"Артиши миллӣ такягоҳи давлат ва сипари миллат аст”
(Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон)
Таърихи давлатдории навини тоҷикон собит месозад, ки мавҷудияти Қувваҳои Мусаллаҳ яке аз рукнҳои асосии истиқлолияти давлатӣ ва кафили амнияти миллӣ мебошад. Аммо раванди ташаккули Артиши миллии Тоҷикистон аз дигар ҷумҳуриҳои пасошӯравӣ кулан фарқ мекунад. Ин артиш на дар заминаи мероси тайёри ҳарбӣ, балки дар шароити фалаҷшавии сохторҳои давлатӣ ва ҷанги шаҳрвандӣ таъсис ёфт.
Саҳми Пешвои миллат дар таъсис, ташаккул ва таҳкими Артиши миллӣ бисёр назаррас ва таърихист. Пас аз ба даст овардани Истиқлолияти Давлатӣ соли 1991 ва махсусан дар солҳои душвори ҷанги шаҳрвандӣ Тоҷикистон ба неруҳои мусаллаҳи муттаҳид, низоми мукаммали мудофиа ва сохтори ягонаи фармондеҳӣ ниёз дошт. Дар чунин шароити ҳассос, роҳбарии қатъӣ ва сиёсати хирадмандонаи Пешвои миллат заминаи бунёди Артиши миллиро фароҳам овард.
Қадами аввалин ва муҳим дар роҳи ташкили Қувваҳои Мусаллаҳ таъсиси расмии онҳо буд. Бо ташаббус ва роҳбарии бевоситаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон 23 феврали соли 1993 Артиши миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон таъсис ёфт. Ин сана имрӯз ҳамчун Рӯзи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷашн гирифта мешавад. Дар марҳилаи аввал, мушкилоти зиёде вуҷуд доштанд: норасоии кадрҳои ҳарбӣ, таҷҳизоти техникӣ, инфрасохтори низомӣ ва таҷрибаи идоракунии ҳарбӣ. Бо вуҷуди ин, бо талошҳои пайвастаи роҳбарияти давлат, заминаҳои ҳуқуқӣ ва ташкилии артиш тадриҷан мустаҳкам гардиданд. Пешвои миллат ба масъалаи ташкили сохторҳои асосии Вазорати мудофиа, Ситоди генералӣ ва дигар ниҳодҳои қудратӣ аҳамияти махсус зоҳир намуданд. Қабули қонунҳо ва санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ дар соҳаи мудофиа барои фаъолияти мунтазами Артиши миллӣ заминаи устувор гузошт.
Яке аз самтҳои муҳими сиёсати Пешвои миллат таҳкими пояҳои ҳуқуқии фаъолияти Қувваҳои Мусаллаҳ мебошад. Қонунҳо дар бораи мудофиа, ӯҳдадории ҳарбӣ ва хизмати ҳарбӣ, қабул ва такмил дода шуданд. Ин ҳуҷҷатҳо вазифа ва мақоми Артиши миллиро дар ҳифзи истиқлолият, тамомияти арзӣ ва амнияти давлат муайян менамоянд. Ҳамзамон, барои беҳтар намудани шароити хизмат ва зиндагии афсарону сарбозон тадбирҳои муҳим амалӣ гардиданд. Сохтмони қисмҳои нави ҳарбӣ, таъмиру навсозии дидбонгоҳҳо, таъмин бо техника ва таҷҳизоти муосир, инчунин баланд бардоштани маош ва беҳтар кардани шароити иҷтимоии хизматчиёни ҳарбӣ аз ҷумлаи ин тадбирҳо мебошанд. Бо дастгирии давлат, сатҳи омодагиву ҷангии неруҳои мусаллаҳ тадриҷан боло рафт. Пешвои миллат ба масъалаи тайёр кардани кадрҳои баландихтисоси ҳарбӣ таваҷҷуҳи махсус медиҳанд. Бо ин мақсад, муассисаҳои таҳсилоти ҳарбӣ таъсис ва такмил дода шуданд. Донишкада ва литсейҳои ҳарбӣ дар омода намудани афсарони ҷавон нақши муҳим мебозанд. Ҳамчунин, барои баланд бардоштани савияи донишу малакаи кадрҳо, ҳамкориҳои байналмилалӣ бо кишварҳои дигар ба роҳ монда шудааст. Сиёсати давлат дар самти тарбияи ҳарбӣ-ватандӯстии ҷавонон низ таҳти роҳбарии Пешвои миллат густариш ёфтааст. Барномаҳои давлатӣ оид ба тарбияи ватандӯстӣ, эҳтиром ба рамзҳои давлатӣ ва омодагӣ ба хизмати ҳарбӣ ба таҳкими руҳияи миллӣ ва масъулиятшиносии ҷавонон мусоидат мекунанд.
Дар шароити мураккаби геополитикӣ ва мавҷудияти таҳдидҳои муосир, аз ҷумла терроризм ва экстремизм, Артиши миллӣ ҳамчун сипари боэътимоди давлат амал мекунад. Бо сиёсати хирадмандонаи Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамкориҳои ҳарбӣ бо созмонҳои минтақавӣ ва байналмилалӣ тақвият ёфтаанд, ки ин ба таҳкими амнияти миллӣ мусоидат менамояд. Имрӯз Артиши миллии Тоҷикистон ба як неруи муташаккил ва қобили ҳифзи манфиатҳои миллӣ табдил ёфтааст. Ин дастовардҳо, пеш аз ҳама, натиҷаи сиёсати дурбинона ва талошҳои пайвастаи Сарфармондеҳи олии қувваҳои мусаллаҳ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мебошанд.
Дар маҷмӯъ, саҳми Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар таъсис ва рушди Артиши миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон бузург ва сарнавиштсоз аст. Аз рӯзҳои нахустини истиқлолият то имрӯз, бо роҳбарии ӯ, Артиши миллӣ аз як сохтори ибтидоӣ ба неруи муосири ҳарбӣ табдил ёфтааст.Таҳкими пояҳои ҳуқуқӣ, беҳтар намудани шароити иҷтимоии хизматчиёни ҳарбӣ, омодасозии кадрҳои касбӣ ва рушди ҳамкориҳои байналмилалӣ аз ҷумлаи хизматҳои беназири Пешвои миллат дар ин самт мебошанд. Артиши миллӣ имрӯз ҳамчун такягоҳи асосии давлатдорӣ, ҳифзи сулҳу субот ва кафили амнияти шаҳрвандон хизмат менамояд ва дар ин раванд нақши Сарфармондеҳи олии қувваҳои мусаллаҳ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон басо муҳим ва таърихӣ мебошад.
Алиев Исмоил корманди Маркази омӯзиши пиряхҳои АМИТ

