Skip to main content

Истиқлолият бақои миллат ва асоси ҳастии давлат аст. Ҳар як шаҳрванди бедордил, махсусан ҷавонон вазифадоранд онро ҳифз кунанд ва пос доранд.

Бояд қайд намуд, ки даврони Истиқлолият барои мо имкони воқеӣ фароҳам овард, ки роҳи имрӯзу ояндаи миллат ва пешрафти минбаъдаи Тоҷикистони азизу маҳбубамонро ба сӯйи ҷомеаи демократӣ, ҳуқуқбунёд ва дунявӣ равона намоем. Истиқлолият барои мо рамзи олии Ватану ватандорӣ, бузургтарин неъмати давлатсозию давлатдории мустақил, созандагӣ, азму талошҳои фидокоронаи расидан ба истиқлолияти сиёсӣ, иқтисодӣ ва фарҳангиро омӯзонида, меъёрҳои ҷомеаи шаҳрвандиро таҳким бахшид ва дар як вақт ҳаёти озодонаи ҳар фард ва баландтарин зинаи бахту саодати ҳақиқии миллат мебошад.

Бояд гуфт, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамчун поягузори сулҳ ва меъмори ваҳдат дар таърихи навини давлатдории тоҷикон хизматҳоеро ба анҷом расонида тавонистааст, ки ормонҳои ҳазорсолаи тоҷикистониён ва тоҷикони дунё буданд. Ба даст овардани сулҳу ваҳдат, махсусан ба имзо расидани Созишномаи истиқрори сулҳ барои ваҳдати миллӣ заминаи босазое гузошт, ки ин ҳама аз ҳидояту ҷасорати ин фарзанди фарзонаи миллат буд.

Аз ин рӯ, хизматҳои Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои ба эътидол овардани ҷангт шаҳрвандӣ, барқарор намудани ваҳдати миллӣ ва амалӣ гардонидани Созишномаи сулҳи тоҷикон дар саҳифаҳои таърихи миллати тоҷик барои ҳамешагӣ бо ҳарфҳои заррин сабт хоҳанд шуд.

Истиқлолият барои мо на танҳо таъриху рамз, балки шаҳодати ҳаёти озоду соҳибихтиёр аст. Мо бояд бо дониш, фарҳанг, худогоҳӣ ва меҳнати ҳалол Ватанро обод намоем ва исбот созем, ки сазовори номи “ҷавонони даврони истиқлол ” ҳастем. Имрӯз мо дар фазои сулҳу суботи Ватан зиндагӣ дорем, ки ин ҳама аз неъмати бебаҳои Истиқлолият аст. Истиқлолият барои мо имкони таҳсил кардан, озодона андешидан, фаъолият дар ҷомеа ва саҳм гузоштан дар рушди давлатамонро фароҳам овардааст. Давлат ба ҷавонон таваҷҷуҳи махсус зоҳир менамояд. Сиёсати миллии ҷавонон, дасгирии ҷавонон дар илм, варзиш, касбомӯзӣ ва соҳибкорӣ – ҳамаи ин аз ғамхории давлат нисбат ба насли нав шаҳодат медиҳад.

Мо ҷавонони асри XXI, бояд арзиши Истиқлолиятро на танҳо донем, балки онро бо амалу дониш, бо рафтори намунавӣ ва садоқат ба Ватан ҳифз намоем. Мо ҷавонони саодатманди тоҷик ҳамеша бояд дар хотир дошта бошем, ки халқи озодихоҳи тоҷик асрҳои аср барои ба даст овардани Истиқлолияти Ватани азизамон талошу ҷоннисориҳо кардааст ва акнун ҳифзу нигоҳдории ин неъмати бузург, таҳкими сулҳу субот ва ваҳдати миллӣ вазифаи бевосита ва муқаддаси мо мебошад. Расидан ба қадри Истиқлолият ва давлатдории мустақилона, таҳкими сулҳу субот ва ваҳдати миллӣ, эҳсоси гарми ватандориву ватанпарастӣ, бедории маънавӣ, ифтихори миллӣ, пос доштани арзишҳои миллӣ ва рамзҳои давлатдорӣ – ҳама дар маҷмӯъ моро ба сӯи хушбахтиҳои бепоёне мебарад, ки аз шаҳди он наслҳои оянда низ ба таври комил комгор мегарданд.

Инак миллати тоҷик 34-умин солгарди ҷашни Истиқлолиятро таҷлил мекунад, ки он нишонаи муттаҳидиву иродаи қавии ҳар як шаҳрванди баору номуси мамлакат ҳаст. Истиқлоли давлатӣ муҳимтарин дастоварди миллати тоҷик буда, он барои таъмини зиндагии шоиста ва баланд бардоштани сатҳи некӯаҳволии аҳолӣ шароити мусоидро фароҳам овардааст.Самараи неки истиқлол аст, ки имрӯз Тоҷикистон дар дунё чун давлати сулҳхоҳу сулҳпарвар шинохта шудааст. Мо бояд аз ин миллату давлати тоҷикони барӯманд биболему барои боз ҳам машҳуртар гардидани он кӯшишу ғайрат намоем.

Мо ҷавонон ифтихор мекунем, ки фарзандони даврони Истиқлол ҳастем. Мо бояд пайравони содиқи Пешвои миллат бошем, Ватанро дӯст дорем ва дар ободии Тоҷикистони маҳбуб саҳми худро гузорем.

Мо ҷавонони ватан созандаем,

Дӯстдори давлати пояндаем.

Шукри истиқлолу ваҳдат шукри сулҳ,

Шукри ҳақ, ки бо лаби пурхандаем.

Шамсзода Ҷамила – магистранти курси 2-юми ихтисоси Муносибатҳои байналмиллалии

Институти омӯзиши масъалаҳои давлатҳои Осиё ва Аврупои Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон.