иштироки ЮНЕСКО дар солҳои 2014-2015 таҷлил мешаванд, ворид гардиданд.

Доираи дигари ташаббусҳои байналмилалии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳалли масъалаҳои амниятӣ, мубориза бо таҳдиду чолишҳои замони муосир, аз ҷумла терроризм, тундгароӣ ва гардиши ғайриқонунии маводи мухаддирро дар бар мегирад. Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Истиқлоли сиёсӣ дар самти мубориза бар зидди терроризм, ифротгароӣ ва қочоқи маводи мухаддир ҳамкории босамаре бо созмонҳои байналмилалию минтақавӣ — СММ, Созмони Аҳдномаи ҳамкорӣ дар Аврупо, Созмони Ҳамкории Шанхай ва ғайра ба роҳ монда, инчунин иштирокчии фаъоли амалиёти сулҳҷӯёнаи СММ гардидааст.

Бинобар ин, ташаббуси Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар бораи тавассути қатъномаи махсуси СММ «Даҳсолаи таҳкими сулҳ ба хотири наслҳои оянда», ки аз минбари баланди СММ 24 сентябри соли 2024 садо дод, барои ҳар шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон мояи ифтихору сарбаландӣ аст. Ин ташаббус давоми мантиқии ҳамаи ташаббусҳои пешинаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар самти обу иқлиму экология буд, ки дар асоси онҳо СММ 10 қатънома қабул намуд. Барои дарки он ки дар сиёсати хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон масъалаи сулҳу суботу ваҳдат масъалаи меҳварӣ маҳсуб меёбад.

Ҳамин тариқ, марҳалаи нав дар сиёсати хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон пас аз Иҷлосияи таърихии XVI-уми Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оғоз ёфта, дар баробари ҳаллу фасли масъалаҳои рӯзмарра, асосҳои сиёсати дохилӣ ва хориҷии кишвар, принсипҳои роҳандозӣ намудани сиёсати хориҷӣ мушаххас гардида, тадриҷан санадҳои зарурӣ таҳия ва қабул карда мешаванд.

Инчунин, ҷомеаи ҷаҳонӣ азму иродаи Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар ҷодаи ободию осоиши Ватан, ташаббусҳои созандаву некбинона, нигоҳи боэътимоду хайрхоҳона ба масъалаҳои ҷаҳонии муосир ва иштироки фаъол дар ҳалли онҳо эътироф ва эҳтиром мекунад. Бешак, ин навъи нигариш ба Ҷумҳурии Тоҷикистон, заминаро барои барқарории робитаҳои созанда бо ҳамаи кишварҳои олам ва нақшофарии Ҷумҳурии Тоҷикстон дар арсаи минтақаву ҷаҳон дар оянда низ фароҳам хоҳад кард.

РАҲМОНЗОДА Азимҷон Шералӣ, ходими пешбари илмии шуъбаи Осиёи Ҷанубӣ ва Шарқии

Институти омӯзиши масъалаҳои давлатҳои Осиё ва Аврупои Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, шахсияти барҷастаи сиёсӣ, меъмори сулҳи тоҷикон ва поягузори давлати муосири миллӣ ба ҳисоб меравад. Дар давраи соҳибистиқлолии кишвар, ки бо мушкилоти шадиди сиёсӣ, иҷтимоӣ ва иқтисодӣ оғоз ёфт, маҳз иродаи қавӣ, хиради сиёсӣ ва садоқати ӯ ба арзишҳои миллӣ тавонистанд Тоҷикистонро аз вартаи ҷанги шаҳрвандӣ наҷот диҳанд ва ба роҳи сулҳ, субот ва тараққиёт ҳидоят намоянд.

Истиқлолияти давлатӣ барои миллати тоҷик имконият фароҳам овард, то арзишҳои таърихӣ, фарҳангӣ ва маънавии худро эҳё намояд ва дар шароити нави ҷаҳони муосир ҷойгоҳи шоистаи худро пайдо кунад. Дар ин раванд нақши роҳбари давлат калидӣ мебошад, зеро ӯ тавонист давлатдориро бар пояи адолат, ваҳдат, якдигарфаҳмӣ ва эҳтироми инсон асос гузорад. Яке аз саҳифаҳои муҳимтарини таърихи давлати тоҷикон замони ба даст овардани сулҳи деринтизор аст. Пас аз ҷанги шаҳрвандии солҳои 1992–1997, ки хисороти бузурги маънавӣ ва моддӣ овард, ташаббус ва талошҳои пайгиронаи Эмомалӣ Раҳмон роҳро ба сӯи сулҳ боз намуданд.

Гузоштани пояҳои музокироти байни тоҷикон, имзои Созишномаи умумии истиқрори сулҳ, ризоияти миллӣ (27 июни соли 1997) ва татбиқи минбаъдаи он, намунаи нодири дипломатияи дохилӣ ва сиёсати хирадмандонаи Пешвои миллат ба шумор меравад. Ин раванд Тоҷикистонро аз буҳрони ҷиддӣ наҷот дода, пояи давлатдории муосирро мустаҳкам сохт.

Ваҳдати миллӣ ҳамчун арзиши асосии ҷомеаи тоҷик зери сарварии Пешвои муаззами миллат ба як мафҳуми зиндаи сиёсӣ ва иҷтимоӣ табдил ёфт. Имрӯз он на танҳо рамзи ҳамбастагии мардум, балки шарти асосии рушди устувори кишвар мебошад.

