«Бо дарназардошти он ки ягон мамлакат тараққиёти худро бе рушди энергетика таъмин карда наметавонад, мо расидан ба истиқлолияти энергетикӣ ва истифодаи самарабахши неруи барқро ҳамчун яке аз ҳадафҳои стратегии давлат муайян кардаем».
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон
Соҳаи энергетика яке аз бахшҳои калидии иқтисоди миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба шумор рафта, дар таъмини рушди устувор нақши муҳим мебозад. Солҳои охир рушди ин соҳа ба самти афзалиятноки сиёсати давлатӣ табдил ёфта, татбиқи лоиҳаҳои бузурги энергетикӣ ба марҳалаи нави пешрафт ворид гардид.
Ҳамасола 22 декабр дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Рӯзи энергетикҳо таҷлил мегардад. Соҳаи энергетика дар рушди иқтисоди мамлакат нақши калидӣ дошта, яке аз бахшҳои муҳими ҳаётан муҳим ба шумор меравад. Рӯзи энергетикҳо тибқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи рӯзҳои ид» таҷлил гардида, дар қатори идҳое қарор дорад, ки аҳамияти баланди иҷтимоӣ доранд.
Иди касбии кормандони соҳаи энергетика дар мамлакат бозгӯи таваҷҷуҳи хосаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ба рушди соҳаи энергетика мебошад. Ин рӯз ҳамзамон ифодагари арҷгузорӣ нисбат ба заҳмату хизматҳои кормандони соҳаи энергетикаи ҷумҳурӣ, аз ҷумла мутахассисону кормандони неругоҳҳо ва шабакаҳои барқӣ, корхонаҳои саноатӣ, инчунин ҳамаи онҳое аст, ки дар ин самт софдилона фаъолият менамоянд.
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нисбат ба ҳалли мушкилоти ҷомеаи башарӣ дар амалӣ намудани Ҳадафҳои рушди ҳазорсола тавассути масъалаҳои мубрами об дар сайёра, чандин ташаббусҳои наҷибро дар соҳаи обу экология, ҳифзи пиряхҳо ва энергияи «сабз» пешниҳод намуданд, ки аз ҷониби созмонҳои бонуфузи байналмилалӣ ҷонибдорӣ гардиданд.
Яке аз дастовардҳои муҳими соҳаи энергетика идомаи сохтмони неругоҳи барқи обии «Роғун» мебошад, ки ҳамчун иншооти стратегии аср шинохта шудааст. Ба истифода додани ду агрегати аввали неругоҳ ба беҳтар гардидани таъминоти барқ дар кишвар мусоидат намуд. Тибқи нақша, ба кор даровардани агрегати сеюм дар соли 2027 имкон медиҳад, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон ба истиқлоли пурраи энергетикӣ ноил гардад.
Ҳамзамон бо рушди гидроэнергетика, таваҷҷуҳи махсус ба истифодаи манбаъҳои барқароршавандаи энергия, бахусус неруи офтоб, равона шудааст. Барномаи бунёди неругоҳҳои офтобӣ бо иқтидори умумии то 1500 мегаватт Тоҷикистонро ба кишвари тавлидкунандаи энергияи «сабз» табдил медиҳад. Ин иқдом на танҳо ба таъмини амнияти энергетикӣ, балки ба ҳифзи муҳити зист низ мусоидат мекунад.
Дар самти идоракунӣ ва истифодаи технологияҳои муосир низ ислоҳоти ҷиддӣ амалӣ мегардад. Ҷорӣ намудани низоми рақамии биллингӣ дар соҳаи энергетика шаффофиятро афзоиш дода, таъсири омили инсониро ба маротиб коҳиш дод. Рақамисозии соҳа ба истифодаи самараноки неруи барқ ва беҳтар шудани хизматрасонӣ ба аҳолӣ мусоидат менамояд. Рушди ин соҳаи ҳамчунин ба афзоиши истеҳсоли саноат ва таъсиси ҷойҳои нави корӣ замина хуб фароҳам овард. Суръати рушди саноат дар соли 2025 ба 22 фоиз расид, ки нишондиҳандаи баланд дар минтақа маҳсуб меёбад.
Сиёсати давлатии энергетикӣ ба таъмини амнияти энергетикӣ, истифодаи манбаъҳои барқароршаванда, рақамисозии соҳа ва ҷалби сармоягузорӣ нигаронида шудааст. Татбиқи муваффақонаи ин стратегия имкон медиҳад, ки энергетика ба муҳаррики асосии рушди иқтисодӣ табдил ёфта, ояндаи устувори Ҷумҳурии Тоҷикистонро таъмин намояд.
Рушди соҳаи энергетика дар Ҷумҳурии Тоҷикистон бевосита бо сиёсати дурбинона ва заҳматҳои пайвастаи Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон вобаста мебошад. Маҳз таҳти роҳбарии оқилонаи Сарвари давлат энергетика ба яке аз самтҳои стратегии рушди иқтисоди миллӣ табдил ёфта, ҳамчун пояи асосии истиқлоли давлатӣ ва иқтисодӣ муаррифӣ гардид.
Амалӣ гардидани иқдоми бунёдкоронаи Пешвои миллат дар самти беҳтаргардонии ҳолати экологӣ бозгӯи ҷаҳду талошҳои беназири Президенти мамлакат дар соҳаи обу энергетика мебошад. Ба кор даровардани ду агрегати НБО-и «Роғун», мавриди баҳрабардори қарор додани чандин неругоҳҳои хурди барқи обӣ, амалишавии лоиҳаи байналмилаии хати интиқоли барқи «CASA-1000», таҷдиду азнавсозии неругоҳҳои амалкунандаи барқи обии «Норак», «Сарбанд», «Қайроққум» ва ғайра бозгӯи ҳамин гуфтаҳост.
Ҳамасола дар Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба рушди устувори соҳаҳои калидии кишвар, бахусус энергетика, аҳамияти махсус дода мешавад. Ин таваҷҷуҳ бесабаб нест, зеро энергетика пояи амнияти иқтисодӣ ва иҷтимоии давлат ба ҳисоб меравад. Рушди соҳаи энергетика омили асосии рушди саноат, беҳтар гардидани сатҳи зиндагии аҳолӣ ва таҳкими истиқлолияти давлатӣ мебошад, ки масъалаи таъмини истиқлолияти энергетикӣ ҳамчун ҳадафи стратегии давлат муайян карда шудааст.
Сиёсати энергетикии Пешвои миллат ба таъмини амнияти энергетикӣ, истифодаи оқилонаи захираҳо ва рушди устувори кишвар нигаронида шудааст. Маҳз ҳамин сиёсати оқилона имкон медиҳад, ки соҳаи энергетика ба неруи пешбарандаи иқтисоди миллӣ табдил ёфта, барои наслҳои оянда заминаи мустаҳкам мегузорад.
Аз фурсати муносиб истифода бурда тамоми кормандони соҳаи энергетикаро ба муносибати Иди касбиашон, ки бо масъулияти баланд ва заҳмати шабонарӯзӣ дар таъмини рушди босуботи ҷомеа саҳми арзанда мегузоранд ва ин заҳматҳо намунаи садоқат ба Ватан арзёбӣ мегардад самимона табрик менамоем. Ба Шумо саломатӣ, барору комёбиҳои нав пешрафти босуръат ва дастовардҳои беназир дар фаъолияти касбӣ таманно дорем.
Алиев Фирдавс – муовини директори Институти масъалаҳои об,
гидроэнергетика ва экологияи Академияи милли илмҳои Тоҷикистон
