«Артиши миллӣ – сипари боэътимоди давлат ва рамзи қудрату тавоноии Тоҷикистони соҳибистиқлол мебошад»
Эмомалӣ Раҳмон
Артиши миллӣ барои ҳар давлати соҳибистиқлол яке аз рукнҳои асосии ҳифзи амният ва субот ба шумор меравад. Пас аз ба даст овардани Истиқлол давлатӣ, зарурати таъсиси неруҳои мусаллаҳи миллӣ ба миён омад. Бо иқдоми роҳбарияти олии кишвар ва таҳти роҳнамоии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон 23 феврали соли 1993 Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон таъсис ёфтанд. Ин сана оғози марҳилаи нав дар таърихи давлатдорӣ гардид, ки ҳадафи аслии он таҳкими амнияти миллӣ ва ҳифзи марзу буми кишвар буд. Аз ҳамон рӯз инҷониб, 23 -феврал ҳамчун Рӯзи Қувваҳои Мусаллаҳ бо ифтихор ҷашн гирифта мешавад.
Артиши миллӣ натанҳо ниҳоди ҳарбӣ, балки мактаби шуҷоат, ватандӯстӣ ва худогоҳии миллӣ мебошад. Сарбозони тоҷик бо садоқат ба Савганди ҳарбӣ, бо эҳсоси баланди масъулият ва муҳаббат ба Ватан дар шароитҳои гуногуни ҷуғрофӣ - аз дашту водиҳо то қуллаҳои сарбафалаккаши кӯҳистон — бо матонату шуҷоат адои вазифа мекунанд. Онҳо дар сардиҳои шадиди зимистон ва гармои тоқатфарсои тобистон, дар минтақаҳои душворгузари марзӣ шабонарӯзӣ посбонӣ менамоянд. Ҳар қадами устувори онҳо дар марз рамзи садоқат ба Савганди ҳарбӣ ва муҳаббати беандоза ба Ватан аст. Ҷонфидоии сарбозон дар ҳифзи марзҳои давлатӣ, намунаи мардонагӣ ва матонат мебошад. Ҳар қадами онҳо дар марз – қадаме дар роҳи таъмини оромӣ ва осоиштагии мардум аст.
Ҷонфидоии сарбозон танҳо дар амалҳои ҳарбӣ маҳдуд намешавад. Онҳо намунаи интизом, масъулиятшиносӣ ва ватандӯстӣ барои насли ҷавонанд. Хизмат дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳ мактаби тарбияест, ки иродаи қавӣ, эҳсоси ифтихори миллӣ ва рӯҳи худшиносиро тақвият мебахшад. Маҳз дар ҳамин мактаб ҷавонмардон сабақи мардонагӣ меомӯзанд ва дар рӯҳияи эҳтиром ба арзишҳои давлатӣ ба камол мерасанд.
Имрӯз Артиши миллӣ тадриҷан такмил ёфта, бо техникаи муосир ва сатҳи баланди омодагии касбӣ муҷаҳҳаз гардидааст. Ислоҳоти пайваста дар соҳаи ҳарбӣ, беҳтар намудани шароити иҷтимоии хизматчиён ва боло бурдани сатҳи таълиму тарбия гувоҳи онанд, ки давлат ба таҳкими иқтидори мудофиавии худ аҳамияти ҷиддӣ медиҳад. Зеро амнияти пойдор асоси рушди устувор ва зиндагии осоиштаи мардум мебошад.
Дар рушди Артиши миллӣ ва Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон Саҳми Асосгузори сулҳу ваҳдат, Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон хеле бузург ва сарнавиштсоз арзёбӣ мегардад. Азҷумла:
-
Таъсис ва таҳкими Артиши миллӣ (1993)
-
Ислоҳоти низомӣ ва такмили сохтор
-
Тақвияти заминаи моддӣ-техникӣ
-
Омодасозии кадрҳои касбӣ
-
Баланд бардоштани нуфуз ва нақши артиш дар ҷомеа
Дар маҷмӯъ, саҳми Пешвои миллат дар он зоҳир мегардад, ки Артиши миллӣ аз як сохтори навтаъсис ба неруи муташаккил ва ҳомии боэътимоди истиқлолу амнияти давлатӣ табдил ёфт.
Артиши миллӣ имрӯз на танҳо ниҳоди ҳифзи амният, балки рамзи истиқлолият, ваҳдат ва ифтихори миллӣ ба ҳисоб меравад. Бо талошу заҳмати пайваста ва сиёсати хирадмандонаи Эмомалӣ Раҳмон, Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон ба сипари боэътимоди давлат табдил ёфта, амнияти марзу буми кишварро бо садоқат ҳифз менамоянд.
Ҳузури неруҳои мусаллаҳи қавӣ ва омодабош кафили оромиву субот, рушди устувор ва зиндагии осоиштаи мардум аст. Пас, эҳтиром ба Артиши миллӣ ва арҷгузорӣ ба ҷонфидоии сарбозон — эҳтиром ба давлатдорӣ, истиқлол ва ояндаи дурахшони Тоҷикистони соҳибистиқлол мебошад.
Давлятова Адолат - Ходими илмии МДИ Маркази омӯзиши пиряхҳои Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон.




