Модар муқаддастарин ва азизтарин неъмати зиндагии инсон аст. Аз лаҳзаи нахустини ҳастӣ то поёни умр, симои модар дар қалби фарзанд ҳамчун рамзи муҳаббат, садоқат ва покӣ боқӣ мемонад. Ҳеҷ калимае дар ҷаҳон ба мисли вожаи «модар» чунин гарму самимӣ садо намедиҳад. Инсон аввалин нигоҳи пурмеҳр, аввалин сухани ширин ва аввалин навои оромбахшро аз оғӯши модар мешунавад. Модар чароғи хонадон, сарчашмаи меҳр ва пояи устувори зиндагӣ мебошад. Агар дар ҷаҳон меҳр вуҷуд дорад, он аз дили модар сарчашма мегирад; агар инсон ба роҳи нек ҳидоят мешавад, он бо дуои модар аст.
Дар фарҳанги миллати тоҷик мақоми модар бисёр баланд ва гиромист. Аҷдодони мо аз қадим эҳтироми падару модарро қарзи виҷдонӣ ва вазифаи муқаддас медонистанд. Осори гаронбаҳои адабиёти классикии форсу тоҷик саршор аз панду ҳикмат дар васфи модар ва бузургии ӯст. Бузургоне чун Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ, Абулқосими Фирдавсӣ, Саъдии Шерозӣ ва Абдураҳмони Ҷомӣ эҳтироми модарро нишонаи камоли инсон донистаанд. Дар «Шоҳнома»-и безаволи Фирдавсӣ симои модар ҳамчун тарбиятгари паҳлавонон ва ҳомии нангу номус ба тасвир омадааст. Ин ҳама далолат бар он мекунад, ки дар тамаддуни мо модар ҳамеша ҷойгоҳи махсус доштааст.
Рӯзи 8-уми март, ки дар бисёр кишварҳои ҷаҳон ҳамчун Рӯзи байналмилалии занон таҷлил мегардад, дар Тоҷикистон бо муҳаббати хосса ҳамчун Иди Модарон пазируфта шудааст. Таърихи пайдоиши ин рӯз ба аввали асри ХХ бармегардад. Бо пешниҳоди фаъоли иҷтимоӣ ва сиёсатмадори олмонӣ Клара Цеткин ин сана ҳамчун рӯзи мубориза барои ҳуқуқу шарафи занон пешниҳод гардид ва минбаъд ба иди байналмилалӣ табдил ёфт. Соли 1975 Созмони Милали Муттаҳид 8 мартро расман эътироф намуд. Вале барои мардуми тоҷик ин рӯз пеш аз ҳама ҷашни модар, ҷашни муҳаббат ва сипосгузорист, зеро дар тафаккури миллӣ модар болотар аз ҳар гуна унвон ва мақом қарор дорад.
Модар нахустин мураббӣ ва устоди зиндагии инсон аст. Кӯдак аз гаҳвора бо суруди аллаи модар ором мегардад ва бо суханони ӯ нахустин қадамҳоро ба сӯи зиндагӣ мегузорад. Модар аст, ки дар қалби фарзанд тухми меҳрубонӣ, ростқавлӣ, садоқат ва ватандӯстиро мепарварад. Маҳз тарбияи модар аст, ки шахсиятро ташаккул медиҳад ва ҷаҳонбинии ӯро равшан месозад. Агар ҷомеа мехоҳад насли солим ва босавод дошта бошад, бояд пеш аз ҳама мақоми модарро гиромӣ дорад. Зеро тарбияи дуруст аз оила оғоз мешавад ва меҳвари оила модар аст.
Имрӯз занону модарон дар тамоми соҳаҳои ҳаёти ҷомеа фаъолона иштирок менамоянд. Онҳо дар баробари иҷрои вазифаи муқаддаси модарӣ ҳамчун омӯзгор, табиб, олим, муҳандис, фарҳангшинос ва хизматчии давлатӣ фаъолият карда, дар пешрафти давлат саҳми арзанда мегузоранд. Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон сиёсати давлатӣ ба баланд бардоштани мақоми зан ва ҳифзи ҳуқуқҳои ӯ равона гардидааст. Бо ташаббуси Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барномаҳои муҳими давлатӣ барои дастгирии занону модарон амалӣ мешаванд, ки ба таҳкими мақоми онҳо дар ҷомеа мусоидат мекунанд. Ин ҳама нишон медиҳад, ки эҳтиром ба модар ва зан як ҷузъи муҳими сиёсати иҷтимоии кишвар мебошад.
Модар рамзи сабр ва фидокорист. Ӯ омода аст барои хушбахтии фарзанд аз роҳати худ бигзарад, шабҳои зиёд бедор монад ва бо дуои некаш роҳи фарзандро равшан созад. Ҳангоми беморӣ болои сари фарзанд шабзиндадорӣ мекунад, ҳангоми мушкилот дастгирӣ менамояд ва ҳангоми муваффақият бо ашки шодӣ шукр мегӯяд. Муҳаббати модар беғараз, самимӣ ва ҷовидонист. Ӯ ҳеҷ гоҳ аз фарзанд чизе талаб намекунад, ҷуз он ки ӯ инсони нек, боахлоқ ва шоиста гардад.
Дар зиндагӣ лаҳзаҳое мешаванд, ки инсон ба қадри модар бештар мерасад. Вақте аз хона дур мешавад, гармии оғӯши модарро бештар эҳсос мекунад; вақте бо мушкил рӯ ба рӯ мегардад, дуои модарро паноҳи худ мешуморад. Модар мисли шамъ месӯзад, то зиндагии фарзанд равшан бошад. Ин фидокорӣ ва садоқат беҳамто ва бемисл аст.
