Skip to main content
Экстремизм дар миёни як гурӯҳи иҷтимоӣ аз гурӯҳи иҷтимоии дигар фарқ мекунад, он вобаста аз як доира нисбат ба доираи дигар хусусиятҳои худро дорад. Масалан, руҳияи экстремизм ва муқовимат ба он дар доираҳои ҷавонон, занон, хонаводаҳо ва ё ҷомеаҳои мазҳабӣ ва ғ. аз ҳам фарқ мекунад.

Баъзе хусусиятҳои экстремизмро дар мисоли паҳншавӣ миёни ҷавонон баррасӣ мекунем, зеро ин падидаи номатлуб, пеш аз ҳама, ба доираҳои ҷавонон хос аст. Экстремизми ҷавонон шакли хосе аз фаъолмандии онҳо аст, ки аз доираи меъёрҳо, намунаҳо ва шаклҳои пазируфташуда берун рафта, ба вайрон кардани низоми иҷтимоӣ ва ё ягон қисмати он равона шудааст. Экстремизм миёни ҷавонон ҳамчун падидаи оммавии даҳсолаҳои охир дар фазои пасошӯравӣ дар беэътиноӣ ба қоидаҳо ва меъёрҳои амалкунандаи рафтор дар ҷомеа ва ё инкори онҳо ифода меёбад, ки онро аз мавқеъҳои гуногун метавон баррасӣ кард.

Тавре маълум аст, ҳама гуна падидаҳо дар таърихи башарият дорои робитаи сабабӣ мебошанд. Падидаи экстремизм миёни ҷавонон, ки ба таври фаъол паҳн шудааст ва ба ин омилҳои гуногун мусоидат кардаанд, ҳамчун воқеияти мо аз ин қатор истисно нест. Омилҳои пайдоиши экстремизму терроризми ҷавононро шартан метавон ба таври зайл гуруҳбандӣ намуд: - иҷтимоию иқтисодӣ; - равонӣ; - ҳуқуқӣ; - сиёсӣ; - демографӣ ва иқлимӣ-ҷуғрофӣ.

Буҳронҳои иқтисодӣ ва сиёсие, ки баъди пошхӯрии собиқ Иттиҳоди Шуравӣ ба вуҷуд омаданд, барои аксари ҷавонон дар оғози солҳои навадуми асри гузашта боиси буҳрони маънавӣ ва ташаккули шахсияташон гардиданд. Табақабандии иҷтимоии ҷомеа, ки дар ин замон зуҳур кард, барои бархе аз онҳо боигарӣ овард ва бархеро аз моликияти моддӣ маҳрум намуд, дар миёни бархе аз намояндагони ҷавонон ноумедӣ, аз даст додани дурнамои зиндагӣ ва ҳамчунин ҳисси маъюсиро ба бор овард. Руҳияи сардаргумӣ ва ноумедие, ки бархе аз қишрҳои ҷавононро фаро гирифта буд, татбиқи худро дар шаклҳои гуногуни рафторҳои зиддииҷтимоӣ пайдо кард.

Аз маҷмуи омилҳои таъсиррасон ба рушд ва шаклгирии ҳама намуди экстремизму терроризм миёни ҷавонон дар замони мо инҳоро метавон ҷудо кард:

1) суст шудани корҳои тарбиявӣ бо ҷавонон;

2) буҳрони ниҳоди оила ва тарбияи хонаводагӣ;

3) паст шудани шароити зиндагӣ ва вазъи номуайянӣ;

4) нуфузи фаъол пайдо кардани фарҳангҳои омиёна;

5) фаъолшавии фаъолияти созмонҳои экстремистии динӣ.

6) паҳншавии густардаи воситаҳои муосири иртибот ва иттилоот ва ғайра.

Аз нимаи дуюми солҳои навадуми асри гузашта муқовимат ба равандҳои ифротгароӣ дар Интернет самти муҳими фаъолиятҳои зиддиэкстремистии кишварҳои пешрафта қарор гирифт. Маҳз барои ҳамин омӯзиши таҷрибаи хориҷии мубориза бо зуҳуроти экстремизм дар Интернет чӣ дар бахши идеология ва чӣ дар бахши қонунгузорӣ манфиати қобили мулоҳиза дорад.

Ҳангоми таҳлили экстремизм миёни ҷавонон метавон чанд навъи онро ҷудо кард:

- экстремизм дар бахши робитаҳои байниқавмӣ, ки асоси онро идеяҳои миллатгароёна ташкил медиҳад ва мазмуни он аз мухолифат миёни намояндагони миллатҳои гуногун иборат аст. Зуҳури фаъолмандии экстремизм метавонад аз сӯйи миллати унвонӣ дар баробари ақаллиятҳо ва ё баръакс бошад. Дар љумҳурии мо ин намуди экстремизм ба назар намерасад, лекин тољикони муҳољир бо он дар Россия дар мисоли скинхендҳо дучор мешаванд;

- экстремизми динӣ. Асоси онро мухолифат миёни намояндаҳои мазҳабҳо, динҳо ва равияҳои динии гуногуне, ки дар як қаламрав зиндагӣ мекунанд, ташкил медиҳад. Мисоли ин, дар кишвари мо дар фаъолияти љараёнҳои ваҳобия, салафия, Ҳизбуттаҳрир ва ғайра зуҳур намуда буд;

