Skip to main content
Дар сиёсати бисёрҷанбаи хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон муносибатҳои сиёсӣ ва дипломатӣ бо Ҷумҳурии Қазоқистон мавқеи махсусро ишғол менамояд. Ҳамзамон Ҷумҳурии Қазоқистон яке аз давлатҳои боэътимод дар сиёсати хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад. Муносибатҳои ду кишвар дар зарфи беш аз се даҳсола аз ҳамкории дипломатӣ то ба сатҳи шарикии стратегӣ ва ҳампаймонӣ баромад, ки ин нишонаи олии сиёсати одилонаи сарони кишварҳо мебошад. Кишварҳои моро риштаҳои қавии таърихӣ, дӯстӣ ва бародарӣ ба ҳам мепайвандад, ки заминаи муносибатҳои устуворро ташкил медиҳанд.

Ҳамчунин ҳарду миллат решаҳои муштараки тамаддуни Осиёи Марказиро доранд ва мубодилаи фарҳангиву илмӣ миёни онҳо таърихи чандинсадсола дорад. Аз нигоҳи сиёсӣ, муносибатҳои ду кишвар бар асоси эҳтироми соҳибихтиёрӣ, дахлнопазирӣ, ҳалли масъалаҳо бо роҳи гуфтушунид ва манфиатҳои мутақобилан судманд бунёд ёфтаанд. Аз ин рӯ, ҳамкорӣ бо Ҷумҳурии Қазоқистон ҷавобгӯи манфиатҳои миллии Тоҷикистон маҳсуб ёфта, он аз солҳои аввали истиқлолият дар пояи эътимод бунёд гардидааст. Ҳамчунин сафарҳои расмии Сарони давлатҳо ва дигар вазорату идораҳо боиси рушду густариши муносибатҳои дуҷониба гардида, пайваста уфуқҳои нави ҳамкорӣ ва саҳифаҳои нави таърихиро дар муносибатҳои дуҷониба боз кардааст.

Боиси ифтихор аст, ки 26 –уми августи соли равон Раиси Маҷлиси миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ бо сафари корӣ ба Ҷумҳурии Қазоқистон ташриф оварданд. Дар фурудгоҳи байналмилалии Нурсултон Назарбоев меҳмони фахриро раиси Сенати парламенти Қазоқистон Маулен Ашимбаев ва дигар намояндагони расмӣ истиқбол гирифтанд. Дар ҳошияи сафари расмӣ, муҳтарам Рустами Эмомалӣ бо Президенти Ҷумҳурии Қазоқистон Қосим Жомарт – Токаев мулоқоти таърихӣ ва самимӣ анҷом доданд. Дар ҳошияи ин сафари расмӣ, маҷмуи муносибатҳои дуҷонибаи Тоҷикистону Қазоқистон баррасӣ гардид, ки ҷонибҳо аз ҳамкории судманд изҳори қаноатмандӣ намуданд. Пас аз анҷоми мулоқот дар қасри Акорда маросими сарфарозгардонии Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ бо мукофоти давлатии Ҷумҳурии Қазоқистон баргузор гардид. Барои саҳми арзанда дар таҳкими муносибатҳои дӯстӣ ва стратегии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Қазоқистон аз ҷумла, густариши муносибатҳои байнипарламентӣ Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустам Эмомалӣ бо Ордени Дустӣ дараҷаи II аз ҷониби Қосим Жомарт – Токаев сарфароз гардонида шуданд.

Ҳамчунин дар доираи сафар бо Сенати парламенти Қазоқистон Маулен Ашимбаев мулоқоти самимӣ анҷом доданд. Ба иттилои дафтари матбуоти Рустам Эмомалӣ зимни мулоқоти хосаи роҳбарони палатаҳои болоии парламентҳо ва музокироти васеъ бо иштироки ҳайатҳои парламентии ду кишвар ҳолати кунунӣ ва дурнамои муносибатҳои дуҷониба, робитаҳои байнипарламентӣ, инчунин, масоили мубрами рӯзномаи байналмилалӣ ва минтақавӣ мавриди баррасӣ қарор дода шуданд.

Ҳамзамон дар ин мулоқот корҳои муштарак дар чаҳорчӯби татбиқи “Харитаи роҳ оид ба ҳамкориҳои дуҷониба”, ки дар ҷаласаи Комиссияи доимӣ дар Душанбе ба имзо расида буд, ки доираи васеи масоил, аз ҷумла рушди ҳамкориҳои байниминтақавиро дар бар мегирад, баррасӣ шуданд.

Сафарҳои тарафайн барои вусъати босуръати ҳамкорӣ имкониятҳои муҳим ба вуҷуд меоваранд. Сафари кории Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустам Эмомалӣ ба Қазоқистон низ ба таҳкими ҳамкориҳои дуҷониба, шарикии стратегӣ, ҳампаймонӣ ва манфиатҳои миллию иқтисодии дуҷониба хоҳад буд. Ин сафари таърихии муҳтарам Рустами Эмомалӣ ба Қазоқистон низ – уфуқҳои нави ҳамкории дуҷонибаро шакл дода, дар ин замина пояҳои эътимоди сиёсӣ, шарикии стратегӣ ва ҳампаймониро устувор хоҳад кард.

Ҷумҳурии Тоҷикистон бо сиёсати “дарҳои боз”, мутавозин ва бисёрсамтӣ, ҷиҳати ҳамкории судманд бо кишварҳои минтақа содиқ буда, дар ин росто, Ҷумҳурии Қазоқистон яке аз шарикони муҳими стратегии он дар Осиёи Марказӣ боқӣ мемонад.

Искандар Шарифов - ходими илмии шуъбаи Иттиҳоди Давлатҳои Мустақили

Институти омӯзиши масъалаҳои давлатҳои Осиё ва Аврупои АМИТ