Қадршиносии модар рисолати ҳар як фарзанд мебошад. Эҳтиром ба модар танҳо бо туҳфа ва суханҳои идона маҳдуд намешавад. Бояд ҳар рӯз бо рафтори нек, муваффақият дар таҳсилу кор ва муносибати эҳтиромона меҳнати ӯро қадр намоем. Беҳтарин сипос барои модар он аст, ки фарзандаш шахси солеҳ, ватандӯст ва масъулиятшинос бошад. Зеро ҳар комёбии фарзанд самари заҳмат ва тарбияи модар аст.
Модар на танҳо барои як оила, балки барои ҷомеа низ шахсияти муҳим аст. Занони соҳибмаърифат ва босавод метавонанд насли ояндаро дар рӯҳияи худшиносӣ, ифтихори миллӣ ва эҳтиром ба арзишҳои инсонӣ тарбия намоянд. Аз ҳамин ҷост, ки ҷомеаи пешрафта пеш аз ҳама ба таҳкими мақоми зан ва модар таваҷҷуҳ мекунад. Зеро ободии давлат аз ободии оила оғоз меёбад ва ободии оила ба ҳикмату меҳрубонии модар вобаста аст.
Модар сарчашмаи меҳр ва пояи зиндагист. Агар модар бошад, хонадон гарм аст; агар дуои модар бошад, роҳ равшан аст; агар табассуми модар бошад, зиндагӣ пурсаодат мегардад. Бигзор модарон ҳамеша сиҳату саломат, сарбаланд ва хушбахт бошанд, зеро хушбахтии ҳар инсон аз оғӯши модар оғоз меёбад ва бо дуои ӯ идома меёбад. Арҷгузорӣ ба модар арҷгузорӣ ба зиндагӣ, ба инсонгароӣ ва ба арзишҳои волои башарист.
Алишер Раҳимзода - директори Институти математикаи ба номи
А. Ҷӯраеви
Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, номзади илмҳои физикаю математика

ОЛИМОНИ АКАДЕМИЯИ ИЛМҲО ВАЗИФАДОРАНД, КИ ДАР ИҶРОИ СЕ ҲАДАФИ СТРАТЕГИИ ДАВЛАТ – ТАЪМИНИ ИСТИҚЛОЛИЯТИ ЭНЕРГЕТИКӢ, РАҲОӢ АЗ БУНБАСТИ КОММУНИКАТСИОНӢ ВА ҲИФЗИ АМНИЯТИ ОЗУҚАВОРИИ МАМЛАКАТ НАҚШИ ФАЪОЛОНА ДОШТА БОШАНД.
News
Имрӯз, 2 апрел дар толори Институти геология, сохтмони ба заминҷунбӣ тобовар ва сейсмологияи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон доир ба фаъолияти илмии узви вобастаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон Файзиев Абдулҳақ Раҷабович семинари илмӣ-амалӣ дар мавзуи «Саҳми Файзиев Абдулҳақ дар рушди илми геологияи тоҷик» баргузор гардид.
Президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, академик Хушвахтзода Қобилҷон Хушвахт дар сухани ифтитоҳии иброз дошт, ки имрӯзҳо давлату ҳукумати кишвар ба омӯзишу ошкор намудани канданиҳои фоиданоки сарзаминамон диққати махсус зоҳир менамоянд. Сарвари давлат, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон соҳаи геологияро яке аз самтҳои афзалиятноки пешбурди иқтисоди кишвар медонанд. Зеро дар стратегияву барномаҳои давлатии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ин нуктаҳо возеҳ дарҷ гардидаанд. Аз ҷумла, Барномаи давлатии рушди соҳаи геология барои солҳои 2021-2030 аз ҷониби Ҳукумат қабул гардидааст ва иҷрои ҳар як банди ин барнома имрӯз аз шумо – геологони тоҷик вобастагии комил дорад.
Таъкид гардид, ки саҳми Файзиев Абдулҳақ Раҷабович ҳамчун як фарди ватандӯст дар кашфи конҳо ва сарватҳои табиӣ хеле бузург аст. Мавсуф тайи солҳои тӯлонии фаъолияти пурсамари худ чандин конҳои канданиҳои фоиданок, аз ҷумла конҳои флюорити Тунихарв, Азрек ва Саркори Шарифро кашф намудаанд. Дар асарҳои илмии худ олими забардасти тоҷик А.Р. Файзиев бори нахуст нишон доданд, ки на танҳо Тоҷикистони Марказӣ, балки Помир ҳам минтақаи муҳими маъдани флюорит мебошад. Устод А.Р. Файзиев нахустин шуда дар Тоҷикистон намуди нави падидаҳои маъданиро, хосса металлҳо ва элементҳои нодир – карбонатитҳоро тавсиф карданд, ки дар онҳо захираҳои бузурги ин намуди унсурҳо мавҷуд аст.
Зикр гардид, ки асарҳои сершумори чопшудаи Файзиев Абдулҳақ Раҷабович ба соҳаи минералогия, термобарогеокимиё ва шароити пайдоиши конҳои оҳан, тилло, нуқра, сурб, руҳ, оникси мармарӣ, аметист, барит ва ғайра бахшида шудаанд. Профессор Файзиев А.Р. нахустин шуда дар массивҳои ишқории Дункелдик (Помири Шарқӣ) ва Дараи Пиёз (Тоҷикистони Марказӣ) карбонатитҳоро кашф ва муфассал омӯхтаанд. Дар кони Дункелдик захираҳои азими флюориту элементҳои нодир ва дар мавзеи Дараи Пиёз пайдоишоти нави карбонатиро бори нахуст устод А.Р. Файзиев бо ҳамроҳии шогирдонашон ошкор кардаанд. Ба карбонатитҳо хелҳои гуногуни унсурҳо, аз қабили элементҳои нодир ва радиоактивӣ, ниобий, тантал, сиркон ва металлҳои ранга хосанд.
Гуфта шуд, ки ин олими соҳаи геология дар самти омода намудани кадрҳои баландихтисоси илмӣ низ саҳми беандоза бузург гузоштаанд. То лаҳзаҳои вопасини ҳаёти худ профессор Файзиев А.Р. ба арсаи илму истеҳсолот 22 номзади илм ва 2 доктори илмҳои геология ва минералогияро тарбия намуданд.
Қайд шуд, ки профессор Файзиев Абдулҳақ дар ҳаёти ҷамъиятӣ фаъолона иштирок дошта, Тоҷикистонро дар арсаи байналмилалӣ муаррифӣ мекарданд. Ӯ узви Ассотсиатсияи кристаллографҳои Аврупо, раиси бахши тоҷикистонии Иттиҳодияи термобарогеокимиёшиносонии Осиё, Уқёнуси Ором ва кишварҳои ИДМ, узви зеркомиссияи Осиёи Марказии Комиссияи иктишофии минералогӣ ва харитакашии кишварҳои ИДМ, узви Комиссияи давлатии ҷоизаи ба номи Абуалӣ ибни Сино дар соҳаи илм ва техника, узви комиссияи методии Ҷамъияти умумирусиягии минералогӣ ва Шурои петрографии Осиёи Миёна буданд.
Дар идома директори Институти геология, сохтмони ба заминҷунбӣ тобовар ва сейсмологияи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, Сафарализода Носир, намояндаи сардори Саридораи геологияи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, муовини вазири энергетика ва захираҳои обии Ҷумҳурии Тоҷикистон Шарифа Худобахш, ҳамчунин дигар олимону муҳаққиқони соҳаи геология баромад намуда, дар бораи аҳамияти фаъолияти илмии Файзиев Абдулҳақ Раҷабович, саҳми ӯ дар таҳқиқи конҳо ва рушди соҳаи геология дар Тоҷикистон суханронӣ карданд. Ҳамзамон иштирокдорони семинар таъкид намуданд, ки дастовардҳои профессор Файзиев на танҳо барои илми геология, балки барои рушди иқтисоди миллӣ ва омӯзиши сарватҳои табиӣ хеле муҳим мебошанд.
БА ИСТИФОДА ДОДАНИ МАРКАЗИ МОНИТОРИНГИ СЕЙСМИКӢ ДАР ИНСТИТУТИ ГЕОЛОГИЯ, СОХТМОНИ БА ЗАМИНҶУНБӢ ТОБОВАР ВА СЕЙСМОЛОГИЯИ АМИТ
Имрӯз, 2 апрел дар Институти геология, сохтмони ба заминҷунбӣ тобовар ва сейсмологияи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон бо иштироки президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, академик Хушвахтзода Қобилҷон Хушвахт ва дигар олимону меҳмонон Маркази мониторинги сейсмикӣ, ки бо таҷҳизоти муосир муҷаҳҳаз гардонида шудааст, ба истифода дода шуд.
Таъкид гардид, ки ҳадафи асосии Маркази мониторинги сейсмикии Институти геология, сохтмони ба заминҷунбӣ тобовар ва сейсмологияи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон пеш аз ҳама ба роҳ мондани мониторинги шабонарӯзии сейсмикӣ мебошад, ки сабт ва коркарди ҳамаи ҳодисаҳои сейсмикиро дар Тоҷикистон дар реҷаи вақти воқеӣ (real-time) дар бар мегирад, инчунин муайян кардани координатаҳои манбаи заминларза (эпитсентр), чуқурӣ ва магнитудаи он бо истифода аз годографҳои маҳаллӣ, ташкил ва пешбурди пойгоҳи додаҳои сейсмикӣ барои таҳқиқоти илмии оянда ва омӯзишу тайёр намудани кадрҳои ҷавони техникӣ ва илмиро таъмин мекунад.
Зикр гардид, ки дар айни замон дар Маркази мониторинги сейсмикӣ ду навъи стансияҳои сейсмикӣ барои сабти заминларзаҳо ва муайян намудани параметрҳои онҳо истифода мешаванд. Аз ҷумла, стансияҳои рақамии васеъдиапазони сейсмикӣ барои сабти пайваста ва дақиқи доираи васеи ларзишҳои сейсмикӣ (аз заминларзаҳои дур то микроларзишҳо) пешбинӣ гардида, маълумоти бадастомада барои муайян ва баҳогузории режими сейсмикии минтақаҳои гуногуни Тоҷикистон, омӯзиши сохтори геологии Замин, фаъолиятнокии шикастҳои тектоникӣ ва гузаронидани таҳқиқоти муҳандисию геологӣ истифода бурда мешавад.
Ҳамзамон, таҷҳизот барои сабти ларзишҳои шадиди сейсмикӣ (акселерометрҳо) имконият медиҳад, ки ларзишҳои сахти замин ва вибратсияи сохтмонҳо ҳангоми заминларза ба таври миқдорӣ ба қайд гирифта шаванд. Ин таҷҳизот суръат ва тезшавии мавҷҳои сейсмикиро дар замин сабт намуда, барои баҳодиҳии хатари сейсмикӣ, таҳлили рафтори биноҳо, тарҳрезии иншооти ба заминларза устувор ва инчунин огоҳсозии бармаҳал аз офатҳои табиӣ, аз ҷумла фурӯравии инфрасохтор ва лағжиши кӯҳпораҳо, истифода мегардад.
Ёдовар мешавем, ки иқдоми Раёсати Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон ҷиҳати таъсиси Маркази мониторинги сейсмикӣ дар Институти геология, сохтмони ба заминҷунбӣ тобовар ва сейсмология дар таърихи 75-солаи Академия бори аввал буда, қадами муҳим дар самти таҳкими инфрасохтори илмӣ-таҳқиқотӣ ва рушди соҳаи сейсмология дар кишвар маҳсуб меёбад. Ин иқдом барои баланд бардоштани сатҳи омӯзишу таҳқиқоти равандҳои сейсмикӣ, таъмини амнияти сейсмикӣ ва омодагии муассир ба ҳолатҳои фавқулода заминаи мусоид фароҳам меорад.
ТАҶЛИЛИ ҶАШНИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ НАВРӮЗ ДАР ИНСТИТУТИ МАТЕМАТИКАИ БА НОМИ АКАДЕМИК А. ҶӮРАЕВИ АМИТ
Санаи 2-уми апрели соли 2026 дар Институти математикаи ба номи академик А. Ҷӯраеви Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон бахшида ба ҷашни байналмилалии Наврӯз чорабинии бошукӯҳи идона баргузор гардид.
Чорабиниро президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, академик Хушвахтзода Қобилҷон Хушвахт ифтитоҳ намуда, зимни суханронии худ таъкид доштанд, ки Наврӯз яке аз қадимтарин ва пурғановатарин ҷашнҳои тамаддуни башарӣ буда, рамзи эҳёи табиат, оғози зиндагии нав ва пирӯзии некиву рӯшноӣ бар бадиву торикӣ мебошад. Мавсуф зикр намуданд, ки маҳз бо сиёсати хирадмандонаи давлату Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва талошҳои пайвастаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷашни Наврӯз мақоми байналмилалӣ касб намуда, имрӯз дар арсаи ҷаҳон ҳамчун рамзи сулҳ, ваҳдат ва ҳамдигарфаҳмии мардумон пазируфта шудааст.
Сипас, директори Институти математикаи ба номи академик А. Ҷӯраеви АМИТ, н.и.ф.м. Раҳимзода Алишер Орзу суханронӣ намуда, иброз доштанд, ки Наврӯз ҷашни покизагӣ, дӯстӣ ва эҳёи арзишҳои миллӣ буда, мардумро ба ваҳдат, созандагӣ ва ободкорӣ ҳидоят менамояд. Ҳамчунин таъкид гардид, ки кормандони соҳаи илм низ дар баробари дигар қишрҳои ҷомеа дар рушди кишвар ва ҳифзи арзишҳои миллӣ саҳми назаррас доранд.
Дар ин айём табиат эҳё гардида, замин қабои сабз ба бар мекунад ва инсон бо рӯҳияи нав ба зиндагӣ қадам мегузорад. Наврӯз бо суннатҳои неки миллӣ, аз ҷумла оростани хони «Ҳафтсин» ва «Ҳафтшин», пухтани суманак, баргузории бозиҳои миллӣ ва эҳтироми арзишҳои фарҳангӣ, шукӯҳи хоса дорад.
Ҳамзамон, саҳни Институт бо шиору овезаҳои наврӯзӣ, намунаҳои ҳунарҳои мардумӣ, аз қабили чакандӯзӣ, атласу адрасбофӣ, асбобҳои мусиқии миллӣ ва оростани дастархони наврӯзӣ, аз ҷумла «Ҳафтсин» ва «Ҳафтшин», зебу зинат дода шуда, ба маърази тамошобинон гузошта шуд.Дар чорабинии идона олимону кормандон ва меҳмонон фаъолона иштирок намуда, барномаи фарҳангӣ фазои идонаро боз ҳам рангин намуд.
Дар фарҷоми чорабинии тантанавӣ як қатор кормандони фаъол ва меҳмонони гиромӣ барои саҳми арзанда дар ташкил ва баргузории чорабинии наврӯзӣ, иштироки фаъолона ва ҳисси баланди масъулиятшиносӣ бо ифтихорнома ва сипосномаҳои Институт сарфароз гардонида шуданд. Ҳамзамон ба ҳамаи иштирокчиён барои саҳмгузорӣ дар ободонӣ ва арҷгузорӣ ба арзишҳои миллӣ изҳори сипос ва миннатдорӣ баён гардид.
Имрӯз, 1 апрел дар Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон ҷашни Наврӯзи байналмилалӣ бо як шукӯҳу шаҳомати хосса таҷлил гардид. Ба ин муносибат дар саҳни бинои Раёсати Академия барномаи фарҳангиву идона баргузор гардида, кормандону олимони муассисаҳои илмӣ-таҳқиқотӣ бо рӯҳияи баланди идона иштирок намуданд.
Президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, академик Хушвахтзода Қобилҷон Хушвахт бори дигар тамоми олимону кормандонро ба ҷашни байналмилалии Наврӯз табрику таҳният хонда иброз дошт, ки таҷлили бошукӯҳи ҷашни Наврӯз ва мақоми байналмилалӣ касб намудани он дар баробари эҳёи арзишҳои дигари моддию маънавии мо - тоҷикон аз ибтикороти наҷиб ва сиёсати фарҳангии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон буда, барои муаррифии шоистаи давлату миллати мо дар арсаи ҷаҳонӣ заминаи мусоид фароҳам овардааст.
Таъкид гардид, ки Наврӯз яке аз куҳантарин ва пуршукуҳтарин ҷашнҳои мардуми тоҷик ва дигар халқҳои ориёитабор ба ҳисоб меравад. Ин ҷашн таърихи бисёр қадимӣ дошта, ба андешаи муҳаққиқон, беш аз панҷ-шаш ҳазор солро дар бар мегирад. Калимаи «Наврӯз» аз ду вожа — «нав» ва «рӯз» таркиб ёфта, маънои «рӯзи нав», «оғози нав» ва «саршавии зиндагии тоза»-ро ифода мекунад. Наврӯз ҳамеша бо фарорасии фасли баҳор ва баробар шудани шабу рӯз таҷлил мегардад. Дар ин айём табиат аз хоби зимистон бедор мешавад, дарахтон сабз мегарданд, гулҳо мешукуфанд ва зиндагии нав оғоз меёбад. Аз ҳамин сабаб Наврӯз барои мардум рамзи эҳё, навсозӣ, умед ва шодӣ ба фардои зиндагӣ мебошад.
Қайд гардид, ки таърихи пайдоиши Наврӯз ба давраҳои хеле қадим, ба замони тамаддуни ориёӣ мансуб дониста мешавад. Дар сарчашмаҳои таърихӣ ва асотири қадимӣ иброз мегардад, ки Наврӯз ҳанӯз дар замони подшоҳи афсонавӣ Ҷамшед таҷлил карда мешуд. Мувофиқи ривоятҳо, Ҷамшед, пас аз он ки бар сармо ва торикӣ пирӯз шуд, рӯзи навро ҳамчун оғози соли нав эълон намуд ва мардум он рӯзро бо шодию нишот ҷашн гирифтанд. Аз ҳамон вақт ин рӯз ҳамчун рӯзи мубораку фархунда ва рамзи табиат дар байни мардум машҳур гардид.
Гуфта шуд, ки бисёр донишмандон ва таърихнигорон бар ин назаранд, ки Наврӯз на танҳо ҷашни мардумӣ, балки як ҷузъи муҳими фарҳанги бостонии халқҳои Шарқ мебошад. Дар давраҳои гуногуни таърихӣ, аз ҷумла дар замони ҳукмронии Ҳахоманишиён ва Сосониён Наврӯз бо тантанаҳои бузург баргузор мегардид. Подшоҳон дар ин рӯз маросими бошукуҳ баргузор мекарданд, ба мардум туҳфаҳо медоданд ва мардум низ бо шодию хурсандӣ ҳамдигарро табрик мегуфтанд.
Зикр гардид, ки дар осори бисёр донишмандон ва шоирону адибони машҳури ҷаҳон низ дар бораи Наврӯз маълумоти ҷолиб ба назар мерасад. Масалан, донишманди бузурги Шарқ Абӯрайҳони Берунӣ дар китобҳои худ дар бораи пайдоиш ва анъанаҳои Наврӯз маълумоти арзишманд додааст. Ҳамчунин шоири бузурги тоҷику форс Абулқосим Фирдавсӣ дар асари машҳури «Шоҳнома» аз Наврӯз ҳамчун ҷашни фархунда ва рамзи пирӯзии нур бар торикӣ ёд кардааст. Ҳамчунин шоир ва ситорашиноси машҳур Умари Хайём низ дар «Наврӯзнома»-и худ ба аҳамияти ин ҷашн ишора намуда, Наврӯзро рамзи оғози зиндагии нав ва зебоии табиат медонад.
Қайд шуд, ки яке аз анъанаҳои муҳими Наврӯз пухтани суманак мебошад. Суманак аз гандуми сабзонида тайёр карда мешавад ва рамзи фаровонию баракату фаровонии зиндагӣ мебошад. Пухтани суманак одатан шабонарӯзӣ баргузор мегардад. Дар ин маросим занону духтарон ҷамъ омада, бо сурудхонӣ ва шодию нишот ин хӯроки рамзиро мепазанд. Ин оин яке аз суннатҳои зебои фарҳанги тоҷикон ба ҳисоб меравад ва то имрӯз дар тамоми минтақаҳои Тоҷикистон нигоҳ дошта шудааст. Дар баробари суманак оростани дастархони наврӯзӣ низ аз анъанаҳои қадима ба ҳисоб меравад. Ҳамчунин хони наврӯзӣ бо таомҳои идонаи «ҳафт син» ва «ҳафт шин» ва ашёи рӯзгор оро дода мешавад. Ҳар яке аз ин таомҳо ва ашё ба худ рамзи муайян дошта, ифодагари файзу баракати зиндагӣ мебошанд.
Дар идомаи чорабинӣ бахшида ба ҷашни байналмилалии Наврӯз ғолибони мусобиқаҳои варзишӣ, ки бо маҳорати баланд, иродаи қавӣ ва рӯҳияи варзишӣ баромад намуданд, бо туҳфаҳои хотиравӣ ва ифтихорномаҳо қадршиносӣ мегарданд. Ҳамзамон, ду нафар аз фаъолон барои саҳми арзанда дар рушди соҳаи маориф бо нишони “Аълочии маориф” ва Ифтихорномаи Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон сарфароз гардонида мешаванд.
Сипас, дар чорабинии идона ҳунармандони шинохтаи ҷумҳурӣ ҳунарнамоӣ намуда, бо сурудҳои рангинашон хотири ҳозиринро шод намуданд.
Имрӯз, 1 апрел ба ифтихори ҷашни байналмилалии Наврӯз дар саҳни бинои Раёсати Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон аз ҷониби олимону кормандони муассисаҳои илмӣ-таҳқиқотии Академия хони «Наврӯзӣ» бо риояи суннату анъанаҳои миллӣ, иборат аз ҳафтсину ҳафтшин ороста шуд.
Зимни боздид роҳбарияти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон ва олимону кормандон аз хони наврӯзии муассисаҳои илмӣ-таҳқиқотӣ боздид намуда, бо тарзи оростани дастархонҳо, суннатҳои наврӯзӣ ва намунаҳои ҳунару фарҳанги миллӣ, ки аз ҷониби ҳар як муассиса муаррифӣ гардиданд, аз наздик шинос шуданд.
Таъкид гардид, ки Наврӯз ҳамчун ҷашни бостонӣ ва рамзи эҳёи табиат, сулҳу дӯстӣ ва ҳамбастагии мардумон мақоми вижа дошта, дар замони Истиқлоли давлатӣ таҳти сиёсати фарҳангпарваронаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон боз ҳам арҷу эҳтироми бештар пайдо намудааст.
Қайд гардид, ки оростани хони наврӯзӣ яке аз анъанаҳои қадимии мардуми тоҷик ба шумор рафта, он рамзи фаровонӣ, покизагӣ, некӣ ва оғози соли нави кишоварзӣ маҳсуб меёбад. Дар ин росто, кормандони муассисаҳои илмӣ-таҳқиқотии Академия бо эҳтиром ба мероси фарҳангии ниёгон ва суннатҳои миллии халқи тоҷик дастархонҳои наврӯзиро бо маҳорати хоса ва тарзи хоси миллӣ оро дода, таомҳои анъанавӣ, шириниҳо ва маҳсулоти гуногуни рамзиро пешкаш намуданд.
Чорабинӣ дар фазои гарму самимӣ ва руҳияи баланди идона баргузор гардида, бори дигар аз эҳтирому арҷгузории олимону кормандони муассисаҳои илмӣ-таҳқиқотӣ ба арзишҳои миллӣ, фарҳанги ғанӣ ва суннатҳои неки халқи тоҷик шаҳодат дод. Ин гуна ташаббусҳо дар баробари таҳкими худшиносии миллӣ, инчунин ба муаррифии суннатҳои қадимаи наврӯзӣ ва ҳифзу тарғиби фарҳанги миллӣ мусоидат менамоянд.
Санаи 01.04.2026 дар доираи иҷрои Протоколи ҷаласаи назоратии назди президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, академик Хушвахтзода Қ.Х. сардори Раёсати тайёр кардани кадрҳои илмии Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон Қосимзода Солеҳ бо докторантон аз рӯйи ихтисос (РhD)-и курси 3-юми муассисаҳои илмӣ-таҳқиқотӣ, ки имсол зинаи докторантураро хатм менамоянд ҷаласа-вохӯрии машваратӣ баргузор намуд.
Дар ҷаласа масъалаҳои зерин аз ҷумла, вазъи омодагии докторантон аз рӯйи ихтисос (РhD) ба имтиҳони маҷмуӣ, нашри мақолаҳои илмӣ дар маҷаллаҳои илмӣ, таҳияи мақолаҳои илмӣ бо мақсади иштирок ва баромад дар конференсияҳо ва семинарҳои илмӣ аз ҷониби докторантон аз рӯйи ихтисос (РhD), таҳлили ҳолати навиштани рисолаҳои диссерататсионии докторантон аз рӯйи ихтисос (РhD) ва робитаю ҳамкории онҳо бо роҳбарони илмӣ, баррасии масъалаи тағйирот дар таснифоти давлатии равия ва ихтисосҳо, ҳамзамон таҳлили мутобиқати рамзи ихтисоси докторантон аз рӯйи ихтисос (РhD) ба самти ҳимоя ва диссертатсияи докторант аз рӯйи ихтисос (РhD), мавҷудияти шуроҳои диссертатсионӣ вобаста ба самти корҳои илмӣ-таҳқиқотии докторантон аз рӯйи ихтисос (РhD), ҳолати иҷрои нақшаҳои инфиродӣ (мавҷудияти нақшаи инфиродӣ барои ҳар як докторантон аз рӯйи ихтисос (РhD) ва сол ба сол пур будани он) аз ҷониби докторантон аз рӯйи ихтисос (РhD), ҳолати пардохти стипендия ва фаъолияти илмӣ-омӯзгории докторантон дар баробари таҳсил дар докторантура аз рӯйи ихтисос (РhD), ба тартиб даровардани парвандаҳои шахсӣ (гардиши варақаҳои имтиҳонӣ, мавҷудияти дипломҳои бакалавр ва магистратура дар парвандаҳои шахсӣ, замимаи баҳо, ҳолати дафтарчаи имтиҳонӣ)-и докторантон аз рӯйи ихтисос (РhD) мавриди баррасӣ қарор дода шуд.
Ҳамчунин, таваҷҷуҳи асосии Раёсат ба масъалаи саривақт пешниҳод намудани рисолаҳои диссертатсионии докторантон аз рӯйи ихтисос (РhD) равона карда шуд.
Дар Агентии амнияти ХБРЯ-и АМИТ ҷашни Наврӯзӣ бо риояи суннатҳои миллӣ таҷлил гардид
Санаи 31 марти соли равон дар Агентии амнияти химиявӣ, биологӣ, радиатсионӣ ва ядроии Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон ҷашни байналмилалии Наврӯз бо риояи анъана ва суннатҳои миллӣ таҷлил гардид.
Дар чорабинӣ намоиши либосҳои миллӣ, ҳунарҳои дастӣ, зардӯзӣ, чодардӯзӣ, хӯрокҳои гуногуни миллӣ ва бозиҳои анъанавии наврӯзӣ баргузор шуд. Дар чорабинӣ таъкид гардид, ки аз қадим мардум ҳангоми фаро расидани Наврӯз ба покизагии муҳити зист, сабзкорӣ ва корҳои созандагӣ машғул мешаванд.
Пайки Наврӯзи имсола ҳамчун сароғози соли нави аҷдодӣ бо шукуҳу шаҳомати хос барои ҳар як шаҳрванди мамлакат хотирмон хоҳад буд. Зеро имсол мардуми шарафманди Тоҷикистон 35-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистонро ҷашн мегиранд. Бо ифтихор ва шукргузорӣ аз Ватани маҳбуби соҳибистиқлол, пойдории сулҳу ваҳдати миллӣ ва оромию осудагии давлат имрӯз Тоҷикистон ба мамлакати ободу зебо, гулафшон ва боғу бӯстони биҳиштосо табдил ёфтааст.
Дар фарҷоми чорабинии тантанавӣ аз ҷониби президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, академик Хушвахтзода Қобилҷон Хушвахт, директори Агентӣ, профессор Илҳом Мирсаидзода ва дигар меҳмонони олиқадр ба ҳамаи кормандон барои иштироки фаъолона ва саҳми арзанда дар корҳои ободонӣ ва созандагӣ бахшида ба ҷашни Наврӯз сипосгузорӣ ва миннатдорӣ баён карда шуд.
Имрӯз, 19 март дар толори Раëсати Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар ҳошияи пешниҳодҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати таъсиси Конуни тамаддуни Ориëӣ ва Маркази байналмилалӣ Наврӯз дар шаҳри Душанбе Конференсияи илмӣ-амалии байналмилалӣ таҳти унвони "Пажуҳиш дар таърих ва тамаддуни Ориëӣ: дирӯз ва имрӯз" баргузор гардид.
Дар кори конфронс намояндаи Дастгоҳи иҷрояи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, роҳбарият, олимону муҳаққиқон ва пажуҳишгарону форсизабонон аз кишварҳои ҳавзаи Наврӯз, намояндагони Ҷамъияти дӯстӣ ва равобити фарҳангии Тоҷикистон бо кишварҳои хориҷӣ иштирок ва суханронӣ намуданд.
Президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, академик Хушвахтзода Қобилҷон Хушвахт дар сухани ифтитоҳии хеш иброз дошт, ки дар Паëми имсолаи хеш Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пешниҳод намуданд, ки дар шаҳри Душанбе Конуни тамаддуни Ориëӣ ва Маркази байналмилалии Наврӯз таъсис дода шавад. Ин ташаббус бори дигар гувоҳӣ аз таваҷҷуҳи пайвастаи роҳбарияти давлату ҳукумат ба эҳё, таҳқиқ ва муаррифии арзишҳои таърихиву фарҳангии миллати тоҷик ва тамаддуни куҳанбунёди ориёӣ мебошад.
Таъкид гардид, ки тамаддуни ориëӣ яке аз куҳантарин тамаддунҳои башарӣ буда, дар ташаккули фарҳанг, забон, ҷаҳонбинӣ, низоми иҷтимоӣ ва арзишҳои маънавии бисёр халқҳо нақши бунёдӣ бозидааст. Илмҳои таърих, бостоншиносӣ, забоншиносӣ, мардумшиносӣ ва фарҳангшиносӣ собит менамоянд, ки қаламрави Осиёи Марказӣ, аз ҷумла сарзамини имрӯзаи Тоҷикистон яке аз марказҳои асосии ташаккули тамаддуни ориёӣ ба шумор меравад. Чун забони тоҷикӣ ҳамчун идомадиҳандаи забонҳои бостонии ориёӣ (авестоӣ, паҳлавӣ, суғдӣ, бохтарӣ) далели зиндаи ин пайвастагии таърихист. Аз ин лиҳоз, таъсиси Маркази тамаддуни ориёӣ барои таҳқиқи пайваста ва системавии ин мероси бузург заминаи илмии мустаҳкам фароҳам меорад.
Гуфта шуд, ки чунин марказ метавонад ба муассисаи байнисоҳавӣ табдил ёбад, ки дар он таҳқиқоти комплексӣ оид ба таърихи тамаддун, муҳоҷират, ташаккули давлатдорӣ, низоми ҳуқуқӣ, дин, фалсафа ва фарҳанги моддиву ғайримоддии ориёиён анҷом дода мешавад. Ин равиш ба методологияи муосири илм мувофиқат мекунад, зеро имрӯз омӯзиши тамаддунҳо танҳо дар чорчӯби як фан имконнопазир аст. Марказ метавонад муҳаққиқони дохилӣ ва хориҷиро муттаҳид намуда, Тоҷикистонро ба платформаи байналмилалии таҳқиқоти ориёшиносӣ табдил диҳад.
