Skip to main content

Найробӣ, Ҷумҳурии Кения – 12 декабри соли 2025 Ассамблеяи муҳити зисти Созмони Милали Муттаҳид (ЮНЕА), зимни анҷоми иҷлосияи ҳафтуми худ (ЮНЕА-7) дар қароргоҳи ЮНЕП дар шаҳри Найробӣ (Кения), қатъномаро дар бораи "Ҳифзи пиряхҳо ва криосфера" қабул намуд.

Қатъномаи мазкур, ки бо ташаббуси Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Перу пешниҳод гардид, аз ҷониби ҷомеаи ҷаҳонӣ дастгирӣ ёфт, ки ин ризоияти умумӣ оид ба зарурати фаврии ҳифзи пиряхҳои дар ҳоли обшавӣ гувоҳӣ медиҳад.

Ин дастоварди муҳим барои кишварҳои баландкӯҳ ва қадами ҷиддӣ дар татбиқи амалии уҳдадориҳое мебошад, ки қаблан дар сатҳи олии сиёсӣ қабул шуда буданд. Қабули он ба ташаббуси глобалии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон асос ёфтааст, ки бар мабнои он Маҷмаи Умумии СММ соли 2025-ро ҳамчун "Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо" ва солҳои 2025–2034-ро ҳамчун "Даҳсолаи амал барои илмҳои криосферӣ" эълон намуд.

Қатъномаи мазкур ҳифзи криосфераро дар ваколатҳои асосии Барномаи муҳити зисти СММ (ЮНЕП) мустаҳкам менамояд.

Қатънома аз ҳамаи давлатҳои узв ва шарикони рушд даъват ба амал меорад, ки саъю талошҳои худро дар чор самти муҳим, ки ҳамчун нақшаи амали экологии ЮНЕП тақвият бахшанд:

Чораҳои фаврӣ оид ба мубориза бо тағйирёбии иқлим ва ҳифзи гуногунии биологӣ: Ба давлатҳои узв тавсия дода мешавад, ки барои коҳиш додани пайомадҳои обшавии пиряхҳо чораҳои фаврӣ ва ҳамаҷониба андешанд.

Густариши ҳамкориҳои байналмилалӣ ва баланд бардоштани устуворӣ: Қатънома ба фаъолсозии ҳамкориҳои байналмилалӣ бо таваҷҷуҳи хоса ба ниёзҳои кишварҳои рӯ ба тараққӣ барои рафъи сабабҳо ва оқибатҳои талафоти пиряхҳо ва криосфера даъват мекунад.

Сафарбаркунии маблағҳои молиявӣ: Бо дарки он, ки амалҳои устувор маблағгузориро талаб мекунанд, қатънома бо даъвати муҳим ба фондҳои бисёрҷонибаи экологӣ, бонкҳои минтақавӣ ва ҷаҳонии рушд муроҷиат мекунад, то маблағҳои кофӣ ва пешбинишавандаро барои андешидани тадбирҳо оид ба ҳифзи пиряхҳо сафарбар намоянд.

Тасдиқи пешвоии илмӣ ва идоракунии ЮНЕП: Ба Мудири иҷроияи ЮНЕП дархост карда шудааст, ки таҳқиқот ва арзёбиҳои навро барои рафъи фосила байни илм ва амалҳо ва ворид намудани маълумот дар бораи таъсири криосфера ба системаҳои иҷтимоию экологӣ, аз ҷумла омӯзиши хатарҳои нав барои экосистемаҳо, оғоз намояд.

Илова бар ин, қатънома натиҷаҳои Конфронси байналмилалии сатҳи баланд оид ба ҳифзи пиряхҳоро, ки моҳи майи соли 2025 дар шаҳри Душанбе баргузор гардид, расман истиқбол намуда, таъмин менамояд, ки иҷмои ҳосилшуда дар Эъломияи Душанбе оид ба пиряхҳо ва Даъвати Душанбе оид ба пиряхҳо авлавиятҳои барномавии ЮНЕП-ро раҳнамоӣ ва ташаккул диҳанд.

Қабули Қатъномаи мазкур бо иттифоқи оро дар ЮНЕА-7 нақши муҳими Тоҷикистонро дар пешбурди рӯзномаи ҷаҳонии об ва иқлим тасдиқ мекунад.

Ассамблеяи Созмони Милали Муттаҳид оид ба муҳити зисти дар сатҳи ҷаҳонӣ ҳамчун мақомоти олии қабулкунандаи қарорҳо оид ба масъалаҳои марбут ба муҳити зист эътироф шудааст. Ҳамчун мақоми роҳбарикунандаи Барномаи муҳити зисти СММ, он авлавиятҳои сиёсати глобалии экологиро муқаррар мекунад, роҳбарии умумии сиёсиро таъмин менамояд ва чораҳои сиёсии вокунишро ба чолишҳои нави экологӣ муайян месозад.

Қатъномаи мазкур барои тамоми минтақа як дастоварди бесобиқа ба шумор меравад: ин нахустин ва то ҳол ягона қатънома дар таърихи Ассамблеяи муҳити зисти СММ аст, ки муаллифи он кишвари Осиёи Марказӣ — Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад.