Skip to main content

АСОСӢ

  • МАСОҲАТИ ПИРЯХИ ФЕДЧЕНКО БО ТАМОМИ ШОХАҲОЯШ 681,7 КМ2 ВА ДАРОЗИИ ОН 77 КМ МЕБОШАД.
    ҚУЛЛАИ БОЛОИИ ШОХОБИ ПИРЯХ БА БАЛАНДИИ 6280 М МЕРАСАД ВА ҚИСМИ ЗАБОНАИ ПИРЯХ ДАР
    БАЛАНДИИ 2910 М АЗ САТҲИ БАҲР ҚАРОР ДОРАД. ҒАФСИИ ПИРЯХ ДАР БАЪЗЕ ҶОЙҲО АЗ 800 ТО 1000
    МЕТРРО ТАШКИЛ ДОДА ВА ҲАҶМИ ОН ТАҚРИБАН 130 КМ2 – РО ТАШКИЛ МЕДИҲАД.
  • Соли 1933. Моҳи январи соли 1933 Пойгоҳи Академияи илмҳои
    Иттиҳоди Шӯравӣ дар Тоҷикистон таъсис ёфт ва директори нахустини он
    академик С.Ф.Олденбург (1868-1935) таъйин шуд. Пойгоҳ бахшҳои геология, ботаника,
    зоологияву паразитология, хокшиносӣ, илмҳои гуманитариро дар бар мегирифт.
  • МИНЁТУРИ НУСХАИ “ШОҲНОМА”-И АБУЛҚОСИМ ФИРДАВСӢ
    ДАР МАРКАЗИ МЕРОСИ ХАТТИИ НАЗДИ РАЁСАТИ АМИТ, №5955
    “САҲНАИ ГИРИФТОР ШУДАНИ ХОҚОН БА ДАСТИ РУСТАМ”
  • ТЕЛЕСКОПИ ТСЕЙС-1000-И РАСАДХОНАИ
    АСТРОНОМИИ БАЙНАЛМИЛАЛЛИИ
    САНГЛОХИ ИНСТИТУТИ АСТРОФИЗИКАИ АМИТ
  • БАБРИ БАРФӢ (PANTHERA UNCIA (SCHREBER, 1775)) БА ҚАТОРИ
    ДАРАНДАГОН (CARNIVORA), ОИЛАИ ГУРБАШАКЛОН (FELIDAE)
    МАНСУБ БУДА, ЗЕРИ ТАҲДИДИ МАҲВШАВӢ ҚАРОР ДОРАД. ДАР
    ҲУДУДИ 20 ҚАТОРКӮҲ – ТУРКИСТОН, ЗАРАФШОН, ҲИСОР,
    ҚАРОТЕГИН, ҲАЗРАТИ ШОҲ, ВАХШ, ДАРВОЗ, АКАДЕМИЯИ МИЛЛИИ
    ИЛМҲО, ПЁТРИ I, ВАНҶ, ЯЗГУЛОМ, РӮШОН, ШОҲДАРА, ПШАРТ,
    МУЗКӮЛ, САРИКӮЛ, АЛИЧУРИ ҶАНУБӢ, АЛИЧУРИ ШИМОЛӢ, ВАХОН,
    ПАСИ ОЛОЙ ПАҲН ШУДААСТ. МАСОҲАТИ УМУМИИ ПАҲНШАВИИ
    НАМУД ДАР ТОҶИКИСТОН ТАҚРИБАН 85,700 КМ2 (ТАҚРИБАН 2.8%
    ҲУДУДИ ПАҲНШАВИИ НАМУДРО ДАР МИҚЁСИ ОЛАМ) ТАШКИЛ МЕДИҲАД.
  • САРАЗМ ЯКЕ АЗ НОДИРТАРИН ЁДГОРИҲОИ БОСТОНШИНОСИСТ, КИ ХАРОБАҲОИ ОН ДАР
    15-КИЛОМЕТРИИ ҒАРБИ ПАНҶАКЕНТ ВА 45-КИЛОМЕТРИИ ШАРҚИ САМАРҚАНД КАШФ
    ШУДААСТ. ИН МАВЗЕЪРО ТИРАМОҲИ СОЛИ 1976 БОСТОНШИНОС АБДУЛЛОҶОН ИСҲОҚОВ
    КАШФ КАРДА БУД ВА СОЛҲОИ ЗИЁД ТАҲТИ РОҲБАРИИ Ӯ МАВРИДИ ОМӮЗИШ ҚАРОР ГИРИФТААСТ.
  • РАВАНДИ КОРИ АВВАЛИН ЛАБОРАТОРИЯИ POLLYXT “ЛИДАР” ДАР ОСИЁИ МИЁНА,
    ДАР ОЗМОИШГОҲИ ИНСТИТУТИ ФИЗИКАЮ ТЕХНИКАИ БА НОМИ С. У. УМАРОВИ
    АКАДЕМИЯИ МИЛЛИИ ИЛМҲОИ ТОҶИКИСТОН

ҚАҲРАМОНОНИ ТОҶИКИСТОН

Садриддин Айнӣ

 

    Адиб, олим ва асосгузори адабиёти муосири тоҷик. Аввалин Президенти Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон. Муаллифи асарҳои «Таърихи амирони манғитияи Бухоро», «Таърихи инқилоби фикрӣ дар Бухоро», «Намунаи адабиёти тоҷик», «Дохунда»,...Муфассал

(1878 – 1954)
Бобоҷон Ғафуров

Олим, академики Академияи Илмҳои ИҶШС, арбоби ҳизбӣ ва давлатӣ, муаллифи китоби оламшумули «Тоҷикон» ва зиёда аз 300 асару мақолаҳо. Солҳои 1944-1946 котиби дуюм, с.1946-1956 котиби якуми КМ Ҳизби комунистии Тоҷикистон, 1956 – 1977 сарвари...Муфассал

(1909 – 1977)
Мирзо Турсунзода

Шоири халқӣ, раиси Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон, Қаҳрамони меҳнати сотсиалистӣ, Раиси Кумитаи якдилии халқҳои Осиё ва Африқо. Барои достонҳои «Қиссаи Ҳиндустон»(1948), «Ҳасани аробакаш», «Чароғи абадӣ», «Садои Осиё»,(1960) «Ҷони ширин»...Муфассал

(1911-1977)
Эмомалӣ Раҳмон

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон. 19 ноябри соли 1992 дар иҷлосияи XVI Шўрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон раиси Шўрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, 6 ноябри соли 1994 бори аввал, солҳои 1999, 2006 ва 2013 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб гардидаст...Муфассал

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
Нусратулло Махсум

Нусратулло Махсум (Лутфуллоев) ходими давлатӣ ва ҳизбӣ. Солҳои 1924-1926 раиси Кумитаи инқилобии ҶМШС Тоҷикистон, солҳои 1926-1933 раиси Кумитаи Иҷроияи Марказии ҶШС Тоҷикистон. Бо фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 27 июни соли 2006....Муфассал

(1881 – 1937)
Шириншоҳ Шоҳтемур

Ходими давлатӣ ва ҳизбӣ. Солҳои 1929-1931 котиби Ҳизби коммунистии ҶШС Тоҷикистон, солҳои 1933-1937 Раиси Кумитаи Иҷроияи Марказии ҶШС Тоҷикистон. Бо фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 27 июни соли 2006 ба фарзанди барӯманди халқи тоҷик....Муфассал

(1899 – 1937)
ШОҲАСАРИ «ТОҶИКОН»-И БОБОҶОН ҒАФУРОВ ВА ШУҲРАТИ ОН

ШОҲАСАРИ «ТОҶИКОН»-И БОБОҶОН ҒАФУРОВ ВА ШУҲРАТИ ОН

“Тоҷикон” асарест, ки таърихи миллати тоҷикро аз замонҳои қадимтарин то ибтидои асри XX-ум дар бар мегирад ва дар заминаи маводи зиёди бостоншиносӣ, осори фаровони хаттии таърихиву адабӣ ва таҳқиқоти олимони маъруфи Шарқу Ғарб ба таври хеле муфассал таълиф шудааст. Дар ин асари безавол ҷараёни ташаккулёбии миллати тоҷик, рушди фарҳанги миллӣ ва ҳамзамон бо ин, лаҳзаҳои фоҷиабори ҳаёти мардуми мо ва қаҳрамониҳои таърихии фарзандони ҷоннисори он возеҳу равшан ва бо истифода аз сарчашмаҳои муътамади таърихӣ баён гардидаанд.

Эмомалӣ Раҳмон.

Ба муносибати 1045 – солагии олими бузурги тоҷик Абӯали ибни Сино.

Ба муносибати 1045 – солагии олими бузурги тоҷик Абӯали ибни Сино.

Аз қаъри гили сияҳ то авҷи Зуҳал,
Кардам ҳама мушкилоти гетиро ҳал.
Берун ҷастам зи қайди ҳар макру ҳиял,
Ҳар банд кушода шуд, магар банди аҷал.
                                                         (Ибн Сино)

Китобҳои тозанашр

Мақолаҳои илмӣ-оммавӣ

Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамасола 16 ноябр ҷашн гирифта мешавад. Ин ҷашн аз як рӯйдоди таърихӣ сарчашма мегирад: 16 ноябри соли 1992, иҷлосияи 16-уми Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки дар он муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ҳайси Роҳбари давлат (Раиси Шурои Олӣ) интихоб шуданд. Баъдан ин сана расман бо қарори парлумони кишвар аз 15 апрели соли 2016 ҳамчун Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар карда шуд. Ин як нуқтаи гардиш дар таърихи кишвар ҳисобида мешавад, ки пас аз ҷанги шаҳрвандӣ ба сулҳ ва ваҳдати миллӣ оварда расонд.

Ин рӯз рамзи эҳёи кишвар ва хидмати фидокорона ба манфиатҳои Ватан аст. Таҷлили Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон арҷгузорӣ ба Сарвари давлат ва таҷассуми эҳтиром ба заҳматҳои муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар таъмини сулҳу субот, ваҳдати миллӣ ва рушди ҳамаҷонибаи мамлакат мебошад. Дар ин рӯз мо аз талошу ҷонбозиҳои Президенти кишвар дар таҳкими пояҳои давлатдорӣ, рушди соҳаҳои ҳаётии ҷомеа ва баланд бардоштани нуфузи Тоҷикистон дар сатҳи байналмилалӣ ёдовар мешавем.

Дар сатҳи дохилӣ ва байналмилалӣ Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон на танҳо ҳамчун сиёсатмадор, балки ҳамчун меъмори маънавии давлат, қувваи муттаҳидкунандаи мардум ва рамзи наҷоти миллии тоҷикон шинохта шудаанд.

Дар арсаи байналмилалӣ асоси сиёсати хориҷии мутавозину сулҳхоҳонаи давлати Тоҷикистонро усули «дарҳои кушода» ташкил медиҳад. Бо такя ба он мо робитаҳои дӯстӣ ва ҳамкории барои ҷонибҳо судманди фарогирро бо кишварҳои минтақаҳои гуногуни олам роҳандозӣ намуда, густариш медиҳем. Тоҷикистон идомаи шарикӣ бо кишварҳои хориҷиро бахши таркибии сиёсати хориҷии худ медонад ва дурнамои онро нек арзёбӣ менамояд.

Дар сиёсати хориҷӣ низ ин хирад ва масъулият зоҳир аст. Президенти Тоҷикистон масъалаи об ва иқлимро ба сатҳи ҷаҳонӣ бароварданд ва инсониятро ба ваҳдат дар атрофи арзишҳои ҳаётӣ, ба монанди об, табиат, иқлим, ҳифзи пиряхҳо ва адолат даъват намуданд ва ин сиёсатро муваффақона идома дода истодаанд. Бо ташаббусҳояшон дар арсаи байналмилалӣ, аз ҷумла, Даҳсолаҳои байналмилалии «Об барои ҳаёт» ва «Об барои рушди устувор» ва Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо ба дилу дидаи ҷаҳониён ҷой гирифтаанд. Аз диди Президенти маҳбуби мо ин ҳама арзиш ва масъулияти ҷаҳонӣ дорад: «Об ҳаёт аст ва касе, ки онро ҳифз мекунад, инсониятро ҳифз мекунад». Дар ин замина, Тоҷикистон дар арсаи байналмилалӣ ба ҳайси кишвари пешбар дар ҳалли масоили мубрами амниятӣ, обу экология ва тағйирёбии иқлим эътироф гардидааст.

Президенти ҷумҳурӣ ҷаҳониёнро ба сулҳу ваҳдат даъват мекунанд. Ҳамин ваҳдат сабаби бузургтарин дастовардҳои халқи мо гардид. Тоҷикистон аз давлати ҷангзада ба давлати сулҳпарвар, аз мамлакати камбизоат ба ҷумҳурии бунёдкор, аз минтақаи фаромӯшшуда ба маркази дипломатияи ҷаҳонӣ табдил ёфт. Имрӯз дар тамоми ҷаҳон Тоҷикистонро бо сулҳ, бо об, бо фарҳанг ва бо Президенташ мешиносанд.

Дар ин рӯз арҷгузорӣ ба арзишҳои таърихӣ ва ба ҷаҳониён ба таври шоиста муаррифӣ намудани дастовардҳои ниёгони мо низ сурат мегирад. Бо дастури Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паём ба Маҷлиси Олӣ «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ» пешниҳод гардида буд, ки дар ҳамкорӣ бо ЮНЕСКО ҷомеаи ҷаҳонӣ 2550-солагии Эъломияи Куруши Кабирро таҷлил намоянд. Инак, 6 ноябри соли 2025 дар иҷлосияи 43-юми Конфронси генералии ЮНЕСКО қатънома таҳти унвони «Устувонаи Куруш: Эъломияи ибтидоии ҳуқуқи гуногунрангии фарҳангӣ» қабул гардид. Қатънома аҳамияти таърихӣ ва маънавии «Устувонаи Куруш»-ро ҳамчун яке аз нахустин санадҳои башардӯстона, ки арзишҳои озодии виҷдон, эҳтиром ба гуногунрангии фарҳангӣ ва ҳамзистии осоиштаро тарғиб менамояд, таъкид месозад.

Таҳти роҳбарии хирадмандонаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Ватани мо сиёсати хориҷии мустақил ва дипломатияи миллии худро ривоҷу равнақ медиҳад. Дар натиҷаи сиёсати хирадмандона ва созандаи Президенти ҷумҳурӣ дар даврони соҳибистиқлолӣ Тоҷикистон бо 191 кишвари ҷаҳон робитаҳои дипломатӣ барқарор карда, узви комилҳуқуқ ва фаъоли беш аз 57 созмонҳои бонуфузи байналмилалӣ, минтақавӣ ва ниҳодҳои молиявии ҷаҳонӣ гардид.

Президенти Тоҷикистон намунаи олии ватандӯстӣ, масъулиятшиносӣ ва садоқат ба халқу Ватан мебошанд. Ҳамчун Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти муҳтарами мо Эмомалӣ Раҳмон шахсиятест, ки дар ҳалли низоъҳои минтақавӣ ва масъалаҳои мубрами байналмилалӣ дар ҷаҳон нақши махсус ва босазо дошта, таҷрибаи ӯ дар пешбурди сиёсати хориҷӣ, ҳуқуқ ва равобити байналмилалӣ дорои унсурҳои ибратомӯз мебошад.

Аз фурсати муносиб истифода намуда, ҳамаи шаҳрвандонро бо Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон самимона табрику таҳният гуфта, барои тоҷикистониёни азиз сулҳу субот, хонаи обод ва дар кору фаъолияти ҳар яки шумо комёбиҳои беназир таманно дорам.

Саидумар Раҷабов – мудири шуъбаи ҳуқуқи байналмилалии

ИФСҲ ба номи А.Баҳоваддинови АМИТ, доктори илмҳои ҳуқуқшиносӣ, профессор

Дар давоми сию чор соли Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон Пешвои миллат, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон тавонистанд моро аз як вартаи нобудӣ халос намуда ба кишвари мутаммаддин табдил диҳандд ва тоҷиконеро, ки гуреза шуда буданд ба Ватан баргадонанд.

Агар мо ба оинаи таърих назар андозем, пас медонем,ки 16 ноябри 1992 Иҷлосияи XVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон - маҷлиси вакилони Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва намояндагони гурӯҳҳои мухталиф дар Қасри Арбоби шаҳри Хуҷанд бо мақсади барқарор кардани Ҳокимияти Конститутсионӣ доир гардид. Дар ин Иҷлосия вакилони мардумӣ ба ҷонибдории Эмомалӣ Раҳмон ҳамчун Раиси Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон овоз доданд, ки роҳбари давлат интихоб гардид.

Дар раванди Иҷлосияи таърихсоз XVI муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба қатъият изҳор намуда буданд, ки: «Ман қасам ёд мекунам, ки тамоми донишу таҷрибаамро барои дар ҳар хона ва ҳар оила барқарор шудани сулҳ равона карда, барои гулгулшукуфии Ватани азизам садоқатмандона меҳнат мекунам». Ин қасами қотеонаи худро даҳҳо бор исбот карданд, ки имрӯзҳо амалӣ шудани ин суханҳо дар он аст, ки кишварҳои ҷаҳон сулҳи Тоҷикистонро меомӯзанд. Зеро ӯ ҳамчун Роҳбари содиқ, Пешвои муаззами миллати тоҷик аз нобуд гардидани Тоҷикистон , як кишвари фадаҷмешударо ба кишвари гулгулшукуфоӣ табдил дод.

Муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Дар тули солҳои Истиқлоли давлатӣ сиёсати “Дарҳои боз”-ро эълон намуданд, ки ин меҳвари сиёсати хориҷии Тоҷикистон ба ҳисоб рафта, натиҷаи дилхоҳ ва самарабахш ба бор овардааст.

Ногуфта намонад, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба сафарҳои расмӣ ба кишварҳои Аврупо сафар карда, аз ҷумла Шоҳигарии Белгия, Олмон, Фаронса, Италия, Австрия ва ғайра сафар карда, чандин созишномаҳоро оид ба илм, фарҳанг, маориф, иқтисод, иҷтимоӣ, энергияи сабз, иннватсия, технологияи наву навтарин ва ғайраро ба имзо расониданд.

Инчунин Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои эҳёи анъанаҳои беҳтарини аҷдодӣ ва боло бурдани ҳисси ифтихори миллӣ ҳамеша саъю талош меварзанд. Инро мо дар мисоли эҳёи ҷашни Тиргон, Меҳргон, Сада ва ба ҷашни байналмилалӣ табдил ёфтани Наврӯз саҳм гузоштанд. Яке аз дастовардҳои муҳими таърихи тамаддуни қадимаи тоҷикон ва мардумони эронитабор мебошад, ки ба ин васила ба фарҳанги мардумони Аврупо ҳамтаъсири файзбахш овардааст.

Қобили закр аст, ки Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар доираи сафари расмии худ ба шаҳри Париж дар як чорабинии фарҳангӣ - намоишгоҳи нигораҳои таърихии "Тоҷикистон - кишвари дарёҳои тиллоӣ" ширкат варзида суханронӣ карданд. Дар ин намоишгоҳ дар шаҳри Париж нигораҳои таърихии Тоҷикистонро 9 млн. нафар тамошо карданд.

Собиқ Президенти Фаронса Жак Ширак мефармояд ; Мардуми Фаронса устувории Тоҷикистонро,ки ба фарҳанги ғанӣ ва бузурги маънавии халқи тоҷик такя мекунад,ҳамеша дар ёёд хоҳад дошт.

Вазири дифои Фаронса Арен Марии Фишшер навиштааст, ки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар сиёсати ҷаҳонӣ мавқеи ҷасурона зоҳир менамояд. Ӯ аввалин шахсе буд, ки дар бораи ҳалли проблемаҳое , ки ҷаҳони мутамаддинро ба ташвиш меорад, пешниҳодҳои миқёси ҷаҳонӣ кардааст ва ин падида дипломатияи миллии тоҷикро дар арсаи ҷаҳонӣ муаррифӣ намуд.

Суханрониҳои пурмуҳтавои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз минбарҳои байналмилалӣ чандкарата обрӯйу нуфузи Тоҷикистонро дар ҷаҳони мутамадднин баланд намуданд.

Пешво муаззами миллат дар арсаи байналмиииалӣ ба ҳайси “Абармарди таърихсоз” ва сиёсатмадори ҷаҳонӣ, ҳалкунундаи масоилҳои об, экология, сулҳу субот, пиряхҳо ва тағйирёбии иқлим эътироф гардидааст. Ӯ ҳамчун яке аз бунёдгузорони Созмони Ҳамкории Шанхай ва Паймони Аҳдномаи Амнияти Дастаҷамъӣ низ дар низоми муносибатҳои байналмилалӣ шинохта шудааст .

Дар аввали моҳи октябри соли 2025 шаҳри Душанбе мизбони вохӯрии навбатии сарони давлатҳои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил (ИДМ) гардид. Ин ҳамоиши сатҳи олӣ, ки бо иштироки роҳбарони ҳамаи давлатҳои узв баргузор шуд, аҳамияти хосаи сиёсӣ, иқтисодӣ ва геостратегӣ дошт. Он на танҳо ифодаи ҳамбастагии кишварҳои пасошӯравӣ аст, балки нишондиҳандаи нақши афзояндаи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар низоми ҳамкориҳои минтақавӣ ва байналмилалӣ мебошад. Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, бо рӯҳияи таҳаммулпазирӣ, дурбинӣ ва воқеъбинӣ, дипломатияи миллии тоҷиконро ба сатҳи муосири ҷаҳонӣ намоиш доданд.

Дар ин қарина ҷоиз ба қайд аси, таҷрибаи дипломатияи миллии сулҳи тоҷиконро ҳамчун падидаи нодири илми сиёсатшиносии ҷаҳонӣ эътироф шуда, ҳам аз лиҳози назариявӣ ва ҳам аз лиҳози амалӣ барои хомӯш кардани низоъ дар ҷаҳон меомӯзанд. Таҷрибаи дипломатияи миллии сулҳи муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон беназир ва беҳамтост.Собиқ котиби генералии СММ Коффе Анан таҷрибаи сулҳи Тоҷиконро ҳамчун таҷрибаи “Беназир ва беҳамто” арзёбӣ намудааст.

Саҳми Пешвои миллат мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар таҳкими сулҳу субот лар кишвари ҳамсояи мо Афғонистон, хело назаррас мебошад,яъне пешниҳодҳои эшон аз ташкил намудани ҳукумати инклюзивӣ.Ин иқдоми неку ҷасуронаи Пешвои миллатро дар вақти сафарашон ба Фаронса Президенти Фаронса Эммануел Макрон ҳаматарафа ҷонибдорӣ ва истиқбол намуд.

Ҳамин тариқ, мо олимон бояд дипломатияи миллии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар сатҳи муосири ҷаҳонӣ ҳаматарафа омӯхта, механизҳои муосири сиёсати “Дарҳои боз”-ро боз ҳам фаротар ба роҳ монем. Бо дар назардошти дипломатияи миллии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ҳамчун мактаби сиёсати сулҳофаринии муосир, кушишҳо барои дар сатҳи баланд амалӣ намудани он чораҳои саривақтӣ дар сатҳи байналмилалӣ идома дорад.

ВОҲИДОВА Санавбарбону, мудири шуъбаи Аврупои Институти омӯзиши масъалаҳои давлатҳои Осиё ва Аврупои АМИТ, доктори илмҳои таърих, профессор

Имсол миллати шарофатманди тоҷик 34-солагии истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистонро таҷлил гирифт. Ин ҷашн дар шароите таҷлил гардид, ки мафҳуму ормонҳои истиқлол, озодӣ, демократия барои нахбагони сиёсӣ, зиёиён ва тамоми мардуми Ватани азизамон равшантар ва масири расидан ба ин ҳадафу ормонҳо мушаххастар шуда ва ҳаракати ҳамагонию пурнишот барои пешрафти кишвар дар тамоми заминаҳои ҳаёти сиёсию иҷтимоию иқтисодию фарҳангӣ ва афзудан ба дастовардҳои беназире, ки давлат ва мардуми мо дар тӯли беш аз се даҳсола ба он ноил гаштаанд, идома дорад. Ва дар ин замина нақши сиёсати хориҷӣ ва дастгоҳи дипломатӣ бисёр калидӣ аст.

Хотиррасон кардани ин ҳақиқат, ки расидан ба истиқлоли миллӣ дар охирин даҳаи садаи бист барои миллати тоҷик на оғози давлатдорӣ, балки бозгашт ба саҳнаи сиёсати ҷаҳонӣ аст, хеле муҳим мебошад. Тоҷикистони имрӯз ҳамчун давлати соҳибистиқлол шакли эҳёшудаи Давлати Сомониён аст, ки ба иллати ҳаводиси таърих зиёда аз як ҳазору сад сол пеш аз арсаи сиёсати ҷаҳонӣ фурӯ афтод. Давлати Сомониён, дар навбати худ, шакли идомаёфтаи Давлати Сосониён буд, ки низ замоне бар пояи усули давлатдории Империяи Ҳахоманишӣ бунёд гашта буд. Тоҷикони Моваруннаҳр ва Хуросон, ки дар сарчашмаҳои таърихӣ «порс» номида мешаванд ва дар замони ҳукмронии арабҳо номи «тоҷик»-ро гирифтанд, ҳамон ориёиҳое ҳастанд, ки ҳамеша омили давлатҳо ва империяҳои бузург буданд, ки дар дунёи бостон ба вуҷуд омадаву фурӯ пошидаанд.