Зикр гардид, ки аҳамияти Маркази тамаддуни ориёӣ дар таҳкими худшиносии миллӣ низ хеле бузург аст. Дар шароити ҷаҳонишавӣ, ки равандҳои яксонсозии фарҳангӣ барои гуногунрангии тамаддунҳо таҳдид эҷод мекунанд, омӯзиш ва таблиғи решаҳои таърихии миллат нақши муҳофизатӣ дорад. Шинохти амиқи гузашта ба ҷомеа имкон медиҳад, ки дар баробари пешрафти технологӣ ва иҷтимоӣ арзишҳои асили худро ҳифз намояд.
Қайд гардид, ки Маркази байналмилалии Наврӯз инчунин метавонад ба рушди илми фарҳангшиносии муқоисавӣ мусоидат намояд. Наврӯз имрӯз дар бисту ду давлат ҷашн гирифта мешавад ва ҳар миллат унсурҳои хоси худро ба он ворид кардааст. Омӯзиши ин гуногуншаклӣ аз нигоҳи илмӣ имкон медиҳад, ки равандҳои ҳамгироии фарҳангӣ ва мутобиқшавии анъанаҳо дар муҳитҳои гуногун таҳлил карда шаванд. Ин раванд барои фаҳмиши қонунияти рушди фарҳангҳои суннатӣ дар шароити ҷаҳони муосир хеле муҳим аст.
Бояд гуфт, ки аз ҷиҳати сиёсати фарҳангӣ ҳарду марказ ба таҳкими мавқеи Тоҷикистон ҳамчун давлати ташаббускор дар ҳифз ва тарғиби мероси ғайримоддии башарият мусоидат мекунанд. Эътирофи Наврӯз аз ҷониби ЮНЕСКО ҳамчун мероси фарҳангии ғайримоддӣ ва нақши фаъоли Тоҷикистон дар ин раванд далели он аст, ки кишвар дорои захираҳои бузурги фарҳангӣ ва дипломатии нарм мебошад. Маркази байналмилалии Наврӯз метавонад ин захираҳоро ба сатҳи нави институтсионалӣ барорад.
Қайд шуд, ки аз дидгоҳи илмӣ бунёди Маркази тамаддуни ориёӣ ва Маркази байналмилалии Наврӯз қадами муҳим дар роҳи ташаккули фазои илмӣ-фарҳангии миллӣ ва байналмилалӣ мебошад. Ин иқдом ба ҳамгироии илм, фарҳанг, сиёсати давлатӣ ва манфиатҳои стратегии давлат мусоидат намуда, Тоҷикистонро ҳамчун вориси тамаддуни куҳан ва иштирокчии фаъоли муколамаи тамаддунҳои ҷаҳонӣ муаррифӣ мекунад. Дар дарозмуддат чунин марказҳо метавонанд барои рушди устувории маънавӣ, илмӣ ва иҷтимоии ҷомеа заминаи боэътимод гузоранд.
Дар идомаи конфронс мушовири калони Бахши ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа Абдулозода Масрур таъкид намуд, ки тамаддуни ориёӣ яке аз тамаддунҳои бостонии башарият ба шумор рафта, омӯзиш ва муаррифии он барои таҳкими худшиносии миллӣ, густариши ҳамкориҳои илмӣ ва муколамаи фарҳангҳо аҳамияти махсус дорад.
Таъкид шуд, ки барои эҳё ва муаррифии ин тамаддуни аҷдодӣ Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ташаббуси таъсиси Маркази тамаддуни ориёӣ ва Маркази байналмилалии Наврӯзро пешниҳод намуданд, ки он метавонад барои таҳқиқи ҳамаҷонибаи таъриху фарҳанги ориёӣ ва муаррифии арзишҳои тамаддунии миллат дар арсаи байналмилалӣ заминаи мусоид фароҳам оварад.
Инчунин, муовини раиси Ҷамъияти дӯстӣ ва равобити фарҳангии Тоҷикистон бо кишварҳои хориҷӣ Абдуллозода Иброҳим иброз дошт, ки омӯзиш ва муаррифии тамаддуни ориёӣ барои таҳкими робитаҳои фарҳангӣ миёни кишварҳои ҳавзаи Наврӯз аҳамияти калон дорад. Қайд гардид, ки арзишҳо ва суннатҳои муштараки фарҳангӣ метавонанд заминаи муҳими таҳкими дӯстӣ, ҳамдигарфаҳмӣ ва густариши ҳамкориҳои фарҳангиву илмӣ миёни халқҳо гарданд.
Зикр шуд, ки баргузории чунин конфронсҳо барои табодули андеша миёни муҳаққиқон, таҳкими робитаҳои илмӣ ва муаррифии мероси ғании таърихиву фарҳангии миллати тоҷик дар арсаи байналмилалӣ мусоидат мекунад.Дар идомаи конфронс як зумра аз олимону пажуҳишгарон ва форсизабонон аз кишварҳои ҳавзаи Наврӯз дар маърузаҳои хеш аз ташаббуси Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати таъсиси Маркази тамаддуни ориёӣ ва Маркази байналмилалии Наврӯз дар шаҳри Душанбе ҷонибдорӣ намуда, оид ба аҳамияти таъсис ва фаъолияти чунин марказҳо дар таҳқиқ, ҳифз ва муаррифии тамаддуни ориёӣ ибрози андеша карданд.
Ҳамчунин таъкид гардид, ки таъсиси ин марказҳо метавонад барои густариши ҳамкориҳои илмӣ, фарҳангӣ ва таҳкими робитаҳои дӯстона миёни кишварҳои ҳавзаи Наврӯз заминаи мусоид фароҳам оварад.