Skip to main content

(дар ҳошияи аз ҷониби Маҷмаи Умумии СММ қабул гардидани қатъномаи Тоҷикистон дар бораи «Соли байналмилалии маърифати ҳуқуқӣ - 2027»

123Ташаккули низоми пойдори давлатдорӣ ва таъмини устувории низоми ҳуқуқӣ яке аз шароити асосии рушди ҳамаҷонибаи ҷомеа ва расидан ба ҳадафҳои стратегии давлат маҳсуб меёбад. Таҷрибаи давлатдории муосир собит намудааст, ки бидуни мавҷудияти заминаи мукаммали ҳуқуқӣ, қонунгузории босифат ва волоияти қонун рушди устувори сиёсӣ, иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангӣ ғайриимкон аст. Дар ин замина, баъди касби Истиқлоли давлатӣ Ҷумҳурии Тоҷикистон бо зарурати ташаккули модели нави идоракунии давлатӣ, муайян намудани самтҳои афзалиятноки сиёсати давлатӣ ва бунёди низоми ҳуқуқии миллӣ рӯ ба рӯ гардид. Ҳанӯз дар замони раёсати Шурои олии Ҷумҳурии Тоҷикистонро бар душ гирифтанашон, дурнамои рушди давлати моро ҳамчун кишвари соҳибихтиёр, демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ ва ягона хеле андешамандона ва собитқадамона тарҳрезӣ намуданд. Дар марҳилаҳои минбаъдаи роҳбариашон дар бахши таҳкими низоми ҳуқуқӣ ва қонунгузории миллӣ аз василаву расмиёти мухталиф, махсусан дар доираи татбиқи салоҳияти конститутсионии худ барои комил гаштани он пайваста талош карданд. Зеро тарзе ки Сарвари давлат баён доштаанд, «рушди устувори сиёсиву иқтисодӣ ва иҷтимоиву фарҳангии кишвар аз заминаҳои мустаҳками меъёрии ҳуқуқӣ вобаста аст» (Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 20 апрели соли 2008).

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба масъалаҳои ҳуқуқӣ, таъмини ҳуқуқии инкишофи ҳаёти ҷомеа, ҳамқадами ислоҳоти сиёсӣ, иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангӣ будани қонунгузорӣ, таъмини волоияти қонун, таҳкими қонуният ва тартиботи ҳуқуқӣ, маърифати ҳуқуқии шаҳрвандон, эҳтиром ба ҳуқуқу озодиҳои дигарон диққати пайваста медиҳанд. Бо ташаббуси бевоситаи Пешвои миллат «Соли маърифати ҳуқуқӣ» эълон намудани соли 2024 шаҳодати он аст, ки Сарвари давлат ба маърифатнок гардидани аҳолӣ диққати асосӣ медиҳанд, зеро «маърифати ҳуқуқии шаҳрвандон, дар навбати худ, барои бунёди ҷомеаи пешрафта ва адолатпарвар нақши калидӣ дорад» (Суханронии Пешвои миллат дар маҷлиси тантанавӣ ба ифтихори 30-солагии қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон). Бояд қайд намуд, ки аз ибтидои солҳои Истиқлоли давлатӣ дарк гардида буд, ки рушди ҷомеа бидуни ташкили низоми ҳуқуқии мукаммал ғайриимкон аст. Дар робита ба ин, аз ҷониби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон якчанд санадҳое қабул гардиданд, ки ба инкишофи минбаъдаи сиёсати ҳуқуқии мамлакат таъсирри назаррас гузоштанд. Аз ҷумла, 9-уми апрели соли 1997 фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи сиёсати ҳуқуқӣ ва таъмини тарбияи ҳуқуқии шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон» қабул карда шуд, ки санади мазкур ба таъмини рушди бомароми низоми ҳуқуқии миллӣ ва ташаккули маърифати ҳуқуқии шаҳрвандон нақши муассир гузошт.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо истифода аз ҳуқуқи ташаббуси қонунгузорӣ ва ваколатҳои конститутсионии худ ташаббускори таҳия ва қабули санадҳои меъёрии ҳуқуқие мебошанд, ки ба манфиати давлату миллат, ҳуқуқу манфиатҳои наслҳои имрӯзу ояндаи халқ буда, мақсади асосии онҳоро рушди устувори давлат, беҳтар гардонидани сатҳу сифати зиндагии аҳолии мамлакат, таҳкими ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд, сиҳатии аҳолӣ, таъмини адолати иҷтимоӣ, амнияти миллату давлат, волоияти қонун, тартиботи ҳуқуқӣ ташкил медиҳад.

