Skip to main content

123Рӯзи иқтисодчиён барои ҳар касе, ки бо дилу ҷон ва дониш барои таҳкими иқтисодиёти кишвар ва беҳбудии зиндагии мардум хизмат мекунад, ҳамчун рамзи масъулият, эътимод ва ифтихори касбӣ мебошад. Ин рӯз, ки ба хотири арҷгузорӣ ба фаъолияти иқтисодчиён ва нақши онҳо дар рушду шукуфоии давлат ҷашн гирифта мешавад, ҳамчунин ифтихори мо, аҳли ҷомеа ва бахусус иқтисодчиёнро, ки дар арсаи молия, бонкдорӣ ва татбиқи сиёсати иқтисодӣ заҳмат мекашанд, таҷассум менамояд.

Дар замони соҳибистиқлолӣ, таҳти роҳбарии Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Тоҷикистон тавонист роҳҳои нави рушди иқтисодиро пеш бигирад, ки он на танҳо ба устувории молияи давлатӣ ва тақвияти бонкдорӣ равона шудааст, балки ҳамзамон барои фароҳам овардани имкониятҳои сармоягузорӣ ва рушди соҳаҳои афзалиятноки иқтисодӣ заминаи боэътимод мегузорад. Пешвои миллат бо донишу таҷрибаи беназири худ сиёсати иқтисодии кишварро ба сӯйи тавсеаи инфрасохтори иқтисодӣ, таҳкими истеҳсолот ва афзоиши нақши Тоҷикистон дар арсаи байналмилалӣ раҳнамун намудаанд, ки ин амалҳои стратегӣ дар заминаи донишу тадбирҳои иқтисодчиён самараи назаррас ба бор меоранд.

Ҳар иқтисодчӣ, ки дар заминаи таҳлилҳои муфассал ва ҳисоббарорӣ қарор қабул мекунад, бояд ҳамзамон ҳисси баланди масъулиятро нисбат ба Ватан дошта бошад, зеро ҳар қарори дуруст ва ҳар тадбири молиявӣ мустақиман ба пешрафти иқтисоди миллӣ ва беҳбудии иҷтимоии мардум таъсир мерасонад. Мо, иқтисодчиён, бо таваҷҷуҳ ба дастуру ҳидоятҳои Пешвои миллат, ки ҳамеша таъкид мекунанд, ки рушди иқтисоди устувор ва тақвияти самаранокии молияи давлатӣ асоси бунёди давлати муосир ва шукуфоии Тоҷикистон мебошад, бояд малака ва донишро барои татбиқи стратегияҳои иқтисодӣ дар сатҳи баланд равона созем.

Дар ин марҳалаи таърихӣ, ки Тоҷикистон бо сиёсати иқтисодии оқилона ва устувори Пешвои миллат қадамҳои устувор ба сӯи пешрафт ва шукуфоӣ меафзояд, ҳиссаи ҳар иқтисодчӣ аз ҷумла дар таҳкими сохторҳои молиявӣ, тақвияти бонкдорӣ, рушди саноат ва кишоварзӣ, инчунин таъмин намудани фазои сармоягузории босифат, нақши муайян ва ҳалкунанда дорад. Мо бояд бо донишу малака ва заҳмати худ ба ормонҳои миллӣ ва ҳидоятҳои стратегӣ, ки барои ободии Ватан ва беҳбудии зиндагии аҳолӣ роҳандозӣ шудаанд, содиқона хизмат намоем.

Дар Рӯзи иқтисодчиён мо ифтихори касбиро таҷассум мекунем, ҳамзамон масъулиятро нисбат ба амалӣ гардидани сиёсати иқтисодии Пешвои миллат ва рушди Ватан эҳсос менамоем, зеро ҳар қадами иқтисодӣ, ки дуруст ва бо донишу ҳушёрӣ анҷом дода мешавад, метавонад барои таъмини ҳаёти арзанда ва беҳбудии иҷтимоии ҷомеа самараи назаррас ба бор оварад. Аз ин рӯ, Рӯзи иқтисодчиён на танҳо ҷашни касбӣ, балки рамзи садоқат ва хизмати содиқона ба Ватан ва сиёсати устувори молиявии кишвар мебошад.

СУЛТОНОВ ҶАСУРБЕК ДАВЛАТБОЕВИЧ - магистранти курси 2 -юми ихтисоси идоракунии давлатии

Институти иқтисодиёт ва демографияи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон