Skip to main content

Директори Осорхонаи миллии бостонии Тоҷикистон дар назди Институтит таърих, бостоншиноӣ ва мардумшиносии ба номи А.Дониши АМИТ Абдураҳмон Пӯлотов аз 16 то 25 декабри соли 2025 дар аввалин Курси омодасозии мутахассисони бостоншиносии рақамӣ барои кишварҳои Осиёи Марказӣ, ки дар Маркази таҳқиқоти муштарак оид ба бостоншиносии Роҳи Абрешими Донишгоҳи шимолу ғарбии Ҷумҳурии Мардумии Чин баргузор гардид, иштирок намуд.

Дар ҷараёни ин семинари омӯзишӣ иштирокчиён бо пешрафтатарин технологияҳои рақамӣ дар соҳаи бостоншиносӣ, аз ҷумла фотограмметрия, моделсозии сеандоза (3D), сканеркунии лазерӣ, коркарди маълумоти рақамӣ ва усулҳои муосири ҳифз ва муаррифии мероси фарҳангӣ шиносоӣ пайдо карданд.

Дар татбиқи барномаи омӯзишӣ ташкилотҳо ва ширкатҳои махсусгардонидашудаи технологӣ низ фаъолона саҳм гузошта, таҷҳизоти муосир ва роҳҳои амалӣ дар соҳаи харитасозии рақамӣ, сканеркунии сеандоза, моделсозии фазоӣ ва коркарди маълумоти геомасофавиро муаррифӣ намуданд. Ин ҳамкории илмӣ-технологӣ ба иштирокчиён имкон дод, ки донишҳои назариявиро мустақиман дар заминаи таҷрибаи амалӣ аз худ намоянд.

Ҳамзамон, дар семинари мазкур намояндагон ва бостоншиносони ҷавон аз кишварҳои ҳамсоя – Узбекистон, Қирғизистон, Қазоқистон ва Туркманистон низ иштирок намуда, дар фазои ҳамкории касбӣ ба табодули таҷриба ва донишҳои илмӣ пардохтанд.

Иштироки Абдураҳмон Пӯлотов дар ин чорабинии байналмилалӣ ҳамчун қадами муҳим дар самти ворид намудани технологияҳои муосири рақамӣ ба бостоншиносӣ ва фаъолияти осорхонавии Тоҷикистон арзёбӣ шуда, барои рушди ҳамкориҳои илмӣ-фарҳангӣ миёни кишварҳои Осиёи Марказӣ ва Ҷумҳурии Мардумии Чин заминаи мусоид фароҳам овард.