Дар марҳалаи баъди сулҳ, сиёсат ва фаъолияти давлати Тоҷикистон ба рушди устувори иқтисодӣ ва иҷтимоӣ равона гардид. Ташаббусҳои стратегӣ, аз ҷумла “Стратегияи миллии рушд то соли 2030”, барномаҳои давлатӣ дар соҳаи энергетика, кишоварзӣ, саноат, маориф ва тандурустӣ самтҳои муҳимми рушди кишвар мебошанд.

Дар соҳаи иҷтимоӣ низ сиёсати давлат ба беҳтар намудани сатҳи зиндагии мардум нигаронда шудааст. Дар давоми солҳои охир ҳазорон мактаб, беморхона, роҳҳои мошингард, пулҳо ва инфрасохтори муосир бунёд ёфтанд. Барномаҳои давлатӣ дар самти ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, дастгирии занону ҷавонон, рушди деҳот ва баланд бардоштани сатҳи маърифат амалӣ мегарданд.

Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба масъалаҳои фарҳанг ва илму маориф таваҷҷуҳи хоса дорад. Баргардони осори ниёгон, эҳёи забон ва анъанаҳои миллӣ, арҷгузорӣ ба фарҳанги тоҷик ва ташкили озмунҳо, конфронсҳо, солгарди ҷашнҳои бузург, нашр ва ҳадяи китоби “Тоҷикон”-и Бобоҷон Ғафуров ва “Шоҳнома”-и Абулқосим Фирдавсӣ ба ҳар хонадони тоҷик - гувоҳи равшани сиёсати фарҳангпарваронаи роҳбарияти давлат мебошанд.

Таҳти роҳбарии Пешвои муаззами миллат Эмомалӣ Раҳмон Тоҷикистон дар соҳаи энергетика ба дастовардҳои назаррас ноил шуд. Сохтмони НБО-и “Роғун” - лоиҳаи аср - ифодаи возеҳи сиёсати рушди мустақили энергетикии кишвар аст. Бо татбиқи ин лоиҳа Тоҷикистон ба як кишвари содиркунандаи нерӯи барқ табдил меёбад.

Дар арсаи байналмилалӣ низ Ҷумҳурии Тоҷикистон зери роҳбарии Президенти худ мавқеи устувор пайдо намудааст. Ташаббусҳои ҷаҳонии Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар соҳаи об, экология ва ҳамкории минтақавӣ мавриди эътирофи Созмони Милали Муттаҳид қарор гирифтаанд. Дар заминаи ин ташаббускориҳо Тоҷикистонро имрӯз ҳамчун як кишвари сулҳдӯст, бо сиёсати хориҷии мутавозин ва ҳамкориҳои созанда мешиносанд.

Созмонҳои байналмилалӣ ва ниҳодҳои сиёсӣ таҷрибаи сулҳи Тоҷикистонро яке аз намунаҳои муваффақи барқарорсозии суботи миллӣ дар минтақаи пасошӯравӣ меҳисобанд.

Созмони Милали Муттаҳид (СММ) дар як қатор ҳисоботҳои худ (аз ҷумла дар соли 2002 ва 2017) таҷрибаи сулҳи тоҷиконро “Модели нодири музокироти дохилӣ ва созиши миллӣ” номидааст. Мувофиқи арзёбии СММ, нақши шахсии Эмомалӣ Раҳмон дар роҳандозии музокирот, имзои Созишномаи умумии сулҳ ва татбиқи он калидӣ ва сарнавиштсоз будааст.

Тибқи изҳороти Дабири кулли СММ Антониу Гутерриш дар вақти сафараш ба Тоҷикистон (2017), “Сулҳи тоҷикон намунаи ибрат барои бисёр кишварҳоест, ки аз низоъҳои дохилӣ ранҷ мебаранд”.

Бисёр таҳлилгарон ва сиёсатшиносон аз кишварҳои гуногун таҷрибаи сулҳи Тоҷикистонро ҳамчун таҷрибаи муваффақи “дипломатияи дохилӣ” арзёбӣ мекунанд.

· Пажӯҳишгари амрикоӣ Марта Брэдшоу дар китоби худ “Post-Conflict Peacebuilding in Central Asia” (Вашингтон, 2010) менависад, ки Эмомалӣ Раҳмон тавонист “ҷомеаи ҷангзадаеро тавассути эътимод, гузашт ва иродаи сиёсӣ ба сӯи ваҳдат раҳнамун созад”.

· Муҳаққиқи рус Александр Князев таҷрибаи сулҳи тоҷиконро “омӯзишгоҳи сиёсати созандагӣ” меномад ва таъкид мекунад, ки Эмомалӣ Раҳмон тавонист аз сулҳ як арзиши миллии сиёсӣ ва идеологӣ эҷод кунад.

· Дар пажӯҳишҳои таҳлилгарони Чин ва кишварҳои аврупоӣ низ зикр мешавад, ки сулҳи тоҷикон - намунаи “сулҳ аз поён” аст, яъне сулҳе, ки худи миллат онро мехоҳад ва тавассути роҳбарии миллӣ амалӣ месозад.

Имрӯз таҷрибаи сулҳофарии Тоҷикистон дар доираи форумҳо ва конфронсҳои байналмилалӣ ҳамчун модели нодири ҳалли мусолиматомези низоъҳо пешниҳод мегардад.

