Skip to main content

АСОСӢ

  • МАСОҲАТИ ПИРЯХИ ФЕДЧЕНКО БО ТАМОМИ ШОХАҲОЯШ 681,7 КМ2 ВА ДАРОЗИИ ОН 77 КМ МЕБОШАД.
    ҚУЛЛАИ БОЛОИИ ШОХОБИ ПИРЯХ БА БАЛАНДИИ 6280 М МЕРАСАД ВА ҚИСМИ ЗАБОНАИ ПИРЯХ ДАР
    БАЛАНДИИ 2910 М АЗ САТҲИ БАҲР ҚАРОР ДОРАД. ҒАФСИИ ПИРЯХ ДАР БАЪЗЕ ҶОЙҲО АЗ 800 ТО 1000
    МЕТРРО ТАШКИЛ ДОДА ВА ҲАҶМИ ОН ТАҚРИБАН 130 КМ2 – РО ТАШКИЛ МЕДИҲАД.
  • Соли 1933. Моҳи январи соли 1933 Пойгоҳи Академияи илмҳои
    Иттиҳоди Шӯравӣ дар Тоҷикистон таъсис ёфт ва директори нахустини он
    академик С.Ф.Олденбург (1868-1935) таъйин шуд. Пойгоҳ бахшҳои геология, ботаника,
    зоологияву паразитология, хокшиносӣ, илмҳои гуманитариро дар бар мегирифт.
  • МИНЁТУРИ НУСХАИ “ШОҲНОМА”-И АБУЛҚОСИМ ФИРДАВСӢ
    ДАР МАРКАЗИ МЕРОСИ ХАТТИИ НАЗДИ РАЁСАТИ АМИТ, №5955
    “САҲНАИ ГИРИФТОР ШУДАНИ ХОҚОН БА ДАСТИ РУСТАМ”
  • ТЕЛЕСКОПИ ТСЕЙС-1000-И РАСАДХОНАИ
    АСТРОНОМИИ БАЙНАЛМИЛАЛЛИИ
    САНГЛОХИ ИНСТИТУТИ АСТРОФИЗИКАИ АМИТ
  • БАБРИ БАРФӢ (PANTHERA UNCIA (SCHREBER, 1775)) БА ҚАТОРИ
    ДАРАНДАГОН (CARNIVORA), ОИЛАИ ГУРБАШАКЛОН (FELIDAE)
    МАНСУБ БУДА, ЗЕРИ ТАҲДИДИ МАҲВШАВӢ ҚАРОР ДОРАД. ДАР
    ҲУДУДИ 20 ҚАТОРКӮҲ – ТУРКИСТОН, ЗАРАФШОН, ҲИСОР,
    ҚАРОТЕГИН, ҲАЗРАТИ ШОҲ, ВАХШ, ДАРВОЗ, АКАДЕМИЯИ МИЛЛИИ
    ИЛМҲО, ПЁТРИ I, ВАНҶ, ЯЗГУЛОМ, РӮШОН, ШОҲДАРА, ПШАРТ,
    МУЗКӮЛ, САРИКӮЛ, АЛИЧУРИ ҶАНУБӢ, АЛИЧУРИ ШИМОЛӢ, ВАХОН,
    ПАСИ ОЛОЙ ПАҲН ШУДААСТ. МАСОҲАТИ УМУМИИ ПАҲНШАВИИ
    НАМУД ДАР ТОҶИКИСТОН ТАҚРИБАН 85,700 КМ2 (ТАҚРИБАН 2.8%
    ҲУДУДИ ПАҲНШАВИИ НАМУДРО ДАР МИҚЁСИ ОЛАМ) ТАШКИЛ МЕДИҲАД.
  • САРАЗМ ЯКЕ АЗ НОДИРТАРИН ЁДГОРИҲОИ БОСТОНШИНОСИСТ, КИ ХАРОБАҲОИ ОН ДАР
    15-КИЛОМЕТРИИ ҒАРБИ ПАНҶАКЕНТ ВА 45-КИЛОМЕТРИИ ШАРҚИ САМАРҚАНД КАШФ
    ШУДААСТ. ИН МАВЗЕЪРО ТИРАМОҲИ СОЛИ 1976 БОСТОНШИНОС АБДУЛЛОҶОН ИСҲОҚОВ
    КАШФ КАРДА БУД ВА СОЛҲОИ ЗИЁД ТАҲТИ РОҲБАРИИ Ӯ МАВРИДИ ОМӮЗИШ ҚАРОР ГИРИФТААСТ.
  • РАВАНДИ КОРИ АВВАЛИН ЛАБОРАТОРИЯИ POLLYXT “ЛИДАР” ДАР ОСИЁИ МИЁНА,
    ДАР ОЗМОИШГОҲИ ИНСТИТУТИ ФИЗИКАЮ ТЕХНИКАИ БА НОМИ С. У. УМАРОВИ
    АКАДЕМИЯИ МИЛЛИИ ИЛМҲОИ ТОҶИКИСТОН

ҚАҲРАМОНОНИ ТОҶИКИСТОН

Садриддин Айнӣ

 

    Адиб, олим ва асосгузори адабиёти муосири тоҷик. Аввалин Президенти Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон. Муаллифи асарҳои «Таърихи амирони манғитияи Бухоро», «Таърихи инқилоби фикрӣ дар Бухоро», «Намунаи адабиёти тоҷик», «Дохунда»,...Муфассал

(1878 – 1954)
Бобоҷон Ғафуров

Олим, академики Академияи Илмҳои ИҶШС, арбоби ҳизбӣ ва давлатӣ, муаллифи китоби оламшумули «Тоҷикон» ва зиёда аз 300 асару мақолаҳо. Солҳои 1944-1946 котиби дуюм, с.1946-1956 котиби якуми КМ Ҳизби комунистии Тоҷикистон, 1956 – 1977 сарвари...Муфассал

(1909 – 1977)
Мирзо Турсунзода

Шоири халқӣ, раиси Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон, Қаҳрамони меҳнати сотсиалистӣ, Раиси Кумитаи якдилии халқҳои Осиё ва Африқо. Барои достонҳои «Қиссаи Ҳиндустон»(1948), «Ҳасани аробакаш», «Чароғи абадӣ», «Садои Осиё»,(1960) «Ҷони ширин»...Муфассал

(1911-1977)
Эмомалӣ Раҳмон

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон. 19 ноябри соли 1992 дар иҷлосияи XVI Шўрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон раиси Шўрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, 6 ноябри соли 1994 бори аввал, солҳои 1999, 2006 ва 2013 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб гардидаст...Муфассал

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
Нусратулло Махсум

Нусратулло Махсум (Лутфуллоев) ходими давлатӣ ва ҳизбӣ. Солҳои 1924-1926 раиси Кумитаи инқилобии ҶМШС Тоҷикистон, солҳои 1926-1933 раиси Кумитаи Иҷроияи Марказии ҶШС Тоҷикистон. Бо фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 27 июни соли 2006....Муфассал

(1881 – 1937)
Шириншоҳ Шоҳтемур

Ходими давлатӣ ва ҳизбӣ. Солҳои 1929-1931 котиби Ҳизби коммунистии ҶШС Тоҷикистон, солҳои 1933-1937 Раиси Кумитаи Иҷроияи Марказии ҶШС Тоҷикистон. Бо фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 27 июни соли 2006 ба фарзанди барӯманди халқи тоҷик....Муфассал

(1899 – 1937)
ШОҲАСАРИ «ТОҶИКОН»-И БОБОҶОН ҒАФУРОВ ВА ШУҲРАТИ ОН

ШОҲАСАРИ «ТОҶИКОН»-И БОБОҶОН ҒАФУРОВ ВА ШУҲРАТИ ОН

“Тоҷикон” асарест, ки таърихи миллати тоҷикро аз замонҳои қадимтарин то ибтидои асри XX-ум дар бар мегирад ва дар заминаи маводи зиёди бостоншиносӣ, осори фаровони хаттии таърихиву адабӣ ва таҳқиқоти олимони маъруфи Шарқу Ғарб ба таври хеле муфассал таълиф шудааст. Дар ин асари безавол ҷараёни ташаккулёбии миллати тоҷик, рушди фарҳанги миллӣ ва ҳамзамон бо ин, лаҳзаҳои фоҷиабори ҳаёти мардуми мо ва қаҳрамониҳои таърихии фарзандони ҷоннисори он возеҳу равшан ва бо истифода аз сарчашмаҳои муътамади таърихӣ баён гардидаанд.

Эмомалӣ Раҳмон.

Ба муносибати 1045 – солагии олими бузурги тоҷик Абӯали ибни Сино.

Ба муносибати 1045 – солагии олими бузурги тоҷик Абӯали ибни Сино.

Аз қаъри гили сияҳ то авҷи Зуҳал,
Кардам ҳама мушкилоти гетиро ҳал.
Берун ҷастам зи қайди ҳар макру ҳиял,
Ҳар банд кушода шуд, магар банди аҷал.
                                                         (Ибн Сино)

Китобҳои тозанашр

Мақолаҳои илмӣ-оммавӣ

Ҳар кишваре барои шиносонидани худ нишону парчам дорад. Парчами миллӣ бар асосӣ анъанаҳои некӣ давлатдории ниёгон тартиб дода шуда, орзуву армони дирузу имрӯз ва ояндаи мардуми тоҷикро таҷассум менамояд. Парчами миллии Тоҷикистон соли 1992 дар ҷараёни Иҷлосияи 16 – и Шӯрои Олӣ тасдиқ шуд. Аз соли 2009 инҷониб 24 – ноябр ҳамчун Рӯзи Парчами миллии Тоҷикистон ҷашн гирифта мешавад. Парчами миллии Тоҷикистон аз се ранг иборат буда, ҳар як ранг маънои хосеро доро аст.

Ранги сурх – маънои мубориза ва ҷоннисоркуниҳои халқи тоҷик барои озодии давлату миллат ва истиқлолият аст. Он таърихи пурмоҷарои миллати тоҷик бо талош ва фидокориҳо ба истиқлолият ва ҳифзи ваҳдат расиданашро ифода менамояд. Ранги сурх нишондиҳандаи нерӯи ҷисмонӣ, иродаи қавӣ, қаҳрамониҳои миллат ва мубориза бурдан барои зиндагии беҳтар қадамҳои устувор гузоштанаш аст. Боз як маънои дигари ранги сурх ин сурхии рухи модарон аст, ки у низ ба мисли Ватан ғамхори мост.

Ранги сафед - рамзи сулҳ, бахту иқболи сафед, покӣ, равшанӣ, поктинатӣ ва покизагиро мефаҳмонад. Сафед ин ранг ба хусус ба соҳаи кишоварзӣ, пахтакорӣ ишора мекунад, ки як бахши иқтисодиёти кишвар аст. Пахта бойгари ва сарвати бузурги Тоҷикистон, ки мардуми тоҷик дар соҳаи истеҳсолот саҳми худро гузошта истодааст.

Ранги сабз - рамзи ҳаёт, табиат, сарзабзиву сарбаландии мардуми тоҷик, заҳмату меҳнат ва саъю кӯшиши сокинон баҳри сабзу хуррам, ободу зебо гардонидани Ватанӣ азизи худ аст. Сабз инчунин рамзи баҳор, ҷавонӣ, шукуфоӣ, шодоби зиндагонӣ ва баёнгари табиати зебои кишварамон Тоҷикистон аст. Чор фасли Ҷумҳурии Тоҷикистон бо дастури раиси шаҳр Рустами Эмомалӣ ҳама сабзу хуррам ба монанди баҳор доимо гулгулшукуфон гашта истодааст.

Дар маркази ранги сафеди парчам як тоҷу ҳафт ситора ба шакли нимдоира ҷойгир аст. Тоҷ ин рамзи соҳибистиқлолии мардуми тоҷик мебошад ва ҳафт ситора рамзи хушбахтӣ, саодат ва камолоти миллат аст.

"Парчами миллӣ ормону орзу ва мақсаду мароми тоҷиконро дар ҷиллои ранги худ инъикос намудааст". Қабули парчами давлатӣ дар давраи бениҳоят ҳассоси таърихи давлати тоза истиқлоламон ба мардуми мо тавону қувваи нав бахшид ва онҳоро муттаҳид сохт, ки таҳти парафшони маҳз ҳамин парчами давлатӣ сохти конститутсиониро ва сулҳу оромиро дар кишвар таъмин намуд.

Парчами давлатӣ ҳамчун муқаддастарин рамзи давлатдории мо бо се ранги худ баёнгари увият, таърих ва моҳияти давлати тоҷикон ва далели возеҳи соҳибватаниву соҳибистиқлолии мо мебошад. Парчами давлатӣ Ҷумҳурии Тоҷикистон яке аз се нишонаҳои муҳими давлатдорӣ маҳсуб мешавад. Он Тоҷикистонро дар арсаи байналмиллалӣ муаррифӣ менамояд.

Бо дастури Пешвои миллат мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон 9 - сентяри соли 2011 дар Ҷумҳурии Тоҷикистон дар маркази шаҳр баландтарин парчам дар ҷаҳон гузошта шуд. Он 165 метр баландӣ, 60 метр дарозӣ ва 30 метр паҳнои дошта ба китоби рекордҳои Гиннес шомил гаштааст. Ҳамин тавр дар вилояти Суғд, шаҳри Хоруғ ва Кӯлоб парчамҳои баландқомат гузоштаанд. Моҳи октябри соли 2016 вакилони маҷлиси намояндагон ва шаҳрвандон иҷозат додаанд, то дар боғча, мактаб, донишкадаҳо, корхонаю фарикаҳо ва манзилҳои зисти худ парчами миллиро насб намоянд. Инчунин парчамро дар конфересияҳо, мусобиқаҳои варзишӣ, чорабиниҳои фаҳангӣ, идҳои миллӣ ва ҳамчун рамзи сулҳ ва дӯстии тоҷикон истифода мебаранд. Дар муносибат бо дигар давлатҳо ифтихор ва якдилии миллатро мефаҳмонад.

Ҳуҷҷати сулҳи навини тоҷиконам парчам аст,

Пойдорӣ мақоми ориёнам парчам аст.

Парчами миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон як рамзи пурқуввати давлатдорӣ, истиқлолу озодӣ ва ифтихори миллӣ буда, он нишон аз мустақилияти давлат аст, ки таърихи бой ва амиқ дорад. Он рамзи сулҳ, ваҳдат, худшиносӣ ва истиқлолият аст, ҳамчунин дар сатҳи байналмиллалӣ нишони шинохти тоҷикон пазируфта шудааст. Боиси ифтихор ва сафарозист, ки таҳи солҳои охир дар шаҳру ноҳияҳои гуногуни кишварамон боғ ва гулгаштҳои гуногуни парчам мавриди истифода қарор гирифтанд, ки ин аз арҷгузории миллати тамаддунофарӣ мо ба муқаддасоти миллии хеш мебошад. Эҳтиром ва арҷгузорӣ ба парчами давлатӣ вазифаи ҳар як шаҳрванди Тоҷикистон мебошад.

Бигзор Парчами миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамеша дар минбарҳои байналмиллалӣ ва созмонҳои ҷаҳонӣ инчунин дар кишвари зебову офтобруяи мо Тоҷикистони азиз парпарафшон бошад.

Абирова Бахтинисо - корманди Институти ботаника физиология ва генетикаи растаниҳои АМИТ

Таҷлили “Рӯзи Президент” як падидаи муосири давлатдорӣ ва фарҳанги сиёсӣ дар кишварҳои гуногуни олам буда, он бо ҳадафҳо ва мақсадҳои гуногун ҷашн гирифта мешавад. Гарчанде ки маънои ин рӯз аз як кишвар дар кишвари дигар фарқ кунад ҳам, аммо арзишҳои асосии он бар пояи эҳтиром ба ниҳодҳои президентӣ, давлатӣ ва нақши пешвоёни миллӣ дар таҳкими истиқлоли сиёсӣ, суботи сиёсӣ, рушд ва шукуфоӣ, инчунин ҳифзи манфиатҳои миллӣ қарор доранд.

Дар ҷомеаҳои муосир, бахусус дар кишварҳои рӯ ба инкишоф, нақши президент ва низоми президентӣ барои ҳифзи асосҳои конститутсионӣ, таъмини амнияти миллӣ, идоракунии самаранок, таҳкими истиқлолияти миллӣ ва пешбурди рушди устувор муҳим аст. Аз ин рӯ, таҷлили “Рӯзи Президент” на танҳо як ҷашни расмӣ, балки рамзи эҳтиром ба давлатдорӣ, дастовардҳои миллӣ ва шахсиятҳое мебошад, ки кишварро дар лаҳзаҳои муҳими таърих роҳбарӣ кардаанд.

“Рӯзи Президент”, чунон ки қаблан зикр гардид, ба эҳтироми роҳбари давлат бахшида шудааст. Он ҳамчун рамзи муҳими давлатдорӣ эътироф шудааст ва ҳадафҳои зеринро пайгирӣ мекунад: эътирофи нақши ниҳодҳои давлатӣ, аз ҷумла мақоми президентӣ; арҷгузорӣ ба заҳмати бузург, сиёсати давлатӣ ва дастовардҳои роҳбарони давлат; тарбияи ватандӯстӣ ва ҳувияти миллӣ дар байни шаҳрвандон; муаррифии дастовардҳои таърихӣ ва сиёсӣ дар сохтмони давлат; ва тақвияти ваҳдати миллӣ ва суботи сиёсӣ.

Гарчанде “Рӯзи Президент” ҷашни универсалӣ нест, аммо чанд кишвари дунё онро таҷлил мекунанд. Аз ҷумла, ҳар сол рӯзи душанбеи сеюми моҳи феврал дар Штатҳои Муттаҳидаи Америка “Рӯзи Президент” таҷлил карда мешавад. Гарчанде ки ин рӯз расман ба ҳаёт ва фаъолияти Ҷорҷ Вашингтон, ки 22 феврал таваллуд шудааст, таҷлил мешавад, он инчунин ҳамаи президентҳои қаблиро, ки дар Штатҳои Муттаҳида хизмат кардаанд, эҳтиром мекунад. То аввали солҳои 1970-ум ин ҷашн қатъиян ба ин сана алоқаманд буд, на ба рӯзи мушаххаси моҳ. Аммо, президент Никсон пешниҳод кард, ки ин ид ба рӯзи душанбеи сеюми моҳи феврал гузаронида шавад ва на танҳо Ҷорҷ Вашингтон, балки Авраам Линколн, президенти 16 -уми Штатҳои Муттаҳида, низ эҳтиром карда шавад. “Рӯзи Президент” бори аввал соли 1782 дар штати Вирҷиния ба таври оммавӣ ҷашн гирифта шуд. Барои таҷлили ин чорабинӣ тӯбҳо, парадҳо ва зиёфатҳо баргузор мешуданд ва ин анъана ба зудӣ ба бисёр штатҳо паҳн шуд ва соли 1855 ин ид ҷашни миллӣ эълон шуд. Ин ҷашн дар ШМА рамзи эҳтиром ба арзишҳои демократӣ, ваҳдати миллӣ ва анъанаҳои давлатдорӣ мебошад.

Дар Британияи Кабир 8 июн рӯзи таваллуди малика ҷашн гирифта мешавад. Дар асл, маликаи Бритониё Елизаветаи Дуюм моҳи апрел таваллуд шудааст, аммо тибқи анъана дар Шоҳигарии Муттаҳида ин ҷашн рӯзи шанбеи дуюми моҳи июн баргузор мегардад. Чунин одатро подшоҳ Эдуарди VII ҷорӣ карда буд. Ба андешаи ӯ, дар ин рӯз обу ҳаво ҷашнро халалдор намекунад.