Ҳамон тавре ки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллати тоҷик Эмомалӣ Раҳмон иброз доштаанд, ифтихори тоҷикон аз решаҳои ориёии худ ҳаргиз маънои рӯҳияи истисногароӣ ё бартариҷӯйӣ ё, бадтар аз ин, нажодпарастӣ доштани тоҷикон набуда, як ҳисси одии ба ҳар инсон хоси қаноатмандиву ризоят аз ҳувияти таърихии худ аст. Оё боиси ифтихору ризояти мо – тоҷикону эрониёну афғонистониён – нест, ки маҳз ниёгони мо – ориёиёни бостон – на танҳо поягузори давлатҳо ва империяҳои аввалин дар ҷаҳон, балки эҷодкори нахустин эъломияи ҳуқуқи башар мебошанд?!

Устувонаи Куруши Бузург, ки ҳамчун нахустин эъломияи ҳуқуқи башар шинохта шуда, дар соли 1971 Созмони Милали Муттаҳид онро ба ҳамаи забонҳои расмии Созмон мунташир кардааст, нишонаи он аст, ки ниёгони мо нахустин бунёдгузорони ҳуқуқи башар, яъне низоми демократӣ ва дипломатия дар ҷаҳон, ба ҳисоб мераванд. Дар бахше аз ин дастур аз забони Куруши Бузург омадааст: «Артиши бузурги ман ба оромӣ вориди Бобул шуд, нагузоштам ранҷу нороҳатӣ ба мардуми ин шаҳр ва ин сарзамин ворид шавад. Онҳоро аз зери юғи асорат хориҷ сохтам, ба бадбахтиҳои онон поён бахшидам ва мо ҳамагӣ шодмона ва дар роҳи сулҳу оштӣ мақоми баланди худовандгори бузургро сутудем. Ман ҳамаи шаҳрҳоеро, ки вайрон шуда буданд, аз нав сохтам».

Фарҳанги инсондӯстӣ ва рӯҳияи некукории ориёиҳоро бисёре аз бузургони илму адаби ҷаҳон сутудаанд. Таърихнависи бузурги юнонии замони бостон Ҳеродот, ки пас аз асре аз даврони Куруши Бузург зиндагӣ кардааст, дар бораи ин абармард чунин менависад: «Ҳеҷ порсе ёфт намешавад, ки битавонад худро бо Куруш муқоиса кунад. Аз ин рӯ, ман китобамро дар бораи порсиён ва юнониён навиштам, то кирдорҳои шигифтангезу бузурги ин ду миллати азим ҳеҷ гоҳ ба фаромӯшӣ супурда нашаванд. Куруш сардори бузург буд. Дар замони ӯ порсҳо аз озодӣ бархӯрдор буданд ва бар бисёре аз миллатҳои дигар фармонравоӣ менамуданд, ба илова, ӯ ба ҳамаи миллатҳое, ки зери фармонравоии ӯ буданд, озодӣ мебахшид ва ҳама ӯро ситоиш мекарданд».

Ниёгони мо аз замонҳои бостон ба кишварҳои ҳамсоя эҳтиром мегузоштанд ва истиқлоли онҳоро ба расмият мешинохтанд ва то замоне, ки кишваре бо сарзаминашон сари ҷанг намебардошт ва даст ба ғорату чаповули мардум намезад, бо он кишвар равобиту бархурди сулҳҷӯёнаву мадорохоҳона доштанд. Зеро ҷавҳари ахлоқию инсонии ориёиён покӣ, ростӣ, некӣ, бахшояндагӣ ва муносибати дӯстонаву самимона бо ҳамнавъон буд.

Овардани суханони роҳбари Иттиҳоди Шӯравӣ дар солҳои 1924–1953 И.В. Сталинро, ки яке аз огоҳтарин шахсиятҳои замони худ буд ва бар тавсифу таърифи миллате ё шахсе хеле кам сухан гуфтааст, лозим мешуморем: «Тоҷикон миллати хоссе ҳастанд. Онон куҳантарин миллати Осиёи Миёна мебошанд. Маънои тоҷик тоҷдор аст. Ва тоҷикон арзанда будани худро ба ин ном собит кардаанд.

Дар миёни миллатҳои ғайрируси мусулмони Иттиҳоди Шӯравӣ тоҷикон танҳо миллати ғайритурк буда, эронинажод мебошанд. Тоҷикон миллате ҳастанд, ки андешаву фарҳангашон шоири бузурге чун Фирдавсиро зодаву парвардааст.

Тоҷикон дорои фарҳанги бостонӣ, истеъдоди баланди ҳунарӣ, ҳисси зариф ҳастанд, ки дар осори мусиқӣ, таронаҳо ва рақсу вашташон ошкор аст.

Тоҷикон як миллати ғайриодӣ, соҳиби фарҳанги бузургу қадимӣ ҳастанд ва дар шароити давлати шӯравии мо ононро ояндаи бузурге дар интизор аст. Ва кумак кардан ба онон дар ин амр вазифаи тамоми халқи Иттиҳоди Шӯравӣ мебошад».

Ҳақ ба ҷониби ин сиёсатмадори бузург аст. Мо, тоҷикон, бозмондагони ориёиён, Тоҷикистон – мероси муқаддаси ниёгонамонро бо корбурди ҳушу хираду фитрати фарҳангофаринӣ ва давлатофаринӣ, ки аз ниёгонамон ба мерос гирифтаем, дар роҳи расондан ба ояндаи бузург қадам мезанем. Он ояндаи бузурге, ки оғозаш рӯзи 9 сентябри соли 1991 гузошта шудааст.

9 сентябри соли 1991 дар таърихи миллати тоҷик рӯйдоди бузургу хуҷастае ба вуқӯъ пайваст – Ҷумҳурии Тоҷикистон истиқлоли худро эълом кард ва ҳамчун давлати мустақил вориди саҳнаи сиёсии ҷаҳон гардид. Акнун роҳбарони ҷумҳурӣ ва нахбагони сиёсиро лозим буд, ки бо истифодаи комил аз ин фурсати мусоиди таърихӣ пояҳои давлати навбунёди худро устувор сохта, барои баровардани ниёзу ормонҳои мардум самтҳои асосии сиёсати дохиливу хориҷии давлатро – бар асоси анъанаю суннатҳои дерини давлатдории миллии хеш – тарҳрезӣ намоянд ва Тоҷикистонро дар масири рушду тавсеа пеш баранд.

Тоҷикон бо бархӯрдорӣ аз мероси бузурги фарҳанги давлатдорӣ, ки аҷдоди хирадмандашон якчанд давлатҳои бузурги дорои дастгоҳҳои муназзамро поягузорӣ кардаанд ва бо хиради азалӣ ва тафаккури созанда ҳамаи имконро доштанд, ки дар кӯтоҳтарин муддат дар роҳи табдил додани Тоҷикистон ба кишвари воқеан соҳибистиқлол – бо тамоми мушаххасоти давлати демокративу ҳуқуқбунёду дунявӣ – муваффақ шаванд. Аммо ҷанги шаҳрвандӣ, ки бо иғвою фитнаи бегонагон дар хоки муқаддаси Тоҷикистон даргирифт, ҳаллу фасли ин масъалҳои муҳимро ба таъхир андохт. Танҳо пас аз баргузории Иҷлосияи сарнавиштсози XVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ба сари қудрати сиёсӣ омадани Эмомалӣ Раҳмон бунёду устувор сохтани пояҳои давлатдории навин аз сар гирифта шуд.

Иҷлосияи XVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар моҳи ноябри соли 1992 ба марҳалаи гардиши куллӣ дар таърихи навини Тоҷикистон – даврони поягузории Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҳамчун давлати соҳибистиқлол, – оғоз бахшид. Ин марҳала дар таърихи навини Тоҷикистон ҳамчун марҳалаи талошҳои ҷиддӣ дар роҳи хотима бахшидан ба ҷанги бародаркушӣ, сарҷамъ намудани миллати тоҷик ва фароҳам овардани заминаҳои ваҳдати миллӣ, поя гузоштан ба низоми сифатан нави давлатдорӣ дорои аҳамияти бузург аст. Дар ҳамин давра буд, ки сиёсати хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҳамчун муҳимтарин ҳавзаи ҳаёти сиёсӣ, ба шакл гирифтан оғоз кард.

Нақши Эмомалӣ Раҳмон дар равшан сохтани ҳадафҳои асосӣ ва усулҳои сиёсати хориҷӣ ва дипломатияи миллии Тоҷикистон бисёр муассир ва корсоз аст. Эмомалӣ Раҳмон асосгузор ва роҳбари воқеии сиёсати хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад. Вижагии сурату сират гирифтани сиёсати хориҷии Тоҷикистони навин ин аст, ки заминаи назариявии ин бахши муҳими ҳаёти давлатӣ на дар доираи коршиносон ва назарияпардозон, балки раҳораҳ, ҳангоми анҷоми фаъолиятҳои пурталошу пӯёи дипломатии Сарвари давлати Тоҷикистон эҷод шудааст.

Дар он шароити печидаву ҳассоси солҳои нахустини пас аз барқарории ҳукумати қонунӣ, ба тақозои вазъият ва ногузирии ҳарчи зудтар хотима бахшидан ба ҷанги бародаркушӣ, раҳо кардани кишвар аз буҳрони сиёсию иҷтимоию иқтисодӣ Сарвари давлатро лозим меомад, ки барои эҷоди ҳамкориҳои Тоҷикистон бо созмонҳои бонуфузи байналмилалӣ, пеш аз ҳамa бо Созмони Милали Муттаҳид, давлатҳои минтақа ва ҷаҳон, ба манзури дарёфти кумак ва ҷалби пуштибонии онҳо барои ҳаллу фасли масъалаҳои мубрами ҳаёти давлатӣ сафарҳои зиёде анҷом диҳад. Бардоштҳо ва хулосаҳои Сарвари давлат аз ин сафарҳо асоси нахустин назарияи сиёсати хориҷӣ ва дипломатияи миллиро ташкил намуданд, ки онро Сарвари давлати Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар таърихи 28 декабри соли 1993 аз минбари Иҷлосияи XVIII Шӯрои Олӣ эълом дошт.

Бо вуҷуди ин ки дар солҳои баъд таҳти роҳбарии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон санадҳои муайянсозанда ва танзимкунандаи усулҳои асосӣ, ҳадафу вазифаҳо ва самтҳои афзалиятноки сиёсати хориҷии кишвар таҳия гардидаву ба тасвиб расиданд, ин ғояҳои бунёдии консепсияи сиёсати хориҷӣ аҳамияту арзиши вижаи худро то ҳол ҳифз намудаанд.

Дипломатияи тоҷик дар тӯли давроне пас аз иҷлосияи XVIII Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки ин нуктаҳои бунёдии сиёсати хориҷӣ баён гардида буданд, ба дастовардҳои назаррас ноил гаштааст ва тибқи сиёсати усулии «дарҳои боз» равобит ва ҳамкориҳои густурда ва мутақобилан судмандро бо ҳамаи кишварҳои ҳавзаҳои мазкур ва дигар мамлакатҳои ҷаҳон ба роҳ мондааст. Натиҷаи чунин сиёсати ҳамгироӣ ва мутавозин аст, ки имрӯз Тоҷикистон узви созмонҳои бонуфузи минтақавӣ ва байналмилалӣ буда, бо зиёда аз 140 мамлакати дунё ҳамкориҳои иқтисодиву технологиву фарҳангиро ба роҳ мондааст.

Роҳи пурифтихори тайкардаи кишвари азизи мо ва дипломатияи тоҷик тайи замоне бештар аз 30 сол таҳти роҳбарии Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон роҳи ҳамвору осонгузаре набуд.

Яке аз пояҳои муҳими давлатдорӣ ҳамеша фаҳми сиёсати берун аз марзҳо будааст. Давлатмардони бузурги таърих онон будаанд, ки миёни воқеияти дохили марзҳо ва таҳаввулоти берун тавозуну таодул эҷод кардаанд. Имрӯзҳо ин масъала беш аз ҳар даврони таърихии дигар мубрам аст. Зеро дар шароити дунёи пур аз хатару чолишҳои имрӯз ҳеҷ кишваре, новобаста аз густурдагии ҳудуд, қудрат, нуфуз ё дигар вижагиҳояш, наметавонад ба танҳоӣ суботу амнияти худро таъмин намояд. Ҳамбастагӣ ва ҳамкорӣ вижагиҳои барҷастаи ин даврон мебошанд.