Мавқеи фаъоли кишвар дар мубориза бо таҳдидҳои ҷаҳонӣ, аз ҷумла ифротгароӣ, терроризм ва гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир, нишон медиҳад, ки Тоҷикистон дар сиёсати амниятӣ ва байналмилалӣ нақши фаъол дорад.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар таърихи навини тоҷикон ҳамчун шахсияти таърихӣ ва меъмори сулҳ боқӣ мемонад. Пешвои муаззами миллат тавонист кишвари аз ҷанг ҷудошударо ба давлати соҳибистиқлол, қавӣ ва устувор табдил диҳад. Сиёсати оқилона, тафаккури стратегӣ ва иродаи давлатдоронаи ӯ ба миллат эҳсоси ифтихор, ваҳдат ва умеди устувор бахшид.

Имрӯз Тоҷикистон дар фазои сулҳ, субот ва ҳамзистии осоишта зиндагӣ мекунад. Ҳамаи ин дастовардҳо натиҷаи роҳбарии хирадмандонаи Пешвои миллат мебошанд, ки бо амалҳои худ собит намудааст: сулҳ, ваҳдат ва пешрафт – пояҳои асосии давлатдории тоҷиконанд.

НАҶМИДДИНОВ А., ходими калони шуъбаи ШМА ва Канада Институти омӯзиши масъалаҳои давлатҳои

Осиё ва Аврупои Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, номзади илмҳои филологӣ

Ба истиқболи Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон -16 ноябр

Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон яке аз санаҳои муҳим дар кишвари соҳибистиқлоли мо ба шумор меравад, ки таҷлили он на танҳо рамзи эҳтиром ба шахсияти роҳбари давлат аст, балки ифодаи садоқат ба халқу Ватан, ваҳдати миллӣ ва худшиносии миллӣ мебошад. Ин сана ба тамоми мардуми кишвар ёдрас менамояд, ки истиқлолият ва суботи сиёсӣ маҳз бо талош ва иродаи мустаҳками Сарвари давлат ва мардуми меҳнатдусти Тоҷикистон ба даст омадааст.

Ин сана дар тарбияи насли ҷавон ва баланд бардоштани ҳисси ватандорӣ ва эҳтироми арзишҳои миллӣ аҳамияти калидӣ дорад.

Маърифатнокӣ ва тараққиёти ҳар як ҷомеаро бисёр сабабҳо муайян мекунанд, ки дар байни онҳо мақому манзалати зан дар ҷомеа ва риояи ҳуқуқу озодиҳои вай яке аз ҷойҳои асосиро ишғол менамояд. Зеро ҷомеае, ки дар он ҳуқуқи шаҳрвандон бахусус, занон муҳофизат намешавад, наметавон онро ҷомеаи демокративу ҳуқуқбунёд эътироф намуд.

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои муаззами миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамасола дар Паёмҳои хеш ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон нисбат ба масъалаи баланд бардоштани мақоми зан дар ҷомеа таваҷҷуҳи ҳамаҷониба равона месозанд. Имрӯз агар як нигоҳи амиқ намоем, мушоҳида хоҳем кард, ки бо натиҷа ва самараи ин ҳадафҳои воқеӣ занон сарбаландона дар тамоми ҷанбаҳои ҳаёти ҷомеа кору фаъолият намуда, мақоми арзандаро соҳиб гаштаанд.

Бо фароҳам овардани шароити мусоид аз ҷониби Ҳукумати мамлакат ва дастгириҳои бевоситаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои кору таҳсили бонувони тоҷик бо иқдомот ва ташаббусҳои худ собит намуданд, ки занон дар баробари мардон метавонанд дар тамоми соҳаҳо муваффақ ва дар рушду тараққиёти Ватани худ ҳиссагузор бошанд.

Дар сатҳи давлатӣ хушбахтона имрӯз, нақши зан-модар зери таваҷҷуҳи махсуси Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қарор дорад. Дар иртибот ба ин гуфтаҳо, бо қадршиносӣ аз хизматҳои зан – модари тоҷик чунин иброз намуданд: «Мо – мардон вазифадорем, ки ҳамеша ба қадри ранҷҳои кашидаи модарон, заҳмату хизматҳои занону духтарони худ ва умеду интизориҳои онҳо расем. Мо набояд фаромӯш намоем, ки тамоми нобиғаву алломаҳои башар аз домони поки модар ба дунё омадаанд ва дар оғӯши гарми ӯ бузург шудаанд».

Илова бар ин гуфтаҳо, дар ҳақиқат ҳам занон ва модарони мо хазинаи бебаҳое мебошанд, ки тамоми қувваи худро барои тарбияи фарзандони соҳибмаърифату ватандӯст, дорои ахлоқи ҳамида дареғ намедоранд

Маҳз бо дастгириҳои пайвастаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Кумитаи кор бо занон ва оила ҳамчун сохтори воқеии муайянкунандаи баробарии гендерӣ ва пешбарандаи сиёсати гендерии кишвар ташкил шуда, бо мақсади тақвияти мавқеи занон дар ҷомеа ва фаъол гардондани нақши онҳо, тарбияи насли худшиносу худогоҳ тадбирҳои судманд роҳандозӣ гардиданд.

