Skip to main content

Имрӯз, 10 декабр дар Институти масъалаҳои об, гидроэнергетика ва экологияи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон бо иштироки президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, академик Хушвахтзода Қобилҷон Хушвахт, намояндагони Вазорати нақлиёти Ҷумҳурии Мардумии Чин, Вазорати экология ва муҳити зисти Чин, ширкати Hebei Sailhero Environmental Protection маросими муаррифии дастовардҳои марҳалаи аввалини ҳамкории байниҳукуматии илмӣ ва технологӣ байни Чин ва Тоҷикистон баргузор гардид.

Президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, академик Хушвахтзода Қобилҷон Хушвахт дар сухани ифтитоҳии хеш ташрифи меҳмононро ба Институти масъалаҳои об, гидроэнергетика ва экологияи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон хайрамақдам гуфта, таъкид дошт, ки зиёда аз се даҳсола мешавад, ки пас аз барқарор гардидани муносибатҳои дипломатӣ, робитаҳои дӯстона ва ҳамкории созандаи кишварҳои мо пайваста рушд меёбанд. Имрӯз ин ҳамкорӣ соҳаҳои иқтисод, инфрасохтор, маориф, илм ва технологияро фаро гирифта, ба марҳалаи сифатан нав ворид шудааст.

Таъкид гардид, ки ҳамкории байниҳукуматии илмӣ ва технологӣ яке аз самтҳои калидии муносибатҳои дуҷониба ба ҳисоб меравад. Ин ҳамкории созанда бо такя ба механизмҳои расмии ҳамкорӣ амалӣ шуда, ба рушди ҳамгироии илмӣ, густариши технологияҳои муосир ва таҳкими имкониятҳои илмии Тоҷикистону Чин мусоидат менамояд.

Ҳамчунин зикр шуд, ки дар шароити тағйироти зудтаъсири иқлим, рақобати глобалӣ ва таҳдидҳо дар соҳаҳои амнияти озуқаворӣ ва энергетикӣ, кишварҳое, ки метавонанд донишу инноватсияҳоро самаранок татбиқ кунанд, ба афзалияти стратегӣ мерасанд. Барои Тоҷикистон ҳамкории байниҳукуматии илмӣ ва технологӣ бо Чин як воситаи қавӣ барои расидан ба ин ҳадафҳо мебошад.

Ин ҳамкорӣ имконият медиҳад, ки иқтидори илмӣ-техникии кишвар баланд бардошта шавад, дастрасӣ ба технологияҳои пешрафта ва инфрасохтори лабораторӣ таъмин гардад, малака ва захираҳои кадрии илмӣ таҳким ёбанд, қобилияти давлат барои посух ба таҳдидҳо ва тағйироти иқлим ва табиӣ қавитар гардад ва соҳаҳои стратегӣ, аз ҷумла захираҳои об, муҳити зист, кишоварзӣ, энергетика ва биёрӯзгории табиат дастгирӣ ва ҳимоя шаванд. Ҳамаи ин ҳамкорӣ на танҳо муфид, балки барои рушди устувори кишварамон зарур мебошад.

Дар идома намояндагони Вазорати нақлиёти Ҷумҳурии Мардумии Чин ва Вазорати экология ва муҳити зисти Чин баромад намуда, ҷузъиёти марҳалаи аввалини ҳамкориро ба таври муфассал муаррифӣ карданд. Онҳо натиҷаҳои амалӣ ва дастовардҳои марҳалаи аввалро, аз ҷумла таъсиси лабораторияҳои нав, татбиқи технологияҳои пешрафта, густариши инфрасохторҳои илмӣ ва ҷорӣ намудани усулҳои нав дар соҳаҳои экологӣ ва гидроэнергетикӣ баён намуданд.

Ҳамзамон, имкониятҳои минбаъдаи ҳамкорӣ дар бахшҳои илмӣ ва технологӣ, аз ҷумла рушди захираҳои кадрӣ, тақвияти малакаҳои илмӣ, ҷорӣ намудани таҷҳизоти инноватсионӣ ва густариши таҳқиқоти муштарак барои рушди устувори иқтисод ва муҳити зист ба таври муфассал пешниҳод гардид.