Агар давлатҳои ҷаҳон ба масобаи сохтаҳои алоҳидаи як муҷтамеи воҳид тасаввур шаванд, чолишҳои замони муосир, монанди терроризми байналмилалӣ, ифротгароии сиёсӣ ва мазҳабӣ, қочоқи маводи мухаддир, буҳронҳои иқтисодӣ ва бисёре аз шароити дигар, бар масали тӯфони фоҷиаборанд. Дар баробари ин фарояндҳои харобиовар давлатҳо метавонанд фақат дар ҳамбастагӣ истодагӣ кунанд ва ҷомеаҳоро аз хатару мушкилот эмин доранд. Бо таваҷҷуҳ бар ин вижагии замони муосир, Эмомалӣ Раҳмон аз рӯзҳои аввали омадани худ ба сари қудрат равобити зич бо созмонҳои байналмилалӣ ва ҳамёрӣ бо кишварҳои минтақа ва ҷаҳонро на танҳо омили муассири пешрафтҳои иқтисодии Тоҷикистон, балки ҳамчунин заминаи муҳими таъмини амният ва суботи кишвар муайян намуд.

Истеъдоди сиёсии Эмомалӣ Раҳмон дар ин воқеият низ зоҳир гардидааст, ки ӯ аз ибтидо суботи сиёсиву иқтисодии Тоҷикистон ва суботи кишварҳои ҳамсоя, минтақа ва умуман ҷаҳонро дарк намуд. Бар асоси ин фалсафа, ки моҳиятан диалектикаи тавсеаи давлат мебошад, Сарвари давлати тоҷикон аз нахустин рӯзҳои ба сарварии Тоҷикистон расидан равобити ҳамаҷониба, зич ва дӯстона бо ҷумҳуриҳои Иттиҳоди Шӯравии собиқро аз муҳимтарин ва афзалиятноктарин самти сиёсати хориҷии Тоҷикистон муайян намуд. Зеро бо диди амиқи сиёсӣ дарк менамуд, ки иҷрои вазифаҳои душвору печидаи бунёд ва таҳкими Тоҷикистони соҳибистиқлол ва эҷоди қудрати иқтисодии он бидуни ҳамкории сиёсию иқтисодии густурда бо кишварҳои пасошӯравӣ, ки то дирӯз дар фазои ягонаи иқтисодӣ қарор доштанд ва бо ҳазорон риштаҳои дар тӯли даҳсолаҳо шаклгирифта ба ҳамдигар пайваст мебошанд, имконнопазир аст.

Бо талошу кӯшиши пайгиронаи Эмомалӣ Раҳмон Тоҷикистон дар созмонҳои ҳамгироӣ – чи дар фазои пасошӯравӣ ва чи дар минтақа ва ҷаҳон, – аз ҷумлаи СММ, Иттиҳоди давлатҳои мустақил, Созмони Аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ, Созмони амният ва ҳамкорӣ дар Аврупо, Созмони ҳамкории Шанхай, Машварати ҳамкорӣ ва эътимод дар Осиё ва дигар созмону ниҳодҳои ҳамгироӣ, симои вижа ва ширкати фаъолона дорад.

Бо ба тарзи саҳеҳ мушаххас намудани самтҳои тавсеаи Тоҷикистон дар арсаи байналмилалӣ ва бо дар назар гирифтани мавқеияти ҷуғрофию геосиёсӣ, манфиатҳои миллӣ ва инчунин омилҳое, аз қабили равобити фарҳангиву таърихӣ, арзишҳои умумибашарӣ ва яксон будани манфиатҳо, Эмомалӣ Раҳмон равобити дӯстонаи Тоҷикистонро бо ҳамаи кишварҳо танзим намуд.

Дар натиҷаи чунин сиёсати хориҷии мутавозин равобити созанда бо Россия ва давлатҳои дигари пасошӯравӣ, кишварҳои форсизабони Эрону Афғонистон, Чин, ИМА, Ҳиндустон, Покистон, мамлакатҳои Аврупо, кишварҳои араб, Осиёи Шарқӣ ва Африқо роҳандозӣ гардид.

Дар сояи истеъдоди баланди сиёсатмадорӣ, назари борикбин ва жарфнигарии Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон асосҳои назариявӣ ва ҳуқуқии сиёсати хориҷӣ бо муҳтавои прагматикӣ ва воқеъбинона, ки самтҳои асосӣ, роҳу василаҳои татбиқи манфиатҳои дарозмуддати миллии Ҷумҳурии Тоҷикистонро муайян мекунад, ба вуҷуд оварда шуданд. Қонун «Дар бораи хизмати дипломатӣ», Консепсияи сиёсати хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон, дигар санадҳои марбут, ки бар мабнои Конститутсияи Тоҷикистон таҳия шудаву ба тасвиб расидаанд, баёнгари ҳадафҳо, вазифаҳо ва хостаҳои давлат ва мардуми кишвар дар роҳандозии сиёсати хориҷӣ ба манзури даст ёфтан ба манфиатҳои миллӣ мебошанд. Барои фаъолияти муассир ва пайгирии пайвастаи манфиатҳои миллии Тоҷикистон дар арсаи байналмилалӣ марҳала ба марҳала шабакаи густурдаи намояндагиҳои дипломатӣ ва консулгариҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон дар хориҷ аз кишвар ба вуҷуд оварда шуданд.

Яке аз вижагиҳои мумтози сиёсати хориҷии Тоҷикистон сиёсати «дарҳои боз»-и эъломнамудаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон мебошад. Сиёсати хориҷии шаффоф ва усули «дарҳои боз» мусоидат ба он намуданд, ки Тоҷикистон узви шоистаи созмонҳои байналмилалӣ гардад ва равобити сиёсӣ ва ҳамкориҳои судмандро бо аксари давлатҳои ҷаҳон ба роҳ андозад. Тоҷикистон имрӯз дар арсаи сиёсати ҷаҳон симои хоси хешро дорад ва ҳамчун узви соҳибэътибори ҷомеаи ҷаҳонӣ шинохта шудааст.

Аз ҷониби ҷомеаи ҷаҳонӣ дастгирию пуштибонӣ шудани ибтикорҳои Тоҷикистон дар шахси Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон, бавижа дар ҳаллу фасли масъалаҳои обу энергетика, мубориза бар зидди терроризм, ифротгароӣ ва муомилоти ғайриқонунии маводи мухаддир, аз байн бурдани мушкилоти Афғонистон, баёнгари мавқеи вижаи Тоҷикистон дар низоми равобити байналмилалӣ ва обрӯи баланди роҳбари кишвари мо дар назди маҳофили сиёсии ҷаҳон аст.

Бо таваҷҷуҳ ба имкониятҳои беҳудуди энергетикаи обӣ, Эмомалӣ Раҳмон таъмини истиқлолияти энергетикиро яке аз самтҳои муҳимтарини стратегӣ ва афзалиятноки иқтисодии мамлакат муайян намуд. Дар давоми солҳои гузашта дар ин замина корҳои зиёде анҷом гирифта, дар нуқоти гуногуни мамлакат садҳо неругоҳҳои барқи обии хурд сохтаву ба истифода дода шудаанд ва бунёди неругоҳҳои хурди зиёде дар дасти кор мебошад.

Натиҷаи сиёсати оқилона ва дурбинонаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ва обрӯю эътибори ӯ чун сиёсатмадори сулҳофарин ва таъмингари суботи сиёсиву иҷтимоӣ аст, ки бо иштироки сармояи давлат ва ширкатҳои бонуфузи Федератсияи Россия неругоҳи барқи обии «Сангтӯда-1» ва бо ҷалби сармояи Ҷумҳурии Исломии Эрон ва маблағгузории дохилӣ неругоҳи барқи обии «Сангтӯда-2» бунёд гардиданд, хаттҳои баландшиддати интиқоли барқ кишида шуданд, роҳҳо, пулҳо, нақбҳои мошингузар, корхонаҳои зиёди ватанию муштарак сохта шуданд.

Роҳбарияти Тоҷикистон ва шахсан Президент Эмомалӣ Раҳмон, ҳамчун Раиси Анҷумани тоҷикон ва форсизабонони ҷаҳон, бо ҳамватанони бурунмарзиамон робитаи мустақим барқарор намуда, онҳоро дар иқдомҳои созандаи фарҳангию иқтисодӣ ширкат медиҳад. Ҳамватанони бурунмарзӣ, ки дар гӯшаю канори гуногуни ҷаҳон кору зиндагӣ мекунанд ва Тоҷикистонро хонаи умеди худ медонанд, ҳамеша аз дастгирию пуштибонии давлати Тоҷикистон бархӯрдор ҳастанд.

Сиёсати хирадмандона ва фарогири Сарвари давлат имкон фароҳам овард, ки мардуми тоҷик, бо аз сар гирифтани рисолати олии тамаддунсозии хеш ва бо такя ба арзишҳои волои миллӣ ва арзишҳои фарҳанги муосири сиёсӣ, фасли тозаеро дар таърихи давлатдории дерини худ бинависад.

Имрӯз бо ифтихор метавон гуфт, ки дар муддати кӯтоҳи таърихӣ дар роҳи таҳкими рукнҳои давлати воқеан соҳибистиқлол, демократӣ, дунявӣ ва иҷтимоии Тоҷикистон иқдомҳои муассир ба вуқӯъ пайвастаанд, самтҳои асосии сиёсати дохиливу хориҷии давлат, бо ба инобат гирифтани манфиатҳои миллӣ, муайян шудаанд. Дар тамоми соҳаҳои ҳаёти ҷамъиятӣ, аз ҷумла дар бахшҳои иқтисодиву иҷтимоӣ, барномаҳои густурдаи рушду тавсеа амалӣ мегарданд.

Итминон аст, ки Тоҷикистони азиз бо сарварии Президенти кишвар, Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар солҳои наздик, бо бархӯрдорӣ аз рӯҳияи кӯшандаи мардум, дар сояи давлати демокративу ҳуқуқбунёд ва дар ҳамкориҳои густурда бо мамлакатҳои ҷаҳон ва созмонҳои байналмилалӣ ба пешрафтҳои бештаре аз ҳоло даст меёбад ва дар сафи кишварҳои мутараққии ҷаҳон мақоми шоистаи хешро касб менамояд.

САЙИДЗОДА Зафар Шералӣ, мудири шуъбаи кишварҳои ИДМ-и Институти омӯзиши масъалаҳои кишварҳои Осиё ва Аврупои Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, мушовири давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Фиристодаи Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон, доктори илмҳои таърих

Рӯзи Президент ҷашнест, ки миллатро дар атрофи арзишҳои бунёдии демократия ва ваҳдати миллӣ муттаҳид мекунад. Ин ид масъулияти ӯро дар назди мардум ва давлат ёдоварӣ мекунад. Дар ин рӯз дар кишвар чорабиниҳои идона, роҳпаймоиҳо, маросимҳои ҷоизасупорӣ, гирдиҳамоиҳо ва суханрониҳои коршиносон баргузор мешаванд.Ҳамчунин чорабиниҳои сатҳи давлатӣ баргузор мешаванд, ки дар онҳо намояндагони мақомоти давлатӣ ва ҷомеаи шаҳрвандӣ иштирок мекунанд. Барои шаҳрвандони кишвари мо Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон - рӯзи ёд кардани арзишҳои демократӣ, масъулият ва аҳамияти ҳокимияти олии давлатӣ маҳсуб меёбад. Дар баъзе кишварҳо, ин ид инчунин ҳамчун рӯзи имконияти изҳори ватандӯстӣ ва ифтихор аз Ватани худ хизмат мекунад.

Корномаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон беҳтарин намуна барои ҳар соҳибватан дар ҳама арсаи зиндагӣ мебошад. Ватандӯстиву худшиносӣ, арҷ гузоштан ба муқаддасоти миллӣ, меҳрубонӣ ба ҳамватанон, устуворӣ, фазилат, бурдборӣ дар рафъи мушкилот, ки аз вижагиҳои ахлоқии Пешвои миллатанд, метавонанд барои ҳар як шаҳрванд ва инсони дорои ахлоқу маънавиёти баланд нақши бузург гузоранд.

Пешвои миллат доимо ба таҳкими сулҳу субот ва амнияти мамлакат таваҷҷуҳи хоса зоҳир менамоянд, зеро маҳз пойдории сулҳу субот аст, ки дар тули 34 соли соҳибистиқлоли кишвари мо ба дастовардҳои назаррас ноил гардид. Лозим ба ёдоварист, ки мактаби сиёсию давлатдории Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, имрӯз ҷаҳонӣ гаштааст, зеро аз минбарҳои бонуфуз ҷаҳонӣ ба мисли СММ суханронӣ намуда, эшон бо пешниҳодҳои нотакрори худ ҳамеша башарро ба сулҳу дустӣ даъват менамоянд. Донишмандони тоҷик дар васфи корнамоиҳои Пешвои миллат бо забонҳои тоҷикиву хориҷӣ китобҳо нашр карда истодаанд. Аз ҷумла 11 ноябри соли 2025 дар Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон ба ифтихори рузи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, китоби тозанашри академик Фарҳод Раҳимӣ бо унвони “Абармарди таърихсоз” инчунин маҳфили хирад бо иштироки донишмандони тоҷик баргузор гашт. Аз ҷумла мудири шуъбаи Аврупои Институти омузиши масъалаҳои Давлатҳои Осиё ва Аврупои Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон доктори илмҳои таърих, профессор Воҳидова Санавбарбону оид ба китоби “Абармарди таърихсоз” суханронӣ намуда таъкид доштанд, ки нақши Пешвои миллат ва хидматҳои ин абармади нексиришт дар таърихи наву навтарин хело бузург буда, ӯ махсусан Академияи илмҳои Тоҷикистонро аз вартаи нест шудан маҳфуз дошт. Маҳбубтарин ва машҳуртарин хислати мардуми тоҷик рафтори нек, гуфтори нек, пиндори нек, маҳсуб мешавад, ки инро мо дар хислатҳои Пешвои миллат мушоҳида менамоем.