Бо мақсади амалӣ намудани ҳадафҳои Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030, инчунин то 30 фоиз расондани хизматчиёни давлатӣ ва то 25 фоиз кадрҳои роҳбарикунанда аз ҳисоби занону духтарони болаёқат қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи Барномаи давлатии тарбия, интихоб ва ҷобаҷогузории кадрҳои роҳбарикунанда аз ҳисоби занону духтарони болаёқат барои солҳои 2023 – 2030” аз 27 апрели соли 2022 қабул гардид.

Иловатан “Барномаи махсуси ҷалби занон ба вазифаҳои роҳбарикунандаи давлатӣ ва мубориза бо ҳолатҳои поймолшавии ҳуқуқи занон” бо фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон чандин сол қабл ҳанӯз аз соли 1999 қабул гардид. Дар асоси ин дастур соли 2001 барномаи дигар “Самтҳои асосии сиёсати давлатӣ оид ба таъмини баробарҳуқуқии мардону занон барои солҳои 2001–2010” қабул карда шуданд, ки дар заминаи ин санадҳо баробарии ҳуқуқу имкониятҳои занону мардон ва иштироки фаъолонаи бонувон дар зиндагии сиёсӣ, иқтисодӣ ва иҷтимоии кишвар тадриҷан амалӣ мегардад.

Ҳамзамон бо мақсади ҳавасманд гардонидани занону бонувон дар асоси Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз соли 2006 инҷониб грантҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба фаъолияти соҳибкории занон таъсис дода шуд, ки ин тадбир низ ҳамчун таҷрибаи муҳим барои дастгирии занон дар тамоми манотиқи кишвар арзёбӣ мегардад.Барои мисол, соли 2022 дар асоси қарори дахлдори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳаҷми маблағҳои грантӣ аз 2 ба 2,5 миллион сомонӣ барои 80 лоиҳаи мақсадноки занону бонувон зиёд гардид, ки ин раванди корбарӣ пеш аз ҳама инъикосгари сиёсати сулҳпарваронаю созандаи дохилию хориҷии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нисбат ба мақому манзалати занону бонувони сарбаланди тоҷик мебошад.

Дар сатҳи давлатӣ занон имрӯз натанҳо вакилони мардумӣ дар парлумон ва мақомотҳои давлатӣ, балки шарики баробарҳуқуқ ва таъсиргузор дар қабули қарорҳо мебошанд.Мисоли равшан ҳамасола барномаҳо ва стратегияҳои давлатӣ барои баланд бардоштани сатҳи намояндагӣ ва иштироки занон амалӣ мешаванд, ки ин ба устувории давлат ва рушди ҷомеа мусоидат мекунад.

Тибқи маълумотҳои омории дастрасшуда дар муқоиса бо кишварҳои ҳамсоя дар Ҷумҳурии Тоҷикистон занон, тақрибан 30 % вакилони парламентро ташкил медиҳанд, ки аз Қирғизистон (22 %) ва аз Қазоқистон (27 %) бештар буда дар қиёс нисбат ба дигар минтақаҳои Осиёи Марказӣ намунаи устувор ба ҳисоб меравад. Ин рақамҳо шаҳодат медиҳанд, ки сиёсати Пешвои миллат нисбат ба занон амалӣ, устувор ва бо якчанд ҷанбаҳо ҳамоҳанг мебошад.

Сиёсати Пешвои миллат нисбат ба занон имконият фароҳам овардааст, ки занон дар баробари мардон тавонанд ҳамчун қувваи созанда, таъсиргузор ва намунаи ибрат дар ҷомеа фаъолият кунанд.

Достиева Дилафрӯз, ходими хурди илмии шуъбаи Осиёи Ҷанубу Шарқии

Институти омӯзиши масъалаҳои давлатҳои Осиё ва Аврупои АМИТ

Ба Истиқболи Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон -16 ноябр

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар арсаи байналмилалӣ ҳамчун роҳбари ташаббускор ва нақшгузор дар ҳалли мушкилоти глобалӣ эътироф шудаанд. Маҳз бо шарофати сиёсати муваффақонаву бороварии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон имрўз ҷомеаи ҷаҳонӣ ба Тоҷикистон бо нигоҳи боэътимод ва хайрхоҳона назар дорад. Президенти кишвар зимни суханрониҳои худ масъалаҳои гуногуни аҳамияти глобалӣ дошта, алалхусус, пешгирӣ аз терроризму экстремизм, гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир, баҳси кишварҳо барои обҳои байналмилалӣ, таъмини устувории ҳифзи муҳити зист, афзоиши аҳолӣ, тағйирёбии иқлим, густариши бемориҳои сирояткунанда ва ғайраро баррасӣ карда, ҷомеаи ҷаҳониро барои раҳои ёфтан аз проблемаҳои замони муосир ва ҳалли ин мушкилот даъват менамоянд.

Президенти Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон имрӯз Пешвои сиёсии аз ҷониби ҷомеаи ҷаҳонӣ эътирофшуда ва бонуфузи глобалӣ буда, на танҳо дар муайян кардани рӯзномаи сиёсати байналмилалӣ, балки барои ҳалли масъалаҳои доғи глобалӣ қодир ҳастанд. Дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид Антониу Гутерриш, ки соли 2017 ба давлати мо сафар намуда, ба ташаббусҳои ҷаҳонии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баҳои баланд дод.