Зикр бояд кард, ки Елизаветаи Дуюм расман маликаи боз 15 кишвари Иттиҳод низ ба ҳисоб меравад: аз ҷумла Австралия, Канада, Зеландияи Нав, Ҷазираҳои Соломон, Ямайка. Бо вуҷуди ин, дар бархе аз ин кишварҳо “Рӯзи малика”-и хоси худ вуҷуд дорад. Масалан, дар Канада ин ҷашн ба Малика Виктория бахшида шудааст ва рӯзи душанберо, ки ба 24 май ва ё наздиктар ба ин рӯз таҷлил карда мешавад. Дар Австралия ҷашнро дар рӯзи душанбеи дуюми моҳи июн мегузаронанд, ки он ҳамзамон бо оғози мавсими лижаронӣ рост меояд. Дар Зеландияи Нав низ “Рӯзи малика” бо оғози мавсими лижаронӣ мувофиқ карда шуда, онро рӯзи душанбеи аввали моҳи июн ҷашн мегиранд.

Дар охири моҳи апрел дар Нидерландия ҷашни миллӣ, “Рӯзи Малика” ҷашн гирифта мешавад. Ин сана ба зодрӯзи Малика Ҷулиана, модари Малика Беатрикс бахшида шудааст. Дар ин рӯз пӯшидани либоси норинҷӣ, ки ранги оилаи шоҳӣ аст, маъмул мебошад.

Дар ҷазираҳои Маршалл “Рӯзи Президент” ҳар сол рӯзи 17 ноябр ҷашн гирифта мешавад. Ин рӯз ба ифтихори аввалин Президенти кишвар Амата Кабуа гузошта шудааст, ки соли 17 ноябри 1928 таваллуд шудааст. Дар ҷазираҳои Маршалл Ӯ асосгузори истиқлолият ҳисобида мешавад, зеро ӯ истиқлоли сиёсии кишварро аз ШМА таъмин намудааст. Ӯ инчунин муаллифи матн ва мусиқии Суруди миллии кишвар мебошад, ки “Ҷазираҳои Маршалли абадӣ”ном дорад.

Инчунин рӯзи 11 ноябр дар Ангола “Рӯзи Президент” ҳамчун “Рӯзи Қаҳрамонони миллӣ” ба муносибати зодрӯзи раҳбари аввали Ангола, Антонио Ангостино Нето ҷашн гирифта мешавад. Ин ҷашн на танҳо ба президент Нето, балки ба ҳамаи онҳое, ки барои истиқлолияти кишвар, ки соли 1975 таъсис ёфтааст, мубориза бурдаанд, эҳтиром мегузорад. Зеро дар он сол Ангола аз мустамликаи Португалия истиқлолият ба даст овардааст.

Ботсвана “Рӯзи Президент” - ро рӯзи душанбеи сеюми моҳи июн ҷашн мегирад. Ин рӯз ба ифтихори Серетсе Хама, аввалин раҳбари ҷумҳурии Африқо гузошта шудааст, ки аз замони истиқлолияти Ботсвана дар соли 1966 то маргаш дар соли 1980 ба ҳайси президент кор кардааст. Дар Боствана ӯро ҳамчун муборизи зидди фасод ва ислоҳотгари муваффақ ёд мекунанд, аз ин рӯ “Рӯзи Президент” бо шукӯҳу шаҳомати зиёд дар тӯли ду рӯз ҷашн гирифта мешавад.

Дар Кореяи Шимолӣ ду рӯз ба хотири гиромидошти роҳбарони давлат бахшида шудааст, пеш аз ҳама 15 апрел — Рӯзи таваллуди Ким Ир Сен ва 16 феврал — Рӯзи таваллуди Ким Ҷонг Ил “Рӯзи Президент” таҷлил карда мешавад. Ҳар ду рӯз ҷашнҳои давлатӣ ва дорои аҳамияти бузурги миллӣ мебошад.

Дар кишварҳои пасошӯравӣ низ ин ҷашн маъмул буда, бо хусусиятҳои хоси миллӣ таҷлил карда мешавад. Аз ҷумла, дар Ҷумҳурии Қазоқистон 1 декабри соли 2012 ҳамчун рӯзи истироҳати давлатӣ ба хотири Президенти аввалини Ҷумҳурии Қазоқистон Нурсултон Назарбоев таҷлил карда мешуд. Аммо 29 сентябри соли 2022 президенти кунунии Қазоқистон Қосимҷомарт Тоқаев тағйироти қонунгузориро имзо кард, ки “Рӯзи Президент” - ро ҳамчун рӯзи истироҳати давлатӣ аз байн бурд ва “Рӯзи Ҷумҳурӣ” - ро, ки дар замони Назарбоев барҳам дода шуда буд, барқарор кард. “Рӯзи Ҷумҳурӣ” 25 октябр ҷашн гирифта мешавад. “Рӯзи Президент” дар баробари “Рӯзи рамзҳои миллӣ” ва “Рӯзи Шукргузорӣ” ҳамчун як рӯзи аҳамияти иҷтимоӣ боқӣ мондааст.

Дар Туркманистон бошад, 19 феврали соли 1994 ҳамчун рӯзи миллӣ - зодрӯзи Туркманбошӣ таҷлил карда шуд. Аммо, танҳо як сол пас, Сафармурод Ниёзов ин рӯзро Рӯзи Парчами Миллӣ эълон кард. Дар баъзе кишварҳои дигари пасошӯравӣ “Рӯзи Президент” ҳамчун ҷашн расман вуҷуд надорад, аммо рӯзҳои марбут ба интихоб ё савгандёдкунии президент бо расмиёт таҷлил мешаванд (масалан Русия, Беларус, Туркманистон).

Ҷашнҳои миллӣ на танҳо ёдоварӣ аз рӯйдодҳои таърихӣ, балки инъикоси ифтихори миллӣ, ҳувияти миллӣ ва арзишҳои маънавии ҷомеа мебошанд. “Рӯзи Президент” дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки дар низоми муосири давлатӣ мақоми хоса дорад, мақоми махсуси иҷтимоӣ-сиёсӣ ва маънавӣ пайдо кардааст. Ин рӯз на танҳо ба шахсияти сиёсии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бахшида шудааст, балки моҳияти он дар арҷгузорӣ ба ниҳоди президентӣ, нақши он дар бунёди давлат, сулҳу субот, ваҳдати миллӣ ва рушди устувор ифода меёбад. Дар таърихи муосири Тоҷикистон, Роҳбари давлат ҳамчун нерӯи муттаҳидкунандаи миллат, офарандаи давлати миллӣ, кафили сулҳу субот мебошад.

Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон аз соли 2016 ин тараф, 16 ноябр ҳамчун “Рӯзи Президент” таҷлил карда мешавад. Сабаби ба ин рӯз рост омадани чунин ҷашн дар он аст, ки маҳз дар ҳамин рӯз, яъне 16-уми ноябри соли 1994 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бори нахуст ҳамчун Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар назди халқу Ватан Савганд ёд карданд. Ҳамзамон дар ҳамин сол дар аввалин Конститутсияи Тоҷикистони соҳибистиқлол, ки аз тарафи мардум қабул карда шуд, шакли идории Тоҷикистон ба шакли ҷумҳурии президентӣ табдил дода шуд.

Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ин рӯз рамзи эҳтиром ба Тоҷикистони муосир, эҳтироми заҳматҳои Пешвои миллат, сулҳи пойдор, суботи миллӣ ва дастовардҳои бузург ҳисобида мешавад. “Рӯзи Президент” дорои аҳамияти таълимӣ, маънавӣ, фарҳангӣ ва сиёсӣ буда, барои тарбияи насли ҷавон ҳамчун шаҳрвандони худшинос, масъулиятшинос ва ватандӯст мусоидат мекунад.

“Рӯзи Президент” на танҳо як ҷашни тақвимӣ, балки рамзи давлатдории муосир ва ифтихори миллӣ низ мебошад. Бо таҷлили он, шаҳрвандони кишвар барои ҳувияти миллӣ, ваҳдат, сулҳу субот, инчунин эҳсоси масъулияти миллӣ боз ҳам бештар талош мекунанд. Ҳамзамон дар шароити имрӯза, ки ҷаҳон пур аз хатару чолишҳост, таҷлили “Рӯзи Президент” аҳамияти бузург дорад, зеро мардумро муттаҳид мекунад, ба қадри сулҳ мерасонад ва ба наслҳои оянда паём медиҳад, ки истиқлолият, субот ва давлатдорӣ бузургтарин дастовардҳои таърихӣ маҳсуб меёбанд.

ШАРИФОВ Искандар - ходими хурди илмии шуъбаи ШМА ва Канандаи

Институти омӯзиши масъалаҳои давлатҳои Осиё ва Аврупои АМИТ

Раванди таърихи умумибашарӣ собит намуд, ки миллатҳои ҷудогона бо фарзандони донишманд, эҷодкор ва сиёсатмадори худ асарҳои безавол боқӣ гузошта, бо ин васила, забон адабиёт ва тамаддуни ҷовидонаи миллати худро бардавон ҳифз намудаанд. Яке азин чеҳраҳо Президенти Тоҷикистон, Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аст, ки дар рушди давлатдории навини тоҷикон нақши калидӣ доранд. Ин абармарди сиёсат дар баробари сиёсатмадори бузург будан, донишманд ва зиндакунандаи мероси бузурги ниёгон аст. Осори Пешвои миллат, аз қабили “Чеҳраҳои мондагор”, “Забон ҳастии милллат”, “Тоҷикон дар ойинаи таърих” ва ғайраҳо дар рушд ва ҳифзи арзишҳои миллӣ ва муаррифии донишмандони бузурги халқи тоҷик нақши бориз доранд.

Ба таҳқиқ китоби “Чеҳраҳои мондагор”-и Пешвои миллат гоми мустаҳкамест барои муаррифии донишмандони мо дар арсаи миллӣ ва ҷаҳонӣ. Дар китоби мазкур Пешвои миллат роҷеъ ба донишмандону зиёиёни дигар, доир ба осору аҳволи яке аз бузургтарин файласуйфон, табибон ва адбинои асрҳои миёна Ибни Сино, маълумоти муфид ва зарурӣ оварда шудааст.

Пешвои миллат, дар ин китоб сарлавҳаи мавзуъро “Абуалӣ ибни Сино мутафаккири абадзинда” гузоштаанд, ки воқеан баъд аз хондани ин сатрҳо ҳамон мақоли “бузургонро бузургон зинда медоранд” ба ёд меорад. Пешвои миллат дар бораи Ибни Сино чунин навиштаанд: “Шайхураис Абуалӣ ибни Сино яке аз бузургтарин файласуфон, олимон, табибон ва адибони тоҷику форс буда, дар рушду камоли тамаддуни ҷаҳонӣ саҳми барҷаста дорад. Воқеан нақши барҷастае, ки Ибни Сино дар таърихи фарҳанги миллат ва башарият гузоштааст, номи ӯро барои аҳли ҷаҳон азиз ва ҷовидонӣ гардонидааст” (Чеҳраҳои мондагор, саҳ 246).

Дар ҳақиқат осори Ибни Сино аз қабили “Китобу-ш-Шифо”, “ал-Қонун фи-т-тиб” ва ғайраҳо нақши Ибни Синоро дар тамаддуни ҷаҳонӣ ҷовидона гардонидааст.

Пешвои миллат, дар баробари ин, бо пешниҳоди шодравон академик Мусо Диноршоев дар Инстиститути фалсафа, сиёсатшиносӣ ва ҳуқуқи А. Баҳоваддинови АМИТ Маркази синошиносиро таъсис доданд, ки соли оянда аз таъсисёбии ин Марказ 20 сол пурра мешавад. Дар ин маврид, маҳз дастгириҳои Пешвои миллат аст, ки мутахассисони зиёде дар Марказ ба омӯзиш, тарҷума ва нашри осори Ибни Сино машғуланд ва дар рушди ҷаҳонбинии илмии ҷомеа саҳм мегузоранд. Маҳз таъсиси як маркази бузург бо номи синошиносӣ, ки дар ҷаҳон чунин марказ вуҷуд надорад, боис шуд, ки осори ин бузургвор ба таври мукаммал ҳифз ва соҳибӣ гардад.

Дар Маркази синошиносӣ то ҳол зиёда аз 70 фоизи осори боқимондаи Абуалӣ ибни Сино аз тарафи донишмандони бузург тарҷума, нашр ва мпешкаши ҳаводорону муҳаққиқони осори Ибни Сино намудаанд.

Хидмати дигари Пешвои миллат, барои ҳифз ва рушди осори Ибни Сино он аст, ки қариб ҳамасола барои омӯзиш ва муаррифии осори Ибни Сино ин ташкили симпозиумҳои байналмилалӣ аст, ки аз дохил ва хориҷи кишвар барои табодули таҷриба ва муаррифии таълимоти Ибни Сино донишмандони зиёд ба ҳам меоянд. Худи ҳамин сол, бо дастгирии Пешвои миллат, як симпозиуми байналмилалӣ бахшида ба 1045 солагии Шайхурраис Абуалӣ ибни Сино, зери унвони “Нақши Абуалӣ ибни Сино дар рушди илм, фалсафа ва тамаддуни ҷаҳонӣ” баргузор гардид, ки донишмандони зиёде аз дохил ва хориҷи кишвар ҳам ба таври ҳузурӣ ва ҳам ғайри ҳузурӣ доир ба нақши Ибни Сино дар тамаддуни ҷаҳонӣ ва аҳамияти мондагори осори ӯ маърузаҳо намуданд.

Ин ҳама, аз он далолат мекунад, ки Пешвои миллат дар рушди илм ва ҳифзи мероси бузургони миллат саҳми беназир доранд ва пайваста барои зинда нигоҳ доштани бузургон талош ва заҳматҳо мекашанд. Дар баробари ин ҳама заҳматҳо ва дастгириҳо сиёсати хирадмандонаи Пешвои миллатро дастгирӣ ва барои рушди илм ва фарҳанги мондагори халқи тоҷик аз ин ҳам бештар заҳмат ва талош намоянд. Зеро дар замони ҷаҳонишавӣ вазифаи ҷонии ҳар яки мо дар он аст, ки барои боқӣ мондани фарҳанги миллӣ талоши бештар зарур аст. Инчунин, ба гуфтаи худи Пешвои миллат, танҳо илм пеши роҳи ҷаҳолат ва хурофотро гирифта метавонад. Маҳз тавассути паҳн намудани осори илмӣ мо метавонем, пешри роҳи хурофот, ҷаҳолат ва бегонапарастиро гирем.

Рамазониён А.Б. – ходими илмии Маркази синошиносии ИФСҲ АМИТ

(Бахшида ба Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон)

Барои миллати шарафманди тоҷик боиси сарфарозӣ мебошад, ки Пешвои маъруфу этирофшудаи сатҳи ҷаҳонӣ дорад. Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон имрӯз ҳамчун сарвари сиёсии муваффақи ҷаҳонӣ шинохта шуда, мактаби давлатдориаш ҳамчун таҷрибаи нодир истифода мешавад. Ба назари мо чунин омилҳо боис шудааст, ки муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро маъруфу маҳбуб гардонидааст:

Садоқат ба миллат ва истиқлоли Ватан. Аз таҷрибаи таърихи давлатдории башарият бармеояд, ки на ҳама сарварони сиёсӣ хидматгори шоистаи халқи хеш буданд. Ҳамон сарвари сиёсие дар масири давлатдорӣ ва ҳукуматаш муваффақ шудааст, ки ирода ва манфиати мардумашро дар сиёсати хеш афзалу муҳим шуморидааст. На ҳама сарварони сиёсӣ мардумӣ ва иҷтимоӣ буданд. Омилҳои маҳбубияти Куруши Кабир, Яъқуб ибни Лайс ва Исмоили Сомонӣ маҳз дар мардумӣ будани онҳо зоҳир мешуд. Садоқатмандӣ ба халқи хеш умри давлат ва ҳукуматро меафзояд. Ҳамон сарваре метавонад муваффақ шавад, ки пеш аз ҳама ба истиқлоли давлатӣ арҷгузор бошаду ба мардумаш содиқ. Таҷрибаи 34 соли мактаби давлатдории Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз он далолат медиҳад, ки дар мадди аввал ӯ ҳомии истиқлол асту содиқ ба миллат. Аз рӯзҳои нахустини ба саҳнаи сиёсат ворид шудан дар меҳвари ҳадафҳои сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон масъалаи таҳкими истиқлоли давлатӣ қарор дошт.

Сарвари давлат хуб дарк намуда буданд, ки бе нигаҳдошт ва устувории истиқлоли давлатӣ ба ҳадафҳои дигари миллӣ расидан ғайримкон аст. Истиқлоли миллӣ дар он ҳолат устувор мегардад, ки миллат ҳамчун манбаи ҳокимияти давлатӣ эътироф гардаду ҳуқуқу озодиҳои он дар назди мақомоти давлатӣ арзиши олӣ дошта ва кафолат дода шаванд. Пешвои миллат дар майдони сиёсат бо рӯҳи қавии миллӣ на танҳо вазъро ба эътидол оварда, ризоияти миллиро дар ҷомеа таъмин намуданд, балки дар эъмори давлатдории миллӣ, таҳкими Истиқлоли давлатӣ ва амалӣ сохтани сиёсати дохилию хориҷии кишварамон дар миқёси ҷаҳонӣ саҳми шоиста гузоштанд. Ҳама талошу заҳмат ва ҷонисориҳои муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон танҳо баҳри ҳифзу гиромидошти манфиатҳои миллӣ, ки асосашро истиқлоли давлатӣ ташкил медод, равона шуда буд. Сарвари давлат савганд ёд намуда, гуфт: «…кори худро аз сулҳ сар хоҳам кард... Ман тарафдори давлати демократӣ ва ҳуқуқбунёд мебошам. Мо ҳама бояд ёру бародар бошем, то ки вазъиятро ором намоем…» Ин садоқату самимиятро дар раванди 34 соли мактаби давдатдориаш Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар назди халқу Ватан ба таври барҷаста собит намудаистодааст.

Ҷасорати миллӣ. Ҷасорат, мардонагӣ, гузашт, дурандешӣ, таҳаммулпазирӣ, такя ба халқ ва аз дарди халқ бохабар будан ба Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон имкон дод, ки истиқлоли воқеии давлатиро таъмин намояд. Аз байни халқ баромадан ва ҳамеша бо халқ будан Эмомалӣ Раҳмонро маҳбуб гардонид. Хидмати бузургу таърихии муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар назди мардуми шарафманди Тоҷикистон дар он аст, ки ин чеҳраи мондагор ва сиёсатмадори ҷасуру дурандеш дар шароити ҳассос ва ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ, давлатдории тоҷикон ва бақои ин миллатро аз роҳи нестшавӣ ва парешонӣ ҳифз намуда, истиқлоли воқеии давлатиро таъмин намуд. Бо ин хидмати бузургу сабтшаванда дар яке аз саҳифаҳои тилоии таърихи миллат метавон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро бунёдгузори давлати соҳибистиқлоли комил ва миллии Тоҷикистон номид. Пешвои миллат ба таври хеле хуб дарк карда буданд, ки дар он шароите, ки Тоҷикистон қарор гирифта буд, таърих ва сарнавишт барояш рисолати бузург, вале ниҳоят душвори бунёди давлати навини миллиро рӯёрӯ гузоштааст.

Дурандешӣ. Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон замоне зимоми сиёсати давлатиро ба дӯш гирифт, ки давлат танҳо дар рӯи қоғаз вуҷуд дошту дар амал бошад ҳеҷ аркони собиту устувори давлатӣ вуҷуд надошт. Давлати соҳибистиқлол рукнҳои муҳимме, ба монандӣ Конститутсия, артиши миллӣ ва мақомоти мутамаркази ҳифзи ҳуқуқ надошт. Давлат аз лиҳози сиёсӣ пароканда буда, қувваҳои мухолиф дар минтақаҳои гуногуни кишвар роҳҳои марказгурезиро пеш гирифта, ҳатто баъзеашон ҳадафи тақсим намудани Тоҷикистонро пеш гирифта буданд. Хатари ба тамомияти арзии кишвар таҳдидкунандаро Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба назар гирифта, дар раванди иҷлосия қарорҳое қабул намуданд, ки дар ҳифзи якпорчагии Ватан ва истиқлоли комили давлатӣ аҳаммияти муҳим доштанд. Муҳимтарин хидмати Сарвари давлат, ки ифодагари дурандешӣ ва хирдамандии ӯст, ин роҳи дунявӣ, демократӣ ва ҳуқуқбунёдро пеш гирифтан буд. Маҳз ҳамин роҳ боис шуд, ки Тоҷикистон аз ҷониби ҷомеаи ҷаҳонӣ ҳамчун давлати мутамаддин эътироф ва шинохта шуд.

Таҳкими робита бо халқ ва дарки ниёзу мушкилоти ӯ. Ҳанӯз аз рӯзҳои аввали ба сари қудрат омадан Сарвари давлат ҳаққи табиии халқро эҳтиром гузошта таъкид намуданд, ки «Халқи Тоҷикистон худ роҳи фардои идораи давлатро муқаррар мекунад». Сарвари давлат ҳаққи худмуайянкунии халқро эҳтиром гузошта, ҷонибдорӣ аз санадҳои ҳуқуқии байналмилал карданд. Сониян ҳамчун роҳбари демократ иродаи шахсии худро ба иродаи мардум пайвастанд. Хишти аввали бунёди ҷомеаи шаҳрвандиро бо пешниҳоди ҳаққи худмуайянкунӣ ва худфаъолшавӣ ба халқ тарҳрезӣ карданд. Халқи Тоҷикистон ба шоҳроҳи бунёди давлати демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ ягона ва иҷтимоӣ думболи кишварҳои пешрафтаи ҷаҳонӣ баромад. Расидан ба ин мақсадҳои олӣ вақтро тақозо менамояд, зеро ин раванд аст ва он пайваста дар идома мебошад. Муҳим он аст, ки раванд оғоз шудааст. Ҳамчунин, ташрифоти Сарвари давлат ба шаҳру навоҳии кишвар, ки ба ҳукми анъана даромадааст, нишоне аз мардумӣ будани ӯст.

Ворид будан ба сиёсати бузурги ҷаҳонӣ. Сиёсатмадори бузург будани Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар он зоҳир шуд, ки тавонистанд бо абарқӯдратҳо ва давлатҳои минтақа тавозуни манфиатҳоро барқарор намоянд ва сиёсати мустақилона ва мусбатро пеш баранд. Хусусан, дар давраи ҷаҳонисозӣ, ки ҳифзи асолати миллӣ дар ҷабҳаҳои иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангӣ кори осон нест. Имрӯз Тоҷикистон ҳамчун субъекти мустақили муносибатҳои байналмилалӣ эътироф гардида, бо зиёда аз 180 давлати ҷаҳон муносибатҳои ба роҳ мондааст. Ҳамчунин, дар тайи 34 соли истиқлоли давлатӣ Тоҷикистон бо зиёда аз 70 созмони минтақавию ҷаҳонӣ ҳамкориҳои судманро роҳандозӣ намудааст. Имрӯз дар сатҳи ҷаҳонӣ Тоҷикистон бо сарварии Пешвои миллати тоҷик муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамчун давлати ташаббускор дар ҳалли масъалаҳои мубрами глобалӣ эътироф гардидааст. Ташаббусҳои ҷониби Тоҷикиктсон дар роҳи муборизаи самаранок бар зидди терроризм ва экстремизм, гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир, ҳалли масъалаҳои экологӣ ва махсусан, ба оби тоза таъмин намудани сокинони сайёра аз ҷониби ҷомеаи ҷаҳонӣ хуш қабул гардид. Маҳз баромадҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз минбари созмонҳои бонуфузи байналмилалӣ, махсусан СММ кишвари моро дар сатҳи ҷаҳонӣ чун субъекти мустақил ва ташаббускор муаррифӣ ва маъмул гардонид.

Ҳимояи мақом ва манфиатҳои давлатӣ дар сатҳи ҷаҳонӣ. Муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон имрӯз ҳамчун сарвари сиёсии дар сатҳи ҷаҳон эътирофшуда мақом ва ҷойгоҳи миллати тоҷик ва давлати Тоҷикистонро тавассути ташаббусҳои башардӯстонааш устувор намуд. Дар меҳвари сиёсати хориҷии Сарвари давлат ҳимояи манфиатҳои миллӣ қарор дошта, ҷиҳати таҳкими мақоми кишвар корҳои мондагореро амалӣ намуданд. Таъмини истиқлоли комили давлатӣ, ба роҳ мондани муносибатҳои самаранок бо созмону ташкилотҳои минтақавию ҷаҳонӣ, густариши равобити дипломатӣ бо кишварҳои хориҷӣ, мубориза ба муқоибили падидаҳои номатлуби замон, махсусан терроризму экстремизм ва амсоли ин аз ҷумлаи ташаббусҳои Пешвои миллат ҷиҳати ҳимояи манфиатҳои миллӣ мебошад.

Ифтихори миллӣ. Бидуни муболиға, барои миллати мо муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон на танҳо Сарвари давлат, балки ҳамчун шахсияти арҷгузор ба таъриху фарҳанги миллӣ, гиромидошти шахсиятҳои номвари миллат ва эҳёи суннатҳои мардумию фарҳанги миллӣ, ҳам дар сатҳи дохилӣ ва ҳам дар арсаи байналмилалӣ, корҳои бениҳоят зиёдеро ба сомон расонида истодаанд. Таҷлили бузургдошти воқеаҳои муҳимми таърихӣ-фарҳангӣ, аз қабили 1100-солагии давлати Сомониён (1999), 680 ва 700-солагии Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ (1995 ва 2015), 675 ва 700-солагии Камоли Хуҷандӣ (1996 ва 2020), 2700-солагии китоби «Авасто» (2001), 90-солагии Мирзо Турсунзода (2001), 2500-солагии шаҳри Истаравшан (2002), 1000-солагии Носири Хусрав (2004), 1125-солагии Абуалӣ ибни Сино (2005), Соли тамаддуни ориёӣ (2006), 2700-солагии Кӯлоб (2006), 800-солагии Ҷалолиддини Балхӣ (2007), 1150-солагии Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ (2008), 3000-солагии Ҳисор (2009), 100-солагии Бобоҷон Ғафуров (2009), 1310-солагии Имоми Аъзам (2009), 110-солагии Сайидалӣ Вализода (2010), 130-солагии Ҳоҷӣ Ҳусайни Кангуртӣ (2012), 100-солагии Зиёдулло Шаҳидӣ (2014), 600-солагии Абдураҳмони Ҷомӣ (2014), 150-солагии Нақибхон Туғрал (2015), 1150-солагии Закариёи Розӣ (2016), 100-солагии Ғаффор Валаматзода (2016), 100-солагии Муҳаммад Осимӣ (2020), 5500-солагии Саразм (2020) ва ғайра дар сатҳи ҷумҳурӣ ва байналмилалӣ далели равшани гуфтаҳои болост, ки ҳамагӣ бо ташаббуси бевоситаи Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо шаҳомати бағоят бузург баргузор гардиданд. Яке аз нишондиҳандаҳои асосии сиёсати хирадмандонаву фарҳангдӯстонаи Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар сатҳи баланди ташкиливу сиёсӣ ҷашн гирифтани «Соли тамаддуни ориёӣ» ва аз тарафи ЮНЕСКО ҷашн гирифтани 2700-солагии китоби муқаддаси ниёконамон «Авасто» мебошад. Таҷлили бошукӯҳи солгарди тамаддуни ориёӣ дар соли 2006 ва китоби «Авасто» ва дар ин замина таҳқиқ шудани он аз тарафи олимону донишмандони Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон чун мероси хаттии умумибашарӣ шаҳодати тамаддуни бостониасоси тоҷикон мебошад.

Тарбияи насли наврас ва ҷавон дар рӯҳияи худшиносии миллӣ. Эмомалӣ Раҳмон таъкид намудаанд, ки миллати тоҷик ҳамеша соҳиби китоб будааст ва фарҳанги он аз давраҳои қадим ба хат ва китоб пайванди ногусастанӣ доштааст. Яке аз сабабҳои асосии боқӣ мондани миллати тоҷик ҳамин забон будааст, ки дар қаламрави бузурге доман паҳн карда буд. Бесабаб нест, ки яке аз ташаббусҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти сарварии Президент дар солҳои охир дар бораи баргузории озмуни «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» мебошад, ки он маҳз ба бедор кардани шавқи кӯдакон ва ҷавонон ба мутолиаи осори беҳтарини адабии халқи тоҷик ва адабиёти ҷаҳонӣ равона гардидааст ва мақсади он босаводии саросарӣ, касби донишҳои нав аз роҳи мутолиаи осори назмию насрӣ ва шифоҳии мардум мебошад. Озмунҳои дигар, аз ҷумла «Илм – фурӯғи маърифат», «Тоҷикистон Ватани азизи ман», «Тоҷикон» – оинаи таърихи миллат» ва ғайра барои боло бурдани сатҳи худогоҳии миллии насли наврас ва дар рӯҳияи ватандӯстӣ, донишандӯзӣ, меҳру муҳаббат ба илму маърифат ва ҳифзи анъанаҳои асили аҷдодӣ равона шудаанд.

Маҳз сиёсати дурандешона ва хирдамандони Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон боис гардид, ки миллати тоҷик дар масири бунёди давлати мутамаддин муваффақ шаваду истиқлоли комилашро ҳифз намояд. Бо дарназардошти таҳлилу баррасии таърихи Тоҷикистони соҳибистиқлол имрӯз ба боварии хосса метавон гуфт, ки асосгузори истиқлоли воқеии Тоҷикистон маҳз Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мебошад.

Президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, академик Хушвахтзода Қобилҷон Хушвахт

Таърихи навини тоҷикон саҳифаест, ки дар он нақши роҳбарии хирадмандона ва сиёсати ваҳдатофарини Сарвари давлати Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, бо ҳарфҳои заррин сабт гардидааст. Ҷаҳониён гувоҳанд, ки дар замони душвори пас аз ҷанги шаҳрвандӣ маҳз бо иродаи қавӣ, ҷасорат ва фидокориҳои Роҳбари давлат Тоҷикистон аз доми буҳронҳои шадид раҳо ёфт ва роҳи истиқлоли комилро пеш гирифт. Дар натиҷаи талошҳои пайвастаи ӯ, давлате, ки дар оғози солҳои навадум ба парокандагӣ рӯ оварда буд, дубора ба ваҳдати миллӣ расид ва суботи устувори сиёсӣ дар он пойдор гардид.