Пешвои миллат бо хислатҳои наҷибонаи хеш доимо бо намояндагони аҳли зиё, фаъолон, намояндагони қишрҳои гуногуни ҷомеа мулоқот менамоянд. Маҳз роҳҳои муассиртари пойдор доштани сулҳу оромиро ба муҳокима мегузорад. Имрӯз бо талошҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, Ҷуҳурии Тоҷикистон дар дунё чун кишвари сулхоҳу сулҳпарвар шинохта шудааст. Ҳамчунин бо дастуру супоришҳои ӯ аз даврони бадастовардани соҳибистиқлолӣ барои мо имкони воқеӣ фароҳам овард, ки роҳи ояндаи миллат ва пешрафти минбаъдаи кишвари азизамонро ба суй ҷомеаи демократӣ, ҳуқуқбунёд, ва дунявӣ интихоб намоем. Ҳамин тариқ Пешвои миллат, тақвиятбахшандаи пояҳои воқеии истиқлолият ба шумор мераванд. Мо кормандони илмӣ, аз сиёсати худшиносии миллӣ, сиёсати созандаю бунёдкоронаи Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ҷонибдории комил намуда, иқдому ташабусҳои роҳбари давлатро самимона пазироӣ мекунем ва содиқона дар амал татбиқ менамоем: чунонеки шоир фармудааст:

Дар ин хок, дар ин хок, дар ин мазраи пок,

Ба ҷуз меҳр, ба ҷуз ишқ, дигар тухм накорем.

Бо эътимоди қавӣ изҳор менамоям, ки мардуми ватандӯсту заҳматкаши мо, ба дастовардҳои бузурги Пешвои миллат, ки бузургони гузаштаи мо орзу доштан, шинохта шудааст.

Ҷовидон бод сулҳу оромӣ, суботи сиёсӣ ва ваҳдати миллӣ, дастовардҳои бузурги Пешвои миллати тоҷик!

МАХМЕДОВ Муҳаммадҷон, ходими хурди илмии шуъбаи Аврупои

Институти омузиши масъалаҳои давлатҳои Осиё ва Аврупои – АМИТ

Ташаккули худшиносии миллӣ яке аз масъалаҳои муҳимтарине ба ҳисоб мерафт, ки Пешвои муаззами миллат мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз рӯзҳои нахустини давлатдорӣ таваҷҷӯҳи ҷиддӣ зоҳир намуданд. Албатта, ин мавзӯъ бисёр фарох аст. Инҷо танҳо таваҷҷӯҳи хонандаи азизро ба якчанд корнамоиҳои Пешвои миллат, ки воқеан тавониста ҳуввияти миллии шаҳрвандони моро баланд бардорад ҷалб мекунем. Миллати тоҷик дар таърихи башарӣ нақши тамаддунофар ва созандагии худро исбот намудааст. Гузаштаи он аз қаъри ҳазорсолаҳо паёми дӯстӣ, меҳру муҳаббат, илму маориф, ақлу хирад, зиракиву заковат ва фарҳангу маданиятро ба наслҳои минбаъда мерасонад.

Пешвои миллат ҳангоме, ки Президенти ҷумҳурӣ таъин гардиданд фазои фарҳангии Тоҷикистон ба ҳамагон аз саҳифаҳои таърих маълум аст, ки дар таъсири ҳодисаҳои таърихӣ арзишҳои миллии мо аксарият рӯ ба нестӣ ниҳода буданд ва воқеаҳои ҷанги шаҳрвандӣ низ ба мафкураи ҷомеа таъсири зиёде гузошт.
Бо таъкиди Пешвои муаззами миллат: “Омӯхтани таърих танҳо ба хотири донистани гузашта нест, балки он дурнамоест, ки роҳи ояндаи миллат ва пешомадҳои давлатиро равшан намуда, барои худогоҳии миллӣ, ваҳдату ягонагӣ ва рушди тафаккури таърихии наслҳои оянда хизмат мекунад”. Ин буд, ки барои рӯ овардани мардум ба гузаштаи худ ва худшинос гардидани ҷомеаи Тоҷикистон якчанд корҳои бузургеро анҷом доданд, ки чанде аз онҳо мавриди зикр аст:
Якум гузоштани аввалин муҷассамаи асосгузори давлатдории тоҷикон Исмоили Сомонӣ мебошад. Рӯзи 6 сентябри соли 1999 дар Душанбе аввалин муҷассамаи асосгузори давлатдории тоҷикон Исмоили Сомонӣ қомат афрохт. Дар майдони Дӯстӣ дар (собиқ майдони ба номи Ленин ва "Озодӣ"), дар қисми марказии ноҳияи маъмурии Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе, ба муносибати таҷлили 1100 - солагии ҷашни давлати Сомониён - аввалин давлати тоҷикон, муҷассамаи амири аввалини давлати тоҷикон (Давлати Сомониён) - Исмоили Сомонӣ сохта шуд. Майдон соҳиби номи нав – майдони "Дӯстӣ" гардид. Пас аз ин қариб дар ҳамаи минтақаҳои кишвар ҳайкалҳои ин қаҳрамони халқи тоҷик гузошта шуданд.
Мавриди зикр аст, ки гузоштани муҷассамаи амири аввалини давлати тоҷикон (Давлати Сомониён) - Исмоили Сомонӣ дар худшиносии мардуми тоҷик таккони ҷиддӣ бахшид. Хурду калони ҷумҳурӣ бо ифтихор аз назди ин муҷассама гузар мекунанд.
Дуюм шинохтани қаҳрамонҳои миллати худ, ки барои ҳар як соҳибватан нақши меҳварӣ дорад мукофотонидани шахсони бузурги миллати тоҷик бо унвони олии Қаҳрамони Тоҷикистон мебошад. Садриддин Айнӣ, Бобоҷон Ғафуров, Мирзо Турсунзода, Нусратулло Махсум, Шириншоҳ Шоҳтемур бо ин унвони олӣ мукофотонида шуданд. Худи Пешвои миллат, ки воқеан арзандаи ин унвони олӣ ҳастанд соли 1999 барои мустаҳкам намудани давлатдории соҳибистиқлол ва пойдории сулҳ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон бо унвони олии Қаҳрамони Тоҷикистон мукофотонида шудааст.
Бояд таъкид намуд, ки дар марҳилаи аввали шаклгирии давлат-миллат, чунин як сиёсат, яъне қаҳрамонсозӣ ба хотири ваҳдату якпорчагӣ, эҳёи фарҳанги миллӣ, худшиносӣ ва сохтани як миллати воҳид зарур буд.
Қаҳрамонҳои Тоҷикистон дар худшиносии наслҳои имрӯзу оянда нақши муҳим доранд. Онҳо касонеанд, ки ҳузурашон ва вуҷудашон барои миллати мо ҳаётист. Қаҳрамонҳои Тоҷикистонро миллат муҳтарам медонад ва аз маҳбубияти табиии мардум бархурдор мебошанд. Онҳо барои истиқлоли андеша ва озодии фард фарди ин миллат талош ва заҳмат намудаанд.
Сеюм Пешвои миллат ба номҳои кучаю хиёбонҳо, шаҳрҳо, ноҳияҳои Тоҷикистон таваҷҷӯҳ намуданд, ки тамоми кучаю хиёбонҳо, шаҳрҳо, ноҳияҳои Тоҷикистон барои тоҷикиятро дар вуҷуди ҳар фарди ҷомеаи Тоҷикистон рушд доданд ба тоҷикӣ номгузорӣ карда шуданд. Аксарият номҳои ба фарҳанги миллати тоҷик бегона дар тамоми саросари ҷумҳурӣ иваз карда шуданд.
Чорум фарҳанги номгузориро дар наслҳои имрӯзу оянда зери назорат гирифтанд. Ному насаб яке аз нуктаҳои асосии худшиносии миллӣ барои ҳар шаҳрванд ва миллату давлат мебошад. Қисми зиёди аҳолии ҷаҳонро ба шунидани номашон миллату давлаташон муайян мегардад. Ин далели он аст, ки ному насаб дар баробари муаррифии шахс инчунин муаррифгари миллату давлат ҳисобида мешавад.

Ҳукумати кишвар баъди соҳибистиқлолӣ баҳри ҳифзи анъанаҳо ва расму русуми миллӣ пардохтанд, ки қатори онҳо масъалаи номгузории тоҷикӣ ҳам шомил шуд. Ин иқдом, ки асоси дифоъ аз масъалаҳои миллиро дар бар мегирад, аввалин бор соли 2007 аз ҷониби Президенти кишвар роҳандозӣ гардид. Пешвои миллат аз аввалинҳо шуда, ному насабашро аз Раҳмонов Эмомалӣ Шарифович ба Эмомалӣ Раҳмон иваз намуд. Аз баҳори соли 2007 мардуми равшанфикру дорои ҳиси миллӣ ба гузоштани номҳои тоҷикӣ ва гирифтани пасвандҳои “ов”, “ова”, “ович”-у “овна” аз ному насабашон оғоз карданд. Инчунин, дар Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи ба қайдгирии сабти асноди ҳолати шаҳрвандӣ” ба хотири ҳифзи масъалаҳои миллӣ ва ҷорӣ намудани номҳои тоҷикӣ чанд тағйирот низ ба амал омад.
Панҷум Пешвои миллат ҷиҳати устувории забони тоҷикӣ талош варзиданд. Ин забон бо тавонмандӣ солҳои сангину пурошӯбро убур кард ва маҳз дар даврони Истиқлолият бо пуштибонию роҳнамоии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иқтидор пайдо карда, чун дарахти пургул ҷило дод. Аз ин лиҳоз, нақши Эмомалӣ Раҳмон дар мавқеи устувор пайдо кардану шукуфо гардидани забони тоҷикӣ ҳамчун забони давлатӣ дар даврони Истиқлолият хеле барҷаста мебошад. Ба ин китобҳои “Ҳастии миллат- забони миллат”, “Чеҳраҳои мондагор”, “Дин ва ҷомеа”; “Аз ориён то Сомониён”, суханрониҳои Пешвои муаззам бахшида ба Рӯзи забон ва ғайраҳо далел шуда метавонанд, ки саршор аз арзишҳои олии илмианд. Мавқеи устувор пайдо кардани забони тоҷикӣ ҳуввияти ҳар фарди тоҷикро баланд гардонид.
Шашум таваҷҷӯҳи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба бузургдошти Имоми Аъзам. Воқеан, таваҷҷӯҳ ба ин шахсият ин рӯ овардан ба гузаштаи арзандаи шахсиятҳои тоҷик аст. Имоми Аъзам бидуни шакку шубҳа аслан тоҷике аз сарзамини тамаддунхези Хуросони Бузург, саҳеҳтар гӯем, аз шарқи ин хиттаи бузург будааст, ки дар он ҷо аҷдоди асили тоҷикон зиндагӣ доштанд ва фарҳанги пурбори ҷаҳоншумулро эҷод намуданд. Хидмати ӯ махсусан дар ҳифз ва тақвияти асолати таърихӣ ва фарҳангии халқи мо бесобиқа бузург ва шойистаи қадрдонист. Зиндагию корномаи Имоми Аъзам ва таълимоти абадзиндаи ӯ, ки паҳлуҳои гуногуни ҳаёти динӣ-фарҳангии кишварро чун ойина равшан сохта, моро барои анҷом додани рисолати созандагӣ роҳнамойӣ мекунанд, аҳамияти бузурги ҳаётӣ доранд.
Ҳафтум арҷгузорӣ ба арзишҳои таърихӣ, фарҳангӣ ва расму оинҳои мардумӣ, инчунин баргузории солгарди бузургони илму адаб, сиёсат, маориф ва фарҳанги гузаштаву муосир, тарғибу ташвиқ, таҳқиқ ва таълими осору афкори онҳо ва ҳифзи мероси адабию фарҳангӣ ва таърихиву илмӣ дар даврони соҳибистиқлолии мамлакат, бешубҳа, аз сиёсати дурандешона ва фарҳангпарваронаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон сарчашма мегиранд. Бо мақсади густариши эҳсоси ватандӯстиву ифтихори миллӣ ва болоравии сатҳи маънавиёти ҷомеа бо ибтикори Пешвои миллат солгарди фарзандони фарзонаи миллат, аз қабили 1150-солагии сардафтари адабиёти классикии форсу-тоҷик Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ, 1000-солагии Носири Хусрав, 675-солагии Камоли Хуҷандӣ, 800-солагии Мавлоно Ҷалолиддини Балхӣ, 1310-солагии Имоми Аъзам Абуҳанифа, 600-солагии Нуриддин Абдураҳмони Ҷомӣ, 700-солагии мутафаккири барҷастаи Шарқ Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ таҷлил гардиданд. Ҳамзамон, санаҳои таърихиву фарҳангии 2500-солагии Истаравшан, 2700-солагии Кӯлоб, 3000-солагии Ҳисори Шодмон дар сатҳи байналмилалӣ ҷашн гирифта шуданд.
Ҳаштум Пешвои муаззами миллат мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Тоҷикистонро дар арсаи байналмилалӣ муаррифӣ намуда, дар ҳалли масъалаҳои минтақавию ҷаҳонӣ дар мисоли ҷонибдорӣ аз сулҳ дар сайёраи замин ва масъалаҳои иқлим пешниҳодҳои назаррас намуданд. Ҳамзамон, чандин ёдгориҳои таърихии Тоҷикистон ба феҳристии ҷаҳонии Юнеско ворид карда шуданд.
Нуҳум Пешвои муаззами миллат ҷиҳати саводнок намудани ҷомеа баргузории чандин озмунҳои ҷумҳуриявӣ ба монданди "Фуруғи субҳи донои китоб аст", " Илм фуруғи маърифат", "Тоҷикистон ватани азизи ман" ва ғайраро роҳандозӣ намуданд ва маблағҳои калон барои баргузории онҳо ҷудо намуданд.