Алалхусус, Ҷумҳурии Тоҷикистон бо дарназардошти афзун гардидани таваҷҷуҳи ҷомеаи ҷаҳонӣ ба масъалаҳои об ва муҳиммияти захираҳои обӣ барои ноил гардидан ба рушди устувор масъалаҳоро вобаста ба об дар рӯзномаи ҷаҳонӣ тавсеа мебахшанд. Ташаббусҳои мазкури Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати эҷоди заминаи устувор барои ҳамоҳангсозӣ ва ҳавасмандгардонии талошҳо ба мақсади ҳаллу фасли мушкилоти марбут ба мудирияти маъалаҳои об роҳандозӣ шудааст.

Бешубҳа, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон назари худро на танҳо доир ба ҳалли мушкилоти Ҷумҳурии Тоҷикистон, балки ба ҳалли мушкилотҳои тамоми сайёра баён менамояд.

Мавриди зикр аст, ки ҳуқуқи истифодаи обро ҳамчун сарвати табиӣ ва истифодаи онро барои рушди ҳаёти иқтисодӣ, истифодаи он барои коркарди нерўи барқ, хоҷагии қишлоқ ва ҳифзи он дар сатҳи зарурӣ барои ҳаёт масъалаҳои глобалӣ буд, ки маҳз тавассути Роҳбари давлати мо ба сатҳи масоили байналмилалӣ бароварда шуд. Албатта, манфиат аз он танҳо барои миллат ва давлати мо не, балки барои кулли инсоният буд ва мемонад. Зеро ҳаёти инсонӣ он дараҷае, ки ба об вобаста аст, он миқдор ба дигар неъматҳои табиӣ ва маънавӣ тавъам нест, вале бинобар омилҳои мухталиф шинохт ва ҳифзи ин неъмат аз назарҳо дур монда буд.

Бояд гуфт, ки Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон муаллифи чор ташаббуси бузурге мебошанд, ки дар сатҳи ҷаҳонӣ вобаста ба об татбиқ гардидааст:

1. Соли 2003 – Соли байналмилалии оби тоза, ки дар сессияи 55-ум бо Қарори Ассамблеяи Генералии СММ аз 20 декабри соли 2000 таҳти №55/196 қабул гардидааст.

2. Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои ҳаёт», 2005-2015, ки дар сессияи 58‐ум бо Қарори Ассамблеяи Генералии СММ аз 23 декабри соли 2003 таҳти №58/217 қабул гардидааст.

3. Соли байналмилалии ҳамкорӣ дар соҳаи об – 2013, ки дар сессияи 65-ум бо Қарори Ассамблеяи Генералии СММ аз 20 декабри соли 2010 таҳти 65/154 қабул гардидааст.

4. Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор», 2018-2028, ки дар сессияи 71-ум бо Қарордоди Ассамблеяи Генералии СММ аз 21 декабри соли 2016 қабул гардидааст.

Дарвоқеъ, ташаббусҳои ҷаҳонии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро дар масъалаи об, стратег ва дурандеш будани Роҳбари давлати моро дар сатҳи байналмилалӣ комилан собит сохт. Президенти кишвар масъалаҳои дохилии давлати Тоҷикистонро ҳамчун имконҳои табиии кишвар то сатҳои байналмилалӣ бароварда, ҷиҳати истифодаи самараноки онҳо дар олам ва Тоҷикистон пешниҳодҳои судманд намуда, диққати созмонҳои байналмилалӣ ва сармояи хориҷиро ба кишвар ҷалб намуданд. Масъалаҳои самаранок истифодаи ин сарвати бебаҳо ҳал гардиду ҳам проблемаи ҷидии экологии ҷаҳон рў ба беҳбудӣ овард.

Дар баробари ин, моҳи декабри соли 2022 Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид дар иҷлосияи 77-уми худ Қатъномаи «Соли 2025 — Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо»-ро, ки аз ҷониби Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбарӣ шуда буд, якдилона қабул кард.

Ташаббуси навбатии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро 153 давлати узви ин созмон ҷонибдорӣ намуд. Қабули чунин як қатъномаи барои ҷомеаи муосири ҷаҳонӣ муҳиму муфид мояи ифтихору сарфарозии ҳамаи тоҷикони ҷаҳон гардид.

Дар асоси ин Қатънома, 21 март ҳамчун «Рӯзи байналмилалии ҳифзи пиряхҳо» ва соли 2025 «Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо» эълон гардид ва қарори дар назди СММ таъсис додани Фонди боварии байналмилалӣ барои саҳмгузорӣ ба ҳифзи пиряхҳо ва соли 2025 доир намудани Конфронси байналмилалӣ оид ба ҳифзи пиряхҳо дар шаҳри Душанбе низ ба тасвиб расид. Ин ташаббуси Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои инсоният ва сайёраи мо воқеан, аҳамияти бузург дорад, зеро он ба ҳифзи табиат ва захираҳои обӣ, дар маҷмӯъ ба ҳифзи ҳаёти инсоният дар сайёраи мо равона шудааст.

Тавре маълум аст, ҳар як ташаббуси Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон на танҳо барои ҳимояи давлату миллати тоҷик, балки барои ҳифзи арзишҳои умумиинсонӣ нигаронида шудаанд. Ташаббусҳои оламшумули Сарвари давлат ва мақсаду мароми некашон аст, ки мардуми тоҷик дар арсаи ҷаҳон ҳамчун як миллати бузурги соҳибандеша шинохта шуд.