Пайванди шимолу ҷануби кишвар, бунёди нақбҳо ва нерӯгоҳҳои стратегӣ, аз ҷумла Нерӯгоҳи барқи обии Роғун, ва рушди инфрасохтори муосир намунаи рӯшани сиёсати созанда ва бунёдкоронаи давлат мебошанд. Дар паи ин талошҳо, Тоҷикистон ба кишвари амну осуда табдил ёфта, ба гуфтаи пажӯҳишҳои байналмилалӣ, дар раддабандии амнтарин давлатҳои ҷаҳон ҷойгоҳи баланд касб кардааст.

Фаъолияти сулҳофарию ваҳдатсози роҳбарияти олии кишвар таҷрибаи нодирест, ки таърих мисоли онро кам ёд дорад. Ин раванд, ки бо хирад, таҳаммулпазирӣ ва эътиқоди воқеӣ ба арзишҳои инсонӣ роҳандозӣ шуд, миллати тоҷикро аз ҳолати ҷудоӣ ба сӯи якдилӣ ва суботи устувор овард.

Сиёсати дӯстона нисбат ба кишварҳои ҳамсоя ва эҳёи эҳсоси бародарӣ дар миёни мардумон намунаи беназири сиёсати хирадмандонаи миллӣ гардид.

Бо вуҷуди он ки дар таърихи миллат шахсиятҳои барҷаста ва шоҳони одил зиёд будаанд, дар саҳифаҳои таърихи муосир шахсе чун Эмомалӣ Раҳмон бо чунин меҳру садоқати комил ба миллат кам ёфт мешавад. Намунаҳои зиёде аз эҳтироми амиқи ӯ ба фарҳанг ва таърихи миллат вуҷуд доранд. Аз ҷумла, тақдими китобҳои “Тоҷикон”-и аллома Бобоҷон Ғафуров ва “Шоҳнома”-и Ҳаким Фирдавсӣ ба ҳар хонадони кишвар на танҳо арҷгузорӣ ба ниёгони фарҳангии миллат, балки рамзи эҳёи худшиносии миллӣ ва пойдории забону адабиёти форсӣ-тоҷикӣ мебошад.

Ташаббусҳои ҷаҳонии роҳбари давлат дар ҳифзи табиат ва захираҳои об, бахусус масъалаи пиряхҳо, мавқеи Тоҷикистонро дар сатҳи байналмилалӣ таҳким бахшиданд. Ҷаҳон шоҳид шуд, ки роҳбарияти ин кишвар барои ҳифзи унсурҳои ҳаётбахши инсоният — об, иқлим ва муҳити зист — бо садои баланд сухан гуфт ва ҷомеаи ҷаҳониро ба ҳамбастагӣ даъват намуд.

Бо ибтикори ин сиёсатмадори донишманд, бисёре аз арзишҳои фарҳанги миллӣ аз нав эҳё гардиданд. Ҷашнҳои куҳанбунёди ориёӣ, аз қабили Сада ва Меҳргон, дубора ҷойгоҳи шоистаи худро дар зиндагии мардум пайдо карданд. Наврӯз, ки аз амиқтарин рамзҳои тамаддуни ориёист, ба ташаббуси Тоҷикистон мақоми ҷаҳонӣ гирифт ва имрӯз ба унвони ҷашни сулҳу дӯстӣ дар саросари ҷаҳон шинохта шудааст.

Ҳамчунин таваҷҷуҳи хоса ба бузургон ва шахсиятҳои таърихӣ — аз Рӯдакиву Фирдавсӣ то Мавлоно, Камоли Хуҷандӣ ва Мир Саид Алии Ҳамадонӣ — ба эҳёи ифтихори миллӣ ва бедории фарҳангии ҷомеа мусоидат намуд. Баргардонидани хоки муқаддаси ин бузургон ба зодгоҳҳои аслии онҳо ва бунёди мақбараҳои нав рамзи эҳтироми миллат ба гузаштаи пурифтихораш аст.

Ин ҳама далолат бар он дорад, ки сиёсати фарҳангии Тоҷикистон бар пояи эҳёи арзишҳои миллӣ, ҳифзи анъанаҳои ниёгон ва тақвияти ваҳдати маънавии мардум устувор шудааст.

Шахсияти Пешвои миллат на танҳо дар сиёсати дохилӣ, балки дар арсаи байналмилалӣ низ ба ҳайси намунаи давлатмардии муосир пазируфта шудааст. Суханрониҳои ӯ дар минбарҳои ҷаҳонӣ ҳамеша бар пояи ҳикмати шарқӣ, андешаи сулҳ, дӯстӣ ва инсондӯстӣ қарор доранд. Ин суханон симои Тоҷикистонро ҳамчун кишвари фарҳангӣ ва сулҳдӯст ба ҷаҳон муаррифӣ кардаанд.

Бо назардошти ҳамаи ин, метавон гуфт, ки роҳбари имрӯзаи давлат бо сиёсат, хирад ва муҳаббати беандоза ба миллат на танҳо пояҳои давлатдориро мустаҳкам сохт, балки худшиносии миллиро ба сатҳи нав баровард. Дар замони ӯ тоҷикон худро чун як миллати ягона, соҳибтамаддун ва соҳибсарнавишт эҳсос мекунанд.

Ардамеҳр Ашуров н.и.т., ходими пешбари илмии шуъбаи Осиёи Ҷанубӣ ва Шарқии

Институти омӯзиши масъалаҳои давлатҳои Осиё ва Аврупои Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон

Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон яке аз санаҳои муҳиму арзишманди тақвими давлатӣ мебошад, ки ҳар сол дар мамлакат бо эҳсоси ифтихор, эҳтиром ва арҷгузорӣ ба дастовардҳои давлати соҳибистиқлол таҷлил мегардад.

Ин рӯз ифодаи равшани эҳтиром аз роҳбарияти олии кишвар, аз шахсият ва сиёсати хирадмандонаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аст, ки дар давраҳои муҳими таърихӣ роҳи пешрафт, субот ва рушду нумӯи давлатро муайян намудаанд.

Таърих гувоҳ аст, ки солҳои навадуми садаи гузашта яке аз давраҳои душвортарини барои миллати тоҷик буд. Ҳодисаҳои фоҷиабор, ҷанги шаҳрвандӣ, парокандагӣ ва гум шудани умеди мардум ба оянда кишварро ба буҳронҳои амиқи сиёсӣ, иқтисодӣ ва иҷтимоӣ кашида буд.

Миллат ба шахсияте ниёз дошт, ки тавонад аз миёни оташи ҳодисаҳо роҳеро барои сулҳу субот ва давлатдории воқеӣ боз кунад.

Рӯзи Президент на танҳо ҷашни як шахсият, балки ҷашни устувор шудани давлатдории миллӣ, эҳёи худогоҳии тоҷикон, ваҳдату иттиҳод ва марҳалаи нави рушд аст.

Ин рӯз рамзи арҷгузории мардум ба шахсе мебошад, ки масъулияти гарони сарнавишти миллатро ба зимма гирифт ва ба хотири суботи давлат, оромии ҷомеа ва эҳёи давлатдории тоҷикон тамоми қувваро равона сохт.

Имрӯз Тоҷикистон ҳамчун давлати ҳуқуқбунёд, дорои сиёсати хориҷии мутавозин, иқтисоди босуръат рушдёбанда ва ҷомеаи мутамаддин шинохта шудааст. Ниҳоди давлатдорӣ мустаҳкам, сохторҳои меҳварӣ фаъол, сиёсати иҷтимоӣ ба ниёзҳои мардум мутамарказ гардида ва иқтисоди миллӣ ба марҳалаҳои нави саноатикунонӣ ворид шудааст. Ба ҳамаи ин нишондиҳандаҳои муҳим заминаи сиёсӣ ва идории устувор ниёз дошт, ки маҳз бо роҳбарии Президенти кишвар ва бо дастгирии мардуми заҳматдӯст амалӣ гардид.

Истиқлолият дар афкори ҷомеа на танҳо дастоварди сиёсист, балки арзиши маънавист. Барои ҳифз кардани он сиёсати устувори давлатӣ, коркарди стратегияи дуруст ва иродаи мустаҳками роҳбарӣ зарур аст. Таҳкими пояҳои давлатдорӣ аз қабили Конститутсия, қонунгузорӣ, эҷоди сохторҳои муосири идорӣ, артиш, дипломатия, низоми маорифу тандурустӣ, фарҳанг ва иқтисоди миллӣ намунаи ифодагари сиёсати дурандешона ва пайгирии роҳбари давлат мебошад.

Имрӯз ҳар шаҳрванди Тоҷикистон ифтихор мекунад, ки кишвараш дар харитаи ҷаҳонӣ ҳамчун давлати сулҳпарвар ва устувор шинохта шудааст.

Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки баъди ҷанги шаҳрвандӣ ба як марҳалаи пур аз хатар ворид шуд, тавонист бо роҳбарии оқилонаи Пешвои миллат роҳи сулҳ, ваҳдат ва якдилиро пеш гирад. Таҷрибаи сулҳи тоҷикон ҳамчун “мактаби сулҳофаринӣ” дар сатҳи байналмилалӣ мавриди омӯзиш ва таҳлил қарор гирифт. Ин ҳама бо шарофати сиёсати фавқулода хирадмандона ва иродаи қавии роҳбарияти кишвар ба даст омад.

Ҳадафи асосии давлат зиндагии шоиставу осудаи шаҳрвандон аст. Имрӯз дар Тоҷикистон садҳо иншооти иқтисодӣ, иҷтимоӣ, фарҳангӣ ва инфрасохторӣ бунёд мегардад, роҳҳо ва нақбҳои азими стратегӣ кишварро ба ҳам мепайванданд, барномаҳои миллии рушди саноат, энергетика, кишоварзӣ, технологияҳои иттилоотӣ ва дигар самтҳо амалӣ мешаванд. Ҳадафи чоруми миллӣ – саноатикунонии босуръати кишвар, ки ба ояндаи иқтисодии Тоҷикистон нигаронида шудааст, ифодагари диди стратегӣ ва таҳаввулоти ҷиддии давлатӣ мебошад.