Даҳум Пешвои муаззами миллат ҷиҳати руй овардан ба таърихи миллат чопи китобҳои гаронбаҳои "Тоҷикон" - и устод Бобоҷон Ғафуров ва "Шоҳнома" - и безаволи устод Абулқосим Фирдавсиро ба роҳ монда ба тамоми аҳолии Тоҷикистон тақдими онро дастур доданд.
Бояд таъкид намуд, ки созандатарин иқдомҳои Пешвои миллат дар ташаккули худшиносии ҷомеаи Тоҷикистон бешуморанд. Дар муддати 33 соли соҳибистиқлолӣ Ҷумҳурии Тоҷикистон дигар шуд, нав шуд, қабои ҷадид ба сар кашид. Арзишҳои бадастомадаи даврони истиқлолият ва корнамоиҳои беназири Пешвои миллат дар роҳи худшиносии мардуми тоҷик зиёданд ва ҳар яки он ба таври алоҳида таҳқиқу баррасии ҷудогонаро тақозо мекунад.
Тоҷикистони соҳибистиқлол дар партави сиёсати хирадмандонаю фарҳангпарваронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва ташаббусҳои ҷаҳонии ин шахсияти таърихӣ тавонист ҷойгоҳи шоистае дар арсаи минтақавию байналмилалӣ аз нигоҳи фарҳангию иттилоотӣ низ барои худ касб намояд. Дар замони ҷаҳонишавӣ пуштибонӣ аз фарҳангу ҳувият ва арзишҳои миллӣ яке аз самтҳои асосӣ барои пойдорию муаррифии миллат ба шумор меравад, ки хушбахтона, Пешвои миллат барои тоҷику тоҷикона будани миллат корҳои зиёдеро анҷом доданд ва амалинамоии чунин иқдомҳои бузургро идома дода истодаанд.

АБДУМУМИНЗОДА Ситора, номзади илмҳои педагогӣ, Мудири шӯъбаи кор бо магистрантон, докторантони PhD ва унвонҷӯёни ИФСҲ АМИТ.

Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки ҳамасола 16 ноябр таҷлил мегардад, на танҳо як ҷашни расмӣ, балки таҷассумгари давраи сарнавиштсоз дар таърихи навини тоҷикон аст. Маҳз дар ин санаи таърихӣ, дар фазои мураккаби ҷанги дохилӣ, Сарвари давлат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, бо эҳсоси баланди масъулият роҳбарии кишварро ба ӯҳда гирифт ва Тоҷикистонро аз хатари парокандагӣ наҷот дод. 16 ноябр санаи оғози фаъолияти Эмомалӣ Раҳмон дар мақоми Раиси Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон (соли 1992) ва сипас ба ҳайси Президент (соли 1994) мебошад, ки ин давраи наҷоти миллат ва барқарорсозии давлатдории тоҷикон аст.

Рӯзи Президент расман бо Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 15 апрели соли 2016 “Дар бораи ворид намудани илова ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи рӯзҳои ид” ” эълон гардид. Ин иқдом эътирофи расмии саҳми таърихӣ ва хизматҳои бузурги Пешвои миллат дар таҳкими давлатдории миллӣ, ба даст овардани сулҳ ва ваҳдати миллӣ ва таъмини истиқлолияти воқеии кишвар мебошад. Аз ин лиҳоз, арҷгузорӣ ба ин рӯз, арҷгузорӣ ба Истиқлолият, Сулҳ ва Ваҳдати миллӣ мебошад.

Дар қатори дастовардҳои бунёдӣ, яке аз самтҳои калидии сиёсати Пешвои миллат таҳкими мақоми забони тоҷикӣ ба ҳайси забони давлатӣ буд ва мемонад. Президент Эмомалӣ Раҳмон, ки муаллифи асари пурарзиши “Забони миллат - ҳастии миллат” мебошанд, ин рукни давлатдориро шиносномаи миллати азизам арзёбӣ намудаанд. Забон, чуноне ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат борҳо таъкид намудаанд, ҳастии миллат ва пулест, ки насли имрӯзаро бо гузаштаи пуршарафи таърихӣ мепайвандад. Ин таъкид нишон медиҳад, ки таҳкими забони тоҷикӣ на як тадбири сиёсӣ, балки рисолати миллию фарҳангӣ дар назди Пешвои миллат будааст. Аз ин рӯ, ҳадафи асосии ин мақола таҳлили мушаххас, қатъӣ ва пайвастаи тадбирҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар тақвияти қонунӣ, расмӣ ва амалии забони тоҷикӣ дар даврони истиқлолият мебошад, то саҳми бузурги ӯ дар ҳастии забоншиносии миллат ба таври илмӣ ва ҷиддӣ равшан гардад.

Таҳкими мақоми забони тоҷикӣ дар давраи Истиқлолият, пеш аз ҳама, аз тариқи созмондиҳии қонунгузории комил ба амал омад. Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, на танҳо ташаббускори ин раванд буд, балки ба сифати кафили риояи Қонуни асосӣ ва волоияти забони давлатӣ нақши ҳалкунанда бозид.

Қабули Қонуни нави Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон” аз 5 октябри соли 2009 яке аз дастовардҳои бузургтарини ин давраи давлатдорӣ мебошад. Қабули ин қонун, ки 20 сол пас аз қабули Қонуни қаблӣ сурат гирифт, талаботи замони Истиқлолият ва ҳувияти тозаи миллиро инъикос кард. Қонуни нав ба таври қатъӣ истифодаи забони тоҷикиро дар тамоми соҳаҳои ҳаёти ҷамъиятӣ - аз идоракунии давлатӣ ва қонунгузорӣ то илму фарҳанг, таҳсилот, таблиғ ва хизматрасонӣ ҳатмӣ намуд. Дар муқоиса бо қонуни соли 1989, ин қонун мақоми забонро дар муносибатҳои байналмилалӣ, номгузории маҳалҳо, ҳуҷҷатгузории техникӣ ва робитаҳои расмии давлатӣ ба таври ҷиддӣ тақвият дод. Ин қонун натиҷаи бевоситаи таваҷҷуҳ ва дастурҳои Президент буд, ки ба мақоми забони давлатӣ ба ҳайси воситаи ягонасозандаи миллат баҳои баланд доданд.

Барои татбиқи самарабахши Қонуни забон ва танзими меъёрҳои забонӣ, бо иқдоми Пешвои миллат дар соли 2008 Кумитаи забон ва истилоҳоти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таъсис дода шуд. Ин ниҳод масъулияти меъёрикунонии забон, пешгирӣ аз истифодаи ғайримеъёрии вожаҳо, танзими қоидаҳои имло ва риояи қонун дар соҳаи номгузорӣ ва истилоҳотро ба ӯҳда дорад. Кумита нақши асосиро дар ташаккул ва тасдиқи вожаҳои нави илмию техникӣ мебозад, ки ин ба забони тоҷикӣ имкон медиҳад дар баробари рушди илму техникаи ҷаҳонӣ қадам занад ва ҳамчун забони илму техникаи муосир ташаккул ёбад.

Дастгирии забон танҳо бо қонун маҳдуд нашуда, ба тариқи Барномаҳои давлатии миёнамуддат амалӣ карда шуд, ки аз ҷониби Ҳукумат бо ташаббуси Президент қабул шудаанд. Ин барномаҳо маблағгузории самтҳои мушаххас, аз қабили таҳқиқоти илмӣ, нашри китобҳои дарсӣ, таҳияи фарҳангҳо ва тарғиби забонро дар бар мегиранд, ки тасдиқи таваҷҷуҳи пайвастаи давлат ба ин соҳа мебошад. Маҳз ташаббус ва иродаи сиёсии Президент Эмомалӣ Раҳмон имкон дод, ки забони тоҷикӣ пас аз давраи буҳронӣ бо заминаҳои қонунгузории мустаҳкам таъмин гардад ва аз ҷиҳати ҳуқуқӣ ба мақоми арзандаи забони давлатӣ ва миллӣ барояд.

Саҳми Президент Эмомалӣ Раҳмон дар таҳкими забони тоҷикӣ на танҳо дар қабули қонунҳо, балки дар таъмини амалии риояи онҳо ва муқаррар намудани меъёри баланди фарҳанги забонӣ дар идоракунии давлатӣ зоҳир мегардад. Ин раванд бевосита аз ибрати шахсӣ ва талаботи қатъии Пешвои миллат сарчашма мегирад.

Яке аз омилҳои муҳимтарини таҳкими забони давлатӣ ин истифодаи намунавии забони тоҷикӣ аз ҷониби худи Президент мебошад. Президент Эмомалӣ Раҳмон ҳамеша дар ҳамаи суханрониҳо, мулоқотҳои дохилӣ ва байналмилалӣ ба забони тоҷикӣ сухан мегӯяд. Ин амал на танҳо эҳтироми волоиятӣ ба забони давлатиро нишон медиҳад, балки ҳамчун меъёри ҳатмии рафтор барои тамоми мансабдорони баландпоя ва ходимони давлатӣ хизмат мекунад. Муносибати эҳтиромонаи ӯ ба ҳар як вожа, интихоби ибораҳои фасеҳ ва истифодаи сарватҳои забони классикӣ ва муосир барои аҳли зиё ва доираҳои расмӣ манбаи омӯзиш шудааст.

Барои татбиқи воқеии Қонуни забон, Президент тақозо намудааст, ки забони тоҷикӣ дар тамоми идораҳо забони аслӣ ва ягонаи ҳуҷҷатгузорӣ бошад. Таъкиди доимӣ ба он, ки қонунҳо, санадҳои меъёрию ҳуқуқӣ, қарорҳо ва фармонҳо бояд ба забони тоҷикӣ бо сифати баланд ва меъёри дуруст таҳия ва тасдиқ гарданд. Ин талабот ба ташаккули услуби расмии забони давлатӣ мусоидат кард. Мубориза бо истифодаи бемавқеи вожаҳои бегона ва унсурҳои ғайристандартӣ дар нутқи расмӣ, ки аз ҷониби Президент дар вохӯриҳо бо зиёиён ва масъулин борҳо таъкид шудааст. Ин тадбир ба тозагии забон хизмат мекунад.

Таҳкими забони тоҷикӣ тавассути дастурҳои Президент дар самти номгузории маҳалҳо, кӯчаҳо ва муассисаҳо (топонимика) низ ба таври ҷиддӣ амалӣ гардид. Бо ташаббуси Президент як қатор номҳои ҷуғрофӣ ва таърихӣ, ки маънои миллӣ доштанд, барқарор карда шуданд. Таъкид ба он, ки номгузориҳои нав бояд ба фарҳанг, анъана ва арзишҳои забони тоҷикӣ мувофиқат намоянд, на ба тақлиди кӯркӯрона аз вожаҳои бегона. Ин иқдом ба ҳифзи ҳувияти миллӣ тавассути забон нигаронида шудааст. Нақши Президент дар ин самт нақши сарвар ва назоратчӣ аст, ки тавассути тақозоҳои қатъӣ ва намунаи шахсӣ, забони тоҷикиро аз сатҳи ҳуқуқӣ ба сатҳи амалии давлатдорӣ бардошт.