Дар баробарӣ ин, Сарвари давлат аз минбари баланди СММ пешниҳодҳои зиёде вобаста ба эҳёи арзишҳои миллӣ кардаанд, ки он аз ҷониби ҷомеаи ҷаҳонӣ ҳамовозӣ пайдо намуданд. Аз ҷумла, 19 феврали соли 2010 Маҷмаи умумии СММ бо пешниҳоди Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар кишварҳое, ки “Иди Наврӯз”- ро ҷашн мегиранд қатъномаеро қабул кард, ки тибқи он ҷашни Наврӯз мақоми байналмилалӣ касб намуд. Иди Наврӯз соли 2009 аз ҷониби Кумитаи ҳифзи мероси фарҳангии Созмони Милали Муттаҳид расман ба феҳристи ЮНЕСКО оид ба мероси башарияти фарҳанги ҷаҳонӣ дохил гардид. Баъдан, дигар арзишҳои фарҳангӣ, аз қабили таом ва либосҳои миллӣ, ёдгориҳои таърихии мо ба феҳристи ЮНЕСКО ворид гардид, ки ифтихори ҳар як сокини кишвар аст.

Бояд қайд намуд, ки зеҳни сунъӣ имрӯз яке аз муҳимтарин технологияҳо ба шумор меравад, ки метавонад роҳи рушди кишварҳоро куллан тағйир диҳад. Дар Осиёи Марказӣ, ки дорои захираҳои табиӣ ва имконоти бузург барои ҷиҳати рушди иқтисодӣ ва иҷтимоӣ, татбиқи технологияи зеҳни сунъӣ метавонад ба рушди устувор ва рақобатпазирии минтақа ёрӣ расонад. Дар ин замина, қатъномаи махсусе, ки бо пешниҳоди Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул шудааст, ба таҳкими иқдомҳо ва ҳамоҳангсозии механизмҳои татбиқи зеҳни сунъӣ бо ҳадафи ноил шудан ба натиҷаҳои равшан дар минтақа равона карда шудааст.

Боиси ифтихору сарфарозист, ки ташаббуси мазкур аз ҷониби Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни суханронӣ дар мубоҳисаҳои умумии Иҷлосияи 79-уми Маҷмаи Умумии СММ 24 сентябри соли 2024 пешниҳод гардида буд ва аз ҷониби Маҷмаи Умумии СММ «Нақши зеҳни сунъӣ дар фароҳам овардани имконоти навин барои рушди устувор дар Осиёи Марказӣ» аз 25 июли 2025, қабул шуд. Махсусан дар шароити ҷаҳони пуртаҳаввул ва рӯзафзуни рақобатпазир, татбиқи барномаву алгоритмҳои дақиқу инноватсионӣ зарур аст. Маҳз зеҳни сунъӣ ҳамчун маҷмуи абзору имкониятҳои рақамӣ метавонад воситаи татбиқи лоиҳаҳо ва сиёсати устувори рушди иҷтимоию иқтисодӣ гардад.

Воқеан ҳам маҳз дар заминаи ташаббусҳои байналмилалии аҳамияти глобалидоштаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон буд, ки имрӯз шаҳри Душанбе ва дигар манотиқи Тоҷикистон макони баргузории ҳамоишҳои гуногуни байналмилалию минтақавӣ қарор гирифтааст. Ин худ нишонаи истиқрори тадриҷии вазъ, эътироф ва эҳтироми сиёсати давлатдории роҳбарияти давлат мебошад.

Тавре маълум аст, Президенти кишвар барои ҳалли буҳрони сиёсии Афғонистон низ ҳамеша кушиш менамояд. Хусусан, дар ироаи Паёми солонаи худ ба Маҷлиси Олӣ Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон чунин таъкид намудаанд: “Мо чи аз тариқи минбарҳои байналмилалӣ ва чи дар доираи гуфтушунидҳо бо роҳбарони кишварҳои хориҷӣ ва созмонҳои байналмилалӣ пайваста даъват ба амал меорем, ки ба қазияи Афғонистон таваҷҷуҳи ҷиддӣ зоҳир карда шавад. Мо кӯшишҳои Ҳукумати Афғонистони дӯст ва ҷомеаи ҷаҳонро ҷиҳати роҳандозӣ намудани раванди музокироти сулҳ дар кишвар, ба эътидол овардани вазъи сиёсиву низомӣ ва таъмини рушди иҷтимоиву иқтисодии он ҳамаҷониба пуштибонӣ мекунем ва бори дигар изҳор медорем, ки қазияи Афғонистон танҳо роҳи ҳалли низомӣ надорад” .

Хатарҳои вобаста ба равандҳои ҷаҳонишавӣ, даҳшатангезию ифротгароӣ, гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир, ҷинояткории трансмиллӣ, офатҳои табииву техногенӣ ва мавқеъгириву таъсиррасонии на ҳама вақт мусбии абарқудратон барои Осиёи Марказӣ возеҳанд, зеро ин минтақа дорои сарватҳои бузурги ҳаётан муҳими иқтисодӣ ва мавқеи геостратегию геополитикӣ мебошад. Табиист, ки қудратҳои асосии ҷаҳонӣ барои ҳузур ва таъмини нақши худ дар минтақаи мо талош доранд. Мо бояд дар паҳлуи давлату ҳукумати худ бошем ва дастгири ташаббусҳои Пешвои муаззами миллати худ бошем. Ҳар ташаббуси Роҳбари давлат инъикоскунандаи манфиати ҳаётии кишвар ва ҷомеаи мост.