Таҷлили Рӯзи Президент барои ҳар як шаҳрванди кишвар рӯзест, ки бо эҳтиром аз хизматҳои шоёни роҳбарияти давлат, бо назар ба таърих ва дарк кардани дастовардҳои Истиқлолият ба қадри сулҳу субот мерасем. Ин рӯз моро ба ҳамдигарфаҳмӣ, ваҳдат, меҳнатдӯстӣ, эҳтиром ба давлат ва масъулиятшиносӣ даъват мекунад.

Рӯзи Президент на танҳо рамзи эҳтиром ба роҳбарияти давлат, балки таҷассумгари масъулиятшиносии ҳар як шаҳрванд дар назди Ватан мебошад. Миллате, ки роҳбари хирадманду вафодор дорад, ба ояндаи дурахшон ва пешрафти устувор умед мебандад. Дар навбати худ, ҳар як шаҳрванди ин Тоҷикистони соҳибистиқлол низ бояд ба арзишҳои миллӣ, давлатдории конститутсионӣ ва ҳифзи амнияти ҷомеа содиқ монад.

Имрӯз, вақте ба роҳи тайкардаи давлат назар меафканем, бо ифтихор гуфта метавонем, ки Тоҷикистон дар масири дуруст қарор дорад. Сулҳу субот, ваҳдати миллӣ, пешрафти иқтисод, рушду нумӯи фарҳангу илму маориф ва баланд шудани сатҳи зиндагии мардум натиҷаи сиёсати давлат ва заҳмати шабонарӯзии тамоми ҷомеа аст.

Ҷашни Рӯзи Президент ин ҳама дастовардҳоро ба ҳам мепайвандад ва ҳамчун рамзи худшиносии миллӣ дар худ таҷассум мекунонад. Дар ин рӯзе, ки мардуми кишвар бо эҳсоси ифтихор ба гузашта менигарад ва бо боварӣ ба оянда қадам мегузорад, масъулияти ҳар як фарди ҷомеа бештар мегардад. Ояндаи давлат аз дониш, меҳнат, ваҳдат ва садоқати ҳар як шаҳрванди он вобаста аст.

Бигзор Тоҷикистони азизи мо ҳамеша дар фазои сулҳу субот, ваҳдату ҳамдигарфаҳмӣ рушд кунад ва ҳар як рӯзи кишвар баҳри таҳкими пояҳои давлатдорӣ, пешрафти иқтисодӣ ва боз ҳам ободу шукуфон гардидани Ватан халқи моро ба ваҳдати бештари миллӣ ҳидоят намояд.

ДАВЛИЁРОВА Сафаргул Тешаевна, ходими пешбари илмии Шуъбаи Иттиҳоди Давлатҳои Мустақили

Институти омӯзиши масъалаҳои давлатҳои Осиё ва Аврупои АМИТ, номзади илмҳои фалсафа, дотсент

Иҷлосияи XVI- уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки 16 ноябри соли 1992 дар шаҳри Хуҷанд баргузор гардид, дар таърихи навини кишвар ҳамчун рӯйдоди сарнавиштсоз пазируфта мешавад. Ин иҷлосия дар шароите баргузор шуд, ки давлати ҷавони тоҷикон дар як давраи буҳронии амиқи сиёсӣ, иҷтимоӣ ва амниятӣ қарор дошт, сохторҳои идоракунӣ фурӯпошида, низоъҳои дохилӣ ба ҷанги шаҳрвандӣ мубаддал гардида буданд ва хатари пурраи аз байн рафтани давлатдорӣ ба таври воқеӣ вуҷуд дошт. Дар чунин вазъияти бисёр ҳассос Иҷлосияи XVI- ум ҳамчун ягона минбари қонунӣ тавонист иродаи миллӣ, иқдоми сиёсӣ ва масъулияти давлатдориро ҷамъоварӣ намуда, ба самти барқарорсозии низоми идоракунӣ ва эҳёи ҳокимияти қонунӣ раҳнамои воқеӣ гардад. Ин иҷлосия дар худ аҳамияти таърихӣ дошт, зеро сарнавишти давлат, суботи ҷомеа ва ояндаи миллат маҳз дар ҳамин ҷаласаи тақдирсоз ҳаллу фасл гардид.

Дар Иҷлосияи XVI- уми Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон масъалаи асосӣ интихоби роҳбари нави давлат буд, зеро идомаи беназмиҳо агар идома меёфтанд, кишвар аз идора баромада, ба марҳилаи парокандашавӣ мерасид. Дар чунин лаҳзаи муайянкунандаи таърихӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки таҷрибаи корӣ, заковати сиёсӣ ва ҷаҳонбинии давлатдорӣ дошт, бо иродаи вакилони мардумӣ ба сифати Раиси Шӯрои Олӣ интихоб гардид. Интихоби ӯ на танҳо як қадами ташкилии парлумонӣ, балки оғози давраи нави муҳими давлатсозӣ гардид. Маҳз аз ҳамин иҷлосия марҳилаи эҳё ва устуворсозии давлатдории тоҷикон шуруъ шуд, ки дар маркази он шахсияти муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамчун роҳбари хирадманд, боирода ва ваҳдатофар қарор гирифт.

Хизматҳои Пешвои миллат дар марҳилаи пас аз иҷлосия бениҳоят бузург ва сарнавиштсоз мебошанд. Дар шароити ҷанги шаҳрвандӣ ӯ пеш аз ҳама ба боздоштани хунрезӣ ва барқарор кардани сулҳ талош намуданд. Сиёсати сулҳҷӯёна, иродаи устувор ва нақши шахсии муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон имкон дод, ки музокироти сулҳ оғоз гардад, гурӯҳҳои даргир ба мубоҳисаи сиёсӣ ҷалб шаванд ва дар сатҳи байналмилалӣ Тоҷикистон ҳамчун давлати сулҳхоҳ муаррифӣ гардад. Сафарҳои пайдарпайи ӯ ба кишварҳои хориҷӣ, мулоқотҳо бо сарварони давлатҳо ва намояндагони созмонҳои ҷаҳонӣ ба ин раванд неруи тоза бахшид. Дар натиҷа, пас аз чанд соли кӯшишҳои пайгирона Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ ба имзо расид, ки яке аз дастовардҳои беназири таърихӣ буда, дар минтақа намунаи барҷаста ба шумор меравад.

Пешвои миллат на танҳо сулҳро барқарор намуд, балки ба эҳёи низоми давлатдорӣ асос гузошт. Дар заминаи сиёсати оқилона ва талошҳои пайвастаи ӯ сохторҳои идории давлат аз нав эҳё шуданд, ташкилотҳои низомию ҳуқуқӣ фаъолиятро барқарор намуданд, механизми амнияти миллӣ мукаммал гардид ва барқарорсозии иқтидорҳои иқтисодӣ оғоз шуд. Маҳз бо иқдоми муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Конститутсияи нави Ҷумҳурии Тоҷикистон соли 1994 қабул гардид, ки пояи ҳуқуқӣ ва арзишии давлатдории навинро муайян кард. Ин Конститутсия ба тамоми соҳаҳо – ҳуқуқ, идоракунӣ, иқтисод, сиёсати хориҷӣ ва иҷтимоъ – такони ҷиддӣ бахшид ва Тоҷикистонро ба самти давлатдории демократӣ ва ҳуқуқбунёд равона сохт.

Дар баробари ин, Пешвои миллат ба масъалаи барқарорсозии зиндагии шаҳрвандон, бозгардонии гурезагон ва ҳалли мушкилоти иҷтимоӣ таваҷҷуҳи махсус дод. Бо талошҳои ӯ садҳо ҳазор гурезагон ба ватан баргардонда шуданд, хонаҳои харобгардида барқарор гардиданд ва оҳиста-оҳиста фаъолияти мактабҳо, беморхонаҳо, инфрасохтори нақлиётӣ ва энергетикӣ эҳё ёфт. Ин раванд барои таҳкими ваҳдати миллӣ ва ба фазои ором баргардондани ҷомеа нақши ҳалкунанда бозид.

Аз нуқтаи назари иқтисодӣ, саҳми Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар барқарорсозии иқтисоди миллӣ ва таъсиси асосҳои рушди дарозмуддат асосӣ ба ҳисоб меравад. Дар давраи душвори пасоҷангӣ, ки буҷет холӣ, корхонаҳо аз фаъолият монда ва инфрасохтор хароб буд, бо роҳбарии ӯ барномаҳои ислоҳоти иқтисодӣ қабул гардиданд, муносибатҳои нави бозорӣ ба роҳ монда шуданд ва Тоҷикистон ба марҳилаи рушди устувор қадам гузошт. Ҳамчунин, бо дастгирии ӯ лоиҳаҳои бузурги инфрасохторӣ, аз ҷумла роҳҳои байналмилалӣ, нақбҳо, пулҳо ва иншооти гидроэнергетикӣ амалишавӣ ёфтанд, ки кишварро аз бунбасти коммуникатсионӣ раҳо намуданд.

Аз ҷиҳати сиёсати хориҷӣ, Тоҷикистон бо роҳбарии Пешвои миллат сиёсати мутавозин ва ҳушмандонаро пеш бурд. Солҳои аввали истиқлол кишвар дар арсаи байналмилалӣ шинохти кофӣ надошт, аммо талошҳои пайвастаи муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои мустаҳкам кардани робитаҳо бо кишварҳои ҳамсоя, давлатҳои абарқудрат ва созмонҳои байналмилалӣ имкон дод, ки мавқеи сиёсӣ ва иқтисодии Тоҷикистон дар миқёси ҷаҳонӣ таҳким ёбад. Ин сиёсати мутавозин имрӯз Тоҷикистонро ҳамчун иштирокчии фаъоли равандҳои минтақавию байналмилалӣ нишон медиҳад.