Дар саргаҳи ташаккули таҳкурсии мустаҳками ҳуқуқии миллат ва роҳи фардои давлати ҳуқуқбунёд роҳбари давлати Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон қарор дорад. Аз назари илми ҳуқуқшиносӣ ва техникаи қонунгузорӣ, ки нерӯи ҳуқуқии меъёрро имзои Роҳбари давлат муайян менамояд, бешак ӯ тарҳрезикунандаи ин низоми ҳуқуқист. Илова бар ин, дар аксари санадҳои тақдирсоз Президенти мамлакат на фақат ҳамчун роҳбари давлат имзо кардааст, балки дар зарурати таҳия ва қабули онҳо, беҳтар шудани маъниву мазмуни онҳо нақши барҷаста бозидааст. Ин ҳама гувоҳи он аст, ки ӯ ҳамчун бунёдгузори давлати нави муосири тоҷикон заминаи ҳуқуқии онро низ таҳия ва тарҳрезӣ намуда, ба ҳуқуқ хирадмандона назар карда, табиати меъёрҳои онро ба хирад, адолат, инсоф табдил дод (Холиқзода А.Ғ., Шарифзода М.М., Шосаидзода Ш.Ш. Пешво ва мактаби давлатдорӣ. – Хуҷанд: Ношир, 2022. – С. 59).

Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ибтидои солҳои соҳибистиқлолӣ дар мадди аввал ба таҳия ва қабули Конститутсия диққати асосӣ дода, комиссияҳои конститутсионӣ ташкил намуд. Яъне, аз аввали даврони Истиқлоли давлатӣ дарк гардида буд, ки бидуни Конститутсия, ки самтҳои асосии сиёсати давлатӣ ва роҳи минбаъдаи ташаккули онро муайян кунад, рушди давлатдорӣ ғайриимкон аст. Шаҳодат ин банди 14 Эъломияи истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 24 августи соли 1990 мебошад, ки тибқи он «Эъломияи мазкур асос барои таҳияи Конститутсияи нави Ҷумҳурии Тоҷикистон асос мебошад». Бо шарофати Истиқлоли давлатӣ ва заҳматҳои беназири Пешвои муаззами миллат ҳамчун роҳбари комиссияи конститутсионӣ оид ба таҳияи лоиҳаи Конститутсияи соли 1994, Конститутсияи Ҷумҳурии соҳибистиқлоли Тоҷикистон қабул гардид, ки минбаъд рушди бомароми низоми ҳуқуқии миллӣ дар партави арзишҳои бунёдии пешбининамудаи Қонуни асосии давлат рушд намуд.

Бо роҳбари Пешвои миллат дар Иҷлосияи XVI-уми Шурои Олӣ як қаттор санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ қабул гардид, ки онҳо таърихӣ ва тақдирсоз буда, барои бунёди рукнҳои давлатдории миллӣ, қабули Конститутсия, таъмини сулҳу субот ва ваҳдати миллӣ нақши муассир доранд. Саҳми таърихии Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар самти рушди қонунгузории миллӣ дар он аст, ки бо роҳбарии ин шахсият лоиҳаи Конститутсияи Тоҷикистони соҳибистиқлол таҳия ва қабул гардид. Роҳбари давлат ташаббускори ворид гардидани меъёрҳо ба Конститутсия дар бораи давлати демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ ва иҷтимоӣ будани Тоҷикистон, шакли идоракунии президентӣ, эътирофи халқ ҳамчун сарчашмаи ҳокимияти давлатӣ, арзиши олӣ эътироф намудани инсон ва ҳуқуқу озодиҳои ӯ ва дигар арзишҳои муҳими миллӣ ва демоктратӣ мебошанд.

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат дар даврони аввали соҳибистиқлолӣ ҷиҳати танзими ҳуқуқии муносибатҳои ҷомеа ва бо талаботи замони нав мутобиқ намудани қонунгузории миллӣ ташаббусҳои созанда ва ояндабинона манзур намудаанд. Аз ҷумла, Сарвари давлат Иҷлосияи ҳаждаҳуми Шурои олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 28 декабри соли 1993 изҳори андеша намуданд, ки «яке аз омилҳои асосии устувории иҷтимоию сиёсии ҷомеа, Қонуни асосӣ ва қонунҳое мебошанд, ки ба талаботи шароити замон ҷавобгӯ ҳастанд. Як қатор бахшҳои муҳимми Қонуни асосии ҷумҳурӣ ва дигар қонунҳое, ки дар заминаи онҳо таҳия гардидаанд, куҳна шудаанд ва ба меъёрҳои ҳуқуқи байналмилалӣ рост намеоянд. Аз ин рӯ, имрӯз барои мо вазифаи аз ҳама муҳим ин тайёр намудан ва қабул кардани Қонуни асосии кишварамон мебошад».

