
Бо ташаббус ва пешниҳоди бевоситаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти кишвар, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон шурӯъ аз соли 2009 – 8 март ҳамчун “Рӯзи иди модар” таҷлил карда мешавад ва ин басо рамзист, зеро ҳаёт аз модар сарчашма мегирад.
Боиси хурсандӣ аст, ки ҳамасола дар оғози фасли зебои баҳор, ҷашни фархундаи Рӯзи Модар таҷлил карда мешавад.
Модар ягона мавҷудест, ки инсон меофарад, ба ӯ ҳаёт мебахшад, ӯро дар оғӯши гарму пурмеҳри худ мепарварад, аввалин суханҳо ва гузоштани нахустин қадамҳоро ба ӯ меомӯзад ва бо ҳазор нияту орзуҳои нек ӯро ба воя мерасонад.
Имрӯзҳо бо саъю талошҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нақши бонувону духтарони тоҷик дар ҷомеа баланд гардида, онҳо дар ҳамаи соҳаҳои ҳаёти ҷомеа ва давлат софдилона кору фаъолият менамоянд ва бо заҳмати бунёдкоронаву ташаббусҳои созандаашон барои рушди давлатамон саъю талош мекунанд.
Дастгирии занону духтарон ҳамчун яке аз масъалаҳои муҳими ҷомеа дар Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 26 декабри соли 2019 таъкид гардид. Аз ҷумла, қайд карда шуд, ки “…занону бонувони мамлакат дар татбиқи сиёсати давлат баробари мардон кору фаъолият намуда, дар рушди ҷомеаи демократӣ ва ҳуқуқбунёду дунявӣ саҳми арзанда гузошта истодаанд. Мо минбаъд низ дастгирии занону духтаронро густариш бахшида, ташаббусҳои созандаи онҳоро дастгирӣ менамоем”.
Ба таъбири дигар зан-модар олиҳаи зебоӣ, манбаи меҳру муҳаббат ва раҳму шафқат буда, ҷаҳонро бо озодагиву нафосат ва назокату малоҳати худ рӯҳи тоза мебахшад.
Тамоми таърихи инсоният маҳсули офаридгории зан-модар аст. Бузургтарин шахсиятҳои таърихӣ, арбобони давлату сиёсат, илму фарҳанг, адабиёту ҳунар тарбиятдидаву тарбиятгирифтаи зан-модар будаанд. Чуноне, ки Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қайд менамоянд: «Имрӯз ҷомеаи Тоҷикистон дар симои зан на танҳо модар, хоҳар ва ҳамсар, балки сиёсатмадори шинохта, донишманди асил, сарвари муваффақ, соҳибкори саховатпеша, табиби ҳозиқ, корманди поквиҷдони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, ҳомии Ватан, бинокори номдор, мураббии наслҳо ва ҳамшираи меҳрубонро мебинад, ки ин мояи ифтихори ҳар яки мову шумо мебошад».
Имрӯз модари тоҷик бо сари баланд ифтихор дорад, ки ба монанди Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ, Абулқосим Фирдавсӣ, Абулфазли Балъамӣ, Абуалӣ Ибни Сино, Мавлоно Ҷалолиддини Балхӣ, Саъдии Шерозӣ, Ҳофизи Шерозӣ, Абдураҳмони Ҷомӣ, Абдулқодири Бедил, Аҳмади Дониш, Садриддин Айнӣ, Бобоҷон Ғафуров, Мирзо Турсунзода, Эмомалӣ Раҳмон ва садҳо дигар фарзандони фарзона, нобиғагони бузург ва номбардорони миллатро ба дунё овардааст:
Туӣ пирам, туӣ тадбири пирам,
Дуоям кун, дуоятро бигирам.
Намемирӣ ту, эй модар, агар ман,
Барои модари миллат бимирам.
Маҳз ҳамин аст, ки ашъори зиёди гузаштагони номдори мо ба зебоиву назокат, ҳусну малоҳати занону духтарони тоҷик бахшида шуда, дар давоми садсолаҳо вирди забон гардидаанд:
Ҷаҳонсозу ҷаҳонороӣ, эй зан!
Сутуни гунбади миноӣ, эй зан!
На танҳо қалъаи дилҳоӣ, эй зан,
Ки ҳатто қалъаи дунёӣ, эй зан!
Бояд зикр кард, ки дар тамоми давраҳои таърихии миллатамон қадру қиммати зани тоҷик ҳамеша баланд буд ва нақши он дар инкишофи тамаддуни фарҳанги миллӣ басо бузург аст. «Таърих номи олиҳаи зебоӣ ва ҷасорат Гурдофариди сафшикан, номи занҳои муборизу ватанпарвар Томирису Рухшонаю Маликаи Бухорхудот ва садҳо дигар модарону хоҳарони моро ёд дорад, ки барои истиқлолу озодии мардум ва сарзамини худ бо аҷнабиён талош кардаанд».
Оре, сарчашмаи тамоми музаффариятҳои мо модарон низ будаанд. Беҳуда нагуфтаанд: «Вақте ки мо писарро тарбия мекунем, мо як мардро ба воя мерасонем, аммо вақте ки духтарро ба камол мерасонем, миллат ба камол мерасад».
Бо ташаббус ва дастгирии бевоситаи Пешвои миллат имрӯзҳо як қатор тадбирҳои мушаххас, аз ҷумла, қабул гардидани барномаи давлатӣ оид ба ҷобаҷогузории кадрҳо аз ҳисоби занон, бунёди хобгоҳҳо барои донишҷӯдухтарони лаёқатманди шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ, ҷудо намудани грантҳои президентӣ барои сохторҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ ва даҳҳо масоили дигари занони замони мо амалӣ шуда-истодааст.
Бузургии Зан-Модар дар мақому манзалат ва хислатҳои ӯ таҷассум меёбад. Агар чунин намебуд, дар китоби муқаддаси Қуръони маҷид яке аз сураҳои калонтарин, яъне Нисо, ки саросар дар бораи зан ва ҳуқуқҳои ӯст, оят нозил намешуд.
Убайдулло М.О - ходими калони илмӣ Маркази инноватсионии биология ва тиб