- экстремизми сиёсӣ. Ба муқобили низоми сиёсии кунунии давлат, намояндагони он ва ё рақибони сиёсии он равона шудааст;

- экстремизм дар доираи хурди фарҳангии (субкултураи) ҷавонон. Асоси ин гуна кирдорро мухолифат миёни намояндагони гурӯҳҳои фарҳагии фарқкунандаи ҷавонон, ки ҳомили арзишҳо, навъҳо, моделҳои рафтору ҷаҳонбиниҳои ба ҳамдигар муқобил мебошанд, ташкил медиҳад;

- экстремизми иҷтимоӣ. Дар заминаи мухолифатҳои гурӯҳҳои иҷтимоии гуногун сар мезанад ва ба решакан ва нобуд кардани ҷамъият ё ҷомеаи алоҳида нигаронида шудааст.

Аксари ҷиноятҳои характери ифротгароёнадошта аз тарафи ноболиғон дар ҳайати гурӯҳҳо содир карда мешаванд. Аз ин рӯ, бояд дар назар гирифт, ки дар вақти гурӯҳ, омма, тӯда шудан, зеҳни инсон, хусусан, љавонон, кунд мегардад. Ин дар маҷмуъ тафовути бисёр муҳими ҷинояткории ноболиғон ва дар алоҳидагӣ экстремизм миёни ноболиғон мебошад. Наврасони дар алоҳидагӣ нотавон, вале хушунатхоҳ ба ҳам омада, метавонанд ба низоми иҷтимоӣ, хусусан дар муассисаҳои таълимӣ таҳдид кунанд. Дар чунин гурӯҳҳои наврасон аъзои онҳо барои худ мақоми муайян пайдо карда, дар он арзишҳои хоси худро ба таври муболиғаомез хеле баланд эҳсос менамоянд.

Экстремизм инчунин хоси ҷомеаҳои динӣ, равияҳо ва фирқаҳои он мебошад. Тавре маълум аст, набудани таҳаммулпазирӣ дар баробари дигарандешии динӣ метавонад аз оғоз майл ба паҳншавии хушунатомези таълимоти худ дошта бошад. Дар чунин ҳолатҳо идеологияи экстремистӣ рушд мекунад. Муроҷиат ба олимони бонуфузи динӣ ва донишмандони дигар ба сифати омили қавии таъсиргузорӣ ба омма, ҷалби онҳо ба сӯйи худ, хусусан агар ин таълимот барои ҷомеа суннатӣ ё посухгӯйи ниёзҳои қисме аз онҳо бошад, хизмат мерасонад. Дар баробари ин, мухолиф эълон кардани ҳамаи онҳое, ки бо чунин идеологияҳо мувофиқ нестанд, нишондиҳандаи омили ҷиддии равоние на танҳо барои тарафдорони муттаҳидшудаи идеологияи экстремизм мебошад, балки дар назари онҳо мақоми иҷтимоии худи онҳоро боло мебарад.

Ҷомеа ва ё равияи динӣ – гуруҳ ё ҷомеаи иҷтимоиест, ки аз дини ҳоким ҷудо шудааст. Аз рӯйи баҳогузории мутахассисон, дар ҷаҳон ҳазорон равия вуҷуд дорад. Бисёр будани равияҳо тасодуфӣ нест. Ҳатто аз нигоҳи забонӣ вожаи “равия” ё “секта” маънои чизи ҷудошуда аз умумро дорад. Таърихи ҳар гуна равия нишон медиҳад, ки дар саргаҳи он мухолиф гузоштани худ ба тартиботи мавҷуда ва арзишҳои маънавии суннатӣ аст.

Ба бахши қобили мулоҳизаи ҷомеаҳои динӣ идеологияи муосири бунёдгароии исломӣ таъсир мегузорад. Дар солҳои ахир таваҷҷуҳи ҷомеаи ҷаҳонӣ ба ин идеология зиёд шудааст. Ҳадафи онҳо дар кишварҳои мусулмонӣ ва ҳатто дар ҷаҳон ҷорӣ кардани “низоми исломӣ”-и нав дар сохтори давлативу иҷтимоӣ ва низоми равобити миёни инсонҳо мебошад. Роҳи ҳалли ин ҳадафи ҷаҳонӣ, аз нигоҳи ҷонибдорони бунёдгароии исломӣ хеле гуногун, то ҳатто истифода аз василаҳои хушунату силоҳ мебошад. Ҳадафҳои таҷовузгаронаи худро онҳо таҳти шиорҳои “исломи ноб”, мубориза барои эҳёи усулҳои он ҳамчун дини ҷаҳонӣ пинҳон мекунанд. Вале амалҳои воқеии бунёдгароёни муосир ҳеч умумияте бо исломи асилу воқеӣ надоранд.

Хуршед Зиёӣ - доктори илмҳои фалсафа, профессор, муовини директор оид ба илм ва таълими

Институти фалсафа, сиёсатшиносӣ ва ҳуқуқи ба номи А. Баҳоваддинови АМИТ