Паёмҳои ҳамасолаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон яке аз воситаҳое мебошанд, ки дар онҳо қабули санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ, такмили санадҳои қонунгузории амалкунанда ва баланд бардоштани сифати онҳо заминагузорӣ карда мешавад. Пайваста Асосогузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат ба масъалаи мукаммал намудани қонунгузорӣ, қабули қонунҳои ба талаботи байналмилалӣ ва шароити воқеии кишвар ҷавобгӯ, сифатнокии қонунҳо диққати асосӣ дода, ба аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии кишвар дастуру супоришҳои муайян медиҳанд. Пешвои миллат дар Паёми худ ба Маҷлиси Олии кишвар аз 20 апрели соли 2006 қайд намуданд, ки «таҳия ва қабули қонунҳои ба талаботи шароити нав ва замони муосир ҷавобгӯ яке аз омилҳои асосии устувории соҳаҳои иҷтимоиву сиёсии ҷомеа мебошанд». Воқеан, рушди ҳама соҳаҳои иқтисодию иҷтимоӣ ва сиёсии мамлакат аз рушди қонунгузорӣ ва сифатнокиву мукаммалии он вобастагии зич дорад. Дар ҷомеаи мутамаддини муосир қонун ҳамчун василаи танзимкунандаи ҳамаи паҳлуҳои ҳаёти ҷомеа нақш ва мавқеи бебаҳс дорад, зеро инкишофу пешрафти ҷомеа фақат бо роҳи танзими қонунӣ ва одилонаи муносибатҳои ҷамъиятӣ имконпазир аст.

Дастуру ҳидоятҳои Пешвои миллат, ки аз паёмҳояшон бармеоянд, ба рушди муътадил ва босуръати кишвар, бахусус низоми идоракунӣ, рушди иқтисодиёт, фарҳанг ва ҳуқуқ мусоидат менамояд. Бояд зикр намуд, ки самти такмили низоми ҳуқуқии миллӣ, махсусан такмили қонунгузории амлкунанда ва қабули қонунҳои сифатан нав ҷиҳати рушди иқтисодиву иҷтимоии кишвар меҳвари Паёмҳои ҳамасола ва суханрониҳои Пешвои муаззами миллатро ташкил медиҳанд. Аз ҷумла, Сарвари давлат зимни суханронӣ дар мулоқот бо фаъолон, намояндагони ҷомеа ва ходимони дини кишвар иброз намуданд, ки бо дарназардошти таҷрибаи дар ин самт андӯхташуда қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим» ва «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд» дар таҳрири нави ҷавобгӯ ба талаботи замон қабул карда шавад. Дар ин замина, қонунҳои зикршуда дар таҳрири нав қабул гардиданд.

Омӯзиш ва таҳлили паёмҳои Президенти мамлакат нишон медиҳад, ки дар кулли паёмҳо масъалаи такмили қонунгузории амалкунандаи кишвар, тавассути қонунгузорӣ фароҳам овардани шароити мусоид барои рушди устувор, қабули қонунҳои ба талаботи замон ҷавобгӯ ва масъалаҳои дигари ба қонунгузорӣ алоқаманд мавриди таҳлили амиқ қарор дода мешаванд. Сарвари давлат ба мустаҳкамиву мукамалии низоми ҳуқуқи кишвар аҳаммияти асосӣ дода, инкишофу пешрафти ҷомеаро фақат бо роҳи танзими қонунӣ ва одилонаи муносибатҳои ҷамъиятӣ муайян менамояд.

Дар шароити мураккаби ибтидои соҳибистиқлолӣ масъалаи интихоби роҳи рушди давлатдорӣ, муайян намудани арзишҳои бунёдии миллӣ ва мутобиқ намудани низоми ҳуқуқӣ ба талаботи замони нав аҳаммияти аввалиндараҷа касб намуд. Маҳз дар чунин марҳилаи тақдирсоз Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамчун шахсияти калидӣ ва роҳбари дурандеш дар саргаҳи ташаккули низоми нави ҳуқуқии миллӣ қарор гирифтанд. Пешвои миллат аз нахустин рӯзҳои фаъолияташон зарурати таҳкими пояҳои ҳуқуқии давлатдориро амиқ дарк намуда, сиёсати ҳуқуқиро ҳамчун омили асосии рушди устувори кишвар муайян карданд.