Роҳбари давлат бо дарки эҳсоси мушкилиҳои ҷойдоштаи дохиливу давлатӣ тавонистанд бо роҳи эътирофи байналмилал ин норасоиро бартараф намуда, аз як ҷониб сатҳи сиёсати мувозинати оламро ба ин неъмати бебаҳо, ки аз дигар сарватҳои табиӣ барои инсон қимматтару муқаддастар аст, арҷгузорӣ намуда, аз ҷониби дигар ҳалли масоили ҳалталаби ватани азизи худро осон намуданд. Ин корро танҳо сиёсатмадори дурандеш ва нухбаи сиёсати ҷаҳонӣ қодир аст. Зеро бо сатҳ, бузургӣ ва мақоми давлати мо дар байни кишварҳои ҷаҳонӣ роҳи ягонаи ҳалли масъала маҳз тавассути ҷалби назари ҷомеаи ҷаҳонӣ имкон дошт. Ин сиёсат идома дорад, мо албатта, натиҷаҳои онро дар ояндаи наздик эҳсос хоҳем кард.

Дар маҷмӯъ, таҳия ва татбиқи усуливу пайгиронаи стратегияи ҳамаҷониба асоснок ва санҷидаи байналмилалӣ бо дарназардошти ҳадафҳо ва манфиатҳои олии кишвар, ҳамчунин ҳамоҳанг сохтану омезиш додани онҳо бо ниёзҳо ва манфиатҳои глобалӣ сабабгори узви мустақил, фаъол, ташаббускор ва соҳибэҳтироми ҷомеаи ҷаҳонӣ гардидани Тоҷикистони соҳибистиқлол мебошад.

ҚОДИРОВА Зулайхо, ходими хурди илмии шуъбаи Осиёи Ҷанубӣ ва Шарқии

Институти омӯзиши масъалаҳои давлатҳои Осиё ва Аврупои Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон

МАНБАЪИ ИСТИФОДАШУДА:

1. Нақши зеҳни сунъӣ дар фароҳам овардани имконоти навин барои рушди устувор дар Осиёи Марказӣ https:ovardani-imkonoti-navin-baroi-rushdi-ustuvor-dar-osiyoi-markaz%D3%A3/ (санаи муроҷиат 11.10.2025)

2. Саидова Ф.С. Санъати суханварии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва нақши он дар таъмини ваҳдат ва суботи ҷомеа//Маҷалаи академии ҳуқуқ. - 2019,№4.

3. Паёми Президенти ҶТ ба Маҷлиси Олӣ.27.12.2017.

4. Ҳайдарзода Р. Ҷ. “Геостратегия ва геополитикаи Президенти Тоҷикистон дар даврони соҳибистиқлолӣ”. //Маҷаллаи «Осиё ва Аврупо»- №3 (19) -2024.-С.12.

5. Ҳайдарзода Р.Ҷ. Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон – ташаббускори ҳифзи пиряхҳо дар сатҳи глобалӣ https://www.osiyoavrupo.tj/tg/post/prezidenti-um-urii-to-ikiston-emomal-ra-mon-tashabbuskori-ifzi-piryah-o-dar-sat-i-global (санаи муроҷиат 11.10.2025.)

Иҷлосияи XVI Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон яке аз сарнавиштсозтарини рӯйдодҳои таърих муосири тоҷикон ба ҳисоб меравад. Ин иҷлосия Тоҷикистонро аз хатари ҷудошавӣ ва нобуд шудани сохтори давлатӣ наҷот дод, роҳбарияти нави сиёсиро ба вуҷуд овард, замина сулҳу ризоятро гузошт ва пояҳои давлатдории муосири миллиро устувор кард.

Ба ин хотир тақдири миллати тоҷик ва сароғози давлатдории навини тоҷикон дар сессияи XVI ҳали худро ёфт. Соли 1992 Тоҷикистон ба буҳрони сиёсӣ ва низоми амиқ гирифтор буд. Дар бисёри аз минтақаҳо бархӯрдҳои гурӯҳӣ, бархостҳои сиёсӣ ва зиддияти мусаллаҳона ба суботи амнияти миллӣ таҳдиди ҷиддӣ эҷод карда бошад сохторҳои давлатӣ амалҳои аз фаъолият бозмонда, идораҳои давлатӣ бо мушкилоти сахти идорӣ рӯ ба рӯ шуданд.

Хатари парокандашавии кишвар ва нобуд шудани пояҳои давлатдории тоҷикон ба миён омада буд. Дар чунин вазъ зарурати баргузор намудани сессияи фавқулод ава сарнавиштсозӣ парламент ба миён омад, то роҳҳои ҳаллу фасли буҳрон ва наҷоти давлат муайян карда шавад.

Муҳимтарин рӯйдодҳои ин сессия интихоби Эмомалӣ Раҳмон ба сифати Раиси Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва таъсири роҳбарии он ба сохти давлатдори тоҷикон буд.

Ин интихоб марҳилаи тозаи сиёсиро дар кишвар оғоз намуд, ки ба муттаҳитсозии ҷомеа, барқарорсозии сохторҳои давлатӣ ва роҳандозии музокироти сулҳ такон бахшид.

Таърихи минбаъда нишон дод, ки баромади роҳбарияти нав бо иродаи қавӣ ва сиёсати сулҳҷуёна ба суботи деринаи Тоҷикистон ба буҳрон гирифтор замина гузошт.

