Перейти к основному содержанию
Иди Сада яке аз ҷашнҳои куҳантарин ва пурмуҳтавои фарҳанги мардуми ориёинажод, аз ҷумла халқи тоҷик, ба шумор меравад. Ин ҷашн дар тӯли асрҳо ҳамчун рамзи рӯшноӣ, гармӣ, пирӯзии инсон бар сармо ва торикӣ таҷлил гардида, ҷаҳонбинии мардум, муносибати инсон бо табиат ва қудрати ақлу хирадро инъикос менамояд. Сада на танҳо як ҷашни мавсимӣ, балки ҷашни маънавӣ ва фарҳангӣ буда, дорои арзишҳои амиқи инсонпарварона мебошад.

Мувофиқи сарчашмаҳои таърихӣ ва адабии мардумӣ, Иди Сада дар миёнаи фасли зимистон, тақрибан панҷоҳ рӯз пеш аз Наврӯз таҷлил мегардад. Вожаи «Сада» ба маънои гузаштани сад шабу рӯз аз оғози фасли сармо тафсир мешавад. Дар тафаккури ниёгон ин давра ҳамчун марҳалаи гузариш аз сармои сахт ба гармии тадриҷӣ маънидод мегардид. Аз ин рӯ, Сада рамзи умед, интизории баҳор ва оғози нав дар зиндагии инсон маҳсуб меёфт.

Дар фарҳанги бостонии тоҷикон ва дигар халқҳои ориёинажод оташ ҷойгоҳи махсус дошт. Он дар Иди Сада ҳамчун рамзи асосӣ таҷассум меёфт. Оташ дар ин ҷашн на танҳо манбаи гармӣ ва рӯшноӣ, балки нишонаи ҳаёт, покӣ, неру ва дониш дониста мешуд. Кашфи оташ яке аз марҳилаҳои муҳими рушди тамаддуни инсонӣ ба ҳисоб меравад, зеро он ба инсон имкон дод, ки муҳити зисти худро беҳтар созад, аз сармо эмин монад, ғизоро омода намояд ва истеҳсолу ҳунарҳоро рушд диҳад.

Иди Сада инчунин ҷашни заҳмат ва меҳнатдӯстӣ мебошад. Дар тафаккури ниёгон, инсон танҳо бо меҳнат ва истифодаи оқилонаи неруҳои табиат метавонад зиндагии худро обод созад. Аз ин рӯ, Сада мардумро ба меҳнат, созандагӣ ва истифодаи хирадмандонаи неъматҳои табиат даъват менамуд. Ин андешаҳо имрӯз низ аҳамияти хос доранд, зеро масъалаҳои рушди устувор, ҳифзи муҳити зист ва истифодаи самараноки захираҳои табиӣ ба масъалаҳои муҳими ҷомеаи муосир табдил ёфтаанд.

Ҷашни Сада дорои хусусияти иҷтимоӣ низ мебошад. Дар гузашта мардум бо таҷлили ин ҷашн гирди ҳам меомаданд, оташи рамзӣ меафрӯхтанд, орзуҳои нек мекарданд ва ба ҳамдигар меҳру муҳаббат зоҳир менамуданд. Ин анъанаҳо барои таҳкими ҳамбастагӣ, дӯстӣ ва ҳамдигарфаҳмӣ дар ҷомеа мусоидат мекарданд. Сада ҳамчун ҷашни умед ва иттиҳод, рӯҳияи мардумро қавӣ мегардонд ва онҳоро ба фардои равшан дилгарм месохт.

Дар замони соҳибистиқлолии Ҷумҳурии Тоҷикистон, бо сиёсати фарҳангпарварона ва хирадмандонаи Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ҷашнҳои бостонӣ, аз ҷумла Иди Сада, аз нав эҳё гардиданд. Эҳёи ин ҷашнҳо нишонаи эҳтиром ба таърих, фарҳанг ва арзишҳои миллӣ буда, барои таҳкими худшиносии миллӣ ва ифтихор аз гузашта аҳамияти бузург дорад. Иди Сада имрӯз ҳамчун ҷузъи таркибии фарҳанги миллӣ дар сатҳи давлатӣ таҷлил мегардад.

Тавассути таҷлили Иди Сада насли ҷавон ба омӯзиши таърих, фарҳанг ва суннатҳои ниёгон ҷалб мегардад. Ин ҷашн воситаи муҳими тарбияи ватандӯстӣ, худшиносии миллӣ ва эҳтиром ба арзишҳои фарҳангӣ мебошад. Он ба ҷавонон мефаҳмонад, ки фарҳанги миллӣ решаҳои амиқ дорад ва ҳифзи он вазифаи муқаддаси ҳар як шаҳрванди кишвар мебошад.

Имрӯз Иди Сада на танҳо ҳамчун ёдгории гузашта, балки ҳамчун ҷашни зинда ва дорои аҳамияти иҷтимоӣ, фарҳангӣ ва маънавӣ таҷлил мегардад. Он рамзи пайванди наслҳо, робитаи гузашта бо имрӯз ва боварӣ ба ояндаи ободу равшан мебошад. Сада мардумро ба зиндагии созанда, меҳнатдӯстӣ ва эҳтиром ба табиат ҳидоят мекунад.

Хулоса бар ин аст, ки Иди Сада ҷашни рӯшноӣ ва гармии маънавӣ, рамзи хиради инсонӣ ва заҳмати созанда буда, арзишҳои волои фарҳанги миллии халқи тоҷикро таҷассум менамояд. Гиромидошти ин ҷашн гиромидошти таърих, фарҳанг ва ҳувияти миллӣ мебошад. Иди Сада моро ба қадршиносии гузашта, масъулият дар имрӯз ва умед ба фардои пурнур раҳнамоӣ мекунад.

Раҳимӣ Шукур Аҳмадзода – лаборанти калони Филиали Агентӣ дар вилояти Суғд