Бар асоси ин ҳама далелҳо метавон гуфт, ки Иҷлосияи XVI- уми Шӯрои Олӣ нуқтаи ибтидоии давлати навини тоҷикон гардид. Ин иҷлосия на танҳо сохторҳои давлатиро эҳё кард, балки ба миллат умед, ба ҷомеа оромӣ ва ба давлат роҳе барои рушди минбаъда бахшид. Ҳамаи ин натиҷаҳо бо роҳбарии хирадмандона ва хизматҳои беназири Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон имконпазир шуданд, ки бо иродаи сиёсӣ, ҷасорати давлатӣ ва диди дурбинона тавонистанд сарнавишти миллатро аз буҳрони ҳалокатбор ба сӯи ояндаи орому босаодат равона созанд. Иҷлосияи XVI- уми Шурои олии Ҷумҳурии Тоҷикистон имрӯз ҳамчун рамзи эҳёи давлатдорӣ, сарчашмаи ваҳдати миллӣ ва заминаи устувори бунёди давлати муосири тоҷикон шинохта мешавад.

Саидов А. - Ходими хурди илмии Шӯъбаи география ва зондкунонии Раёсати АМИТ

“Барои халқ, ҳукумат ва давлати мо Иҷлосияи 16- уми Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аҳамияти бузурги таърихӣ дорад. Он ҷомеаро аз муқовимати сиёсии фоҷиабор, аз ҷанги таҳмилии бародаркуш, аз оворагиву дарбадарӣ наҷот дод. Асолати таърихии халқамон, яъне одамият, маърифатпарварӣ ва сӯлҳдӯстиро ба ӯ баргардонд. Дастархонашро пурфайз кард”

Эмомалӣ Раҳмон

Таърихи куҳандиёри Тоҷикистони соҳибистиқлол саршор аз воқеаҳои бузурги сиёсӣ ва саҳифаҳои рангине аст, ки инъикосгари як марҳалаи ташаккул ва рушди давлатдории миллӣ мебошад.

Сарнавишти миллати тоҷик дар давоми асрҳо чун дигар қавмҳои ориёинажод бисёр ҳам печ дар печ буда, халқи тоҷик дар мубориза барои озодӣ ва эҳёи давлатдорӣ дар масири таърих ҷоннисориҳои зиёде кардааст.

Лозим ба ёдоварист, ки 16-уми ноябри соли 2025 аз гузашти Иҷлосияи XVI – уми Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон 33- соли рассо пур мешавад. Мардуми шарифи Тоҷикистон ҳамасола ин санаи муҳими тақдирсозро дар фазои танинандози сулҳу ваҳдати миллӣ таҷлил менамоянд. Зеро маҳз 33 сол муқаддам бо иштироки вакилони халқ, баҳри ба як низоми муайян овардани авзои сиёсии ҷомеа дар шаҳри бостонии Хуҷанд Иҷлосияи XVI – уми Шурои Олӣ баргузор гардид. Вақте сухан аз Иҷлосияи XVI – уми Шурои Олӣ, даъвати XII меравад, ёдовар мешавем, ки то расидан ба ин айём чӣ мушкилотро аз сар гузаронидем ва ниҳоят ба ҳадаф расидем.

Дар ҳамон авзои мураккаби сиёсии ҷомеа, дар меҳвари “Маҷлиси машваратӣ” доир ба эътидол овардани вазъи сиёсӣ, қабули конститутсияи нав, барқарор намудани ҳокимияти конститутсионӣ ва интихоби роҳбарияти нави сиёсӣ, ҳалли масъалаи фирориён, ҳолати вазнини иқтисодию иҷтимоии ҷумҳурӣ садо дод ва аз Шурои Олӣ талаб гардид, ки оид ба ин ва дигар масоили мубрам қарорҳои дахлдор ва созанда қабул намояд.

Масъалаи муҳим ва мубрами Иҷлосия интихоби роҳбари нави ҷумҳурӣ маҳсуб меёфт. Ҳамин тавр, баррасии масоили интихоби Раиси нави Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон мавриди муҳокима қарор гирифт. Намояндаи халқ Мирзоев А. аз ҳавзаи интихоботии № 47, аз номи намояндагони шаҳри Турсунзода ва ноҳияҳои Ҳисору Шаҳринав сухан намуда, номзадии вакили халқ Эмомалӣ Шарифович Раҳмоновро аз ҳавзаи интихоботии Данғара ба вазифаи Раиси Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод намуд. Дар натиҷаи овоздиҳии пинҳонӣ аз 193 нафар вакили халқ, ки дар Иҷлосия ширкат меварзиданд, 186 нафар ба тарафдории Эмомалӣ Раҳмонов овоз доданд. Дар маҷмӯъ 74 санади ҳуқуқӣ, аз ҷумла 15 қонун, 52 қарор, 6 фармон ва 2 муроҷиатнома қабул гардид. Тибқи Қарори Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон 19 – уми ноябри соли 1992 Эмомалӣ Шарифович Раҳмонов ба вазифаи Раиси Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб гардид.

Пешвои муаззами миллат, Эмомалӣ Раҳмон бо як ҷасорату мардонагӣ савганд ёд намуд, ки дар хидмати мардуми Тоҷикистон қарор хоҳад дошт ва ба Конститутсия, Парчаму Нишони давлатӣ ҳамеша содиқ мемонад ва суханони хешро бо чунин матлаб оғоз намуд, ки “Ман кори худро аз сулҳ оғоз хоҳам кард. Ман тарафдори давлати демократӣ ва ҳуқуқбунёд мебошам. Мо ҳама бояд ёру бародар бошем, то ки вазъиятро ором намоем…”

Маҳз бо туфайли амалӣ гардидани ҳамон қарору қонунҳои Иҷлосия XVI-уми Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон буд, ки имрӯзҳо кишвари азизамон Тоҷикистони биҳиштосо тавонист, дар фазои сулҳу оромӣ, дустӣ, эҳтиром ва эътирофи якдигар рушду равнақ намояд.

Маҳз натиҷаи ҳамон Иҷлосия буд, ки заминаи муҳим барои истиқрори сулҳ, ризояти миллӣ ва ҳамбастагии мардуми кишвар гузошт, волоияти қонун барқарор шуд ва ҳалли масъалаҳои муҳими сиёсӣ бо роҳи конститутсионӣ шурӯъ гардид.

Иҷлосия исбот кард, ки миллати тоҷик дорои қувваи солим ва иродаи қавиест, ки кишварро аз буҳрони сиёсӣ берун бароварда метавонад. Аҳамияти таърихии Иҷлосия барои дарки худшиносӣ ва ҳуввияти миллии тоҷикон ва мардуми Тоҷикистон арзиши бузурги таърихие дорад, ки имрӯз мояи ифтихор аст. Иҷлосия истиқлоли воқеии миллати тоҷикро бо сарварии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъмин карда, барои худшиносии миллӣ ва иқдоми муҳими сиёсию иҷтимоӣ ва фарҳангӣ заминаи мусоид фароҳам овард.

Воқеан, имрӯз, таҳлили роҳи 31- солаи ҷумҳурии мустақил ва соҳибихтиёри Тоҷикистон нишон медиҳад, ки сарчашмаи дастовардҳои назарраси дар ин фосила ба даст омада, пеш аз ҳама, суботу ваҳдати ҷомеа, эъмори аркоми давлатдории навини миллӣ, раҳоӣ аз бӯҳрони иҷтимою иқтисодӣ ва фарҳангӣ маҳз ҳамин иҷлосияи таърихӣ мебошад.

Натиҷа ва самараи ҳамон Иҷлосияи тақдирсоз аст, ки солҳои охир гулгашту хиёбонҳои пойтахти азизамон таҳти сарварии Пешвои муаззами миллат ва ҷидду ҷаҳди бевоситаи Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ, ободтару зеботар гашта, маҳбуби дили сокинони пойтахту кишвари азизамон ва сайёҳони хориҷӣ гаштаанд. Пешрафти иқтисодиёт ва таъмини амнияти шаҳрвандон боис гашт, ки ҳамасола ба Тоҷикистон ҳазорон сайёҳони хориҷӣ ташриф меоранд.

ДОСТИЕВА Дилафруз, ходими хурди илмии шуъбаи Осиёи Ҷанубу Шарқии Институти

омӯзиши масъалаҳои давлатҳои Осиё ва Аврупои Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон

ОЗМУНҲОИ ҶУМҲУРИЯВӢ

Президентҳои Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон

 

(Академияи илмҳои ҶШС Тоҷикистон 1951-1991, Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон 1991-2020) 

Айнӣ Садриддин Саидмуродович

Айнӣ Садриддин Саидмуродович (1878-1954). Президенти Академияи илмҳои ҶШС Тоҷикистон аз 14 апрели соли  1951  то 15 июли соли  1954.

Умаров Султон Умарович

Умаров Султон Умарович (1900-1964). Президенти Академияи илмҳои ҶШС Тоҷикистон аз 11 марти соли  1957  то 6 майи соли  1964.

Осимов Муҳаммад Сайфиддинович

Осимов Муҳаммад Сайфиддинович (1920-1996). Президенти Академияи илмҳои ҶШС Тоҷикистон аз 23 майи соли  1965  то 6 майи соли  1988.

Неъматуллоев Собит Ҳабибуллоевич

Неъматуллоев Собит Ҳабибуллоевич (1937). Президенти Академияи илмҳои ҶШС Тоҷикистон (Ҷумҳурии Тоҷикистон) аз 6 майи соли  1988  то 16 июни соли  1995.

Мирсаидов Ӯлмас Мирсаидович

Мирсаидов Ӯлмас Мирсаидович (1945). Президенти Академияи илмҳои Ҷумҳурии  Тоҷикистон аз 16 июни соли  1995  то 3 феврали соли  2005.

Илолов Мамадшо Илолович

Илолов Мамадшо Илолович (1948), Президенти Академияи илмҳои Ҷумҳурии  Тоҷикистон аз 3 феврали соли  2005  то 6-уми декабри соли 2013.

Фарҳод Раҳимӣ

Фарҳод Раҳимӣ  (1968)  Президенти Академияи илмҳои Ҷумҳурии  Тоҷикистон аз 6-уми декабри соли  2013  то 16 январи соли 2024.

Хушвахтзода  Қобилҷон  Хушвахт

 

Хушвахтзода  Қобилҷон  Хушвахт (1982) Президенти Академияи  миллии илмҳои   Тоҷикистон аз 16-уми январи соли  2024  то инҷониб. Муфассал...

 

 

Суханҳои Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон оид ба илм