«Артиши миллӣ яке аз рукнҳои муҳимтарини давлатдории миллӣ ва сипари боэътимоди Ватанамон мебошад».
Эмомалӣ Раҳмон
Воқеан дар шароити равандҳои мураккаби ҷаҳони муосир, ки бо афзоиши таҳдидҳои амниятӣ ва бесуботии сиёсӣ дар минтақаҳои гуногун тавсиф меёбад, масъалаи ҳифзи суботи ҷомеа ба яке аз самтҳои калидии сиёсати давлатӣ табдил ёфтааст. Дар ин замина Артиши миллӣ ҳамчун рукни асосии амнияти давлатӣ ва кафили истиқлолият нақши муҳим мебозад. Барои Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки пас аз ба даст овардани Истиқлолияти давлатӣ роҳи душвори ташаккули давлатдориро тай намудааст, Артиши миллӣ омили муҳими таъмини оромию субот ба ҳисоб меравад.
Артиши миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон соли 1993 таъсис ёфта, дар тӯли зиёда аз се даҳсола ба як ниҳоди муташаккил ва устувори давлатӣ табдил ёфтааст. Таҷрибаи таърихӣ нишон медиҳад, ки маҳз дар солҳои аввали истиқлолият, дар шароити буҳрони сиёсиву иҷтимоӣ, Артиши миллӣ дар барқарорсозии сулҳ ва таъмини суботи ҷомеа саҳми ҳалкунанда гузошт. Имрӯз таҷлили ҳамасолаи 23 феврал — Рӯзи таъсиси Қувваҳои Мусаллаҳ аз ҷойгоҳи муҳими Артиши миллӣ дар ҳаёти сиёсиву иҷтимоии кишвар шаҳодат медиҳад.
Айни замон, Артиши миллӣ ҳазорҳо хизматчиёни ҳарбиро муттаҳид намуда, сохтори мукаммали қувваҳои заминӣ, воҳидҳои махсус ва муассисаҳои таълимии ҳарбиро дар бар мегирад. Фаъолияти мунтазами машқҳои ҳарбӣ, омодагии ҷангӣ ва такмили касбият нишон медиҳад, ки иқтидори мудофиавии кишвар пайваста таҳким меёбад. Ин омил ба пешгирии таҳдидҳои эҳтимолии дохиливу хориҷӣ ва ҳифзи суботи ҷомеа мусоидат мекунад.
Саҳми Артиши миллӣ дар таъмини суботи ҷомеа на танҳо дар ҳифзи марзу бум, балки дар нигоҳдории тартиботи конститутсионӣ ва амнияти миллӣ ифода меёбад. Мавҷудияти артиши қавӣ ба ҷомеа эҳсоси амният ва боварӣ мебахшад. Тибқи арзёбиҳои таҳлилӣ, дар кишварҳое, ки низоми амнияти устувор доранд, сатҳи суботи иҷтимоӣ ва рушди иқтисодӣ низ баландтар мебошад. Тоҷикистон низ бо такя ба Артиши миллӣ тавонистааст дар даҳсолаҳои охир оромии сиёсӣ ва ваҳдати миллиро ҳифз намояд, то шаҳрвандонаш дар фазои сулҳу субот умр ба сар баранд.
Илова бар ин, Артиши миллӣ дар тарбияи насли ҷавон нақши назаррас дорад. Ҳамасола ҳазорон ҷавон хизмати ҳарбиро адо намуда, дар ин раванд ба интизом, масъулият ва ватандӯстӣ тарбия меёбанд. Ин раванд ба ташаккули худшиносии миллӣ ва таҳкими пояҳои маънавии ҷомеа мусоидат менамояд. Хизмат дар сафи Артиши миллӣ ҷавононро ба ҳифзи манфиатҳои давлату миллат омода сохта, ҳисси ҳамбастагии иҷтимоиро тақвият мебахшад.
Лозим ба зикр аст, ки Артиши миллӣ дар тӯли беш аз 30 соли фаъолият ҳамчун ниҳоди боэътимоди давлатӣ нақши калидӣ дар ҳифзи суботи ҷомеа бозидааст. Таҳкими иқтидори ҳарбӣ, рушди инфрасохтори мудофиавӣ ва баланд бардоштани сатҳи касбияти хизматчиёни ҳарбӣ заминаи устувори таъмини оромию суботи ҷомеаи Тоҷикистон ба ҳисоб меравад. Дар маҷмуъ, Артиши миллӣ яке аз омилҳои асосии амнияти миллӣ ва рушди устувори давлат мебошад.
Муродов Мирамон Қосимович - ходими илмии
Институти иқтисодиёт ва демографияи АМИТ