Ҳанӯз дар замони роҳбарии Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Президенти мамлакат дурнамои рушди Тоҷикистонро ҳамчун давлати соҳибихтиёр, демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ ва иҷтимоӣ бо масъулияти баланд ва диди стратегӣ тарҳрезӣ намуданд. Дар марҳилаҳои минбаъдаи роҳбарӣ Сарвари давлат ҷиҳати таҳким ва такмили низоми ҳуқуқӣ, мутобиқсозии қонунгузорӣ ба меъёрҳои байналмилалӣ ва талаботи ҷомеаи муосир пайваста тадбирҳои муассир андешиданд. Ин раванд бо истифодаи салоҳиятҳои конститутсионӣ, ҳуқуқи ташаббуси қонунгузорӣ ва роҳнамоии сиёсати ҳуқуқӣ амалӣ гардид.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон пайваста таъкид менамоянд, ки рушди устувори кишвар аз заминаҳои мустаҳками меъёрии ҳуқуқӣ вобастагии зич дорад. Дар ин робита, Пешвои миллат ба масъалаҳои волоияти қонун, таҳкими қонуният ва тартиботи ҳуқуқӣ, таъмини ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд, инчунин баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии аҳолӣ аҳаммияти махсус медиҳанд. Эълон гардидани соли 2024 ҳамчун «Соли маърифати ҳуқуқӣ» далели равшани сиёсати ҳадафманди давлат дар самти баланд бардоштани фарҳанги ҳуқуқии ҷомеа мебошад, зеро маърифати ҳуқуқӣ омили муҳими ташаккули ҷомеаи адолатпарвар ва давлатдории муосир ба ҳисоб меравад.

Аз ибтидои солҳои соҳибистиқлолӣ равшан гардид, ки рушди ҷомеа бидуни ташкили низоми ҳуқуқии мукаммал ва қонунгузории босифат ғайриимкон аст. Дар ҳамин замина, бо ташаббуси Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон як қатор санадҳои муҳими сиёсати ҳуқуқӣ қабул гардиданд, ки ба рушди минбаъдаи низоми ҳуқуқии миллӣ заминаи устувор гузоштанд. Аз ҷумла, фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 9 апрели соли 1997 «Дар бораи сиёсати ҳуқуқӣ ва таъмини тарбияи ҳуқуқии шаҳрвандон» яке аз санадҳои калидӣ маҳсуб ёфта, ба ташаккули фарҳанги ҳуқуқӣ ва баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии аҳолӣ такони ҷиддӣ бахшид.

Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар баробари масъалаҳои қабули санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ, такмили қонунгузорӣ, баланд бардоштани сифати қонунҳо, инчунин ба масъалаи қабули ҳуҷҷатҳои банақшагирии стратегӣ ва таъмини амалишавии онҳо диққати ҷиддӣ медиҳанд. Дар робита ба ин, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ташаббускори қабули барномаҳо, консепсияҳо ва стратегияҳо мебошанд, ки ҳуҷҷатҳои мазкур таъмини рушди устувори давлат ва некӯаҳволии аҳолӣ нақши назаррас гузоштаанд. Масалан, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллаӣ дар паёми худ ба Маҷлиси Олӣ аз 23 декабри соли 2022 зарурати таҳия ва қабули як консепсия, як стратегияи миллии рушд, ду барномаи миёнамуҳлати рушд, ду барнома ва як барномаи маҳаллиро пешниҳод намуданд, ки инҳо мебошанд: 1)

Консепсияи мудофиаи миллӣ; 2) Стратегияи миллии рушди истеҳсолу коркарди пахта ва саноати нассоҷӣ; 3) Барномаҳои миёнамуҳлати рушди шуғл дар Ҷумҳурии Тоҷикистон; 4) Барномаи миёнамуҳлати тайёр кардани кадрҳои касбии зинаи ибтидоӣ ва миёна аз ҳисоби ҷавонон барои соҳаҳои иқтисоди миллӣ; 5) Барномаи азхудкунӣ ва дар дохили мамлакат то маҳсулоти ниҳоӣ коркард намудани металлҳои ранга аз конҳои муайяншуда, аз ҷумла сурма, литий, волфрам, никел ва дигар металлҳо; 6) Барномаи давлатии азхудкунии заминҳои нави обёришаванда ва барқарорсозии заминҳои аз гардиши кишоварзӣ берунмонда барои давраи миёнамуҳлат; 7) Барномаҳои маҳаллии кор бо ҷавонон.

Нақши таърихии Пешвои миллат дар ташаккули қонунгузории миллӣ на танҳо дар ташаббускор ва заминагузории қабули санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ, балки дар такмил додани сифати санадҳои қонунгузорӣ низ бузург мебошад. Инчунин, Сарвари давлат иброз менамоянд, ки қонунгузорӣ бояд пайваста такмил дода шавад ва ҳамқадами ислоҳоти сиёсӣ, иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангӣ бошад (Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ» аз 28-уми декабри соли 2023).

Бо истифода аз ҳуқуқи ташаббуси қонунгузорӣ ва ваколатҳои конститутсионӣ, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ташаббускори таҳия ва қабули шумораи зиёди санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ мебошанд, ки ҳадафи асосии онҳо таҳкими давлатдорӣ, рушди устувори иқтисодию иҷтимоӣ, беҳтар намудани сатҳи зиндагии аҳолӣ, таъмини адолати иҷтимоӣ, амнияти миллӣ ва ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд мебошад. Аз нуқтаи назари илми ҳуқуқшиносӣ ва техникаи қонунгузорӣ, Пешвои миллат на танҳо имзогузори санадҳои муҳим, балки иштирокчии фаъоли таҳия, таҳлил ва такмили мазмуну муҳтавои онҳо ба шумор мераванд.

Паёмҳои ҳамасолаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамчун воситаи муҳими роҳнамоии сиёсати ҳуқуқии давлат хизмат намуда, дар онҳо самтҳои асосии такмили қонунгузорӣ, қабули қонунҳои нав ва мутобиқсозии санадҳои амалкунанда ба талаботи замон муайян карда мешаванд. Дар натиҷа, дар давраи соҳибистиқлолӣ даҳҳо қонун, стратегия, консепсия ва барномаҳои давлатӣ таҳия ва қабул гардиданд, ки тамоми соҳаҳои ҳаёти ҷомеаро фаро мегиранд.

Тоҷикистон яке аз намунаҳои нодири таъмини сулҳ дар охири асри XX ба шумор меравад. Ҷанги шаҳрвандӣ (1992-1997) на танҳо кишварро ба бӯҳрони сиёсӣ ва иҷтимоӣ бурд, балки барои тамоми минтақаи Осиёи Марказӣ таҳдид эҷод кард. Дар чунин вазъ, талошҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар самти оғози музокироти байни тоҷикон ва ба имзо расидани Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ (27 июни соли 1997, шаҳри Маскав) аҳаммияти таърихӣ доранд.

Соҳибназарон таҷрибаи сулҳи Тоҷикистонро “мактаби дипломатияи сулҳ” ном мебаранд, зеро он бар асоси гуфтушунид, муколамаи созанда ва гузаштҳои тарафҳо амалӣ гардид. Ин таҷриба имрӯз ҳамчун намунаи нодир аз ҷониби Созмони Милали Муттаҳид ва дигар созмонҳои байналмилалӣ арзёбӣ мешавад.

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон на танҳо дар дохили кишвар сулҳу ваҳдатро таъмин намуданд, балки дар арсаи байналмилалӣ низ ҳамчун ташаббускори сулҳ ва ҳамкории минтақавӣ шинохта шудаанд.

Натиҷаи ҳамин заҳматҳо буд, ки санаи 13 декабри соли 2025 аз ҷониби Маҷмаи Умумии СММ қабул гардидани қатъномаи Тоҷикистон дар бораи «Соли байналмилалии маърифати ҳуқуқӣ – 2027 қабул гардид.

Дар маҷмуъ, метавон хулоса намуд, ки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар баробари саҳми бузург дар рушди сиёсӣ, иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангии мамлакат, дар бунёд ва таҳкими низоми ҳуқуқии миллӣ, хоссатан қонунгузории кишвар, нақши таърихӣ ва беназир гузоштаанд. Сиёсати ҳуқуқии Пешвои миллат ба волоияти қонун, ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои инсон, адолати иҷтимоӣ, соҳибихтиёрии халқ ва арзишҳои мардумсолорӣ асос ёфта, барои рушди устувори давлат ва ҷомеа заминаи боэътимод фароҳам овардааст.

Буриев Суннатулло - магистранти курси 1 -уми ихтисоси ҳуқуқи байналмилалии

Институти фалсафа, сиёсатшиносӣ ва ҳуқуқи ба номи А.Баҳовиддинови АМИТ