Нақши Президент дар рушди забони тоҷикӣ бо дастгирии ҷиддии соҳаҳои илмӣ, фарҳангӣ ва табъу нашр пайвастагии ногусастанӣ дорад. Сарвари давлат ба таври пайваста таъкид медоранд, ки Фарҳанг ҷавҳари ҳастии миллат аст” ва забон ин ҷавҳарро ҳифз мекунад.

Бо таваҷҷуҳ ба он, ки забони давлатӣ бояд ба ҳайси забони илм ва технологияи муосир хизмат кунад, Президент ба масъалаи истилоҳотсозӣ диққати махсус медиҳанд. Бо дастгирии бевоситаи Пешвои миллат, Академияи миллии илмҳо ва муассисаҳои илмӣ таҳқиқотро оид ба меъёрикунонии забон, таҳияи қоидаҳои имло ва ташаккули истилоҳоти нав дар соҳаҳои мухталифи илм, иқтисод, тиб ва ҳуқуқ интенсивона пеш бурданд. Ин раванд имкон дод, ки барои мафҳумҳои нави техникӣ ва илмӣ аз захираҳои дохилии забон вожаҳо сохта шаванд ва забони тоҷикӣ аз истифодаи бемавқеи калимаҳои бегона пок нигоҳ дошта шавад.

Таҳкими забон аз тариқи дастрас гардонидани сарчашмаҳои фарҳангӣ ва адабӣ ба наслҳои нав амалӣ мегардад. Бо ташаббус ва дастгирии молиявии давлат, нашри осори пурарзиши адабиёти классикии тоҷику форс дар ҳаҷми калон роҳандозӣ шуд. Ин имкон дод, ки сарвати забон ва услуби баён аз нав барои хонандагони имрӯза дастрас гардад. Дастгирии нашри асарҳое, ки ба таърих, фарҳанг ва забони тоҷикӣ бахшида шудаанд нишондиҳандаи таваҷҷуҳи давлат аст. Таҳия ва нашри асарҳои илмию публитсистии Президент, аз ҷумла “Забони миллат - ҳастии миллат”, на танҳо як асар, балки барномаи амал дар самти таҳкими забон гардид.

Бо ташаббуси Президент, забони тоҷикӣ дар баробари фарҳанги волои миллӣ дар арсаи ҷаҳонӣ муаррифӣ гардид. Эҳё ва таҷлили васеи Наврӯз, Меҳргон, Сада ва дигар ҷашнҳои бостонӣ бо забони тоҷикӣ, ҳамчун рукнҳои тақвиятдиҳандаи забон ва ҳувияти миллӣ, бо ташаббуси Пешвои миллат ба амал омад. Дастгирии равобити фарҳангӣ бо кишварҳои ҳамзабон ва ба ин васила, муаррифии забон ба ҳайси забони фарҳанги ғании минтақа иқдоми дигар мебошад. Бо шарофати сиёсати фарҳангии Президент, забони тоҷикӣ аз мақоми расмӣ ба мақоми забони илм, адабиёт ва фарҳанги воло баромад ва асосҳои устувори рушди дохилии худро пайдо кард.

Саҳми Президент дар таҳкими забони тоҷикӣ дар доираи ҳудуди кишвар маҳдуд нашуда, тавассути дипломатия ва муаррифии фарҳанг дар арсаи байналмилалӣ низ зоҳир мегардад, ки ин нишонаи давлатдории комил ва ҳувияти мустақил мебошад. Президент дар сафарҳои хориҷӣ, мулоқотҳои сатҳи олӣ ва суханрониҳо дар назди созмонҳои байналмилалӣ забони тоҷикиро ҳамчун забони расмии дипломатияи кишвар бо ифтихор истифода мебарад. Истифодаи забони давлатӣ дар сатҳи байналмилалӣ на танҳо эҳтироми воло ба забон аст, балки нишон медиҳад, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон як давлати соҳибистиқлол бо фарҳанг ва соҳиби забони пурғановати худ мебошад.

Дастгирии Пешвои миллат аз барномаҳое, ки ба омӯзиши забони тоҷикӣ дар хориҷа (донишгоҳҳо ва марказҳои фарҳангӣ) мусоидат мекунанд, муҳиммияти стратегии забонро ҳамчун мероси фарҳангии минтақа тасдиқ менамояд. Сарвари давлат ба таври пайваста ба ваҳдати фарҳангии ҷаҳони форсизабон таваҷҷуҳ зоҳир намуда, таҳкими забони тоҷикиро ҳамчун рукни ягонагии фарҳангии Тоҷикистон бо кишварҳои ҳамзабон арзёбӣ мекунад. Ташаббусҳо оид ба баргузории ҳамоишҳои илмӣ ва фарҳангӣ дар мавзӯи забон ва адабиёти тоҷику форс, нақши забони тоҷикиро дар дохили кишвар ва берун аз он тақвият бахшиданд.

Таҳлили мушаххас ва ҳамаҷонибаи саҳми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, дар таҳкими забони давлатӣ ба таври возеҳ нишон медиҳад, ки масъалаи забон дар сиёсати ӯ мақоми меҳварӣ ва сарнавиштсоз дорад. Президент бо ташаббуси қабули Қонуни нави забон (2009) ва таъсиси Кумитаи забон, заминаи қонунии мустаҳкам барои волоияти забони давлатӣ фароҳам овард. Тавассути ибрати шахсӣ ва талаботи қатъӣ дар идоракунии расмӣ, забони тоҷикӣ аз сатҳи ҳуқуқӣ ба сатҳи амалии давлатдорӣ ва муоширати расмӣ баромад. Дастгирии табъу нашри адабиёти классикӣ ва илмӣ, ташаккули истилоҳот ва нақши шахсии ӯ дар баланд бардоштани ҳисси ифтихори миллӣ нисбат ба забон, ба ғанӣ гаштани сарвати забон мусоидат намуд. Саҳми Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, на танҳо дар ҳифзи забон, балки дар таҳкими мақоми он ҳамчун рамзи истиқлолият ва шиносномаи миллат бебаҳост. Забони тоҷикӣ дар даврони роҳбарии ӯ ба забони ҳамаҷонибаи давлатӣ, илмӣ, фарҳангӣ ва дипломатӣ табдил ёфт. Аз ин рӯ, таҳкими забони тоҷикӣ, ки ба сиёсати пайвастаи Пешвои миллат такя мекунад, барои ояндаи миллат ва пойдории давлатдории тоҷикон ҳамчун мероси волои истиқлолият боқӣ хоҳад монд.

Судуров С.А., ходими калони илмии шӯъбаи ИДМ – и Институти омӯзиши масъалаҳои давлатҳои Осиё ва Аврупои АМИТ

Дар таърихи ҳар як миллат шахсиятҳое ҳастанд, ки бо фаъолияти созанда ва фидокоронаи худ роҳи инкишофи давлатро муайян мекунанд. Дар таърихи нави Тоҷикистон чунин шахсият Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мебошанд. Ба хотири арҷгузорӣ ба хизматҳои бузурги он кас дар роҳи сулҳ, ваҳдат ва давлатсозӣ, бо қарори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон соли 2016, 16 ноябр Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон эълон карда шуд. Рӯзи Президент, ҳамчун яке аз ҷашнҳои муҳими давлатӣ дар тақвими расмии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷой гирифтааст. Ин рӯз на танҳо ҷашни арҷгузорӣ ба шахсият аст, балки рамзи сулҳу ваҳдат, ифтихори миллӣ, меҳри Ватан ва устувории пояҳои давлатдорӣ мебошад.

Рӯзи Президент яке аз ҷашнҳои муҳими давлатӣ ва миллӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳисоб меравад. Ҳар сол 16 ноябр мардуми Тоҷикистон ин рӯзро бо эҳтирому ифтихор таҷлил менамоянд. Ин сана ба қадршиносӣ аз хизматҳои бузурги Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, дар роҳи таҳкими давлатдории миллӣ, барқарорсозии сулҳу субот ва ваҳдати тоҷикон бахшида шудааст.

Пайдоиш ва таърихи Рӯзи Президент
Баъди соҳибистиқлол гардидани Тоҷикистон, солҳои аввали истиқлол барои давлат ва миллат солҳои бисёр душвор буданд. Ҷанги шаҳрвандӣ кишварро ба буҳрони сиёсӣ ва иқтисодӣ гирифтор намуда буд. Дар чунин шароити вазнин 19 ноябри соли 1992 дар Иҷлосияи XVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Раиси Шӯрои Олӣ интихоб гардиданд. Ин рӯйдод оғози давраи нави сулҳҷӯӣ ва давлатсозӣ дар Тоҷикистон гардид.

Бо иқдоми созанда ва сиёсати хирадмандонаи Пешвои миллат сулҳу субот ба Тоҷикистон баргашт. Барои арҷгузорӣ ба ин хизматҳои таърихӣ, соли 2016 Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Қонун «Дар бораи Рӯзи Президент»-ро қабул кард ва тибқи он, 16 ноябр — Рӯзи Президент эълон шуд.

Сабаби ба ин рӯз рост омадани чунин ҷашни муборак дар он аст, ки маҳз дар ҳамин рӯзи таърихӣ, яъне 16-уми ноябри соли 1994 Пешвои маҳбуби миллат, муҳтарам Эмомалӣ Рахмон бори нахуст ҳамчун Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар назди халқу Ватан Савганд ёд карданд. Дар ҳамин сол дар аввалин Конститутсияи Тоҷикистони соҳибистиқлол, ки аз тарафи мардум қабул карда шуд, шакли идории Тоҷикистон ба шакли Ҷумҳурии президентӣ табдил дода шуд.
Рӯзи Президент танҳо як санаи тақвимӣ нест, балки рамзи эҳтиром ба давлати миллӣ, сулҳ, ваҳдат ва рушди устувори Тоҷикистон мебошад. Ин рӯз моро водор месозад, ки ба арзишҳои истиқлолият, ваҳдати миллӣ ва худшиносии ватандорӣ эҳтиром гузорем.

Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон бо сиёсати дурандешона тавонистанд Тоҷикистонро аз вартаи ҷанг наҷот дода, онро ба кишвари амну осуда ва рӯ ба тараққӣ табдил диҳанд. Бо роҳбарии оқилонаи Пешвои миллат Тоҷикистон дар самтҳои иқтисодӣ, иҷтимоӣ, фарҳангӣ ва байналмилалӣ пешравиҳои назаррас ба даст овард.

Ҷашни Рӯзи Президент дар кишвар
Ҳамасола дар тамоми гӯшаҳои Тоҷикистон Рӯзи Президент бо тантана таҷлил мегардад. Дар ин рӯз дар муассисаҳои таълимӣ, идораҳо ва муассисаҳои фарҳангӣ чорабиниҳои тантанавӣ, конфронсҳо, маҳфилҳои илмию фарҳангӣ ва вохӯриҳо бо ҷавонон баргузор мешаванд.
Ҷавонон дар ин чорабиниҳо дар бораи зиндагӣ, фаъолияти сиёсӣ ва нақши Пешвои миллат дар таҳкими давлатдории миллӣ маълумот мегиранд. Ин ҳама барои боло бурдани ҳисси ватандӯстӣ ва ифтихори миллӣ мусоидат мекунад.
Нақши Рӯзи Президент дар тарбияи насли нав Барои ҷавонон Рӯзи Президент на танҳо як ид, балки мактаби ватандӯстӣ ва сабақи садоқат ба Ватан мебошад. Он ба насли нав мефаҳмонад, ки сулҳ ва оромӣ неъмати бузург аст ва бояд онро бо меҳнату дониш ҳифз кард.
Пешвои миллат ҳамеша ҷавононро ояндаи дурахшони кишвар мехонанд ва онҳоро ба донишандӯзӣ, заҳматкашӣ ва ифтихори миллӣ даъват мекунанд. Аҳамият ва мазмуни Рӯзи Президент Рӯзи Президент барои мардуми Тоҷикистон рамзи миннатдорӣ аз сулҳ, ваҳдат, оромӣ ва рушди давлат мебошад. Ин ҷашн мардумро ба қадр намудани арзишҳои истиқлолият, ваҳдати миллӣ ва ватандӯстӣ даъват мекунад.
Дар муассисаҳои таълимӣ, корхонаҳо ва муассисаҳои давлатӣ бахшида ба ин рӯз чорабиниҳои гуногун баргузор мегарданд:
• конференсияҳо ва семинарҳои илмӣ;
• барномаҳои фарҳангӣ ва намоишномаҳо;
• гузоштани гулчанбар ба муҷассамаҳои Пешвои
миллат;
• намоишгоҳҳои таърихӣ ва суҳбатҳо дар бораи сулҳу ваҳдат.
Ҷавонон, ки ояндаи миллатанд, дар чунин рӯзҳо аз зиндагӣ ва фаъолияти Пешвои миллат ибрат мегиранд ва масъулияти худро дар назди Ватан бештар эҳсос менамоянд.

Хулоса
Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷашне мебошад, ки боиси ифтихори миллӣ, эҳтиром ба давлатдорӣ ва арҷгузорӣ ба заҳматҳои Пешвои миллат мегардад. Ин рӯз моро ба ваҳдат, меҳнати созанда ва муҳаббат ба Ватан раҳнамун месозад.
Ҳамасола таҷлил шудани ин сана нишони эҳтиром ва шукргузории мардум аз сулҳу оромӣ ва истиқлолияти миллӣ мебошад.
Бешубҳа, Рӯзи Президент барои ҳар як шаҳрванди Тоҷикистон рӯзи ифтихор ва худшиносии миллӣ аст.

Собирова Мавзуна Буриевна- лаборанти калони Агентии амнияти ХБРЯ-и АМИТ

Ба даст овардани истиқлолияти давлатӣ дар таърихи навини Тоҷикистон яке аз саҳифаҳои дурахшони таърихи сиёсии кишвар ба шумор меравад. Дар ибтидои солҳои 90-уми асри ХХ замони эълон гардидани соҳибистиқлолии Тоҷикистон дар кишвар вазъи сиёсӣ, иҷтимоӣ ва иқтисодӣ дар шароити хеле душвор қарор дошт, ки аз омилҳои асосии монеа эҷодкунанда, дар раванди ба низоми муқарраргардидаи ҳуқуқӣ даровардани ҳаракату ҷунбишҳои ба вуҷудомадаи сиёсӣ ва тақдири муносибатҳои байниҳамдигарии ояндаи онҳо, иборат буд.

Буҳрони сиёсӣ дар ҷумҳурӣ, ки гӯё баъд аз соҳибистиқлол гардидани Тоҷикистон бартараф карда шуда буд, бо нерӯи нав ва ҷалби ҳизбу ҳаракатҳову ташкилотҳои мухталиф барои расидан ба мақсадҳои ғаразноки худ зери таъсири омилҳои дохиливу берунӣ авҷ гирифт. Дар охири моҳи апрели соли 1992 вазъият дар шаҳри Душанбе ба ҳадди ниҳоӣ шиддат гирифт. Хатари бархурди гирдиҳамомадагони ду майдон афзуд. Қасри Президенти ҷумҳурии вақт аз ҷониби мухолифини зидди ҳукуматӣ иҳота карда шуда, кормандони он аз тарафи саркардагону иштирокчиёни майдони “Шаҳидон”, ки асосан аз аъзоёни ҳизби наҳзати исломӣ (ТТЭ ҲНИ) буданд, гаравгон гирифта шуданд.

Дар моҳи майи соли 1992 мухолифин садди роҳи дастрасии маводи хӯрока, ки ба шаҳри Душанбе аз манотиқи гуногуни кишвар барои гирдиҳамомадагони майдони “Озодӣ” ворид карда мешуд, мегирифтанд. Мухолифин, ки асосан аз саркардагону пайравони наҳзти исломӣ иборат буданд, барои дарёфти маводи хӯрока ба мағозаҳо ва барои дастрас намудани яроқу аслиҳа ба шуъбаҳои корҳои дохилии шаҳри Душанбе ва ноҳияҳои гирду атрофи ҳуҷум менамуданд.

Оҳиста-оҳиста оташи ҷанг дар манотиқи гуногуни Тоҷикистон, хусусан дар қисмати ҷанубии кишвар доман паҳн намуд. Мардуми баъзе ноҳияҳои ҷануби Тоҷикистон хонаву дари худро партофта, ҳамчун гуреза ба кишвари Афғонистон тарки ватан намуданд.

Баъд аз маҷбуран ба истеъфо равон кардани Президент Р. Набиев вазъи сиёсӣ-иҷтимоии кишвар боз ҳам мушкилтар гардид. Дар раванди авҷи рӯйдодҳо ва вазъияти муташанниҷ дар моҳи октябри соли 1992 садҳо нафар мусаллаҳони Фронти халқӣ бо сардории С. Кенҷаев аз самти ноҳияи Ҳисор вориди шаҳри Душанбе гардида, аз Ҳукумати мусолиҳаи миллӣ (моҳи майи соли 1992 таъсис дода шуда буд) ва аз Шурои Олӣ даъвати иҷлосияи ғайринавбатии парлумонро талаб намуданд.

Пас аз созишномаҳову муҳокимаҳои бардавом бо гурӯҳҳои мухталифи мусаллаҳ, мақомоти давлатӣ ва ғайраҳо, даъвати иҷлосияи XVI ғайринавбатии Шурои олии Ҷумҳурии Тоҷикистонро Президиуми Шурои Олии кишвар санаи 16 ноябри соли 1992 дар шаҳри Хуҷанд таъин намуд.

Рӯзномаи асосии иҷлосияро асосан, хотима бахшидан ба хунрезӣ, ҷангӣ бародаркуш, барқарор кардани Ҳукумати қонунии Тоҷикистон, инчунин интихоби роҳбари арзанда, ки метавонад мардумро ба ояндаи ободу дурахшони давлати тозаистиқлол роҳнамоӣ кунад, ташкил дод.

Иҷлосияи XVI Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва санадҳои меъёрии ҳуқуқии дар раванди иҷлосияи тақдирсоз қабулгардида, дар баробари он, ба интихоби дурусти роҳбари ояндасози кишвар барои ҳифзи давлатдории миллӣ ва рушди ояндаи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар солҳои минбаъда заминаи асосӣ гузошт. Намояндагони мардумӣ шахсиятеро сарвари давлат интихоб намуданд, ки садоқату адолат ва далериву шуъоъатро пешаи кори худ мепарварид ва бо лаҳни бурро, маҳорату далерӣ дар дили мардуми шуълаи умеду боварӣ аз ояндаи амн афрӯхт.

Маҳз ибтикороти садоқатпеша ва сарҷамъкунандаи Сарвари тозаинтихоб ва сулҳофару сулпарвар буд, ки зимни амалӣ сохтани савганди хеш, миллати азияткашидаву аз ҷанги хонумонсӯз беҳолу беҷомондаро аз парокандагӣ наҷот дода, ҳазорон гурезагон ва мардуми ба ғурбат гирифторгардидаро сарҷамъ намуд.

Маҳз талошу заҳматҳои шабонарӯзии Эмомалӣ Раҳмон - Сарвари сулҳофар буд, ки пас аз 9 марҳилаи баргузории музокироти миёни тоҷикон 27 июни соли 1997 дар шаҳри Москва Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ ба имзо расид.

Воқеан, сулҳу салоҳи тоҷикон беназир аст, зеро он роҳи ба ҳам расидани тарафҳои даргирро кашф намуд. Имрӯз сулҳи тоҷикон аз намунаҳои камназири ҳаллу фасли низоъҳои дохилӣ дар ҷаҳон арзёбӣ мегардад.

Боиси тазаккур аст, ки сиёсати сулҳпарваронаи Эмомалӣ Раҳмон ҳамчун маҷмуи мукаммали арзишҳои давлатӣ ва иҷтимоӣ то ба имрӯз амалӣ гардидаистода, ҳадафи асосии он таъмини амният, устувории миллӣ, арҷгузорӣ ба таърихи куҳанбунёд, арзишҳои милливу фарҳангӣ ва рушди инсонӣ мебошад.

Бо мақсади тақким ва густариши ваҳдату ягонагии миллӣ ва амну суботи ҷомеа, санаи 27-уми июн ҳамчун “Рӯзи Ваҳдати миллӣ” ҳамасола дар кишвар ҷашн гирифта мешавад, ки ифодакунандаи фарҳанги сулҳофариву ҳамдигарфаҳмӣ ва арзиши маънавии ҷомеаи кишвар мебошад.

Дар самти сиёсати хориҷӣ бошад, имрӯз Ҷумҳурии Тоҷикистон бо сарварии Пешвои муаззами кишвар Эмомалӣ Раҳмон ҳамчун меъмори сулҳ дар ҷомеаи ҷаҳонӣ мақоми хосаро дорад. Ҷумҳурии Тоҷикистон дар доираи созмонҳои байналмилалӣ, аз ҷумла СММ, СААД, СҲШ, ИДМ ва ғайраҳо ҳамчун давлати фаъол иштирок менамояд. Мисоли он, ибтикори ҷаҳонии сулҳофариву сулҳомези Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо пешниҳоди қабули Қатънома оид ба “Даҳсолаи таҳкими сулҳ ба хотири наслҳои оянда», ки аз минбари баланди Созмони Милали Муттаҳид моҳи сентябри соли 2024 садо дод, аз он шаҳодат медиҳад. Чун манотиқи гуногуни ҷаҳони муосир дар гирдоби ҷангу низоъҳои мусаллаҳона қарор доранд, ибтикороти роҳбари давлати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳат сулҳ ва хотима бахшидан ба ҷангу низоъ сари вақтӣ арзёбӣ мегардад.

Маврид ба зикр аст, ки дар тӯли солҳои соҳибистиқлолӣ таҳти роҳбарии Эмомалӣ Раҳмон сулҳу ваҳдат заминаи идеологияи миллии давлатдорӣ гардида, дар илми тоҷик мафҳуми “сулҳи тоҷикон” дар баробари падидаи сиёсӣ буданаш, ҳамчун арзишҳои ахлоқӣ, фарҳангиву иҷтимоӣ мавриди омӯзиш қарор гирифтааст.

Дар воқеъ, метавон зикр намуд, ки Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар таърихи давлати соҳибистиқлоли тоҷикон ҳамчун Сарвари сулҳофару сулҳпарвар, меъмори ваҳдати миллӣ ва асосгузори давлатдории навин ҷойгоҳи арзанда доранд. Зеро сулҳе, ки ӯ дар солҳои 90-уми асри гузушта барои миллати тоҷик овард, натиҷаи иродаи устувор, хиради воло, пеш аз ҳама нишонаи эҳсоси баланди ватандӯстӣ ва масъулияти таърихӣ мебошад.

Имрӯз, парчами сулҳ, ки дар фазои Тоҷикистони соҳибистиқлол парафшонӣ дорад, ҳифзи он вазифаи муқаддаси ҳар шаҳрванди кишвар маҳсуб меёбад.

Салимов А.Ҳ., ходими калони илмии шуъбаи Иттиҳоди Давлатҳои Мустақили

Институти омӯзиши масъалаҳои давлатҳои Осиё ва Аврупои АМИТ

ОЗМУНҲОИ ҶУМҲУРИЯВӢ

Президентҳои Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон

 

(Академияи илмҳои ҶШС Тоҷикистон 1951-1991, Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон 1991-2020) 

Айнӣ Садриддин Саидмуродович

Айнӣ Садриддин Саидмуродович (1878-1954). Президенти Академияи илмҳои ҶШС Тоҷикистон аз 14 апрели соли  1951  то 15 июли соли  1954.

Умаров Султон Умарович

Умаров Султон Умарович (1900-1964). Президенти Академияи илмҳои ҶШС Тоҷикистон аз 11 марти соли  1957  то 6 майи соли  1964.

Осимов Муҳаммад Сайфиддинович

Осимов Муҳаммад Сайфиддинович (1920-1996). Президенти Академияи илмҳои ҶШС Тоҷикистон аз 23 майи соли  1965  то 6 майи соли  1988.

Неъматуллоев Собит Ҳабибуллоевич

Неъматуллоев Собит Ҳабибуллоевич (1937). Президенти Академияи илмҳои ҶШС Тоҷикистон (Ҷумҳурии Тоҷикистон) аз 6 майи соли  1988  то 16 июни соли  1995.

Мирсаидов Ӯлмас Мирсаидович

Мирсаидов Ӯлмас Мирсаидович (1945). Президенти Академияи илмҳои Ҷумҳурии  Тоҷикистон аз 16 июни соли  1995  то 3 феврали соли  2005.

Илолов Мамадшо Илолович

Илолов Мамадшо Илолович (1948), Президенти Академияи илмҳои Ҷумҳурии  Тоҷикистон аз 3 феврали соли  2005  то 6-уми декабри соли 2013.

Фарҳод Раҳимӣ

Фарҳод Раҳимӣ  (1968)  Президенти Академияи илмҳои Ҷумҳурии  Тоҷикистон аз 6-уми декабри соли  2013  то 16 январи соли 2024.

Хушвахтзода  Қобилҷон  Хушвахт

 

Хушвахтзода  Қобилҷон  Хушвахт (1982) Президенти Академияи  миллии илмҳои   Тоҷикистон аз 16-уми январи соли  2024  то инҷониб. Муфассал...

 

 

Суханҳои Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон оид ба илм