Суханрониҳои зерини Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бояд шиори зиндагии мову Шумо бошад: “Тоҷикистон алҳақ, як неъмати Худодод, як муъҷизаи табиат, як пора биҳишти рӯйи Замин аст. Мисли сарзамини мо табиати нотакрор, оби софу зулол, чашмаҳои ширин, кӯҳҳои зебову сарбаланди дорои сарватҳои бойи зеризаминӣ, набототу ҳайвоноти нодир дар ягон гӯшаи олам вуҷуд надорад. Пас месозад, ки шукри ҳар пора замину ҳар қатра обаш кунем ва ин ҳама дороияшро, ки сарчашмаи ҳаёти мост, оқилона истифода намоему тозаю озода нигоҳбон бошем”.

Имрӯзҳо шукрона ба Пешвои миллат менамоем, ки дар як давлати тенҷу ором зиндаги мекунем, фаъолияти кори дорем, ва аз пешравиҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон хело хурсанд мебошем.

Боиси ифтихор аст, ки Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамчун олими гуногунҷабҳаи Тоҷикистони навин ҳисоб рафта ба оламиён намунаи ибрат аст. Махсусан ташаббусҳои созандаи Пешвои миллат дар соҳаи об, пеш аз ҳама ба таҳкими ҳамкорӣ ва танзими муносибат дар соҳаи ҳаётан муҳим нигаронида шудааст. Гузашта аз ин, саъю талоши пайгиронаи Пешвои миллат барои барқарории сулҳу субот ва сарҷамъии миллӣ басо нодир ва арзишманд арзёбӣ мегарданд. Имрӯзҳо таҷрибаи сулҳи тоҷикон дар бобати ҳалли мусолиматомези низоъ ҳам аз лиҳози назариявӣ ва ҳам аз нигоҳи амалӣ ба сарвати илми сиёсатшиносии ҷаҳонӣ мубаддал шудааст. Таҷрибаи сулҳи тоҷикон, ғайр аз ин ки роҳи моро барои пешрафти минбаъда равшан кард, аҳамияти байналмилалӣ низ дорад ва метавонад ҷиҳати ҳалли мушкилоти кишварҳои гуногун мавриди истифода қарор гирад. Беҳуда нест, ки таҷрибаи мо дар самти таъмини сулҳ, ба Ватан ва макони зисти доимиашон баргардондани қариб як миллион гуреза ва ташкили ҳамгироии иҷтимоӣ аз тарафи ташкилоту созмонҳои бонуфуз, аз ҷумла Созмони Милали Муттаҳид, Созмони амният ва ҳамкорӣ дар Аврупо воқеъбинона арзёбӣ шуда, ҳамчун шеваи нодири сулҳофарӣ эътироф гардидааст.

Мо олимони Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон бовар мекунонем ба қадри меҳнату талошҳои Пешвои миллат мерасем ва сатҳи илми тоҷикро дар сатҳи баланд мебардорем.

Мирзораҳимзода А.К. доктори илмҳои биологӣ, ноиби президент – Раиси Шуъбаи илмҳои биологияи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон

ОЗМУНҲОИ ҶУМҲУРИЯВӢ

Президентҳои Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон

 

(Академияи илмҳои ҶШС Тоҷикистон 1951-1991, Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон 1991-2020) 

Айнӣ Садриддин Саидмуродович

Айнӣ Садриддин Саидмуродович (1878-1954). Президенти Академияи илмҳои ҶШС Тоҷикистон аз 14 апрели соли  1951  то 15 июли соли  1954.

Умаров Султон Умарович

Умаров Султон Умарович (1900-1964). Президенти Академияи илмҳои ҶШС Тоҷикистон аз 11 марти соли  1957  то 6 майи соли  1964.

Осимов Муҳаммад Сайфиддинович

Осимов Муҳаммад Сайфиддинович (1920-1996). Президенти Академияи илмҳои ҶШС Тоҷикистон аз 23 майи соли  1965  то 6 майи соли  1988.

Неъматуллоев Собит Ҳабибуллоевич

Неъматуллоев Собит Ҳабибуллоевич (1937). Президенти Академияи илмҳои ҶШС Тоҷикистон (Ҷумҳурии Тоҷикистон) аз 6 майи соли  1988  то 16 июни соли  1995.

Мирсаидов Ӯлмас Мирсаидович

Мирсаидов Ӯлмас Мирсаидович (1945). Президенти Академияи илмҳои Ҷумҳурии  Тоҷикистон аз 16 июни соли  1995  то 3 феврали соли  2005.

Илолов Мамадшо Илолович

Илолов Мамадшо Илолович (1948), Президенти Академияи илмҳои Ҷумҳурии  Тоҷикистон аз 3 феврали соли  2005  то 6-уми декабри соли 2013.

Фарҳод Раҳимӣ

Фарҳод Раҳимӣ  (1968)  Президенти Академияи илмҳои Ҷумҳурии  Тоҷикистон аз 6-уми декабри соли  2013  то 16 январи соли 2024.

Хушвахтзода  Қобилҷон  Хушвахт

 

Хушвахтзода  Қобилҷон  Хушвахт (1982) Президенти Академияи  миллии илмҳои   Тоҷикистон аз 16-уми январи соли  2024  то инҷониб. Муфассал...

 

 

Суханҳои Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон оид ба илм