Skip to main content

Имрӯз, 17 апрел дар толори Раёсати Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон маҳфили илмӣ-адабӣ “Хирад”- и Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон баргузор гардид. Маҳфили навбатӣ ба 60 - солагии фаъолияти илмӣ ва эҷодии профессор Шоҳзамон Раҳмон бахшида шуд. Ба кори маҳфил ноиби президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон Саломиён Муҳаммаддовуд ҳусни оғоз бахшид.

Президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, академик Хушвахтзода Қобилҷон Хушвахт дар сухани ифтитоҳии хеш иброз дошт, ки саҳми профессор Шоҳзамон Раҳмон дар рушди илми муосири тоҷик, махсусан дар самтҳои таҳқиқоти бунёдӣ ва тарбияи кадрҳои баландихтисоси илмӣ, назаррас буда, фаъолияти чандинсолаи ӯ намунаи ибрат барои насли ҷавони муҳаққиқон мебошад.

Зикр гардид, ки чунин маҳфилҳои илмӣ-адабӣ на танҳо барои арҷгузорӣ ба хидматҳои олимони варзида, балки барои густариши робитаи илмӣ, табодули таҷриба ва боло бурдани фарҳанги илмӣ дар ҷомеа аҳамияти муҳим доранд.

Дар идомаи маҳфил як зумра аз олимону муҳаққиқон баромад намуда, саҳми профессор Шоҳзамон Раҳмонро дар рушди соҳаҳои мухталифи илм мавриди таҳлил қарор дода, дастовардҳои илмӣ ва фаъолияти пурсамари ӯро баланд арзёбӣ намуданд. Дар суханрониҳо таъкид гардид, ки корҳои илмии мавсуф дар таҳкими мактабҳои илмӣ, густариши пажуҳишҳои бунёдӣ ва тарбияи мутахассисони ҷавон нақши муассир гузоштаанд.